ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ МУҚОВИМАТ БА ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 14/03/2024 - 09:15
     Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори соири давлатҳои минтақа таҳдидҳои афзояндаи ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои хатарноки замони муосир – терроризм, экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ҷиноятҳои дигарро ба амнияти давлат ва рушди устувори худ эҳсос карда, дар ин замина баҳри пурзӯр намудани муқовимат ба ҷинояткорӣ қонунгузории кишварро такмил медиҳад.
     Қобили тазаккур аст, ки терроризм ва экстремизм дар миқёси ҷаҳон ниҳоят рушд ёфта, на танҳо ба давлати алоҳида, балки ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, новобаста аз дараҷаи рушду тараққиёт таҳдиди бевосита менамоянд. Аз ин лиҳоз, бояд, ки кишварҳои ҷаҳон дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи истиқлолият ва таъмини амнияти давлат тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқиро роҳандозӣ намоянд.
    Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои қонунгузорӣ қабул кардааст, ки ҷиҳати бартараф кардани сабабу омилҳои мухталифи ба терроризм ва экстремизм мусоидаткунанда ва пурзӯр намудани муқовимат ба онҳо нигаронида шудаанд. Чунончи, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 21-уми майи соли 1998, №574); Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 3-юми декабри соли 2009, №564); қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (аз 2-юми январи соли 2020, №1655); «Дар бораи муқовимат ба терроризм» (аз 23-юми декабри соли 2021, №1808); «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» (аз 15-уми марти соли 2023, №1950) ва ғайра қабул шудаанд.
    Дар баробари ин, дар мамлакат ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти пурзӯр намудани муқовимат ба терроризм ва экстремизм бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд. Минҷумла, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм» (аз 21-уми апрели соли 1997, №707); «Дар бораи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)» (аз 28-уми марти соли 2006, №1717); Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 (аз 12-уми ноябри соли 2016, №776); Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 (аз 1-уми июни соли 2021, № 187) ва амсоли инҳо.
    Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» мафҳуми «экстремизм» ба таври зерин маънидод гардидааст: «Экстремизм – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст».  
    Дар қонуни зикршуда бори аввал мафҳуми ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта муқаррар гардид, ки тибқи он кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкорона, ки дар асоси хусуматҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) содир шуда, барои он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст, ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта эътироф мегардад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» бошад мафҳуми «терроризм» ба тариқи зайл шарҳ дода шудааст: «Терроризм – мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад».
    Дар қонуни фавқуззикр ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179 (Терроризм), 1791 (Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо), 1792 (Маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта), 1793 (Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ), 181 (Ғасби гаравгон), 182 (Ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа), 184 (Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби ҳавопаймо, киштӣ ё қатори роҳи оҳан), 1841 (Ғасб, вайрон кардан, содир намудани амалҳои зӯроварӣ дар платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ), 1842 (Кирдорҳои қасдона ба муқобили бехатарии ҳавопаймо ё киштӣ), 1843 (Ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии фурудгоҳҳое, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонанд), 1844 (Интиқоли ғайриқонунии шахси содирнамудаи ҷинояти хусусияти террористидошта дар нақлиёт) 185 (Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ), 193 (Муносибати ғайриқонунӣ бо маводи радиоактивӣ), 194 (Тасарруфи маводи  радиоактивӣ), 1941 (Истифодабарии ғайриқонунии мавод, воситаи радиоактивӣ ё объекти ядроӣ), 1942 (Ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии дастгоҳи ядроӣ) 1943 (Ғайриқонунӣ тайёр кардани воситаи таркандаи ядроӣ ё воситаи афканандаи радиатсия), 1944 (Ҳамлу нақли ғайриқонунии моддаҳои тарканда, маводи радиоактивӣ, силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ дар ҳавопаймо, киштӣ ё нақлиёти хушкигард), 1945 (Ғайриқонунӣ истифода бурдан ва ё партофтани моддаҳои тарканда, силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ, моддаҳои хатарнок ва зараррасон аз киштӣ ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ), 310 (Таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 402 (Ҳамла ба шахсон ва муассисаҳои таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ эътироф гардидаанд.
Дар шароити кунунӣ коррупсия падидаи номатлуб ва яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, ба амнияти кишвар, суботи ҷомеа, рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, ҳолати қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ таҳдид менамояд. Биноан, мубориза бар зидди коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, давлату Ҳукумати кишвар барои паст намудни шиддат ва сатҳи коррупсия пайваста талош меварзанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ қабул гардидаанд. Чунончи, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 21-уми майи соли 1998, №574); Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 31-уми декабри соли 2008, №455); қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (аз 28-уми декабри соли 2012, №925); «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» (аз 7-уми августи соли 2020, №1714); фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 30-юми апрели соли 2010, №864) қабул гардида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 (аз 2-юми сентябри соли 2010, №431); Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 (аз 26-уми январи соли 2008, №34), инчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 (аз 30-юми августи соли 2013, №1504); Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (аз 3-юми августи соли 2021, №222) ва амсоли инҳо ба тасвиб расидаанд.
Яке аз санадҳои қонунгузории асосие, ки дар кишвар сиёсати ҳуқуқии зиддикоррупсиониро муайян менамояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» мебошад. Қонуни зикршуда фарогири 7 боб ва 36 модда буда, асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
Дар қонуни зикргардида мафҳуми коррупсия бо мазмуни зерин маънидод шудааст: «Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби  шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ».
Қобили зикр аст, ки пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, кори як мақомот ва ё сохторҳои дахлдори мубориза бар зидди коррупсия набуда, кори дастаҷамъист, яъне дар ин самт бояд, ки ҳар як сокини кишвар ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин, субъектҳои ба коррупсия муқовиматкунанда, бахусус, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷиҳати аз байн бурдани сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, ташаккули фазои оштинопазир нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ – зиддикоррупсионии шаҳрвандон пайваста чораҳои дахлдор андешанд.
Ҳамчунин, дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ як силсила санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» (аз 28-уми июни соли 2011, №721); «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» (аз 28-уми декабри соли 2013, №1038); қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2-юми ноябри соли 2013, №492); Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008–2015 (аз 2-юми ноябри соли 2007, №543); Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 (аз 30-юми июни соли 2021, №265) ва ғайра тасвиб шудаанд.
Мақсади асосии Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 аз паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат тавассути такмил додани фаъолияти сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба огоҳкунии кирдори зиддиҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамчунин бартараф кардани оқибатҳои манфии онҳо, ҷорӣ намудани навоварӣ, таҷрибаи пешқадам дар самти муқовимат ба кирдори ғайриҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҷовузи ҷиноятӣ иборат мебошад. Самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои хавфноки муосир - терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ бо дар назар доштани тамоюлҳои муосири ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд.
Бояд иброз намуд, ки мақсад аз ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё маъмурӣ кашидани шахс, ин дар назди қонун ҷавоб додан барои кирдорҳои содирнамудааш ва ислоҳи ӯ, пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва ё ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии нав чӣ аз тарафи ӯ ва чӣ аз ҷониби шахсони дигар, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ахлоқи ҷомеа, саломатии аҳолӣ, муҳити зист, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ иборат мебошад.
     Ҳамин тавр, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, ки ҳадаф аз онҳо пурзӯр намудани муқовимат ба терроризм, экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум иборат мебошанд.
 
 
 
Сайнозимзода Фирӯз,
Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
 
Сабурзода Наврӯзи Мирзоалӣ,
корманди Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад