31 марти соли 2020 дар муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Раванди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилиҳо” баргузор гардид.
Конференсия бо сухани муқаддимавии Директори Маркази миллии қонунгузорӣ Саидзода Иззатулло Ҳабибулло ифтитоҳ гашта,ҳамаи иштирокчиёни конференсияро хайрамақдам намуданд.
Зимни баромади худ Директори Марказ иброз доштанд, ки Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқии мусоидаткунанда ба рушди низоми нави ҳуқуқӣ, фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро ба марҳилаи сифатан нав, ба монанди банақшагирии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ, гузаронидани тадқиқоти илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ, гузаронидани экспертизаҳои ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии лоиҳаҳои қонунҳоро ворид намуд.
Таъкид карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ тартиби қабули қонунҳо тадриҷан рушд ёфта, имрӯз он ба як раванди мукаммали ҳуқуқӣ табдил ёфтааст.
Қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо доир ба раванди қонунгузорӣ, ташкил ва фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис ва фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ, инчунин фаъолияти муассисаҳои илмию таҳлилӣ бо мақсади аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудани қонунҳо, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо ва қабули 385 қонунҳо то ба имрӯз, ки тавассути онҳо муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаҳо ва самтҳо бевосита ва бонизом танзим карда мешаванд чун дастовардҳои бузурги раванди қонунгузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ гардид.
Дар кори конференсия намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия - Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид,ки натиҷаҳои конференсияи имрӯза ба инкишофи минбаъдаи илми ҳуқуқи тоҷик, рушди раванди қонунгузорӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда дар ҷодаи баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мусоидат хоҳанд кард.
Шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон