ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

РУШДИ НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР МАСИРИ 30 СОЛИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (Бахшида ба истиқболи 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024)

-A A +A
Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Ҷум, 25/10/2024 - 09:17
     Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад.
 
Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
 
     Ҳадафҳои истиқбол аз 30-солагии қабули Конститутсия ва заминаҳои таърихӣ-ҳуқуқии таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
     Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус иброз гардид, ки «Соли 2024 сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Конститутсияи ҶТ) таҷлил мегардад. Бинобар ин, пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад». Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, фармони Президенти ҶТ «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 қабул гардид.
     Аз қабули Конститутсияи ҶТ се даҳсола, яъне 30 сол сипарӣ мегардад. Ҳадафҳои истиқбол аз 30-солагии қабули Конститутсияи ҶТ ба андешаи мо аз инҳо иборат аст:
    1) пеш аз ҳама бояд иброз намуд, ки яке аз ҳадафи асосии истиқбол аз 30-солагии қабули Конститутсияи ҶТ дар он зоҳир меёбад, ки Конститутсия қонуни асосии давлат маҳсуб мегардад. Яъне, Конститутсия санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад ва тамоми қонунҳо аз меъёрҳои Конститутсия сарчашма гирифта, ҷиҳати иҷро ва таъмини он равона гардидаанд. Ин ҳолатҳо гувоҳи он аст, ки моро мебояд 30 соли амали ин санади олии ҳуқуқиро натиҷагирӣ намуда, таъсири онро ба ҳаёти ҷомеа ва рушди минбаъдаи онро муайян намоем;
    2) муҳимияти таҷлил аз 30-солагии қабули ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ дар он аст, ки Конститутсияи ҶТ на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки барои миллати тоҷик як ҳуҷҷати арзишманди сиёсӣ-таърихӣ аст, ки роҳи қонунии миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нобудӣ эмин нигоҳ доштанро муқаррар намуд. Маҳз Конститутсияи ҶТ дар ҳаёти ҷомеа сулҳу субот, қонуният, низоми давлатдорӣ ва қонунгузориро пойдор намуд, ки аз ин дидгоҳ мебояд ин санаи фархундаро бо тантана таҷлил кард;
   3) дигар махсусияти муҳими таҷлили ин санаи фархунда дар он аст, ки қабули Конститутсия бо азму иродаи шаҳрвандон сурат гирифтааст. Боиси қайд аст, ки метавон солгарди дилхоҳ санади меъёрии ҳуқуқиро қайд намуд, аммо махсусияти таҷлили 30 соли қабули Конститутсияи ҶТ ин аҳаммияти муҳими миллӣ, таърихӣ-ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дорад, чунки ягона санад дар кишвар аст, ки танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст ва азму иродаи мардумро ифода менамояд;
    4) Конститутсия ин қонун оид ба вазъи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, таъсиси давлат, низоми фаъолияти мақомоти он, тартиби ташкил ва татбиқи салоҳияти онҳо ва омили муайянкунандаи равобити мутақобилаи байни мақомоти давлатӣ мебошад. Яъне, Конститутсия ифодакунанда ва заминаи асосии танзими комплексии муносибатҳо оид рушду инкишофи самтҳои мухталифи ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ маҳсуб мегардад.
    Заминаҳои таърихӣ-ҳуқуқии таҳия ва қабули Конститутсияи ҶТ. Боиси хушнудӣ аст, ки таҳия ва қабули Конститутсияи ҶТ дар заминаҳои муайяни таърихӣ-ҳуқуқӣ сурат гирифтааст. Бояд иброз намуд, ки ҶТ таҷрибаи таҳия ва қабули чунин санади олии хусусияти ҳуқуқӣ ва сиёсидоштаро ҳанӯз аз даврони дар ҳайати ИҶШС қарор доштан дорад, чунки маҳз дар ҳамин марҳила бо дарназардошти вазъи сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷуғрофӣ, низоми давлатдорӣ ва амсоли ин омилҳо чор маротиба солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 Конститутсия дар ҳудуди мамлакат таҳия ва қабул карда шудааст.
     Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Яке аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати Тоҷикистон дар аввали солҳои 90-уми асри ХХ ин таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон буд, зеро маҳз ин ҳуҷҷати сиёсӣ-ҳуқуқӣ сохти идоракунӣ ва низоми сиёсии давлатро муайян менамояд.
Чуноне ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалии парламентӣ таҳти унвони “30-солагии Конститутсияи ҶТ” таъкид доштанд “нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати ояндасози миллат дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, пайванди он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад. Қабули Санади олии мамлакат арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар марҳилаи нави инкишофи он ба шумор рафта, натиҷаи саъю талошҳои бисёрсолаи ҷомеаи мардумпарвар ва адолатпеша дар масири рушду пешрафти худ ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад”.
    Бояд иброз намуд, ки таҳия ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар марҳилаи душвори сиёсӣ ба вуқуъ пайваста, он заминаҳои таърихӣ-ҳуқуқии ба худ хосро дорост, ки онҳоро ба се марҳилаи зерин тасниф намудан мумкин аст:
    1) марҳилаи якуми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи ҶТ-ро ин соҳибихтиёр гардидани мамлакат ва қабули Эъломияи истиқлолияти ҶТ аз 24 августи соли 1990 ташкил менамояд. Дар ин марҳила, 9 сентябри соли 1991 ҶТ соҳибистиқлол гардида, дар пасманзари барҳам хӯрдани ИҶШС бо дарназардошти вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ зарурати таҳияи Конститутсияи нави мамлакат мавҷуд буд. Инчунин, бояд қайд намуд, ки сарчашмаи асосии ҳуқуқии таҳияи Конститутсияи нави ҶТ Эъломияи истиқлолияти давлатӣ аз соли 1990 ва бо тағйиру иловаҳо дар соли 1991 мебошад, ки дар он ба таври сиёсӣ-ҳуқуқӣ давлати соҳибихтиёр гаштани Тоҷикистон эълон гардидааст. Маҳз дар ин Эъломия якумин бор эълон карда шудааст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҳукмравоии Конститутсияи Тоҷикистон ва қонунҳои он муқаррар карда шуда, он барои таҳияи Конститутсияи нави ҶТ асос мебошад.
     Дар ин марҳила, ба андешаи А.И. Имомов “ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Конститутсия дар асоси қарори Шурои Олии ҶТ аз 23 августи соли 1990, №90 Комиссияи конститутсионӣ дар ҳайати 52 нафар таъсис дода шуд, ки Комиссияи конститутсионии мазкур варианти якуми лоиҳаи Конститутсияро бо фарогирии 7 фасл ва 150 модда таҳия намуд” (Ниг.: Имомов А.И. Ҳуқуқи конститутсионии ҶТ: китоби дарсӣ: нашри чорум бо тағйироту иловаҳо. – Душанбе: “Офест-Империя”, 2017. – С. 76). Бо дарназардошти ба вуҷуд омадани омилҳои сиёсиву амниятӣ муҳлати баррасии лоиҳаи Конститутсия мавқуф гузошта шуд. Новобаста аз ин, марҳилаи мазкур заминаи бунёдии таърихӣ-ҳуқуқии таҳия ва қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор меравад;
     2) марҳилаи дуюми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи ҶТ бо қабули қарори Шурои Олии ҶТ аз 3 январи соли 1992, №493 оид ба ворид намудани тағйироту илова ба ҳайати Комиссияи конститутсионӣ оғоз мегардад. Инчунин, ворид гардидани ҶТ ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба ҳайати СММ ва ИДМ заминаҳои дигари таҳияи Конститутсияро бо дарназардошти принсипҳои байналмилалӣ ба вуҷуд овард. Дар ин марҳила Комиссияи конститутсионӣ дар ҳайати 55 нафар таъсис дода шуда, дар муҳлати кӯтоҳ лоиҳаи Конститутсияро бо фарогирии 7 фасл, 12 боб ва 136 модда таҳия намуда, ба Раёсати Шурои Олии ҶТ пешниҳод намуд. Раёсати Шурои Олии ҶТ пас аз баррасии лоиҳа аз 22 апрели соли 1992 онро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд (Ниг.: Таҳаввулоти конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлол. – Душанбе: КВДН “Қонунияти Вазорати адлияи ҶТ”, 2019. – С. 168). Аммо, бо дарназардошти шиддат гирифтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бесарусомониву беқонуниятӣ амалӣ гардидани раванди муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсия мақсаднок ба анҷом напазируфт.
     Бояд таъкид намуд, ки дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии ҶТ (ноябри соли 1992), ки дар меҳвари он талошҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор мегирад, баргузор гардид, ки он дар таъмину таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, эъмори давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, таҳия ва қабули Конститутсияи ҶТ заминаи боътимод ва умедворкунандаро гузошт. Зикр кардан ба маврид аст, ки таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳз баъди ин Иҷлосияи таърихӣ шурӯъ гардида, ҳамчун натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии он сурат гирифта буд.
     Дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии ҶТ, ки роҳи қонунии рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлати Тоҷикистонро пурра ба миён овард, изҳор карда шудааст, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ ҳимоя карда шаванд, бо роҳи қонунӣ Раёсати Шурои Олии ҶТ интихоб ва Ҳукумати Тоҷикистон таъсис меёбад, ки ба ин васила ба марҳилаи сифатан нави таҳия ва қабули Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон заминаи устувор гузошта шуд;
      3) марҳилаи сеюми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи ҶТ бо қабули қарори Шурои Олии ҶТ аз 26 июни соли 1993, №836 доир ба ворид намудани тағйирот ва илова ба ҳайати Комиссияи конститутсионии қаблӣ оғоз мегардад. Дар ин марҳила, бо роҳбарии Раиси Шурои Олии ҶТ муҳтарам Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович дар ҳайати 62 нафар аз ҳисоби ходимони давлатӣ, шахсони соҳибтаҷриба, олимони варзидаи соҳаҳои гуногуни илми Тоҷикистон, донишмандони соҳаҳои таъриху фарҳанг, сиёсату ҳуқуқ Комиссияи конститутсионӣ ва тибқи қарори Раёсати Шурои Олӣ аз 30 сентябри соли 1993, №1428 бо мақсади ҷоннок гардидани кори таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав аз ҳисоби олимону ходимони давлатӣ ва аъзои Комиссияи конститутсионӣ дар ҳайати 13 нафар гурӯҳи кории комиссия ташкил гардид.
     Дар ин замина, устод Зариф Ализода иброз менамоянд, ки “дар натиҷаи баҳсу мунозираҳои зиёд, дар гурӯҳи корӣ ду лоиҳа яке “Лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ” ва дигаре “Конститутсияи ҷумҳурии парламентӣ” таҳия гардид. Дар натиҷаи муҳокимаҳо ҳам дар гурӯҳи корӣ ва ҳам дар Комиссияи конститутсионӣ андеша оид ба лоиҳаи “Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ” тарафдории бештаре пайдо кард ва он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Бояд ёдовар шуд, ки дар ин ҷо нақши сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Ҳангоми муҳокимаи лоиҳаҳо ҳам дар гурӯҳи корӣ ва ҳам дар Комиссияи конститутсионӣ ӯ ақидаи худро оид ба институти президентӣ иброз намуда, бо асосу далелҳои воқеӣ барои ҶТ зарур будани ниҳоди президентиро исбот намуд” (Ниг.: Ализода З. Конститутсияи соли 1994 ва нақши он барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол // Маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ: назария ва амалияи татбиқи он”. – Душанбе: “Шуҷоиён”, 2009. – С. 25).
      Пас аз омӯзишу баррасӣ ва муҳокима аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ қобили қабул шуморида шуда, дар асоси қарори Раёсати Шурои Олӣ аз 13 апрели соли 1994, №1662 лоиҳаи Конститутсияи ҶТ, ки 10 боб ва 100 моддаро фаро мегирифт, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Чуноне ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дар маърӯзаи хеш доир ба ислоҳоти конститутсионӣ, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи ҶТ моҳи июли соли 1994 иброз намуданд: «дар тӯли зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба Шурои Олӣ беш аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ворид гардид». Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми кишвар низ доир ба муқаррарот ва аҳаммияти Конститутсия бетараф набуда, дар такмили он нақши арзишманд гузоштаанд.
      Бояд таъкид дошт, ки воқеан дар як марҳилаи ҳассоси таърихӣ таҳияи чунин санад (Конститутсия) кори басо мушкил буд, вале маҳз кордонӣ, масъулият ва садоқати Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонистанд бо таклифу пешниҳодҳои худ як гурӯҳи кории босалоҳият созмон диҳанд ва пайваста аз он натиҷагирӣ намоянд, ки чунин фаъолият натиҷаҳои судманду афзалиятнокро баҳри рушди минбаъдаи давлат ва таҳаввулоти конститутсионӣ дар кишвар ба вуҷуд овард.
      Боиси қайд аст, ки зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсия ҶТ ҳадафҳои нави давлати соҳибистиқлол, арзишҳои миллӣ, дастовардҳои илмӣ оид ба падидаҳои конститутсонализм, инчунин таҷрибаи давлатҳои пешқадам оид ба таҳия ва қабули Конститутсия ва ҳамзамон арзишҳои байналмилалӣ ва санадҳои муҳими ҳуқуқи байналмилалӣ ба инобат гирифта шуда буд. Маҳз ҳамин омилҳо буд, ки дар ҳамон марҳила лоиҳаи Конститутсия аз ҷониби як зумра мутахассисони кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла ИМА, Англия, Россия ва чанд кишвари дигар баҳои сазовор гирифт ва ҳатто коршиносони СММ, Шурои Амният ва ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналхалқӣ низ ба лоиҳа баҳои баланд додаанд (Ниг.: Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ // Зери таҳрири Раиси Суди Конститутсионии ҶТ, академики Академияи илмҳои ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Маҳмудов М.А. – Душанбе: “Шарқи озод”, 2009. – С. 7).
     Бо дарназардошти муқаррароти моддаи 3 Қонуни ҶТ аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар ҶТ, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи ҶТ» ва Қонуни ҶТ аз 7 сентябри соли 1994, №1066 «Дар бораи ба вақти дигар гузаронидани муҳлати референдум оид ба қабул намудани Конститутсияи ҶТ ва интихоботи Президенти ҶТ» ва дар бораи даровардани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар ҶТ, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи ҶТ» 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки дар он 94,40 фоизи шаҳрвандон ширкат варзида, 87,59 фоиз ба тарафдории қабули Конститутсия овоз додаанд.
     Вобаста ба ин, қабули Конститутсия баёнгари ворид шудани Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ буда, он ҷиҳати таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва тақвият бахшидан ба дурнамои ташаккули соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ ва рушди бемайлони низоми қонунгузорӣ мусоидат намуд.
     Ҳамзамон, метавон иброз намуд, ки дар масири 30 соли қабул ва амали Конститутсияи ҶТ дар се марҳила ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуд, ки ба такмили меъёрҳои Конститутсия ва низоми ҳуқуқии мамлакат мусоидати бевосита намуданд. Аз ҷумла: 26 сентябри соли 1999; 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016.
 
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди қонунгузорӣ
    Қобили зикр аст, ки мавқеъ ва нақши Конститутсияи ҶТ дар рушди қонунгузории кишвар ва таҳкими сиёсати ҳуқуқии мамлакат назаррас буда, маҳз дар заминаи меъёрҳои заминавӣ (бунёдӣ)-и он дурнамои инкишофи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян ва муқаррар гардидааст. Қабули Конститутсияи ҶТ боис гардид, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории ҶТ мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ, мутобиқсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд.
      Бояд зикр намуд, ки вобаста ба рушди кишвар ва қабули Конститутсияи ҶТ ва бо дарназардошти тағйиру иловаҳои минбаъдаи он сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст. Чуноне ки М.З. Раҳимзода қайд менамояд, “ташаккули минбаъдаи инкишофи қонунгузорӣ дар ҶТ ба қабули Конститутсияи ҶТ 6 ноябри соли 1994, ки дурнамои сиёсати ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро муайян менамояд, вобаста мебошад. Дар Конститутсия меъёрҳои зиёде мавҷуд аст, ки дурнамо, равиши асосӣ ва стратегияи инкишофи қонунгузорӣ ва дар шакли умум, принсипҳои асосии сиёсати ҳуқуқии ҶТ-ро муқаррар менамоянд” (Ниг.: Раҳимзода М.З. Проблемаҳои ташаккул ва инкишофи фаъолияти қонунэҷодкунӣ дар ҶТ // Қонунгузорӣ. – 2016. – №2 (22). – С. 5; Раҳимзода М.З. Таҷассуми сиёсати ҳуқуқии ҶТ дар Конститутсияи он // Қонунгузорӣ. – 2014. – №3 (15). – С. 5).
      Стратегия ва дурнамои масъалаҳои танзими муфассали ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма гирифта, дар доираи қонунгузорӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мавриди танзим ва муқаррарнамоӣ қарор дода шудаанд. Таҳлил ва омори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз он далолат менамояд, ки то ба имрӯз аз ҷониби мақоми олии қонунгузории кишвар зиёда аз 397 санадҳои қонунгузорӣ (1 - Конститутсия, 17 - қонунҳои конститутсионӣ, 21 - кодексҳо, 17 - қонунҳо дар бораи авф, 27 - қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва 314 қонунҳои ҷорӣ) ҷиҳати танзим, муайяннамоӣ ва пешбинӣ намудани қоидаҳои рафтори ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шудаанд.
       Дар баробари ин, дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи ҶТ ва дигар санадҳои қонунгузорӣ зиёда аз 18 000 санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ қабул гардиданд, ки моҳияти асосии онҳоро асосҳо ва иҷрои нишондодҳои санадҳои қонунгузорӣ ташкил медиҳад. Дар ин раванд, ҶТ узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ гардида, 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 51 конвенсия ва 964 шартнома ва созишномаҳои байналмилалиро ба тасвиб расонидааст.
     Яке аз дастовардҳои муҳими дигар, ки барои рушди қонунгузорӣ заминаи боэътимод гузошт, банақшагирии рушди қонунгузорӣ аст, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ (консепсия, стратегия ва барнома) ба роҳ монда мешавад. ҶТ бо мақсади таҳкими ҳадафҳои стратегии давлат ва татбиқи онҳо зиёда аз 500 ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ (57 - стратегия, 70 - консепсия ва 373 - барномаҳои давлатӣ)-ро аз соли 1994 то ба имрӯз қабул ва роҳандозӣ намудааст. Бояд зикр намуд, ки дар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии мазкур махсусияти бевосита ба таҳия, қабул ва татбиқи санадҳои қонунгузорӣ, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо дода шуда, бо ин назардошт дурнамои ташаккул ва такмили низоми қонунгузорӣ муайян карда мешавад.
      Қобили тазаккур аст, ки рушди қонунгузории ҶТ баъд аз қабули Конститутсия бо дарназардошти унсурҳои асосии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мустаҳкам гардид. Агар ба масъалаҳои танзими қонунии муносибатҳои ҷамъиятӣ пеш аз қабули Конститутсия назар афканем, қонунгузорӣ ва қабули қонунҳои алоҳида бештар ба масъалаҳои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нигаронида шуда буданд (ба монанди, қонунҳои ҶТ «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи авф» ва ғайра). Айни замон бошад, ташаккул ва рушди низоми қонунгузорӣ бештар ба самти таъмини фазои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ғайра равона гардидааст.
      Дар баробари ин, ҳамчун афзалияти муҳими дигар дар рушди низоми қонунгузории кишвар ин ба вуҷуд омадани истилоҳи қонуни миллӣ маҳсуб мегардад, ки ифодагари анъана, махсусиятҳои осори фарҳангӣ ва табиати миллати тоҷик мебошад. Дар ин самт, бо иродаи устувори фарҳангиву таърихӣ, ташаббусҳои наҷиб ва таклифҳои мубрами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар ду марҳила (солҳои 2007, 2011 ва 2024) ва бо дарназардошти сатҳи баланди тарбияи ватандӯстӣ, ташаббуснокӣ ва фаъолияти касбии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» (соли 2022) қабул гардиданд, ки сирф хусусияти миллӣ доранд ва таҷассумгари осори маънавии миллати тоҷик мебошанд. Бояд гуфт, ки таҷрибаи ташаккули қонунофарии миллати тоҷикро дар ин самт дигар давлатҳои дунё, махсусан кишварҳои минтақа истифода бурда истодаанд, ки ин механизми нисбатан нави рушди қонунгузориро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ инъикос менамояд.
       Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст. Дар моддаи 10 Конститутсия бевосита муқаррар мегардад, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҶТ буда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор мегиранд ва бевосита амал мекунанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Яъне, мавқеъ ва аҳаммияту ҷойгоҳи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қувваи амал доштани онҳоро дар ҳудуди мамлакат бевосита Конститутсия муқаррар ва кафолат медиҳад, ки чунин муқаррарот заминаи асосии эътирофнамоӣ ва амалӣ гардидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба шумор меравад. Конститутсия бо дарназардошти баэътиборгирии принсипҳои умумии ҳуқуқи байналмилалӣ таҳия гардида, нисбат ба чунин санадҳо қувваи баланди ҳуқуқӣ дорад ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чунин мавқеъро доро намебошанд.
     Бояд қайд намуд, ки ҶТ дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, дар ин самт 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 51 конвенсия ва 964 шартнома ва созишномаҳои байналмилалиро ба тасвиб расонидааст.
   Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ. Қонуни конститутсионӣ санади меъёрии ҳуқуқиест, ки муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, мавзуи танзим ва тартиби қабули он дар Конститутсияи ҶТ пешбинӣ шудааст. Яъне, махсусияти муҳиму пайвандӣ доштани қонунҳои конститутсионӣ ба Конститутсия дар он аст, ки қабули онҳо дар сатҳи Конститутсия бевосита пешбинӣ мегардад. Дар заминаи муқаррароти Конститутсия то ин муддат 17 қонунҳои конститутсионӣ қабул гардидаанд, ки танзимгари муносибатҳо дар самти интихоботи Президенти ҶТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти ҶТ, Ҳукумати ҶТ, вазъи ҳуқуқӣ ва интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ, вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, Суди конститутсионии ҶТ, мақомотҳои прокуратура ва судҳои ҶТ, ВМКБ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии ҶТ, раъйпурсӣ, вазъияти фавқулодда, шаҳрвандӣ мебошанд. 
      Конститутсия ва кодексҳо, қонунҳо. Кодекс қонуни ягона ва мураттабгаштаест, ки тавассути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бевосита ва бонизом танзим карда мешавад. Қонун санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақоми қонунгузор қабул мегардад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим мекунад. Меҳвари низоми қонунгузории ҶТ-ро ин кодекс ва қонунҳо ташкил менамоянд, чунки муносибатҳои ҳаётан муҳими ҷамъиятӣ маҳз ба таври пурра ва комплексӣ дар доираи ҳамин санадҳо ба танзим дароварда мешавад. Имрӯз муносибатҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ дар доираи низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, махсусан кодекс ва қонунҳо ба танзим дароварда шудааст, яъне соҳае нест, ки бе танзими ҳуқуқӣ монда бошад. Ин аст, ки дар заминаи меъёрҳои Конститутсия ва баҳри танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ то ин муддат дар мамлакат 21 кодекс ва 314 қонунҳои мукаммал қабул карда шудаанд.
     Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ - санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар асос ва барои иҷрои санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қувваи бештари ҳуқуқидошта қабул мешаванд. Нақши Конститутсия дар таҳким ва рушди таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ назаррас маҳсуб мегардад, чунки чунин санадҳо механизми амалигардонии муқаррароти санадҳои қонунгузориро пешбинӣ менамоянд. Бо ин назардошт, ҷиҳати иҷрои меъёрҳои Конститутсияи ҶТ ва дигар санадҳои қонунгузорӣ то ин муддат зиёда аз 18 000 санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ қабул гардиданд, ки дар рушди низоми ҳуқуқӣ ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ҷойгоҳи махсусро касб менамоянд.
 
Омилҳои эътирофнамоии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи конститутсияҳои демократии ҷаҳон
    Конститутсияи ҶТ қонуни асосии ҶТ буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян мекунад. Чуноне ки болотар қайд гардид, Конститутсияи ҶТ аз ҷониби коршиносони давлатҳои пешрафтаву мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва амсоли инҳо яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳои демократии ҷаҳон эътироф гаштааст.
     Ба андешаи Қ.Х. Хушвахтзода “Конститутсия қонуни асосӣ ва шаҳодатномаи миллат ба шумор рафта, маҳз дар асосу партави он зиндагии моддиву маънавии ҷомеа ва фазои мусоиди кору ҳаёти ҳар як сокини кишвар ба танзим медарояд. Конститутсияи ҶТ бо бархӯрдорӣ аз миллият ва ҷавобгӯ будан ба тамоми ниёзҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хосаеро касб менамояд” (Ниг.: Хушвахтзода Қ.Х. Конститутсия – кафили озодиву соҳибҳуқуқӣ / Табрикоти ректори ДМТ ба муносибати Рӯзи Конститутсия // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: https://tnu.tj/index.php/tj/konstitutsija-kafili-ozodivu-so-ib-u-u-2/ (санаи муроҷиат: 25.09.2024)..
       Омилҳо ва бартариятҳои Конститутсияи ҶТ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин ба андешаи мо инҳо мебошанд:
    Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ. Дар таҷрибаи давлатдории миллӣ бори нахуст бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи ҶТ 6 ноябри соли 1994 қабул гардид. Вобаста ба ин, таҷрибаи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ ин эътирофнамоии он ҳамчун Конститутсияи мардумӣ ба ҳисоб меравад. Дар адабиёти ҳуқуқӣ низ маҳз бо ин хусусият Конститутсияи мамлакат хусусияти мардумӣ дошта, тавсиф карда мешавад.
     Аз тарафи дигар, агар ба таҳлили низоми ҳуқуқи конститутсионии давлатҳои дигар назар афканем, дар аксар мамлакатҳо конститутсияҳо аз ҷониби мақоми олии қонунгузор ва ё аз ҷониби дигар ниҳодҳои махсусгардонидашуда баҳри таҳия ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (ба мисли шуроҳои конститутсионӣ) қабул ва такмил дода мешаванд. Вобаста ба ин, Конститутсияи ҶТ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва тағйиру иловаҳо ба он ворид гардида, дар он ифодаи иродаи мардум муайян карда мешавад, ки ин раванд омили муҳим ва бартарияти асосии Конститутсияи ҶТ-ро ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон ифода менамояд.
     Аз ин дидгоҳ, Конститутсияи ҶТ ҳамчун Конститутсияи халқӣ низ маънидод мегардад. Чуноне ки Раиси Шурои Олии онвақтаи ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дар маърӯзаи хеш «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар ҶТ, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи ҶТ» иброз намуда буданд: «лоиҳаи Конститутсия барои он халқӣ аст, ки онро кулли ҳамватанони мо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва берун аз он мавриди муҳокима қарор дода, такмилу пурра карданд. Аз ин рӯ, эҷодгори он худи мардум аст. Табиати халқӣ доштани лоиҳаи Конститутсия, инчунин дар сабт намудани баробарҳуқуқии сокинони ҷумҳурӣ, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, ранги пӯст ва дигар нишонаву вазъи иҷтимоиашон ифода меёбад».
      Танзим ва мустаҳкам намудани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар меҳвари Конститутсия. Хусусияти дигари Конститутсия дар он аст, ки ба шаҳрвандон доираи васеи ҳуқуқҳоро кафолат додааст. Яъне калонтарин боби Конститутсия - боби 2 он мебошад, ки ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Боби мазкур аз моддаи 14 оғоз гардида, бо моддаи 47 анҷом меёбад. Аз 34 моддаи ин боб ҳамагӣ 4 моддаи он ба вазифаҳои шаҳрвандон тааллуқ дошта, 30 моддаи дигараш ба ҳуқуқи инсон бахшида шудаанд. Инчунин, дар меҳвари дигар бобҳо ва моддаҳои Конститутсияи ҶТ масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд низ қарор дорад.
     Ҳамин тавр, Конститутсияи ҶТ ҳамчун қонуни асосии кишвар масъалаҳои ҳаётан муҳимро танзим намуда, хислати демократӣ дошта, адолату баробарӣ ва озодӣ дар он нуҳуфтааст. Агар Конститутсияи ИМА куҳантарин Конститутсия бошад, Конститутсияи Мексика Конститутсияи абадӣ эълон шуда бошад, Конститутсияи Ҳиндустон калонтарин Конститутсия дар ҷаҳон аз рӯйи ҳаҷм бошад, Конститутсияи ҶТ ин Конститутсияи кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодии инсон аст.
     Устувории меъёрҳои Конститутсияи ҶТУстувории меъёрҳои Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он хусусияти дурнамосозӣ дорад ва ба он кам тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Дар баробари ин, омилҳо ва марҳилаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ собит менамоянд, ки он қисми ҷудонашавандаи амалия ва таҷрибаи конститутсионии ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Ин аст, ки дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон таҷрибаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ҷой дорад, аммо ба Конститутсияи ҶТ нисбат ба дигар конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон кам тағйиру иловаҳо ворид гардидааст, ки ин ҳолат устувории меъёрҳои Конститутсияро нишон медиҳад.
     Масалан, ба Конститутсияи давлатҳои Бразилия (аз соли 1988, 36 соли амал) - 64 маротиба, Гурҷистон (аз соли 1995, 29 соли амал) - 19 маротиба, Олмон (аз соли 1949, 75 соли амал) - 50 маротиба, Мексика (аз соли 1917, 107 соли амал) - 600 маротиба (дар Мексика он ҳамчун Қонуни асосии «абадӣ» маҳсуб мегардад) тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Агар ба таҷрибаи давлатҳои ИДМ назар афканем маълум мешавад, ки ба Конститутсияи ҶТ нисбат ба ин давлатҳо кам тағйирот ворид гардидааст. Барои мисол: Федератсияи Россия (аз соли 1993, 31 соли амал) - 4 маротиба, Ҷумҳурии Қазоқистон (аз соли 1995, 29 соли амал) - 6 маротиба, Ҷумҳурии Туркманистон (1992, 32 соли амал) - 6 маротиба. Ҳамин аст, ки дар 30 соли амали Конститутсияи ҶТ ба он се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардидааст, ки ин ҳолат аз устувории меъёрҳои Конститутсияи ҶТ гувоҳӣ медиҳад.
     Дар илми ҳуқуқшиносӣ конститутсияҳо аз нуқтаи назари тағйирёбӣ ба конститутсияҳои «қатъӣ» ва конститутсияҳои «чандир» ҷудо карда мешаванд. Конститутсияи ҶТ ба гурӯҳи конститутсияҳои «қатъӣ» мансуб аст. Зеро, дар Конститутсияи ҶТ арзишҳои конститутсионие пешбинӣ шудааст, ки онҳо тағйирнопазир мебошанд. Махсусан, дар моддаи 100 Конститутсияи ҶТ 6 арзиши муҳими конститутсионӣ муқаррар гардидааст, аз қабилӣ: «шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд».
     Мо бояд дар назар дошта бошем, ки чунин меъёрҳо дар конститутсияи камтарин давлатҳо ба назар мерасад. Ин омил яке аз роҳҳои таъмини устувории Конститутсияи ҶТ ба ҳисоб рафта, пешгирии зуд-зуд ворид намудани тағйирот ба онро таъмин мекунад. Албатта, тарзи нисбатан бо осонӣ тағйирёбии Конститутсия хатари гум шудани устувории меъёрҳои онро ифода менамояд. Чунин раванд дар таҷрибаи кишвари мо пеш аз марҳилаи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мавҷуд буд. Масалан, конститутсияҳои соли 1937 ва соли 1978 қабулгардида роҳи хеле осони ворид намудани тағйиру иловаҳоро пешбинӣ мекарданд. Онҳо конститутсияҳои зуд-зуд тағйирёбанда буданд. Масалан, ба Конститутсияи соли 1978 дар ҳар як иҷлосия тағйирот ворид мекарданд. Ҳамин буд, ки ба Конститутсияи соли 1937 ва соли 1978 даҳҳо маротиба тағйирот ворид гардидааст.
    Фарогири муносибатҳои ҷамъиятӣ будани меъёрҳои Конститутсияи ҶТ. Таҳлили меъёрҳои Конститутсияи ҶТ собит менамояд, ки дар доираи 10 боб ва 100 модда тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ дар кишвар ба таври бевосита ва бавосита дар он мустаҳкам карда шудааст. Яъне, меъёрҳои Конститутсияи ҶТ махсусияти меҳварӣ, бунёдӣ, ғоявӣ, заминавӣ ва мукаммалиро дорост, ки дар он тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мавриди танзим қарор гирифтааст. Махсусияти муҳими меъёрҳои Конститутсия бо дарназардошти фарогир ба муносибатҳои ҷамъиятӣ будан ифодагари он аст, ки ҳар як меъёр, муқаррарот ва ибораву калимаҳои дар он пешбинигардида дар худ доираи васеи муносибатҳои гуногуни ҷамъиятиро муайян менамоянд.
 
Тавсифи умумии омилҳо ва марҳилаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили минбаъдаи рушди қонунгузорӣ
     Дар пасманзари қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии кишвар бо дарназардошти дастовардҳои нави ҷомеа то ин муддат ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуда, марҳилаи нави такмили сохтори конститутсионӣ оғоз гардид ва он имкон дод, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи ҶТ тағйиру иловаҳо ворид шуда, мазмуну муҳтавои низоми ҳуқуқии кишвар такмил ва асосҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявии он таҳким ёбад.
     Бояд қайд намуд, ки дар се марҳила ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ сабабҳо ва омилҳои хоссаро доро буда, бо пешрафти ҷомеа, дигаргуниҳои сифатии ҳаёти ҷомеа дар раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ табиист, ки ба вуқӯъ мепайвандад. Аз нигоҳи дигар, пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва гузариш ба сохти нави давлатдории миллӣ, яъне ба давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки унсурҳо ва махсусиятҳои муайянро пешбинӣ менамоянд, омили асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ гардид. Дар заминаи чунин раванд дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ ба вуҷуд омада, низоми идоракунии давлатӣ ва дурнамои рушди бахшҳои муҳими хоҷагии халқ муайян карда шуданд.
     Дар баробари ин, метавон омилҳои асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ-ро ба ду ҷанба таснифбандӣ намуд: омилҳои миллӣ ва байналмилалии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия.
     Ба омилҳои миллӣ асосҳои таърихӣ ва ташкилӣ-ҳуқуқии иқтидори воқеии кишвар ҷиҳати таъмини сатҳи иҷтимоӣ, ташаккули манбаи захираҳои иқтисодӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, энергетикӣ, хусусиятҳои осори фарҳанги миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ, таҳкими фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҳамчун шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, такмили техникаи ҳуқуқӣ ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дохил мегарданд.
     Ба омилҳои байналмилалӣ бошад, рушди равобити берунии кишвар бо созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ, тақвияти ташаббусҳои бунёдӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ ва амниятӣ дар сатҳи байналмилалӣ, ворид гардидани мамлакат ба як қатор созмонҳои бонуфузи молиявию тиҷоратӣ, вусъат гирифтани равобити дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар самти роҳандозии муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амсоли ин шомил мебошанд. Инчунин, дар асри кунунӣ раванди ба вуҷуд омадани буҳрони сиёсиву молиявӣ дар ҷаҳон, ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо, тезутунд гаштани масъалаҳои энергетикӣ, молиявӣ, захиравӣ, экологӣ ва ғайра ҳамчун омилҳои таъсирнок ба низоми дохилии ҳар як давлат гардида, чунин равандҳо боиси тағйиротҳои куллӣ ва маҷмуӣ ба Конститутсияи ҶТ мегардад.
     Пешрафти ҷомеа тақозо менамояд, ки асосҳои конститутсионӣ низ пайваста такмил ёбанд. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия пеш аз ҳама ба танзими тараққиёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таҳкими кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобаста аст. Такмили Конститутсия ба мо имконият дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем.
     Марҳилаи якуми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ аз 26 сентябри соли 1999. Аввалин маротиба ба Конститутсияи ҶТ 26 сентябри соли 1999 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки дигаргуниҳои мазмуниву меъёрӣ ва ҳуқуқиро ташкил менамоянд. Аз ҷумла, дар даҳ қисм ва ба 28 моддаҳои дахлдори Конститутсияи ҶТ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Дар ин замина, ҳуқуқ ба муттаҳид шудани шаҳрвандон ба таври васеъ танзим гардид ва маҳз дар заминаи тағйиру иловаҳои мазкур боби сеюми Конститутсияи ҶТ (Маҷлиси Олӣ - иборат аз 16 модда) дар таҳрири нав, ки дар таърихи сиёсии кишвар бори нахуст парламенти думаҷлиса муқаррар карда шуд, минбаъд ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳамчунин, тартиби интихоби вакилони парламент, таъини аъзои Маҷлиси миллӣ, дахлнопазирӣ, механизми ба роҳ мондани фаъолияти дохилии парламенти кишвар, тартиб ва асосҳои гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя, доираи салоҳияти палатаи болоӣ - Маҷлиси миллӣ ва палатаи поёнӣ - Маҷлиси намояндагон мушаххас таснифбандӣ гардида, самаранокии фаъолияти якҷоя ва ҷудогонаи палатаҳои Маҷлиси Олӣ мустаҳкам карда шуданд.
     Инчунин, дар ҳамин марҳила муҳлати ваколати Президент аз 5 ба 7 ва доираи салоҳиятҳои Президент аз 26 ба 30 расонида шуд. Дар моддаи 82 ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дода шуда, дар низоми судӣ ба вуҷуд омадани Суди иқтисодии ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе пешбинӣ гардид. Ин равандро марҳилаи якуми мукаммалсозии меъёрҳои Конститутсияи ҶТ ё худ ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат номидан мумкин аст.
     Дар пасманзари марҳилаи якуми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ рушди низоми қонунгузорӣ тақвият ёфта, дар ин давра 5 қонуни конститутсионӣ, 5 кодекс, 63 қонунҳои мукаммал қабул гардида, ба шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар тағйиру иловаҳо ворид карда шуд ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии зиёд қабул гардиданд. Инчунин, дар ин муддат 3 консепсия, 2 стратегия ва 21 барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаҳои мухталиф замина гузоштаанд.
     Марҳилаи дуюми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ аз 22 июни соли 2003. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ дар марҳилаи дуюм, яъне 22 июни соли 2003 ба мукаммалсозӣ ва мустаҳкам намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ бо дарназардошти унсурҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ равона гардидаанд. Дар ин марҳила, дар доираи 56 қисмат ба дебоча ва 54 модда тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, бори нахуст муқаррароти интиқолӣ бо фарогирии 4 қисм дар Конститутсияи ҶТ пешбинӣ карда шуд.
     Дар моддаи 5 инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, дар моддаи 6 бошад, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ мустаҳкам карда шуданд. Дар моддаи 8 ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ шинохта шуда, ягонагии мафкураи давлатӣ дар радифи (муқобили) мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе муқаррар гардид. Инчунин, дар моддаи 14 бевосита амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мустаҳкам гардида, онҳо ҳамчун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ эътироф гардида, тавассути ҳокимияти судӣ таъмини онҳо кафолат дода шуд. Аз ҷумлаи навгонии муҳиме, ки дар асоси тағйироти болозикр ба вуҷуд омад, ин меъёрҳо вобаста ба муқаррароти интиқолӣ маҳсуб мегардад. Дар муқаррароти интиқолии Конститутсияи ҶТ дар 4 қисм меъёрҳо пешбинӣ гардидаанд, ки муносибатҳо вобаста ба давраи гузариши қувваи амали чунин санади олии ҳуқуқиро ифода менамоянд.
     Дар заминаи марҳилаи дуюми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ қонунгузории мамлакат мутаносибан бо дарназардошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ комилан такмил дода шуда, дар ин муддат 7 қонуни конститутсионӣ, 13 кодекс ва 258 қонунҳои мукаммал қабул гардиданд, ки аксарияти онҳо то ин муддат амал карда истодаанд ва бо дарназардошти зарурияти ҳуқуқиву соҳавӣ қисмате аз онҳо дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардидаанд. Инчунин, дар ин муддат ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда бо дарназардошти муқаррароти заминавии Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии зиёд қабул гардид. Ҳамзамон, дар ин муддат 50 консепсия, 21 стратегия ва 209 барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд, ки ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаҳои мухталиф замина гузоштаанд.
     Марҳилаи сеюми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ аз 22 майи соли 2016. Дар заминаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ аз 22 майи соли 2016, ки марҳилаи сеюми ворид намудани тағйиру илова маҳсуб мегардад, 40 тағйиру иловаҳои мушаххас, аз ҷумла ба номи Конститутсияи ҶТ, номи боби шашум, 37 модда ва муқаррароти интиқолии он ворид карда шуданд. Маҳз дар заминаи тағйироти мазкур аз ном ва матни Конститутсияи ҶТ калимаи «Сарқонуни» хориҷ карда шуд. Инчунин, шакли идоракунии ҶТ ҳамчун шакли идоракунии президентӣ дар қисми дуюми моддаи 1 мустаҳкам гардид. Дар баробари ин, дар моддаи 8 манъи фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҶТ мустаҳкам карда шуд.
     Дар қисми 2 моддаи 34 Конститутсияи ҶТ масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, инчунин масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар мустаҳкам карда шуд. Дар моддаи 45 супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян намудааст, ҳатмӣ эълон гардид. Дар баробари ин, қисми 4 муқаррароти интиқолии Конститутсияи ҶТ дар таҳрири нав пешбинӣ карда шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд намудани аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ» муқаррар карда шуд.
     Марҳилаи бозсозӣ, мукаммалсозӣ ва ба рушди босуръат ноил гардидани низоми қонунгузорӣ дар пасманзари давраи сеюми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ рост меояд. Чунки дар ин муддат, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҶТ барои солҳои 2018-2028, бо фармони Президенти ҶТ аз 6 феврали соли 2018, №1005 қабул гардид, ки дурнамои рушд ва такмили қонунгузории ҶТ-ро бо дарназардошти омилҳои миллӣ ва байналмилалӣ пешбинӣ намуда, кодификатсияи қонунгузории соҳаҳои алоҳидаро василаи муҳими ин раванд арзёбӣ намуд.
     Дар ин давра, қонунгузории мамлакат мутаносибан бо дарназардошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ комилан такмил дода шуда, 3 қонуни конститутсионӣ, 9 кодекс ва 90 қонунҳои мукаммал қабул гардиданд, инчунин дар ин давра ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда бо дарназардошти муқаррароти заминавии Конститутсия ва рушди низоми ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии зиёд қабул гардид. Ҳамзамон, дар ин муддат 14 консепсия, 33 стратегия ва 147 барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаҳои мухталиф замина гузошта истодаанд.
     Бо дарназардошти омӯзиш ва таҳлили омилҳо ва марҳилаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ метавон хулоса намуд, ки дар умум масъалаҳое, ки дар Конститутсияи ҶТ муқаррар гардидааст, ба шаш самти асосӣ ҷудо мешаванд:
  1. арзишҳои умумӣ-конститутсионӣ, яъне масъалаҳо вобаста ба дебочаи Конститутсия;
  2. масъалаи асосҳои сохтори конститутсионӣ (боби 1);
  3. вазъи ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд (боби 2);
  4. тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ (бобҳои 3-9);
  5. тартиби тағйири Конститутсия (боби 10);
  6. масъалаҳо вобаста ба муқаррароти интиқолии Конститутсия.
     Чуноне ки Ю.А. Раҳмон таъкид менамоянд “тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи ҶТ воридгардида, воқеияти замонро инъикос карда, мазмуну муҳтавои Конститутсияро боз ҳам такмил доданд ва барои рушду нумӯи низоми сиёсии навини ҷомеа ва таҳкими қонунгузории ҷорӣ мусоидат намуданд” (Ниг.: Раҳмон Ю.А. Нақш ва аҳаммияти Конститутсия дар ташаккули қонунгузории Тоҷикистон // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: https://www.prokuratura.tj/news-tj/2363-ittiloot-oid-ba-barguzorii-mash-uliyat-oi-ta-lim-dar-donishkada-2.html (санаи муроҷиат: 25.09.2024).
     Дар баробари ин, метавон қайд намуд, ки заминаҳои ҳуқуқӣ ва амалияи татбиқи дар се марҳилаи муайян ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ бо дарназардошти тараққиёт ва рушду нумӯи ҷомеа, мусоидат ба инкишофи демократикунонии минбаъдаи ҳаёти ҷомеа, ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои куллан ҷадид дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, такмил додани асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолати онҳо, инчунин ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ ба вуҷуд омадаанд. Субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар таҳия ва тадвини тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ аз назария ва амалияи пешқадамтарин кишварҳои ҷаҳон дар риштаи ҳуқуқ ва низоми қонунгузорӣ васеъ истифода бурдаанд.
 
ХУЛОСА
     Дар маҷмуъ, нақши меҳварии Конститутсияи ҶТ дар рушди низоми қонунгузорӣ назаррас буда, ҳамзамон масъалаи болозикр вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ талаби замон маҳсуб ёфта, мазмуну муҳтавои Конститутсияро таҳкиму тақвият мебахшанд, инчунин барои таҳкими ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мустаҳкам ва такмил додани фаъолияти мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инкишофи қонунгузорӣ дар ҶТ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат намуда истодаанд.
   Ҷиҳати тарғибу ташвиқи меъёрҳои Конститутсия, оммафаҳм гардонидани муқаррароти он, ҳавасмандии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба аз худ кардани меъёрҳои он, баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҷиҳати дарки амиқ ва риояву иҷрои меъёрҳои Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин рушди низоми қонунгузорӣ дар масири 30 соли қабули Конститутсия минбаъд амалӣ намудани чораҳои зерин ба мақсад мувофиқ шуморида мешавад:
    1) ҳар сол ташкил ва гузаронидани маҳфилу озмунҳо вобаста ба Конститутсия ва санадҳои қонунгузории кишвар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии дорои ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ғайри ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва ҳавасманд гардонидани ғолибони онҳо дар арафаи таҷлил аз Рӯзи Конститутсия;
      2) дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои хонандагони синфи 11-ум пешбинӣ намудани соати дарсии махсус аз фанни «Асосҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
       3) таҳия ва нашри тафсири илмию оммавии Конститутсия бо дарназардошти тағйиру иловаҳои ба он воридгардида ва такмили қонунгузории соҳаҳои алоҳида аз ҷониби олимону мутахассисон ва дастрас намудани он ба тамоми оилаҳои мамлакат;
     4) ҷойгир кардани тафсири илмию оммавии Конститутсия дар барномаи алоҳидаи электронии мобилӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет;
  5) таҳия ва нашри пайвастаи барномаҳои махсуси телевизионӣ ва радиоӣ таҳти унвони «Конститутсия – бахтномаи миллат»;
    6) дар заминаи меъёрҳои Конститутсия ба мақсад мувофиқ аст, ки ҷиҳати рушди қонунгузорӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ (кодекс ва қонунҳо) таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ нисбатан кам карда шуда, масъалаҳои ҷойдошта дар матни санадҳои қонунгузорӣ танзим карда шаванд. Инчунин, дар ин замина зарур аст, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи ин ё он санади қонунгузорӣ, ки қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонуниро пешбинӣ менамояд, чунин санадҳо якҷоя (яъне дар шакли маҷмӯавӣ, пакетӣ) таҳия карда шаванд, ки ин раванд ба татбиқи пурраи санадҳои қонунгузорӣ мусоидат менамояд. Чунки, таҷриба дар ин самт шаҳодат аз он медиҳад, ки санади қонунгузорӣ пештар қабул гардида, аммо санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии аз муқаррароти он бармеомада, ки воситаи амалигардии меъёрҳои он ба шумор мераванд, пас аз давраи муайян – 1 сол ва зиёда аз он таҳия мегарданд ва ҳатто баъзеаш қабул нагардида мемонанд;
     7) дар самти рушди қонунгузорӣ зарур аст, ки пеш аз таҳияи лоиҳа консепсияи лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ таҳия карда шавад, ки фарогири таҳлилҳо оид ба мақсаду моҳият, вазифаҳо, асоснокии илмӣ-ҳуқуқӣ ва соҳавӣ, таҳлилҳои муқоисавии ҳуқуқӣ ва муайянсозии низому сохтори лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад;
     8) дар заминаи меъёрҳои Конститутсия ҷиҳати рушди бонизоми қонунгузорӣ зарур аст, ки институти мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷоннок карда шуда, субъекти анҷомдиҳандаи он муайян гардад, ки таҳлилу мушоҳида ва санҷиши вазъи воқеии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва омода намудани асоснокии такмили он мақсади меҳварии ин падида ба шумор меравад.
 
Рӯйхати адабиёт:
  1. Конститутсияи ҶТ аз 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. – Душанбе, 2016. – 64 с.
  2. Ализода З. Конститутсияи соли 1994 ва нақши он барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол // Маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ: назария ва амалияи татбиқи он”. – Душанбе: “Шуҷоиён”, 2009. – С. 24-26.
  3. Имомов А.И. Ҳуқуқи конститутсионии ҶТ: китоби дарсӣ: нашри чорум бо тағйироту иловаҳо. – Душанбе: “Офсет Империя”, 2017. – 760 с.
  4. Раҳимзода М.З. Проблемаҳои ташаккул ва инкишофи фаъолияти қонунэҷодкунӣ дар ҶТ // Қонунгузорӣ. – 2016. – №2 (22). – С. 4-11.
  5. Раҳимзода М.З. Таҷассуми сиёсати ҳуқуқии ҶТ дар Конститутсияи он // Қонунгузорӣ. – 2014. – №3 (15). – С. 4-8.
  6. Таҳаввулоти конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлол. – Душанбе: КВДН “Қонунияти Вазорати адлияи ҶТ”, 2019. – 672 с.
  7. Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ // Зери таҳрири Раиси Суди Конститутсионии ҶТ, академики Академияи илмҳои ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Маҳмудов М.А. – Душанбе: “Шарқи озод”, 2009. – 520 с.
  8. Хушвахтзода Қ.Х. Конститутсия – кафили озодиву соҳибҳуқуқӣ / Табрикоти ректори ДМТ ба муносибати Рӯзи Конститутсия // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: https://tnu.tj/index.php/tj/konstitutsija-kafili-ozodivu-so-ib-u-u-2/ (санаи муроҷиат: 25.09.2024).
 
 
Одиназода Шоҳрух Хисрав,
корманди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)