ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2172 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ВАКИЛОНИ ҶАМОАТ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ

-A A +A
Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Сшб, 29/07/2025 - 14:12
     Вакилони Ҷамоат дар рушду нумӯи шаҳраку деҳот, ҳифзи ҳуқуқҳои сокинони онҳо, ҳимояи манфиати давлат ва ҳалли масоили дигар бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот пайванди ногусастанӣ доранд. Вобаста ба ин, навиштани сухане чанд дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба мақсад мувофиқ мебошад.
     Фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот яке аз рукни муҳими идоракунии давлатӣ дар сатҳи поёнӣ буда, вазифа ва масъулиятҳои муҳимро ба зимма доранд. Бо чунин муҳимияту аҳаммияти худ ин ниҳод дар Конститутсия ҷойгоҳи худро пайдо кардааст ва аз ин рӯ, онро ниҳоди конститутсионӣ гуфтан низ мумкин аст.
     Бо чунин асосҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳраку деҳот» соли 2009 дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шуд, ки дар он сохтор ва тартиби таъсис ва фаъолияти Ҷамоат, интихоби вакилони он ва дигар масоили мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот танзим танзим карда шудааст.
Мувофиқи қонуни номбурда мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот – сохторе мебошад, ки аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ тавассути интихобот таъсис дода мешавад ва барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ташкилӣ дар сатҳи худидораи маҳаллӣ масъул мебошад.
   Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ тавозуни муайяни ҳокимияти марказӣ ба шумор рафта, масъалаҳои аҳаммияти маҳаллидоштаро дар ҳудуди шаҳраку деҳот баррасӣ менамояд.
    Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ё Ҷамоат дар амалӣ гардидани ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати иштирок дар идораи корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ мусоидат менамояд, онҳоро барои њалли вазифаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагии ҳудуди худ, масъалаҳои умумие, ки бевосита ба манфиати аҳолӣ дахл доранд, муттаҳид месозанд, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар иҷрои меъёрњои Конститутсия, санадҳои Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва раисони онҳо мусоидат мекунад.
     Ҷамоати шаҳраку деҳот низоми мустақили мақомоти худидоракуниро ташкил медиҳад, вобаста ба мавқеъ ва мақоми худ ба низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ шомил намегардад, чун қоида аз рӯи принсипи ҳудудӣ ташкил меёбад ва фаъолият пеш мебарад.1
    Тибқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракуни шаҳрак ва деҳот” мақомоти худидоракуни шаҳрак ва деҳот бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҳамкорӣ менамояд, барои амалӣ намудани вазифаҳои онҳо мусоидат намуда, онҳоро ба қайд мегирад ва метавонад ваколатҳои алоҳида худро дар асоси шартнома ва бо маблағгузории ин ваколатҳо ба онҳо вогузор намояд.
     Инчунин, њамкории мақомоти худидоракуни шаҳрак ва деҳот бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дорои аҳаммияти хос мебошад ва мувофиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракуни шаҳрак ва деҳот” дар асоси шартнома ва маблаѓгузорӣ ваколатњои алоњидаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд. Чунин тарзи фаъолият дар Қонуни конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатї» низ пешбинӣ карда шудааст.2
     Фаъолияти Ҷамоат ҳарчанд дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот амал мекунад, вале барои таъмини рушди умумии ҷомеа ва раванди демократӣ дар сатҳи миллӣ кӯмак мерасонад.3
     Дар пешрафти фаъолияи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вакилони Ҷамоат наќши асосӣ доранд.
Вакилони Ҷамоат шахсоне мебошанд, ки аз ҷониби аҳолии шаҳрак ё деҳот тавассути интихоботи мустақим ба намояндагии маҳаллӣ ва марказї интихоб мешаванд. Онҳо намояндагони аҳолӣ дар мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мебошанд ва ҳадафи асосии онҳо - ифода ва ҳифзу ҳимояи манфиатҳои сокинони Љамоат ва давлат аст.
     Вакили Ҷамоат намояндаи халқ буда, ҳуқуқ дорад фикри худро озодона баён кунад, мувофиқи иродаи худ овоз диҳад, манфиати интихобкунандагонро ҳимоя намояд.4
     Вакилони Ҷамоат воситаи асосии иртиботи байни мақомоти маҳаллӣ ва аҳолӣ мебошанд. Онҳо барои баланд бардоштани боварии мардум ба ҳокимият ва ҳалли масъалаҳои муҳими шаҳраку деҳот донишу малакаи худро равона мекунанд ва дар пешрафти кори Ҷамоат нақши созанда мебозанд.
     Вакилони ҷамоатҳо дорои вазифаҳои муайян мебошанд. Аз ҷумла, вазифаҳои асосии вакилони ҷамоат қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, тасдиқи буҷети ҷамоат ва назорат аз болои хароҷоти он, муайян кардани барномаҳои рушди шаҳраку деҳот ва дигар масъалаҳои дорои ањамияти худидораи маҳаллӣ мебошад.
