ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ТАВАССУТИ ТАТБИҚИ ЧОРАҲОИ ҶИНОЯТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 15/08/2025 - 16:47
   Муқовимат ба коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ яке аз самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонад [1].
     Воқеан, имрӯзҳо амалҳои коррупсионӣ яке аз масъалаҳои номатлуби муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар тамоми ҷаҳон эътироф гардидааст.
     Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” зери мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия дар самти пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, таҳқиқу тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, бартараф намудани сабабу шароитҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ фаҳмида мешавад [2].
     Сиёсати зиддикоррупсионии давлату ҳукумат бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коҳиш додан ва батадриҷ решакан намудани чунин амалҳо ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат аз  таҳдидҳои коррупсия равона гардидааст.
     Дар ин замина 15 марти соли 2016 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағиру иловаҳо ворид карда шуда, дар як қатор санксияи моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои гирифтани пора, додани пора ва иғвои порадиҳӣ пешбинӣ намудаанд, ҷазои ҷарима дар баробари ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ҳамчун ҷазои алтернативӣ ворид карда шуд. Дар иртибот ба амалия ҷиҳати тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия ҷазои ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои номбурда, ки бо истифодаи мақоми хизматӣ (мансабӣ) содир мешаванд, пурзӯр гардида, аз баъзе қисмҳои таркибии моддаҳои дахлдори ин Кодекс ҷазои ҷарима хориҷ карда шуд.
     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри вусъат бахшидани муқовимат бо коррупсия тавассути татбиқи чораҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ заминаи ҳуқуқии муайян ҷой дошта, он мутаносибан дар маҷмӯи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ дарҷ гардидааст. Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд” аз 22 октябри соли 2022, №506 52 моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамчун ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоштаи муайян шудааст, ки моддаҳои 279 (ришвадиҳии тиҷоратӣ), 280 (ришвадиҳӣ ба иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобиқаҳои касбии варзишӣ ва озмунҳои намоишии тиҷоратӣ), 319 (гирифтани пора), 320 (додани пора), 321 (иғвои порадиҳӣ), 324 (гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ) ва 325 (додани мукофот ба хизматчӣ) аз ҷумлаи онҳост [3].
     Барои аз ҷониби шахси мансабдор, бо истифода аз мақоми хизматӣ, шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани ришва, пора ё додани пора, инчунин дигар амалҳои коррупсионии дар моддаҳои боло зикргардида дар намуди пул, коғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ дохил бошанд ё онҳо вобаста ба қудрати мавқеи мансабиашон ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонанд, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хизмат, инчунин агар ҳамин кирдорҳо такроран, аз ҷониби гурӯҳи муташаккил, бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори калон анҷом дода шавад ҷавобгариҳо дар намуди ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, маҳдуд кардан аз озодӣ ва маҳрум кардан аз озодӣ ҷазо дода мешавад [4].
     Ҷиҳати таъмини татбиқи чораҳои ҷиноятии амалҳои коррупсионӣ дар баробари дигар мақомоти давлатӣ 10 январи соли 2007 дар кишвар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҷиҳати танзими фаъолияти мақоми мазкур Қонуни Ҷумуҳрии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо куррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид [5].
     Масъалаи муқовимат ба коррупсия тавассути татбиқи чораҳои ҷиноятӣ дар Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Дар Стратегияи мазкур дарҷ шудааст, ки ҷиҳати тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия зарурати омӯзиши масъалаи пурзӯр намудани ҷазои ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои бо истифода аз мавқеи хизматӣ содиргардида ҷой дорад. Дар ин раванд ба мақсад мувофиқ мебошад, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд ба фасл ё боби алоҳида ҷудо карда шуда, санксияҳои онҳо такмил дода шаванд [6]. Таклифи мазкур бо назардошти таҷрибаи давлатҳои дигар қобили таваҷҷуҳ арзёбӣ мегардад. Масалан, дар рафти таҳлили кодексҳои ҷиноятии як қатор давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муайян карда шуд, ки ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ, дар бобҳои алоҳида  пешбинӣ шудааст, аз ҷумла:
- боби 33 “Ҷиноятҳои коррупсионӣ ва дигар ҷиноятҳо ба муқобили манфиатҳои хизматӣ” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Озорбойҷон аз 30 декабри соли 1999, №787-IQ) (бо тағйиру иловаҳо ба ҳолати 11.04.25);
- боби 42 “Ҷиноятҳои коррупсионӣ ва дигар ҷиноятҳо ба муқобили манфиатҳои давлатӣ ва хизматӣ” Кодекси ҷиноятии Қирғизистон аз 28 октябри соли 2021, № 127 (бо тағйиру иловаҳо ба ҳолати 28.07.25);
- боби 15 “Ҷиноят ба муқобили тартиби кор дар соҳаи оммавӣ” ва боби 16 “Ҷиноятҳои коррупсионӣ дар бахши хусусӣ” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Молдова аз 18 апрели соли 2002, № 985-XV (бо тағйиру иловаҳо ба ҳолати 10.07.25).
     Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2006 инҷониб аъзои Конвенсияи Созмони Миллали Мутаҳид зидди коррупсия мебошад. Конвенсияи мазкур дар боби 3, ки криминализатсия ва фаъолият оид ба ҳифзи ҳуқуқ ном дорад якчанд кирдорҳоро пешбинӣ менамояд, ки бояд аз ҷониби давлатҳои аъзо ҳамчун ҷиноят эътироф карда шаванд, аз ҷумла:
- фурӯхташавии шахсони мансабдори оммавии миллӣ (моддаи 15);
- фурӯхташавии шахсони мансабдори оммавии хориҷӣ ва шахсони мансабдори созмонҳои байналмилалии оммавӣ (моддаи 16);
- тасарруф, ғайриқонунӣ азони худ кардан ё истифодаи ғайримақсадноки амвол аз ҷониби шахси мансабдори оммавӣ (моддаи 17);
- сӯиистифода аз нуфуз бо мақсадҳои ғаразнок (моддаи 18);
- сӯиистифода аз холати хизматӣ (моддаи 19);
- бойшавии ғайриқонунӣ (моддаи 20);
- харида гирифтан дар бахши хусусӣ (моддаи 21);
- тасарруфи амвол дар бахши хусусӣ (моддаи 22);
- қонунӣ гардонидани даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада (моддаи 23);
- пинҳон доштан (моддаи 24);
- монеъшавӣ ба татбиқи адолати судӣ (моддаи 25) ва дигар моддаҳо чунин кирдорҳоро аз ҷониби давлатҳои аъзо ҳамчун ҷиноятӣ эътироф намудааст [7].
     Татбиқи чораҳои ҷиноятӣ нисбати кирдорҳои коррупсионӣ имкон медиҳад, ки дар баробари таъмини уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун узви Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин адолати иҷтимоӣ барқарор гардад. Дар самти мазкур сарфи назар аз мавҷудияти заминаи қонунгузорӣ ва фаъолияти босамари сохторҳои дахлдор дар самти ошкор ва исботи ҷиноятҳои коррупсионӣ бо назардошти рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва маблағҳои электронӣ мушкилот то ҳол ҷой дорад. Дар ин раванд зарурат аст, ки қонунгузорӣ мунтазам бо назардошти рушди босуръати муносибатҳо такмил дода шуда, фазои оштинопазирӣ ба коррупсия фароҳам ва ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ташаккул ёбад.
     Воқеан, муқовимат ба коррупсия тавассути татбиқи чораҳои ҷиноятӣ яке аз воситаҳои муҳим ва муассири ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва мустаҳкам сохтани боварии ҷомеа ба ҳокимияти давлатӣ мебошад. Чораҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ҷарима, маҳрум сохтан аз озодӣ, мусодираи молу мулк ва маҳдуд кардани ҳуқуқи ишғоли мансаб, на танҳо ҷазо барои содиркунандагони ҷиноят, балки василаи боздоранда ва пешгирикунанда ба шумор меравад. Аммо самаранокии ин чораҳо то андозае вобастагӣ дорад ба сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо, тахассуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва набудани дахолати ғайриқонунӣ ба раванди тафтишот. Зеро, танҳо бо роҳи татбиқи муназзам ва ҳамоҳангшудаи чораҳои ҷиноятӣ дар якҷоягӣ бо тадбирҳои пешгирикунанда ва тарбиявӣ, метавон ба коҳиши сатҳи коррупсия ва таҳкими устувории низоми ҳуқуқии кишвар ноил шуд.
 
МУСТАФОҚУЛОВ ДОВАРШОҲ БАЁНҚУЛОВИЧ,
сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Рӯйхати адабиёт:
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 апрели соли 2010: [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://ravshanfikr.tj;(санаи муроҷиат 01.08.2025);
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”: [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.mmk.tj (санаи муроҷиат: 04.08.2025);
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд”//Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 05.08.2025);
4. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон//Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Адлия». Шакли 7.0 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 01.08.2025);
5. Қонуни ҶТ “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”: [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.mmk.tj (санаи муроҷиат: 04.08.2025);
6. Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.mmk.tj (санаи муроҷиат: 04.08.2025);
7. Конвенсияи СММ зидди коррупсия: [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.mmk.tj (санаи муроҷиат: 08.08.2025).
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)