You are here

ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1759 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ БИОЛОГӢ ВА МУҲОФИЗАТИ БИОЛОГӢ Маҷлиси Олии ҶТ 29.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1753 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ" Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1724 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2021 Маҷлиси Олии ҶТ 20.11.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Январ 2020

-A A +A

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КЎҲИСТОНИ БАДАХШОН

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 10:41
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
303
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Душанбе, 30 Июл, 2007

 

ҚОНУНИ

КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КЎҲИСТОНИ БАДАХШОН

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми июни соли 2007, № 605 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 6, моддаи 476) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми июли соли 2007, № 373 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 7, моддаи 715) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №7, мод. 653;

Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1493)

 

Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои шароити махсуси ҷуғрофӣ, арзишҳои нодири фарҳангӣ, маънавӣ ва забонӣ мебошад.

Қонуни конститутсионии мазкур мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшонро дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ваколатҳои дигари вилоятро танзим менамояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

 

1. Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

2. Вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян мекунанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

 

Моддаи 2. Тартиби ҳалли масъалаи воҳидҳои маъмурию ҳудудии Вилояти Мухтори

                    Кўҳистони Бадахшон

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

 

1.Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз шаҳри Хоруғ, ноҳия, шаҳрак ва деҳот  иборат аст. Маркази маъмурии он шаҳри Хоруғ мебошад.

2.Ҳудуди вилоят бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон тағйир дода  намешавад.

 

Моддаи 3. Намояндагии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар сохторҳои давлатии

                    Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

-Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, сарфи назар аз  шумораи аҳолиаш, дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар дорад;

-яке аз муовинони раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мебошад;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

-яке аз судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мебошад.

 

Моддаи 4. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Маҷлиси  вакилони халқи Вилояти Мухтори

                     Кўҳистони Бадахшон

 

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

 

Моддаи 5. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунӣ ва судӣ дар Вилояти

                      Мухтори Кўҳистони Бадахшон

 

1.Фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” танзим мекунад.

2.Фаъолияти  мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (Ҷамоат)-ро дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” танзим  мекунад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

3.Фаъолияти судҳоро дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” танзим мекунад.

 

БОБИ 2.

АСОСҲОИ ИҚТИСОДИИ ФАЪОЛИЯТИ

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КЎҲИСТОНИ БАДАХШОН

 

Моддаи 6. Моликияти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

 

Амволи мақомоти ҳокимият ва идораи он, сарватҳои фарҳангӣ ва таърихии аҳолӣ, маблағҳои буҷети вилоят, фонди манзил ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, корхонаҳои кишоварзӣ, савдо, хизмати маишӣ, нақлиёт, дигар корхона ва комплексҳои саноатию бинокорӣ, муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва дигар амволе, ки барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят заруранд, моликияти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мебошад, агар дар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.

 

Моддаи 7. Моликияти воҳидҳои маъмурию ҳудудии Вилояти Мухтори  Кўҳистони Бадахшон

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

 

Маблағҳои буҷети маҳаллӣ, фонди манзил ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, нақлиёт, савдо, кишоварзӣ, хизмати маишӣ, муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, амволи мақомоти ҳокимият ва идораи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва дигар амволе, ки барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ заруранд ва дар ҳудуди онҳо воқеанд, моликияти вилоят, шаҳру  ноҳия ё дигар воҳиди маъмурию ҳудудӣ мебошанд, агар дар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

 

Моддаи 8. Идоракунии объектҳои моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кўҳистони

                     Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия

 

1.Маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон объектҳои моликияти коммуналии воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдорро дар доираи ваколатҳои худ идора мекунанд. Объектҳои мазкур бо мақсади хизматрасонии самаранок ба аҳолӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии ҳудуди дахлдор истифода мешаванд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

2.Тартиби хусусигардонии моликияти коммуналиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд. Тартиби аз моликияти коммуналӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва ё аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ гузаронидан аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

3.Аз моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия ба моликияти коммуналии дахлдори дигар  гузаронидан дар асоси қарорҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор амалӣ карда мешвад.

 

Моддаи 9. Фаъолияти иқтисодии хориҷии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

 

1.Фаъолияти иқтисодии хориҷии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат гирифта, барои вусъат додани фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои онҳо, ки дар воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор ҷойгиранд, ба инкишофи иқтидори содиротӣ ва зиёд намудани  истеҳсоли маҳсулот, иҷрои кор ва  хизматрасонии ба рақобат тобовар мусоидат менамояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

2. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи ваколати худ дар ин самт ҳуқуқ дорад:  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

-ба ташкили корхонаҳои муштарак мусоидат намояд;

-барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ шароит фароҳам оварад;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

-мутобиқи тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон савдои наздисарҳадӣ ташкил намояд;

-мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дигар намудҳои фаъолиятро амалӣ намояд.

 

Моддаи 10. Муносибати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба  моликияти ҷумҳуриявӣ

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

 

Мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ ва раис ба ҷойгиркунии мақсадноки объектҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, таъсиси зерсохторҳои дахлдор, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ, ҳифзи муҳити зист ва соҳаҳои дигар, ки моликияти ҷумҳуриявӣ мебошанд, назорат мекунанд.

 

БОБИ 3.

АСОСҲОИ МОЛИЯВИИ ФАЪОЛИЯТИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КЎҲИСТОНИ БАДАХШОН

 

Моддаи 11. Манбаъҳои молиявии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва

                        ноҳия

 

1.Манбаъҳои молиявии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия аз инҳо иборатанд:

-маблағҳои буҷети маҳаллӣ, фондҳои мақсадноки давлатӣ, даромад аз буҷети  ҷумҳуриявӣ дар шакли кумаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети мақомоти болоӣ, қарзи буҷетӣ аз буҷети мақомоти болоӣ, маблағҳои хайрия, коғазҳои қиматнок, бурднок ва музоядаҳои маҳаллӣ, даромад аз чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва фарҳангӣ, сармоягузории хориҷӣ, дигар манбаъҳое, ки  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

2.Дар асоси шартнома манбаъҳои молиявии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияро бо манбаъҳои молиявии дигар вилоят, шаҳр, ноҳия, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои маблағҷудокунӣ ба барномаҳои муштарак, аз ҷумла барои иҷрои барномаҳои тараққиёти байниминтақавӣ муттаҳид кардан мумкин аст.

 

Моддаи 12. Даромадҳои буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва

                       ноҳия

 

1.Қисми даромади буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия аз ҳисоби манбаъҳо ва маблағҷудокуниҳо, даромадҳо аз андоз ва даромадҳои ғайриандозӣ, инчунин аз воридоти маблағҳо аз ҳисоби андозу пардохтҳои танзимкунанда иборат мебошад.

2.Ба даромадҳо аз андоз дохил мешаванд:

-андозҳои маҳаллӣ, ки намудҳои онҳоро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд;

-даромад аз андозу пардохтҳои танзимкунанда мутобиқи тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи Буҷети давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ муқаррар кардааст;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

-боҷи давлатӣ, ба истиснои боҷи давлатие, ки  мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи Буҷети давлатӣ  барои соли навбатии молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид мешавад;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

-даромад аз дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;

-дигар манбаъҳое, ки  санадҳои  меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  манъ накардаанд.

3.Ба даромадҳои  ғайриандозӣ дохил мешаванд:

-даромад аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар шакли кумаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия), қарзи буҷетӣ ё дар  шакли дигар;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

-даромад аз хизматрасонии пулакие,ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои идории буҷетӣ мерасонанд;

-воридоти маблағ аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлатӣ;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

-хайрияҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

-даромад аз гузаронидани ҳашарҳо;

-даромад аз коғазҳои қиматнок, бурднок ва музоядаҳои маҳаллӣ;

-даромад аз амволе, ки моликияти коммуналии шаҳр ва ноҳия мебошад ё дар  идораи хоҷагии онҳо қарор дорад.

4.Барои супоридани андоз, боҷ ва пардохтҳои маҳаллие, ки ба буҷети маҳаллии дахлдор ворид мегарданд, мутобиқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва ноҳия ҳуқуқ дорад ба гурўҳҳои  алоҳидаи  андозсупорандагон имтиёзҳо муқаррар намояд.

 

Моддаи 13. Хароҷоти буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия

 

1.Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ танҳо хароҷоти зайл маблағгузорӣ карда мешавад:

-таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

-ташаккули моликияти коммуналии воҳиди маъмурию ҳудудии  дахлдор ва идоракунии он;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

-таъсис, таъмини  фаъолият ва инкишофи муассисаҳои  маориф,тандурустӣ, фарҳанг, илм, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, воситаҳои ахбори омма ва нашрияҳо, дигар муассисаҳое, ки ба моликияти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давалатӣ мебошанд;

-инкишофи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

-сохтмони роҳ ва нигоҳдории роҳҳое,ки аҳамияти маҳаллӣ доранд;

-ободонӣ ва кабудизоркунии маҳал;

-истифода ва коркарди партовҳои рўзгор;

-таъмини хизматрасонии нақлиётӣ ба аҳолӣ ва муассисаҳое, ки ба  моликияти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд;

-ҳифзи муҳити зисти маҳал;

-амалигардонии барномаҳои мақсадноки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

-хизматрасонии қарзии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва  пардохти онҳо;

-кумаки молиявии беподош ба аҳолӣ;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

-гузаронидани интихоботи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

2.Маблағгузории фаъолияти дигари мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва хароҷоти дигари дорои аҳамияти маҳаллӣ мутобиқи гурўҳбандии буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.

3.Дар давраи байни иҷлосияҳо ба захираҳои озоди  молиявии буҷет, ки нисбати буҷети тасдиқшуда ба андозаи на зиёда аз даҳ фоизро ташкил мекунад, раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия ихтиёрдорӣ намуда, қарорҳои худро ба Маҷлиси  вакилони халқ  барои тасдиқ пешниҳод мекунад. Агар захираҳои  озоди молиявии буҷет зиёда аз даҳ фоизи буҷети  тасдиқшударо ташкил диҳанд, дар он сурат раис тағийру иловаҳои ба буҷети маҳаллӣ воридкардашударо ба баррасии Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод менамояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

4.Хароҷоти якҷояи буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳия ва буҷети ҷумҳуриявӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатииҶумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

 

Моддаи 14. Фонди захиравии раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия

 

1.Дар доираи буҷети тасдиккардашуда Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия метавонад фонди захиравии раисро дар ҳаҷми 0,5 фоиз аз ҳаҷми даромади умумии буҷети дахлдори маҳаллӣ таъсис диҳад ва ба таркиби хароҷоти он дохил намояд.

2.Ба фонди захиравӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раис ихтиёрдорӣ намуда, дар бораи хароҷоти он ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ҳисобот медиҳад.

 

Моддаи 15. Ҳуқуқҳои буҷетии Маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори

Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия

 

1.Аз тарафи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия лоиҳаи буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия таҳия карда мешавад.

2.Мутобиқи тартиби  муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи буҷет аз рўи манбаъҳои даромад ва самтҳои хароҷот ба Маҷлиси дахлдори халқ пешниҳод карда мешавад.

3.Буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия дар шакли қарори Маҷлиси дахлдори вакилони халқ қабул карда мешавад.

4.Буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия мумкин аст бо  барзиёдӣ (профитсит) таҳия ва тасдиқ карда шавад.

Маблағгузории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳаҷме, ки буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ муқаррар намудаанд, сурат мегирад.

Барои нигоҳдории мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Маҷлиси дахлдори вакилони халқ хароҷотро муқаррар менамояд.

Дар доираи ваколати худ Маҷлиси вакилони халқ ва раиси  Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия ҳангоми иҷрои буҷет барои таъмини тавозуни он масъул мебошанд.

5.Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия иҷрои буҷетро тасдиқ мекунад.

 

БОБИ 4.

АСОСҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИҶТИМОИЮ ФАРҲАНГИИ

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КЎҲИСТОНИ БАДАХШОН

 

Моддаи 16. Салоҳияти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар соҳаи маориф

 

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон  сиёсати давлатро  дар соҳаи маориф дар маҳалҳо амалӣ менамояд, барномаҳои минтақавии инкишофи соҳаи маорифро бо назардошти  хусусияти миллӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва ғайра таҳия намуда, амалӣ  мегардонад.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон  инкишофи системаи давлатии маорифро таъмин намуда, ба кори муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои илмии тадқиқотӣ, ки дар ҳудуди вилоят воқеанд, назорат мебарад ва ба инкишофи илм мусоидат мекунад.

 

Моддаи 17. Салоҳияти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар соҳаи фарҳанг

 

1.Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сиёсати давлатро дар соҳаи фарҳанг амалӣ менамояд.

2.Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мутобиқи қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро дар соҳаи фарҳанг ва маънавиёт ҳимоя менамояд.

3.Мақомоти махаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар соҳаи инкишофи фарҳанг тадбирҳои зайлро амалӣ  мегардонад:

-таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг  дар ҳудуди вилоят бо назардошти ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, маънавӣ, анъанаҳои  таърихии аҳолии вилоят;

-корҳои созмондиҳӣ барои ташкил намудани марказҳои фарҳангӣ дар ҳудуди вилоят ва берун аз он;

-ташкил намудани марказҳои таълимии омўзиши касбу ҳунарҳои бадеии халқӣ;

-фароҳам овардани шароит барои иштироки озодонаи шаҳрвандон ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳаёти фарҳангӣ, такмили ҳамаҷонибаи эҷодиёти бадеӣ, илмӣ ва техникӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят;

-ҳалли масъалаи ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ;

-инкишофи шабакаҳои  муассисаҳои фарҳангӣ, телевизион ва радио.

 

Моддаи 18. Салоҳияти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар соҳаи ҳифзи саломатии

                        аҳолӣ

 

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар соҳаи  ҳифзи саломатии аҳолӣ тадбирҳои зеринро амалӣ мегардонад:

-гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

-назорат ба риояи қонунҳои соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

-ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;

-таҳия ва татбиқи барномаҳои ҳудудии инкишофи системаи нигоҳдории тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ;

-ташаккул додани мақомоти идоракунӣ, инкишофи шабакаҳо ва мустаҳкам кардани базаи моддию техникӣ, бо доруворӣ,техникаи тиббӣ ва бо таҷҳизоти таъиноти тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ;

-ташкили кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дигар намудҳои кўмаки тиббӣ ва таъмини дастрасии он ба аҳолӣ;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

-мусоидат барои инкишофи фаъолияти хусусии тиббӣ;

-таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

-ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи нигоҳдории тандурустӣ;

-ҳифзи муҳити зист ва таъмини бехатарии экологию радиатсионӣ;

-иҷрои дигар вазифаҳои идоракунии системаи нигоҳдории тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 19. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии

                       Тоҷикистон “Дар бораи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон”

 

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон”аз 4 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №21, моддаи 247; соли 2000, №11, мод. 515; соли 2005, №12, мод.624) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 191. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1493)

 

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур

 

Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                             Э.Раҳмонов

 

ш.Душанбе, 30 июли соли 2007

№ 303

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ИҚТИСОДИ ДЕҲОТ: МАСЪАЛАҲО, ДАСТОВАРДҲО ВА САМТГИРИИ СТРАТЕГӢ»

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 20/01/2020 - 14:45
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ИҚТИСОДИ ДЕҲОТ: МАСЪАЛАҲО, ДАСТОВАРДҲО ВА САМТГИРИИ СТРАТЕГӢ»
     28 октябри соли 2019 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои банди 9 Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Ҳафтаи соҳибкорӣ» дар моҳҳои сентябр-октябри соли 2019, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2019, №22-6/10-352 тасдиқ гардидааст,  Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Иқтисоди деҳот: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ношир: Ибрагимов Викто... Санаи интишор: Сшб, 14/01/2020 - 15:23

 

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шеъри Гулназар Келдӣ
Оҳанги Сулаймон Юдаков

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем,
кашидаем
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту,
канори ту
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост,
ҳабиби мост,
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

(АМОҶТ с. 2007, №5, мод. 362; с. 2009, №9-10. мод. 551; с.2011, №3, м.162;  №6, м.451;с.2016,№11, мод.892)
Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Қонуни мазкур моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро муқаррар мекунад.
Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.

Боби 1

Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1376)

Моддаи 2. Тасдиқи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчам, Нишон ва матну оҳанги Суруди Миллиро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ менамояд.

Моддаи 3. Тасвири Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба андозаашон, бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл бояд тасвир карда шаванд.

Моддаи 4. Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №740)

Боби 2

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 5. Тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл ба таври доимӣ афрохта мешавад:

— дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти  идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ; (қҷт.25.03.2011 №695), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1376)

— дар болои биное, ки ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҷлисҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳот гузаронида мешаванд; (қҷт.25.03.2011 №695)

— дар толорҳои ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ; (қҷт.25.03.2011 №695)

— дар утоқҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар биноҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, утоқҳои кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои ҳарбӣ,  раисони судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурорҳои назорат аз рўи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ; (қҷт.25.03.2011 №695), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1376)

— дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ), гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзиэҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1376)

Дар вақти афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон калон бошад. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мобайн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин афрохта мешавад:

— дар воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё шахсони дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

—  дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии раъйдиҳӣ;

— дар рўзҳои ид ва ҳангоми баргузории чорабиниҳои тантанавӣ дар иншооту биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоиву маишии давлативу хусусӣ, биноҳои истиқоматӣ, ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо; (ҚҶТ аз 14.11.2016, №1376)

— ҳангоми эълони мотам Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мотамӣ афрохта мешавад: ба чўбдаста (меҳвари фулузи)-и Парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нўгҳои он бояд то қисми поёнии Парчам овезон бошанд. Дар сурати ба чўбдаста афрохтани Парчам ҳангоми мотам Парчам ба андозаи 1/3-и дарозии чўбдаста хам карда мешавад.

Дар вақти маросими мотами шаҳрванди фавтида (ҳалокгардида) аз рўи эҳтироми ҳарбӣ, ки Оинномаи ҳарбӣ пешбинӣ намудааст, тобути марҳум бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пўшонида мешавад. Пас аз гўронидан Парчами давлатӣ ба наздикони марҳум дода мешавад.

Моддаи 6. Ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад:

— дар ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва киштиҳое, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

— дар асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматнок ва лотереяҳои пулию молии давлатӣ;

— дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ва вакили ҷамоат; (қҷт.25.03.2011 №695)

— дар нишони сарисинагии хизматчиёни давлатӣ; (қҷт.25.03.2011 №695)

— дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, хиёбонҳо, гулгаштҳо, лавҳаҳои телевизионӣ ва дигар нашрияҳои давлатӣ ҳамчун рамзи давлатӣ;

— дар аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. (қҷт аз 16.10.09с, №558).

Боби 3

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 7. Истифодаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли ранга, якранг ва ё сиёҳу сафед истифода бурда мешавад.

Моддаи 8. Ҷойгиркунии тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад:

— дар пештоқи биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ, дигар ташкилотҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ; (қҷт.25.03.2011 №695), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1376)

— дар толорҳои ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва толорҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ; (қҷт.25.03.2011 №695)

— дар утоқҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар биноҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, утоқҳои кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,   раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои ҳарбӣ, раисони судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурорҳои назорат аз рўи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ; (қҷт.25.03.2011 №695), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1376)

— дар мўҳр, бланкҳо ва санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,   вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои давлатии нотариалӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ; (қҷт.25.03.2011 №695), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1376)

— дар нашрияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шиносномаю шаҳодатномаҳое, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ дода мешаванд;

— дар сутунҳои марзӣ ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— дар асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматнок ва лотереяҳои пулию молии давлатӣ;

—  дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— дар нишонҳои фарқкунанда ва либоси расмии муқарраршудаи шахсоне, ки дар хизмати ҳарбӣ ё хизмати дигари давлатӣ мебошанд.

Ҳангоми дар як вақт ҷой додани Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишонҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ҳаҷми ин нишонҳо аз ҳаҷми Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд калон бошад ва дар ин маврид Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз тарафи чап ҷой дода шавад.

Ҷойгиркунии тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ накардааст, манъ аст.

Боби 4

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 9. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби иҷрои он

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ аз матн ва оҳанг иборат буда, дар мавридҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун иҷро карда мешавад.

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи оркестр (созӣ), хор, оркестрӣ-хорӣ ё худ ба тариқи созию овозӣ иҷро карда мешавад. Ҳамчунин барои иҷрои Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воситаҳои техникии сабт истифода бурдан мумкин аст.

Дар ҳолати иҷро кардани Суруди Миллӣ ба тариқи созию овозӣ он пурра сароида мешавад, агар Суруд ба тариқи созӣ қисман иҷро гардад, сарахбори хор ва нақаротро як бор навохтан мумкин аст.

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд саҳеҳ, мувофиқи матн ва оҳанг иҷро карда шавад.

Ҳангоми ба тариқи расмӣ садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозирин аз ҷой бармехезанд.

Моддаи 10. Мавридҳои иҷрои Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад:

— баъди савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз шурўи вазифа;

— дар оғозу анҷоми ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ ва дигар ҷашнҳое, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди умумихалқӣ эълон шудаанд;

— ҳамарўза ҳангоми оғозу анҷоми барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ;

— ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷашнҳо ва чорабиниҳои дигар, ки мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликияташон, мувофиқи иҷозати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ созмон медиҳанд;

— ҳангоми маросими расмии пардабардорӣ аз рўи ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, лавҳаҳои хотира ва дигар иншоотҳои мансуб ба муҳимтарин воқеаҳои таърихии ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ, ба шарафи қаҳрамонони Тоҷикистон, арбобони сиёсӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, ходимони илм, адабиёт ва фарҳанг;

— ҳангоми сарфароз гардонидани Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҳалҳои аҳолинишин, корхона, муассиса ва ташкилотҳо бо мукофотҳои давлатӣ;

— ҳангоми истиқбол ва гусели сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ташриф меоранд, баъди иҷрои Суруди Миллии давлати онҳо;

— ҳангоми баргузории маросимҳои ҳарбӣ;

— ҳангоми тантанаҳои умумӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— ҳангоми баргузории мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ ва дохилиҷумҳуриявӣ мувофиқи қоидаҳои гузаронидани ин мусобиқаҳо;

— ҳангоми баргузории маросимҳои расмӣ дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ тибқи тартиби муайянкардаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти расмии давлати дахлдор.

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон бо боло бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад ва ҳозирин ба Парчами давлатӣ рў меоваранд.

Боби 5

Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 11. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Риояи талаботи Қонуни мазкур ба зиммаи роҳбарони мақомотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур ва таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 12. Аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 1992 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992. № 24, моддаи 342); Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993, № 960 «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри  соли 1994 «Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 17-18, моддаи 306), аз эътибор соқит дониста шаванд.

Моддаи 13. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Э. Раҳмонов

      ш.Душанбе, 12 майи соли 2007

     № 254

 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 14/01/2020 - 11:55
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
1042
Мақомот: 
Шурои Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Панҷшанбе, 21 Июл, 1994

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №13,  мод. 195;

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №9, мод. 238; с. 2005, №12, мод. 626; Қонуни конститутсионии ҶТ аз 21.02.2018 с., №1507; аз 19.07.2019 с., №1638)

1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад.

Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Вайрон кардани талаботи ин модда боиси беэътибор дониста шудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

 

Моддаи 11. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

 

Моддаи 2. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон

Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки синнашон ба 18 расидааст.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданро доранд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо мекунанд, ҳуқуқи дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданро надоранд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

 

Моддаи 3. Принсипҳои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи пешазинтихоботӣ ва овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрӣ ва дар асосҳои баробар иштирок мекунанд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳонӣ мебошад ва шаҳрвандон онро бевосита амалӣ менамоянд. Ҳар шаҳрванд як овоз дорад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Назорат ба изҳори иродаи шаҳрвандон мумкин нест.

 

Моддаи 4. Ошкорбаёнӣ дар тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд, фаъолияти худро шаффоф ва ошкоро амалӣ менамоянд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи озодона ташвиқот бурданро кафолат медиҳад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Ташвиқот дар рӯзи овоздиҳӣ манъ аст.

Ҳамаи қарорҳои мақомоти дахлдор оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ҳафт рӯз аз лаҳзаи  қабул шуданашон нашр ва ба воситаи радио ва телевизион пахш карда мешаванд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Комиссияи интихоботӣ дар бораи ҳайати худ, маҳалли ҷойгиршавии участкаҳои интихоботӣ, вақти кори он ва руйхати интихобкунандагон ба аҳолӣ сари вақт хабар медиҳанд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Дар вақти маҷлисҳои комиссияҳои интихоботӣ, ҳангоми овоздиҳӣ, вақти ҳисобкунии овозҳо дар участкаҳои интихоботӣ, инчунин ҳангоми муайян кардани натиҷаи овоздиҳӣ ҳуқуқ доранд як нафарӣ намоянда аз ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони ҳалқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардаанд, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дар сурати зарурат мушоҳидон аз давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намоянд. Намояндагон бояд ҳуҷҷатеро, ки аз тарафи ташкилотҳои онҳоро фиристода ва ваколатҳои онҳоро тасдиқкарда дода шуда, ки шакли онро  Комиссияҳои марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян кардааст, дошта бошанд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардаанд, камаш даҳ рӯз пеш аз интихобот дар бораи намояндаҳои худ ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот хабар медиҳанд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Дахолати мустақим ё ғайримустақими намояндагон ва мушоҳидони миллию байналмилалӣ дар  ҷараёни овоздиҳӣ ва фаъолияти комиссияҳои инти­хоботӣ манъ аст.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

 

Моддаи 41. Мақом ва ваколатҳои мушоҳидони миллӣ

(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида рӯйхати мушоҳидони миллиро ба комиссияҳои дахлдори ҳавзавии интихобот барои бақайдгирӣ пешниҳод намоянд. Мушоҳидони миллӣ дар рӯзи интихобот дар биноҳои овоздиҳӣ рафти интихоботро мушоҳида мекунанд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Фаъолияти мушоҳидони миллӣ баъди бо қарори комиссияҳои дахлдори ҳавзавии интихобот тасдиқ гардидани рӯйхати онҳо оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

 Мушоҳидони миллӣ ҳуқуқ доранд:  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шаванд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- дар хонаи овоздиҳӣ аз оғоз то анҷоми кори комиссияи участкавии интихобот ҳузур дошта бошанд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- супоридани бюллетенҳои овоздиҳиро ба интихобкунандагон мушоҳида кунанд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- ҳангоми овоздиҳии интихобкунандагон берун аз ҳуҷраи овоздиҳӣҳузур дошта бошанд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- ҳисоби шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб баровардашуда, бюллетенҳои дар қуттии овоздиҳӣ мавҷудбуда, ҳисоби овозҳои интихобкунандагонро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҷараёни ҳисоби бюллетенҳои овоздиҳӣ имкон медиҳад, мушоҳида намоянд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- бо протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ва комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихобот шинос шаванд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- аз қарор ва амали (беамалии) комиссияи интихобот ба комиссияи болоии интихобот ва ё суд шикоят намоянд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- ҳангоми ҳисоби такрории овозҳои интихобкунандагон дар комиссияҳои дахлдори интихобот ҳузур дошта бошанд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Мушоҳидони миллӣ ҳуқуқ надоранд:  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- бюллетенҳои овоздиҳиро ба интихобкунандагон супоранд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- бо хоҳиши интихобкунанда барои гирифтани бюллетен имзо гузоранд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- бо хоҳиши интихобкунанда бюллетенро пур кунанд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- амале содир намоянд, ки махфӣ будани овоздиҳиро халалдор созад;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- бевосита дар ҳисоби бюллетенҳо, ки аз тарафи аъзои комиссияи интихобот анҷом дода мешавад, иштирок намоянд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- амале содир намоянд, ки ба кори комиссияи интихобот монеа шавад ва ё дар қабули қарори комиссияи дахлдори интихобот иштирок намоянд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

 

Моддаи 42. Мақом ва ваколатҳои мушоҳидони байналмилалӣ

(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Бо мақсади мушоҳидаи интихобот, гузарондани он дар шароити шаффоф ва ошкоро, мушоҳидони байналмилалӣ даъват карда мешаванд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ баъди аккредитатсияи онҳо аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Мушоҳидони байналмилалӣ ҳангоми доштани даъватнома бо тартиби муқарраргардида дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия карда мешаванд. Даъватнома аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди нашри расмии қарор дар бораи таъини рӯзи интихобот фиристода мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба мушоҳидони байналмилалӣ дар бораи аккредитатсияи онҳо шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад. Шаҳодатномаи мазкур ба мушоҳидони байналмилалӣҳуқуқ медиҳад, ки рафти омодагӣ ва гузарондани интихоботро мушоҳида намоянд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Мушоҳидони байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зери ҳимояи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Мушоҳидони байналмилалӣ фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи Қонуни конститутсионии мазкур озодона анҷом медиҳанд. Таъминоти моддию молиявии фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ аз ҳисоби тарафе, ки онҳоро фиристодааст ё аз ҳисоби маблағи худи онҳо анҷом дода мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ доранд:  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои дигареро, ки ҷараёни интихоботро танзим менамоянд, дастрас намоянд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- бо ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихобот ширкат доранд ва бо номзадҳои алоҳида вохӯрии расмӣ доир намоянд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- дар участкаи интихоботӣ ва бинои овоздиҳӣ, аз ҷумла дар рӯзи овоздиҳӣ ҳузур дошта бошанд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- ҷараёни овоздиҳӣ, ҳисоби овозҳо ва муайян намудани натиҷаи онҳоро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҳисоби бюллетенҳо имкон медиҳад, мушоҳида намоянд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- бо натиҷаи баррасии шикоятҳо (аризаҳо) ва эродҳо вобаста ба вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба интихобот шинос шаванд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- ба намояндагони комиссияҳои интихобот бе дахолат ба кори онҳо оид ба мушоҳидаҳои худашон иттилоъ диҳанд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- баъди ба анҷом расидани овоздиҳӣ ақидаи худро оид ба омодагӣ ва гузарондани интихобот ошкоро изҳор намоянд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- оид ба мушоҳидаи ҷараёни интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи худро пешниҳод кунанд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ надоранд:  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- ҳангоме, ки интихобкунанда дар бюллетенҳои интихобот қайдҳои худро мегузорад, дар ҳуҷраи овоздиҳӣҳозир бошанд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- ба интихобкунандагон таъсир расонанд, ягон хел мавод ё адабиёти тарғиботӣ паҳн намоянд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тартиби гузарондани интихобот афзалиятеро баён намоянд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- аз интихобкунандагон ба тарафдории кӣ овоз додани онҳоро пурсанд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- дар хулосаи худ аз ҳолатҳое, ки бо ҳуҷҷатҳо асоснок нагардидаанд ва қобили санҷиш нестанд, истифода баранд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- мақоми худро барои содир кардани амале, ки ба мушоҳидаи рафти интихобот вобаста нест, истифода баранд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи мушоҳидони байналмилалӣ риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ аккредитатсияи онҳоро бекор менамояд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Мушоҳидони байналмилалӣ уҳдадоранд:  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, риоя намоянд;   (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- бо худ шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалиро дошта бошанд ва онро бо талаби комиссияи интихобот нишон диҳанд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- вазифаҳои худро дар асоси принсипҳои бетарафии сиёсӣ, беғаразӣ, худдорӣ аз изҳори ҳама гуна афзалият, баҳодиҳӣ ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигар, шахсони мансабдор ва иштирокчиёни дигари ҷараёни интихобот анҷом диҳанд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- ба ҷараёни интихобот дахолат накунанд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- хулосаҳои худро дар асоси мушоҳида ва маводи воқеӣ таҳия намоянд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Моддаи 5. Таъминоти моддии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хароҷоти вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Раиси шаҳр, ноҳия дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба ташкили участкаҳои интихобот дар муддати се рӯз ҳар як участкаи интихоботиро барои гузарондани интихобот бо бино ройгон таъмин менамояд. Биноҳо ва таҷҳизоти корхонаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои кори комиссияҳои интихоботӣ дар асоси иҷора аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ истифода бурда мешаванд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Ҳама гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар маблағгузорӣ ва намуди дигари дастгирии моддии маъракаи интихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

 

2. ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 6. Таъин намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду моҳи ба охир расидани муҳлати ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ интихоботи Президенти Ҷyмҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Хабар дар бораи рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот чоп карда мешавад.

Моддаи 7. Ташкили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи  комиссияҳои интихоботӣ гузошта мешавад. Комиссияҳои  интихоботӣ ба таври дастаҷамъӣ кор мекунанд. Тайёрӣ ва гузаронидани интихобот аз тарафи  комиссияҳои интихоботӣ шаффоф ва ошкорро амалӣ карда мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Моддаи 8. Ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ

Ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  ташкил карда мешаванд.

Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ бо зикри ҳудудҳои онҳо вa шумораи интихобкунандагон аз тарафи  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  на дертар аз 50 рӯз пеш аз интихобот чоп карда мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Моддаи 9. Ташкили участкаҳои интихоботӣ

Участкаҳои интихоботӣ аз тарафи Комиссияи ҳавзавии интихобот бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо на дертар аз 40 рӯз пеш аз рӯзи интихобот аз ҳисоби аз 20 то 3000 интихобкунанда дар як участка ташкил карда мешаванд.

Участкаҳои интихоботӣ бо назардошти ҳудудҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, ноҳияҳои шаҳрӣ бо мақсади фароҳам сохтани шароити бештари муносиб барои интихобкунандагон ташкил карда мешаванд. Участкаҳои интихоботӣ инчунин дар қисмҳои ҳарбӣ ташкил карда шуда, мувофиқи маҳалли воқеъгардидаи қисмҳо ба ҳавзаҳои интихоботӣ дохил мешаванд. Ҳудудҳои участкаҳои интихоботӣ набояд ҳудудҳои ҳавзаҳои интихоботиро бурида гузаранд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Участкаҳои интихоботӣ метавонанд дар дармонгоҳҳо, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатӣ, дар маҳалли буду боши шаҳрвандон, ки дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар воқеъ гардидаанд, ташкил карда шаванд. Ин участкаҳои интихоботӣ ба ҳавзаҳои интихоботӣ мувофиқи маҳалли воқеъгардидаашон дохил мешаванд.

Комиссияҳои ҳавзавии интихобот бохабаркунии интихобкунандагонро дар бораи ҳудудҳои ҳар участкаи интихоботӣ бо зикри маҳалли ҷойгиршавии комиссияи участкавии интихобот ва бинои овоздиҳӣ ташкил менамоянд. Бинои овоздиҳии ҳар участкаи интихоботиро Раиси шаҳр, ноҳия ҷудо мекунад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъд - намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ) участкаҳои интихобот бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе назардошти талаботи қисмҳои якум ва дуюми моддаи мазкур ташкил карда шуда, вазифаҳои раиси комиссияи участкавии интихоботро роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ иҷро менамояд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Масъалаи ба ҳавзаи интихоботӣ бақайдгирии участкаи интихоботӣ, ки дар хориҷи Тоҷикистон воқеь гардидааст, аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳал карда мешавад.

 

3. КОМИССИЯҲОИ ИНТИХОБОТӢ ОИД БА ИНТИХОБОТИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 10. Низоми комиссияҳои интихоботӣ

(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои зерин таъсис дода мешаванд:   (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ;

Комиссияҳои ҳавзавии интихобот   оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Комиссияҳои участкавии  интихобот   оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон .

Моддаи 11. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми доимоамалкунанда мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил мегардад.

Фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонун танзим менамояд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Моддаи 12. Ваколатҳои  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  дорои чунин ваколатҳо мебошад:

1) дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ ба иҷрои ин Қонуни конститутсионӣ назорат мекунад ва татбиқи якхелаи онро таъмин менамояд, дар ҳудуди ваколатҳои худ оид ба масъалаҳои ташкили интихобот қарор қабул мекунад, дастурамал  мебарорад ва тавзеҳот медиҳад;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

2) ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил медиҳад, онҳоро номгузорӣ ва рақамгузорӣ мекунад;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

3) комиссияҳои ҳавзавии интихобот  ташкил медиҳад ва дар бораи маҳалли ҷойгиршавии онҳо маълумот нашр менамояд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

4) ба кори комиссияҳои интихоботӣ роҳбарӣ мекунад, тартиби  ба ҳайати онҳо дохил намудани тағйиротро муайян мекунад, қарорҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сурате, ки бо ин Қонуни конститутсионӣ  ихтилоф дошта бошанд, бекор менамояд;

5) масъалаҳои ба қайди ҳавзаи интихоботӣ гирифтани участкаҳои интихоботиро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мешаванд, ҳал мекунад;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

6) барои иштироки номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботӣ шароити баробар муҳайё месозад;

7) тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва маҳаллиро дар маъракаи интихоботӣ бо қарори худ муқаррар мекунад ва онҳоро бо шаҳодатномаи дахлдор таъмин менамояд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

8) бо тартиби муқарраргардида маблағҳоро дар байни комиссияҳои интихоботӣ тақсим мекунад, ба таъмин карда шудани комиссияҳои интихоботӣ бо бино, нақлиёт ва воситаҳои алоқа назорат мекунад, дигар масъалаҳои таъминоти моддию техникии интихоботро ҳал менамояд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

9) шакл ва матни бюллетени интихоботро оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯйхати интихобкунандагон, варақаҳои интихобот, протоколҳои маҷлисҳои Комиссияҳои интихоботӣ, дигар ҳуҷҷатҳои интихобот, намунаҳои қуттиҳои интихобот ва мӯҳри комиссияҳои интихоботӣ, тартиби ҳифзи ҳуҷҷатҳои интихоботиро муқаррар мекунад;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

10) ахбороти роҳбарони, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва  иттиҳодияҳои ҷамъиятиро оид ба масъалаҳои вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад;

11) номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд мегирад, натиҷаҳои интихоботро дар тамоми ҷумҳурӣ ҷамъбаст менамояд, маълумотро доир ба ҷамъбасти интихобот дар матбуот чоп мекунад, Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қайд мегирад, ба ӯ шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашро месупорад;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

12) ариза ва шикоятҳоро доир ба қарор ва амали (беамалии) комиссияҳои интихоботӣ баррасӣ менамояд ва аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

13) ба мақомоти прокуратура дар бораи вайрон карда шудани Қонуни конститутсионӣ  “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад, маълумот медиҳад;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

14) ба бойгонӣ супурдани ҳуҷҷатҳои вобаста ба гузаронидан ва ташкили интихоботро таъмин менамояд;

15) овоздиҳии такрорӣ, интихоботи такрориро ташкил мекунад;

16) дигар ваколатҳоро мувофиқи ин Қонуни конститутсионӣ  ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Маҷлисҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар он сурат боэътибор шумурда мешаванд, ки агар дар онҳо на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати аслии комиссия дар рӯзи ҷаласа ҳузур дошта бошанд.

Моддаи 13. Ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо  на дертар аз 45 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва камаш чор нафар аъзо ташкил карда мешаванд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Моддаи 14. Ваколатҳои комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияи ҳавзавии интихобот  оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин ваколатҳо мебошад:

1) ба иҷрои ин Қонуни конститутсионӣ дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ назорат мекунад ва татбиқи якхелаи онро таъмин менамояд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

2) ба кори комиссияҳои участкавии интихобот роҳбарӣ мекунад;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

3) бо тартиби муқарраргардида маблағҳоро дар байни комиссияҳои участкавии интихобот тақсим мекунад, ба таъмин карда шудани комиссияҳои участкавии интихобот бо бино, нақлиёт, воситаҳои алоқа назорат мекунад ва дигар масъалаҳои таъминоти моддӣ-техникии интихоботро дар ҳавзаи интихоботӣ баррасӣ менамояд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

4) барои иштироки номзадхо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботӣ шароити баробар таъмин мекунад;

5) ахбори намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идораи давлатӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро оид ба масъалаҳои вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад;

6) ба тартиб додани рӯихати интихобкунандагон ва пешниҳоди онҳо барои шиносоии умумӣ назорат мекунад;

7) натиҷаҳои интихоботро дар ҳавза ҷамъбаст мекунад ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  месупорад; .

8) ариза ва шикоятҳоро доир ба қарорҳо ва амали (беамалии) комиссияҳои участкавии интихобот баррасӣ мекунад ва аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

9) ваколатҳои дигарро мувофиқи ин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Моддаи 15. Ташкили комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи комиссияи ҳавзавии интихобот бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешаванд. Комиссияи участкавии интихобот на дертар аз 35 рӯз то интихобот дар ҳайати 5 - 19 аъзо, аз ҷумла раис, муовини раис ва котиб ташкил карда мешавад. Агар комиссия дар ҳайати то 7 нафар ташкил карда шавад, он гоҳ раис ва котиб интихоб мешаванд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Дар мавридҳои зарурӣ шумораи ҳайати комиссияи участкавии интихобот метавонад зиёд ё кам карда шавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Моддаи 16. Ваколатҳои комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои зайл мебошад:

1) рӯйхати интихобкунандагонро дар участка тартиб медиҳад;

2) интихобкунандагонро бо рӯйхати интихобкунандагон шинос мекунад, аризаҳоро дар бораи саҳву ғалатҳои рўйхат қабул ва бappaсӣ намуда, масъалаи ба рӯйхат дохил намудани тағйироти дахлдорро ҳал мекунад;

3) лифофаҳои интихоботии интихобкунандагонеро, ки наметавонанд дар рӯзи интихобот дар маҳалли зисти худ бошанд ва дар овоздиҳӣ иштирок намоянд, қабул мекунад;

4) ба аҳолӣ дар бораи рӯзи интихобот ва маҳалли овоздиҳӣ хабар медиҳад;

5) омодасозии бинои овоздиҳӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ ва дигар таҷҳизоти интихоботиро таъмин мекунад;

6) овоздиҳиро дар участкаи интихоботӣ дар рӯзи интихобот ташкил медиҳад;

7) овозҳоеро, ки дар участкаи интихоботӣ дода шудаанд, ҳисоб мекунад;

8) ариза ва шикоятҳоро оид ба масъалаҳои тайёрии интихобот, ташкили овоздиҳӣ баррасӣ карда, аз рӯи онҳо қарор қабул менамояд;

9) ваколатҳои дигарро мувофиқи ин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад.

Моддаи 17. Узвият дар комиссияҳои интихоботӣ

Узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад, набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзад. (Қонуни конс. ҶТ аз 19.07.19 с., №1638)

Узви  комиссия бо аризаи шахсӣ, инчунин дар сурати аз ваколат маҳрум карда шуданаш, аз иҷрои вазифаи худ озод карда шуда метавонад.

Барои узви комиссияро аз ваколат маҳрум кардан, дар сурате, ки вай талаботи ин Қонуни конститутсиониро вайрон ё мунтазам ба вазифаи худ беэътиноӣ карда бошад, мақоме ҳуқуқ дорад, ки комиссияро ташкил додааст.

Даp мавриди зарурат узви нави комиссияи интихоботӣ ба тартибе, ки ин Қонуни конститутсионӣ муқаррар кардааст, таъин карда мешавад.

Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо, инчунин судяҳо, прокурорҳо, кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мушоҳидони миллӣ аъзои комиссияи интихоботӣ буда наметавонанд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Як шахс узви фақат як комиссияи интихоботӣ буда метавонад.

Моддаи 18. Ташкили кор ва мӯҳлати ваколати комиссияҳои интихоботӣ

Маҷлиси комиссияи интихоботӣ он гоҳ босалоҳият дониста мешавад, ки агар дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати аслии комиссия, ки дар рӯзи маҷлис ҳузур доранд, иштирок карда бошанд. Қарори комиссия дар овоздиҳии кушод бо аксарияти овози аъзои комиссия, ки дар маҷлис иштирок намудаанд, қабул карда мешавад. Аъзои комиссия, ки бо қарори он норозианд, ҳуқуқ доранд фикри махсуси худро изҳор намоянд, ки он ба таври хаттӣ ба протокол замима карда мешавад. Дар сурати тақсими овозҳо овози раисикунанда ҳалкунанда мебошад.

Иҷрои қарори комиссияи интихоботӣ, ки дар доираи ваколатҳои он қабул карда шудааст, барои комиссияҳои интихоботии поёнӣ, инчунин барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ҳатмӣ мебошад.

Мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор бояд ба комиссияҳои интихоботӣ дар иҷрои ваколатҳояшон мусоидат намоянд, маълумотҳоеро, ки барои кори онҳо зарур аст, дар ихтиёрашон гузоранд.

Мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бино ва таҷҳизотеро, ки барои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот заруранд, ройгон дар ихтиёри комиссияҳои интихоботӣ қарор медиҳанд.

Комиссияи интихоботӣ ҳуқуқ дорад оид ба масъалаҳои вобаста бо тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ба мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор муроҷиат кунад, ки онҳо бояд масъалаи ба миён гузошташударо баррасӣ намуда, дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз ба комиссияи интихоботӣ ҷавоб диҳанд.

Узви комиссияи интихоботӣ бо қарори он дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ бо  ҳифзи маоши миёна аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда шудааст, озод карда шуда метавонад.

Мӯҳлати ваколати комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот баъди ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима меёбад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Моддаи 19. Баррасии шикоят нисбати қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ

Мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро пешбарӣ кардаанд, худи номзадҳо ва прокурор нисбати қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ дар давоми даҳ рӯзи баъд аз қабули онҳо ба комиссияи интихоботии болоӣ ё ба суд шикоят карда метавонанд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Нисбати қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯз баъди қабул карда шудани қарор шикоят кардан мумкин аст. Шикоят бояд дар давоми се рӯзи баъди ворид шуданаш, агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш рӯз монда бошад—фаврӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

 

4. РӮЙХАТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Моддаи 20. Рӯйхати интихобкунандагон ва тарзи тартиб додани он

Рӯйхати интихобкунандагон аз тарафи комиссияҳои участкавии интихобот доир ба ҳар участкаи интихоботӣ тартиб дода шуда, аз тарафи раис ва котиби комиссияи участкавии интихобот бо имзо ва муҳр тасдиқ карда мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи маҳалли истиқомат дар асоси маълумот дар бораи интихобкунандагон, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод кардаанд, тартиб дода мешавад. Комиссияи участкавии интихобот барои барӯйхатгирии интихобкунандагон намояндагони мақомот, муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ҷалб карда метавонад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Рӯйхати интихобкунандагон на камтар аз 15 рӯз баъд аз ташкили комиссияҳои участкавии интихобот тартиб дода шуда, дар он насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд ва суроғаи интихобкунанда нишон дода мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Рӯйхати интихобкунандагон-хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар қисмҳои ҳарбӣ мебошанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо ва интихобкунандагони дигар, ки дар маҳалҳои воқеъ гардидани қисмҳои ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, дар асоси маълумоте, ки фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ пешниҳод  мекунанд, тартиб дода мешавад. Хизматчиёни ҳарбӣ, ки берун аз қисмҳои ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, ба рӯйхати интихобкунандагон мувофиқи маҳалли истиқомат дар асосҳои умумӣ дохил карда мешаванд.

Рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи участкаҳои интихоботӣ, ки дар дармонгоҳҳо, профилакторияҳо, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дар дигар муассисаҳои табобатию пешгирикунанда, инчунин дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ ташкил карда шудаанд, дар асоси маълумотҳое, ки роҳбарони муассисаҳои мазкур пешниҳод мекунанд, тартиб дода мешавад.

Рӯйхати интихобкунандагон дар шакле, ки барои ташкили овоздиҳӣ муносиб аст, тартиб дода мешавад.

Моддаи 21. Ба рӯйхати интихобкунандагон дохил намудани шаҳрвандон

Ба рӯйхати интихобкунандагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи дар овоздиҳӣ иштирок кардан доранд, дохил карда мешаванд.

Ба рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи маҳалли истиқомат шаҳрвандоне дохил карда мешаванд, ки дар вақти тартиб додани рӯйхат дар ҳудуди участкаҳои дахлдори интихоботӣ доимӣ ё муваққатӣ зиндагӣ мекунанд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Бa рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи участкаҳои интихоботӣ, ки дар дармонгоҳҳо, профилекторияҳо, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатию профилактикӣ ташкил карда шудаанд, ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар рӯзи гузаронидани интихобот дар маҳалҳо ва муассисаҳои мазкур мебошанд, дохил карда мешаванд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат ба як рӯйхати интихобкунандагон дохил карда метавонад. Шаҳрвандоне, ки ба участкаи интихоботӣ баъди барои шиносоии умумӣ гузоштани рӯйхати интихобкунандагон омадаанд, ба рӯйхати иловагӣ дохил карда мешаванд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Моддаи 22. Шинос намудани шаҳрвандон бо рӯйхати интихобкунандагон

Рӯйхати интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботӣ, ки аз рӯи маҳалли истиқомат тартиб дода шудааст, 15 рӯз пеш аз овоздиҳӣ, дар дигар участкаҳои интихоботӣ, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, санаторияҳо, хонаҳои истироҳат, беморхона ва табобатгоҳҳои дигари доимӣ, маҳалҳои дурдасту душворгузар ташкил гардидаанд, ду рӯз пеш аз овоздиҳӣ барои шиносоии умумӣ пешниҳод карда мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Ба шаҳрвандон имконият муҳайё карда мешавад, ки дар бинои комиссияҳои участкавии интихоботи дахлдор бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шаванд, инчунин дурустии маълумотҳои дар бораи интихобкунандагони ба рӯйхат дохил кардашударо тафтиш намоянд.

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар хусуси ба рӯйхат дохил нашудан, нодуруст ба рӯйхат дохил шудан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин саҳву хатои маълумот оид ба интихобкунанда шикоят кунад. Ариза дар бораи зарурати даровардани ислоҳ ба рӯйхат аз тарафи комиссияи участкавии интихобот дар муддати на дертар аз се рӯз ва дар арафа ва рӯзи овоздиҳӣ фавран мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар сурати рад кардани ариза комиссияи участкавии интихобот фавран ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро дар бораи рад карда шудани аризааш медиҳад. Нисбати қарор ба комиссияҳои интихоботии болоӣ ё ба суд шикоят кардан мумкин аст, ки он дар давоми се рӯз, дар арафа ва рӯзи интихобот—фавран баррасӣ намуда, қарори қатъӣ қабул мекунад. Дар су­рате, ки барои аризадиҳанда қарори мусбат қабул карда шавад. Комиссияи участкавии интихобот фавран ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ медарорад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Моддаи 23. Шаҳодатнома барои ҳуқуқи овоздиҳӣ

Дар сурате, ки интихобкунанда дар давраи байни пешниҳод кардани рӯйхати интихобкунандагон барои шиносоии умумӣ ва рӯзи интихобот ҷои будубоши худро тағйир диҳад, комиссияи участкавии интихобот бо хоҳиши интихобкунанда ва бо пешниҳод намудани ҳуҷҷат, ки шахсияти ӯро тасдиқ мекунад, ба интихобкунанда шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳӣ медиҳад. Зимнан дар рӯйхати интихобкунандагон қайди дахлдор карда мешавад.

Бо пешниҳод кардани шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳӣ Комиссияи участкавии интихобот  дар рӯзи овоздиҳӣ интихобкунандаро ба рӯйхати иловагии интихобкунандагон дар участкаи интихоботии маҳалли будубоши вай дохил мекунад.

 

5. ПЕШБАРӢ ВА БА ҚАЙДГИРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 24. Пешбарӣ намудани номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонуни конститутсионӣ ба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар анҷуманҳо, конференсияҳои онҳо мувофиқи оинномаашон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин маҷлиси намояндагони вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ пешбарӣ карда мешаванд. Mеъёри намояндагӣ ва тартиби ташкил ва гузаронидани Маҷлиси намоян­дагони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо тобеи ҷумҳуриро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян мекунад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Аз тарафи ҳар ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони  халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони  халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фақат як нафар номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда метавонад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Қарор дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони анҷуман ё конференсияи ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили  Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин бо аксарияти овози шумораи умумии намояндагони вакилони Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қабул карда мешавад. Шакли овоздиҳиро мақоми дахлдоре, ки номзадро ба мансаби Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардааст, муайян менамояд. Дар бораи пешбарии номзад прото­кол тартиб дода мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Номзади ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбаришуда бояд аз тарафи панҷ фоизи шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи интихобот доранд, тарафдорӣ карда шавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда мувофиқи тартиб ва мӯҳлате, ки  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар кардааст, сурат  мегирад.

Пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Toҷикистон, ки хилофи ин Қонуни конститутсионӣ  гузаронида шудааст, беэътибор дониста мешавад.

Пешбарӣ намудани номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 50 рӯз гузаронида шуда, на дертар аз 30 рӯз то интихобот ба охир мерасад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Шумораи умумии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда намешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Қарор дар бораи пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз баъди қабул кардани он, фиристода мешавад. Дар бораи қарори қабул кардашуда ба номзад ба мӯҳлати на дертар аз ду рӯз хабар дода мешавад.

Ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардаанд, ҳуқуқ доранд ҳар вақт то интихобот қарори худро дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор кунанд. Ин гуна қapop ба тартибе, ки барои пешбарӣ кардани номзадҳо муқаррар гардидааст, қабул карда мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар вақт метавонад аз номзадии худ даст кашида, дар ин бора ба  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  бо ариза муроҷиат намояд.

Ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шудаанд, новобаста ба барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи судиашон, инчунин ходимони иттиҳодияҳои динӣ пешбарӣ шуда наметавонанд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Дар сурате, ки ягон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда нашуда бошад ё ҳамаи номзадҳои пешбаришуда номзадии худро пас гирифта бошанд, номзадҳо ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбарӣ карда мешаванд. Дар ин сурат номзадҳое пешбаришуда ҳисоб мешаванд, ки дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз тарафи  аксарияти шумораи умумии аъзои  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда шудаанд.

Моддаи 25. Бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо

(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Бақайдгирии номзадҳои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбаришуда ва шахсони боэътимоди онҳо аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давоми се рӯз аз лаҳзаи расидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, вале на дертар аз 25 рӯз то интихобот сурат мегирад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Қарор дар бораи бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани чунин ҳуҷҷатҳо қабул карда мешавад:

- протоколи маҷлиси мақоми олии (анҷумани, конференсияи) ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе, Маҷлисҳои намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- нусхаи шиноснома (корти идентификатсионӣ);  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- маълумотнома аз ҷойи истиқомат;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- нусхаи ҳуҷҷати расмие, ки доштани таҳсилоти олиро тасдиқ мекунад;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- хулосаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар хусуси муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- маълумот оид ба надоштани доғи судӣ(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ кардаанд;  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- маълумоти тарҷимаи ҳоли номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

- аризаи номзад дар бораи розигиаш барои пешбарӣ кардан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони боэътимоди номзад наметавонанд дар ягон  Комиссияи  интихоботӣ оид ба интихоботи Президент дохил бошанд. Дар сурате ки агар узви яке аз  Комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президент ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ё шахси боэътимод пешбарӣ шуда бошад, вай аз вазифаи узви комиссия аз лаҳзаи ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси боэътимод ба қайд гирифта шуданаш озод кардашуда ҳисоб меёбад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  дар давоми ду рӯз баъди бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор месупорад(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Агар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бақайдгирии номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рад кунад, нисбати қарори мазкур ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ, маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқҳои шаҳру ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ, ки номзади мазкурро пешбарӣ кардаанд, метавонанд ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намоянд ва ин шикоят дар мӯҳлати шаш рӯз баррасӣ карда мешавад. Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ мебошад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  дар мӯҳлати ҳафт рӯз баъди бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуоти маҳаллӣ дар бораи бақайдгирӣ бо зикри насаб, ном ва номи падар, сол ва ҷои таваллуд, вазифа ва ҷои кор, ҳизбият, маҳалли зист, вазъи оилавии номзад, инчунин номи мақоме, ки номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардааст, иттилоъ медиҳад(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Моддаи 26. Бюллетени интихобот

Шакл ва матни бюллетени интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ карда мешавад. Дар бюллетен рӯйхати номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби алифбо бо зикри насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд, ҳизбият, вазифа, ҷойи кор ва истиқомат, ҳамчунин маълумот дар бораи аз тарафи кадом мақом ва бо кадом тартиб пешбарӣ шудани номзад дохил карда мешаванд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Бюллетенҳои интихоботӣ на дертар аз 10 рўз то интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо забони давлатӣ ё забоне, ки аксарияти аҳолии ҳавзаи интихоботӣ бо он гап мезананд, аз ҷониби  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  барои ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ чоп карда шуда, бояд на кам аз як дараҷаи ҳифозат дошта бошанд. Комиссияҳои интихоботӣ бюллетенҳои интихоботиро бо санад месупоранд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Бюллетенҳои интихобот ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар давоми на дертар аз ҳафт рӯз ва ба комиссияҳои участкавии интихобот дар давоми на дертар аз ду рӯз пеш аз интихобот бо тартиби муқарраргардида дастрас карда мешаванд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Биное, ки бюллетенҳои интихобот дар он нигоҳ дошта мешаванд, мӯҳр карда, ба муҳофизаи мақомоти корҳои дохилӣ супурда мешавад.

