19 майи соли 2021 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2020-2025, бо иштироки роҳбарият ва кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ, намояндагони вазорату идораҳо, аз қабилӣ – Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи “Тоҷикматлубот” дар мавзӯи «Тазими ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ: дастовард, мушкилот ва дурнамо” мизи мудаввар баргузор гардид.
Зикр гардид, ки ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон имрӯз яке аз масъалаҳои мубрами раванди танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии худро дорад ва тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кафолат дода шуда, муносибатҳо дар ин самт мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор дода шудаанд.
Дар мизи мудаввар вобаста ба самтҳои гуногуни ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, аз ҷумла, дар мавзӯҳои “Танзими ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ”, “Ислоҳотҳо дар самти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, “Баъзе аз мушкилотҳои танзими ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи нақлиёт”, “Рушди низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ” ва амсоли инҳо маърӯзаҳо карда шуда, ҷиҳати таҳким ва рушди муносибатҳо дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон пешниҳодҳои судманд манзур карда шуд.
Дар умум зикр гардид, асосҳои ташкиливу ҳуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои бунёдӣ дошта, кишвари мо маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳамчунин, барои боз ҳам таҳким бахшидани раванди рушди рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон такмили низоми қонунгузории самти мазкур бо дарназардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳамчун воситаи асосӣ маҳсуб меёбад, ки баргузории мизи мудаввари мазкур низ бо ин мақсад роҳандозӣ гардид.