You are here

ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1804 ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2022 Маҷлиси Олии ҶТ 02.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1803 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АВФ" Маҷлиси Олии ҶТ 07.09.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1783 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ЗАМИНАҲОИ ТАШКИЛӢ-ҲУҚУҚИИ БАРГУЗОРИИ «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

-A A +A
Ношир: Наврӯзова Сулҳи... Санаи интишор: Сшб, 16/11/2021 - 16:15
     Воқеан пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 14 майи соли 2016, 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” муайян ва муқаррар гардид.
    Бояд иброз намуд, ки дар баробари 83 рӯзҳои ид, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аҳаммияти хоссаи таърихӣ ва сиёсиву ҳуқуқӣ дорад.
  Зеро мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад” ва дар асоси моддаи 100 Конститутсия бошад “Шакли идораи ҷумҳурӣ тағйирнопазир аст”, пешбинӣ гардидааст. Чунин арзишҳо ва унсурҳои конститутсионӣ барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо муҳим ва арзишманд буданд ва мебошанд.
   Таҳлилҳо аз далолат менамоянд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ таҷлил намудани Рӯзи Президент” ё “Сарвари давлат” ба ҳукми анъана даромада, дар давлатҳои пешрафтаи дунё “Рӯзи Президент” ҷашн гирифта мешавад. Аз ҷумла, дар Қазоқистон (1 декабр), дар Амрико (душанбеи сеюми моҳи феврал), дар Исландия (14 май), дар Британияи Кабир (8 июн ҳамчун “Рӯзи Малика”) ва дар дигар давлатҳо чунин ҷашн роҳандозӣ гардидааст.
   Таҷрибаи байналмилалӣ дар баргузории “Рӯзи Президент” аз он собит менамояд, ки муқаррар намудани ин ҷашн аз корнамоиҳои шахсиятҳои таърихӣ ва сиёсӣ, ки ба бунёди низоми давлатдорӣ ва эҳёи ниҳоди президентӣ замина гузоштаанд, вобаста мебошад.
   Баргузории “Рӯзи Президент” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дошта, дар бунёди ниҳоди президентӣ ва ба ин васила дар ташаккули давлати соҳибихтиёр ва демокративу ҳуқуқбунёд заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ гузоштааст.
     Инчунин идоракунии шакли президентӣ ба мо барои вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун бунёди давлати соҳибистиқлол сулҳ ва ваҳдати миллиро ба вуљуд оварда, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иљтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон мусоидат намудааст.
   Бояд қайд намуд, ки таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон марҳилаи нави рушди давлатдории миллиро замина гузошта, воқеиятҳои аслии амалишавии унсурҳои давлати демократиро ба миён овард.
      Бавуҷудоӣ ва инкишофи ниҳоди перезидентӣ дар Тоҷикистон заминаҳо ва ғояҳои сиёсиву ҳуқуқии худро дар таҷриба ҳанӯз аз даврони мавҷудияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтааст.
    Дар Эъломияи истиқлолият аз 24 августи соли 1990 эълон гардид, ки ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон тавассути мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад, ки чунин муқаррарот ба таъсиси мансаби Президент дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ заминаи ташкиливу ҳуқуқӣ гузоштааст.
    Дар ин раванд яке аз омилҳои муҳим ин баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар вазъи ҳассос ва мураккаби таърихии халқи тоҷик баргузор шуд. Ин Иҷлосия ҳамчун пойдевори асосии бунёди давлат ва муттаҳидкунандаи миллати тоҷик маҳсуб гардида, заминаҳои устувори ташаккули Истиқлолияти сиёсии кишвари моро мустаҳкам намуд.
    Дар Иҷлоисияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 масъалаи муҳим дар бахши ба эътидол овардани вазъи кишвар мавриди муҳокима қарор гирифта, 74 санадҳои муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, аз қабилӣ қонунҳои мукаммал, тағйиру иловаҳо, қарор ва фармонҳо ба тасвиб расид, ки дар бунёди давлатдории миллӣ ва фаъолияти қонунгузории давраи навини Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо гузошту ин санадҳои муҳим ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ замина гузоштанд.
  Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки яке аз муҳимтарин дастоварди бузурги ин иҷлосияи таърихӣ интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи сиёсат ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
  Қобили зикр аст, ки дар ин рӯз (16 ноябри соли 1994) баъди дар интихоботи умумихалқӣ пирӯз гаштан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 21-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум тантанавор савганд ёд карда, ба сифати Президенти кишвар фаъолияти кории худро оғоз намуд. Ин рӯз дар ҳақиқат рӯйдоди муҳимми таърихӣ ба шумор рафта, месазад, ки халқи Тоҷикистон онро ҳамчун «Рӯзи Президент» таҷлил намояд ва сабаби ҳамчун рӯзи Президент интихоб гаштани 16 ноябр маҳз бо ин омилҳо вобаста аст.
  Воқеан таҳлилҳои болозикр аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бунёди давлати навини тоҷикон ба корнамоиҳои таърихиву сиёсии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.
  Маҳсули заҳматҳои шоистаи Пешвои миллат дар он аст, ки кишвари мо дар масири 30 соли истиқлолият ба сулҳу ваҳдати миллӣ расид ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд, ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид.
  Дар ин раванд қонунгузории миллӣ бунёд гардида, низоми самараноки мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ташкилу такмил ёфт ва заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳо фароҳам оварда шуд.
  Ҷиҳати таҳким ва тақвияти ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммал ва мушаххас гардида, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 июли соли 1994, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” 14 ноябри соли 2016, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28 июли соли 2006, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 15 ноябри соли 2006 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки муқарраркунанда ва кафолатдиҳандаи асосҳои ҳуқуқӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати самаранок амалӣ намудани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ташаккули ниҳоди президентӣ равона гардидаанд.
                                  
Қодирзода Мирзоқодир Аюб,
муовини сардори  шуъбаи
қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ
ва оилавии Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Одинаев Шоҳрух Хисравович,
муовини сардори шуъбаи
ҳуқуқи байналмилалии Маркази
миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон