ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АУДИТИ ЭКОЛОГӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 09:23
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
785
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Душанбе, 26 Декабр, 2011

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АУДИТИ ЭКОЛОГӢ

 

хбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №12, мод. 849;)

 

Қонуни мазкур принсипҳо ва тартиби гузаронидани аудити экологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии таъсири манфии фаъолияти идоракунӣ, хоҷагидорӣ ва дигар намудҳои фаъолият ба муҳити зист, ҳаёт ва саломатии аҳолӣ муайян менамояд.

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- рушди устувор - раванди рушди ҷомеа, ки ҳалли мутавозини вазифаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва масъалаҳои нигоҳдории муҳити мусоиди зист ва иқтидори захираҳои табииро бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи наслҳои имрӯза ва ояндаи инсон таъмин менамояд;

- амнияти экологӣ - ҳолати таҳти муҳофизат қарор доштани манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа, муҳити зист аз таҳдидҳое, ки дар натиҷаи таъсиррасонии антропогенӣ ва табиӣ ба муҳити зист рӯй медиҳанд, аз ҷумла фалокату садамаҳо, офатҳои табиӣ;

- аудити экологӣ - намуди фаъолият, ки таҳлили мувофиқати фаъолият ва ҳисоботи субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ба қонунгузорӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрию методӣ, дастурӣ ва танзимкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табииро дар бар мегирад;

- аудитори экологӣ - шахси воқеӣ, ки аз аттестатсияи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст ва шаҳодатномаи тахассусӣ гирифтааст;

- ташкилоти аудитории экологӣ - шахси ҳуқуқӣ, ки дорои иҷозатнома оид ба ҳуқуқи гузаронидани аудити экологӣ мебошад;

- хулосаи аудити экологӣ - санади ҳуқуқӣ, ки дар он натиҷаи санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидорӣ ва маълумоти дигар тибқи  шартҳои шартномаи байни субъекти хоҷагидорӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ, аудиторе, ки бе ташкили шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад, сабт шудааст;

- иҷозатнома оид ба ҳуқуқи гузаронидани аудити экологӣ - ҳуҷҷати махсусе, ки  ҳуқуқи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аудити экологӣ машғул шудани дорандаи онро тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити экологӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити экологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои аудити экологӣ

1. Мақсадҳои аудити экологӣ инҳоянд:

- мусоидат ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар муайян намудани сиёсати экологии худ;

- ташаккули афзалиятҳо барои амалӣ намудани чорабиниҳо, аз ҷумла чораҳои огоҳикунанда барои риояи талаботи экологии муқарраргардида;

- ташкили механизми иҷрои танзими самараноки истифодабарии табиат ва таъмини рушди устувор.

2. Вазифаҳои аудити экологӣ инҳоянд:

- асосноккунии стратегия ва барномаи экологии субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ;

- муайян намудани афзалиятҳо ҳангоми банақшагирии фаъолияти субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, ошкор намудани имкониятҳои иловагии амалисозии он;

- санҷиши риояи қонунгузории ҳифзи муҳити зист аз ҷониби субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ;

- баланд бардоштани самаранокии танзими таъсиррасонии субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ба муҳити зист;

- паст намудани хавфи сар задани ҳолатҳои фавқулоддаи ба ифлосшавии муҳити зист алоқаманд.

 

Моддаи 4. Принсипҳои аудити экологӣ

Принсипҳои асосии аудити экологӣ инҳоянд:

- ҳатмӣ будани баҳисобгирии талаботи амнияти экологӣ ва рушди устувор;

- баҳисобгирии хусусиятҳои табиӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ҳудуд, ҳолати имрӯза ва ояндаи муҳити зисти табиӣ;

- салоҳияти касбӣ;

- мустақилияти фаъолияти аудитории экологӣ;

 - боэътимодӣ ва пуррагии маълумот;

- илман асоснок, холисона ва қонунӣ будани хулосаҳои аудиторӣ;

- махфияти маълумот.

 

Моддаи 5. Намудҳои аудити экологӣ

1. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд аудити экологии ташаббусӣ ва ҳатмӣ гузаронида шаванд.

2. Аудити экологии ташаббусиро дар асоси қарори субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ташкилоти аудитории экологӣ, аудитори бе ташкили шахси ҳуқуқӣ бо фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда мегузаронад.

3. Аудити экологии ҳатмӣ бо қарори мақоми ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби ташкилоти аудитории экологӣ гузаронида мешавад.

4. Тартиби таъини аудити экологии ҳатмиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

 Моддаи 6. Объектҳои аудити экологӣ

Объектҳои аудити экологӣ инҳоянд:

- фаъолият ва ҳисоботи субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ;

- ҳуҷҷатҳои техникӣ ва технологӣ;

- ҳуҷҷатҳои меъёрии идоравӣ;

 - ҳисоботи субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ оид ба корҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- барнома ва нақшаи чорабиниҳои субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист;

- лоиҳаҳои нақшаҳои (барномаҳои) сохтмон, азнавсозӣ, васеъкунӣ, консерватсия ва барҳамдиҳии объектҳои фаъолияти субъекти хоҷагидорӣ;

- лоиҳаҳои азхудкунии замин.

 

Моддаи 7. Мақоми ваколатдори танзими давлатии аудити экологӣ

Мақоми ваколатдори танзими давлатии аудити экологиро (минбаъд - мақоми ваколатдор) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки он чунин вазифаҳоро иҷро менамояд:

- таҳия ва интишори  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба аудити экологӣ;

- муқаррар намудани стандартҳои аудити экологӣ;

- пешбурди Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ;

- муқаррар кардани талаботи тахассусӣ нисбат ба аудиторҳои экологӣ;

- иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти аудитории экологӣ;

- аттестатсияи аудиторҳои экологӣ;

- ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи аудити экологӣ;

- вазифаҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 8. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти аудитории экологӣ

Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи гузаронидани аудити экологӣ дар  асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад.

 

Моддаи 9. Аттестатсияи  аудиторҳои экологӣ

1. Аттестатсияи аудиторҳои экологиро мақоми ваколатдор дар шакли имтиҳони тахассусӣ мегузаронад. Ба шахсоне, ки имтиҳони тахассусиро супурдаанд, шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ дода мешавад.

2. Шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ ба мӯҳлати номаҳдуди эътибори он дода мешавад.

 

Моддаи 10. Бекор кардани шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ

1. Шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ дар ҳолатҳои зерин бекор карда мешавад:

- муқаррар гардидани пешниҳоди маълумоти беэътимод барои ба аттестатсия роҳ додани номзад ба аудитори экологӣ;

- ғайриқобили амал эътироф намудани аудитори экологӣ ё маҳдуд намудани қобилияти амали он бо тартиби судӣ;

- додани хулосаи аудити экологии бардурӯғ, инчунин додани хулоса бе гузаронидани аудити экологӣ;

- қувваи қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар бораи ба мӯҳлати муайян маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти аудитории экологӣ;

- мунтазам риоя нагардидани талаботи асосии стандартҳои аудити экологӣ ва дигар қонунвайронкунӣ дар рафти фаъолияти касбӣ.

2. Қарори бекор намудани шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологиро мақоми ваколатдор қабул мекунад.

 

Моддаи 11. Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои  аудитории экологӣ

1. Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ бояд маълумотро дар бораи аудиторҳои экологӣ, ташкилотҳои аудитории экологӣ, шаҳодатномаи тахассусӣ ва иҷозатномаи машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологиро дар бар гирад. 

 

Моддаи 12. Тартиби гузаронидани аудити экологӣ

1. Аудити экологӣ дар асоси шартномаи байни субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ ё аудиторе, ки бе ташкили  шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст, дар сурати доштани иҷозатнома оид ба гузаронидани аудити экологӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

2. Дар шартномаи гузаронидани аудити экологӣ бояд шартҳои ҳатмии зерин пешбинӣ гарданд: мавзӯи шартнома, мӯҳлат, ҳаҷми муайяни хизматрасонӣ, ҳаҷм ва шартҳои пардохти маблағ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва масъулияти тарафҳо. Бо розигии тарафҳо дар шартнома метавонанд дигар шартҳо пешбинӣ карда шаванд.

3. Ташкилоти аудитории экологӣ, аудиторе, ки  бе ташкили шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст, ҳуқуқ доранд барои гузаронидани аудит дар асоси шартнома дигар ташкилотҳои экологии иҷозатномаи дахлдор дошта ва аудиторҳои экологии аз аттестатсия гузаштаро ҷалб намоянд. Дар ин сурат тамоми масъулият оид ба талаботи дар моддаҳои 14 ва 15 Қонуни мазкур нишондодашуда ба зиммаи ташкилоти аудитории экологӣ, аудитори  бе ташкили шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда гузошта мешавад, ки бо субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ шартнома бастаанд.  

 

Моддаи 13. Хулосаи аудити экологӣ

1. Оид ба натиҷаҳои аудити экологии гузаронидашуда хулосаи аудити экологӣ тартиб дода мешавад.

2. Шакли хулосаи аудити экологӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

3. Хулосаи аудити экологиро роҳбари ташкилоти аудитории экологӣ ё муовини ӯ ба имзо мерасонад ва бо мӯҳри ташкилот тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолати гузаронидани аудит аз ҷониби аудитори  бе ташкили шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда, хулосаи аудити экологӣ бо имзои худи ӯ тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 14. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ

1. Субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ҳуқуқ дорад, ки:

- аз аудитори экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ оид ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба гузаронидани аудити экологӣ ва баъд аз шиносоӣ бо хулосаи аудиторӣ оид ба санадҳои меъёрӣ, ки дар асоси онҳо хулосаҳои аудиторҳои экологӣ тартиб дода шудаанд, маълумот гирад;

- нисбат ба хулосаи аудиторӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шикоят намояд;

- аз хизматрасонии аудитори экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ дар мавриди риоя накардани шартҳои шартнома барои гузаронидани аудити экологӣ даст кашад.

2. Субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ӯҳдадор аст:

- ба аудитори экологӣ ё ташкилоти аудитории экологӣ барои сари вақт ва хушсифат гузаронидани аудити экологӣ тибқи шартҳои шартнома шароит муҳайё кунад;

- талаботи аудитори экологӣ ё ташкилоти аудитории экологиро, ки аз шартҳои шартнома барои гузаронидани аудити экологӣ бармеоянд, иҷро намояд;

- ба гузаронидани аудити экологӣ бо мақсади маҳдуд намудани доираи масъалаҳои мавриди аудит фарогирифташуда, агар дар шартнома барои гузаронидани аудити экологӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, халал нарасонад;

- дигар ӯҳдадориҳои дар шартнома барои гузаронидани аудити экологӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаро иҷро намояд. 

 

Моддаи 15. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ

1. Аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ҳуқуқҳои зерин доранд:

 - мустақилона муайян намудани шакл ва усулҳои гузаронидани аудити экологӣ бо назардошти шартҳои мушаххаси шартнома бо субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гирифтан ва санҷидани маълумоти зарурӣ барои амалӣ кардани аудити экологӣ, аз ҷумла ҳангоми мусоидати мақомоти давлатӣ, ки аудити экологиро  таъин кардаанд;

- аз шахсони мансабдори субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ гирифтани тавзеҳоти шифоҳӣ ва хаттӣ оид ба масъалаҳое, ки дар рафти гузаронидани аудити экологӣ пайдо гардидаанд;

- даст кашидан аз гузаронидани аудити экологӣ дар ҳолати аз ҷониби субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, инчунин дар ҳолати аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ки гузаронидани аудити экологиро таъин кардаанд, ҳангоми зарурат таъмин нагардидани амнияти шахсии аудитори экологӣ ва аъзои оилаи ӯ.

2. Аудитори экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ ӯҳдадоранд:

- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми гузаронидани аудити экологӣ ҳатман риоя намоянд;

- аудити экологиро бо салоҳият гузаронанд;

- ҳуҷҷатҳои дар рафти аудити экологӣ гирифта ва тартиб додаашонро эҳтиёт намоянд ва мазмуни онҳоро бе розигии роҳбари субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва шартҳои шартнома барои гузаронидани аудити экологӣ, фош накунанд;

- ба роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ оид ба талаботи қонунгузорӣ вобаста ба гузаронидани аудити экологӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо ва баъди шиносоӣ бо хулосаи аудити экологӣ оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба онҳо хулосаҳои аудитори экологӣ асос ёфтаанд, маълумот пешниҳод намоянд;

- субъекти фаъолияти хоҷагидориро аз номувофиқатии фаъолияти ӯ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологӣ огоҳ намоянд;

- махфияти натиҷаи аудити экологӣ ва маълумотеро, ки ҳангоми гузаронидани он  дастрас намудаанд ва махфияташ зери ҳимояи қонун аст, риоя намоянд;

- ба мақоми ваколатдор оид ба вайронкунии қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист, агар чунин қонунвайронкунӣ эҳтимолан боиси хатари экологӣ дар миқёси кишвар ва минтақа шуда тавонад, хабар диҳанд;

- маълумоти дар рафти аудити экологӣ дастрас намудаашонро ба шахсони сеюм надиҳанд;

- дигар ӯҳдадориҳоро, ки дар шартнома барои гузаронидани аудити экологӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, иҷро намоянд.

3. Барои машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологӣ ба ташкилот зарур аст, ки роҳбари аввали он ва муовинонаш шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологиро дошта бошанд.

 

Моддаи 16. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи аудити экологӣ

1. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи аудити экологӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ карда мешавад.

2. Шаҳодатномаҳои тахассусии байналмилалӣ ва хориҷии аудиторҳои экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доранд.

3. Аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории хориҷӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ ворид карда мешаванд ва пас аз ин ҳуқуқи фаъолият намуданро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд. 

 

Моддаи 17. Маблағгузории  аудити экологӣ

Аудити экологӣ аз ҳисоби субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ дар асоси шартнома маблағгузорӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 19. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

    Президенти  

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Эмомалӣ РАҲМОН

     ш. Душанбе,

26 декабри соли 2011,

          № 785

 

ҚОНУН ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ДАР БОРАИ ИТТИЛООТИ ЭКОЛОГӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 09:35
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
705
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Ҷумъа, 25 Март, 2011
ҚОНУН ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
ДАР БОРАИ ИТТИЛООТИ ЭКОЛОГӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод.172)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини иттилооти экологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян менамояд ва ба таъмини ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  ба дастрасии иттилооти экологии мукаммал, эътимоднок ва саривақтӣ мусоидат карда, муносибатҳоро дар ин бахш танзим менамояд.
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- иттилоот - маълумот дар бораи шахсҳо, ашё, объект, воқеиёт, рӯйдоду ҳодисот (падидаҳо) ва равандҳо, сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;
- иттилооти экологӣ – иттилооти ҳуҷҷатии дорои маълумот оид ба вазъи муҳити зист ва таъсир ба он, тадбирҳои ҳифзи он, ҳамчунин таъсири муҳити зист ба инсон мебошад, ки таркибашро Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст,  муайян менамоянд;
- иттилооти хосаи экологӣ – иттилооти экологӣ, ки дар асоси шартнома манзур мешавад ва барои пешниҳоди он тайёрии иловагӣ, аз ҷумла ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилоот зарур аст;
- иттилооти умумии экологӣ– иттилооти экологие, ки барои истифодаи омма аз ҷониби моликони иттилооти экологӣ ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳояшон, ки аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, муқаррар шудааст;
- захираҳои иттилооти экологӣ - иттилооти экологие, ки сарфи назар аз усули пешниҳод ё ташкили нигоҳдориаш (аснод, маҷмӯи аснод, захираҳои китобхонаҳо, бойгониҳо, махзани маълумот), барои воридкунӣ ба системаи иттилоотии экологӣ пешбинӣ шудааст ё дар дохилаш мавҷуд аст;
- молики иттилооти экологӣ - мақомоти давлатӣ ё дигар шахси ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаи фаъолияташ иттилооти  экологӣ  ташаккул меёбад;
- пешниҳоди иттилооти экологӣ - амали молики иттилооти экологӣ, ки тибқи ӯҳдадориҳои ба моликони чунин иттилоот вогузоркардаи   Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси шартнома оид ба пешниҳоди иттилооти хосаи экологӣ ба расонидани иттилооти экологӣ ба мақомоти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мусоидат менамояд;
- интишори иттилооти экологӣ - амали молики иттилооти экологӣ, ки  мақсадаш тавассути ҷойгиронӣ дар нашрияҳо, дигар воситаҳои ахбори омма, сомонаҳои расмии худ дар шабакаи умумиҷаҳонии иттилоотӣ ё бо роҳҳои дигари дастраси умум расонидани иттилооти экологӣ ба мақомоти давлатӣ, шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи иттилооти экологӣ
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи иттилооти экологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Объекти муносибатҳо дар бахши иттилооти экологӣ
 
Объекти муносибатҳо дар бахши иттилооти экологӣ иттилооти экологиест, ки маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- дар бораи вазъи муҳити зист, аз ҷумла ҳавои атмосферӣ, обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, замин, хок, олами набототу ҳайвонот, ландшафтҳои табиӣ, дигар объектҳои табиӣ ва таъсири мутақобилаи онҳо, инчунин дар бораи организмҳои ирсӣ-муҳандисӣ ва микроорганизмҳо;
- дар бораи таъсири моддаҳо, инчунин энергия, ғалоғула, нурафканӣ ва дигар омилҳои физикӣ ба муҳити зист;
- дар бораи қарорҳои мақомоти давлатӣ, фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари шахсони ҳуқуқӣ вобаста бо таъсири манфӣ ба муҳити зист ё ҳифзи он, инчунин асосноккунии зарурати иҷрои онҳо, аз он ҷумла асосноккунии молиявию иқтисодӣ;
- дар бораи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои комплексии ҳудудӣ, барномаҳо ва чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист, консепсияҳо, стратегияҳо, нақшаҳо, барномаҳо ва чорабиниҳое, ки амалигардонии онҳо ба муҳити зист таъсир мерасонад ё таъсир расонида метавонад, инчунин асосноккунии зарурати қабули онҳо, аз он ҷумла асосноккунии молиявию иқтисодӣ;
- дар бораи вазъи саломатӣ ва бехатарии шаҳрвандон;
- дар бораи шароити зиндагии шаҳрвандон то он дараҷа, ки ба онҳо муҳити зист ё тавассути муҳити зист омилҳо, фаъолият ва тадбирҳои дар сархатҳои сеюм ва чоруми ҳамин модда зикршуда таъсир мерасонанд ё расонида метавонанд.
 
Моддаи 4. Ҳуқуқи дастрас кардани иттилооти экологӣ
 
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқи озодона дастрас кардани иттилооти экологии дар ихтиёри моликони иттилооти экологӣ мавҷуда бе зарурати фаҳмонидани сабабҳои таваҷҷӯҳ ба ин  иттилооти экологӣ, бо тартиб ва тарзе, ки Қонуни мазкур муайян намудааст, кафолат дода мешавад.
 
Моддаи 5. Намудҳои иттилооти экологӣ ва манбаъҳои асосии он
 
1. Иттилооти экологӣ ба иттилооти умумии экологӣ ва иттилооти хосаи экологӣ тақсим мешавад.
2. Ба иттилооти хосаи экологӣ нисбат додани иттилооти экологие, ки аз ҳодисаи расонидани зарар ба муҳити зист иборат аст, манъ аст.
3. Иттилооти экологие, ки моликони иттилооти экологӣ тибқи Қонуни мазкур пешниҳод ё интишор мекунанд, дар натиҷаи фаъолиятҳои зерин ташаккул меёбад:
- гузаронидани мониторинги муҳити зист;- гузаронидани ченкунӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- ба роҳ мондани баҳисобгирии давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- ба роҳ мондани баҳисобгирии захираҳои табиии истифодашаванда ва таъсир ба муҳити зист;
- гузаронидани арзёбии таъсири фаъолияти пешбинишудаи хоҷагидорӣ ё фаъолияти дигар ба муҳити зист;
- гузаронидани экспертизаи экологӣ;
- амалӣ намудани назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- гузаронидани аудити экологӣ;
- гузаронидани сертификатсияи экологӣ;
- амалӣ намудани бамеъёрдарорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- таҳия ва амалӣ намудани нақшаҳои маҷмӯии ҳудудӣ, барномаҳо ва чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист.
4. Додани иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномаҳодиҳӣ, ки дар асоси онҳо захираҳои табиӣ ҳамчун манбаи ҷамъоварии иттилооти экологӣ истифода карда мешаванд, ворид намудани тағйирот ва (ё) иловаҳо ба ин иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ё дигар ҳуҷҷатҳо, манънамоӣ, барқароркунӣ, тамдиди мӯҳлати амали иҷозатномаҳодиҳӣ, қатъ намудани амали онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 6. Тартиби ташаккул ва пешбурди захираҳои давлатии  иттилооти экологӣ
 
1. Тартиби ташаккул ва пешбурди захираҳои давлатии иттилооти экологӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Захираҳои давлатии иттилооти экологӣ иттилооти экологиеро дар бар мегиранд, ки дар натиҷаи фаъолияти дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 5 ҳамин Қонун пешбинишудаи моликони иттилооти экологӣ ташаккул меёбад ва дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои дигари давлатӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи онҳо гузошташуда захира карда мешавад.
3. Пешниҳод ва интишори маълумоте, ки ба захираҳои давлатии иттилооти экологӣ ворид шудааст, мувофиқи моддаҳои 9–12  Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 7. Дастрасӣ ба иттилооти экологӣ
 
1. Дастрасии мақомоти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  ба иттилооти умумии экологӣ тавассути пешниҳод ё интишори иттилооти умумии экологӣ аз тарафи моликони иттилооти экологӣ таъмин карда мешавад.
2. Дастрасии мақомоти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  ба иттилооти хосаи экологӣ дар асоси шартнома бо моликони иттилооти  экологӣ таъмин карда мешавад.
 
Моддаи 8. Маҳдудияти дастрасӣ ба иттилооти экологӣ
 
1. Пешниҳод ё интишори иттилооти экологӣ дар мавридҳои зерин манъ аст, агар:
- иттилоот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сирри давлатӣ ба шумор равад;
- ошкор намудани иттилоот ба баррасии судии парвандаҳо, пешбурди тафтишоти пешакӣ ва истеҳсолоти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ халал расонад;
- ошкор намудани иттилоот ба муҳити зист зарар расонад ё хатари расонидани чунин зарарро дошта бошад;
- ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии  байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бо дарназардошти амнияти давлат, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқҳои шахсони ҳуқуқӣ муайян намудаанд.
2. Пешниҳоди иттилооти экологӣ  инчунин рад карда мешавад, агар:
- мақомоти давлатӣ, ташкилоти дигари давлатӣ иттилооти дархостшударо надошта бошанд ва гирифтани чунин иттилоот аз дигар моликони иттилооти экологӣ бинобар набудани он ғайриимкон бошад;
- шахси ҳуқуқӣ, ки мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ нест, иттилооти экологии дархостшударо надошта бошад;
- дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
3. Дастрасӣ ба иттилооти экологии зерин маҳдуд карда намешавад:
- дар бораи вазъи муҳити зист ё зарари ба он расида;
- дар бораи партови моддаҳои олудакунанда ба атмосфера, партови гандаобҳо ба объектҳои обӣ, ки аз меъёрҳои ҳифзи муҳити зист зиёданд ва ё дар сурати набудани чунин меъёрҳо, агар муайянкунии онҳоро   қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд;
- дар бораи партови моддаҳои кимиёвӣ ё дигар моддаҳо, омехтаи онҳо, ашёҳо ва дигар партовҳо ба объекти обӣ;
- дар бораи афтодани моддаҳои кимиёвӣ ва дигар моддаҳо ба замин ва хок, ки ба бадшавии ҳолати онҳо ё сифати обҳои зеризаминӣ оварда мерасонад;
- дар бораи нурафкании иондоркунанда ва электромагнитӣ, ғалоғула ё таъсири дигари физикии аз меъёрҳои ҳифзи муҳити зист зиёд ё набудани чунин меъёрҳо, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардани онҳоро талаб намояд;
- дар ҳолатҳои дигаре, ки  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 9. Пешниҳоди иттилооти экологӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ ба шумор намераванд
 
1. Иттилооти умумии экологӣ аз тарафи молики иттилооти экологӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мақомоти  давлатӣ ва ё ташкилоти дигари давлатӣ (минбаъд - дархосткунанда) ба ҳисоб намераванд, дар асоси дархости онҳо ройгон пешниҳод карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муайян накарда бошад.
2. Иттилооти умумии экологӣ аз тарафи молики иттилооти экологӣ ба дархосткунанда дар давоми даҳ рӯз аз рӯзи воридшавии дархост оид ба пешниҳоди он манзур карда мешавад.
3. Талабот ба дархост оид ба пешниҳоди иттилооти умумии экологиро қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
4. Иттилооти умумии экологӣ дар шакл, ҳаҷм ва таркиби зикрнамудаи дархост оид ба пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ пешниҳод мешавад. Агар молики иттилооти экологӣ барои дар шакл ва ҳаҷми дархостшуда пешниҳод намудани иттилооти экологӣ имконияти техникӣ надошта бошад, онро дар шакл ва ҳаҷми мавҷуда бо зикри сабабҳои дахлдор манзур мегардонад.
5. Дар сурати шахси ҳуқуқӣ будани молики иттилооти умумии экологии дархостшуда, ки мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ намебошад, мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ, ки ба унвонаш дархост ворид шудааст ва қонеъ намудани ин дархост ба салоҳияти ӯ дохил мешавад, вазифадор аст, ки дар давоми даҳ рӯзи баъди ворид шудани дархост чунин иттилооти экологиро аз молики иттилооти экологӣ мустақилона дархост намояд ва дархосткунандаро хаттӣ дар ин бора огоҳ созад.
6. Дар ҳолати воридшавии дархости мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ дар бораи пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ, ки дар қисми 5 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, молики иттилооти экологӣ вазифадор аст, ки дар давоми даҳ рӯзи баъди ворид шудани он иттилооти дархостшударо пешниҳод намояд ё дар давоми панҷ рӯзи баъди воридшавии дархост дархосткунандаро дар бораи рад намудани пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ бо зикри сабабҳои раднамоӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, огоҳ созад.
7. Мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ, ки тибқи қисми 6 ҳамин модда иттилооти умумии экологиро дастрас намудааст, иттилооти мазкурро дар давоми як моҳ аз рӯзи воридшавии дархост ба дархосткунанда пешниҳод менамояд. Дар ҳолати аз молики иттилооти экологӣ гирифтани раднома дар бораи пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ, мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ  дар давоми панҷ рӯзи баъди воридшавии раднома дархосткунандаро бо зикри сабабҳои радди дархост огоҳ месозад.
8. Агар қаноатбахш кардани дархост оид ба пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ дар салоҳияти мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ набошад, онҳо вазифадоранд, ки дар давоми панҷ рӯзи баъди воридшавии дархост онро ба дигар мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатие, ки салоҳияти қаноатбахш гардонидани чунин дархостро дороанд, равон намоянд ва дар ин хусус дархосткунандаро огоҳ созанд.
9. Агар иттилооти экологии дархостшуда ба иттилооти хосаи экологӣ мансуб бошад, молики иттилооти экологӣ вазифадор аст, ки дар давоми панҷ рӯзи баъди воридшавии дархост ба дархосткунанда бастани шартномаи дарёфти иттилооти хосаи экологиро пешниҳод намояд.
10. Дар сурати мавҷудияти асос барои рад намудани пешниҳоди иттилооти экологӣ, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии  байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, молики иттилооти экологӣ дар давоми панҷ рӯз дархосткунандаро дар бораи рад намудани дархости пешниҳоди иттилооти экологӣ бо нишон додани сабабҳои раднамоӣ ва фаҳмонидани тартиб ва мӯҳлати эътироз нисбати қарори қабулшуда хаттӣ огоҳ менамояд.
 
Моддаи 10. Хусусияти пешниҳоди иттилооти экологӣ ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ
1. Иттилооти умумии экологӣ аз тарафи моликони иттилооти экологӣ ба мақомоти давлатӣ ё ташкилотҳои дигари давлатӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости онҳо бо роҳи табодули чунин иттилоот ё ирсоли он пешниҳод карда мешавад.
2. Иттилооти хосаи экологӣ ба мақомоти давлатӣ ройгон пешниҳод карда мешавад, агар қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муайян накарда бошад. Иттилооти хосаи экологӣ ба ташкилотҳои дигари давлатӣ бо тартиби муайяннамудаи моддаи 11 Қонуни мазкур  пешниҳод карда мешавад.
 
Моддаи 11. Тартибу шартҳои пешниҳоди иттилооти хосаи экологӣ ва пардохт барои он
 
Иттилооти хосаи экологӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартномаи дарёфти иттилооти хосаи экологӣ пешниҳод карда мешавад. Андозаи пардохт барои чунин иттилоот набояд аз хароҷоти асоснок барои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилооти хосаи экологӣ зиёд бошад.
 
Моддаи 12. Интишори иттилооти умумии экологӣ
 
1. Иттилооти умумии экологӣ аз тарафи моликони иттилооти экологӣ тавассути нашрияҳо, воситаҳои дигари ахбори омма, сомонаҳои расмии худ дар шабакаи умумиҷаҳонии иттилоотӣ ё бо роҳҳои дигари дастраси умум тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор карда мешавад.
2. Таркиби иттилооти умумии экологии интишораш ҳатмӣ, моликони иттилооти экологӣ, ки ӯҳдадоранд чунин иттилоотро интишор намоянд ва мӯҳлати интишори он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешавад.
 
Моддаи 13. Ҳамкории байналмилалӣ дар бахши иттилооти экологӣ
 
Ҳамкории байналмилалӣ дар бахши иттилооти экологӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии  байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 15. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
  ҶумҳурииТоҷикистон                                                                        Эмомалӣ  РАҲМОН
 
ш. Душанбе,
25 марти соли 2011,
№ 705

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОНСЕССИЯҲО

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 09:44
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
783
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Душанбе, 26 Декабр, 2011

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ КОНСЕССИЯҲО

 

хбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №12, мод. 847;)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба консессияро танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, шарт ва тартиби ба консессия додани объектҳо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои консессиядор, иҷро ва мӯҳлати шартномаи консессия, инчунин кафолати дастгирии фаъолияти консессиониро муайян менамояд.

 

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- консессия (иҷозат, гузашт) - (минбаъд - консессия) дар асоси шартномаи консессия бо пешниҳоди ҳуқуқи истифодабарии самараноки муваққатӣ ба консессиядор супоридани объектҳои моликияти давлатӣ, аз ҷумла: замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳаво, олами набототу ҳайвонот, дигар моликияти давлатӣ ва боигарии табиӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, инчунин ҳуқуқи бунёди (сохтмони) иншооти нав аз ҳисоби консессиядор бо шарти дар оянда баргардонидани онҳо ба давлат;

- шартномаи консессионӣ - шартномае, ки байни конседент ва консессиядор баста шуда, дар он ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти тарафҳо, инчунин шартҳои амалишавии консессия муайян карда мешаванд;

- конседент - Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз номи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баромад намуда, метавонанд фаъолияташонро тавассути мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ намоянд;

- консессиядор - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ба истиснои ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ки ҳуқуқи консессияро тибқи шартномаи консессионӣ соҳиб шудаанд;

- объектҳои консессионӣ - объектҳои моликияти давлатӣ ва иншоотҳое, ки дар натиҷаи иҷрои шартҳои шартномаи консессия пайдо мешаванд;

- мақомоти консессионӣ - мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ваколатдоршуда, ки ба онҳо бо тартиби муайянгардида ҳуқуқи ҳалли масъалаҳои консессия дода шудааст.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи консессияҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи консессияҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти консессионӣ

Фаъолияти консессионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои миллӣ дар асоси принсипҳои зерин сурат мегирад:

- қонуният;

- фоидаи тарафҳо;

- дар асоси озмун интихоб кардани консессиядор;

- дахолат накардан ба фаъолияти хоҷагидории консессиядор, ки дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад;

 - риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи табиат, қаъри замин, об, ҳавзаи дарёҳо ва кӯлҳо, бехатарии экологӣ ва санитарию гигиенӣ, суғурта, таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнат;

- фаъолияти озод ва шаффофи конседент ва консессиядор ҳангоми татбиқи шартномаи консессионӣ;

- таъмини истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ бехатар, ки ба стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст, агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.

 

Моддаи 4.  Муносибатҳои моликият ҳангоми фаъолияти консессионӣ

1. Ба консессия супоридани объекти моликияти давлатӣ маънои ба консессиядор додани ҳуқуқи ихтиёрдории объект ва ё ҳуқуқи бемӯҳлати иҷро намудани вазифаҳои муайяни давлатиро надорад.

2. Фоидаи холис, ки консессиядор дар натиҷаи фаъолияти консессионӣ мегирад, дар ҳаҷми муайянкардаи шартномаи консессия (дар шакли моликият ё маблағ) моликияти ӯ мебошад.

3. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидорӣ намудани маҳсулоти истеҳсолнамудаи консессиядор ҳуқуқи бартариятнок дорад.

 

Боби 2. Идоракунии муносибатҳои соҳаиконсессионӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ

 

Моддаи 5. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои консессионӣ

Идоракунии давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои консессионӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти консессионӣ амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои консессионӣ мансуб аст:

- муайян намудани мақомоти консессионӣ;

- таҳияи барномаҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти консессионӣ;

- муқаррар намудани тартиби экспертизаи давлатии лоиҳа ва барномаҳои консессионӣ;

- муқаррар намудани тартиби бақайдгирии шартномаҳои консессионӣ ва ташкили назорати иҷрои онҳо;

- муайян намудани номгӯи объектҳое, ки ба консессия дода намешаванд ва ё ба консессия додани онҳо маҳдуд карда шудааст;

- бастани шартномаҳои консессионӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳалли дигар масъалаҳои соҳаи муносибатҳои консессионӣ дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 7. Ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои консессионӣ аз инҳо иборат аст:

- тавсиф намудани объектҳои консессионие, ки ба сармоягузорон пешниҳод мегарданд;

- ташкил ва гузаронидани озмун аз рӯи объектҳое, ки дар ихтиёри онҳо қарор доранд;

- бастани шартномаҳои консессионӣ аз рӯи объектҳои консессионие, ки дар ихтиёри онҳо мебошанд;

- ҳалли дигар масъалаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 8. Ваколати мақомоти консессионӣ

Ваколати мақомоти консессионӣ дар соҳаи муносибатҳои консессионӣ аз инҳо иборат аст:

- ташкил ва гузаронидани озмунҳои консессионӣ;

- назорат ва риояи шартҳои шартномаҳои консессионӣ;

- таҳияи пешниҳодҳои консессионӣ;

- тартиб додани номгӯи объектҳои консессионӣ;

- пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии шартномаҳои консессионӣ;

- иҷрои дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.

Боби 3. Тартиб ва шартҳои ба консессия додани объектҳо

Моддаи 9. Таҳияи пешниҳодҳои консессионӣ

Пешниҳодҳои консессионӣ бо назардошти аҳамият ва зарурати иқтисодии объектҳои консессионӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти консессионӣ таҳия карда мешаванд. Дар пешниҳодҳо навъи фаъолият муайян карда мешавад ва он феҳристи молу мулки таҳвилшавандаро дар бар мегирад.

 

Моддаи 10. Тартиби ба консессия додани объектҳо

1. Объектҳо дар асоси озмун ба консессия дода мешаванд. Дар мавридҳои истисноӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон объектҳо дар асоси гуфтушуниди мустақими байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузорони эътимоднок ба консессия дода мешаванд.

2. Объектҳо бе озмун танҳо дар мавриди таъмини амнияти давлатӣ, манфиатҳои мудофиавии кишвар ва ё агар барои иштирок дар озмун дархости ягона ворид шуда бошад, ба консессия дода мешаванд.

3. Тартиб ва шартҳои гузаронидани озмун дар хусуси ба консессия пешниҳод намудани объектро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Моддаи 11. Ба имзо расонидани шартномаи консессионӣ

1. Шартномаи консессионӣ байни конседент ва консессиядор дар шакли хаттӣ ба имзо расонида мешавад.

2. Шартномаи консессионӣ масъалаҳои зайлро дар бар мегирад:

- мавзӯи шартнома;

- объектҳои консессионӣ, аз ҷумла ҳудуди қитъаҳои замин ва сарватҳои зеризаминӣ, фазои обу ҳаво;

- мӯҳлати эътибори шартномаи консессия ва оғози корҳо;

- ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо;

- ҳаҷм ва тартиби пардохтҳои консессионӣ;

- пардохти андозҳои муқарраршуда ва дигар пардохтҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳаҷми сармоягузории ҳарсола ва мӯҳлати ҷудо намудани маблағҳо, инчунин ҳаҷми маҳсулот мувофиқи бизнес - нақша;

- талабот оид ба ҳифзи муҳити зист, бехатарии фаъолият ва ҳифзи қаъри замин;

- ҳуқуқи тарафҳо барои дастрас намудани маълумот доир ба фаъолияти консессионӣ;

- шартҳои ҷалби кормандони кироя, таълим, суғурта ва ҳифзи иҷтимоии онҳо тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тартиб, шароит ва мӯҳлати баргардонидани объекти фаъолияти консессионӣ;
- оқибатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулодда ва рафънопазир;

- тартиби баррасии баҳсу мунозира ва масъулияти тарафҳо барои вайрон кардани шартҳои шартнома;

- кафолатҳои молиявӣ, суроғаҳои ҳуқуқӣ ва реквизитҳои бонкии тарафҳо;

- шартҳои тағйир додан ва бекор намудани шартномаи консессионӣ.

3. Ба шартномаи консессионӣ дигар шартҳоро, ки хилофи қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, дохил кардан мумкин аст.

 

Моддаи 12. Пардохти консессиядор

Консессиядор маблағҳои зеринро пардохт менамояд:

- пардохтҳои консессионӣ;

- маблағи бақайдгирии давлатии шартномаи консессионӣ;

 - андозҳо ва дигар пардохтҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

 

Моддаи 13. Мӯҳлати эътибори шартномаи консессионӣ

1. Шартномаи консессионӣ вобаста ба хусусиятҳои техникию иқтисодии объекти консессионӣ ба мӯҳлати то 49 сол имзо карда мешавад. Мӯҳлати мазкур нисбати конҳои канданиҳои фоиданок, ки хароҷоти зиёдро  талаб намуда, давраи ҷуброни онҳо тӯлонӣ аст, татбиқ намегардад. Нисбат ба объектҳои алоҳида мумкин аст дар шартнома мӯҳлати дигар нишон дода мешавад, вале ин мӯҳлат наметавонад аз 99 сол зиёд бошад.

2. Баъди гузаштани мӯҳлати шартномаи консессионӣ консессиядоре, ки шартҳои шартномаро софдилона иҷро кардааст, барои тамдиди шартнома ҳуқуқи бартариятнокро соҳиб мегардад.

 

Моддаи 14. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шартномаи консессионӣ ва қатъ кардани он

1. Ба шартномаи консессионӣ тибқи тартиби муқарраркардаи шартнома ва ё бо мувофиқаи тарафҳо тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.

2. Шартномаи консессионӣ метавонад бо ризоияти тарафайн ё бо қарори суд дар ҳолати аз ҷониби яке аз тарафҳо риоя накардани шартҳои он қатъ карда шавад.

3. Амали шартномаи консессионӣ аз лаҳзаи аз Феҳристи ягонаи давлатии шартномаҳои консессионӣ хориҷ кардани он қатъ карда мешавад.

 

Моддаи 15. Гузашт кардани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо аз рӯи шартномаи консессионӣ

1. Дар мавриди азнавташкилдиҳии яке аз тарафҳои шартномаи консессионӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои он ба ворисони қонунӣ мегузаранд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартномаи консессионӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

2. Қисман ё пурра гузашт кардани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои консессиядор ба шахсони сеюм, инчунин супоридани объекти консессионӣ танҳо бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 16. Суғурта

Консессиядор дар фаъолияти худ талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи суғуртаро риоя менамояд.

Боби 4. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои консессиядор

Моддаи 17. Ҳуқуқҳои консессиядор

1. Консессиядор ҳуқуқ дорад:

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз талаботи шартномаи консессионӣ дар қаламрави мавриди истифодааш биною иншоот, роҳҳои фаръӣ, роҳҳои васеи мошингард ва хатҳои алоқаи телеграфу телефон ва ғайраҳо созад;

- дар мувофиқа бо конседент ва ҳангоми мусбӣ будани хулосаи экспертизаи экологӣ ба таркиби молу мулк тағйирот дарорад, дар объектҳои консессионӣ корҳои азнавсозӣ, васеъкунӣ ва азнавтаҷҳизонии техникиро, ки арзиши онҳоро зиёд мегардонад, анҷом диҳад;

- барои эҳтиёҷоти объекти консессионӣ ва кормандон молу мулк ва маводи зарурӣ ворид намояд;

- маҳсулоти истеҳсолкардаашро содир намояд;

- аз амали ғайриқонунии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба суд муроҷиат кунад.

2. Консессиядор инчунин дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 18. Ӯҳдадориҳои консессиядор

Консессиядор ӯҳдадор аст:

- шартҳои шартномаи консессиониро риоя намояд;

- фаъолияти хоҷагии худро танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шартномаи консессионӣ амалӣ намояд;

- баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳ монад;

- молу мулк ва объектҳоеро, ки дар асоси шартнома ба ӯ дода шудаанд, дар мӯҳлати муқарраршуда ба конседент баргардонад, инчунин баъди анҷоми мӯҳлати амали шартномаи консессионӣ ва ё қатъ шудани он молу мулки худро ихтиёрдорӣ намояд;

- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист риоя намояд;

- дигар ӯҳдадориҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ кардааст, иҷро намояд.

Боби 5. Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 19. Тартиби баррасии баҳсҳо

1. Баҳсҳои байни консессиядор ва конседент тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ мешаванд, агар дар шартномаи консессионӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

2. Дар ҳолати ҳал нашудани баҳсҳо тарафҳо ҳуқуқ доранд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли баҳсҳо ба суд муроҷиат намоянд.

3. Баҳсҳои консессиядор бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суд баррасӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 21. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консессияҳо"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 "Дар бораи консессияҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, мод. 125) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

     Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Эмомалӣ  РАҲМОН

        ш. Душанбе, 

26 декабри соли 2011,

        № 783

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НУСХАИ ҲАТМИИ ҲУҶҶАТҲО

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 09:55
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
792
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Душанбе, 26 Декабр, 2011

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ НУСХАИ ҲАТМИИ ҲУҶҶАТҲО

 

хбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №12, мод. 856;)

 

Қонуни мазкур тартиби ташаккули нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳоро, ҳамчун манбаи захиравии мукаммалсозии фонди миллии китобхонавӣ ва иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таъмини нигоҳдории нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо ва истифодаи ҷамъиятии онҳо, инчунин мӯҳлат ва тартиби дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳоро ба танзим медарорад.

 

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- нусха - намунаи ҳуҷҷати интишоргардида, ки бо нусхаи асл баробар аст;

- ҳуҷҷат - ашёи моддӣ, ки дар он иттилоот дар шакли матн, сабти овоз ва тасвир зикр гардидааст ва бо мақсади нигоҳдорӣ ва истифодаи ҷамъиятӣ пешниҳод карда мешавад;

- нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо - нусхаи намудҳои гуногуни ҳуҷҷатҳои интишоргардида, ки аз тарафи истеҳсолкунандагони онҳо ба гирандагони ҳуҷҷатҳо ройгон дастрас гардонида мешавад;

- нусхаи ҳатмии пулакии ҳуҷҷатҳо - нусхаи намудҳои гуногуни ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки аз тарафи истеҳсолкунандагони онҳо ба гирандагони ҳуҷҷатҳо пулакӣ дастрас гардонида мешавад;

- нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо - нусхаи намудҳои гуногуни ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бо фармоиши мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ барои паҳнкунии ҷамъиятӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нусхаҳои намудҳои гуногуни ҳуҷҷатҳо, ки бо фармоиши ғайрирезидентҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол шудаанд ва аз тарафи истеҳсолкунандагони онҳо ба гирандагони ҳуҷҷатҳо ба таври ройгон дастрас гардонида мешаванд;

- низоми нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо -тартиби муқарраршудаи қабул, нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳамаи намудҳои нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо; 

- истеҳсолкунандагони ҳуҷҷатҳо - шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, ки чоп, интишор, барориш ва дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳоро амалӣ ва таъмин менамоянд;

- гирандагони ҳуҷҷатҳо - мақомот ва ташкилотҳои давлатие, ки барои қабул, нигоҳдорӣ ва ташкили истифодаи ҷамъиятии нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо ваколатдор гардидаанд;

- фонди миллии китобхонавӣ ва иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон - маҷмӯи намудҳои нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо, ки дар асоси нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо ҷамъ оварда, тибқи Қонуни мазкур барои нигоҳдории доимӣ ва истифодаи ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур 

1. Қонуни мазкур нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар истеҳсол ва дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо иштирок менамоянд, татбиқ карда мешавад.

2. Фаъолияти муассисаҳои бойгонӣ оид ба ташаккул, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи ҷамъиятии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки ба Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" ба танзим дароварда мешавад.

3. Қонуни мазкур нисбат ба ҳуҷҷатҳои дорои сирри давлатӣ, хизматӣ ва дигар сирре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад, инчунин нисбат ба ҳуҷҷатҳое, ки дар як нусха таҳия гардидаанд, ҳуҷҷатҳои асосии электроние, ки танҳо дар низоми шабакавӣ паҳн карда мешаванд, ҳуҷҷатҳои идоравӣ ва техникӣ (намунаҳо, дастурамалҳо, маҳсулоти варақавӣ, китобҳои баҳисобгирӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ) татбиқ намегардад.

 

Моддаи 4. Мақсади ташкили низоми нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо

Мақсади ташкили низоми нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо ин аст;

- пуррагардонии фонди миллии китобхонавӣ ва иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- амалӣ намудани бақайдгирии давлатии нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо;

- ташкили нигоҳдории доимии нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо дар фонди миллии китобхонавӣ ва иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- истифодаи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо барои хизматрасонии иттилоотиву библиографӣ ва китобхонавии истифодабарандагон;

- бақайдгирии давлатии (библиографӣ ва омории) ҳуҷҷатҳои ватанӣ, омода намудани иттилооти давлатии библиографӣ (ҷорӣ ва тарҷеӣ) ва оморӣ;

 -таҳия ва нашри каталогҳои маҷмӯӣ;

-иттилоотонии ҷомеа аз ҳамаи намудҳои нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо;

- ташаккул додани маҷмӯи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳои маҳаллӣ;

- амалӣ намудани мубодила бо фондҳои миллии китобхонавӣ ва иттилоотии кишварҳои дигар.

 

Моддаи 5. Намудҳои нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо

1. Ба намудҳои нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо инҳо дохил мешаванд:

-нашрия -маҳсулоти нашрӣ (матн, нота, харита, тасвир), ки таҳти таҳриру тасҳеҳ қарор гирифта, аз ҷиҳати полиграфӣ мустақилона оро дода шуда, дорои маълумоти барориш мебошад;

- нашрия барои нобиноён -нашрияе, ки бо ҳарфҳои барҷастаю нуқтавӣ тибқи низоми Брайл ва "китобҳои гӯё" нашр шудааст;

- ҳуҷҷатҳои расмӣ - маҳсулоти нашрие, ки аз номи мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ чоп шуда, дорои хусусиятҳои қонунгузорӣ, меъёрӣ, дастурдиҳӣ ё иттилоотӣ мебошад;

- маҳсулоти аудиовизуалӣ -филмҳо, видео ва ҳуҷҷатҳои тасвирию овозӣ;

- ҳуҷҷатҳои нашрнашуда  -натиҷаи фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ (рисолаҳо, ҳисоботҳо доир ба корҳои илмиву тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, корҳои илмии барои нигоҳдорӣ супоридашаванда, алгоритмҳо ва барномаҳо);

- нашрияҳои электронӣ - ҳуҷҷатҳое, ки дар онҳо иттилоот дар шакли электронию рақамӣ зикр шудааст ва мавриди таҳриру тасҳеҳ қарор гирифта, маълумоти барориш дорад, интишор мегардад ва дар ҳомили мошинӣ паҳн карда мешавад, инчунин дорои барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва манбаи маълумот мебошад. 

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо назардошти эҳтиёҷоти худ метавонанд намудҳои ҳуҷҷатҳоеро, ки ба таркиби нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳои маҳаллӣ дохиланд, муайян намоянд.

 

Боби 2. Истеҳсолкунандагони ҳуҷҷатҳо

 

Моддаи 6. Истеҳсолкунандагони ҳуҷҷатҳо 

Ба истеҳсолкунандагони ҳуҷҷатҳо дохил мешаванд:

- ташкилотҳои полиграфӣ;

- муассисаву ташкилотҳои телевизион ва радио;

- киностудияҳо, ташкилотҳои видео ва кинематографӣ;

-муассисаву ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ;

- муассисаву ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва конструкторӣ;

- дигар ташкилотҳои истеҳсолкунандаи намудҳои гуногуни ҳуҷҷатҳо.

 

Моддаи 7. Ҳуқуқуқҳои истеҳсолкунандагони ҳуҷҷатҳо

Истеҳсолкунандагони ҳуҷҷатҳо ҳуқуқ доранд:

- ба интишори ройгони иттилооти библиографӣ дар нашрияҳои библиографии давлатӣ, феҳристкунонии мутамарказ  ва нашрияҳои таблиғотӣ;

 - ба нигоҳдории доимии ҳамаи намудҳои ҳуҷҷатҳои аз ҷониби онҳо истеҳсолшуда дар фондҳои миллии китобхонавӣ ва иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси Қонуни мазкур;

- ба ворид намудани иттилооти библиографӣ ба манбаи автоматикунонидашудаи маълумоти ватанӣ ва байналмилалӣ;

- ба ройгон дастрас намудани маълумоти фактографӣ ва оморие, ки ба маҳсулоти онҳо дахл дорад.

 

Моддаи 8. Ӯҳдадориҳои истеҳсолкунандагони ҳуҷҷатҳо

Истеҳсолкунандагони ҳуҷҷатҳо ӯҳдадоранд:

- нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳоро ба гирандагони ҳуҷҷатҳо ройгон дастрас намоянд;

- хароҷоти таҳия, нашр ва ирсоли нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳоро ба арзиши аслии ҳуҷҷатҳое, ки ба таркиби нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо дохиланд, илова намоянд;

- нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳои нуқсондорро ба дархости гирандагони ҳуҷҷатҳо дар муддати як моҳ иваз намоянд.

 

Моддаи 9. Дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо

1. Истеҳсолкунандагон ба гирандагони ҳуҷҷатҳо се нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳоро дар мӯҳлати 10 рӯзи пас аз интишори теъдоди нашри аввалин ва нашрияҳоро дар рӯзи интишори ҳар як шумора ирсол менамоянд.

2. Нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо метавонад аз ҳуҷҷатҳои омехта ва ҳуҷҷатҳои дорои чунин иттилооте иборат бошад, ки дар манбаъҳои гуногуни иттилоот ба қайд гирифта шудааст.

3. Нусхаи ҳатмии иборат аз ҳуҷҷатҳои омехта ба гирандагони ҳуҷҷатҳо дар бастаи ягона дастрас карда мешавад.

4. Номгӯи гирандагони нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 10. Дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии пулакии ҳуҷҷатҳо

Дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии пулакии ҳуҷҷатҳо дар асоси шартномаи байни истеҳсолкунанда ва гиранда амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 11. Ирсоли нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо тавассути почта

Ирсоли нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он тавассути почта бо тахфифи панҷоҳ дарсади тарифи барои ташкилотҳои буҷетӣ муқарраргардида анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 12. Нусхабардории нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо

1. Нусхабардории нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо бо мақсади хизматрасонии китобхонавӣ ва иттилоотӣ ба шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Мақомот ва ташкилотҳои давлатие, ки барои нигоҳдории доимӣ бо мақсади истифодаи ҷамъиятии нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳои нашрнашуда ва маҳсулоти аудиовизуалӣ масъуланд, нусхабардории пулакии онҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи дархости китобхонаҳо, мақомоти иттилоотии илмиву техникӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо таъмин менамоянд.

3. Нусхабардории нусхаи ҳатмии ройгони нашрияҳои электронӣ, ҳамчунин барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва манбаи маълумоте, ки ба таркиби онҳо дохиланд ё нашрияи мустақил мебошанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 13. Маълумотдиҳӣ дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо

Гирандагони ҳуҷҷатҳо вобаста аз намуди нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳои дастрасшаванда тибқи дархости мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо маълумот пешниҳод менамоянд.

 

Боби 3. Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 14. Дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии нашрияҳои ватанӣ ба кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва рушди фазои ягонаи иттилоотии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии нашрияҳои ватанӣ ба фондҳои миллии китобхонавӣ ва иттилоотии ин кишварҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 15. Назорати дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо

1. Назорати ба гирандагони ҳуҷҷатҳо дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо аз тарафи мақомоту ташкилотҳои ваколатдор амалӣ карда мешавад.

2. Дар ҳолати дастрас нагардидани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо гирандаи ҳуҷҷатҳо ӯҳдадор аст, ки дар ин хусус ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг хабар диҳад.

 

Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 

 

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Эмомалӣ  РАҲМОН

 

ш. Душанбе,

26 декабри соли 2011,

№ 792

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 10:00
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
749
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Сешанбе, 28 Июн, 2011

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №6, мод. 460; Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425; аз 30.05.2017 с., №1426)

 

Қонуни мазкур масъалаҳои вобаста ба вазъи ҳуқуқӣ, ваколат, сохтори ташкилӣ, вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Палатаи ҳисоб) мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аудити мустақили берунаро оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ анҷом дода, ҷиҳати такмили он пешниҳод омода месозад.

2. Ваколати Палатаи ҳисоб вобаста ба гузаронидани аудити мустақили беруна ба тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад. Палатаи ҳисоб дорои ваколатҳои иҷроия, қонунгузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқ набуда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошад.  ҶТ аз 30.05.17 с., №1426)

3. Палатаи ҳисоб наметавонад ба афзалият ва норасоиҳои сиёсати  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молияи давлатӣ ва истифодабарии моликияти давлатӣ баҳо диҳад. Палатаи ҳисоб ҳуқуқ дорад  ба татбиқи сиёсати мазкур баҳо диҳад ва аз рӯи натиҷаҳои он хулосаҳои худро пешниҳод намояд.

4. Палатаи ҳисоб шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ном ва аломати худ аст. Маҳалли ҷойгиршавии доимии Палатаи ҳисоб шаҳри Душанбе мебошад.  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- аудити беруна - аудите, ки аудиторони нисбат ба ташкилоти санҷидашаванда мустақил ва ба роҳбарияти он ҳисоботдиҳанда набуда  мегузаронанд;

- аудити самаранокӣ - омӯзиш ва таҳлили фаъолияти объекти аудит доир ба сарфанокӣ,маҳсулнокӣ ва натиҷанокӣ;

- аудити натиҷанокӣ - омӯзиш ва таҳлили самаранокии барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳо, самтҳои фаъолият ва кори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ (минбаъд - ташкилотҳо) барои расидан ба мақсадҳояшон ва иҷрои супоришҳо;

- аудити молиявӣ -  омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи молиявӣ ва низоми баҳисобгирии объекти аудит, ки ба аудитор имкон медиҳад ақидаи худро оид ба ҳисоботи молиявӣ, ки бо риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи стандартҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ таҳия карда шудааст, изҳор намояд;

- маблағҳои ғайрибуҷетӣ - маблағҳои пулии  давлат, ки ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дохил карда нашуда, бо таъиноти мақсадноки муайян истифода мешаванд, ҳамчунин маблағҳое, ки дар ихтиёри  ташкилотҳо қарор дошта, аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҷудо карда нашуда, аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо ташаккул ёфтаанд;

- маблағҳои махсус - маблағҳое, ки ташкилотҳо ба ғайр аз маблағи аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҷудошаванда мегиранд. Маблағҳои махсус даромади ташкилотҳо мебошанд, ки аз ҳисоби фурӯши маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ё амалӣ намудани фаъолияти дигар ба даст меоянд;

- истифодабарии ғайримақсадноки маблағҳо -  истифодабарии ғайримақсаднок, бесарфа ва бемаҳсули маблағҳо аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ҳамчунин маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва махсус;  

 - бархурди манфиатҳо - ҳолате, ки манфиатҳои шахсии корманди Палатаи ҳисоб бо талаботи поквиҷдонона ва беғаразона иҷро намудани ӯҳдадориҳои хизматии ӯ мувофиқ намеоянд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоби  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  ҶТ аз 30.05.17 с., №1426)

 

Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти Палатаи ҳисоб 

Фаъолияти Палатаи ҳисоб мутобиқи принсипҳои зерин амалӣ мегардад:

- қонуният;

- мустақилият;

- беғаразӣ, саҳеҳӣ, поквиҷдонӣ;

- ошкорбаёнӣ то андозае, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошад;

- риояи стандартҳои касбӣ;

- риояи принсипи коллегиалӣ.

 

Моддаи 5. Мақсад ва вазифаҳои Палатаи ҳисоб

1. Палатаи ҳисоб бо тартиби муқарраргардида оид ба лоиҳаи буҷети давлатӣ ва иҷрои он хулоса пешниҳод менамояд.

2. Палатаи ҳисоб бо мақсади пешниҳоди маълумоти беғаразона ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ба назорати истифодабарии маблағҳои гирифташуда ва харҷгардидаи буҷети давлатӣ ва идоракунии зарурии захираҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳо мегузаронад.

3. Аудити аз ҷониби Палатаи ҳисоб гузаронидашаванда сохторҳо ва намудҳои фаъолияти зеринро дар бар мегирад:

-  тамоми мақомоте, ки аз буҷети далатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, аз ҷумла сохторҳое, ки қисман ё пурра дар ҳисоби хоҷагӣ қарор доранд;

- тамоми ташкилотҳое, ки дар онҳо ҳиссаи сармояи давлат ба таври назоратӣ маҳсуб меёбад;
- Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар бонкҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фондҳои ғайрибуҷетӣ ва барномаҳои мақсадноки умумидавлатӣ;

- Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа;

- ташкилотҳо бо шаклҳои гуногуни моликият, ки ба онҳо маблағҳои буҷетӣ дар намуди кӯмаки молиявӣ (дар асоси бебозгашт) ҷудо мегарданд;

- амалӣ намудани созишномаҳои байниҳукуматӣ, ки оқибатҳои молиявӣ ва оқибатҳои дигари хоҷагӣ доранд;

- хусусигардонии моликияти давлатӣ, аз ҷумла иҷрои шартномаҳои хусусигардонии бо давлат басташуда аз ҷониби соҳибони нав;

- идоракунӣ ва истифодабарии захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи созишномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулот;

- истифодабарии кӯмакҳо ва хизматрасонии маблағҳои қарз ва захираҳои давлатӣ бо асъори хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- воридоти маблағҳо ба буҷети давлатӣ аз сарчашмаҳои хориҷии сармоягузорӣ ва мувофиқи мақсад сарф кардани онҳо.

4. Мақсадҳои асосии аудите, ки Палатаи ҳисоб мегузаронад, инҳоянд:

- арзёбии эътимоднокии низоми идоракунии молиявӣ, инчунин саҳеҳии ҳисоботи молиявӣ, ки сохтори дахлдор омода намудааст (аудити молиявӣ);

- арзёбии комёбшавӣ ба иҷрои вазифаҳои дар назди ташкилот ё ягон сохтори он гузошташуда (аудити самаранокӣ);

- арзёбии сарфанокӣ ва мақсаднокии истифодабарии маблағҳои буҷетие, ки ба сохтори дахлдор ҷудо карда шудаанд (аудити натиҷанокӣ).

 

  Моддаи 6. Мустақилияти Палатаи ҳисоб

1. Палатаи ҳисоб бо мақсади ҳимояи мустақилияти амалиётӣ корҳои зеринро иҷро менамояд:

- объектҳоро барои санҷиш интихоб менамояд ва новобаста аз дигар сохторҳои давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки ин сохторҳоро роҳбарӣ менамоянд, аудит мегузаронад;

- агар дар Қонуни мазкур тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, мустақилона мавзӯъ, усул ва мӯҳлати санҷиш, инчунин шакли пешниҳоди хулосаҳои дахлдорро муайян менамояд;

- агар  мақомоти иҷроия ё қонунгузори ҳокимияти давлатӣ ба он бо дархост ҷиҳати гузаронидани аудити ғайринақшавӣ муроҷиат намоянд, дар ҳар як ҳолати мушаххас оид ба қонеъ гардонидани дархости мазкур қарор қабул менамояд. Дар сурати рад кардани дархост он ба мақоми дархосткунанда ҷавоби асосноки хаттӣ ирсол менамояд.

2. Кормандони мақомоти дигари давлатии назоратӣ ҳуқуқ надоранд дар биноҳои Палатаи ҳисоб бе иҷозати хаттии раиси он чорабиниҳои назоратӣ гузаронанд.

3. Маблағгузории фаъолияти Палатаи ҳисоб бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатри алоҳида пешбинӣ карда мешавад. 

 

БОБИ 2. СОХТОР, ВАЗЪИ ҲУКУҚИИ АЪЗОИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ ВА БАРХӮРДИ МАНФИАТҲО

 

Моддаи 7. Сохтори Палатаи ҳисоб

1. Ба ҳайати Палатаи ҳисоб раис, муовини раис ва панҷ сараудитор, ки аъзои Палатаи ҳисоб мебошанд, дохил мешаванд. 

2. Ба Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб раис, муовини раис ва сараудиторон дохил мешаванд.

3. Дар ҷаласаҳои Ҳайати мушовара раиси Палатаи ҳисоб ё дар  сурати набудани раис муовини ӯ раисӣ мекунанд. Дар сурати набудани раис ва муовини ӯ ин вазифа ба ӯҳдаи сараудитори собиқаи бештари коридошта, ки дар ҷаласаи мазкур иштирок дорад, вогузор карда мешавад.

4. Аъзо ва кормандони  Палатаи ҳисоб наметавонанд вазифаи  дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намоядагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошанд, ба соҳибкорӣ  машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ  ва омӯзгорӣ. 

5. Сохтори дастгоҳи марказӣ, низомномаи Палатаи ҳисоб ва  низомномаҳои воҳидҳои сохтории онро раиси Палатаи ҳисоб тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 8. Вазъи ҳуқуқии аъзои Палатаи ҳисоб

1. Раис, муовин ва сараудиторони Палатаи ҳисоб ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд. Онҳоро бе розигии мақоме, ки онҳоро ба вазифа таъин намудааст, ҳабс кардан, дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан, ба истиснои дастгир намудан дар ҷои содиршавии ҷиноят, манъ аст. Раис, муовини раис ва аъзои Палатаи ҳисоб ҳамчунин мавриди кофтукови шахсӣ қарор дода намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои амнияти дигарон муқаррар намудааст.

2. Раис, муовин ва сараудиторони Палатаи ҳисоб бе розигии мақоме, ки онҳоро ба вазифа таъин намудааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ, ки бо тариқи судӣ таъин гардидааст, кашида намешаванд.

3. Дахлнопазирии раис, муовин ва сараудиторони Палатаи ҳисоб ҳамчунин ба манзили онҳо, утоқҳои корӣ ва нақлиёти хизматиашон паҳн гардида, дар онҳо гузаронидани кофтуков ва гирифтан, гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва кофтукови шахсии онҳо, инчунин гирифтани мукотибот, молу мулк ва ҳуҷҷатҳо танҳо бо иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба раис, муовин ва сараудиторони Палатаи ҳисоб амалӣ карда мешавад.

4. Нисбат ба раис, муовин ва сараудиторони Палатаи ҳисоб парвандаи ҷиноятӣ танҳо аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешавад.

5. Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба раис, муовин ва сараудиторони Палатаи ҳисоб танҳо аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.

6. Андозаи музди меҳнати раис, муовин ва сараудиторони Палатаи ҳисоб, инчунин шарт ва тартиби пардохти онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

7. Аъзои Палатаи ҳисоб ҳуқуқ доранд дар ҷаласаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои вобаста ба соҳаи фаъолияти Палатаи ҳисоб иштирок ва маърӯза намоянд. Раиси Палатаи ҳисоб ё дар набудани ӯ муовини раис ҳуқуқ доранд дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои вобаста ба ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва иштирок дар муҳокимаи парламентӣ оид ба иҷро буҷети давлатӣ, инчунин доир ба масъалаҳои дигари вобаста ба вазифаҳои Палатаи ҳисоб  иштирок ва маърӯза намоянд.

8.  Нисбат ба ҳар гуна амалҳое, ки бо мақсади  монеъ шудан ба аъзоён ва кормандони Палатаи ҳисоб зимни иҷрои ӯҳдадораҳои хизматиашон ва ба хотири маҷбуркунии он (онҳо)  барои қабули қароре, ки хилофи Қонуни мазкур аст, сурат мегиранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешида мешаванд.

 

Моддаи 9. Бархӯрди манфиатҳо

1. Агар узв ё корманди Палатаи ҳисоб дар ҳолате қарор дошта бошанд, ки дар он метавонад бархӯрди манфиатҳо пайдо шавад, онҳо дарҳол дар ин хусус роҳбари бевоситаи худро огоҳ месозанд.

2. Ҳолатҳои пешгирӣ ва бартараф намудани бархӯрди манфиатҳо аз тарафи аъзо ва кормандони Палатаи ҳисоб дар Кодекси одоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешаванд, ки он аз тарафи раиси он пешниҳод гардида, аз ҷониби Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб тасдиқ карда мешавад. Риояи Кодекси одоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзо ва кормандони он ҳатмӣ мебошад. Ҳар  шахси манфиатдор метавонад бо Кодекси одоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос  шавад.

 

БОБИ 3. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ, ТАРТИБИ ТАЪИН,  МӮҲЛАТИ ВАКОЛАТҲО ВА ҚАТЪИ ВАКОЛАТҲО

 

Моддаи 10. Талаботи тахассусӣ нисбат ба раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб

Ба номзад ба вазифаи раис ё муовини раиси Палатаи ҳисоб талаботи зерин пешниҳод мегарданд:

- доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;  ҶТ аз 30.05.17 с., №1426)

- донистани забони давлатӣ;

- таҳсилоти олӣ дар соҳаи иқтисод ё ҳуқуқ;- таҷрибаи корӣ дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаҳои ба вазифаҳои Палатаи ҳисоб алоқаманд дар муддати на камтар аз панҷ сол;

- синни на камтар аз сию панҷсола;

- надоштани доғи судӣ.

 

 Моддаи 11. Тартиби ба вазифа таъин намудани раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб

(ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

Раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб ба вазифа бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати ҳафт сол таъин карда мешаванд. Раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб наметавонанд ба ин вазифа зиёда аз ду маротиба таъйин карда шаванд.  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

 

Моддаи 12. Талаботи тахассусӣ ба сараудиторони Палатаи ҳисоб

Ба номзад ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоб талаботи зерин пешниҳод мегарданд:

- доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;  ҶТ аз 30.05.17 с., №1426)

- донистани забони давлатӣ;

- таҳсилоти олӣ дар соҳаи иқтисод ё ҳуқуқ;

- собиқаи кории на камтар аз панҷсола дар соҳаҳои ба вазифаҳои Палатаи ҳисоб алоқаманд;

- синни на камтар  аз сисола;

- надоштани доғи судӣ.

 

Моддаи 13. Тартиби ба вазифа таъин намудани сараудиторони Палатаи ҳисоб

(ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

Сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати ҳафт сол ба вазифа таъин карда мешаванд. Сараудиторони Палатаи ҳисоб наметавонанд ба ин вазифа зиёда аз ду маротиба таъйин карда шаванд. ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

 

Моддаи 14. Боздоштан ва қатъ гардидани ваколатҳои раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб

1. Ваколатҳои раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб дар ҳолати мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин боздошта мешаванд:

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бедарак ғоибшуда эътироф шуда бошанд;

- бинобар вазъи саломатӣ муддати тулонӣ ӯҳдадориҳои худро иҷро карда натавонанд;

- ба сифати номзад ба вакили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ба қайд гирифта шуда бошанд.

2. Қарор дар бораи боздоштани ваколатҳои раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

3. Раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб пеш аз мӯҳлат бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешаванд:

- дар асоси ариза бо хоҳиши худ;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- бинобар вазъи саломатӣ ё бо сабабҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда натавонистани уҳдадориҳои хизматӣ;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;  ҶТ аз 30.05.17 с., №1426)

- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд нисбати ӯ;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф шудани ӯ;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи татбиқ гардидани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- вафот ё эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи фавтида эътироф гардидани ӯ;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- ба кори дигар гузаштан;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- расидан ба синни нафақа;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- машғул шудан ба фаъолияте, ки ба вазифаи ӯ номувофиқ аст;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо.  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

 

Моддаи 15. Боздоштан ва қатъ гардидани ваколатҳои сараудиторони Палатаи ҳисоб

1. Ваколатҳои сараудиторони Палатаи ҳисоб дар ҳолатҳои мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин боздошта мешаванд:

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бедарак ғоибшуда эътироф шуда бошанд;

- бинобар вазъи саломатӣ муддати тулонӣ ӯҳдадориҳои худро иҷро карда натавонанд;

- ба сифати номзад ба вакили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ба қайд гирифта шуда бошанд.

2. Қарор дар бораи боздоштани ваколатҳои сараудиторони Палатаи ҳисоб аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

3. Сараудиторони Палатаи ҳисоб пеш аз мӯҳлат бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешаванд:

- дар асоси ариза бо хоҳиши худ;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- бинобар вазъи саломатӣ ё бо сабабҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда натавонистани уҳдадориҳои хизматӣ;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;  ҶТ аз 30.05.17 с., №1426)

- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд нисбати ӯ;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф шудани ӯ;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи татбиқ гардидани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- вафот ё эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи фавтида эътироф гардидани ӯ;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- ба кори дигар гузаштан;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- расидан ба синни нафақа;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- машғул шудан ба фаъолияте, ки ба вазифаи ӯ номувофиқ аст;  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

- риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо.  ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)

 

Моддаи 16. Талаботи тахассусӣ ба роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб

Ба номзад ба вазифаи роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб талаботи зерин пешниҳод мегарданд:

- доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;  ҶТ аз 30.05.17 с., №1426)

- донистани забони давлатӣ;

- таҳсилоти олӣ;

- собиқаи кории на камтар аз панҷсола дар вазифаҳои роҳбарикунандаи вобаста ба идоракунии маъмурӣ ё молиявӣ дар мақомоти давлатӣ;

- надоштани доғи судӣ.

 

Моддаи 17. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб

Роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб аз ҷониби Раиси Палатаи ҳисоб бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

 

Моддаи 18. Кормандони дастгоҳи Палатаи ҳисоб

1. Дастгоҳи Палатаи ҳисоб аз ҷумлаи мутахассисон ва дигар кормандон ташкил карда мешавад.
2. Роҳбарии умумии дастгоҳи Палатаи ҳисоб аз ҷониби роҳбари дастгоҳ амалӣ карда мешавад. Ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва масъулияти кормандони Палатаи ҳисоб тибқи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 19. Кодекси одоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Раис, муовини раис, сараудиторон ва кормандони Палатаи ҳисоб ӯҳдадоранд Кодекси одоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қоида ва меъёрҳои рафтори кормандони Палатаи ҳисобро ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳо ва вазифаҳои хизматӣ ба танзим медарорад, риоя намоянд.

2.  Раис, муовини раис, сараудиторони Палатаи ҳисоб баъд аз таъини онҳо ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зайл савганд ёд мекунанд:

"Ман, (насаб, ном ва номи падар), ба иҷрои ваколатҳои раиси (муовини раиси, сараудитори) Палатаи ҳисоб шурӯъ намуда, бо арзи садоқат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунам. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, поквиҷдонона, беғаразона ва ба дараҷаи баланди касбӣ вазифаҳои худро ба манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон иҷро менамоям. Агар ҳамин савганди ёдкардаамро вайрон кунам, дар назди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошам".  ҶТ аз 30.05.17 с., №1426)

3. Аз ҷониби раис, муовини раис, сараудиторон ва кормандони  Палатаи ҳисоб иҷро накардани қоидаҳои Кодекси одоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарии онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. 

 

БОБИ 4. МАҚСАДИ САНҶИШҲОИ АУДИТОРӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРИИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ

 

Моддаи 20. Мақсади санҷишҳои аудиторӣ

Мақсади гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоб инҳоро дар бар мегирад:

- арзёбии мувофиқати истифодабарии захираҳои давлатии буҷетӣ ва захираҳои дигар ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- арзёбии харидории сарфакорона ва истифодабарии самараноки захираҳои давлатӣ барои комёбшавӣ ба мақсадҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда ва натиҷанокии хароҷоти маблағҳои буҷетӣ.

 

Моддаи 21. Методологияи аудит

1. Палатаи ҳисоб барои амалигардонии фаъолияти аудитории худ  методологияи заруриро таҳия ва татбиқ менамояд, аз ҷумла:

- дастурамал оид ба гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ, ки методикаи Палатаи ҳисоб  дар соҳаи аудитро дар бар мегирад;

- стандартҳои аудит бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ.

2. Методологияи аудит қисми таркибии Дастури Палатаи ҳисоб мебошад.

 

Моддаи 22. Мазмуни фаъолияти аудитории Палатаи ҳисоб

1. Палатаи ҳисоб санҷишҳоро, ки аз марҳилаҳои зерин иборатанд, мегузаронад:

- банақшагирии санҷишҳои аудиторӣ;

- иҷрои корҳои аудиторӣ дар маҳалҳо;

- омода намудани хулосаҳои аудиторӣ;

- назорати бартараф намудани камбудиҳои аз тарафи аудиторҳо ошкоршуда.

2. Палатаи ҳисоб нақшаи санҷишҳои аудиториро барои соли оянда таҳия менамояд, ки дар он ташкилотҳо (ё сохторҳои ташкилотҳо) ва намудҳои фаъолияти онҳо, ки бояд санҷида шаванд, нишон дода мешаванд. Палатаи ҳисоб ҳуқуқ дорад илова ба нақшаи санҷишҳо, санҷишҳои ғайринақшавӣ гузаронад.

3. Ҳангоми муайян намудани мавзӯъ ва намуди санҷиши аудиторӣ, ки бо истифодаи муносибат дар асоси арзёбии таваккал иҷро мешавад, Палатаи ҳисоб меъёрҳои зеринро ба назар мегирад:

- аҳамиятнокии мавзӯи санҷиши аудиторӣ;

- дараҷаи таваккал, ки  ба амалиёти мазкур хос аст;

- мӯҳлате, ки аз лаҳзаи анҷом ёфтани санҷиши қаблӣ гузаштааст;

- ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ, ки ба ташкилот ё барномаи мазкур ҷудо карда мешаванд;

- норасоиҳо дар низоми идоракунии дохилӣ, ки дар ҷараёни санҷиши қаблӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоб  ё дигар идораҳои санҷишӣ  ошкор карда шудаанд.

4. Барои ҳар як санҷиши аудиторӣ  сараудиторон мустақилона ё якҷоя  лоиҳаи нақшаи гузаронидани аудитро тартиб медиҳанд, ки сипас ба Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб  барои тасдиқ пешниҳод мегардад.

5. Дар ҳар як нақшаи гузаронидани санҷиши аудиторӣ мақсади муайян нишон дода мешавад, ки дар рафти аудит бояд амалӣ карда шавад.

6. Ҳангоми зарурат, дар доираи санҷиши аудиторие, ки аз ҷониби  Палатаи ҳисоб гузаронида мешавад, мумкин аст таҳлили  умумии низоми молиявӣ ва низоми идоракунии дохилии ташкилот гузаронида шавад. Мақсади таҳлили мазкур аз муқаррар кардани камбудиҳои ҷиддӣ дар низоми молиявии ташкилотҳо ва мувофиқати ҳисоботи молиявӣ ба стандартҳои ҳисоботдиҳӣ, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоикистон тасдиқ намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 23. Огоҳкунӣ дар бораи  аудити гузаронидашаванда

1. Палатаи ҳисоб на дертар аз 5 рӯзи корӣ роҳбари ташкилоти санҷидашавандаро дар бораи санаи оғози санҷиш ва давомнокии он огоҳ мекунад.

2. Пас аз гирифтани огоҳинома роҳбарияти ташкилоти санҷидашаванда барои таъмини  шароити мувофиқи корӣ ба кормандони Палатаи ҳисоб, инчунин дастрасии бемаҳдуд ба кормандони масъули ташкилоти санҷидашаванда ва маълумоти зарурӣ дар тамоми мӯҳлати гузаронидани аудит чораҳо меандешад.

3. Агар сараудиторе, ки барои санҷиши мазкур масъул аст, тахмин намояд, ки огоҳкунии пешакӣ метавонад барои расидан ба мақсадҳои он таҳдид кунад, огоҳкунии пешакӣ амалӣ намегардад. Дар ин ҳолат сараудитор ба роҳбари ташкилоти санҷидашаванда мактуби раиси Палатаи ҳисобро бо талаби фавран  андешидани чораҳо оид ба бетаъхир гузаронидани аудит месупорад.

 

Моддаи 24. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони Палатаи ҳисоб  ҳангоми гузаронидани санҷиш, дастрасӣ ба иттилоот,  махфият ва санҷиши минбаъдаи бартараф намудани камбудиҳои аз ҷониби кормандон нишондодашуда

1. Санҷиш аз тарафи кормандони Палатаи ҳисоб гузаронида мешавад, ки онро сараудитор роҳбарӣ менамояд.

2. Кормандони Палатаи ҳисоб ба ҳамаи ҳуҷҷатҳо, ки дар ихтиёри ташкилоти санҷидашаванда қарор доранд ва ба ақидаи онҳо  ба мақсади аудит алоқаманданд, ҳуқуқи дастрасии бемаҳдуд доранд. Онҳо ҳуқуқ доранд ин ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ намоянд.

3. Кормандони Палатаи ҳисоб ҳуқуқ доранд ба мавҷудият ва санҷиши шароити нигоҳдории  арзишҳои моддии ташкилоти санҷидашаванда, ки дар ихтиёри  ташкилот мебошанд,  новобаста аз он, ки арзишҳои мазкур  дар биноҳои худи ташкилот  ва ё таҳти нигоҳдории масъули дигар ташкилот қарор доранд, боварӣ ҳосил кунанд.

4. Кормандони Палатаи ҳисоб ҳуқуқ  доранд аз шахсони масъул шарҳу маълумоти зарури шифоҳиро бо дархост барои мақсадҳои хизматӣ дар ҳар вақт ба даст оранд. Онҳо инчунин метавонанд аз кормандони ташкилоти санҷидашаванда пешниҳоди  маълумотро  дар шакли ҷадвал ва рӯйхатҳои махсус  талаб намоянд.

5. Кормандони Палатаи ҳисоб ҳуқуқ  доранд  ба биноҳои ташкилоти санҷидашаванда бо мақсадҳои хизматӣ ҳар вақт ворид шаванд.

6. Агар ташкилоте, ки дар он Палатаи ҳисоб санҷиш мегузаронад, ба кормандони Палатаи ҳисоб барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дархостшуда ва дастрасӣ ба кормандони масъул монеа шавад, сараудитор оид ба ин масъала дарҳол роҳбарияти худро дар шакли хаттӣ огоҳ месозад.

7. Ба кормандони Палатаи ҳисоб паҳн намудани  маълумоте, ки дар натиҷаи санҷиш дастрас шудааст, манъ аст. Кормандони Палатаи ҳисоб ӯҳдадоранд ба тамоми маълумоте, ки ҳангоми аудит ба онҳо ошкор гардидааст, ҳамчун маълумоти махфӣ муносибат намоянд. Онҳо  бо кормандони ташкилоти санҷидашаванда танҳо он масъалаҳоеро муҳокима менамоянд, ки  ба санҷиш муносибати мустақим доранд.

8. Ҳуҷҷатҳои корӣ, ки аз ҷониби кормандони Палатаи ҳисоб дар ҷараёни санҷиш тартиб дода мешаванд, махфӣ ба ҳисоб рафта, моликияти  Палатаи ҳисоб мебошанд. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳо бояд тавре ба роҳ монда шавад,  ки шиносоии кормандони ташкилоти санҷидашаванда бо мазмуни ҳуҷҷатҳои мазкур ғайриимкон бошад.

9. Пас аз анҷоми санҷиш сараудитор бояд роҳбари ташкилотро аз натиҷаҳои санҷиш шинос намояд ва дар мавриди розӣ будани ӯ бо хулоса ва натиҷаи санҷиш ба санади санҷиш имзоҳои худро гузоранд. Дар мавриди розӣ набудани роҳбари ташкилот бо натиҷаи санҷиш ва рад кардани баимзорасонии санади санҷиш, сараудитор, ки барои гузаронидани санҷиш масъул аст, бо иштироки комиссия санад тартиб дода, ба он имзо мегузорад. Роҳбари ташкилот бояд ба таври хаттӣ сабаби рад кардани баимзорасонии санадро асоснок намояд.

10. Агар аз ташкилоте, ки дар он санҷиш гузаронида шуда буд, то мӯҳлати муқарраршуда ба эроду тавсияҳо шарҳи ҷавобӣ пешниҳод нагардад ё ин ки он мақсади худро дар бораи пурра ё қисман ислоҳ накардани камбудиҳои дарҷгардида изҳор намояд, дар ин маврид сараудитор нусхаи хотимавии хулосаро омода намуда, ба он ҷавоби ташкилоти санҷидашударо (агар  он мавҷуд бошад) замима мекунад ва онро барои баррасӣ ба Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб пешниҳод менамояд.

11. Дар сурати аз ҷониби Палатаи ҳисоб ошкор гардидани  ҳолатҳои азонихудкунӣ, исрофкорӣ, тасарруф ва норасоии маблағҳои давлатӣ маводҳои санҷиш ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ фиристода мешаванд.

12. Дар сурати ризоияти ташкилоти санҷидашаванда барои бартараф намудани камбудиҳо тибқи тавсияҳои пешниҳоднамудаи Палатаи ҳисоб ҳатман протокол тартиб дода мешавад, ки дар он мӯҳлати иҷрои тавсияҳои мазкур нишон дода мешавад. Бо мақсади назорати иҷрои тавсияҳои пешниҳоднамудаи Палатаи ҳисоб ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида сараудитор санҷиши минбаъдаи иҷрои тавсияҳо ва бартараф намудани камбудиҳоро амалӣ менамояд.

13. Агар  сараудитор дар ҷараёни санҷиши назоратӣ ба хулоса ояд, ки тавсияҳои Палатаи ҳисоб аз тарафи ташкилоти санҷидашуда пурра ё қисман иҷро нашудаанд ва камбудиҳои қайдгардида бартараф нагаштаанд, далелҳои мазкур барои баррасӣ ба Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб пешниҳод карда мешаванд.

 

Моддаи 25. Ҳуқуқ ва  ӯҳдадориҳои ташкилоте, ки дар он аудит гузаронида мешавад

1. Шахси мансабдори ташкилоте, ки дар он аудит гузаронида мешавад, ҳуқуқ дорад:

- вақт ва мӯҳлати гузаронидани аудити самаранок, натиҷаҳои он, хулоса ва тавсияҳоро (агар онҳо мавҷуд бошанд) донад;

- ба кормандони Палатаи ҳисоб, ки ҳуҷҷати дахлдорро барои гузаронидани аудити самаранок пешниҳод накардаанд, иҷозат надиҳад;

- асоснокии пурраи хаттӣ дар бораи тамдиди мӯҳлати гузаронидани аудитро дастрас намояд ва дар ҳолате ки агар шахси мансабдор ба хулоса ояд, ки тамдид намудани мӯҳлати гузаронидани аудит беасос аст, ба суд муроҷиат намояд;

- ҷуброни зарарро, ки дар натиҷаи ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби кормандони Палатаи ҳисоб расонида шудааст, талаб намояд;

- дар мавриди ҳаракатҳои ғайриқонунии кормандони Палатаи ҳисоб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро огоҳ созад.

2. Шахси мансабдори ташкилоте, ки дар он аудит гузаронида мешавад,  ӯҳдадор аст:

- ба кормандони Палатаи ҳисоб  барои  гузаронидани аудит шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда, тамоми маълумоти дархостшавандаро  пешниҳод кунад, дурустӣ ва пуррагии маълумотҳои мазкурро таъмин намояд;

- ба амалҳои кормандони Палатаи ҳисоб дахолат накунад, онҳоро ба иштибоҳ набарад, барои гузаронидани аудит монеа нашавад ва миқёси гузаронидани онро маҳдуд насозад;

- ба кормандони Палатаи ҳисоб барои гузаронидани аудит ва омӯзиши ҳуҷҷатҳо дар давоми вақти корӣ бе қатъ намудани фаъолияти ташкилоти санҷидашаванда иҷозат диҳад.

3. Барои рад ё саркашӣ намудан аз пешниҳоди саривақтии маълумоти зарурӣ ё ҳуҷҷатҳо тибқи талаби Палатаи ҳисоб, ҳамчунин пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ва саркашӣ аз додани ҷавоб ба саволҳои ба таври қонунӣ  додашуда, шахси мансабдори ташкилоте, ки дар он аудит гузаронида мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

Моддаи 26. Ҷалб кардани экспертҳои беруна

1. Палатаи ҳисоб барои кӯмак дар иҷрои кори аудиторӣ метавонад аз хизматрасонии экспертҳои беруна истифода барад.

2. Хароҷоти маблағи хизматрасонии экспертҳои беруна аз ҳисоби сметаи хароҷоти   Палатаи ҳисоб  пардохт карда мешаванд.

3. Интихоби  экспертҳои беруна дар доираи тартибе, ки аз ҷониби раиси Палатаи ҳисоб пешниҳод ва Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб тасдиқ намудааст, амалӣ мегардад.

 

БОБИ 5. ВАЗИФАҲО ВА САЛОҲИЯТИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ

 

Моддаи 27. Вазифаҳо ва салоҳияти Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб

1. Мақоми олии Палатаи ҳисоб Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб мебошад.

2. Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб Дастури Палатаи ҳисоб ва мазмуни кори соҳаҳоеро, ки сараудиторон роҳбарӣ менамоянд, тасдиқ мекунад.

3. Маҷлиси Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб аз рӯи зарурат аз ҷониби раиси он ё бо талаби аз се як ҳиссаи аудиторони Палатаи ҳисоб, вале на кам аз як маротиба дар як моҳ, даъват карда мешавад.

4.  Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб дар мавриде салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар дар он на кам аз се ду ҳиссаи аъзои Палатаи ҳисоб иштирок дошта бошад.

5. Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб дар маҷлиси худ қарор қабул менамояд, ки он аз ҷониби раиси Ҳайати мушовара имзо карда мешавад.

6. Маҷлисҳои Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб ба таври кушода гузаронида мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ ва Дастури Палатаи ҳисоб маҷлисҳои пӯшида низ гузаронида мешаванд.

7. Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб:   

- нақшаи кории солона ва тағйиру иловаҳоро ба нақша тасдиқ менамояд;

- лоиҳаи сметаи хароҷоти Палатаи ҳисобро тасдиқ менамояд;

- оид ба қонеъ гардонидани дархост барои гузаронидани аудити ғайринақшавӣ қарор қабул мекунад;

- хулосаҳои аудитории Палатаи ҳисобро тасдиқ менамояд;

- Дастури Палатаи ҳисоб ва дастурамал оид ба тартиби гузаронидани санҷишҳои аудиториро тасдиқ мекунад, инчунин ба ҳуҷҷатҳои мазкур тағйирот ворид менамояд

- Кодекси одоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

- ҳисоботи роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисобро мешунавад;

- ҳисоботҳои солона ва фосилавии Палатаи ҳисобро мешунавад; 

- тартиби интихоби экспертҳои берунаро тасдиқ менамояд; 

- оид ба дигар супоришҳое, ки ба аудиторон дода мешаванд, қарор қабул мекунад.

 

  БОБИ 6. ҲИСОБОТДИҲӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ

 

Моддаи 28. Ҳисоботдиҳии солона оид ба фаъолияти аудиторӣ

1. Палатаи ҳисоб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи аудиториро оид ба ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  иҷрои буҷети давлатӣ барои соли гузашта пешниҳод менамояд. Хулосаи Палатаи ҳисоб бояд аз ҷамъбастҳои зерин иборат бошад:

- иҷрои буҷети давлатӣ дар асоси қонун, сарфакорӣ ва самаранокӣ;

- ба мақсад мувофиқ будан ва самараи иқтисодии пешбинишудаи тағйирот  дар андозаи  қарзи давлатии дохилӣ ва хориҷӣ;

- оқибатҳои пешбинишавандаи кафолати қарзҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда;

- саҳеҳии баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявии ташкилотҳое, ки маблағҳои буҷети давлатиро харҷ менамоянд.

2. Палатаи ҳисоб ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи ҷамъбастиро оид ба фаъолияти аудитории худ пешниҳод менамояд.

 

Моддаи 29. Ҳисоботи даврӣ

Палатаи ҳисоб ҳуқуқ дорад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳои аудиториро доир ба масъалаҳои хусусияти фавридошта, ки қабули чораҳои таъхирнопазирро талаб менамоянд, пешниҳод намояд.

 

Моддаи 30. Ҳисоботи солона доир ба фаъолияти Палатаи ҳисоб

1. Палатаи ҳисоб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз охири семоҳаи аввали соли молиявии навбатӣ ҳисобот оид ба иҷрои буҷети Палатаи ҳисобро пешниҳод менамояд.

2. Дар ҳисобот маълумотҳои зерин пешниҳод мегарданд:

- масъалаҳои кадрӣ;

- такмили ихтисоси кормандон;

- такмили методологӣ;

- технологияҳои иттилоотӣ;

- масъалаҳои маблағгузории Палатаи ҳисоб.

 

Моддаи 31. Интишори хулосаҳои аудиторӣ

Палатаи ҳисоб ҳисоботҳои худро дар воситаҳои ахбори омма интишор менамояд.

 

БОБИ 7. ҲАМКОРИИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ БО МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Моддаи 32. Ҳамкории Палатаи ҳисоб бо мақомоти назорати давлатии молиявӣ

1. Палатаи ҳисоб бо мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва  воҳидҳои назорати дохилии молиявӣ дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки пурра ё қисман аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ё моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд, ҳамкорӣ менамояд.  Барои амалӣ намудани чунин ҳамкорӣ Палатаи ҳисоб ҳуқуқ дорад тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва хулосаҳои мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва воҳидҳои назорати дохилиидоравии молиявиро, ки тайёр карда шудаанд, ба даст орад, бо кормандони онҳо машваратҳо гузаронад ва мубодилаи маълумот намояд.

2. Палатаи ҳисоб ба кормандони мақомоти назорати молиявии дохилиидоравӣ барои иштирок дар чорабиниҳо оид ба такмили ихтисос, ки аз ҷониби Палатаи ҳисоб гузаронида мешаванд, иҷозат медиҳад ва низоми коромӯзиро дар Палатаи ҳисоб барои такмили ихтисоси кормандони онҳо ташкил менамояд.

3. Палатаи ҳисоб аудити самаранокии назорати молиявии дохилиидоравиро дар ташкилотҳо мунтазам мегузаронад.

 

Моддаи 33. Ҳамкории байналмилалии Палатаи ҳисоб

1. Палатаи ҳисоб дар доираи ваколатҳои худ ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти олии назорати молиявии  кишварҳои хориҷӣ амалӣ менамояд.

2. Бо ин мақсад Палатаи ҳисоб:

- ба ҳамкориҳои бевоситаи иттилоотӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва дигар намудҳои ҳамкориҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё созишномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ намудаанд, мусоидат  менамояд;

- дар такмили ихтисоси кадрҳо, ки дар мақомоти барои гузаронидани аудит вазифадор фаъолият мекунанд, инчунин дар гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи аудити беруна кӯмак мерасонад ва кӯмак мегирад;

- оид ба лоиҳаҳои созишномаҳои байналмилалӣ, инчунин доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳои байналмилалии амалкунанда пешниҳод таҳия менамояд;

- дигар ӯҳдадориҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

 

БОБИ 8. САНҶИШҲОИ МУСТАҚИЛИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ

 

Моддаи 34. Аудити самаранокӣ

1. Мақсади аудити самаранокӣ аз сифатан беҳтар намудани ҷараёни идоракунии захираҳои давлатӣ дар асоси пешниҳоди маълумоти пурра, саҳеҳ ва беғаразона оид ба фаъолияти ташкилотҳое, ки ба раванди буҷет ҷалб гардидаанд, иборат мебошад.

2. Аудити самаранокӣ ҳисоботро оид ба масъалаҳои иқтисод, молия, самаранокии фаъолияти амалиётӣ ва маъмурии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин тавсияҳоро оид ба такмили қонунгузории буҷетӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод менамояд.

3. Ҳисобот метавонад масъалаҳои зеринро дар бар гирад:

1) масъалаҳои ба фаъолияти маъмурии бахши давлатӣ, ки нисбат ба он Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бартарии аудитӣ муайян намудааст;

2) қайдҳои муҳосибӣ ва дигар қайдҳо, ки аз таҷрибаи умумии қабулшудаи пешбурди баҳисобгирӣ фарқ мекунанд;

3) баҳисобгирии нодурусти воситаҳои давлатӣ, коммуналӣ ё воситаҳои ташкилоти санҷидашаванда;

4) мавҷуд набудани қайдҳои баҳисобгирӣ ва дигар қайдҳо ё амалиёти нокифоя барои:

а) ҳифзи моликияти давлатӣ ё моликияти ташкилоти санҷидашаванда;

б) таъмини аудити самаранокӣ оид ба ҷамъоварӣ ва ҷойгир намудани маблағҳои пулӣ ва пардохтҳо.

4. Вазифаҳои асосии аудити самаранокӣ инҳоянд:

- санҷиши назоратии фаъолияти ташкилоти назоратшаванда ва муайян намудани сабабҳои ғайрисамаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ аз тарафи гирандагони онҳо;

- ҷустуҷӯи таҳлилӣ ва муайян намудани алоқамандии сабабу натиҷаҳои кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва хулосаҳои он;

- ташаккули таркибӣ, муайян намудани тавсияҳо барои беҳтар кардани самаранокии фаъолияти ташкилотҳои санҷидашаванда;

- ба мақомоти қонунгузор додани имконияти баҳодиҳӣ ба натиҷанокии қабули қарорҳо оид ба танзими раванди буҷетӣ;

- таъмини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо маълумот ва тавсияҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳо.

 

Моддаи 35. Аудити молиявии Палатаи ҳисоб

1. Фаъолияти Палатаи ҳисоб ҳар сол аз ҷониби ширкати аудитории касбӣ бояд таҳти аудити молиявӣ қарор дода шавад, ки он аз ҷониби раиси Палатаи ҳисоб пас аз  гузаронидани озмун (тендер) таъин мегардад.

2. Ба вазифаи ширкати аудитории мазкур омода намудани хулоса оид ба сатҳи риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор аз ҷониби Палатаи ҳисоб ҳангоми харҷи маблағҳои буҷетӣ дохил мешавад.

3. Хулосаи ширкати аудиторӣ дар маҷлиси Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб баррасӣ карда мешавад.

4. Пардохти ҳаққи хизматрасонии ширкати аудитории касбӣ аз ҳисоби маблағҳои дар сметаи хароҷоти Палатаи ҳисоб пешбинигардида амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 36. Баҳодиҳии мустақил ба сифати аудитҳо, ки аз ҷониби  Палатаи ҳисоб гузаронида мешаванд

Ба сифати аудитҳое, ки Палатаи ҳисоб гузаронидааст, дар панҷ  сол на камтар аз як маротиба бо тартиби муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳо дода мешавад ва хулосаи он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

 

БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 37. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 38. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 Эмомалӣ РАҲМОН    

 

ш. Душанбе, 

 28 июни соли 2011,

№ 749

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РӮЗҲОИ ИД

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 10:15
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
753
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Сешанбе, 2 Август, 2011
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ РӮЗҲОИ ИД
 
(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 608; с. 2012, №7, мод. 684; №12, қ. 1, мод. 1011, мод. 1012; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 401; с. 2015, №3, мод. 209, №7-9, мод. 706; с. 2016, №5, мод. 371, №7, мод. 619, №11, мод. 878; с. 2017, №1-2, мод. 13, №5, қ. 1, мод. 294; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1480; ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1819)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таҷлили рӯзҳои идро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
 
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
 
Моддаи 2. Рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои зерин ҳамчун рӯзҳои ид қайд карда мешаванд:
- Соли нав - 1 январ;
- Рўзи кормандони маќомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – 10 январ;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1390)
- Рӯзи кормандони мақомоти гумрук - 22 январ;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
- Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 25 январ; (ҚҶТ аз 28.12.12с.№917)
- Иди Сада 30 январ;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1480)
- Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23 феврал;
- Рӯзи Модар - 8 март;
- Рӯзи матбуот - 11 март;
- Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура – 14 март; (ҚҶТ аз 8.08.15с., №1218; ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
(Сархати 9 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1480)
- Рӯзи фарҳанг – 20 март;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1437)
- Рӯзи зиёиёни эҷодкор - 20 март;
- Иди байналмилалии Наврӯз - 21-24 март;
- Рӯзи иқтисодчиён - 8 апрел;
- Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ - 10 апрел;
- Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва  фарҳангӣ - 18 апрел;
- Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе - шанбеи сеюми  моҳи апрел;
- Рӯзи илми тоҷик - якшанбеи сеюми моҳи апрел;
- Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ - 26 апрел;
- Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон - 1 май;
- Рӯзи кормандони мақомоти андоз - 4 май;
- Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа - 7 май;
- Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 9 май;
- Рӯзи Шашмақом - 12 май;
- Рӯзи байналмилалии оила -15 май;
- Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май;
- Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология – 25 май; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1104)
- Рӯзи адвокатҳо - 26 май;
- Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ - 28 май;
- Рӯзи кормандони соҳаи кимиё - якшанбеи охири моҳи май;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1480)
- Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 1 июн;
- Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва рӯзи обуҳавошиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон  - 5 июн;
- Рӯзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ - якшанбеи якуми моҳи июн;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
- Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук - якшанбеи дуюми моҳи июн;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
- Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 27 июн;
- Рӯзи байналмилалии кормандони соҳаи кооператсия - 6 июл;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
- Рӯзи маъюбон - 8 июл;
- Рӯзи моҳипарварон - якшанбеи дуюми моҳи июл;
- Рӯзи кормандони соҳаи металлургӣ - якшанбеи сеюми моҳи июл;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1480)
- Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ - 25 июл;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
- Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ - 30 июл;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1480)
- Рӯзи варзишгарон - 10 август;
- Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон - якшанбеи дуюми моҳи август;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
- Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ - 17 август;
- Рӯзи кормандони роҳи оҳан - 17 август;
- Рӯзи кормандони соҳаи тиб - 18 август;
- Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон - якшанбеи сеюми моҳи август;
- Рӯзи кормандони соҳаи истихроҷи ангишт - якшанбеи охири моҳи август;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1480)
- Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ - 1 сентябр;
- Рӯзи дониш - 1 сентябр;
- Рӯзи авиатсия - 3 сентябр;
- Рӯзи Гвардияи миллӣ - 3 сентябр;
- Рӯзи китоб - 4 сентябр;
- Рӯзи кормандони саноати нафту газ - якшанбеи аввали моҳи сентябр;
- Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 9 сентябр;
- Рӯзи мелиораторон - 13 сентябр;
- Рӯзи роҳсозон - якшанбеи дуюми моҳи сентябр;
- Рӯзи кормандони ҷангал - якшанбеи сеюми моҳи сентябр;
- Рӯзи Рӯдакӣ - 22 сентябр;
- Рӯзи кормандони соҳаи мошинсозӣ - якшанбеи охири моҳи сентябр;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1480)
– Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ – 29 сентябр (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1341);
- Рӯзи Мавлоно  Ҷалолиддини Балхӣ - 30 сентябр;
- Рӯзи пиронсолон - 1 октябр;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1480)
- Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 октябр;
- Рӯзи омӯзгорон - якшанбеи якуми моҳи октябр;
(хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1480)
- Рӯзи Фалак - 10 октябр;
- Рӯзи кормандони мақомоти адлия - якшанбеи дуюми моҳи октябр;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1480)
- Рӯзи соҳибкорон – 14 октябр; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1187)
- Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ 15 октябр;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1480)
- Рӯзи кинои тоҷик - 16 октябр;
(хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1480)
- Рӯзи кормандони мақомоти судӣ 26 октябр;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1480)
- Рӯзи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон -  6 ноябр;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
- Рӯзи театри тоҷик - 7 ноябр;
- Рӯзи кормандони милитсия - 10 ноябр;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1480)
- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр  (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1320);
- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24 ноябр;
- Рӯзи кормандони мақомоти молия - 7 декабр;
- Рӯзи иттифоқҳои касаба – 24 октябр; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1819)
- Рӯзи геологҳо – 9 декабр; (ҚҶТ аз 3.07.12с., №834)
- Рӯзи ҳуқуқи инсон - 10 декабр
- Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон - 18 декабр;
- Рӯзикормандони соҳаи энергетика - 22 декабр;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1480)
- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ - 28 декабр;
- Иди Рамазон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
- Иди Қурбон - ҳар сол дар рўзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
 
Моддаи 3. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ
Рӯзҳои зерини ид рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд:
- 1 январ - Соли нав;
- 8 март - Рӯзи Модар;
- 21-24 март - Иди байналмилалии Наврӯз;
(сархати 4 хориљ карда шуд бо ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1390)
- 9 май - Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
- 27 июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ;
- 9 сентябр - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
- Рӯзи иди Рамазон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
- Рӯзи иди Қурбон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
 
Моддаи 4. Афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар рӯзҳои ид
Дар рӯзҳои ид Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.
 
Моддаи 5. Чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ дар рӯзҳои ид
1. Ба муносибати рӯзҳои ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва коллективҳои меҳнатӣ чорабиниҳои  ҷамъиятию сиёсӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.
2. Парадҳои ҳарбӣ, салютҳои артиллерӣ ва мушакпарронӣ дар рӯзҳои ид бо тартиби муқарраргардида  гузаронида мешаванд.
 
Моддаи 51. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1362)
 
Моддаи 6. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
                     «Дар бораи рӯзҳои ид»
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 «Дар бораи рӯзҳои ид» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод. 237; с. 1998, №10, мод. 125; №23-24, мод. 338; с. 1999, №5, мод. 76; №12, мод. 308; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 191; мод. 194; мод. 197; с. 2003, №4, мод.132; №8, мод. 449; №12, мод. 678; с. 2004, №5, мод. 350; №12, қ. 1, мод. 697; с. 2005, №3, мод. 131; №12, мод. 658; с. 2008, №1, қ. 2, мод. 9; №3, мод. 188; №12, қ. 1, мод. 988; с. 2009, №5, мод. 319; №7-8, мод.493; №11, мод. 698; мод. 699; с. 2010, №7, мод. 544; мод. 548) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 7. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
           Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе, 2 августи соли 2011,
№ 753
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 10:24
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
790
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Душанбе, 26 Декабр, 2011

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

 

хбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №12, мод. 854;)

 

Қонуни мазкур ба таъмини асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии кормандоне равона шудааст, ки шароити меҳнаташон махсус мебошад ва бо намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ машғуланд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода  мешаванд:

- суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ - низоми аз ҷониби давлат муқарраргардидаи муносибатҳоеро дар бар мегирад, ки аз ҷамъоварии маблағи аз ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохтаи корфармо ба кормандони шароити меҳнаташон махсус ва бо намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ (минбаъд - корҳои шароиташон махсус) машғул ва аз истифодабарии ин маблағҳо барои пардохти нафақа бо сабаби шароити махсуси меҳнат иборат мебошад;

- муассисаи суғурта - мақомоти ваколатдори давлатие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ амалӣ менамояд;

- суғуртакунанда - корфармо аз ҷумлаи шахсони ҳуқуқӣ (аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ бо сармоягузории хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд), намояндагию филиалҳои онҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки тибқи шартномаҳои меҳнатӣ корҳои шароиташон махсусро пешниҳод намуда, саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро пардохт менамояд;

шахси суғурташуда - шахси воқеие, ки ба ӯ барои иҷрои корҳои шароиташон махсус саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохт карда мешавад;

- саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ - пардохтҳои ҳатмии суғуртакунанда барои ҷамъоварии маблағҳо ҷиҳати таъминоти нафақавии касбӣ;

- собиқаи касбӣ - давомнокии кори шароиташон махсуси шахси суғурташудае, ки дар давоми он ба ӯ саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохт гардидааст;

- собиқаи махсус - давомнокии кори шароиташ махсус, ки барои нафақаи меҳнатии имтиёзнок аз рӯи синну сол вобаста ба шароити махсуси меҳнат ё ба нафақаи меҳнатӣ барои хизмати дарозмуддат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқ медиҳад;

- давраи пеш аз мӯҳлати нафақавии шахси суғурташуда - давраи аз моҳи баъди моҳе, ки шахси суғурташуда барои таъини нафақаи касбии пеш аз мӯҳлат муроҷиат кардааст, то моҳи расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ;

- андӯхтҳои нафақавии касбӣ - маблағе, ки барои нафақаи касбии шахси суғурташуда аз ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва даромадҳо аз ҳисоби сармоягузории он ҷамъгардида пардохта мешавад;

- нафақаи касбӣ - маблағи ҳармоҳае, ки аз ҳисоби андӯхтҳои нафақавии касбӣ дар шакли нафақаи касбии пеш аз мӯҳлат ё нафақаи касбии иловагӣ пардохт карда мешавад;

- нафақаи касбии пеш аз мӯҳлат - нафақаи касбие, ки ба шахси суғурташуда дар давраи пеш аз расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ пардохт мешавад;

- қисми касбии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда - шакли баҳисобгирии махсус, ки дар он маблағи саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ, натиҷаҳои сармоягузорӣ, пардохтҳо ба шахси суғурташуда, давомнокии собиқаи касбӣ ва дигар маълумоти зарурӣ, ки ҷиҳати амалӣ намудани ҳуқуқҳо барои пардохт аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ мутобиқи Қонуни мазкур инъикос мегардад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Принсипҳои асосии ташкил ва амали суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ аз рӯи принсипҳои зерин ташкил меёбад ва амал мекунад:

- масъулияти корфармоён оид ба эҳтимолияти паст гардидани қобилияти кории корманд дар натиҷаи ба корҳои шароиташон махсус машғул будан то расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ;

- пешниҳод намудани нафақаи касбӣ то расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ ё дар намуди пардохти иловагӣ ба нафақа баъди расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ бо мақсади ҷуброни музди меҳнате, ки дар натиҷаи қатъ гардидани корҳои шароиташон махсус аз он маҳрум шудааст;

- интихоби ҷуброни корҳои шароиташон махсус аз ҷониби шахси суғурташуда;

- бо роҳи андӯхт ҷамъоварӣ кардани маблағи пардохти нафақаҳои касбӣ;

- ҳамарзишии андозаи нафақаи касбӣ ба ҳаҷми андӯхтҳои нафақавӣ;

- шарикии иҷтимоӣ ҳангоми амалӣ гардонидани суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ;

- назорати давлатӣ ба амалигардонии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ.

 

БОБИ 2. СУБЪЕКТҲОИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

 

Моддаи 4. Субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ инҳоянд:

- суғуртакунанда (корфармо);

- муассисаи суғурта;

- шахси суғурташуда.

 

Моддаи 5. Кормандоне, ки бояд мавриди суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ қарор гиранд

1. Бо назардошти шартҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур шахсони зерин бояд мавриди суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ қарор гиранд:

- кормандоне, ки рӯзи пурраи корӣ ба корҳои зеризаминӣ ва корҳои шароиташон махсусан зарарноку махсусан вазнин машғуланд;

- кормандоне, ки рӯзи пурра дар шароити зарарноку вазнин кор мекунанд;

- кормандоне, ки рӯзи пурра бевосита дар конҳои зеризаминӣ ва кушода (аз ҷумла ҳайати шахсии қисмҳои наҷотдиҳии кормандони конҳо) ангишт, сланетс ва маъданҳои дигар истихроҷ мекунанд, дар сохтмони шахтаю конҳо машғули кор мебошанд, инчунин кормандони касбҳои пешбари ин корҳо: поккорони конҳо, нақбканҳо, маъданканҳо, мошинкорони мошинҳои ҳамлу нақли маъдан;

- занҳои тракторчӣ, тракторчӣ - мошинкори истеҳсолоти кишоварзӣ, дигар соҳаҳои иқтисодиёт, мошинкори мошинҳои бинокорӣ, роҳсозӣ ва боркунандаю борфуроранда;

- занҳое, ки дар истеҳсолоти бофандагии меҳнаташ пуршиддат ва вазнин кор мекунанд;

- мардҳои тракторчӣ, мошинкори истеҳсолоти кишоварзӣ, ки маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол мекунанд;

- занҳои говҷӯш (операторони мошинҳои говҷӯшии фермаҳои механиконидашуда);

- коргарони бригадаҳои локомотивҳо ва гурӯҳҳои алоҳидаи кормандоне, ки ба ташкили корҳои бору мусофиркашонӣ бевосита машғул буда, бехатарии ҳаракатро дар нақлиёти роҳи оҳан таъмин мекунанд;

- ронандагони автомобилҳои боркаши шахтаҳо, конҳои маъдан, конҳои кушода, ки ангишт, сланетс, маъдан ва сангу хок мекашанд;

- кормандони экспедитсияҳо, гурӯҳҳо, дастаҳо, бригадаю участкаҳои корҳои саҳроии иктишофи  гидрологӣ, ҷангалдорӣ ва корҳои таҳқиқотӣ;

- ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ;

- кормандоне, ки парвози ҳавопаймоҳои гражданиро бевосита идора менамоянд;

- муҳандису техникҳои хизматрасонии бевоситаи ҳавопаймоҳои гражданӣ;

- ҳайати ҳавонавардон ва озмоишгарони ҳавопаймоҳои гражданӣ;

- ходимони ҳавопаймоҳо;

- занҳое, ки тамоми мавсим пахтаю тамоку парваришу ҷамъоварӣ мекунанд;

- мардҳое, ки тамоми мавсим пахта парвариш ва ҷамъоварӣ мекунанд;

- гурӯҳҳои алоҳидаи кормандони соҳаи маориф;

- гурӯҳҳои алоҳидаи кормандони соҳаи тандурустӣ;

- гурӯҳҳои алоҳидаи ҳунарпешаҳои театр ва муассисаю коллективҳои дигари театру тамошогоҳҳо;

- варзишгарони касбӣ.

2. Рӯйхат ва номгӯйи корҳои шароиташон махсусан зарарнок ва махсусан вазнинро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 6. Ташкили шароит  барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

1. Шароит барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ аз ҷониби корфармое, ки ҷойҳои кори шароиташ махсус дорад, тариқи бастани шартнома бо муассисаи суғурта муҳайё карда мешавад. Шартномаи муҳайё кардани шароит барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба мӯҳлате, ки корфармо ва муассисаи суғурта муайян менамоянд, баста мешавад. Дар ҳолати зарурӣ эътибори шартнома метавонад ба мӯҳлати нав тамдид карда шавад.

2. Бо шартномаи коллективӣ байни корфармо ва кормандон метавонад ӯҳдадории корфармо оид ба пардохти иловапулии ҷубронӣ ба музди меҳнати ин ё он гурӯҳи кормандони шароити корашон махсус (ба истиснои шахсоне, ки дар конҳои зеризаминӣ, шароити махсусан зарарноку махсусан вазнин кор кардаанд), ки бо назардошти маблағи саҳмҳои бо Қонуни мазкур пешбинишуда муайян мегардад, пешбинӣ карда шавад. Агар шартномаи коллективӣ ӯҳдадории корфарморо оид ба пардохти иловапулии ҷубронӣ ба музди меҳнати кормандони дар қисми мазкур қайдгардида пешбинӣ намояд, барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии ин кормандон аз ҷониби корфармо шароит муҳайё карда намешавад.

3. Қарори пардохти иловапулии ҷубронӣ ба музди меҳнат дар асоси қисмати дахлдори шартномаи коллективӣ ба мӯҳлати на камтар аз се сол қабул гардида, аз тарафи корфармо бо санади меъёрии дохилӣ тасдиқ карда мешавад.

4. Барои шахсоне, ки дар муассисаи суғурта суғурта шудаанд ва дар конҳои зеризаминӣ, дар шароити махсусан зарарноку вазнин кор кардаанд, нафақаи касбӣ муқаррар мегардад ва ҳармоҳа аз рӯзи муқаррар намудан то ба итмом расидани давраи нафақавии пеш аз мӯҳлат пардохт карда мешавад.

 

БОБИ 3. ТАРИФ, ЗАМИНАИ САҲМБАНДӢ ВА ПАРДОХТҲО АЗ ҲИСОБИ МАБЛАҒИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

 

Моддаи 7. Ташаккул ва хароҷоти маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

1. Маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ аз ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва даромади нигоҳдории онҳо ҷамъоварӣ мешавад.

2. Маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ нигоҳ дошта мешавад.

3. Нигоҳдорӣ ва бозпасгардонии маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро муассисаи суғурта кафолат медиҳад.

4. Маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ моликияти инфиродӣ ба ҳисоб рафта, наметавонад ба дигар мақсадҳои пешбининакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ харҷ карда шавад, инчунин маблағи мазкур наметавонад барои ситонидани қарзи муассисаи суғурта, бонки ваколатдор, суғуртакунандагон ва шахсони суғурташуда харҷ карда шавад.

 

 

Моддаи 8. Саҳмҳо барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

1. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба кормандоне пардохт мегардад, ки ба корҳои мансуб ба номгӯйи корҳои шароиташон махсус машғул мебошанд.

2. Объекти ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ҳама гуна пардохтҳои пулие мебошанд, ки ба корманд бо сабаби машғул будан ба корҳои мансуб ба номгӯйи корҳои шароиташон махсус ҳисоб шудаанд.

3. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба муассисаи суғурта ҳармоҳа пардохт карда мешавад.

4. Агар маблағи саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии ба муассисаи суғурта пардохтгардида аз маблағи тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни мазкур пардохтшаванда кам бошад ва корфармо - пардохткунандаи саҳмҳо маблағи фарқиятро дар давоми понздаҳ рӯзи баъди пешниҳод намудани эъломия оид ба саҳмҳои суғуртавӣ муқарраргардида нагузаронад, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҷамъоварии саҳмҳои суғуртавӣ аз ҳолати воқеӣ ба таври хаттӣ корфармо - пардохткунанда ва муассисаи суғуртаро огоҳ намуда, ҷиҳати ситонидани маблағи саҳми суғуртавии кампардохтгардида чора меандешад.

5. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ барои кормандоне, ки ба синни ниҳоии нафақавӣ расидаанд, пардохт карда намешавад.

 

Моддаи 9. Пардохткунандаҳои саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Пардохткунандаҳои саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ корфармоёне мебошанд, ки ҷойҳои кории шароиташон махсус доранд ва саҳмҳои суғуртавиро барои кормандоне, ки дар ин ҷойҳо кор мекунанд, пардохт менамоянд.

 

Моддаи 10. Заминаи саҳмбандии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Заминаи саҳмбандии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ҳамчун маблағи пардохти бо моддаи 8 Қонуни мазкур пешбининамудае, ки пардохткунандаи саҳмҳо дар давраи ҳисоботӣ барои кормандон ҳисоб намудааст, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 11. Маблағҳое, ки барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ саҳмбандӣ намешаванд

Маблағҳои зерини суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ саҳмбандӣ намешаванд:

1) кӯмакпулиҳои давлатие, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешаванд;

2) ҳама намудҳои ҷубронпулии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаи вобаста ба:

- товони зарари маъюбӣ дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ё бемории касбӣ;

- ҷуброни маблағи пардохтшуда барои манзили зист, хизматрасонии коммуналӣ ва сӯзишворӣ;

- пардохти маблағи арзиши таъминоти озуқа ва молҳо;

- ҷубронпулии аз кор озод намудан ё рухсатии меҳнатии истифоданашуда;

- пардохти маблағи арзиши либоси махсус ва пойафзоли корӣ;

- маблағи ёрии моддӣ ва дигар пардохтҳои яквақтаина;

- хароҷоти сафари хизматӣ;

- хароҷоти дигаре, ки ба иҷрои вазифаи асосии корманд вобаста намебошад.

 

Моддаи 12. Тарифҳои саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

1. Ба пардохткунандагони саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии дар моддаи 9 Қонуни мазкур зикршуда тарифҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

- дар сурате, ки заминаи саҳмбандӣ барои ҳар як корманд дар алоҳидагӣ то ба андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил намояд, саҳми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ барои кормандони дар сархатҳои якум, сеюм ва чоруми қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур дарҷгардида 10 фоиз ва барои кормандони дигаре, ки шароити корашон махсус мебошад, 5 фоизи даромади воқеиро ташкил медиҳад;

- дар сурате, ки заминаи саҳмбандӣ барои ҳар як корманд дар алоҳидагӣ аз андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад, саҳми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ барои кормандони дар сархатҳои якум, сеюм ва чоруми қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур дарҷгардида 10 фоиз ва барои кормандони дигаре, ки шароити корашон махсус мебошад, 5 фоизи андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.

2. Маблағи ҳисобгардидаи саҳми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ барои ҳар як корманди дар қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур нишондодашуда наметавонад аз 1 фоизи андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо кам бошад.

 

Моддаи 13.  Давраи ҳисоббаробаркунӣ

Давраи ҳисоббаробаркунӣ оид ба саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ соли тақвимӣ ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 14. Тартиби ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва мӯҳлати пардохти онҳо

1. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ аз рӯи ҷамъбасти давраи ҳисоббаробаркунӣ на дертар аз 30 марти соли баъди давраи ҳисоббаробаркунии сипаришуда, бо назардошти заминаи саҳмбандии суғуртавӣ аз аввали соли тақвимӣ ва тарифҳои бо моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинишуда пардохт карда мешавад.

2. Пардохткунандагони саҳмҳо ӯҳдадоранд баҳисобгириро оид ба ҳар як корманде, ки барояшон саҳмҳо пардохт мегардад, дар алоҳидагӣ, аз рӯи маблағҳои ҳисобшудаи даромад ва саҳмҳои суғуртавии мансуб ба ин даромадҳояшон ба роҳ монанд.

3. Пардохткунандагони саҳмҳо ба муассисаи суғурта на дертар аз 30 марти соли баъди давраи ҳисоббаробаркунии сипаришуда эъломияи саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 15. Назорат аз рӯи саҳмбандӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Назорати саҳмбандӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба зиммаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ буда, онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 16. Пардохтҳо аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

1. Нафақаи шахсоне, ки корхонаҳои шароити корашон махсус ва корфармо, ки мувофиқи Қонуни мазкур ба муассисаи суғурта саҳмҳоро барояшон пардохт намудааст, аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохта мешавад.

2. Агар шахси суғурташуда барои таъини пардохтҳо аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ муроҷиат накунад ё маблағи нафақавии андӯхта дар мӯҳлати бо моддаи 20 Қонуни мазкур муқарраршуда ба шахсони дар моддаи 17 Қонуни мазкур зикргардида дода нашавад, маблағи дар қисми касбии суратҳисоби инфиродӣ ба ҳисоб гирифташуда ба захираи буҷети муассисаи суғурта гузаронидашуда, суратҳисоб бо тартиби муқарраргардида пӯшида мешавад.

3. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ба гирифтани пардохтпулиҳо аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ дар асосҳои умумии барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳуқуқ доранд, ба шарте, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.

 

Моддаи 17. Додани маблағи андӯхтҳои нафақавӣ мавриди фавти шахси суғурташуда

1. Мавриди фавти шахси суғурташуда маблағи андӯхти нафақавии дар қисми касбии суратҳисоби инфиродии ӯ ба ҳисоб гирифташуда дар мӯҳлати муқаррарнамудаи моддаи 23 Қонуни мазкур ба ворисони ӯ дода мешавад.

2. Дар сурати набудани ворисон маблағи андӯхти нафақавии дар қисми касбии суратҳисоби инфиродӣ ба ҳисоб гирифташуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

 

Моддаи 18. Ҷуброни хароҷоти фаъолияти муассисаи суғурта

1. Хароҷоти фаъолияти муассисаи суғурта аз ҳисоби даромади сармоягузории маблағи нафақавӣ ҷуброн карда мешавад.

2. Ҳадди ниҳоии андозаи хароҷоти зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, вале он наметавонад аз 15 фоизи даромади сармоягузории маблағи андӯхти нафақавӣ зиёд бошад.

 

Моддаи 19. Истифодаи маблағи андӯхти нафақавӣ

Маблағи андӯхти нафақавӣ танҳо барои мақсадҳои пешбининамудаи моддаҳои 16 - 18 ва 26 Қонуни мазкур харҷ карда мешавад.

 

БОБИ  4. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

 

Моддаи 20. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахси суғурташуда

1. Шахси суғурташуда ҳуқуқ дорад:

- аз суғуртакунанда дар бораи саҳмҳои пардохтшуда барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва дигар маълумоти ба муассисаи суғурта пешниҳодшударо талаб намояд;

- дар бораи дастрасии маълумот оид ба вазъи ҷории қисми касбии суратҳисоби инфиродиаш ба муассисаи суғурта муроҷиат намояд;

 - барои таъини нафақа аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ дар шакли нафақаи касбӣ дар давоми на дертар аз панҷ сол баъди расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ муроҷиат намояд;

- дар сурати риоя нагардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ бо шикоят аз рӯи фаъолияти суғуртакунанда ба муассисаи суғурта муроҷиат намояд. Дар сурати ба чораҳои андешидаи ин мақомот розӣ набудани шахси суғурташуда ӯ метавонад ба суд муроҷиат намояд.

2. Шахси суғурташудае, ки ба ӯ нафақаи касбӣ таъин карда шудааст, ӯҳдадор аст дар бораи ҳолатҳое, ки ба пардохти маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ таъсир мерасонанд, дар мӯҳлати на дертар аз як моҳи пас аз воқеъ шудани ҷунин ҳолат ба муассисаи суғурта хабар диҳад.

 

Моддаи 21. Ҳуқуқ ва  ӯҳдадориҳои суғуртакунанда

1. Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад аз муассисаи суғурта дар бораи саҳмҳои воридшудаи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва собиқаи касбии шахси суғурташуда маълумот талаб намояд.

2. Суғуртакунанда ӯҳдадор аст:

- бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароити меҳнатро дар ҷойҳои корӣ арзёбӣ намояд;

- бо тартиби муқарраршуда номгӯйи ҷойҳои кории шароиташ махсусро тасдиқ намояд;

- саҳмпулиҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро сари вақт ва тибқи муқаррароти Қонуни мазкур пардохт намояд;

- дар бораи шахсони суғурташуда ба муассисаи суғурта барои баҳисобгирии қисми касбии суратҳисоби инфиродӣ маълумоти зарурӣ пешниҳод намояд;

- ба шахси суғурташуда дар бораи саҳмпулиҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии ҳисобкарда ва пардохтшуда, инчунин дар бораи собиқаи касбӣ маълумот пешниҳод намояд;

- дар сурати пеш омадани ҳолатҳое, ки ба ҳуқуқи шахси суғурташуда барои гирифтани нафақаи касбии пеш аз мӯҳлат (пардохти он) таъсир мерасонанд, дар мӯҳлати на дертар аз як моҳи пас аз вуқӯъ омадани чунин ҳолатҳо ба муассисаи суғурта хабар диҳад.

 

Моддаи 22. Вазифаҳои муассисаи суғурта

Муассисаи суғурта вазифадор аст:

- саҳмпулии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро ба ҳисоб гирад;

- маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро дар бонки ваколатдор нигоҳ дорад;

- ба шахсони суғурташуда дар бораи вазъи кунунии қисми касбии суратҳисоби инфиродии онҳо ва ба суғуртакунанда оид ба саҳмпулиҳои воридшудаи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ, инчунин собиқаи касбии шахсони суғурташуда маълумот пешниҳод намояд;

- маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро танҳо барои мақсадҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ истифода барад;

- маблағи нафақаҳои касбиро ҳисоб, таъин ва пардохт намояд;

- дигар талаботҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асоси он қабулгардидаро риоя намояд.

 

Моддаи 23. Қисми касбии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда

1. Бо мақсади таъмини баҳисобгирии пурраву саривақтӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои шахсони суғурташуда пешбурди қисми касбии таркиби суратҳисоби инфиродӣ аз ҷониби муассисаи суғурта амалӣ карда мешавад.

2. Тартиби пешбурди  суратҳисоби инфиродӣ дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи давлатии нафақавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

3. Даромади сармоягузорӣ дар суратҳисоби инфиродӣ на камтар аз як маротиба дар як сол ва на дертар аз 30 марти соли ояндаи пас аз соли ҳисоботӣ инъикос карда мешавад, ба шарте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

4. Дар сурати қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ, инчунин дар сурати мавҷудияти дигар асосҳои қонунӣ барои қатъ ё манъ кардани вазифаҳои корфармо оид ба пардохти саҳмпулии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ, суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда то иҷрои ӯҳдадориҳои ба зимма гузоштаи шахси суғурташуда ё гузаштани мӯҳлати пешбининамудаи муроҷиат тибқи Қонуни мазкур кушода нигоҳ дошта мешавад.

5. Дар сурати аз ҷониби ворисони (вориси) шахси суғурташудаи фавтида пешниҳод намудани васиятнома ё шаҳодатномаи ҳуқуқи меросгирӣ муассисаи суғурта вазифадор аст, ки дар давоми 10 рӯз маблағи нафақавии дар қисми касбии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда андӯхтаро ба суратҳисобҳои бонкии ворисон (ворис) гузаронад ва суратҳисоби ӯро бандад.

 

Моддаи 24. Ҳисоб намудани даромади нигоҳдории маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

1. Даромади нигоҳдории маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ҳар сол аз ҷониби муассисаи суғурта ҳисоб карда мешавад.

2. Маблағи андӯхтҳои нафақавие, ки аз ҷониби шахсони суғурташуда ё шахсони ваколатдори онҳо талаб карда нашудаанд, ба қисми даромади нигоҳдории маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии муассисаи суғурта ворид карда мешавад.

 

Моддаи 25. Ҳифзи маълумоти фардии шахсони суғурташуда

1. Маълумоти фардии шахсони суғурташуда, ки ташкилотҳои корфармо ва муассисаи суғурта медиҳанд, инчунин дигар маълумоти дар қисми касбии суратҳисоби инфиродӣ мавҷуда иттилооти пинҳонӣ ба ҳисоб мераванд. Мазмун ва ҳаҷми маълумоти фардии додашаванда, нигоҳдошташаванда ва коркардшаванда набояд аз доираи талаботи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии инфиродии низоми суғуртаи нафақавӣ берун барояд. Маълумоти фардӣ ба иттилои шахси сеюм, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, расонида намешавад.

2. Ба маълумоти фардии ташкилоти корфармо ва муассисаи суғурта танҳо шахсони махсуси ваколатдор дастрасӣ доранд. Дар ин маврид шахсони мазкур танҳо ба маълумоте дастрасӣ доранд, ки барои иҷрои вазифаҳои мушаххаси онҳо зарур аст.

3. Роҳбарон, шахсони мансабдор ва кормандони ташкилотҳои корфармо ва муассисаи суғурта, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар  ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ирсол ва истифодаи маълумоти дорои хусусияти махфӣ, ки ба ҷараёни ташаккул ва сармоягузории андӯхтҳои нафақавӣ, инчунин маълумоти қисми касбии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда иштирок менамоянд, вазифадоранд иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи иттилооти дастрасиаш маҳдуд таъмин намоянд.

 

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 26. Таъин ва пардохти нафақаҳои меҳнатӣ ба шахсони суғурташудае, ки то ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ дар корхонаҳои шароити меҳнаташон махсус кор кардаанд

1. Ба шахсони суғурташудае, ки то ҷорӣ намудани пардохти нафақа аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ тибқи муқаррароти моддаи 16 Қонуни мазкур дар корхонаҳои шароити меҳнаташон махсус кор кардаанд ва ба нафақаи касбии пеш аз мӯҳлат ҳуқуқ надоранд, нафақаи меҳнатии имтиёзнок аз рӯи синну сол барои иҷрои корҳои шароиташон махсус ё нафақаи меҳнатӣ барои хизмати дарозмуддат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва пардохт карда мешавад.

2. Мавриди муайян намудани ҳуқуқи шахси суғурташуда ба чунин намуди нафақаи меҳнатӣ ба сифати илова ба собиқаи махсусе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, собиқаи касбии дахлдори мувофиқ ба инобат гирифта мешавад. Дар ин маврид нафақаи меҳнатӣ бо розигии шахси суғурташуда барои гузаронидани маблағи нафақавии андӯхтаи қисми касбии суратҳисоби инфиродии ӯ бо мақсади ҷуброни хароҷоти вобаста ба маблағгузории нафақаи меҳнатӣ дар давраи то расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ таъин ва пардохт карда мешавад.

3. Тартиби гузаронидани маблағи андӯхтҳои нафақавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур ба истиснои моддаҳои 16, 17 ва қисми 2 моддаи 26 аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.

2. Моддаҳои 16, 17 ва қисми 2 моддаи 26  Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал  қарор  дода шаванд. 

 

     Президенти 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                         Эмомалӣ РАҲМОН

                ш.Душанбе

26 декабри соли 2011,

     № 790

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 10:27
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
700
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Ҷумъа, 25 Март, 2011

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011, №3, мод. 167.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.01.2019 с., № 1581)

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодии таъсис, идоракунӣ, фаъолият ва барҳамдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, тартиби татбиқи низоми махсуси ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба танзим медарорад. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- минтақаи озоди иқтисодӣ – қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳудуди аниқ муқарраркардашуда, ки дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст; (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

- низоми махсуси ҳуқуқии минтақаи озоди иқтисодӣ – маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие, ки тартиби фаъолият кардан, шартҳои махсуси андозбандӣ ва муомилоти асъорӣ, гумрукӣ, муносибатҳои меҳнатӣ ва ғайраро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар менамоянд;

- инфрасохтори минтақаи озоди иқтисодӣ – маҷмӯи ҷузъҳо, ки барои таъмини шароити фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагидорӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар гардида, аз девори муҳофизатӣ, бино ва иншоот, объектҳои муҳандисӣ ва техникии ободонии минтақа, ҳифзи муҳити зист ва таъиноти иҷтимоӣ иборат мебошад;

- мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ - мақомоти давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъсис, идора, фаъолият ва барҳамдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст;

- маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ – ташкилоте, ки мақоми муассисаи давлатиро доро буда, минтақаи озоди иқтисодиро идора мекунад;

- буҷети маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ – маблағе, ки барои таъсис ва хароҷоти хоҷагидории минтақаи озоди иқтисодӣ ва таъмини мақсаду вазифаҳои он истифода бурда мешавад;

- фондҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ – маҷмӯи маблағгузорие, ки барои ташкил ва таъмини рушди инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба субъектҳои фаъолияти соҳибкории дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бақайдгирифташуда истифода карда мешавад;

- шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ – мақоми машваратӣ, экспертӣ ва ҳамоҳангсози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ; (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

- субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ – субъектҳои фаъолияти соҳибкорие, ки новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқияшон, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ  ба қайд гирифта шудаанд; (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

- тасдиқномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи фаъолият ва истифода кардани низоми махсуси ҳуқуқии минтақаи озоди иқтисодӣ; (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

- бизнеснақша – ҳуҷҷате, ки аз ҷониби субъекти минтақаҳои озоди иқтисодӣ оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ пешниҳод гардида, дар он иттилооти муфассал дар бораи муҳлати хароҷотбарорӣ, самаранокӣ, талабот ва омӯзиши бозор дарҷ карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

 

Моддаи 3. Мақсадҳои таъсиси  минтақаҳои озоди   иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин таъсис дода мешаванд:

- рушди иқтидори иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, минтақаҳо ва маҳалҳои алоҳидаи он;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои  ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт;

- нигоҳдории ҷойҳои кории мавҷуда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ;

- ҷалби техникаи муосир ва технологияи инноватсионӣ;

- ташкил ва рушди инфрасохтори муосири нақлиётӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ;

- беҳтар кардани сифати идоракунӣ, таъмини самараноки истеҳсолот ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир;

- баланд бардоштани иқтидори содирот ва рушди истеҳсолоти ивазкунандаи воридот;

- ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ;

- фаъолгардонии муносибатҳои  иқтисодии  хориҷӣ ва минтақаҳо;

- азхудкунии мавзеъҳои нав ва таъмини рушди шаҳрсозӣ;

- нигаҳдорӣ ва истифодаи самарабахши захираҳои табиии барқароршаванда ва барқарорнашаванда.

 

Моддаи 4. Фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ

 

1. Дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд намудҳои фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда шаванд. Номгӯйи самтҳои афзалиятнок ва намудҳои фаъолияти манъкардашуда дар низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ  муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

2. Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ  ба амалӣ намудани якчанд намудҳои фаъолият ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 5. Намудҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ

 

1. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба хусусияти фаъолияташон ба намудҳои муайян ҷудо мешаванд ва инчунин метавонанд хусусиятҳои якчанд намуди минтақаҳои озоди иқтисодиро дар бар гиранд. Минтақаи озоди иқтисодӣ метавонад аз якчанд қитъаи алоҳидаи таҳти идораи ягона иборат бошад. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

2. Минтақаҳои озоди иқтисодиро  дар чунин намудҳо  таъсис додан мумкин аст:

- саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ);

- савдо ва  тиҷоратӣ;

- хизматрасонӣ;

- инноватсионӣ,  илмӣ - таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда.

3. Минтақаи озоди иқтисодии саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ) минтақае мебошад, ки ба ҳавасмандгардонии рушди соҳаи саноат равона карда шудааст. Ин намуди минтақаҳо бо роҳи ба низоми махсуси ҳуқуқии минтақаҳои озоди иқтисодӣ гузаронидани ташкилотҳои мавҷудаи алоҳида ва субъектҳои хоҷагидорӣ барпо карда мешаванд. Дар ин намуди минтақаҳо таҷдиди сохтор, азнавсозӣ, тағйир додани самти фаъолияти корхонаҳо бо мақсади ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки саноатӣ, самти инноватсионӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосир амалӣ карда мешаванд.

4. Минтақаи озоди иқтисодии савдо ва тиҷоратӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки  ҳудуди  он барои такмилдиҳӣ,  коркард, ба навъҳо ҷудокунӣ, борбандӣ, тамғагузорӣ ва нигоҳдории молҳои ба минтақа воридшаванда бо мақсади  минбаъд ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ё аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудан истифода мегардад. Минтақаҳои озоди иқтисодии савдо ва тиҷоратӣ дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, нуқтаҳои бо ҳам пайвастшавандаи магистралҳои нақлиёти  автомобилгард, маҳалҳои наздисарҳадӣ ва дар қитъаҳои дигари маҳдудкардаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, ки аз тариқи онҳо интиқоли байналмилалии молу маҳсулот мунтазам сурат мегирад. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

5. Минтақаи озоди иқтисодии хизматрасонӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки дар ҳудуди он корхонаю ташкилотҳои хӯроки умумӣ, хизматрасонии сайёҳӣ, табобатӣ ва муолиҷавӣ, машваратӣ (консалтингӣ), муҳандисӣ-техникӣ (инжинирингӣ), миёнаравӣ, молиявӣ ва қарзӣ, аудиторӣ, суғуртавӣ ва дигар хизматрасониҳо ҷойгир шудаанд.

6. Минтақаи озоди иқтисодии инноватсионӣ, илмию таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки дар  ҳудуди  он фаъолияти корхонаву ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ, илмию таълимӣ, таҷрибавию конструкторӣ, такмили ихтисос, истеҳсолоти таҷрибавӣ дар соҳаи технологияи муосири истеҳсоли молу маҳсулот ва кашфиётҳои  нави самараноки техникӣ (ноу-хау) ба роҳ монда мешавад.

7. Таъсиси минтақаҳои инноватсионӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда дар қитъаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо марказҳои илмию таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, марказҳои истеҳсолӣ, инноватсионӣ, таълимӣ ва технопаркҳо ҷамъ оварда шудааст, иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 6. Мӯҳлати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ

 

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то 50 сол, вобаста ба хусусият, намуди фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ, фаъолияти имрӯза ё ояндаи ҳудуди он ва вобаста ба мақсаду вазифаҳои аниқи минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода мешаванд.

 

Моддаи 7. Дароз намудани мӯҳлати фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ

 

Мӯҳлати фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ бо пешниҳоди асосноки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки на кам аз ду сол пеш аз тамом шудани мӯҳлати таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ ирсол мегардад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда мешавад. Мӯҳлати дарозкардашудаи фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ набояд аз мӯҳлати таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ зиёд бошад.

 

БОБИ 2.

ТАРТИБИ ТАЪСИС ДОДАНИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ

 

Моддаи 8. Тартиби пешниҳодҳо  оид ба таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ

 

1. Пешниҳодҳо  оид  ба  таъсиси  минтақаҳои  озоди   иқтисодӣ   бо замимаи ҳуҷҷатҳои зарурие, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, аз ҷониби мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳудуди маъмурии он бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, дар шакли дархост ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ирсол мегардад. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тибқи талаботи Қонуни мазкур ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо  пешниҳод менамояд. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

2. Барои таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ хуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- нақшаи ҳудуд ва сарҳади минтақаи озоди иқтисодӣ;

- лоиҳаи низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ;

- асоснокии техникӣ ва иқтисодии таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ;

- асоснокии самаранокии молиявии таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ.

 

Моддаи 9. Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ

 

1. Қарор дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул карда мешавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи низомнома ва нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодиро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

3. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ ва ҳудуди онро тасдиқ менамояд.

4. Манбаъҳои маблағгузории хароҷот барои таъсис ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла нигоҳдории маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар марҳилаи ташкил ва сохтмони инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақаи озоди иқтисодиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 10. Тартиби додан ва бозхонди мақоми субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ

 

1. Тартиби баррасии ариза ва додани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ  дар асоси низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ сурат мегирад.

2. Соҳибмулкони иншооти ғайриманқул, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ то таъсисёбии минтақаи озоди иқтисодӣ ҷойгир шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини зери  иншоотҳои худро нигоҳ медоранд.

3. Ба соҳибмулкони иншооти ғайриманқули дар моддаи мазкур зикргардида имконияти дар муддати  се соли давраи гузариш ҳуқуқи интихоб намудани низоми ҳуқуқии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ ва ё дар низоми муқаррарӣ мутобиқи қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудан  дода мешавад.

4. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба субъекти бақайдгирифташудаи минтақаи озоди иқтисодӣ тасдиқномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодиро месупорад. Намунаи тасдиқнома аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

5. Бозхонди  ихтиёрии мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҳолатҳои  қатъи фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва ё барҳамхӯрии шахси ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

6. Дар сурати аз тарафи субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ риоя нашудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷро нагардидани муқаррароти шартнома дар бораи фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар асоси низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ дар бораи бозхонди мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ ҳуқуқи қарор қабул намуданро дорад.

7. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ баъди ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ додани мақоми субъекти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва инчунин пас аз қатъи фаъолияти субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ дар мӯҳлати се рӯзи корӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, мақомоти андоз ва гумрук оид ба масъалаҳои мазкур маълумот пешниҳод менамояд.

8. Маълумот дар бораи додан ва бозхондани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ ба китоби баҳисобгирии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дохил карда  мешавад.

 

Моддаи 11. Маркази ягонаи хизматрасонии мақомоти давлатӣ барои субъектҳои минтақаи  озоди иқтисодӣ

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

 

1. Дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ маркази ягонаи хизматрасонии мақомоти давлатӣ барои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

2. Тартиби фаъолияти намояндагони мақомоти давлатӣ дар маркази ягонаи хизматрасонӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 12. Кафолатҳои давлатӣ ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ

 

1. Давлат ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодиро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, кафолат медиҳад.

2. Маҷмӯи кафолатҳои давлатӣ оид ба ҳифзи моликият, сармоягузорӣ ва истифодаи қитъаи замин, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ татбиқ мегардад.

3. Моликияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди милликунонӣ, реквизитсия ва ё мусодира қарор мегирад.

4. Ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ пас аз пардохти андозҳо ҳуқуқи ба хориҷа интиқол додани маблағи даромади онҳо ва дигар маблағҳо бо асъори хориҷие, ки ба таври қонунӣ дар натиҷаи фаъолияти онҳо дар минтақаи озоди иқтисодӣ ба даст омадааст, кафолат дода мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

5. Давлат ҳимояи пурра ва бечунучарои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодӣ низ кафолат медиҳад.

6. Дар сурати пеш аз мӯҳлат барҳамхӯрии минтақаи озоди иқтисодӣ ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ҳуқуқи давом додани фаъолият тибқи қайду  шартҳои аз лаҳзаи гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ доштаашон кафолат дода мешавад.

7. Зарар, фоидаи аздастдода ва зарари маънавие, ки ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ  аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ё шахсони мансабдор дар натиҷаи дахолати беасос ба фаъолияти онҳо расонида мешаванд, бо тартиби судӣ ҷуброн карда мешаванд.

8. Давлат нисбати ӯҳдадориҳои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ, ҳамчунин субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ    нисбати  ӯҳдадориҳои давлат ҷавобгар намебошанд.

 

БОБИ 3.

ИДОРАКУНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ

 

Моддаи 13. Ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ

 

1. Ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ амалӣ менамояд.

2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва маъмурияти  минтақаҳои озоди иқтисодӣ низоми ягонаи марказонидашудаи идораи минтақаҳои озоди иқтисодиро таъсис медиҳанд.

4. Муайян кардани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба таъсис ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба зиммаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ вогузор карда мешавад.

 

Моддаи 14. Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ

 

1. Дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ вазифаи идоракунии давлатиро маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар доираи ваколати худ, ки Қонуни мазкур, низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ, оиннома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ муайян мекунанд, иҷро менамояд.

2. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.

3. Тартиби фаъолияти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодиро низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ муайян менамояд.

4. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳисоботдиҳанда мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

5. Таъсиси маъмурияти умумӣ барои идоракунии якчанд минтақаҳои озоди иқтисодӣ иҷозат дода мешавад.

6. Роҳбарии фаъолияти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодиро роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ амалӣ менамояд.

7. Роҳбари маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

8. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ комиссияро оид ба баррасии бизнеснақшаҳо ва (ё) лоиҳаҳои сармоягузории довталабон-субъектони минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис медиҳад. Тартиби фаъолияти комиссия оид ба баррасии бизнеснақшаҳо ва (ё) лоиҳаҳои сармоягузории довталабон-субъектони минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи Низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

 

Моддаи 15. Ваколатҳои маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ

 

1. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои рушди минтақаи озоди иқтисодӣ;

- таъмини ягонагӣ ва фаъолияти пурсамари минтақаи озоди иқтисодӣ;

- ташкили махзани иттилоотӣ-таҳлилии дурнамои рушди самараноки минтақаи озоди иқтисодӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояҳо;

- додани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ, баҳисобгирӣ ва пешниҳоди маълумотҳо оид ба субъекти минтақаи озоди  иқтисодӣ;

- намояндагии манфиатҳои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

- нашри маълумот дар воситаҳои ахбори омма дар хусуси дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ вуҷуд доштани қитъаҳои замини дар истифоданабуда ва молу мулки давлатӣ;

- ҷудо кардани  қитъаи замин ва назорати истифодабарии он аз ҷониби субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ;

- тақсим ва назорати харҷи маблағ барои ташкил ва рушди инфрасохтори минтақаи озоди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист;

- иҷрои вазифаҳо ҳамчун фармоишгари давлатӣ доир ба тайёр кардани ҳуҷҷатҳои банақшагирии  ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ва ташкили инфрасохтори саноатӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоии минтақаи озоди иқтисодӣ;

- додани иҷозати сохтмон, ташкил ва таъмини шартҳои техникии пайвастшавӣ ба шабакаҳои таъмини муҳандисию техникӣ;

- идораи объектҳои моликияти давлатии воқеи ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ  бо тартиби муқаррарнамудаи низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- иштирок дар таҳияи барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии воҳидҳои марзиву маъмурии дахлдор;

- ҷамъоварии маълумоти оморӣ аз субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;

- ташкил додани Фонди рушди минтақаи озоди иқтисодӣ бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид  ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- ташкил, таъмин ва назорати фаъолияти сохтори истеҳсолӣ, коммуналӣ ва нақлиётии минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла   лоиҳакашӣ ва сохтмони биною иншооти истеҳсолӣ, анбор, нақлиётӣ ва таъиноти дигари хизматӣ;

- назорати субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ оид ба риоя намудани муқаррароти Қонуни мазкур, низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ, шартномаҳо дар бораи фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ  ва қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи муҳити зист;

- мусоидат ба фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- пешниҳоди таклифҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ   ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба тағйир додани сарҳади минтақаи озоди иқтисодӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти минтақаи озоди иқтисодиро ба танзим медароранд;

- таъмини рушди минтақаи озоди иқтисодӣ бо роҳи ҷалб намудани сармоягузорон, маблағи ташкилотҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба воситаи қарзҳои имтиёзнок, қарзҳо ва грантҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва мақомоти ваколатдори  давлатии соҳаи молия;

- ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва аъзо гардидан ба ташкилотҳои байналмилалие, ки бо масъалаҳои рушд ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ машғул мебошанд;

- анҷом додани дигар ваколатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

2. Иҷрои қарорҳои маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ, ки дар доираи ваколати он қабул гардидаанд, дар ҳудуди он ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 16. Буҷети маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ

 

1. Буҷети маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  манбаъҳои дохилӣ (пардохтҳо, боҷҳо ва даромадҳо аз хизматрасонӣ ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ) ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбад.

2. Буҷети маъмурияти минтақаи озоди иқтисодиро дар соли молиявӣ маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ таҳия менамояд ва он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.

3. Номгӯй ва андозаи пардохти маблағи корҳо ва хизматрасонии маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодиро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор дар соҳаи молия тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

 

Моддаи 17. Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ

 

1. Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ мақоми машваратӣ, экспертӣ ва ҳамоҳангсози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ буда, аз намояндаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатие, ки дар ҳудуди маъмурии онҳо минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст, намояндаҳои мақомоти гумрук ва андоз, бизнес-ассотсиатсияҳо, намояндагони субъектҳои минтақаҳои озоди иктисодӣ иборат мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

2. Тартиби ташкил, фаъолият ва вазифаҳои Шӯрои нозирон  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 18. Фондҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ

 

1. Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда,  онро Шӯрои Фонд идора менамояд.

2. Манбаъҳои ташаккулёбӣ ва самти харҷи маблағи Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо низомнома дар бораи Фонд муайян карда мешавад.

3. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонад Фонди рушди минтақаи озоди иқтисодиро тибқи низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ  ташкил намояд.

4. Манбаъҳои ташаккулёбӣ ва самти харҷи маблағи Фонди рушди минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ муайян карда мешавад.

 

БОБИ 4.

НИЗОМИ МАХСУСИ ҲУҚУҚӢ ДАР МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ

 

Моддаи 19. Хусусиятҳои танзими гумрукӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ

 

1. Минтақаи озоди иқтисодӣ қисми минтақаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Моли дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ҷойгиршуда бо мақсади озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, инчунин манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ҳамчун моли берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда ҳисобида мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

2. Ба минтақаи озоди иқтисодӣ молҳои хориҷӣ ва ватанӣ бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, инчунин бе истифодаи манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ворид карда мешаванд.

3. Воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва молҳои зарурӣ барои ташкили инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби субъектҳо ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошад. Номгӯйи чунин молҳо  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

4. Ҳангоми аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба беруни ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани мол, андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ, ба истиснои хироҷи барасмиятдарории гумрукӣ ситонида намешаванд, манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ татбиқ намегарданд. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

5. Ҳангоми  аз ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба қисми дигари ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани мол андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ ситонида мешаванд ва чораҳои манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, тибқи шартҳои низоми гумрукии қабулгардида татбиқ карда мешаванд.

6. Ҳангоми аз ҳудуди як минтақаи озоди иқтисодӣ ба ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати гумрукӣ интиқол додани молҳо андоз ва боҷи гумрукӣ ситонида намешаванд ва чораҳои манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, татбиқ намегарданд. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

7. Муайян намудани кишвари истеҳсолкунанда нисбати молҳои дар минтақаи озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда ва ба он интиқолшаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда  мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

8. Тартиби барасмиятдарории гумрукӣ ва баҳисобгирии молро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

 

Моддаи 20. Хусусиятҳои андозбандӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ

 

1. Низоми андози фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ тартиб ва шартҳои андозбандии имтиёзноки фаъолияти субъектҳоро дар ҳудуди ин минтақа муқаррар мекунад.

2. Дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти соҳибкорӣ, новобаста ба шаклҳои моликият, аз пардохти ҳама гуна андозҳо, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ба ғайр аз андози иҷтимоӣ  ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод карда мешавад.

3. Андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеии минтақаҳои озоди иқтисодӣ мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ҳисоб ва пардохт карда мешаванд.

4. Андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои мутахассисони хориҷӣ - ғайрирезидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида пардохт карда мешавад.

5. Пардохти пурра ва саривақтии андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеии минтақаҳои озоди иқтисодиро  мақомоти андоз назорат мекунад.

6. Даромади бадастомадаи сармоягузорони хориҷӣ ва музди меҳнати кормандони хориҷӣ, ки бо асъори хориҷӣ пардохт шудааст, бидуни монеа метавонанд ба хориҷи кишвар интиқол дода шаванд ва дар ин маврид онҳо аз андоз озод мебошанд. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

7. Имтиёзҳои андозӣ танҳо ба он қисми фаъолияти субъектҳо, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ анҷом дода мешаванд, амал мекунанд. Андозбандии фаъолияти берун аз ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар асосҳои умумӣ мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ мегардад.

8. Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ андозсупоранда буда, баҳисобгирии фаъолияти молиявию хоҷагидориро мустақилона пеш мебаранд.

9. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ объектҳои андозбандӣ, ки ба субъектҳои  минтақаи озоди иқтисодӣ тааллуқ надоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 21. Танзими молиявӣ ва асъорӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ

 

1. Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд. Хусусиятҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ вобаста ба фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ якҷоя бо мақомоти давлатии ваколатдори  соҳаи молия муайян карда мешаванд.

2. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ  муомилоти озоди асъори хориҷӣ дар баробари асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

Моддаи 22. Фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии)  ғайрибонкӣ

 

1. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

2. Тартиби таъсиси бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ ва фаъолияти онҳоро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 23. Фаъолияти суғуртавӣ

 

Суғуртакунонӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 24. Муносибатҳои меҳнатӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ

 

1. Муносибатҳои меҳнатӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии инфиродӣ ба танзим дароварда мешаванд.

2. Созишномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии инфиродӣ набояд шароити кормандони ҳамин корхона ва ташкилотҳоро нисбати шароити пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, вазнин намоянд.

3. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, аз ҷумла кормандони хориҷӣ, мутахассисони муҳандисию техникӣ ва идоракунӣ ҷиҳати иҷрои корҳои тахассусии марбут ба ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ  бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

4. Барасмиятдарории иҷозати кор ба кормандони хориҷӣ тибқи Дастурамали тартиби соддакардашудаи додани иҷозати кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисод ва савдо тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

 

Моддаи 25. Амнияти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист

 

Муносибатҳо дар бахши амнияти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, танзим мегарданд.

 

Моддаи  26. Тартиби истифодабарии замин

 

1. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ қитъаҳои замини дар ҳудуди минтақа ҷойгиршударо дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои вобаста ба заминро танзим мекунанд, истифода менамояд. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

2. Тартиби пешниҳоди қитъаҳои замин ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ мувофиқи низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ муайян карда мешавад.

 

Моддаи 27. Санҷиши фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ

 

Фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби мақомоти назоратӣ мутобиқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо огоҳ намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ  санҷида мешавад.

 

Моддаи 28. Иҷозатномадиҳӣ ба  фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ

 

Ба фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ мутобиқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дода мешавад.

 

Моддаи 29. Тартиби содаи реҷаи раводид

 

Ба расмият даровардан ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият менамоянд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 30. Тартиби баррасии баҳсҳо

 

Баҳсҳои байни субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти онҳо дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ  алоқаманд аз тарафи суд баррасӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 31. Барҳамдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодӣ

 

1. Минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи Қонуни мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад.

2. Ба анҷом расидани мӯҳлати фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ, ки бо низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар карда шудааст, асоси барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

3. Минтақаи озоди иқтисодиро метавон бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳудуди он минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст, пеш аз мӯҳлат барҳам дод. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

4. Минтақаи озоди иқтисодиро дар ҳолатҳои зерин пеш аз мӯҳлат барҳам додан мумкин аст:

- агар дар давоми ҳафт соли баъди таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ  ягон субъект ба қайд гирифта нашуда бошад ва шартнома дар бораи фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ баста нашуда бошад ё ин ки ҳамаи шартномаҳои пеш басташуда бекор карда шуда бошанд;

- агар дар давоми ҳафт соли пайдарпай дар минтақаи озоди иқтисодӣ субъектҳои он фаъолият накарда бошанд.

5. Барҳам додани минтақаи озоди иқтисодӣ боиси маҳрум шудани субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ аз  ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, мегардад. Барҳам додани минтақаи озоди иқтисодӣ боиси оқибатҳои ҳуқуқӣ нисбати фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва ташкилотҳое, ки новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон дар ҳудуди собиқ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият менамоянд ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шудаанд, намегардад.

6. Дар ҳолати барҳам додани минтақаи озоди иқтисодӣ субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонанд фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни бақайдгирии иловагӣ ё азнавбақайдгирӣ бо тартиби умумӣ идома диҳанд. (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1581)

 

Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 33. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон

                     «Дар бораи минтақаҳои озоди  иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004  «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 335) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

            Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                          Эмомалӣ  РАҲМОН

 

            ш. Душанбе,

       25 марти соли 2011,

                 № 700

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОНИТОРИНГИ ЭКОЛОГӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 10:32
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
707
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Ҷумъа, 25 Март, 2011

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ МОНИТОРИНГИ ЭКОЛОГӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 174; Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 с., № 1120)

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини мониторинги экологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ва муносибатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар ин соҳа ба танзим медарорад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- таъсири антропогенӣ - маҷмӯи таъсиррасонии мустақим ва ғайримустақими фаъолияти инсон ба муҳити зист;

- ифлосшавии муҳити зист - дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ё дигар намуди фаъолияти инсон  ба миқдори (консентратсияи) аз андозаи миёнаи бисёрсолаи табиӣ зиёд (дар ҳудуди тағйирёбии интиҳоӣ) ба муҳити зист овардан ё дар он пайдо шудани унсурҳои физикӣ, кимиёвӣ ва биологие, ки одатан ба он хос нестанд; 

- таъмини амнияти экологӣ – маҷмӯи тадбирҳо оид ба пешгирии пайдоиш ва густариши ҳолатҳои хатарноки экологӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо;

- муҳити зист – маҷмӯи ҷузъҳои табиат (ҳавои атмосфера, об, хок, қаъри замин, олами наботот ва ҳайвонот) ва ландшафт, ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва дигар объектҳои моддӣ, ки ба сифати ҳаёт, шароити фаъолият ва вазъи саломатии инсон ва (ё) амали мутақобилаи ин ҷузъҳо таъсир мерасонанд;

- ҳифзи муҳити зист – маҷмӯи тадбирҳои байналмилалӣ, давлатӣ ва минтақавӣ, маъмурию хоҷагидорӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, технологӣ ва ҷамъиятӣ, ки ба ҳифз, истифодаи оқилона ва барқарорсозии муҳити зист равона карда шудаанд;

истифодабарандагони табиат – шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолиятро мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар пешбурди он захираҳои табииро истифода мебаранд ва (ё) бо амалисозии он ба муҳити зист таъсир мерасонанд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

- системаи мониторинги экологӣ – сохтори сермақсад ва сертаркибаи иттилоотӣ, ки бо роҳи якҷоякунии зерсистемаҳои алоҳида, маҷмааҳои ченкунию иттилоотӣ ва ҳисобкунию иттилоотии аз ҷиҳати мақсад ва талаботи умумӣ барои ташкил ва гузаронидани мушоҳидаҳо, ҷамъбаст ва ҳамгироии маълумоти бадастовардаи ба ҳам алоқаманд ташкил карда мешавад; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

- ҳолати фавқулоддаи экологӣ – ҳолати хатарноки экологӣ, ки ба мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, инчунин муҳити зист фавран андешидани тадбирҳои таъҷилиро барои рафъи он талаб менамояд;

- амнияти экологӣ – ҳолати муҳофизавии манфиатҳои ҳаётан муҳими инсон, ҷамъият, муҳити зист аз хатарҳои дар натиҷаи таъсирҳои антропогенӣ ва табиӣ пайдошаванда;

- ҳолати хатарноки экологӣ – ҳолате, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои антропогенӣ  ва табиӣ, аз ҷумла бар асари  офату фалокатҳои табиӣ муҳити зист хароб гардидааст ё эҳтимоли хароб шудан дорад ва ё тағйир ёфта, ба вазъияти бад афтодааст ва вобаста ба ин ба манфиатҳои ҳаётан муҳими инсон ва ҷамъият хатар таҳдид мекунад;

- мониторинги экологӣ - маҷмӯи тадбирҳо оид ба гузаронидани мушоҳида, арзёбӣ, пешгӯии ҳолати ҷузъҳои алоҳидаи муҳити зист, маҷмааҳои ҳудудҳои табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиию антропогенӣ, омилҳои табиӣ ва антропогении таъсир ба онҳо ва манбаъҳои ташаккулёбии онҳо дар асоси ченкунии нишондодҳои миқдорӣ ва сифатии ифлосшавии онҳо.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи мониторинги экологӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мониторинги экологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақсад ва  вазифаҳои мониторинги  экологӣ

 

1. Мониторинги экологӣ бо мақсадҳои зерин гузаронида мешавад:

- мушоҳидаи ҳолати муҳити зист, аз он ҷумла ҳолати муҳити зист дар минтақаҳои воқеъи манбаъҳои таъсири антропогенӣ ва таъсири ин манбаъҳо ба муҳити зист;

- арзёбӣ ва пешгӯии тағйири ҳолати муҳити зист зери таъсири омилҳои антропогенӣ ва табиӣ;

- таъмини талаботи давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттилооти эътимоднок дар бораи ҳолати муҳити зист ва тағйирёбии он, ки барои рафъ ва (ё) кам намудани оқибати ногувори чунин тағйирёбиҳо зарур аст.

2. Вазифаҳои мониторинги экологӣ инҳоянд:

- ба роҳ мондани мушоҳидаҳои мунтазами ҳолати объектҳои мониторинги экологӣ;

- созмон додани махзани иттилоотии маълумот дар бораи объектҳои мушоҳидашаванда;

- арзёбии нишондиҳандаҳои ҳолат ва мукаммалии функсионалии маҷмааҳои табиӣ, муҳити зист ва вазъи саломатии инсон;

- пешгӯии тағйирёбии ҳолати объектҳои мушоҳидашаванда;

- таҳияи барномаҳо, пешниҳодот ва тадбирҳо дар бораи рафъи оқибати ногувори таъсир ба муҳити зист;

- иттилоотонии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи ҳолати муҳити зист.

 

Моддаи 4. Объектҳо ва субъектҳои мониторинги экологӣ

 

1. Объектҳои мониторинги экологӣ аз инҳо иборатанд:

- манбаъҳои таъсири антропогенӣ ба муҳити зист;

- объектҳо ва минтақаҳои махсуси муҳити зист (ҳавои атмосфера, об, хок, қаъри замин, объектҳои хоҷагии ҷангал ва дигар объектҳои табиӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда);

- гурӯҳҳои аҳолӣ, ки таъсири манфии омилҳои муҳити зистро ҳис менамоянд.

2. Субъектҳои мониторинги экологӣ аз инҳо иборатанд:

- мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

– мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

– истифодабарандагони табиат.

3. Мониторинги экологӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва маҳдуд (локалӣ, объектӣ) дар ҳаҷме, ки гирифтани иттилооти пурра ва эътимоднок дар бораи муҳити зист ва ҳолати экологӣ, инчунин динамикаи тағйирёбии онҳо зарур аст, ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 5. Принсипҳои асосии ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ

 

Принсипҳои асосии ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ инҳоянд:

- мунтазамии мушоҳидаҳо дар ҳаҷми зарурӣ ва кофӣ;

- фаврӣ гузаронидани мушоҳидаҳо дар ҳолатҳои фавқулодда;

- ягонагӣ ва муқоисашавандагии усулҳои мушоҳида ва назорати ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва интишори иттилооти дастрасшуда;

- эътимоднокии иттилоот дар бораи ҳолати объектҳои мониторинги экологӣ ва дастрасии он барои муштариён;

- коллегиалӣ будан дар пешгӯии натиҷаҳои мониторинги экологӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи қарорҳои идоракунӣ;

- ҳамоҳангии амалҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

- баҳисобгирии маълумоти мониторинги экологӣ ҳангоми таҳия, ташаккул ва амалигардонии стратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба роҳ мондани мониторинги экологӣ ҳангоми фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки ба муҳити зист таъсири мустақим ё ғайримустақим мерасонанд, риояи қатъии талабот доир ба таъмини мониторинги экологӣ аз тарафи ҳамаи субъектҳои  хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолиятҳо, аз он ҷумла фаъолияти марбут ба ҳифзи табиат;

- таъмини бокафолати  мониторинги экологӣ аз ҳисоби захираҳои молиявӣ ва моддию техникии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолияти ба муҳити зист таъсиррасонандаро амалӣ мегардонанд.

 

БОБИ 2.

ТАШКИЛИ СИСТЕМАИ ЯГОНАИ ДАВЛАТИИ МОНИТОРИНГИ ЭКОЛОГӢ

 

Моддаи 6. Системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Мониторинги экологӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Асоси Системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зерсистемаҳои функсионалӣ ва маҳаллии мониторинги экологии дар заминаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмонёфта иборат мебошад, ки барои ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ ваколатдоранд. Ҳамоҳангсозии фаъолияти зерсистемаҳои идоравӣ ва функсионалӣ ва муттаҳиднамоии онҳоро дар Системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ амалӣ месозад.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб, шакл ва мӯҳлатҳои пешниҳоди захираҳои иттилоотиро ба Системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи субъектҳои мониторинги экологӣ ва тартиби истифодаи маълумоти ин системаро муайян месозад.

4. Маълумоти мониторинги экологӣ, ки ба иттилооти экологӣ мансуб аст, махфӣ буда наметавонад. Дастрасии маҳдуди вобаста ба зарурати таъмини сирри давлатиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 7. Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қайди объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад.

2. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми давлатие, ки онро амалӣ менамояд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ истифодабарандагони табиатро дар бораи мансубияти объектҳои тобеи он ба Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи пешниҳоди огоҳнома (амрия) хабардор менамояд.

4. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қитъаҳои намунавӣ ва нуқтаҳои пойгоҳӣ барои арзёбии сифати муҳити зист ворид карда мешаванд.

 

Моддаи 8. Истифодаи захираҳои иттилоотии мониторинги экологӣ

 

Захираҳои иттилоотии мониторинги экологӣ барои истифодаи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми қабули қарорҳо доир ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ дар ҳолатҳои зерин заруранд:

- ҳангоми тайёр намудани пешгӯиҳо ва таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, аз он ҷумла барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии экологӣ, инвеститсионӣ ва дигар барномаҳо;

- ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва меъморӣ, аз он ҷумла нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо;

- ҳангоми қабули қарорҳо доир ба сохтмони объектҳои калони хоҷагидорӣ;

- ҳангоми пешбурди намудҳои алоҳидаи кадастрҳои давлатии захираҳои табиӣ;

- ҳангоми тайёр намудани маърӯзаҳои давлатӣ доир ба ҳолати муҳити зист ва таъсири он ба вазъи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои истифодабарии табиат, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ, инчунин маблағгузории тадбирҳо ва барномаҳои беҳдошти муҳити зист ва аҳолие, ки дар ҳудудҳои дорои мақоми махсуси экологӣ зиндагӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

 

БОБИ 3.

САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР СОҲАИ МОНИТОРИНГИ ЭКОЛОГӢ

 

Моддаи 9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мониторинги экологӣ

 

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мониторинги экологӣ инҳоянд:

- мақоми ваколатдори давлатиро оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ муайян менамояд;

- фаъолияти мақоми давлатиро, ки ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ ваколатдор аст, ҳамоҳанг месозад;

- таҳия ва иҷрои барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявиро доир ба мониторинги экологӣ ташкил менамояд;

- тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд;

– тартиби муттаҳидсозии захираҳои иттилоотии субъектҳои мониторинги экологиро дар Системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарии онҳоро муайян менамояд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

- аз мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ маълумоти мониторинги экологӣ, маводи таҳлилӣ ва дигар иттилооти экологиро мегирад ва онҳоро ҳангоми қабули қарорҳо доир ба беҳдошти аҳолӣ ва муҳити зист, таъмини амнияти экологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ истифода мебарад;

- салоҳияти дигарро дар соҳаи мониторинги экологӣ мувофиқи қонунгузорӣ амалӣ менамояд.

 

Моддаи 10. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани

                       мониторинги экологӣ 

 

1. Ташкил ва гузаронидани мониторинги экологиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ  амалӣ менамояд.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ: (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

- мониторинги объектҳои муҳити табиии дахлдорро мустақилона ташкил ва амалӣ мегардонад; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

- дар ташкил ва гузаронидани мониторинги давлатии объектҳои об иштирок менамояд;

- объектҳои мониторинги экологии давлатиро дар мувофиқа бо мақомоти давлатӣ муайян менамояд;

- тадқиқотро доир ба мониторинги экологӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва услубии аз ҷиҳати ягонагии услубҳо, тарзҳо ва нишондиҳандаҳои мувофиқашудае ташкил менамоянд, ки дар асоси онҳо маълумот дар бораи ҳолати  объектҳои мониторинги экологӣ ҷамъоварӣ ва таҳқиқ карда мешавад;

- тартиби пешниҳоди ҳатмии маълумоти ҳуҷҷатшудаи мониторинги экологиро ба маълумоти истифодабарандагони табиат мерасонад;

- пешбурди махзанҳои махсуси маълумоти мониторинги экологиро ташкил ва таъмин менамояд;

- арзёбии маълумоти мониторинги экологиро оид ба набудани маълумоте, ки тибқи қонунгузорӣ ба категорияи интишори маҳдуд мансуб аст, ташкил менамояд;

- мубодилаи иттилоотиро бо дигар мақомоти давлатӣ амалӣ мегардонад;

- талаботи тахассусиро оид ба ҳайати кормандоне, ки гузаронидани  мониторинги экологиро таъмин менамоянд, муқаррар мекунад;

- омӯзишу таълими мутахассисонро барои кор дар соҳаи мониторинги экологӣ ташкил менамояд;

- барои ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ супоришҳои дахлдор медиҳад;

- мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, аҳолиро дар бораи ҳолати муҳити зист дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоти эътимодноки иттилооти экологӣ хабардор менамояд.

 

Моддаи 11. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар системаи мониторинги

                       экологӣ

                            (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

 

1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ҳуқуқ доранд ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ барои гирифтани иттилооти пурра ва эътимодноки ҳолати муҳити зист муроҷиат намоянд.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ вазифадор аст, ки бо тартиби муқарраргардида шикоят ва аризаҳои шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар бораи ҳолати муҳити зист баррасӣ намояд ва онҳоро аз натиҷаи баррасӣ ва тадбирҳои қабулгардида огоҳ созад.

3. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ бо пешниҳодҳо доир ба муқаррар намудани объектҳои иловагии мониторинги экологӣ муроҷиат намоянд.

4. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар гузаронидани  мониторинги экологӣ аз ҳисоби маблағи худ ё маблағҳои дигари  тибқи қонунгузорӣ пешбинишуда иштирок намоянд.

5. Маълумоти мониторинги экологии аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба даст овардашуда, ки ҷавобгӯи талабот нисбат ба захираҳои иттилоотӣ мебошад, ба феҳристи  объектҳои мониторинги экологӣ ворид карда мешавад.

 

(ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

 

БОБИ 4.

ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ МОНИТОРИНГИ ЭКОЛОГӢ

 

Моддаи 12. Ӯҳдадориҳои субъектҳои мониторинги экологӣ 

 

1. Субъектҳои мониторинги экологӣ нисбати объектҳояшон, ки ба Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, ӯҳдадоранд:

- мониторинги маҳаллии манбаъҳои таъсири антропогениро ба муҳити зисти табиӣ ташкил намоянд ва гузаронанд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

- ташкили заминаи зарурии моддию техникии мониторинги экологиро таъмин намоянд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

- мониторинги маҳаллиро бо истифода аз усулу воситаҳои тасдиқшудаи тибқи қонунгузорӣ муқарраргардида, ки ягонагии ченкуниҳоро таъмин менамояд, ба роҳ монанд;

- шахсони мансабдори  масъули гузаронидани мониторинги экологии маҳаллиро муайян ва тайёрии касбии онҳоро мувофиқи талаботи тахассусии муқарраргардида таъмин намоянд;

- ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маълумоти ҳуҷҷатшудаи мониторинги экологии маҳаллиро дар мӯҳлат ва ҳаҷми муқарраргардида ройгон пешниҳод намоянд.

2. Истифодабарандагони табиат ва (ё) шахсони ҳуқуқии аз тарафи онҳо ҷалбшуда мониторинги экологии маҳаллиро аз рӯи барномаҳое, ки  аз тарафи худи онҳо тибқи талаботи муқарраргардида таҳия гардида, бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ мувофиқа шудаанд, амалӣ мегардонанд.

(Ќисми 3 бо ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120 хориҶ шуд)

 

Моддаи 13.  Мониторинги экологӣ дар ҳудудҳои дорои мақоми махсуси экологӣ

 

1. Дар ҳудудҳои дорои мақоми махсуси экологӣ (минтақаи ҳолати фавқулоддаи экологӣ, минтақаи ҳолати хатарноки экологӣ) мониторинги экологӣ қисми таркибии барномаҳои беҳдошти минтақа мебошад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

2. Мониторинги экологӣ дар объектҳое, ки нисбати онҳо қарори мансубият ба ҳудудҳои дорои мақоми махсуси экологӣ қабул шудааст, дар ҳаҷми барои арзёбии самараноки пурра ва эътимодноки тадбирҳо ва барномаҳои иҷрошавандаи ҳифзи табиат кифоя гузаронида мешавад.

 

Моддаи 14. Мониторинги экологӣ дар воҳидҳои марзию маъмурии пӯшида

 

1. Мониторинги экологӣ дар воҳидҳои марзию маъмурии пӯшида қисми таркибии мониторинги экологии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Мониторинги экологӣ дар воҳидҳои марзию маъмурии пӯшида бо назардошти талаботи тибқи қонунгузорӣ муайянгардида амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 15. Мониторинги экологӣ дар объектҳои ҳарбӣ ва мудофиавӣ

 

Дар объектҳои ҳарбӣ ва мудофиавӣ, инчунин дар ҷамъомадҳо ва машқҳои ҳарбӣ, ҳангоми ҷойгиронии қӯшун ва техникаи ҳарбӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги экологӣ бо назардошти талаботи муайянкардаи  қонунгузорӣ ташкил ва амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 16. Мониторинги экологӣ ҳангоми огоҳнамоӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда

 

1. Дар объектҳое, ки ба Феҳристи давлатии объектҳои хатарнок ворид шудаанд, мониторинги экологии ҳолати онҳо аз рӯи нишондодҳои дахлдор бо ин объектҳо, инчунин мониторинги экологии омилҳои берунае, ки имконияти сарзании ҳолатҳои фавқулоддаро доранд, ташкил ва амалӣ карда мешавад.

2. Ҳангоми сар задани ҳодисаҳои фавқулодда мониторинги экологии объектҳои табиӣ ва дигар объектҳое, ки дар минтақаи зери таъсири ҳодисаҳои фавқулодда ва паҳншавии оқибатҳои номусоиди онҳоянд, гузаронида мешавад.

 

Моддаи 17. Мониторинги экологии партовҳои хатарнок

 

1. Мониторинги экологӣ дар ҳамаи зинаҳои муносибат бо партовҳои хатарнок (ғуншавӣ, интиқол, безараргардонӣ, истифода, гӯркунӣ ва ғайра) ба роҳ монда мешавад.

2. Мониторинги экологиро шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки амалиёти дахлдорро вобаста ба муносибат бо партовҳои хатарнок  мегузаронанд, амалӣ мегардонанд, ба шарте ки дар шартномаи миёни онҳо бо истеҳсолкунанда ё молики партовҳои хатарнок тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. 

 

Моддаи 18. Мониторинги экологӣ ва экспертизаи давлатии экологӣ

 

Дар ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодшуда доир ба тадбирҳои мансуб ба истифодабарии табиат, ки амалӣ намудани онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, бахши алоҳида оид ба мониторинги экологӣ ҳатмист. Дар объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ, ки ҳамзамон объектҳои мониторинги экологӣ мебошанд (пурра ё қисман), пуррагӣ ва эътимоднокии иттилооти ба экспертиза пешниҳодшуда бо истифодаи захираҳои иттилооти дахлдор, ки дар системаи мониторинги экологӣ мавҷуд аст, таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 19. Маблағгузории тадбирҳо оид ба ташкил ва гузаронидани  мониторинги экологӣ

 

1. Системаи  мониторинги экологӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ   барои гузаронидани мониторинги экологӣ, иҷрои барномаҳои давлатии мақсаднок, инчунин аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии ташкилотҳо ва дигар манбаъҳо маблағгузорӣ карда мешавад.

2. Маблағ барои ташкили мониторинги экологӣ дар доираи иҷрои барномаҳои ҷумҳуриявии мақсаднок ва маҳаллӣ аз буҷети дахлдор ва фондҳои ғайрибуҷетӣ ҷудо карда мешавад.

3. Маблағгузории ташкили мониторинги экологӣ аз ҳисоби истифодабарандагони табиат, ки моддаи 11 Қонуни мазкур муайян кардааст ва аз ҳисоби худи онҳо амалӣ карда мешавад.

4. Мониторинги экологии манбаъҳои ифлоскунандаи муҳити зист, ки моликияти коммуналӣ мебошанд, аз ҳисоби корхонаҳо–истифодабарандагони табиати дар ҳудуди ҳамин воҳидҳои марзию маъмурӣ  ҷойгиршуда  маблағгузорӣ карда мешавад.

5. Мониторинги экологии вазъи саломатии аҳолӣ, ки таъсири манфии омилҳои муҳити зистро дар ҳудуди воҳидҳои маҳаллӣ ҳис менамоянд, аз ҳисоби буҷетҳо, фондҳои ғайрибуҷетӣ ва дигар манбаъҳои тибқи қонунгузорӣ барои рафъи ҳамин манбаи ифлоскунанда пешбинишуда маблағгузорӣ карда мешавад.

6. Мониторинги экологии объектҳои табиӣ ва дигар объектҳои дар ихтиёри шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ набуда, инчунин гузаронидани мониторинги экологии ҳолати муҳити зист, вазъи саломатии аҳолӣ дар ҳаҷми барномаҳои ҷумҳуриявии мақсаднок пешбинишуда аз ҳисоби буҷети давлатӣ, фондҳои ғайрибуҷетӣ ва дигар манбаъҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

 

Моддаи 20. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мониторинги экологӣ

 

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мониторинги экологӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба роҳ монда мешавад.

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 

 

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти 

Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                        Эмомалӣ РАҲМОН

 

ш. Душанбе, 25 марти соли 2011,

№ 707

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 10:35
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
684
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Ҷумъа, 25 Март, 2011

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ

БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

ҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 152; с. 2013, №6, мод. 405, мод. 406;

с. 2014, №7, қ. 1, мод. 397; Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 с., №1404; аз 17.05.2018, № 1521)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат тавассути фароҳам овардани механизми ҳуқуқии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро танзим ва асосҳои ҳуқуқии онҳоро муайян менамояд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда – маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулке, ки дар натиҷаи содир намудани кирдори барои ҷамъият хавфнок қабл аз қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳо ба даст оварда шудаанд.

- қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда – анҷом додани амалиёти молиявӣ ё аҳдҳои дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар, ки баръало даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда мебошанд, бо мақсади рўйпуш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк ва ё мусоидат намудан ба шахсе, ки дар содир намудани ҷинояти асосӣ иштирок намудааст, то ки ў тавонад аз ҷавобгарӣ барои кирдорҳои содирнамудааш саркашӣ намояд, инчунин рўйпуш ё пинҳон кардани хусусияти аслӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, ҷойивазкунӣ, ҳуқуқ ба молу мулк ё мансубияти он, ҳамчунин ба даст овардан, соҳибӣ кардан, истифода бурдан ё ихтиёрдории чунин молу мулк;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

- молу мулк (воситаҳо) - ҳар гуна дороии моддӣ ё ғайримоддӣ, манқул ё ғайриманқул, новобаста аз тарзи ба даст овардани онҳо, инчунин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ё санадҳои гуногуншакл, аз ҷумла дар шакли электронӣ ё ададӣ,  ки ҳуқуқ ба чунин дороиҳо ва иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, аз ҷумла қарзҳои бонкӣ, чекҳои роҳ, чекҳои бонкӣ, интиқолҳои почтавӣ, саҳмияҳо, коғазҳои қиматнок, вомбаргҳо, векселҳо, аккредитивҳо ва ғайраҳо;

- маблағгузории терроризм – бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра, ё қисман истифода бурдани онҳо ва ё бо дарки он ки ин воситаҳо аз тарафи террористи алоҳида ё гурўҳи (ташкилоти) террористӣ истифода мешаванд, ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурўҳи (ташкилоти) террористӣ, ё барои ташкил, тайёр ва содир намудани  ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179, 1791, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, истифода мегарданд, ҳамчунин агар ин воситаҳо воқеан барои содир намудани ҷиноятҳои зикршуда истифода нашуда бошанд, инчунин маблағгузории террористи алоҳида ё гурўҳи (ташкилоти) террористӣ, ҳатто агар он бо акт (актҳои) мушаххаси террористӣ алоқаманд набошад;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

- мақоми ваколатдор - мақоми давлатӣ, ки мақсад, вазифа ва ваколатҳояш дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мувофиқи Қонуни мазкур, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

- амалиёт (аҳд) бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк – амалҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои муқаррар кардан, тағйир додан ё қатъ намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданӣ нисбат ба маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк равона гардидааст;

- аҳд ва амалиёти шубҳанок – аҳд ва амалиёт (кӯшиши анҷом додани аҳд ва амалиёт) бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк, ки мутобиқи Қонуни мазкур ҳамчун аҳд ва амалиёти шубҳанок муайян ва феҳристи аломатҳои онҳо аз тарафи мақоми ваколатдор тасдиқ шудааст;

- мониторинги молиявӣ - маҷмӯи чорабиниҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳо (ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ амалиёт мегузаронанд), мақоми ваколатдор ва мақомоти дигари давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешида мешаванд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

- назорати ҳатмӣ - маҷмӯи чораҳои андешидаи мақоми ваколатдор барои назорат кардани амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк дар асоси иттилооти пешниҳодкардаи ташкилотҳое, ки чунин амалиётро анҷом медиҳанд, ҳамчунин санҷиши ин иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорати дохилӣ – фаъолияти ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк барои ошкор кардани амалиёти (кӯшиши анҷом додани аҳди шубҳаноки) ҳатман назоратшаванда ва дигар амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом амалиёт анҷом медиҳанд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

- шахсони сиёсии бонуфуз – шахсоне, ки ба онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (шахсони бонуфузи сиёсии миллӣ) ё дар давлати дигар (шахсони бонуфузи сиёсии хориҷӣ – сарони давлатҳо ё ҳукуматҳо, ходимони баландпояи сиёсӣ, шахсони олии мансабдори ҳукумат, судҳо, қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фискалӣ, роҳбарони корхонаҳои давлатӣ, инчунин роҳбарон ва ходимони ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои динӣ, шахсоне, ки ба онҳо вазифаҳои муҳими ташкилоти байналмилалӣ бовар карда шудааст) вазифаҳои муҳими давлатӣ пешниҳод шудаанд, аз ҷумла шахсони собиқ дар ин мансабҳо фаъолиятнамуда ва хешовандони наздики онҳо;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

- молик-бенефитсиар (манфиатгир) – як ё якчанд шахси воқеӣ, ки бевосита ё бавосита соҳиби моликият (соҳиби зиёда аз 25 фоиз иштироки афзалиятнок дар сармояи муштарӣ ё миқдори умумии саҳмияҳои муштарӣ бо ҳуқуқи овоз) мебошанд ё муштарӣ ва/ё шахсеро, ки ба манфиати онҳо аҳд/амалиёт анҷом дода мешавад, воқеан назорат мекунанд, инчунин шахсоне, ки шахси ҳуқуқиро назорат мекунанд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

- бонки ниҳонӣ – бонке, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифташуда, иҷозатнома гирифтааст, вале воқеан вуҷуд надорад ва бо ягон гурӯҳи молиявии танзимшаванда, ки бояд таҳти назорати муштарак қарор гирад, муттаҳид нашудааст;

- минтақаҳои оффшорӣ - давлат ва ҳудуде, ки ба ғайрирезидентҳо (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ) тартиби низоми имтиёзноки андозсупориро пешниҳод менамояд ва (ё) ошкор ва пешниҳоди маълумотро ҳангоми гузаронидани амалиётҳои молиявӣ бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк пешбинӣ намекунад;

- траст – интиқоли маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк аз тарафи як шахс (муассиси траст) ба шахси дигар (мудир) дар асоси боварӣ ба шарте, ки мудир дар кори худ нисбат ба ин маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк талаботу дастурҳои муассиси трастро ба роҳбарӣ мегирад;

- муштарӣ – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз хизматрасонии ташкилоти бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар амалиёт анҷомдиҳанда бархурдор аст, инчунин шахси дигаре, ки тибқи ваколатҳо  ўҳдадориҳои ба ў боваркардашударо амалӣ менамояд;   (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

- хавф – маҷмўи таҳдидҳо, осебпазирӣ ва фарорасии оқибатҳо барои ташкилотҳои бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷомдиҳанда бо мақсади истифода дар қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҳангоми пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо мутобиқи хусусияти фаъолияташон;   (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

- ғайрифаъолгардонии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар – ба ташкилотҳои бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар амалиёт анҷомдиҳанда манъ кардани интиқол, мубодила, ихтиёрдорӣ ва амалиёти дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигари ба муштарӣ тааллуқдошта, ки ба рўйхати ташкилот ва шахсони воқеӣ дохил карда шуда, оид ба даст доштани онҳо ба фаъолияти террористӣ, аз ҷумла маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом маълумоти кофӣ мавҷуд аст;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

- идорасозии хавфҳо – тадбирҳои аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар амалиёт анҷом медиҳанд, барои ташкил ва таъмини фаъолияти низоми идорасозии хавфҳо, ки аз ҷумла муайян (ошкорсозӣ), баҳодиҳӣ (андоза намудан) мониторинг, назорати хавфҳоро бо мақсади коҳиш додани онҳо пешбинӣ менамоянд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

- таҳримҳои байналмилалӣ– таҳримҳое, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ эътироф карда мешаванд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

- мушаххаскунии муштарӣ – гирифтани маълумоти мушаххаскунанда аз тарафи ташкилоте, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳад, аз муштарӣ (намояндаи муштарӣ);  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 - маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом – амалҳо оид ба пешниҳод, ҷамъоварӣ ё истифодаи ҳама гуна дороиҳо барои паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки барои анҷом додани онҳо таҳримҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии

                      (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм

                        ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

                       (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

 

1. Қонуни мазкур муносибатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд, ташкилотҳоеро, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, инчунин мақомоти давлатиеро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк назорат мекунанд, бо мақсади пешгирӣ, ошкор кардан ва роҳ надодани амалҳое, ки бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд мебошанд, танзим менамояд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404; аз 17.05.2018, № 1521)

2. Амали Қонуни мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, филиалу ташкилотҳои фаръии онҳо ва дигар воҳидҳои алоҳида, ки анҷом додани амалиётро бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таъмин мекунанд, татбиқ мегардад.

 

БОБИ 2.

ПЕШГИРИИ ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ

БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 

 

Моддаи 4. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд

Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, инҳоянд:

1) ташкилотҳои қарзӣ;

2) иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок;

3) ташкилотҳои суғурта ва иҷораи молиявӣ (лизинг);

4) ташкилотҳои алоқаи почта;

5) ломбардҳо;

6) ташкилотҳое, ки молу мулки ғайриманқул, фулузоту сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти заргарӣ, инчунин шикастапораҳои ин маснуотро харидуфурӯш мекунанд;

7) ташкилотҳое, ки тотализатор ва идораҳои букмекерӣ доранд, инчунин бозиҳои лотерея ва дигар бозиҳои бурднокро барпо мекунанд, ки дар онҳо ташкилкунанда дар байни иштирокчиён фонди ҷоизавӣ, аз ҷумла дар шакли электронӣ мегузорад;

8) ташкилотҳое, ки фондҳои сармоягузорӣ ё фондҳои ғайридавлатии нафақаро идора мекунанд;

9) адвокатҳо, шахсоне, ки фаъолияти нотариалиро анҷом медиҳанд, дигар ҳуқуқшиносон ва муҳосибони мустақил, соҳибкорони инфиродие, ки ҳангоми омода ё анҷом додани аҳдҳои муштариёни худ барои харидуфурӯши молу мулки ғайриманқул, идоракунии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё дигар молу мулки муштариён хизмати ҳуқуқӣ мерасонанд, идоракунии суратҳисобҳои бонкӣ, амонатӣ ё суратҳисоби коғазҳои қиматнок, инчунин ҷамъи маблағҳо барои таъсис, таъмини фаъолият ё идора кардани ширкатҳо ва таъсиси онҳо, таъмини фаъолият ё идоракунии шахси ҳуқуқӣ ё ташкили  хариду фурӯши корхонаҳоро анҷом медиҳанд;

10) ширкатҳои аудиторӣ, аудиторҳои инфиродӣ;

11) ташкилотҳое, ки барои траст ё ташкили ширкатҳо хизмати худро пешниҳод мекунанд;

12) нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

13) хадамоти гумрук, ки дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлу нақли маблағҳои пулии нақд ва ҳуҷҷатҳои муомилоти манзурии резидентҳо ва ғайрирезидентҳоро назорат мекунад.

 

Моддаи 5. Чораҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи

                ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

                        (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 

1. Ба чораҳое, ки барои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешида мешаванд, инҳо дохил мешаванд:  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

1) назорати дохилӣ;

2) назорати ҳатмӣ;

3) манъи додани иттилоот ба муштариён ва дигар шахсон (ба истиснои кормандони мақомоти назоратӣ) оид ба чораҳое, ки барои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм андешида мешаванд;

4) чораҳои дигаре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида мешаванд.

2. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, ӯҳдадоранд расмиёти зеринро оид ба санҷиши дахлдори муштарӣ анҷом диҳанд:

1) шахсияти муштариро муайян ва санҷиш кунанд, яъне баъзе чорабиниҳоро барои муайян кардани шахсияти муштарӣ - шахси воқеӣ (насаб, ном, номи падар (ба шарте, ки аз қонун ё одатҳои маъмул чизи дигар барнаояд), шаҳрвандӣ, мушаххасоти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, маълумоти корти муҳоҷират, ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандиро ба будубош (истиқомат) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, нишонии ҷойи истиқомат (ҷойи қайд) ё ҷойи будубош, рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами суратҳисоб (агар бошад); шахси ҳуқуқӣ (ном, рақами мушаххаси андозсупоранда ё рамзи ташкилоти хориҷӣ ё рақами давлатии қайд, ҷойи бақайдгирии давлатӣ ва њуќуќ ва моликият, инчунин нишонии маҳалли ҷойгиршавӣ) анҷом диҳанд; (ЌЉТ аз 13.06.13с., №967)

2) шахсияти молик-бенефитсиарро муайян намоянд ва бисанҷанд;

3) дар бораи ҳадафҳо ва хусусияти эҳтимолии муносибатҳои корӣ маълумот гиранд;

4) муносибатҳои кориро мунтазам тафтиш карда, дар рафти амалӣ намудани ин гуна муносибатҳо амалиёти бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк иҷрошавандаро амиқ омӯзанд, то амалиёти иҷрошаванда ба маълумоти ташкилот дар бораи муштарӣ, фаъолияти вай ва хусусияти ҳадафҳо мувофиқат кунанд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

5)  на камтар аз як маротиба дар се сол маълумотеро, ки дар бораи муштарӣ мутобиқи бандҳои 1-3 қисми 2 моддаи мазкур гирифта шудааст, нав намоянд.

6) талаботи бандҳои 1) ва 2) қисми 2 моддаи мазкурро тибқи дастурамали қабулнамудаи мақоми ваколатдор амалӣ намоянд; (ЌЉТ аз 13.06.13с., №967)

7) Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, ҳуқуқ надоранд дар иҷрои муқаррароти бандҳои 1-3 ва 5 қисми 2 моддаи мазкур дар ҷараёни санҷиши дахлдори муштарӣ ё ҳангоми пешниҳоди ташкилот ба миёнаравон ё тарафи дигари сеюм умед банданд;

8) мушаххаскунии муштарӣ ва омўзиши фаъолияти молиявии ў ҳангоми шубҳа доштан ба алоқамандии амалиёти молиявӣ бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ё ба маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ҳамчунин ҳангоми гузарондани амалиёти молиявии якдафъаина бо муштариён ба маблағи баробар ба андозаи муайяннамудаи қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур ё зиёда аз он.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

3. Расмиёти дар бандҳои 1-3 қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда бояд дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда шавад:

1) ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ;

2) ҳангоми анҷом додани ҳар гуна аҳди якдафъаина, ки маблағаш аз ҳадди дар моддаи 6 Қонуни мазкур муқарраршуда зиёд мебошад;

3) ҳангоми ба қонунигардонии (расмкунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва (ё) маблағгузории фаъолияти террористӣ гумонбар шудан;

4) дар ҳолате, ки шахси пешниҳодкунандаи маълумот ба дурустӣ ва мутобиқати маълумоти қаблӣ доир ба шахсияти муштарӣ дастрасшуда шубҳа дошта бошад.

4. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, вазифадоранд расмиёти дар бандҳои 4 ва 5 қисми 2 моддаи мазкур зикршударо дар давоми тамоми мӯҳлати муносибат бо муштарӣ амалӣ намоянд. Талаботи дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида бояд ба ҳамаи муштариёни нав ва пешина татбиқ гардад.

5. Агар ташкилоти бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт гузаронанда муқаррароти бандҳои 1-3 ва 5 қисми 2 моддаи мазкурро иҷро карда натавонад, он гоҳ вай ҳуқуқи кушодани суратҳисоб, ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ, анҷом додани амалиётро надорад ва бояд муносибатҳои кориро қатъ кунад, инчунин масъалаи фиристодани хабарномаро дар бораи аҳди шубҳанок вобаста ба ин муштарӣ баррасӣ намояд.

6. Талаботи дар Қонуни мазкур пешбинигардида барои ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, инчунин ба филиалу ташкилотҳои фаръии онҳо дар хориҷа, ки ба ҳиссаи афзалиятнок иштирок доранд, ба он андозае, ки онро санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлати ҷойгиршавии ин филиалҳо ва ташкилотҳои фаръӣ иҷозат медиҳанд, татбиқ карда мешавад. Агар қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар давлате, ки ин филиалу ташкилотҳои фаръӣ ҷойгир мебошанд, татбиқи талаботи Қонуни мазкурро манъ намоянд ё садди роҳи он гарданд, он гоҳ ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, бояд ба мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки танзим ва назорати давлатиро амалӣ менамоянд, дар бораи талаботи Қонуни мазкурро иҷро карда натавонистани филиалҳо ва ташкилотҳои фаръии дар ин давлат ҷойгирбуда хабар диҳанд.

7. Таъсиси бонкҳои ниҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.

8. Ташкилотҳои қарзие, ки ҳуқуқи кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкиро доранд, ҳуқуқи бо бонкҳои ниҳонӣ ба роҳ мондани муносибатҳои мустақими муросилотӣ ё идома додани ин гуна муносибатҳоро надоранд, инчунин бояд бар зидди анҷом додани аҳду амалиёт бо ташкилотҳои муросилотии молиявии хориҷие, ки ба бонкҳои ниҳонӣ  истифода бурдани суратҳисобҳояшонро иҷозат медиҳанд, чораҳои эҳтиётӣ андешанд.

9. Бо мақсади додани иҷозатнома ва танзими фаъолияти бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон номгӯи субъектҳо, давлатҳо, ҳудудҳои минтақаҳои оффшориро муайян карда, қоидаҳои анҷом додани аҳду амалиётро бо онҳо муқаррар мекунад.

 

Моддаи 6. Амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва бо молу мулки дигар, ки бояд зери назорати ҳатмӣ

                      қарор дошта бошанд

 

1. Амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва (ё) молу мулки дигар бояд ҳатман назорат карда шавад, ба шарте ки он аз рӯи хусусияти худ ба яке аз намудҳои амалиёти дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда тааллуқ дошта, дар шакли нақд ва ба амалиёти пешбиникардаи бандҳои 6, 7, 9, 11 ва 18 қисми 2 моддаи мазкур дар шакли ғайринақдӣ дар ҳаҷми зерин иҷро карда шавад:

1) барои амалиёти дар бандҳои 1 ва 2 қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида – ба маблағи баробар ба 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1100)

2) барои амалиёти дар бандҳои 3–17 ва 20 қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида – ба маблағи баробар ба 1 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 1 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1100; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

3) барои амалиёти дар бандҳои 18 ва 19 қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида – ба маблағи баробар ба 12 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 12 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1100)

4) барои амалиёти дар банди 21) қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида ба маблағи баробар ба 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ва ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиш ба 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

2. Ба амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва (ё) дигар молу мулк, ки ҳатман назорат мешавад, инҳо тааллуқ доранд:

1) гирифтани бурди бозӣ дар натиҷаи иҷрои шарт, қиморбозӣ, инчунин лотерея, аз ҷумла дар шакли электронӣ;

2) харидуфурӯш ва мубодилаи асъори нақди хориҷӣ тавассути нуқтаҳои мубодилаи асъор;

3) гирифтани пул бо чек ё вексел, ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар давоми ҳафт рӯзи пайдарпайи тақвимӣ анҷом дода мешавад;

4) мубодилаи пулҳои коғазии арзишашон якхела ба пулҳои коғазии арзишашон гуногун, ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар давоми ҳафт рӯзи пайдарпайи тақвимӣ анҷом дода мешавад;

5) аз суратҳисоби бонкӣ гирифтан ё ба суратҳисоби муштарӣ гузаронидани пул, ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар  давоми ҳафт рӯзи пайдарпаи тақвимӣ анҷом дода мешавад;

6) ба суратҳисоби бонкии муштарӣ ворид кардан ё интиқол додани пул аз тарафи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки дар минтақаи оффшорӣ ба қайд гирифта шуда, дар он ҷо маҳалли зист ё ҷойи будубош доранд ва дар бонке, ки дар минтақаи оффшорӣ ба қайд гирифта шудааст, суратҳисоб доранд ё интиқоли маблағ аз тарафи муштарӣ ба манфиати гурӯҳи шахсони зикршуда, ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар давоми ҳафт рӯзи пайдарпаи тақвимӣ анҷом дода мешавад;

7) интиқоли пул ба хориҷа ба суратҳисобҳои  (ба амонатҳои) барои молики номаълум кушодашуда ва ворид шудани пул аз хориҷа аз суратҳисоби  (пасандози) ба номи молики номаълум кушодашуда, ки ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар давоми ҳафт рӯзи пайдарпаи тақвимӣ анҷом  дода мешавад;

8) кушодани суратҳисоби амонатӣ (пасандоз) ба фоидаи шахси сеюм ва (ё) ворид кардани пул ба ин   суратҳисоб, ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар давоми ҳафт рӯзи пайдарпаи тақвимӣ анҷом дода мешавад;

9) пардохтпулӣ ва интиқоли пул, ки муштарӣ ба  фоидаи шахси  дигар ройгон анҷом медиҳад;

10) хариди (фурӯши) сарватҳои фарҳангӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё аз он берун бурдани онҳо;

11) амалиёти иҷронамудаи шахсони ҳуқуқӣ, ки аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии онҳо на камтар аз се моҳ гузаштааст;

12) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардан ё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун бурдани асъори нақд, ба  истиснои ворид ё берун бурдани он аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои  тиҷоратӣ ва корхонаи ба хизматгузории почта алоқаманд;

13) анҷом додани пардохти суғурта ё гирифтани  мукофоти суғурта;

14) ба фондҳои андӯхти нафақа ворид намудан, интиқол додани саҳмияи ихтиёрии нафақа, инчунин пардохтпулиҳои нафақа аз фондҳои андӯхти нафақа аз ҳисоби ҳақгузориҳои ихтиёрии нафақа;

15) гирифтани молу мулк ё додани он аз рӯи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг);

16) аҳдҳо барои хизматрасонӣ, аз ҷумла пудратӣ, ҳамлу нақл, экспедитсияи  нақлиётӣ, нигаҳдорӣ, комиссия, дар асоси боварӣ идора кардани молу мулк;

17) хариду фурӯш ва дигар амалиёт бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳо;

18) аҳдҳо бо молу мулки ғайриманқул ва дигар  молу мулке, ки  аз қайди давлатӣ гузаштанашон ҳатмист;

19) аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок;

20) интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

21) интиқоли электронии маблағҳо.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

3. Аҳд ва амалиёти шубҳанок новобаста ба маблағе, ки анҷом дода шудааст ё метавонад анҷом дода шавад, бояд таҳти назорати ҳатмӣ қарор гиранд.

4. Агар амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк бо асъори хориҷӣ анҷом дода шавад (навъи асъор ҳатман нишон дода мешавад), он гоҳ андозаи он бо пули миллӣ аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар таърихи анҷом додани ин гуна амалиёт амал мекунад, муайян карда мешавад.

5. Меъёрҳои муайян кардани аҳд ва амалиёти шубҳанок инҳоянд:

1) анҷом додани аҳдҳое, ки мақсади муайяни иқтисодӣ надоранд;

2) иҷрои амалҳое, ки барои саркашӣ аз расмиёти мониторинги молиявӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, равона шудаанд;

3) мавҷуд будани асосҳои мақбул ё шубҳаноки ташкилоте, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронад, дар бораи он ки аҳдҳо бо мақсади қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом анҷом дода мешаванд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

6. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, бояд ба муносибатҳои корӣ ва амалиёт бо шахсон, аз ҷумла ширкатҳо ва ташкилотҳои қарзии кишварҳое, ки меъёрҳои байналмилалии соҳаи қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро истифода намебаранд ё нокифоя истифода мебаранд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоянд. Дар ҳама ҳолатҳо, агар ин амалиёт мақсади муайяни иқтисодӣ ё қонунӣ надошта бошад, дар ин маврид бояд чораҳои асосноку дастрас барои омӯзиши асос ва таъини ин гуна амалиёт андешида шаванд. Маълумоти гирифташуда бояд дар шакли хаттӣ сабт гардида, ба мӯҳлати на камтар аз панҷ сол аз рӯзи қатъ гардидани муносибат бо муштарӣ нигаҳдорӣ шавад, инчунин дар ҳолати дархости дахлдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, чунин маълумот ба онҳо пешниҳод карда шавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

7. Амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк  ҳатман назорат мешавад, агар ақаллан яке аз тарафҳо шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ бошад, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар бораи иштироки ӯ дар фаъолияти террористӣ маълумот дастрас гардад ё шахси ҳуқуқие бошад, ки бевосита ё бавосита моликияти шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ таҳти назорати онҳо бошад ё шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие бошад, ки аз ном ё бо дастури ин гуна ташкилотҳо ё шахсон амал кунад. Рӯйхати ин гуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро мақоми ваколатдор муайян карда, барои маълумот ба ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, ирсол менамояд.

8. Барои ба рӯйхати дар қисми 7 моддаи мазкур пешбинигардида дохил кардани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ инҳо асос мебошанд:

1) ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гунаҳгор донистани шахси воқеӣ дар содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ;

2) қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳӣ ё манъи фаъолияти шахси ҳуқуқӣ, бинобар аз тарафи вай анҷом дода шудани фаъолияти экстремистӣ;

3) аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи ӯ ба суд оид ба боздоштани фаъолияти шахси ҳуқуқӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани вай барои фаъолияти террористӣ;

4) қарори муфаттиш ё прокурор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахсе, ки ҷинояти дорои хусусияти террористӣ содир намудааст;

5) дохил кардан ба рӯйхати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии бо ташкилотҳои террористӣ ё террористон алоқаманд, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии бар зидди терроризм муборизабаранда ё аз тарафи мақомоти ваколатдоркардаи онҳо, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тасдиқ карда мешавад.

6) ҳукмҳои (ҳалномаҳои) судҳо ва қарорҳои дигари мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ нисбат ба ташкилотҳо ва шахсони воқеие, ки фаъолияти террористӣ анҷом медиҳанд, мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст.

 

Моддаи 7. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё бо дигар молу мулк

                      амалиёт анҷом медиҳанд

 

1. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, ӯҳдадоранд:

1) шахси таҳти хизмат дар ташкилоте, ки бо маблағҳои пулӣ       ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳад, қарордоштаро муайян кунанд;

2) маълумоти зеринро ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ё кушодани суратҳисоб аз рӯи амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар  молу мулке, ки бояд ҳатман зери назорат бошанд, дар асоси ҳуҷҷат ба қайд гиранд:

а) намуди амалиёт ва асос барои анҷом додани он;

б) таърихи анҷом додани амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк, ҳамчунин маблағе, ки бо он амалиёт анҷом дода шудааст;

в) маълумоти зарурӣ барои муайян кардани шахси воқеӣ, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳад (маълумоти шиноснома ё дигар ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад), рақами мушаххаси андозсупоранда (агар бошад), нишонии маҳалли зист;

г) ном, рақами мушаххаси андозсупоранда (агар бошад), рақами бақайдгирӣ, ҷои бақайдгирӣ ва нишонии маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқие, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳад;

д) маълумоти зарурӣ барои муайян кардани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки бо супориш ё аз номи ӯ бо маблағҳои пулӣ ё бо дигар молу мулк амалиёт сурат мегирад, рақами мушаххаси андозсупоранда (агар бошад), нишонии маҳалли зисти шахси воқеӣ ё маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ;

е) маълумоти зарурӣ барои муайян кардани намояндаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк аз номи шахси дигар дар асоси ваколатҳои бо боваринома додашуда, қонун ё дар асоси санади мақоми ваколатдори давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалиёт анҷом медиҳад ва маълумот дар бораи нишонии маҳалли зисти намояндаи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;

ё) маълумоти зарурӣ барои муайян кардани гирандаи маблағ аз рӯи амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк ва намояндаи вай, аз ҷумла рақами мушаххаси андозсупоранда (агар бошад), нишонии маҳалли зист ва (ё) маҳалли воқеъшавии гиранда ва намояндаи вай, агар инро қоидаҳои анҷом додани амалиёти дахлдор пешбинӣ намуда бошанд;

3) иттилооти дар банди 2 қисми 1 моддаи мазкур нишондодашударо нисбат ба амалиёте, ки бояд ҳатман зери назорат бошад, ба мақоми ваколатдор пешниҳод намоянд. Тартиб ва мӯҳлати пешниҳод намудани маълумотро мақоми ваколатдор муайян мекунад;  (ЌЉТ аз 13.06.13с., №967)

4) фавран ба мақоми ваколатдор бо тартиби муқаррарнамуда дар бораи анҷомдиҳии ҳар як аҳд ё амалиёти шубҳаноки муштариёни худ (кўшиши анҷом додани аҳд ё амалиёти шубҳанок) хабар диҳанд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

5) оид ба боздошт, ғайрифаъолгардонӣ ва фаъолгардонии маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулки ба ташкилот ё шахси воқеӣ тааллуқдошта, ки дар бораи даст доштани онҳо ба фаъолияти террористӣ, аз ҷумла маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом асосҳои кофӣ мавҷуданд, чораҳо андешанд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

6) оид ба ошкор, баҳодиҳӣ, назорат ва коҳиш додани хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (аз рўи намуди муштарӣ, мавқеи ҷуғрофии кишвари бақайдгирии муштарӣ ё муассиса, ки тавассути он ў интиқоли (гирифтани) дороиҳо, мол ва хизматрасониро анҷом медиҳад, чораҳои зарурӣ андешанд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

7) ҳангоми ошкор кардани хавфҳо оид ба коҳиш додан ва назорат кардани онҳо чораҳои дахлдор  андешанд;   (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

8) бо мақсади идорасозии хавфҳо ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ бо муштарӣҳамаи воситаҳои иттилоотӣ, инчунин манбаъҳои байналмилалии эътирофшудаи маълумотро истифода баранд, аз ҷумла он воситаҳои иттилоотие, ки  гузарондани амалиёти молиявиро бидуни тамоси мустақим бо муштарӣ таъмин мекунанд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

2. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, бояд қоидаҳои назорати дохилиро бо мақсади муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин нақшаҳои амалӣ намудани ин қоидаҳоро таҳия намоянд. Қоидаҳои мазкур бояд инҳоро дар бар гиранд:  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

1) низоми дохилӣ оид ба санҷиши дахлдори муштариён ва нигоҳдории маълумоте, ки дар натиҷаи чунин санҷиш ба даст омадааст;

2) низом ва дастур оид ба ошкор кардани амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулке, ки бояд ҳатман назорат шавад;

3) тартиби интихоб ҳангоми киро кардани кормандон;

4) талаботи тахассусӣ барои омодасозӣ ва таълими кормандон, барномаи таълимии кормандон;

5) на кам аз як маротиба дар ду сол омодасозӣ ва бозомўзии кормандон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

6) тартиби аудити дохилӣ барои санҷиши низоми чораҳо дар ташкилотҳо оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд,  қоидаҳои назорати дохилиро бо назардошти тавсияҳои тасдиқкардаи мақоми ваколатдор дар мувофиқа бо мақомоти назоратӣ мутобиқи салоҳияти худ таҳия ва тасдиқ менамоянд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

7) талабот нисбат ба шахси масъул (корманди бахши комплаенс) ва шахсони ўро ивазкунанда, ки барои риояи қоидаҳои назорати дохилӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, оид ба ошкорсозӣ, баҳодиҳии хавфҳо ва механизмҳои коҳиш додани онҳо масъул мебошад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

3. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, бояд барои риояи қоидаҳои назорати дохилӣ шахсони мансабдори масъулро ё шахсе, ки вазифаҳои корманди масъулро дар ҳолати набудани он муваққатан иҷро мекунад, таъин намоянд. Ин шахсон бо қарори роҳбари Раёсат, Шўрои директорон (Шўрои нозирон) (мувофиқи шакли ташкилию ҳуқуқӣ) ташкилоте, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, таъин карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

4. Ҳуҷҷатҳое, ки маълумоти дар моддаи мазкур зикршударо тасдиқ мекунанд, нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки барои муайян кардани шахсият зарур мебошанд, файли суратҳисобҳо ва мукотибаи расмӣ бояд на камтар аз панҷ сол баъд аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ ва баста шудани суратҳисоб нигаҳдорӣ карда шаванд (дар ин маврид мӯҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳо имкон дорад аз тарафи мақоми ваколатдор дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ тамдид карда шавад).

5. Талаботи санҷиши дахлдори муштарӣ нисбати шахсони зерин, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, татбиқ мегардад:

1) агентҳои амволи ғайриманқул вақте ки онҳо ба амалиёти хариду фурӯши амволи ғайриманқул барои муштарии худ ҷалб шудаанд;

2) дилерҳои фулузоти қиматбаҳо сангҳои қиматбаҳо - вақте ки онҳо ба ҳар гуна амалиёт бо маблағҳои нақд бо муштарӣ баробари ҳадди муқарраршуда ё зиёда аз он ҷалб шудаанд;

3) адвокатҳо, нотариусҳо, дигар ҳуқуқшиносу муҳосибони мустақил - вақте ки онҳо барои муштарии худ нисбат ба намудҳои зерини фаъолият амалиёт омода мекунанд ё анҷом медиҳанд:

а) хариду фурӯши амволи ғайриманқул;

б) идора кардани маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё дигар амволи муштарӣ;

в) идора кардани суратҳисобҳои бонкӣ, амонатӣ ё суратҳисоби коғазҳои қиматнок;

г) ташкил намудани ҳақгузориҳо барои таъсис, фаъолият ё идора кардани ширкатҳо;

д) таъсис, фаъолият ё идора кардани шахсони ҳуқуқӣ ё ташкилотҳо, инчунин харидуфурӯши корхонаҳо.

4) ташкилотҳое, ки хизмати трастӣ ё барои ташкили ширкат хизмат мерасонанд, - вақте ки онҳо барои муштарӣ нисбат ба фаъолияти зерини номбаршуда амалиёти молиявӣ омода мекунанд ё онро анҷом медиҳанд:

а) ба сифати агент оид ба таъсиси шахси ҳуқуқӣ амал мекунанд;

б) ба сифати директор ё котиби ширкат, шарики рафоқат амал мекунанд (ё барои дигар шахсон ташкил мекунанд, ки онҳо ба ин сифатҳо амал намоянд) ё ҳамин гуна мавқеъро нисбат ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ишғол мекунанд;

в) офиси бақайдгирифта; нишонии ҳуқуқӣ ё бино, нишонии муросилотӣ ё маъмурӣ барои ширкат, рафоқат ё ҳар гуна шахси дигари ҳуқуқӣ ё ташкилот пешниҳод мекунанд;

г) ба сифати мудири фонди ба боварӣ асосёфта амал мекунанд (ё имконият муҳайё мекунанд, ки дигар шахсон ба ин сифат амал кунанд);

д) ба сифати саҳмиядори номиналӣ барои шахси дигар амал мекунанд (ё имконият муҳайё мекунанд, ки дигар шахсон ба ин сифат амал намоянд).

6. Кушодани ташкилотҳои қарзӣ ё ба кор бурдани суратҳисобҳои (пасандозҳои) вуҷуддошта ба номи моликони номаълум ва ба номҳои сохта, яъне бидуни пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба номи вай суратҳисоб (пасандоз) кушода мешавад ва ин барои муайянкунии ӯ зарур мебошад, манъ аст.

7. Ташкилотҳои қарзӣ ҳуқуқ доранд бастани шартномаи суратҳисоби бонкӣ (пасандозӣ)- ро бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои нодуруст аз тарафи вай, инчунин дар ҳолати доштани маълумот дар бораи иштироки ин шахс дар фаъолияти террористӣ мутобиқи ҳамин Қонун рад намоянд. Ба ташкилотҳои қарзӣ бастани шартномаи суратҳисоби бонкӣ (пасандоз) бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар сурати дар маълумоти тибқи Қонуни мазкур бадастомада, мавҷуд будани шубҳаи асоснок оид ба даст доштани ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё ягон молик - бенефитсиари эҳтимолӣ ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом манъ аст.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

8. Ташкилотҳое, ки амалиётро бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк мегузаронанд, роҳбар ва кормандони (доимӣ ва муваққатии) онҳо дар вақти пешниҳоди иттилоот ба мақоми ваколатдор ҳуқуқ надоранд, ки ба муштариёни ин ташкилотҳо ё ба шахсони дигар дар ин хусус маълумот диҳанд.

9. Пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳо ба мақоми ваколатдор аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, роҳбарият ва кормандони онҳо дар бораи амалиёт, мақсадҳо ва тартибе, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, ифшои сирри хизматӣ, бонкӣ, андоз, тиҷоратӣ ва сирри алоқа (дар робита ба иттилоот оид ба интиқоли маблағҳои пулӣ бо почта) ба ҳисоб намеравад ва боиси ҷавобгарии гражданӣ, интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ намегардад.

10. Назорати иҷрои Қонуни мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои сабт, нигоҳдорӣ ва пешниҳоди иттилоот дар бораи амалиёте, ки бояд зери назорати ҳатмӣ бошад, инчунин ташкили назорати дохилӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори назоратӣ мутобиқи салоҳияти онҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолати набудани мақомоти назоратӣ дар соҳаи фаъолияти ташкилотҳои алоҳидае, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) дигар амвол амалиёт мегузаронанд, аз ҷониби мақомоти ваколатдор анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 8. Мақомоти танзим ва назорати давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва муқовимат ба

                     қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда,

                       маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

                       (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 

1. Танзим ва назорати давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом нисбат ба инҳо амалӣ мегардад:  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

1) ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ - аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон аз (ҚҶТ аз 17.05.2018, № 1521);

2) иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилотҳое, ки фулузоту сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ ва шикастапораҳои ин гуна маснуотро хариду фурӯш мекунанд, ширкатҳои аудиторӣ ва аудиторони мустақил, муҳосибони хусусӣ, ломбардҳо, ташкилотҳое, ки биноҳо барои бозиҳо, тотализаторҳо ва муассисаҳои букмекерӣ доранд, инчунин ташкилотҳое, ки бозии лотерея ва дигар бозиҳои бурднок мегузаронанд ва дар онҳо ташкилкунанда ҷоизаро дар байни иштирокчиён, аз ҷумла дар шакли электронӣ ба бозӣ мегузорад – аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 17.05.2018, № 1521);

3) нотариусҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки ба онҳо пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо, грантҳо, молу мулк аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ, ки бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, инчунин ба воситаи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид мешаванд ва бояд дар феҳристи кумаки башардўстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт карда шаванд – аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

4) корхонаи бо хизматгузории почта алоқаманд (дар робита ба интиқоли пул) - аз тарафи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ЌЉТ аз 13.06.13с., №967)

5) биржаи мол ва дигар биржаҳое, ки бо мол амалиёти молиявӣ мегузаронанд – аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) хадамоти гумрук, ки дар сарҳади  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамлу нақли маблағҳои пулии нақд ва ҳуҷҷатҳои муомилотӣ назорат мекунанд - аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7) назорати иҷрои ӯҳдадориҳои андоз - аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ЌЉТ аз 13.06.13с., №967)

8) дигар субъектҳои мониторинги молиявӣ, ки Қонуни мазкур барои онҳо мақомоти ҳокимияти давлатиро, ки фаъолияти онҳоро танзим ва назорат менамояд, муайян накардааст – аз тарафи мақоми ваколатдор.

2. Тартиби пешниҳоди маълумот ва ҳисоботҳо ба мақоми ваколатдор аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, аз тарафи мақоми ваколатдор муайян  карда мешавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

3. Мақомоти салоҳиятдори танзиму назорат бояд дастурамал таҳия намоянд ва мақоми ваколатдор алоқаи мутақобиларо барои расонидани ёрӣ ба ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, дар татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, аз ҷумла дар ошкор ва ирсол намудани хабарнома дар бораи аҳдҳои шубҳанок таъмин намоянд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 

Моддаи 9. Боздоштани амалиёт

 

1. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, амалиёти ҳатман назоратшавандаро мутобиқи банди 3 қисми 5 ва қисми 7 моддаи 6 Қонуни мазкур, ба истиснои амалиёти ба суратҳисоб ворид кардани маблағҳои пулии ба суратҳисоби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ воридшуда дар се рӯзи корӣ аз санае, ки фармоиши муштариён оид ба анҷом додани амалиёт бояд иҷро шавад, чунин амалиётро (дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор) бозмедоранд ва на дертар аз 24 соат баъд  аз боздории амалиёт ба мақоми ваколатдор иттилоот пешниҳод менамоянд.

2. Ҳангоми дар давоми мӯҳлати нишондодаи қисми 1 моддаи мазкур нагирифтани қарори мақоми ваколатдор оид ба боздоштани амалиёти дахлдор ба мӯҳлати иловагӣ ташкилотҳо амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулкро бо фармоиши муштарӣ, агар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дигаре оид ба маҳдудкунии амалӣ намудани он қабул нашуда бошад, ба анҷом мерасонанд.

3. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, ҳуқуқ доранд фармоиши муштариро оид ба анҷом додани амалиёт, ба истиснои амалиёти ба суратҳисоб гузаронидани маблағҳои пулии ба суратҳисоби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ воридшуда, ки аз рӯи он ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба қайд гирифтани иттилоот мутобиқи талаботи Қонуни мазкур пешниҳод нашудаанд ё маълумоти нодуруст пешниҳод шудаанд, рад намоянд.

4. Боздоштани амалиёт мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ва рад кардани иҷрои амалиёт мутобиқи қисми 3 моддаи мазкур ҷиҳати ба миён омадани ҷавобгарии ҳуқуқии граждании ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар амвол амалиёт анҷом медиҳанд, барои риоя накардани шартҳои шартномаҳои дахлдор асос ба ҳисоб намеравад.

5. Мақоми ваколатдор дар бораи ба мӯҳлати ҳафт рӯзи корӣ боздоштани амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк, ки дар қисми 1 моддаи мазкур омадааст, қарор қабул менамояд, агар маълумоте, ки вай дар бораи амалиёти ҳатман назоратшаванда гирифтааст, мутобиқи банди 3 қисми 5 ва қисми 7 моддаи 6 Қонуни мазкур аз рӯи натиҷаи санҷиши пешакӣ асоснок ҳисобида шавад.

6. Дар рӯзи содир гардидани қарор дар бораи боздошти амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк мақоми ваколатдор рӯзи қатъ гардидани амали қарори мазкурро ба ташкилот хабар медиҳад.

7. Мақоми ваколатдор қарорро дар бораи боздошти амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк фавран бекор мекунад, агар маълумоти гирифтааш дар бораи амалиёти ҳатман назоратшаванда мутобиқи банди 3 қисми 5 ва қисми 7 моддаи 6 Қонуни мазкур аз рӯи натиҷаи санҷиши пешакӣ асоснок ҳисобида нашавад.

8. Бо қарори (таъиноти) суд (судя) аз ҷониби ташкилотҳое, ки  бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, амалиёт тавассути суратҳисобҳои бонкӣ (пасандоз), ҳамчунин дигар амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулки ташкилот ва шахсоне, ки нисбати онҳо бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот оид ба алоқамандии онҳо ба фаъолияти ифротгароӣ ё терроризм, ё шахсони ҳуқуқие, ки бевосита ё бавосита дар моликият ва ё таҳти назорати чунин ташкилотҳо ё шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз ном ва ё бо супориши чунин ташкилотҳо ё шахсон фаъолият менамоянд, то бекор кардани чунин қарор (таъинот) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт карда мешавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 

Моддаи 10. Ӯҳдадориҳои ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ  ва дигар молу мулк ҳангоми

                       хизматрасонии шахсони бонуфузи сиёсӣ амалиёт мегузаронанд

                        (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 

Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк илова ба чораҳои пешбиникардаи моддаи 5 Қонуни мазкур оид ба санҷиши зарурии муштариён амалиёт мегузаронанд, ӯҳдадоранд:
1) барои ошкор намудани шахсони бонуфузи сиёсӣ аз байни шахсони воқеие, ки ба онҳо хизмат расонида мешавад ё барои хизматрасонӣ қабул карда мешаванд, дар шароити мавҷуда чораҳои асоснок ва дастрас андешанд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

2) Ба шахсони сиёсии бонуфузи хориҷӣ танҳо дар асоси иҷозати хаттии роҳбари ташкилоте, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронад ё бо иҷозати хаттии муовини ӯ, инчунин роҳбари шӯъбаи алоҳидаи ташкилот, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронад ва ба вай аз тарафи роҳбари ин ташкилот ё муовини вай ваколатҳои дахлдор дода шудааст, хизмат расонанд.

3) дар ҳолати ошкор намудани манбаи пайдоиши маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки шахсони сиёсии бонуфузи хориҷӣ чораҳои асоснок ва дастрас андешанд;

4) маълумоти дар ихтиёрдоштаи ташкилотеро, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронад, оид ба хизматрасонии шахсони сиёсии бонуфузи хориҷӣ мунтазам нав намоянд;

5) ба амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулке, ки дар ташкилоти бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк сарукордошта ба шахсони сиёсии бонуфузи хориҷӣ, хешовандони наздики онҳо - зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони (зан (шавҳар), қудоҳо, ҳамчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд, писархондкунанда, фарзандхондагон) ё аз номи ин шахсон анҷом дода мешавад, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намоянд, агар дар ташкилоти қарзӣ ба онҳо хизмат расонида шавад.

 

Моддаи 11. Чораҳо оид ба муносибатҳои фаромарзии муросилотӣ

 

Ташкилотҳои қарзӣ барои пешгирӣ намудани истифодаи муносибатҳои фаромарзии муросилотии бонкӣ бо мақсади қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мутобиқи тартиби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон чораҳо меандешанд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

БОБИ 3.

ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ
(РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 

Моддаи 12. Мақоми ваколатдор

 

1. Мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

2. Назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори назоратиро, ки мутобиқи қисми 1 моддаи 8 Қонуни мазкур муайян карда мешавад, мақоми ваколатдор амалӣ менамояд.

3. Кормандони мақоми ваколатдор ҳангоми иҷрои Қонуни мазкур ҳифзу нигоҳдории тамоми маълумоти ба фаъолияти мақоми ваколатдор вобастаро, ки сирри хизматӣ, бонкӣ, андоз, тиҷоратӣ ё сирри алоқаро дар бар мегирад, таъмин менамоянд ва барои ифшои ин маълумот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.

4. Товони зараре, ки аз амали ғайриқонунии мақоми ваколатдор ё кормандони он вобаста ба иҷрои вазифаҳои мақоми ваколатдор ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мерасад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

5. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофӣ, ки аз алоқамандии амалиёт, аҳд ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом шаҳодат медиҳад, мақоми ваколатдор маълумот ва маводи дахлдорро мутобиқи салоҳияти худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равон менамояд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

6. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, мутобиқи дархости мақоми ваколатдор маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои фаъолияти он заруриро пешниҳод менамоянд.

7. Пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳо мутобиқи дархости мақоми ваколатдор аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, ифшои сирри хизматӣ, бонкӣ, андоз, тиҷоратӣ ва алоқа (маълумот оид ба интиқоли маблағҳои пулӣ тавассути почта) ҳисобида намешавад.

8. Мақоми ваколатдор дар якҷоягӣ бо мақомоти назоратӣ ва ё мустақилона бо мақсади ошкор кардани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санҷиши ташкилотҳоеро, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд,  мегузаронад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 

Моддаи 13. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мақоми ваколатдор

 

1. Мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад:

1) аз ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд ва инчунин аз мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки бояд мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур ҷамъ карда ва нигоҳ дошта шаванд, дархост намояд;

2) дар бораи боздоштани амалиёт бо пул ва (ё) дигар молу мулк дар ҳолати ошкор гардидани аломатҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар мӯҳлати муқарраркардаи моддаи 9 қарор барорад;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

3) дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом иштирок намояд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

4) тибқи дархост ё бевосита бо мақомоти давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бевосита ё аз рӯи дархост ҳамкорӣ кунад;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

5) ба кор, аз ҷумла дар асоси шартнома ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин мутахассисони алоҳидаро барои гузарондани ташхис, таҳияи барномаҳои таълимӣ, маводи методӣ, таъмини барномавию иттилоотӣ, ташкили низоми иттилоотӣ дар соҳаи мониторинги молиявӣ бо риояи талаботи ҳифзи сирри давлатӣ, хизматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда ҷалб намояд;

6) ба мақомоти дахлдори давлатӣ дар бораи риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба  қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом огоҳинома ирсол намояд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

7) бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ба таври мустақим ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофӣ дар хусуси он, ки амалиёт ё аҳдҳои шубҳанок ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом вобаста мебошанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мутобиқи ваколатҳои онҳо иттилоот пешниҳод намояд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

2. Мақоми ваколатдор ӯҳдадор аст:

1) доир ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом чораҳо андешад;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

2) низоми дахлдори нигоҳдорӣ, ҳифзи маълумоти дар рафти фаъолият дастрасшударо, ки сирри хизматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошад, таъмин намояд;

3) риояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ ва давлатро дар ҷараёни мониторинги молиявӣ таъмин намояд;

4) пешбурди маълумоти омориро дар асоси иттилооте, ки аз мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаҳои марбут ба самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом  гирифта шудааст, ба роҳ монад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 

Моддаи 14. Ҳамкории мақоми ваколатдор бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи салоҳияти худ ба ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, ба риоя шудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом  назорат мекунанд, ӯҳдадоранд:  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

1) маълумоти заруриро ба мақоми ваколатдор барои мониторинги молиявӣ ва муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо тартиби муайянкардаи мақоми ваколатдор пешниҳод намоянд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

2) низоми дахлдори нигаҳдорӣ ва ҳифзи маълумоти дар рафти ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдор дастрасшударо, ки сирри хизматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошад, таъмин намоянд;

3) риояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ ва давлатро дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои назоратӣ таъмин намоянд;

4) ба мақоми ваколатдор дар бораи натиҷаҳои санҷиш, таҳқиқу тафтише, ки аз рўйи ҷавоби дархостҳои аз мақоми ваколатдор гирифташуда гузаронда шудааст, иттилоот пешниҳод намоянд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

2. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд:

1) мақоми ваколатдорро ҳангоми мустақилона ошкор кардани маълумот оид ба амалиёти шубҳаовари марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабардор намоянд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

2) ҳангоми мустақилона ошкор кардан ба мақоми ваколатдор дар бораи вайрон карда шудани меъёрҳои Қонуни мазкур аз тарафи ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, хабар диҳанд;

3) истифодаи низоми иттилоотӣ ва махзани маълумоти худро ба мақоми ваколатдор иҷозат диҳанд.

3. Пешниҳоди маълумот дар бораи амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдор ифшои сирри хизматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ ё дигар сирри аз тарафи қонун ҳифзшаванда намебошад.

 

Моддаи 141. Таъсиси комиссияи байниидоравии доимоамалкунанда

 

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи стандартҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор комиссияи байниидоравии доимоамалкунанда таъсис дода мешавад, ки ҳайат ва Низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.  (ЌЉТ аз 13.06.13с., № 968; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 

БОБИ 4.

ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ ДАР СОҲАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 

Моддаи 15. Мубодилаи иттилоот ва ёрии ҳуқуқӣ

 

Мақоми ваколатдор ва дигар мақомоти давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ дархостҳо оид ба пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ ирсол менамоянд ва ба дархостҳои мақомоти салоҳиятдори мазкур бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси принсипи мутақобила ҷавоб пешниҳод менамоянд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

 

Моддаи 16. Ҳамкории байналмилалии  мақомоти ваколатдор

 

1. Мақоми ваколатдор бо мақсади муқовимат ба  қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ҷамъоварӣ, таҳлил ва агар дар ваколати онҳо бошад, таҳқиқи маълумоти дахлдори мавҷуда доир ба ҳар як ҳолате, ки метавонад ба қонунигардонии (расмикунонии) пул, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мутобиқи салоҳияти онҳо далолат кунад, ҳамкорӣ менамоянд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

2. Барои мақсадҳои қисми 1 моддаи мазкур мақоми ваколатдор бо ташаббуси худ ё бо дархост ҳар гуна маълумоти дастрасро, ки метавонад ба коркард ё таҳлили маълумот ё таҳқиқ шудани он аз тарафи мақоми ваколатдор вобаста ба амалиёти молиявии марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом доир ба шахсони воқеию ҳуқуқии ба он ҷалбшуда мансуб бошад, мубодила намояд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)

3. Мақоми ваколатдор мубодилаи маълумотро бо мақоми ваколатдори хориҷӣ новобаста ба он ки ин мақомот дорои салоҳияти маъмурӣ, ҳифзи ҳуқуқ, судӣ ё дигар мебошад, ба роҳ мемонад.

4. Дар ҳар як дархост шарҳи мухтасари ҳолатҳои дахлдоре, ки ба мақоми ваколатдори талабкунанда маълуманд, зикр мегардад. Мақоми ваколатдор дар дархост нишон медиҳад, ки маълумоти талабшаванда ба кадом мақсадҳо истифода мешавад.

5. Дар ҳолати фиристодани дархост мақоми ваколатдори талабкунанда тамоми маълумоти дахлдор, аз ҷумла маълумоти дастраси молиявӣ ва маълумоти талабшавандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки дар дархост зикр шудааст, бидуни зарурати дархости расмӣ пешниҳод мекунад.

6. Мақоми ваколатдор метавонад ифшои маълумотеро, ки  тафтишоти ҷиноятии аз тарафи мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашавандаро халалдор мекунанд ё дар ҳолатҳои истисно манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро халалдор менамоянд ё ба ягон тарзи дигар ба принсипҳои асосии ҳуқуқӣ мувофиқ намебошад, рад намояд. Ин гуна радкунӣ ба таври дахлдор аз тарафи мақоми ваколатдор барои талабкунандаи маълумот асоснок карда мешавад.

7. Мақоми ваколатдор маълумот ё ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи мақомоти салоҳиятдори хориҷиро метавонад танҳо ба мақсадҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда истифода барад. Маълумоти пешниҳодшударо мақоми ваколатдор бидуни розигии пешакии мақоми салоҳиятдори хориҷӣ набояд  ба шахсони сеюм ифшо намояд, инчунин дар рафти тафтишоти пешакӣ,  мурофиаҳои судии ҷиноятӣ, маъмурӣ, гражданӣ истифода барад.

8. Мақоми ваколатдор дар ҳолати пешниҳоди маълумот ё ҳуҷҷатҳо ба мақомоти салоҳиятдори хориҷӣ метавонад барои истифодабарии маълумот ба мақсадҳои дар қисми 7 моддаи мазкур дарҷнагардида маҳдудият ё шарт гузорад.

9. Мақоми ваколатдор ҳамаи чораҳои зарурӣ, аз ҷумла чораҳои амниятиро андешида, кафолат медиҳад, ки маълумоти пешниҳодшаванда ба дигар мақомот, хадамот ё агентиҳо то гирифтани розигии пешакии мақоми салоҳиятдори хориҷӣ дастрас нахоҳанд шуд.

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 17. Баррасии баҳсҳо

 

Баҳсҳо вобаста ба татбиқи Қонуни мазкур бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 19. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

1. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

2. Қисми 2 моддаи 7, қисми 3 моддаи 8 ва моддаи 11 Қонуни мазкур баъд аз 6 моҳи интишори расмии он мавриди амал қарор дода шаванд.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                Эмомалӣ  РАҲМОН

 

ш. Душанбе, 25 марти соли 2011,

№ 684

 

Pages