ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

НАШРҲОИ МО ДАР СОЛИ 2020

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 27/09/2021 - 11:43

 

РАВАНДИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: РУШД ВА МУШКИЛИҲО

(маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, шаҳри Душанбе, 31 марти соли 2020).//Зери назари номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидзода И.Ҳ.- Душанбе, 2020.-164 саҳ.

Китоб мақолаҳои илмии олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносиро дар бар гирифтааст, ки ба масъалаҳои рушд ва мушкилиҳои раванди қонунгузори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд.

Маводҳои китоб барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, олимон, донишҷӯён ва умуман доираи васеи хонандагон тавсия мегардад.

 ИСТИЛОҲОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ ГАРАЖДАНӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ОИЛАВӢ ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Зери таҳрири Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидзода Иззатулло Ҳабибулло. – Душанбе, 2020. – 186 с.

Китоби мазкур беш аз 871 истилоҳоти ҳуқуқии соҳаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода намуда, таърифи мафҳумҳои дар ин соҳа истифодашавандаро бо ду забон инъикос намудааст. Китоби мазкур ҷиҳати истифодаи дурусти истилоҳоти қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ ба кормандони вазорату идораҳо, олмони соҳаи ҳуқуқ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ тавсия мегардад.

ТАВСИЯҲО ОИД БА ТАКМИЛИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХУСУСИГАРДОНИ ФОНДИ МАНЗИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Зери таҳрири Саидзода Иззатулло  Ҳабибулло, директори Макази милии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент. – Душанбе: Меҳроҷ-граф, 2020. – 52 с. Муаллифон:Соҳибзода М.М., Бобохонов Ҳ.З., Қурбонализода Ф.

Тавсияҳо оид ба такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардони фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар натиҷаи таҳлили қонунгузории хусусигардонии фонди манзил, адабиёти илмӣ ва омӯзиши таҷрибаи қонунгузории мамлакатҳои хориҷӣ ва шароити воқеии талаботи муносибатҳои ҷамъиятии хусусигардонии фонди фонди манзил дар кишвар таҳия гардидааст.

Маводи мазкур барои истифодаи кормандони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, инчунин олимони соҳаи ҳуқуқвадонишҷӯёнифакултетҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад. 

ТАФСИРИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХУСУСИГАРДОНИ ФОНДИ МАНЗИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»: НАШРИ АВВАЛ

Зери таҳрири Саидзода Иззатулло  Ҳабибулло, директори Макази милии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент. – Душанбе: Меҳроҷ-граф, 2020. – 103 с.

Муаллифон:Соҳибов М.М., Бобохонов Ҳ.З., Қурбонализода Ф., Бобоев Ф.А., Фарангиси С.Ҳ., Насриддинов И.С.

Тафсир дар асоси таҳлили меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон бо дарназардошти муқаррароти назарияи ҳуқуқи манзил, ҳуқуқи гражданӣ, таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ ва таҳлили муқоисаи қонунгузории мамлакатҳои хориҷи омода карда шудааст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқ ба ҳолати то 15 июни соли 2020 истифода гардидаанд.

Тафсири мазкур барои ҳуқуқшиносон, кормандони амалия, кормандони мақомотҳои давлатӣ, донишҷӯён, аспирантҳо, кормандони илм ва ҳамаи шахсоне, ки ба омӯзиши қонунгузории хусусигардонии фонди манзил, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардони фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон » мароқ доранд, тавсия карда мешавад. 

МАҶМӮИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ИТТИЛООТ, МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

Зери роҳбарии директори Маркази милили қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Саидзода Иззатулло Ҳабибулло // - Душанбе: «Меҳроҷ Граф», 2020 – 282 саҳифа.

Мураттибон: Саидзода И.Ҳ., М.Ҳамидзод Шамсиддинзода И.Б., Ёров А.А., Салимзода Т.Ю., Тоирзода М.Т.

Дар китоби мазкур маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтибос аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳое, ки дар соҳаи иттилоот, матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самтҳои болозикр танзим менамоянд, бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва бо дарназардошти тағйиру иловаҳо ба ҳолати 16 июни соли 2020 ҷамъоварӣ карда шудаанд.

