ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Хабарҳо

-A A +A

ПРЕЗИДЕНТИ МО - ПЕШВОИ МО!

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Сшб, 08/09/2020 - 15:35
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ ВА МОҲИЯТИ БУНЁДИИ ОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 04/06/2024 - 17:52
     Мутобиқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ: МАФҲУМ, МАҚСАД ВА ЗАМИНАҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ-ҲУҚУҚИИ ОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/06/2024 - 16:36
     Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ барои рафъи инкори қонун, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба ин васила мустаҳкам намудани асосҳои давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ аҳамияти муҳим дорад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҲАМОИШИ ДОХИЛИДОРАВӢ ОИД БА НУҚТАҲОИ АСОСИИ СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТ БО АҲЛИ ИЛМ ВА МАОРИФИ КИШВАР

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 04/06/2024 - 16:09
     04 июни соли 2024 дар Маркази миллии қонунгузорӣ ҳамоиши дохилидоравӣ оид ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30 майи соли 2024 баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МУҲИМИЯТИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024-СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 03/06/2024 - 14:53
     Мусаллам аст, ки паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ва стратегӣ буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, нақшаҳои рушди устувори минбаъда, вазифаю мақсад ва марому роҳҳои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта мушаххас ва муайян карда мешаванд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

АФЗАЛИЯТҲОИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО» ВА МАСОИЛИ ДУРНАМОИ РУШДИ ОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 03/06/2024 - 14:15
     Мубрамияти мавзуъ: Дар ҷаҳони муосир дар байни муаммоҳои экологӣ яке аз мавқеҳои муосири онро масоили обшавии пиряхҳо ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза ташкил менамояд. Дар давраи Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳамасола роҷеъ ба ҳифзи муҳити зист ва ҳолати экологии сайёра зиёда аз 55 маротиба масъалагузориҳо гардидааст, ки аз ин нишондод бештар аз 10 дастур ва ҳадафҳои пешгузошташударо ташаббусҳо вобаста ба ҳифзи захираҳои обӣ бо назардошти ҳифзи пиряхҳо ташкил менамояд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ВАСИЛАИ МУҲИМИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ШАРОИТИ КУНУНӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 03/06/2024 - 11:22
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пайваста дар суханрониву мулоқот ва сӯҳбатҳои худ зикр менамоянд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзои ҷомеа, дар замири ҳар шаҳрванд парваридани ҳисси масъулият барои пешрафти кишвар, эҳтироми амиқ ба арзишҳои фарҳангиву зеҳнии миллат, шинохт ва арҷгузориву риояи ҳуқуқи инсон шарти аслӣ ва ҳатмии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН МУБОРАК!

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 31/05/2024 - 17:05
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Пшб, 30/05/2024 - 13:33

Муҳтарам олимону донишмандон!

Ҳозирини гиромӣ!

Аз вохӯрии мо бо аҳли зиёи кишвар чор сол сипарӣ гардид.

Имрӯз тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ намоем.

Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Тақвими «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Пшб, 30/05/2024 - 07:59
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 23/05/2024 - 15:39
     Имрӯз дар толори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои сиёсию байналмилалӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва варзишӣ дар доираи Моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23 май бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ ҳамоиши дохилиидоравӣ баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 20/05/2024 - 18:09
    Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади оммавигардонии варзиш, 19 майи соли 2024 дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” баргузор гардид.
  Роҳбарият ва кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ дар чорабинии мазкур дастаҷамъона иштирок намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ТАШРИФИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Дшб, 20/05/2024 - 16:48
     17 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” рӯзноманигорони расонаҳои давлатию мустақили минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба Маркази миллии қонунгузорӣ ташриф оварданд.
      Сафари матбуотии мазкур бо мақсади шинос шудан аз фаъолияти Марказ дар доираи талаботи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023, №357 тасдиқ гардидааст ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

КРИМИНАЛИЗАТСИЯ ВА ДЕКРИМИНАЛИЗАТСИЯ ДАР ҲУҚУҚИ ҶИНОЯТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 14/05/2024 - 11:45
Сабурзода Наврӯз Мирзоалӣ,
сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
КРИМИНАЛИЗАТСИЯ ВА ДЕКРИМИНАЛИЗАТСИЯ ДАР ҲУҚУҚИ ҶИНОЯТӢ
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

РӮЗИ ҒАЛАБА МУБОРАК!

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 08/05/2024 - 17:47
     9 май рӯзи ғалаба бар фашизм, ғалаба бар зулмот аст, ки аз он 290 ҳазор аҳолии Тоҷикистон ба ҷанг рафта 92 ҳазорашон дар ҳамон ҷо ба хок супорида шудаанд. Дар ҷанг, ки 1418 шабонрӯз давом кард, 40 давлати ҷаҳон иштирок намуд. Ҷанги бузурги ватанӣ аз 22 июни соли 1941 то 9 майи соли 1945 давом кард, ки 55 миллион нафар одам нобуд шудааст. Дар ҷанг 63 нафар қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 15 нафар бо 3 дараҷаи Ордени шараф, 58 ҳазор ҷанговарон бо ордену медалҳо мушарраф гардиданд.

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад
Обуна ба Хабарҳо