ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

Cеминари илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Техникаи қонунгузорӣ ва ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон»

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Яшб, 19/01/2020 - 16:00
Cеминари илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Техникаи қонунгузорӣ ва ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон»
 

 

     
11  -  12 майи соли 2011  дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Истиқлол»-и шаҳри Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон ва 17-18 майи соли 2011 дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Тавҳид»-и шаҳри Хуҷанд  вилояти Суғд  бо ташаббуси Маркази миллии қонунунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дастгирии Барномаи «Дастгирии ислоҳоти ҳукӯқӣ ва судӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ»-и GIZ GmbH   (Ҷамъияти олмонии  ҳамкории байналмилалӣ) семинари илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Техникаи қонунгузорӣ ва ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
      Дар кори семинар кормандони масъули мақомоти ҳокимияти иҷроия ва  , вакилони Маҷлисҳои  халқи маҳаллӣ, ҳуқуқшиносони амалӣ, соҳибкорон ва ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматии вилоят ширкат варзиданд.
    Бобоев У.Х., муовини аввали директори Маркази миллии қонунунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинарро ифтитоҳ намуда, мақсад, вазифаҳо, самт ва ўҳдадориҳои функсионалии Марказро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2009 таҳти №637 таъсис дода шудааст, мухтасар баён намуд. Қайд гардид, ки масъалаҳои техникаи қонунгузорӣ ва ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ аз он лиҳоз рўзмарра мебошанд, ки имрўзҳо аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқии  қабулшаванда диққати махсус дода мешавад.
    Тибқи барномаи қаблан омодагардида ба таваҷҷўҳи иштирокчиён 15 мавзўъ дар 8 сессия пешниҳод гардид. Ба ҳайси тренерҳо дар семинар Бобоев У.Х., муовини аввали директор ва Маҳмадшоев Ф.А., муовини сардори шўъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд. Коршинос  ва модератори семинар Абдуразоқ Алимардонов - Ҳамоҳангсози миллии Барномаи «Дастгирии ислоҳоти ҳуқуқва судӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ»-и GIZ GmbH (Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ»  дар семинар суханронӣ намуд.
Тибқи барнома тренерҳо ва коршинос дар мавзўъҳои зерин сухан намуданд:
1.    Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ: ҷараён ва принсипҳои он;
2.    Асосҳои ҳуқуқии ҳуқуқэҷодкунӣ ва техникаи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар низоми ҳуқуқии давлат;
3.    Техникаи қонунгузорӣ: мафҳум, аҳамият, восита ва усулҳои он;
4.    Мафҳум, намуд ва зинабандии санадҳои  меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон;
5.    Тартиби таҳия ва қабули  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
6.    Марҳилаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
7.    Тартиби интишор ва амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
8.    Забон ва сабку услуби санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
9.    Таркиби меъёрҳои ҳуқуқӣ;
10.    Техникаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
11.    Муқаррарот дар бораи татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
12.    Муқаррароти интиқолӣ ва хотимавӣ;
13.    Таҳияи  санадҳои зерқонунӣ, ҷараёни санҷиши мувофиқати он ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
14.    Хусусияти техникаи сандҳои зерқонунӣ;
15.    Амали  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар замон, макон ва нисбати шахсон.
Оид ба масъалаҳои зикршуда иштирокчиёни семинар баҳсу мунозираҳои судманд намуда ба саволҳои сершумори худ посухҳои зарурӣ гирифтанд.  Иштирокчиёни семинар, барои ташкили чунин як чорабинии ниҳоят муҳим изҳори миннатдорӣ намуданд  ва пешниҳод намуданд, ки чунин семинарҳо дар ноҳияву шаҳрҳои дигари вилояти Хатлон  гузаронида  шаванд.
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад