ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРИИ МИЛЛАТ

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Чшб, 07/09/2022 - 14:16
     Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар масири даҳ асри охир дастоварди боарзиштарин ва волотарини маллати тоҷик аст, ки имрӯз сарнавишт ва сиёсати дохиливу хориҷии худро ба дасти хеш мустақилона менависад. Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун пайки саодату хуҷастаҳолӣ на танҳо мояи шаъну шукӯҳи миллати таммандунофари тоҷик дар арсаи олам гардид, балки сарахбори кӯшоиши корҳои созандагӣ ва пешрафтҳои гунонгунҷабҳаи ҷомеа ҳам гашт.
     Истиқлолият нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат, соҳибихтиёрию соҳибдавлатии тоҷикон аст. Ин дастовард дар таърихи давлатдории тоҷикон гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд буда, дар назди насли имрӯза вазифаи пурмасъулияти таърихӣ гузошта аст, ки бунёди давлати мутамаддини ҷовобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари таърихии хеш “Тоҷикон дар оинаи таърих” қайд намудааст: “Фарзандони фидоию баномуси миллати мо дар ҳама давру замон, дар ҷое бо хираду фарҳанги воло, дар ҷое бо муросою мадоро  талошҳои истиқлолхоҳӣ кардаанд, ки ин омилҳо бо ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ пайванди ногусастанӣ доранд”.
     Бо шукргузориҳои беандоза имрӯзҳо мо ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати комил истиқбол мегирем. Ҳамаи ин аз заҳмату роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ки кибру ғурури носозгорро ба ваҳдату созандагиҳо мубаддал сохт. Ин буд, ки дар як давраи начандон тӯлонии таърих кишвари ба бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ гирифторро ба давлати рӯ ба тараққӣ табдил сохта, ноумедиҳои зиндагиро бозпас гардонид ва ба рӯҳияи мардум неруи тозаи созгор бахшид.
     Ба ниҳоли тозаистиқлоли давлат бошад қатраҳои оби ҳаёт ато намуд. Ин хизматҳои Сарвари давлат дар назди таъриху миллат бо ҳарфҳои заррин ва бо абадият нақшбандӣ мегардад. Дар ин айёми эҳёву ташаккули давлатдории навин ҳамқадами дигаргунию навоварӣ ва дастовардҳои беназири соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат рисолати бунёди ҷомеаи солим аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба ҳисоб мерафт. Дар ин замина, ҳамрадифи барномаву лоиҳаҳои мавриди амали самтҳои гуногуни ҳадафҳои стратегии кишвар садҳо тан мутахассисони соҳибтаҷриба тарбия ва ба воя расидаанд, ки имрӯзҳо дар гӯшаву канори кишвар хизмати содиқонаро ба ватану миллат анҷом медиҳанд.   
     Қайд кардан ба маврид аст, ки заковати азаллии Раҳбари давлат сабаб гардид, ки як қатор сохтори навини давлату давлатдории нав таҳия гардаду Тоҷикистон имрӯз чун давлати пешрафта, биҳиштосо, сокинонаш соҳиби зиндагии шоиста дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гардад. Имрӯз зарур аст, ки ҳар як сокини Тоҷикистон шукргузор аз ин ватани биҳиштосо, соҳибистиқлол ва Раҳбари хирадманду заковатманд, шамъи фурӯзони роҳи орзуи миллионҳо сокинони Тоҷикистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.
     Бо зуҳури Истиқлол чунин неъмати бебаҳо ва гаронмоя, миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст омадан, нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагии абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдории бузурги миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъи иҷтимоию фарҳангии худро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва давлатдории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.
     Гарчанде, бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини таърихӣ аз гумроҳӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихӣ накарда, миллати барӯманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтаанд, ҷангҳои бародаркӯш ташкил намуданд, мардуми барӯманди ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳоро вайрон  карданду тифлаконро бесаробон  гардонидаанд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасидаанд. Зеро ин миллати бузургро марди бузурги дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ мекунад. Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштанду давлат орому миллат дилшод гардид.
    Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати барӯманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои  бузургии Истиқлол аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлолият ба даст овардан ба ташкилотҳо ва созмонҳои ҷаҳонию минтақавии бонуфузи байналмилалӣ дохил шуда, ҳамчун аъзои комилҳуқуқ, терроризм, экстремизм ва ҷангҳои маҳаллиро маҳкум намуда, баҳри пойдории сулҳ мубориза мебаранд ва дар роҳи ҳалли дурусти проблемаҳои актуалии ҷаҳон саҳми худро мегузоранд.
     Мо, фарзандони имрӯзи Тоҷикистон мегӯем: Кишвари азиз! Ту бо таҳкими дӯстиву рафоқат гул-гул мешукуфӣ, ояндаи ту дурахшон аст. Манзараҳои зебоят, обҳои мусаффоят, меваҳои шаҳдборат, заминҳои ҳосилхезат, кӯҳҳои пурганҷат ҷовидон бод. Ҷашни Истиқлолият муборак Тоҷикистон ва миллати сарбаланди тоҷик!  
    
                               Тирамоҳ бар Тоҷикистонам баҳор овардааст,
                               Ҷашни Истиқлол ҳама авҷу барор овардааст.
                               Ҷойи дастурхон кӯшоем, дил пеши дӯстон,
                               Ин саодат баҳри мо бас ифтихор овардааст. 
 
Суҳробзода Ҷонона, мутахассиси шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи  сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад