ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 05/02/2020 - 15:40
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
354
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
05.01.2008
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022, № 1937)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии онро муқаррар менамояд, ҳифз ва барқарор намудани захираҳои олами ҳайвонотро пешбинӣ мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- олами ҳайвонот (фауна) - маҷмӯи ҳайвоноти ваҳшии бесутунмӯҳра ва сутунмӯҳрадор, ки дар ҳудуди Тоҷикистон муваққатан ё доимӣ мавҷуд мебошанд;
- объектҳои олами ҳайвонот - ҳамаи намудҳо, таркиб ва ҷои зисти ҳайвонот, ки мувофиқи Қонуни мазкур муҳофизат ва оқилона истифода карда мешаванд;
- ҳайвоноти ваҳшӣ - намуди ҳайвоноте, ки дар шароити табиӣ зиндагӣ мекунад;
- ҳайвоноти кӯчӣ - намуди ҳайвонот ва паррандагоне, ки вобаста ба фасли сол аз як минтақаи зист ба дигар минтақа бо мақсади зимистонгузаронӣ, зиёд намудани насл ва бо дигар сабабҳо ҷой иваз мекунанд;
- ҳайвоноти нодир - намуди ҳайвоноти камшуморе, ки дар мавзеъҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар шароити озоди табиӣ зиндагӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022№ 1937);
- ҳайвоноти маҳаллӣ (эндемӣ) - намуди ҳайвоноте, ки дар як мавзеъи алоҳида зиндагӣ намуда, дар дигар мавзеъҳо дучор намешавад;
- ҳайвоноти бесутунмӯҳра - намуди ҳайвоноте, ки устухонбандии асосӣ (сутунмӯҳра) надорад;
- мониторинги олами ҳайвонот - дар мӯҳлати муайяншуда гузаронидани муоинаи тағйироти ҳолати олами ҳайвонот;
- коллексияи зоологӣ - маҷмӯи намудҳои олами ҳайвонот, ки бо низоми ягона бо роҳи интихоб ё усулҳои омӯзиши ирсиятҳои фарқкунанда, бо мақсади истифодабарӣ дар фаъолияти илмӣ, селексионӣ, таълимӣ ва иҷрои корҳои дигар ҷамъоварӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937);
- кадастри давлатии олами ҳайвонот - номгӯи намуд ва зернамудҳои ҳайвонот бо маълумоти пурраи илмии ҳолати онҳо;
- мутобиқшавии (адаптатсияи) ҳайвонот - ба муҳити зисти муайян мутобиқ шудани ҳар як намуди ҳайвонот;
- Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон - маҷмӯи маълумот оид ба намудҳои нодир, нобудшаванда ё зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот, ки бо мақсади ҷорӣ намудани низоми махсуси ҳифз ва азнавбарқароркунии минбаъдаи онҳо таҳия карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937);
- популятсия - дар мавзеъи муайян зиндагӣ кардан ва инкишоф ёфтани як гурӯҳи намуди ҳайвонот.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи олами ҳайвонот
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи олами ҳайвонот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Моддаи 3. Ҳуқуқи моликият ба объектҳои олами ҳайвонот
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937)
Олами ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат муҳофизат ва истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Моддаи 4. Категорияи олами ҳайвонот
Олами ҳайвонот аз рӯи намуд ва таъиноти мақсадноки худ ба категорияҳои зерин ҷудо мешавад:
- намудҳои ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта;
- намудҳои ҳайвоноте, ки объекти шикор мебошанд;
- намудҳои ҳайвоноте, ки объекти моҳидорӣ мебошанд;
- намудҳои ҳайвоноте, ки бо мақсади хоҷагидорӣ истифода мешаванд (ғайр аз шикор ва моҳидорӣ);
- намудҳои ҳайвоноте, ки бо мақсадҳои хоҷагидорӣ истифода намешаванд, вале арзиши экологӣ, фарҳангӣ ва илмӣ доранд;
- намудҳои ҳайвоноте, ки саршумори онҳо бо мақсади ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, пешгирии касалшавии ҳайвоноти хонагӣ ва кишоварзӣ, пешгирии зарар ба муҳити зист, нарасондани талафоти ҷиддӣ ба фаъолияти кишоварзӣ бояд танзим карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Намудҳои ҳайвонот бо мақсади ҳифзи гуногунии намудҳои олами ҳайвонот, нигоҳдорӣ, афзун гардонидани саршумор ва истифодаи мунтазам ба категорияҳо нисбат дода ва аз як категория ба категорияи дигар гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Моддаи 5. Объектҳои олами ҳайвонот
Объектҳои олами ҳайвоноти Тоҷикистон аз ҳайвоноти бесутунмӯҳра ва сутунмӯҳрадорон иборат мебошанд.
Объектҳои зайли олами ҳайвонот бояд таҳти муҳофизат ва истифодаи оқилона қарор гиранд:
- ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҳолати озоди табиӣ;
- тухм, ҷанин, узв ва дигар маҳсулоти ин ҳайвонот;
- мавзеъи зиндагӣ, лона, ҷои тухмгузорӣ, мӯрчахона, дигар ҷойҳои зисти табиии ҳайвонот, хандақҳои зимистонгузаронӣ, ҷои тулаккунӣ ва қароргоҳҳо барои истироҳат ва ғизохӯрии паррандаҳои кӯчӣ, ҷойҳои доимӣ ё мавсимии ҷамъшавӣ, ҷойҳои наслгирӣ ва дигар маҳалҳои ҷамъомади ҳайвонот (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Моддаи 6. Субъектҳои муносибат доир ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот
Субъектҳои муносибат доир ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ мебошанд.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ МУҲОФИЗАТ ВА ИСТИФОДАИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937)
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба олами ҳайвонот
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими муносибатҳо оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот иҷрои корҳои зерин мансуб аст:
- амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот;
- қабули барномаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба муҳофизат ва истифодаи оқилона, барқароркунӣ, афзун гардонидани маҳсулнокӣ ва таъмини устувории олами ҳайвонот (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937);
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937);
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, муассисаҳои илмӣ, идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба масъалаҳои муҳофизат, истифода ва барқарорсозии олами ҳайвонот;
- тасдиқи тартиби ҳисоб кардан ва татбиқ намудани меъёрҳои пардохти ҳаққи истифодаи олами ҳайвонот;
- тасдиқи нақшаи корҳои кадастрӣ ва мониторинги ҳолати олами ҳайвоноти ҷумҳурӣ;
- муқаррар намудани тартиби таъмини назорати давлатӣ доир ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот;
- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот;
- муқаррар кардани тартиби ҳавасмандгардонии моддию маънавӣ вобаста ба мусоидат намудан ба ҳифзи олами ҳайвонот;
- ташкили ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот;
- иҷрои дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937)
Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ доир ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот (минбаъд - мақомоти ваколатдор) инҳо дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937):
- тартиб додани рӯйхати ҳайвоноте, ки шикори онҳо манъ аст;
- муқаррар намудани қоидаҳои муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот, муайян кардани меъёрҳои истифодаи олами ҳайвонот;
- назорати давлатии муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот;
- таҳияи Низомномаи Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937);
- пешниҳоди таклифҳо оид ба ворид намудани номгӯи олами ҳайвонот ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937);
- корҳое, ки ҳангоми иҷрояшон қоида, меъёр, мӯҳлат ва дигар талабот оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот, муҳити зист, шароити афзоиши саршумори ҳайвонот ва роҳҳои кӯчиши онҳо риоя намешаванд, инчунин шикори ғайриқонуниро бозмедоранд ва оид ба манъи онҳо ба суд даъво пешниҳод менамоянд;
- санҷиши риояи тартиби муқарраршудаи баҳисобгирии давлатии ҳайвонот, истифодаи онҳо, ба роҳ мондани кадастри давлатии ҳайвонот;
- дар матбуоти даврӣ нашр намудани иттилоот оид ба муҳофизат, истифода ва ҳолати олами ҳайвонот;
- ба роҳ мондани мониторинги олами ҳайвонот;
- иҷрои дигар вазифаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба олами ҳайвонот
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937)
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доира ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ дар муайян намудани дурнамои олами ҳайвонот иштирок мекунанд, ба таҳия ва татбиқи тадбирҳои муҳофизат, истифодаи оқилона ва бо зиёд шудани саршумори олами ҳайвонот мусоидат менамоянд, ба риояи қоидаҳои шикор ва моҳидорӣ назорат мекунанд, дигар масъалаҳои оид ба ҳифзу танзими истифодаи олами ҳайвонотро бо мақомоти ваколатдор ҳал менамоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
БОБИ 3. ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 10. Ҳамкории шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мақомоти ваколатдор дар иҷрои чорабиниҳо оид ба олами ҳайвонот
Иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои ҷавонон, ҷамъиятҳои ҳифзи табиат, ҷамъиятҳои шикорчиён ва моҳидорон, ҷамъиятҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин шаҳрвандон мувофиқи қонунгузорӣ, инчунин оинномаҳои (низомномаҳои) ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар иҷрои чорабиниҳои муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот иштирок карда, барои гузаронидани онҳо ба мақомоти ваколатдор мусоидат менамоянд.
Моддаи 11. Назорати ҷамъиятӣ
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937)
Назорати ҷамъиятӣ бо мақсади ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор ва иштирок дар муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот аз тарафи шахсони воқеӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Моддаи 12. Иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар иҷрои тадбирҳои муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот
Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд олами ҳайвонотро эҳтиёт ва сарватҳои онро муҳофизат намоянд. Онҳо ба мақомоти ваколатдор дар амалӣ намудани тадбирҳо оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот бо роҳи иштирок кардан дар иҷрои корҳои зарурӣ, пешниҳод кардани таклифҳо дар бораи муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот, хабар расонидан аз хусуси вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот, ки ба онҳо маълум аст, мусоидат менамоянд.
Мақомоти ваколатдор вазифадоранд, ки ҳангоми иҷрои тадбирҳо оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот пешниҳодоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро ҳамаҷониба ба ҳисоб гиранд.
БОБИ 4. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 13. Истифодаи олами ҳайвонот
Олами ҳайвонот ба таври умумӣ ва махсус истифода бурда мешаванд.
Истифодаи умумии олами ҳайвонот - истифодаи олами ҳайвонот, инчунин хусусиятҳои фоидабахши он бе ҷудо кардани онҳо аз муҳити зисти табиӣ.
Истифодаи махсуси олами ҳайвонот - истифодаи объекти олами ҳайвонот ва маҳсулоти фаъолияти ҳаётии он бо ҷудо кардани онҳо аз муҳити зисти табиӣ.
Истифодаи махсуси олами ҳайвонот дар асоси рухсатнома ва (ё) иҷозатнома, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 14. Тартиби истифодаи олами ҳайвонот
Мақомоти ваколатдор дар мувофиқа бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи олами ҳайвонот иҷозат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Заминистифодабарандагони шикоргоҳҳои дахлдор ва мавзеъҳои зисти ҳайвонот, ки объектҳои шикор нестанд, барои истифодаи олами ҳайвонот ҳуқуқи афзалиятнок доранд.
Олами ҳайвонотро барои истифодаи бемӯҳлат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули ҷудо кардани қитъаи замин ва ба онҳо вобаста кардани шикоргоҳҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додан мумкин аст.
Истифодабарандагони олами ҳайвонот ҳуқуқ доранд, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифодаи ин объектҳоро дар асоси шартнома ба иҷора диҳанд.
Ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонот бо санадҳое, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда оид ба ҳукуқи истифодаи шикоргоҳҳо дода шудаанд, инчунин бо иҷозатномаҳои дахлдор барои сайд кардани (дошта гирифтан, ҷамъ овардани) ин намудҳои олами ҳайвонот, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз тарафи мақомоти ваколатдор дода мешавад, тасдиқ карда мешаванд.
Рӯйхати намудҳои (гурӯҳи намудҳои) ҳайвонот ё дигар олами ҳайвонотро, ки сайди онҳо бе иҷозат ё бидуни бастани шартнома мумкин аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 15. Намудҳои истифодаи олами ҳайвонот
Истифодаи олами ҳайвонот бо намудҳои зерин амалӣ мегардад:
- шикор;
- моҳидорӣ, аз ҷумла сайди ҳайвоноти бесутунмӯҳраи обӣ;
- сайди ҳайвоноте, ки объектҳои шикору моҳидорӣ ва бесутунмӯҳраи обӣ нестанд;
- истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади тадқиқоти илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, зебоишиносӣ, барқароркунӣ, солимгардонӣ ва ҳифзи табиат, истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба даст овардани маҳсулот ва хусусиятҳои фоиданоки ҳаётии онҳо.
Мӯҳлати истифодаи намудҳои алоҳидаи олами ҳайвонотро мақомоти ваколатдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 16. Шикори ҳайвонот ва парандаҳои ваҳшӣ
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937)
Шикори ҳайвонот ва парандаҳои ваҳшӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ, ки мақоми шикорчиро доранд, дар доираи меъёрҳои муқарраргардида бо тартиби муҳаррарнамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Ҳангоми шикор истифодаи олоту воситаҳои хатари умумидошта манъ аст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Моддаи 17. Ҳуқуқи шикор кардан
Шахсҳои воқеӣ ҳуқуқи шикор кардан доранд, ба шарте, ки:
- синну солашон ба ҳаждаҳ расида бошад ва дар шикор силоҳи оташфишонро кор фармоянд;
- синну солашон ба чордаҳ расида бошад ва дар шикор намудҳои бо қоидаҳои шикор иҷозатшудаи олоти сайд, саг ва мурғони шикориро истифода намоянд;
- шаҳодатномаи шикорчӣ дошта, аз қоидаҳои шикор имтиҳон супорида, маблағи роҳхати шикорро пардохта бошанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937);
- барои истифодаи олами ҳайвонот иҷозатнома гирифта бошанд.
Хориҷиён дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаи ташкили шикор бо ташкилоти хоҷагии шикор ва ҳуҷҷате, ки ба шикор ҳуқуқдор будани онҳоро тасдиқ менамояд ва он дар мамлакати истиқоматдоштаашон дода шудааст ба гирифтани иҷозатномаи истифодаи олами ҳайвонот ҳуқуқдор мегарданд.
Моддаи 18. Ба роҳ мондани хоҷагии шикор
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқи идора кардани хоҷагии шикор ва шикоргоҳҳо дода шуда метавонад. Онҳо вазифадоранд оид ба муҳофизат ва афзун гардонидани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин шикоргоҳҳо тадбирҳо андешанд.
Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ метавонанд бо мувофиқаи ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои ҷангал ва дигар заминистифодабарандагон дар шикоргоҳҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иморатҳои зарурӣ созанд, растании хӯроки чорво парвариш кунанд, дигар корҳои мавриди зарурати хоҷагии шикорро анҷом диҳанд.
Моддаи 19. хориҷ карда шуд 
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937)
Моддаи 20. Сайди ҳайвоноте, ки объектҳои шикор ва моҳидорӣ нестанд
Ҳайвонотеро, ки объектҳои шикор ва моҳидорӣ нестанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдор сайд кардан мумкин аст.
Моддаи 21. Манъи худсарона доштан ва нобуд кардани морҳо ва дигар хазандагон
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон худсарона доштан ва нобуд кардани ҳамаи намуди мор ва дигар хазандагон, ба истиснои маҳалҳои аҳолинишин ва минтақаҳои муҳофизатии осоишгоҳҳои табобатӣ, фароғатгоҳҳо, манъ аст.
Мор ва дигар хазандагонро танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдор бо мақсади тадқиқоти илмӣ доштан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Моддаи 22. Истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва зебоишиносӣ
Барои истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва зебоишиносӣ бо роҳҳои гуногуни мушоҳида, нишонгузорӣ, суратгирӣ ва ғайра бидуни аз муҳити табиӣ ҷудо карданн ҳайвонот иҷозат дода мешавад, агар он ба ҳайвонот ё муҳити зисти онҳо зарар нарасонад ва ҳуқуқи дигар истифодабарандагони олами ҳайвонотро халалдор накунад, ба истиснои мавридҳое, ки чунин истифодабарӣ манъ карда шудааст.
Истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва зебоишиносӣ бо ҷудо кардани онҳо аз муҳити табиии зист бо тартиби пешниҳод намудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
Моддаи 23. Истифодаи хусусиятҳои фоидабахши фаъолияти ҳаётии ҳайвонот
Ба истифодаи хусусиятҳои фоидабахши фаъолияти ҳаётии ҳайвонот-мазраъофаринҳо, поккорони табиии муҳит, гардолудкунандагони растаниҳо ва ғайра бидуни ҷудо кардани онҳо аз табиат, ба истиснои мавридҳои муайянкардаи Қонуни мазкур, иҷозат дода мешавад.
Моддаи 24. Истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба дастовардани маҳсулоти фаъолияти ҳаётии онҳо
Истифодаи ҳайвонот ба мақсади ба даст овардани маҳсулоти фаъолияти ҳаётии онҳо (асал, муми занбӯри ваҳшӣ ва ғайра) фақат бо шарти аз табиат ҷудо накардан ва нобуд насохтани ҳайвонот ва бидуни вайрон кардани муҳити табиии зисти онҳо мумкин аст.
Қоидаҳои истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба даст овардани маҳсулоти фаъолияти ҳаётии онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдор муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 25. Пардохтҳо барои истифодаи олами ҳайвонот
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937)
Истифодаи махсуси олами ҳайвонот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшаванда мебошад.
Тартибу меъёри пардохтҳо барои истифодаи олами ҳайвонотро Ҳукумати Ҷумҳурми Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Иҷорапулии олами ҳайвонот мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи шартномаи иҷора ба заминистифодабарандагони аввалия супорида мешавад.
Пули пардохти истифодаи объектҳои олами ҳайвонот, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ба фондҳои махсус дохил мегардад, дар навбати аввал барои муҳофизат ва барқарор намудани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ ва муҳити зисти онҳо, барои тартиб додани кадастри давлатии олами ҳайвонот, тадқиқотҳо ва мониторинги олами ҳайвонот, Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани кори мамнӯъгоҳҳо ва корҳои тадқиқоти илмӣ харҷ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Мамнӯъгоҳҳо, осорхонаи мамнӯъгоҳҳо, чорбоғҳои миллию зоологӣ, боғҳои зоологию ботаникӣ ва хоҷагиҳои ҷангалу шикор, инчунин корхонаю ташкилотҳо, коллективҳо ва шаҳрвандоне, ки барои истифода шикоргоҳҳои осебдида ё каммаҳсулро гирифтаанд, аз пардохтҳо барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
БОБИ 5. ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ. АСОСҲОИ ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ОНҲО
Моддаи 26. Ҳуқуқи истифодабарандагони олами ҳайвонот
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фақат ба он намудҳои истифодаи олами ҳайвонот ҳуқуқ доранд, ки ба онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор иҷозат дода шудааст.
Дар мавридҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарандагони олами ҳайвонотро ба манфиати давлат ва ба манфиати дигар истифодабарандагон маҳдуд кардан мумкин аст.
Моддаи 27. Вазифаҳои истифодабарандагони олами ҳайвонот
Истифодабарандагони олами ҳайвонот вобаста ба намуди истифода вазифадоранд, ки:
- қоида, меъёр ва мӯҳлати муқарраршудаи истифодаи олами ҳайвонотро риоя кунанд;
- олами ҳайвонотро тавре истифода баранд, ки тамомияти гурӯҳҳои табиӣ халалдор нашавад ва ҳайвоноти ба истифода доданашуда осеб набинанд;
- муҳити зисти ҳайвонотро халалдор накунанд;
- саршумор ва ҳолати популятсияи ҳайвоноти мавриди истифода, инчунин вазъи муҳити зисти онҳоро ба ҳисоб гиранд;
- оид ба афзун гардонидани саршумори ҳайвонот тадбирҳои зарурии комплексӣ андешанд;
- бо мақомоти ваколатдор ҷиҳати муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот ҳамкорӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Истифодабарандагони олами ҳайвонот вазифадоранд дигар талаботро низ оид ба муҳофизату истифодаи объекти олами ҳайвонот ва афзунгардонии саршумори он, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро кунанд.
Моддаи 28. Қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонот
Ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонот дар мавридҳои зайл бояд мутобиқан пурра ё қисман қатъ карда шавад:
- ихтиёран даст кашидан аз истифодаи олами ҳайвонот;
- намондани зарурати истифодаи олами ҳайвонот;
- ба охир расидани мӯҳлати муқарраргардидаи истифодаи олами ҳайвонот;
- барҳам хӯрдан ё қатъ гардидани фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонот дода шудааст;
- қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатие, ки мутобиқи онҳо олами ҳайвонот барои истифода дода шуда буд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад;
- зарурати андешидани тадбирҳои махсуси муҳофизати олами ҳайвонот ё бинобар ба миён омадани хатаре, ки ба саломатии аҳолӣ таҳдид менамояд;
- ба таври доимӣ риоя накардани қоидаю меъёр ва дигар талаботи истифодаю муҳофизат ва афзун гардонидани олами ҳайвонот;
- мунтазам риоя накардани мӯҳлати муқарраршудаи пардохти ҳаққи истифодаи олами ҳайвонот;
- зарурати бо тартиби муқарраршуда аз истифода гирифтани заминҳо ва олами ҳайвонот ба мақсади муҳофизати ҳайвонот, наботот ва дигар захираҳои табиӣ ё тамоми комплекси табиӣ;
- бо тартиби муқарраршуда аз истифода гирифтани заминҳое, ки дар онҳо олами ҳайвонот мавриди истифода қарор мегиранд;
- мунтазам риоя накардани шартҳои шартномаи иҷораи объектҳои олами ҳайвонот.
Мутобиқи Қонуни мазкур дигар асосҳое пешбинӣ шуда метавонанд, ки ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонотро қатъ гардонанд.
Ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонот бо роҳи бекор кардани рухсатномаҳои мақомоти ваколатдор қатъ мегардад.
БОБИ 6. ТАНЗИМИ САРШУМОРИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 29. Тадбирҳои танзими саршумори намудҳои алоҳидаи ҳайвонот
Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии касалиҳои ҳайвонот ва пешгирии зиёне, ки ба хоҷагии халқ мерасад, барои танзими саршумори намудҳои алоҳидаи ҳайвоноти ваҳшӣ тадбирҳо андешида мешаванд.
Моддаи 30. Муайян кардани намудҳо, баҳисобгирӣ ва танзими саршумори объектҳои олами ҳайвонот
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937)
Чорабиниҳо оид ба муайян кардани намудҳо, баҳисобгирӣ ва танзими саршумори объектҳои олами ҳайвонот аз тарафи мақомоти ваколатдор бо ҷалби ташкилотҳои илмии дахлдор, ташкилотҳои дигари манфиатдор ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
БОБИ 7. ТАДБИРҲОИ МУҲОФИЗАТИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 31. Муҳофизати олами ҳайвонот
Олами ҳайвонот бо роҳҳои зайл муҳофизат карда мешавад:
- муқаррар кардани қоидаю меъёрҳои муҳофизат, истифодаи оқилонаи объектҳои олами ҳайвонот ва афзун гардонидани саршумори он;
- муқаррар кардани манъу маҳдудиятҳо дар истифодаи олами ҳайвонот, ки дар моддаи 32 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд;
- муҳофизат аз истифодаи худсарона ва кирдорҳои дигари риоя нашудани тартиби муқарраргардидаи истифодаи олами ҳайвонот;
- муҳофизати муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчиши ҳайвонот;
- пешгирӣ намудани талафи ҳайвонот ҳангоми иҷрои корҳои истеҳсолӣ;
- барпо кардани мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва ҷудо кардани қитьаҳои дигари таҳти муҳофизати махсус қарордошта;
- парвариши намудҳои ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта дар шароити ғайриозод;
- ҷорӣ намудани маҳдудият барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот бо мақсади ташкил намудани коллексияҳои зоологӣ (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937);
- ёрӣ расонидан ба ҳайвонот дар мавриди касалшавӣ, хатари нобудшавии онҳо ҳангоми офати табиӣ ва ба сабабҳои дигар;
- ташкили тадқиқоти илмӣ, ки мақсад аз он асоснок кардани тадбирҳои муҳофизати олами ҳайвонот аст;
- тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи дӯст доштани ҳайвонот;
- таблиғи муҳофизати олами ҳайвонот аз тариқи воситаҳои ахбори омма;
- андешидани дигар тадбирҳо ва муқаррар кардани талабҳои дигар оид ба муҳофизати олами ҳайвонот.
Моддаи 32. Муқаррар кардани манъу маҳдудиятҳо дар истифодаи олами ҳайвонот
Бо мақсади ҳифз ва афзун намудани саршумори баъзе намудҳои ҳайвонот истифодаи онҳо дар ҳудуди муайян ва ба мӯҳлати муайян бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур метавонад маҳдуд ё пурра манъ карда шавад.
Барои ҳифз намудан ва афзун гардонидани саршумори объектҳои олами ҳайвонот чораҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- маҳдуд намудани мӯҳлати истифодаи олами ҳайвонот;
- манъ кардани тарзу усул ва намудҳои олоти сайд;
- тағйир додани меъёрҳои сайд;
- маҳдуд гардонидани миқдори истифодабарандагони олами ҳайвонот.
Барои муқаррар намудани манъу маҳдудиятҳо асос шуда метавонанд:
- риоя накардани синни ҷуфтшавии популятсияи ҳайвонот;
- кам гаштани саршумори ҳайвонот;
- бад шудани муҳити зист;
- зарурати муҳайё сохтани минтақаҳои ором дар ҷойҳои ҷамъомади анбӯҳи ҳайвонот ҳангоми кӯчиш ва наслдиҳӣ.
Барои нигоҳдории олами ҳайвонот иҷрои корҳои зерин манъ аст:
- нобуд кардани наботот ва дигар корҳое, ки вазъи муҳити зисти ҳайвонотро бад месозанд;
- то бист метр наздик аз макони зисти ҳайвоноте, ки сарҷамъона зиндагӣ мекунанд, шудгор кардани замин, инчунин бе иҷозати пешакии мақомоти ваколатдор ба ҷойи дигар кӯчонидани онҳо (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937);
- вайрон ва хароб кардани лонаи ҳайвонот, ҷамъоварӣ намудани тухми онҳо;
- бо амаду заврақҳои мотордор сайругашт кардан дар мавзеъҳои лонасозӣ ва тухмгузории мурғҳои обӣ ва моҳиён;
- дар мавзеъи зисти оммавии ҳайвоноти сумдор ва мурғони ҷамоавӣ бе розигии мақомоти ваколатдор як километр пасттар парвоз кардани тайёраҳо, чархболҳо ва ғайра;
- нобуд сохтани муҳити зист, хароб кардани киштзори хӯроки ҳайвонот, ниҳолу буттаҳои ҳифозатӣ, охурҳои ему намак, ишоранишонҳо, иншоотҳои зарурати шикору моҳидорӣ;
- сайди ҳайвоноти нодир ва таҳти хатари маҳвшавӣ қарордошта;
- илова бар меъёри муқарраршуда ва дар мӯҳлати пешбининакардаи иҷозатномаи истифодаи олами ҳайвонот шикор кардани олами ҳайвонот;
- шикори объектҳои олами ҳайвонот бо истифодаи тарзу усул ва олоти барои сайди ҳайвонот ва моҳигирӣ пешбининашуда;
- сайди объектҳои олами ҳайвонот бо корбурди асбобҳои тарканда, маводи заҳрдор (ба истиснои маводи заҳрдори маҳв намудани хояндаҳои саҳроӣ ва ҳамчунин дар мавридҳои девонагӣ ва касалиҳои дигари ҳайвонот бо розигии мақомоти ваколатдор);
- бе иҷозати мақомоти ваколатдор парвариш намудан, насл гирифтан, дурага кардани ҳайвоноти бегона ва ҳамчунин сайд намудани ҳайвоноти ба табиати Тоҷикистон мутобиқшуда.
Моддаи 33. Талабот оид ба муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот
Ба мақсади истифодаи оқилона ва муҳофизати олами ҳайвонот талабҳои зайл риоя карда мешаванд:
- нигоҳдории шаклҳои гуногуни биологии ҳайвонот дар ҳолати озоди табиӣ;
- нигоҳдории тамомияти популятсияи намудҳои ҳайвоноти нодир, зери хатари нобудшавӣ қарордошта, намудҳои ба маҳал хос, кӯчӣ ва ҳайвоноти дигари арзишманд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937);
- муҳофизати муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчиши ҳайвонот ва гурӯҳҳои табиии онҳо;
- истифодаи илман асосноку сарфакорона, комплексӣ, оқилонаи объектҳои олами ҳайвонот ва мунтазам зиёд намудани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ;
- нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи хусусиятҳои фоиданоки фаъолияти ҳаётии намудҳои алоҳидаи ҳайвонот;
- истифодаи самаранок ва оқилонаи объектҳои олами ҳайвонот ва танзими афзоиши ҳайвонот ва саршумори онҳо дар ҳолати озоди табиӣ бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани зараре, ки ба табиати зинда ва хоҷагии халқ мерасад;
- эҳтиёт кардани хусусиятҳои олами ҳайвонот дар бобати муҳофизати об, хок, ба вуҷуд овардани муҳит, шароити истироҳат, барқароркунӣ ва дигар хусусиятҳои фоиданоки он баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ, беҳсозии муҳити зист ва инкишофи хоҷагии халқ;
- муҳофизати объектҳои олами наботот аз сӯхтор, сел, бодлесӣ (эрозия) ва дигар офатҳои табиӣ, инчунин аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо;
- истифодаи пулакии объектҳои олами ҳайвонот.
Моддаи 34. Риояи талабот зимни фаъолияте, ки ба вазъи олами ҳайвонот таъсир мерасонад
Ҳама гуна фаъолияте, ки ба вазъи олами ҳайвонот, муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчиши ҳайвонот таъсир мерасонад, бояд бо риояи талаботи муҳофизати олами ҳайвонот иҷро гардад.
Моддаи 35. Муҳофизати муҳити зист, шароити афзоиш ва кӯчиши ҳайвонот
Ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони маҳалҳои аҳолинишин, корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳо, такмил додани равандҳои мавҷудаи технологӣ ва ҷорӣ кардани равандҳои нави технологӣ, ба истифодаи хоҷагӣ додани заминҳои навкорам, ҳудуди ботлоқзор, назди соҳилҳо, дарёбод ва буттазор, обёрии замин, истифодаи ҷангалзор, иҷрои корҳои ҷустуҷӯи геологӣ, истихроҷи маъдан, муайян кардани чарогоҳ ва гузаргоҳҳои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, тартиб додани хати сайр ва ташкили ҷои истироҳати оммавии аҳолӣ бояд оид ба муҳофизати муҳити зист ва шароити афзоиши ҳайвонот тадбирҳо андешида шаванд, инчунин дахлнопазирии қитъаҳое, ки ҳамчун муҳити зисти ҳайвонот аҳамияти хоса доранд, таъмин карда шавад.
Ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳҳои оҳан, автомобилгард, қубургузар ва дигар роҳҳои нақлиётӣ, хатҳои интиқоли барқу алоқа, инчунин иншоотҳои гидротехникӣ бояд тадбирҳое андешида шаванд, ки ҳифзи роҳҳои кӯчиши ҳайвонотро таъмин намоянд.
Моддаи 36. Мувофиқа намудани сохтмони объектҳое, ки ба вазъи олами ҳайвонот таъсир мерасонанд
Ҷои сохтмони корхонаҳо ва иншоотҳои дар моддаи 35 Қонуни мазкур зикршуда ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати олами ҳайвонот, муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчиши ҳайвонот таъсир мерасонанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдор мувофиқа карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Моддаи 37. Пешгирӣ намудани талафи ҳайвонот зимни иҷрои корҳои истеҳсолӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки ҳангоми киштукор, чӯбтайёркунӣ ва дигар корҳо, инчунин ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёт барои пешгирӣ намудани талафоти ҳайвонот тадбирҳо андешанд.
Сӯзондани растаниҳои хушк, нигоҳдории мавод, ашёи хом ва партовҳои истеҳсолот бидуни андешидани тадбирҳои муқарраршуда оид ба пешгирии ҳалокати ҳайвонот манъ аст.
Моддаи 38. Муҳофизати ҳайвонот дар мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва дигар минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда
Дар минтақаи мамнӯъгоҳҳо моҳидорӣ ва шикор кардан, дошта гирифтани намудҳои гуногуни ҳайвоноти бесутунмӯҳра, инчунин истифодаи дигар намудҳои олами ҳайвонот ва дигар фаъолияти хилофи қоидаҳои мамнӯъгоҳҳо манъ аст.
Дар парваришгоҳҳо ва дигар минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда намудҳои алоҳидаи истифодаи олами ҳайвонот ва дигар фаъолияти хилофи қоидаҳои истифодаи олами ҳайвонотро пурра манъ ё маҳдуд кардан мумкин аст.
Тартиби муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонотро дар мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва дигар минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
БОБИ 8. МУҲОФИЗАТИ НАМУДҲОИ ҲАЙВОНОТИ НОДИР ВА ЗЕРИ ХАТАРИ НОБУДШАВӢ ҚАРОРДОШТА
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937)
Моддаи 39. Дохил намудани намудҳои ҳайвонот ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937)
Намудҳои ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд. Низомномаи Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Амалҳое, ки боиси ҳалокат, камшавии саршумор ё халалдор гаштани муҳити зисти намудҳои ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта мегарданд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Моддаи 40. Тадбирҳо оид ба муҳофизати ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937)
Бо мақсади муҳофизати ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта ва дар шароити табиӣ афзоиши саршумори онҳо имконнопазир аст, мақомоти ваколатдор вазифадоранд, ки барои афзоиши намудҳои мазкур шароити мусоид фароҳам оранд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаро танҳо дар ҳолатҳои фавқулодда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвариш кардан дар шароити махсуси муҳаё кардашуда ва минбаъд раҳо кардани онҳо ба муҳити зисташон, ба мақсадҳои илмӣ ва дигар мақсадҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта гирифтан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Моддаи 41. Тартиби истифодаи намудҳои ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937)
Истифодаи намудҳои ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта бо мақсадҳои илмию тадқиқотӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, зебоишиносӣ, фароғатӣ, солимгардонӣ ва ҳифзи табиат, ба даст овардани маҳсулот ва хусусиятҳои фоиданоки ҳаётии онҳо дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби мақомоти ваколатдор додашуда амалӣ мегардад.
Бо мақсади ҳифз ва ба низом даровардани саршумор шикори ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта манъ аст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
БОБИ 9. МУҲОФИЗАТИ ҲАЙВОНОТ ҲАНГОМИ ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ МУҲОФИЗАТИ РАСТАНӢ, АНГЕЗАҲОИ ИНКИШОФИ ОНҲО, НУРИҲОИ МАЪДАНӢ ВА ДИГАР МАВОДИ ДОРУВОРӢ
Моддаи 42. Талабот оид ба муҳофизати олами ҳайвонот ва муҳити зисти ҳайвонот ҳангоми истифода ва ҳамлу нақли воситаҳои муҳофизати растанӣ
Ҳангоми истифодаи воситаҳои муҳофизати растанӣ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва дигар маводи дорувор, ки дар хоҷагии халқ истифода мешаванд, бояд талаботи муҳофизати олами ҳайвонот ва муҳити зисти онҳо ба эътибор гирифта шаванд. Истифодаи воситаҳои кимиёвии муҳофизати растаниҳо ва дигар маводи доруворӣ бо мақсади кам кардани таъсири зараровари онҳо ба олами ҳайвонот бояд бо иҷрои тадбирҳои агротехникӣ, селексионию генетикӣ, биологӣ ва ғайраҳо мувофиқ кунонида шавад.
Ба мақсади пешгирии ҳалокати ҳайвонот ва бадшавии муҳити зисти онҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликияташон вазифадоранд, ки қоидаҳои ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва истифодаи доруҳои зикршударо риоя намоянд.
Ҳангоми ихтирои доруҳои нав бояд меъёри таркиби мӯътадили онҳо, ки ба муҳити табиӣ, муҳофизати ҳайвонот ва муҳити зисти онҳо зараровар набошад, муқаррар карда шавад.
Моддаи 43. Муҳофизати ҳайвонот ҳангоми истифодаи воситаҳои ҳифзи растанӣ ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва доруворӣ
Истифода, нигоҳдошт ва интиқоли воситаҳои ҳифзи растанӣ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои минералӣ ва доруворие, ки дар хоҷагии халқ истифода мешаванд, бояд бехатарии олами ҳайвонот ва муҳити зисти онро таъмин намоянд.
Барои муҳофизати олами ҳайвонот меъёрҳои истифодаи ҳаддалимкони воситаҳои ҳифзи растанӣ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва дигар доруворӣ бо мувофиқаи мақоми ваколатдор муқаррар карда мешаванд.
БОБИ 10. КОЛЛЕКСИЯИ ЗООЛОГӢ
Моддаи 44. Ташкил намудан ва такмил додани коллексияи зоологӣ
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ташкил ва такмили коллексияҳои зоологӣ (коллексияҳои зинда, боғи ҳайвонот ва боғҳои дигар, инчунин дар шакли коллексияи хӯсаҳо, доруҳо ва узвҳои ҳайвонот) бо роҳи аз муҳити табиӣ ба ин мақсадҳо дошта гирифтани ҳайвонот мақомоти ваколатдор иҷозат медиҳад. Такмил додани коллексияҳои зоологӣ, ки моликияти шахсии шаҳрвандон мебошанд ва аз тарафи шаҳрвандон ташкил намудани коллексияҳои нав манъ аст, ба истиснои коллексияҳои иборат аз ғаниматҳои шикори ҳайвонот, моҳигирӣ ва дигар намудҳои истифодаи олами ҳайвонот, ки бо риояи талаботи муқарраршуда анҷом дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Моддаи 45. Баҳисобгирии давлатии коллексияҳои зоологӣ ва вазифаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки соҳиби чунин коллексия мебошанд
Коллексияҳои зоологии дорои аҳамияти илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ, таълимию тарбиявӣ ё зебоишиносӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки соҳиби чунин коллексия мебошанд, вазифадоранд қоидаҳои нигоҳ доштану ба ҳисоб гирифтан ва истифода кардани коллексияҳои объектҳои олами ҳайвонотро риоя намоянд.
Моддаи 46. Қоидаи истифода ва ба ҳисоб гирифтани коллексияҳои зоологӣ
Тартиби ташкил кардан, такмил додан, нигоҳ доштан, истифода бурдан ва ба ҳисоб гирифтани коллексияҳои зоологӣ, қоидаҳои савдои онҳо, ҳамчунин тартиби фиристодан ва ба хориҷа бурдани объектҳои коллексияҳо ва маҳсулоти олами ҳайвонот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
БОБИ 11. КӮЧОНИДАН, МУТОБИҚ, ҶУФТӢ КАРДАНИ ҲАЙВОНОТ ВА МАҲДУД НАМУДАНИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБЪЕКТҲОИ ТАБИӢ
Моддаи 47. Кӯчонидан, мутобиқ ва ҷуфтӣ кардани ҳайвонот
Ба мақсади тадқиқоти илмӣ, зарурати хоҷагӣ ба ҷойҳои нави зиндагӣ кӯчонидан, мутобиқкунии олами ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тадбирҳои ҷуфтикунии ҳайвонот дар асоси хулосаи муассисаҳои дахлдори тадқиқоти илмӣ танҳо бо қарори мақомоти ваколатдор мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Худсарона кӯчонидан, мутобиқ ва ҷуфтӣ кардани ҳайвонот манъ аст.
Моддаи 48. Маҳдуд кардани ҳуқуқи истифодабарандагони объектҳои табиӣ ба манфиати муҳофизати олами ҳайвонот ва ба зиммаи онҳо гузоштани ӯҳдадориҳо
Ба мақсади ҳифзи олами ҳайвонот ҳуқуқи истифодабарандагони замин, ҷангал, об ва сарватҳои зеризаминӣ маҳдуд карда шуда, ба зиммаашон ӯҳдадориҳои дахлдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
БОБИ 12. БАҲИСОБГИРИИ ДАВЛАТӢ ВА КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 49. Баҳисобгирии давлатӣ ва кадастри давлатии олами ҳайвонот
Барои таъмини муҳофизат ва ташкили истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот баҳисобгирии давлатии ҳайвонот ва истифодаи онҳо ба роҳ монда, кадастри давлатии олами ҳайвонот ташкил карда мешавад, ки он маҷмӯи маълумот дар бораи паҳншавии ҷуғрофии намудҳои (гурӯҳи намудҳои) ҳайвонот, саршумори онҳо, маълумотномаи истифодаи эҳтиёткоронаи ҳозиразамони ҳайвонот ва дигар маълумоти заруриро дар бар мегирад.
Моддаи 50. Тартиби баҳисобгирии давлатии ҳайвонот ва истифодаи онҳо дар ташкили кадастри давлатии олами ҳайвонот
Баҳисобгирии давлатии ҳайвонот, истифодаи онҳо ва ташкили кадастри давлатии олами ҳайвонот дар қитъаҳои озод аз ҳисоби давлат, дар қитъаҳои вобасташуда аз ҳисоби истифодабарандагони он ба роҳ монда мешавад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд дар бораи паҳншавӣ, саршумор ва истифодаи ҳайвоноти ваҳшӣ ба мақомоте, ки кадастри давлатиро ба роҳ мемонанд, маълумот диҳанд.
Қоидаҳои баҳисобгирии давлатии ҳайвонот ва истифодаи онҳо, ба роҳ мондани кадастри давлатии олами ҳайвонот, муайян кардани рӯйхати намудҳои (гурӯҳи намудҳои) ҳайвонот, ки бояд ба ҳисоби давлатӣ гирифта, ба кадастри давлатӣ дохил карда шаванд, инчунин пешниҳод кардани маълумот барои ба ҳисобгирӣ ва ташкили кадастр мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
БОБИ 13. ҲАЛЛИ БАҲСҲО ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИСТИФОДАИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 51. Тартиби ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои истифодаи олами ҳайвонот
Баҳсҳо байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои истифодаи олами ҳайвонот бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ҳал карда мешаванд.
БОБИ 14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937)
Моддаи 52. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937)
Моддаи 53. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1937).
Моддаи 54. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15-16, мод. 241; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 3, мод. 48) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 55. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Э. Раҳмонов
ш.Душанбе 
 5 январи соли 2008 № 354
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи олами ҳайвонот"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи олами ҳайвонот" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                           С. Хайруллоев
ш. Душанбе 
 28 ноябри соли 2007 № 800
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи олами ҳайвонот"
Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ро "Дар бораи олами ҳайвонот" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи олами ҳайвонот" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                      М. Убайдуллоев
ш. Душанбе 
 19 декабри соли 2007 № 433