      Вакили Ҷамоат вазифадоранд дар маҷлиси Ҷамоат иштирок намуда, барои иҷрои қарорҳои Ҷамоат мусоидат кунад, мунтазам ба интихобкунандагон аз фаъолияти худ ҳисобот диҳад.
     Вакилони ҷамоат дар маҷлисҳои Ҷамоат иштирок намуда, дар қабули қарорҳо оид ба тасдиқи буҷети маҳаллӣ, истифодаи самараноки захираҳо, барномаҳои рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сохтмон ва таъмири роҳу мактабҳо, дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкорӣ иштирок мекунанд ва вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда, ќарорҳои қабулшаванда пешниҳод ва андешаҳои худро баён менамоянд. Инчунин, нақши вакилон дар иҷрои ќарорҳои қабулшаванда назаррас аст. Онҳо ин салоҳияти худро бо роҳи назорат аз болои фаъолияти кормандони ҷамоат ва дигар шахсони масъул, сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, ба монанди об, роҳ, маориф, тандурусти ва дигар соҳаҳои ҳудуди ҷамоат амалӣ менамоянд.
     Яке аз вазифаҳои асосии вакилони Ҷамоат, ин муҳофизати манфиатҳои мардум аст. Вобаста ба ин, вакилон шаҳрвандонро қабул ва муроҷиату пешниҳодҳои онҳоро баррасии менамоянд, инчунин ҷиҳати ҳалли мушкилоти онҳо ба ба мақомоти дахлдор муроҷиат менамоянд.
     Вакилони Ҷамоат дар фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳамчун пояи сохтори демократӣ фаъолият мекунанд. Онҳо бевосита аз мардум интихоб шуда, манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунанд.
Вакилон дар ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, обрасонӣ, идора ва истифодаи амволи коммуналӣ, ҳаллӣ баҳсҳо вобаста ба истифодаи замин, об, манзил, роҳҳо ва дигар соҳаҳо бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ мекунанд  ва ба мардум дар ҳалли масъалаҳои номбурда кӯмак мерасонанд.
Дар баробари ин, вакилон дар таҳия ва тасдиқи буҷети маҳаллӣ, иҷрои он, ҷамъоварии андозҳо, истифодаи маблағҳо, таъмини тартибот ва амният дар маҳал, мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, назорат аз болои риояи қонунҳо дар сатҳи маҳаллӣ ва дигар масъалаҳои дорои аҳаммияти давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд.
     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракуни шаҳрак ва деҳот” ҳолатҳои пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакилонро муқаррар кардааст ва ин ҳолат хоси ҳама шахсони мансабдори давлатӣ, аз ҷумла вакилони зинаҳои гуногун мебошад.
     Мувофиқи талаботи қисми 4 моддаи 15 ваколати вакили Ҷамоат дар асоси аризаи ӯ, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар хусуси ғайри қобили амал донистани ӯ, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, пеш аз мӯҳлат пароканда шудани Ҷамоат, бе сабаби узрнок се маротиба пай дар пай иштирок накардан дар маҷлиси Ҷамоат, ҳангоми вафот ва берун аз ҳудуди шаҳрак ва деҳот ихтиёр намудани ҷои зисти доимӣ қатъ мегардад.
     Ёдовар бояд шуд, ки масъалаи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Ҷамоат дар маҷлиси Ҷамоат баррасӣ гардида, дар асоси қарори Ҷамоат ва бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Ҷамоат қабул карда мешавад.
    Дарҷ кардан бамаврид аст, ки боби 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракуни шаҳрак ва деҳот” ба интихоби вакилони Ҷамоат ва бақайдгирии онњо, инчунин, моддаи 15 он ба ваколати вакилон ва ҳуқуқу вазифаҳои онњо бахшида шудааст. Њамин тавр, нақши вакилон дар таъмин ва пешбурди фаъолияти мақомоти худидораи маҳаллӣ, фароҳам овардани муҳити мусоид барои зиндагӣ ва кор ба сокинони он, ташвиқ ва дастгирии ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорӣ намоён мебошад.
     Аз навиштаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки вакилони ҷамоат дар фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, бахусус ҳифзи њуќуќи сокинони ҷамоат, ҳимояи манфиати давлат, рушди нумуи шаҳраку деҳот, иҷрои барномаҳои давлатӣ нақши муҳим доранд. Онҳо намояндаи халқ буда, дар инкишофи ҷомеаи демократӣ мақом ва нақши бориз доранд, бевосита ва тавассути мақомоти худидоракуни шаҳрак ва деҳот вазифаҳои худро амалӣ менамоянд.
     Вакилони Ҷамоат пайванди байни мардуми худидораи маҳаллӣ ва ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Онҳо дар риояи принсипҳои демократӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани раванди идоракунии давлативу ҷамъиятї ва рушди соҳаҳои ҳаёти кишвар нақши калидӣ доранд.
 
 
Рӯйхати адабиёти истифодашуда:
1. Раҳимов И. Мақомоти худидоракунӣ ва рушди ҷомеаи деҳотӣ. -Душанбе: Дониш, 2019.
2. Олимзода Д.А. Асосҳои ҳуқуқии баамалбарории худидораи маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маҷалаи Академии ҳуқуқ. 2019. - №2 (32) – Душанбе: 2019. – С.136-142.
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», аз 5 августи соли 2009, таҳти №549 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №7-8, мод.503;
4. Олимзода Д.А. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон. 24.02.2023.https://www.facebook.com/groups/1469126009893987/posts/2630397710433472.
 
 
Гулафруз Бобиева,
корманди Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад