ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КООПЕРАТИВҲО

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 09:50
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
991
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.06.2013

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ КООПЕРАТИВҲО

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 519)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии таъсис, фаъолият ва барҳамдиҳии кооперативҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

      Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 
   Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- кооператив - иттиҳодияи мустақил ва ихтиёрии бо тартиби муқарраргардида бақайдгирифташуда мебошад, ки дар асоси узвияти шахсон бо мақсади қонеъ намудани талаботи муштараки иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар талаботи онҳо, инчунин саъю кӯшиши шахсони мазкур тавассути муттаҳидкунии молу мулк (аъзоҳаққии саҳмӣ) ва таъсиси ташкилоти ба таври демократӣ идорашавандаи молу мулки якҷоя таъсис дода мешавад;
- ҷубронпулӣ - пардохти хароҷоти шахсони мансабдори кооператив вобаста ба кори ихтиёрии мунтазами онҳо дар кооператив, агар он дар оинномаи кооператив пешбинӣ шуда бошад;
- мукофотпулӣ - як қисми даромади софи кооператив, ки ба ҳамаи шахсони мансабдори кооператив ё шахсони алоҳидаи он барои хизматрасонӣ пардохт мешавад, агар он дар оинномаи кооператив пешбинӣ шуда бошад;
- даромад - маблағҳои молиявии бо ҷамъбасти фаъолияти иқтисодии кооператив бадастомада, ки дар ҳисоботи молиявии кооператив бо назардошти ҳамаи хароҷоту ҳиссаҷудокуниҳо ба фонди истеҳлокӣ ва қарзҳои беэътимод инъикос ёфтаанд; 
- даромади соф - қисми даромадҳое, ки баъд аз ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои кооператив ва пардохти ҳамаи андозҳо боқӣ мемонад;
- пардохтҳои саҳмӣ - қисми даромади софи кооператив, ки дар байни аъзои он мувофиқи саҳми пардохтаи аъзои кооператив аз рӯи шартҳои дар оиннома пешбинишуда тақсим карда мешавад; 
- пардохти кооперативӣ - қисми даромади софи кооператив, ки мутаносибан дар байни аъзои он мувофиқи андозаи иштирокашон дар фаъолияти иқтисодии кооператив пардохта мешавад; 
- аъзоҳаққии саҳмӣ  - саҳми узви кооператив ба фонди саҳмии он, ки дар шакли маблағҳои пулӣ ё молу мулк ворид шудааст;
- аъзои кооператив - шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки ба қарори таъсисёбии аъзои кооператив имзо гузоштаанд ё ин ки ба узвияти кооператив баъд аз бақайдгирии он қабул гардидаанд;
- шахси мансабдори кооператив - шахсе, ки ба ӯ мутобиқи Қонуни мазкур ё оинномаи кооператив барои ба фаъолияти кооператив дастур додан ё чунин фаъолиятро роҳбарӣ намудан ваколат дода шудааст;
- вакил - намояндаи шумораи муайяни аъзои кооператив, ки барои иштирок дар маҷлиси вакилони кооператив тибқи тартиби дар оинномаи кооператив пешбинишуда интихоб шудааст.

           Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооперативҳо
      Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооперативҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

     Моддаи 3. Шаклҳои кооперативҳо
1. Кооперативҳо метавонанд дар ду шакли зерин таъсис дода шаванд:
- кооперативи ғайритиҷоратӣ;
- кооперативи тиҷоратӣ.
2. Кооперативи ғайритиҷоратӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, мутобиқи оинномаи кооператив асосан ба аъзои худ хизмат мерасонад. Даромади софи кооперативи ғайритиҷоратӣ, ки дар натиҷаи хизматрасониҳо ба шахсони сеюм ба даст оварда шудааст, дар байни аъзои он тақсим карда намешавад ва ин даромад ҷиҳати рушди минбаъдаи он сарф карда мешавад. Дар сурати асосан ба шахсони сеюм хизмат расондани кооперативи ғайритиҷоратӣ, он бояд ба кооперативи тиҷоратӣ табдил дода шавад.
 3. Кооперативи тиҷоратӣ ташкилоти тиҷоратӣ буда, мутобиқи оиннома асосан ба шахсони сеюм хизмат мерасонад. Даромади софи кооперативи тиҷоратӣ метавонад дар байни аъзои он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва оинномаи кооператив тақсим карда шавад.

      Моддаи 4. Доираи фаъолияти кооперативҳо
  1. Кооперативҳо метавонанд фаъолияти худро дар соҳаҳои матлубот, истеҳсолот, сохтмон, манзил, коммуналӣ, коркард, фурӯши маҳсулот, таъминот, хизматрасонӣ, савдо, кишоварзӣ, суғурта, қарздиҳӣ ва дигар соҳаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намоянд. 
2. Кооперативҳое, ки дар соҳаи қарздиҳӣ фаъолият мекунанд, ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ мебошанд. Тартиби фаъолияти кооператив дар соҳаи қарздиҳӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти бонкӣ ба танзим дароварда мешавад.
3. Тартиби фаъолияти кооперативҳо дар соҳаи суғурта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғурта ба танзим дароварда мешавад.

     Моддаи 5. Принсипҳои таъсис ва фаъолияти кооперативҳо
Таъсис ва фаъолияти кооперативҳо ба принсипҳои зерин асос меёбанд: 
- узвияти ихтиёрӣ ва ошкоро дар кооператив;
- кӯмаки мутақобила ва ҳифзи бартариҳои иқтисодӣ барои аъзои кооператив;
- идоракунии демократӣ;
- расидан ба ҳадафҳо доир ба беҳтаркунии шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии аъзои кооператив;
- нигоҳдории мустақилияти иқтисодӣ ва соҳибкории аъзои кооператив;
- таъмини дастрасии аъзои кооператив ба таҳсилот ва омӯзиш;
- пешбурди фаъолияти шаффофи кооператив.

        Моддаи 6. Давлат ва кооперативҳо
   1. Давлат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кооперативҳо ва аъзои он кафолат дода, ба рушди кооперативҳо мусоидат менамояд.
  2. Давлат ва мақомоти давлатӣ наметавонанд ба фаъолияти кооперативҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, дахолат намоянд.

 

БОБИ 2. ТАЪСИС ВА БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ КООПЕРАТИВ

 

Моддаи 7. Таъсиси кооператив ва номи фирмавии он
   1. Кооператив аз ҷониби на камтар аз се шахси воқеӣ  ё шахсони ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад. 
   2. Номи фирмавии кооператив бояд ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ва дорои калимаи "кооператив" бошад.
3. Ба дигар ташкилот, ба ғайр аз кооперативи бо тартиби муқарраргардида бақайдгирифташуда, амалӣ намудани фаъолият таҳти ном ё номгузории дорои калимаи "кооператив" ё ҳамрадифи он бо дигар забон манъ мебошад.

          Моддаи 8. Бақайдгирии давлатии кооператив
1. Бақайдгирии давлатии кооператив мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" амалӣ карда мешавад.
2. Кооператив аз рӯзи бақайдгирии давлатиаш мақоми шахси ҳуқуқиро  мегирад.

 

БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ КООПЕРАТИВ

 

Моддаи 9. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кооператив
1. Кооператив ҳуқуқ дорад:
- аъзои кооперативи дигар ё иттиҳодия (ассотсиатсия) ва ташкилоти дигар бошад; 
- оинномаи худро тасдиқ ва ба он тағйиру иловаҳо ворид намояд, ӯҳдадориҳои аъзои амалкунандаро дар оянда омӯхта, муайян намояд;
- аз аъзои кооператив пардохти зарари иқтисодиро талаб намояд, агар оинномаи кооператив инро пешбинӣ намуда бошад.
2. Кооператив ӯҳдадор аст:
- Феҳристи аъзои кооператив ва саҳмҳои онҳоро ба роҳ монад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии муҳосибии мувофиқро ба роҳ монад;
- нусхаи оиннома, рӯйхати аъзои кооператив ва маълумотро дар бораи онҳо барои гузаронидани санҷиш дар ҳар вақти муносиб ва аз рӯи суроғаи бақайдгирифташудаи кооператив ройгон пешниҳод намояд;
- ҳуҷҷатҳои молиявии худро барои гузаронидани санҷиши аудиторӣ ба аудитори мустақил мутобиқи Қонуни мазкур ва оинномаи кооператив пешниҳод намояд.
3. Кооперативҳо инчунин дорои дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳое мебошанд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

        Моддаи 10. Оинномаи кооператив
1. Оинномаи кооператив, ки аз ҷониби маҷлиси умумии аъзои он тасдиқ шудааст, ҳуҷҷати таъсисии кооператив маҳсуб меёбад.
2. Оинномаи кооператив бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- номи фирмавии кооператив;
- суроғаи кооператив;
- мақсадҳои кооператив;
- мақсадҳое, ки мувофиқи онҳо маблағҳои молиявии кооператив метавонанд мавриди истифодабарӣ қарор дода шаванд;
- арзиши номиналии як саҳми кооператив;
- шартҳо ва тартиби қабул ба узвияти кооператив;
- тартиби пардохти аъзоҳаққиҳои саҳмӣ, дохилшавӣ ба узвияти кооператив ва дигар маблағҳо, инчунин шартҳои интиқол ва ба пули нақд табдил додани саҳмҳои кооператив;
- тартиби гузашт кардани саҳм;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои кооператив ва дараҷаи ҷавобгарии онҳо вобаста ба қарзҳои кооператив; 
- шартҳои баромадан аз узвияти кооператив; 
- тартиби даъват ва гузаронидани маҷлисҳои умумии аъзои кооператив ва дигар маҷлисҳо, машваратҳо, тартиби овоздиҳӣ;
- ваколат ва ӯҳдадориҳои маҷлиси умумии аъзо ва раёсати кооператив;
- тартиби интихоб, таъин, мӯҳлати ишғоли вазифа, муваққатан дур ва озод кардани аъзои раёсат ва дигар шахсони мансабдори кооператив аз вазифа;
- ваколатҳои шахсони мансабдори кооператив оид ба имзо кардани ҳуҷҷатҳо ва истифодаи мӯҳри кооператив;
- тартиби ташаккул, фаъолият ва тақсимоти фонди захиравӣ, инчунин тартиби муайян намудани ҳаҷми маблағи ба фонди захиравии кооператив воридшаванда; 
- тартиби тақсимоти даромади соф ва ҷуброни зарарҳои ҳамасолаи кооператив;
- масъалаҳои марбут ба мукофотпулӣ ё ҷубронпулӣ, ки ба шахсони мансабдори кооператив пардохт карда мешаванд, агар онҳо пешбинӣ шуда бошанд;
- дар сурати иваз шудани маҷлиси умумии аъзои кооператив ба маҷлиси вакилон, тартиби интихоби вакилон ё шахсони онҳоро ивазкунанда, шумораи аъзои алоҳидаи кооператив, ки аз ҷониби ҳар як вакил намояндагӣ карда мешавад, шартҳои ваколат ва мӯҳлати фаъолияти онҳо дар вазифа, вале на зиёда аз се сол;
- тартиби намояндагии ташкилоти аъзои кооператив дар маҷлиси умумии аъзои кооператив, тартиби овоздиҳии вакилон, мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳо, вале на зиёда аз се сол ва озод намудани вакилон аз вазифаҳояшон;
- ӯҳдадориҳои шахсони мансабдори кооператив;
- дигар маълумотҳое, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд.

 

БОБИ 4. УЗВИЯТ ДАР КООПЕРАТИВ

 

Моддаи 11. Шартҳои узвият дар кооператив 
Шахсони зерин аъзои кооператив шуда метавонанд:
- шахси воқеӣ, ки ба синни шонздаҳ расидааст ва ба талаботи пешбининамудаи оинномаи кооператив ҷавобгӯ мебошад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад;
- шахси ҳуқуқӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур ҳамчун кооператив ё ҳамчун дигар шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст ва ба талаботи пешбининамудаи оинномаи кооператив ҷавобгӯ мебошад.

       Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои кооператив 
1. Ҳуқуқҳои аъзои кооператив:
-  истифода бурдан аз ҳамаи хизматрасониҳои кооператив; 
- интихоб кардан ё интихоб шудан ба мақомоти идоракунии кооператив;
- дар бораи фаъолияти кооператив маълумоти пурра гирифтан;
- як ҳиссаи даромади софи кооперативро, ки барои тақсимот дар байни аъзои он пешбинӣ шудааст, инчунин намудҳои дигари маблағҳои дар оинномаи кооператив пешбинишударо гирифтан; 
- аз имтиёзҳое, ки оинномаи кооператив барои аъзои худ пешбинӣ намудааст, истифода бурдан; 
- бо ихтиёри худ аз кооператив баромадан ва гирифтани маблағҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва оинномаи кооператив; 
- барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба суд муроҷиат намудан.
2. Аъзои кооператив, инчунин метавонанд дорои дигар ҳуқуқҳое, ки Қонуни мазкур, оинномаи кооператив ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ намудаанд, бошанд. 
3. Ӯҳдадориҳои аъзои кооператив:
- риоя намудани талаботи оинномаи кооператив;
- пардохти аъзоҳаққии саҳмӣ мувофиқи тартиби дар оинномаи кооператив пешбинишуда; 
- ширкати меҳнатии шахсӣ ва ё бо тарзи дигар ширкат варзидан дар фаъолияти кооператив; 
- ҷавобгарии иловагӣ (субсидиарӣ) вобаста ба ӯҳдадориҳои кооператив аз рӯи андоза ва тартибе, ки Қонуни мазкур ва оинномаи кооператив пешбинӣ намудааст.
4. Аъзои кооператив, инчунин дорои дигар ӯҳдадориҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, оинномаи кооператив ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

         Моддаи 13. Аъзоҳаққии саҳмии аъзои кооператив ва маҳдудиятҳо барои аъзои кооператив дар истифодаи ҳуқуқҳои худ то пардохти маблағҳои дахлдор
1. Аъзоҳаққии саҳмии аъзои кооператив сармояи аввалияи кооперативро ташкил медиҳад ва барои пӯшонидани хароҷоти вобаста ба таъсис ва ташкили фаъолияти он пешбинӣ шудааст.
2. Аъзоҳаққии саҳмии ба кооператив воридшаванда метавонад аз пул, коғазҳои қиматнок, ашё, ҳуқуқи молумулкӣ, ҳуқуқ ба маҳсули натиҷаҳои моликияти зеҳнӣ ва дигар молу мулк иборат бошад. 
3. Ҳуқуқи истифодаи замин наметавонад ба сифати аъзоҳаққии саҳмӣ истифода шавад. Қитъаҳои замини аъзои кооператив метавонанд ба кооператив дар асоси иҷора пешниҳод карда шаванд. Андозаи иҷорапулӣ ва шартҳои иҷора, инчунин шартҳои пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани иҷора бо қарордоди тарафҳо муайян карда мешаванд. 
4. Дар сурати хориҷ шудан аз узвияти кооператив, шахс метавонад шартномаи иҷораи қитъаи заминро пеш аз мӯҳлат қатъ намояд. 
5. Узви кооператив ӯҳдадор аст, ки дар давоми на зиёда аз як сол аз санаи бақайдгирии давлатии кооператив пурра пардохти аъзоҳаққии саҳмии худро супорад. 
6. Таркиб ва андозаи аъзоҳаққии саҳмӣ, инчунин пардохти онро оинномаи кооператив  муқаррар менамояд. 
7. Пардохти аъзоҳаққии саҳмии аъзои кооператив наметавонад молу мулки ба гаравмонда бошад.

          Моддаи 14. Тартиби овоздиҳӣ дар кооператив
Ҳар як узви кооператив, новобаста ба миқдори саҳмҳои доштааш танҳо як овоз дорад. Узви кооператив шахсан овоз медиҳад. Агар оинномаи кооператив овоздиҳиро ба воситаи ваколатнома пешбинӣ намояд, дар ин ҳолат узви кооператив наметавонад зиёда аз ду аъзои дигари кооперативро дар маҷлиси умумии аъзои кооператив намояндагӣ кунад. Дар ҳолати намояндагии ташкилот ҳамчун узв, ҳуқуқи овоздиҳиро танҳо шахси ваколатдор дошта метавонад.

      Моддаи 15. Маҳдудият дар соҳибии саҳмҳо барои аъзои кооператив 
1. Узви кооператив ҳуқуқ надорад, ки бештар аз сӣ фоизи саҳмҳои кооперативро соҳиб шавад.
2. Ин маҳдудият ба кооперативе, ки узви кооператив мебошад, дахл надорад.

       Моддаи 16. Маҳдудият дар гузашт намудани саҳмҳои аъзои кооператив
Узви кооператив, собиқ узв ё вориси узви фавтидаи кооператив метавонад саҳми худро танҳо ба узви амалкунанда ё ояндаи кооператив гузашт намояд, ба шарте ки чунин гузаштнамоӣ ба фоидаи кооператив бошад. Тартиби гузашт кардани саҳм дар оинномаи кооператив муайян карда мешавад.

       Моддаи 17. Масъулияти узви кооператив, ки бо андозаи саҳм ё кафолат маҳдуд шудааст 
 1. Узви амалкунанда ё собиқи кооператив аз рӯи ӯҳдадориҳои кооператив дар доираи арзиши ақалли саҳмҳо, ки моликияти ӯ мебошанд ё аз тарафи ӯ имзо гардидаанд, масъул мебошад.
 2. Агар оинномаи кооператив андозаи масъулияти аъзоро аз арзиши ақалли саҳмҳо, ки моликияти онҳо мебошанд, ё аз тарафи онҳо имзо гардидаанд, бештар муайян намуда бошад, масъулият ба маблағи муқаррарнамудаи оинномаи кооператив паҳн мегардад.

        Моддаи 18. Масъулияти узви собиқи кооператив ва ворисони фавтидаи узви кооператив вобаста ба ӯҳдадориҳои (қарзҳои) кооператив 
1. Узви собиқи кооператив аз рӯи ӯҳдадориҳои кооператив дар он шакле ки онҳо дар давраи қатъи узвияти ӯ қарор доштанд, вале на зиёда аз ду сол пас аз баромадани ӯ аз кооператив, масъул мебошад.
2. Ворисони узви фавтидаи кооператив дар доираи арзиши ақалли саҳмҳои дар моликият буда ё имзонамудаи узви фавтидаи кооператив барои ӯҳдадориҳои кооператив, дар он шакле, ки онҳо пас аз фавти узви кооператив  вуҷуд доштанд, вале на зиёда аз ду сол баъд аз фавти ӯ, масъул мебошанд.

      Моддаи 19. Ҳуқуқи аз кооператив баромадани узви кооператив 
1. Узви кооператив зимни риояи шартҳо ва огоҳонидани кооператив метавонад мутобиқи тартиби дар оинномаи кооператив пешбинишуда аз кооператив барояд.
2. Огоҳсозӣ дар бораи аз кооператив баромадани узви он дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи оинномаи кооператив, вале на зиёда аз як сол амалӣ мегардад.

      Моддаи 20. Тартиби хориҷ намудан аз узвият дар кооператив 
Узви кооператив бо қарори на камтар аз се ду ҳиссаи иштироккунандагон ва овоздиҳандагон дар маҷлиси умумии аъзои он метавонад аз узвияти кооператив хориҷ карда шавад, дар сурате ки ӯ муқаррароти Қонуни мазкур, оинномаи кооператив ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро риоя накунад. Раёсати кооператив ба чунин узв маълумотро дар шакли хаттӣ на дертар аз ҳафт рӯз қабл аз баргузории маҷлиси умумии аъзои кооператив пешниҳод менамояд.

 

БОБИ 5. СОХТОРИ ТАШКИЛӢ ВА ИДОРАКУНИИ КООПЕРАТИВ

 

Моддаи 21. Мақомоти идоракунӣ ва назоратии кооператив
Мақомоти идоракунӣ ва назоратии кооператив инҳо мебошанд:
- маҷлиси умумии аъзои кооператив;
- шӯрои нозирони кооператив;
- раёсати кооператив.

           Моддаи 22. Маҷлиси умумии аъзои кооператив
1. Мақоми олии идоракунии кооператив маҷлиси умумии аъзои он мебошад.
2.  Маҷлиси умумии аъзои кооператив аз ҷониби раёсат ҳар сол аз рӯи зарурат, вале на дертар аз шаш моҳ баъд аз ба итмом расидани соли молиявӣ, даъват карда мешавад.
3. Агар дар оинномаи кооператив тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, хабарнома дар бораи гузаронидани маҷлиси умумӣ ба ҳар як узви кооператив ё вакил, ки ҳуқуқи дар маҷлиси умумии аъзои кооператив иштирок карданро дорад, на дертар аз понздаҳ рӯз қабл аз санаи баргузории чунин маҷлис расонида мешавад. Хабарнома ҷой ва вақти гузаронидани маҷлиси умумии аъзои кооператив, рӯзнома ва масъалаҳои пешниҳодшударо дар бар гирифта, зимнан дигар масъалаҳо бе розигӣ ва овоздиҳии ҳадди аксари аъзои иштироккунанда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.
4. Шумораи умумии аъзои кооператив агар зиёда аз сад нафарро ташкил диҳад, дар он сурат маҷлиси вакилони кооператив метавонад маҷлиси умумии аъзои кооперативро, ки дар он ҳар як вакил шумораи муайяни аъзоро намояндагӣ мекунад, иваз намояд. Шумораи вакилон дар кооператив набояд аз панҷоҳ нафар камтар бошад. Маҷлиси вакилони кооператив дорои ваколатҳои дар моддаи 23 Қонуни мазкур пешбинигардида мебошад.
5. Ҳар як узви кооператив метавонад ба ҳайси вакил интихоб шавад. Ба овоздиҳии вакилон аз рӯи ваколатнома иҷозат дода намешавад.
6. Тартиби интихоби вакилон ё шахсони онҳоро инвазкунанда, ки ҳар як вакил онҳоро намояндагӣ менамояд, инчунин мӯҳлати ишғоли вазифаҳои онҳо аз ҷониби вакилон тибқи оинномаи кооператив муқаррар мегарданд.

           Моддаи 23. Ваколатҳои  маҷлиси умумии аъзои кооператив
  Маҷлиси умумии аъзои кооператив ваколатҳои зерин дорад:
- тасдиқи оиннома ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба он;
- баррасӣ ва тасдиқи протоколи маҷлиси умумии аъзои кооператив;
- баррасии ҳисоботи аудиторҳо, раёсат ва дигар ҳисобот; 
- тасдиқи ҳисоботи молиявӣ;
- қабули қарорҳо дар бораи пардохтҳои кооператив, даромадҳо ва тартиби ҷуброни зарар ва фоидаи соф мутобиқи Қонуни мазкур ва оинномаи кооператив;
- тасдиқи қарорҳо дар бораи қабул ва хориҷ намудани аъзои кооператив;
- интихоби аъзои раёсат;
- таъини аудиторҳои кооператив;
- баррасӣ ва муқаррар намудани андозаи ҳадди аксари қарзгирӣ аз ҷониби кооператив;
- тасдиқи тартиби пешбурди маҷлиси умумии аъзои кооператив; 
- муқаррар намудани фондҳои кооператив ва тартиби истифодаи онҳо;
- таъсис ва барҳамдиҳии намояндагӣ ва филиалҳои кооператив;
- ҳалли масъалаҳои вобаста ба иштироки кооператив дар фаъолияти дигар кооперативҳо, иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) ва ташкилотҳои дигар;
- ҳалли масъалаҳои вобаста ба пардохти аъзоҳаққии иловагӣ;
- ҳалли масъалаҳои вобаста ба азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии кооператив;
- баррасии дигар масъалаҳои дар Қонуни мазкур ё оинномаи кооператив пешбинишуда.

           Моддаи 24. Тартиби даъвати маҷлиси умумии ғайринавбатии аъзои кооператив
   1. Шӯрои нозирони кооператив метавонад дар ҳолати зарурӣ маҷлиси умумии ғайринавбатии аъзои кооперативро даъват намояд. Ҳамаи аъзо ё вакилон доир ба рӯзномаи барои муҳокима пешниҳодшудаи маҷлис дар шакли хаттӣ на дертар аз ҳафт рӯз хабардор карда мешаванд. Дар сурати пешниҳод шудани тағйирот ба оиннома бошад, аъзо ва вакилон на дертар аз понздаҳ рӯз бояд огоҳ карда шаванд.
  2. Маҷлиси умумии ғайринавбатии аъзои кооператив аз ҷониби раёсати кооператив, инчунин ҳангоми гирифтани дархости дахлдор дар бораи гузаронидани чунин маҷлис, ки на кам аз сеяки аъзои кооператив ба он имзо гузоштанд, даъват карда мешавад. Дар сурате ки, агар кооператив бештар аз сесад нафар аъзо дошта бошад, дархост дар бораи гузаронидани маҷлиси ғайринавбатии аъзои кооператив бояд аз ҷониби на камтар аз сад нафар имзо карда шавад. Чунин дархост бояд ба рӯзномаи маҷлиси умумии ғайринавбатии аъзои кооператив ворид карда шавад.
  3. Агар раёсати кооператив дар давоми як моҳи пас аз гирифтани дархост оид ба гузаронидани маҷлиси умумии ғайринавбатии аъзои кооператив онро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 ҳамин модда баргузор карда натавонад, аъзои кооперативе, ки ин дархостро омода кардаанд, ҳуқуқ доранд бо фиристодани хабарномаи дахлдор ба ҳамаи аъзои кооператив чунин маҷлисро доир намоянд.

     Моддаи 25. Овоздиҳӣ дар маҷлиси умумии аъзои кооператив
  1. Дар маҷлиси умумии аъзои кооператив қарорҳо бо аксари овозҳои аъзои иштироккунандаи кооператив ё вакилон қабул карда мешаванд. 
  2. Агар дар оинномаи кооператив ҳолати дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар сурати ба таври баробар тақсим шудани овозҳо, қарорҳо қабулнашуда ҳисобида мешаванд.
 3. Интихоби шахсони мансабдори кооператив ба таври овоздиҳии кушода гузаронида мешавад. Зимнан бо талаби аъзои кооператив овоздиҳии пинҳонӣ низ гузаронида мешавад.
 4. Маҷлиси умумии аъзои кооператив дар ҳолате салоҳиятнок мебошад, ки дар он аз се ду ҳиссаи аъзо ва ё вакилони кооператив иштирок дошта бошанд.
 5. Агар дар вақти таъиншудаи баргузории маҷлиси умумии аъзои кооператив шумораи пешбинишудаи аъзо ё вакилони кооператив иштирок накунанд, чунин маҷлис доирнашуда ҳисобида мешавад. Дар чунин ҳолат, маҷлис дар мӯҳлати на бештар аз сӣ рӯз бо ҳамон рӯзномаи маҷлиси баргузорнашуда доир карда мешавад. Маҷлиси умумии такроран таъиншуда, новобаста ба шумораи аъзои кооператив ё вакилони ҳузурдошта, салоҳиятнок ҳисобида мешавад. Чунин маҷлиси аъзои кооператив ҳуқуқ дорад ҳамаи он масъалаҳои ба салоҳияти маҷлиси умумии аъзои кооператив дохилшавандаро, ба истиснои масъалаҳои вобаста ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба оинномаи кооператив, баррасӣ намояд. Қарорҳои дар чунин маҷлис қабулшуда ба он шарте эътибор доранд, ки аз се ду ҳиссаи аъзо ё вакилони иштироккунандаи кооператив ба тарафдории онҳо овоз дода бошанд.

     Моддаи 26. Протоколи маҷлиси умумии аъзои кооператив 
  1. Протоколи маҷлиси умумии аъзои кооператив ба дафтари қайди протоколҳо дохил карда шуда, дар он маълумоти зерин дарҷ карда мешавад:
- шумора, насаб, ном ва номи падари аъзо ё вакилони кооператив, ки дар маҷлиси умумии аъзои кооператив иштирок намуданд, инчунин насаб, ном ва номи падари раисикунандаи маҷлис; 
- оғоз ва анҷоми маҷлиси умумии аъзои кооператив;
- ҳамаи қарорҳо ва шумораи овоздиҳандагоне, ки ба тарафдории онҳо овоз додаанд.
 2. Протоколи маҷлиси умумии аъзои кооператив ба иштироккунандагони он барои шиносоӣ пешниҳод карда мешавад. Баъд аз тасдиқ ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, раисикунандаи маҷлиси умумии аъзои кооператив ва котиби он мӯҳтавои протоколро тасдиқ намуда, ба он имзо мегузоранд.

      Моддаи 27. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шӯрои нозирони кооператив
    1. Дар кооперативи дорои шумораи зиёда аз сад аъзо, шӯрои нозирони кооператив таъсис дода мешавад, ки он аз рӯи фаъолияти раёсати кооператив назорат мебарад. 
  2. Аъзои шӯрои нозирони кооператив дар маҷлиси умумии аъзои кооператив интихоб карда мешаванд. Шумора, мӯҳлати фаъолият ва ваколати шӯрои нозирони кооперативро оинномаи кооператив муайян менамояд. Шӯрои нозирони кооператив аз байни ҳайати худ раиси шӯрои нозирони кооперативро интихоб мекунад. Узви шӯрои нозирони кооператив наметавонад ҳамзамон узви раёсати кооператив ё раиси кооператив бошад. Аъзои шӯрои нозирони кооператив ҳуқуқи аз номи кооператив анҷом додани амалҳоро надоранд. Мутобиқи оинномаи кооператив ваколатҳои шӯрои нозирон назорати иҷрои қарорҳои маҷлиси умумии аъзои кооперативро низ дар бар мегиранд. 
   3. Кооперативҳое, ки камтар аз сад аъзо доранд, метавонанд бе шӯрои нозирон фаъолият намоянд. 
   4.  Шӯрои нозирони кооператив ҳуқуқҳои зерин дорад: 
- дархост намудани ҳисоботи раёсати кооператив дар бораи фаъолияти кооператив, санҷидани ҳуҷҷатҳо ва пули нақди хазинаи кооператив, назорат намудан аз болои захираҳои моддиву истеҳсолӣ ва дигар ҳуқуқҳое, ки дар оинномаи кооператив муайян шудаанд, инчунин вогузор намудани ин ваколатҳо ба ӯҳдаи дигар шахсон;
- талаб намудани гузаронидани аудити берунӣ;
- боздошти ваколати раёсати кооператив аз рӯи шартҳои муайян намудаи оинномаи кооператив ва ба ӯҳдаи худ гирифтани ваколатҳои он. 
   5. Шӯрои нозирони кооператив дорои ӯҳдадориҳои зерин мебошад: 
- гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии тавозунӣ ва солонаи кооператив, ибрози андешаҳои худ дар бораи тақсимоти пешниҳодшудаи даромади соф ва зарари солонаи кооператив, омода намудани пешниҳодҳо дар бораи пӯшонидани хароҷот, инчунин иттилоотдиҳӣ оид ба натиҷаҳои санҷишҳои гузаронидашуда дар маҷлиси умумии аъзои кооператив; 
- пешниҳоди ҳисобот ба маҷлиси умумии аъзои кооператив дар бораи фаъолияти худ. Ҳисоботи мазкур дар давоми понздаҳ рӯзи баъд аз пешниҳод шуданаш дар маҷлиси муштараки шӯрои нозирон ва раёсати кооператив мавриди баррасӣ қарор мегирад. Қарорҳои ҷаласаи муштараки шӯрои нозирон ва раёсати кооператив ба маҷлиси умумии солонаи аъзои кооператив пешниҳод карда мешаванд;
- дар сурати боздоштани ваколати раёсати кооператив, дар муддати на камтар аз сӣ рӯз маҷлиси умумии аъзои кооперативро барои қабул намудани қарор дар бораи фаъолияти ояндаи раёсати кооператив даъват менамояд;
- барои зараре, ки бинобар сабаби иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои худ ва риоя накардани оинномаи кооператив ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шудааст ҷавобгар аст.

          Моддаи 28. Ҳайати раёсати кооператив
     1. Ҳар як кооператив дорои раёсат мебошад, ки онро на камтар аз ду нафар ва на зиёда аз панҷ нафар аъзо ташкил медиҳад. Ба ҳайати раёсат раис ва хазинадор, ки онҳоро аъзои раёсати кооператив аз байни аъзои синнашон ба ҳаждаҳ расида интихоб мекунанд, дохил мешаванд.
       2. Интихоб, таъин, мӯҳлати ваколатҳо, боздоштани ваколатҳо ё аз вазифа озод намудани аъзои раёсати кооператив мутобиқи Қонуни мазкур ва оинномаи кооператив амалӣ карда мешаванд.
    3. Ҳангоми пеш аз мӯҳлат қатъ шудани ваколати узви раёсати кооператив ва дар сурати аз ҳадди ақалли муқарраршуда камтар шудани шумораи аъзои раёсат, раёсати кооператив метавонад узви кооперативро барои фаъолият дар раёсат то баргузории маҷлиси умумии навбатии аъзои кооператив ваколатдор намояд.

          Моддаи 29. Ваколатҳои раёсати кооператив
     1. Раёсати кооператив ваколатҳои зерин дорад:
- қабул намудани қарор дар бораи намояндагии манфиатҳои кооператив дар судҳо ва дигар мақомоти давлатӣ; 
- қабул намудани қарор дар бораи бастани аҳдҳо бо шахсони сеюм;
- роҳандозӣ ё анҷом додани роҳбарии умумӣ ба фаъолият ва истифодаи молу мулки кооператив;
- қабули қарор дар бораи ба кор қабул кардан ва аз кор озод намудани кормандони кирояи кооператив;
- кушодани суратҳисобҳо дар бонкҳо ва дигар ташкилоти қарзӣ;
- қабул намудани қарор роҷеъ ба аризаҳо дар бораи қабул ба узвияти кооператив; 
- талаб намудани ҳисоботи кормандоне, ки кооператив онҳоро ба кор қабул намудааст; 
- иттилоъдиҳӣ ба аъзои кооператив дар бораи натиҷаҳои бадастомадаи фаъолияти кооператив, ҳавасмандгардонии аъзои кооператив, ташаккул додани таваҷҷӯҳ ва ҳисси масъулият нисбат ба кооператив;  
- манзур намудани пешниҳодҳо дар бораи тақсимоти даромади соф ва зарарҳое, ки дар тӯли соли гузаштаи молиявӣ ба вуҷуд омадаанд, андозаҳои мукофотпулӣ ва пардохтҳои кооперативӣ дар маҷлиси умумии аъзои кооператив тибқи Қонуни мазкур ва оинномаи кооператив;
- дар назди маҷлиси умумии аъзои кооператив оид ба фаъолияти раёсати кооператив барои соли гузаштаи молиявӣ ҳисобот додан, инчунин пешниҳод намудани тавсияҳо оид ба беҳтар кардани хизматрасониҳо ба аъзои кооператив;
- баррасӣ ва қабули тадбирҳои фаврӣ оид ба масъалаҳое, ки дар ҳисоботи аудиторҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд;
- истифодабарӣ аз ҳамаи ваколатҳои зарурӣ барои таъминоти ҳамаҷониба ва идоракунии муносиби фаъолияти кооператив, ба истиснои ваколатҳои маҷлиси умумии аъзои кооператив ва ҳама маҳдудиятҳое, ки маҷлиси умумии аъзои кооператив ё оинномаи кооператив муқаррар намудаанд. 
     2. Раёсати кооператив баҳисобгирии мукаммал ва зарурии фаъолияти худро вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳояш, ки ба онҳо аудитор ё мақомоти роҳбарикунандаи кооператив бо мақсади гузаронидани санҷиш дастрасӣ дорад, амалӣ менамояд.
   3. Раёсати кооператив, раис ва хазинадори кооперативро интихоб намуда, шарт ва мӯҳлати фаъолияти онҳоро муайян менамояд, инчунин метавонад шахсони дигарро барои мусоидат дар иҷрои вазифаҳои раёсати кооператив ҷалб намояд. 
     4. Интихоби раиси кооператив раёсати кооперативро аз ӯҳдадориҳои амалисозии роҳбарии фаъолияти кооператив озод намекунад.

         Моддаи 30. Ҷаласаҳои раёсати кооператив
    1.Баргузории ҷаласаҳои раёсати кооператив аз рӯи зарурат муайян гардида, ҳар семоҳа на кам  аз як маротиба гузаронида мешавад. 
     2. Ҷаласаи раёсати кооперативро ҳангоми иштироки бештар аз нисфи шумораи умумии аъзои он гузаронидан мумкин аст. 
   3. Қарорҳо бо шумораи бештари овозҳои аъзои иштироккунандаи раёсати кооператив қабул карда мешаванд. 
  4. Протоколи ҷаласаи раёсати кооперативро котиби ҷаласа тартиб медиҳад. Дар протокол шумора, насаб, ном ва номи падари иштирокчиён ва қарорҳои қабулшуда дарҷ мегарданд. 
Моддаи 31. Масъулияти аъзои раёсати кооператив
Аъзои раёсати кооператив бояд бо дарназардошти манфиатҳои кооператив оқилона ва аз рӯи виҷдон амал намоянд ва барои ҳар як зарар ё талафоте, ки дар натиҷаи иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои худ ё вайрон намудани Қонуни мазкур, оинномаи кооператив ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, пурра ҷавобгар бошанд.

         Моддаи 32. Пардохтҳо ба шахсони мансабдори кооператив
     Аъзои шӯрои нозирон, раёсат ва дигар шахсони мансабдори кооператив метавонанд соҳиби мукофотпулӣ ё ҷубронпулӣ гарданд, агар ин пардохтҳоро оинномаи кооператив пешбинӣ намояд. Тартиби пардохт, маблағи мукофотпулӣ ва ё ҷубронпулиро маҷлиси умумии аъзои кооператив муайян мекунад.

 

БОБИ 6. МОЛУ МУЛКИ КООПЕРАТИВ

 

Моддаи 33. Манбаъҳои ташаккули молу мулки кооператив
   Молу мулки кооператив аз манбаъҳои зерин ташаккул меёбад:
- аъзоҳаққиҳои саҳмии аъзои кооператив, ки андозаи ҳадди ақалли онҳо, тибқи оиннома ба соҳибмулкашон фақат баъд аз баромадан аз аъзогии кооператив бо дарназардошти маҳдудиятҳо дар мӯҳлат ва тақсимоти зарари муқаррарнамудаи оиннома баргардонида мешаванд;
- даромади софи ба фонди кооператив интиқолдодашуда; 
- хайрияҳо аз ҷониби шахсони сеюм;
- аъзоҳаққиҳое, ки оинномаи кооператив пешбинӣ менамояд, аз  ҷумла дар асоси ҳаҷму андозаи ширкати узви кооператив дар фаъолияти иқтисодии кооператив;
- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

           Моддаи 34. Амалиётҳо барои қарзгирӣ
    Кооперативе, ки оинномааш гирифтани қарзҳоро пешбинӣ менамояд, мувофиқи қарори маҷлиси умумии аъзои кооператив андозаи аксари қарзҳоеро, ки кооператив метавонад аз аъзои худ ё шахсони сеюм гирад, муайян менамояд. 
       Моддаи 35. Фонди захиравӣ
    1. Кооперативе, ки дорои даромад аз натиҷаи фаъолияти иқтисодӣ мебошад, фонди захиравӣ ташкил дода, онро нигоҳдорӣ мекунад, ки маблағҳои он мутобиқи Қонуни мазкур барои кафолати пӯшонидани зарарҳои кооператив истифода мешаванд. Маблағҳои фонди захиравии кооператив дар байни аъзои кооператив тақсим  карда намешаванд. 
  2. Дороиҳои пардохтпазири фонди захиравӣ бояд на камтар аз панҷоҳ фоизи маблағҳои онро ташкил диҳанд. 
 3. Ҳар як кооператив ба фонди захиравии худ на камтар аз бист фоизи даромадҳоро дар ҷамъбасти соли молиявӣ ҷудо менамояд. Агар андозаи фонди захиравӣ баробари панҷоҳ фоизи маблағи сармояи саҳмии кооператив бошад, кооператив ҳуқуқ дорад ҳиссаҷудокуниро ба фонди захиравӣ то панҷ фоизи даромад кам намояд.

     Моддаи 36. Тақсимоти даромади соф ва зарари кооператив
   1. Даромади софе, ки дар ҷамъбасти соли молиявӣ ба даст меояд, бо тартиби зерин тақсим карда мешавад:
- пардохтҳои саҳмӣ ба аъзои кооператив. Андозаи пардохтҳои саҳмӣ дар таносуби фоизӣ бо аъзоҳаққии саҳмӣ набояд аз андозаи дукаратаи андозаи меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон зиёд бошад; 
- пардохтҳо ба аъзои кооператив мувофиқи иштироки онҳо дар фаъолияти хоҷагидории кооператив; 
- пардохти мукофотпулиҳо ба шахсони мансабдори кооператив; 
- ворид намудани ин маблағҳо ба дигар фондҳои кооператив бо андоза ва мувофиқи шартҳои дар Қонуни мазкур ё оиннома ва дигар ҳуҷҷатҳои кооператив пешбинишуда. 
   2. Зарарҳои кооператив аз фонди захиравии кооператив ва ё аз ҳисоби кам шудани андозаи саҳмҳои зиёдкардашуда ва ё аз ҳисоби пардохти иловагии аъзоҳаққии саҳмӣ пӯшонида мешаванд. 
   3. Пардохтҳо ба аъзои кооператив мувофиқи иштироки онҳо дар фаъолияти хоҷагидории кооператив ва пардохти мукофотпулиҳо ба шахсони мансабдори кооператив ба хароҷоти кооператив дохил карда  мешаванд. 
  4. Мукофотпулӣ ва пардохтҳои кооперативӣ зимни муайян кардани даромади кооператив ба ҳисоб гирифта намешаванд.

 

БОБИ 7. ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ АУДИТОРӢ ВА ҲИСОБОТДИҲИИ КООПЕРАТИВ

 

Моддаи 37. Гузаронидани санҷиши аудитории кооператив
   1. Аудити молиявӣ дар кооператив аз ҷониби аудитори мустақил ё кооперативи дар соҳаи аудит махсусгардонидашуда на кам аз як маротиба дар се сол гузаронида мешавад. Аудити кооперативҳои соҳаи қарзӣ аз ҷониби ташкилоти аудиторие, ки дар рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, гузаронида мешавад. 
   2. Дар ҳисоботи аудитор ғайр аз маълумоти дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" пешбинишуда, инчунин масъалаи ноил шудани кооператив ба ҳадафаш ҷиҳати мусоидат ба манфиатҳои иқтисодии аъзои он инъикос меёбад. 
  3. Дар сурати аз тарафи аудитор ошкор намудани вайронкорӣ дар фаъолияти кооператив, ӯ вазифадор аст, ки дар бораи он ба раёсат, шӯрои нозирони кооператив, намояндагӣ ва филиалҳои он ва то ҳадди имкон, ба аъзои он хабар расонад.

       Моддаи 38. Пешниҳоди ҳисоботи молиявии солона
 Кооператив дар мӯҳлати на дертар аз се моҳ баъди ба анҷом расидани соли молиявӣ ҳисоботи молиявиро барои ҳамин сол таҳия намуда, ба шӯрои нозирони кооператив пешниҳод менамояд.

 

БОБИ 8. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ КООПЕРАТИВ

 

Моддаи 39. Азнавташкилдиҳии кооператив
   1. Азнавташкилдиҳии кооператив метавонад мувофиқи қарори маҷлиси умумии аъзои кооператив амалӣ шавад. Чунин қарор бо на кам аз чор се ҳиссаи овозҳои иштироккунандагони маҷлиси умумии аъзои кооператив қабул карда мешавад. 
  2. Ҳангоми азнавташкилдиҳии кооператив санади супурдан ё ҳисоботи тавозуни тақсимот, ки муқарраротро дар бораи ворисии ҳуқуқӣ оид ба ҳамаи ӯҳдадориҳои кооперативи азнавташкилшуда вобаста ба ҳамаи қарздиҳандагон ва қарздорон дар бар мегирад, тартиб дода мешавад. Санади супурдан ё ҳисоботи тавозуни тақсимот аз ҷониби маҷлиси умумии аъзои кооператив тасдиқ шуда, ба мақомоти бақайдгирии давлатӣ барои аз қайди давлатӣ гузаронидани кооперативи навташкил ва ё барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ пешниҳод карда мешавад. 
    3. Кооператив мувофиқи қарори якдилонаи аъзои он метавонад ба ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ табдил дода шавад.

   Моддаи 40. Барҳамдиҳии кооператив
    1. Кооператив бо қарори маҷлиси умумии аъзои он ё бо қарори суд барҳам дода мешавад. 
   2. Қарор дар бораи барҳамдиҳии кооператив бо аз чор се ҳиссаи овозҳои аъзои кооператив, ки дар маҷлиси умумии аъзои кооператив оид ба ҳамин масъала иштирок доранд, қабул карда мешавад.
   3. Суд метавонад дар бораи барҳамдиҳии кооператив қарор қабул намояд, агар кооператив дар давоми зиёда аз ду сол фаъолияти худро амалӣ насозад ё агар шумораи аъзои он аз шумораи ҳадди ақалли дар моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинишуда камтар бошад. 
   4. Тартиби барҳамдиҳии кооперативро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Молу мулки кооперативи барҳамдодашуда, ки пас аз иҷрои талаботи қарздиҳандагон боқӣ мемонад, дар байни аъзои он мутаносиби саҳмҳояшон тақсим карда мешавад.

 

БОБИ 9.  МУҚАРРАРОТИ  ХОТИМАВӢ

        Моддаи 41. Баррасии баҳсҳо
   Баҳсҳо оид ба таъсиси кооператив, интихоби шахсони мансабдори он, гузаронидани маҷлису машваратҳо, роҳбарӣ ва пешбурди фаъолияти кооператив аз тарафи маҷлиси умумии аъзои кооператив ва ё суд баррасӣ карда мешаванд.

        Моддаи 42. Бақайдгирии кооперативҳои истеҳсолӣ, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис гардидаанд
    1. Кооперативҳое, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ" ба қайд гирифта шудаанд, бояд дар мӯҳлати на дертар аз ду сол аз рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур, санадҳои дохилии худро ба Қонуни мазкур мутобиқ созанд.
  2. Дар мавриди иҷро нагардидани талаботи қисми 1 моддаи мазкур кооперативҳо аз рӯзи гузаштани мӯҳлати муқарраршуда барҳамдодашуда  дониста мешаванд.
  3. Кооператсияи матлубот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"  фаъолият менамояд.
4. Кооперативҳое, ки мутобиқи Қонуни мазкур ташкил шудаанд, танҳо дар асоси ихтиёрӣ метавонанд ба низоми кооператсияи матлубот аъзо шаванд.

      Моддаи 43. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани муқаррароти  Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани муқаррароти Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

      Моддаи 44. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с.2002, №11, мод.687;  с.2010, №12, қ.1, мод.819) аз эътибор соқит дониста шавад.

      Моддаи 45. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,

22 июли соли 2013,

№ 991