 

6. КАФОЛАТИ ФАЪОЛИЯТИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 27. Кафолати фаъолияти номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо

Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи аз тарафи  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба қайд гирифта шуданашон дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар асосҳои баробар иштирок карда, барои истифодаи имкониятҳои воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла радио ва телевизион, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Барои ҳамаи номзадҳои бaқaйдгирифташудaи мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити баробари таъминоти моддию техникӣ ва молиявии маъракаи интихоботӣ таъмин карда мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо интихобкунандагон чи дар маҷлисҳо ва чи дар шакли барои интихобкунандагон муносиб вохӯриҳо гузаронад. Комиссияҳои интихоботӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба номзадҳои мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани маҷлисҳо биноҳои муҷаҳҳаз муҳайё мекунанд. Дар бораи вақт ва ҷои гузаронидани маҷлисҳо ва вохӯриҳо аз тарафи комиссияҳои ҳавзавии интихобот ба интихобкунандагон пешакӣ хабар дода мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо вазифадоранд, ки ба номзадҳои мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили вохӯриҳо бо интихобкунандагон, гирифтани маводҳои зарурии маълумотӣ ва ахборотӣ мусоидат намоянд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо барномаи фаъолияти ояндааш баромад кунад. Барномаи номзад набояд бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дошта бошад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Номзадҳои ба қайд гирифташудаи мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти гузаронидани маъракаи пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ бо ҳифзи музди меҳнати миёнаи ҷои кор аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда мешавад, озод карда шаванд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бе розигиашон аз кор озод карда, инчунин ба кор ё вазифаи дигар гузаронида шуда наметавонанд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи ройгон аз тамоми намудҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ё байнишаҳрӣ (ба истиснои нақлиёти ҳавоӣ, қатора ва таксӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе розигии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷойи содири ҷиноят.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Моддаи 28. Шахсони боэьтимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад то 15 нафар шахсони боэътимод дошта бошад, ки онҳо ба вай барои гузаронидани маъракаи интихоботӣ ёрӣ мерасонанд, барои интихоб шудани ваӣ ташвиқот мебаранд, манфиатҳои вайро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои интихоботӣ муҳофизат мекунанд. Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони боэътимодро мувофиқи салоҳдиди худ муайян мекунад ва рӯйхати онҳоро ба  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод менамояд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ шахсони боэъти­модро ба қайд гирифта, ба онҳо шаҳодатнома медиҳад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Шахсони боэътимод аъзои комиссияҳои интихоботии дахлдор буда наметавонанд.

Шахсони боэътимод бо хоҳиши номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ва хизматӣ бо ҳифзи музди миёнаи меҳнат аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда меша­вад, озод карда шуда метавонанд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Ваколатҳои шахси боэътимод метавонанд ҳар вақт то рӯзи интихобот дар асоси аризаи ӯ, инчунин бо пешниҳоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пеш аз муҳлат қатъ карда шаванд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

 

7. ТАРТИБИ ОВОЗДИҲӢ ВА ҶАМЪБАСТИ НАТИЧАҲОИ ИНТИХОБОТИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 29. Вақт ва ҷои овоздиҳӣ

Овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз соати 6.00 то 20.00 вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад. Дар бораи вақт ва ҷои овоздиҳӣ комиссияи участкавии интихобо­т на дертар аз панҷ рӯз то интихобот ба ҳар як интихобкунанда хабарнома мефиристад(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Дар участкаҳои интихоботӣ, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, маҳалли будубоши шаҳрвандон воқеъ дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар, инчунин дармонгоҳҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои  табобатӣ ташкил карда шудаанд, комиссияи участкавии  интихобот метавонад ҳар гоҳ хатми овоздиҳиро эълон кунад, агар ҳамаи интихобкунандагони ба рӯихат дохил кардашуда овоз дода бошанд.

Моддаи 30. Ташкили овоздиҳӣ

Овоздиҳӣ дар биноҳои махсус ҷудо кардашуда, ки дар онҳо бояд барои овоздиҳии пинҳонӣ ба миқдори кофӣ ҳуҷраҳо ё хонаҳо таҷҳизонида, ҷойҳои додани бюллетенҳои интихоботӣ муайян карда, қуттиҳои интихоботӣ гузошта шуда бошанд, гузаронида мешавад. Қуттиҳои инти­хоботӣ тавре гузошта мешаванд, ки овоздиҳандагон дар вақти рафтан ба назди онҳо ҳатман аз ҳуҷра ё хона барои овоздиҳии пинҳонӣ гузаранд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Барои ташкили овоздиҳӣ, таъмини изҳори пинҳонии иродаи инти­хобкунандагон, муҷаҳҳаз намудани хонаҳо ва нигоҳ доштани тартиботи зарурӣ дар онҳо комиссияи участкавии интихобот масъул мебошад.

Дар рӯзи интихобот пеш аз оғози овоздиҳӣ қуттиҳои интихоботӣ санҷида шуда, аз тарафи раиси комиссияи участкавии интихобот дар ҳузури ҳамаи аъзоёни комиссияи интихоботӣ мӯҳр карда ме­шаванд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Ҳар интихобкунанда шахсан овоз медиҳад. Овоздиҳӣ ба ҷойи дигарон манъ аст. Бюллетенҳои интихобот аз тарафи комиссияи участкавии интихобот дар асоси рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихоботӣ бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият, ки номгӯи онҳоро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян мекунад, дода мешаванд. Ҳар интихобкунанда барои гирифтани бюллетени интихоботӣ дар рӯйхати интихобкунандагон дар муқобили насаб, ном ва номи падари худ имзо мегузорад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Интихобкунандае, ки наметавонад дар рӯзи интихобот дар маҳа­лли истиқомати худ бошад, метавонад аз комиссияи участкавии  интихоботи маҳалли истиқомати худ варақаҳои интихоботро талаб кунад, нисбати номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кунад ва варақаҳои пур кардашудаи интихоботро дар лифофаи баста дар комиссияи участкавии интихобо­т монад. Интихобкунанда дар бораи гирифтани варақаи ин­тихобот дар рӯйхати интихобкунандагон имзо мекунад. Шакл ва матни варақаи интихобот аз тарафи  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  муқаррар кар­да мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Дар мавридҳое, ки баъзе интихобкунандагон ба нисбати вазъи саломатӣ ё сабабҳои дигар наметавонанд ба ҷои овоздиҳӣ ҳозир шаванд, комиссияи участкавии интихобот бо хоҳиши онҳо метавонад камаш ба ду нафар аъзои комиссия супориш диҳад, ки овоздиҳиро дар ҷои будубоши он интихобкунандагон ташкил диҳанд.

Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхати интихобкунанда­гон дохил карда нашудаанд, дар асоси ҳуҷҷате, ки шахсият ва маҳалли истиқоматашонро тасдиқ мекунад, ба замимаи руйхати интихобкунан­дагон дохил карда мешаванд.

Моддаи 31. Гузаронидани овоздиҳӣ

Бюллетенҳои интихоботро овоздиҳандагон дар ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии пинҳонӣ пур мекунанд. Ҳангоми пуркунии бюллетенҳо ғайри овоздиҳанда ҳозир будани шахси дигар мумкин нест. Интихобкунандае, ки наметавонад мустақилона бюллетенро пур кунад, ҳуқуқ дорад ба ҳуҷра ё хонаи овоздиҳӣ шахси дигарро, ғайр аз аъзои комиссияи интихоботӣ, шахсони боэътимод, мушоҳидони миллию байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, мувофиқи салоҳдиди худ даъват намояд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

«Овоздиҳанда дар квадрати холии бюллетени интихобот дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзаде, ки ба тарафдориаш овоз медиҳад, аломати ҷамъ «+» мегузорад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Дар сурати зидди ҳамаи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз додан, овоздиҳанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холии сатри «муқобили ҳамаи номзадҳо» аломати ҷамъ «+» мегузорад. Бюллетени пуркардашударо овоздиҳанда ба қуттии интихобот мепартояд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

 

Моддаи 32. Ҳисобкунии овозҳо дар участкаи интихоботӣ

 

Ҳисобкунии овозҳо дар участкаи интихоботӣ аз тарафи комиссияи участкавии интихобот оид ба ҳар номзад алоҳида-алоҳида  сурат мегирад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Қуттиҳои интихоботро комиссияи интихоботӣ дар ҳузури ҳамаи аъзоён баъди аз тарафи раиси комиссия эълон карда шудани анҷоми овоздиҳӣ мекушояд. То анҷоми овоздиҳӣ кушодани қуттиҳои интихобот мум­кин нест. Пеш аз кушодани қуттиҳои интихобот ҳамаи бюллетенҳои истифоданашудаи интихоботро комиссияи интихоботӣ ҳисоб карда, онҳоро ботил месозад ва дар ин бора санад тартиб медиҳад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Пеш аз кушодани қуттиҳои интихоботӣ аз тарафи комиссияи участкавии интихобот  дар ҳузури ҳамаи аъзоёни комиссияи участкавӣ лифофаҳои сарбаста бо варақаҳои интихоботӣ ба қуттиҳо партофта мешаванд.

Комиссияи участкавии интихобот мувофиқи рӯйхати асосии интихобкунандагон ва замимаи он шумораи умумии интихобкунандагони участка, инчунин шумораи интихобкунандагонеро, ки бюллетени интихо­ботӣ ва варақаҳо гирифтаанд, муайян мекунад. Дар асоси бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботӣ, ки дар қуттиҳои интихобот мавҷуданд, комис­сия шумораи интихобкунандагонеро, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд, шумораи овозҳои ба тарафдорӣ ва шумораи овозҳои зидди ҳар номзад додашуда, шумораи варақаҳо ва бюллетенҳоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад. Аз рӯи насабҳое, ки интихобкунандагон ба бюллетенҳо ва варақаҳо илова кардаанд, овозҳо ҳисоб карда намешаванд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботии намунаашон ғайримуқаррарӣ, инчунин бюллетенҳо ва варақаҳое, ки дар онҳо ҳангоми овоздиҳӣ насабҳои беш аз як номзад гузошта шудаанд, беэътибор дониста мешаванд. Дар вақти ба миён омадани шубҳа дар бораи ҳақиқӣ будани бюллетен ва варақаи интихобот масъала аз тарафи комиссияи участкавии интихобот бо роҳи овоздиҳӣ ҳал карда мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Натиҷаи ҳисобкунии овозҳо дар маҷлиси комиссияи участкавии интихобот муайян карда, ба протокол дохил карда мешавад.

Протокол дар ду нусха тартиб дода шуда, аз ҷониби раис, муовини раис, котиб ва ҳамаи аъзои комиссияи участкавии интихобот бо имзо ва муҳр тасдиқ гардида, нусхаи аслии протокол бо тартиби муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фавран ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихоботӣ дастрас карда мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Моддаи 33. Муайянкунии натиҷаи интихобот дар ҳавза

Дар асоси протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот комис­сияи ҳавзавии интихобот  шумораи умумии интихобкунандагони ҳавза, шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетен ва варақаи интихобот ги­рифтаанд, шумораи интихобкунандагоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кар­даанд, шумораи овозҳое, ки ба тарафдорӣ ва шумораи овозҳое, ки зид­ди ҳар як номзад дода шудаанд, шумораи бюллетенҳо ва варақаҳоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад.

Натиҷаи интихобот дар ҳавза дар маҷлиси комиссияи интихоботӣ муайян ва ба протокол дохил карда мешавад. Протокол дар ду нусха тартиб дода шуда, аз ҷониби раис, муовини раис, котиб ва ҳамаи аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот бо имзо ва муҳр тасдиқ гардида, нусхаи аслии протокол бо тартиби муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фиристода мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Моддаи 34. Муайянкунии натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар асоси протоколҳои аз комиссияҳои ҳавзавии интихобот расида, шумораи умумии интихобкунандагони ҷумҳурӣ, шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетен ва варақаҳои интихобот ги­рифтаанд, шумораи интихобкунандагоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд, шумораи овозҳое, ки ба «тарафдорӣ» ва шумораи овозҳое, ки «зидди» ҳар як номзад дода шудаанд, шумораи бюллетенҳо ва варақаҳоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Интихоботи Президент дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар сурате баргузоршуда дониста мешавад, агар дар он беш аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохил кардашуда, иштирок карда бошанд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Он номзаде ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисоб меёбад, ки дар интихобот беш аз нисфи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифтааст.

Интихобот умуман ё аз рӯи ҳавзаҳои алоҳида ё участкаҳои алоҳида аз сабаби дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисобкунии овозҳо роҳ додан ба вайронкуниҳо, ки ба натиҷаи интихобот таъсир расонидааст, беэътибор дониста шуда метавонад. Қарор дар бораи беэътибор донистани интихобот аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  қабул карда мешавад ва нисбати он ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати даҳ рӯз шикоят кардан мумкин аст.  Ҳуқуқи шикоят кардан барои беэътибор донистани интихобот ба номзадҳои мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Дар сурати дар ҳавзаҳо ё участкаҳои алоҳида беэътибор донистани интихобот бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаи овоздиҳӣ дар ин ҳавзаҳо, участкаҳо аз натиҷаи умумии интихобот хориҷ карда мешавад, ба шарте ки бе онҳо ҳам умуман интихобот баргузоршуда дониста шавад(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Натиҷаи пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тавассути воситаҳои ахбори омма дар давоми 24 соати баъди ба охир расидани интихобот эълон мекунад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Натиҷаи ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ гардида, дар муддати на дертар аз даҳ рӯзи баъди ба охир расидани интихобот дар матбуот интишор мегардад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Моддаи 35. Овоздиҳии такрорӣ

Агар ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз ду нафар номзад ба овоз монда шуда бошанд ва ягон нафарашон шумораи даркории овозҳоро нагиранд, он гоҳ бо иштироки ду номзаде, ки шумораи бештари овозҳоро гирифтаанд, овоздиҳии такрорӣ гузаронида мешавад. Агар дар натиҷаи баромада рафтани номзадҳо як номзад боқӣ монад, овоздиҳии такрорӣ аз рӯи номзадии ӯ гузаронида мешавад.  Комиссияҳои марказии интихобот ва раъйпурсӣ  рӯзи овоздиҳии такрориро дар ҳудуди як моҳ, баъди рӯзи гузаронида шудани интихобот, вале на пештар аз понздаҳ рӯзи гузаронидани интихобот таъин мекунад.

Хабар дар бораи гузаронидани овоздиҳии такрорӣ дар матбуот чоп карда мешавад.

Номзаде интихобшуда ҳисоб меёбад, ки дар овоздиҳии такрорӣ назар ба номзади дигар шумораи бештари овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифтааст, ба шарте, ки дар овоздиҳӣ бештар аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхат дохил кардашуда иштирок карда бошанд ва шумораи овозҳои ба ин номзад додашуда аз шумораи овозҳое, ки ба муқобили вай дода шудааст, зиёд бошад.

Агар дар вақти овоздиҳии такрорӣ ягон номзад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб нашуда бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботи такрории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин мекунад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

 

Моддаи 36. Интихоботи такрорӣ

 

Дар сурате, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузорнашуда ё беэътибор дониста шавад ё агар ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на бештар аз ду номзад ба овоз монда шуда бошанду ягон нафарашон шумораи даркории овозҳои ннтихобкунандагонро нагирад ё ҳангоми овоздиҳии такрорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб нашуда бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботи такрориро таъин мекунад. Зимнан вай метавонад дар бораи зарурати гузаронидани интихобот аз тарафи комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот   дар ҳайати нав қарор қабул намояд. Овоздиҳӣ дар ҳамон участкаҳои интихоботӣ ва мувофиқи рӯйхатҳои интихобкунандагон, ки барои гузаронидани интихоботи асосӣ тартиб дода шудаанд, гузаронида мешавад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Ташкили комиссияҳо, пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои дигари вобаста ба гузаронидани интихоботи такрории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартибе, ки ин Қонуни конститутсионӣ  муқаррар кардааст, сурат мегирад.

Хабар дар бораи гузаронидани интихоботи такрорӣ дар матбуот чоп карда мешавад. Интихоботи такрорӣ на пештар аз ду моҳ баъд аз гузаштани интихоботи асосӣ гузаронида мешавад.

 

Моддаи 37. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

 

Шахсоне, ки бо роҳи зӯрӣ, фиреб, таҳдид ё бо роҳи дигар ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардан ва интихоб шудан, бурдани ташвиқоти пешазинтихоботӣ мамониат мекунанд, инчунин аъзоёни комиссияҳои интихоботӣ, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки ба сохтакории ҳуҷҷатҳои интихобот роҳ дода, дидаю дониста овозҳоро нодуруст ҳисоб кардаанд, тартиби овоздиҳии пинҳониро вайрон кардаанд ё ба дигар вайронкунии Қонуни конститутсионии мазкур роҳ додаанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Инчунин шахсоне, ки дидаю дониста маълумоти бардурӯғро, ки шаъну эътибори номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро паст мезанад, чоп кардаанд ё ба тариқи дигар паҳн намудаанд, ё нисбати аъзоёни комиссияи интихоботӣ ба таҳқир роҳ додаанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Ҳангоми аз тарафи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон кардани ин Қонуни конститутсионӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ номзадро огоҳ мекунад, дар сурати такроран вайрон намудан вай метавонад қарори ба қайдгирии номзади мазкурро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор кунад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

Аризаҳое, ки дар бораи вайрон карда шудани ин Қонуни конститутсионӣ ба комис­сияи интихоботӣ, мақомоти давлатию ҷамъиятӣ дар давраи тайёрии ин­тихобот ё баъди интихобот расидаанд, бояд дар мӯҳлати се рӯз ва аризаҳои дар рӯзи интихобот расида - фавран баррасӣ карда шаванд. ­

 

Моддаи 38. Ба иҷрои вазифа шурўъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданаш ба вазифа шурӯъ мекунад.  (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)

 

 

Раиси

Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                Э.  Раҳмонов

 

     ш. Душанбе

21 июли соли 1994

        №1042

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: Маҳмадшозода Фа... Санаи интишор: Дшб, 13/01/2020 - 16:20
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни ҶТ
Рақам: 
1642
Мақомот: 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Ҷумъа, 19 Июл, 2019

ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссия) мақоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсии умумихалқиро ташкил мекунад ва мегузаронад, ба низоми комиссияҳои интихоботӣ роҳбарӣ мекунад, инчунин ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоатро назорат карда, риоя ва татбиқи якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсиро таъмин менамояд. 
  2. Комиссия мақоми дастаҷамъӣ буда, ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил мебошад, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошад.
  3. Комиссия шахси ҳуқуқӣ буда, дорои суратҳисоб ва ҳисобҳои дигар, муҳру бланкҳо бо ифодаи номи худ ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти Комиссия 

Комиссия дар фаъолияти худ принсипҳои демократии низоми интихобот ва раъйпурсиро амалӣ намуда, барои изҳори озодонаи иродаи интихобкунандагон ва раъйдиҳандагон шароити мусоид фароҳам меорад. 

Моддаи 4. Ошкорбаёнӣ дар фаъолияти Комиссия 

  1. Комиссия фаъолияти худро ба таври шаффоф амалӣ менамояд. Ҷаласаҳои Комиссия ошкоро гузаронида шуда, барои аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма дастрас мебошанд.
  2. Комиссия дар бораи ҳайат ва қароргоҳи худ, ҷаласаҳо ва қарорҳои дар онҳо қабулгардида, инчунин чорабиниҳое, ки мегузаронад, дар воситаҳои ахбори омма иттилоъ медиҳад.

Моддаи 5. Макони ҷойгиршавии Комиссия

  1. Макони  ҷойгиршавии  Комиссия  пойтахти  Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мебошад.
  2. Дар бинои Комиссия Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА ҲАЙАТИ КОМИССИЯ

Моддаи 6. Тартиби таъсис ва ҳайати Комиссия 

  1. Комиссия дар ҳайати 7 нафар аъзо, аз ҷумла раис, муовин ва 5 нафар аъзо бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешавад.
  2. Котиби Комиссия аз ҳисоби аъзои он дар ҷаласаи Комиссия интихоб карда мешавад.
  3. Узви Комиссия чун қоида бояд дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё сиёсатшиносӣ бошад.

Моддаи 7. Муҳлати ваколати узви Комиссия 

Муҳлати ваколати узви Комиссия 7 сол мебошад.

Моддаи 8. Узвият дар Комиссия 

  1. Узви Комиссия шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 соли охир истиқомати доимӣ дошта, забони давлатиро донад. 
  2. Шаҳрвандони зерин ба ҳайати Комиссия интихоб шуда наметавонанд:

- номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- номзадҳо ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- номзадҳо ба вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоат;

- узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоат;

- узви ҳизби сиёсӣ;

- шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба узви Маҷлиси миллӣ, ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ;

- шаҳрвандоне, ки суд қобилияти амали онҳоро маҳдуд ё онҳоро ғайри қобили амал эътироф кардааст;

- ходимони касбии иттиҳодияҳои динӣ;

- шаҳрвандоне, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркардаашон доғи судӣ доранд, инчунин шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шудаанд ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд;

- нафақагири давлати хориҷӣ. 

  1. Шаҳрванде, ки узви ҳизби сиёсӣ мебошад, дар ҳолате номзад ба аъзои Комиссия пешниҳод мегардад, ки бо тартиби муқарраргардида узвияташро дар ҳизби сиёсӣ қатъ намуда бошад.

БОБИ 3. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ КОМИССИЯ, РАИС, МУОВИН, КОТИБ ВА УЗВИ КОМИССИЯ

Моддаи 9. Ваколатҳои Комиссия 

Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсии умумихалқиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва мегузаронад;

- ба низоми комиссияҳои интихоботӣ роҳбарӣ мекунад; 

- ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоатро назорат мекунад;

- ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба интихобот ва раъйпурсӣ таъмин менамояд;

- риояи принсипҳои раванди интихобот ва раъйпурсиро, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, таъмин менамояд;

- татбиқи якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад;

- шакли бюллетенҳои овоздиҳии интихобот ва раъйпурсиро муқаррар менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ барои татбиқи дуруст ва якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ дастур ва тавзеҳоти ҳатмӣ қабул мекунад;

- мушоҳидони байналмилалиро аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия менамояд ва ба онҳо шаҳодатномаи шакли муқарраршударо месупорад;

- барои аъзои комиссияҳои интихоботӣ ва комиссияҳои раъйпурсӣ конференсияҳо, семинарҳо ва машғулиятҳои омӯзишӣ ташкил мекунад;

- дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ташкил ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ чорабиниҳои дахлдорро мегузаронад;

- барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии интихобкунандагон, раъйдиҳандагон ва иштирокчиёни дигари маъракаҳои интихоботӣ ва раъйпурсӣ чорабиниҳои зарурӣ ташкил менамояд;

- натиҷаҳои интихобот ва раъйпурсиро ҷамъбаст ва онҳоро эълон мекунад;

- ваколатҳои дигарро, ки қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд. 

Моддаи 10. Ваколатҳои раиси Комиссия 

  1. Раиси Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- ба фаъолияти Комиссия ва дастгоҳи он роҳбарӣ менамояд;

- ҷаласаҳои Комиссияро даъват менамояд ва дар онҳо раисӣ мекунад, рӯзномаи ҷаласаро барои баррасӣ ва тасдиқи Комиссия пешниҳод менамояд;

- ба қарорҳо ва протоколҳои Комиссия имзо мегузорад;

- иҷрои қарорҳои қабулкардаи Комиссияро назорат менамояд;

- ба муовини раис ва аъзои Комиссия супоришҳои хаттӣ ва шифоҳӣ медиҳад;

- баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро, ки ба Комиссия ворид мегарданд, таъмин менамояд;

- намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар ва шахсони алоҳидаро барои иштирок кардан дар ҷаласаҳои Комиссия даъват менамояд;

- Комиссияро дар муносибатҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, шахсони мансабдор, созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунад;

- кормандони дастгоҳи Комиссияро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;

- ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд.

  1. Раиси Комиссия дар доираи ваколатҳои худ оид ба масъалаҳои фаъолияти Комиссия ва дастгоҳи он фармоиш ва амрҳо қабул менамояд.
  2. Дар ҳолати ваколатҳояшро амалӣ карда натавонистани раиси Комиссия ё холӣ будани вазифаи раис ваколатҳои раисро муовини раиси Комиссия амалӣ менамояд. 

Моддаи 11. Ваколатҳои муовини раиси Комиссия 

  1. Муовини раиси Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- уҳдадориҳои алоҳидаро, ки аз ваколатҳои Комиссия бармеоянд, иҷро менамояд;

- иҷрои дастуру супоришҳои раисро дар доираи ваколатҳои худ таъмин мекунад;

- ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд.

  1. Дар ҳолати ваколатҳояшро амалӣ карда натавонистани муовини раиси Комиссия ё холӣ будани вазифаи муовини раис ваколатҳои ӯро котиби Комиссия амалӣ менамояд.

Моддаи 12. Ваколатҳои котиби Комиссия 

Котиби Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- корҳои омодагиро ба ҷаласаҳои Комиссия анҷом медиҳад ва аъзои Комиссияро бо маводи баррасишаванда таъмин мекунад;

- протоколҳои ҷаласаҳои Комиссияро тартиб медиҳад ва ба онҳо имзо мегузорад;

- супоришҳои раиси Комиссияро иҷро мекунад;

- роҳбари дастгоҳи Комиссия мебошад;

- ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд. 

Моддаи 13. Ҳуқуқу уҳдадориҳои узви Комиссия 

  1. Узви Комиссия дорои ҳуқуқу уҳдадориҳои зерин мебошад:

- ба рӯзномаи ҷаласаи Комиссия таклиф пешниҳод намояд, вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда фикру ақидаҳои худро изҳор намуда, дар музокираҳо иштирок кунад;

- дар ҷаласаҳои Комиссия иштирок намуда, дар қабули қарорҳо беғаразона овоз диҳад;

- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои дигар вобаста ба ташкил ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ, инчунин масъалаҳои дигаре, ки ба ваколати Комиссия дохиланд, иштирок намояд;

- аз рӯи тақсимот вазифаҳои гузошташударо иҷро намояд;

- супоришҳои Комиссия, раис ва муовини раисро оид ба назорати кори комиссияҳои интихоботӣ ва комиссияҳои раъйпурсӣ иҷро намояд;

- бо супориши Комиссия ва раиси Комиссия муроҷиатҳоро баррасӣ намуда, аз натиҷаи он ба Комиссия гузориш диҳад;

- ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ намояд.

  1. Узви Комиссия ҳуқуқ надорад дар ташвиқу тарғиби пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ва дар раъйпурсӣ вобаста ба масъалаи гузошташуда иштирок намояд.

Моддаи 14. Фаъолияти меҳнатии узви Комиссия 

  1. Раис, муовини раис ва аъзои Комиссия мансаби давлатии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. 
  2. Раис, муовини раис ва аъзои Комиссия дар асоси касбӣ ва доимӣ фаъолият менамоянд. Онҳо, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ, наметавонанд вазифаи дигареро ишғол кунанд ва бо соҳибкорӣ машғул шаванд. 
  3. Музди меҳнати раис, муовини раис ва аъзои Комиссия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  4. Ба раис, муовини раис ва аъзои Комиссия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 45 рӯзи тақвимӣ рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда дода мешавад.
  5. Нафақаи раис, муовини раис ва аъзои Комиссия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
  6. Кафолатҳои моддӣ ва иҷтимоии раис, муовини раис ва аъзои Комиссия, таъминот ва хизматрасонии тиббию иҷтимоии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. 

Моддаи 15. Бозхонди раис, муовини раис ва аъзои Комиссия

  1. Раис, муовини раис ва аъзои Комиссия дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда мешаванд.
  2. Раис, муовини раис ва аъзои Комиссия бо асосҳои зерин пеш аз муҳлат бозхонд карда мешаванд:

- ариза дар бораи бо хоҳиши худ даст кашидан аз узвият;

- қатъ гаштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;

- барои истиқомати доимӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан;

- мувофиқат накардан ба талаботи моддаи 8 Қонуни мазкур;

- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд нисбати  ӯ;

- бо қарори суд бедарак ғоибшуда ё фавтида эълон гардидани ӯ;

- бе сабабҳои узрнок иштирок накардан дар ҷаласаҳои Комиссия;

- иштирок кардан дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ва масъалаи дар раъйпурсӣ гузошташуда, инчунин ошкор гардидани ғаразнокии ӯ дар масъалаҳои баррасишаванда;

- бо сабаби  вазъи саломатӣ ё сабабҳои дигари узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) уҳдадориҳои худро иҷро накардани ӯ;

- риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

- дар ҳолати вафоти ӯ.

  1. Ҳангоми ба вуҷуд омадани асосҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда, то баррасии масъалаи пеш аз муҳлат бозхонд намудани раис, муовини раис ва аъзои Комиссия ваколатҳои онҳо бо қарори Комиссия боз дошта мешаванд.

БОБИ 4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ

Моддаи 16. Ташкили фаъолияти Комиссия 

Фаъолияти Комиссия тибқи Қонуни мазкур, санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастури Комиссия, инчунин санадҳое, ки Комиссия қабул кардааст, ташкил карда мешавад.

Моддаи 17. Шакли фаъолияти Комиссия 

  1. Фаъолияти Комиссия дар шакли ҷаласаҳо сурат мегирад. Дар ҷаласаҳо масъалаҳое, ки ба ваколати Комиссия дохиланд, мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
  2. Ҷаласаҳои Комиссия аз рӯи зарурат ва дар давраи интихобот ва раъйпурсӣ на камтар аз як маротиба дар як моҳ гузаронида мешаванд. 
  3. Ҷаласаҳои Комиссия дар сурати ҳузур доштани на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Комиссия баргузор мегарданд.

Моддаи 18. Қарорҳои Комиссия 

  1. Комиссия аз рӯи натиҷаи баррасии масъалаҳо қарор қабул намуда, иҷрои онро назорат мекунад. 
  2. Қарори Комиссия бо овоздиҳии ошкоро ва тарафдории аз нисф зиёди аъзои Комиссия қабул карда мешавад. Дар сурати баробар будани овозҳо, овози раисикунандаи ҷаласа ҳалкунанда мебошад. 

Моддаи 19. Иҷрои қарорҳои Комиссия 

  1. Иҷрои қарорҳои Комиссия, ки дар доираи ваколаташ қабул шудаанд, барои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар ва шахсони мансабдор, номзадҳо, интихобкунандагон, ҳамчунин барои ҳамаи комиссияҳои интихобот ва раъйпурсӣ ҳатмӣ мебошанд. 
  2. Нисбат ба қарори Комиссия бо тартиби муқарраргардида ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯзи баъди қабули он шикоят кардан мумкин аст.
  3. Комиссия ҳуқуқ дорад, ки доир ба масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар, шахсони мансабдор муроҷиат кунад ва онҳо уҳдадоранд, ки онро баррасӣ карда, ба Комиссия дар муҳлати на дертар аз се рӯз ҷавоб диҳанд.

Моддаи 20. Тартиби пешниҳоди муроҷиатҳо ба Комиссия 

Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба Комиссия аз рӯи масъалаҳои ба ваколатҳои он дахлдошта муроҷиат намоянд. Муроҷиатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, санадҳои қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ карда мешаванд.

Моддаи 21. Уҳдадориҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ

Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд дар ташкил ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссия мусоидат намоянд.

Моддаи 22. Уҳдадориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ташкил ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ташкил ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ уҳдадоранд:

- дар муҳлат ва тартиби муқаррарнамудаи Комиссия маълумоти дахлдорро оид ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои дахлдор истиқомат карда, ҳуқуқи интихоб кардан ва раъй доданро доранд, пешниҳод намоянд;

- барои комиссияҳои дахлдори интихоботӣ ва раъйпурсӣ ҷойҳои мувофиқро барои ҷойгиршавӣ ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ ҷудо намоянд;

- комиссияҳои дахлдори интихобот ва раъйпурсиро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намоянд;

- ба комиссияҳои дахлдори интихоботӣ барои баргузории вохӯрии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон, инчунин вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотиро оид ба масъалаҳои дар раъйпурсӣ гузошташуда бо овоздиҳандагон толорҳои дахлдор ва ҷойи мувофиқ ҷудо намоянд;

- бо тартиби муқарраргардида номзадҳоро ба аъзои комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ ва раъйпурсӣ, инчунин комиссияҳои участкавии интихоботӣ ва раъйпурсӣ пешниҳод намоянд;

- уҳдадориҳои дигарро, ки дар қонунҳои конститутсионӣ оид ба интихобот ва раъйпурсӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, иҷро намоянд.

БОБИ 5. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОМИССИЯ

Моддаи 23. Ҳамкорӣ бо мақомот оид ба интихобот дар давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои (ассотсиатсияҳои) байналмилалӣ

  1. Комиссия метавонад бо мақомот оид ба интихобот дар давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои (ассотсиатсияҳои) байналмилалӣ оид ба масъалаҳои интихобот ҳамкорӣ намояд.
  2. Комиссия бо тартиби муқарраргардида метавонад ба созмонҳои (ассотсиатсияҳои) байналмилалии соҳавӣ ҳамроҳ шавад.

Моддаи 24. Иштироки узви Комиссия дар ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ 

Узви Комиссия бо тартиби муқарраргардида метавонад ба сифати мушоҳиди байналмилалӣ дар ташкил ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсии давлатҳои хориҷӣ иштирок намояд.

БОБИ 6. ДАСТГОҲИ КОМИССИЯ ВА ТАЪМИНОТИ МОДДИЮ МОЛИЯВИИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ

Моддаи 25. Дастгоҳи Комиссия 

  1. Барои таъмини фаъолияти Комиссия дастгоҳи Комиссия таъсис дода мешавад. 
  2. Кормандони дастгоҳи Комиссия хизматчиёни давлатӣ мебошанд.
  3. Дастгоҳи Комиссия тибқи Низомномаи он таъминоти ташкилӣ - методӣ, иттилоотӣ-таҳлилӣ ва моддӣ-техникии фаъолияти Комиссияро амалӣ менамояд. Комиссия Низомномаи дастгоҳи Комиссияро тасдиқ менамояд. 
  4. Сохтор ва шумораи воҳидҳои кории дастгоҳи Комиссия бо пешниҳоди раиси Комиссия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. 

Моддаи 26. Маблағгузории фаъолияти Комиссия

  1. Маблағгузории фаъолияти Комиссия аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар сатри алоҳида маблағҳои зарурии таъмини фаъолияти Комиссия пешбинӣ карда мешавад.
  3. Молу мулке, ки барои фаъолияти Комиссия зарур аст, дар идоракунии оперативии Комиссия буда, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

               Президенти 

     Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 Эмомалӣ РАҲМОН

 

             ш. Душанбе,

         19 июли соли 2019,

                 № 1642

 

ОСОРИ ИНТИХОБШУДАИ РАҲИМЗОДА М.З.

Ношир: Ибрагимов Викто... Санаи интишор: Яшб, 12/01/2020 - 14:55
ОСОРИ ИНТИХОБШУДАИ РАҲИМЗОДА М.З.

Дар маҷмўа маҳсули меҳнати интихобшудаи Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Раҳимзода Маҳмад Забир (Раҳимов Маҳмад Забирович), ки дар солҳои гуногун ва шароитҳои гуногуни ҷамъиятӣ-сиёсӣ навишта шудаанд, ҷамъоварӣ шудааст.

ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ

Ношир: Маҳмадшозода Фа... Санаи интишор: Шнб, 11/01/2020 - 21:46
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни ҶТ
Рақам: 
1537
Мақомот: 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Ҷумъа, 3 Август, 2018

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 июни соли 2018, № 1115
қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 августи соли 2018, № 561
ҷонибдорӣ карда шуд.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумоти шахсиро муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- маълумоти биометрии шахсӣ - маълумоти шахсие, ки хусусиятҳои физиологӣ ва биологии субъектро муайян менамояд;

- маълумоти шахсӣ - маълумот дар бораи далелҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои ҳаёти субъекти маълумоти шахсӣ, ки ба айнияткунонии шахсияти ӯ имкон медиҳад;

- ҷамъоварии маълумоти шахсӣ - амалҳои ба гирифтани маълумоти шахсӣ равонагардида;

- нобуд кардани маълумоти шахсӣ - амалҳое, ки дар натиҷаи иҷрои онҳо барқарор намудани маълумоти шахсӣ имконнопазир аст;

- бехусусияткунонии маълумоти шахсӣ - амалҳое, ки дар натиҷаи онҳо муайян кардани мансубияти маълумоти шахсӣ ба субъекти аниқи маълумоти шахсӣ бе истифодаи иттилооти иловагӣ имконнопазир мегардад;

- махзани маълумоти шахсӣ (минбаъд - махзани маълумот) - маҷмӯи ба тартиб даровардашудаи маълумоти шахсӣ;

- дорандаи махзани маълумот (минбаъд - доранда) - мақоми давлатӣ, шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи соҳибӣ, истифода, идора ва ҳифз кардани махзани маълумот мебошанд;

- оператори махзани маълумот (минбаъд - оператор) - мақоми давлатӣ, шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома бо доранда коркард ва ҳифзи маълумоти шахсиро амалӣ менамоянд;

- ҳифзи маълумоти шахсӣ - маҷмӯи тадбирҳое, ки бо мақсади пешгирӣ намудани дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ амалӣ карда мешаванд;

- коркарди маълумоти шахсӣ - амалҳое, ки ба сабт, мураттабсозӣ, нигоҳдорӣ, тағйирдиҳӣ, такмил, гирифтан, истифода, паҳнкунӣ, бехусусияткунонӣ, бастан ва нобудсозии маълумоти шахсӣ равона гардидаанд;

- истифодаи маълумоти шахсӣ - амалҳо бо маълумоти шахсӣ, ки барои амалишавии фаъолияти доранда, оператор ва шахси сеюм равона гардидаанд;

- нигоҳдории маълумоти шахсӣ - амалҳо оид ба таъмини нигоҳдорӣ, махфият ва дастрасии маълумоти шахсӣ;

- паҳн кардани маълумоти шахсӣ - амалҳое, ки ба додани маълумоти шахсӣ ба доираи номуайяни шахсон равона гардидаанд;

- субъекти маълумоти шахсӣ (минбаъд - субъект) - шахси воқеие, ки ба ӯ маълумоти шахсии дахлдор тааллуқ дорад;

- шахси сеюм - шахсе, ки субъект, доранда ва ё оператор набуда, бо онҳо ё муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба маълумоти шахсӣ алоқаманд аст;

- ҳомили моддӣ - объектҳои моддӣ (аз ҷумла майдонҳои физикӣ), ки дар онҳо маълумоти шахсӣ инъикоси худро дар намуди рамзҳо, шаклҳо ва садоҳо меёбад;

- амалҳои (амалиёти) доранда бо маълумоти шахсӣ - ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, дақиқкунӣ, интиқол, боздоштан, бехусусияткунонӣ ва нобуд кардани маълумоти шахсӣ;

- низоми махфияти маълумоти шахсӣ - қоидаҳои муқарраршудае, ки маҳдудияти дастрасӣ, интиқол ва шартҳои нигаҳдории маълумоти шахсиро муайян менамоянд;

- интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ - интиқоли маълумоти шахсӣ ба ҳудуди давлатҳои хориҷӣ.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсиро танзим менамояд.

  2. Қонуни мазкур амалҳои зеринро фаро намегирад:

- коркард ва ҳифзи маълумоти шахсӣ аз тарафи субъектҳо танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва оилавӣ, агар он боиси поймол гардидани ҳуқуқи шахсони дигари воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ нагардад;

- ташаккул, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти шахсии Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои дигари бойгонӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- коркард ва ҳифзи маълумоти шахсӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ мансуб аст.

Моддаи 4. Принсипҳои ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсӣ

Ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- қонуният;

- адолатнокӣ;

- ошкорбаёнӣ ва шаффофият;

- махфияти маълумоти шахсии дорои дастрасии маҳдуд;

- баробарии ҳуқуқи субъектҳо, дорандаҳо ва операторон;

- таъмини амнияти шахсият, ҷомеа ва давлат.

БОБИ 2. КАФОЛАТ ВА ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ

Моддаи 5. Кафолати давлатии ҳифзи маълумоти шахсӣ

  1. Ҳифзи маълумоти шахсӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.

  2. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ ҳангоми мавҷуд будани сертификати мутобиқати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва амнияти иттилоотӣ амалӣ карда мешаванд.

  3. Барои таъмини бехатарии маълумоти шахсӣ бояд оид ба ҳифзи онҳо аз тасодуфан ё беиҷозат ихроҷ шудан, нусхабардорӣ, дуздӣ, гум кардан, тағйир додан (сохтакорӣ) ва ифшо ё нобуд кардан чораҳо андешида шаванд.

Моддаи 6. Ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ

Ба ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ дохил мешаванд:

- тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва тасдиқи низомномаи он;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- сиёсати давлатиро оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ амалӣ менамояд;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- номгӯи маълумоти шахсиро, ки барои амалисозии фаъолияти доранда, оператор ва шахси сеюм зарур ва кофӣ мебошанд, тасдиқ менамояд;

- тартиби аз ҷониби доранда, оператор ва шахси сеюм амалӣ намудани чораҳои ҳифзи маълумоти шахсиро тасдиқ менамояд.

- муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ баррасӣ менамояд;

- рӯйхати шахсони масъули ба риоя кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ уҳдадорро муайян ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо чораҷӯӣ менамояд;

- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

БОБИ 3. ҶАМЪОВАРӢ, КОРКАРД ВА НИГОҲДОРИИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ

Моддаи 8. Шартҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ

  1. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бо розигии субъект ё намояндаи қонунии он аз тарафи доранда ва (ё) оператор, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 9 Қонуни мазкур, амалӣ карда мешаванд.

  2. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бояд бо расидан ба мақсадҳои мушаххас, қаблан муайяншуда ва қонунӣ маҳдуд карда шаванд. Ба коркарди маълумоти шахсии бо мақсадҳои ҷамъоварии он номувофиқ иҷозат дода намешавад.

  3. Мундариҷа ва ҳаҷми маълумоти шахсии ҷамъоварӣ ва коркардшаванда бояд ба мақсадҳои арзгардидаи ҷамъоварӣ ва коркард мувофиқат намоянд.

  4. Ҳангоми ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бояд саҳеҳии маълумоти шахсӣ, кифоягии он ва дар ҳолатҳои зарурӣ аҳамият нисбат ба мақсадҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ таъмин карда шаванд. Оператор бояд оид ба аниқ намудани маълумоти нопурра ё носаҳеҳ чораҳои зарурӣ андешад.

  5. Субъекти маълумот бояд дар бораи маълумоти нисбати ӯ ҷамъоваришаванда хабардор карда шуда, ба ӯ дастрасӣ ба маълумоти ба худаш тааллуқдошта таъмин карда мешавад, инчунин ӯ ҳуқуқ дорад ислоҳи маълумоти носаҳеҳ ё ба иштибоҳоварандаро талаб намояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.

  6. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии субъекти фавтида, аз ҷониби суд бедарак ғоибшуда эътирофгардида ё фавтида эълонгардида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 9. Дастрасии маълумоти шахсӣ

  1. Маълумоти шахсӣ ба дастрасии умум ва дастрасии маҳдуд тақсим мешавад.

  2. Дастрасии маълумоти шахсии дастрасии умум бо розигии субъект озод мебошад ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи низоми махфият нисбат ба он татбиқ намегардад.

  3. Бо мақсади таъминоти иттилоотии аҳолӣ манбаъҳои маълумоти шахсии дастрасиашон озод (аз ҷумла маълумотномаҳои тарҷумаиҳолӣ, китобҳои телефонӣ, суроғавӣ, захираҳои иттилоотии электронии дастраси умум, воситаҳои ахбори омма) истифода мешаванд.

  4. Дастрасии маълумоти шахсии дастрасии маҳдуд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд мебошад.

Моддаи 10. Дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ

  1. Дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ бо шартҳои розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ, ки ба доранда, оператор ва шахси сеюм барои ҷамъоварӣ ва коркарди онҳо дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 9 Қонуни мазкур, муайян карда мешавад.

  2. Муроҷиати (дархости) субъект ё намояндаи қонунии ӯ дар хусуси дастрасӣ ба маълумоти шахсии худ ба доранда, оператор ва шахси сеюм дар шакли муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

  3. Муносибат байни доранда, оператор ва шахси сеюм дар хусуси дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот" танзим карда мешавад.

Моддаи 11. Тартиби додани розигии субъект ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ (бозхонди он)

  1. Субъект ё намояндаи қонунии ӯ ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон розигӣ медиҳад (онро бозхонд мекунад).

  2. Субъект ё намояндаи қонунии ӯ розигиро ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 9 Қонуни мазкур бозхонда наметавонад.

Моддаи 12. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бе розигии субъект

Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бе розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- аз ҷониби мақомоти давлатӣ иҷро намудани вазифаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

- ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд.

Моддаи 13. Махфияти маълумоти шахсӣ

  1. Доранда, оператор ва шахси сеюм, ки ба маълумоти шахсии дорои дастрасии маҳдуд дастрасӣ пайдо намудаанд, махфияти онро бо роҳи риояи талаботи роҳ надодан ба паҳн гардидани он бе розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ таъмин менамоянд.

  2. Шахсоне, ки ба онҳо маълумоти шахсии дорои дастрасии маҳдуд дар робита бо эҳтиёҷоти касбӣ, хизматӣ, инчунин муносибатҳои меҳнатӣ маълум гардидааст, уҳдадоранд махфияти онро таъмин намоянд.

  3. Махфияти маълумоти биометрии шахсӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 14. Захиракунӣ ва нигоҳдории маълумоти шахсӣ

  1. Захиракунии маълумоти шахсӣ бо роҳи ҷамъоварии маълумоти шахсӣ, ки барои амалишавии фаъолияти доранда, оператор ва шахси сеюм зарур ва кифоя мебошад, сурат мегирад.

  2. Нигоҳдории маълумоти шахсӣ аз ҷониби доранда, оператор ва шахси сеюм, ки махзани он танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ мувофиқа шудаанд, амалӣ мегардад.

  3. Муҳлати нигоҳдории маълумоти шахсӣ бо санаи расидан ба ҳадафҳои коркарди онҳо муайян мегардад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.

Моддаи 15. Тағйир додан ва пурра кардани маълумоти шахсӣ

Тағйир додан ва пурра кардани маълумоти шахсӣ аз ҷониби доранда, оператор ва шахси сеюм дар асоси муроҷиати (дархости) субъект ё намояндаи қонунии ӯ ё дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 16. Паҳн кардани маълумоти шахсӣ

  1. Ба паҳн кардани маълумоти шахсӣ иҷозат дода мешавад, агар ҳуқуқ ва озодиҳои субъект поймол карда нашаванд, инчунин ба манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар зарар нарасад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  2. Паҳн кардани маълумоти шахсӣ дар ҳолатҳое, ки аз доираи қаблан эълоншудаи мақсадҳои ҷамъоварӣ ва коркарди он мебароянд, бо розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 17. Маълумоти биометрии шахсӣ

  1. Маълумоте, ки хусусиятҳои физиологӣ ва биологии инсонро инъикос намуда, дар асоси он мумкин аст шахсияти ӯ (маълумоти биометрии шахсӣ) муайян карда шавад ва инчунин он аз ҷониби оператор барои муайян намудани шахсияти субъекти маълумоти шахсӣ истифода мегардад, метавонад танҳо дар сурати мавҷуд будани розигии хаттии субъекти маълумоти шахсӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур, коркард шавад.

  2. Коркарди маълумоти биометрии шахсӣ метавонад бе розигии субъекти маълумоти шахсӣ бинобар амалӣ намудани таъқиби ҷиноятӣ ва адолати судӣ, иҷрои санадҳои судӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа, амният, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, муқовимат ба терроризм, экстремизм, коррупсия ва қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизмати давлатӣ анҷом дода шавад.

Моддаи 18. Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ

  1. Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ ба ҳудуди давлатҳои хориҷие, ки ҳифзи якхелаи ҳуқуқҳои субъектҳои маълумоти шахсиро таъмин менамоянд, мутобиқи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад. Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ бо мақсади ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маънавиёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, таъмини мудофиаи мамлакат ва амнияти давлат метавонад манъ ё маҳдуд карда шавад.

  2. Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ ба ҳудуди давлатҳои хориҷие, ки ҳифзи маълумоти шахсиро таъмин намекунанд, дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад: - мавҷуд будани розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ ба интиқоли фаромарзии маълумоти шахсии ӯ;

- ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;

- ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ин бо мақсади ҳифзи сохтори конститутсионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, саломатӣ ва маънавиёти аҳолӣ, таъмини мудофиаи мамлакат ва амнияти давлат зарур бошад;

- ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, агар гирифтани розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ имконнопазир бошад.

Моддаи 19. Бехусусияткунонии маълумоти шахсӣ

Ҳангоми коркарди маълумоти шахсӣ барои анҷом додани тадқиқоти оморӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ доранда, оператор ва шахси сеюм уҳдадоранд онҳоро бехусусият намоянд.

Моддаи 20. Нобуд кардани маълумоти шахсӣ

Маълумоти шахсӣ аз ҷониби доранда, оператор ва шахси сеюм дар ҳолатҳои зерин бояд нобуд карда шавад:

- бо гузаштани муҳлати нигоҳдорӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 14 Қонуни мазкур;

- ҳангоми қатъ гардидани муносибатҳои ҳуқуқӣ байни субъект ва доранда, оператор ё шахси сеюм;

- ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд.

Моддаи 21. Хабардоркунӣ дар бораи интиқоли маълумоти шахсӣ

  1. Доранда ё операторе, ки маълумоти шахсиро ба шахсони сеюм интиқол додааст, ҳамчунин шахси сеюме, ки маълумоти шахсиро аз субъекти ин маълумот нагирифтааст, уҳдадоранд дар муҳлати на бештар аз се рӯзи корӣ ба субъект хабарномаи дорои маълумоти дар қисми 2 моддаи мазкур нишондодашударо ирсол намоянд.

  2. Дар хабарнома маълумоти зерин дарҷ мегарданд:

- насаб ва номи шахси воқеӣ, номи шахси ҳуқуқӣ, суроғаи шахси сеюме, ки маълумоти шахсиро гирифтааст;

- мақсади коркарди маълумоти шахсӣ тибқи моддаи 5 Қонуни мазкур;

- манбаи гирифтани маълумоти шахсӣ.

  1. Доранда, оператор ва шахси сеюм дар ҳолатҳои зерин аз уҳдадории дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда озод карда мешаванд:

- агар субъект барои интиқоли маълумоти шахсӣ розигии худро дода бошад;

- ҳангоми аз ҷониби мақомоти давлатӣ иҷро намудани вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дастраси умум гардондани маълумоти шахсӣ аз ҷониби субъект ё бо хоҳиши ӯ;

- агар ба субъект пешниҳод намудани маълумоте, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигарро поймол кунад.

  1. Коркарди маълумоти шахсии интиқолшуда барои мақсадҳои тадқиқоти оморӣ ё илмию тадқиқотии дигар амалӣ карда мешавад, агар ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъекти маълумоти шахсӣ поймол карда нашаванд.

БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТ

Моддаи 22. Ҳуқуқи дастрасии маълумоти шахсӣ ба субъект

  1. Субъект барои гирифтани маълумоти дар қисми 4 моддаи мазкур зикргардида, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 5 моддаи мазкур пешбинишуда, ҳуқуқ дорад. Субъект ҳуқуқ дорад аз доранда, оператор ва шахси сеюм аниқ, бастан ё нобуд кардани маълумоти шахсии худро талаб кунад, агар чунин маълумоти нопурра, куҳнашуда, носаҳеҳ, ғайриқонунӣ гирифташуда ё барои мақсади арзгардидаи коркард зарур набошад, инчунин оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои худ чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро андешад.

  2. Маълумоте, ки дар қисми 4 моддаи мазкур нишон дода шудааст, ба субъект ё намояндаи қонунии ӯ аз тарафи доранда, оператор ва шахси сеюм ҳангоми муроҷиат ё қабули дархости субъект ё намояндаи қонунии ӯ пешниҳод карда мешавад.

  3. Маълумоте, ки дар қисми 4 моддаи мазкур нишон дода шудааст, бояд аз тарафи доранда, оператор ва шахси сеюм дар шакли дастрас ба субъект пешниҳод карда шавад ва дар он бояд маълумоти шахсии ба субъектҳои дигар тааллуқдошта мавҷуд набошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки барои ошкор кардани чунин маълумоти шахсӣ асосҳои қонунӣ мавҷуд бошанд.

  4. Субъект ба гирифтани иттилооти марбут ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии худ ҳуқуқ дорад, ки он аз ҷумла маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- тасдиқи воқеияти ҷамъоварӣ ва коркард;

- асосҳои ҳуқуқӣ ва мақсадҳои ҷамъоварӣ ва коркард;

- мақсад ва усулҳои истифодашавандаи ҷамъоварӣ ва коркард;

- ном ва макони ҷойгиршавии доранда, оператор ва шахси сеюм, маълумот дар бораи шахсоне (ба истиснои кормандони доранда, оператор ва шахси сеюм), ки ба маълумоти шахсӣ дастрасӣ доранд ё ба онҳо маълумоти шахсӣ метавонанд ошкор шаванд;

- муҳлати ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ, аз ҷумла муҳлати нигоҳдории онҳо;

- тартиби аз ҷониби субъект амалӣ шудани ҳуқуқҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд;

- иттилоъ дар бораи интиқоли фаромарзии иҷрошуда ё пешбинигардидаи маълумот.

  1. Ҳуқуқи субъект ба дастрасии маълумоти шахсии ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад маҳдуд гардад.

Моддаи 23. Уҳдадории субъект

Субъект уҳдадор аст маълумоти шахсии худро дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

БОБИ 5. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ ДОРАНДА, ОПЕРАТОР ВА ШАХСИ СЕЮМ

Моддаи 24. Ҳуқуқҳои доранда, оператор ва шахси сеюм Доранда, оператор ва шахси сеюм ҳуқуқ доранд:

- ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсиро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд;

- барои ҳифзи маълумоти шахсӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ, аз ҷумла ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва техникӣ андешанд.

Моддаи 25. Уҳдадориҳои доранда, оператор ва шахси сеюм

  1. Доранда, оператор ва шахси сеюм уҳдадоранд:

- номгӯи маълумоти шахсии барои иҷрои вазифаҳои онҳо зарур ва кофиро тасдиқ намоянд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад;

- дар сурати муваффақ шудан ба мақсади ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ, инчунин ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нобуд кардани маълумоти шахсӣ чораҷӯӣ намоянд;

- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон далели тасдиқкунандаи гирифтани розигии субъектро барои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии ӯ пешниҳод намоянд;

- ба субъект ё намояндаи қонунии ӯ маълумоти ба ӯ тааллуқдоштаро дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи қабули муроҷиат пешниҳод намоянд.

  1. Доранда, оператор ва шахси сеюм уҳдадоранд оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ чораҳои зарурӣ андешанд ва онҳо бояд ҳалли масъалаҳои зеринро таъмин намоянд:

- пешгирии дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ;

- сари вақт ошкор намудани далелҳои дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ;

- то ҳадди камтарин расондани оқибатҳои номатлуби дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ.

  1. Уҳдадориҳои доранда, оператор ва шахси сеюм оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ аз лаҳзаи ҷамъоварии маълумоти шахсӣ ба вуҷуд меоянд ва то лаҳзаи нобуд кардан ё бехусусияткунонии онҳо эътибор доранд.

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе,

3 августи соли 2018,

№ 1537

Pages