ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Чшб, 08/04/2020 - 09:53

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР

аз 2 июли соли 2015,№ 425
ш.Душанбе

 

Дар бораи консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, № 327 "Дар бораи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

 

1. Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

 

2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо ташкилотҳои кўмакрасон шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳоти таҷрибавиро оид ба татбиқи Консепсияи мазкур муайян намояд;

- бо ташкилотҳои кўмакрасон ҷиҳати марҳила ба марҳила татбиқ намудани Консепсияи мазкур созишнома ба имзо расонад;

- таҳия ва амалҳ намудани чорабиниҳои заруриро оид ба татбиқи Консепсияи мазкур қабул намояд.

 

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ҷиҳати татбиқи Консепсияи мазкур мусоидат намоянд.

4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол оид ба иҷрои Консепсияи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.

 

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2015, № 425

тасдиқ шудааст

 

КОНСЕПСИЯИ РАСОНИДАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. 3АМИНАҲОИ ҚАБУЛИ КОНСЕПСИЯИ РАСОНИДАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Мутобиқи моддаи 1 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷикистон давлати иҷтимоҳ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад". Моддаи 19 Конститутсия муқаррар намудааст, ки "Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад". Моддаи 92 Конститутсия пешбинҳ менамояд, ки "Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад. Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад".

2. Дар баробари кафолати ҳимояи судие, ки бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, Тоҷикистон як қатор уҳдадориҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои инсонро ба зиммаи худ гирифтааст, ки мувофиқи онҳо уҳдадор аст, ёрии ҳуқуқиро барои шаҳрвандон дар тамоми марҳилаҳои мурофиаи ҷиноят пешниҳод намояд. Моддаи 14 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрванд ва сиёсӣ кафолатҳои зерини ёрии ҳуқуқиро муқаррар менамояд: "Ҳангоми муайян намудани айбдоркунии ҷиноятӣ нисбати шахс, шахси мазкур ба кафолатҳои ақалли зерин ҳуқуқ дорад: (b) дастрасӣ ба вақт ва имконияти кофӣ барои омода гардидан ба ҳимояи худ ва муошират бо ҳимоятгар аз рўи интихоби худ; (d) дар суд шахсан ҳозир будан ва худро шахсан ё тавассути ҳимоятгар ҳимоя намудан аз рўи интихоби худ; дар ҳолати надоштани ҳимоятгар, доир ба ҳуқуқҳои худ иттилоот доштан; ройгон таъмин будан ба ҳимоятгари таъинкардашуда дар ҳолате, ки онро манфиатҳои адолати судӣ талаб мекунад, агар ў имконияти пардохти хизматҳои ҳимоятгарро надошта бошад.".

3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ёрии ҳуқуқии ройгон, ки табақаҳои камбизоати аҳолиро пурра ё қисман аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатҳ таъмин менамояд, ҳоло дар зинаи ташаккулёбҳ қарор дорад. Дар Тоҷикистон ба аҳоли ёрии ҳуқуқии ройгон расонида мешавад, аммо он ба такмил эҳтиёҷ дорад. Мақомоти давлатҳ ба шаҳрвандон ҳангоми муроҷиат иттилооти ҳуқуқӣ пешниҳод менамоянд, дар минта қаҳо қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон амал мекунад. Инчунин 33 маркази ҷумҳуриявии буҳронии назди шуъбаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабулгоҳҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуҷли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо фаъолият мекунанд, ки ба ниёзмандон ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа мерасонанд. Ҷайр аз ин, лоиҳаҳои мухталиф доир ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба аҳолии камбизоат тавассути ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби ташкилотҳои кумакрасони байналмилалӣ амалӣ гардонида мешаванд. Бале ин ҳама талаботи аҳолиро ҷиҳати дастрасӣ ба ёрии сифатноки боихтисоси ҳуқуқӣ пурра қонеъ карда наметавонанд.

4. Новобаста аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2015 "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" барои ташаккул додани Иттифоқи адвокатҳо вақти муайян зарур аст. Айни замон, адвокатҳо доир ба пардохти музди меҳнати худ аз буҷети давлатӣ ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар рафти тафтишот ва суд ба баъзе мушкилот дучор мегарданд. Дар қонунгузорӣ механизмҳои пешниҳоди онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ муқаррар карда шудаанд, вале онҳо такмилталаб мебошанд.

5. Бо мақсади такмил додани низоми судӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ, дар доираи амалӣ гардонидани Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиотон аз 23 июни соли 2007, № 271 тасдиқ шудааст, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - КМҶ) 3 декабри соли 2009 қабул шуда буд. Мувофиқи қисми 2 моддаи 49 КМҶ "Ҳимоятгар барои иштирок дар парванда аз лаҳзаи дар ҳаққи шахс баровардани қарори оҷози парвандаи ҷиноятӣ, инчунин аз лаҳзаи воқеан дастгир гардидани гумонбаршуда роҳ дода мешавад". Инчунин моддаҳои 46 ва 47 КМҶ муқаррар менамоянд, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ҳуқуӣ доранд аз лаҳзаи дастгир шудан ҳимоятгар дошта бошанд, аз ҷумла тибқи ҳолат ва тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур аз кумаки ҳимоятгар ройгон истифода баранд. Қисми 10 моддаи 50 КМҶ муқаррар мекунад, ки "таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд, судя ҳуқуӣ доранд, ки дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаро аз пардохти музди ёрии ҳуқуқӣ пурра ё қисман озод кунанд. Дар чунин ҳолат музди меҳнати ҳимоятгар аз ҳисоби давлат пардохта мешавад.".

6. ҳангоми таҳияи лоиҳаи Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Консепсия) таҷрибаи байналмилалии ташаккулёбии низоми ёрии ҳуқуқии ройгон, инчунин як қатор таҳқиқотҳо вобаста ба талаботи аҳолӣ ба хизматрасониҳои ҳуқуқӣ, таҷрибаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷайриҳукуматӣ мавриди омўзиш ва таҳлил қарор дода шуд.

7. Мувофиқи назарсанҷиҳо аҳолӣ барои дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад. Натиҷаҳои назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки мушкилот дар байни аҳолӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ бештар дар масъалаҳои замин, муносибатҳои оилавӣ, гирифтани ҳуҷҷатҳое, ки ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ менамоянд ва таъминоти иҷтимоӣ ба назар мерасад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки чунин мушкилот бештар дар байни аҳолии камбизоат дида мешавад. Ҳамчун мушкилоти дигар дурдастии хизматрасониҳои ҳуқуқӣ, махсусан барои сокинони деҳот ва ноҳияҳои дурдаст қайд щудааст. Иштирокчиёни назарсанҷиіо, инчунин сатҳи нокифояи хизматрасониҳои ҳуқуқии ройгонро, ки аз ҷониби Коллегияи адвокатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ пешниҳод мешаванд, қайд намуданд.

8. Новобаста аз кафолатҳои мавҷудаи қонунгузорӣ, таъмини мувофиқати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалии расонидани ёрии ҳуқуқӣ зарурат дорад. Бинобар ин то ҳол мушкилиҳо ҷиҳати пурра амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои гирифтани ёрии ҳуқуқии ройгон боқӣ мемонанд.

9. Барои ҳалли вазифаҳои дар боло номбаршуда, дар асоси банди 7 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, № 327 тасдиқ гардидааст, лоиҳаи Консепсияи мазкур барои ҷорӣ намудани намунаҳои (моделҳои) расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолии камбизоат таҳия ва пешниҳод шудааст.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАІОИ КОНСЕПСИЯ

10. Мақсади Консепсияи мазкур дар ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгони дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ мебошад.

11. Вазифаҳои Консепсия барои ҳалли масъалаҳои зерин равона карда шудаанд:

- ташкил намудани низоми ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа ва дуюмдараҷа бо роҳи ҷорӣ намудани намунаҳои (моделҳои) гуногун;

- муайян намудани маблағгузории зарурии намунаҳои (моделҳои) гуногуни ҷоришудае, ки дар Консепсияи мазкур пешниҳод шудаанд;

- ташкил додани низоми самараноки мутобиқат ва назорати сифати ҷараёни расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон;

- муайян намудани доираи субъектҳое, ки ёрии ҳуқуқии ройгонро мерасонанд;

- муайян намудани гурўҳи шахсоне, ки ҳуқуқи дастрас гардидан ба ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷаро доранд;

- аз рўи натиҷаҳои татбиқи намунаҳо (моделҳо) оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ", инчунин мутобиқ намудани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои таъмини фаъолияти низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон бо дарназардошти таҷрибаи намунаҳои (моделҳои) ҷоришаванда ва маблағгузории сарфшуда.

3. МЕХАНИЗМІОИ АМАЛҲ НАМУДАН ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ КОНСЕПСИЯ

12. Амалӣ намудани Консепсняи мазкур озмоиш ва таҳияи низоми идоракунӣ доир ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ва ҷорӣ намудани намунаҳои (моделҳои) мухталифи ёрии ҳуқуқии ройгонро пешбинӣ менамояд.

13. Муҳлати амалӣ намудани Консепсияи мазкур 8 сол буда, аз марҳалаҳои зерин иборат мебошад:

а) даври татбиқи озмоишӣ 3 солро дарбар мегирад. Дар ин давр, амалӣ намудани намунаҳои (моделҳои) гуногуни ёрин ҳуқуқии ройгони якуминдараҷа ба нақша гирифта мешавад. Барои маблағгузорӣ намудани татбиқи намунаҳо (моделҳо) оид ба ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа, маблағҳои ташкилотҳои ёрирасон ба андозаи 90 фоиз аз маблағи умумии хароҷотҳо ҷалб карда мешаванд. Саҳми давлат ба андозаи 10 фоиз дар шакли пещниҳоди ҷой, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, пешниҳоди махзани меъёрии ҳуқуқҳ ва ҳармоҳа нав кардани он муайян карда мешавад. Саҳми ташкилотҳои кумакрасон ҷудо кардани воситаҳои пулӣ барои пардохти музди меҳнати кормандон, хароҷотҳои алоқа, хариди техникаи ташкилӣ ва лавозимоти хатнависӣ, таъмини маводи методӣ, реклама ва таълимотро дар бар мегирад. Ҷайр аз ин, дар давоми даври озмоишӣ, ҳуҷҷатҳое, ки барои амалӣ намудани ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа заруранд, таҳия мешаванд. Барои ҳисоб намудани хароҷот ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа, зарур аст, ки дар даври татбиқи озмоишӣ ҳисоббарориҳои зерин ба роҳ монда шаванд:

- хараҷоти вақти адвокат ҳангоми ҳимояи шахс дар марҳилаҳои тафтишот ва суд;

- шумораи шахсоне, ки мувофиқи методикаи таҳиягардида барои дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа ҳуқуӣ доранд;

- хароҷотҳои молиявӣ доир ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа. Барои маблағгузорӣ намудани намунаҳои ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа, ҷалб намудани кумакҳои молиявӣ бо дарназардошти маблағгузории муштараки ташкилотҳои ёрирасон ва буҷети давлатӣ, дар марҳалаи ибтидоӣ 10 фоизи хароҷот ҳамчун саҳми давлат ва 90 фоиз саҳми ташкилотҳои кумакрасон ба нақша гирифта шудааст.

б) давраи гузариш барои 5 сол ҳисоб карда шудааст, ки дар давоми он ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа ва дуюмдараҷа татбиқ гардида, саҳми давлат дар маблағгузории хароҷотҳо тадриҷан меафзояд. Мувофиқи натиҷаҳои татбиқ ва ворид намудани намунаҳои (моделҳои) ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа ва дуюмдараҷа дар солҳои оянда, маблағгузории фаъолияти он аз ҷониби давлат ҳар сол ба андозаи 20 фоиз афзуда, минбаъд 100 фоизи хароҷот доир ба фаъолияти ин низом аз ҳисоби буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад. Дар баробари ин амалӣ намудани ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа ва дуюмдараҷа бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ мумкин аст аз ҳисоби сарчашмаҳои дигар амалӣ карда шавад.

4. ТАШАККУЛ ЁФТАНИ НИЗОМИ ЁРИИ ІУҚУҚИИ РОЙГОНИ ЯКУМДАРАҶА

14. Ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа дар пешниҳоди иттилооти ҳуқуқӣ ба аҳолӣ тавассути пешниҳоди шарҳдиҳии иттилооти ҳуқуқӣ дар бюроҳои давлатӣ, ҳангоми машваратҳо дар маҳал ва тавассути алоқаи телефонӣ; тартиб додани аризаҳо, шикоят ва дигар ҳуҷҷатҳо; расонидани ёрии иттилоотӣ баҳри таъмини дастрасии шахс ба ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа, иттилоотонидан доир ба имкониятҳои ҳалли тосудии муноқишаҳои ҳуқуқӣ дар доираи қонунгузорӣ дохил мешавад.

15. Ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа аз ҷониби шахси таҳсилоти олии ҳуқуқидошта амалӣ гардонида шуда, дар минтақаҳо бошад, ҳангоми набудани ҳуқуқшиносҳо аз ҷониби шахсони ба омўзиши ҳуқуқӣ фарогирифташуда, роҳандозӣ карда мешавад. Хусусияти ин намуди ёрӣ аз он иборат мебошад, ки он барои ҳама дастрас мебошад, яъне воқеан барои тамоми муроҷиаткунандагон ройгон буда, воситаҳои пулӣ баҳри ҳозир гаштан ба ҷои расонидани ёрии хуқуқии ройгони якумдараҷа ва гирифтани ин намуди ёриро талаб намекунад. Вай дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳрак ва деҳот дар ҳудуди тамоми кишвар расонида мешавад. Инчунин, ин намуди ёрӣ ба тамоми навъҳои масъалаҳои ҳуқуқие паҳн мегардад, ки доир ба онҳо ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа дар шаклҳои бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорати адлия) муқарраршуда расонида мешавад.

16. Ҳангоми ҷорӣ намудани Консепсияи мазкур субъектҳои махсусгардонидашуда доир ба расонидани ёрии ҳукуқии ройгон ташкил дода мешаванд. Ҷайр аз он, ба субъектҳои низоми расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа дохил шуда метавонанд:

- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

- Иттифоқи адвокатҳо; - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии ў;

- мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариати давлатӣ;

- корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки дар сохтори худ хадамоти (шуъбаи) ҳуқуқӣ ё машваратчии ҳуқуқшинос доранд (новобаста аз шакли моликият);

- иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонанд;

- ниҳодҳои ҳуқуқии назди факултетҳои ҳуқуқшиносӣ;

- намояндаҳои ташкилотҳое, ки усулҳои алтернативии ҳалли ихтилофотро, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ гардидаанд, истифода мекунанд.

17. Консепсия се намунаи (модели) татбиқи ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷаро муайян менамояд.

18. Намунаҳои (модели) якум ва дуюми расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа тавассути бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ, машваратҳои сайёри ҳуқуқшиносон дар маҳалҳо бо сокинони деҳот, ҷалб намудани машваратчиёни ҳуқуқӣ дар маҳалҳо ва тавассути хатҳои фаврии телефонӣ амалӣ гардонида мешаванд. Намунаи (модели) сеюм барои ташаккули шароит баҳри иштироќи намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва Иттифоқи адвокатҳо дар озмун барои расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба аҳолӣ дар ноҳияҳои алоҳида равона мегардад.

19. Намунаи (модели) якум - ин ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷаест, ки аз ҷониби бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо расонида мешавад. Зернамунаи якуми расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон тавассути бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ ва машваратҳои сайёри ҳуқуқшиносон дар шаҳраку деҳоти дурдастро дар бар мегирад. Зернамунаи дуюми расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон тавассути бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ дар шаҳру ноҳияҳо, инчунин омўзиш ва ҷалб намудани машваратчиён ба маҳалҳои аҳолинишини дурдаст ва ҷорӣ намудани хати фаврии телефониро дар бар мегирад.

20. Намунаи (модели) дуюм - ин ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷаест, ки бо тартиби омехта аз ҷониби субъектҳои давлатии ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа, машваратчиёни ҳуқуқӣ (параҳуқуқшиносон) ва бо истифода аз хати фаврии телефонӣ дар ноҳияҳо ва дар баъзе шаҳраку деҳот пешниҳод карда мешаванд. Намунаи мазкур таклифот доир ба ташкили бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ дар шаҳраку деҳот ва дар ноҳияҳои дурдастро, ки аз шумораи аҳолии онҳо ва дастрасӣ дар нуқтаҳои дурдаст бармеоянд, баррасӣ менамояд. Ҳангоми татбиқ намудани ин намуна, машваратчиёни ҳуқуқӣ ҷалб ва алоқаи телефонӣ барои пешниҳоди иттилооти ҳуқуқӣ барқарор карда мешавад.

21. Намунаи (модели) сеюм - ин ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷаест, ки аз ҷониби намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва Иттифоқи адвокатҳо тавассути иштирок дар озмун пешниҳод карда мешавад. Намунаи мазкур эълони озмун байни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва Иттифоқи адвокатҳо нисбати расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷаро пешбинӣ менамояд. Ҳангоми набудани довталабон барои иштирок дар озмун бо сабаби маблағгузории маҳдуд Вазорати адлия метавонад бюрои давлатии ҳуқуқӣ ташкил намояд (Замимаи 1).

5. ТАШАККУЛ ЁФТАНИ НИЗОМИ ЁРИИ ІУҚУҚИИ РОЙГОНИ ДУЮМДАРАҶА

22. Ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, ҳимоя аз таъқиби ҷиноятӣ, намояндагии шаҳрвандон дар судҳо ва дигар мақомоти давлатӣ иборат мебошад.

23. Ҳуқуқи шахсон барои ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа бо дарназардошти манфиатҳои адолати судӣ муайян гардида, ба шахсоне расонида мешавад, ки имконияти пардохти маблағи чунин хизматҳоро надоранд. Ёрии мазкур танҳо аз ҷониби ҳуқуқшиносони касбӣ

адвокатҳо, аъзои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар феҳристи махсуси Маркази ҳамоҳангсозӣ, ворид карда шудаанд, амалӣ карда мешавад. Маркази ҳамоҳангсозӣ бо тартиби муқараркардаи қонунгузорӣ дар назди Вазорати адлия таъсис ёфта, фаъолияти он дар асоси Низомномае, ки Вазорати адлия онро тасдиқ мекунад, ба роҳ монда мешавад.

24. Ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа аз рўи парвандаҳои ҷиноятӣ (дар ҳолати дастгир шудан), вобаста аз имкониятҳои моддии дастгиршудагон, гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон таъмин карда мешавад. Қарор доир ба ин масъала аз ҷониби Маркази ҳамоҳангсозӣ аз рўи қоидаҳо ва расмиётҳое, ки аз ҷониби Вазорати адлия тасдиқ карда шудаанд, қабул карда мешавад.

25. Дар марҳалаи ибтидоӣ Консепсия ба гурўҳи зерини шаҳрвандон, ки аз рўи парвандаҳои ҷиноятӣ ба ёрии ҳукуқии ройгони дуюмдараҷа ҳуқуӣ доранд, татбиқ мегардад:

- шахсоне, ки расман бекор эътироф шуда, дар қайди мақомоти шуғли аҳолӣ қарор доранд;

- шахсоне, ки даромади онҳо дар як моҳ аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як аъзои оила пасттар аст;

- занҳое, ки яккаву танҳо фарзандонашонро тарбия менамоянд;

- ба ноболиҷоне, ки васҳ ё парастор надоранд;

- шахсони маъюб;

- донишҷўён;

- нафақахўрон;

- шахсоне, ки аз зўроварӣ дар оила ва шиканҷа зарар дидаанд, хешовандони наздик ва аъзои оилаи онҳо;

- шахсоне, ки ҳангоми иҷрои хизмати ҳарбӣ зарар дидаанд, волидон ва аъзои оилаи онҳо;

- гурезаҳо.

26. Вобаста ба парвандаҳои гражданӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" аъзоёни Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии ҳуқуқии ройгонро мерасонанд:

- ба даъвогарон дар судҳои марҳилаи якум ҳангоми пешбурди парвандаҳо оид ба ситонидани алимент ва оид ба барқарор намудан ба кор;

- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ба шахсоне, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд, маъюбон ва гурезаҳо;

- ба шаҳрвандон аз рўи шикоятҳо доир ба хатогиҳои дар рўйхатҳои интихобкунандагон роҳдодашуда;

- ба ноболиҷоне, ки васҳ ё парастор надоранд;

- ба хизмати ҳарбӣ даъватшудагон ва хизматчиёни ҳарбии хизмати мўҳлатнок;

- ба шаҳрвандони камбизоате, ки даромади умумии онҳо барои ҳар як аъзои оила аз як нишондиҳанда барои ҳисобҳо камтар аст.

27. Ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа бо ду намуна (модел) татбиқ карда мешавад.

28. Намунаи (модели) якуми ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа аз ҷониби адвокатҳои алоҳидаи ба Феҳристи махсуси Маркази ҳамоҳангсозӣ дохилшуда аз рўи парвандаҳои ҷиноятӣ тибқи нархномаи тасдиқщуда тавассути Маркази ҳамоҳангсозӣ расонида мешавад. Маблаҷгузории низом мувофиқи нархномаҳое, ки аз ҷониби Вазорати адлия тасдиқ шудаанд, муқаррар карда мешавад.

29. Намунаи (модели) дуюми ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа аз ҷониби кабинети адвокатӣ, коллегияи адвокатҳо, бюрои адвокатӣ ё маслиҳатхонаи ҳуқуқии Иттифоқи адвокатҳо аз рўи нархномаҳои тасдиқкардаи Вазорати адлия амалӣ гардонида мешаванд (Замимаи 2 ). Намунаи мазкур аз ҷониби адвокатҳои алоҳидаи ба Рўйхати махсуси Иттифоқи адвокатҳо воридшуда ва ба Вазорати адлия ҳисоботдиҳандаамалӣ гардонида мешавад.

6. ТАШАККУЛИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ЁРИИ ІУҚУҚИИ РОЙГОН

30. Вазорати адлия барои фаъолияти низоми ёрии ҳуқуқии ройгон доир ба таъминоти амали гардонидани сиёсати давлатии ҳуқуқӣ масъул мебошад.

31. Ба ваколатҳои Вазорати адлия нисбати ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа дохил мешаванд:

- таҳияи маҳакҳои баҳодиҳии самаранокии фаъолияти намунаҳои татбиқшаванда ва сифати ёрии расонидашаванда;

- таҳия ва қабули хуҷҷатҳои озмунӣ барои эълони озмун дар байни ташкилотҳоӣ ҷамъиятӣ ва Иттифоқи адвокатҳо, маҳакҳои баҳодиҳии ҳуҷҷатҳои озмуние, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва Иттифоқи адвокатҳо пешниҳод намудаанд, маҳакҳои интихоби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва Иттифоқи адвокатҳо барои расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа;

- таҳия ва қабули дастурамал дар бораи бюрои ҳуқуқии давлатӣ, муайян кардани миқдори бюрои ҳуқуқии давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо вобаста аз шумораи аҳолӣ ва миқдори кормандон дар ҳар як бюро;

- гузаронидани озмун доир ба кирояи ҳайати кормандон барои кор дар бюроҳои ҳуқуқии давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар асоси талаботи таҳиягардидаи тахассуоӣ нисбати шахсоне, ки чунин вазифаро ишҷол менамоянд;

- гузаронидани интихоби машваратчиёни ҳуқуқӣ дар асоси маҳакҳои таҳияшуда ва тасдиқшуда, омўзонидани машваратчиёни ҳуқуқӣ ва муайян кардани механизми ҳамкории онҳо бо бюроҳои ҳуқуқии давлатӣ;

- ҷамъоварии муроҷиатҳо ва омор, ҳисобот доир ба муроҷиати шаҳрвандон барои ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа, ки бюрои давлатии ҳуқуқӣ мерасонад;

- таҳия ва ҷорӣ намудани низоми ягонаи бақайдгирии муроҷиати шахсон барои ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа ба бюроҳои ҳуқуқии давлатӣ, шаклҳои ҳисоботдиҳӣ ва ҷайраҳо;

- ташкил ва таъмини техникии бюроҳои ҳуқуқии давлатӣ;

- таълим ва баланд бардоштани ихтисоси кормандони бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ;

- роҳбарии методии бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа;

- ташкил ва азнавкунонии феҳристи ташкилотҳое, ки ба низоми расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа (ҳам давлатӣ ва ҳам ҷайридавлатӣ) барои истифодаи минбаъдаи он аз ҷониби аҳолӣ, дохил мешаванд ва ҷойгиркунии ин феҳрист дар сомонаи худ;

- таҳияи нақшаи мониторинг ва баҳодиҳии амалигардонии намунаҳои (моделҳои) зикргардида ва мониторинги татбиқнамоии намунаҳои (моделҳои) ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа дар шаҳру ноҳияҳои татбиқшаванда ва сифати ёрии ҳуқуқии ройгони расонидашаванда.

32. Ба ваколатҳои Вазорати адлия нисбати ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа дохил мешаванд:

- таҳия ва тасдиҳи ҳуҷҷатҳои муваққатӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

- таҳияи низом ва ҳуҷҷатгузорӣ доир ба бақайдгирии вақти кории адвокат, мониторинги сифати ёрии ҳуқуқии ройгони расонидашуда, хамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

- ҳамоҳангсозӣ байни мақомоти ӣифзи ҳуқуқ ва сохторҳои минтақавии Иттифоқи адвокатҳо доир ба таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа аз рўи парвандаҳои ҷиноятӣ;

- муайян кардани маблаҷи музди адвокатҳо барои иҷрои амалҳои гуногуни мурофиавӣ дар марҳилаи таҳқиқи ҷиноят ва дар суд вобаста ба хизматрасониҳо дар доираи ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа;

- интиқоли музди адвокатҳо барои расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа;

- мониторинги фаъолияти намуна (модел) дар якҷоягӣ бо сохторҳои минтақавии Иттифоқи адвокатҳо.

33. Барои баррасии татбиқнамои ду намунаи (модели) идоракунии низоми ёрии хуқуқии ройгон пешниход карда мешавад. Намунаи якум тавассути раёсат ё шўъбае, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон дар назди Вазорати адлия дар шаҳри Душанбе масъул аст, амалӣ карда мешавад. Мувофиқи намунаи дуюм расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Вазорати адлия ҳам дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар вилоятҳо идора карда мешавад.

34. Намунаи (модели) якум идоракунӣ дар сатҳи марказӣ, ки мувофиқи он роҳбарӣ оид ба ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақоми марказонидашуда дар сатҳи миллӣ ба роҳ гузошта мешавад, пешбинӣ менамояд. Намуна инчунин, низоми кормандонеро, ки барои кор дар мақоми марказонидашудаи мазкур заруранд ва нақшаи лоиҳавии кормандон доир ба идоракунии низоми ёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ менамояд.

35. Намунаи (модели) дуюм идоракунӣ дар сатҳи марказӣ ва минтақавиро пешбинӣ менамояд, ки мувофиқи он роҳбарият доир ба ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақоми марказонидашуда дар сатҳи минтақавӣ низ амалӣ мегардад. Намуна, инчунин низоми кормандони барои кор дар мақомоти марказонидашуда ва минтақавӣ зарур, нақшаи лоиҳавии кормандон доир ба идоракунии низоми ёрии ҳуқуқиро пешбинҳменамояд (Замимаи 3).

36. Нақши сохтори минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар амалӣ гардонидани ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа аз қисмҳои зерин иборат аст:

- тартиб додани феҳристи адвокатҳо вобаста ба ихтисос ва дар ин асос муқаррар намудани навбатнокии адвокатҳо ҷиҳати ҷалб намудан барои расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа;

- таъмини иштироки адвокатҳо дар ҳолати даъват намудан барои расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа бо тартиби муқарраркардашудаи навбатнокӣ;

- таъмини ҳисоботдиҳӣ доир ба хизматрасониҳои пешниҳодшуда дар доираи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа ва ҳисоботи молиявӣ оиди хароҷотҳо мувофиқи нархномаҳои таҳиягардида;

- иштирок дар мониторинги сифати хизматрасониҳои пешниҳодшаванда ва амалигардонии намуна ва ворид намудани пешниҳодҳо доир ба мукаммалгардонии он.

7. МОНИТОРИНГ ВА НАТИҶАҲОИ АМАЛҲ ГАРДОНИДАНИ КОНСЕПСИЯ

37. Мониторинги амалӣ гардонидани Консепсия аз ҷониби Комиссияи мониторинг ва баҳодиҳии сифати ёрии ҳуқуқии ройгон дар асоси нақшаи мониторингу баҳодиҳӣ ва маҳакҳои баҳодиҳии кори намунаҳо (моделҳо) гузаронида мешавад. Ҳайат ва Низомномаи Комиссияи зикргардида, аз ҷониби Вазорати адлия тасдиқ карда мешавад. Мақсади мониторинги Консепсия - ин қабул ва вокуниши саривақтӣ ба монеаҳо ва ҳодисоти ҷайричашмдошт, ки ҳангоми омода

сохтани Консепсия ба ҳисоб гирифта нашуда буд. Дар рафти амалӣ намудаш Консепсия шахсони масъул дар охири ҳар сол ҳисоботи ҷамъбастӣ ва нақшаи корӣ барои соли ояндаро ба Вазорати адлия пешниҳод менамояд. Натиҷаҳои бадастовардашуда, таҳлил ва баҳо дода шуда, дар асоси онҳо оид ба такмили расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

38. Иттилоот дар бораи рафти амалигардонии Консепсия ва ҳисоботи солона дар сомонаи Вазорати адлия ҷойгир карда мешавад. Вазорати адлия доир ба амалигардонии Консепсияи мазкур ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод мекунад. Баҳодиҳии натиҷаҳои ҷорҳ намудани ёрии ҳуқуқии ройгон ҳар сол бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, Иттифоқи адвокатҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад.

Замимаи 1-3

                                                                                                                                     Замимаи 1

ба Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                       Хароҷоти

намунавӣ барои ташаккули низоми ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа

 

Навъи намуна

Арзиш бо сомонҷ

Афзалият/Камбудиҳо

А(I): Бюроҳои ҳуқуқии давлатӣ дар 64 марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва 4 ноҳияи шаҳри Душанбе

 

 

 

 

 

 

А(I), зернамунаи 1: Бюроҳои ҳуқуқии давлатй дар 64 марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ва машваратҳои сайёри ҳуқуқшиносон ба шаҳраку деҳоти дурдаст

1,290,840 (соли якум); 1,011,840 (солҳои минбаъда)

Афзалият:

Ихтисори зиёди арзиш

Камбудӣ:

Дастрасии ниҳоят маҳдуд ба марказҳои ёрии ҳуқуқӣ барои аҳолии ноҳияҳои дурдаст

 

 

1,374,360 (соли якум); 1,095,360 (дар солҳои минбаъда)

Афзалият:

Баробар гардидани сифати ёрии ҳуқуқии ба аҳолии ноҳияҳои дурдаст расонидашуда, ба хизматрасонӣ ба аҳолии марказҳои ноҳияҳо

Камбудӣ:

Дастрасии маҳдуд ба ёрии ҳуқуқӣ

А(I), зернамунаи 2: Бюроҳои ҳуқуқии давлатӣ дар 64 марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва 4 ноҳияи шаҳри Душанбе, ҷалби машваратчиёни ҳуқуқӣ дар 117 шаҳраку деҳот ва хати телефон

1,747,444 (соли якум); 1,416,589 (дар солҳои минбаъда)

Афзалият:

Сатҳи хуби паҳнгардонҷ дар байни аҳолии Тоҷикистон

Камбудӣ:

Мавҷуд набудани дигар намуди ёрии ҳуқуқӣ, сатҳи хароҷотҳо

А(II): Бюроҳои ҳуқуқии давлатӣ дар 64 марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва 4 ноҳияи шаҳри Душанбе, ҷалби машваратчиёни ҳуқуқӣ дар 87 шаҳраку деҳот ва хати телефон

1,999,054

(соли якум);

1,605,649

(дар солҳои минбаъда)

Афзалият:

 Барои эҳтиёҷоти  аҳолии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст

Камбудӣ:

Эҳтимол, сатҳи беҳад баланди хароҷотҳо  

А(III) Мутобиқати одатшудаи тъминкунандагони хизматҳо, аз ҷумла, ташкилотҳои ҷамъиятӣ  ва иттифоқи адвокатҳо

Номаълум (ҳисоб карда намешавад)

Афзалият:

Сатҳи рақобат дар байни таъминкунандагони хизматҳо, таносуби нарх ва сифат

Камбудӣ:

Мураккабияти идоракунии ин навъи намуна

 

                                                                                                                                     Замимаи 2

ба Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                              Хароҷоти

              Намунавӣ  барои ташаккули низоми ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа

 

 

Навъи намуна

Арзиш бо сомонӣ

Афзалият\Камбудиҳо

В(I): Ерии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷае, ки аз ҷониби адвокатҳои алоҳида мутобиқи нархномаҳои пештар муқарраргашта, тавассути Маркази ҳамоҳангсозӣ расонида мешавад

1,070,033 сомонӣ (бо назардошти 47%, ки дар асоси ҳисоботи Бонки умумиҷаҳонӣ ба меъёрҳои ҷоиз дохил мешаванд ё ин ки 1,603,904 сомонӣ (дар асоси 70%, ки имконияти дастрасӣ ба ҳимоягарро надоранд)

Афзалият:

 Имконияти пешгуӣ кардани хароҷотҳо аз ҷониби давлат

Камбудӣ:

Нархномаҳои ғайрирасмӣ

В(II): Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷае, ки аз ҷониби адвокатҳои алоҳида мутобиқи нархномаҳои пештар муқарраргашта, тавассути Иттифоқи адвокатҳо расонида мешавад

1,070,033 сомонӣ (бо назардошти 47%, ки дар асоси ҳисоботҳои Бонки умумичаҳонӣ ба меъёрҳои ҷоиз дохил мешаванд) ё ин ки 1,603,904 сомонӣ (дар асоси 70%, ки имконияти дастрасӣ ба ҳимоягарро надоранд)

Афзалият:

Имконияти пешгӯӣ кардани хароҷотҳо аз ҷониби Иттифоқи адвокатҳо

Камбудӣ:

Нархномаҳои ғайрирасмӣ

 

                                                                                                                                     Замимаи 3

ба Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Хароҷоти

намунавй барои ташкили низоми вдоракунии ёрии ҳуқуқии ройгон ва маблағгузории он

 

 

Навъи намуна

Арзиш бо сомонӣ

Афзалият/Камбудиҳо

С(I): Идоракунӣ бо ёрии мақоми ягонаи марказӣ (мақомоти коллегиалии идоракунии ёрии ҳуқуқҷ)

260,160 дар соли якум 170,160 дар солҳои минбаъда

Афзалият:

Сатҳи пасти хароҷот, сохтори том Камбудӣ:

Сатҳи пасти назорати сифати ёрии ҳуқуӣ

С(II): Идоракунӣ бо ёрии мақомоти марказӣ ва минтақавӣ (мақомоти коллегиалии идоракунии ёрии ҳуқуқҷ)

588,800 дар соли якум, 430,800 дар солҳои минбаъда

Афзалият:

Сатҳи баландтари назорати сифат ва идоракунии фаъолият

Камбудӣ:

Сатҳи баланди хароҷот

 

 

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад