Тибқи нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 12 то 14 декабри соли 2012 дар осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм бо иштироки олимон, мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ, инчунин кормандони амалия мизи мудаввар оид ба Консепсияи такмили қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи чорабинии мазкур Директори Марказ аз иштироки ҳозирин изҳори қаноатмандӣ намуда, аз мақсади ҳамоиш ва ҷалби мутахассисони соҳа ба масъалаҳои ҷойдошта оид ба қонунгузории гражданӣ ибрози ақида намуд. Аз ҷумла зикр намуд, ки қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июни соли 1999 қабул шуд ва ба бобҳои алоҳидаи он то имрўз 7 маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Ҳарчанд ба Кодекси мазкур 12 майи соли 2007 тағйиру иловаҳои зиёде ворид карда шуда бошад ҳам вале то ба имрўз баъди қабул шуданаш дар маҷмўъ комилан такмил наёфтааст. Вобаста ба такмил додани Кодекси гражданӣ дар маҷмӯъ омилҳое мавҷуданд, ки моро водор менамояд баҳри рафъи мухолифатҳо ва камбудиҳои Кодекси амалкунанда бетараф набошем. Раҳимов Маҳмад Забирович илова намуд, ки пеш аз ҳама раванди босуръати инкишофи муносибатҳои маданӣ дар кишвар ва ҷаҳонишавии он, баъдан қабули қонунҳои дигар вобаста ба муносибатҳои гражданӣ, мухолифати дохилии қонунҳои амалкунанда ва Кодекси гражданӣ, инчунин аз ҷиҳати истилоҳоти забонӣ коста будани мазмуну мундариҷаи Кодекси гражданӣ, ки татбиқи онҳоро дар амал душвор мегардонанд имрўз моро гирди мизи музокира ҷамъ овардааст.
Дар таҳияи консепсияи такмили қонунгузории гражданӣ ҳар як давлатҳои ИДМ баҳри рушди қонунгузории давлати худ низ кор карда истодаанд, аз ин рў Тоҷикистон низ набояд аз ин ҷараён дур бошад. Зеро қисми асосии муомилот дар бозор маҳз тавассути меъёрҳои Кодекси гражданӣ ба танзим дароварда мешаванд. Дар ин ҷараён Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011, № 1021 ва Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2015, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012, №96 тасдиқ шудааст. Аз ин лиҳоз санадҳои мазкур моро водор менамояд, ки Кодекси гражданиро такмил дода, мутобиқати онро бо қонунҳои дигар таъмин намоем.
Зимни суханронӣ Директори Марказ қайд намуд, ки азбаски қисми якуми Кодекси гражданӣ масъалаҳои гуногуни умумиро дар бар мегирад, бинобарин таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷараёну газариши хеле мураккаб аст. Пеш аз таҳияи чунин санад зарурат ба миён меояд, ки консепсияи такмили қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардад ва баъдан дар заминаи он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда хоҳад шуд.
Бо ҳамин мақсад дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи корӣ таъсис дода шуд, қайд намуд Раҳимов М.З, ки дар натиҷаи таҳлилу омўзишҳо консепсияи мазкур омода гардид ва имрўз барои баррасӣ ва муҳокима ба шумо ҳозирини гиромӣ пешниҳод карда шудааст. Бинобарин ҳар як мутахассис дар алоҳидагӣ ба боб ва моддаҳои Кодекс метавонад ақидаҳои худро иброз намояд.
Рўзи аввал дар асоси барномаи мизи мудаввар қаблан муҳокимаи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили фасли 1 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои муқаррароти умумӣ, субъектҳои ҳуқуқи гражданӣ, объектҳои гражданӣ, аҳдҳо мўҳлати даъво ва дигар масоили ҳуқуқуқии вобаста ба он мавриди муҳокима қарор дода шуд. Сипас дар рўзи дуюм оид ба масъалаҳои ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи маҳдуди молу мулкӣ, ҳифзи ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои ашёӣ ва ғайраҳо масъалагузорӣ гардид. Дар ҷамъбасти мизи мудаввар рўзи дигар иштирокчиён таклифҳоро ҷамъбаст намуда ба таври мушаххас ба ҳайати гуруҳи корӣ пешниҳод намуданд.
Ҳачунин дар мизи мудаввар оид ба илова ва ворид намудани боби нав бо номи «Соҳибӣ», «Ҳуқуқҳои ашёӣ ва ҳифзи он», истифодаи маҳдуди амволи ғайриманқул ва дигар тағйротҳои куллиро, ки дар такмили консепсия пешбинӣ гардида буд ҳозирин ҷонибдорӣ намуданд. Дар баробари таклифҳои ифодагардида мутахассиси соҳа Раҳимов М.З., Тағойназаров Ш ва Ғаюров Ш ва дигарон пешниҳод намуданд, ки бо ворид намудани тағйиротҳо номи Кодекси гражданӣ дар асоси фалсафаи гузаштагон ва фарҳанги муосир ба Кодекси маданӣ иваз карда шавад. Зеро имрўз бо пуштибонӣ аз забон ва фарҳанги худ, баҳри ба талабот ҷавобгў будани қонунҳо бояд замина гузошт, ки маҳз Кодекси маданӣ метавонад посухе бошад ба баъзе мухолифати меъёрҳо ва масоили дохилии қонунҳо.
Аз ҷумла дар баҳсу музокираҳо мутахассисони соҳа Маҳмадов М.З., Исмоилов Ш.М,, Бобоҷонов И., Тағойназаров Ш., Ғаюров Ш., Меликов У.А., Бадалов ., Сулаймонов Ф., Носиров Х., Александрова Лариса иштирок намуда, дар мавриди истифодаи ибораҳои «ҷуброн», «рўёнидан», «ситонидан», «товон» масоили мазмунан тарҷума шудани калимаҳо, дар мавридҳои гуногун ҳифз гардидани манфиатҳои кредитор, нигоҳ доштани ҳадди ниҳоии сармояи оинномавии ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, дастрасӣ ба феҳрасти ягонаи бақайдгирӣ дар шабакаи интернет ва ғайраҳо, ки вобаста аз ҳолат бояд истифода шавад суханронӣ намуда, таклифҳои худро пешниҳод намуданд.
Ҳаминтарз дар мизи мудаввар масъалаҳои гуногуни қонунгузории гражданӣматраҳгардида,мавридибаррасии мутахассисони соҳа қарор гирифт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии зикршуда дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) баргузор гардида, ҷиҳати рушди қонунгузории гражданӣ ва ошкор намудани камбудиҳою мушкилоти ҷойдошта мусоидат намуда ҳамзамондар таҳлили илман асосноки ҷабҳаҳои гуногуни муносибатҳои зикршуда дар ин соҳа саҳми муфиде хоҳад дошт.
Дар қисмати ҷамъбастӣ иштирокчиён аз баргузории чунин як чорабинӣ изҳорӣ қаноатмандӣ намуда иброз доштанд, ки модели пешниҳодшуда дар рушди қонунгузории гражданӣ заминаи мустаҳкаме хоҳад гузошт. Ва ба муаллифон барои ҳарчи тезтар омода намудани он муваффақиятҳои илмию-эҷодӣ таманно намуданд.