ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Чшб, 08/04/2020 - 09:32

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ НИЗОМИ ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНӢ
ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади беҳтар намудани раванди таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва сиёсати таҳлили таъсири танзимкунӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

3. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор дар мўҳлати ду моҳ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи таъсис додани сохтори дахлдор, инчунин маблағгузорӣ ва ташкили фаъолияти онро тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

4. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии худ Гурўҳи корӣ оид ба гузаронидани таҳлили таҷрибавии таъсири танзимкуниро бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносони мустақил таъсис диҳад.

5. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" оид ба гузаронидани таҳлили таҷрибавии таъсири танзимкунӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

6. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои муқаррароти Консепсияи мазкур ҳар шаш моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        Эмомалӣ Раҳмон
аз 18 ноябри соли 2015, № 673
ш.Душанбе

 

 

 

 

 

 

Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 ноябри соли 2015, № 673 тасдиқ шудааст

 

КОНСЕПСИЯИ НИЗОМИ ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНӢ
ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(бо охирин тағйиру иловаи Қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.02.2017 № 66)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Таҳлили таъсири танзимкунӣ (ТТТ) - усули қабули қарорҳоест, ки ба далелҳои воқеӣ асос ёфта, ҳангоми қабули қарорҳои танзимкунанда истифода мешавад. ТТТ - раванди ошкор намудан ва арзёбии мунтазами оқибатҳои эҳтимолӣ (масалан, таҳлили фоида ва хароҷот) бо истифода аз усули пайдарпайи таҳлилӣ мебошад, ки ин оқибатҳо метавонанд дар натиҷаи ҷорӣ намудани ин ё он тадбири танзимкунӣ зоҳир шаванд. Моҳияти ТТТ аз муқаррар намудани мақсадҳое, ки мақомоти давлатӣ ба онҳо ноил шудан мехоҳанд, дарёфти ҳамаи роҳҳои дахолати сиёсие, ки тавассути он ба ин мақсад ноил шудан мумкин аст ва муқоиса намудани алтернативаи эҳтимолӣ иборат мебошад. ТТТ барои интихоби услуби нисбатан амалӣ ва самараноки ҳалли масъала ва муваффақ шудан ба ҳадафҳои гузошташуда кўмак менамояд.

2. Дар ҷараёни гузаронидани таҳлил бо мақсади беҳтар дарк намудан ва муайян намудани масъала ва ошкор намудани вариантҳои муносиби ҳалли он, саволҳои асосӣ дар шакли пай дар пай гузошта мешаванд. Сипас, дараҷаи таъсири роҳҳои ҳалли ошкоршуда таҳти таҳлил ва муқоисаи систематикӣ қарор мегирад. Тамоми раванд ба қабули қарорҳои асосӣ дар заминаи далелҳои воқеӣ, тавассути арзёбии хароҷот ва фоидаи тарзҳои гуногуни ҳалли масъала равона гардидааст. Бо мақсади таъмин намудани сифати далелҳои ҷамъоваришуда ва қонунӣ будани онҳо, раванди ТТТ мубоҳисаҳои шаффофро доир ба сиёсат фаро мегирад, то ки ба ҷонибҳои манфиатдор имконият дода шавад, ки нуқтаи назари худро иброз намоянд. Дар натиҷа, раванди ТТТ масъулият ва ҳисоботдиҳии мақомоти давлатиро дар назди давлат ва шаҳрвандони кишвар зиёд менамояд.

3. Раванди ТТТ гузаронидани таҳлили муфассалро бо мақсади ҳосил намудани боварӣ вобаста ба таъсири дилхоҳ доштан ё надоштани муқаррароти нав пешбинӣ менамояд. ТТТ барои ошкор сохтани оқибатҳои эҳтимолии ғайричашмдошт ва ё хароҷоти пинҳонии ба талаботи меъёрӣ вобаста, инчунин муайян намудани хароҷоти эҳтимолии риояи ин муқаррарот аз ҷониби шаҳрвандон ё доираи соҳибкорон ва оқибатҳои мусбат ва манфии иқтисодию иҷтимоиии он кўмак мерасонад. Бо кўмаки ТТТ метавон муқаррар кард, ки иҷрои талаботи ояндаи қонунгузорӣ ва меъёрӣ ба Буҷети давлатӣ чӣ гуна таъсир хоҳад дошт. ТТТ метавонад сифати фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баланд бардорад, низоми идоракуниро мустаҳкам гардонида, самаранокии онро беҳтар кунад.

4. ТТТ дар бисёр давлатҳои тараққикарда ва рў ба инкишоф, аз ҷумла дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил истифода мешавад. Дар байни кишварҳое, ки ТТТ-ро истифода менамоянд, метавон чунин давлатҳоро зикр намуд: Британияи Кабир, Голландия, Австралия, Ирландия, Зеландияи нав, Канада, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова. Ин кишварҳо ТТТ-ро таҳия намудаанд ва солҳои тўлонист, ки онро дар раванди таҳиясозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода менамоянд. Тавре дар диаграммаи поён дида мешавад, теъдоди кишварҳои истифодабарандаи ТТТ рў ба афзоиши устувор ниҳодааст.

5. Айни замон дар Тоҷикистон ТТТ татбиқ намегардад. Теъдоди ками мақомоти давлатӣ таҳлили оқибатҳои эҳтимолии иқтисодӣ ва иҷтимоии санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшударо таҳлил менамоянд. Чунин вазъият ба хароҷот ва хавфи баланди ба раванди танзимкунӣ дар кишвар алоқаманд мусоидат мекунад. Дар бисёр мавридҳо мақомоти давлатӣ хароҷоти баланди риояи меъёрҳои танзимкунӣ ва хароҷоти баланди татбиқи ин меъёрҳоро сари вақт муайян карда наметавонанд. Дар натиҷа ҳамаи ин омилҳо ба рушди устувори иқтисодӣ ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

6. Тавре таҷрибаи кишварҳои гуногун нишон медиҳад, истифодаи бардавом, пайваста ва самарабахши ТТТ дар давраи муайян метавонад ба таври мусбӣ таҷрибаи танзимкунӣ, муҳити танзимкуниро (меъёрии ҳуқуқиро) тағйир дода, фазои кориро беҳтар намояд ва хароҷоти марбут ба танзимкунии давлатиро коҳиш диҳад. ТТТ на танҳо сифати баланди муқаррароти меъёриро таъмин менамояд, балки ба беҳтар намудани муносибати мақомоти давлатӣ нисбат ба танзимкунӣ мусоидат менамояд, ки он хеле муҳим аст. Бо ин мақсадҳо ҷорӣ намудани низоми ТТТ барои лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ба нақша гирифта шудааст.

7. Мақсади Консепсияи мазкур ин таҳияи сиёсати ТТТ ва низоми идоракунии он мебошад, ки онро метавон ба воситаи қарорҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ, буҷетӣ ва сиёсӣ ҷорӣ намуд. Консепсия қисматҳои низоми пешниҳодшудаи ТТТ-ро, ки аз модели ғайримутамарказ асос меёбад, инъикос менамояд. ТТТ танҳо нисбат ба санадҳои меъёриии ҳуқуқие, ки ба субъектҳои соҳибкорӣ таъсири потенсиалӣ доранд, татбиқ мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зарурати қабули қарорҳои муҳим, аз ҷумла зарурати дарёфти тавозун байни вариантҳои гуногуни амалҳо ва андешаҳои манфиатҳои ҷорӣ ва оянда, ташаккули некўаҳволӣ, ҳифз ва тақсимоти он, таъмини рушди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон мунтазам рў ба рў мешавад. Имрўзҳо яке аз воситаҳои асосие, ки мақомоти давлатӣ барои ҳалли мушкилиоти соҳаҳои дар боло зикршуда истифода мебаранд, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошанд.

8. Дар баъзе ҳолатҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хароҷот ва хавфҳои муайян алоқаманданд. Дар баробари таъсири барои расидан ба ҳадафҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ равонагашта, онҳо ба рушди устувор низ таъсири манфӣ мерасонанд. Бинобар ин, вазифаи асосии танзимкунии хуб ин ба ҳадди ниҳоӣ расонидани фоида ва ба ҳадди камтарин фаровардани хароҷот ва хатарҳои марбут ба танзимкунӣ аст.

9. Аксар вақт мақомоти ташаккулдиҳандаи муҳити меъёрии ҳуқуқӣ аз тамоми доираи таъсироти санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамуда бехабаранд ё онҳоро сарфи назар мекунанд. Танзим бидуни худдорӣ ва тавозуни зарурӣ метавонад боиси пайдо шудани мушкилоти нав ба ҷойи он мушкилоте гардад, ки аз ибтидо танзимкунӣ барои ҳалли онҳо равона шуда буд. Аз ҷумла исбот карда шудааст, ки ҳиссаи баландтарини хароҷоти алоқаманд ба риояи санадҳои меъёри хуқуқии ба корхонаҳои хурд рост меояд. Хароҷоти баланд, аз тарафи дигар боиси афзоиши бахши иқтисодиёти ғайрирасмӣ ва коррупсия мегардад. Аз ин лиҳоз, вазифаи дигари ТТТ ин расонидани кўмак ба мақомоти давлатӣ ҷиҳати пешгирии мушкилот ва хавфҳои болозикр мебошад.

10. Муҳити меъёрии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон босуръат ташаккул ёфта истодааст. Аз соли 1990 то ба ҳол Парламенти ҷумҳурӣ (Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ) беш аз 314 Қонун қабул намудааст. Ҳукумат ҳар сол аз 300 то 700 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунад. Таҳлили мухтасари муҳити мавҷудаи меъёрии ҳуқуқии кишвар ва низоми танзимкунӣ имкон медиҳад, ки дар бораи ҷанбаҳои асосии қавӣ ва заифи он чунин хулоса карда шавад:

а) Паҳлўҳои қавӣ:

- мавҷудияти дастгирии сиёсии дар сатҳи баланд ба раванди нисбатан ошкор ва шаффофи ташаккули сиёсати давлатӣ ва қабули қарорҳо; мавҷудияти чораҳои нави мубориза бо коррупсия, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ҷорӣ шудаанд;

- мавҷудияти таҷриба дар баъзе мақомоти давлатӣ доир ба паҳн намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар байни тарафҳои манфиатдор;

- бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ҷорӣ намудани тартиб ва раванди ягонаи таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; мавҷудияти талабот барои гузаронидани таҳлили таъсири молиявии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- мавҷудияти дастгирӣ аз ҷониби доираҳои соҳибкорӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани ТТТ дар Тоҷикистон ва омодагии ҷомеаи соҳибкорон барои иштирок дар раванди қабули қарорҳо оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- мавҷудияти талабот оид ба гузаронидани арзёбии таъсири танзимкунии ҳуҷҷатҳои нави иҷозатдиҳӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ";

- дар бештари вазоратҳо вуҷуд доштани сохторҳои масъули корҳои таҳлилӣ.

б) Паҳлўҳои заиф:

- вуҷуд надоштани махзани интернетии ройгони санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тавассути он шаҳрвандон ва соҳибкорон тавонанд ба Қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ дастрасӣ дошта бошанд;

- вуҷуд надоштани худдорӣ ва тавозуни дахлдор дар тамоми раванди ҳуқуқэҷодкунӣ, ки он метавонад танзими баландсифатро таъмин ва хароҷоти соҳибкорон, махсусан соҳибкорони хурд ва миёнаро паст кунад;

- ивазшавии кадрҳо дар мақомоти давлатӣ, махсусан дар сохторҳое, ки барои таҳияи сиёсат ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ масъул мебошанд;

- дар сатҳи назаррас мавҷуд будани имконияти вазорату идораҳо дар доираи салоҳиятҳои хеш қабул намудани қарорҳо.

 

2. ВАЗИФАҲОИ НИЗОМИ ТТТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

11. Муттаҳидшавии ТТТ ба раванди ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон. Мақсади асосии ҷорӣ намудани ТТТ дар Тоҷикистон ин тавассути арзёбии мунтазами таъсири санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ба субъектҳои соҳибкорӣ, таҳлили гендерӣ, фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, паст намудани хароҷот ва хавфҳо барои муҳити соҳибкорӣ, ки бо танзими давлатӣ, аз ҷумла тағйироти қонунгузории мавҷуда, алоқаманд мебошад. Ҳадафи ниҳоии ҷорӣ намудани ТТТ аз беҳтаргардонии фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, беҳтар намудани раванди таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сифати танзим дар маҷмўъ, бо истифода аз низоми муосири арзёбии пешакӣ, ки дар доираи он санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав дар- асоси принсипҳои танзими самарабахш таҳия мешаванд, иборат аст.

12. Талабот нисбат ба сиёсати ТТТ. Ҷорӣ намудани сиёсати ТТТ ва идоракунии он дар Тоҷикистон ба талаботҳои зерин асос меёбад:

а) Иштироки ҷомеа тавассути машваратҳои фаъол ва ғайрифаъол, Гузаронидани ТТТ набояд танҳо иқдоми ҳукуматӣ бошад. Ба раванд ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам доираҳои соҳибкорон бо мақсади хабардор сохтани шудан бо хароҷоти эҳтимолӣ ва хавфҳои потенсиалии бо ташаббусҳои нав дар соҳаи танзимкунӣ алоқаманд, ҷалб мещаванд. Иштироки фаъоли ҷомеа ва доираи соҳибкорон метавонад ба таври назаррас дар гузаронидани арзёбии нисбатан босифати оқибатҳои имконпазири дахолати давлат кўмак намояд. Мақсади мазкури сиёсати муосири ТТТ тавассути таъсиси механизми нави банақшагирии пешакии қонунгузорӣ (тайёр ва интишор намудани нақшаҳои кўтоҳмуддат оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ду маротиба дар як сол), дастгирӣ карда мешавад. Чунин механизм асоси ҳуқуқэҷодкунӣ гардида, имкон медиҳад, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ пешакӣ ба нақша гирифта шуда, тарафҳои манфиатдор барои иштирок дар раванди муҳокима ва қабули қарорҳо омода бошанд.

б) Эътимоднокии ТТТ-и ба ваколатҳои дахлдор асоснок карда шудааст. Мустаҳкамсозии сиёсати ТТТ ва низоми идоракунии он дар қонунгузорӣ ошкорбаёнӣ, эътимод, эътибор ва устувориро таъмин хоҳад кард. Талаботи ТТТ бояд ҷамъият, доираи соҳибкорӣ ва гурўҳҳои дастгиркунандаро бо воситаҳои зарурии таъсире таъмин намояд, ки Ҳукумат ва мақомоти танзимкунанда ваъдаҳои худро иҷро кунанд. Раванд бояд бо дастгирии Парламент пуштибонӣ карда шавад, то ин ки ҳадафҳои умумӣ, аз ҷумла танзимкунии босифат ба даст оварда шавад.

в) Барои татбиқ ва таъмини иҷрои талаботи сиёсати ТТТ бояд мақоме масъул бошад, ки дорои ҳуқукҳои махсус ва захираҳо бошад (яъне мақоми ваколатдор оид ба ТТТ). Ба ин мақом бояд ваколатҳое вогузор шаванд, ки имконияти аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ риоя намудани талабот оид ба таҳия, интишори нақшаҳои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани ТТТ оид ба ҳар як ташаббуси пешниҳодшуда, интишори ТТТ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои хабардор гардонидани ҷонибҳои манфиатдор ва мубоҳисаҳоро диҳанд. Талаботи аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба ТТТ тайёр намудани ҳисоботи солона дар бораи риояи сиёсати ТТТ аз ҷониби мақомоти давлатӣ нуфузи ин мақомро меафзояд ва барои мустаҳкам намудани сиёсати ТТТ мусоидат мекунад.

г) Ҳисоботдиҳӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ: Барои мустаҳкам намудани принсипҳои танзимкунии самаранок ва эътимод ба низоми ТТТ тартиб ва талаботи пурзур намудани ҳисоботдиҳандагӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ дар назди Ҳукумат ва ҷомеа равона карда мешаванд. Интишори ҳисоботҳои ТТТ таъсирро ба мақомоти давлатӣ пурзўр намуда, омилҳои сифатнокӣ ТТТ ва ва қарорҳои пешниҳодшударо меафзояд.

13. Принсипҳои ТТТ:

- Мустаҳкамкунонии марҳилавӣ. Дар марҳилаи аввал ТТТ содда хоҳад буд, вале баъдтар талабот нисбат ба баргузории он васеъ шуда, давраи машваратҳо афзоиш меёбад ва ваколатҳои мақоми ваколатдор оид ба ТТТ пурзўр гардонида мешаванд, то ки ин мақом ба таври оммавӣ сифати ҳисоботҳои ТТТ-ро баҳс карда тавонад. Дар назар дошта мешавад, ки дар марҳалаи аввал сифати ТТТ баланд нахоҳад буд. Барои рушди ботадриҷи малака ва дониши хизматчиёни давлатӣ барномаи таълимӣ таҳия мегардад.

- Мутаносибӣ. Принсипи мутаносибӣ ҳам дар баргузории ТТТ ва ҳам дар кори мақоми ваколатдор оид ба ТТТ татбиқ хоҳад шуд. Саъю кўшишҳо барои гузаронидани ТТТ ва арзёбии онҳо ба оқибатҳои потенсиалии тадбирҳои пешниҳодшуда мутаносиб мешаванд. Хароҷоти муносиб ба низоми ТТТ.

- Хароҷот барои нигоҳдории низоми ТТТ бояд бо фоидаҳои аз низом ҳосилшаванда мутобиқ бошанд. ТТТ бояд хароҷоташро тасдиқ намояд ва таъсири худро ба Буҷети давлатӣ максималӣ маҳдуд намояд. Низом бояд хароҷоти вобаста ба таъмини татбиқи он, инчунин хароҷоти риояи талаботи сиёсати ТТТ-ро аз ҷониби мақомоти давлатӣ минималӣ намояд.

 

3. МОДЕЛИ ТТТ БАРОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

14. Модели қобили қабули ТТТ барои Тоҷикистон ин модели "ғайримарказонидашуда" мебошад, ки ба принсипи "Бовар кун, лекин бисанҷ" асос меёбад. Мувофиқи модели мазкур, ўҳдадориҳо оид ба ҷорӣ намудани ТТТ дар байни мақомоти гуногуни давлатӣ тақсим карда мешаванд. Сифати ТТТ тавассути истифодаи механизмҳои шаффофият ва машваратҳои васеъ бо мақсади дарёфти мувофиқа ва ризоият бо ҷонибҳои манфиатдор назорат карда мешавад.

15. Дар модели "ғайримарказонидашудаи" низоми ТТТ худбаҳодиҳии ТТТ аз ҷониби мақомоти давлатӣ гузаронидашуда нақши муҳимро мебозад. Бо вуҷуди ин, нақши асосии мақоми ваколатдори ТТТ ин амалигардонии мониторинг ва дастгирии вазорату идораҳо бо мақсади интишори нақшаҳои пурратарин ва дақиқтарини таҳияи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, ҳисоботҳо оиди ТТТ ва таъмини сатҳи зарурии шарикӣ бо ҷонибҳои манфиатдор, мебошад.

16. Амиқ будани таҳлили таъсир ба приноипи "мутаносубӣ" асос ёфта, мувофиқи он аксари ТТТ-ҳои гузаронидашуда оддӣ хоҳанд буд ва таҳлили амиқ танҳо барои миқдори ками ташаббусҳои дорои таъсироти потенсиалӣ анҷом дода мешавад.

17. Низоми ТТТ ба тайёр намудани нақшаҳо оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳисоботҳои ТТТ нигаронида мешавад, ки онҳо бо мақсади хабардорсозии ҷонибҳои манфиатдор ва гузаронидани машваратҳо дар портали интернетии мақоми ваколатдор ҷойгир карда мешаванд. Пас аз анҷоми давраи машваратҳо ва ҳангоми мақоми давлатӣ таҳлили шарҳу мулоҳизот ва пешниҳодоти ба даст омадаро гузаронида, ҷавоби расмиро ба ҷонибҳои манфиатдор мефиристад, матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ такмил дода шуда, тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда мешавад.

18. Бо дарназардошти қабули фикру мулоҳизаҳо нисбат ба нақшаҳои таҳиясозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳисоботҳои ТТТ, низоми идоракунии ТТТ имкон медиҳад, ки дар ҳолати назаррас будани оқибатҳои потенсиалӣ, ТТТ-и амиқ гузаронида шавад. ТТТ-и пурра ва амиқ тибқи дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва бо мусоидати мақоми ваколатдор оид ба ТТТ гузаронида мешавад. Таҳлилҳои мазкур барои тавсифоти миқдорӣ, бо ифодаи пулӣ инъикос намудани фоидаю хароҷот, инчунин мушаххас кардани оқибатҳои потенсиалӣ сайъю кўшиши бештарро талаб мекунанд.

19. Бо дарназардошти он, ки низом ба шаффофият ва ҳисоботдиҳандагии мақомоти давлатӣ, инчунин ба машваратҳо бо ҷонибҳои манфиатдор равона карда мешавад, асоси он портали интернетии мақоми ваколатдор оид ба ТТТ хоҳад буд.

20. Асоси низоми таъмини сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистонро ду марҳала ташкил менамоянд:

а) марҳалаи якум - банақшагирии таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

б) марҳалаи дуюм - таҳлили сифати иқдомҳо ва қарорҳои пешниҳодшуда тавассути машваратҳо.

21. Марҳалаи якум - банақшагирии таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - ба баланд бардоштани сатҳи шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи танзимкунии меъёрии ҳуқуқӣ нигаронида шудааст. Марҳалаи мазкур ба ўҳдадориҳо оид ба таҳия ва дар як сол ду маротиба, яъне дар моҳҳои январ ва июл пешниҳод намудани рўйхати санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба нақша гирифташуда ва вориднамудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меёриии ҳуқуқии амалкунанда асос меёбад. Ҳар як санади меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда якҷоя бо тавсифи мухатсари чораҳои пешниҳодшаванда ва таъсироти потенсиалии онҳо пешниҳод мегардад. Ҳамаи нақшаҳо ба мақоми ваколатдор оид ба ТТТ барои ҷойгир намудан дар портали интернетӣ фиристода мешаванд.

22. Марҳалаи дуюм - таҳлили сифати ташаббусҳои пешниҳодшуда ва қарорҳо тавассути машваратҳо: Дар марҳалаи мазкур, мақомоти давлатӣ ҳисоботҳои ТТТ-ро, аз ҷумла далелҳои зарурати танзимкунии давлатиро омода месозанд.Баргузорсозии ТТТ ба ҳадди ниҳоӣ пеш аз таҳияи матни санади меъёрии ҳуқуқӣ сурат мегирад. Пас аз анҷоми таҳияи ҳисоботи ТТТ, мақоми давлатӣ бастаи ҳуҷҷатҳоро (ТТТ ва матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро) ба мақоми ваколатдори ТТТ фиристода, ин мақом онҳоро барои муҳокимаи ҷонибҳои манфиатдор ба муддати на камтар аз ду ҳафта дар портали интернетӣ интишор мекунад. Дар сурати ба даст овардани шарҳу тавзеҳот ё фикру мулоҳизаҳо, мақоми ваколатдори ТТТ маҷмўи ҳуҷҷатҳоро дар якҷоягӣ бо шарҳу тавзеҳоти гирифтааш ба мақоми давлатии салоҳиятдор мефиристад. Нусхаҳои тамоми шарҳу эзоҳот ва фикру мулоҳизаҳои ба даст овардаро мақоми ваколатдор ҳамчунин ба Ҳукумат мефиристад. Мақоми давлатии таҳиякунанда имконият пайдо мекунад, ки лоиҳаи пешниҳодшавандаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ТТТ-ро то тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ шуданашон аз сари нав баррасӣ ва такмил намояд.

 

4. УНСУРҲОИ АСОСИИ НИЗОМИ ТТТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23. ТТТ барои ҳамаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба соҳибкорӣ таъсироти потенсиалӣ доранд ҳатмӣ мегардад, ба истиснои пардохтҳои андозӣ, гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба Буҷети давлатӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, инчунин меъёрҳои бидуни таъсири назаррас ва ё танҳо дорои хусусияти расмӣ. Ҳукумат имконият пайдо мекунад, ки баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз гузаронидани ТТТ дар асоси истисноҳои ба таври возеҳ дар қонунгузорӣ пешбинишуда озод намояд. Барои санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии фаврӣ (таъҷилӣ) расмиёти махсус пешбинӣ карда мешавад.

24. Низоми пешгўии банақшагирии қонунгузорӣ. Низоми ТТТ ба Нақшаҳои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асос меёбад, ки мувофиқи онҳо ҳамаи вазорату идораҳо ба таври расмӣ ҳар 6 моҳ (15-уми январ ва 15-уми июл) нақшаҳои худро оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба Ҳукумат ва мақоми ваколатдори ТТТ бо мақсадҳои зерин пешниҳод менамоянд:

- муайян намудани ташаббусҳои танзимкуние, ки таҳия ва тасдиқи онҳо ва ё пешниҳод намудани онҳо ба Ҳукумат барои тасдиқ намудан ба нақша гирифта шудааст;

- ворид кардани ин ташаббусҳо ба рўзномаи ҷаласаҳои Ҳуқумат ва дигар мақомоти давлатӣ;

- муайян намудани алоқа ё такроршавӣ бо дигар ташаббусҳои ба нақша грифташуда ё дар назар дошташуда;

- хабардор намудани доираҳои соҳибкорон доир ба нақшаҳои мақомоти давлатӣ оид ба танзимукунӣ бо мақсади ҷалби онҳо ба машваратҳо оид ба ташаббусҳои дахлдор.

25. Нақшаҳо доир ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мақоми ваколатдор оид ба ТТТ имкон медиҳанд, ки пешниҳодоти интизоргардидаро пешгўӣ кунад ва бо мақомоти дахлдори давлатие, ки барои таҳияи сиёсат ва лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ масъуланд, ҳамкории зич ба роҳ монанд. Талабот дар бораи интишор намудан тавассути муқаррароте мустаҳкам карда мешаванд, ки мувофиқи онҳо ҳамаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар мўҳлати аз ду ҳафта то се моҳ дар портали интернетии расмии мақоми ваколатдори ТТТ барои муҳокима ва пешниҳоди шарҳ аз тарафҳои манфиатдор интишор карда шаванд.

26. Портали мақоми ваколатдор оид ба ТТТ. Портали мақоми ваколатдори ТТТ ҷузъи калидии низоми ТТТ мешавад. Дар он ҳамаи нақшаҳо оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, лоиҳаҳои ҳисоботҳо оид ба ТТТ, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва матнҳои ниҳоии санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда нашр карда мешаванд. Порталро мақоми ваколатдор оид ба ТТТ идора менамояд ва он бо феҳристи расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқ дар алоқамандӣ хоҳад буд. Портал се феҳристи бо ҳам алоқамандро дар бар хоҳад гирифт:

- феҳристи Нақшаҳои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мақомоти давлатӣ дар шаш моҳ;

- феҳристи ҳисоботҳои ТТТ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; ва

- феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда аз ҷониби Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ. Феҳристи мазкур сарчашмаи расмии интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мегардад.

27. Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ порталро хизматрасонӣ ва мунтазам нав мекунад, дар марҳалаи минбаъда бошад, бо мақсади сарфаи вақт ва хароҷоти вобаста ба таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ портал ҳамчун воситаи таҳрири электронӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дар раванди таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хизмат менамояд. Портал, ҳамчунин, маълумоти муҳим ба монанди Дастурамал оид ба ТТТ, маводҳои иттилоотӣ ва китобхонаи ТТТ-ро дар бар хоҳад гирифт.

28. Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои гузаронидани ТТТ. Барои ҷорӣ намудани ТТТ, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" тибқи тартиби муқарраргардида тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Онҳо мафҳумҳои асосӣ, соҳаи истифодаи ТТТ ва қисматҳои асосии ТТТ-ро муайян менамоянд. Минбаъд, аз ҷониби Хукумат Дастурамал оид ба ТТТ тасдиқ карда мешавад, ки он расмиёти маъмурӣ, принсипҳои роҳбарикунандаи ТТТ, ва талабот ба ҳисоботҳои ТТТ-ро муайян менамояд. Талабот оид ба гузаронидани ТТТ мақомоти давлатиро ўҳдадор мекунад, ки қадамҳои муайянро дар чаҳорчўбаи расмиёти стандартии ТТТ риоя намоянд.

29. Дастурамал оид ба ТТТ бо дарназардошти натиҷаҳои ТТТи таҷрибавӣ, таҷрибаи байналмилалӣ ва бо дастгирии шарикони рушд таҳия хоҳад шуд. Вазифаҳои асосии Дастуруламалин стандартикунонии раванди баргузории ТТТ, таъмини дониши заминавӣ дар марҳалаи аввали ҷорӣ намудани ТТТ, ҷорӣ намудани принсипҳои танзимкунии самаранок ва муносибати ягона ҳангоми гузаронидани ТТТ мебошад.

30. Дастурамал як қатор масъалаҳоро оид ба гузаронидани ТТТ дар бар хоҳад гирифт, аз ҷумла қадамҳои асосӣ, рўйхати саволҳои санҷишӣ ва усулҳои тавсияшавандаи таҳлили таъсир бо такя ба соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва гендерӣ, усулҳои гузаронидани машваратҳо, инчунин маводҳои маълумотиву шахсони тамос барои гирифтани машварат. Дар давраи кўтоҳмуддат усулҳои асосӣ дар гузаронидани ТТТ усулҳои арзёбии хароҷоти вобаста ба танзимкунии давлатӣ, ба монанди Модели хароҷоти стандартӣ (МХС) хоҳад буд. Минбаъд, ба Дастурамал усулҳои такмилёфтаи таҳлили фоидаву хароҷот ва таҳлили самарабахшии хароҷот илова карда мешаванд. Ба усулҳои зикргардида дар гузаронидани ТТТ-и амиқ бартарият дода мешавад.

31. Ба Дастурамал оид ба ТТТ шаклҳои намунавии ҳуҷҷатҳои дар раванди гузаронидани ТТТ истифодашаванда ҳамроҳ карда мешаванд, аз ҷумла шакли пешниҳоди Нақшаҳо оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин шаклҳои ҳисоботҳои ТТТ барои гузаронидани машваратҳо ва ба Ҳукумат пешниҳод намудан. Дастурамал оид ба ТТТ бо дарназардошти зиёд гардидани таҷрибаву дониши мақомоти давлатӣ дар соҳаи гузаронидани ТТТ, инчунин дар баробари аз худ намудани усулҳои нави таҳлил муназам таҷдиди назар карда мешавад.

32. Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ фаъолона ба ҷорӣ намудани Дастурамал оид ба ТТТ мусоидат хоҳад кард. Бо дарназардошти он, ки айни замон мақомоти давлатӣ таҷрибаи баргузории ТТТ-ро надоранд, омўзонидан ва такмили иқтидор барои ҷорӣ намудани муваффақона ва ба низом даровардани ТТТ аҳамияти калон хоҳад дошт. Омўзиш барои кормандони масъули гузаронидани ТТТ ва намояндагони ассотсиатсияҳои соҳибкорон пешниҳод карда мешавад.

33. Дар марҳалаи аввал бо дастгирии шарикони рушд, барномаи заминавии омўзишии ТТТ барои рушди таҷрибаи кормандон дар гузаронидани ТТТ ва шиносоии онҳо бо Дастурамал оид ба ТТТ амалӣ карда мешавад. Дар оянда, барномаҳои амиқи омўзиши хизматчиёни давлатӣ татбиқ мешаванд, ки барои аз худ кардани усулҳои муосири таҳлил ва гузарнидани ТТТ-ҳои амиқ кўмак менамоянд.

34. Тадбирҳои махсуси омўзиши намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ассотсиатсияҳо ва доираҳои соҳибкорон барои мустаҳкам намудани таҷриба ва инкишоф додани дониши умумии кормандони ин ташкилотҳо оид ба ТТТ равона карда мешаванд. Таваҷҷўҳи тадбирҳои мазкур асосан ба паҳни дониш оид ба низоми мақомоти танзимкунандаи давлатӣ, раванди танзимкунӣ ва ТТТ, инчунин расмиёти иштирок дар раванди машваратҳо ва муҳокимаҳо равона мегардад. Тадбирҳо ба иштирок ва ҷалби тарафҳои манфиатдор дар раванди гузаронидани ТТТ мусоидат намуда, боварӣ ва ҳамкориро бо мақомоти давлатӣ таҳким мебахшанд.

35. Заминаи институтсионалӣ аз ҷониби мақомоти зерин амалӣ карда мешавад:

а) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазифаҳои асосии Ҳукумат тасдиқ намудани сиёсат ва низоми ТТТ, назорати марҳилавии натиҷаҳои миёнамуддат ва ниҳоии татбиқи он, арзёбӣ ва тасдиқи ҳисоботҳои солона оид ба татбиқи сиёсати ТТТ-и аз ҷониби мақоми ваколатдори ТТТ таҳияшуда ва қабули қарорҳо ва тадбирҳои сиёсии зарурӣ барои таъмини фаъолияти самарабахши низоми ТТТ мебошанд.

б) Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ. Барои мусоидати ҷорӣ намудани ТТТ ва принсипҳои самарабахши танзимкунӣ мақоми ваколатдор оид ба ТТТ муайян карда мешавад. Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ сохтори махсус хоҳад буд.

36. Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ вазифаҳои зеринро иҷро хоҳад кард:

- таъмини ҳамоҳангсозии байни мақомоти давлатӣ, инчунин мусоидат намудан ба фаъолияти шабакаи ТТТ;

- омўзонидан ва машварати кормандони мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои ТТТ;

- таҷдид намудан ва хизматрасонии портали интернетии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҷойгиркунии Нақшаҳо оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳисоботҳои ТТТ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- тайёр намудани ҳисоботҳои солона оид ба арзёбии самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар татбиқи сиёсати ТТТ, аз ҷумла дар гузаронидани ТТТ;

- таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва намояндагони тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла намояндагони ҷомеаи соҳибкорӣ;

- муайян ва таҳия намудани тавсияҳо оид ба гузаронидани ислоҳоти зарурӣ бо мақсади беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, баланд бардоштани самаранокии танзимкунии давлатӣ.

37. Воҳиди сохтории мақоми ваколатдор оид ба ТТТ дар доираи 3 воҳиди корӣ: иқтисодчӣ, мутахассисони робита бо ҷомеа ва соҳаи технологияи иттилоотӣ ташкил карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.02.2017 № 66).

38. Шабакаи ТТТ. Гурўҳҳои махсуси ТТТ дар ҳар як мақоми марказии давлатӣ (шабакаи ТТТ) бо мақоми ваколатдори ТТТ робитаи доимиро нигоҳ хоҳанд дошт. Ба шабакаи ТТТ мутахассисони пешбари вазорату идораҳои мутасаддии таҳияи сиёсат ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид мешаванд. Иштирокчиёни шабакаи ТТТ барои муҳокимаи муваффақиятҳои комёбгашта дар татбиқи ТТТ мунтазам вохўрҳо баргузор намуда, дар паҳн ва мустаҳкам намудани сиёсати ТТТ дар идораҳои худ кўмак мерасонанд. Иштирокчиёни шабакаи ТТТ дар барномаи амиқи омўзиш ҷиҳати баргузории ТТТ иштирок менамоянд, то дар оянда онҳо тавонанд кормандони идораҳои худашонро омўзонанд ва дар раванди баргузории ТТТ ба онҳо кўмак кунанд:

а) Мониторинг ва арзёбӣ. Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ ҳисоботҳои солонаи татбиқи сиёсати ТТТ ва ҷорӣ намудани принсипҳои танзимкунии самаранокро таҳия менамояд. Ҳисоботҳо арзёбӣ ва рейтинги самарабахшии фаъолияти мақомоти давлатиро дар бар хоҳанд гирифт. Низоми ТТТ аз ҷониби коршиносони мустақил ҳар 5 сол аз лаҳзаи ташкилшавӣ аз нав баррасӣ шуда метавонад. Аз нав баррасикунӣ ба арзёбии интихобии сифати миқдори муайяни ҳисоботҳо оид ба ТТТ асос меёбад.

б) Машваратҳо бо ҷомеа. Машваратҳо бо ҷомеа қисмати ҷудонапазир ва асосии низоми ТТТ гардида, ба тарафҳои манфиатдор имконият медиҳанд, ки дар раванди қабули қарорҳо нақши фаъол дошта бошанд. Шарҳу пешниҳодҳои дар раванди машваратҳо ба даст овардашуда метавонанд барои таҳияи қарорҳои самарабахши танзимкунӣ аҳамияти калон дошта бошанд, ки онҳо барои ба сатҳи баландтарин расонидани фоидаҳо ва ба сатҳи камтарин овардани хароҷотҳо равон гардида, бо ҳамин барои роҳ надодан ба оқибатҳои ғайричашмдошт мусоидат мекунанд. Бинобар ин, машваратҳо нисбат ба қарорҳо ва тадбирҳои бесамар кафолати муҳимро таъмин мекунанд. Машваратҳо барои муҳокимаи нақшаҳо оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳисоботҳои ТТТ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузаронида мешаванд.

39. Расмиёти баргузории машваратҳо ба Дастурамал оид ба ТТТ ворид карда мешаванд. Портали мақоми ваколатдори ТТТ ҳамчун воситаи асосӣ дар баргузории машваратҳои фаъол ва ғайрифаъол истифода хоҳад шуд. Қисмати махсуси машваратҳои электронӣ қисми ҷудонопазири портал хоҳад шуд, ки ба тарафҳои манфиатдор имконият медиҳад, то дар тамоми марҳилаҳои раванди қабули қарорҳо ва муҳокимаҳо иштирок намоянд.

40. Баргузор намудани ду ТТТ-и таҷрибавӣ. Барои гирифтани таҷриба ва дарсҳои аввал, қадами калидӣ барои ҷорӣ намудани низоми бомуваффақияти ТТТ баргузор намудани ТТТ-ҳои таҷрибавӣ мебошад. Ба сифати ТТТ-и таҷрибавӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи кафолати қарзҳо ва таҳияи регламенти техникӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўроквори интихоб карда мешаванд. Таҷриба мувофиқи расмиёти стандартии баргузории ТТТ дар асоси усулҳои Созмони ҳамкории иҳтисодӣ ва рушд ва дигар кишварҳо гузаронида мешавад.

41. Мақсадҳои таҷриба инҳо мебошанд:

- пурзўр намудани иқтидор, дониш ва таҷрибаи кормандон, аз ҷумла иштирокчиёни гурўҳҳои кории таҷрибавии ТТТ;

- санҷидани усулҳои гуногуни таҳлил, ки дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон истифода мешаванд;

- гирифтани маълумот барои ба нақша гирифтани низоми мониторинги татбиқи ТТТ барои мақоми ваколатдор оид ба ТТТ;

- гирифтани таҷриба барои таҳияи Дастурамал оид ба ТТТ бо дарназардошти шартҳои маъмурӣ ва шароити Тоҷикистон;

- гирифтани таҷриба барои омўзонидани кормандони мақоми ваколатдор оид ба ТТТ ва таҳияи меъёрҳои арзёбии сифати ТТТ; баланд бардоштани маълумотнокӣ оид ба ТТТ дар байни тарафҳои асосии манфатдор, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва воситаҳои ахбори омма.

42. Барои ҳар як ТТТ-и таҷрибавӣ як гурўҳи кории алоҳида таъсис дода мешавад, ки ба он кормандони мақомоти масъули давлатӣ шомил хоҳанд шуд. Бо дастгирии шарикони рушд мушовирон барои кўмак ба гурўҳҳои корӣ барои гузаронидани ТТТ-и таҷрибавӣ ҷалб карда мешаванд. Мушовирон бо аъзои гурўҳҳои корӣ оид ба раванд ва усулҳои ТТТ омўзиш мегузаронанд ва дар раванди баргузорсозии ТТТ мусоидат менамоянд. Бо анҷом ёфтани ТТТ-и таҷрибавӣ, ҳисоботҳои ТТТ ва лоиҳаи Дастурамал оид ба ТТТ омода карда мешаванд.

43. Хароҷоти молиявӣ. Маблағгузории таъсис ва фаъолияти мақоми ваколатдор оид ба ТТТ, инчунин портали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои пешбинамудаи мақоми ваколатдор амалӣ карда мешавад. Маблағгузории таъсиси низоми ТТТ бо ҷалби кўмаки молиявӣ ва машваратию техникии шарикони рушд тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи низоми ТТТ амалӣ карда мешавад.

44. Нақшаи чорабиниҳо. Консепсияи мазкур тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи низоми ТТТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, ки он тадбирҳои асосии заруриро барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда муайян менамояд (замима мегардад).

 

                                                                                     Замима
ба Консепсияи низоми ТТТ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи низоми ТТТ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номгӯи чорабиниҳо

Масъулон

Мӯҳлати иҷро

Сарчашмаи маблағгузорӣ

1

Тасдиқи ҳайати ду гурӯҳҳои корӣ оид ба гузаронидани ТТТ-и таҷрибавӣ

Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ

2015

Талаб карда намешавад

2

Ҷалби мушовирон барои мусоидат ба гурӯҳҳои корӣ ва омӯзонидани онҳо ҷиҳати гузаронидани ТТТ-ҳои таҷрибавӣ

Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ

2015

Шарикони рушд

3

Тибқи тартиби муқаррагардида ворид намудани тағйиру иловаҳо    ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ" бо мақсади муайян намудани талабот оид ба гузаронидани ТТТ

Мақоми ваколатдор оид баТТТ Вазорати адлия, вазорату идораҳои дахлдор

2015-марти 2016

Талаб карда намешавад

4

Таҳия ва тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳо барои гурӯҳҳои корӣ оид ба гузаронидани ТТТ-ҳои таҷрибавӣ

Гурӯҳҳои корӣ оид ба гузаронидани ТТТ-ҳои таҷрибавӣ, мушовирон

2015

Шарикони рушд

5

Гузаронидани ТТТ-и таҷрибавӣ

Гурӯҳҳои корӣ оид ба гузаронидани ТТТ-ҳои таҷрибавӣ, Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ, мушовирон

2015-апрели 2016

Шарикони рушд

6

Таҳия намудани лоиҳаи Дастурамал оид ба ТТТ

Гурӯҳҳои корӣ оид ба гузаронидани ТТТ-ҳои таҷрибавӣ Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ, мушовирон

апрел-майи 2016

Шарикони рушд

7

Ба анҷом расонидани гузаронидани ТТТ-ҳои таҷрибавӣ

Гурӯҳҳои корӣ оид ба гузаронидани ТТТ-ҳои таҷрибавӣ Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ, мушовирон

30 июни 2016

Талаб карда намешавад

8

Муҳокима ва тасдиқи Дастурамал оид ба ТТТ

Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ

июл -августи 2016

Талаб карда намешавад

9

Ташкил намудани сохтор дар назди мақоми ваколатдор оид ба ТТТ (харидани таҷҳизоти зарурӣ, таъини роҳбарият ва ҷалби кормандон)

Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ

январ –марти 2016

Буҷети давлатӣ, Шарикони рушд (қисман)

10

Таҳия ва тасдиқи стратегияи коммуникатсионии ТТТ

Мақоми ваколатдор оид баТТТ,  Вазорати адлия, вазорату идораҳои дахлдор

апрел-июни 2016

Талаб карда намешавад

11

Гузаронидани омӯзиши кормандони сохтори мақоми ваколатдор оид ба ТТТ

Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ, Вазорати адлия

июл-сентябри 2016

Шарикони рушд

12

Баргузор намудани омӯзиши кормандони мақомоти давлатӣ оид ба ТТТ

Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ, Вазорати адлия

август-декабри 2016

Шарикони рушд

13

Таҳия ва тасдиқи (лоиҳаи) системаи иттилоотӣ (барномаи компютерӣ) барои портали мақоми ваколатдор оид ба ТТТ

Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ, Вазорати адлия

2015

Шарикони рушд

14

Таҳияи системаи иттилоотӣ (барномаи компютерӣ) барои портали мақоми ваколатдори ТТТ

Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ, Вазорати адлия

феврал -октябри 2016

Шарикони рушд

13

  Баргузор намудани конфронс оид ба оғози татбиқи ТТТ

Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ, вазорату идораҳои дахлдор

декабри 2016

Талаб карда намешавад

16

Оғози фаъолияти низоми ТТТ

Мақоми ваколатдор оид ба ТТТ, вазорату идораҳои дахлдор

1 январи 2017

Талаб карда намешавад

 

 

 

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3 (1 овоз)