ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Сентябр 2021

-A A +A

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАҲҚИҚОТҲОИ ИЛМИЮ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Пшб, 23/09/2021 - 10:53
  1. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ваколат, нақш, вазифаҳо ва дастовардҳои он дар таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
  3. Доир ба тартиби гузаронидани мониторинги қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  4. Принсипҳои ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

БАХШИДА БА ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Сшб, 07/09/2021 - 12:01
      Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим маҷлиси тантавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷуҳмурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло иштирок намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ПАРАДИ ҲАРБӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ИШКОШИМ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 08/09/2021 - 17:16
      Дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ 7 сентябри соли равон бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор гардид. Дар гузашти низомии паради ҳарбӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ТАҚОЗОИ ЗАМОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Сшб, 21/09/2021 - 14:43

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ТАҚОЗОИ ЗАМОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Таъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ” БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 20/09/2021 - 09:52
   17 сентябри соли 2021 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
   Кори конференсияро муовини якуми Директори Маркази миллии қонунгузорӣ Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ оғоз намуда, оид ба дастовардҳои қонунгузорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ изҳори андеша намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Ҷум, 24/09/2021 - 14:19
Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Пеш аз ҳама, мехоҳам Раиси иҷлоси навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Абдулло Шоҳидро ба муносибати интихоб шуданашон ба ин маснад табрику таҳният намоям.
Ҳамкорони гиромӣ,
9 сентябри соли ҷорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон рӯйдоди басо таърихӣ ва хотирмон – 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро таҷлил намуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИШТИРОК ДАР РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТАИ ҶАШНӢ БА ИФТИХОРИ СОЛГАРДИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Ҷум, 10/09/2021 - 15:10
   9 сентябри соли 2021 дар майдони марказии пойтахт роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 – солагии истиқлоли давлатӣ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Ҷум, 10/09/2021 - 16:07

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Нӯҳуми сентябр барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад.

Халқи азизи Тоҷикистон сиюмин солгарди истиқлолу озодии кишвари маҳбуби худро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил менамояд.

Зеро истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НАШРҲОИ МО ДАР СОЛИ 2020

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 27/09/2021 - 11:43

 

РАВАНДИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: РУШД ВА МУШКИЛИҲО

(маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, шаҳри Душанбе, 31 марти соли 2020).//Зери назари номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидзода И.Ҳ.- Душанбе, 2020.-164 саҳ.

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

НАШРҲОИ МО ДАР СОЛИ 2021

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 27/09/2021 - 15:18

ҲУҚУҚИ ЭКОЛОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Зери таҳрири Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Саидзода И.Ҳ.

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад