ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МАВҚЕЪ ВА НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ҚОНУНГУЗОРИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 03/11/2025 - 09:23
     Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии хеш баҳри рушди муносибатҳои тандурустӣ як қатор тадбирҳо андешид, ки ин соҳаи барои халқу кишвар ҳаётан муҳим сол то сол пеш рафта истодааст.
     Бояд зикр намуд, ки рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва умуман ояндаи дурахшони ҳар як давлат аз соҳаи тандурустӣ вобастагии калон дорад.
     Дар таърихи соҳаи тандурустӣ Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ давлатдории тоҷикон бо татбиқи сиёсат ва бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки ин ҳама дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.
     Солҳои 90-ум шиддат гирифтани низоъҳои иҷтимоӣ дар робита бо оғози ислоҳоти бозор ба ташаккули низоми иҷтимоӣ такон бахшид. Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аз нав авҷ гирифт ва дар самти ташаккули заминаи қонунгузории иҷтимоӣ қадамҳои муайян андешида шуда, аввалин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.
     Моҳи апрели соли 1992 лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуда, тавассути ахбори омма паҳн гардид. Вале, бо сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин раванд боздошта шуд.
Моҳи ноябри соли 1992 баъд аз интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ӯ ҳамзамон  раиси Комиссияи конститутсионӣ таъин гардид. Барои лоиҳаи Конститутсияро тайёр намудан гурӯҳи корӣ созмон дода шуд. Гурӯҳи корӣ лоиҳаи Конститутсияро дар моҳи апрели соли 1994 барои муҳокима ба ҳайати комиссия пешниҳод намуд.
     Президиуми Шӯрои Олӣ лоиҳаи Конститутсияро 13 апрели соли 1994 интишор кард. Ҳамзамон Президиум комиссияи конститутсиониро ваколатдор намуд, ки фикру ақидаҳои шаҳрвандонро оид ба Конститутсияи пешниҳодшуда то моҳи июни соли 1994 ба инобат гирад. Лоиҳаи Конститутсия дар воситаҳои ахбори омма 21-22 апрели соли 1994 нашр шуд. Лоиҳа аз 10 боб ва 100 модда иборат буд, ки айни ҳол сохтори Конститутсияи амалкунандаро ташкил медиҳад.
     6 ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд ва ин санад дар таҷлили давлати навини мо рӯйдоди сарнавиштсоз буд.
     Барои баррасии мавзуи мазкур аввал асосҳои конститутсионии соҳаро таҳлил менамоем. Чунки баҳри танзими соҳаи тандурустӣ дар ҷумҳурӣ пеш аз ҳама Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаҳои ҳуқуқии рушди соҳаро фароҳам гузошт.
      Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилидавлатии мамлакат ва мутаносибан дар низоми сарчашмаҳои танзими соҳаи тандурустӣ дар ҷойи аввал меистад. Волоияти он бар дигар ҳамаи санадҳои ҳуқуқии дар сатҳи миллӣ қабул мешуда на танҳо дар маъхазҳои илмӣ ва таълимӣ, балки дар сатҳи қонунгузорӣ низ эътироф шудааст.
      Волоияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар тамоми дигар санадҳои дохилидавлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки санадҳои мазкур дар асос ва дар мутобиқати пурра бо Конститутсия қабул шуда, дар сурати хилофи он буданашон эътибор надошта, мавриди амал қарор намегиранд. 
    Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қонуни олии дорои волоияти ҳуқуқӣ мебошад, ҳуқуқи инсон ба ҳифзи саломатӣ ба таври возеҳ муқаррар гардида, меъёрҳо ва муқаррарот оид ба таъмини ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ, солим нигоҳ доштани муҳити зист, рушди оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ мустаҳкам карда шудаанд.
    Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд муқаррар шудаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагуна маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳоро аз рӯи аломати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ, ҷинсӣ, эътиқодӣ динӣ, вазъи иҷтимоӣ ва дигар аломатҳо манъ намудааст.
     Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи асосӣ барои тамоми соҳаҳои ҳуқуқ, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ маҳсуб мегардад.
Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро муайян намуда, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро ҳамчун арзишҳои бунёдии конститутсионӣ муқаррар менамоянд.
     Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ташкил дода 34 моддаи он ва ё аз се як ҳиссаи Конститутсия ба ин мавзуъ бахшида шудаанд (моддаҳои 14-47).
Мутобиқи муқаррароти қисми 2 моддаи 1 Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, сиёсати пешгирифтаи он ба фароҳам овардани шароит барои ҳаёти арзандаву инкишофи озодонаи инсон равона карда шудааст.
    Дар моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Меъёри мазкур хусусияти ҳаволакунанда дошта, ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳавола мекунад.
     Чи тавре дар боло зикр гардид, тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилидавлатӣ дар асос ва мутобиқ ба Конститутсия қабул шуда, мавриди амал қарор мегиранд. Хусусан, сухан дар бораи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ меравад.    
     Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017 №1413 гардид, ки аз 2 фасл, 29 боб ва 222 модда иборат аст, ки дар танзими соҳаи тандурустӣ ва намудҳои хизматрасонии ройгон муносибатҳои ба он вобаста мавқеъ ва нақши бағоят назаррас дорад. Аз ҷумла, дар муқаррароти Кодекси тандурустӣ пешбинӣ гардидааст, ки Кодекси мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ ба танзим дароварда, ба татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва ҳифзи саломатӣ равона карда шудааст.
Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки устуворӣ ва доимияти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳия ва қабули қонунҳо заминаи ҳуқуқӣ ва амалии мусоид фароҳам овардаанд. Дар натиҷа, дар соҳаи қонунгузории тандурустӣ як қатор қонунҳои муҳим, ки хусусият ва муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи тандурустиро танзим менамоянд, қабул карда шудаанд.
     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2008, № 408 «Дар бораи суғуртаи тиббӣ» (Қонуни мазкур аз 1.01.2030 мавриди амал қарор мегирад), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2010, №109 «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2022, №1893 «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018, №1484 «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1995, №59 «Дар бораи собиқадорон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008, №359 «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» дар таҳрири нав қабул гардидаанд.
     Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо стратегия ва консепсияҳо қабул гардидаанд, аз ҷумла Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024, Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027, Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Консепсия таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи рушди хизматрасонии иҷтимоӣ ва ғайра.
     Ҳамин тавр, дар давоми 34 соли Истиқлоли давлатӣ як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ қабул ва татбиқ гардидаанд, ки дар танзими ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ нақши муҳим бозида, ба ташаккули муносибатҳои нав ва рушди низоми миллии тандурустӣ мусоидат намудаанд.
     Хулоса, новобаста аз мураккабиҳову мушкилоти замони гузариш, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии давлатамон ба амал омада буданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими соҳаи тандурустиро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар таҳти назорат ва пуштибонии худ қарор дод. Мусаллам аст, ки Ҳукумати мамлакат танзими соҳаи тандурустиро ҳамчун захираҳои стратегии пешрафти кишвар арзёбӣ карда, барои саломатии бардавоми аҳолӣ ва тадриҷан беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ тадбирҳои доимиву зарурӣ меандешад.
    Дар фарҷом бояд тазаккур дод, ки дар ҷомеа ва давлате, ки танзими соҳаи тандурустӣ тавассути меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таври муассир ба роҳ монда шудааст, соҳаи тандурустӣ рушд ёфта, сатҳи зиндагӣ ва вазъи иҷтимоии шаҳрвандон низ боло меравад.
 
                                                       Бобокалон Ғоиб Мерган,
сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
 
Паҳлавонов Сулаймон Каримович, 
сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад