You are here

ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни ҶТ 1642 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ 19.07.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word Package icon ZIP PDF icon PDF
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1619 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУНАРМАНДӢ Маҷлиси Олии ҶТ 20.06.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1618 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЧАРОГОҲ Маҷлиси Олии ҶТ 20.06.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1608 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲОЛАТИ ҶАНГӢ Маҷлиси Олии ҶТ 20.06.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1593 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ВОРИД НАМУДАНИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ Маҷлиси Олии ҶТ 04.04.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1576 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ ВА БАҚАЙДГИРИИ УҲДАДОРИҲОИ ТАЪМИНШУДА Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1567 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КАРАНТИН ВА МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1504 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2019 Маҷлиси Олии ҶТ 26.11.2018 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1544 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДУРНАМОҲОИ ДАВЛАТӢ, КОНСЕПСИЯҲО, СТРАТЕГИЯҲО ВА БАРНОМАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 03.08.2018 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни ҶТ 1537 ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ 03.08.2018 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САМАДҲОИ КОНУНГУЗОРИИ РСС ТОЧИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ АЗ СОЛҲОИ 1951 ТО 1954 ҚАБУЛ ШУДААНД

-A A +A
Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 12:16
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
652
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Чоршанбе, 29 Декабр, 2010

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САМАДҲОИ КОНУНГУЗОРИИ

РСС ТОЧИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ АЗ СОЛҲОИ 1951 ТО 1954 ҚАБУЛ ШУДААНД

 

Моддаи 1.

 

Санадҳои зернин қонунгузории РСС Точикистон, ки дар давраи аз солҳои 1951 то 1954 қабул шудаанд, аз эътибор сокит дониста шаванд:

– Қитьаи Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 15 январи соли 1951 «Дар бораи муайян намудани номҳои фахрии «Агронома хизматнишондодаи РСС Точикистон» ва «Ирригатори хизматнишондодай РСС Точикистон» (Протоколи №43, Маҷлиси Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон, даъвати дуйӯм аз 29 январи соли 1951, ш. Сталинобод, §26);

– Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 25 апрели соли 1953 «Дар бораи Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон» (Протоколи №24, Маҷлиси Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон, даъвати сейӯм аз 25 апрели соли 1953, ш. Сталинобод, §2);

– Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1953 «Дар бораи Вазорати хоҷагии коммуналии РСС Тоҷикистон» (Протоколи №34, Маҷлиси Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон, даъвати сейӯм аз 30 ноябри соли 1953,  ш. Сталинобод, §29);

– Укази Президиуми Совети Олии РСС Точикистон аз 25 феврали соли 1954, №137 «Дар бораи даровардани иловагиҳо ба алфавити тоҷик» (Протоколи №37, Маҷлиси Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон, даъвати сейӯм аз 25 феврали соли 1954, ш. Сталинобод, §6);

– Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 10 апрели соли 1954, №151 «Дар бораи қисман тағьир додани хатти ҳудуди шаҳри Сталинобод» (Протоколи №40, Маҷлиси Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон, даъвати сейӯм аз 10 апрели соли 1954, ш. Сталинобод, §2);

– Укази Президиуми Совети Олии РСС Точикистон аз 22 апрели соли 1954 «Дар бораи ташки.; карцани Вазорати хпҷагии оби РСС Точикистон» (Протоколи №41, Mаҷлиси Президиуми Совети Олии Республикам Советии Социалистии Тоҷикистон, даъвати сейӯм аз 22 апрели соли 1954, ш. Сталинобод, §47;;

– Укази Президиуми Совета Олии РСС Точикистон аз 28 апрели соли 1954 «Дар бораи ташкил намудани Комитета бехатарии давлатии назди Совета Вазирони РСС Точикистон» (Протоколи 41, Маҷлиси Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Социалистии Точикистон, даъвати сейум  аз 10 май соли 1954, ш. Сталинобод (§ 49-50 нашр карда намешавад)).

–Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 28 июли соли 1954, №194 «Дар бораи додани номи академик Павлов И.П. ба омузишгоҳи тнббии Ленинобод» (Протоколи № 44, Мачлиси Президиумы Совети Олии Республикаи Советии Социалистии Точикистон, даъвати сейум аз 28 июли соли 1954, ш. Сталинобод, § 4).

 

Моддаи 2.

 

Қоиуни мазкур пас аз интишори расмй мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумхурии Тоҷикистон                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе,

29 декабри соли 2010

№ 652