Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
|
|
ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА
ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
- КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
-
Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),
Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.
БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)
Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.
ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ
ҶАДВАЛИ САНАДҲО
ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»
Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.
Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.
Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)
САТРИ «НОМ»
Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.
САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»
Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.
Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.
Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.
Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.
Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.
ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»
Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.
ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)
- КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ
-
Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.
Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот |
Сана![]() |
Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
Қонун | 1874 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ | Маҷлиси Олии ҶТ | 08.06.2022 | Амалкунанда |
![]() ![]() ![]() |
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот |
Сана![]() |
Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
Қонун | 1873 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО | Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 08.06.2022 | Амалкунанда |
![]() ![]() ![]() |
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот |
Сана![]() |
Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
Қонун | 1866 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲАҲОИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ | Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 18.03.2022 | Амалкунанда |
![]() ![]() ![]() |
Феврал 2020
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ КОРФАРМОЁН
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ КОРФАРМОЁН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №5, мод.343; с. 2011, №3, ст. 164; ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)
Маҷлиси намояндагон 31-уми марти соли 2004 қабул кардааст
Маҷлиси миллӣ 29-уми апрели соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии иттиҳодияҳои корфармоёнро танзим менамояд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)
БОБИ 1.
Муқаррароти умумӢ
Моддаи 1. Предмети танзими Қонуни мазкур
Мавзӯи танзими Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки ҳангоми татбиқи ҳуқуқи корфармоён барои таъсиси иттиҳодияҳо ба мақсади муаррифӣ ва ҳимояи манфиату ҳуқуқҳои худ дар рафти танзими шартномавии муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ пайдо мешаванд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)
Моддаи 2. Мафҳуми асосӣ. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)
Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешавад.
- корфармо - шахсӣ ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагиҳои он новобаста ба шакли ташкилию ҳукуқӣ ва шахсӣ воқеӣ, ки ҳуқуқибо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатиро дорад;
- иттиҳодияҳои корфармоён - ташкилоти ғайри тиҷоратие, ки корфармоён ихтиёрона барои намояндаги ва ҳифзи манфиатҳои аъзои худ дар доираи шарикии иҷтимоӣ таъсис медиҳанд;
- созишнома – санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои иҷтимоӣ – меҳнатиро байни кормандон ва корфармоён ба танзим медарорад ва дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва соҳавӣ баста шудааст. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Ҳуқуқи корфармоён ба иттиҳод
Корфармоён ҳуқуқ доранд бидуни ризоияти пешакии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси ихтиёрӣ иттиҳодияҳои корфармоёнро бо мақсади муаррифии манфиатҳо ва ҳимояи ҳуқуқҳои худ дар муносибати байниҳамдигарӣ бо иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти дигари намояндагии кормандон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ таъсис диҳанд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)
Давлат бо мақсади рушди шарикии иҷтимоӣ, таъмини иштироки корфармоён бо тартиби муқарраршуда дар ташаккулу татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва таъмини ҳуқуқи корфармоён ба иттиҳод дар бахши муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва муносибатҳои иқтисодии ба онҳо марбут мусоидат менамояд.
Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён
Фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён дар асоси принсипи аъзогиву хориҷшавии ихтиёрии корфармоён ва (ё) иттиҳодияҳои онҳо сурат мегирад.
Иттиҳодияҳои корфармоён мақсад, намуд ва самтҳои фаъолияташонро мустақилона муайян менамоянд.
Иттиҳодияҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бахши муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва муносибатҳои иқтисодии ба онҳо марбут дар асоси принсипҳои шарикии иҷтимоӣ ҳамкорӣ мекунанд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)
Моддаи 6. Мустақилияти иттиҳодияҳои корфармоён
Иттиҳодияҳои корфармоён фаъолияти худро новобаста ба мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба амал мебароранд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)
Дахолати мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён, ки ҳуқуқҳои иттиҳодияҳои корфармоёнро маҳдуд месозад ё барои амали қонунии фаъолияти оинномавии онҳо мамониат мекунад, манъ аст. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)
Тартиби ҳамкории иттиҳодияҳои корфармо он аз ҷониби худи онҳо мувофиқи оиннома ва қарорҳои мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён муайян карда мешавад.
Моддаи 7. Вазифаҳои асосии иттиҳодияҳои корфармоён
Вазифаҳои асосии иттиҳодияҳои корфармоён инҳоянд:
- иштирок дар гузаронидани музокирот, таҳия кардан ва бастани созишномаҳои дуҷониба, сеҷониба доир ба масъалаҳои муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ;
- иштирок дар мақомоти доимоамалкунандаи низоми шарикии иҷтимоӣ тавассути намояндагони ваколатдори худ, аз ҷумла дар кори комиссияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии дуҷонибаву сеҷониба бо мақсади танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ;
- таъмини ташкили иҷрои ӯҳдадориҳое, ки корфармоён-аъзои иттиҳодияҳо аз рӯи созишномаҳо қабул кардаанд;
- иштирок дар ҳалли баҳсҳои коллективии меҳнатӣ;
- иштирок дар таҳия ва экспертизаи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин нақшаву барномаҳо доир ба масъалаҳое, ки аҳамияти калони иҷтимоию иқтисодӣ доранд;
- таъмини иттилоотӣ ва методии аъзои иттиҳодияҳо;
- таъмини фаъолияти ҳамоҳангшудаи аъзои иттиҳодияҳо бо мақсади ҳалли самараноки масъалаҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ.
Моддаи 8. Намудҳои иттиҳодияҳои корфармоён
Иттиҳодияҳои корфармоён метавонанд аз рӯи нишонаҳои ҳудудӣ, соҳавӣ, байнисоҳавӣ, ҳудудиву соҳавӣ таъсис дода шаванд.
Иттиҳодияи ҷумҳуриявии корфармоён - иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи иттиҳодияҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ (байнисоҳавӣ) ва ҳудудии корфармоён таъсис дода шудааст ва дар беш аз нисфи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)
Иттиҳодияи соҳавии (байнисоҳавии) ҷумҳуриявии корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоёни соҳа (соҳаҳо) ё намуди (намудҳои) фаъолият таъсис дода шудааст, дар маҷмӯъ дар беш аз нисфи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад ва (ё) бо онҳо на кам аз нисфи кормандони соҳа (соҳаҳо) ё намуди (намудҳои) фаъолият муносибати меҳнатӣ доранд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)
Иттиҳодияи вилоятии (аз он ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоён ва (ё) иттиҳодияи соҳавии вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявии корфармоён таъсис дода шудааст ва дар ҳудуди як вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Иттиҳодияи соҳавии вилоятии (аз он ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоёни соҳа (намуди фаъолият) таъсис дода шудааст ва дар ҳудуди як вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Иттиҳодияи шаҳрии (ноҳиявии) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоён ва (ё) иттиҳодияҳои соҳавии шаҳрӣ (ноҳиявӣ) таъсис шудааст ва дар ҳудуди як шаҳр ё ноҳия фаъолият дорад.
Иттиҳодияи соҳавии шаҳрии (ноҳиявии) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоёни соҳа (намуди фаъолият) таъсиси дода шудааст ва дар ҳудуди як шаҳр ё ноҳия фаъолият дорад.
БОБИ 2.
Ташкилдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияҳои корфармоён
Моддаи 9. Ташкили иттиҳодияҳои корфармоён
Иттиҳодияҳои корфармоён дар асоси қарори муассисон ташкил карда мешаванд.
Муассисони иттиҳодияи корфармоён на кам аз се корфармо ё се иттиҳодияи корфармоён шуда метавонанд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)
Қобилияти ҳуқуқии иттиҳодияи корфармоён ба сифати шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи қайди давлатии он бо тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» пешбинӣ намудааст, пайдо мешавад.(ҚҶТ аз 25.03.11с №696)
Моддаи 91 . Номи иттиҳодияҳои корфармоён
Номи иттиҳодияи корфармоён бояд ба намуди иттиҳодияи корфармоён, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур омадааст, мутобиқат намояд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)
Моддаи 10. Ҳуҷҷати таъсисотии иттиҳодияҳои корфармоён
Ҳуҷҷати таъсисотии иттиҳодияҳои корфармоён оиннома аст.
Оинномаи иттиҳодияи корфармоён бояд масъалаҳои зеринро муайян намояд:
-номи иттиҳодияи корфармоён;
-мақсаду вазифаҳои иттиҳодияи корфармоён;
-маҳалли ҷойгиршавии иттиҳодияи корфармоён;
-тарзи идоракунии иттиҳодияи корфармоён;
-ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои иттиҳодияи корфармоён;
-шарту тартиби узвият ба иттиҳодияи корфармоён ва хориҷ шудан аз он;
-манбаъҳои ташаккули молу мулки иттиҳодияи корфармоён;
-тартиби ворид сохтани таҷйирот ба оинномаи иттиҳодияи корфармоён;
-сохтор, тартиби таъсис ва ваколатҳои мақомоти идоракунии иттиҳодияи корфармоён, инчунин тартиби аз ҷониби онҳо қабул намудани қарорҳо;
-тартиби ба намоянда ва (ё) намояндаҳои иттиҳодияи корфармоён додани ваколат барои бурдани музокироти коллективӣ доир ба таҳия, бастан ва таҷйир додани созишномаҳо, инчунин барои ширкат дар раванди созиш ҳангоми сар задани баҳсҳои меҳнатии коллективӣ;
-муқаррароти дигаре, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилоф надоранд.
Дар оинномаи иттиҳодияи корфармоён ҷавобгарии узви иттиҳодияи корфармоён барои риоя накардани муқаррароти оиннома, қарорҳои мақоми олии идоракунии он метавонад пешбинӣ шавад.
Таҷйирот ба оинномаи иттиҳодияи корфармоён дар асоси қарори мақомоти олии идоракунии он ворид карда мешавад.
Моддаи 11. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи корфармоён
Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи корфармоён дар асоси қарори дахлдори мақоми олии идоракунии иттиҳодияи корфармоён, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
БОБИ 3.
Вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои корфармоён ва аъзои онҳо
Моддаи 12. Ҳуқуқҳои аъзои иттиҳодияҳои корфармоён
Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқи баробар доранд.
Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқ доранд:
- дар таъсиси мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён бо тартибе, ки оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён муайян намудааст, иштирок кунанд;
- барои баррасии мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён оид ба масъалаҳои фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён таклиф пешниҳод кунанд, дар муҳокима, аз ҷумла дар қабули қарори дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён ширкат варзанд;
- дар муайян намудани мазмуну мундариҷаи созишномаҳои аз ҷониби иттиҳодияҳои корфармоён басташаванда, ки муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо марбути иқтисодиро ба танзим медароранд, ширкат намоянд;
- оид ба фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён, созишномаҳои аз ҷониби онҳо басташуда, инчунин дар бораи матни ин созишномаҳо маълумот гиранд;
- дар масъалаҳои татбиқи қонунгузорие, ки муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои дигари ба он бевосита алоқамандро ба танзим медарорад, таҳияи санади меъёрии дохилӣ (локалӣ), ки муқарарроти ҳуқуқи меҳнатиро дар бар мегирад, бастани шартномаву созишномаҳои коллективӣ, инчунин ҳалли баҳсҳои меҳнатии инфиродиву коллективӣ аз иттиҳодияҳои корфармоён кӯмак гиранд;
- узвияти иттиҳодиҳои корфармоёнро озодона тарк кунанд;
- ба ҳуқуқҳои дигаре, ки оинномаи иттиҳодияи корфармоён пешбинӣ намудааст.
Моддаи 13. Ӯҳдадориҳои аъзои иттиҳодияҳои корфармоён
Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ӯҳдадоранд:
- талаботи оинномаи иттиҳодияҳои корфармоёнро иҷро намоянд;
- шартҳои созишномаҳоеро, ки иттиҳодияҳои корфармоён бастаанд, риоя кунанд ва ӯҳдадориҳои пешбининамудаи ин созишномаҳоро иҷро намоянд.
Моддаи 14. Ҳуқуқҳои иттиҳодияҳои корфармоён
Иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқ доранд:
- дар таҳияи таклифҳо ба лоиҳаи барномаҳо, инчунин дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳое, ки аҳамияти калони иҷтимоию иқтисодӣ доранд, ширкат варзанд;
- намояндагони худро барои иштирок дар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи дастури мақомоти дахлдор равон кунанд; (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз мақомоти дахлдор дар доираи ваколатҳояшон оиди масъалаҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ маълумот гиранд;
- манфиати аъзояшро дар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ташкилотҳои ҷамъиятӣ муаррифӣ ва муҳофизат намоянд; (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)
- намояндагони ваколатдори худро дар сатҳи дахлдор ба комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии дуҷонибаву сеҷониба равон кунанд;
- аз номи аъзои худ ҳангоми музокироти коллективӣ ва бастани созишномаҳо бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот маҳаллӣ, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо доир ба масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ баромад намоянд; (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)
- дар ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ширкат варзанд;
- барои аз ҷониби корфармоён -аъзои иттиҳодияҳои корфармоён иҷро гардидани ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи созишномаҳо мусоидат намоянд;
- ба корфармоён доир ба масъалаҳои бурдани музокирот, бастани шартномаву созишномаҳои коллективӣ, ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ кӯмаки машваратию методӣ расонанд;
- барои таъмини фаъолияти оинномавии худ аз воситаҳои ахбори омма истифода кунанд ва муассиси онҳо бошанд, фаъолияти табъу нашрро ба роҳ монанд;
- ба ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) иттиҳодияи корфармоён бо нигоҳ доштани мустақилият ва ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқӣ муттаҳид шаванд;
- қитъаҳои заминро истифода баранд.
Иттиҳодияҳои корфармоён инчунин метавонанд ҳуқуқҳои дигари бо оинномаи иттиҳодияи корфармоён пешбининамударо дошта бошанд.
Моддаи 15. Ӯҳдадориҳои иттиҳодияҳои корфармоён
Иттиҳодияҳои корфармоён ӯҳдадоранд:
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;
- бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ музокироти коллективӣ баранд, ҷиҳати шартҳои мувофиқашуда бо иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо созишнома банданд;
- ба аъзои худ дар хусуси созишномаҳои бастаи иттиҳодияҳои корфармоён ва дар бораи ин созишномаҳо маълумот диҳанд;
- ба иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот маълумотро дар хусуси масъалаҳои иҷтимоию меҳнатӣ, ки иттиҳодияҳои корфармоён дар ихтиёр доранд ва барои бурдани музокироти коллективӣ бо мақсади таҳия ва бастани созишномаҳо, инчунин назорати иҷрои онҳо заруранд, пешниҳод намоянд; (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)
- назорати иҷрои созишномаҳои аз ҷониби иттиҳодияи корфармоён басташударо ба амал бароранд;
- баҳри иҷрои ӯҳдадориҳое, ки аъзои иттиҳодияи корфармоён дар созишномаҳо пешбинӣ намудаанд, инчунин шартномаҳои коллективии аз ҷониби корфармоён-аъзои иттиҳодияи корфармоён басташуда мусоидат намоянд;
- дар назди аъзои худ аз хусуси фаъолияти иттиҳодияи корфармоён бо тартиб ва дар мӯҳлатҳое, ки оинномаи иттиҳодияи корфармоён пешбинӣ намудааст, ҳисобот диҳанд;
- дар масъалаҳои татбиқи қонунгузорӣ, ки муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои дигари ба он алоқамандро ба танзим медарорад, таҳияи санади меъёрии амалаш маҳдуд, ки муқаррароти ҳуқуқи меҳнатиро дар бар мегирад, бастани шартномаву созишномаҳои коллективӣ, инчунин дар ҳалли баҳсҳои меҳнатии инфиродиву коллективӣ ба аъзои худ кӯмак расонанд;
- ӯҳдадориҳои дигари бо оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён пешбинишударо иҷро намоянд.
Моддаи 16. Моликияти иттиҳодияҳои корфармоён
Иттиҳодияҳои корфармоён метавонанд ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқро ба бино, сохтмон, иншоот, фонди манзил, таҷҳизот, асбобу олот, маблаҷ бо арзи милливу хориҷӣ, коҷазҳои қиматнок ва ба молу мулки дигар дошта бошанд.
Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ҳангоми хориҷ шудан аз иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқҳояшонро ба молу мулке, ки ба моликияти иттиҳодияи корфармоён додаанд, аз ҷумла ба ҳаққи узвияту ҳаққи дигар аз даст медиҳанд, агар дар оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён муқаррароти дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Иттиҳодияҳои корфармоён масъулияти бо молу мулки худ адо кардани ӯҳдадориҳои аъзояшонро надоранд.
БОБИ 4.
Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 17. Масъулияти иттиҳодияи корфармоён
Иттиҳодияи корфармоён барои риоя ё иҷро накардани созишномаҳои басташуда дар қисмати ӯҳдадориҳои ҳамин иттиҳодия, ки дар созишномаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудаанд, масъул мебошад.
Иттиҳодияи корфармоён аз рӯи ӯҳдадориҳои аъзояш, аз ҷумла аз рӯи ӯҳдадориҳои онҳо, ки дар созишномаҳои аз ҷониби ҳамин иттиҳодияи корфармоён басташуда пешбинӣ гардидаанд, масъул шуда наметавонад.
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе 17 майи соли 2004
№ 32
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод. 348; с. 2005, № 3, мод. 120; с.2006, № 7, мод. 343; с.2007, № 6, мод. 433; с.2008, № 1, қ. 2, мод. 14, № 6, мод. 457, №’ 10, мод. 816; с. 2009, № 3, мод. 78, № 5, мод. 326, № 9-10, мод. 544; с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 821; с.2012, № 12, қ. 1, мод. 1005; с.2013, № 3, мод. 193, № 11, мод. 787; с.2014, № 7, қ. 2, мод. 406, мод. 407, № 11, мод. 666; с.2015, № 3, мод. 206, мод. 213, № 11, мод. 967; с.2016, № 5, мод. 369,№ 7, мод. 631, № 11, мод. 885; с.2017, № 5, қ. 1, мод. 291; с. 2019, № 6, мод. 327)
(Қонуни ҶТ аз 01.03.2005 № 81, аз 28.07.2006 № 195, аз 13.06.2007 № 277, аз 05.01.2008 № 349, аз 18.06.2008 № 399, аз 06.10.2008 № 435, аз 26.03.2009 № 485, аз 19.05.2009 № 519, аз 05.10.2009 № 551, аз 29.12.2010 № 662, аз 28.12.2012 № 911, аз 19.03.2013 № 950, аз 12.11.2013 № 1030, аз 26.07.2014 № 1109, аз 26.07.2014 № 1110, аз 27.11.2014 № 1157, аз 18.03.2015 № 1184, аз 18.03.2015 № 1191, аз 23.11.2015 № 1246, аз 14.05.2016 № 1318, аз 23.07.2016 № 1353, аз 14.11.2016 № 1369, аз 30.05.2017 № 1434, аз 20.06.2019 № 1625, аз 04.07.2020 № 1712, аз 24.12.2022 № 1944)
(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1353)
Қонуни мазкур намудҳои фаъолиятеро муайян мекунад, ки иҷозатномадиҳиро талаб намуда, асосҳои ҳуқуқии додани иҷозатнома (литсензия)- ро барои ҳуқуқи машљулшавӣ ба намудҳои мушаххаси фаъолият муқаррар карда, ба риояи стандартҳо ва талаботи зарурии тахассусӣ барои таъмини ҳимояи манфиату амнияти шахс, ҷамъият ва давлат нигаронида шудааст (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
иҷозатнома (литсензия) - иҷозати махсусе, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ онро мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ додааст;
намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда (литсензияшаванда) - фаъолиятест, ки барои амалӣ намудани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни мазкур бояд иҷозатнома гирифта шавад;
иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ) - чорабиниҳоест, ки ба иҷозатномадиҳӣ, аз нав ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома, бекор кардани он ва ба назорати мақомоти иҷозатномадиҳанда оиди аз тарафи иҷозатномадор риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ҳангоми ба амал баровардани намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда вобаста мебошад;
шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ - маҷмӯи шарту талаботе, ки бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар шудаанд, ки иҷрояшон барои иҷозатномадор ҳатмист;
мақомоти иҷозатномадиҳанда - мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки мутобиқи Қонуни мазкур иҷозатнома медиҳад;
иҷозатномадор (литсензиат) - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас иҷозатнома дорад;
довталаби иҷозатнома - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродиест, ки ба мақомоти иҷозатномадиҳанда барои фаъолияти мушаххас ҷиҳати гирифтани иҷозатнома бо ариза муроҷиат намудааст;
- феҳристи иҷозатномаҳо - маҷмӯи маълумот оид ба иҷозатномаҳои додашуда, азнавбарасмиятдаровардашуда, боздошташуда, барқароркардашуда, қатъкардашуда (бекоркардашуда), ки аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда пеш бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625).
- феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо - махзани ҷамъбастии маълумот ва иттилоот оид ба иҷозатномаҳое, ки дар низоми мустақим (он-лайн) дастрас мебошанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625).
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1369).
Моддаи 3. Принсипҳои асосии иҷозатномадиҳӣ
Иҷозатномадиҳӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ мегардад:
- таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муқаррар намудани номгӯи ягонаи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда;
- муқаррар кардани тартиби ягонаи иҷозатномадиҳӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муқаррар намудани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ тибқи низомнома оиди хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият;
- ошкорбаёнӣ дар иҷозатномадиҳӣ;
- риояи қонуният ҳангоми иҷозатномадиҳӣ.
Моддаи 4. Меъёрҳои муайян кардани намудҳои фаъолияте, ки барояшон иҷозатнома дода мешавад
Ба намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда намудҳои фаъолияте дохил мешаванд, ки амалӣ шудани онҳо метавонад ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва амнияти давлатӣ, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад ва танзими онҳо ба љайр аз иҷозатномадиҳӣ бо роҳҳои дигар имконнопазир аст.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иҷозатномадиҳӣ салоҳиятҳои зеринро дорад:
- низомномаро дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият тасдиқ намояд;
- мақомоти ҳокимияти иҷроияеро муайян намояд, ки барои намудҳои мушаххаси фаъолият иҷозатнома медиҳад.
- амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун боздорад ва бекор намояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 911, аз 20.06.2019 № 1625);
- мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳӣ муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625);
- тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳиро тасдиқ мекунад;
- қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳоро тасдиқ менамояд;
- қоидаҳои намунавии пешбурди феҳристи иҷозатномаҳоро тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625).
Моддаи 5(1).Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳӣ
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625)
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳӣ дохил мешаванд:
- гузаронидани мониторинги амалисозии Қонуни мазкур;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумоти солона аз рӯи натиҷаҳои мониторинги гузаронидашуда;
- гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти иҷозатномадиҳанда тибқи талаботи тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст;
- натиҷагирӣ аз таҷриба дар танзими фаъолияти соҳибкорӣ бо роҳи додани иҷозатнома, таҳия ва пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳӣ;
- пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо;
- талаб намудани иттилооти дахлдор аз мақомоти иҷозатномадиҳанда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625).
Моддаи 6. Ваколати мақомоти иҷозатномадиҳанда
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1944)
1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ваколат доранд, ки (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 24.12.2022 № 1944):
- иҷозатнома диҳанд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195);
- ҳуҷҷатҳоеро аз нав ба расмият дароранд, ки вуҷуд доштани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195);
- мӯҳлати амали иҷозатномаҳоро дароз намоянд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195);
- амали иҷозатномаро боздоранд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195);
- амали иҷозатномаро барқарор созанд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195);
- иҷозатномаро бекор кунанд (дар мавридҳои пешбининамудаи моддаи 14 Қонуни мазкур) (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195);
- феҳристи иҷозатномаҳоро пеш баранд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 20.06.2019 № 1625);
- назорати аз тарафи иҷозатномадорон риоя шудани шарту талаботи иҷозатномаро ба амал бароранд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
2. Тартиби амалӣ намудани ваколати мақоми иҷозатномадиҳанда, ба истиснои санҷиши фаъолияти шахси иҷозатномадор ҷиҳати муайян намудани мутобиқати он ба шарту талаботи иҷозатнома, тибқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 277).
1. Ба ҳар як намуди фаъолият, ки дар моддаҳои 17 ва 18 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, иҷозатнома дода мешавад.
2. Намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки иҷозатнома гирифтааст, метавонад амалӣ гардонида шавад.
3. Амали иҷозатнома дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 30.05.2017 № 1434).
4. Дар ҳолатҳое, ки бевосита қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, амали иҷозатнома метавонад танҳо дар ҳудуди муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн гардад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
5. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ метавонанд бо шарт ва тартиби барои соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида иҷозатнома гиранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад. Шахси ҳуқуқии хориҷии довталаби иҷозатнома бояд филиал ё намояндагии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 23.07.2016 № 1353).
Моддаи 8. Мӯҳлати амали иҷозатнома
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195)
1. Мӯҳлати амали иҷозатномаҳо барои намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаи дар моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида, ба истиснои фаъолияти бо кор таъмин намудани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз 5 сол, барои намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаи бо моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида на камтар аз 3 сол мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 277, аз 14.11.2016 № 1369).
2. Мӯҳлати амали иҷозатнома барои намуди алоҳидаи фаъолият, ки дар моддаи 17 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, барои соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти онҳо бе истифодаи меҳнати кироя анҷом дода мешавад, бо дархости хаттии худи довталабон метавонад аз 1 то 5 сол муқаррар карда шавад.
3. Иҷозатнома барои намуди фаъолияти бо кор таъмин намудани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то 3 сол дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1369).
4. Мӯҳлати амали иҷозатномаро пеш аз ба охир расиданаш мувофиқи аризаи иҷозатномадор ба ҳамин мӯҳлат дароз кардан мумкин аст. Мӯҳлати амали иҷозатнома бо тартиби аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштани шахсро тасдиқ мекунад, дароз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 14.11.2016 № 1369).
Моддаи 9. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани иҷозатнома
1. Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:
а) барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии корхона, сурољаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва шӯъбаи бонк;
б) барои соҳибкори инфиродӣ - ному насаб, ҷойи истиқомат шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195);
- намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ки соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ мақсади анҷом додани онро дорад ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин намуди фаъолият анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195);
- нусхаи ҳуҷҷате, ки бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатномаро тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 662);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 662);
- нусхаи ҳуҷҷат дар бораи аз тарафи мақомоти андоз ба довталаби иҷозатнома додани рақами мушаххаси андозсупоранда (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 662);
- ҳуҷҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;
- маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома.
2. Ба љайр аз ҳуҷҷатҳои мазкур дар низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ мувофиқ будани довталаби иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, пешбинӣ шуда метавонанд. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки барои гирифтани иҷозатнома талаб карда мешаванд, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 12.11.2013 № 1030).
3. Аз довталаби иҷозатнома пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро, ки дар Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият пешбинӣ нашудаанд, талаб кардан мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 12.11.2013 № 1030).
4. Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод мегарданд, тибқи рӯйхат қабул карда мешаванд ва нусхаи онҳо бо қайди рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти мазкур ба довталаби иҷозатнома фиристода (дода) мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
Моддаи 10. Қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома
1. Мақоми иҷозатномадиҳанда қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатномаро дар мӯҳлати на зиёда аз сӣ рӯзи расидани аризаи довталаби иҷозатнома бо тамоми ҳуҷҷатҳои лозима қабул мекунад. Қарори мазкур бо санади дахлдори мақоми иҷозатномадиҳанда ба расмият дароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 28.12.2012 № 911).
2. Мӯҳлати нисбатан кӯтоҳтари қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар карда мешавад.
3. Мақоми иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки довталаби иҷозатномаро аз қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур огоҳ намояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1944).
4. Хабарнома дар бораи додани иҷозатнома дар шакли хаттӣ ба довталаби иҷозатнома бо қайди реквизити суратҳисоби бонкӣ ва мӯҳлати пардохти ҳаққи иҷозатномагирӣ фиристонида (супорида) мешавад.
5. Хабарнома дар бораи надодани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкунӣ (супорида) фиристонида мешавад.
6. Мақоми иҷозатномадиҳанда баъди се рӯзи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи иҷозатномадиҳиро пешниҳод кардани довталаби иҷозатнома ба иҷозатномадор ҳуҷҷатеро, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунад, ройгон медиҳад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1944).
7. Иҷозатномадор ба гирифтани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати мазкур бо пардохти маблаљ ҳуқуқ дорад, ки он бо маблаљи пардохт барои аз нав ба расмиятдарории ҳуҷҷате, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ мекунад, баробар аст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1944).
8. Асосҳои надодани иҷозатнома инҳо мебошанд:
- агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаби иҷозатнома дорои маълумоти нодуруст ё љалат бошад;
- агар довталаби иҷозатнома, объектҳои ба ӯ тааллуқдошта ё аз тарафи ӯ истифодашаванда ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ номувофиқ бошанд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195);
- агар вобаста ба намуди пешбинишудаи фаъолият аз тарафи мақомоти дахлдор ҷиҳати мутобиқати шароити фаъолият ва талаботи ба онҳо пешбинишаванда хулосаи манфӣ дода шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
9. Ҳаҷми маҳсулоте (кору хизматрасоние), ки довталаби иҷозатнома истеҳсол мекунад (баҷо меоварад) ё истеҳсолашро (баҷо оварданашро) ба нақша гирифтааст, барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.
10. Довталаби иҷозатнома ҳуқуқ дорад нисбати надодани иҷозатнома аз тарафи мақоми иҷозатномадиҳанда ё барои бефаъолиятии вай ба суд муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
Моддаи 10(1).Қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 911)
1. Қарор дар бораи додани иҷозатнома барои фаъолияте, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷозатномадиҳанда тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият дода мешавад, бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад.
2. Дар фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани иҷозатнома инҳо нишон дода мешаванд:
- мӯҳлати амали иҷозатнома;
- шарт ва талаботи иҷозатномадиҳӣ;
- мӯҳлати пешниҳоди иҷозатнома барои имзо;
- муайян намудани шахси мансабдори ваколатдор ҷиҳати аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани иҷозатнома;
- ӯҳдадории бастани созишномаи сармоягузорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ;
- дигар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
3. Рад карда шудани дархости довталаби иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият бо санади дахлдори мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳанда ба расмият дароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 911).
Моддаи 11. Ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатнома ва қарори додани онро тасдиқ мекунад
Дар қарор оиди додани иҷозатнома ва ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани онро тасдиқ мекунад, инҳо нишон дода мешаванд:
- номи мақоми иҷозатномадиҳанда;
- барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, сурољаи ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавии он;
- барои соҳибкори инфиродӣ - ному насаб, ҷои истиқомат, маълумоти ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад;
- намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда;
- рақами бақайдгирӣ, рӯз ва мӯҳлати амали иҷозатнома;
- рақами мушаххаси андозсупоранда ва рақами ягонаи мушаххас (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 662);
- рақами иҷозатнома;
- рӯзи қабул кардани қарор оиди додани иҷозатнома.
Моддаи 12. Аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд
1. Дар ҳолати дигар шудани шахси ҳуқуқӣ, таљйир ёфтани ном ё маҳалли ҷойгиршавӣ ва ё таљйир ёфтани ном ё ҷои истиқомати соҳибкори инфиродӣ, иҷозатномадор - шахси ҳуқуқӣ (вориси ҳуқуқии ӯ) ё соҳибкори инфиродӣ ӯҳдадор аст дар давоми на дертар аз понздаҳ рӯз барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштанашро тасдиқ менамояд, ариза диҳад ва ба он ҳуҷҷатҳоеро замима кунад, ки таљйироти нишондодашударо тасдиқ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
2. Ҳангоми аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, мақомоти иҷозатномадиҳанда ба феҳристи иҷозатнома таљйиротҳои дахлдор медарорад. Ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, дар давоми даҳ рӯзи аризаи дахлдорро гирифтани мақомоти иҷозатномадиҳанда аз нав ба расмият дароварда мешаванд.
3. Барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо музд ситонида мешавад, ки он ба буҷети давлатӣ ворид мегардад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 435).
Моддаи 13. Амалӣ намудани назорат
1. Назоратро аз болои иҷозатномадор оиди риоя намудани шарту талаботи иҷозатнома, ки бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муайян гардидааст, мақоми иҷозатномадиҳанда дар доираи ваколати худ ба амал мебарорад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1944).
2. Санҷиши фаъолияти шахси иҷозатномадор ҷиҳати муайян намудани мутобиқати он ба шарту талаботи иҷозатнома, аз ҷониби мақоме, ки иҷозатномаи дахлдорро додааст, мутобиқи Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 277).
3. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ надорад оиди мавзӯъҳое, ки ба ваколати дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дахл доранд, санҷиш гузаронад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1944).
Моддаи 14. Боздоштани иҷозатнома ва бекор кардани амали иҷозатнома
1. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми такроран ошкор кардани камбудиҳо ё шарту талаботи иҷозатномадиҳиро даљалона вайрон намудани иҷозатномадор амали иҷозатномаро боздорад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
Боздоштани амали иҷозатнома ҳамчунин дар ҳолатҳои истисноӣ, агар ин барои пешгирии хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногенӣ, расонидани зарари барқарорнашаванда ба объектҳои табиат ё ҳолати муҳити зист зарур бошад ва пешгирии ин ҳолатҳо бо дигар роҳҳо имконнопазир бошад, татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
2. Мақоми иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки мӯҳлати аз ҷониби иҷозатномадор бартараф кардани қонуншиканиро, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, муқаррар намояд. Мӯҳлати нишондодашуда набояд аз се моҳ зиёд бошад. Агар иҷозатномадор қонуншиканиҳои мазкурро дар мӯҳлати муқарраршуда ислоҳ накарда бошад, мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст ба суд муроҷиат намуда, бекор кардани иҷозатномаро талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
3. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст мақоми иҷозатномадиҳандаро аз бартараф кардани қонуншиканиҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, хаттӣ хабардор намояд. Мақоми иҷозатномадиҳандае, ки амали иҷозатномаро боздоштааст, оиди барқарор намудани амали он қарор қабул мекунад ва дар ин бора ба иҷозатномадор дар давоми се рӯзи баъди хабардор шуданаш ва санҷидани хатогиҳое, ки иҷозатномадор онро бартараф кардааст ва он боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, ба таври хаттӣ хабар медиҳад. Мӯҳлати иҷозатнома дар давоми боздоштани амали он дароз карда намешавад ва барои барқарор кардани амали он маблаљ ситонида намешавад.
4. Мақоми иҷозатномадиҳанда метавонад иҷозатномаро дар мавриди аз тарафи иҷозатномадор дар давоми понздаҳ рӯз напардохтани ҳаққи иҷозатнома, инчунин оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар мӯҳлати муқарраргардида ба фаъолият шурӯъ накардани иҷозатномадор ва аз ҷониби иҷозатномадор ба имзо нарасонидани созишномаи сармоягузорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ бекор кунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 911).
5. Агар иҷозатномадор шарту талаботи иҷозатномаро риоя накарда бошад ва бар асари ин ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, дифоъ ва амнияти давлат, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён расида бошад ва ё дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 22 моддаи мазкур иҷозатнома бо қарори суд дар асоси аризаи мақоми иҷозатномадиҳанда бекор карда мешавад. Инчунин иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад зимни ба суд додани ариза амали иҷозатномаи мазкурро то эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд боздорад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 24.12.2022 № 1944).
6. Қарори боздоштан ва бекор кардани амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ тибқи муқаррароти моддаи мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 911).
7. Қарори боздоштани амали иҷозатнома, бекор кардани иҷозатнома ва ё ба суд фиристодани аризаро оиди бекор кардани он мақомоти иҷозатномадиҳанда бо далелҳои асоснок баъди се рӯзи қабул шуданаш ба иҷозатномадор хаттӣ хабар медиҳад.
8. Нисбати қарори боздоштани амали иҷозатнома ва бекор кардани он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
Моддаи 14(1).Қатъ гардидани амали иҷозатнома
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195)
Амали иҷозатнома дар ҳолатҳои барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва қатъ гаштани амали шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиридӣ, ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани амали иҷозатнома, ба охир расидани мӯҳлати амали иҷозатнома қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бекор кардани иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, инчунин дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор қатъ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 28.12.2012 № 911).
Моддаи 15. Пешбурди феҳристи иҷозатномаҳо
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625)
1. Мақоми иҷозатномадиҳанда феҳристи иҷозатномаҳоро пеш мебарад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 20.06.2019 № 1625).
2. Дар феҳристи иҷозатномаҳо љайр аз маълумоте, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, маълумоти зерин нишон дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625):
- маълумот оид ба довталаби иҷозатнома (номи шахси ҳуқуқӣ, барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном ва номи падар);
- намуди фаъолият, ки барои амалӣ намудани он иҷозатнома дода шудааст;
- сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи додани иҷозатнома;
- силсила, рақам ва санаи додани иҷозатнома;
- маълумот дар бораи азнавбарасмиятдарории иҷозатнома ва дар сурати аз нав ба расмият даровардани он додани нусха ва нусхаи дуюми (дубликати) иҷозатнома;
- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи бартараф кардани вайронкунии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ;
- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи боздоштан ва барқарор кардани амали иҷозатнома;
- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи бекор кардани иҷозатнома;
- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи қатъ намудани амали иҷозатнома (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625).
3. Маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо буда, барои шиносонидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ кушода аст.
4. Маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625).
5. Мӯҳлати додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо баъди қабули аризаи дахлдор набояд аз се рӯз зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 20.06.2019 № 1625).
Моддаи 16. Маблаљгузории иҷозатномадиҳӣ ва пардохти ҳаққи иҷозатнома
1. Иҷозатномадиҳӣ дар доираи маблаљи аз буҷети дахлдор барои хароҷоти мақомоти иҷозатномадиҳӣ ҷудогардида маблаљгузорӣ мешавад.
2. Барои баррасии ариза оид ба додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад, ки онҳо пас гардонида намешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 06.10.2008 № 435).
3. Барои додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад. Андозаи ҳаққи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолияти дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардидаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳар намуди фаъолият дар Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195, аз 06.10.2008 № 435).
4. Маблаљҳои пардохтҳои ҳаққи иҷозатнома ба буҷети давлатӣ гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
5. Ҳангоми дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома аз довталаб маблаљи ба ҳаққи иҷозатномадиҳӣ баробар ситонида мешавад.
Дар сурати мутобиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 8 Қонуни мазкур кам кардани мӯҳлати амали иҷозатнома маблаљи пардохти ҳаққи иҷозатномадиҳӣ мутаносибан ба мӯҳлати амали иҷозатнома кам карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
Моддаи 17. Номгӯи намудҳои фаьолияте, ки барои амалӣ намудани онҳо иҷозатнома зарур аст
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195)
Мутобиқи Қонуни мазкур барои намудҳои зерини фаъолият иҷозатнома зарур аст:
- фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзои электронии рақамӣ, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои электронии рақамӣ, хизматрасонӣ вобаста ба истифодаи имзоҳои электронии рақамӣ ва тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои электронии рақамӣ (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1110);
- фаъолият оид ба ошкор намудани таҷҳизоти электроние, ки барои љайриошкоро ба даст овардани иттилоот дар биноҳо ва воситаҳои техникӣ таъин гардидаанд (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфироди анҷом дода шавад) (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1110);
- фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли воситаҳои ҳифзи иттилооти махфиёна (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1110);
- фаъолият оид ба ҳифзи техникии иттилооти махфиёна (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1110);
- фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли воситаҳои махсуси техникие, ки барои љайриошкоро ба даст овардани иттилоот пешбинӣ шудаанд, фурӯши ин воситаҳо ва инчунин хариди онҳо бо мақсади фурӯш дар ҳолатҳое, ки ин намудҳои фаъолият аз тарафи соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқии ба соҳибкорӣ машљулбуда амалӣ гардонида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1110);
- фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакори муҳофизатшаванда, инчунин савдои маҳсулоти мазкур;(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1434);
- фаъолият оид ба истеҳсол, сохтан, фурӯш, коллексиякунӣ ё банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015№ 1184);
- фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
- фаъолият оид ба истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва химиявӣ доранд;
- фаъолият оид ба истеҳсол, коркард, истихроҷи нафт, газ, ангишт ва истифодаи шабакаҳои иншооти нафтӣ ва газӣ;
- фаъолият оид ба нигоҳдорӣ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
- фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
- фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ;
- фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;
- фаъолият оид ба истеҳсол ва паҳн намудани маҳсулоти тарфгарӣ (пиротехникӣ), ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд;
- фаъолият оид ба иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳо;
- фаъолият оид ба истеҳсол, додан ва тақсим кардани энергияи барқ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда (ба истиснои сохтмони манзили шахсӣ барои эҳтиёҷоти шахсии худ) (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 911);
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншоотҳои роҳ;
- фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ;
- фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ;
- фаъолият дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд, инчунин корҳои таъсиррасонии фаъолона ба раванду падидаҳои обуҳавошиносӣ ва геофизикӣ (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1944);
- фаъолияти фарматсевтӣ (тайёр ва истеҳсол кардани доруворӣ ва воситаҳои косметикӣ, истеҳсоли молу техникаи тиббӣ, фурӯши доруворӣ ва молҳои тиббӣ, истеҳсол ва фурӯши љизои иловагии табобатию профилактикӣ);
- фаъолияти хусусии тиббӣ;
- фаъолият оид ба хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
- фаъолият бо истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда;
- фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ;
- фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;
- фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот);
- фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;
- фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 911);
- фаъолият вобаста ба воридоту содирот, истеҳсол, фурӯш, истифода, ҳамлу нақл, коркард, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати моддаҳои радиоактивӣ (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 519, аз 20.06.2019 № 1625).
- фаъолият оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1353);
- фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиётн автомобилӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 349);
- фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад ва набаромадан ба роҳи оҳани истифодаи умум);
- фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан;
- фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ;
- фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ҳангоми парвози нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оид ба воридот, содирот, фурӯш ва истифодаи ҳавопаймои бесарнишин (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1318);
- фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оид ба ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок;
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1712);
- фаъолияти баҳодиҳӣ (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1944);
- фаъолияти сайёҳӣ (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1944);
- фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга;
- фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фаъолияти аудиторӣ;
- фаъолияти аудитории экологӣ (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1246);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1712);
- фаъолият дар соҳаи биржа;
- фаъолияти суљуртавӣ;
- фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори кољазҳои қиматнок;
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 950);
- фаъолияти хусусии байторӣ;
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1191);
- фаъолияти соҳаи маориф (ба истиснои муассисаҳои давлатии таълими томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ);
- фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот, холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо, аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо), ба истиснои фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ (Қонуни ҶТ аз 12.11.2013 № 1030);
- фаъолияти кормандони масъули патентӣ;
- фаъолияти соҳаҳои телевизион, радиошунавонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ;
- фаъолияти ба даст овардан, фурӯш, истифода, партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамоӣ, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд;
- фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва тайёр намудани ашёи хоми доруворӣ;
- фаъолияти фондҳои љайридавлатии нафақа (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195);
- фаъолияти Бюрои таърихи қарз (Қонуни ҶТ аз 05.10.2009 № 551);
- фаъолият дар соҳаи алоқаи почта (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1369).
Моддаи 18. Номгӯи махсуси намудҳои фаъолияте, ки барои амалӣ намудани онҳо иҷозатнома зарур аст
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195)
1. Тибқи Қонуни мазкур тартиби махсуси иҷозатномадиҳӣ намудҳои зерини фаъолиятро дар бар мегирад:
- фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ, аз ҷумла бонкии исломӣ (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1318);
- фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ;
- фаъолияти оператори низоми пардохт (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1318);
- фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор;
- фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 950);
- фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ;
- фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, ба истиснои фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ (Қонуни ҶТ аз 12.11.2013 № 1030);
- фаъолият оид ба истифодабарии объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд;
- фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои давраи ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1625);
- фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото;
- фаъолияти гаравхона (ломбард) (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1712).
2. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти боикӣ, аз ҷумла бонкии исломӣ, амалиёт бо асъори хориҷӣ ва фаъолияти оператори низоми пардохт бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ, фаъолияти бонкии исломӣ, ташкилотҳои маблаљгузории хурд, танзими асъор ва назорати асъор, хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт ба танзим дароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1318).
3. Номгӯи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаро танҳо дар ҳолати даровардани таљйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур таљйир додан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
Моддаи 18(1).Амали санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195)
1. Агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари иҷозатномадиҳӣ ё намудҳои дигари фаъолияти иҷозатномадодашаванда муқаррар гардида бошанд, ин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мавриди амал қарор дода мешаванд.
2. Иҷозатномаҳои дар дигар давлатҳо гирифташуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти мавҷуд будани санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо ин ҳолат қайд гардидааст, эътироф карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
3. Иҷозатномаҳои дар дигар давлатҳо гирифташуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ (легализатсия) карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1353).
Моддаи 18(2).Додани иҷозатнома дар асоси озмун
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195)
Иҷозатномаҳо барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ ва фаъолияти истифодаи сарватҳои зеризаминӣ метавонанд дар асоси озмун дода шаванд. Тартиби гузаронидани озмунро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 195).
Моддаи 18(3).Додани иҷозатнома дар асоси созишнома оид ба тақсими маҳсулот
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 399)
Иҷозатнома барои фаъолияте, ки аз созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни давлат ва сармоягузор бармеояд, пас аз 30 рӯзи ба имзо расонидани созишномаи мазкур бе талаб кардани ҳуҷҷату маводи иловагӣ ва бе мувофиқасозии иловагӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 399).
1. Қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби иҷозатномадиҳиро танзим менамоянд, дар қисмате, ки ба Қонуни мазкур мухолифат надоранд, амал мекунанд.
2. Иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои фаъолияте, ки дар моддаҳои 17 ва 18 зикр наёфтаанд, аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур қатъ мегардад.
3. Иҷозатномаҳое, ки пеш аз интишори расмии Қонуни мазкур дода шудаанд, то мӯҳлати дар онҳо нишон додашуда эътибор доранд.
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 21. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 17 майи соли 2004 № 37
ш. Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БОЗДОШТАНИ ТАТБИҚИ ҶАЗОИ ҚАТЛ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БОЗДОШТАНИ ТАТБИҚИ ҶАЗОИ ҚАТЛ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №7, мод. 452)
Маҷлиси намояндагон 2-юми июни соли 2004 қабул кардааст
Маҷлиси миллӣ 8-уми июли соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст
Моддаи 1.
1. Татбиқи ҷазо дар шакли ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 104 қисми 2, 138 қисми 3, 179 қисми 3, 398 ва 399 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ва инчунин иҷрои ҷазои қатл ва дигар қоидаҳои вобаста ба он, ки дар моддаҳои 19, 21, 23, 25, 78, 100, 127, 129, 131, 133, 214-222 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, боздошта шавад.
2. Дар давраи боздоштани татбиқи ҷазои қатл ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати бисту панҷ сол муайян карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 30 апрели соли 2004 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе,
15 июли соли 2004
№ 45
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷлиси намояндагон 9-уми июни соли 2004 қабул кардааст
Маҷлиси миллӣ 8-уми июли соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №7, мод. 457;
с. 2009, №7-8, мод. 494; с. 2011, №12, мод. 836; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1010; Ќонуни ЉТ аз 26.07 2014 с., № 1102)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таъсисёбӣ, вазифа ва принсипҳои фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
Моддаи 1. Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди мустақили ҳарбии таъиноти махсус ва бевосита тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои хизматӣ ва ҳарбиеро иҷро менамояд, ки ҳамин Қонун муқаррар намудааст.
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҷанг захираи ҳарбии зудамали Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, зимни иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда дар муҳофизати истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовуз дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:
-волоияти қонун (қонуният);
-садоқат ба Ватан, халқи Тоҷикистон ва Президент;
-башардўстӣ;
-муқаддасии масъулияти шаҳрвандӣ барои ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, тамомияти арзӣ, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
-омодагии доимии ҷангӣ ва сафарбарӣ;
-идоракунии мутамарказ;
-яккасардорӣ;
-риояи интизоми ҳарбӣ;
-нигоҳдории сирри давлатӣ.
Моддаи 4. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Гвардияи миллии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.
Сохтор ва ҳайати Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 5. Ғайриҳизбӣ будани Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, дигар иттиҳодияҳои (гурўҳҳои) ҷамъиятии характери сиёсӣ, динӣ ва парастиш дошта, инчунин ташкилотҳои ибтидоии онҳо манъ аст.
Моддаи 6. Нишон ва рамзҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои Нишон ва Байрақи Ҷангӣ мебошад, ки дар онҳо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи он ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷой дода шудааст. Низомномаҳои Нишон ва Байрақи Ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Рамзҳои фарқкунандаи қисмҳои ҳарбӣ, аломатҳои фарқкунанда ва намунаи либоси ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №771)
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мўҳр мебошад, ки дар он тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷой дода шудааст.
Моддаи 7. Вазифаҳои асосӣ ва ҳуқуқҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии зайлро амалӣ менамояд:
- амалӣ намудани чорабиниҳои ҳимоявӣ, низомӣ, оперативӣ-ҷустуҷўӣ, техникӣ ва дигар чораҳо барои таъмини амнияти объектҳои таҳти ҳимояи давлатӣ қарордошта, ҳифз ва мудофиаи объектҳои ҳимояшаванда, инчунин биноҳо, иншоот ва ҳудуди (қитъаҳои замини) ҳамшафати онҳо ва акваторияҳо, ки номгўи онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд; (ҚҶТ аз 5.08.09, № 539)
-дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани муҳофизат ва амнияти ҷойҳои баргузоршавии вохўриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-иҷрои вазифаҳои алоҳида оид ба ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовуз;
- ҳифзи намунаҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 5.08.09с., № 539)
-тибқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудан дар чорабиниҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм, тахрибкорӣ мудофиаи гражданӣ ва ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон,бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, фалокатҳо ва садамаҳо; (ҚҶТ аз 28.12.12с №916)
-мувофиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудан дар маросимҳои қабул ва гусели сардорони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
-мутобиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартибот ва амнияти ҷаъиятӣ; (ҚҶТ аз 28.12.12с №916)
-иҷрои вазифаҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд.
Гвардияи миллӣ барои амалӣ намудани вазифаҳои ба зиммаш гузошташуда ҳуқуқ дорад:
-ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, худи шахс, ашёи бо худдоштаи шахсонеро, ки ба объектҳои ҳимояшаванда пиёда (савора) медароянд ва аз онҳо пиёда (савора) мебароянд, воситаҳои нақлиёт ва ашёи дар нақлиётбударо, аз ҷумла бо истифдаи воситаҳои техникӣ тафтиш намояд;
-шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар дониста шудаанд ва ё дар ҳудуди ё наздикии объектҳои ҳимояшаванда ҷиноят содир кардаанд, боздошт намуда, ба мақомоти амнияти миллӣ ё корҳои дохилӣ оварда расонад;
-шахсонеро, ки ба объектҳои ҳимояшаванда ғайриқонунӣ дохил шудаанд ё худ кўшиши ба онҳо дохил шуданро кардаанд ва ё ба амру дастурҳо ва талаботи қонунии кормандони Гвадияи миллӣ итоат накардаанд, ба мақомоти амнияти миллӣ ё корҳои дохилӣ оварда расонад;
-дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти алоқаи махсусро ба роҳ монад;
-дар ҳолатҳои зарурӣ ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳро истифода барад; (ҚҶТ аз 28.12.12с., №916; 26.07.14с., №1102)
-ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои далватию ғайридавлатӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки амнияти объектҳои ҳимояшавандаро зери хатар мегузоранд, пешниҳодҳои иҷрояшон ҳатмиро ирсол намояд. (ҚҶТ аз 5.08.09, № 539)
Муқаррароти дигар оид ба таъинот, вазифаҳо ва фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Низомномаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян карда мешавад.
Ҷалб намудани Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои вазифаҳое, ки ба таъиноти хоси он вобастагӣ надоранд, танҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 8. Роҳбарии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умумии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад ва ба амал мебарорад.
Роҳбарии мустақими Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.
Мақоми асосии идоракунии фаврии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарситоди Гвардияи миллӣ буда, ба он сардори Сарситод- Муовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷимкистон роҳбарӣ менамояд. Сардори Сарситоди Гвардияи миллӣ дар набудани Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ўро иҷро менамояд.
Моддаи 9. Ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Гвардияи миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондехи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-роҳбарии умумии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад;
-вазифаҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад;
-бо фармонҳои худ Фармондеҳи Гвардияи миллӣ, Сардори Сарситод- Муовини аввал, муовинони Фармондеҳ, Муовини аввали Сардори Сарситод, сардорони раёсатҳо, сардори Маркази тайёриикадрҳо, командири отряди алоҳибдаи таъиноти махсус ва командирони бригадаҳои Гвардияи миллиро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад; (ҚҶТ аз 26.12.11с., № 771)
-рўйхати вазифаҳоеро, ки дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковникҳо ва генералҳо ишғол менамоянд, тасдиқ мекунад;
-барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани сардорони шўъбаҳои алоҳида таъиноти махсус, муассисаҳо ва дигар қисмҳоиҳарбие, ки тибқи рўйхати вазифавӣ ин вазифаҳоро полковникҳо ишғол менамоянд, розигӣ медиҳад; (ҚҶТ аз 26.12.11с., № 771)
-сохтор ва теъдоди умумии ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон, инчунин тағйироти онҳоро муқаррар ва тасдиқ мекунад;
-нақшаи ҷойгиршавӣ ва азнавҷойгиркунонии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад; (ҚҶТ аз 26.12.11с., № 771)
-нақшаи таъминоти ақибгоҳ ва сохтмони асосии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
-бо фармонҳои худ даъвати навбатии шахрвандонро барои адои хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба эҳтиёт рухсат намудани шахсонеро, ки мўҳлати муайяншудаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, эълон менамояд;
-бо пешниҳоди Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон афсарони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаи ҳарбии полковник ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз мегардонад;
-ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, ба амал мебарорад.
Моддаи 10. Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори бевоситаи тамоми ҳайати шахсӣ буда, барои дар ҳолати омодагии доимии ҷангӣ ва тайёрии сафарбарӣ нигоҳ доштани Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.
Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-роҳбарии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад;
-омодагии доимии ҷангӣ ва сафарбарии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг нигоҳ медорад ва бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дараҷаи олии омодагии ҷангӣ оварда, нақшаҳои истифода ва сафарбарии онро дар амал татбиқ менамояд;
-иҷрои ҳатмӣ ва бечунучарои фармону супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои ба зиммаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташударо таъмин менамояд;
-бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шўъбаҳо, хадамот, қисму воҳидҳои ҳарбӣ ва муассисаҳоеро, ки аз рўи нақшаи вазифавӣ ин вазифаҳоро полковникҳо ишғол менамоянд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
-дар мавридҳои зарурӣ мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори оммав ва аҳли ҷомеаро аз фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқиф месозад;
-тарбияи ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рўҳияи садоқат ба Ватан, халқ ва Президент, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ташкил менамояд;
-афсарони Гвардияи миллиро бо рутбаҳои ҳарбии то подполковник сарфароз мегардонад;
-хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои махсус ва шоиста ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
-афсарони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, мутобиқи рўйхати вазифавӣ, барои сарфароз намудан бо рутбаи ҳарбии полковник ва рутбаҳои олии ҳарбӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
-дар доираи ваколатҳояш фармонҳо, дастурҳо, амрҳо ва фармоишҳо инштишор дода, иҷрои онҳоро ташкил ва назорат мекунад, дастурамалҳо низомномаҳои Сарситод, раёсатҳо, шўъбаҳо, хадамоту муассисаҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
-дар хусуси ҳаҷми маблағгузории Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷети ҷумҳуриявӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо ва пешниҳод менамояд;
-таъминоти молиявӣ, ҳарбӣ, техникӣ ва ақибгоҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад ва ба амал мебарорад;
-ба фаъолияти ҳамарўза ва ҷангии қисмҳои ҳарбӣ дар замони осоишта ва ҷанг, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам, инкишофи заминаи таълимию моддӣ, инчунин фароҳам овардани шароитҳои зарурии иҷтимоию маишии ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., № 771)
-оид ба такмили сохтор ва теъдоди умумии ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин маоши онҳо таклифҳо таҳия намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
-штат, табели штатӣ ва шумораи қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
-нақшаҳои омодагии ҷангӣ ва сафарбарии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
-банақшагирии пуррагардонии ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хизматчиёни ҳарбии тибқи даъват дар вазифаҳои сарбоз ва сержантҳо роҳбарӣ намуда, онҳоро дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат медиҳад; (ҚҶТ аз 26.12.11с., № 771)
-бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои адои хизмати ҳарбии афсарон ва прапоршикҳоро ҳал мекунад;
-бо пешниҳоди сардорони дахлдор ва дар доираи ваколатҳои худ афсарон, прапоршикҳо, сарбоз ва сержантҳо, инчунин кормандони ғайринизомиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
-бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаи ҳарбӣ ва дигар амволи ҳарбии корношоям, инчунин ашёҳои арзишнокро аз эътибор соқит менамояд;
-ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда ҳамкориро бо мақомоти дахлдори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари ҳарбӣ ташкил мекунад;
-иҷрои вазифаҳои дигареро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, таъмин менамояд.
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар доираи лимити барои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда теъдоди ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро то 10 фоиз тағйир диҳад.
Муовинони Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони бевоситаи тамоми ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои иҷрои вазифаҳое, ки Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо гузоштааст, масъул мебошанд.
Моддаи 11. Сарситоди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарситоди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-мақоми асосии идоракунии фаврии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
-нақшаҳои асосии ташкили фаъолияти хизматию ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад;
-бо мақомоти дахлдори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари ҳарбӣ ҳамкорӣ менамояд;
-омодагии сафарбарӣ ва сафкашии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуррагардонии онро бо ҳайати шахсӣ ташкил мекунад;
-дар хусуси муайян намудани шумораи қисмҳои ҳарбӣ, теъдоди штатӣ, ҷойгиршавӣ ва азнавҷойгиркунонии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо таҳия намуда, ба Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., № 771)
-ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотро дар хусуси таъмингардонии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо силоҳу лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои дигари моддию техникӣ анҷом медиҳад; (ЌЉТ аз 26.07.14 с., № 1102)
-нигоҳдории сирри давлатиро таъмин менамояд;
-дигар вазифаҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, иҷро мекунад.
Моддаи 12. Ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомӣ иборат аст.
Хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонанд.
Хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои рутбаҳои ҳарбӣ, аломатҳои фарқкунанда ва либоси ҳарбии муқарраргардида мебошанд.
Муносибатҳои меҳнатии кормандони ғайринизомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат танзим мегардад.
Моддаи 13. Хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
Хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ифтихорнок буда, баъди рутбаи ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи “гвардия” илова карда мешавад.
Шаҳрвандоне, ки барои гузаштани хизмати ҳарбӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шудаанд, бояд дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аз рўи вазъи саломатӣ, инчунин сифатҳои ахлоқию касбӣ барои хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошанд. Шаҳрвандоне, ки номувофиқатии онҳо ба хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи вазъи саломатӣ ва сифатҳои ахлоқию касбиашон ҳангоми ба Гвардияи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон овардани онҳо ошкор шудааст, бо тартиби муқарраргардида ба комиссияҳои марбутаи даъват баргардонида мешаванд.
Интихоби хизматчиёни ҳарбии даъватшуда барои хизмат дар сафҳои Гвардияи миллӣ афзалиятнок буда, он аз тарафи Сарситоди Гвардияи миллӣ дар ҳамкории зич бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 5.08.09с., №539)
Шаҳрвандоне, ки барои хизмати ҳарбӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд, дар хусуси садоқат ба Ватан, халқи Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савганди ҳарбӣ ёд мекунанд. Ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Савганди ҳарбиро дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ботантана ёд мекунанд.
Матни Савганди ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Барои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад.
Шароит, тартиб ва мўҳлати адои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақом, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои онҳо, тартиби умумии сарфароз гардонидан бо рутбаҳои ҳарбӣ, ба вазифаи дигар гузаштан, аттестатсия, бозомўзӣ ва такмили ихтисос, ҷойивазкунии кадрҳо (ротатсия), аз хизмати ҳарбӣ рухсат кардан ва таъминоти нафақаи онҳо, кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 14. Пуррагардонии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсӣ ва
маҳалли ҷойгиршавии он
Даъват барои пуррагардонии ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархостҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо кормандони ғайринизомӣ пурра карда мешавад. Номгўи вазифаҳое, ки кормандони ғайринизомӣ ишғол менамояд, аз тарафи Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Тайёр намудани кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили ихтисоси онҳо дар муассисаҳо ва академияҳои таълимии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраҳои ҳарбии муасссисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар дигар давлатҳо сурат мегирад. Тайёр намудани прапоршикҳо, сержантҳо ва мутахассисони хурд дар Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., № 771)
Маҳалли ҷойгиршавии қисмдҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иваз кардани он мутобиқи нақшаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян карда мешавад.
Ҷойивазкунии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи ҳудуди барои истифодаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо кардашуда Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи раисони вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳои дахлдор ба амал мебарорад.
Ҷойгиркунонии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. (ҚҶТ аз 26.12.11с., № 771)
Моддаи 15. Таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ ва ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Биноҳои хизматӣ ва истиқоматии Раёсати Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар иншоотҳои қисмҳои ҳарбӣ ва объектҳои таълимӣ, базаи таълимию моддӣ, инчунин амволи табелӣ, воситаҳои алоқа, техникаи ҷангӣ ва дигар техникаи ҳарбӣ, силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва дигар амволи ҳарбие, ки ҷиҳати иҷрои вазифаҳои таълимию ҷангӣ дар истифодаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, моликияти давлатӣ мебошанд. (ЌЉТ аз 26.07.14 с., № 1102)
Маблағгузории Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воситаҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор, бо сатри алоҳида нишон дода мешаванд, инчунин аз ҳисоби маблағҳои тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти хоҷагидорӣ, иҷрои кор ва хизматрасонӣ воридшаванда сурат мегирад.
Ҷиҳати амалӣ гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ, беҳтар сохтани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташкили хоҷагиҳои ёрирасон ва дигар ташкилотҳои ҳисоби хоҷагиро дорад. Фаъолияти мазкур набояд ба омодагии ҷангӣ ва қобилияти ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад.
Тартиб ва меъёри таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ ва ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таъиноти вазифавии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., № 771)
Санҷиши истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти молиявию хоҷагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 16. Таъминоти амнияти давлатӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таъминоти амнияти давлатиро дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.
Моддаи 17. Назорати иҷрои қонунҳо дар фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ҳарбии тобеи ў амалӣ мегардонанд.
Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 19. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 “Дар бораи Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №23-24, моддаи 364; соли 2000, №11, моддаҳои 517, 547) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе, 15 июли соли 2004
№ 50
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СИСТЕМАИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СИСТЕМАИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ
(Ахбори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №7, мод. 458; соли 2006, №3, мод. 149; соли 2007, №7, мод. 662, соли 2008, №6, мод. 451; с. 2012, №4, мод. 253, №8, мод. 820;
Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., №1288)
Маҷлиси намояндагон 23-юми июни соли 2004 қабул кардааст
Маҷлиси миллӣ 8-уми июли соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст
Қонуни мазкур вазифаҳо, принсипҳо, самтҳои асосии фаъолият ва хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии мақоми ҷумҳуриявӣ, мақому муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва кормандони онҳоро муйян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
-системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ - мақомот ва муассисаҳои давлатии махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ҷазои ҷиноятиро таъмин менамоянд;
-муассисаи ислоҳӣ - мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки дар шакли ташкилию ҳуқуқии муассиса таъсис дода шуда, ҷазои ҷиноятиро дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ иҷро менамояд;
-шароитҳои махсуси адои хизмат - хизмат дар муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятие, ки дар маҳалҳои дурдаст, маҳалҳои шароити обу ҳавояш вазнин ва номусоид воқеъ гардидаанд, кор дар муассисаҳое, ки маҳкумшудагони гирифтори касалиҳои сирояткунанда ва харобии рўҳӣ адои ҷазо менамоянд, кор дар давраи низоми шароити пурзўрӣ адои хизмат;
-воҳидҳои асосии сохтории системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ - муассисаҳои ислоҳӣ, изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ, марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо), нозироти корҳои ислоҳӣ;
-ҳайати кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ - ҳамаи шахсоне, ки дар муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ хизмат ё кор мекунанд;
-мақомоти ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ - Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба фаъолияти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ташкил ва таъмин мекунад; (Қ ҶТаз 16.04.2012с., №803)
-ҳудуди посбонишавандаи муассиса - ҳудуди девор кашидашудае, ки дар он ҷо низоми ҳуқуқии муқарраркардаи қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ амал мекунад;
-ҳудуди муассиса - ҳудуди ҳифзшавандаи муассиса, аз ҷумла ҳадди ба он пайвастшаванда, ки онро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян намуда, дар он мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низоми махсуси ҳуқуқӣ муқаррар карда мешавад;
-хизмат дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ - намуди махсуси хизмати давлатӣ мебошад, ки он барои ба амал баровардани вазифаҳои давлатӣ оид ба ислоҳи маҳкумшудагон, мусоидат ба баргаштани онҳо ба ҷомеа, муваффақшавӣ ба офиятёбии иҷтимоии онҳо таъин гардидааст ва дар мавридҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ ба он ваколати ба кор бурдани қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон дода шудааст;
-марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо) - муассисаҳои махсуси системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки дар шакли ташкилию ҳуқуқии муассиса таъсис дода шуда, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди маҳдуд намудани озодӣ иҷро менамоянд;
-нозироти корҳои ислоҳӣ - мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки дар шакли ташкилию ҳуқуқии муассиса таъсис дода шуда, мувофиқи қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро, ки ба ҷудо нигаҳдории маҳкумшуда аз ҷомеа алоқаманд нест, инчунин дигар чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқиро иҷро менамояд;
-низоми шароити пурзўри адои хизмат - ташкили кори ҳайати кормандони воҳидҳои сохтории системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулодда, ё ҳангоми таҳдиди пайдо шудани ҳамин гуна ҳолат, ба мўҳлати барои бартараф кардани оқибатҳо зарур, ки давомнокии ниҳоии он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешавад. Намуди пурзўри адои хизмат барои кормандон маҳдудиятҳоеро, ки қонун муайян кардааст, метавонад дар бар гирад;
-қисми ҳарбӣ - воҳидҳои ҳарбие, ки дидбонӣ, назорат ва посбонӣ карда бурдани гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, маҳбусонро дар мақомот, муассисаҳо ва воҳидҳои сохтории системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таъмин менамоянд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Қонунгузорӣ дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Фаъолияти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
-қонуният ва адолати иҷтимоӣ;
-ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
-башардўстӣ, ошкоро ва дастрас будан.
Моддаи 4. Вазифаҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми ҷумҳуриявӣ, мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ роҳбарӣ намуда, вобаста ба он вазифаҳои зерин дорад:
-тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таклиф пешниҳод мекунад;
-таҳия ва амалӣ намудани барномаи тараққӣ, мустаҳкамкунӣ ва такмилдиҳии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
-муайн ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1288);
-таъмини фаъолияти мақоми ҷумҳуриявӣ ва мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо ахбороти зарурӣ;
-ташкили баррасии пешниҳодот, аризаҳо ва шикоятҳои шаҳрвандон ва дидани чораҳо оид ба барҳамдиҳии камбудиҳои дар ташкили кори мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.
Моддаи 5. Ваколатҳои Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мақоми ҷумҳуриявӣ, мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ваколатҳои зерин дорад:
-ба мақомоти адлия роҳбарӣ намуда, барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи мақомоти адлия гузошташуда, ҷавобгарии шахсӣ дорад;
-дар мувофиқа бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми шароити махсусро ҷорӣ мекунад;
-ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вазифаи муовини вазир - сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудан ва аз вазифа озод намудан номзад пешниҳод менамояд;
-муовинони сардори Сарраёсати мазкур, командирони қисмҳои ҳарбӣ, муовинони онҳо, сармуҳосиб, сардорони муассисаҳои ислоҳиро бо пешниҳоди сардори Раёсати корҳои ислоҳӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад; (Қ ҶТаз 16.04.2012с., №803)
-рутбаҳои махсусро, то рутбаи полковник, медиҳад.
Моддаи 6. Ҳамкории мақомот ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон
Мақомот ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ҳамкорӣ мекунанд.
Мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки муассисаҳо ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вақти иҷрои вазифаҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон гузошташуда мусоидат намоянд.
Моддаи 7. Вазифаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Вазифаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ:
-иҷро кардани ҷазои ҷиноятӣ дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ ва ҷазои қатл;
-таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният дар муассисаҳое, ки адои ҷазои ҷиноятиро дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷо меоранд, таъмини бехатарии маҳкумшудагон ва шахсони ба ҳабс гирифташуда, инчунин кормандон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони дар ҳудуди чунин муассисаҳо буда;
-огоҳонидан, фош кардан, ошкор кардан, пешгирӣ намудани ҷиноятҳо ва вайронкуниҳои тартиботи муқарраршудаи адои ҷазо, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ сурат мегиранд ва ё содир карда мешаванд;
-мусоидат ба фош ва ошкор намудани ҷиноятҳое, ки маҳкумшудагон пеш аз ба муассисаи ислоҳӣ омадан содир кардаанд;
-ҳифз кардани мақомот, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
-ҳифз ва посбонии маҳкумшудагон ва маҳбусон ҳангоми аз як ҷой ба ҷои дигар бурдани онҳо;
-таъмини ҷудо нигоҳ доштани маҳкумшудагон, назорати рафтори онҳо;
-иҷро кардани меъёрҳои шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон, ки Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
-таъмини ҳифзи саломатии маҳкумшудагон;
-ҷалби маҳкумшудагон ба меҳнат ва таъмини таҳсилоти умумӣ ва инчунин таълими касбии онҳо дар муассисаҳо дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор;
-таъмини фаъолияти мақомот ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
-ба амал баровардани таҳқиқи парвандаҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мансуб дониста шудаанд;
-гузаронидани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, инчунин мусоидат ба мақомоти гузаронандаи он, барои пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо;
-таҳия намудани таклифҳо оид ба такмили системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
-тайёр кардан, такмил додан ва баланд бардоштани сатҳи ихтисоси кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
-таъмини беҳбудии шароити санитарӣ - эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии шахсоне, ки дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ нигоҳ дошта мешаванд;
-таъмини бехатарии зидди сўхтор, экологӣ ва техногенӣ дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
-посбонӣ кардани маҳкумшудагон ва шахсоне, ки ба ҳабс гирифта шудаанд;
-таъмини низоми шароити махсус, ки дар асоси фармони Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шудааст;
-иҷрои дигар вазифаҳое, ки ба ўҳдаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ танҳо тибқи қонун вогузошта шудаанд.
БОБИ 2. МАҚОМОТ ВА МУАССИСАҲОИ СИСТЕМАИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ
Моддаи 8. Мақомот ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Мақомот ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ инҳо мебошанд:
-мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
-муассисаҳои ислоҳӣ;
-изолятори(тавқифгоҳи) тафтишотӣ;
-марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо);
-нозироти корҳои ислоҳӣ;
-муассисаҳои тиббӣ;
-корхонаҳое, ки барои ба амал баровардани фаъолияти истеҳсолӣ дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ташкил карда мешаванд;
-воҳидҳои ҳарбие, ки вазифаҳои дидбонӣ, назорат ва посбониро таъмин мекунанд.
Моддаи 9. Мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ- Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба фаъолияти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таъмин мекунад. (Қ ҶТаз 16.04.2012с., №803)
Мақомоти ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шахси ҳуқуқӣ мебошад.
Моддаи 10. Вазифаҳои мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Вазифаҳои мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иборатанд аз:
-муайян намудани стратегия, таҳияи шаклҳои асосӣ ва методҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, татбиқи онҳо, инъикоси фаъолияти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар матбуоти даврӣ;
-роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ, расонидани ёрии амалию методӣ ва назорати онҳо;
-таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандоне, ки дар воҳидҳои сохтории системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ хизмат мекунанд;
-баррасии арзу шикоятҳои маҳбусон;
-ташкили баҳисобгирии махсуси маҳбусон, аз изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ба муассисаҳои ислоҳӣ, иҷрои авфи умумӣ ва бахшиши ҷазо;
-ташкили маблағгузорӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, таҳия ва татбиқи барномаҳои такмил ва тараққиёти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
-бо кор таъмин намудани маҳбусон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ва Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-татбиқи сиёсати кадрҳо, ҷобаҷогузорӣ, таълиму тарбия, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва маишии онҳо, ташкили омодагии касбии кормандон;
-ҷамъ кардан, таҳлил ва санҷиши маълумот дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами кор, талаб намуда гирифтани маълумоти зарурӣ аз мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
-ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
-амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва таҳқиқ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-маҳдуд кардан, муваққатан қатъ намудани даромадани шаҳрвандон ба муассисаҳои ислоҳӣ, изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ ва тарк намудани ҳудуди онҳо дар ҳолати низоми шароити махсус ва фавқулодда.
Моддаи 11. Ваколатҳои сардори мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Сардори мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ:
-роҳбарии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро таъмин менамояд ва оид ба иҷрои вазифаҳо шахсан масъул мебошад;
-мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рўйхати вазифаҳо барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани муовинони сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, командирони қисмҳои низомӣ, муовинони онҳо, сармуҳосиб, сардорони муассисаҳои ислоҳӣ ба Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур менамояд;
-сардорони шўъбаҳои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд; (Қ ҶТаз 16.04.2012с., №803)
-рутбаҳои навбатии махсусро, то рутбаи майор, медиҳад;
-ҳавасмандгардонӣ ва ба ҷазои интизомӣ кашидани кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро дар асоси Низомномаи тартиби адои хизмати ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ менамояд;
-номгўи дигар вазифаҳои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва унвонҳои ниҳоии махсуси ба онҳо дахлдор, номгўи категорияҳои вазифаҳои намунавии ҳайати роҳбарикунандаи Раёсати корҳои ислоҳӣ ва рутбаҳои ниҳоии махсуси ба онҳо дахлдорро муайян менамояд; (Қ ҶТаз 16.04.2012с., №803)
-низомномаҳои воҳидҳои сохтории системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро тасдиқ мекунад;
-системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро дар мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳо намояндагӣ мекунад;
-дар асоси захираҳои молиявии мавҷуда ва вазифаҳое, ки дар назди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ истодаанд, хароҷотномаҳои муассисаҳо ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазоро тасдиқ менамояд;
-ба маблағҳое, ки барои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз Буҷети давлатӣ ҷудо карда шудаанд, бо тартиби муқарраршуда ихтиёрдорӣ мекунад;
-кори тарбиявиро миёни ҳайати шахсии мақомоти ҷумҳуриявӣ, инчунин муассисаҳо ва мақомоти иҷрои ҷазо, аз тарафи онҳо риоя шудани интизом, қонуният ва низоми махфият, тайёрии хизматӣ ва ҷангиро ташкил менамояд;
-шаҳрвандонро қабул мекунад, арзу шикояти онҳоро баррасӣ намуда, аз рўи онҳо чораандешӣ менамояд, аз рўи ҳодисаҳои аз ҷониби кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вайрон кардани интизом ва қонуният санҷиши хизматӣ мегузаронад;
-мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро ба амал мебарорад.
Моддаи 12. Муассисаҳои ислоҳӣ
Муассисаҳои ислоҳӣ бевосита ба мақомоти ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тобеъ буда, шахсони ҳуқуқӣ мебошанд ва бо тартиби пешбиникардаи қонун молу мулки муассисаро соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ мекунанд.
Муассисаҳои ислоҳӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўиро ба амал мебароранд. Сардорони муассисаҳои ислоҳӣ сардорони таҳқиқи ибтидоӣ мебошанд ва барои иҷрои вазифа шахсан масъуланд.
Дар муассисаҳои ислоҳӣ метавонанд мактабҳои таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, курсҳо, дигар муассисаҳои таълимӣ ва курсҳои офиятёбӣ таъсис дода шаванд.
Моддаи 13. Вазифаҳои муассисаҳои ислоҳӣ
Вазифаҳои муассисаҳои ислоҳӣ:
-таъмини адои ҷазо нисбати шахсоне, ки бо ҳукми суд ба маҳрум шудан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд;
-гузаронидани корҳои тарбиявӣ дар бобати ислоҳшавии маҳбусон;
-таъмин намудани тартиботу қонуният, бехатарии кормандон, шахсоне, ки дар муассисаҳо кор мекунанд ва маҳбусон;
-бо кор таъмин намудани маҳбусон;
-ошкор, пешгирӣ ва фош кардани тайёрӣ ба ҷиноят ва ҷиноятҳои дар муассисаҳои ислоҳӣ содиршаванда ва вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо;
-тайёр намудани маҳбусон ба озодшавӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар бораи бо кор ва ҷои истиқомат таъмин намудани онҳо;
-ҷойгиркунӣ ва таъмини моддию маишии маҳбусон;
-мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ;
-гузаронидани таҳқиқи ибтидоии ҷиноятҳое, ки аз тарафи маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ содир мешаванд;
-таъмин намудани ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва саломатии маҳбусон;
-таъмин намудани бехатарӣ ва сўхтор;
-ҳамкории фаврию тафтишотӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо;
-мусоидат дар ошкор ва фош кардани ҷиноятҳое, ки аз тарафи маҳбусон то омадан ба муассисаҳои ислоҳӣ содир шудаанд;
-таъмини гузаронидани маҳкумшудагон ба муассисаҳо ва мақомоти иҷрои ҷазо мувофиқи қарор, ҳукм ва таъиноти судҳо.
Моддаи 14. Ваколатҳои сардори муассисаи ислоҳӣ
Ваколатҳои сардори муассисаи ислоҳӣ:
-бо мувофиқаи мақоми ҷумҳуриявӣ барои пеш аз мўҳлат озод намудан ва ба низоми сабуктар иваз намудани ҷазо ба суд ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод менамояд;
-нисбати маҳбусон тибқи қонунгузорӣ чорабиниҳои таъсиррасонӣ ва маҷбуркуниро амалӣ менамояд;
-нисбати муроҷиати маҳбусон дар бораи риоя нагардидани ҳуқуқи онҳо чораҳо меандешад;
-асоси моддию техникии муассисаро мустаҳкам мекунад;
-ба ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ дар бораи бо кор ва манзили истиқоматӣ таъмин намудани маҳбусоне, ки адои ҷазоро ба итмом расонидаанд, муроҷиат менамояд;
-барои ҳимояи манфиатҳои қонунии муассиса ба суд муроҷиат менамояд;
-мувофиқи қонунгузорӣ ва рўйхати вазифаҳо кормандони қаториро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
-унвонҳои навбатии махсусро, то рутбаи прапоршики калон, медиҳад;
-вазифаҳои касбӣ ва нақшаҳои шўъбаҳои муассисаро тасдиқ мекунад;
-дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ аз номи муассиса намояндагӣ мекунад.
Моддаи 15. Ваколатҳои кормандони муассисаҳои ислоҳӣ
Ваколатҳои кормандони муассисаҳои ислоҳӣ:
-таъмин намудани тартибот, назорати рафтори маҳбусон, кормандон ва шахсоне, ки дар ҳудуди муассисаҳои ислоҳӣ кор мекунанд;
-сафарбар намудани маҳбусон ба корҳои ҷамъиятии муассиса;
-аз маҳбусон талаб намудани иҷрои Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукми судҳо;
-ҷалб намудани маҳбусон ба корҳои ободонии муассиса;
-дар доираи салоҳияти худ мусоидат намудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бахши корҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ;
-азназаргузаронӣ ва кофтукови маҳбусон ва кормандоне, ки дар муассиса кор мекунанд, азназаргузаронӣ ва кофтукови сарулибос ва техникаи онҳо ва ҳангоми пайдо намудани ашёи манъшуда мусодира кардани онҳо;
-бақайдгирии маҳбусон, аксбардорӣ, банаворгирӣ ва дигар амалҳоро бо воситаҳои назорати техникӣ анҷом додан;
-азназаргузаронии тиббии маҳбусон бо мақсади муайян намудани истеъмоли машрубот, моддаҳои нашъадор ва психотропӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-дар якҷоягӣ бо кормандони милитсия аз назар гузаронидани воситаҳои нақлиёт, ҳуҷҷатҳои расмӣ дар ҳолати гузаронидани чораҳои ҷустуҷўӣ дар мавриди фирор намудани маҳбусон аз муассиса ва саркашӣ намудани маҳкумшудагон аз адои ҷазо, дар ҷойҳои пайдошавии тахминии онҳо;
-истифодаи ройгони воситаҳои ахбори оммавии давлатӣ дар ҷустуҷўи маҳбусоне, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ фирор намудаанд;
-гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар ҷустуҷўи маҳбусони фироркарда;
-бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бемамониат дохил шудан ба ташкилоту идораҳои дар гирду атрофи муассисаҳои ислоҳӣ ҷойгиршуда, ба ғайр аз биноҳои намояндагии дипломатии хориҷӣ, намояндагии консулгарӣ ва ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия доранд, дар ҳолати эълон гардидани низоми шароити махсус ва фавқулодда;
-дастгир намудани шахсоне, ки тартиботи ҷамъиятиро дар гирду атрофи муассисаҳои ислоҳӣ вайрон менамоянд ва азназаргузаронии онҳо;
-дастгир ва ба шўъбаи корҳои дохилии маҳалли ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ супоридани шахсони дар қаламрави муассиса ҳузурдошта, ки амалиёти ғайриқонуниро содир намудаанд ва азназаргузаронии онҳо;
Моддаи 16. Изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ
Изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ мустақиман ба мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тобеъ буда, шахси ҳуқуқӣ мебошад ва бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ молу мулки изолятори (тавқифгоҳ) тафтишотиро соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ мекунад.
Моддаи 17. Вазифаҳои изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ
Вазифаҳои изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ:
-нигоҳ доштани шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят гумонбар ва айбдор дониста шудаанд;
-иҷрои ҷазо дар намуди қатл;
-таъмини иҷрои ҷазо нисбати маҳбусоне, ки дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ барои иҷрои корҳои хоҷагӣ мондаанд;
-таъмини бехатарии кормандон ва шахсоне, ки дар ҳудуди изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ кор мекунанд;
-ба қайд гирифтан, назорат ва нигоҳубини шахсоне, ки дар изолятори (тавқифгоҳ) тафтишотӣ нигоҳ дошта мешаванд;
-таъсиррасонӣ ҷиҳати ислоҳшавӣ ба маҳбусоне, ки адои ҷазо мекунанд;
-ташкили иҷрои қоидаҳои дохилии изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ;
-таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, қонуният, бехатарии кормандон, шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ мебошанд, гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва маҳбусон;
-пешгирӣ, ошкор, фош намудан ва кушодани ҷиноятҳое, ки дар дохили изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ тайёр ва ё содир шудаанд ва пешгирӣ намудани вайронкуниҳои қоидаҳои дохили изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ;
-муҳофизати изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ;
-мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ;
-гузаронидани таҳқиқи ҷиноятҳое, ки дар ҳудуди изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ содир мешаванд;
-гузаронидани корҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ, мусоидат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят;
-таъмини ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва таъмини саломатии гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва маҳкумшудагон;
-таъмини бехатарӣ аз сўхтор;
-гузаронидани дигар чорабиниҳое, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд.
Моддаи 18. Ваколатҳои сардори изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ
Ваколатҳои сардори изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ:
-нисбат ба муроҷиати гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва маҳбусон дар бораи риоя намудани ҳуқуқи онҳо чораҳо меандешад;
-нисбат ба вайронкунандагони тартиботи дохили изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ чораҳои таъсиррасонӣ ва маҷбуркуниро истифода менамояд;
-воситаҳои ахбори оммавии давлатиро дар мавриди кофтукови шахсоне, ки аз изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ фирор намудаанд, ройгон истифода мебарад;
-барои ҳимояи манфиатҳои қонунии муассиса ба суд муроҷиат менамояд;
-даромадан ба изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ва тарк намудани ҳудуди онро дар ҳолати низоми махсус ва фавқулодда маҳдуд ва муваққатан қатъ менамояд;
-мувофиқи қонун ва рўйхати вазифаҳо кормандони қаториро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
-рутбаҳои навбатии махсусро, то рутбаи прапоршики калон, медиҳад;
-вазифаҳои касбӣ ва нақшаҳои шўъбаҳои изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотиро тасдиқ менамояд;
-дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ аз номи изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ намояндагӣ мекунад.
Моддаи 19. Ваколатҳои кормандони изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ
Ваколатҳои кормандони изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ:
-дар доираи салоҳияташон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои гузаронидани корҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ мусоидат менамоянд;
-чораҳои ибтидоии ҷустуҷўи шахсон ва маҳкумшудагонро, ки аз изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ фирор намудаанд, анҷом медиҳанд;
-назорати иҷрои тартиботро дар ҳудуди изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ амалӣ менамоянд;
-азназаргузаронӣ ва кофтукови маҳбусон ва кормандоне, ки дар муассиса кор мекунанд, азназаргузаронӣ ва кофтукови сарулибос ва техникаи онҳоро анҷом медиҳанд ва ҳангоми пайдо намудани ашёи манъшуда онҳоро мусодира менамоянд;
-бақайдгирии гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва маҳбусон, аксбардорӣ, банаворгирӣ ва истифодаи дигар воситаҳои техникиро анҷом медиҳанд;
-азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт, ҳуҷҷатҳои расмӣ дар якҷоягӣ бо кормандони милитсия дар ҳолати гузаронидани чораҳои ҷустуҷўӣ дар мавриди фирор намудани маҳкумшудагон аз изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ дар ҷойҳои эҳтимолии пайдошавии онҳо;
-истифодаи воситаҳои техникии ҳифз ва назорат дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ.
Моддаи 20. Марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо)
Марказҳои ислоҳӣ мустақиман ба мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тобеъ буда, шахси ҳуқуқӣ мебошанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулки маркази ислоҳиро соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамоянд.
Моддаи 21. Вазифаҳои марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо)
Вазифаҳои марказҳои ислоҳӣ:
-таъмини адои ҷазои шахсоне, ки ба маҳдуд кардани озодӣ бо ҳукми судҳо маҳкум карда шудаанд;
-баҳисобгирии маҳкумшудагон;
-тавзеҳи тартиб ва шартҳои иҷрои ҷазо;
-фароҳам овардани шароити корӣ, зист ва маишати маҳкумшудагон;
-таъмини ҳифзи саломатии маҳкумшудагон;
-таъмини ҷудо нигоҳ доштани маҳкумшудагоне, ки ба касалиҳои сирояткунанда гирифторанд;
-таъмини раиояи тартиб ва шартҳои адои ҷазо;
-назорати маҳкумшудагон ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии вайронкунии тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо;
-таъмини бехатарии кормандон ва шахсоне, ки дар ҳудуди марказҳои ислоҳӣ кор мекунанд;
-бурдани корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон бо мақсади ислоҳи онҳо;
-истифодаи чораҳои мукофотонӣ ва муҷозот нисбати маҳкумшудагон, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-ҳифзи марказҳои ислоҳотӣ;
-гузаронидани корҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ, мусоидат бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят;
-иҷрои дигар вазифаҳое, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд.
Моддаи 22. Ваколатҳои сардори маркази ислоҳӣ (табъидгоҳҳо)
Ваколатҳои сардори маркази ислоҳӣ:
-дар мувофиқа бо мақомоти ҷумҳуриявӣ барои пеш аз мўҳлат озод намудани маҳкумшудагон ба суд ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод менамояд;
-тибқи қонунгузорӣ нисбати маҳкумшудагон чораҳои таъсиррасонӣ ва маҷбуркуниро истифода мебарад;
-нисбати муроҷиати маҳкумшудагон дар бораи риоя нагардидани ҳуқуқҳои онҳо чораҳо меандешад;
-асосҳои моддию техникии маркази ислоҳиро мустаҳкам менамояд;
-барои ҳимояи манфиатҳои қонунии маркази ислоҳӣ ба суд муроҷиат мекунад;
-тибқи қонунгузорӣ ва рўихати вазифаҳо кормандони қаториро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
-унвонҳои навбатии махсусро, то рутбаи прапоршики калон, медиҳад;
-вазифаҳои касбӣ ва нақшаҳои шўъбаҳои маркази ислоҳиро тасдиқ менамояд;
-дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ аз номи маркази ислоҳӣ намояндагӣ мекунад;
-нисбати маҳкумшудагон чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷазодиҳиро татбиқ менамояд;
-ба маҳкумшудагон тибқи тартиби муқарраршуда дар ҳолати зарурӣ барои ба мўҳлати то панҷ шабонарўз аз ҳудуди ҷои маркази ислоҳӣ баромадан иҷозат медиҳад;
-дар ҳолати ба ҷои адои ҷазо ҳозир нашудани маҳкумшуда кофтукови ўро эълон менамояд;
Моддаи 23. Ваколатҳои кормандони марказҳои ислоҳӣ (табъидгоҳҳо)
Ваколатҳои кормандони марказҳои ислоҳӣ:
-таъмини тартибот, назорати рафтори маҳкумшудагон, кормандон ва шахсоне, ки дар ҳудуди маркази ислоҳӣ кор мекунанд;
-аз маҳбусон талаб намудани иҷрои Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукми судҳо;
-дар доираи салоҳияташон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои гузаронидани корҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ мусоидат намудан;
-назорати иҷрои тартибот дар ҳудуди маркази ислоҳӣ;
-гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар кофтукови маҳкумшудагони фироркарда.
Моддаи 24. Нозироти корҳои ислоҳӣ
Нозироти корҳои ислоҳӣ адои ҷазоро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар чораҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ, ки бо ҷудо нигоҳ доштани маҳкумшудагон аз ҷомеа алоқаманд нестанд, иҷро менамояд.
Нозироти корҳои ислоҳӣ бевосита ба мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тобеъ буда, шахси ҳуқуқӣ мебошад.
Сардори нозироти корҳои ислоҳӣ сардори мақомоти таҳқиқ мебошад.
Моддаи 25. Вазифаҳои нозироти корҳои ислоҳӣ
Вазифаҳои нозироти корҳои ислоҳӣ:
-таъмини адои ҷазо дар сурати маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, ҷалб намудан ба корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ, ки бо ҳукми суд муайян шудааст;
-назорати рафтори шартан маҳкумшудагон, занони ҳомиладори маҳкумшуда ва занони маҳкумшудаи дорои кўдакони то синни ҳаштсола, ки нисбати онҳо иҷрои ҷазо мавқуф гузошта шудааст, нисбат ба шахсоне, ки шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд, дар ҷои истиқомат, кор ва таълимгоҳ ва аз тарафи онҳо риоя гардидани ҳукми суд;
-таъмини риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсоне, ки дар қайд мебошанд, фаҳмонда додани ҳуқуқ ва вазифаҳои маҳкумшудагон;
-пешгирии содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкунӣ, аз тарафи маҳкумшудагоне, ки дар қайд мебошанд;
-ташкили ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба назорат ва тарбияи маҳкумшудагон;
-ташкили ҳамкорӣ бо роҳбарияти ташкилоту муассисаҳое, ки дар онҳо маҳкумшудагон кор мекунанд;
-кўмак барои дарёфт намудани ҷои кор ва истиқомат ба маҳкумшудагоне, ки дар қайд мебошанд;
-ҷалби аҳли ҷомеа барои назорат ва тарбияи маҳкумшудагон;
-чораандешиҳои ибтидоӣ доир ба кофтукови маҳкумшудагоне, ки адои ҷазояшон бе ҷудо кардан аз ҷомеа муқаррар шудааст ва онҳо аз адои ҷазо саркашӣ менамоянд;
-ташкил ва назорати дуруст ва саривақт аз ҳисоби маҳкумшудагон гузаронидани маблағҳо ба буҷети давлатӣ;
-муайян намудани сабабҳо ва шароитҳое, ки барои аз нав содир намудани ҷиноят, қонуншиканиҳо ва вайрон намудани қоидаҳои меҳнат аз тарафи маҳкумшудагон мусоидат менамоянд ва андешидани чораҳои зарурӣ оид ба бартараф намудани онҳо;
-иҷрои дигар вазифаҳое, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд.
Моддаи 26. Ваколатҳои сардори нозироти корҳои ислоҳӣ
Ваколатҳои сардори нозироти корҳои ислоҳӣ:
-оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсоне, ки дар қайд мебошанд, санҷиш мегузаронад;
-ба мақомоти дахлдоре, ки барои фаъолияти корҳои алоҳида иҷозатнома медиҳанд, оид ба бозхонди ин иҷозатнома муроҷиат менамояд;
-нисбати маҳкумшудагоне, ки бе асос ба нозирот ҳозир намешаванд, барои маҷбуран овардани онҳо қарор қабул менамояд;
-ба маҳкумшуда дар бораи иваз намудани адои ҷазо, бекор кардани ҳукми шартан қабулшуда огоҳинома медиҳад;
-тибқи қонунҳо оид ба озод намудан аз ҷазо ба суд пешниҳод мефиристад;
-нисбат ба маҳкумшудагон чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷазодиҳиро татбиқ менамояд;
-ба суд, прокуратура, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои ҷазо муроҷиат менамояд;
-ба маҳкумшудагон барои бо хоҳиши худашон аз кор озод шудан иҷозат медиҳад.
Иҷрои пешниҳоди сардори нозирот оид ба корҳои ислоҳӣ барои ҳамаи муассисаю ташкилотҳо ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 27. Ваколатҳои кормандони нозироти корҳои ислоҳӣ
Ваколатҳои кормандони нозироти корҳои ислоҳӣ:
-аз маҳкумшудагон ва шахсоне, ки дар қайд мебошанд, талаб намудани риояи шартҳо ва тартиби адои ҷазо, ки бо ҳукми суд муайян шудааст;
-барои фаҳмонидани тартиб ва шартҳои адои ҷазо, сўҳбатҳои пешгирикунанда, муайян намудани масъалаҳои бамиёномада дар рафти иҷрои ҷазо даъват намудани шахсоне, ки дар қайди нозирот мебошанд ва гирифтани баёнот аз онҳо;
-тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан ба манзили истиқоматии шахсоне, ки дар қайди нозирот мебошанд;
-маҷбуран ба шўъбаи нозирот оид ба корҳои ислоҳӣ овардани шахсоне, ки дар қайд мебошанд ва тартиби адои ҷазоро риоя намекунанд;
-ворид гаштан ба ҳамаи ташкилот, муассисаву корхонаҳое, ки дар онҳо маҳкумшудагон кор ва ё таҳсил мекунанд;
-санҷиши иҷрои ҳукми суд дар муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар онҳо маҳкумшудагон кор мекунанд;
-гирифтани маълумот оид ба музди меҳнат, рафтор, вақти кории маҳкумшуда ва муносибати ў бо меҳнат аз муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо;
-дастгир намудани маҳкумшудагоне, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд ва ҷиҳати азназаргузаронии шахсӣ ба нозирот овардани онҳо;
-дар сурати аз тарафи шахсони дар қайди нозирот буда содир гардидани ҷиноят онҳоро дастгир намуда, баъди азназаргузаронӣ ба шўъбаҳои корҳои дохилӣ супоридан;
-барои қайдҳои махсус аз воҳидҳои ахборотии Вазорати корҳои дохилӣ истифода намудан.
Моддаи 28. Муассисаҳои тиббии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Беморхонаҳо, беморхонаҳои махсуси равонпизишкӣ ва бемории сил, қисмҳои тиббӣ дар ҳудуди муассисаҳои ислоҳӣ барои хизматрасонии тиббӣ ба маҳкумшудагон ва маҳбусон ташкил карда мешаванд.
Барои нигоҳдошт ва муолиҷаи амбулатории маҳкумшудагон, маҳбусон, майзадагон ва нашъамандон сохторҳои тиббие таъсис дода мешаванд, ки муолиҷаи маҷбуриро ба амал мебароранд.
Моддаи 29. Корхонаҳои истеҳсолии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Барои рушди соҳаи иҷтимоии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва ҷалби маҳбусон ба меҳнат мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ метавонад корхонаҳоро дар ҳар шакли ҳуқуқию ташкилӣ таъсис диҳад.
Корхонаҳое, ки барои татбиқи фаъолияти истеҳсолӣ дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таъсис гардидаанд, ба доираи фаъолияте мансубанд, ки дар он ҷо тартиби махсуси хоҷагидорӣ муқаррар карда шудааст, ки мувофиқи он маҳкумшудагони ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ адокунанда ба меҳнат ҷалб карда мешаванд. Корхонаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ фаъолияти меҳнатии маҳкумшудагонро ташкил мекунанд, ба маҳбусон маош медиҳанд, пардохтҳои даъвоҳои судиро адо мекунанд, алиментҳо медиҳанд, маблағҳои нафақавӣ, андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет ворид менамоянд.
Молу мулки корхонаҳо аз ҳисоби амволе, ки дар натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ ва дигар сарчашмаҳои қонунгузорӣ манънакарда ворид гардидаанд, ташкил меёбад.
Даромади софи корхонаҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим ва истифода бурда мешавад.
Моддаи 30. Қисмҳои ҳарбии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қисмҳои ҳарбие, ки дидбонӣ, назорат, ҳифз ва посбонии гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, маҳбусон ва аз як ҷой ба ҷои дигар бурдани онҳоро дар мақомот ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар объектҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунанд, бевосита ба мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тобеъ мебошанд.
Қисмҳои ҳарбие, ки дидбонӣ, назорат ва посбониро таъмин менамоянд, дар фаъолияти худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ҳамин Қонун ва Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбиро дастури амал қарор медиҳанд.
БОБИ 3
ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ ҶИСМОНӢ, ВОСИТАҲОИ МАХСУС ВА ЯРОҚИ ОТАШФИШОН АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ СИСТЕМАИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ
Моддаи 31. Шартҳо ва ҳадди истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон
Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд аз қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон истифода баранд, агар иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузоргардида ба тарзи дигар ғайриимкон бошад.
Қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон бо дарназардошти вазъияти бамиёномада, бо салоҳдиди кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун истифода мешаванд. Агар имкон бошад, пеш аз истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон дар бораи нияти истифодаи онҳо бояд огоҳӣ дода шавад.
Дар ҳама ҳолатҳо, ҳангоме ки аз истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон худдорӣ кардан ғайриимкон бошад, кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бояд кўшиш намоянд, ки ба ҳадди имкон зарари нисбатан камтари маънавӣ, моддӣ ва ҷисмонӣ расонанд.
Ҳангоми расонидани зарари ҷисмонӣ ва ҷароҳат аз истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ё яроқи оташфишон кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вазифадоранд ба зарардида ёрии аввалияи тиббӣ расонанд.
Дар бораи ярадоршавӣ ё марги шахсе, ки дар натиҷаи истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон сурат гирифтааст, корманди системаи иҷрои ҷиноятӣ вазифадор аст ба сардори бевоситаи худ барои огоҳонидани прокурор гузориш диҳад.
Истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ё яроқи оташфишон берун аз ҳадди ваколатҳои худ боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои пешгирии ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, дастгир намудани шахсоне, ки ҷиноятро содир намудаанд, бартараф намудани мухолифат нисбат ба талаботи қонунии кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, муҳофизати худ ҳуқуқ доранд аз қувваи ҷисмонӣ, аз ҷумла аз усулҳои ҷангии гўштин, воситаҳои зердаст истифода баранд, агар усулҳои ғайрииҷборӣ иҷрои вазифаҳои ба зиммаи кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вогузоргардидаро таъмин накунанд.
Моддаи 32 . Истифодаи воситаҳои махсус
Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ доранд аз дастбанд, калтакҳои резинӣ, моддаҳои ашковар, воситаҳои равшандиҳандаю огоҳидиҳанда, асбобҳо барои кушодани биноҳо, боздоштани иҷбории нақлиёт, обпошҳо, дигар воситаҳои махсус, ки кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо он мусаллаҳ мебошанд, инчунин сагҳо, мошинҳои зиреҳпўш ва дигар воситаҳои нақлиётро истифода баранд:
-барои рафъи ҳуҷум ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, дигар шахсоне, ки вазифаҳои хизматӣ ё қарзи ҷамъиятиро оид ба мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва инчунин барои озод кардани гаравгонон иҷро мекунанд;
-барои пешгирӣ намудани бетартибиҳои оммавӣ ва вайронкунии гурўҳии тартиботи ҷамъиятӣ;
-барои боздошти ҳуқуқвайронкунандагон, овардани онҳо ба муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳти посбонӣ фиристодан ва шахсони ба ҳабс гирифташуда, агар онҳо ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар шахсоне, ки вазифаҳои хизматӣ ё қарзи ҷамъиятиро оид ба мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ иҷро менамоянд, саркашӣ ва муқобилият нишон диҳанд, ё агар барои гумон кардан асосҳои кофӣ вуҷуд дошта бошад, ки онҳо метавонанд фирор кунанд, ба атрофиён ё худашон зарар расонанд ва инчунин нисбати шахсоне, ки ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар иҷрои вазифаҳои қонунии онҳо қасдан муқобилият нишон медиҳанд.
Пеш аз истифодаи воситаҳои махсус, ба истисно зарурати рафъи ҳуҷуми ногаҳонӣ, инчунин дастгир намудани шахсоне, ки дар қасдан содир намудани ҷиноятҳо гумонбар мешаванд, озод кардани гаравгонҳо, дар бораи нияти истифодаи чунин воситаҳо бояд қаблан огоҳӣ дода шавад ва агар вазъият имкон диҳад, барои қатъ кардани ҳуқуқвайронкунӣ вақти кофӣ дода шавад.
Навъи воситаи махсус ва қувваи истифода бо дарназардошти вазъи бамиёномада, хусусияти ҳуқуқвайронкунӣ ва шахсияти ҳуқуқвайронкунанда муайян мегардад. Ҳангоми истифодаи воситаҳои махсус эҳтимолияти расонидани зарар ба саломатии шаҳрвандон бояд ба ҳадди имкон кам карда шавад.
Истифодаи воситаҳои махсус нисбати занҳо бо аломатҳои намоёни ҳомиладорӣ, шахсони бо аломатҳои аёни маъюбӣ ва хурдсолон манъ аст, ғайр аз ҳолатҳои содир намудани ҳуҷуме, ки ба ҳаёт таҳдид мекунад, ҳуҷумҳои гурўҳӣ, ё нишон додани муқобилияти мусаллаҳона.
Моддаи 33 . Истифодаи яроқи оташфишон
Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба сифати чораи ниҳоӣ ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳои зерин аз яроқи оташфишон истифода баранд:
-барои ҳимояи шаҳрвандон аз ҳуҷум ва инчунин барои озод кардани гаравгонхо;
-барои рафъи ҳуҷумҳои гурўҳӣ ё мусаллаҳона ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар шахсоне, ки оид ба муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ё мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ўҳдадорӣ ё қарзи ҷамъиятиро адо мекунанд;
-барои рафъи ҳуҷумҳои гурўҳӣ ё мусаллаҳона ба шаҳрвандон, иншооти муҳим ва ҳифзшаванда, биноҳои мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхона, муассиса ва ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият, рафъи ҳуҷум ба дастаҳои навбатдори низомӣ ва хизматии мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
-барои дастгир намудани шахсоне, ки муқобилияти мусаллаҳона нишон медиҳанд, ё ҳангоми содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба даст афтодаанд ё ҷинояткоре, ки аз маҳбас фирор намудааст ва инчунин шахси мусаллаҳе, ки аз иҷрои талаботи қонунӣ оид ба супоридани яроқи оташфишон саркашӣ мекунад.
Пеш аз истифодаи яроқи оташфишон, ба истиснои ҳолатҳое ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, дар бораи нияти истифодаи он бояд қаблан огоҳӣ дода шавад.
Ҳангоми ҳуҷуми ногаҳонӣ ё мусаллаҳона, ҳуҷум бо истифода аз техникаи ҳарбӣ, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳҳои парвозкунанда, ҳангоми бо яроқи оташфишон ё бо истифода аз воситаҳои нақлиёт аз маҳбас фирор намудан, ҳангоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз онҳо фирор намудани маҳбусон ва инчунин барои озод кардани гаравгонҳо метавонанд бе огоҳӣ аз яроқи оташфишон истифода баранд.
Истифодаи яроқи оташфишон нисбати занҳо, шахсони аломатҳои маъюбиашон намоён ва ноболиғон манъ аст, ғайр аз ҳолатҳои аз ҷониби онҳо содир намудани ҳуҷум, нишон додани муқобилияти мусаллаҳона, содир намудани ҳуҷуми гурўҳӣ ва ё мусаллаҳонае, ки ба ҳаёти одамон таҳдид мекунанд, инчунин ҳангоми зиёд будани шумораи одамон, ки аз ин амал метавонанд шахсони бегуноҳ зарар бинанд.
Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар ҳолатҳои зерин низ ҳуқуқ доранд аз яроқи оташфишон истифода баранд:
-барои додани бонги хатар ва даъват ба ёрӣ;
-барои боздоштани воситаҳои нақлиёте, ки дар он шахси аз маҳбас фирорнамуда савор шудааст, агар ў ба талаботи қонунии кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ итоат накарда, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандонро таҳти хатари воқеӣ гузорад.
