ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2117 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ» Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2119 Дар бораи иҷтимоӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 564 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо" Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.12.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР – САНАДИ ҲУҚУҚИИ ТАЪРИХӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Шнб, 22/02/2025 - 11:59
Па

     Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 28 декабри соли 2024 ироа гардид, яке аз вижагиҳои паём ин тақвияти ҳамкории зич бо созмони махсусгардонидашудаи СММ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад.           Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ супориш доданд, ки маводи заруриро вобаста ба ҷашни 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.

     Куруши Кабир (соли таваллуд 590, соли вафот 530 пеш аз мелод, соҳиби 5 фарзанд, падараш шоҳ Камбиси I, модараш шоҳзан Мандана) ба империяе асос гузошт, ки дар як муҳлати кӯтоҳ Лидия, Мод, Суғду Бохтар, Бобул, Байнаннаҳрайн, Сурия, Порт, Ҳиндустон ва ғайраро ба ҳайати империяи Ҳахоманишиён шомил сохт. Воқеан, империяи Ҳахоманишиён ба ҳамкории халқу миллатҳо, дину мазҳабҳо ва маданияту фарҳанги гуногун асос ёфта буд. Куруши Кабир тавонист, ки ҳудуди давлати Ҳахоманишиёнро аз баҳри Миёназамин то Хоразм, аз Хоразм то Уқёнуси Ҳинд васеъ намояд ва дар умум ин империя дар се қитъа - Осиё, Аврупо ва Африқо ҷойгир буд.

     Куруши Кабир алалхусус нисбат ба миллати бани Исроил, ки аз замони Бухтуннаср дар асорати давлати Бобул буд, меҳрубонӣ ва инояти зиёде кардааст. Ӯ ашёҳои гаронбаҳо ва зарфиёти тиллоиву нуқрагинро, ки ҳангоми хароб намудани маъбади яҳудиён дар Байтулмуқаддас ғорат шуда буд, ба ибодатхонаи яҳудиён бозгардонд. Гузашта аз ин, бо иҷозаи Куруш беш аз 42 ҳазор нафар яҳудӣ, аз ҷумла, 7 ҳазор ғуломону каниз барои таъмиру таҷдиди маъбадҳои Байтулмуқаддас раҳсипор шуданд.

     Аз ин ҷост, ки эҳтироми паёмбарони бани Исроил ба Куруш хеле зиёд буда, номи ӯ дар китоби муқаддаси онҳо зикр шудааст. Куруши Кабир дар айни ҳол маъбадҳои Бобулистон, Ошур ва Эламро таъмир намуда, ба онҳо назру ниёз ва қурбониҳои зиёде нисор месохт, халқиятҳои мухталифро барои баргаштан ба ватани аслиашон рухсат медод. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин ҷавҳари зӯроваронаи империяи Ҳахоманишиён ва сиёсати бузургдавлатии онҳо боқӣ мемонд. Вақте, ки Куруши Кабир соли 539-и то мелод шаҳри Бобул — пойтахти давлати муқтадири Бобулистонро фатҳ кард, бар хилофи шоҳони аҳди бостон, ки маъмулан ба куштору ғорат мепардохтанд, Эъломияе интишор сохт, ки дар он ҳифзи ҷону мол ва озодии эътиқоди динии шаҳрвандон кафолат дода мешуд.

     Дар империяи бузурги Ҳахоманишиён, ки Куруши Кабир (559-530 пеш аз мелод) онро идора мекард, беш аз 70 халқу миллатҳои гуногун муттаҳид шуда буданд ва ба шарофати қабули Эъломияи ҳуқуқи башар ва дар асоси он ӯ тавонист ҳуқуқу озодиҳои онҳоро мавриди ҳифз қарор бидиҳад.

     Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир қутбнамои маънавӣ, сарчашма ва раҳнамои фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ, инъикоси ғояҳои демократияи аҷдодӣ, ваҳдати маънавӣ - пояи сулҳи шаҳрвандӣ, тинҷиву оромӣ ва шукуфоӣ мебошад. Таҷрибаи ҷамъиятию сиёсии ниёгони мо дар бунёди давлатдорӣ ва татбиқи ҳокимияти одилона дар хотираи таърихии халқи тоҷик абадан нақш бастааст. Мазмуни матни Эъломияи Куруш, ки аз таҷрибаи давлатдорӣ ва додгустарии ориёиҳои бостон сарчашма гирифта, он нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст. Ин Эъломия, ки бо номи «Устувонаи Куруш» машҳур аст, дар Осорхонаи Британия ҷойгир мебошад.

     Эъломияи Куруши Кабир аз афкори башардӯстонаи дини зардуштӣ, ки дар пояи «Пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек» асос ёфтааст, маншаъ мегирад. Баробариву бародарӣ, ҳамзистию ҳамбастагӣ, ҷавонмардиву олиҳимматӣ дар ниҳоди тоҷикон реша ба умқи таърих доштааст ва ин андешаро академик А. Раҳмонзода чунин қаламдод намудааст: «Тоҷикон баробари рушди фарҳангу адабиёт аз давраҳои бостон бо мардумони гуногун робитаҳои зичи дӯстона барқарор намуда, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медоданд, ки дар фазои сулҳу салоҳ ва якдиливу бародарӣ умр ба сар баранд. Ҳамин андешаи ҳамзистии дӯстонаро аввалин маротиба Куруши Кабир дар Эъломияи худ ҷой дода, мардумро ба ҳамдинию бародарӣ даъват намуда буд».

     Мувофиқи ахбори муаррихони бостон дар асоси Эъломияи худ Куруши Кабир, дигар халқҳо, аз ҷумла яҳудиёнро аз асорати бобулиҳо озод намуда, соли 537 пеш аз мелод ба онҳо иҷозат дода шуд, ки ба ватани худ баргарданд». Ин замоне рух дод, ки низоми давлатдории ғуломдорӣ тантана мекард ва ҳатто баъди замони Куруши Кабир ҳам дар ҷомеаи ғарбӣ файласуфи машҳури юнонӣ Арасту тавассути асари худ «Сиёсат» кӯшиш мекард, ки табиати ғуломиро дар ҷамъият собит намояд.

     Баъд аз қабули Эъломия Куруши Кабир на ин ки дар миёни халқи худ, балки дар байни халқҳои дигар давлатҳо шаъну шараф ва эътибори хоса  пайдо намуда, дар қатори шахсиятҳои бузурги замони худ қарор гирифт. Меъёрҳои ин Эъломия дар бораи он ки «тамоми шаҳрвандони давлат дар масоили эътиқоди динӣ бояд озод бошанд, мардумони бедин набояд зери фишор қарор дошта бошанд»; «ҳеҷ як инсон ҳуқук надорад бе ҳаққи музд дигаронро кор фармояд»; «ҳама инсонҳо озод ба дунё меоянд ва ҳар динеро, ки мехоҳанд метавонанд интихоб намоянд, дар ҳар ҷо ки мувофиқ медонанд сукунат намоянд ва ба ҳар дину мазҳабе, ки майл доранд ибодат намоянд, танҳо ба он шарте ки ҳуқуқи дигаронро поймол насозанд ва зараре ба ҳаққи дигарон нарасонанд»; «ҳар нафар ҷавобгӯи амалҳои худ мебошад», аз ҷумлаи муқарраротҳое буданд, ки дар низоми ҳуқуқу озодӣ ва уҳдадориҳои асосии инсон мавқеи асосиро ишғол менамуданд.

     Озодии виҷдон, ки яке аз ҳуқуқҳои шахсии инсон ба шумор меравад дар бахши дуюми ин Эъломия зимни баррасӣ қарор гирифтааст ва аз забони Куруш таъкид шудааст, ки «То рӯзе, ки ман зинда ҳастам ва Маздо подшоҳиро ба ман армуғон мекунад, кеш ва оин ва боварҳои мардумонеро, ки ман подшоҳи онҳо ҳастам, гиромӣ бидорам ва нагузорам, ки фармонфармоён ва зердастони ман кешу оин ва дину равиши мардумони дигарро паст бидоранд ва ё онҳоро биёзоранд».

     Инчунин, дар меъёрҳои Эъломия чунин дарҷ гардидааст: «ҳамаи мардумон дар парастиши Худои худ озод бошанд ва бединон таҳти фишор қарор нагиранд»; «касе ҳақ надорад касеро кор фармуда, ба ӯ музд надиҳад»; «ҳар кас озод аст, ҳар динеро, ки майл дорад, баргузинад, ихтиёр дорад дар ҳар ҷо хоҳад сукунат намояд ва ба ҳар гуна дину мазҳаб, ки муътақид аст, ибодат кунад ва эътиқодоти худро ба ҷо оварад танҳо ба шарте, ки ҳаққи касеро поймол накунад ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон ворид насозад»; «виҷдони инсони ҳозира қобили пазириш нест, ки дар назди чашми ҳамагон инсонҳо аз гуруснагӣ мемиранд ва ё аз надоштани маводи зист даст ба худкушӣ мезананд»; -ҳар кас посухгӯйи аъмоли худ мебошад, аз ҷумлаи он арзишҳои инсонгароёнае мебошанд, ки дар низоми риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ҷойи созгорро ишғол менамоянд.

     Дар Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир бори нахуст ҳуқуқ ба озодӣ (банди 2); ҳуқуқ ба озодии дину мазҳаб ва тоату ибодат (банди 5); ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷойи зист (банди 5); ҳуқуқ ба моликият (банди 3); ҳуқуқ ба адолати судӣ (банди 6); манъи шиканҷа (банди 2); ҳуқуқ ба озодии касбу кор (банди 5); эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон (банди 5) дарҷ гардидаанд.

     Ҳуқуқҳое, ки тақрибан 2550 сол қабл Куруши Кабир дар Эъломияи худ муқаррар намуда буд, имрӯз ҷузъи асосии меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро ташкил дода, тавассути ин санадҳо вориди қонунҳои дохилидавлатии мамлакатҳои манотиқи мухталифи олам гаштаанд. Масалан, ҳуқуқ ба озодӣ (моддаи 3); ҳуқуқ ба моликият (моддаи 17); манъи шиканҷа (моддаи 7); манъи ғуломӣ ва ғуломфурушӣ (моддаи 8); ҳуқуқ ба интихоби озоди маҳалли зист (моддаи 12); ҳуқуқ ба адолати судӣ (моддаи 14); ҳуқуқ ба озодии дину мазҳаб (моддаи 18) ва дигар ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсии муқаррарнамудаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид (соли 1948) аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир (соли 539 пеш аз милод) маншаъ мегиранд.

     Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» чунин қайд кардаанд: “Шояд дар таърихи аҳди қадим ин Эъломия нахустин иқдомест сӯи ҷомеаи дунявию адолатпарвар, ки дертар тавассути равшанфикрони Юнону Рим ба Аврупо роҳ ёфта, заминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва башардустонаро падид овард”.

     Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир бузургтарин мероси маънавӣ дар миқёси умумибашарӣ мебошад. Ба шарофати ин санад халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳуввияти худро ҳифз карда, дар заминаи меъёрҳо ва принсипҳои дар он дарҷёфта давлати ҳуқуқбунёди худро эъмор намуда истодааст. Ин санад ба халқи тоҷик дар роҳи миллат шудан ғизои маънавӣ дода, пуштибони ҳуқуқиву таърихӣ мебошад ва ҳамчун манбаи адонашавандаи илҳом ва нерӯи созандаи мардуми тоҷик хизмат хоҳад кард.

     Хулоса, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз аввалин ва таъсирбахштарин санадҳои ҳуқуқии таърих аст, ки барои шиносоии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии шаҳрвандон, аз ҷумла озодии виҷдон, ҳуқуқи баробарии миллӣ ва дигар ҳуқуқҳои инсон кумак намуд. Ин Эъломия асосҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсонро дар рӯйи замин ба вуҷуд овард ва барои рушди кишварҳои гуногун, аз ҷумла сохтори ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон, аҳамияти махсус дошт.

      Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат оид ба ҷашни 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир тадбирҳо андешида, таъкид доштанд, ки «Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем».   

 

 

Шамсуддинзода Аҳмад мутахассиси пешбар шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоӣ Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад