Дар санаи 31-уми октябри соли 2011, аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 17-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ» гузаронида шуд.
Дар мизи мудаввари мазкур намояндагон аз мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин кормандони Марказ иштирок карданд.Мизи мудавваро муовини директори Марказ Баҳриддинов С.Э. кушода қайд карданд, ки пас аз қабули Конститутсия 17 сол пур шуд. Дар ин муддат дар Ҷумҳури Тоҷикистон зиёда аз 300 қонунҳо қабул карда шуданд. Бисёре аз қонунҳои амалкунанда ба меъёрҳои конутитутсиони мутобиқат намекунанд. Бинобар ҳамин, мақсади гузаронидани мизи мудаввари мазкур аз муҳокимаи масъалаҳои рузмараи қонунгузории амалкунанда иборат мебошад. Дар кори мизи мудаввар бо маърӯзаҳои худ шахсони зерин баромад намуданд:
Диноршоев А.М. мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент дар мавзӯи «Нақши Маҷлиси Олӣ дар инкишофи ҷомеаи демократӣ». Дар баромади худ Диноршоев А. қайд карданд, ки ҳокимияти қонунгузорӣ дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ мавқеи хоса дорад. Ин мавқеъ ба нақши ҳокимияти қонунгузорӣ бо амалӣ сохтани мақсаду вазифаҳои давлат вобаста аст;
Меликов У. А сардори шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ ва соҳибкорӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ дар мавзӯи «Асосҳои конститутсионии ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». Меликов М. дар баромадашон қайд карданд, ки мафҳуми «ҳукумати электронӣ» шартӣ буда, ҳоло сабти қонуни нагирифтааст, вале коркардҳои назариявӣ ва дар айни замон кушиши асаснок намудани истилоҳи бурда шуда истодааст;
Салоҳиддинова С.М. мутахассиси шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният дар мавзӯи «Асосҳои конститутсионии фаъолияти соҳибкорӣ». Асоси ҳуқуқии тамоми муносибатҳои ҷамъиятиро Конститутсия ташкил медиҳад, махсусан фаъолияти соҳибкориро низ. Меъёрҳои конститутсионӣ асоси рушди қонунгузории фаъолияти соҳибкорӣ мебошад;
Сафаров Д.С. ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзӯи «Суди конститутсионӣ кафили ҳимоятгари Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон». Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими ҳокимияти суди мебошад. Пайдоиши он дар ҶТ ба раванди соҳибихтиёрӣ зич алоқаманд аст.
Дар ҷамъбаст ба маърузачиён саволҳо дода шуда, баҳсу мунозира сурат гирифт.