ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Хабарҳо

-A A +A

ПРЕЗИДЕНТИ МО - ПЕШВОИ МО!

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Сшб, 08/09/2020 - 15:35
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4 (5 овоз)

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО ҶИНОЯТКОРӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 30/06/2025 - 12:10
     Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Дар ин росто, бо талошу ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ҳама кишварҳо, бахусус бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, манотиқи Аврупо ва Африқо густариш ёфтаанд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЗАМИНАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 26/06/2025 - 18:51
Саидзода Иззатулло Ҳабибулло - директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
 
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЗАМИНАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

СОАТИ СИЁСИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ҚОНУНГУЗОРӢ»-И ҲХДТ ДАР МАВЗУИ «ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ»

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 26/06/2025 - 15:29
  26 июни соли 2025 дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузорӣ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Соати сиёсии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузорӣ»-и ҲХДТ дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар рушди давлатдории миллӣ» баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони Марказ иштирок намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ СУЛҲ, УСТУВОРӢ ВА ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 26/06/2025 - 11:17
     Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем.
Эмомалӣ Раҳмон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙДОРИИ ОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 26/06/2025 - 09:49
     Дар сарзамине, ки сулҳу ваҳдат ва дӯстию рафоқат ҳукмрон бошад, дар он ҷо дари пешрафту тараққиёт ва саодати мардум боз мегардад. Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хеле гарон дошт. Аз лаҳзаҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бадхоҳони миллати мо бо дастгириву маблағгузории хоҷагони хориҷӣ боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардиданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ВАҲДАТ ПОЯИ РУШДИ МИЛЛАТ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 26/06/2025 - 08:47
     Сарнавишти ҳар як миллатро марҳилаҳое таъин месозанд, ки дар он иродаи халқ, меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳувияти миллӣ нақши калидӣ мебозад. Барои мардуми тоҷик чунин як рӯйдоди таърихӣ ва сарнавиштсоз – Ваҳдати миллӣ мебошад, ки на танҳо ба хатми як ҷанги харобиовар, балки ба оғози як марҳилаи нави давлатсозӣ, субот ва рушд замина гузошт.

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

СОҲАҲОИ МАОРИФУ ТАНДУРУСТӢ ВА МЕҲНАТ ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 20/06/2025 - 16:48
     Ҳамасола аз ҷониби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барномарезӣ гардида, дар шакли паём ба мақоми олии қонунгузории кишвар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Аз ҷумла, 28 декабри соли 2024 дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ - КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 19/06/2025 - 08:26
     Мутобиқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад [1].
     Бо дарназардошти муқаррароти моддаи мазкур аз ҷониби давлат барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ, таъмини вазъи хуби манзил ва ғизо, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, музди муносиби меҳнат ва фароҳам овардани шароити арзандаи ҳаёти инсон ва шаҳрвандон тамоми тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардидааст.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ҚАБУЛ БА МАГИСТРАТУРА АЗ РУЙИ ИХТИСОСИ ҲУҚУҚШИНОСӢ ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 11/06/2025 - 09:52
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРИЯТИ ИНСТИТУТИ ҚОНУНГУЗОРӢ ВА ИТТИЛООТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 05/06/2025 - 13:32
   5 июни соли 2025 онлайн - вохӯрии роҳбарияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Институти қонунгузорӣ ва иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Пешгирии зӯроварӣ дар оила - қадами устувор ба сӯи ҷомеаи амн ва солим

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 30/05/2025 - 16:59
 “Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарки аҳаммияти ниҳоди оила дар ташаккули ҷомеаи солим ва пешрафти давлат, инчунин, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ принсипи ҳимояи давлатии оила ҳамчун асоси ташаккули ҷамъият ва амалишавии ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила эътибори конститутсионӣ касб намуд ва ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат эътироф гардид”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МУҚОВИМАТ БА ҶИНОЯТҲОИ ГУМРУКӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 30/05/2025 - 14:48
     Муқовимат бо ҷиноятҳои гумрукӣ дар шароити муосир яке аз масъалаҳои муҳим ва бисёрҷанба ба ҳисоб рафта, ба иқтисодиёт, амнияти миллӣ ва саломатии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Дар шароити муосир, ки бо ҷаҳонишавӣ, рушди технологияҳо ва афзоиши тиҷорати байналмилалӣ тавсиф мешавад, мубориза бо ин гуна ҷиноятҳо мушкилтар шуда истодааст.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

РОЛЬ ИНФОРМАЦИОННЫХ ТЕХНОЛОГИЙ В РАЗВИТИИ ПРАВОТВОРЧЕСКОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 30/05/2025 - 11:38
    Текущий век является периодом глобализации, одним из её основных факторов считается становление информационного общества. При этом информация является главным фактором ускорения мирового процесса, а ее основная функция заключается в интеграции деятельности субъектов глобализации и процесса глобализации [4, с. 124]. Одним из центральных вопросов глобализации является распространение информации, в том числе правовой информации.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: НАЗАРИЯ, АМАЛИЯ ВА ДУРНАМОИ РУШД”

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Пшб, 29/05/2025 - 16:17
    29 майи соли 2025 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рушди қонунгузории мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо” баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад
Обуна ба Хабарҳо