ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Нигористон

-A A +A

Мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротгароии динӣ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 16/10/2025 - 09:59
Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

РУШДИ ҚОНУНГУЗОРӢ ВА ТАҲКИМИ ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 15/10/2025 - 11:05
     Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ бо дарки нақши занон ҳамчун нерӯи созанда, тарбиятгар ва иштирокдори фаъоли равандҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, барои фароҳам овардани шароити баробар дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа чораҳои муассир меандешад. Дар ин замина, рушди қонунгузорӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ нақши калидӣ дорад, зеро маҳз тавассути онҳо иҷрои амалии сиёсати давлатӣ таъмин мегардад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИХТИЁРӢ”

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 03/10/2025 - 16:52
03.10.25. ш.Душанбе
Дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рушди қонунгузории забони давлатӣ дар даврони соҳибихтиёрӣ” баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО»

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 01/10/2025 - 15:05
     30 сентябри соли 2025 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 10 нақшаи кории шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ барои соли 2025, ки аз ҷониби директори Марказ 13 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, мизи мудаввар дар мавзуи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шартномаҳои байналмилалӣ: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

САВДОИ ОДАМОН ҶИНОЯТ АСТ!

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 30/09/2025 - 15:50

Савдои одамон - хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин новобаста аз розигии қурбонӣ бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад.

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ДАР ШАҲРИ ДУНХУАНИ МУЗОФОТИ ГАНСУ ФОРУМИ 7-УМИ САТҲИ БАЛАНДИ ҲАМКОРИИ КИШВАРҲОИ РОҲИ АБРЕШИМ ДАР СОҲАИ ВОЛОИЯТИ ҲУҚУҚ БАРГУЗОР ГАРДИД

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 29/09/2025 - 13:31
     25 сентябри соли 2025 дар шаҳри Дунхуани музофоти Гансу (ҶМЧ) Форуми 7-уми сатҳи баланди ҳамкории кишварҳои Роҳи абрешим дар соҳаи волоияти ҳуқуқ бо иштироки намояндагони Россия, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Арманистон, Покистон ва дигар кишварҳо баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ!

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 29/09/2025 - 13:23
     24 сентябри соли 2025 дар шаҳри Дунхуани музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Гансу баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои мавҷуда, натиҷаҳои фаъолияти муштарак ва дурнамои густариши онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАНЗИМИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Ҷум, 26/09/2025 - 15:22
     Сиёсати ҳуқуқии муҳоҷиратии Россия яке аз масъалаҳои мураккабтарин, мушкил ва баҳснок дар тули даҳсолаҳои охирин мебошад. Мисли кишварҳои Европа, ки ба он ҷо ҷиҳати дарёфти музди корӣ шаҳрвандони кишварҳои Африка, Назди Балтика ва қисмати ғарбии Осиё муҳоҷират карданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

КОНФЕРЕНСИЯ ДАР МАВЗУИ “ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҚОНУНИЯТ”

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Шнб, 06/09/2025 - 11:40
   6 сентябри соли 2025 бахшида ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 30-СОЛИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 02/09/2025 - 13:12

     29 августи соли 2025 директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, Саидзода Иззатулло Ҳабибулло дар қисмати тантанавӣ ва пленарии Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-соли қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар Қасри Истиқлол ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИШТИРОК ВА БАРОМАДИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 30-СОЛИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 01/09/2025 - 09:08

     28 августи соли 2025 директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД!

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 28/08/2025 - 17:40
       28 августи соли 2025 дар шаҳри Остона, бинои Маркази президентӣ вохӯрии директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Институти қонунгузорӣ ва иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои мавҷуда, натиҷаҳои фаъолияти муштарак ва дурнамои густариши онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҶАВОНОН - НЕРУИ БУЗУРГИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 26/08/2025 - 09:19
“...вақте сухан аз Истиқлоли давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлоли давлати Тоҷикистон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлати миллӣ ва соҳибихтиёри худ гардид”
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА РУШДИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 21/08/2025 - 12:00
     Ҷаҳони муосир зери таъсири технологияҳои рақамӣ тағйироти босуръатро аз сар мегузаронад. Тағйироти рақамӣ қариб тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонро шуруъ аз истеҳсолот ва савдо то маориф ва идоракунии давлатӣ фаро мегирад. Яке аз мафҳумҳои асосии инъикоси ин равандҳо, иқтисоди рақамӣ мебошад. Ба ақидаи олим Александра Энговатова иқтисодиёти рақамӣ иқтисодиёте мебошад, ки ба усулҳои нави ҳосилкунӣ, коркард, нигоҳдошт ва пешниҳоди маълумот, инчунин, технологияҳои компютерии рақамӣ асос ёфтааст [1].
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ТАВАССУТИ ТАТБИҚИ ЧОРАҲОИ ҶИНОЯТӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 15/08/2025 - 16:47
   Муқовимат ба коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ яке аз самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонад [1].
     Воқеан, имрӯзҳо амалҳои коррупсионӣ яке аз масъалаҳои номатлуби муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар тамоми ҷаҳон эътироф гардидааст.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
Обуна ба Нигористон