ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1873 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 08.06.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
КОДЕКС 1852 КОДЕКСИ МАНЗИЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 18.03.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1866 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲАҲОИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.03.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ КОРФАРМОЁН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 11:19
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
32
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
17.05.2004

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ КОРФАРМОЁН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №5, мод.343; с. 2011, №3, ст. 164; ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Маҷлиси намояндагон 31-уми марти соли 2004 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 29-уми апрели соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии иттиҳодияҳои корфармоёнро танзим менамояд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

БОБИ 1.

Муқаррароти умумӢ

Моддаи 1. Предмети танзими Қонуни мазкур

Мавзӯи  танзими Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки ҳангоми татбиқи ҳуқуқи корфармоён барои таъсиси иттиҳодияҳо ба мақсади муаррифӣ ва ҳимояи манфиату ҳуқуқҳои худ дар рафти танзими шартномавии муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ пайдо мешаванд.  (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Моддаи 2. Мафҳуми асосӣ. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешавад.

-   корфармо - шахсӣ ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагиҳои он новобаста ба шакли ташкилию ҳукуқӣ ва шахсӣ воқеӣ, ки ҳуқуқибо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатиро дорад;

-   иттиҳодияҳои корфармоён  - ташкилоти ғайри тиҷоратие, ки корфармоён ихтиёрона барои  намояндаги ва ҳифзи манфиатҳои аъзои худ дар доираи шарикии иҷтимоӣ таъсис медиҳанд;

- созишнома – санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои иҷтимоӣ – меҳнатиро байни кормандон ва корфармоён ба танзим медарорад ва дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва соҳавӣ баста шудааст. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Ҳуқуқи корфармоён ба иттиҳод

Корфармоён ҳуқуқ доранд бидуни ризоияти пешакии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси ихтиёрӣ иттиҳодияҳои корфармоёнро бо мақсади муаррифии манфиатҳо ва ҳимояи ҳуқуқҳои худ дар муносибати байниҳамдигарӣ бо иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти дигари намояндагии кормандон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ таъсис диҳанд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Давлат бо мақсади рушди шарикии иҷтимоӣ, таъмини иштироки корфармоён бо тартиби муқарраршуда дар ташаккулу татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва таъмини ҳуқуқи корфармоён ба иттиҳод дар бахши муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва муносибатҳои иқтисодии ба онҳо марбут мусоидат менамояд.

Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён

Фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён дар асоси принсипи аъзогиву хориҷшавии ихтиёрии корфармоён ва (ё) иттиҳодияҳои онҳо сурат мегирад.

Иттиҳодияҳои корфармоён мақсад, намуд ва самтҳои фаъолияташонро мустақилона муайян менамоянд.

Иттиҳодияҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бахши муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва муносибатҳои иқтисодии ба онҳо марбут дар асоси принсипҳои шарикии иҷтимоӣ ҳамкорӣ мекунанд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Моддаи 6. Мустақилияти иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён фаъолияти худро новобаста ба мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба амал мебароранд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Дахолати мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён, ки ҳуқуқҳои иттиҳодияҳои корфармоёнро маҳдуд месозад ё барои амали қонунии фаъолияти оинномавии онҳо мамониат мекунад, манъ аст. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Тартиби ҳамкории иттиҳодияҳои корфармо    он аз ҷониби худи онҳо мувофиқи оиннома ва қарорҳои мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён муайян карда мешавад.

Моддаи 7. Вазифаҳои асосии иттиҳодияҳои корфармоён

Вазифаҳои асосии иттиҳодияҳои корфармоён инҳоянд:

- иштирок дар гузаронидани музокирот, таҳия кардан ва бастани созишномаҳои дуҷониба, сеҷониба доир ба масъалаҳои муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ;

- иштирок дар мақомоти доимоамалкунандаи низоми шарикии иҷтимоӣ тавассути намояндагони ваколатдори худ, аз ҷумла дар кори комиссияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии дуҷонибаву сеҷониба бо мақсади танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ;

- таъмини ташкили иҷрои ӯҳдадориҳое, ки корфармоён-аъзои иттиҳодияҳо аз рӯи созишномаҳо қабул кардаанд;

- иштирок дар ҳалли баҳсҳои коллективии меҳнатӣ;

- иштирок дар таҳия ва экспертизаи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин нақшаву барномаҳо доир ба масъалаҳое, ки аҳамияти калони иҷтимоию иқтисодӣ доранд;

- таъмини иттилоотӣ ва методии аъзои иттиҳодияҳо;

- таъмини фаъолияти ҳамоҳангшудаи аъзои иттиҳодияҳо бо мақсади ҳалли самараноки масъалаҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ.

Моддаи 8. Намудҳои иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён метавонанд аз рӯи нишонаҳои ҳудудӣ, соҳавӣ, байнисоҳавӣ, ҳудудиву соҳавӣ таъсис дода шаванд.

Иттиҳодияи ҷумҳуриявии корфармоён - иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи иттиҳодияҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ (байнисоҳавӣ) ва ҳудудии корфармоён таъсис дода шудааст ва дар беш аз нисфи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Иттиҳодияи соҳавии (байнисоҳавии) ҷумҳуриявии корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоёни соҳа (соҳаҳо) ё намуди (намудҳои) фаъолият таъсис дода шудааст, дар маҷмӯъ дар беш аз нисфи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад ва (ё) бо онҳо на кам аз нисфи кормандони соҳа (соҳаҳо) ё намуди (намудҳои) фаъолият муносибати меҳнатӣ доранд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Иттиҳодияи вилоятии (аз он ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоён ва (ё) иттиҳодияи соҳавии вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявии корфармоён таъсис дода шудааст ва дар ҳудуди як вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Иттиҳодияи соҳавии вилоятии (аз он ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоёни соҳа (намуди фаъолият) таъсис дода шудааст ва дар ҳудуди як вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Иттиҳодияи шаҳрии (ноҳиявии) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоён ва (ё) иттиҳодияҳои соҳавии шаҳрӣ (ноҳиявӣ) таъсис шудааст ва дар ҳудуди як шаҳр ё ноҳия фаъолият дорад.

Иттиҳодияи соҳавии шаҳрии (ноҳиявии) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоёни соҳа (намуди фаъолият) таъсиси дода шудааст ва дар ҳудуди як шаҳр ё ноҳия фаъолият дорад.

БОБИ 2.

Ташкилдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияҳои корфармоён

Моддаи 9. Ташкили иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён дар асоси қарори муассисон ташкил карда мешаванд.

Муассисони иттиҳодияи корфармоён на кам аз се корфармо ё се иттиҳодияи корфармоён шуда метавонанд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Қобилияти ҳуқуқии иттиҳодияи корфармоён ба сифати шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи қайди давлатии он бо тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» пешбинӣ намудааст, пайдо мешавад.(ҚҶТ аз 25.03.11с №696)

Моддаи 91 . Номи иттиҳодияҳои корфармоён

Номи иттиҳодияи корфармоён бояд ба намуди иттиҳодияи корфармоён, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур омадааст, мутобиқат намояд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Моддаи 10. Ҳуҷҷати таъсисотии иттиҳодияҳои корфармоён

Ҳуҷҷати таъсисотии иттиҳодияҳои корфармоён оиннома аст.

Оинномаи иттиҳодияи корфармоён бояд масъалаҳои зеринро муайян намояд:

-номи иттиҳодияи корфармоён;

-мақсаду вазифаҳои иттиҳодияи корфармоён;

-маҳалли ҷойгиршавии иттиҳодияи корфармоён;

-тарзи идоракунии иттиҳодияи корфармоён;

-ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои иттиҳодияи корфармоён;

-шарту тартиби узвият ба иттиҳодияи корфармоён ва хориҷ шудан аз он;

-манбаъҳои ташаккули молу мулки иттиҳодияи корфармоён;

-тартиби ворид сохтани таҷйирот ба оинномаи иттиҳодияи корфармоён;

-сохтор, тартиби таъсис ва ваколатҳои мақомоти идоракунии иттиҳодияи корфармоён, инчунин тартиби аз ҷониби онҳо қабул намудани қарорҳо;

-тартиби ба намоянда ва (ё) намояндаҳои иттиҳодияи корфармоён додани ваколат барои бурдани музокироти коллективӣ доир ба таҳия, бастан ва таҷйир додани созишномаҳо, инчунин барои ширкат дар раванди созиш ҳангоми сар задани баҳсҳои меҳнатии коллективӣ;

-муқаррароти дигаре, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилоф надоранд.

Дар оинномаи иттиҳодияи корфармоён ҷавобгарии узви иттиҳодияи корфармоён барои риоя накардани муқаррароти оиннома, қарорҳои мақоми олии идоракунии он метавонад пешбинӣ шавад.

Таҷйирот ба оинномаи иттиҳодияи корфармоён дар асоси қарори мақомоти олии идоракунии он ворид карда мешавад.

Моддаи 11. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи корфармоён

Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи корфармоён дар асоси қарори дахлдори мақоми олии идоракунии иттиҳодияи корфармоён, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

БОБИ 3.

Вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои корфармоён ва аъзои онҳо

Моддаи 12. Ҳуқуқҳои аъзои иттиҳодияҳои корфармоён

Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқи баробар доранд.

Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқ доранд:

- дар таъсиси мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён бо тартибе, ки оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён муайян намудааст, иштирок кунанд;

- барои баррасии мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён оид ба масъалаҳои фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён таклиф пешниҳод кунанд, дар муҳокима, аз ҷумла дар қабули қарори дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён ширкат варзанд;

- дар муайян намудани мазмуну мундариҷаи созишномаҳои аз ҷониби иттиҳодияҳои корфармоён басташаванда, ки муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо марбути иқтисодиро ба танзим медароранд, ширкат намоянд;

- оид ба фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён, созишномаҳои аз ҷониби онҳо басташуда, инчунин дар бораи матни ин созишномаҳо маълумот гиранд;

- дар масъалаҳои татбиқи қонунгузорие, ки муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои дигари ба он бевосита алоқамандро ба танзим медарорад, таҳияи санади меъёрии дохилӣ (локалӣ), ки муқарарроти ҳуқуқи меҳнатиро дар бар мегирад, бастани шартномаву созишномаҳои коллективӣ, инчунин ҳалли баҳсҳои меҳнатии инфиродиву коллективӣ аз иттиҳодияҳои корфармоён кӯмак гиранд;

- узвияти иттиҳодиҳои корфармоёнро озодона тарк кунанд;

- ба ҳуқуқҳои дигаре, ки оинномаи иттиҳодияи корфармоён пешбинӣ намудааст.

Моддаи 13. Ӯҳдадориҳои аъзои иттиҳодияҳои корфармоён

Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ӯҳдадоранд:

- талаботи оинномаи иттиҳодияҳои корфармоёнро иҷро намоянд;

- шартҳои созишномаҳоеро, ки иттиҳодияҳои корфармоён бастаанд, риоя кунанд ва ӯҳдадориҳои пешбининамудаи ин созишномаҳоро иҷро намоянд.

Моддаи 14. Ҳуқуқҳои иттиҳодияҳои корфармоён 

Иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқ доранд:

- дар таҳияи таклифҳо ба лоиҳаи барномаҳо, инчунин дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳое, ки аҳамияти калони иҷтимоию иқтисодӣ доранд, ширкат варзанд;

- намояндагони худро барои иштирок дар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи дастури мақомоти дахлдор равон кунанд; (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз мақомоти дахлдор дар доираи ваколатҳояшон оиди масъалаҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ маълумот гиранд;

- манфиати аъзояшро дар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ташкилотҳои ҷамъиятӣ муаррифӣ ва муҳофизат намоянд; (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

- намояндагони ваколатдори худро дар сатҳи дахлдор ба комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии дуҷонибаву сеҷониба равон кунанд;

- аз номи аъзои худ ҳангоми музокироти коллективӣ ва бастани созишномаҳо бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот маҳаллӣ, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо доир ба масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ баромад намоянд; (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

- дар ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ширкат варзанд;

- барои аз ҷониби корфармоён -аъзои иттиҳодияҳои корфармоён иҷро гардидани ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи созишномаҳо мусоидат намоянд;

- ба корфармоён доир ба масъалаҳои бурдани музокирот, бастани шартномаву созишномаҳои коллективӣ, ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ кӯмаки машваратию методӣ расонанд;

- барои таъмини фаъолияти оинномавии худ аз воситаҳои ахбори омма истифода кунанд ва муассиси онҳо бошанд, фаъолияти табъу нашрро ба роҳ монанд;

- ба ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) иттиҳодияи корфармоён бо нигоҳ доштани мустақилият ва ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқӣ муттаҳид шаванд;

- қитъаҳои заминро истифода баранд.

Иттиҳодияҳои корфармоён инчунин метавонанд ҳуқуқҳои дигари бо оинномаи иттиҳодияи корфармоён пешбининамударо дошта бошанд.

Моддаи 15. Ӯҳдадориҳои иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён ӯҳдадоранд:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;

- бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ музокироти коллективӣ баранд, ҷиҳати шартҳои мувофиқашуда бо иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо созишнома банданд;

- ба аъзои худ дар хусуси созишномаҳои бастаи иттиҳодияҳои корфармоён ва дар бораи ин созишномаҳо маълумот диҳанд;

- ба иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот маълумотро дар хусуси масъалаҳои иҷтимоию меҳнатӣ, ки иттиҳодияҳои корфармоён дар ихтиёр доранд ва барои бурдани музокироти коллективӣ бо мақсади таҳия ва бастани созишномаҳо, инчунин назорати иҷрои онҳо заруранд, пешниҳод намоянд; (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

- назорати иҷрои созишномаҳои аз ҷониби иттиҳодияи корфармоён басташударо ба амал бароранд;

- баҳри иҷрои ӯҳдадориҳое, ки аъзои иттиҳодияи корфармоён дар созишномаҳо пешбинӣ намудаанд, инчунин шартномаҳои коллективии аз ҷониби корфармоён-аъзои иттиҳодияи корфармоён басташуда мусоидат намоянд;

- дар назди аъзои худ аз хусуси фаъолияти иттиҳодияи корфармоён бо тартиб ва дар мӯҳлатҳое, ки оинномаи иттиҳодияи корфармоён пешбинӣ намудааст, ҳисобот диҳанд;

- дар масъалаҳои татбиқи қонунгузорӣ, ки муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои дигари ба он алоқамандро ба танзим медарорад, таҳияи санади меъёрии амалаш маҳдуд, ки муқаррароти ҳуқуқи меҳнатиро дар бар мегирад, бастани шартномаву созишномаҳои коллективӣ, инчунин дар ҳалли баҳсҳои меҳнатии инфиродиву коллективӣ ба аъзои худ кӯмак расонанд;

- ӯҳдадориҳои дигари бо оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён пешбинишударо иҷро намоянд.

Моддаи 16. Моликияти иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён метавонанд ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқро ба бино, сохтмон, иншоот, фонди манзил, таҷҳизот, асбобу олот, маблаҷ бо арзи милливу хориҷӣ, коҷазҳои қиматнок ва ба молу мулки дигар дошта бошанд.

Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ҳангоми хориҷ шудан аз иттиҳодияҳои  корфармоён ҳуқуқҳояшонро ба молу мулке, ки ба моликияти иттиҳодияи корфармоён додаанд, аз ҷумла ба ҳаққи узвияту ҳаққи дигар аз даст медиҳанд, агар дар оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён муқаррароти дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Иттиҳодияҳои корфармоён масъулияти бо молу мулки худ адо кардани ӯҳдадориҳои аъзояшонро надоранд.

БОБИ 4.

Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 17. Масъулияти иттиҳодияи корфармоён

Иттиҳодияи корфармоён барои риоя ё иҷро накардани созишномаҳои басташуда дар қисмати ӯҳдадориҳои ҳамин иттиҳодия, ки дар созишномаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудаанд, масъул мебошад.

Иттиҳодияи корфармоён аз рӯи ӯҳдадориҳои аъзояш, аз ҷумла аз рӯи ӯҳдадориҳои онҳо, ки дар созишномаҳои аз ҷониби ҳамин иттиҳодияи корфармоён басташуда пешбинӣ гардидаанд, масъул шуда наметавонад.

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Э. Раҳмонов

 

         ш. Душанбе  17 майи соли 2004

          № 32

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҲОФИЗАТ ВА ИСТИФОДАИ ОЛАМИ НАБОТОТ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 11:16
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
31
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
17.05.2004

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ МУҲОФИЗАТ ВА ИСТИФОДАИ ОЛАМИ НАБОТОТ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №5, мод.342; соли 2007, №7, мод.691; соли 2008, №1 қисми 2, мод.18)

 

Маҷлиси намояндагон 31-уми марти соли 2004 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 29-уми апрели соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

 

Қонуни мазкур принсипҳои сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами наботот таҳким бахшида, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин соҳаро муаӣян намуда, ба ҳифз ва барқарор кардани захираҳои олами наботот нигаронида шудааст.

 

БОБИ  1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

растаниҳо (чун объектҳои олами наботот)–организмҳое, ки ба воситаи ҷанин, ҳосилаҳо, тухмиҳо ва қисмҳои вегетативӣ (аз ҷумла занбурӯғҳо, обсабзҳо, ушнаҳо, гулсангҳо, фарншаклҳо) афзуда, қобиланд  ба тавассути нуру гармии офтоб, аз паӣвастагиҳои ғаӣриорганикӣ моддаҳои органикиро синтез намоянд;

объектҳои олами наботот ё захираҳои табиии наботот - ҳамаи намудҳои растаниҳои худрӯӣ: қисмҳои рӯизаминӣ ва зеризаминии онҳо, аз ҷумла решаву тухмӣ, гул, алафзор, гиёҳҳои доруворӣ ва техникӣ, меваю ҳосили буттаҳои худрӯӣ, растаниҳои нодир ва таҳти хатари нестшавӣ қарордошта, дарахтон, гурӯҳи дарахтон, буттаҳо, ниҳолҳои дарахтон ва буттаҳои наӣшакар, қамишзор, инчунин обсабзҳо, набототи ушнамонанд, занбурӯғҳо, гулсангҳо ва ғаӣра мебошанд.

Объектҳои олами наботот тақсим мешаванд:

-аз рӯи таъинот: ба растаниҳои озуқавӣ, хӯроки чорво, доруворӣ ва техникӣ;

-аз рӯи паҳншавӣ: зиёдпаҳншуда, маҳдудан паҳншуда, нодир, таҳти хатари нестшавӣ қарордошта;

олами наботот (растаниҳо)-гурӯҳи навъҳои табиии аз ҷиҳати таркиб, сохт, мавқеъ ва аҳамияташон гуногуни наботот ё гурӯҳи растаниҳо аст, ки ба таркиби гуногуни фитосеногенез (ҷараёни ташаккулу инкишофи растанӣ) ва замони паӣдоиш муттаҳид гардида, замин ё ҳудудҳои алоҳидаи онро пӯшонда, ба миқдор ва вобасташавии гурӯҳҳои гуногуни растаниҳо, масоҳат, сохт ва ҷараёни инкишофи онҳо, инчунин маҷмӯи шаклҳои фаъолияти организми растаниҳо муаӣян карда мешаванд;

гурӯҳи растаниҳо-маҷмӯи навъҳои  растаниҳое мебошанд, ки дар ҳудуди якхела рӯида, намуди таркибӣ ва сохти онҳо ба муносибатҳои мураккаби баӣни ҳамдигар, бо ҳаӣвонот ва муҳити зист сахт вобастагӣ дорад;

гурӯҳ- маҷмӯи организмҳои дорои аломатҳои кории гуногун дар доираи ҳудуди якхела мебошад;

лимит - миқдори муқарраргардидаи ниҳоии хориҷ намудани объектҳои олами наботот, ки бо назардошти ваӣрон нашудани гуногунии биологӣ муаӣян карда шудааст;

коллексияҳои ботаникӣ- коллексияҳои зиндаи боғҳои ботаникӣ, паркҳои дендрологӣ, чаҳорбоғҳо, гармхонаҳо, ниҳолхонаҳо ва дигар манбаъҳои генетикии тухмиҳо, инчунин гербариӣҳо ва дигар қисму маҳсулоти ҷамъовардаи растаниҳо.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии баӣналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.

 

Моддаи 3. Принсипҳои  муҳофизат, истифода ва барқарор кардани объектҳои олами наботот

ҳангоми ба нақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо оид ба муҳофизат,  истифодаи оқилонаи объектҳои олами наботот, чорабиниҳое, ки ба муҳити сабзиши онҳо ё ҳолати ин объектҳо таъсир мерасонанд, принсипҳои зерин бояд риоя карда шаванд:

- ҷуброни зараре, ки ба объектҳои олами наботот расидааст  ва истифодаи ин маблағ барои барқарор намудани зарари расонидашуда;

- дар шароити табиӣ нигоҳ доштани гуногунии биологии растаниҳои худрӯӣ ва гурӯҳи растаниҳои табиие, ки онҳо ба вуҷуд овардаанд;

- муҳофизати муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯӣ ва гурӯҳи растаниҳои табиие, ки онҳо ташкил медиҳанд;

- барқарор кардан ва нигоҳ доштани пуррагии навъҳои растаниҳои нодири таҳти хатари нестшавӣ қарордошта, инчунин намудҳои растаниҳои худрӯи эндемӣ (гурӯҳи набототи аз ҷиҳати паҳншавӣ маҳдуд), қадимӣ ва дигар растаниҳо, ки ба муҳофизат эҳтиёҷ доранд;

- истифодаи илман асоснок ва барқароркунии захираҳои табиии растаниҳо;

- эҳтиёт кардани хусусиятҳои олами наботот дар бобати муҳофизати об, хок, ба вуҷуд овардани муҳит, шароити истироҳат, барқароркунӣ ва дигар хусусиятҳои фоиданоки он баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ, беҳсозии муҳити зист ва инкишофи хоҷагии халқ;

- муҳофизати объектҳои олами наботот аз сӯхтор, сел, равандҳои бодлесӣ (эрозия) ва дигар офатҳои табиӣ, инчунин аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо;

-танзими паҳншавӣ ва миқдори намудҳои растаниҳои худруӣ барои пешгирии зараре, ки  ба табиати зинда, хоҷагии халқ ва аҳолӣ мерасад;

-     истифодаи пулакии объектҳои олами наботот.

 

Моддаи 4. Истифодаи олами наботот

Олами набототи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси ҳаёту фаъолияти мардуми Тоҷикистон истифода бурда шуда, таҳти муҳофизати махсуси давлат қарор мегирад.

 

Моддаи 5. ҳуқуқу вазифаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  дар соҳаи муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд:

- ба мавзеи гурӯҳи растаниҳои моликияти давлатӣ, ба истиснои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда озодона равуо кунанд;

- объектҳои олами набототро истифода баранд;

- маҳсулоти олами набототро, ки дар ихтиёрашон аст ва таӣёр (ҷамъоварӣ) карда шудааст, инчунин даромади аз фурӯши онҳо ба даст омадаро аз рӯи салоҳияти худ истифода ва харҷ кунанд;

- ҷуброни зараре (аз ҷумла фоидаи аз даст рафтае)- ро, ки дар натиҷаи поӣмол кардани ҳуқуқи истифодабарандагон расонда шудааст, талаб намоянд;

- дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба мелиоратсияи заминҳое, ки бо объектҳои олами наботот хамҳудуд ҳастанд, иштирок кунанд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд:

- талаботро оид ба муҳофизат ва истифодаи объектҳои олами наботот, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, риоя намоянд;

- ба бадшавии муҳити нашъунамои объектҳои олами наботот, ба нобудшавӣ ва осеб расонидан ба растаниҳои худрӯӣ, ифлос кардани маҳалли нашъунамои онҳо, ваӣрон кардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор роҳ надиҳанд, ҳангоми ҷамъоварӣ ва таӣёр кардани ашёи хоми растаниҳои худрӯӣ технологияи муҳофизати табиатро риоя кунанд;

- пуррагии гурӯҳи растаниҳои табииро ваӣрон накунанд, барои нигоҳ доштани гуногунии намудҳои онҳо, афзоиши маҳсулнокии марғзорҳо (дарахтзорҳо), тухмию меваҳо ва дигар маҳсулот мусоидат намоянд;

- ба мақомоти ваколатдоре, ки кадастр ва мониторинги объектҳои олами набототро ба роҳ монда, ба муҳофизат ва истифодаи объектҳои олами наботот назорат мебаранд, ёрии ҳамаҷониба расонанд;

- дар бобати мубориза бо намудҳои карантиншавандаи наботот, растаниҳои бегона, ҳашароти зараррасон ва касалиҳои растаниҳои худрӯӣ, оид ба пешгирии бодлесии (эрозияи) хок, ботлоқшавӣ, обзеркунӣ, шӯршавӣ, ифлосшавӣ, пастравии ҳосилнокии замин ва дигар омилҳо кор баранд;

- ҳаққи истифодаи захираҳои табиии растаниҳоро саривақт пардохт намоянд;

- ба бадшавии ҳолати дигари захираҳои табиӣ роҳ надиҳанд;

-ҳуқуқи иҷоракорон, дигар истифодабарандагон, инчунин истифодабарандагони ҳамсояи объектҳои олами набототро поӣмол накунанд;

- дигар талаботи муҳофизат ва истифодаи оқилонаи объектҳои олами набототро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, иҷро намоянд.

 

Моддаи 6. Пардохти истифодаи объектҳои олами наботот

Истифодаи объектҳои олами наботот (ба ғаӣр аз намудҳои истифода, ки дар сархатҳои якум, дуюм, чорум ва шашуми моддаи 13 ҳамин Қонун нишон дода шудааст) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда  мешаванд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

Андозаи пардохти музд вобаста ба намуд, мақсад ва ҳаҷми истифодаи объектҳои олами наботот бо назардошти маҳалли ҷоӣгиршавӣ, маҳсулнокии биологии ҳудуд ва дигар омилҳои экологӣ муқаррар карда мешавад.

Тартиби ҳисобкунӣ ва ҳаҷми меъёрҳои пардохти муздро барои истифодаи объектҳои олами наботот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Пардохти музди истифодаи объектҳои олами наботот истифодабарандагони табиатро аз иҷрои чорабиниҳо оид ба муҳофизати объектҳои олами наботот, муҳити нашъунамои онҳо ва ҷуброни зарари расонидашуда озод намекунад.

Маблаѓи пардохти истифодаи объектњои олами наботот, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ба фондњои љумњурї ва мањаллї дохил мегардад, дар навбати аввал барои муњофизат ва барқарор намудани объектњои олами набототе, ки ба Китоби Сурх дохил карда шудаанд, ба роњ мондани кадастри давлатї ва мониторинги олами наботот  харљ  карда  мешавад. (ҚЉТ аз 5.01.08 №353)

 

БОБИ 2.

ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МУҲОФИЗАТ, ИСТИФОДА ВА

БАРҚАРОРКУНИИ ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ НАБОТОТ

 

Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот инҳо мансубанд:

- таҳия ва якҷоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷро намудани барномаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба муҳофизат ва истифодаи оқилона, барқароркунӣ, афзун гардондани маҳсулнокӣ, устувории объектҳои олами наботот дар маҷмӯъ бо дигар чорабиниҳои ҳифзи табиат;

- тасдиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи муҳофизат,  истифодаи оқилона ва барқароркунии объектҳои олами наботот, маблағгузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар соҳаи мазкур;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, доир ба масъалаҳои муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот;

- тасдиқи тартиби ҳисоб кардан ва татбиқ намудани меъёрҳои пардохти музди истифодаи объектҳои олами наботот;

- тасдиқи тартиби бурдани кадастр ва мониторинги ҳолати олами набототи ҷумҳурӣ;

- муқаррар намудани системаи чорабиниҳо оид ба истифода ва нигоҳубини оқилонаи марғзорҳо барои минтақаҳои табиии ҷуғрофӣ;

- муқаррар намудани тартиби гузаронидани назорати давлатӣ доир ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот;

- муаӣян намудани мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами наботот;

- иҷрои дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 8. Салоҳияти мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ  оид ба  муҳофизат, истифода ва  барқароркунии объектҳои олами наботот

Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот (минбаъд мақомоти ваколатдор) инҳо дохил мешаванд:

- амалӣ гардондани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот;

- муқаррар намудани қоидаҳои муҳофизат,  истифодаи оқилона ва барқароркунии объектҳои  олами наботот, муаӣян кардани андозаю меъёрҳои истифодаи захираҳои наботот;

- назорати давлатии муҳофизат, истифода ва барқароркунии  объектҳои олами наботот;

- таҳияи Низомномаи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои манфиатдор;

- таҳия ва тасдиқи стандартҳо, қоида ва меъёрҳо дар соҳаи муҳофизат, истифода ва аз нав барқароркунии минтақаҳои олами наботот;

- ворид намудани пешниҳодҳо доир ба объектҳои олами наботот ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иҷрои дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

БОБИ 3.

МУҲОФИЗАТ ВА  ИСТИФОДАИ  ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ НАБОТОТ

 

Моддаи 9. Мақсад ва вазифаҳои муҳофизати объектҳои  олами наботот

Таъмини риояи чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва дигар чораҳое, ки барои нигоҳдории муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯӣ ва гурӯҳи ташкилкунандаи онҳо, истифодаи оқилона ва муҳофизати онҳо аз таъсири манфии антропогенӣ барои зиёд кардани қобилияти барқароршавӣ, маҳсулнокӣ ва устувории онҳо мақсади асосӣ ва вазифаҳои муҳофизати объектҳои олами наботот мебошад.

Муҳофизати гурӯҳи табиии растаниҳо бояд дар асоси муносибати комплексӣ ба онҳо, чун ба ташаккули мураккаби системаҳои экологӣ сурат гирад.

 

Моддаи 10. Талаботи асосии муҳофизати объектҳои олами наботот

Истифодабарандагони объектҳои олами наботот бо мақсади муҳофизати ин объектҳо бояд талаботи зеринро иҷро намоянд:

- муҳофизати муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯӣ ва гурӯҳи онҳо;

- истифодаи оқилонаи ҳудудҳое, ки гурӯҳи растаниҳои табииро фаро гирифтаанд;

- муҳофизати объектҳои ба онҳо вобасташуда аз истифодаи худсарона ва дигар қонуншиканиҳо;

- ҳимояи объектҳои марғзори ба онҳо вобасташуда аз таъсири антропогенӣ;

- пешгирӣ намудани ваӣронкунии қоидаҳою меъёрҳои муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии объектҳои олами наботот;

- пешгирии паӣдоиш ва барҳам додани сӯхторҳо дар гурӯҳи растаниҳо;

- аз нобудшавӣ пешгирӣ кардани объектҳои марғзорҳо ҳангоми амалӣ гаштани ҷараёни истеҳсолот ва истифодаи воситаҳои нақлиёт;

- барқарор кардан, баланд бардоштани устуворӣ ва маҳсулнокии объектҳои олами наботот;

- риояи низоми муҳофизати намудҳои растаниҳо ва гурӯҳи растаниҳои нодир, эндемӣ, қадима ва зери хатари нестшавӣ қарордошта, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дохил карда шудаанд;

- муҳофизати растаниҳои худрӯӣ ва гурӯҳҳои табиии ташкилдодаи онҳо дар ҳолати таҳдид кардани хатари нобудшавӣ ҳангоми офатҳои табиӣ ва дигар сабабҳо;

- муҳофизати хоки дорои растаниҳои нашъунамокунанда аз бодлесӣ (эрозия), сел, обзеркунӣ, ботлоқшавӣ, шӯршавӣ, хушкшавӣ, сахтшавӣ, ифлосшавӣ аз партовҳои саноатӣ ва маишӣ, ҷоришавии об, моддаҳои химиявию радиоактивӣ ва дигар омилҳои харобшавӣ;

- муваққатан (консерватсия) хобонидани кори объектҳои харобшудаи олами наботот, агар бо тарзи дигар онҳоро барқарор кардан ва маҳсулнокиашонро зиёд кардан аз имкон берун бошад;

- гузарондани тадқиқотҳои илмӣ барои асоснок намудани чораҳои муҳофизат ва барқароркунии объектҳои олами наботот ва мусоидат намудан барои гузарондани ин тадқиқотҳо.

Мақомоти ваколатдор дар доираи барномаҳои дахлдор барои муҳофизати объектҳои олами наботот чораҳои зарурӣ меандешад.

Муҳофизати объектҳои олами наботот бо роҳҳои зерин таъмин карда мешаванд:

- муқаррар кардани қоидаҳо ва меъёрҳои муҳофизату истифодаи объектҳои олами наботот;

- муқаррар кардани маҳдудиятҳо ва манъкуниҳо дар истифодаи объектҳои олами наботот;

- бо тартиби муқарраршуда ташкил кардани мамнӯъгоҳҳо, боғҳои миллӣ, парваришгоҳҳо, ҷудо кардани дигар ҳудудҳо ва объектҳои табиии  махсус муҳофизатшаванда;

- муқаррар намудани низоми махсуси муҳофизати намудҳои растаниҳое, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, инчунин намудҳои растаниҳо ва гурӯҳи растаниҳои нодир, эндемӣ, қадима ва зери хатари нестшавӣ қарордошта;

- ташкили тадқиқотҳои илмӣ барои таъмини чорабиниҳои муҳофизат ва барқароркунии объектҳои олами наботот;

-  бақаӣдгирии дарахтон ва буттазорҳои сарсабз;

- тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи муносибати эҳтиёткорона, ғамхорона ва сарфакорона ба объектҳои олами наботот, тарғибот тавассути воситаҳои ахбори умум дар бораи муҳофизат ва истифодаи оқилонаи онҳо;

- гузаронидани мониторинг ва назорати давлатии муҳофизат ва истифодаи марғзорҳо.

Чораҳоро ҷиҳати муҳофизати объектҳои олами наботот мақомоти ваколатдор, инчунин мақомоти идоракунии хоҷагӣ, ки корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар ихтиёри онҳо қарор доранд ва объектҳои олами набототро истифода мебаранд, аз ҷумла иҷоракорон, дар асоси барномаҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин меъёру қоидаҳои муҳофизат ва истифодаи оқилонаи объектҳои олами наботот амалӣ мегардонанд.

 

Моддаи 11. Муҳофизати муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯӣ ва гурӯҳи растаниҳои табиӣ, пешгирии нобудшавии онҳо дар ҷараёни истеҳсолот

ҳама гуна фаъолияте, ки ба ҳолати объектҳои олами наботот таъсир мерасонад, бояд бо риояи талаботи муҳофизати онҳо амалӣ гардонда шавад.

Ба намудҳои фаъолияте, ки ба ҳолати объектҳои олами наботот таъсир мерасонанд, инҳо шомиланд:  ҷоӣгиркунонии объектҳои хоҷагидорӣ ва иншоотҳо, сохтмони шоҳроҳҳои нақлиёт, маҳалҳои аҳолинишин, аз ҷумла иҷрои корҳои ҷустуҷӯи геологӣ, ҷудо кардани чарогоҳ  ва гузаронидани чорво, таҳияи хатти саӣри туристӣ ва ташкили ҷоӣҳои истироҳати оммавии аҳолӣ, мелиоратсияи замин, ҷоӣҳои истифодаи ҷангал ва об, ба муомилоти хоҷагӣ додани заминҳои нав. ҳангоми ҷоӣгиркунонӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии маҳалҳои аҳолинишин бояд чорабиниҳо оид ба муҳофизати объектҳои олами наботот низ пешбинӣ ва амалӣ гардонида, дахлнопазирии қитъаҳое, ки ба сифати муҳити сабзиши растаниҳои худрӯӣ ва гурӯҳи растаниҳои нодир аз ҷиҳати илмӣ арзиши махсус доранд, таъмин карда шаванд.

Ба истифода додани объектҳо ва татбиқи технологияе, ки  чораҳои ҳимояи олами набототро бинобар тағӣир ёфтани муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯӣ ва гурӯҳҳои табиӣ таъмин намекунад, манъ аст.

Маҳалли ҷоӣгиркунонӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии корхонаҳо, иншоотҳо ва дигар объектҳо, тағӣир ёфтани равандҳои технологӣ, истеҳсоли намудҳои нави маҳсулот ва молҳо дар корхонаҳои амалкунанда, системаи тозакунии партовҳо, ки ба ҳолати объектҳои олами наботот бинобар ваӣрон шудани муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯӣ ва гурӯҳи растаниҳои табиӣ таъсир мерасонанд, бо мақомоти ваколатдор бо тартиби муаӣянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад.

ҳангоми ба истифода додани корхонаҳои нав ва азнавсозии корхонаҳои амалкунанда, иншоотҳо ва дигар объектҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва амалӣ гардондан ё тағӣир додани технологияҳои коркунанда ё иҷрои дигар корҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли намудҳои нави маҳсулот, истифодаи воситаҳои нақлиёт, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки барои пешгирии нобудшавӣ ва расонидани зарари дигар ба объектҳои олами наботот чораҳо андешанд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд бо партовҳои маишӣ ва дигар партовҳо, инчунин бо маҳсулоти нафтӣ ва кимиёвӣ ба ифлосшавии ҳудудҳое, ки растаниҳо ишғол кардаанд, роҳ надиҳанд. Рехтани хокрӯбаҳо, партовҳои маишӣ ва истеҳсолӣ берун аз ҷоӣҳое, ки бо тартиби муқарраргардида ба ин мақсад ҷудо карда шудаанд, манъ аст.

Дар гурӯҳҳои растаниҳои табиӣ сӯзонидани растаниҳои хушк манъ аст.

То оғози сохтмон дар ҳудудҳое, ки барои сохтмон, обпуркунӣ ё роҳи нақлиёт ҷудо карда шудаанд, бо тартиби муқарраргардида бояд растаниҳои аз ҷиҳати хоҷагӣ пурқимати худрӯӣ ҷамъоварӣ карда шаванд, растаниҳои нодире, ки таҳти хатари нестшавӣ қарор доранд, дар сурати имконнопазир будани нигоҳдории ҷои нашъунамои онҳо бояд ба ҳудуди дигар, ки мақомоти ваколатдор муаӣян менамоянд, кӯчонида шаванд.

ҳангоми истифодаи воситаҳои муҳофизати растаниҳо омилҳои сабзиши онҳо, нуриҳои минералӣ ва дигар доруҳо, ки дар хоҷагии халқ ба кор бурда мешаванд, талаботи муҳофизати растаниҳои худрӯӣ, гурӯҳи растаниҳое, ки онҳо ташкил мекунанд ва муҳити нашъунамои онҳо бояд ба назар гирифта шаванд. Истифодаи воситаҳои кимиёвии муҳофизати растаниҳо ва дигар доруҳо бо мақсади кам кардани таъсири зарари онҳо ба олами наботот ва муҳити зист бояд бо чорабиниҳои агротехникӣ, селексионию генетикӣ, биологӣ ва дигар чорабиниҳо якҷоя сурат гирад.

ҳангоми таӣёр намудан ва аз хориҷа харидорӣ кардани доруҳои нав бояд меъёрҳои ҳадди ниҳоии ғуншавии онҳо дар муҳити зист, ки муҳофизати растаниҳои худрӯӣ, гурӯҳи ташкилдодаи онҳо ва муҳити нашъунамои онҳоро таъмин менамоянд, таҳия карда шаванд.

Ба манфиати муҳофизати объектҳои олами наботот мумкин аст ба истифодабарандагони онҳо, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории дахлдор вогузор карда шавад.

 

Моддаи 12. Муҳофизати растаниҳои нодир ва намудҳои растаниҳои таҳти  хатари нестшавӣ қарордошта ва гурӯҳҳои табиии растаниҳо

Растаниҳои нодир ва намудҳои растаниҳои таҳти хатари нестшавӣ қарордошта ва гурӯҳҳои табиии ташкилдодаи онҳо ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда, ба таври махсус муҳофизат карда мешаванд.

Ба амалҳое, ки боиси нобудшавӣ, коҳиши захираҳо ё ваӣрон шудани муҳити нашъунамои намудҳои растаниҳои нодир, зери хатари нестшавӣ қарордошта ва гурӯҳҳои онҳо мегардад, роҳ дода намешавад.

 Барои ҳифз кардани намудҳои растаниҳое, ки барқароркунии онҳо дар шароити табиӣ душвор аст, бо қарори мақомоти ваколатдор барои дар шароити дигар барқарор кардани онҳо бояд чораҳо андешида шаванд.

 

Моддаи 13. Намудҳои истифодаи объектҳои олами наботот

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузорӣ ба истифодаи намудҳои зерини объектҳои олами наботот роҳ дода мешавад:

- таӣёр кардани хӯрок барои эҳтиёҷоти чорводорӣ;

- истифодаи объектҳои олами наботот барои чаронидани чорво, занбӯрпарварӣ ва кирмакпарварӣ;

- ҷамъоварӣ ва таӣёр кардани ашёи хоми доруворӣ, техникӣ ва ғизоии гиёҳҳои худрӯӣ;

- истифодаи олами наботот барои эҳтиёҷоти хоҷагиҳои ҷангал, шикор ва моҳидорӣ;

- истифодаи хусусиятҳои олами наботот дар бобати муҳофизати хок, ба вуҷуд овардани қабати ҳосилхези хок, муҳофизати об ва дигар хусусиятҳои он;

- истифодаи олами наботот ба мақсадҳои илмию тадқиқотӣ, ҳифзи табиат, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва  эстетикӣ;

- истифодаи олами наботот ба мақсадҳои истироҳатӣ ва туристӣ.

 

Моддаи 14. Тартиби истифодаи объектҳои олами наботот

Объектҳои олами наботот бояд дар маҷмӯъ бо системаи чорабиниҳои муҳофизат ва барқароркунии захираҳои табиии растаниҳо, нигоҳдории муҳити нашъунамои онҳо ва риояи қоидаҳо, мӯҳлатҳо, лимит ва меъёрҳои муқарраргардида мавриди истифода қарор гиранд.

Истифодабарандагони замин ҳамзамон истифодабарандагони объектҳои олами набототе мебошанд, ки дар заминҳои ба онҳо вобасташуда мерӯянд.

Феҳристи намуди растаниҳои худрӯӣ, қисмҳо ва маҳсулоти онҳо, инчунин феҳристи намуди растаниҳоро, ки аз муҳити табиӣ хориҷ кардани онҳо манъ аст ё бо мақсади муҳофизат ва барқароркунии онҳо маҳдуд карда мешавад, Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Тартиби истифодаи ин намудҳоро мақомоти ваколатдор муқаррар мекунанд.

Истифодаи намудҳои алоҳидаи объектҳои олами наботот дар асоси гирифтани иҷозатнома (литсензия) амалӣ мегардад.

 Тартиби иљозатномадињї ба объектњои олами наботот, ки барои истифодаи онњо гирифтани иљозатнома њатмист, тибқи Қонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият» сурат мегирад.

 

Моддаи 15. Истифодаи объектҳои олами наботот барои эҳтиёҷоти чорводорӣ, занбӯрпарварӣ ва дигар мақсадҳо

Растаниҳои худрӯе, ки барои эҳтиёҷи чорводорӣ, чаронидани чорво, кирмакпарварӣ заруранд, мумкин аст ҳам дар ҳудудҳои махсуси ба ин мақсад ҷудокарда, инчунин дар қитъаҳои ба мақсадҳои дигар таъиншуда захира карда шаванд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд растаниҳоро барои эҳтиёҷоти занбӯрпарварӣ аз рӯи шартнома бо истифодабарандагони доимии қитъаҳои замин, ки ба ин мақсад дода шудаанд, истифода баранд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки истифодабарандагони алафзорҳои табиӣ ва чарогоҳҳо мебошанд, вазифадоранд мутобиқи Қонуни мазкур талаботро оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва афзун гардондани маҳсулнокии онҳо риоя намоянд.

 

Моддаи 16. Таӣёркунӣ, ҷамъоварӣ, коркард, қабул ва фурӯши ашёи хоми доруворӣ, техникӣ ва хӯроквории растаниҳои худрӯӣ ва маҳсулоти онҳо

Шахсони воқеӣ (ҷудогона ё якҷоя) метавонанд дар таӣёр кардани ашёи хоми доруворӣ ва техникии растаниҳои худрӯӣ ва маҳсулот барои хӯрокворӣ, аз рӯи шартномаҳо бо истифодабарандагони асосии объектҳои олами наботот  иштирок намоянд.

Ба шахсони воқеӣ ҷамъоварӣ бо мақсади истеъмоли шахсӣ, фурӯш ё коркарди растаниҳои худрӯӣ, ки ба феҳристи растаниҳои нашъаовар дохил гардидаанд, қисмҳо ва маҳсулоти онҳо, боқимондаи заминҳои даравшуда, инчунин партовҳои ашёи хоми нашъаовар, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, манъ аст. Таӣёркунӣ, ҷамъоварии ашёи хоми растаниҳои мазкур аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

Таӣёркунӣ ва ҷамъоварии ашёи хоми доруворӣ ва техникии растаниҳои худрӯӣ дар ҷоӣҳои табиии наботот, ки он метавонад ба олами наботот ё ҳаӣвонот, инчунин ба саломатии аҳолӣ зарар расонад, мумкин аст бо тартиби муқарраргардида манъ ё маҳдуд карда шавад.

 

Моддаи 17. Истифодаи объектҳои олами наботот ба мақсадҳои илмию тадқиқотӣ, фарҳангию  маърифатӣ, тарбиявӣ, эстетикӣ, истироҳатӣ ва туризм, солимгардонӣ ва истифодаи хусусиятҳои муҳитофарии объектҳои олами наботот

Истифодаи объектҳои олами наботот ба мақсадҳои илмию тадқиқотӣ,  фарҳангию   маърифатӣ, тарбиявӣ, эстетикӣ, истироҳатӣ ва туризм, солимгардонӣ (тавассути шаклҳои гуногуни таҳқиқ, ченкунӣ, суратгирӣ ва ғаӣра) бо ҷамъоварӣ кардан ва накардани растаниҳои худрӯӣ, қисмҳо ва маҳсулоти онҳо аз муҳити табиӣ дар сурате роҳ дода мешавад, ки агар он ба олами наботот зарар нарасонад ва ҳуқуқи истифодабарандагони объектҳои олами набототро поӣмол накунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин истифодабарӣ манъ карда шудааст.

Барои ташкили истироҳати оммавии аҳолӣ ва дигар мақсадҳои истироҳатӣ ва туризм, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, эстетикӣ, инчунин солимгардонӣ мақомоти мањаллии њокимияти давлатї истифодабарандагони доимии объектҳои олами наботот, инчунин дигар корхонаю муассиса ва ташкилотҳо бо мувофиқаи онҳо оид ба ободонӣ ва хизматрасонии фарҳангию маишӣ ба аҳолӣ бо назардошти зарурати нигоҳ доштани манзараҳои табиӣ, муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯӣ бо риояи тарҳи меъмории паркҳои табиии миллӣ, истироҳатгоҳҳо, дигар минтақаҳои истироҳатӣ ва туристӣ, солимгардонӣ, наздишаҳрӣ ва талаботи санитарӣ чорабиниҳо мегузаронанд. (ҚЉТ аз 5.01.08 № 353)

Истифодаи хусусиятҳои объектҳои олами наботот оид ба муҳофизати хок, ба вуҷуд овардани қабати ҳосилхези хок, муҳофизати об ва дигар хусусиятҳои муҳитофарӣ, мубориза барои пешгирии тармафуроӣ, эрозияи замин, шустабарии соҳилҳо, ҳангоми рекултиватсияи замин, амалӣ гардондани дигар корҳои мелиоративӣ, бидуни аз муҳити табиӣ ҷамъоварӣ кардани растаниҳои худрӯӣ дар ҳама ҷо роҳ дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаӣян карда мешаванд.

Истифодаи хусусиятҳои муаӣяншудаи объектҳои олами наботот бо роҳи аз муҳити табиӣ ҷамъоварӣ кардани растаниҳои худрӯӣ (тавассути таӣёр кардани мева, тухмӣ, узвҳои зеризаминии онҳо ва ғаӣра) бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Қонун ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

Моддаи 18. Коллексияҳои ботаникӣ

Тартиб додан ва пурра гардондани коллексияҳои ботаникӣ  бо роҳи аз муҳити табиӣ ҷамъоварӣ кардани растаниҳои худрӯӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар сурати риояи талаботи ҳамин Қонун бо тартибе, ки мақомоти ваколатдор муқаррар кардааст, иҷозат дода мешавад.

Коллексияҳои ботаникӣ, ки арзиши илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, таълимию тарбиявӣ ё эстетикӣ доранд, ба қаӣди давлатӣ гирифта мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки соҳибони чунин коллексияҳо мебошанд, вазифадоранд қоидаҳои нигоҳдорӣ,  ба ҳисобгирӣ  ва  истифодаи коллексияҳои ботаникиро риоя намоянд. Қоидаҳои тартибдиҳӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи коллексияҳои ботаникӣ, инчунин хариду фурӯш, фиристодан ва ба берун аз марзи ҷумҳурӣ баровардани онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаӣян  карда мешаванд.

 

Моддаи 19. Истифодаи объектҳои олами наботот дар заминҳои  таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, истироҳатӣ  ва таърихию фарҳангӣ

Объектҳои олами наботот дар заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, истироҳатӣ, солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ бо тартиби муаӣяннамудаи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешаванд.

Ба истифода ё иҷораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо хилофи таъиноти мақсад ва низоми муқарраргардида мебошад, додани объектҳои олами наботот, ки дар заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, истироҳатӣ ва таърихию фарҳангӣ воқеъ гаштаанд, манъ аст.

 

Моддаи 20. Истифодаи объектҳои олами наботот дар заминҳои  захиравӣ

Объектҳои олами наботот дар заминҳои захиравӣ мумкин аст ба истифода, иҷора ва дигар намудҳои истифодаи муваққатӣ пеш аз ҳама барои мақсадҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал мутобиқи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шаванд.

 

Моддаи 21.  Истифодаи оқилона чун асоси сермаҳсулӣ ва нигоҳдории олами наботот

Барои таъмини истифодабарии устувор ва мунтазами объектҳои олами наботот, ки ба захираҳои табиии барқароршаванда мансубанд, чунин шароитҳо муҳаӣё карда мешаванд:

- наботот дар ҳар маврид мувофиқи имкониятҳои экологию биологии растаниҳо, ки сабзиши мӯътадили минбаъда ва қобилияти барқароршавии онҳоро халалдор намесозад, ҷамъоварӣ карда мешавад;

- объектҳои наботот, ки бо таъсири истифодаи номунтазам ё ҳодисаҳои табиӣ осеб дида, маҳсулнокиашон паст шудааст, бо роҳи муносибгардонии низоми истифода ва нигоҳубин барқарор сохта мешаванд.

 

Моддаи 22. Муқаррар намудани манъкунӣ ва маҳдудиятҳо дар истифодаи объектҳои олами наботот

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва барқароркунии объектҳои олами наботот истифодаи намудҳои алоҳидаи он мумкин аст пурра маҳдуд карда шавад ё ба мӯҳлати номуаӣян бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта шавад.

Манъкунӣ ва маҳдудиятҳои истифодаи объектҳои олами наботот ҳам бо роҳи танзими фаъолият дар ҳудуди аз ҷиҳати хоҷагидорӣ истифодашаванда, ҳам бо роҳи пурра ё қисман хориҷ намудани ҳудуди муаӣян аз истифодаи хоҷагидорӣ (ташкил кардани мамнӯъгоҳҳо, қитъаҳои мамнӯъгоҳҳо дар парки табиии миллӣ, парваришгоҳҳо, эълон кардани ёдгориҳои табиӣ, ҷудо кардани дигар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда) метавонанд муқаррар гарданд.

Мақомоти ваколатдор бо мақсади нигоҳдорӣ ва барқароркунии объектҳои олами наботот, метавонад аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷамъоварӣ ва таӣёр кардани намудҳои алоҳидаи растаниҳои худрӯӣ, қисмҳо ва маҳсулоти онҳоро дар намуди истеҳсолӣ ва коркарди нав ба мӯҳлати муаӣян манъ ё маҳдуд кунад.

 

Моддаи 23. Қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии объектҳои олами наботот ва аз истифодабарӣ гирифтани  объектҳои олами наботот

ҳуқуқи истифодабарии объектҳои олами наботот мумкин аст дар ҳолатҳои зерин қатъ карда шавад:

- аз истифодабарӣ гирифтани замин;

- ихтиёрӣ даст кашидан аз истифодабарии объектҳои олами наботот ё як қисми он;

- ба охир расидани мӯҳлати муқарраркардаи истифода;

- аз баӣн рафтани зарурати истифодабарии объектҳои  олами наботот;

- қатъ шудани фаъолияти субъектҳои истифодабаранда;

- мунтазам иҷро накардани қоидаю меъёрҳо ва дигар талаботи муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот;

- мунтазам дар мӯҳлатҳои муқаррар гардида напардохтани ҳаққи истифодабарии захираҳои табиии растаниҳо, ваӣрон кардани шартҳои шартномаи  иҷораи онҳо;

- риоя накардани қоидањои намудњои истифодаи олами наботот;

- риоя накардани қоидањои истифодаи воситањои муњофизати растанї, ангезањои инкишофи онњо, нурињои маъданї ва доруњои дигар, ки ба олами наботот зарар мерасонанд;

- риоя накардани қоидањои аз як љо ба љои дигар бурдан ва ба хориљ фиристодани коллексияњои ботаникї;

- амалиёте, ки боиси нобуд ва кам шудани намудњои набототе, ки ба онњо хатари нобуд шудан тањдид мекунад, гардидааст ё худ мегардад.  (ҚЉТ аз 5.01.08 № 353)

- дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар  кардааст.

ҳуқуқи истифодаи объектҳои олами наботот ё як қисми онҳоро мақомоте, ки қитъаи заминро ба истифода додааст ё мақомоти ваколатдор қатъ мекунанд.

 

Моддаи 24. ҳавасмандгардонии иқтисодии чорабиниҳо оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва  барқароркунии  объектҳои олами наботот

ҳавасмандгардонии иқтисодии чорабиниҳо оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии объектҳои олами наботот ба зиёд шудани ҳавасмандии истифодабарандагон, барои нигоҳ доштан ва барқарор кардани маҳсулоти олами наботот нигаронида шуда, инҳоро дар бар мегирад:

- аз фондҳои ҷумҳуриявӣ ё маҳаллии ҳифзи табиат ҷудо кардани маблағ барои барқароркунии объектҳои олами наботот, ки на бо гуноҳи онҳо ваӣрон карда мешаванд;

- додани грант, кредит, ҷудо намудани маблағ аз манбаъҳои дигаре, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад.

 

Моддаи 25. Карантини растаниҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тартиби воридоти (содироти) транзитии молҳои аз растаниҳо паӣдошуда, инчунин феҳристи зараррасонҳо, касалиҳои растаниҳо ва алафҳои бегона, ки барои ҷумҳурӣ аҳамияти карантинӣ доранд ва феҳристи объектҳои биологие, ки воридоти (содироти) онҳо мумкин нест, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаӣян карда мешавад.

 

Моддаи 26. Кӯчондан, ба иқлим мутобиқ намудан ва паӣванд кардани растаниҳо

Ба ҷоӣҳои нави нашъунамо кӯчонидани растаниҳо, мутобиқ намудани навъҳои нави растаниҳо, чорабиниҳо оид ба паӣвандкунии растаниҳои худрӯӣ дар шароити табиӣ бо мақсадҳои илмию тадқиқотӣ ва хоҷагӣ дар асоси хулосаҳои ташкилотҳои дахлдори илмӣ ва мақомоти давлатӣ оид ба карантини растаниҳо дар ҷумҳурӣ ва бо қарори мақомоти ваколатдор  иҷозат дода мешавад.

Қоидаҳои кӯчондан, ба иқлим мутобиқ ва паӣванд кардани растаниҳоро мақомоти ваколатдор тасдиқ менамояд.

 

БОБИ 4.

ПЕШБУРДИ КАДАСТР  ВА НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МУҲОФИЗАТ ВА  ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ НАБОТОТ

 

Моддаи 27. Мониторинги ҳолати олами наботот

Мониторинги олами наботот маҷмӯи таҳқиқҳои ҳолати объектҳои олами наботот барои саривақт ошкор сохтани тағӣирот, арзёбии онҳо, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои равандҳои манфӣ дар объектҳои олами наботот мебошад.

 

Моддаи 28. Кадастри давлатии объектҳои олами наботот

Кадастри давлатии объектҳои олами набототи Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ҳуҷҷатҳои заруриро дар бораи низоми ҳуқуқии объектҳои олами наботот, тақсими онҳо аз рӯи гурӯҳҳои истифодабарандагон, ҷоӣгиршавии ҷуғрофӣ ва маъмурию ҳудудӣ, маӣдонҳо, захираҳо, тавсифи миқдорӣ ва сифатӣ, арзиш дар хоҷагии халқ ва илм, арзёбии иқтисодии захираҳои табиии растаниҳои техникӣ, хӯроки чорво, доруворӣ, ғизоӣ ва дигар захираҳои табиии растаниҳо, истифодаи онҳо дар миқёси ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо, ки барои таъмини муҳофизати самаранок, истифодаи оқилона ва барқароркунӣ заруранд, дар бар мегирад.

Пешбурди кадастри давлатии объектҳои олами наботот бо гузаронидани таҳқиқи топографию геодезӣ, геоботаникӣ, заминсозию ҷангалсозӣ ва дигар таҳқиқҳо, бақаӣдгирӣ ва арзёбии ҳолати истифодаи объектҳои олами наботот таъмин карда мешавад.

Кадастри давлатии объектҳои олами наботот аз ҷониби мақомоти ваколатдор аз рӯи тартиби ягона, аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ бурда мешавад.

Истифодабарандагони объектҳои олами наботот, мақомоти заминсозӣ ва ташкилотҳои илмии давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки ашёи хоми худрӯӣро таӣёр мекунанд, ӯҳдадоранд ба мақомоти ваколатдор, ки кадастри давлатии объектҳои олами набототро мебаранд, маълумоти худро дар бораи паҳншавӣ, маӣдонҳо, захираҳо, ҳосилнокӣ, арзёбии миқдорӣ, сифатӣ ва иқтисодии захираҳои табиии растаниҳо, муҳофизат ва истифодаи онҳо пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 29. Назорати давлатии муҳофизат ва истифодаи  объектҳои олами наботот

Назорати давлатии муҳофизат ва истифодаи объектҳои олами наботот аз таъмини риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи олами наботот иборат мебошад.

Назорати давлатии объектҳои олами набототро мақомоти ваколатдор амалӣ мегардонад.

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 30. Тартиби ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои муҳофизат  ва истифодаи объектҳои  олами наботот

Баҳсҳо оид ба масъалаҳои муҳофизат ва истифодаи объектҳои олами наботот ва баҳсҳои ба он алоқаманди молумулкӣ аз тариқи суд ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои ваӣрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ваӣрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Э. Раҳмонов

 

ш. Душанбе  17 маӣи соли 2004

№ 31

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 11:11
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
19
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.02.2004
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 51; с. 2005, №12, мод. 630; с. 2006, №12, мод. 541; с. 2008, №6, мод. 460; №12, қ. 2, мод. 1000; с. 2009, №3, мод. 88; с. 2010, №1, мод. 8; мод. 10; №12,
қ. 1, мод. 823; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 999; с. 2013, №3, мод. 190; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 408;
с. 2015, №11, мод. 968, мод. 969, мод. 970;
 
Қонунҳои ҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317; аз 04.04.2019 с., № 1603; аз 02.01.2020 с., №1680;  аз  04.07.2020 с.№1709)
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи боҷи давлатӣ» тартиби аз  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ситонидани боҷи давлатиро муқаррар ва танзим менамояд.
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ                                       
 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- боҷи давлатӣ -  пардохти ҳатмӣ барои анҷом додани амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё додани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдоршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- супорандагони боҷи  давлатӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие  мебошанд, ки барои анҷом додани амалиёти аҳамияти ҳуқуқӣ дошта ва додани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти ваколатдор, ки боҷи давлатиро меситонад, муроҷиат мекунанд;
- мақомоти ваколатдори давлатӣ – мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие, ки барои назорати воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст. (ҚҶТ аз 19.03.13с., №947)
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боҷи давлатӣ
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боҷи давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1680)
 
Моддаи 3. Объектҳои ситонидани боҷи давлатӣ
 
Боҷи давлатӣ ситонида мешавад:
- аз аризаҳои даъво, аризаҳо (шикоятҳо, шикоятҳои, касатсионӣ ва назоратӣ), ки ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд;
- барои анҷом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳукуқӣ дар мақомоти адлия, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин; (ҚҶТ аз 29.12.10с., № 664; аз 02.01.20 с., №1680).
- барои анҷом додани амалиёти нотариалӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳое, ки бо гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд;
- барои анҷом додани дигар амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ , ки ҳамин Қонун муайян мекунад.
 
Моддаи 4. Андозаи боҷи давлатӣ
 
1. Оид ба парвандаҳое, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд, боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:
1) аз дархости шахсони воқеӣ-ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
2) аз пешниҳоди мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ –  ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
2. Оид ба парвандаҳое, ки дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд, боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:
1) аз аризаҳои даъвогои дорои хусусияти молумулкӣ аз рӯи нархи даъво:
- то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо –  3% аз нархи даъво;
- аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо –   2% аз нархи даъво;
- аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо –   0,7% аз нархи даъво;
- зиёда аз 500  нишондиҳанда барои ҳисобҳо –  0,5 % аз  нархи даъво;
2) аз аризаҳои даъвои дорои хусусияти ғайримолумулкӣ, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешаванд:
- барои шахсони воқеӣ –  5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- барои шахсони ҳуқуқӣ – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
 3) аз аризаҳои даъвогӣ дар бораи озод намудани амвол аз ҳабс -  боҷ аз рӯи нархи даъво мутобиқи банди 1 ҳамин қисм муайян карда мешавад;
 4) аз аризаҳои даъвогӣ оид ба баҳсҳои пеш аз шартномавӣ –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3. Аз аризаҳои даъвогӣ, ки ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад
1) аз аризаҳои даъвогои дорои хусусияти молумулкӣ   –  2 % аз нархи даъво;
2) аз аризаҳои даъво оид ба баҳсҳое, ки ҳангоми бастан, тағйир додан ё бекор кардани шартномаҳо ба амал меоянд ва оид ба баҳсҳо дар бораи беэътибор донистани аҳдҳо –  андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3) аз аризаҳои даъво дар бораи (пурра ё қисман) беэътибор  донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ:
барои шахсони воқеӣ - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
барои шахсони ҳуқуқӣ - ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
4) аз аризаҳои даъвогии дигар, ки хусусияти молумулкӣ надоранд, аз ҷумла аз аризаҳо дар бораи эътирофи ҳуқуқ, маҷбур намудан ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳо дар шакли асл - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
5) аз аризаҳо дар бораи муфлис эътироф гардидани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ:
 барои шахсони ҳуқуқӣ - ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; 
 барои соҳибкорони инфиродӣ - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
6) аз аризаҳо дар бораи муқаррар намудани далелҳое, ки  аҳамияти ҳуқуқӣ  доранд – ба андозаи секаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
 7) аз аризаҳо дар бораи ба парванда ворид гардидани шахсони сеюм, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақили худро пешниҳод менамояд , ки мутобиқи  андозаи боҷи давлатӣ, ки барои аризаи даъвогии дорои  хусусияти ғайримолумулкӣ пешбини шудааст, нисбати баҳсҳои дорои хусусияти молумулкӣ – тибқи тартиби муқаррарнамудаи банди якуми ҳамин қисм, ки андозаи маблағи баҳсшаванда барои шахсони сеюм ҳисоб карда мешавад;
8) аз шикоятҳои,  кассатсионӣ ва назоратӣ  нисбати ҳалнома ва қарорҳои суди иқтисодӣ ва ҳамчунин нисбати таъинот дар бораи қатъ намудани истеҳсоли парванда, бе баррасӣ мондани даъво, дар бораи таъини ҷаримаҳои судӣ,  рад кардани додани варақаи иҷро –  50 % аз андозаи боҷи давлатӣ, ки ҳангоми додани аризаи даъвогӣ ситонида мешавад.
4. Барои аризаи даъвогие, ки ҳамзамон дорои хусусияти молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ мебошад, дар як вақт  боҷи давлатӣ барои аризаи даъвогии дорои хусусияти молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ муқарраргардида ситонида мешавад.
Қисми 5 хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1680)
5. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамиятп ҳукуқӣ дар мақомоти ваколатдори давлати оид ба дин боҷи давлати ба андозаи зерин ситонида мешавад: (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1680)
1) барои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои динии ҷумҳурияви - ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
2) барои бақайдгирии давлатии ташкнлотхои динии ноҳиявӣ ё шаҳрӣ - ба андозаи 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3) барои  азнавбақайдгирии  ташкилотҳои  динн   ба   андозаи   5 нишондиҳанда барои ҳпсобҳо. (ҚҶТ аз 29.12.10с., №664)
 
6 Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад: (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1680)
1) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо – ба андозаи  100  нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1111)
2) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ  – ба андозаи  10  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ – ба андозаи  5  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
4) барои қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ - ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1111)
5) барои додани шаҳодатнома дар бораи ворид намудани тагйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои ҷамъияти (азнавбақайдгирӣ) новобаста ба мақоми онҳо ва филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирй ситонида мешавад; (ҚҶТ аз 29.12.10с., № 664)
6) барои бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ – ба андозаи 50  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
7) барои додани нусхаи тасдиқкардашудаи (дубликати) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ – ба андозаи 50  фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии  субъект  пешбинӣ карда шудааст;
8) барои додани иқтибос аз Феҳрист дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва қатъи фаъолияти филиалу намояндагиҳои онҳо – ба андозаи 50 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1709);
9) барои додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии созишномаҳои консессионӣ - ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 586);
10) барои бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);
11) барои бақайдгирии давлатии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);
12) барои бақайдгирии бюрои адвокатӣ - ба андозаи 8 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);
13) барои азнавбақайдгирии бюрои адвокатӣ - ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);
14) барои барҳамдиҳии бюрои адвокатӣ - ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);
15) барои бақайдгирии коллегияи адвокатҳо - ба андозаи 6нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);
16) барои азнавбақайдгирии коллегияи адвокатҳо - ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);
17) барои барҳамдиҳии коллегияи адвокатҳо - ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);
18) барои бақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ - ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);
19) барои азнавбақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ - ба андозаи 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);
20) барои барҳамдиҳии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ - ба андозаи 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);
21) барои бақайдгирии кабинети адвокатӣ - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);
22) барои азнавбақайдгирии кабинети адвокатӣ - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);
23) барои барҳамдиҳии кабинети адвокатӣ - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);
24) барои ворид намудан ба Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ - ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);
25) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи адвокатӣ - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);
26) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи ташкилотҳои адвокатӣ - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317);
27) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои ҷopиҷӣ - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016  № 1317, аз 04.07.2020 № 1709).
7. Барои анҷом додани амалиётҳои нотариалӣ боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад: (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1680)
1)  барои тасдиқ намудани шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардани (хариду фурўш, ҳадя, иваз ва ғайра) ва додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи мерос ба молу мулки ғайриманқул (ҳавлиҳои истиқоматӣ, хонаҳо, бўстонсаройҳо, иншоот ва молу мулки дигари ғайриманқул ё қисми онҳо), ба истиснои ниҳолҳои бисёрсола ва молу мулки ғайриманқули дигаре, ки  тасдиқи он тибқи банди 6) қисми мазкур ба амал бароварда мешавад,  барои як метри мураббаи масоҳати умумӣ ба андозаи: (ҚҶТ аз 26.03.09с., №495).
а) барои фарзандон, аз ҷумла фарзандхонд, ҳамсар, падару модар  дар: (ҚҶТ аз 23.11.15с., №1248)
- шаҳри Душанбе – 10 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- шаҳри Хуҷанд – 7 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- шаҳрҳои Қўрғонтеппа, Кўлоб ва Хоруғ – 5 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 2 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- деҳот – 1 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
б) барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ дар:
 - шаҳри Душанбе – 20 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- шаҳри Хуҷанд –  15 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- шаҳрҳои Қўрғонтеппа, Кўлоб ва Хоруғ – 10 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 5 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- деҳот – 2 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
в) барои дигар шахсони воқеӣ ва  ҳуқуқӣ дар:
- шаҳри Душанбе – 40 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- шаҳри Хуҷанд –  30 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- шаҳрҳои Қўрғонтеппа, Кўлоб ва Хоруғ – 20 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 10 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- деҳот – 5 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
2) барои тасдиқи шартномаҳои  аз соҳибӣ соқит кардани (хариду фурўш, ҳадя, иваз ва ғайра) воситаҳои нақлиёт ба андозаи ду  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3) барои тасдиқи шартномаҳои гарав – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
4) барои тасдиқи шартномаҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) ба андозаи 50 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
 - барои тасдиқи шартномаҳои иҷора ва қарз ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
  5) барои тасдиқи шартномаҳои замонат –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
  6) барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешаванд – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва  барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки предмети онхо нархгузорӣ карда мешаванд, ба истиснои банди 4) ҳамин қисм – ба андозаи  1 фоиз аз маблағи шартнома, вале на кам аз 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;  (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №586).
7) барои тасдиқи васиятномаҳо – 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
8) дар бораи додани шаҳодатнома барои ҳуқуқи моликият – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
 9) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос, ба истиснои молу мулки ғайриманқуле, ки дар банди 1) қисми шашуми моддаи мазкур  пешбинӣ шудааст: (ҚҶТ аз 26.03.09с, №495)
- ба меросхӯрони навбати аввал  –   0,5 % аз маблағи мерос;
- барои меросхӯрони навбати дуюм –  1% аз маблағи мерос;
- барои меросхурони навбати сеюм – 1,5% аз маблағи мерос;  
- барои меросхӯрони дигар –  2 %  аз маблағи мерос;
10) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос нисбати амволи дар хориҷа буда,  ҳангоми муайян намудани арзиши ниҳоии амволи мерос, ки пардохти он бояд дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад:
  барои меросхӯрони навбати аввал    –   1 % аз маблағи мерос;
  барои меросхӯрони навбати дуюм –  1,5% аз маблағи мерос;  
  барои меросхӯрони навбати сеюм –  2 %  аз маблағи мерос;
  барои меросхурони дигар – 3% аз маблағи мерос;
  11)  барои чорабиниҳо оид ба ҳифзи амволи меросӣ –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
 12) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории амвол (ба истиснои банди 13 ҳамин  қисми):
- барои фарзандон, аз чумла барои фарзандхонд, ҳамсар, падару модар – 25  % аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ аз 23.11.15с., №1248)
- барои  бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ –  50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
13) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории воситаҳои наклиёти автомобилӣ:
барои фарзандон, аз ҷумла барои фарзандхонд, ҳамсар, падару модар – 25% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ аз 23.11.15с., №1248)
 барои  бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ –  50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои ҳуқуқи ихтиёрдории онҳо - ба андозаи понздаҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ аз 23.11.15с., №1249)
14)  барои тасдиқи ваколатномаҳои дигар –  20%  аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
15) барои тасдиқи саҳеҳии тарҷумаи ҳуҷҷат аз як забон ба забони дигар –  5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як саҳифаи ҳуҷати тарҷумашуда; (ҚҶТ аз 19.03.13с.,№947)
16) барои эътироз оид ба пардохт нашудани вексел, ғайриаксепт будани он, набудани санаи акссепт ва барои тасдиқи напардохтани чек –  1 % аз маблағи пардохт нагардида;
17) барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо –  5%  аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
18) барои дурустии тасдиқи нусхаи ҳуҷҷатҳо, ки дар парвандаҳои идораҳои нотариалии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳои консулӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ҳамчунин иқтибоси ҳуҷҷатҳо – 2%  аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои нусхабардории ҳар саҳифаи ҳуҷҷат ё нусхабардошташуда;
19) барои тасдиқи дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳои дигар ва барои тасдиқи иктибоси ҳуҷҷатҳо (ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 18 кисми  мазкур нишондодашуда) - 2% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як саҳифа;
20) барои тасдиқи асли имзо:
 дар ариза ва дигар ҳуҷҷатҳо (ба истиснои варақаҳои бонкӣ) – 3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
 дар варақаҳои бонкӣ (барои имзои ҳар як варақа) –  3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
21) барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият ба қисми амвол, ки моликияти умумии зану шавҳар мебошад ва дар давраи заношӯи ҷамъ кардаанд, аз ҷумла дар бораи додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дар ҳолати вафот кардани яке аз ҳамсарон –  10%  аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
22) барои додани нусхаи такрории ҳуҷҷатҳое, ки дар идораи нотариалии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии  маҳаллӣ, муассисаҳои консулӣ нигоҳ дошта мешавад –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
23) барои тасдиқ  кардани шартномаи аз соҳибӣ соқиткунии амволи ғайриманқул ва дигар амволи бақайдгирифташаванда, ки ба воситаи музояда (тендер) фурӯхта мешавад –  ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
24) барои ба ҷо овардани  номаҳои иҷро – 3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
25) барои ба ҷо овардани эътирози баҳрӣ  - ба андозаи  секаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
26) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҳаёт будани шахс (шаҳрванд) – 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
27) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҷойи муайян будани шахс (шаҳрванд) – 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
28) барои додани шаҳодатнома дар бораи айнияти шахс (шаҳрванди) дар сурати фотографӣ аксёфта – 20 % аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
29) барои тасдиқи вақти додани ҳуҷҷатҳо – 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
30) барои расонидани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
31)  барои қабули маблағ ва қоғази қиматнок ба амонат (депозит) – 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
32) барои таъмини далелҳо – 50% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
 
8. Барои амалиёти нотариалие,  ки берун аз бинои идораи нотариалӣ ба ҷо оварда мешавад, боҷи давлатӣ ду баробар зиёд ситонида шуда, инчунин хароҷоти воқеӣ, ки ба сафар ба маҳалли ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ вобаста аст, пардохта мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1680)
9. Аз  рўи  шартномаҳои мубодилаи амволи ғайриманқуле, ки  дар банди 1)  қисми шашуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, андозаи боҷи давлатӣ аз масоҳати ҳамон амволи ғайриманқуле муайян карда мешавад, ки  масоҳати умумии он зиёд мебошад. Ҳамзамон, барои ситонидани боҷи давлатӣ  меъёрҳое татбиқ карда мешаванд, ки барои маҳалли тасдиқгардидаи шартномаи мубодила муқаррар шудаанд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №495).
10. Барои ҳисоб намудани андозаи боҷи давлатӣ ҷиҳати додани шаҳодатномаи ҳуқуқи мерос ба молу мулк, ба истиснои молу мулки дар банди 1) қисми шашуми ҳамин  модда  пешбинишуда, арзиши ҳамин молу мулкро нархгузор муайян мекунад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №495).
11. Барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи мерос ба молу мулк, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешавад – ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №495).
12. Ҳангоми тасдиқи аҳдҳо, ки бо асъори хориҷӣ ҳисобу китоб карда мешаванд, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки асъори хориҷӣ предмети мерос мебошад, андозаи боҷи давлатӣ аз асъори миллӣ бо қурби муайянкардаи  Бонки миллии Точикистон, ки дар рӯзи пардохти боҷи давлатӣ амал мекунад, ҳисоб карда мешавад.
13. Барои анҷом додани амалиётҳои вобастаи  барасмиятдарории асноди ҳолати шаҳрвандӣ боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:
1) барои сабти ақди  никоҳе, ки агар яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад -   ба андозаи панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ аз 19.03.13с.,№947)
 2) барои сабт ва додани шаҳодатнома дар бораи бекор кардани никоҳ:
   бо розигии зану шавҳар, ки фарзандони ноболиғ надоранд –  ба андозаи якунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
   бо қарори суд дар бораи бекор кардани никоҳ – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
   бо шахсоне, ки бо тартиби муқарраргардида бедарак ё дар натиҷаи  касалии рӯҳӣ ва ё камақлӣ ғайриқобили амал эътирофшуда, ё бо шахсоне, ки  барои содир намудани ҷиноят ба муддати  на камтар аз се сол маҳкум шудаанд – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3) барои таҳияи хулоса ва барои додани шаҳодатномаҳо вобаста ба тағйир додан, илова намудан ва барқарор кардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи таваллуд, бастани ақди никоҳ, бекор кардани никоҳ, дар бораи вафот – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
4) барои додани шаҳодатномаи такрорӣ дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ –  ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
14. Барои баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳои соҳиб шудан вобаста ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешаванд:
1) барои додани шиносномаи хориҷӣ (умумишаҳрвандӣ) ё дароз намудани мӯҳлати эътибори он -  ба андозаи якунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
2) барои додани раводид ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунад, ҷиҳати рафтан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барои дароз намудани мӯҳлати эътибори раводид – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3) барои ба қайд гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон –  25%  аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
4) барои додан ва дароз намудани мухлати эътибори  раводид бо шиносномаи хориҷӣ ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, барои:
  рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи чоркаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
  рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд омадан ба Ҷумҳурии   Тоҷикистон – ба андозаи чоркаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
 5) барои додани раводидҳои чандинкаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон   – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
6) барои додани ҳуҷҷат оид ба даъвати шахсон аз дигар давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як даъватшаванда;
7) барои ворид намудани баъзе тағйиротҳо (ба истиснои дароз намудани мӯҳлати эътибори раводид)  ба ҳуҷҷати каблан додашуда барои рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
8) барои додан ё дароз намудани иҷозатномаи зисти шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
9) барои бақайдгирӣ ё дароз намудани мӯҳлати амали бақайдгирии шиносномаи хориҷӣ ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
10) барои ба ивази  шиносномаи хориҷӣ гумшуда ё вайронгардида, раводид, ҳуҷҷати даъват ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷозати зист ё шаҳодатнома барои сафар ба хориҷа додани ҳамин гуна ҳуҷҷат – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
11)  аз ариза ва дархости  ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудан, аз нав кабул кардан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо аризаҳо оид ба муайян намудани мансубияти шаҳрвандӣ – ба андозаи дукаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
15. Барои барасмиятдарории дигар амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ боҷи давлатӣ бо андозаҳои зерин ситонида мешавад:
1)  барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи шикор ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  –  ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
2) барои амалиёте, ки  дар биржаҳои тиҷоратӣ, ашёи хом, асъор ва биржаҳои дигар анҷом меёбанд:
 аз ҳаҷми аҳди то 500 ҳазор сомонӣ – 0,5 % аз маблағи аҳд;
 аз ҳаҷми аҳди аз 500 ҳазор сомонӣ то  1000000 сомонӣ –  0,2 % аз маблағи аҳд;
 аз ҳаҷми аҳди зиёда аз 1 млн. сомонӣ –  0,1 % аз маблағи аҳд;
3) барои фурӯхтани ҷои брокер –  0,5 % аз маблағи воқеии аҳди басташуда;
4) барои муомилоти коғазҳои қимматнок:
- барои баќайдгирии давлатии барориши ќоѓазӣои ќиматноки ѓайридавлатҷ - 0,15% аз ӣаљми барориши мазкур  (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
- барои бастани аҳд - 1 сомонӣ аз ҳар 1 ҳазор сомонии аҳди басташуда;
5) барои гузаронидани музояда –  0,2% аз нархи ибтидоии умумии ҳаҷми моле, ки  ба фурӯш гузошта шудааст;
6) барои аҳдҳое, ки дар музояда анҷом меёбанд –  0,1%  аз нархи аҳди басташуда;
7) барои харидани амволи корхонаҳои давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон –  0,5%  аз маблағи амволи харидашаванда;
8) барои гузоридани санчиши бадеии сарватҳои фарҳангӣ – андозаи  панҷкаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
9) барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақо-моти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 62,5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони воқеӣ ва 125% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони ҳуқуқӣ. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1247)
 
Моддаи 5. Имтиёзҳои пардохтани боҷҳои давлатӣ
 
1. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар  судҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:
1) шаҳрвандон - аз рӯи даъвоҳои ситонидани маош (таъминоти пулӣ) ва дигар талаботе, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ бармеоянд;
2) даъвогарон – аз рӯи баҳсҳои муаллифӣ, муаллифон – тибқи даъвое, ки аз ҳуқуқи ҳаммуаллифӣ,  ҳуқуқи ихтироъ, намунаи муфид, намунаҳои саноатӣ, инчунин аз дигар ҳуқуқҳо, ки аз моликияти зеҳнӣ бармеоянд;
3) даъвогарон – аз рӯи даъво дар бораи  ситонидани алимент;
4) даъвогарон – аз рӯи даъвоҳои ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи маъюб шудан ё дигар зиён ба саломатӣ, инчунин фавти саробон расонида шудааст;
5) мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва мақомоти таъмини иҷтимоӣ – аз рӯи даъвоҳои мутақобил (регрессӣ) аз зараррасон  ситонидани маблағи кӯмакпулиҳо  ва нафақа, ки ба ҷабрдида  пардохта шудааст ва мақомоти таъминоти иҷтимоӣ – инчунин аз рӯи даъво дар бораи ситонидани кӯмакпулӣ ва нафақаи нодуруст пардохташуда;
6) даъвогарон – аз рӯи даъвоҳои талофӣ намудани зиёни моддии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда;
7) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва парвандаҳо оид ба ситонидани алимент;
8) тарафҳо – аз  шикояти кассатсионӣ оид ба парвандаи бекор кардани никоҳ;
9) прокурор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомот, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиати давлат ва ҷамъият муроҷиат мекунад;
10) мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун даъвогар – аз рӯи парвандаҳои ситонидани хароҷот доир ба ҷустуҷӯи шахсоне,  ки аз пардохти алимент ва дигар пардохтҳо саркашӣ мекунанд, инчунин оид ба парвандаҳои ҷуброни хароҷоти иловагӣ ба пешгирии фирори гумонбаршудагон ва айбдоршавандагон, ки дар  маҳбас нигоҳ дошта мешаванд, инчунин кофтукови онҳо  ҳангоми табобати  қасдан расонидани зиён ба саломатии худ;
11) муассисаҳо ва мақомоти  иҷрои ҷазои ҷиноятӣ – тибқи даъвоҳои талофии хароҷоти иловагии вобаста ба пешгирии фирори маҳкумшудагони гумонбаргардида, айбдоршаванда, маҳкумшудагон ба маҳдудият аз озодӣ, ҳабс ё маҳкум аз озодӣ ва кофтукови онҳо, инчунин табобати онҳо ҳангоми ба саломатии худ қасдан расонидани зарар; 
12) мақомоти андоз, гумрук ва молия, Агентии давлатии суғуртаи  иҷтимоӣ ва нафақа  ва мақомоти назорати асъор ва содирот  ҳамчун даъвогарону ҷавобгарон  – аз рӯи даъвоҳои ситонидани андозҳо, рўёнидани кредитҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба  буҷет ва баргардонидани онҳо аз буҷет; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №584).
13) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки дар ҳолати пешбиннамудаи қонун барои ҳифзи манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ муроҷиат мекунанд, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳимояи ҳуқуқи ҳифзкунандаи қонун ва манфиатҳои  шахсони дигар муроҷиат мекунанд - дар сурати қонеъ гардонидани даъвои онҳо;
14)  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ– ҳангоми ба суд додани ариза дар мавриди батаъхирандозӣ ё дароз намудани мӯҳлати иҷрои қарорҳо  оид ба тағйирёбии тарз ва тартиби иҷрои қарорҳо, барқарорсозии мӯҳлатҳои гузашта, аз нав баррасӣ намудани қарорҳо, таъинот ва қарори суд оид ба ҳолатҳои нав ошкоршуда, дар хусуси аз нав баррасӣ намудани қарори ғоибонаи суде, ки онро баровардааст;
15)  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – ҳангоми шикоятҳо ба амалҳои иҷрокунандаи судӣ, инчунин шикоятҳо нисбати карорҳо ба парвандаҳо доир ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз ҷониби мақомотӣ ваколатдор баровардашуда;
16) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ –ҳангоми додани шикоятҳои хусусӣ нисбат ба таъиноти суд, аз ҷумла оид ба таъмини даъво ё иваз намудани як навъи таъминот ба таъминоти дигар, оид ба қатъ ё боздоштани парвандаҳо, оид ба рад кардани зиёд ё кам намудани ҳаҷми ҷаримае, ки суд таъин намудааст;
17) шаҳрвандон – аз рӯи  шикоятҳои кассатсионӣ оид ба  парвандаҳои ҷиноятие, ки дурустии ситонидани зарари моддӣ дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда  мавриди баҳс қарор гирифтааст;
18) шаҳрвандон – ҳангоми тасдиқи дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани ёрдампулиҳо ва нафақаҳои давлатӣ заруранд; (ҚҶТ аз 23.11.15с., №1248)
19) маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда – аз рўи даъвоҳои барқароркунии ҳуқуқҳояшон;
20) шаҳрвандон – ҳангоми ба суд пешниҳод намудани ариза оид ба фарзандхондӣ (ҚҶТ аз 23.11.15с., №1248);
21) Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ - аз рӯи даъвоҳои ситонидани ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва ноустуворона аз ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1603).
 
2. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:
1) прокурор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиати давлатӣ ва ҷамъиятӣ муроҷиат мекунанд;
2) мақомоти молия, мақомоти андоз, гумрук, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ нафақа ва мақомоти назоратӣ асъор ва содирот,ки ба сифати даъвогару ҷавобгар баромад мекунанд  – аз рӯи даъвоҳои ситондани андозҳо, рўёнидани кредитҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба  буҷети дахл дор ва баргардонидани онҳо аз буҷети дахлдор, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақомоти мазкур тарафе мебошанд, ки пештар ба фоидаи онҳо қарор бароварда нашудааст. (ҚҶТ аз 12.01.10с., №584);
3) Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ - аз рӯи даъвоҳои ситонидани ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва ноустуворона аз ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1603).
3. Аз пардохти боҷи давлатӣ дар мақомоте, ки амалиётҳои нотариалиро иҷро мекунанд, озод карда мешаванд:
1) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун – барои анҷом додани амали нотариалӣ барои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва чамъиятӣ муроҷиат намуданд;
2) шаҳрвандон – ҳангоми тасдиқи дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо, аслӣ будани имзоҳо дар ҳуҷҷатҳо, барои тасдиқи ваколатномаҳо, ки барои  гирифтани нафақа ва кӯмакпулӣ, пешниҳоди имтиёзҳо заруранд, ҳамчунин оид ба парвандаҳои васоят ва фарзандхондӣ; (ҚҶТ аз 23.11.15с., №1248)
3) шаҳрвандон – барои тасдиқи васиятнома ва шартномаҳои тӯҳфаи амвол  ба фоидаи давлат;
4) ворисони то рӯзи меросгирӣ ба  балоғат нарасида,  инчунин шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, ки бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ба онҳо васоят муқаррар гардидааст, ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи меросгирӣ  дар тамоми ҳолатҳо сарфи назар аз навъи амволи меросӣ;
5) мақомоти молия, андоз ва гумрук барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи давлат ба мерос; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №584).
6) меросхўроне, ки то рўзи кушода шудани мерос дар ҳавлии истиқоматӣ ё квартираи меросӣ бо меросгузор якҷоя истиқомат мекарданд ва то рўзи вафоти меросгузор дар ҳавлии истиқоматӣ ё квартираи меросӣ қайди истиқомат доранд.  (ҚҶТ аз 12.01.10с., №586). 
4. Дар мақомоти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:
1) мақомоти маориф, васоят ва парасторӣ, комиссия оид ба корҳои ноболиғон - барои додани шаҳодатномаҳои такрории таваллуд оид ба фиристодани кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумгардида ба хонаҳои кӯдакон ва мактаб – интернатҳо, инчунин шаҳодатнома дар бораи вафоти падару модари ин кӯдакон;
2) шаҳрвандон – барои бақайдгирии давлатӣ ва додани шаҳодатномаҳои дахлдори таваллуд (бо назардошти гузаштани мӯҳлати бақайдгирии таваллуди кӯдак (азнавбарқароркунӣ), вафот, ақди никоҳ (ба истиснои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд), фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ; (ҚҶТ аз 23.11.15с., №1248)
3) шаҳрвандон - барои ба онҳо додани маълумот дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ҷиҳати пешниҳод ба мақомоти таъминоти иҷтимоӣ заруранд, оид ба масъалаҳои таъин намудан ё аз нав ҳисоб кардани нафақа ва кӯмакпулиҳо;
4) шаҳрвандон – барои ба онҳо додани шаҳодатномаҳои такрорӣ ё иваз намудани шаҳодатномаҳои ба онҳо додашуда оид ба фавти хешовандони сафедкардашуда.
5. Аз парвандаҳои вобаста ба рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои додани шиносномаҳои дипломатӣ,  хизматӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба хориҷа сафар намудан,  шахсони зерин аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:
1) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – барои додани шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;
2) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои ба хориҷа сафар намудан, агар сафари онҳо ба марг ё зиёрати қабри хешовандони наздик вобаста бошад, инчунин барои додани ҳуҷҷатхои ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудани шахсони дар дигар мамлакатҳо истиқоматкунанда, вобаста ба марг ё бемории вазнини хешовандони наздик;
3) хориҷиёне, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба онҳо паноҳгоҳи сиёсӣ додааст ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, аъзои оилаи онҳо ва фарзандони онҳо – барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои сафар ба хориҷа;
 4) шаҳрвандони хориҷии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада – барои додан ва дароз намудани иҷозатномаи зист, бақайдгирӣ ва дароз намудани мӯҳлати бақайдгирии шиносномаҳои хориҷӣ ё ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо инчунин барои додани ҳуҷҷатҳо оид ба даъвати дигар шахсон аз дигар мамлакатҳо бо шартҳои мутақобил;
5) шахсони ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида - барои ба онҳо додани ҳуҷҷатхои сафар ба хориҷа;
6)  сайёҳони хориҷӣ - барои бақайдгирии шиносномаҳои хориҷӣ;
6. Аз пардохти боҷи давлатӣ барои бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳали истиқоматии онҳо,  инчунин барои бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо иҷозатномаи зист дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, инҳо озод карда мешаванд:
1) шахсоне, ки дар хона–интернатҳо барои кӯҳансолон ва маъюбон зиндагӣ мекунанд;
2) хонандагони муассисаҳои таълимии барои кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумгашта ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии дар таъминоти пурраи давлатӣ буда ва  дар хобгоҳҳо  зиндагикунанда.
7. Барои барасмиятдарории дигар амалиётҳои дорои аҳамияти  ҳуқуқӣ, аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:
1) мақомоти ваколатдор - аз рӯи даъвоҳо оид ба ситонидани зарари ба давлат расонидашуда аз ифлос намудани муҳити зист ва ғайриоқилона истифода намудани захираҳои табиӣ;
2) даъвогарон – мақомоти андоз, гумрук, Агентии  давлатии суғуртаи  иҷтимоӣ - аз рӯи даъвоҳо дар хусуси ба буҷет ситонидани маблағҳое, ки аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо бо аҳдҳои ғайриқонунӣ гирифта шудаанд, оид ба ситонидан  андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки сари вақт аз тарафи шаҳрвандон супорида нашудаанд, оид ба  барҳам  додани корхона, ё манъ кардани машғулияти фаъолияти соҳибкорӣ; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №584).
3) мақомоти ваколатдор –аз рӯи даъвоҳои беэътибор донистан ва бекор намудани аҳдҳо ва ситонидани маблағҳои вобаста ба хусусигардонӣ.
4) мақомоти ваколатдор – аз рӯи даъво оид ба вайронкунии қонунгузории замин;
5) осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо, хазинаҳо ва дигар маҳфузгоҳҳои давлатии сарватҳои фарҳангие, ки дар ҳолати муваққатан ба намоишгоҳҳо баровардани сарватҳои фарҳангие, ки дар ҳифзи доимии онҳо мебошанд;
6) ансамблҳои давлатии мусиқӣ, мутрибону навозандагон барои соз ва воситаҳои техникие, ки муваққтан барои гастрол бароварда мешавад;
8. Дар ҳолатҳои бо ташаббуси давлат ҷорӣ гардидани азнавбақайдгирии умумии шахсони ҳуқуқӣ ё ба Оинномаи  (Низомномаи) онҳо ворид  намудани тағйироту иловаҳои барои тамоми шахсони ҳуқуқӣ ҳатмӣ,  шахсони ҳуқуқӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод мебошанд.
9. Барои анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти андоз боҷи давлатӣ ситонида намешавад. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1680)
 
Моддаи 6. Тартиби пардохт ва баргардонидани боҷи  давлатӣ
 
1. Боҷи давлатӣ бо асъори миллӣ дар бонкҳо (филиалҳои онҳо), ҳамчунин тавассути интиқоли маблағҳои боҷи давлатӣ аз ҳисоби боҷсупоранда   ба воситаи бонкҳо (филиалҳои онҳо), пардохта мешавад. Қабули боҷи давлатӣ аз ҷониби бонкҳо (филиалҳои онҳо) дар ҳамаи ҳолатҳо бо додани шакли муқарраргардидаи квитансия амалӣ мегардад.   
2. Боҷи давлатӣ пардохта мешавад:
1) аз рӯи парвандаҳое, ки аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд - то пешниҳод намудани аризаи дахлдор (шикоятҳои, кассатсионӣ ё назоратӣ), ҳамчунин ҳангоми аз тарафи судяҳо  додани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо;
2) барои анҷом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумурии Тоҷикистон ва мақомоти он; (ҚҶТ аз 12.01.10с., №586; аз 02.01.20 с., №1680).
3) барои иҷрои амалиётҳои нотариалӣ - ҳангоми иҷрои амалиётҳои нотариалӣ, барои додани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо бошад - ҳангоми супоридани онҳо;
4) барои сабти давлатии санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ оид ба ворид намудани ислоҳу тағйирот дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ- ҳангоми додани аризаҳои дахлдор;
5) барои додани шаҳодатномаи такрорӣ ва гувоҳнома - ҳангоми додани онҳо;
6) барои сабти давлатии бекоркунии ақди никоҳ аз рӯи ризоияти дутарафаи ҳамсарон, ки фарзандони ноболиғи умумӣ надоранд – ҳангоми сабти санад;
7) барои қайди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи иҷозатномаи зист истиқомат доранд – то супоридани ҳуҷҷатҳои дахлдор;
8) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба шикор ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ -  то супоридани ҳуҷҷатҳои дахлдор;
9) аз рӯи парвандахое, ки бо соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воридшавӣ ба Ҷумхурии Тоҷикистон вобаста аст – то гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор;
10) аз рӯи амалиётҳое, ки дар биржаҳо, бо коғазҳои қимматнок, ҳангоми харидани амволи корхонаҳои давлатӣ доир мегарданд – ҳангоми иҷро;
11) барои гузаронидани музояда ва гузаронидани экспертизаи сарватҳои фарҳангӣ то гузаронидани он.
3. Боҷи давлатӣ пурра ба Буҷети давлатӣ ворид карда мешавад. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти боҷи давлатӣ, инчунин шаклҳои ҳисоботи мақомоте, ки боҷи давлатиро меситонанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 19.03.13с.,№947)
 4. Боҷи  давлатии пардохташуда дар ҳолатҳои зерин қисман ё пурра баргардонида мешавад:
1) ба андозаи зиёд ворид намудани боҷи  давлатӣ назар ба андозае, ки Қонуни мазкур  муқаррар намудааст;
2) баргардонидан ё рад намудани қабули аризаҳо, шикоятҳо ва ё муроҷиати дигар аз ҷониби судҳо, ҳамчунин рад намудани иҷрои амалиётҳои нотариалӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор;
3) дар ҳолати рад кардани иҷрои амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё гирифтани ҳуҷҷат аз ҷониби шахси боҷи давлатиро пардохта то муроҷиат ба мақомоте, ки амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқии мазкурро иҷро менамояд.
4) рад кардани  додани шиносномаи хориҷӣ (умумишаҳрвандӣ).
5. Агар барои анҷом додани амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё додани ҳуҷҷат якбора якчанд шахс муроҷиат намоянд, ки ҳуқуқи имтиёз надоранд, боҷи давлатӣ дар ҳаҷми пурра ва саҳмҳои баробари онҳо бо мувофиқаи тарафҳо супорида мешавад. Дар ҳолате, ки агар дар байни шахсони барои анҷом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё барои додани ҳуҷҷатҳо муроҷиаткунанда як шахс (якчанд шахс) мутобиқи қонуни мазкур аз пардохти боҷи давлатӣ озод бошад (озод бошанд), пас ҳаҷми боҷи давлатии ба буҷети дахлдор пардохтшаванда мутаносибан  барои шахсони ба имтиёз  ҳуқуқдошта кам карда мешавад ва дар ин ҳолат боҷи давлатиро як шахс (якчанд шахс), ки ҳуқуқ ба имтиёз надорад (надоранд) мепардозад (мепардозанд).
6. Боҷи давлатии  ба буҷети давлатӣ пардохташуда дар асоси қарори мақомоти  молия, мувофиқи аризаи хаттии боҷсупоранда ва хулосаи мақомоти барои ситонидани боҷ ваколатдор баргардонида мешавад.
7. Боҷи давлатие, ки  баргардонида мешавад, бояд ба  шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ дар муддати даҳ аз рӯзи қабули қарор дар бораи баргардонидани он аз ҷониби мақомоти дахлдори молиявӣ дода шавад.
 
Моддаи 7. Чораҳои ҷавобгарӣ барои супорандагони боҷи давлатӣ ва назорат оиди дуруст
ҳисоб кардани он
 
Супорандагони боҷи давлатӣ ва  мақомоти ваколатдоре, ки боҷи давлатиро меситонад барои нодуруст ҳисоб кардан ва ба буҷет гузаронидани маблағҳои боҷи давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 8. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
                      «Дар бораи боҷи давлатӣ»
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 6 январи соли 1992 «Дар бораи боҷи давлатӣ» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с.1992, №2, м.26, с.1993, №9-10, м.138, с.1993, №23-24, м.532, Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  с.1997, №9, м.117, с.1997, №23-24, м.333; с. 2002, №4, қ.1, м. 182, с.2003, №4, м.147)  аз эътибор соқит  дониста шавад.
 
Моддаи 9.  Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
         Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                           Э.РАҲМОНОВ             
 
       ш. Душанбе,
аз 28 феврали соли 2004,
              №19
 
 
 
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИХТИРОЪ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 11:08
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
17
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.02.2004

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ИХТИРОЪ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №2, мод. 49; с. 2012, №7, мод. 707; с. 2013, №3, мод. 199; с. 2016, №11, мод. 888. Қонуни ҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568)

 

 

Боби 1. Муқарароти УМУМӢ

 

Қонуни мазкур муносибатҳои молумулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии бо онҳо алоқамандро, ки бинобар офаридан, ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии ихтироот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568).

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои дар Қонуни мазкур истифодашаванда маънои зерин доранд:

-ариза – маҷмўи ҳуҷҷатҳои бо Қонуни мазкур муқарраршуда, ки барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба Идораи патентӣ пешниҳод карда мешаванд;

-дорандаи патент - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба номи ў ҳуҷҷати муҳофизатӣ  дода мешавад;

-ихтироъ – офаридаи нави техникие, ки имконият медиҳад масъалаҳои мушаххаси истеҳсолот ва соҳаҳои дигари фаъолияти инсон ҳал карда шаванд;

-иҷозатнома (литсезия) – аз тарафи дорандаи патент ба дигар шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ додани ҳуқуқи истифодабарии ихтирои бо патент ҳифзшаванда. (ҚҶТ аз 03.07.2012., №857)

-намояндаи патентӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонунгузорӣ ҳуқуқ дорад  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар назди Идораи патентӣ намояндагӣ намояд;

-объектҳои моликияти саноатӣ – ихтироот, намунаҳои саноатӣ ва моделҳои судманд, ки маҳсули фаъолияти зеҳнии инсон  мебошанд;

-пешнамунаи (прототипи) ихтироъ – ҳаммонанди ихтироъ, ки бо маҷмўи аломатҳои асосиаш ба ихтироъ наздиктарин аст;

-Конвенсияи Париж – Конвенсияи Париж оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ аз 20 марти соли 1883 бо тағйиру иловаҳои минбаъда (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568);

-тавсифномаи ихтироъ - ҳуҷҷати мансуб ба ариза, ки дар он ихтироъ  ба пуррагӣ тафсир мешавад;

-формулаи ихтироъ - ҳуҷҷати мансуб ба ариза, ки дар асоси тавсифномаи ихтироъ тартиб дода мешавад ва маҷмўи аломатҳои асосии ихтироъро дар бар мегирад;

-шартҳои патентпазирӣ – шартҳои бо Қонуни мазкур муқарраршудаи пешниҳоди ҳифзи ҳуқуқии ихтироъ;

-ҳаммонанди  ихтироъ – объекте, ки таъиноташ бо таъиноти ихтироъ як буда, маҷмўи аломатҳои он ба маҷмўи аломатҳои асосии ихтироъ монанд аст;

-ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ – патентҳо ва нахустпатентҳое, ки барои ихтироъ тибқи Қонуни мазкур дода мешаванд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ихтироъ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ихтироъ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат аст.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1372)

 

Моддаи 3. Мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ

Мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ (минбаъд - Идораи патентӣ) амалигардонии сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ таъмин менамояд, аризаҳоро барои объектҳои моликияти саноатӣ қабул мекунад, аз рўи онҳо экспертизаи  мегузаронад, бақайдгирии давлатӣ ва нашри расмии маълумотро дар бораи объектҳои моликияти саноатӣ ба сомон мерасонад, ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ медиҳад ва инчунин вазифаҳои дигарро, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии Идораи патентӣ пешбинӣ шудаанд, иҷро мекунад. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

Дар назди Идораи патентӣ Шўрои шикоятӣ амал мекунад, ки он мақоми ҳатмии аввалин оид ба ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ ба шумор меравад. Шўрои шикоятӣ ваколатҳои худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи Шўрои шикоятӣ ба амал мебарорад.

Маблағгузории Идораи патентӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, пардохтҳои корбарӣ инчунин маблағҳое, ки аз расондани хизматҳои патентӣ ва иттилоотӣ  ворид шудаанд, ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 4. Ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ

Ҳуқуқ ба ихтироъ аз ҷониби давлат ҳифз карда шуда, бо патент ва ё нахустпатент барои ихтироъ (минбаъд - ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ) тасдиқ карда мешавад.

Патент барои ихтироъ баъд аз гузаронидани экспертизаи  моҳияти ариза дода шуда, аз санаи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ  дар давоми бист сол амал мекунад. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

Нахустпатент барои ихтироъ баъд аз гузаронидани санҷиши пешакии ариза барои нахустпатент дода мешавад ва аз санаи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ  дар давоми даҳ сол амал мекунад.

Ҳуҷҷати муҳофизатӣ аввалият, муаллифӣ ва ҳуқуқи истисноии истифодабарии ихтироъро тасдиқ мекунад.

Муҳлати амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ, ки ба маводи доруворӣ, пеститсидҳо ва моддаҳои кимиёвии кишоварзӣ (агрокимиёҳо) дахл дорад ва ҷиҳати истифодабарии онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи бақайдгирии маводи дорувории мақомоти дахлдор талаб карда мешавад, бо дархости дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз ҷониби Идораи патентӣ тамдид карда мешавад, агар аз рўзи пешниҳоди ариза ҷиҳати гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ то гирифтани шаҳодатномаи мазкур зиёда аз чор сол гузашта бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1372)

Муҳлати мазкур ба давраи аз санаи пешниҳоди ариза барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ то рўзи гирифтани шаҳодатномаи бақайдгирии маводи доруворӣ барои истифодаи маҳсулот, бо кам кардани чор сол, вале на зиёда аз панҷ сол тамдид карда мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1372)

Тартиби пешниҳоди дархост оид ба тамдид кардани муҳлати ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ ва баррасии онро Идораи патентӣ муайян менамояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1372)

 

Моддаи 5. Ҳифзи ҳуқуқии ихтироъ

Ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқӣ, ки онро ҳуҷҷати муҳофизатӣ медиҳад, бо формулаи ихтироъ муайян карда мешавад. Барои маънидод намудани формулаи ихтироъ тавсифнома ва нақшаҳo истифода шуда метавонанд.

Амали ҳуҷҷати муҳофизатии барои тарзи ба даст овардани маҳсулот додашуда ба маҳсулоте, ки бевосита бо ин тарз ҳосил шудаааст, низ дахл дорад. Маҳсулоти нав дар он сурат бо тарзи патентнокшуда ба даст овардашуда ҳисобида мешавад, агар далелҳои акс вуҷуд надошта бошанд.

Ҳифзи ҳуқуқӣ мувофиқи Қонуни мазкур ба ихтирооте, ки сирри давлатиро дар бар мегиранд, дода намешавад. Тартиби ба онҳо додани ҳифзи ҳуқуқиро санади дахлдори қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.(ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

 

Боби 2. ПАТЕНТПАЗИРИИ ИХТИРООТ

 

Моддаи 6. Шартҳои патентпазирии ихтироъ

Ба ихтироъ ҳифзи ҳуқуқӣ дода мешавад, агар он нав, дорои сатҳи ихтироъкорӣ ва қобили татбиқ  бошад.

Ихтироъ нав ба ҳисоб меравад, агар он қисми сатҳи техника набошад.

Сатҳи техника маҷмўи маълумоте мебошад, ки то санаи аввалияти ихтироъ дар ҷаҳон қобили дастрасии умум гардидааст.

Ихтироъ дорои сатҳи ихтироъкорӣ маҳсуб меёбад, агар он барои мутахассис аз маълумот дар бораи сатҳи техника ошкоро пайдо нагардад.

Ихтироъ қобили татбиқ ҳисобида мешавад, агар он дар саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои фаъолияти инсон истифода шуда тавонад.

Сохтор, тарз, модда, штамми микроорганизм, штамми ҳуҷайраҳои растаниҳо ва ҳайвонот, инчунин аз рўи таъиноти нав истифода бурдани онҳо объектҳои ихтироъ буда метавонанд.

Объектҳои зерин ба маънои муқаррароти  Қонуни мазкур ихтироъ маҳсуб намешаванд:

- назарияҳои илмӣ ва методҳои математикӣ;

- методҳои ташкилу идоракунии хоҷагӣ;

- аломатҳои шартӣ, ҷадвалҳо, қоидаҳо;

- қоидаҳо ва методҳои иҷрои амалиёти фикрӣ;

- алгоритмҳо ва барномаҳо барои мошинҳои ҳисоббарор;

- лоиҳаҳо ва схемаҳои банақшагирии иншоот, биноҳо, маҳалҳо;

- пешниҳодҳое, ки танҳо ба намуди берунаи маҳсулот дахл дошта, ба қонеъ гардонидани талаботи эстетикӣ равона шудаанд.

Ба маънои муқаррароти Қонуни мазкур объектҳои зерин ба сифати объектҳои патентпазир эътироф карда намешаванд:

- топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ;

- навъҳои растаниҳо ва зотҳои ҳайвонот;

- пешниҳодҳое, ки хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои инсондўстӣ ва ахлоқӣ мебошанд.

Патентпазирии ихтироъро ошкор намудани маълумоте, ки дар натиҷаи он моҳияти ихтироъ дастраси умум гардидааст, халалдор намекунад, агар ин амал аз ҷониби аризадиҳанда, муаллиф ва ё шахси дигаре, ки аз онҳо мустақиман ва ё ба тариқи ғайримустақим маълумоти ба ихтироъ дахлдорро ба даст овардааст, иҷро шуда бошад ва агар ариза дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ ба Идораи патентӣ на дертар аз шаш моҳи баъд аз санаи ошкор шудани ин маълумот  пешниҳод шуда бошад. Дар айни замон ўҳдадории исбот намудани воқеияти ин амал ба зиммаи аризадиҳанда гузошта мешавад.

 

Боби 3.СУБЪЕКТҲОИ ҲУҚУҚ БА ИХТИРОЪ

 

Моддаи 7. Муаллифи ихтироъ

Шахси воқеие, ки бо меҳнати эҷодкоронаи вай ихтироъ офарида шудааст, муаллифи ихтироъ ҳисобида мешавад. Агар дар офаридани ихтироъ якчанд шахсони воқеӣ иштирок карда бошанд, ҳамаи онҳо муаллифи ихтироъ ҳисоб мешаванд. Тартиби истифодаи ҳуқуқҳое, ки ба муаллифон тааллуқ доранд, бо созишномаи байни онҳо муайян карда мешавад.

Шахсоне, ки дар офаридани ихтироъ ҳиссаи шахсии эҷодӣ нагузоштаанд, ба муаллиф(он) танҳо ёрии техникӣ, ташкилӣ ва ё моддӣ расонидаанд ё ин ки танҳо барои ба расмият даровардани ҳуқуқ ба ихтироъ ва истифодаи он мусоидат намудаанд, муаллифи ихтироъ ҳисоб намешаванд.

Ҳуқуқи муаллифӣ ҳуқуқи шахсии бегонанашаванда буда, бемўҳлат ҳифз карда мешавад.

 

Моддаи 8. Аризадиҳанда

Ҳуқуқи пешниҳоди аризаро барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ  инҳо доранд:

- муаллиф(он)-и ихтироъ;

- корфармо, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми дуюми моддаи 9 ҳамин Қонун;

- ворис(он)-и ҳуқуқии муаллиф (он) ва ё корфармо.

 

Моддаи 9. Дорандаи патент

Ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба инҳо дода мешавад:

-  муаллифи ихтироъ;

- шахсе, ки ўро муаллифи ихтироъ дар ариза дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ муайян намудааст (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568);

- ворисони ҳуқуқии шахсони дар боло зикргардида.

Ҳуқуқи гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтирое, ки онро корманд дар алоқамандӣ бо иҷрои вазифаҳои хизматиаш ва ё аз корфармо гирифтани супориши мушаххас офаридааст, ба корфармо тааллуқ дорад, агар шартномаи байни онҳо ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад.

Агар корфармо дар давоми чор моҳи баъди санаи аз ҷониби муаллиф дар бораи офаридани ихтироъ хабардор карда шуданаш ба Идораи патентӣ ариза надиҳад, ҳуқуқи пешниҳоди аризаро ба шахси дигар вогузор накунад ва ё муаллифро дар бораи махфӣ нигоҳ доштани ихтироъ огоҳ нанамояд, пас ҳуқуқи пешниҳоди ариза ва гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба муаллиф мегузарад. Дар ин ҳолат корфармо ҳуқуқ дорад ба дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ ҷуброни дар асоси шартнома муайяншударо пардохта, ихтироъро дар истеҳсолоти худ истифода барад.

Ҳуқуқи гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтирое, ки корманд таҷриба, воситаҳои моддӣ, техникӣ ва дигар воситаҳои корфарморо истифода бурда, лекин на дар алоқамандӣ бо иҷрои вазифаҳои хизматии корманд ва ё супориши муайяни корфармо офаридааст, ба корманд тааллуқ дорад, агар шартномаи байни онҳо ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад. Дар ин ҳолат корфармо ҳуқуқ дорад ба дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ ҷуброни дар асоси шартнома муайяншударо пардохта, ихтироъро дар истеҳсолоти худ истифода барад.

 

Моддаи 10. Ҳуқуқи муаллифи ихтирое, ки якҷоя бо иҷрои вазифаҳои хизматӣ офарида шудааст

Корманде, ки дар қисми дуюми моддаи 9 Қонуни мазкур зикр шудааст, ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зерин аз корфармо  мутаносибан ба фоидаи бадастовардаи корфармо ва ё фоидае, ки корфармо метавонист аз ихтироъ ба таври лозимӣ истифода бурда, ба даст дарорад, подош гирад:

аз ҷониби корфармо гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ;

-  ҳуқуқи гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатиро ба шахси дигар вогузор кардани корфармо;

-  аз ҷониби корфармо қабул намудани қарор дар бораи махфӣ нигоҳ доштани ихтироъ;

-  бо сабабҳои вобаста ба корфармо нагирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз рўи аризаи аз ҷониби корфармо пешниҳодшуда.

Подош бо андоза ва шартҳои дар асоси созишномаи байни муаллиф ва корфармо муайяншуда  пардохта мешавад.

Дар ҳолати байни тарафҳо ба даст наомадани созиш нисбати андоза ва тартиби пардохти подош ва ё ҷуброн  баҳс бо тартиби суди ҳал карда мешавад. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

Барои саривақт напардохтани подош ва ё ҷуброни дар шартнома муайяншуда корфармо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷавобгар мебошад.

 

Боби 4. АРИЗА БАРОИ ДОДАНИ ҲУҶҶАТИ МУҲОФИЗАТӢ

 

Моддаи 11. Пешниҳоди ариза барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ

Аризаро барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ (минбаъд - ариза) аризадиҳанда ба Идораи патентӣ пешниҳод мекунад.

Ариза  ба воситаи намояндаи патентӣ, ки Идораи патентӣ ўро ба қайд гирифтааст, пешниҳод шуда метавонад.

Шахсони воқеие, ки доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ё намояндагони онҳо корҳои марбут ба гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ва нигоҳ доштани эътибори онро ба воситаи намояндагони патентии дар Идораи патентӣ бақайдгирифташуда пеш мебаранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568).

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан берун аз ҳудуди он мебошанд, корҳои марбут ба гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ ва нигоҳ доштани эътибори онҳоро ба воситаи намояндаи патентӣ ва ё дар сурати нишон додани нишонии мукотиба дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита худашон пеш мебаранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568).

Ваколати намояндаи патентӣ бо бовариномае, ки аризадиҳанда ба ў додааст, тасдиқ карда мешавад. Талаботро ба намояндаи патентӣ, тартиби аттестатсия ва бақайдгириии ўро Идораи патентӣ муайян мекунад.

 

Моддаи 12. Ариза

Ариза  бояд ба як ихтироъ ва ё гурўҳи ихтироъҳои бо ҳам то ба ҳадде алоқаманд, ки ғояи ягонаи ихтироъкориро ташкил медиҳанд (талаботи ягонагии ихтироъ), дахл дошта бошад.

Ариза  бояд ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар гирад:

- дархост дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ бо нишон додани номи ихтироъ, муаллиф(он)и ихтироъ ва шахс(он)е, ки ба номи ў (онҳо) ҳуҷҷати муҳофизатӣ дархост карда мешавад, инчунин ҷои истиқомат ва ё ҷойгиршавии онҳо (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568);

- тавсифномаи ихтироъ, ки ихтироъро бо пуррагии кифоя барои амалӣ гардондан аз ҷониби мутахассис ошкор мекунад;

- формулаи ихтироъ, ки моҳияти онро ифода мекунад ва ба тавсифнома асос ёфтааст;

- реферат;

- нақшаҳо ва маводи дигар, агар онҳо барои фаҳмидани моҳияти ихтироъ зарур бошанд.

Арзнома дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба забони давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари ариза ба забонҳои дигар пешниҳод шуда метавонанд.

Барои нигоҳ доштани санаи пешниҳоди дархост, ки мувофиқи моддаи 14 Қонуни мазкур муайян карда мешавад, тарҷумаи ин ҳуҷҷатҳо ба забони давлатӣ бояд дар муддати се моҳ пас аз воридшавии нахустини онҳо ба Идораи патентӣ пешниҳод карда шавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568).

Ба ариза ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷ барои пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи асосҳо барои напардохтани ё кам кардани ин боҷ илова карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои мазкур якҷоя бо ариза ва ё дар муддати се моҳи баъд аз расидани ариза ба Идораи патентӣ пешниҳод шуданашон мумкин аст.

Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза барои додани патент ва нахустпатент ба ихтироъро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1372)

 

Моддаи 13. Бо ташаббуси аризадиҳанда ислоҳ  намудани ҳуҷҷатҳои ариза

Аризадиҳанда дар давоми се моҳи баъди санаи пешниҳоди ариза ҳуқуқ дорад моҳияти ихтирои пешниҳодшударо тағйир надода, ба маводҳои он ислоҳҳо ва тасҳеҳ дохил кунад.

Ислоҳҳо ва тасҳеҳро ба маводи  ариза дар сурати супурдани пардохти корбарии дахлдор инчунин баъди гузаштани мўҳлати семоҳа, лекин на дертар аз баровардани қарор аз рўи натиҷаҳои экспертизаи  моҳиятӣ дохил кардан мумкин аст. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

 

Моддаи 14. Санаи пешниҳоди ариза

Санаи пешниҳоди ариза аз рўи санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани ҳуҷҷатҳои зерин муқаррар карда мешавад:

- дархост барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568);

- тавсифномаи ихтироъ;

- нақшаҳо, агар онҳо дар тавсифнома зикр шуда бошанд.

Агар ҳуҷҷатҳои номбаршуда дар як рўз ворид нашуда бошанд, санаи воридшавии ҳуҷҷати дертар расида ба сифати санаи пешниҳоди ариза қабул карда мешавад.

Дар ҳолати вайрон намудани талаботи моддаи 12 ҳамин Қонун ариза пешниҳоднашуда маҳсуб мегардад.

 

Моддаи 15. Табдилдиҳии apизаҳo

Аризадиҳандае, ки барои додани патент ба ихтироъ ариза додааст, дар давоми се соли баъди санаи пешниҳоди ин ариза ҳуқуқ дорад барои додани нахустпатент дархост пешниҳод намояд.

То қабули қарори экспертизаи пешакӣ, ки мувофиқи моддаи 21 Қонуни мазкур гузаронида мешавад, ариза барои додани нахустпатент метавонад ба ариза барои додани патент табдил дода шавад. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

Дар сурати ба амал баровардани ин гуна табдилҳо аввалияти аризаи аввала нигоҳ дошта мешавад.

 

Моддаи 16. Махфӣ будани коргузорӣ аз рўи ариза

Идораи патентӣ дар доираи коргузорӣ аз рўи ариза то нашр шудани маълумот дар бораи он, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар ин бора хоҳиши аризадиҳанда ва ё иҷозати ў бошад, ба ҳеҷ шахсе иҷозати дастрас намудани аризаро намедиҳад.

 

Боби 5. АВВАЛИЯТИ ИХТИРОЪ

 

Моддаи 17. Шартҳои муқаррар намудани аввалият

Аввалияти ихтироъ аз рўи санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани ариза  муқаррар карда мешавад.

Аввалияти ихтироъ аз рўи санаи воридшавии маводҳои иловагӣ муқаррар шуданаш мумкин аст, агар ин маводҳоро аризадиҳанда то гузаштани мўҳлати семоҳа аз санаи гирифтани огоҳиномаи Идораи патентӣ дар бораи имконнопазирии баэътиборгирии маводҳои иловагӣ бинобар моҳияти ихтирои арзшударо тағйирдиҳанда пиндошта шуданашон ба сифати аризаи мустақил пешниҳод карда бошад.

Аввалият аз рўи санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани аризаи қаблии ин ихтироъро маънидодкунандаи ҳамон як аризадиҳанда муқаррар карда шуданаш мумкин аст, агар ариза, ки аз рўи он ин гуна аввалият дархост мешавад, на дертар аз дувоздаҳ моҳи баъди санаи пешниҳоди аризаи қаблӣ ворид шуда бошад. Дар ин ҳол аризаи қаблӣ бозхондашуда ҳисобида мешавад.

Аввалият дар асоси якчанд аризаи қаблӣ, ки барои ҳар яки онҳо шартҳои дар қисми сеюми ҳамин модда овардашуда риоя мегарданд, метавонад муқаррар шавад.

Муқаррар намудани аввалият аз рўи санаи пешниҳоди аризае, ки аз рўи он аллакай аввалияти барвақттар дархост шудааст, мумкин нест.

Аввалияти ихтироъ аз рўи аризаи ҷудокардашуда аз рўи санаи пешниҳоди аризаи аввали ҳамон як аризадиҳанда, ки дар он ихтироъ кушода шудааст, муқаррар карда мешавад, агар аризаи ҷудокардашуда ба Идораи патентӣ то аз рўи аризаи нахустин қабул шудани қарор дар бораи радди додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, ки имконияти шикоят аз болои он аз даст рафтааст ва дар ҳолати мавҷудияти қарор дар бораи ба аризаи зикршуда додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ – то рўзи бақайдгирии ихтироъ дар Феҳристи давлатии ихтироот ворид шуда бошад.

Агар дар рафти экспертизаи муқаррар карда шавад, ки ихтирооти ҳаммонанд санаи якхелаи аввалият доранд, пас ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз рўи аризае  дода мешавад, ки пештар фиристода шудани он ба Идораи патентӣ исбот шудааст, дар ҳолати мувофиқат кардани ин санаҳо бошад — аз рўи аризае, ки рақами бақайдгирии пештар додашудаи Идораи патентиро дорад, агар созишномаи байни аризадиҳандагон ҳолати дигареро дар назар надошта бошад. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

 

Моддаи 18. Аввалияти конвенсионӣ

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568)

 

Аввалияти ихтироъ аз рўи санаи дар давлати иштирокчии Конвенсияи Париж оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ пешниҳод шудани аризаи якум барои ин ихтироъ муқаррар шуданаш мумкин аст, агар ариза ба Идораи патентӣ дар давоми дувоздаҳ моҳи баъди санаи зикршуда ворид шуда бошад (аввалияти конвенсионӣ). Агар бинобар ҳолатҳои новобаста ба аризадиҳанда ариза бо дархости аввалияти конвенсионӣ дар мўҳлати зикргардида  пешниҳод нашуда бошад, ин мўҳлат бо дархости аризадиҳанда ба муддати на зиёда аз се моҳ дароз карда шуданаш мумкин аст (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568).

Аризадиҳандае, ки аз ҳуқуқи аввалияти конвенсионӣ истифода бурдан мехоҳад, бояд ин хоҳишашро ҳангоми пешниҳоди ариза ва ё дар давоми ду моҳи баъди санаи ба Идораи патентӣ пешниҳодшавии ариза изҳор намояд ва нусхаи аризаи якумро замима кунад ва ё онро на дертар аз се моҳи баъди санаи  пешниҳод кардани ариза ба Идораи патентӣ фиристонад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568).

 

Боби 6. Экспертизаи АРИЗА

 

Моддаи 19.  Экспертизаи расмии ариза

Идораи патентӣ баъди гузаштани се моҳ аз санаи пешниҳоди ариза   аз рўи он экспертизаи  расмӣ мегузаронад. Мувофиқи дархости хаттии аризадиҳанда экспертизаи  расмӣ то гузаштани мўҳлати зикршуда оғоз шуда метавонад. Дар ин ҳол аризадиҳанда аз лаҳзаи пешниҳод кардани дархост аз ҳуқуқи бе пардохти боҷ бо ташаббуси худ ислоҳ ва саҳеҳ кардани ҳуҷҷатҳо, ки моддаи 13 ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, маҳрум мегардад. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

Дар рафти гузаронидани экспертизаи расмии ариза  мувофиқи моддаҳои 11 ва 12 ҳамин Қонун мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва риояи талаботи нисбати онҳо муқарраршуда санҷида шуда, масъала дар бораи он, ки пешниҳоди арзшуда ба объектҳои дар қисмҳои 6, 7  ва 8  моддаи 6 ҳамин Қонун зикргардида дахл дорад ё не, баррасӣ мешавад. .(ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

Инчунин санҷида мешавад, ки пешниҳоди арзшуда зери шартҳои дар қисми сеюми моддаи 5 ҳамин Қонун зикршуда қарор надошта бошад.

Агар аризадиҳанда мувофиқи моддаи 13 ҳамин Қонун аз рўи ариза маводҳои иловагӣ пешниҳод намояд, дар рафти экспертиза  моҳияти ихтирои пешниҳодшударо тағйир надодани онҳо санҷида мешавад.

Маводҳои иловагӣ моҳияти ихтирои пешниҳодшударо тағйир медиҳанд, агар онҳо аломатҳои ба формулаи ихтироъ дохил шуданашон зарур ва дар маводҳои пешинаи ариза набударо дарбар гиранд. Маводҳои иловагӣ дар қисми тағйирдиҳандаи моҳияти ихтирои пешниҳодшуда ҳангоми баррасии ариза ба эътибор гирифта намешаванд ва аз ҷониби аризадиҳанда ба сифати аризаи мустақил  ба расмият дароварда шуданашон мумкин аст.

Агар ариза бо риояи ҳамаи талаботи муқарраршуда пешниҳод шуда бошад, аризадиҳанда дар бораи натиҷаи мусбии экспертизаи  расмӣ хабардор карда мешавад. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

Аз рўи аризае, ки бо вайрон кардани талабот ба ҳуҷҷатҳои он пешниҳод шудааст, ба аризадиҳанда дархост фиристода мешавад, ки дар давоми ду моҳи аз рўзи гирифтани он ҳуҷҷатҳои ислоҳшуда ва ё намерасидаро пешниҳод намояд. Агар аризадиҳанда маводҳои дархостшуда ва ё илтимосномаро дар бораи дароз кардани мўҳлати муқарраршуда дар мўҳлати зикргардида пешниҳод накунад, ариза бозхондашуда ҳисоб карда мешавад.

Аз рўи аризаи бо вайрон намудани талаботи ягонагии ихтироъ пешниҳодшуда ба аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад, ки дар давоми ду моҳи баъди санаи гирифтани огоҳиномаи дахлдор Идораи патентиро дар бораи он, ки кадоме аз пешниҳодҳои аризадиҳанда бояд баррасӣ шаванд, хабардор кунад ва дар ҳолати зарурӣ ба ҳуҷҷатҳои ариза тасҳеҳ дарорад. Барои пешниҳодоти дигари ба маводҳои аризаи нахустин дохилшуда аризадиҳанда ҳуқуқи ба расмият даровардан ва пешниҳод кардани аризаҳои ҷудокардашударо дорад.

Агар аризадиҳанда дар давоми ду моҳи баъди фиристодани огоҳинома дар бораи вайрон шудани талаботи ягонагии ихтироъ ба Идораи патентӣ дар бораи он, ки кадоме аз пешниҳодҳояш бояд баррасӣ шаванд, хабар надиҳад ва ҳуҷҷатҳои тасҳеҳшударо пешкаш накунад, пешниҳоди аввалини дар формула нишондодашуда, ҳамчунин пешниҳодҳои дигаре, ки бо он ғояи ягонаи ихтироъкориро ташкил мекунанд, агар чунин пешниҳодҳо мавҷуд бошанд, баррасӣ мешавад.

Аризадиҳанда ҳангоми бо қарори экспертизаи  норозӣ буданаш ҳуқуқ дорад, ки дар муддати се моҳи баъди санаи баровардани қарор ба Шўрои шикоятӣ эътироз пешниҳод намояд. Эътироз бояд дар давоми ду моҳ баррасӣ шавад. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

 

Моддаи 20. Экспертизаи моҳиятии ариза

Идораи патентӣ мувофиқи дархости аризадиҳанда (ва ё шахсони сеюм), ки метавонад ҳар вақт дар давоми се соли баъд аз санаи пешниҳоди ариза барои гирифтани патент  барои ихтироъ пешниҳод гардад, ҳамчунин бо дархости дорандаи нахустпатент, ки дар давоми мўҳлати амали он дода шуданаш мумкин аст, экспертизаи  моҳиятии аризаро мегузаронад. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

Агар дархост дар бораи гузаронидани  экспертизаи моҳиятӣ дар муддати се сол пешниҳод карда нашавад, ариза барои ихтироъ, ки аз рўи он нахустпатент дархост нашудааст, бозхондшуда ҳисоб карда мешавад.

Дар рафти экспертизаи моҳиятии ариза, ки ҳангоми гузаронидани он ҷустуҷўи иттилоотӣ бо мақсади муайян намудани сатҳи техника ба амал бароварда мешавад, аввалияти ихтироъ муқаррар карда шуда, шартҳои патентпазирии ихтироъ, ки дар моддаи 6 ҳамин Қонун муайян гардидаанд, санҷида мешаванд.

Идораи патентӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши моҳиятии ариза ҳуқуқ дорад аз аризадиҳанда маводҳои иловагӣ, аз ҷумла формулаи тағйирдодашудаи ихтироъро дархост намояд. Маводҳои иловагӣ аз рўи дархости экспертизаи бояд дар давоми ду моҳи баъди санаи дархостро гирифтани аризадиҳанда бе тағйир додани моҳияти ихтироъ пешниҳод карда шаванд. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

Ба маводҳои иловагӣ дар қисми тағйирдиҳандаи моҳияти ихтироъ тартиби муқаррарнамудаи қисмҳои чорум ва панҷуми моддаи 19 ҳамин Қонун татбиқ карда мешавад.

Агар Идораи патентӣ дар натиҷаи гузаронидани экспертизаи  моҳиятии ариза  муқаррар намояд, ки пешниҳоди арзшуда дар ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқии дархостнамудаи аризадиҳанда ба шартҳои патентпазирии ихтироъ, ки моддаи 6 ҳамин Қонун  муайян намудааст, мувофиқат мекунад, дар бораи додани патент қарор бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

Агар муқаррар карда шавад, ки ихтирои пешниҳодшуда дар ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқии дархостшуда ба шартҳои патентпазирӣ мувофиқат намекунад, дар бораи рад шудани додани патент қарор бароварда мешавад.

Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад бо маводҳои дар дархости санҷиш, дар қарори санҷиш ва ё ҳисоботи ҷустуҷў нишондодашуда шинос гардад. Нусхаҳои маводҳои патентии дархостшударо Идораи патентӣ дар давоми ду моҳи баъди санаи гирифтани дархост ба аризадиҳанда мефиристад.

Аризадиҳанда дар сурати норозӣ буданаш бо қарор дар бораи радди додани патент  ҳуқуқ дорад, ки дар давоми се моҳи баъди санаи гирифтани қарор ба Шўрои шикоятӣ эътирози дахлдорро пешниҳод намояд. Шўрои шикоятӣ эътирозро бояд дар муддати шаш моҳи баъди санаи ворид шудани он баррасӣ намояд.

Агар аризадиҳанда бо қарори Шўрои шикоятӣ розӣ набошад, метавонад дар муддати шаш моҳи баъди санаи гирифтани қарор ба суд муроҷиат намояд.

Мўҳлатҳои пешниҳодкунии маводҳо аз рўи дархости санҷиш ва пешниҳод кардани эътирозро ба Шўрои шикоятӣ, ки аризадиҳанда онҳоро гузаронидааст, Идораи патентӣ метавонад аз рўи дархости аризадиҳанда, ки на дертар аз дувоздаҳ моҳи баъди ба охир расидани мўҳлати гузаронидашуда пешниҳод гардидааст, дар сурати тасдиқ шудани сабабҳои узрноки риоя нашудани мўҳлатҳо ва пардохта шудани боҷи дахлдор барқарор намояд.

 

Моддаи 21. Экспертизаи пешакии ариза барои додани нахустпатент

Экспертизаи пешакии ариза барои додани нахустпатент баъди бо натиҷаи мусбӣ ба анҷом расидани санҷиши расмӣ гузаронида мешавад.

Дар рафти гузаронидани экспертизаи  пешакӣ аввалияти ихтироъ муқаррар карда шуда, мувофиқ будани он ба шартҳои навӣ ва қобили татбиқ будан  санҷида мешавад.

Санҷидани мувофиқати ихтирои пешниҳодшуда ба талаботи навии сатҳи техника танҳо инҳоро дар бар мегирад: (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1372)

- ҳаммонандҳо ва пешнамунаҳои ихтироъ, ки аризадиҳанда дар маводҳои ариза овардааст;

- аризаҳои бозхонднашуда барои ихтироот аз тарафи шахсони дигар пештар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1372)

- ихтирооти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон патентдоршуда, моделҳои судманди бақайдгирифташуда ва дигар сарчашмаҳои иттилоотии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраси умумибуда.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1372)

Идораи патентӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи пешакӣ ҳуқуқ дорад аз аризадиҳанда маводҳои иловагӣ, аз ҷумла формулаи тағйирдодашудаи ихтироъро дархост намояд. Маводҳои иловагие, ки санҷиш тақозо мекунад, бояд дар давоми ду моҳи баъди санаи гирифтани дархост пешниҳод карда шаванд.

Барои маводҳои иловагӣ дар қисми тағйирдиҳандаи моҳияти ихтироъ тартиби дар қисмҳои чорум ва панҷуми моддаи 19 ҳамин Қонун муқарраршуда татбиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

Агар дар натиҷаи гузаронидани экпертизаи пешакӣ муқаррар карда шавад, ки пешниҳоди арзшуда дар ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқии дархосткардашуда ба шарти навии ихтироъ, ки бо назардошти қисми сеюми ҳамин модда муайян шудааст ва шарти қобили татбиқ будан, ки онро моддаи 6 Қонуни мазкур муайян намудааст, мувофиқат мекунад, дар бораи додани нахустпатент қарор бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

Нахустпатент ба масъулияти аризадиҳанда дода мешавад.

Дар ҳолати ба шартҳои патентпазирӣ номувофиқ будани ихтирои пешниҳодшуда қарор дар бораи рад шудани додани нахустпатент бароварда мешавад.

Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад бо маводҳои дар дархости экспертиза, қарори экспертиза ва ё ҳисобот дар бораи ҷустуҷў овардашуда шинос шавад. Нусхаҳои маводҳои патентии аризадиҳанда дархостнамударо Идораи патентӣ ба  ў дар давоми ду моҳи баъди санаи гирифтани дархост мефиристад. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

Аризадиҳанда дар сурати розӣ набуданаш бо қарор дар бораи радди додани нахустпатент ҳуқуқ дорад, ки дар давоми се моҳи баъди санаи фиристодани қарор ба Шўрои шикоятӣ эътироз пешниҳод намояд. Шўрои шикоятӣ эътирозро бояд дар муддати се моҳи баъди санаи ворид шудани он баррасӣ намояд. Агар аризадиҳанда бо қарори Шўрои шикоятӣ розӣ набошад, ў метавонад дар муддати як моҳи баъди санаи фиристодани қарор ба суд муроҷиат намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568).

Мўҳлатҳои пешниҳодкунии маводҳоро аз рўи дархости экспертизаи  ва пешниҳод кардани эътирозро ба Шўрои шикоятӣ, ки аризадиҳанда онҳоро гузаронидааст, Идораи патентӣ метавонад аз рўи дархости аризадиҳанда, ки на дертар аз дувоздаҳ моҳи баъди ба охир расидани мўҳлати гузаронидашуда пешниҳод гардидааст, дар сурати тасдиқ шудани сабабҳои узрноки риоя нашудани мўҳлатҳо ва пардохта шудани боҷи дахлдор барқарор намояд. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

 

Моддаи 22. Бозхонди ариза

Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад то нашри маълумот дар бораи ариза, аммо на дертар аз санаи дар Феҳристи давлатии ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудани он  аризаро бозпас гирад.

 

Моддаи 23. Нашри маълумот оид ба ариза ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ

Маълумот оид ба ариза ва ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар хабарномаи расмӣ нашр карда мешавад. Пуррагии маълумоти интишоршавандаро Идораи патентӣ муайян мекунад.

Маълумот оид ба ариза, ки экспертизаи  расмиро бо натиҷаи мусбӣ гузаштааст, баъди гузаштани 18 моҳ аз санаи пешниҳоди ариза нашр мешавад. Бо дархости аризадиҳанда ва дар сурати супурда шудани пардохти корбарии дахлдор маълумот оид ба ариза мумкин аст аз мўҳлати мазкур пештар чоп карда шавад.

Идораи патентӣ пас аз ба қайд гирифтани ихтироъ дар Феҳристи давлатӣ маълумотро дар бораи ҳуҷҷати муҳофизатии додашуда дар хабарномаи расмӣ бетаъхир нашр мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568).

Маълумоти нашршуда бояд номи муаллиф(он) (бо розигии онҳо) ва доранда(гон)- и патент (нахустпатент), ном ва формулаи ихтироъро дар бар гирад.

 

БОБИ 7. ДОДАНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚӢ

 

Моддаи 24. Ҳифзи ҳуқуқии муваққатии  ихтироъ

Ба ихтирои пешниҳодшуда аз санаи нашри маълумот дар бораи ариза то санаи нашри маълумот дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар ҳаҷми формулаи нашршуда ҳифзи ҳуқуқии муваққатӣ дода мешавад.

Ба ихтирое, ки дар намоишгоҳи расмӣ ва расман шинохташудаи байналмилалӣ ба намоиш гузошта шудааст, аз санаи дар намоишгоҳ ҷойгир кунонидани он то санаи нашри аввалини маълумот оид ба додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба шарте, ки ариза барои ин ихтироъ на дертар аз шаш моҳи баъди санаи дар намоишгоҳ ҷойгир кунонидани он ба Идораи патентӣ пешниҳод карда шуда бошад, ҳифзи ҳуқуқии муваққатӣ дода мешавад.

Ҳифзи ҳуқуқии муваққатӣ фаронорасида ҳисоб карда мешавад, агар қарор дар бораи надодани ҳуҷҷати муҳофизатӣ қабул шуда, имконияти шикоят аз рўи ин қарор аз даст рафта бошад.

Дорандаи патент баъд аз гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ҳуқуқ дорад аз шахсе, ки ихтирои пешниҳодшударо дар давраи амали ҳифзи ҳуқуқии муваққатии он истифода намудааст, додани ҷубронпулии муносибро талаб намояд.

Муқаррароти қисми чоруми ҳамин модда аз рўзе, ки аризадиҳанда шахси аз ихтироъ истифодабурдаро дар бораи пешниҳод шудани ариза барои ин ихтироъ огоҳонидааст, татбиқ мегарданд, агар ин сана аз санаи нашри маълумот дар бораи ариза пештар фаро расида бошад.

 

Моддаи 25. Бақайдгирии ихтироъ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ

Идораи патентӣ дар давоми се моҳи баъди санаи гирифтани ҳуҷҷатҳо дар бораи пардохта шудани боҷ барои бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ихтироъро ба Феҳристҳои давлатии ихтироот дохил мекунад ва ба дорандаи патент ҳуҷҷати муҳофизатӣ медиҳад.

Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷ барои бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз ҷониби аризадиҳанда дар давоми ду моҳ аз санаи гирифтани қарор оид ба додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ё дар давоми се моҳ аз санаи баанҷомрасии мӯҳлати мазкур дар ҳолати пардохти боҷи иловагӣ пешниҳод карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568).

Дар ҳолати мавҷуд будани якчанд шахс, ки ба номашон ҳуҷҷати муҳофизатӣ дархост карда мешавад, ба онҳо як патент ва ё нахустпатент дода мешавад. Идораи патентӣ ба муаллиф (муаллифон)-и ихтироъ, ки дорандаи патент нестанд, шаҳодатномаи расмии тасдиқкунандаи муаллиф будани онҳоро медиҳад.

Ҳангоми мувофиқи тартиби муқарраршуда пешниҳод  нашудани ҳуҷҷате, ки пардохтани боҷро барои бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ тасдиқ мекунад, бақайдгирии ихтироъ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба амал бароварда намешавад, аризаи дахлдор бозхондшуда ҳисобида мешавад.

Мундариҷаи маълумотеро, ки ба Феҳристҳои давлатӣ дохил карда мешаванд, намуди патент, нахустпатент ва номгўи маълумоти дар онҳо дарҷшавандаро Идораи патентӣ муайян мекунад.

 

Боби 8. ҲУҚУҚИ ИСТИСНОИИ ИСТИФОДАИ ИХТИРОЪ

 

Моддаи 26. Ҳуқуқҳои дорандаи патент

Ҳуқуқи истисноии истифодаи ихтирои бо патент ё бо нахустпатент ҳифзшаванда, аз ҷумла, ҳуқуқи сохтан, татбиқ, намудан, ворид кардан, фурўхтан, бо роҳи дигар ба гардиши ҳоҷагидорӣ даровардан ва ё бо ин мақсад нигоҳ доштани маҳсулоте, ки ихтирои бо патент ё бо нахустпатент ҳифзшавандаро дар бар мегирад, ҳуқуқи татбиқ намудани тарзи бо патент ва ё бо нахустпатент ҳифзшаванда, инчунин ҳуқуқи манъи истифода шудани ихтирои номбаршуда аз ҷониби шахсони дигар, ғайр аз ҳолатҳое, ки ингуна истифодабарӣ мувофиқи ҳамин Қонун вайрон намудани ҳуқуқи истисноии дорандаи патент маҳсуб намегардад, ба дорандаи патент тааллуқ дорад.

Маҳсулот дарбаргирандаи ихтирои бо патент ва ё бо нахустпатент ҳифзшаванда эътироф мешавад ва тарзи бо патент ва ё бо нахустпатент ҳифзшаванда бошад, татбиқёфта ҳисоб карда мешавад, агар ҳар як аломати ихтироъ, ки дар банди алоҳидаи формула оварда шудааст ва ё аломати ба он эквивалент, ки то санаи оғози истифодаи ихтироъ ба чунин сифат дар соҳаи мазкури техника маълум аст, дар маҳсулот мавҷуд бошад ва дар тарз истифода шуда бошад.

Ба гардиши хоҷагидорӣ ворид намудан ё бо ин мақсад нигоҳ доштани маҳсулоте, ки бо истифодаи бевоситаи тарзи патентнокшудаи ҳосил кардани маҳсулот истеҳсол шудаст, низ истифодаи ихтирои бо патент ё бо нахустпатент ҳифзшаванда ҳисоб мегардад.

Тайёр намудани намунаи таҷрибавии воситае, ки ихтироъро дар бар мегирад, инчунин санҷиши таҷрибавӣ ва озмоиши он истифодаи ихтироъ маҳсуб намешавад.

Муносибатҳои тарафҳоро оид ба истифодаи ихтирое, ки ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба он ба якчанд шахс тааллуқ дорад, созишномаи байни онҳо муайян мекунад. Ҳангоми набудани чунин созишнома ҳар як дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ ихтирои ҳифзшавандаро мувофиқи салоҳдиди худ истифода бурда метавонад, вале бе розигии дорандагони дигари патенти мазкур ҳуқуқи ба шахси дигар додани иҷозатнома ва ё вогузор кардани ҳуқуқи истисноиро (гузашт кардани патентро) надорад.

Соҳиби патент метавонад аломати огоҳкунандаеро, ки дорои патент ё нахустпатент будани ихтирои истифодашавандаро нишон медиҳад, истифода барад.

Патент, нахустпатент ба ихтироъ ва ҳуқуқи гирифтани онҳо ба мерос мемонад.

Дорандаи патент ҳуқуқ дорад ҳуқуқи истисноияшро ба ҳар кадом шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ вогузор кунад (гузашт кардани патент). Шартнома дар бораи вогузор кардани ҳуқуқи истисноӣ бояд дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шавад ва бе чунин бақайдгирӣ он беэътибор дониста мешавад.

Агар дорандаи патент ихтирои ҳуқуқи истисноидоштаро, бе вайрон намудани ҳуқуқҳои дорандаи патенти дигар (патенти якум), ки бастани  шартномаи иҷозатномавиро бо шартҳои мутобиқаткунандаи бастани шартномаи иҷозатномавиро бо шартҳои мутобиқаткунандаи амалияи муқараргардида рад намудааст, истифода бурда натавонад, ҳуқуқ дорад ба суд бо аризаи давогӣ ҷиҳати ба ӯ додани иҷозатномаи маҷбурӣ (тибқи моддаи 28 ҳамин Қонун) барои истифодаи ихтирои мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд. Дар аризаи даъвогӣ бояд шартҳои ба дорандаи патенти дуюм додани чунин иҷозатнома, аз ҷумла ҳаҷми истифодаи ихтироъ, андоза, тартиб ва мӯҳлати пардохтҳонишон дода шавад. Агар дорандаи патенти дуюм, исбот намояд, ки ихтирои ӯ дастоварди муҳими техникӣ буда, аз ихтирои дорандаи патенти якум афзалияти комили иқтисодӣ дорад, суд дар бораи додани иҷожзатномаи маҷбурӣ қарор мебарорад. Ҳуқуқи истифодаи ихтироъ, ки тибқи чунин иҷозатнома ба даст оварда мешавад, ба истиснои ҳолати мусодираи патенти дуюми шасх дода намешавад. Дар сурати додани иҷозатномаи маҷбурӣ тибқи қоидаҳои мазкур дорандаи патенти якум ҳуқуқ дорад бо шартҳои мутобиқаткунандаи амалияи муқарргардида иҷозатномаи ғайриистисноиро ҷиҳати истифодаи ихтирои вобаста ба даст дарорад. (ҚҶТ аз 03.07.2012., №857)

 

Моддаи 27. Додани ҳуқуқ  барои истифодаи ихтироъ

Ҳар кадом шахсе, ки дорандаи патент нест, ба истифодаи ихтирои бо ҳуҷҷати муҳофизатӣ ҳифзшуда танҳо бо иҷозати дорандаи патент, дар асоси шартнома оид ба додани иҷозатнома (литсензия) ҳуқуқ дорад.

Мувофиқи чунин шартнома дорандаи патент (иҷозатномадеҳ) ўҳдадор мешавад, ки ҳуқуқро барои истифодаи ихтирои ҳифзшуда дар ҳаҷми дар шартнома пешбинишуда ба шахси дигар (иҷозатномагир), ки ў ўҳдадории иҷро намудани ҳамаи амалҳои дар шартнома пешбинишударо ба зиммаи худ мегирад, диҳад.

Дар ҳолати пешниҳоди иҷозатномаи истисноӣ ҳуқуқи истисноии истифодаи ихтироъ дар ҳудуди дар шартнома зикршуда ба иҷозатномагир мегузарад. Ҳуқуқи истифодаи қисми ба иҷозатномагир доданашавандаи ихтироъ дар ҷониби иҷозатномадеҳ мемонад.

Иҷозатномадеҳ дар ҳолати иҷозатномаи ғайриистисноӣ ба иҷозатномагир ҳуқуқи истифодаи ихтироъро дода истода, ҳамаи ҳуқуқҳоеро, ки ҳуҷҷати муҳофизатӣ тасдиқ мекунад, аз ҷумла, ҳуқуқи ба шахсони сеюм додани иҷозатномаҳоро нигоҳ медорад.

Шартномаи оид ба додани иҷозатнома бояд ҳатман дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шавад ва бе чунин бақайдгирӣ беэътибор дониста мешавад.

Дорандаи патент метавонад ба Идораи патентӣ дар бораи ба ҳар кадом шахс дода шудани ҳуқуқ барои истифодаи ихтироъ (иҷозатномаи кушода) дархост диҳад. Дар ин ҳолат андозаи боҷ барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати муҳофизати аз соли баъди нашри маълумот оид ба мавҷудияти чунин дархост 50 фоиз кам карда мешавад. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

Дар ҳолати бозхонди иҷозатномаи кушода аз тарафи дорандаи патент боҷ барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар давоми вақти амали иҷозатномаи кушода пардохта нашуда, минбаъд ин боҷ ба андозаи пуррааш пардохта мешавад.

Шахсе, ки хоҳиши гирифтани иҷозатномаи кушодаро дорад, бояд бо дорандаи патент дар бораи пардохтҳо шартнома бандад. Баҳсҳои марбут ба бастани чунин шартнома дар суд баррасӣ мешаванд.

Амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатнотмадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» барои додани чунин намуди иҷозатнома (литсензия) татбиқ  намегагдад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №857)

 

Моддаи 28. Иҷозатномаи маҷбурӣ

Дорандаи патент вазифадор аст, ки ихтироъро истифода барад. Ҳангоми дар давоми панҷ соли баъди рўзи нашри маълумот оид ба додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз тарафи дорандаи патент истифода нашудан ва ё ба дараҷаи зарурӣ истифода нашудани ихтироъ, шахси ҳоҳиши истифодаи ихтироъро дошта ва ба ин омодабуда, дар ҳолати бо шартҳои мувофиқ ба амалияи муқарраргардида аз имзои шартнома оид ба додани иҷозатнома саркашӣ намудани дорандаи патент, метавонад ба суд бо аризаи даъвогӣ дар бораи ба вай додани иҷозатномаи маҷбурӣ барои истифодаи ихтирои мазкур муроҷиат намояд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №857)

Агар дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ исбот накунад, ки истифода набурдан ва ё ба дараҷаи зарурӣ истифода набурдани ихтироъ сабабҳои узрнок дорад, суд дар бораи додани иҷозатномаи маҷбурӣ қарор мебарорад.

Ҳангоми қабули қарор дар бораи додани иҷозатномаи маҷбурӣ суд бояд ҳудудҳои истифодаи ихтироеро, ки ҳуҷҷати муҳофизатии он ба шахси дигар тааллуқ дорад, дар ҳаҷме, ки барои истифодаи ихтирои патентнокшудаи шахси дигар (талабкунандаи иҷозатномаи маҷбурӣ) зарур аст, инчунин андоза, мўҳлат ва тартиби пардохтҳоро муайян намояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати бехатарии миллӣ, ҳамчунин дар мавриди ҳолатҳои  фавқулодда (офатҳои табиӣ, фалокатҳо, садамаҳои калон), ҳуқуқ дорад истифодаи ихтироъро иҷозат диҳад ва ба дорандаи патент ҷубронпулии муносибро пардозад. Дар ин ҳолат ҳаҷм ва давомнокии истифодаи ихтирои патентнокшуда бо мақсадҳое, ки маҳз барои расидан ба онҳо иҷозати истифодаи ихтироъ дода мешавад, маҳдуд мегардад. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

Иҷозатномаи маҷбурӣ иҷозатномаи ғайриистисноӣ буда, ба шахси дигар гузашт кардани он мумкин нест. Баҳсҳоеро, ки дар натиҷаи чунин истифодабарии ихтироъ ба миён меоянд, суд ҳал мекунад.

Иҷозатномаи маҷбурӣ бояд ҳатман дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шавад ва бе бақайдгирӣ беэътибор дониста мешавад.

 

Моддаи 29. Вайронкунии ҳуқуқи истисноӣ

Ҳар як шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқие, ки ихтироъро хилофи Қонуни мазкур истифода мебарад, вайронкунандаи ҳуқуқи истисноии дорандаи патент (вайронкунандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ) ҳисобида мешавад. .(ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

Дорандаи патент ҳуқуқ дорад талабҳои зеринро пеш гузорад:

- қатъ намудани вайронкунии ҳуҷҷати муҳофизатӣ;

- аз шахси ба вайронкунии ҳуҷҷати муҳофизатӣ айбдоршуда ситонидани  ҷуброни зарарҳое, ки расонида шудаанд, аз ҷумла фоидаи аз даст додашуда ва ҷуброни зарари маънавӣ;

- ба ҷои ҷуброни зарарҳо ситонидани даромади ба даст овардаи вайронкунандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ;

- ба фоидаи худ мусодира намудани маҳсулоти ба гардиши хоҷагӣ даровардашуда ва ё бо ин мақсад нигоҳдошташуда, ки вайронкунандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ҳисоб меравад, инчунин мусодираи воситаҳои барои вайрон кардани ҳуҷҷати муҳофизатӣ пешбинишуда;

- бо мақсади барқарор намудани обрўи кории худ дар нашрияҳои расмии Идораи патентӣ нашр намудани қарори суд.

Ба вайронкунандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ дорандаи иҷозатномаи истисноӣ, агар дар шартнома оид ба додани иҷозатнома ҳолати дигаре пешбинӣ нашуда бошад ва ё дорандаи иҷозатномаи ғайриистисноӣ, агар ин дар шартнома пешбинӣ шуда бошад, низ даъво карда метавонад.

 

Моддаи 30. Амалҳое ки вайронкунии ҳуқуқи истисноӣ ҳисоб намешаванд

Амалҳои зерин вайронкунии ҳуқуқи истисноии дорандаи патент ҳисоб намешаванд:

- татбиқи василаҳои дарбаргирандаи ихтирооти бо патент ё бо нахустпатент ҳифзшуда дар таркиб ва ё ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёти рўизаминӣ, ҳавоӣ ва обии мамлакатҳои дигар, ба шарте ки воситаҳои нақлиёти номбаршуда муваққатан ва ё тасодуфан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошанд ва барои эҳтиёҷоти нақлиёт истифода бурда шаванд ва агар ин воситаҳои нақлиёт ба шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқии мамлакатҳое тааллуқ дошта бошанд, ки онҳо низ ба соҳибони воситаҳои нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин гуна ҳуқуқҳоро медиҳанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568);

- гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва ё таҷриба дар воситаҳои ихтироъҳоро дарбаргиранда;

- истифода намудани воситаҳое, ки ихтироъҳоро дар бар мегиранд, ҳангоми рўй додани ҳодисаҳои фавқулодда (офатҳои табиӣ, фалокатҳо, садамаҳои калон) бо шарти дар навбати аввал қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ, прардохти чуброни андозаи мувофиқ ва фавран огоҳ намудани дорандаи патент; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №857)

- истифода намудани воситаҳои ихтироотро дарбаргиранда бе ба даст овардани фоида;

- аз рўи доруномаҳои табиб як маротиба тайёр намудани доруҳо дар дорухонаҳо;

- истифодаи воситаҳое, ки ихтирооти бо ҳуҷҷати муҳофизатӣ ҳифзшударо дар бар мегиранд, агар ин воситаҳо бо роҳи қонунӣ мувофиқи ҳуқуқҳои ба соҳибони патент додашуда ба гардиши ҳоҷагидорӣ дароварда шуда бошанд.

Амалҳое, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, набояд истифодаи мӯтаъдили патентро беасос халалдор сохта манфиатҳои қонуни дорандаи патентро паймол кунанд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №857)

 

Моддаи 31. Ҳуқуқи истифодаи пешина

Ҳар кадом шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки то санаи аввалияти ихтироъ новобаста ба муаллифи он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон айнан ҳамон ихтироъро офарида, истифода бурда бошад ва ё барои истифодаи он тайёриҳои зарурӣ дида бошад, ҳуқуқи минбаъд бе васеъ кардани ҳаҷми истеҳсолот ройгон истифода бурдани ихтироъро нигоҳ медорад (ҳуқуқи истифодаи пешин) (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568).

Ҳуқуқи истифодаи пешин мумкин аст ба шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ танҳо якҷоя бо истеҳсолоте, ки дар он истифодаи ихтирои ҳаммонанд ҷой дошт ва ё тайёриҳои зарурӣ барои он дида шудаанд, дода шавад.

 

Боби 9. ҚАТЪ НАМУДАНИ АМАЛИ ҲУҶҶАТИ МУҲОФИЗАТӢ

 

Моддаи 32. Мавриди баҳс қарор додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ

Ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар тамоми муддати амалаш аз ҷониби ҳар кадом шахс дар ҳолатҳои зерин метавонад мавриди  баҳс қарор дода  ва ё пурра ё қисман беэътибор дониста шавад:

- ошкор кардани номувофиқатии ихтироъ ба шартҳои патентпазирии дар моддаи 6 ҳамин Қонун муқарраргардида;

- дар формулаи ихтироъ мавҷуд будани аломатҳое, ки дар маводҳои нахустини ариза набуданд;

- дар ҳуҷҷати муҳофизатӣ нодуруст нишон дода шудани муаллиф(он) ва ё доранда(гон)-и патент.

Эътирози зидди додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ тибқи асосҳои дар сархатҳои якум ва дуюми қисми якуми ҳамин модда зикршуда ба Шўрои шикоятӣ дода мешавад ва бояд дар давоми шаш моҳи баъди санаи ворид гардидани он баррасӣ шавад. Дар ин сурат дорандаи патент бояд бо эътироз шинос карда шавад. Дар ҳолати норозӣ будан бо қарори Шўрои шикоятӣ оид ба эътирозе, ки дар асоси он ҳуҷҷати муҳофизатӣ мавриди баҳс қарор дода мешавад,  ҳар кадом аз тарафҳо метавонад дар муддати шаш моҳи баъди санаи қабул карда шудани қарор ба суд муроҷиат намояд.

 

Моддаи 33. Пеш аз мўҳлат қатъ намудани амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ

Амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар ҳолатҳои зерин пеш аз мўҳлат қатъ карда мешавад:

- ҳангоми ҳуҷҷати муҳофизатиро мувофиқи моддаи 31 ҳамин Қонун пурра беэътибор донистан;

- дар асоси аризаи ба Идораи патентӣ додаи дорандаи патент;

- ҳангоми дар муддати муқарраршуда напардохтани боҷи нигаҳдории эътибори ҳуҷҷати муҳофизатӣ.

Идораи патентӣ дар хабарномаи расмӣ маълумотро дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ гардидани амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ нашр менамояд.

 

Моддаи 34. Барқарор кардани амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ. Ҳуқуқи истифодаи баъдӣ

Амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ, ки аз рўи асоси дар сархати сеюми қисми якуми моддаи 33 ҳамин Қонун зикршуда қатъ гардидааст, аз рўи дархости дорандаи патент дар давоми се соли баъди санаи ба охир расидани мўҳлати пардохти боҷи нигаҳдории эътибори ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрнок ва пешниҳод кардани ҳуҷҷат дар бораи пардохта шудани боҷи барқароркунии амали патент мумкин аст барқарор карда шавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №857)

 

Идораи патентӣ дар хабарномаи расмӣ маълумотро оид ба барқарор карда шудани амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ нашр мекунад.

Ҳар кадом шахсе, ки дар давраи байни санаи қатъ гардидан ва санаи барқарор карда шудани амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи ихтирои ҳифзшаванда cap кардааст ва ё барои он тайёрии зарурӣ дидааст, ҳуқуқи минбаъд бе васеъ кардани ҳаҷм (ҳуқуқи истифодаи баъдӣ) ройгон истифода намудани онро нигоҳ медорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568).

Ҳуқуқи истифодаи баъдӣ мумкин аст ба шахси дигар танҳо якҷоя бо истеҳсолоте, ки дар он истифодаи ихтироъ ҷой дошт ва ё барои он тайёрии зарурӣ дида шуда буд, дода шавад.

 

БОБИ 10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 35. Ҳуқуқҳо ва имтиёзҳои иловагии муаллифон

Муаллиф дар рафти баррасии ариза то дар Феҳристи давлатии ихтироъҳо ба қайд гирифта шудани он ҳуқуқи ба ихтироъ додани номи худ ва ё номи махсусро дорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1568).

Муаллиф ҳуқуқ дорад дар асоси шартнома дар кори ба истифодабарӣ омодасозии ихтироъ иштирок намояд.

Муаллифони ихтирооти муҳимтарину нодир ва васеъ истифодашаванда мумкин аст ба гирифтани унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» пешбарӣ шаванд.

 

Моддаи 36. Ҳавасмандкунии давлатии офаридан ва истифодаи ихтироот

Масъалаҳои ҳавасмандкунии офаридан ва истифодаи ихтироот бо тартиб ва шартҳое ҳал карда мешаванд, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 37. Баррасии баҳсҳо

Баҳсҳои марбут ба вайрон карда шудани ҳифзи ҳуқуқии ихтироотро Шўрои шикоятӣ дар доираи салоҳияти худ баррасӣ менамояд.

Ҳар кадоме аз тарафҳо ҳангоми бо қарори Шўрои шикоятӣ розӣ набудан ҳуқуқ дорад, ки ба суд муроҷиат кунад.

Дар ҳолати дар масъалаҳои татбиқи муқаррароти ҳамин Қонун ба миён омадани баҳс бо хоҳиши ҳар кадом аз тарафҳои дар баҳс иштироккунанда Шўрои шикоятӣ барои танзим намудани баҳсҳо ҳамчун миёнарав баромад мекунад.

Судҳо мувофиқи салоҳияташон баҳсҳои зеринро баррасӣ менамоянд:

- дар бораи муаллифӣ ба ихтироъ;

- дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ;

- дар бораи муқаррар намудани дорандаи патент;

- дар бораи додани иҷозатномаи маҷбурӣ;

- дар бораи вайрон карда шудани ҳуқуқи истисноии истифодаи ихтироъ ва ҳуқуқҳои дигари молумулкии дорандаи патент;

- дар бораи бастан ва ба иҷро расонидани шартномаҳо оид ба додани ҳуқуқи истифодаи ихтироот;

- дар бораи ҳуқуқи истифодаи  пешин ва баъдӣ;

- дар бораи мувофиқи шартнома ба муаллиф мукофотпулӣ додани корфармо, ки онро моддаи 10 ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст;

- баҳсҳои дигаре, ки бо ҳифзи ҳуқуқҳо алоқамандӣ доранд.

 

Моддаи 38. Ҷавобгарӣ  барои вайрон намудани ҳуқуқҳои муаллифон

Аз худ намудани муаллифӣ, барои ҳаммуаллиф шудан маҷбур кардан, ғайриқонунӣ паҳн намудани маълумот дар бораи ихтироъ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

 

Моддаи 39. Боҷ ва пардохтҳои корбарӣ

Барои пешниҳоди ариза, дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, барои додани ҳуҷҷати муҳофизати   барои нигоҳ доштани эътибори он, барои дароз кардан ва барқарор намудани мўҳлатҳои гузаронидашуда, инчунин барои иҷрои дигар амалҳои аҳамияти ҳуқуқӣ дошта, ки бо нахустпатентҳо ва патентҳо барои ихтироъ алоқаманданд, боҷ ситонида мешаванд. Номгўи пурраи амалҳое, ки барои иҷрояшон боҷ ситонида мешаванд, андоза ва мўҳлатҳои пардохти онҳо, инчунин асосҳо барои озод намудан аз пардохт, кам кардани андоза ва ё бозгардондани боҷ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956).

Барои гузаронидани экспертиза, барои ба маводҳои ариза ба ихтироъ дохил намудани ислоҳот ва тасҳеҳ, барои нашри маълумот дар бораи аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои муҳофизатии додашуда, барои дар Шўрои шикоятӣ баррасӣ кардани эътирозҳо, ҳамчунин барои иҷро намудани амалҳои дигари аҳамияти ҳуқуқӣ доштаи марбут бо санҷиши ариза  аз тарафи Идораи патентӣ пардохтҳои корбарӣ ситонида мешаванд. Номгўи пурраи амалҳое, ки барои иҷрояшон пардохтҳои корбарӣ ситонида мешаванд, тартиб, андоза ва мўҳлати пардохти онҳо, ҳамчунин шартҳои баргардонидани пардохтҳои корбариро Идораи патентӣ муайян менамояд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  мекунад. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

Боҷ ва пардохтҳои корбариро аризадиҳанда, дорандаи патент ва ё бо розигии онҳо ҳар кадом шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ супорида метавонанд.

 

Моддаи 40. Дар мамлакатҳои хориҷӣ патентдор кардани ихтироот

Дар мамлакатҳои хориҷӣ патентдор кардани ихтирооти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон офаридашуда аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди се моҳ аз санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани ариза барои он ихтироъ ба амал бароварда мешавад. Дар ин ҳол аризадиҳанда бояд дар бораи нияти дар мамлакатҳои хориҷӣ патентдор кардани ихтироъ хабар диҳад.

Дар ҳолатҳои зарурӣ Идораи патентӣ метавонад пештар аз мўҳлати зикргардида ба патентдор намудани ихтироъ дар мамлакатҳои хориҷӣ иҷозат диҳад, вале ин амал танҳо баъди ба охир расидани экспертизае, ки  бо мақсади муайян намудани мавҷудияти маълумоти сирри давлатиро дарбаргиранда дар ариза барои ихтироот гузаронида мешавад, сурат мегирад. (ҚҶТ аз 19.03.13с. №956)

 

Моддаи 41. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Э. Раҳмонов

 

ш. Душанбе  

28 феврали соли 2004

№ 17                                                                      

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАМУНАҲОИ САНОАТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 10:29
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
16
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.02.2004

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ НАМУНАҲОИ САНОАТӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2004, №2, мод. 48; 2012 с., №7, мод. 706; с. 2015, №12, қ. 1, мод. 1116; с. 2016, №11, мод. 887. Қонунҳои ҶТ аз 03.07.12 с., № 856; аз 25.12.15 с., № 1270; аз 14.11.16 с., № 1371; аз 02.01.2019 с.,№ 1583)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои молумулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии ба онҳо алоқамандро, ки бинобар офариниш, ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии намунаҳои саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Конвенсияи Париж – Конвенсияи Париж оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ аз 20 марти соли 1883 бо тағйиру иловаҳои минбаъда;    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

– схемаи эргономӣ – схемае ки таносуби андозаҳои объекти намунаи саноатиро дар системаи «инсон - мошин» инъикос мекунад; 

– харитаи конфексионӣ – намунаи матоъҳои бофтаю трикотажӣ, чарм, маводи ороишӣ ва ғайра, ки барои тайёр намудани маҳсулот тавсия карда мешаванд (дар сурати пешниҳоди ариза оид ба намунаи саноатие, ки ба саноати сабук дахл дорад, тартиб дода мешавад);    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

– хабарномаи расмӣ –  нашрияи расмии даврии мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ;    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

– шартҳои патентпазирӣ – шартҳои бо Қонуни мазкур муқарраршудаи додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба намунаи саноатӣ.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи намунаҳои сано