ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1890 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ БАРОБАРИ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1892 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОҲИПАРВАРӢ, МОҲИГИРӢ ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ Маҷлиси Олии ҶТ 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1874 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 08.06.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ИНКИШОФИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович... Санаи интишор: Дшб, 24/10/2022 - 07:56
                                              
 
ИНКИШОФИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
 
   Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва қабули  Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар меҳвари асосии сиёсати ҳуқуқии худ карор дода, баробарии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии давлатиро баҳри таъмини зиндагии арзанда кафолат додааст. 
   Дар барорбари ин пешравиҳо ва инкишофи соҳаҳои мухталифи давлатдорӣ, боиси таасуф аст яке аз падидаҳои манфие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, коррупсия ба шумор меравад, бинобар он дар шароити муосир яке аз монеаҳои асосии рушди давлату давлатдорӣ ва боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум гардидааст.
   Коррупсия таърихи қадима дошта, яке аз муҳимтарин масъалаҳо ва мушкилоти иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Таърихи башар  собит менамояд, ки порахури ва ришваситонӣ таърихан ҷой дорад, вале таҳқиқи илмии ин зуҳури номатлуби иҷтимоӣ асосан дар охири садаи бистум оғоз гардид. Замоне, ки муаррихон ҷузъиёти ин ё он зуҳур ва падидаи ришвахӯриро ба қайд мегирифтанд, андешаи ҷомеа дар атрофи он ҳамчун як амали дур аз ахлоқ, ки тобиши ҷиноятомез дорад, ташаккул меёфт.
   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26-уми декабри соли 2019 қайд намуданд, ки: «Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд. Бо вуҷуди ин, таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон медиҳад, ки фаъолияти баъзе мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо дар ин самт ҳанӯз ҳам ба талабот ҷавобгӯй нест.
   Бояд қайд намоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ узвияти як қаттор созмонҳои байналмилалию минтақавиро пазируфтааст, инчунин он аъзои як қаттор конвенсияҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия буда, муқовимат бо ин зуҳуроти нанговарро мавриди таваҷҷуҳи хос қарор додааст ва пайваста баҳри паст намудани шиддати он дар кишвар тадбирҳои судманд андешида истодааст.
   Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин як падидаи манфӣ, ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳурот ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем.
   Қобили қайд аст, ки дар замони муосир яке аз воситаҳои асосии муборизаи муваффақона бар зидди коррупсия  ин фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрӣ – ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ба шумор меравад.
   Бо ҳамин мақсад Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат бо ин падидаи номатлубро яке аз вазифаҳои калидии худ қарор дода, ҷиҳати ташкили мубориза бар зидди он, чораҳои заруриро дар сатҳи қонунгузорӣ бо мақсади аз байн бурдани он андешида истодааст.
   Ишкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат бо коррупсия бо дарназардошти ба вуҷуд омадани тағйиротҳои кулӣ дар ин самт шартан метавон ба 3 давра ҷудо намуд.
   Давраи аввал ин бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия ва пурзӯр намудани масъулияти онҳо дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 21 июни соли 1999, №1262 “Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)” ва ҷиҳати расидан ба он вазифаҳои дар назди ҳукумати кишвар гузошта баҳри мубориза бо коррупсия қабули аввалин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 10 декабри соли 1999, № 875 ба ҳисоб меравад.
   Давраи дуюм инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия ин давраи ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия ба ҳисоб меравад, ки соли 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд шомил гардид, ки дар доираи Нақшаи истанбулии амал оид ба мубориза бо коррупсия бо дарназардошти рушди муносибатҳо ва ба миён омдани якқатор уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия” аз 25 июли соли 2005, № 100 дар таҳрири нав қабул гардид, ки маҳаки асосӣ дар он, дар баробари муайян намудани асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ин поктинатию беғаразӣ дар хизмати давлатӣ ба ҳисоб мерафт.
   Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати андешидани чораҳои маҷмӯию ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, № 34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 тасдиқ гардид, ки он ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ баҳри тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар доираи он аксари масъалаҳо дар самти мубориза бо коррупсия бо назардошти хулосаи таҳқиқотҳои сотсиологӣ, таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар ва таҳлили омории вазъи коррупсия тайи давраи сипаригашта дар кишвар ҳалли худро ёфтанд.
   Ғайр аз ин дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дуюм бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, № 1504 Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 қабул кардааст, ки дар онҳо чораҳои зарурии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидошта роҷеъ ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд.
