ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАҲҚИҚОТҲОИ ИЛМИЮ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 05/06/2023 - 09:41

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАҲҚИҚОТҲОИ ИЛМИЮ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ

  1. Таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахсон дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ.
  2. Асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба коррупсия дар соҳаи муҳоҷират.
  3. Декриминализатсияи ҷиноятҳо: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалӣ.
  4. Ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ: таҳқиқоти муқоисавӣ-ҳуқуқӣ.
  5. Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои миёнаравӣ дар содир намудани ҷиноят.
  6. Воситаҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии таъмини иттилоотии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  7. Амнияти криминологӣ ва таъмини он дар соҳаи технологияҳои рақамӣ.
  8. Ҷазо дар шакли ҷарима ҳамчун воситаи таъсиррасонии самарабахш дар ҳуқуқи ҷиноятӣ.
  9. Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои хабар надодан дар бораи ҷиноят тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  10. Асосҳои назариявӣ-ҳуқуқии таълимот дар бораи субъекти ҷинояти хусусияти коррупсионидошта.
  11. Хусусиятҳои криминалистии қочоқ
  12. Мафҳуми далел дар ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ
  13. Ҷанбаҳои мурофиавии ҷиноятии озод кардани шахс аз гумони содир кардани ҷиноят
  14. Мушкилоти асосҳои конститутсионии ташкили ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  15. Хатари ҷамъиятии ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ
  16. Мафҳуми ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии шахс
  17. Тафриқаи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои несту нобуд кардан ё зарар ба амволи бегона
  18. Назарияи конститутсионӣ-ҳуқуқии принсипҳои ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  19. Асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии иштироки мақомоти ҳокимияти судӣ дар раванди қонунэҷодкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  20. Ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ
  21. Масъалаҳои актуалии танзими ҳуқуқии шартномаи фурӯши байналмилалии мол
  22. Шартномаи никоҳ дар низоми институти ҳимоя ва ҳифзи оила
  23. Ҳифзи маданӣ-ҳуқуқии пешбурди қитъаи замин
  24. Ҳифзи маданӣ-ҳуқуқии эътибори корӣ
  25. Танзими маданӣ-ҳуқуқии суғурта дар фаъолияти сайёҳӣ
  26. Шартнома оид ба хизматрасонии музднок дар соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ
  27. Лизинг дар қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон
  28. Лизинг ҳамчун воситаи маданӣ-ҳуқуқии рушди муносибатҳои бозорӣ
  29. Барҳам додани ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ тибқи қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон
  30. Хусусиятҳои муфлисшавии ширкатҳои сохтмонӣ
  31. Хусусиятҳои танзими муносибатҳои ҳуқуқии байни ҳамсарони собиқ
  32. Ҳуқуқи муаллифӣ дар низоми моликияти зеҳнӣ ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллиф
  33. Ҳуқуқи муаллифӣ ба асарҳои мусиқии дар Интернет паҳншуда
  34. Номи фирмавӣ ҳамчун воситаи фардикунонии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ
  35. Стандартҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи танзими ҳифзи ҳуқуқи инсон дар соҳаи тиҷорати байналмилалӣ
  36. Хусусиятҳои бастан, тағйир додан ва бекор кардани шартномаҳо дар соҳаи тиҷорати электронӣ
  37. Проблемаҳои назариявӣ ва амалии танзими ҳуқуқии соҳибкории хурду миёна
  38. Шартномаҳои соҳибкорӣ: мафҳум ва тавсифи онҳо
  39. Низоми роҳҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои соҳибкорӣ: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалӣ
  40. Вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ
  41. Танзими ҳуқуқии муносибатҳои шахсӣ ва молумулкии зану шавҳар, ки дар бастан ва бекор кардани ақди никоҳ бармеоянд
  42. Танзими ҳуқуқӣ ва инфиродии муносибатҳои ҳуқуқии маданӣ дар соҳаи ҷуброни зарар
  43. Мафҳум ва намудҳои радкунӣ дар ҳуқуқи мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон
  44. Неъматҳои ғайримоддии кӯдак дар ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  45. Институти объектҳои хизматии ҳуқуқи патентӣ
  46. Ҳифзи ҳуқуқи молумулкӣ ва манфиатҳои иштирокчиёни ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ дар мисоли институтҳои алоҳидаи ҳуқуқи маданӣ
  47. Механизми маданӣ-ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои ворисони сазовор
  48. Танзими маданӣ-ҳуқуқии муносибатҳое, ки аз шартномаҳои ба таври фосилавӣ басташуда бармеоянд
  49. Хусусияти маданӣ-ҳуқуқии карори мачлиси умумии аъзоёни чамъияти моликони манзил
  50. Институти ризоият дар ҳуқуқи мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон
  51. Татбиқи низоми идоракунии хавфҳо дар хадамоти гумрук
  52. Назорати гумрукӣ: мафҳум, намуд, шаклҳо ва усулҳо
  53. Самтҳои асосии фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон
  54. Самтҳои беҳтар намудани назорати гумрукӣ баъди барориши мол
  55. Ташкили назорати гумрукӣ ба ҳамлу нақли байналмилалии воситаҳои нақлиёт
  56. Самтҳои стратегии назорати гумрукӣ
  57. Такмили усулҳои назорати гумрукӣ баъди барориши мол дар асоси таҳлили таҷрибаи байналмилалии татбиқи аудити гумрукӣ
  58. Назорати гумрукӣ ва нақши он дар тақвияти ҳамкории байналмилалии гумрукӣ
  59. Нақши низоми идоракунии хавфҳо ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ
  60. Асосҳои ҳуқуқии пешбурди парвандаҳои ҳукуквайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ
  61. Татбиқи бақайдгирии автоматии эъломияи мол: афзалиятҳо, мушкилот ва самтҳои ҳалли онҳо
  62. Истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ ва иттилоотӣ аз ҷониби мақомоти гумрук
  63. Нақши мақомоти гумрук дар мубориза бо муомилоти маҳсулоти қалбакӣ
  64. Хусусияти назорати гумрукии арзиши гумрукии мол
  65. Ҷанбаҳои назариявии сиёсати савдои берунӣ ва амнияти иктисодӣ
  66. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди мақомоти гумрук
  67. Самтҳои асосии маъмурикунонии гумрукӣ дар шароити муосир
  68. Маъмурикунонии гумрукӣ ҳамчун омили муҳими гузариш ба рақамикунонии гумрукӣ
  69. Принсипҳои асосии эъломиякунонии электронӣ
  70. Экспертизаи гумрукӣ ҳамчун чорати таъмини назорати гумрукӣ
  71. Идоракунии маркетингии сифати хизматрасониҳои гумрукӣ дар шароити муосир
  72. Таъмини коргузорӣ дар фаъолияти мақомоти гумрук
  73. Арзёбии мушкилот ва баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукии мол
  74. Нақши иқтисоди рақамӣ дар рушди инноватсионии бахши хадамоти гумрук
  75. Пардохти гумрукӣ ҳамчун манбаи даромади давлатӣ
  76. Танзими гумрукии савдои нақлиёт
  77. Ҳуҷҷатгузории электронӣ дар мақомоти гумрук ҳамчун усусли самаранокии паст кардани омилҳои коррупсионӣ
  78. Танзими ҳуқуқии интиқоли воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ
  79. Таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории гумруки давлатҳои аъзои ИДМ
  80. Танзими ҳуқуқии барасмиятдарории гумрукии мол
  81. Масъалаҳои экспертизаи экологӣ: танзими экологӣ-ҳуқуқии он
  82. Танзими ҳуқуқии иттилооти экологӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
  83. Танзими ҳуқуқии аудити экологӣ мутобиқи қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  84. Танзими ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист дар мисоли корхонаҳои истеҳсолӣ
  85. Танзими ҳуқуқии маърифати экологии аҳолӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
  86. Ҳолати ҳуқуқии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда: таҳқиқоти экологӣ-ҳуқуқ
  87. Ҳолати ҳуқуқии мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ тибқи қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  88. Танзими экологӣ-ҳуқуқии паркҳои табиии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  89. Танзими экологӣ-ҳуқуқии парваришгоҳҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  90. Ҳолати ҳуқуқии ёдгориҳои табиии давлатӣ ва минтақаҳои экологию этнографӣ
  91. Ҷарима чун намуди ҷазо: мушкилоти назариявӣ ва амалӣ
  92. Проблемаҳои ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ ва криминологии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
  93. Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои хабар надодан дар бораи ҷиноят
  94. Ҷавобгарии ҷиноӣ барои моил намудан ба истеъмоли воситаҳо ва моддаҳое, ки ба саломатии аҳолӣ таҳдид мекунанд
  95. Саркашӣ аз пардохти андоз ва пардохтҳо: ҷанбаи қонуни ҷиноятӣ
  96. Ҷиноятҳое, ки бо вайрон кардани қоидаҳои махсус алоқаманданд: характер ва хусусиятҳои унсурҳои таркиб
  97. Проблемаҳои ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ ва криминологии муқовимат ба ҷиноятҳои қарзӣ ва бонкӣ
  98. Ҷазои ҷиноятии дорои хусусияти молумулкӣ ҳамчун алтернативаи ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ
  99. Хусусиятҳои шахсияти зан-ҷинояткор ва таъсир ба ӯ
  100. Миёнаравӣ дар содир намудани ҷиноятҳо: ҷанбаҳои ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ
  101. Усулҳои дурнамосозӣ дар арзёбии оқибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии қонунҳо ва лоиҳаҳои онҳо
  102. Таҳлили муқоисавии татбиқи воситаҳои таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои-аъзои ИДМ
  103. Падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар давлатҳои пасошӯравӣ: мушкилиҳои инкишоф ва дурнамои рушд
  104. Омӯзиши институтсионалии таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  105. Таҳлили таъсири танзимкунӣ ҳамчун навъи алоҳидаи экспертиза
  106. Дар бораи нақши институти экспертизаи илмӣ дар рушди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ
  107. Оқибатҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: таҳлил ва арзёбӣ
  108. Асосноккунии чораҳои идоракунии давлатӣ ҳангоми татбиқи падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ
  109. Усул ва технологияҳои гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ: таҳлили муқоисавӣ
  110. Таҳлили таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар татбиқи падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ
  111. Арзёбии самаранокии татбиқи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  112. Самтҳои асосии рушди падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  113. Таҳлили муқаррароти Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  114. Таъиноти таҳлили таъсири танзимкунӣ ҳамчун намуди экспертиза
  115. Рушди муносибатҳои ҳуқуқии байни субъектони соҳибкорӣ ва мақомоти давлатӣ тавассути машварати оммавӣ
  116. Мафҳуми консепсия қонун ва нақши таҳлили таъсири танзимкунӣ дар рушди он
  117. Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ барои субъектони соҳибкорӣ
  118. Таҳлили зарурати таъсири идоракунӣ
  119. Машварати оммавӣ ҳамчун унсури таҳлили таъсири танзимкунии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ
  120. Арзёбии хароҷоти буҷети давлатӣ вобаста ба қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ: масъалаҳои назариявӣ
  121. Таъин намудани ҷазо бо дар назар доштани ҳолатҳои сабуккунанда
  122. Ба худкушӣ расонидан аз рӯи ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои мубрами қонунгузорӣ ва ҳуқуқтатбиқнамоӣ
  123. Пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи замин
  124. Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағ барои таъминоти кӯдакон ё волидони ғайри қобили меҳнат
  125. Стратегия ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқӣ
  126. Низоми интихобот ҳамчун воситаи амалигардонии ҳокимияти халқ: таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқӣ
  127. Кафолатҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии озодии воситаҳои ахбори омма
  128. Падидаи маъмурӣ-ҳуқуқии шикояти тосудӣ
  129. Ҳокимияти судӣ дар давлати муосири демократӣ
  130. Ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  131. Ҷанбаҳои назариявии таносуби ҳуқуқи байналмилалии меҳнат ва ҳуқуки меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  132. Ҳуқуқи меҳнат ва низоми усулҳои таҳқиқи он
  133. Нақши колективи меҳнатӣ дар идоракунии истеҳсолот
  134. Ташаббуси ҳуқуқэҷодкунии корфармо дар соҳаи меҳнат
  135. Танобуси қонунгузории меҳнат ва санадҳои меъёрии ҳукуқии зерқонунӣ
  136. Мафҳуми ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ: ҷанбаҳои назариявӣ ва методологӣ
  137. Кафолатҳои ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрванд
  138. Баъзе масъалаҳои назариявии муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи меҳнат
  139. Низоми ухдадориҳои субъектҳо тибки қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳқиқоти назариявӣ-амалӣ
  140. Танзими ҳуқуқии музди меҳнати кормандон дар соҳаи тандурустӣ
  141. Масъалаҳои ҳуқуқии таъминоти нафақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  142. Тағйир додани шартҳои шартномаи меҳнатӣ: мушкилоти танзими ҳуқуқӣ
  143. Дастгирии иҷтимоии собиқадорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои ҳуқуқӣ
  144. Танзими ҳуқуқии меҳнат ва таъминоти иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  145. Ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ёрии тиббӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
  146. Масъалаҳои танзими ҳуқуқии шартномаҳои меҳнатии муҳлатнок тибқи қонунгузорӣ оид ба меҳнат
  147. Вазъи ҳуқуқии меҳнатии муосири кормандони тиб ва хусусиятҳои он
  148. Хусусиятҳои танзими ҳуқуқии меҳнати кормандоне, ки дар сохтмон кор мекунанд
  149. Танзими ҳуқуқии меҳнат ва таъминоти иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  150. Танзими ҳуқуқии мувофиқ набудани корманд ба вазифаи ишғолкарда ё кори иҷрошуда ҳамчун асос барои қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ
  151. Манфиатҳои ғайримоддии кӯдак дар ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  152. Проблемаҳои назариявӣ ва амалии субъектони ҳуқуқӣ оила
  153. Танзими ҳуқуқии уҳдадориҳои умумии зану шавҳар
  154. Танзими ҳуқуқи хусусии муносибатҳои пеш аз никоҳ
  155. Ҳимояи ҳуқуқҳои зану шавҳар, ки ақди никоҳро ҷудо мекунанд: табиати ҳуқуқӣ, шаклҳо ва воситаҳо
  156. Ҳимояи ҳуқуқи хусусии ҳифзи ҳуқуқҳои оилавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
  157. Танзими ҳуқуқи хусусии муносибатҳои молумулкии ҳамсарон
  158. Шартҳо ва тартиби бастани ақди никоҳ дар тибқи қонунгузории оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  159. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ ҳамчун чораи ҷавобгарӣ дар ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  160. Низоми ҳуқуқи граждании қабули мол
  161. Шартномаҳои ҳуқуқи гражданӣ бо иштироки истеъмолкунандагон
  162. Механизми ҳуқуқии граждании ҳифзи ҳуқуқҳои ворисони сазовор
  163. Ваколатҳои назоратии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ
  164. Танзими ҳуқуқӣ ва инфиродии муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ дар соҳаи ҷуброни зиён
  165. Проблемаҳои ҳуқуқи мерос тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
  166. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти ҳуқуқи гражданӣ
  167. Созишнома дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳамчун шакли ҳамкории субъектҳои давлатӣ ва хусусӣ ва тахассуси граждаӣ-ҳуқуқии он
  168. Шартномаи давлатӣ ҳамчун намунаи махсуси шартномаи ҳуқуқи гражданӣ
  169. Механизми тобеъияти талаботи кредиторон дар муфлисшавии корпоративии хукуки гражданӣ
  170. Ҳуқуқи гражданӣ дар идоракунии фонди сармоягузорӣ
  171. Шартномаи пасандози бонкӣ дар қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад