ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 09:18
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
944
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.03.2013

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. 187; Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 с., №1435)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба созишномаи сармоягузории ба татбиқи лоиҳаи сармоягузории соҳаҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим ва афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон равонакардашуда танзим намуда, ба ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
  Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- созишномаи сармоягузорӣ - созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор баимзорасонидашуда оид ба татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ; 
- сармоягузор - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ташкилот бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти сармоягузориро амалӣ менамоянд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1435)
- лоиҳаи сармоягузорӣ - лоиҳаи тиҷоратие, ки ҳаҷми назарраси сармоягузориро пешбинӣ намуда, дараҷаи баланди таваккалҳои молиявӣ, технологӣ, экологӣ ва дигарро дар бар мегирад ва барои рушди бахши муайяни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон аз лиҳози стратегӣ муҳим мебошад;
- номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ - номгӯи лоиҳаҳои сармоягузорие, ки тибқи нақшаҳои стратегиву барномаҳои рушди бахшҳои муайяни иқтисодиёт мувофиқи тартибу меъёрҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шудаанд;
- пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ - ҳуҷҷате, ки дар он тавсифи мақсад ва вазифаҳои лоиҳаи сармоягузорӣ, таъсири иқтисодӣ ва иҷтимоии он ба рушд, самараи татбиқ, инчунин зинаҳо, чорабиниҳо ва захираҳои мушаххас барои татбиқи лоиҳаи сармоягузории зарур ва ё мавҷуда оварда шудааст;
- мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатиро дар  соҳаи сармоягузорӣ амалӣ намуда, барои мусоидат,  ҷалб ва ҳимояи сармоягузориҳо, аз ҷумла сармоягузории  хориҷӣ масъул мебошад.

       Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  бораи созишномаи сармоягузорӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи созишномаи сармоягузорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1435)

       Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузоронро дар тамоми зинаҳои тайёрӣ, имзо, мавриди амал қарор гирифтан ва татбиқи созишномаи  сармоягузорӣ, новобаста ба мавзӯи лоиҳаи сармоягузорӣ, ба танзим медарорад. 
2. Қонуни мазкур нисбат ба лоиҳаҳое, ки дар доираи созишномаҳо оид ба консессияҳо, тақсими маҳсулот, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин оид ба сармоягузории дигар давлатҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, татбиқ намегардад.

      Моддаи 4. Тарафҳои созишномаи сармоягузорӣ
1. Тарафҳои созишномаи сармоягузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор мебошанд.
2. Сармоягузор метавонад  шахси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё давлати хориҷӣ, инчунин иттиҳодияи чунин шахсони ҳуқуқӣ бошад. Агар ба ҳайси сармоягузор иттиҳодияи шахсони ҳуқуқӣ баромад намояд, тамоми иштирокчиёни иттиҳодия тарафи созишномаи сармоягузорӣ мегарданд ва барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ масъулият доранд.

     Моддаи 5. Таркиб ва хусусияти ҳатмии созишномаи сармоягузорӣ
1. Созишномаи сармоягузорӣ барои танзими маҷмӯи масъалаҳое, ки  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор  ҳамчун масъалаҳои аҳамияти муҳимдошта ҷиҳати татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ  муайян гардидаанд,  ба имзо расонида мешавад. 
2. Муқаррароти созишномаи сармоягузории тибқи Қонуни мазкур баимзорасида барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор ҳатмӣ мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои пурра ва саривақтии чорабиниҳои дахлдорро барои амалӣ намудани муқаррароти созишномаи сармоягузорӣ тавассути мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, инчунин шахсони воқеӣ дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон таъмин менамояд.

        Моддаи 6. Вазъи ҳуқуқии созишномаи сармоягузорӣ
1. Созишномаи сармоягузорӣ метавонад низоми махсуси татбиқи лоиҳаи сармоягузориро пешбинӣ карда, ба сармоягузор имтиёзҳои муайяни дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининашударо пешниҳод намояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи тамоми мақомоти давлатии барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ масъул риоя ва иҷро гардидани муқаррароти созишномаи сармоягузориро кафолат медиҳад.
2. Муқаррароти созишномаи сармоягузорӣ дар давоми мӯҳлати амали он қувваи ҳуқуқии худро нигоҳ медорад, агар дар худи созишномаи сармоягузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад. Ҳама гуна тағйирот ва ё иловаҳои воридгардида ба созишномаи сармоягузорӣ танҳо дар ҳолати аз ҷониби тарафҳо тибқи тартиби пешбининамудаи созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонидани созишномаи иловагии дахлдор ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур тасдиқ гардидани он қувваи ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.
3. Созишномаи сармоягузорӣ метавонад муқарраротеро пешбинӣ намояд, ки тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз имзои созишномаи сармоягузорӣ воридкардашуда, ки  муносибатҳои мавзӯи созишномаи сармоягузорӣ бударо танзим намуда, шартҳои татбиқи лоиҳаи сармоягузориро вазнин мегардонанд, нисбат ба муқаррароти муайяни созишномаи сармоягузорӣ дар давоми мӯҳлати амали созишномаи сармоягузорӣ ё дигар мӯҳлати дар он пешбинигардида татбиқ намегарданд.

 

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАҲИЯИ ПЕШНИҲОД ОИД БА ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРӢ, ОМОДА НАМУДАН, БА ИМЗО РАСОНИДАН ВА МАВРИДИ АМАЛ ҚАРОР ДОДАНИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ

 

Моддаи 7. Таҳияи пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ
1. Пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор омода карда мешаванд. Пешниҳод тибқи номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, инчунин дар ҳолати зарурӣ берун аз доираи номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешавад.
2. Пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ инчунин метавонад аз тарафи сармоягузори барои амалӣ намудани лоиҳаи  сармоягузорӣ дар доираи созишномаи сармоягузорӣ ҳавасманд омода карда шуда, ба мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути музокироти мустақим пешниҳод карда шавад.  Тартиб ва шартҳои доир намудани музокироти мустақимро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

      Моддаи 8. Пешбарӣ ва тасдиқи пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ
1. Пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ омода карда шудааст, тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
2. Пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ, ки аз тарафи сармоягузор омода карда шудааст, ба баррасии мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои баррасӣ мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад оид ба ирсол намудани пешниҳод барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои такмилдиҳӣ  баргардонидани пешниҳод ва ё оид ба рад кардани пешниҳоди ба эҳтиёҷоти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ набуда, қарор қабул намояд.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод оид ба созишномаи сармоягузориро дар асоси меъёрҳои зерин баррасӣ менамояд:
- мувофиқат намудан ба номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ. Дар ҳолати пешниҳод гардидани лоиҳае, ки дар номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ пешбинӣ нагардидааст, саривақтӣ будани лоиҳаи сармоягузорӣ ва мутобиқати он бо нақшаи стратегӣ ва ё барномаи рушди бахши мушаххаси иқтисодиёт;
- таъсири татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ ба рушди иқтисодиёт дар маҷмӯъ ва бахшҳои алоҳидаи он, инчунин ба бозори меҳнат;
- ҳолати молиявии сармоягузор;
- иҷрошавандагии техникӣ, технологӣ, экологӣ, молиявӣ ва мақсаднокии лоиҳаи сармоягузорӣ бо дарназардошти шартҳои пешбинишудаи татбиқи лоиҳа;
- сатҳ ва басандагии хароҷоте, ки дар доираи лоиҳаи сармоягузорӣ ба нақша гирифта мешаванд;
- асосноккунии илмӣ ва сатҳи  истеҳсолии технологияҳое, ки ҷалб ва татбиқ карда мешаванд;
- рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда (кор ва хизматрасонӣ), дурнамои  бозор ва самаранокии стратегияи бозоршиносии сармоягузор;
-  самаранокӣ ва устувории лоиҳаи сармоягузорӣ.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузориро, ки  аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ барои баррасӣ ирсол гардидааст, метавонад тасдиқ ва ё рад намояд, инчунин онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои такмилдиҳӣ баргардонад.

       Моддаи 9. Интихоби сармоягузор барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ
1. Сармоягузор барои татбиқи лоиҳаи сармоягузории аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ омода ва пешниҳодкардашуда тавассути тендер интихоб карда мешавад. Тендер  метавонад  тибқи қоидаҳо ва шартҳои намунавии гузаронидани тендерҳо, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст ё тибқи қоидаҳо ва шартҳои махсуси гузаронидани тендер барои лоиҳаи сармоягузории алоҳида гузаронида шавад. Пешниҳод оид ба қоидаҳо ва шартҳои гузаронидани тендер аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ дарҷ карда мешавад. Дар мавриди тибқи қоидаҳо ва шартҳои махсус гузаронидани тендер лоиҳаи чунин қоидаҳо ва шартҳо ҳамчун қисми таркибии пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ омода карда шуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.
2. Ҳуқуқи амалӣ намудани лоиҳаи сармоягузории аз тарафи сармоягузор тариқи музокироти мустақим пешниҳодкардашуда дар сурати аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидан ба сармоягузори мазкур дода мешавад. Ҳамзамон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад оид ба гузаронидани тендер барои интихоби сармоягузор барои татбиқи лоиҳаи сармоягузории аз тарафи сармоягузор пешниҳодкардашуда қарор қабул намояд. Дар ин ҳолат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузории аз ҷониби сармоягузор пешниҳодгардидаро, барои ҳуҷҷатгузории тендерӣ истифода барад ва сармоягузори пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузориро манзурнамуда ҳуқуқ дорад дар тендер дар асосҳои умумӣ иштирок намояд. 
3. Агар ғолиби тендер худи сармоягузоре, ки лоиҳаи сармоягузориро пешниҳод намудааст, нагардад, сармоягузори ғолибомада ӯҳдадор мегардад, ки хароҷоти оқилонаи ҳамон сармоягузорро ҷуброн намояд. Чунин ӯҳдадорӣ бояд ҳамчун шарти мавриди амал қарор гирифтани созишномаи сармоягузорӣ пешбинӣ гардад.

         Моддаи 10. Омодасозии созишномаи сармоягузорӣ
1. Лоиҳаи созишномаи сармоягузории барои лоиҳаи сармоягузории аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ омода ва пешниҳодкардашуда ҳамчун қисми ҳуҷҷатҳои тендерӣ омода гардида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Таҳияи ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва созишномаи сармоягузорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ҳамоҳанг карда шуда, бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор амалӣ карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва созишномаи сармоягузорӣ бояд ба қадри имкон эроду пешниҳодҳои иштирокчиёни тендерро дар бар гиранд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад коршиносон, ташкилотҳои коршиносӣ, мутахассисон, мушовирон, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ассотсиатсияҳои касбиро ба раванди омодасозии ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва созишномаи сармоягузорӣ ҷалб намояд. Хароҷоти вобаста ба раванди омодасозии ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ пардохт карда мешаванд ва ё метавонанд аз тарафи сармоягузори дар тендер ғолибомада ҷуброн карда шаванд. Шартҳои ҷуброни хароҷот аз ҷониби сармоягузор бояд дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешбинӣ карда шаванд.
3. Лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ барои лоиҳаи сармоягузории  аз тарафи сармоягузор пешниҳодкардашуда аз тарафи чунин сармоягузор ҳамчун қисми таркибии пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ омода карда мешавад.

          Моддаи 11. Маъқул донистани лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ
1. Лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ, ки аз рӯи  натиҷаи тендер ба имзо расонида мешавад, инчунин лоиҳаи сармоягузории аз тарафи сармоягузор тавассути музокироти мустақим пешниҳодкардашуда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо маъқул дониста мешавад.
2. Маъқул донистани лоиҳаи созишномаи сармоягузорие, ки бо ғолиби тендер оид ба интихоби сармоягузор барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ ба имзо расонида мешавад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт бо тасдиқ намудани  натиҷаҳои тендер амалӣ карда мешавад. Матни созишномаи сармоягузорие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шудааст, дар вақти тасдиқи натиҷаҳои тендер тағйир дода намешавад, ба истиснои тағйироти зарурӣ барои ворид намудани маълумоти дахлдор оид ба сармоягузори ғолиб, номи он, вазъи ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, дигар нишонаҳои зарурӣ, инчунин маълумоти вобаста ба қарздиҳандагон ва кафилони сармоягузор дар ҳолате, ки агар лоиҳаи мушаххаси сармоягузорӣ, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, иштироки чунин шахсонро пешбинӣ намояд.
3. Маъқул донистани созишномаи сармоягузорӣ, ки бо сармоягузори тавассути музокироти мустақим пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузориро манзурнамуда ба имзо расонида мешавад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт бо тасдиқ намудани натиҷаҳои музокироти мустақим бо чунин сармоягузор амалӣ карда мешавад. Матни созишномаи сармоягузории аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқулдонисташуда ҳангоми тасдиқи натиҷаҳои музокироти мустақим тағйир дода намешавад.

