16 ноябри соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-умин солгарди таъсисёбии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори низоми ҳуқуқи миллӣ” баргузор гардид.
Конференсия бо сухани муқаддимавии Директори Маркази миллии қонунгузорӣ Саидзода Иззатулло Ҳабибулло ифтитоҳ гашта, ҳамаи иштирокчиёни конференсияро хайрамақдам намуданд.
Дар қисмати ифтитоҳии конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Зариф Ализода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Холмуҳаммадзода А., узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳимзода М.З., Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон – Салимзода Ш.О., Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Бобозода У., Раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Холиқзода А., Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон – Ятимов С.С., муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Назарзода Ҳ., ва муовини Раиси Суди конститутсионӣ – Каримзода К.М. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар конференсия намояндагон аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия–Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ иштирок доштанд.
Зимни баромадҳои худ ҳозирин тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 16 ноябр таҷлил гардидани Рӯзи Президентро дар Тоҷикистон бо назардошти хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, барои корнамоиҳои беназир дар роҳи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, демократикунонии ҷомеа, таъмини тамомияти арзӣ, пойдории давлат ва хизмати содиқона ба халқу Ватан арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин изҳори итминон карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, новобаста аз вазъи ногувори сиёсии аввали солҳои 90-ум, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан рушд ёфта, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа имрӯз он ба як низоми мукаммали ҳуқуқӣ табдил ёфтааст.
Таъкид гардид, ки дар баробари дастовардҳои даврони истиқлол, ки онҳо бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ доранд, инчунин олимону зиёиён ва тамоми шаҳрвандон дар замони ҷаҳонишавӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати тарғиби ҷиддии мафкураи миллии давлатдорӣ ҳамеша кӯшиш намоянд ва нисбати зуҳуротҳои номатлуби ҷомеаи муосир бетараф набошанд.
Дар қисмати дуюми кори конференсия олимону муҳаққиқони ҷавон оид ба амалишавии вазифаҳои асосии Маркази миллии қонунгузорӣ изҳори ақида намуда, аз табодули афкор ва таклифу пешниҳодҳо дар охир натиҷагирӣ карда шуд.
Шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ,
мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