   Бояд қайд намуд, ки яке аз воситаҳои муҳими пешгирии коррупсия ин баҳогузории зиддикоррупсионии қоидаҳо ва тартиботи ҳуқуқӣ дар қонунгузорӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин тадқиқотҳои илмию ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ба шумор мераванд, зеро номукаммал будани конунгузорӣ, масалан мавҷудияти норасоигиҳо ва холигиҳои меъёрӣ дар қонунҳо ва ихтилофоти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ба амал омадани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ заминаи мусоид фароҳам оварда метавонанд.
   Бо мақсади роҳ надодан ба ин ва дар амал татбиқ намудани воситаҳои зарурӣ дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 28 декабри соли 2012, № 925 қабул гардид, ки Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо мақсади дар онҳо ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани ин омилҳо ва дар маҷмӯъ низоми пешгирии коррупсияро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа танзим намуда истодааст.
   Ғайр аз ин дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз  29 майи соли 2018, № 253 Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст.
   Тартиби мазкур қоидаҳои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро муайян намуда самарабахшии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ мутобиқи он муайян карда мешавад.
   Мусаллам аст, ки яке аз воситаҳои асосии ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмӯии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷалби васеи иштироки шаҳрвандон дар мубориза бо коррупсия ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ҳангоми таҳияи санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
   Дар ин замина дар давраи мазкур дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқии номбаргардида, дар ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2015, № 673 Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки мақсад аз ҷорӣ намудани падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ муайян намудан ва баҳо додан ба оқибатҳои имконпазири мусбат ва манфии иқтисодию иҷтимоии қабули лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асоси таҳлили мушкилиҳо, мақсади танзим ва роҳҳои ҳалли он, ҳамчунин дар лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ошкор намудани муқаррароти воридкунандаи уҳдадориҳо, монеаҳо ва маҳдудиятҳои барзиёд, ҷорӣ намудани муқаррароти мусоидаткунандае, ки боиси ба миён омадани хароҷоти беасоси шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, иборат мебошад.
   Бояд қайд намуд, ки нақши падидаи нав дар пешгирии омилҳои хусусияти коррупсионидошта дар раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ яке аз воситаҳои муҳими ошкорсозӣ ба ҳисоб рафта дар раванди он афкори ҷомеа ба инобат гирифта мешавад, ки ҳамчун роҳи нав барои ошкор сохтани самаранокии истифодаи воситаҳои ҳуқуқе, ки ба болоравии сатҳи коррупсия дар ҷомеа таъсир мерасонад, бошад. Зеро, яке аз принсипи таҳлили таъсири танзимкунӣ ин ба инобат гирифтани афкори ҷомеа мебошад.
   Нақши таҳлили таъсири танзимкунӣ дар пешгирии омилҳои хусусияти коррупсиондошта дар соҳаи соҳибкорӣ дар се маврид ҳангоми таҳияи огоҳиномаи нақшаи таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ доир ба он ва ҳангоми гузаронидани машваратҳои оммавӣ, ки дар Портали интернетии иттилоотии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд, ба назар мерасад.
   Давраи сеюми инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мазкур ин вобаста ба иҷроиши талаботҳои Стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 аз 30 августи соли 2013, №1504 инчунин омӯзиши санадҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи қонунгузории давлатҳои дигар ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаҳои ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия, коҳиш додани шиддат ва паст кардани сатҳи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”  аз 7 августи соли 2020,  № 1714 мебошад.
   Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки яке аз омилҳои дигари паст кардани коррупсия ин дуруст ба роҳ мондани чораҳои пешгирии он ба ҳисоб рафта, роҳандозӣ намудани ин чораҳо ба кам кардани шиддати амалҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.
   Мутобиқи муқаррароти моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” пешгирии коррупсия яке аз чораҳои муқовимат ба он буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ;
  2) таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ;
 3) таҳлили хавфҳои коррупсионӣ;
 4) мониторинги зиддикоррупсионӣ;
5) экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
 6) чораҳои назорати давлатии молиявӣ;
 7) талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор;
 8) мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда;
 9) ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда.
    Айни ҳол дар ҷумҳурӣ бошад нақшаи дарозмуҳлати амалҳо ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои муайяннамудаи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо коррупсия Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз 3 августи соли 2021, №222 ба ҳисоб меравад.
   Қабули Стратегияи мазкурро метавон як қадами ҷиддӣ ва давраи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия номид, зеро мутобиқ ба муқаррароти дар он пешбинигардида Стратегияи мазкур ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
   Ҳамин тариқ, омӯзиш ва таҳлили гузаронидашудаи қонунгузорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия  аз он шаҳодат медиҳад, ки заминаҳои ҳуқуқӣ дар самти мазкур марҳила ба марҳила ташаккул ва рушд ёфта истода, пеш аз ҳама муқаррароти он аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ дарки масъулият ва риояи қонунгузориро дар самти пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ ва ҳисси нафрат ба коррупсияро талаб мекунад.
                                          
                                                                              Фаридун Абдураҳимзода,
сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии Қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3.5 (2 овоз)