ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1717 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ САЙЁҲӢ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1714 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1694 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ Маҷлиси Олии ҶТ 04.07.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Нигористон

-A A +A

ҶАМЪОМАД БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 23/11/2020 - 17:03
    23 ноябри соли 2020 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ баргузор гардид.
    Сараввал ҷамъомадро муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузорӣ Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ оғоз намуда, аз номи роҳбарият тамоми кормандонро бо муносибати ин ҷашни умумимиллӣ табрик намуда, таманниётҳои неки худро иброз доштанд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «ИНКИШОФИ ҚОНУНГУЗОРИИ МАНЗИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН»

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Чшб, 18/11/2020 - 15:22
    13 ноябри соли 2020 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Инкишофи қонунгузории манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ баргузор гардид.
    Кори мизи мудавварро Директори Маркази миллии қонунгузорӣ - Саидзода Иззатулло Ҳабибулло оғоз намуда, иброз доштанд, ки натиҷаҳои корҳои илмӣ дар мизҳои мудаввар ва конференсияҳо мавриди баррасию муҳокима қарор дода мешаванд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН”

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Чшб, 04/11/2020 - 16:56
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МАРКАЗ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Ҷум, 14/08/2020 - 16:34
    13 августи соли 2020 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал омад.
    Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи соли 2020, №АП-1406 Баҳриддинзода Субҳиддин Эсо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 10/08/2020 - 17:20
МУРОҶИАТНОМАИ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба мардуми кишвар

 Ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Чшб, 05/08/2020 - 11:02
farmoni maosh
 
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи
вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту
муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

ЛОИҲАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ” ТАҲИЯ МЕГАРДАД

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Чшб, 29/07/2020 - 14:38

28 июли соли 2020 зимни баргузории ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории байниидоравии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдои электронӣ” мавриди баррасӣ ва коркард қарор дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни мазкур бо дарназардошти тақозои рушди ҷомеа барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти савдои электронӣ равона гардида, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, бахусус соҳибкорон дар меҳвари он қарор дорад ва ин қонун дар сурати қабул шудан, фаъолияти озоди савдои электрониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода, имкониятҳои ҳуқуқии навро дар ин замина ба вуҷуд меорад.

Омодасозии варианти якуми лоиҳаи Қонун рӯзҳои наздик пурра ба охир расида, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда мешавад.

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад
Обуна ба Нигористон