          Моддаи 12. Имзои созишномаи сармоягузорӣ
Лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ва сармоягузор баъди аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо маъқул донистани он ба имзо расонида мешавад. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маъқул донистани созишномаи сармоягузорӣ барои имзо, инчунин метавонад мӯҳлати ниҳоӣ барои имзои созишномаи сармоягузорӣ ва шартҳои муайянеро, ки аз тарафи сармоягузор ва ё мақоми ваколатдори давлатӣ ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то лаҳзаи баимзорасонии он бояд иҷро карда шаванд, пешбинӣ намояд.

    Моддаи 13. Тасдиқ ва мавриди амал қарор гирифтани созишномаи сармоягузорӣ
1. Созишномаи сармоягузории баимзорасонидашуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
2. Тасдиқи созишномаи сармоягузорӣ барои мустаҳкам намудани кафолатҳои ҳуқуқии барои сармоягузор пешбинишуда, имтиёзҳои андозӣ ва имтиёзҳои дигари ба сармоягузор ва лоиҳаи сармоягузорӣ додашуда ва ба муқаррароти устувории созишномаи сармоягузорӣ бахшидани қувваи  ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.
3. Созишномаи сармоягузорӣ аз рӯзи тасдиқи он аз тарафи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дода мешавад, агар дар худи созишномаи сармоягузорӣ дар бораи мавриди амал қарор додани он иҷрои шартҳои муайяни қаблӣ аз ҷониби тарафҳои он  пешбинӣ нагардида бошад.

            Моддаи 14. Огоҳ намудан  оид ба мавриди амал қарор гирифтани созишномаи сармоягузорӣ ва ворид намудани он ба Феҳристи давлатии созишномаҳои  сармоягузорӣ
1. Дар давоми як моҳ пас аз мавриди амал қарор гирифтани созишномаи сармоягузорӣ мақоми ваколатдори давлатӣ тамоми мақомоти давлатии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мавриди амал қарор гирифтани он огоҳ менамояд ва онро ба Феҳристи давлатии созишномаҳои сармоягузорӣ, ки дар пешбурди мақоми ваколатдори давлатӣ қарор дорад, ворид менамояд. Нусхаи аслии созишномаи сармоягузорӣ дар нигоҳдории мақоми ваколатдори давлатӣ қарор мегирад ва мақоми мазкур  ҳуқуқи омода ва тасдиқ намудани нусхаҳои расмии созишномаҳои сармоягузориро дорад.
2. Илова ба огоҳ намудан оид ба мавриди амал қарор гирифтани созишномаи сармоягузорӣ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба вазъи ҳуқуқии созишномаи сармоягузорӣ ва муқаррароти ҷудогонаи он тибқи дархости хаттии сармоягузор дар ҳолате, ки чунин тасдиқнома барои риояи муқаррароти созишномаи сармоягузорӣ ва иҷрои талаботи он аз тарафи тамоми мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур бошад, аз ҷумла оид ба ҳуқуқҳои махсус, озодкуниҳо ва имтиёзҳои ба сармоягузор ва лоиҳаи сармоягузорӣ додашуда, тасдиқномаи расмӣ медиҳад.

 

БОБИ 3. ТАРКИБ ВА ШАКЛИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ

       Моддаи 15. Таркиби созишномаи сармоягузорӣ
1. Таркиби созишномаи сармоягузорӣ муқаррароти асосии зеринро дар бар мегирад:
- моҳияти лоиҳаи сармоягузорӣ;
- тартиби мавриди амал қарор гирифтан ва мӯҳлати амали созишномаи сармоягузорӣ;
- доштани  иҷозатнома (агар қонунгузорӣ пешбинӣ намуда бошад);
- маблағгузории лоиҳаи сармоягузорӣ;
- мақсадҳо, расмиёт, мӯҳлат ва шартҳои гузаронидани таҳқиқоти махсус, ки аз тарафи сармоягузор бояд дар рафти татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ анҷом дода шавад;
- мақсадҳо, расмиёт, мӯҳлат ва шартҳои гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодӣ, ки бояд аз тарафи сармоягузор то оғози корҳову чорабиниҳои асосии лоиҳавӣ таҳия карда шаванд, аз ҷумла шартҳои аз ҷониби сармоягузор пешниҳод гардидани натиҷаҳои асосноккунии техникию иқтисодӣ ва бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намудани онҳо;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳои созишномаи сармоягузорӣ;
- ҳимояи ҳуқуқи қарздиҳандагон;
- татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ;
- танзими асъорӣ ва мубодилаи асъор (конвертатсия);
- низоми андозӣ ва гумрукӣ;
- масъалаҳои кирояи кормандон;
- ҳуқуқи моликият нисбат ба молу мулк, маълумот ва дигар захираҳо;
- стандарти ҳисоботи молиявӣ дар доираи созишномаи сармоягузорӣ;
- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаи сармоягузорӣ;
- қатъ намудани амали созишномаи сармоягузорӣ ва бекор кардани он;
- муқаррарот оид ба ҳолатҳои рафънопазир (форс-мажор);
- кафолати ҷуброни зарар ва дигар талафоти тарафҳои созишномаи сармоягузорӣ;
- хусусияти ҳатмии созишномаи сармоягузорӣ, иҷрои он, муқаррароти устуворӣ;
- масъалаҳои масунияти соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳуқуқи татбиқшаванда ва тартиби ҳалли баҳсҳо;
- забони созишномаи сармоягузорӣ.
2. Созишномаи сармоягузорӣ метавонад муқаррароти дигарро вобаста ба талаботи лоиҳаи созишномаи сармоягузории мушаххас дошта бошад.

        Моддаи 16. Ҳуқуқҳо ва кафолатҳои асосии сармоягузор дар доираи созишномаи сармоягузорӣ
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии сармоягузореро, ки дар доираи созишномаи сармоягузорӣ фаъолият менамоянд, кафолат медиҳад. Дар созишномаи сармоягузорӣ чунин кафолатҳои мушаххас метавонанд нишон дода шаванд: 
- кафолат ва  ҳимояи ҳуқуқии сармоягузориҳо, аз ҷумла  кафолати аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дигар мақомоти давлатӣ қабул нагардидани санадҳое, ки махсусан барои паст намудани арзиши сармоягузориҳо равона карда мешаванд;
- ҳаракати озоди сармоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он;
- озодона баргардонидани (репатриатсияи) даромадҳо, сармоя, дивидендҳо ва маблағи пардохти қарордодҳо оид ба пешниҳоди хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо;
- муқаррароти устуворӣ;
- муқаррароти ҷубронӣ дар ҳолати риоя нагардидани созишномаи сармоягузорӣ аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дахолати ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ;
- ҳимояи ҳуқуқҳои махсус ва ё иловагии муаллиф, ҳуқуқ ба тамғаҳои молӣ ва ҳуқуқи моликияти зеҳнии сармоягузорон;
- манъи мусодира ва милликунонии молу мулки сармоягузор, ба истиснои амалӣ кардани онҳо барои эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ бо пардохти ҳатмии ҷуброн дар ҳаҷм ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- манъи маҳдудкунии (дискриминатсияи) сармоягузорон дар вобастагӣ ба кишвари бақайдгирӣ;
- таъсиси озоди шахсони ҳуқуқӣ бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ ва ё дохилӣ барои ҳама гуна мақсадҳои амалигардонии лоиҳаи сармоягузорӣ;
- ҳуқуқ барои фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси қарордод, интихоби озоди шарикон ва мавзӯи қарордод, интихоби ҳуқуқи қобили татбиқ  барои қарордод, расмиёти судӣ ва ё арбитражии ҳалли баҳсҳо ва ё дигар шаклҳои ҳалли баҳсҳо ва мухолифатҳо барои тамоми қарордодҳо, озод муайяннамоии ӯҳдадориҳо, инчунин дигар шартҳои қарордодҳо;
- ҳуқуқ барои амалӣ намудани ҳама гуна фаъолияти тиҷоратии  барои мақсадҳои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ зарурӣ дар дохил ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- ҳуқуқ барои фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ ва амалӣ намудани муносибатҳои содиротию воридотӣ;
- ҳуқуқ барои гирифтан ва пешниҳод намудани қарзҳо, кафолатҳо, замонат ва дигар намудҳои таъминот аз бонкҳои дохилию хориҷӣ, ҷамъияту ташкилотҳо, инчунин барои суғуртакунӣ бо суғуртакунандагони дохилию хориҷӣ бо шартҳои имтиёзнок;
- ҳуқуқ барои сармоягузорӣ ва сармоягузории такрорӣ дар доираи созишномаи сармоягузорӣ вобаста ба талаботи татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ.
2. Тибқи созишномаи сармоягузорӣ сармоягузор ҳуқуқ дорад натиҷаҳои фаъолияти сармоягузориро соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намояд, инчунин ҳуқуқ дорад сармоягузории такрорӣ ва фаъолияти тиҷоратиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он амалӣ гардонад. Дар асоси созишномаи сармоягузорӣ, сармоягузор метавонад даромади худ ва ё қисми онро дар шакли маҳсулот, мол ва хизматрасонии дар бозор бадастоварда содирот намояд.
3. Созишномаи сармоягузорӣ метавонад кафолатҳои махсуси ҳуқуқи сармоягузор оид ба озодона ба ҳама гуна асъори хориҷӣ мубодила намудани даромади худро пас аз пардохти андозҳо пешбинӣ намояд,  аз ҷумла: 
- даромади аз фурӯши саҳмияҳо ва ҳиссаҳо дар сармояи оинномавии ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ аз тарафи сармоягузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ таъсисдодашуда ва ё  пас аз барҳамдиҳии чунин ҷамъиятҳо;
- даромад аз фурӯши ҳама гуна дигар молу мулк ва ё ҳуқуқҳои сармоягузор, ки дар рафти татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ ба даст оварда шудааст ва ё бунёд гаштааст. 
4. Созишномаи сармоягузорӣ метавонад кафолати махсуси сармоягузор оид ба озодона бозгардонидани (репатриатсияи) асъори хориҷии бадастовардашударо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намояд.

          Моддаи 17. Ҳуқуқҳои махсуси сармоягузор дар доираи созишномаи сармоягузорӣ
1. Илова ба ҳуқуқҳо ва кафолатҳои асосии сармоягузор созишномаи сармоягузории алоҳида метавонад ҳуқуқҳои махсус, озодкунӣ ва имтиёзҳои сармоягузор ва лоиҳаи сармоягузорро пешбинӣ намояд:
- низоми андозбандии махсус, аз ҷумла низоми соддакардашудаи андозбандӣ, озодкунии сармоягузор, пудратчиён ва кормандони хориҷӣ аз андозҳои муайян ва ё тамоми намудҳои андоз, дигар имтиёзҳои андозӣ ба давраи муайян ва ё дар тамоми давраи амали созишномаи сармоягузорӣ;
- низоми махсуси гумрукӣ, аз ҷумла  қисман ва ё пурра озодкунӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, расмиёти соддакардашудаи гумрукӣ барои сармоягузор, пудратчиён ва кормандони хориҷии он ба давраи муайян ва ё дар тамоми давраи амали созишномаи сармоягузорӣ;
- низоми махсуси танзим ва назорати асъорӣ, аз ҷумла озодкунӣ аз ӯҳдадории гирифтани иҷозатномаҳо ва бақайдгирӣ барои қарзҳо ва дигар шаклҳои маблағгузорӣ, ки аз тарафи сармоягузор барои мақсадҳои лоиҳаи сармоягузорӣ ва кушодани ҳисобҳои бонкӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он барои гирифтани қарзҳо ва дигар шаклҳои маблағгузорӣ;
- низоми махсуси  иҷозатномадиҳӣ, аз ҷумла бо низоми соддакардашуда додан, аз нав барасмият даровардан, дароз кардани мӯҳлати иҷозатномаҳое, ки барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ лозим мебошанд, додани иҷозатнома ба мӯҳлати зиёдтар аз мӯҳлати ниҳоии амали иҷозатнома, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, пурра ва ё қисман озодкунии сармоягузор аз пардохти боҷҳо ва пардохтҳои иҷозатномавӣ;
- қисман ва ё пурра даст кашидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи афзалиятноки пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи имтиёзнок барои ба даст овардани қисми муайяни ҳатмии мол, кор ва хизматрасониҳои дар рафти татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ истеҳсолшаванда ва пешниҳодшаванда;
- қисман ва ё пурра озодкунӣ аз татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти танзими нархҳо ва тарофаҳо, аз ҷумла қонунгузории зиддиинҳисорӣ;
- низоми махсус ва ё соддакардашудаи раводид ва назорати муҳоҷират барои кормандон ва пудратчиёни сармоягузор, озодкунии сармоягузор ва ширкати он аз ӯҳдадории риояи квота барои шаҳрвандони хориҷӣ дар рафти татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ.
2. Созишномаи сармоягузорӣ  метавонад дигар ҳуқуқҳои махсус, озодкунӣ ва имтиёзҳои сармоягузор ва лоиҳаи сармоягузориро  пешбинӣ намояд.

         Моддаи 18. Муқаррароти устувории созишномаи сармоягузорӣ
       Созишномаи сармоягузорӣ метавонад муқараротеро дар бар гирад, ки мутобиқи он ҳуқуқҳои махсус, озодкуниҳо ва имтиёзҳои сармоягузор ва лоиҳаи сармоягузорӣ, инчунин дигар муқаррароти созишномаи сармоягузорӣ, новобаста ба тағйиру илова дар қонунгузорӣ, дар давоми мӯҳлати дар созишномаи сармоягузорӣ нишондодашуда мавриди амал ва татбиқ қарор гиранд. Созишномаи сармоягузорӣ метавонад барои ҳуқуқҳои махсус, озодкуниҳо ва имтиёзҳо вобаста ба шартҳо ва хусусияти лоиҳаи сармоягузорӣ  давраҳои гуногуни мӯҳлати амалро  пешбинӣ намояд.
Моддаи 19. Шакли созишномаи сармоягузорӣ
Созишномаи сармоягузорӣ дар шакли хаттӣ ҳамчун ҳуҷҷати ягона тартиб дода шуда, аз ҷониби ҳарду тарафи он ба миқдори бо розигии тарафҳо муайянкардашуда ба имзо расонида  мешавад.

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

           Моддаи 20. Ҳуқуқи татбиқшавандаи созишномаи сармоягузорӣ
        Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад, агар дар худи созишномаи сармоягузорӣ дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад.

         Моддаи 21. Ҳалли баҳсҳо дар доираи созишномаи сармоягузорӣ
    1. Баҳсҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор вобаста ба масъалаҳои эътибор доштан, татбик, риоя накардан, қатъ ва ё тафсири созишномаи сармоягузорӣ аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор метавонанд дар созишномаи сармоягузорӣ супоридани тамоми баҳсҳо ва мухолифатҳои вобаста ба масъалаҳои эътибор доштан, татбиқ, риоя накардан, қатъ ва ё тафсири созишномаи сармоягузориро барои баррасӣ ва ҳал намудан ба арбитражи байналмилалии  мустақил ва беғараз, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, дар асоси қоидаҳои арбитражии байналмилалии эътирофгардида, пешбинӣ намоянд. Розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли баҳсҳо аз ҷониби чунин арбитражи байналмилалӣ ҳақиқӣ буда, қарори аз ҷониби чунин арбитражи байналмилалӣ баровардашуда барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ ва ниҳоӣ мебошад. Қарори қабулнамудаи арбитражи байналмилалӣ аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуда, дар ҳолати зарурӣ тибқи муқаррароти созишномаи сармоягузорӣ, қонунгузории мурофиавӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи  Тоҷикистон ба таври маҷбурӣ иҷро карда мешавад.

         Моддаи 22. Даст кашидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масунияти соҳибихтиёрӣ
       Созишномаи сармоягузорӣ бо сармоягузори хориҷӣ метавонад дар худ муқаррарот оид ба даст кашидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масунияти соҳибихтиёрӣ аз чораҳои пешакӣ оид ба таъмини хароҷоти расмиёти арбитражӣ, масуният аз огоҳиномаҳои мурофиавӣ, масуният аз иҷрои маҷбурии қарорҳои арбитражӣ ва масунияти молумулкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ин ки нисбат ба чораҳои пешакии таъмини иҷрои қарори арбитражӣ ва ё нисбат ба иҷрои маҷбурии қарори арбитражӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз ҳудуди онро дошта бошад.

      Моддаи 23. Забони созишномаи сармоягузорӣ
     1. Созишномаи сармоягузорӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва ба имзо расонида мешавад. Он инчунин тибқи розигии тарафҳо метавонад ба дигар забонҳо низ омода ва ба имзо расонида шавад. 
2. Созишномаи сармоягузорие, ки ҳалли баҳсҳоро дар арбитражи байналмилалӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд,  ба забонҳои дигар низ омода ва ба имзо расонида мешавад.

     Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
     Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 Эмомалӣ РАҲМОН
 

ш. Душанбе,

19 марти соли 2013,

№ 944