ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1803 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АВФ" Маҷлиси Олии ҶТ 07.09.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1802 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН Маҷлиси Олии ҶТ 02.07.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1794 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД ВА ФАЪОЛИЯТИ РОҲДОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Нигористон

-A A +A

ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 18/10/2021 - 10:58
    15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
      Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври маҷозӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

БОЗДИДИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Сшб, 12/10/2021 - 17:02
    Дар заминаи баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонони Маркази миллии қонунгузорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» 8 октябри соли 2021 боздиди кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифт.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «НАҚШИ ҶАВОНОНИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ: ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО»

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Ҷум, 08/10/2021 - 15:46
    8 октябри соли 2021 бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонони Маркази миллии қонунгузорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ, муовини директори иҷроияи Донишгоҳи давлатии Мас
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ “ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ: РУШД ВА МУШКИЛИҲО”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Сшб, 05/10/2021 - 16:58

  5 октябри соли 2021 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ: рушд ва мушкилиҳо” баргузор гардид.

  Кори конференсияро муовини якуми Директори Маркази миллии қонунгузорӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ оғоз намуда, оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ ва рушду мушкилиҳои он изҳори андеша намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Ҷум, 24/09/2021 - 14:19
Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Пеш аз ҳама, мехоҳам Раиси иҷлоси навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Абдулло Шоҳидро ба муносибати интихоб шуданашон ба ин маснад табрику таҳният намоям.
Ҳамкорони гиромӣ,
9 сентябри соли ҷорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон рӯйдоди басо таърихӣ ва хотирмон – 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро таҷлил намуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ТАҚОЗОИ ЗАМОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Сшб, 21/09/2021 - 14:43

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ТАҚОЗОИ ЗАМОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Таъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ” БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 20/09/2021 - 09:52
   17 сентябри соли 2021 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
   Кори конференсияро муовини якуми Директори Маркази миллии қонунгузорӣ Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ оғоз намуда, оид ба дастовардҳои қонунгузорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ изҳори андеша намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 – солагии истиқлоли давлатӣ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Ҷум, 10/09/2021 - 16:07

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Нӯҳуми сентябр барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад.

Халқи азизи Тоҷикистон сиюмин солгарди истиқлолу озодии кишвари маҳбуби худро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил менамояд.

Зеро истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИШТИРОК ДАР РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТАИ ҶАШНӢ БА ИФТИХОРИ СОЛГАРДИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Ҷум, 10/09/2021 - 15:10
   9 сентябри соли 2021 дар майдони марказии пойтахт роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ПАРАДИ ҲАРБӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ИШКОШИМ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 08/09/2021 - 17:16
      Дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ 7 сентябри соли равон бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор гардид. Дар гузашти низомии паради ҳарбӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

БАХШИДА БА ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Сшб, 07/09/2021 - 12:01
      Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим маҷлиси тантавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷуҳмурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло иштирок намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 23/08/2021 - 16:35
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3.8 (9 овоз)

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 22/07/2021 - 17:04
ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2021

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 19/07/2021 - 00:00
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 12/07/2021 - 15:08
     9 июли соли 2021 Директори Маркази миллии қонунгузорӣ дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли 2021 иштирок намуд.
     Дар кори ҷаласа лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №172”, ки дар Маркази миллии қонунгузорӣ аз экспертизаи таҳлили таъсири танзимкунӣ мегузарад, бо иштироки субъектҳои манфиатдор баррасӣ гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад
Обуна ба Нигористон