Китоби мазкур барои кормандони мақомоти давлатӣ ва идоракунии дахлдор, дигар ташкилоту муассисаҳо, ҳуқуқшиносон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва доираи васеи хонандагон тавсия мегардад.

ИСТИЛОҲОТИ ҲУҚУҚИИ СОҲАИ ИТТИЛООТ, МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Зери роҳбарии директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Саидзода Иззатулло Ҳабибулло // Душанбе, 2020. 48 саҳифа.

Мураттибон: Саидзода Иззатулло Ҳабибулло – директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон – муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, Исмоилова Мадина – сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ, Манучеҳр Ҳамидзод – муовини сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ, Шамсиддинзода Искандар – сармутахассиси шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ, Ёров Абдулваҳоб – мутахассиси пешбари шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ Фарангиси Сайфулло – мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ, Салимзода Тахмина – мутахассиси шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ. Муҳаррир: Самандари Искандар.

Дар китоби мазкур истилоҳоти ҳуқуқии соҳаи иттилоот, матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, ки дар қонунгузории соҳа пешбинӣ гардидаанд, ҷамъоварӣ ва мураттаб карда шудаанд. Китоби мазкур барои кормандони мақомоти давлатӣ ва идоракунии дахлдор, дигар ташкилоту муассисаҳо, ҳуқуқшиносон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва доираи васеи хонандагон тавсия мегардад.

  ТАФСИРИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҲОИ ЗАМИН»

Зери таҳрири Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Саидзода И.Ҳ. / Муаллифон: Соҳибов М.М. – сармутахассиси шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ; Қудбуддинов Ф.Ш. - сардори шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қурбонализода Ф. – муовинисардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Одинаев Ш.Х. – ёрдамчии Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кулобиев Ё.А. – мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Раҳмонов Ҷ.Т. - мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Идрисов Я.А. – асистенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факультети ҳуқуқшиносии ДМТ; Шерзода Б.С. – ҳуқуқшинос. / Душанбе: Меҳроҷ-граф, - 2020. – 138 саҳ.

Тафсир дар асоси таҳлили меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон, бо дарназардошти муқаррароти назарияи ҳуқуқи замин, таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ ва таҳлили муқоисаи қонунгузории мамлакатҳои хориҷӣ омода карда шудааст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳолати то 18 июни соли 2020 истифода гардиданд.

Тафсири мазкур барои ҳуқуқшиносон, иқтисодшиносон, кормандони амалия, шахсони ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти андоз, донишҷуён, аспирантҳо, кормандони илм ва ҳамаи шахсоне, ки ба омӯзиши қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин» мароқ доранд, тавсия карда мешавад.

    ТАВСИЯҲО ОИД БА ТАКМИЛИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҲОИ ЗАМИН»

Зери таҳрири Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Саидзода И.Ҳ. / Муаллифон: Соҳибов М.М. – сармутахассиси шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ; Қудбуддинов Ф.Ш. - сардори шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қурбонализода Ф. – муовинисардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Одинаев Ш.Х. – ёрдамчии Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. / Муҳаррир: Искандаров С. - Душанбе: Меҳроҷ-граф, - 2020. – 81 саҳ.

  Тавсияҳо оид ба такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин» дар натиҷаи таҳлили қонунгузории миллӣ, махсусан таҳлили қонунгузории замин, адабиёти илмӣ ва омӯзиши амиқи таҷрибаи қонунгузории мамлакатҳои хори ҷӣ дар асоси ба инобат гирифтани тала боти объективии муносибатҳои ҷамъиятӣ, шароити воқеӣ, хусусиятҳои муносибат ба замин дар кишвар пешниҳод карда шудаанд.

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ БАҲОИ ЗАМИН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ДАСТОВАРД, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО (Маводҳои конференсияи илмӣ-назариявӣ, ш. Душанбе, 30 сентябри соли 2020)

Зери таҳрири Саидзода Иззатулло Ҳабибулло, Директори Маркази милили қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент. / Муҳаррир: Самандари И., Тоҳиров С. – Душанбе: Меҳроҷ-граф, 2020. – 132с. 

Дар маҷмӯаи мазкур мақолаҳои илмии олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва заминсозӣ ҷамъ оварда шудааст. Дар маҷмӯаи мазкур масъалаҳои проблемаҳои танзими ҳуқуқии намудҳо ва усулҳои баҳои замин, баъзе аз масъалаҳо оид ба муайян намудани мафҳум ва мазуни ҳуқуқии истифодаи оқилона ва самараноки замин, мақсад ва принсипҳои баҳои замин, проблемаҳои назариявӣ ва амалии назорати прокурорӣ оид ба иҷроиши қонунгузории баҳои замин ва дигар масъалаҳо оид ба қонунгузории баҳои замин баррасӣ шуда, оид ба рафъи камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта таклифу пешниҳодҳо манзур шуданд.

Маводи мазкур барои ҳуқуқшиносон, иқтисодшиносон, кормандони амалия, шахсони ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти андоз, донишҷуён, аспирантҳо, кормандони илм ва ҳамаи шахсоне, ки ба омӯзиши қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин» мароқ доранд, тавсия карда мешавад.

 

ТАФСИРИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ»

Зери назари Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло // Душанбе: МДМТ, 2020. – 275 саҳ.

Муаллиф: Бобокалонов Ғ.М., Муқарризон: Маҳмадшозода Ф. А. - муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Сангинов Д. Ш. - мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Муҳаррир: Самандари Искандар

Дар китоби мазкур меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» модда ба модда шарҳу тафсир шуда, дар алоқамандӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои зерқонуние, ки бо қонуни мазкур алоқамандӣ доранд, омода гардидааст.

Тафсири мазкур барои доираи васеи олимон, эҷодкорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони мақомоти соҳавӣ, ҳуқуқшиносон, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба масъалаҳои  мусоидат ба шуғли аҳолӣ таваҷҷӯҳ доранд, тавсия  мешавад.

ИСТИЛОҲОТИ СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ, ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ, МАОРИФ ВА ИЛМ, ТАНДУРУСТӢ, ФАРҲАНГ, ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маълумот дар бораи мураттибон: Саидзода И.Ҳ. – директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент; Маҳмадшозода Ф. А. – муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ; Бобокалонов Ғ. М. – сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқ, дотсент; Алямова М. С. – сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Асозода Ф. Х. – мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Саймудинзода М. Б. – мутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муҳаррир: Самандари Искандар. Душанбе, «Меҳроҷ Граф», 2020. – 404 саҳ.

Китоби мазкур ба доираи васеи олимон, кормандони вазорату идораҳо оид ба истифодаи қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират, таъминоти иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, инчунин доираи васеи хонандагон баҳри омӯзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи он барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тавсия мешавад.

ҚОИДАҲОИ ТАРТИБОТИ МЕҲНАТ: МУНОСИБАТҲОИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ВА ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ.

Муаллиф: Бобокалонов Ғ.М. – Душанбе: 2020. - 58саҳ. Муҳаррир: Самандари Искандар

Дар дастури мазкур танҳо як институт қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнат, ки муносибатҳои ҳавасмандгардонӣ ва муносибатҳои интизоми меҳнатро ифода менамоянд, мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

Дастури мазкур дар доираи меъёрҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар алоқамандӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои зерқонуние, ки бо қонуни мазкур алоқамандӣ доранд, омода гардидааст.

Дастури мазкур барои доираи васеи олимон, эҷодкорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони мақомоти соҳавӣ, ҳуқуқшиносон, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба муносибатҳои мазкур таваҷҷӯҳ доранд, тавсия  мешавад.

ТРУДОВОЙ ДОГОВОР. УЧЕБНОЕ ПОСОБИЕ. - Душанбе: ТНУ «Сино» 2020. – 320 стр.

Рецензенты: Отдел законодательства по труду, миграции и социальной защите Национального центра законодательства при Президенте Республики Таджикистан, Кафедра предпринимательского и коммерческого права юридического факультета Таджикского национального университета

В пособии рассматривается один из главных институтов трудового права - трудовой договор. Подробно изложены основы современного трудового законодательства. Особое внимание уделено правовому регулированию таких аспектов трудового договора, как основания его возникновения, изменения и прекращения.

Цель учебного пособия заключается в овладении студентами, бакалаврами, магистрантами, аспирантами, преподавателями, научными сотрудниками и практическими работниками юридической сферы теоретическими знаниями, практическими умениями и навыками, позволяющими принимать участие в регулировании и контроле правовых средств трудовых отношений на территории Республики Таджикистан.

 

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)