ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1724 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2021 Маҷлиси Олии ҶТ 20.11.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1717 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ САЙЁҲӢ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1714 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Нигористон

-A A +A

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2020

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 08/02/2021 - 17:57
8 феврали соли 2021 нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2020 баргузор гардид, ки дар кори он сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Шуҳрат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот, телевизион ва радио иштирок намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ ДАРСОЛИ 2020

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Сшб, 02/02/2021 - 10:57
НИШАСТИ МАТБУОТӢ
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 феврали соли 2021 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар соли 2020 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
Вақти баргузорӣ:соати 14:00
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Сшб, 26/01/2021 - 15:37
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ИШКОШИМИ ВМКБ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Пшб, 21/01/2021 - 14:17
Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2020, №АП-1376 роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим мебошанд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҶАЛАСА ДОИР БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИНАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 11/01/2021 - 13:43
8 январи соли 2021 ҷаласа доир ба ҷамъбасти фаъолияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ғанизода Шуҳрат, роҳбарият ва кормандони Марказ баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МАҶЛИСИ УМУМИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ҚОНУНГУЗОРӢ»

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 11/01/2021 - 12:21
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МАҶМАИ УМУМИИ СММ ҚАТЪНОМАИ ОБИ ТОҶИКИСТОНРО ҚАБУЛ КАРД

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Пшб, 24/12/2020 - 15:41
ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 
  21 декабри соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 75-уми худ лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони «Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028», ки аз сӯи Тоҷикистон ва Нидерланд бо ҳаммуаллифии аксарияти мутлақи кишварҳои узви СММ — 190 давлат пешниҳод шуда буд, қабул намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ”

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Пшб, 24/12/2020 - 11:06
  22 декабри соли 2020 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди қонунгузории хизмати дипломатӣ” баргузор гардид.
  Муовини Директори Марказ – Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон дар оғози чорабинӣ оид ба рушд ва баъзе масоили қонунгузорӣ дар самти хизмати дипломатӣ изҳори андеша намуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

РОҒУН — АРСАИ НОМУСУ НАНГ. Китоби собиқадори матбуот, корманди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самандари Искандар ба нашр расид, ки ба корномаи сохтмони бузурги аср бахшида шудааст

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Сшб, 22/12/2020 - 16:00

ДУШАНБЕ, 17.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД (БАТР)

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Чшб, 16/12/2020 - 10:50
   11 декабри соли 2020, соати 14:00 мулоқоти Директори Маркази миллии қонунгузорӣ бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар мавзӯи “Таҳлили таъсири танзимкунӣ бо дарназардошти омилҳои гендерӣ” тариқи онлайн баргузор гардид.
   Дар вохӯрӣ – баррасии минбаъдаи Ёддошти тафоҳум байни Марказ ва БАТР, таъсиси гурӯҳи корӣ ва нақшаи амал барои соли 2021 доир ба масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИШТИРОК ДАР МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Ҷум, 11/12/2020 - 15:00
  10 декабри соли 2020 бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон мизи мудаввар ҷиҳати ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо, прокуратура, судӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАРИ ДОХИЛИИДОРАВӢ ДАР МАВЗӮИ «НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН»

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Чшб, 09/12/2020 - 17:20
  9 декабри соли 2020 дар толори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон мизи мудаввари дохилиидоравӣ дар  мавзӯи  «Нақши  Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ҳуқуқу  озодиҳои  инсон» баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва кормандони Марказ, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “ПАДИДАИ ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНӢ: РУШД ВА МУШКИЛИҲО”

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Чшб, 09/12/2020 - 15:01
  18 ноябри соли 2020 дар Маркази миллии қонунгузорӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ: рушд ва мушкилиҳо”, баргузор гардид, ки дар он як зумра олимон, мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
  Мизи мудавварро Директори Марказ, Саидзода Иззатулло Ҳабибулло оғоз ва ҳозиринро хайрамақдам намуд.
  Номбурда доир ба татбиқи падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ҷумҳурӣ маърӯза кард.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАРИ ДОХИЛИИДОРАВӢ ДАР МАВЗӮИ “АМАЛИШАВИИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН БА МУРОҶИАТ”

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Чшб, 09/12/2020 - 09:03
    30 ноябри соли 2020 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари дохилиидоравӣ дар мавзӯи “Амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат” бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ баргузор гардид.
Кори мизи мудавварро Директори Маркази миллии қонунгузорӣ Саидзода Иззатулло Ҳабибулло оғоз намуда, оид ба рушд ва мушкилиҳои қонунгузорӣ дар самти муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ изҳори ақида намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Ҷум, 27/11/2020 - 15:59
(Бахшида ба «11-солагии таъсисёбии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»)
 
    25 ноябри соли 2020 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи « Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ » баргузор гардид, ки дар он як зумра олимон, мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад
Обуна ба Нигористон