Дар ҳамаи ҳолатҳои истифодаи яроқи оташфишон кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои таъмини амнияти шаҳрвандони гирду атроф, расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба зарардидагон ва инчунин хабардор сохтани хешовандон ва намояндагони қонунии онҳо, вазифадоранд ҳамаи тадбирҳои заруриро андешанд.
Дар бораи ҳар як ҳолати истифодаи яроқи оташфишон корманди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар тўли 24 соат аз лаҳзаи истифодаи он бояд ба сардори мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар маҳалли хизмати худ ё дар маҳалли истифодаи яроқ гузориш диҳад ва дар ҳолати марг ё ярадор шудани шаҳрвандон фавран ба прокурор хабар диҳад.
Моддаи 34. Кафолатҳои амнияти шахсии кормандони мусаллаҳи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳуқуқи нигоҳ доштан ва бо худ гардонидани яроқи оташфишон ва дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун истифода бурданро доранд.
Агар шахси аз ҷониби корманди яроқноки системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дастгиршаванда кўшиши ба ў наздик шуданро намояд, ё масофаи муқарраршударо вайрон кунад, корманди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳукуқ дорад яроқи оташфишонро мутобиқи банди дуюми қисми якуми моддаи 33 Қонуни мазкур истифода барад.
БОБИ 4
ХИЗМАТ ДАР СИСТЕМАИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ
Моддаи 35. Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар мақомот, воҳидҳо, муассисаҳо, сохтор ва корхонаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вазифаеро ишғол менамоянд ва ба онҳо рутбаҳои махсус дода шудааст.
Рутбаҳои махсуси кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Тартиби додани рутбаҳои махсуси кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Низомномаи тартиби адои хизмати ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муқаррар карда мешавад.
Рутбаҳои махсуси ҳайати роҳбарикунандаи олии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ якумра мебошанд. Ҳангоми ба охир расидани хизмат ба рутбаҳои махсуси мавҷуда калимаҳои “дар истеъфо” илова карда мешавад.
Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ либоси ягонаи расмӣ доранд, ки он ройгон дода мешавад. Намунаҳои он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шаҳодатномаҳои хизматӣ, ки намунааш аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, дода мешавад.
Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бояд дар муносибат бо маҳбусоне, ки дар қайд мебошанд ва дигар шаҳрвандон хушмуомила бошанд, ба шаъни кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иснод наоранд.
Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳуқуқ надоранд, ки маълумотҳои дар вақти адои хизмат ба онҳо маълумгардидаро дар бораи бонкҳо, фаъолияти соҳибкорӣ ва маълумоти сирри давлатӣ доштаро, ки қонун ҳимоя менамояд, ба манфиати шахсӣ истифода намоянд.
Моддаи 36. Хизмат дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Ба хизмати системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон на камтар аз 20 ва на зиёдтар аз 40 мебошад, сарфи назар аз миллат, вазъи иҷтимоӣ, муносибат ба дин, ки аз рўи сифатҳои шахсӣ, ахлоқӣ, кордонӣ, таҳсилот, тайёрии ҷисмони ва вазъи саломатӣ аз ўҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вогузоршуда мебароянд, баъди гузаштани хизмати ҳарбӣ аз рўи даъват ва дар асоси ихтиёрӣ қабул карда мешаванд.
Ҳангоми қабул ба хизмати системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ корманд ҳатман аз қайди давлатии дактилоскопӣ гузаронида мешавад.
Ба хизмати системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шаҳрвандоне, ки доғи судӣ доранд ё доштанд, қабул карда намешаванд (ба истиснои онҳое, ки аз ҷониби суд сафед карда ё бегуноҳ дониста шудаанд).
Ўҳдадорони ҳарбие, ки ба хизмати системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ қабул гардидаанд, аз ҷумла шунавандагон ва курсантҳои муассисаҳои таълимии махсус, ки барои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мутахассис тайёр мекунанд, аз қайди ҳарбӣ бароварда, дар қайди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд. (Қ ҶТаз 16.04.2012с., №803)
Барои онҳое, ки ба истиснои хизматчиёни ҳарбӣ, ба системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба кор қабул мешаванд, вобаста ба сатҳи тайёрӣ ва вазифае, ки ба он қабул мегарданд, мўҳлати санҷишӣ аз 3 то 6 моҳ муқаррар карда мешавад.
Ҳангоми қабул шудан ба хизмат, корманди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ савганд ёд мекунад, ки мазмуни он чунин аст: “Ман, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмат дар мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, САВГАНД дода, ботантана қасам ёд мекунам, ки то охир ба халқи худ, Ватан ва коре, ки пеша кардаам, содиқ бошам, ҳамеша корманди ҳушёр, ҳақиқатҷў, далер ва боинтизом бошам, дар хизмат намунаи ибрат буда Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъӣ риоя намоям, сирри давлатӣ ва хизматиро пинҳон дорам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми вазифаҳои ба дўши ман вогузошта, талаботҳои оинномаҳо ва фармонҳоро софдилона ва бечунучаро риоя намуда, қуввату тавоноии худ ва ҳатто дар мавриди зарурӣ ҳаёти худро барои муҳофизати сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, тамоми намудҳои моликият, шахсият ва ҳуқуқи шаҳрвандон дареғ намедорам. Агар ман ин савганди ботантанаи худро риоя накунам, бигузор дар доираи қонунҳои ҷумҳурӣ қотеъона ҷазо бинам”.
Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ метавонанд ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин вазорату идора, корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳои тобеи онҳо (дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои иҷрои вазифаҳои махсус бо гузаштан дар ихтиёри кадрҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шаванд. Шахсони мазкур аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пешбинишуда истифода мебаранд.
Корманди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар сурати интихоб шуданаш ба мақоми олии қонунгузорӣ то ба итмом расидани мўҳлати ваколаташ дар ҳайати раёсати кадрҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мемонад.
Корманди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо асосҳои зерин аз хизмат озод карда мешавад:
а) бо хоҳиши худ;
б) бинобар расидан ба синну соли ниҳоӣ, ки онро Низомномаи тартиби адои хизмати ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мўҳлати хизматро муқаррар кардааст;
в) баъди ба охир расидани мўҳлати хизмат, ки ҳуқуқи ба нафақа баромаданро медиҳад (бо ташаббуси корманди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё розигии ў);
г) бо сабаби ба охир расидани хизмат мувофиқи шартнома;
д) бо сабаби риоя накардани шартҳои шартнома;
е) бо сабаби беморӣ -дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ оид ба корношоямии ў ба хизмат дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
ж) бо сабаби иллатмандӣ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ -оид ба нокифоя будани ҳолаташ ба хизмат ва бинобар беморӣ иҷро карда натавонистани ўҳдадории хизматӣ, вобаста ба вазифааш ва набудани имкони ба кори дигар гузаронидан;
з) бо сабаби мувофиқат накардани вазифаи хизматӣ ба ихтисосаш аз рўи натиҷаи аттестатсия;
и) барои дағалона ва ё мунтазам вайрон намудани интизом;
к) барои содир намудани рафторе, ки ба шарафи корманди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ доғ меорад;
л) дар ҳолати ба қувваи қонун даромадани ҳукми айбдоркунандаи суд;
м) барои вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо.
Номгўи зикршудаи асосҳои аз хизмат озод намудани корманди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ қатъист.
Моддаи 37. Тартиб ва шартҳои адои хизмат дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Барои кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ давомнокии умумии вақти корӣ на зиёдтар аз 40 соат дар як ҳафта муқаррар карда мешавад. Ҳангоми зарурат кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ метавонанд аз вақти муқарраршуда зиёд, инчунин шабона, рўзҳои истироҳат ва ид ба хизмат ҷалб карда шаванд.
Ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба муддати 30 рўзи тақвимӣ рухсатии меҳнатии асосии пардохтшавандаи ҳарсола, бе ҳисоби вақти ба ҷои истироҳат рафтан ва бозгаштан бо пардохти роҳкиро (дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон), дода мешавад.
Ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки дар маҳалҳои шароити иқлимашон душвор ва номусоид адои хизмат менамоянд, сарфи назар аз собиқаи хизматӣ, ба муддати 45 рўзи тақвимӣ рухсатии меҳнатии асосии пардохтшавандаи ҳарсола дода мешавад.
Ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсолаи иловагӣ ба муддати зерин дода мешавад:
-баъди 10 соли хизмат -5 рўзи тақвимӣ;
-баъди 15 соли хизмат -10 рўзи тақвимӣ;
-баъди 20 соли хизмат -15 рўзи тақвимӣ.
Ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ташкил намудани корпартоиҳо ва иштирок дар гузаронидани онҳо, машғул шудан ба ҳама гуна намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамзамон ду вазифаро иҷро намудан дар корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ба истиснои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омўзгорӣ манъ аст.
Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳақ надоранд дар таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иштирок намоянд.
Тартиб ва шартҳои дигари хизмат дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо Низомномаи тартиби адои хизмати ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, танзим мегардад.
Моддаи 38. Пардохти музди меҳнати кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Таъминоти пули кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз маоши моҳонаи вазифавӣ, маоши моҳона барои рутбаи махсус, ки маоши моҳонаи таъминоти пули кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро ташкил медиҳанд ва аз иловапулӣ барои собиқаи хизмат иборат мебошад. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пули кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бар ивази озуқаворӣ ҷубронпулӣ пардохта мешавад, ки ҳаҷми он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли дахлдор муқаррар карда мешавад.
Музди меҳнати кормандони воҳидҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Полки посбоникунанда, ки зиёда аз вақти кории муқаррарнамудаи қонун дар хизмат мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки 20 сол ва аз он зиёдтар хизмат кардаанд, изофамаоши ҳармоҳа аз 25 то 50 фоиз ба музди меҳнат зам карда мешавад. Тартиб ва шартҳои пардохти изофамаоши дар ҳамин банд номбаршуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Боби 5
ҲиМОЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ
СИСТЕМАИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ
Моддаи 39. Ҳимояи ҳуқуқии кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ намояндаи ҳокимияти давлатӣ буда, дар ҳимояи давлат қарор доранд. Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ шахси дахлнопазир мебошанд. Сўиқасд ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар ҳама гуна шаклҳояш боиси фавран гирифтани пеши роҳи чунин амалҳо тавассути воситаҳою усулҳое мегардад, ки барои истифодаи онҳо Қонуни мазкур ба системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иҷозат додааст.
Иҷрои талаботи қонунии кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳатмӣ мебошад.
Итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, инчунин дигар амалҳое, ки барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гузошташуда монеъ мешаванд, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Моддаи 40. Эҳтимолияти боварӣ ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Нишондоди кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки ба сифати ҷабрдида шоҳид аз рўи парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ пурсида мешаванд, баробари баёноти шахсони дигар, эътибори исботкунанда дорад.
Моддаи 41. Норавоии дахолат ба фаъолияти кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда танҳо ба сардорони бевосита ва болоӣ тобеъ мебошанд. Шахсони дигар ҳуқуқи ба фаъолияти қонунии кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дахолат карданро надоранд.
Таъсир расондан ба кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо мақсади монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон, дар кадом шакле, ки бошад, боиси ҷавобгарии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда мегардад.
Моддаи 42. Ҳуқуқи кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба ҳимояи судӣ
Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба ҳимояи судии ҳуқуқу манифатҳояшон ҳуқуқ доранд.
Моддаи 43. Суғуртаи давлатӣ ва талофии зарар дар ҳолати ҳалок ва ё маъюб шудани кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Ҳамаи кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бояд аз ҳисоби маблағҳои дахлдори воҳидҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо суғуртаи ҳатмии давлатии шахсӣ фаро гирифта шаванд. Тартиби гузаронидани ин намуди суғурта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ҳангоми ҳалок гардидани кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вақти иҷрои фаъолияти хизматӣ ба оилаҳои ҳалокгардида ва ё шахсони таҳти саробонии онҳо қарордошта ёрдампулии якдафъаина дар ҳаҷми 8 маоши таъминоти пулии ҳалокгардида аз ҳисоби маблағҳои дахлдори воҳидҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пардохта, минбаъд аз шахсони гунаҳкор рўёнида мешавад.
Дар сурати ба корманди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ расонидани зарари ҷисмоние, ки барои ба фаъолияти касбӣ машғул шудан имконият намедиҳад, ба ў ёрдампулии якдафъаина дар ҳаҷми 6 маоши таъминоти пулӣ аз ҳисоби маблағҳои дахлдори воҳидҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо минбаъд рўёнидани ин маблағ аз шахси гунаҳкор пардохт карда мешавад. Дар сурати пеш аз мўҳлат рухсат шудани корманди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз хизмат дар натиҷаи бемории дар рафти адои ўҳдадориҳои хизматӣ пайдонамуда ба ў кўмакпулии яквақтаина ба андозаи 5 маоши таъминоти пулӣ, ки дар рўзи пардохти кумакпулӣ муқаррар шудааст, пардохт карда мешавад.(ҚҶТ аз 01.08.2012с., №883)
Зараре, ки ба моликияти кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё хешони наздики ў вобаста ба фаъолияти хизматии кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ расонида шудааст, бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми пурра ба ў ё аъзои оилаи ў, аз ҷумла даромади аздастдода, талофӣ карда мешавад.
Моддаи 44. Таъмини кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо манзили истиқоматӣ
Ба шахсоне, ки барои хизмат дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ қабул шудаанд ва бо манзили истиқоматӣ таъмин нестанд, манзили хизматӣ дар шакли ҳуҷраи алоҳида ва ё хона аз рўи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дода мешавад. Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки дар мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ беш аз даҳ сол кор кардаанд, инчнин аъзои оилаи корманди вафоткардаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, бе додани манзили зисти дигар, набояд аз манзили хизматӣ бароварда шаванд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмини кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро бо манзили истиқоматӣ аз ҳисоби фондҳои дахлдори манзилӣ бо тартиби муқарраргардида анҷом медиҳанд.
Мақомоту муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд, ки аз ҳисоби манбаи молиявии муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои кормандони худ, ки ба беҳтар намудани шароити манзил эҳтиёҷ доранд, манзили истиқоматӣ харидорӣ намоянд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ манзили коммуналии кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро, ки камтар аз бист сол дар мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ кор кардаанд, инчунин манзили коммуналии оилаи шахсони ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳалокгардидаро ба таври ройгон ба моликияти онҳо медиҳанд.
Дар сурати ҳалок гардидани корманди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳангоми иҷрои фаъолияти хизматӣ, ҳуқуқи манзили истиқоматӣ гирифтани оилаи ҳалокгардида дар ҳамон асосҳое, ки ҳангоми дар навбат истодани онҳо мавҷуд буданд ва на дертар аз як сол баъди ҳалок шудани корманди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ нигоҳ дошта мешавад.
Барои кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва аъзои оилаи онҳо барои пардохти хонапулӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ (ба ғайр аз барқ ва газ) имтиёз, дар шакли панҷоҳ фоизи пешбинишуда, муқаррар карда мешавад.
Он кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки дар деҳот ва шаҳракҳо кор ва истиқомат мекунанд, ба таври ройгон бо истиқоматгоҳи дорои маркази гармӣ аз рўи меъёрҳои муқарраршуда таъмин карда мешаванд ва ҳамчунин аз дигар имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ истифода мебаранд.
Моддаи 45. Бо телефон ва ҷой дар муассисаҳои томактабии кўдакон таъмин намудани кўдакони кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Барои кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар сурати мавҷуд будани имкониятҳои техникӣ дар мўҳлати як моҳ аз рўзи пешниҳоди ариза телефон гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани телефон дар хонаи кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ имтиёзи панҷоҳфоизаи пардохти хизматрасонӣ муқаррар карда мешавад.
Ба фарзандони кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷой дар муассисаҳои давлатии томактабии кўдакон дар мўҳлати як моҳ, аз рўзи бо ариза муроҷиат кардан, кафолат дода мешавад.
Моддаи 46. Ҳуқуқи кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба ҷуброни хароҷоти истифодаи нақлиёти шахсӣ бо мақсадҳои хизматӣ
Ба он кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки барои мақсадҳои хизматӣ нақлиёти шахсиашонро истифода мебаранд, ба андозаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷубронпулӣ пардохта мешавад.
Моддаи 47. Ҳуқуқи кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар сафари хизматӣ
Кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки дар сафари хизматӣ мебошанд, ҳуқуқи бе навбат гирифтани чиптаро ба ҳама гуна навъи нақлиёт, инчунин ҳуқуқи дар меҳмонхонаҳо аз рўи шаҳодатномаи сафари хизматӣ ҷойгир шуданро доранд.
Моддаи 48. Ҳифзи иҷтимоии кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо сабаби ба нафақа баромадан ва аз кор озод кардани онҳо
Барои он кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки аз хизмат бинобар расидан ба синну соли муқарраргардида, бо сабаби беморӣ, ё ки пурра гардидани собиқаи хизматӣ озод шудаанд, ҳуқуқи истифода бурдан аз имтиёзҳои барои кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пешбинишуда нигоҳ дошта мешавад.
Ҳаҷми нафақаи корманди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки аз хизмат бинобар расидан ба синну соли муқарраргардида, аз рўи беморӣ, ё ки пурра гардидани собиқаи хизматӣ озод шудааст, аз таъминоти пурраи пулӣ ҳисоб карда мешавад. Ҳама гуна маҳдудият оид ба пардохти нафақа манъ аст.
Барои шахсоне, ки аз хизмат дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озод шудаанд, дар сурати таҳдид ба ҳаёт, ба саломатӣ ва амволи онҳо, бинобар фаъолияти пештараашон, муқаррароти қисмҳои 3 ва 4 моддаи 43 Қонуни мазкур эътибор пайдо менамоянд.
Ҳангоми ба хизмати мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ қабул шудани мутахассисони баландихтисос, ки бо роҳхат омадаанд, дар мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз рўи ихтисоси асосӣ корро давом додаанд, собиқаи меҳнатиашон барои таъмини нафақа ва илова намудани изофамаош ба собиқаи хизматӣ аз ҳисоби ду соли собиқаи умумии корӣ бар як соли хизмат ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 49. Подоши хароҷоти дафн
Барои дафни корманд ва нафақахўри фавтида ё ҳалокшудаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ кўмаки якдафъаинаи пулӣ дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
БОБИ 6
ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВӢ ВА МОДДИЮ ТЕХНИКИИ
СИСТЕМАИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ
Моддаи 50. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Маблағгузорӣ, таъминоти моддию техникии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки дар сатри алоҳида нишон дода мешаванд, фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, инчунин аз ҳисоби манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 51. Таъмини системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо биноҳои хизматӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияи давлатӣ муасиссаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро бо тартиби муқарраргардида бо биноҳои хизматӣ ва дигар биноҳо таъмин мекунанд.
БОБИ 7
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 52. Ҷавобгарӣ барои вайронкунии Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайронкунии муқаррароти Қонуни мазкур, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 53. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе 15 июли соли 2004
№ 51
________________________
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҶАВОНОН ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҶАВОНОН ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН
Маҷлиси намояндагон 9-уми июни соли 2004 қабул кардааст
Маҷлиси миллӣ 8-уми июли соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 7, мод. 459; с. 2011, № 6, мод. 429;
Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 с., № 1161)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳо, ки ба манфиати ҷамъият равона мешавад, муайян мекунад. (ҚҶТ аз 28.06.11г., №716)
Боби 1
Муқаррароти умумӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
ҷавонон - гурӯҳи иҷтимоию демографӣ, ки шахсони 14-30-соларо дар бар мегирад;
иттиҳоди ҷамъиятии ҷавонон - ташкилоти ихтиёрӣ буда, бо ташаббуси ҷавонон, ки дар асоси умумияти манфиат барои ҳалли мақсаду вазифаҳои ягона ва ҳифзи иҷтимоӣ муттаҳид мегарданд, таъсис дода мешавад;
оилаи ҷавон - оилае, ки дар он зану шавҳар ё яке аз онҳо ба синни 30-солагӣ нарасидаанд, инчунин падару модароне, ки дар синни то 30-солагӣ кӯдакони ноболиғ доранд;
муассисаи (хадамоти) иҷтимоии ҷавонон - шахси ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ки ҷавононро дастгирӣ намуда, ба онҳо хизмати иҷтимоию ҳуқуқӣ, маишӣ, тиббӣ, психологию омӯзишӣ, кӯмаки моддию молиявӣ мерасонад, мутобиқат ва тавонбахшии иҷтимоию психологии онҳоро таъмин мекунад. Ба сохтори муассисаҳои иҷтимоии ҷавонон инчунин соҳибкорони инфиродӣ, ки ба хизматрасонии ҷавонон машғул мебошанд, дохил мешаванд; (ҚҶТ аз 28.06.11г., №716)
воҳидҳои зерсохтории ҷавонон - маҷмӯи омилҳои (биноҳо, иморатҳо, иншоот, таҷҳизот) барои фаъолияти ҷавонон зарур ва муассисаҳое, ки ҳифзи саломатӣ, таълиму тарбия, инкишофи ҷисмонӣ, туризм, шуғл ва дигар талаботи иҷтимоии онҳоро таъмин менамоянд;
сиёсати давлатии ҷавонон - системаи ягонаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва шаҳрвандон, бо мақсади таъмини таълиму тарбия, ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи пурсамари иқтидори онҳо ба манфиати ҷамъият таҳия ва татбиқ мегардад.
Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат аст. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Моддаи 3. Мақсад ва принсипҳои сиёсати давлатии ҷавонон
Мақсади сиёсати давлатии ҷавонон аз инҳо иборат аст:
-мусоидат ба инкишофи маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию ҷисмонии ҷавонон;
-ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон;
-муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар; (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1161)
-дастгирии моддӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҷавонон, инчунин ташаббусҳои аҳамияти иҷтимоидоштаи онҳо. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Сиёсати давлатии ҷавонон ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- қонуният;
- интихоби самтҳои афзалиятноки рушди сиёсати давлатии ҷавонон;
- баҳисобгирии манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни наврасон ва чавонон, аз ҷумла ҷавонони имкониятҳои ҷисмонӣ ва рӯҳиашон махдуд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-баробарии ҳуқуқҳои қонунии ҷавонон ва гурӯҳҳои дигари аҳолӣ;
-имкониятҳои васеи ҷавонон барои интихоби роҳи ҳаёт;
-ҳуқуқи баробари ҷавонон ба дастгирии давлатӣ;
-нигоҳдорию ҳифзи саломатии ҷисмонӣ ва рушди маънавии ҷавонон, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва шаҳрвандии онҳо;
-муҳайё сохтани шароити мусоид барои истифодаи ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва шахсӣ;
-иштироки бевоситаи ҷавонон дар раванди ташаккулу татбиқи сиёсат ва барномаҳое, ки ба онҳо тааллуқ доранд;
- асоснокии илмӣ, комплексӣ ва муттасили сиёсати давлатии ҷавонон ва татбиқи он. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Моддаи 4. Самтҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон
Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои зерин ба амал бароварда мешавад: (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-риояи ҳуқуқи ҷавонон ва таъмини он;
– мусоидат ба фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкории ҷавонон, ташаккули фондҳои дастгирии иҷтимоӣ ва соҳибкории ҷавонон; (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1161)
-дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон;
-дастгирии давлатии ҷавонони соҳибистеъдод; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-кӯмаки моддию молиявӣ ба ҷавонон ва хизматрасонии иҷтимоии онҳо;
-мусоидат ба ҳалли масъалаи манзил ва беҳтар кардани шароити зиндагии ҷавонон;
- тарбияи ҷавонон, аз ҷумла тарбия дар рӯҳияи худшиносии миллй, ватандӯстй, эҳтиром ба рамзҳои давлатй, масъулияти шаҳрвандй, таъмини иштироки онҳо дар рушди фархднги.миллй ва забони давлатй; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-кафолати таҳсили ройгони ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва махсуси давлатӣ;
-кафолати таъминоти шахсони ятиму бепарастор, бо ҷои кор таъмин кардани онҳо;
-дастгирии давлатии таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти касбӣ;
-мусоидат ба шуғли мутахассисони ҷавон;
-таъмини кафолати ҳуқуқи ҷавонон ба меҳнат, интихоби касбу кор ва ҳимояи иҷтимоӣ;
-мусоидат ба ҳамкории байналмилалии ҷавонон;
-дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон;
– таъмини иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеа ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ; (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1161)
– ташкили фароғат ва истироҳати ҷавонон; (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1161)
– ташаккули фаъолияти волонтёрии ҷавонон, мусоидат ба фаъолнокии ҷавонон дар беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва дастгирии давлатии онҳо; (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1161)
- пешгирии ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, нашъамандй, майзадагй, экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон;
- ба ҳаёти ҷомеа фаъолона чалб кардани ҷавононе, ки дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ қарор доранд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Асоси татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро барномаҳои давлатии ҷавонон ташкил медиҳанд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти самтҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон тасдиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Моддаи 5. Асосҳои илмӣ ва таъминоти иттилоотии сиёсати давлатии ҷавонон
Сиёсати давлатии ҷавонон дар асоси комёбиҳои илму техника ва бо назардошти анъанаҳои миллӣ ва умумибашарӣ таҳия ва тасдиқ мегардад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, дигар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, аз ҷумла соҳавӣ, дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шӯроҳои ҷавонон тадқиқоти илмиро дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон ташкил менамоянд ё ба иҷрои чунин тадқиқот мусоидат мекунанд.
Тадқиқоти илмӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон дар барномаҳои мақсадноки давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии дахлдор, ки дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти марбута таҳия мегарданд, ба нақша гирифта ва амалӣ гардонида мешаванд.
Дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ оид ба вазъи фаъолияту рӯзгори ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ гузориши мазкурро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул мекунанд.
Давлат барои таъмини хизматрасонии иттилоотии ҷавонон система ва марказҳои иттилоот, шабакаи васеи муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ, аз ҷумла технологияҳои муосири иттилоотӣ, воситаҳои ахбори умум ва нашриявӣ ташкил карда, фаъолияти онҳоро ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон равона мекунад.
Дастгирии давлатии ташкилоту муассисаҳои мазкур, ки хизматрасонии иттилоотии ҷавононро таъмин мекунанд, дар асоси озмун ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд ҷавонон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳоро аз тадбирҳое, ки дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон амалӣ гардонда мешаванд, огоҳ намоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Моддаи 6. Вазифаҳои қонунгузорӣ дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон
Вазифаҳои қонунгузорӣ дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон аз инҳо иборатанд:
-ташаккули асосҳои ҳуқуқии кафолати ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавонон, татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавонон;
-муҳайё сохтани шароити мусоид барои тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавонон, фаъолияти пурсамари иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шӯроҳои ҷавонон, ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо бо дигар сохторҳои ҳаёти ҷамъиятӣ;
-муқаррар намудани салоҳият, ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шӯроҳои ҷавонон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавонон, истифодаи иқтидори онҳо ба манфиати ҷамъият.
Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, ҳамчун қисми таркибии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон, мутобиқи тартиби дохилидавлатӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, эътибор пайдо мекунанд.
Боби 2
Асосҳои ташкилии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон
Моддаи 7. Мақомоти идоракунӣ дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон
Роҳбарии давлатӣ дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонда мешавад.
Мақомоти идоракунӣ дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз инҳо иборатанд:
-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-вазорату идораҳои дигар, ки ба тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавонон машғул мебошанд;
- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон;
-иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва ташкилоту муассисаҳои дигар, ки ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат мекунанд.
Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии
ҷавонон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-роҳбарии самараноки татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, иҷрои қонунҳо, қарорҳо ва фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба соҳаи мазкур мансуб мебошанд, таъмин мекунад;
-барномаҳои давлатӣ ва байналмилалии ҷавононро таҳия, баррасӣ ва тасдиқ намуда, татбиқи ин барномаҳоро аз ҷиҳати илмӣ, моддию техникӣ ва молиявӣ таъмин менамояд;
-самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавононро муайян мекунад;
-заминаи меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон ва ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ ташаккул медиҳад;
-низомномаи мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавононро тасдиқ мекунад; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-меъёр ва стандартҳои камолоти ҷавонон, кафолати ҳуқуқии онҳоро муайян мекунад;
-меъёр ва тартиби дастгирии давлатии гурӯҳҳои ҷавонон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавононро муайян менамояд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-системаи ягонаи маълумоти оморӣ, таъмини иттилоотии соҳаи сиёсати давлатии ҷавононро ташкил медиҳад;
-дигар фаъолиятро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 9. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон
Мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон: (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-сиёсати давлатии ҷавононро ба амал мебарорад;
-фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шӯроҳои ҷавонон, шаҳрвандон, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҳамоҳанг мегардонад;
-дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон мутобиқи тартиби муқарраршуда шартнома ва дигар санадҳоро ба имзо мерасонад;
-феҳристи иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавононро таҳия намуда, дастгирии давлатии иттиҳодияҳои мазкурро амалӣ мегардонад:
-лоиҳаи барномаи давлатии ҷавононро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
-низомномаи мақомоти давлатии кор бо ҷавононро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
-меъёрҳои таъмини ҳуқуқи ҷавононро дар соҳаи таълиму тарбия, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ таҳия карда, барои тасдиқ ба мақомоти болоӣ пешниҳод менамояд;
-барои ҷавонони соҳибистеъдод ва духтароне, ки аз ҳисоби квотаи президентӣ дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, стипендияи махсус муқаррар намуда, ба онҳо кӯмаки молиявӣ мерасонад;
-ба фаъолияти биржаи меҳнатии ҷавонон оиди бастани шартнома бо ташкилотҳои хориҷӣ мусоидат намуда, ба муҳоҷирони меҳнатӣ хизмати ҳуқуқӣ мерасонад ва онҳоро аз маводи меъёрии ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва методӣ таъмин менамояд;
-якҷоя бо маркази ҷумҳуриявии интихоби касб, мақомоти давлатии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти марбутаи ҷумҳуриявии шуғли ҷавонон ба таъсиси ҷойҳои иловагии кор, инчунин барои фаъолият дар хориҷи кишвар, касбу ҳунаромӯзӣ ва забономӯзӣ мусоидат мекунад; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-оид ба дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон тадбирҳои зарурӣ меандешад;
-истироҳати тобистонаи наврасону ҷавононро ташкил мекунад;
-феҳристи захираи кадрҳои ҷавонро бо мақсади пешбарии онҳо ба мансабҳои сохтори хизмати давлатӣ ва роҳбарии ташкилоту муассисаҳои давлатӣ таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
-бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиеро, ки сиёсати давлатии ҷавононро амалӣ мегардонанд, ташкил ва таъмин менамояд;
– фаъолияти вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар амалӣ намудани фаъолияти волонтёрии ҷавонон ҳамоҳанг месозад; (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1161)
- оид ба дастгирии давлатии олимон ва ихтироъкорони ҷавон тадбирҳои зарурй меандешад; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-дигар фаъолиятро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 10. Салоҳияти вазорату идораҳои дигар дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон
Вазорату идораҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-дар доираи салоҳияти худ татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар соҳаҳои марбута таъмин менамоянд;
-барномаҳои соҳавии мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро таҳия, баррасӣ ва тасдиқ карда, иҷрои онҳоро назорат ва таъмин менамоянд;
-бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҳсилоти иловагии ҷавононро дар ташкилоту муассисаҳои таҳсилотии сохтори худ, аз ҷумла дар муассисаҳои касбомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ, ташкил ва таъмин менамоянд; (ҚҶТ аз 28.06.11с., №716)
-фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, хадамоти иҷтимоии ҷавононро дар сохторҳои худ таъмин ва назорат карда, онҳоро аз ҷиҳати моддию молиявӣ ва методӣ дастгирӣ менамоянд.
Моддаи 11. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй дар соҳаи татбиқи сиёсати
давлатии ҷавонон
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй: (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-сиёсати давлатии ҷавононро дар маҳалҳо татбиқ менамоянд, барномаҳои минтақавӣ ва маҳаллии ҷавононро бо назардошти хусусиятҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маҳаллӣ, демографӣ ва ғайра таҳия намуда, амалӣ мегардонанд;
-мақомоти марбутаи давлатии кор бо ҷавононро ташкил ва роҳбарӣ менамоянд;
-меъёрҳои маҳаллии маблағгузории барномаҳои минтақавӣ ва маҳаллии ҷавонон ва фондҳои мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро таҳия ва тасдиқ менамоянд;
-хадамоти иҷтимоии ҷавононро таъсис дода, фаъолияти онҳоро назорат мекунанд;
-маблағгузории сохтмони маҳаллӣ ва таъмини моддию техникӣ ва молиявии объектҳои ба мақомоти маҳаллии давлатии кор бо ҷавонон мансубро таъмин мекунанд;
-имтиёзҳои иловагиро бо мақсади дастгирии фаъолият ва инкишофи иҷтимоии ҷавонон муқаррар мекунанд;
-ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати татбиқи барномаҳои минтақавӣ ва маҳаллии ҷавонон кӯмаки молиявӣ, ташкилӣ, методӣ мерасонанд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва шӯроҳои ҷавонон мусоидат мекунанд;
-бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро, ки сиёсати давлатии ҷавононро дар маҳал амалӣ менамоянд, дар робита бо мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ташкил ва маблағгузорӣ менамоянд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-дигар фаъолиятро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 12. Салоҳияти мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон
Мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон:
-дар доираи салоҳият ва вазифаҳои худ сиёсати давлатии ҷавононро татбиқ мекунанд;
-дар доираи имкониятҳои худ оилаҳои бепарастормондаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбон, кӯдакони ятиму бепарасторро сарпарастӣ менамоянд;
-ба таъсиси марказҳое, ки тавонбахшии тиббию иҷтимоии ҷавонони нашъамандро таъмин менамоянд, мусоидат мекунанд. (ҚҶТ аз 28.06.11г., №716)
- оид ба масъалаҳои таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ, муҳоҷирати меҳнати, шуғл ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон, демографӣ ва танзими оила, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, мавқеи зан дар ҷомеа, мубориза бар зидди нашъаманди, маӣзадаги, экстремизм ва терроризм вохурию мулоқотҳо, конфронсҳои илмию амали, семинарҳои методӣ ва дигар чорабиниҳои омузишию маърифатӣ мегузаронанд. (ҚҶТ аз 28.06.11г., №716)
Мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон якҷоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идораи маориф, мақомоти маҳаллии идораи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:
-супориши давлатии таълимро дар асоси озмун оид ба тайёр кардани коргарон ва мутахассисони ҷавон дар муассисаҳои касбомӯзӣ, литсей ва коллеҷҳои касбомӯзии маҳаллӣ иҷро мекунанд;
-оид ба масъалаҳои таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ, шуғл ва тарбияи ватанпарастии ҷавонон, демографӣ ва танзими оила, мавқеи зан дар ҷомеа, мубориза зидди нашъамандӣ ва зарари он вохӯрию мулоқот, конфронсҳои илмию амалӣ, семинарҳои методӣ мегузаронанд.
Моддаи 13. Салоҳияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии
ҷавонон
Ташкилотҳои ғайридавлатӣ мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисотии онҳо дар раванди татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон иштирок менамоянд.
Ташкилотҳои ғайридавлатӣ:
-дар озмунҳо оид ба ҷойгиронии фармоишҳои давлатӣ ва фармоишҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй оид ба таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷавонон иштирок мекунанд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-дар татбиқи тадбирҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатии минтақавӣ ва маҳаллии ҷавонон ҳисса мегузоранд;
-дигар фаъолиятро оид ба дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон мутобиқи ҳуҷҷатҳои оинномавии худ амалӣ мегардонанд.
Ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар асоси шартнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Боби 3
Асосҳои ҳуқуқии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон
Моддаи 14. Ҳуқуқи ҷавонон дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон
Ҷавонон дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳуқуқҳои зерин соҳиб мебошанд:
– иштироки фаъол дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон; (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1161)
-ба гирифтани кӯмаки самараноку ҳатмӣ бо тартибу шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-муносибати боэҳтирому инсонпарварона аз тарафи субъектҳои дастгирии давлатии ҷавонон;
-қабул кардан ё накардани ин ё он намуди кӯмаку имтиёз;
-истифодаи озоди иттилоот оид ба намуд ва шаклҳои кӯмак, тартиб ва шартҳои хизматрасонии иҷтимоӣ;
-соҳибкории озод;
-дастрас будани захираҳои моддӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, иттилоотӣ, табиӣ ва истифодаи онҳо;
-имконияти баробари хариди амволи давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ба моликият гирифтани амволи давлатӣ ҳангоми хусусигардонии он.
Мустақим ва ғайримустақим маҳдуд сохтани ҳуқуқҳои ҷавонон аз рӯи синну сол, ҷинс ва дигар нишонаҳо дар асоси муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Давлат шахсонеро, ки ба синни 18-солагӣ нарасидаанд, таҳти ҳимоя қарор дода, тартиби махсуси амалӣ гардонидани ҳуқуқи онҳоро муқаррар мекунад.
Моддаи 15. Татбиқи ҳуқуқи ҷавонон ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ
Давлат ҳуқуқи ҷавононро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ кафолат медиҳад.
Мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти идораи давлатӣ: (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкории ҷавононро дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии ҷавонон дар асоси озмун аз ҷиҳати моддию техникӣ ва молиявӣ дастгирӣ менамоянд;
-ҷойгиронии фармоиши давлатиро дар асоси озмун оид ба таҳвили мол, иҷрои кор, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷавонон дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таъмин мекунанд;
-ба ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки 75 фоизи ҳайати онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ба истеҳсоли мол (кор, хизматрасонӣ) барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷавонон машғул мебошанд, субвенсия (мусоидати молиявӣ) медиҳанд. Маблағи чунин мусоидат аз 50 фоизи хароҷоти воқеии ташкилотҳои мазкур оид ба истеҳсоли мол (кор, хизматрасонӣ) барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷавонон зиёд буда наметавонад;
-ташкилотҳои мазкурро инчунин тавассути иҷораи имтиёзноки биноҳо ва таҷҳизот, пешниҳоди ройгони иттилооти тиҷоратӣ, паст кардани нархи ҷойгиронии реклама, андозҳои имтиёзнок мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд.
Моддаи 16. Татбиқи ҳуқуқи ҷавонон ба меҳнат
Ҷавонон ба меҳнат, интихоби касбу кор ва ҳифзи меҳнат ҳақ доранд. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот маҳаллӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии ҷавонон: (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-маблағгузории чорабиниҳоро, ки ба мақсади ташкили ҷои кор барои ҷавонон андешида мешаванд, таъмин менамоянд;
-ба фаъолияти ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, оид ба таъмини шуғл, тамоюли касбӣ ва тайёрии касбии шаҳрвандони ҷавон мусоидат мекунанд;
-илова ба тадбирҳое, ки мақомоти идораи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, маориф ва тандурустӣ дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон амалӣ менамоянд, имкон доранд ташкилотҳои махсусро, ки ба шуғл, тамоюли касбӣ, тайёрии касбӣ, бозомӯзии кормандони ҷавон, ташкили кори мавсимии онҳо мусоидат мекунанд, таъсис диҳанд ва ташкилотҳои мазкурро бо бино, таҷҳизот ва маблағ таъмин намоянд;
- омузиши касбу ҳунар, асосҳои қонунгузорӣ оид ба меҳнат ва таълими забонҳои хориҷиро ташкил менамоянд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-корфармоёнеро, ки ба хизмати иҷтимоӣ, шуғли ҷавонон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, илму техника, маориф, фарҳанг, тандурустӣ мусоидат мекунанд, ҳавасманд мегардонанд.
Корфармоён вазифадоранд, ки хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ, шахсонеро, ки ба синни 18-солагӣ нарасидаанд ва ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷанд, дар раванди дарёфти ҷои кор танқисӣ мекашанд (наврасони ятиму бепарастор, маъюбон, шаҳрвандони ҷавон, аз ҷумла собиқ аскарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони амалиёти ҳарбӣ), бо роҳхати мақомоти давлатии идораи меҳнат ва шуғли аҳолӣ фиристода мешаванд, бо кор таъмин намоянд. Ҳиссаи (квотаи) марбута ҳар сол ба талаботи бо кор таъминкунӣ мувофиқ карда, ба маълумоти корфармоён на дертар аз анҷоми соли таҳсил расонида мешавад.
Татбиқи иҷрои қоидаҳои ҳиссаи (квотаи) бо кор таъминкунии маъюбонро, нисбати маъюбони ҷавон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон анҷом медиҳанд.
Нисбати шаҳрвандони ҷавон, ки муассисаи таҳсилоти умумиро хатм карда, синну солашон ба 16 расидааст ва бори аввал ба кор мераванд, инчунин нисбати ноболиғоне, ки синну солашон ба 14 расида, берун аз вақти таҳсил дар мактаб кор мекунанд, тадбирҳои афзалиятноки давлатии таъмини ҷавонон бо ҷои кор татбиқ мегарданд.
Ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷавон ҳиссаи (квотаи) ҷойҳои корӣ муайян мекунанд. Муносибатҳои меҳнатӣ бо шартномаи меҳнатие, ки байни шаҳрвандони ҷавон ва ташкилотҳо (корфармоён) баста мешавад, муайян карда мешаванд.
Моддаи 17. Татбиқи ҳуқуқи ҷавонон ба истироҳат ва ҳифзи саломатӣ
Ташкили истироҳат ва ҳифзи саломатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ба шумор меравад.
Мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот маҳаллӣ: (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-якҷоя бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ғайритиҷоратӣ ҳангоми аз эътидол гузаштани меъёрҳои ҳадди ниҳоии паҳншавии касалиҳои махсусан хатарнок, аз ҷумла бемориҳои узвҳои таносул, вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният ва бемориҳои ба воситаи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, нашъамандӣ, майзадагӣ, дигар касалиҳо, ки ба афзоиши маъюбӣ ва фавти ҷавонон сабаб мешаванд, оиди пешгирии паҳншавии чунин касалиҳо тадбирҳои таъхирнопазир меандешанд. Татбиқи тадбирҳои мазкур аз манбаъҳои мухталиф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-якҷоя бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ва маҳаллии идораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, иттиҳодияҳои ҳарбию ватандӯстии ҷавонон, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тарғибу ташвиқи тарбияи ҷисмонӣ, тарзи ҳаёти солим, ватандӯстиро ба роҳ монда, ташкилотҳои ҷавононро дар соҳаи ҷалб кардани онҳо ба тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, намудҳои ғайриолимпии варзиш, аз ҷумла техникӣ, ки дар доираи тайёрии ҷавонон ба хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд, гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳо дастгирӣ менамоянд. Тартиби истифодаи ройгон ва имтиёзноки иншооти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҷуброни фарқи нархи хизматрасонӣ ва чиптаро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян менамоянд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-бо ташкилоту муассисаҳои истироҳатию солимгардонӣ, ки дар ноҳияҳои дорои шароити мусоиди обу ҳаво ва экологӣ фаъолият мекунанд, инчунин бо воситаҳои ахбори умум дар асоси барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ, маҳаллии ҷавонон дар бораи тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии онҳо шартномаҳои дарозмӯҳлат мебанданд;
-ташкилотҳои ҷавонон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳоро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар соҳаи иҷрои ташкили истироҳат, лагерҳои тобистонию зимистонӣ ва инкишофи туризми ҷавонон дастгирӣ менамоянд;
-ба ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ки барномаҳои пешниҳоднамудаи онҳо оид ба ташкили истироҳат ва солимгардонии ҷавонон аз озмун гузаштаанд, маблағи заруриро дар асоси шарту шароити ҷобаҷогузории фармоиши давлатӣ ва маҳаллӣ оид ба таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷавонон ҷудо менамоянд.
Давлат рушди туризми ҷавонон, ташкилу баргузории сафарҳои байналмилалии ҷавонон, инкишофи муносибатҳои дӯстонаву кории миёни мамлакатҳо, мубодилаи таҷрибаро дар соҳаи сиёсати ҷавонон, илм, маориф, фарҳанг, туризм ва варзиш ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.
Хизматрасонии тиббӣ барои кӯдакону наврасон дар ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти махсус ройгон аст.
Моддаи 18. Татбиқи ҳуқуқи ҷавонон ба таҳсил
Ҳуқуқи ҷавонон ба таҳсил бо Қонуни мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Давлат барои таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари ҷавонон ба таҳсил шаҳрвандони ҷавон, хусусан аз оилаҳои камбизоат ва серфарзанд, духтарони деҳот, ҷавонони соҳибистеъдодро бо тартиби афзалиятнок дастгирӣ менамояд.
Муносибати байни шаҳрвандони ҷавон ва муассисаҳои таълимӣ ба баробарҳуқуқии ҳамаи омилҳои раванди таълиму тарбия асос меёбад.
Ҳуқуқ ва вазифаҳои наврасону ҷавонон дар муносибат бо мақомоти муассисаҳои таълиму тарбия дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълиму тарбия, шартномаҳои байни хонандагон ва маъмурияти муассисаҳои таълиму тарбия муқаррар карда мешаванд.
Маъмурият ва кормандони муассисаҳои таълиму тарбия ҳақ надоранд наврасону ҷавононро ба иҷрои корҳои ба таълиму тарбия вобаста набуда, ба даст кашидан аз истифодаи ҳуқуқи худ маҷбур намоянд, қадру эътибори ҷавононро паст зананд.
Дар сурати аз ҷониби маъмурият ё кормандони муассисаҳои марбута ба вуқӯъ пайвастани чунин амали ғайриқонунӣ наврасону ҷавонон, ки ҳуқуқи онҳо поймол шудааст ё намояндагони қонунии онҳо, ҳақ доранд бо тартиби судӣ пардохти зарари расонидашударо талаб намоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Шаҳрвандони ҷавон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, олии касбии баъд аз муассисаи олии таълими дар асоси шартнома пулакӣ таълим мегиранд, имкон доранд барои давом додани таҳсил қарзи бонкӣ гиранд. Шаҳрвандони ҷавон аз оилаҳои камбизоат ва серфарзанд, собиқ аскарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони амалиёти ҳарбӣ, инчунин шахсони соҳибистеъдод метавонанд қарзи марбутаро дар асоси шарту шароити имтиёзнок тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт кунанд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Хароҷоти бонкҳои тиҷоратӣ оиди пешниҳоди қарзи имтиёзнок барои соҳиби таҳсилот шудани шаҳрвандони ҷавон аз ҳисоби буҷети дахлдор пардохта мешавад, агар чунин хароҷотро барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии ҷавонон, барномаҳои дахлдори мусоидат бо шуғли аҳолӣ пешбинӣ намуда бошанд.
Моддаи 19. Дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон
Бо мақсади дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зерин андешида мешаванд:
-кӯмаки моддӣ, хизмати таълимӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ, психологию омӯзишӣ ба оилаҳои ҷавон ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маишии онҳо;
-кӯмаки молиявии (субсидияи) таъхирнопазир ба оилаҳои ҷавон дар доираи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии ҷавонон;
-беҳтар кардани шароити хонаву ҷойи оилаҳои ҷавони камбизоат аз ҳисоби фонди манзили истифодаи иҷтимоӣ;
-таъмини хизматрасонии ройгони иттилоотӣ ва машваратии оилаҳои ҷавон дар муассисаҳои марбутаи давлатӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ;
-ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтани хонаҳои шахсӣ, пардохти ҳаққи саҳм дар кооперативҳои манзилию сохтмонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- татбики чораҳо барон омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилонаи онлавӣ, мусоидат ба омӯзиши асосхои танзими оила;
- мусоидат ба рушди низоми муассисаҳои томактаби. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Оилаҳои ҷавон имкон доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қарзи дарозмӯҳлат барои сохтмони манзил, харидани хонаҳои истиқоматӣ, асбобҳои рӯзгори истифодаашон дарозмӯҳлат ва ташкили хоҷагӣ истифода баранд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии ҷавонон барои ташкили оила, устувор гардонидани он, таваллуд ва тарбияи кӯдакон кӯмаки моддию молиявӣ, дигар навъҳои ёрӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Фаъолияти ҷавононе, ки бо мақсади сохтмони комплексҳои ҷавонон муттаҳид мешаванд, мутобиқи меъёр ва тартиби муқаррарнамудаи қисми дуюми моддаи 15 Қонуни мазкур дастгирӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Мақомоти марбутаи давлатии идоракунӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои комплексҳои манзилии ҷавонон, ҳангоми аз тарафи давлат дастгирӣ ёфтани барномаи онҳо дар асоси шартнома аз ҷиҳати молиявӣ кӯмак мекунанд.
Давлат раванди демографиро танзим карда, ташаббуси оилаҳои ҷавонро ҷиҳати банақшагирии оила дастгирӣ менамояд.
Моддаи 191. Дастгирии давлатни ҷавонони соҳибистеъдод
Дастгпргш давлатии ҷавонони соҳибистеъдод кисми таркибии сиёсати давлатпи ҷавонон дар Ҷумҳурин Тоҷикистон буда, бо роҳҳои зерин амали карда мешавад:
- муқаррар намудани стипендия, мукофот, пешниҳоди грантҳои давлатпи таҳсилоти тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкилн фондҳои махсус;
- бунёд ва рушди марказҳо оид ба муайяе ва тайёр намудани ҷавонони соҳибистеъдод;
- ташкил ва гузаронидани чорабинихо бо максади муайян ва пахн камудани дастовардҳои илмй ва эҷодии ҷавонон;
- таъмини дастрасии ҷавонони соҳибистеъдод ба барномаҳо.и тахрилотӣ, такмили ихтисос ва коромӯзӣ дар дохил ва хориҷи кишвар дар асоси озмун;
- муҳайё намудани шароит ба олимони ҷавон, кормандони ҷавони соҳаҳои маориф ва фарҳанг баҳри амалй намудани фаъолияти илмию эҷодӣ, мусоидат ба амалӣ гаштани дастовардҳои олимони ҷавон;
-ҳавасмандгардонии маънавии шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ, ки ҷавонони соҳибистеъдодро дастгирӣ менамоянд.
(ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Боби 4
Асосҳои иқтисодию иҷтимоии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон
Моддаи 20. Маблағгузории татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон
Дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ҳар сол барои тадбирҳои зерини татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон маблағ ҷудо карда мешавад:
-татбиқи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии ҷавонон;
-амалӣ намудани робитаҳои байналмилалии ҷавонон мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-ташаккули фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон;
-хароҷоти сохтмон ва таъмири объектҳое, ки ба мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон мансуб мебошанд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Барои тадбирҳо оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон имкон дорад аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ва дигар маблағҳое, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудаанд, маблағ ҷудо карда шавад.
Моддаи 21. Асосҳои дастгирии иқтисодию иҷтимоии давлатии ҷавонон
Дастгирии иқтисодию иҷтимоии ҷавонон маҷмӯи тадбирҳоест оид ба таъминоти моддӣ, молиявӣ ва пешниҳоди хизмату имтиёз, ки он аз ҳисоби манбаъҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ бо мақсади худинкишофёбӣ ва худтаъминкунии ҷавонон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон маблағгузорӣ мешавад.
Дастгирии иқтисодию иҷтимоии ҷавонон метавонад давлатӣ ва ғайридавлатӣ бошад.
Барои дастгирии иқтисодию иҷтимоии ҷавонон инҳо асос шуда метавонанд:
-надоштани даромад, ки ҳадди ақали рӯзгузарониро таъмин мекунад;
– ба соҳибкорӣ машғул будани ҷавонон; (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1161)
-ғайриимкон будани пардохти таҳсил.
Моддаи 22. Дастгирии иҷтимоии ҷавонон
Дастгирии иҷтимоии ҷавонон бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад:
-маслиҳат доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, психологӣ, омӯзишӣ, тарбияи эстетикӣ, оилавӣ ва мавзӯъҳои таносулӣ;
-ёрии психологӣ, тиббӣ, наркологӣ ва дигар шаклҳои ёрӣ ба ҷавонон ва падару модарони онҳо ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-иҷрои тадбирҳои тавонбахшии нисбати маъюбон, собиқ аскарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони амалиёти ҳарбӣ, шахсоне, ки аз муассисаҳои таҳсилоти махсус баргаштаанд ё шахсоне, ки аз нашъамандӣ, майзадагӣ, токсикологӣ табобат ёфтаанд, инчунин шахсоне, ки гирифтори вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният ва бемориҳои ба воситаи алоқаи ҷинсӣ гузаранда мебошанд; (ҚҶТ аз 28.06.11г., №716)
-хизматрасонии муташаккили тиббӣ (патронажӣ) ба оилаҳои ҷавон;
- касбу ҳунаромӯзӣ, омӯзиши забонҳо ва технологияи муосир, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ҷавонон, таъмини онҳо бо иттилоот дар бораи ҷойи кор ва вазифаҳои холӣ, ёрии муассисаҳои давлатии шуғл барои интихоби муносиби ҷойи кор ва бо кор таъмин кардани ҷавонон; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
-ташкили пардохти ройгон ва имтиёзноки харҷи роҳ;
-ташкили истироҳат ва солимгардонии тобистонаи ноболигон аз оилаҳои камбизоат ва серфарзанд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
- дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Моддаи 23. Муассисаҳои иҷтимоии ҷавонон
Барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва таъмини кафолат ба ҷавононе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, имкон дорад муассисаҳои иҷтимоии ҷавонон таъсис дода шаванд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Ба вазифаҳои муассисаҳои иҷтимоии ҷавонон дохил мешаванд:
-ба ҷавонон дастрас кардани иттилоот дар бораи ҳуқуқ ва имкониятҳои онҳо;
-маслиҳат ба ноболиғон, шаҳрвандони ҷавон, падару модарони онҳо, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ, психологӣ, омӯзишӣ ва наркологӣ;
-дастгирии иҷтимоии оилаҳои ҷавон;
-кӯмак ба шаҳрвандони ҷавон, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмонӣ, рӯҳӣ мебошанд ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок буда, ба шароити алоҳидаи таълиму тарбия мӯҳтоҷанд ва муносибати махсуси омӯзгориро талаб мекунанд, инчунин шахсоне, ки мӯҳлати тарбияву таҳсили онҳо дар муассисаҳои давлатии кӯдакон ба охир расидааст ё ноболиғоне, ки бепарастор мондаанд;
-фаъолияти иҷтимоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти махсус дар байни ноболиғони қонуншиканӣ карда;
-кӯмак ба мутобиқати ҷавононе, ки баробари тамом кардани мӯҳлати адои ҷазо аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ озод шудаанд; (ҚҶТ аз 28.06.11г., №716)
-дигар фаъолият оид ба дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоиди инкишофи онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар муассисаҳои иҷтимоии ҷавонон шахсоне фаъолият карда метавонанд, ки дорои таҳсилоти дахлдор ва тайёрии касбӣ буда, бо тартиби муқарраргардида аз аттестатсия гузаштаанд.
Моддаи 24. Ташкилотҳои махсуси кор бо ҷавонон
Ба ташкилотҳои махсуси кор бо ҷавонон инҳо тааллуқ доранд:
-муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои иттилоот, ташкилотҳои мусоидат ба шуғли ҷавонон (барномаҳои меҳнатӣ ва марказҳои шуғли ҷавонон);
-хона ва қасрҳои ҷавонон, муассисаҳои ҷисмонию варзишӣ, марказҳо ва клубҳои ҷавонон;
-иттиҳодия ва дастаҳои ҷӯяндагон, марказ ва лагерҳои солимгардонӣ;
-дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки барнома ва нақшаи кор бо ҷавонон, аз ҷумла барномаҳои ғайритиҷоратии муфидро анҷом медиҳанд.
Фаъолияти ташкилотҳои махсуси кор бо ҷавонон, аз ҷумла фаъолият оид ба истеҳсоли мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) барои ҷавонон, ҳуҷҷатҳои таъсисотии онҳо ва низомномаҳои намунавии ташкилотҳои мазкур танзим менамоянд.
Мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот маҳаллӣ фаъолияти ташкилотҳои махсуси кор бо ҷавононро ҳамоҳанг сохта, онҳоро дар асоси шартнома аз ҷиҳати моддӣ ва молиявӣ дастгирӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Моддаи 25. Фондҳои мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон
Барои маблағгузории барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии ҷавонон имкон дорад фондҳои мусоидат таъсис дода шаванд.
Ба фондҳои мусоидат тааллуқ доранд:
-фонди ҷумҳуриявии ҷавонон;
-фондҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ.
Бо қарори коллективи ташкилоту муассисаҳо имкон дорад фондҳои мусоидати ташкилоту муассисаҳо таъсис дода шаванд. Қарори таъсиси фонди мусоидат дар ин сурат бояд дар шартномаи коллективӣ зикр гардад.
Фондҳои мусоидат аз манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд:
-маблағҷудокунӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ;
-даромад аз фаъолияти фондҳои марбута;
-воридот аз ҳисоби фоидаи ташкилотҳо, муассисаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон;
-воридот аз эҳсонкории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
-дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Тартиби ҷудо кардани маблағ барои фондҳои мусоидат аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ бо мақсади маблағгузории барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷет, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ташкилоту муассисаҳое, ки ба фондҳои мусоидат барои сохтмон ва таъмири объектҳои иҷтимоию фарҳангӣ маблағ ҷудо мекунанд, имкон доранд аз имтиёзҳои андозбандӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
Тартиби таъсиси фонди ҷумҳуриявии мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, истифодаи мақсадноки маблағҳои онро Низомномаи фонди ҷумҳуриявии мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян менамояд.
Низомномаи фондҳои маҳаллии мусоидат ба сиёсати давлатии ҷавононро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ мекунанд.
Моддаи 26. Воҳидҳои зерсохтории иҷтимоии ҷавонон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот маҳаллӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои зерсохтории иҷтимоии ҷавононро таъсис дода, фаъолияти онҳоро таъмин ва назорат менамоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Ҳангоми қабули қарор оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ, тағйири таъиноти воҳидҳои зерсохтори иҷтимоии ҷавонон ва барҳамдиҳии онҳо бо мақсади таъмини таълиму тарбия, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон экспертизаи оқибати қабули қарори мазкур гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Қарори мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар бораи шаҳрсозӣ бо назардошти меъёрҳои сохтмони объектҳои зерсохтори иҷтимоӣ, анъанаҳои миллӣ, инкишофи ояндаи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳру ноҳияҳо қабул карда мешавад.
Моликияти давлатӣ, аз ҷумла қитъаҳои замин, биноҳо, иншоот, таҷҳизот, ки барои таъмини фаъолияти воҳидҳои зерсохтории иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла барои таъмини раванди таълиму тарбия, ҷудо карда ё фурӯхта мешавад, танҳо барои мақсадҳои марбута истифода мешавад.
Дар сурати истифодаи камсамари амволи мазкур молик имкон дорад дар бораи ба дигар мақсад истифода бурдани он қарор қабул кунад. Дар ҳолати аз даст рафтани объекти зерсохтории иҷтимоии ҷавонон аз ҷониби мақомоти марбутаи ҳокимияти маҳаллӣ оиди ҷуброни он қаблан бояд тадбирҳои дахлдор андешида шаванд.
Тадбирҳо оид ба сохтмон ва таъмири объектҳои зерсохтории иҷтимоии ҷавонон мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ амалӣ карда мешаванд.
Тартиби фаъолияти воҳидҳои зерсохтории иҷтимоии ҷавонон, тадбирҳои дастгирии моддию техникӣ ва молиявии онҳо дар асоси низомномаи намунавӣ, ки мақомоти ваколатдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тасдиқ мекунад, муайян карда мешаванд.
Боби 5
Иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон
Моддаи 27. Вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон
Вазъи ҳукуқии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавононро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
Талаботи ҳатмии оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон бояд маҳдудияти синну сол бошад, ки дар моддаи якуми Қонуни мазкур муқаррар гардидааст.
Барои иттиҳодияҳои эҷодии ҷавонон бо назардошти хусусиятҳои фаъолияти эҷодӣ, синну соли ниҳоӣ, ки моддаи якуми Қонуни мазкур муқаррар кардааст, 5 сол зиёд карда мешавад.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ҳақ доранд барои аъзояшон, ки ба ҳайати мақомоти интихобии иттиҳодияҳои марбута интихоб шудаанд ё дар мақомоти мазкур кор мекунанд, нисбат ба талаботи оиннома истисно муқаррар намоянд. Теъдоди чунин аъзо набояд аз панҷяки шумораи умумии аъзои иттиҳодияҳои мазкур зиёд бошад.
Мустақим ё ғайримустақим маҷбур кардани ҷавононе ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, инчунин маҳдуд кардани иштироки онҳо дар фаъолияти иттиҳодияҳои мазкур манъ аст. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №716)
Моддаи 28. Дастгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавононро барои иҷрои вазифаҳои оинномавии онҳо аз нигоҳи ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявӣ дастгирӣ менамоянд.
Аз дастгирии ҷавононе дар соҳаи иҷрои ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо кӯмаки амалӣ расонда, аз манфиатҳои сиёсӣ озод бошанд.(ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Мақомоти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар амалӣ намудани вазифаҳои оинномавии онҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда мусоидат менамоянд. (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1161)
Давлат иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавононро, ки дар рушди сиёсати иҷтимоӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон барномаҳо амалӣ мекунанд, дастгирӣ менамояд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716)
Моддаи 29. Шӯрои кор бо ҷавонон
Барои ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода мешавад. Шӯрои миллии кор бо ҷавонон фаъолияти худро дар асоси низомномае, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1161)
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ҷавонон дар назди мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон шӯроҳои кор бо ҷавонон таъсис дода мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1161)
Тартиби таъсис, вазифаҳо ва самтҳои фаъолияти шӯроҳои кор бо ҷавонон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон тасдиқ менамояд, муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№716; аз 27.11.14г., №1161)
Шӯроҳои кор бо ҷавонон:
-фаъолияти субъектҳои раванди татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро ҳамоҳанг мегардонанд;
-хароҷоти мақсадноки маблағи буҷетро мувофиқа ва назорат мекунанд;
-манфиатҳои субъектҳои дастгирии давлатии ҷавононро ташаккул дода ва ифода намуда, ҳифзи иҷтимоии онҳоро таъмин мекунанд;
– масъалаҳои марбут ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавононро баррасӣ карда, вобаста ба ҳалли онҳо қарорҳои дахлдор қабул менамоянд; (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1161)
-оид ба масъалаҳои мухталифи сиёсати давлатии ҷавонон ба мақомоти давлатии кор бо ҷавонон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти идоракунӣ таклифҳо пешниҳод мекунанд.
Шӯроҳои кор бо ҷавонон тавассути намояндагони худ имкон доранд дар ҷаласа ва маҷлисҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти идоракунӣ, ки масъалаҳои сиёсати давлатии ҷавононро баррасӣ мекунанд, иштирок намоянд.
Ба ҳайати шӯроҳои кор бо ҷавонон намояндагони мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иттифоқҳои касаба дохил шуда метавонанд.
Боби 6
Муқаррароти хотимавЇ
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 31. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати
давлатии ҷавонон” ва боби V Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дохил
кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузорӣ”
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” аз 13 марти соли 1992 (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 9, моддаи 123) ва боби V Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузорӣ” аз 1 феврали соли 1996 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 3, моддаи 48) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 15 июли соли 2004
№ 52