ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҶАВОНОН - НЕРУИ БУЗУРГИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 26/08/2025 - 09:19
“...вақте сухан аз Истиқлоли давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлоли давлати Тоҷикистон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлати миллӣ ва соҳибихтиёри худ гардид”
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

      Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ин аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати ҷавононро дастгирӣ намуда, ба саҳми назарраси ҷавонон дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар баҳои баланд медиҳад. Аз ҷумла, ҷалби насли наврас ба омӯзиши мероси таърихӣ, шинохти арзишҳои миллӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ таҳти таваҷҷуҳи хоси роҳбари кишвар қарор дорад.
     Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун маҷмӯи комили принсипҳои ҷомеаи демократӣ аз ҷониби созмонҳои обрӯманди байналмилалӣ эътироф гардид. Қонуни асосии Тоҷикистони соҳибихтиёр ба ҷавонон ҳамчун бунёдкорони фаъоли ҷомеаи навин ғамхорӣ ва боварӣ зоҳир менамояд. Дар он ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии ҷавонон бо таври возеҳ муайян карда шудаанд.
     Тибқи моддаи 41 ин санади сарнавиштсоз ҷавонон метавонанд дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гиранд.
     Дар муҳити расмӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ибораи «сиёсати давлатии ҷавонон» ба сифати яке аз бахшҳои сиёсати давлат қабул ва эътироф шудааст.
     Ҳамзамон, таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – дар оинаи таърихи миллат» ҳамасола баргузор мегардад, ки то ба имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, наздик ба 1000 нафар соҳиби ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардиданд.
     Ҳадафи озмун баланд бардоштани шавқу завқ ба китобхонӣ, таҳкими хотираи фарҳангӣ, ҷустуҷӯи чеҳраҳои нав, эҳтироми арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилиятҳои эҷодӣ, таҳкими худогоҳӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғат, таҳкими ҷаҳони маънавӣ ва эҳёи забон дар қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хонандагон ва донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар равона шудааст.
     Инчунин, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи санъат, такмили минбаъдаи маҳорати касбии онҳо, таҳкими маҳорати баланди ҳунарӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, ҷустуҷӯйи оҳангҳо ва сурудҳои беҳтарин дар бораи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, дар бораи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати навини тоҷикон ва оммавӣ гардондани расму ойинҳои арзишманди миллӣ ва мероси ғании ниёгонамон гузаронда шуд, ва ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат, махсусан Пешвои миллат ҷавононро водор месозад, ки бо пайгирӣ аз дастуру супоришҳои Президенти кишвар барои рушди ҷомеа саъю талош намоянд.
     Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
     Мусаллам аст, ки дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ натиҷаи хидматҳои бузурги Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, пайваста ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чораҳои муассир меандешанд.
     Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Ба ин мақсад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1998 китоби пурмуҳтавои худ «Ҷавонон ояндаи миллат»-ро манзури аҳли назар намуданд, ки дар он нуқтаҳои муҳимми сиёсати давлатии ҷавонон, мавқеъ, мақоми онҳо дар ҷомеа ва муҳим аз ҳама, дар дасти ҷавонон будани ояндаи давлат қайд гардида буд.
     Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар пешрафту ободии мамлакат бештар гардид. Ҳамин аст, ки имрӯз чӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ ва чӣ дар корҳои ҷамъиятӣ ҷавонон пешрав буда, дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
    Пешвои миллат дар Паёми худ дар масъалаи ғамхорию дастгрии ҷавонон чунин иброз намуданд, ки: «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад. Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст».
     Маҳз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбари олии мамлакат ба ҷавонон аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ нақши ин қишри фаъоли ҷомеа зина ба зина боло рафта, ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Инчунин бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардида буд, ки ин ҳам аз таваҷҷӯҳи беандозаи роҳбари давлат ба ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.
     Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Имрӯз фахр аз он мекунем, ки 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд.
     Қобили зикр аст, ки дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳимми пешбарандаи соҳаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад.
     Бояд ёдовар шуд ки, дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат иброз намуданд: «Ҷавонон аз нигоҳи сиёсӣ ва идеологӣ як бахши фаъол ва қобили меҳнати ҷомеа мебошанд, ки нақши мусбати онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ яке аз омилҳои муҳимми рушдӣ ҷомеа мебошад. Ҷомеаи тамаддунсози тоҷик бояд ба тарбияи ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Корҳои таблиғотиро дар минтақаҳои осебпазири кишвар ва барои гурӯҳи осебпазир роҳандозӣ бояд кард».
     Қайд кардан ба маврид аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба бо ҷавонони кишвар мулоқот баргузор намуд, ки дар ин вохӯриҳо масъалаҳои муҳимми ҳаётии наврасону ҷавонон баррасӣ гардиданд. Дар солҳои аввали таъсисёбии давлати соҳибистиқлоли мо, Пешвои миллати тоҷик нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда буданд. Мисоли чунин гуфтаҳо нахустин вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар, 17- марти соли 1994 мебошад, ки дар ин мулоқот Пешвои миллат, ҷавононро бо вазъи воқеии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар шинос намуданд ва дар ҳамон рӯзҳои аввал таваҷҷуҳи ҷавононро ба ватандӯстӣ, ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ ҷалб менамуданд.
     Табиист, ки Пешвои миллат дар дар ҳама суханрониҳои худ ба ояндасозу парчамбардори миллат будани ҷавонон таъкид намуда, таваҷҷуҳи тамоми сохторҳоро дар робита ба тарбия ва дастгирии ин қишри ҷомеа таъкид менамояд: «Мо ҷавононро ба сифати як нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навин эътироф менамоем. Онҳо бояд аз файзи Истиқлол бештар баҳра гиранд, ба қадри озодиву соҳибистиқлолӣ расанд ва онро чун неъмати бебаҳо ҳифзу ҳимоят намоянд».
     Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон буд, ки соли 1997 барои инкишоф ва пешравии маънавиёти ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон таъсис дода шуд. «Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем» (иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон).
     Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо бошад, то ин ки дар ин давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо ба гуруҳҳои тундраву ифротгаро омезиш нагардида, фазои софи Ватани азизамонро ғуборолуд созанд.
     Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд.
     Мо ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шарафи миллату Ватан мегардем, ки агар сарчашмаи тавлидкунандаи ғояву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкорию бунёдкорӣ, омили субботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошем.
     Дар маҷмуъ, ҷавононро мебояд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳонӣ муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон - Тоҷикистони озоду обод бошанд.

 

Сабурзода Наврӯз Мирзоалӣ,
корманди Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)