30 марти соли 2021 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ҳифзи арзишҳои ҳунармандӣ» баргузор гардид, ки дар кори он як зумра олимон ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини директори Марказ Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон оғоз шуд.
Зикр гардид, ки ҳунармандӣ ҳамчун шуғли муҳим дар фаъолияти иқтисодӣ ҷойгоҳи худро дорад. Таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯ ва ҳифзи он хеле зиёд аст. Бинобар ин, ҳанӯз соли 2018 дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи арзишҳои ҳунармандӣ таъкид гардида буд, ки мо барои ҳар шахсе, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияту нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, яъне ҷиҳати худтатбиқкунии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меорем. Инчунин, бо мақсади ташаккули ҳунармандӣ ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардад.
Асосҳои ҳуқуқии рушди ҳунармандӣ айни замон фароҳам омада, як қатор қонунҳо ва санадҳои зериқонунӣ вобаста ба таъминоти ҳуқуқии соҳа қабул гардиданд. Яке аз қонунҳое, ки бевосита эҳё, ҳифз, рушд ва таҷрибаи анъанаҳои таърихӣ ва бостонии санъати ҳунармандӣ, тамаддун ва мероси миллии ҳунармандӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди ҳунармандӣ, рушди имкониятҳои истеҳсолии ҳунармандӣ, тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи ҳунармандиро танзим менамояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» мебошад.
Бояд гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, муайян намудани самтҳои он омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи ҳунармандӣ, ташаккули шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таҳия гардида, татбиқи самараноки он барои рушду нумӯи фарҳанг, тамаддун ва эҷодиёти пурғановати мардумии Тоҷикистон ва фаъолият дар ин самт ҳамчун омили рушди фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Дар мизи мудаввар оид ба масъалаҳои мубрами қонунгузории ҳунармандӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод гардиданд. Бахусус, масоили табиати ҳуқуқии фаъолияти ҳунармандӣ ҳамчун як навъи соҳибкорӣ, нақши Пешвои миллат дар ҳифзи арзишҳои ҳунармандӣ, ҷабҳаҳои ҳуқуқии соҳибкории оилавӣ дар рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии давлатии соҳаи ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи мерос ва арзишҳои ҳунармандии миллии тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои ба рушди қонунгузории соҳаи ҳунармандӣ алоқамандбуда таҳлилу баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷоми кори мизи мудаввар вобаста ба мавзӯъҳои матраҳгардида музокирот сурат гирифт.