ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ВАҲДАТ -КАФИЛИ ПОЙДОРИИ ВАТАН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 22/06/2023 - 14:34
     Тоҷикон яке аз миллат ва халқиятҳои соҳибтамаддуни дорои таърих ва фарҳанги куҳан маҳсуб меёбанд, ки инро таърих ва сарчашмаҳои таърихӣ исбот кардаанд. Вале пас аз салтанати бузурги давлати Сомониён, ки тоҷикон дар он давра давлати мустақили худро доштанд. Бо ташкилёбии Ҷумҳури Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ мо мустақилияти комил надоштем. Дар ҳақиқат истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки санаи 9 сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст, барои мардуми тоҷик воқеан як асри нав ва эҳёи давлатдории миллӣ ба шумор меравад.
     Дар оғози соҳибистиқлолӣ муттаасифона бо сабаби дахолат намудани қувваҳои беруна, ва гурӯҳҳои манфиатҷӯй дар кишвари мо ҷанги таҳмилии дохилӣ оғоз гардида, вазъи сиёсии мамлакатро то муддатзамоне вазнин гардонид.
     Аз ҷониби азҳоби ба ҳукумат мухолифи сиёсӣ эътироф нашудани Қаҳҳор Маҳкамов ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 29 ноябри соли 1990), пайи ҳам иваз шудани раисони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомотҳои кишварро водор сохтанд, ки зери фишори тазоҳуркунандагони мухолифин ва барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ интихоботи умумихалқии Президенти Тоҷикистонро баргузор намоянд.
     Соли 1992 аз моҳи март то ибтидои май тазоҳуроти пай дар пайи ҳизбу ҳаракатҳои ба ҳукумат мухолиф ва ҷонибдорони ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, махсусан дар шаҳри Душанбе ба заиф шудани мақомоти иҷроия ва қонунгузории марказӣ ва маҳаллӣ сабаб шуд. Қатлу куштору ғорат ва низоъҳои шадиди дохилӣ садҳо ҳазор сокини кишварро дар нахустин солҳои ин ҳаводис ба муҳоҷирати дохиливу хориҷӣ кашонд
     Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид танҳо тайи соли 1992 муҳоҷирони иҷбории дохилӣ тахминан ба 1 млн нафар ва дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба 195 ҳазор нафар мерасид. Танҳо давоми солҳои 1992 то 1994 ин муноқишаҳо миллиардҳо доллар хисорот, даҳҳо ҳазор қурбонӣ ва ҳазорон оиларо гурезаву бесаробон ва бехонаву бе ҷою макон кард.
     Аз санаи 4 июни соли 1997 то санаи 1 апрели соли 2000 Комисияи Оштии Миллӣ фаъолият намудааст. Комиссия тибқи санадҳои Созишномаи умумии сулҳ аз 27- уми июни соли 1997 амалӣ мекард. Комиссияи Оштии Миллӣ “дар бораи авфи иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва низомӣ”-ро таҳия кард, ки соли 1999 аз ҷониби парлумон қабул шуд. Мутобиқ ба ин қонун ҳамаи иштирокчиёни расмии Итиҳодияи мухолифин авф шуданд. Аз 6890 ҷангҷӯйи Итиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, ки соли 1999 сабти ном шуда буданд, 4490 ҷангҷӯй савганди низомӣ ёд карданд ва 2400 ҷангҷӯйи дигараш ба ҳаёти осоишта баргаштанд. Дар охирҳои соли 1998 бошад ҳамаи гурезаҳои тоҷик аз кишвари ҳамсояи Афғонистон бозпас оварда шуданд.
    Рӯзи ваҳдати миллиро мо ҳар сол ҳамчун як ҷашни бузурги миллӣ бо дастовардҳо ва навовариҳои беназир пешвоз мегирем. Ваҳдати миллӣ орзуву ормони ҳазорсолаи мардуми шарифи Тоҷикистон буд, ки ин орзуву ормони халқи азизамон санаи 27-уми июни соли 1997 бевосита бо кӯшишу ғайрати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гаштааст.
      Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии мо мебошад ва ин моро водор месозад, ки мо бояд ватани азизамонро баробари ҷони худ дӯст дорем, ба қадри сулҳу оромӣ ва ин неъмати бебаҳо расем, ваҳдати миллиро поянда нигоҳ дорем. Маҳз ваҳдати миллӣ аст, ки мо дар фазои ободу зебо умр ба сар бурда ба дастовардҳои назаррас ноил гашта истодаем.
      Бо шарофати ин санаи бузург ватани азизамонро дар арсаи байналмилалӣ тамоми кишварҳои дунё ҳамчун як кишвари ободу зебо ва тинҷу ором шинохтанд. Дар Созмони Милали Муттаҳид ҳам ташаббусҳои сарвари моро эътироф мекунанд. Шаҳри Душанбе дар соли 2016 миёни 6 шаҳрҳои бузурги ҷаҳонӣ, аз қабили Рим (Италия), Афина (Юнон), Ашқобод (Туркманистон), Боку (Озарбойҷон) ва Бишкек (Қирғизистон) бо раъйи кулли ҳайати ҳакамони озмуни ҷаҳонӣ ба Ҷоизаи «шаҳри сулҳ»- и Бунёди “Роҳи абрешим” созовор дониста шуданд.
      Пойтахти азизамон шаҳри Душанберо ҳамчун “Шаҳри сулҳ” ном ниҳоданд. Ин ҷоизаро ба раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Ченг Гуопинг – раиси Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ» рӯзи 11 ноябри соли 2016 дар вазъияти тантанавӣ супорид. Сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки вазъи буҳронии мамлакат бо роҳи музокира ва мусолиҳаи миллӣ бартараф гардид. Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки аз таърихи Ваҳдати давлатии мо 26-сол сипарӣ шуда бошад ҳам, умри миллат ва таърихи давлатдории аҷдодони мо ҳазорсолаҳост.
       Яке аз дастовардҳои бузурги ваҳдати миллӣ тинҷиву оромӣ ва сулҳу дӯстӣ дар байни тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Мавриди зикр аст, ки маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ кишвари мо аз ҷиҳати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ рушд намуда, дар дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа низ ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодааст. Боиси хушнудист, ки дар тӯли 26 соли сипаригардида мо имрӯз ин санаи  таърихиро тантанавор пешвоз мегирем. Бояд қайд намоем, ки ба хотири арҷгузорӣ ба ин санаи бузург яке аз шаҳрҳои мамлакати мо ва якчанд боғу гулгаштҳо, иншоотҳо, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо ба номи Ваҳдат номгузорӣ шудаанд.
      Ҷашни Ваҳдати миллиро на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон қайд мекунанд, балки дар тамоми кишварҳое, ки дар он ҷо тоҷикон умр ба сар мебаранд, ҷашн гирифта мешавад. Поянда бод сулҳу субот, тинҷиву оромӣ дар ватани азизамон Тоҷикистони азиз!
 
Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович
мутахассиси пешбари шуъбаи
иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.7 (3 овоз)