ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ (ФЕРМЕРӢ)

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:50
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1289
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
15.03.2016

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ (ФЕРМЕРӢ)

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №3, мод. 142)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилии фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои онро муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти хоҷагидории мазкур равона шудааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

  • хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) (минбаъд - хоҷагии деҳқонӣ) - субъекти соҳибкорӣ, ки дар он истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти шахсии як нафар ё фаъолияти якҷояи гурўҳи шахсони воқеӣ дар қитъаи замин ва молу мулки ба онҳо тааллуқдошта асос ёфтааст;
  • аъзои хоҷагии деҳқонӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои маҳдудиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии деҳқонӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии деҳқонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Ҳуқуқ ба таъсиси хоҷагии деҳқонӣ ва шаклҳои он

  1. Ба таъсиси хоҷагии деҳқонӣ танҳо шаҳрвандони қобили амали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳуқуқ доранд.
  2.  Хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи як нафар ё гурўҳи шахсони воқеӣ дар шаклҳои зерин таъсис дода мешавад:
  • бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, бо шумораи аз 1 то 50 нафар аъзо;
  • бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ бе назардошти шумораи аъзо.
  1. Хоҷагии деҳқоние, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ аз тарафи як нафар ва (ё) бо теъдоди аз 2 то 50 шахси воқеӣ дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя таъсис дода мешавад, фаъолияти худро аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ бо сабт намудани калимаҳои «Хоҷагии деҳқонӣ» дар номи худ амалӣ менамояд.
  2. Хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ метавонад фаъолияти худро аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, бо сабт намудани калимаҳои «Хоҷагии деҳқонӣ» дар номи худ амалӣ намояд.

 

Моддаи 4. Узвият дар хоҷагии деҳқонӣ

  1. Узвият дар хоҷагии деҳқонӣ бо назардошти талаботи зерин муайян карда мешавад:

– нисбат ба хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ - дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатӣ инъикос намудани саҳми замини ҳар як узви хоҷагӣ дар қитъаи замини истифодаи якҷоя ва дар шартномаи аз ҷониби гурўҳи шахсони воқеӣ оид ба фаъолияти якҷоя ба имзорасонидашуда нишон додани ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои он (ба истиснои хоҷагии деҳқонии иборат аз як шахс);

– нисбат ба хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ - дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатӣ инъикос намудани ҳуқуқи ҳар як муассис дар ташаккулёбии қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ (агар қитъаи замини истифодашаванда ба иҷора гирифта нашуда бошад), ҳамчунин дигар дороиҳо (саҳми молу мулкӣ) дар асоси иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он.

  1. Шахсе, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ дар хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун корманди кироя фаъолият мекунад, узви хоҷагии деҳқонӣ намебошад.

 

Моддаи 5. Хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун шакли хоҷагидорӣ

  1. Хоҷагии деҳқонӣ сохтор, самти фаъолияти худ, ҳаҷми истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурўши маҳсулот, инчунин ҳалли дигар масъалаҳоро вобаста ба пешбурди хоҷагӣ мустақилона муайян менамояд.
  2. Хоҷагии деҳқонӣ метавонад дар ташкилотҳои қарзӣ суратҳисоб кушояд ва муҳру бланкаҳои дорои номи худро дошта бошад.
  3.  Хусусияти таъсис ва фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ бо шакли интихобнамудаи муассис (муассисон) муайян гардида, бо Қонуни мазкур, Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

 

Моддаи 6. Бақайдгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ

Хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

 

БОБИ 2. ХУСУСИЯТҲОИ ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ

ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ БЕ ТАЪСИСИ ШАХСИ ҲУҚУҚӢ

 

Моддаи 7. Хусусиятҳои ташкили фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ

  1. Хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби зиёда аз як шахс таъсис дода шудааст, дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя амал менамояд, ки дар он ғайр аз маълумоти пешбининамудаи Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоти зерин нишон дода мешавад:

– шумораи аъзо, насаб, ном, номи падари ҳар як узви хоҷагии деҳқонӣ;

– ҳуқуқу уҳдадориҳое, ки маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба зиммаи роҳбари хоҷагии деҳқонӣ вогузор менамояд;

– ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои хоҷагии деҳқонӣ;

– тартиби баромадан ё хориҷ кардан аз узвият;

– тартиби қабули узви нав ба хоҷагии деҳқонӣ;

– молу мулк ва андозаи саҳми замини узви хоҷагии деҳқонӣ дар қитъаи замини истифодаи якҷоя, ки шахси мазкур бо онҳо ба ҳайати хоҷагии деҳқонӣ ворид шудааст (бо нишон додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи молу мулк ва андозаи саҳми замин);

– тартиби даъвати маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ;

– тартиби ҳалли баҳсҳо;

– тартиби нархгузорӣ, фурўхтани маҳсулоти истеҳсолшуда ва тақсими даромад байни аъзои он;

– тартиби қатъ кардани шартнома.

  1. Ҳангоми тағйир ёфтани шумораи аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва шартномаи фаъолияти якҷоя тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардида, иқтибос дар ин хусус дар давоми на дертар аз як моҳ ба ҷамоати деҳот (шаҳрак), мақомоти маҳаллии андоз ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 8. Мақомоти идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ

  1. Мақомоти идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ инҳо мебошанд:

– роҳбари хоҷагии деҳқонӣ;

– маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ.

2. Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба сифати мақоми иҷроия фаъолияти хоҷагии деҳқониро дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба роҳ мемонад.

3. Мақоми олии идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ (иборат аз 2 то 50 нафар) маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ мебошад.

 

Моддаи 9. Салоҳияти маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ

  1. Ба салоҳияти маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ мансуб мебошанд:

– ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он;

– қабули шаҳрвандон ба узвияти хоҷагии деҳқонӣ ва баровардан аз узвияти он (инчунин ҳангоми қабули мерос);

– интихоб ба вазифа ва аз вазифа озод кардани роҳбари хоҷагии деҳқонӣ;

– баррасӣ ва тасдиқ намудани ҳисоботи солона ва муҳосибавӣ;

– тақсими фоидаи софи хоҷагии деҳқонӣ мувофиқи андозаи саҳми замин ё қитъаи замин ва молу мулки аъзои хоҷагии деҳқонӣ, баррасии масъалаҳои ҷуброни зарар;

– ба иҷора додан ё гирифтани қитъаи замин, гирифтан ё додани қарз, ба гарав гузоштани молу мулк ва ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин;

– қабули қарор дар бораи қатъи фаъолият ва азнавташкилдиҳии хоҷагии деҳқонӣ;

– баррасии дигар масъалаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

2. Узви хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ дорад дар маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ иштирок карда, нисбати масъалаи баррасишаванда ақидаи худро иброз намояд ва овоз диҳад.

3. Маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва қарорҳои қабулкардаи он дар сурате салоҳиятнок ҳисобида мешаванд, агар дар маҷлис на кам аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои хоҷагии деҳқонӣ иштирок дошта бошанд.

4. Қарорҳои маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ доир ба масъалаҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур муайян шудаанд, бо тарафдории на кам аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои дар маҷлис иштирок дошта қабул карда мешаванд. Оид ба масъалаҳои дигар, аз ҷумла доир ба интихоби раисикунандаи маҷлис, қарорҳо бо ҷонибдории аксарияти шумораи умумии аъзои хоҷагии деҳқонӣ қабул карда мешаванд.

5. Қарорҳои маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ бо протокол ба расмият дароварда шуда, ба он раисикунандаи маҷлис ва аъзои иштирокдошта имзо мекунанд. Иҷрои қарорҳои маҷлиси хоҷагии деҳқонӣ барои аъзои он ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 10. Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ

1. Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ яке аз аъзои он мебошад, ки ба ин вазифа аз ҷониби маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ интихоб карда мешавад.

2. Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– роҳбарии умумӣ ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ;

– додани ваколатнома аз номи хоҷагии деҳқонӣ;

– намояндагии хоҷагии деҳқонӣ дар мақомоти давлатӣ, дар муносибат бо дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

– тибқи шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул ва аз кор озод намудани коргарони кироя;

– ба роҳ мондани баҳисобгирию ҳисоботдиҳӣ дар хоҷагии деҳқонӣ;

– аз номи хоҷагии деҳқонӣ имзо кардани шартномаҳо ва дигар аҳдҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ;

– иҷрои ваколатҳои дигар дар доираи қарорҳои маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ.

  1. Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо қарори маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешавад:

– бо хоҳиши худ;

– дар ҳолати иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ваколатҳои худ;

– ғайри қобили амал эътироф шудан;

– вафот;

– дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

БОБИ 3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ

БО ТАЪСИСИ ШАХСИ ҲУҚУҚӢ

 

Моддаи 11. Ташкили фаъолият ва идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ

1. Хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар асоси оиннома ва агар муассисон зиёда аз як нафар бошанд - дар асоси шартномаи таъсисӣ фаъолият менамояд.

2. Оинномаи хоҷагии деҳқонӣ маълумоти зеринро дарбар мегирад:

– номи хоҷагии деҳқонӣ;

– маҳалли ҷойгиршавии хоҷагии деҳқонӣ;

– мақсад ва намуди фаъолият;

– маълумот оид ба қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ бо нишон додани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда;

– маълумот оид ба ҳайат, ваколати мақомоти идоракунӣ ва тартиби қабули қарорҳо аз ҷониби онҳо;

– ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои хоҷагии деҳқонӣ;

– расмиёти қабули узви нав ба ҳайати хоҷагии деҳқонӣ ва баровардани узв аз ҳайати он;

– тартиби ташаккулёбии сармояи оинномавӣ (шарикона);

– муқаррарот оид ба ҷавобгарӣ аз рўи уҳдадориҳои хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– тартиби даъвати маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ;

– дигар маълумоти муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Хусусиятҳои ташкили фаъолият ва идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунугузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

БОБИ 4. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ

 

Моддаи 12. Намудҳои фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ

Намудҳои фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурўши маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд.

 

Моддаи 13. Муносибатҳои хоҷагии деҳқонӣ бо давлат

  1. Хоҷагии деҳқонӣ барои уҳдадориҳои давлат ва давлат барои уҳдадориҳои хоҷагии деҳқонӣ масъул нестанд.
  2. Зарари ба хоҷагии деҳқонӣ дар натиҷаи дахолати мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ расонидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
  3. Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ дахолат намоянд.

 

БОБИ 5. МОЛУ МУЛКИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ

 

Моддаи 14. Молу мулки хоҷагии деҳқонӣ

  1. Ба молу мулки хоҷагии деҳқонӣ дарахту ниҳолҳо дар қитъаи замин, бино (иморат, иншоот), чорвои маҳсулдиҳанда ва корӣ, парранда, техникаи кишоварзӣ, техникаю таҷҳизоти дигар, воситаҳои нақлиёт, асбобу анҷом ва молу мулки дигари барои амалӣ кардани фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ зарур, инчунин ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқӣ бегона намудани он дохил мешаванд.
  2. Самара, маҳсулот ва даромаде, ки хоҷагии деҳқонӣ дар натиҷаи истифодаи молу мулк ва фаъолияти якҷояи аъзои он ба даст меорад, даромади умумӣ ва ё молу мулки ҳиссагии умумии ҳар як узви хоҷагии деҳқонӣ ба ҳисоб мераванд ва дар мувофиқа байни онҳо истифода бурда мешаванд.
  3. Ҳиссаи молумулкии аъзои хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар ҳолати вуҷуд доштани моликияти ҳиссагӣ бо ҳуҷҷатҳои таъсисии хоҷагии деҳқонӣ муқаррар карда мешавад. Номгўи объектҳои ба таркиби молу мулки хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ дохилшаванда ва тартиби ташаккули молу мулки хоҷагии мазкур дар ҳуҷҷатҳои таъсисии хоҷагии деҳқонӣ муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 15. Соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулки хоҷагии деҳқонӣ

  1. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ молу мулки худро якҷоя соҳибӣ мекунанд ва истифода мебаранд. Тартиби соҳибӣ ва истифодабарии молу мулки хоҷагии деҳқонӣ ва номгўи молу мулки тақсимнашаванда дар шартнома дар бораи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ё дар ҳуҷҷатҳои таъсисии хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ муайян карда мешавад.
  2. Тартиби ихтиёрдории молу мулки хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя, барои хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ бошад, тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  3. Молу мулки хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқии зиёда аз як нафар, ҳамчун моликияти якҷоя ба аъзои хоҷагии мазкур тааллуқ дорад, агар дар шартномаи байни аъзои хоҷагии деҳқонӣ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
  4. Хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ дорои ҳуқуқи моликият ба молу мулке мебошад, ки дар натиҷаи фаъолияти ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда ба даст овардааст.

 

Моддаи 16. Тақсими молу мулк ва ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ

  1. Ҳангоми баромадани узви хоҷагии деҳқонӣ аз ҳайати он шахси мазкур танҳо баъди анҷом ёфтани соли кишоварзӣ ҳуқуқи мустақилона истифода намудани қитъаи заминеро, ки ба саҳми замини худ мувофиқ мебошад, пайдо мекунад.
  2. Узви хоҷагии деҳқонӣ дар мавриди баромадан аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ ба ҷубронпулии дар молу мулки тақсимнашавандаи хоҷагии деҳқонӣ баробар ба ҳиссаи молу мулкаш, ба истиснои ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, ҳуқуқ дорад. Андоза ва муҳлати пардохти ҷубронпулӣ бо розигии узви мазкури хоҷагии деҳқонӣ ё дар сурати ба созиши дуҷониба нарасидан, бо тартиби судӣ муайян карда мешаванд. Муҳлати пардохти он аз рўзи додани ариза оид ба баромадан аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ наметавонад аз як соли кишоварзӣ зиёд бошад.
  3. Ҳангоми барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии хоҷагии деҳқонӣ молу мулки хоҷагии деҳқонӣ байни аъзои он мутобиқи муқаррароти Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад. Қитъаи замини хоҷагии деҳқонии мазкур байни аъзои он мувофиқи саҳми замин тақсим карда мешавад.
  4. Дар ҳолати муфлисшавии хоҷагии деҳқонӣ молу мулки пас аз иҷрои уҳдадориҳои хоҷагии деҳқонӣ боқимонда, инчунин қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ байни аъзои он бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи мазкур тақсим карда мешавад.

 

Моддаи 17. Ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми аз аъзогӣ баромадани узви хоҷагии деҳқонӣ

  1. Ба ҳар як узви аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ бо таъсис ва бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ баромада арзиши қисми молу мулк мувофиқ ба ҳиссаи узви мазкур дар фаъолияти якҷоя, бо тартиб ва дар муҳлатҳои дар оиннома, шартномаи таъсиси ё шартнома оид ба фаъолияти якҷоя пешбинишуда пардохт ё дар шакли асл (натура) иваз карда мешавад.
  2. Қисми молу мулк ё арзиши он, ки бояд ба узви баромада дода шавад, аз рўи тавозуни (баланси) дар лаҳзаи баромадани ў тартиб додашуда муайян карда мешавад.

 

Моддаи 18. Ба мерос гирифтани молу мулки хоҷагии деҳқонӣ

Ба мерос гирифтани молу мулк ва ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ, ки бо ҳуқуқи бегона намудан ба даст оварда шудааст, мутобиқи муқаррароти Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 6. ДОДАНИ ҚИТЪАИ ЗАМИН БАРОИ ТАШКИЛИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ

 

Моддаи 19. Додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ

  1. Қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ бо ҳуқуқи истифодабарии якумраи меросӣ бо ҳуқуқӣ бегона намудан ё бе ҳуқуқӣ бегона намудан дар асоси аризаи шаҳрванд (шаҳрвандон) тибқи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо (шаҳрҳо) дода мешавад.
  2. Қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун қоида дар як мавзеъ яклухт дода мешавад.
  3. Дар мавриди аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ баромадани узви он ва таъсис додани хоҷагии деҳқонии мустақил, қитъаи замин барои узви мазкур дар асоси саҳми замини ў бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди анҷоми соли кишоварзӣ дода мешавад. Тартиби мазкур ҳамчунин дар сурати аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ баромадани гурўҳи аъзои он ва дар қитъаи замини ҷудокардашуда ташкил намудани хоҷагии мустақили деҳқонӣ ва ё ҳамроҳ шудан ба дигар хоҷагии деҳқонӣ татбиқ карда мешавад.
  4. Хоҷагии деҳқонӣ барои пешбурди фаъолияти худ метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова қитъаи заминро ба иҷора ё барои истифодабарии муҳлатнок гирад. Хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст меорад.

 

Моддаи 20. Меъёри додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ

Қитъаҳои замин бо ҳуқуқи бегона намудан ё бе ҳуқуқӣ бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии он барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқарpaрнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаҳои зерин дода мешаванд:

– аз замини ташкилотҳои азнавташкилшавандаи кишоварзӣ - баробар ба саҳми замине, ки дар ташкилотҳои мазкур аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва сохторҳои маҳаллии он барои ҳар узв муайян карда шудааст;

– аз фонди махсуси замини ноҳия (шаҳр) - баробар ба саҳми миёнаи муайяншудаи замин дар мавзеи ҷойгиршавии қитъаи замин ба шахси воқеие, ки хоҳиши таъсис додани хоҷагии деҳқониро дорад.

 

Моддаи 21. Додани қитъаи иловагии замин ба хоҷагии деҳқонӣ

Ба хоҷагии деҳқонӣ барои истифодаи муҳлатнок ё ҳамчун иҷора аз ҳисоби заминҳои гурўҳҳои зерин қитъаи иловагии замин дода мешавад:

– аз гурўҳи заминҳои таъиноти кишоварзӣ - заминҳои нав азхудкардашуда, истифоданашаванда, заминҳои иншооти обёриашон азкормонда ва барои кишт нобоб;

– аз гурўҳи заминҳои захираи давлатӣ ва фонди давлатии ҷангал, ки барои истеҳсолоти кишоварзӣ мутобиқ мебошанд (ба ғайр аз заминҳои ҷангали гурўҳи якум), ҳамчунин аз заминҳои чарогоҳҳо барои чаронидани чорво вобаста ба саршумори он дар хоҷагии деҳқонӣ;

– аз гурўҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин - заминҳое, ки барои истеҳсолоти кишоварзӣ мувофиқ буда, барои эҳтиёҷоти шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои дигари аҳолинишин муваққатан истифода бурда намешаванд.

 

Моддаи 22. Тартиби ташаккули фонди махсуси замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ

  1. Барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби заминҳои зерин фонди махсуси заминро таъсис медиҳанд:
  • заминҳое, ки аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд ё ба қатори заминҳои камарзиш гузаронида шудаанд;
  • қитъаҳои замине, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо қатъ гардидааст;
  • заминҳои захираи давлатӣ;
  • гурўҳи заминҳое, ки аз рўи таъинот истифода бурда намешаванд;
  • заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки аз дарахту буттазор холӣ буда, барои истифода дар истеҳсолоти кишоварзӣ мувофиқанд;
  • заминҳои нав азхудкардашуда.
  1. Тартиби пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур ба ҳуқуқи истифодабарандагони заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ки ҳуқуқи истифодабарии онҳо бо ҳуқуқи бегона намудан дода шудааст, татбиқ карда намешавад.
  2. Иттилоот дар бораи қитъаҳои замине, ки ба фонди махсуси замини ноҳия (шаҳр) барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ гузаронида шудаанд, бо истифодаи воситаҳои мавҷудаи иттилоотӣ ба маълумоти умум бе таъхир расонида мешавад.

 

Моддаи 23. Тартиби додани қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои фонди махсус барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ

  1. Шаҳрвандоне, ки хоҳиши ташкил намудани хоҷагии деҳқониро доранд, барои гирифтани қитъаи замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) ариза медиҳанд.
  2. Дар ариза мақсади гирифтани қитъаи замини дархостшуда, масоҳат ва рўйхати аъзои хоҷагии деҳқонии ташкилшаванда нишон дода мешаванд.
  3. Қарор дар хусуси ба шаҳрвандон додани қитъаи замин аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) дар давоми як моҳ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
  4. Дар ҳолати мавҷуд набудани фонди махсуси замин аризаи шаҳрванд (шаҳрвандон) дар хусуси гирифтани қитъаи замин барои таъсиси хоҷагии деҳқонӣ ба навбат гузошта мешавад.
  5. Шахсони мансабдор барои риояи муҳлати қабули қарор дар хусуси додани қитъаи замин ва ба шаҳрвандон пешниҳод намудани маълумот оид ба мавҷудияти қитъаҳои замини тақсимнашудаи фонди махсуси замини ноҳия (шаҳр) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.

 

Моддаи 24. Ташкили хоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби заминҳои хочагихои махсус

  1. Додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои давлатии тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ, муассисаҳои тадқиқотӣ, илмию истеҳсолӣ, таълимӣ, таҷрибавӣ, литсейҳои касбии техникӣ, инчунин аз ҳисоби заминҳои фонди давлатии об бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Ташкили хоҷагии деҳқонии самтҳои тухмипарварӣ, зотпарварӣ ё ниҳолпарварӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии мазкур бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур сурат мегирад.

 

Моддаи 25. Тасдиқи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ

  1. Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» тасдиқ карда мешавад.
  2. Ба истифодабарии қитъаи замин баъд аз бақайдгирии давлатӣ иҷозат дода мешавад. Ҳангоми қабули узви нав ва баромадан аз узвияти хоҷагии деҳқонӣ, азхудкунии заминҳои нав аз ҷониби хоҷагии деҳқонӣ ва ҳолатҳои дигари тағйир додани марзи қитъаи замин, хоҷагии деҳқонӣ мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур аз нав ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. Ба ҳар як узви нав ва аз узвият баромадан хоҷагии деҳқонӣ аз нав шаҳодатномаи саҳми замин дода мешавад.
  3. Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини ба иҷора додашуда дар асоси шартномаи иҷора ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

 

БОБИ 7. МАСЪАЛАҲОИ ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ

 

Моддаи 26. Қабули шаҳрвандони дигар ба узвияти хоҷагии деҳқонӣ

Ба хоҷагии деҳқонӣ тибқи қарори маҷлиси аъзои хоҷагӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати узв метавонанд қабул шаванд:

  • шаҳрвандоне, ки вориси ҳуқуқии узви фавтида ё бедарак ғоиб эътирофшудаи хоҷагии деҳқонӣ мебошанд;
  • шаҳрвандоне, ки дар истифодаи якумраи меросӣ бо ҳуқуқи бегона намудан қитъаи замин доранд;
  • дар ҳолатҳои дигар бо қарори маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ.

 

Моддаи 27. Ҳуқуқҳои хоҷагии деҳқонӣ

Хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ дорад:

  • дар қитъаи замини худ мустақилона хоҷагидорӣ намояд, низоми зироаткорӣ ва истеҳсолиро интихоб намояд;
  • молики маҳсулоти истеҳсолкарда ва даромади аз фурўши он бадастоварда бошад;
  • қитъаи замин ё қисми онро ба иҷора дихад;
  • аз истифодабарии замин бо розигии аъзои хочагӣ даст кашад ва саҳми замин ё қисми онро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои нав муайян намояд;
  • канданиҳои фоиданоки маъмулӣ (peг, шағал, хок, санг), манбаъҳои об, инчунин дигар хусусиятҳои муфиди қитъаи замини хоҷагии деҳқониро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад;
  • молу мулки ташкилот ва шаҳрвандони алоҳидаро харидорӣ намояд, ба иҷора гирад ё муваққатан истифода барад;

тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро бо ҳуқуқи бегона кардани он ба гарав монад;

  • барои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ шартномаҳо ба имзо расонад;
  • сервитути хусусиро ба қитъаи замин муқаррар намояд;
  • ихтиёран молу мулки худро (зироатҳои кишоварзӣ, чорво, воситаҳои асосӣ ва дигар молу мулкро) суғурта кунад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад;
  • нақшаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва диверсификатсияи истеҳсолотро тартиб дода, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти давлатӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар асоси ҷойгиронии фармоиши давлатӣ ба роҳ монад;
  • ба маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи худ мустақилона нарх гузорад;
  • бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иқтисоди хориҷиро амалӣ созад;
  • дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти тухмипарварӣ ва зотпарварӣ машғул шавад;
  • дар ҳолати аз ҷониби давлат гирифта шудани қитъаи замин ҷуброни зарарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд ва гирад;
  • аз ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд.

 

Моддаи 28. Ҳуқуқҳои аъзои хоҷагии деҳқонӣ

Аъзои хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ доранд:

  • сарфи назар аз ризояти аъзои дигари хоҷагии деҳқонӣ, баъд аз анҷом ёфтани соли кишоварзӣ аз ҳайати он бо саҳми замини худ бароянд ва хоҷагии деҳқонии алоҳида таъсис диҳанд;
  • аз ҳуқуқи истифодаи саҳми замин даст кашанд;
  • дар ҳолати баромадан аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ дар мавриди тақсимнопазирии молу мулки хоҷагии деҳқонӣ ҷубронпулии ҳиссаи худро талаб намоянд ва гиранд;
  • бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқӣ бегона намудани он аҳдҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ (хариду фурўш, туҳфа, иваз, гарав) банданд;
  • аз ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.

 

Моддаи 29. Уҳдадориҳои хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он

  1. Хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он уҳдадоранд:
  • қитъахои заминро самаранок ва тибқи таъиноти мақсаднок истифода баранд;
  • ҳангоми фаъолияти хоҷагидорӣ ба халалдоршавии ҳолати агроэкологӣ, мелиоративӣ ва санитарию гигиении замин роҳ надиҳанд;
  • ҳуқуқҳои заминистифодабарандагони дигарро халалдор ва маҳдуд насозанд;
  • ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ усулҳоеро истифода намоянд, ки пешгирии паҳншавии касалиҳо, ҳашароту зараррасонҳои растанӣ ва чорворо таъмин менамоянд;
  • оиннома ва шартнома оид ба фаъолияти якҷояро риоя намоянд;
  • қоидаҳои тартиботи дохилӣ, ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, амнияти экологӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат ва тақсимоти фоидаи софро риоя намоянд;
  • иҷрои уҳдадорихои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.

2.               Хоҷагии деҳқонӣ инчунин уҳдадор аст:

  • аз ҳисоби даромади хоҷагии деҳқонӣ барои барқарор ва афзун намудани ҳосилхезгардонии замин дар асоси қарори маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ маблағ ҷудо намуда, чорабиниҳои илман асосноки агрокимиёвӣ ва экологию биологиро ба роҳ монад;
  • пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ҳаққи хизмати обрасонӣ, истифодаи барқ ва дигар пардохтҳоро дар муҳлатҳои муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
  • талаботи низоми ҳисоботи муҳосибӣ, уҳдадориҳои шартномавӣ ва низоми ҳисоби қарзиро риоя намояд;
  • ба мақомоти маҳаллии идораи замин, идоракунии давлатии кишоварзӣ ва омори ноҳия (шаҳр) маълумотро дар бораи ҳолат ва дигар маълумоти омориро дар муҳлати муайяншуда пешниҳод намояд;
  • бо кормандони кироя шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба имзо расонад ва ба онҳо на кам аз андозаи ҳадди ақалли муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнат пардохт намояд.

 

Моддаи 30. Бошишгоҳи саҳроӣ

  1. Бошишгоҳи саҳроӣ сохтмони муваққатии навъи сабук (сохтмони ғайриасосӣ) буда, дар қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ, танҳо бо мақсадҳои хоҷагидорӣ, бе гирифгани қитъаи замини сохтмони мазкур аз гардиши кишоварзӣ, сохта ва истифода бурда мешавад.
  2. Сохтмони бошишгоҳи саҳроӣ дар сурати зиёда аз 3 гектар будани қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ дар ҳудуди то 0,01 гектар, дар ҳолати зиёда аз 10 гектар будани қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ то 0,03 гектар ва дар ҳолати зиёда аз 20 гектар будани қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ то 0,05 гектар амалӣ карда мешавад.
  3. Бошишгоҳи саҳроӣ дар қитъаи замин бо риояи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои зиддисўхторӣ, талаботи санитарӣ ва экологӣ тибқи лоиҳаи намунавии мақоми ваколатдори меъморӣ ва сохтмони ноҳия (шаҳр) ҷойгир карда мешавад.

 

Моддаи 31. Асосҳои қатъ гаштани фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ

  1. Фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
  • қатъ гаштани ҳуқуқи заминистифодабарӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • пешниҳоди аризаи роҳбари хоҷагии деҳқонии аз тарафи як нафар шахси воқеӣ таъсисдодашуда;
  • дар асоси қарори маҷлиси аъзо;
  • ҳангоми муфлисшавӣ;
  • дар асоси қарори суд.
    1. Баҳсҳое, ки дар натиҷаи қатъ гардидани фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ ба миён меоянд, бо мувофиқаи тарафҳо ё бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 32. Тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии хоҷагии деҳқонӣ

Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар ҳолат ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 33. Иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) хоҷагиҳои деҳқонӣ

  1. Хоҷагиҳои деҳқонӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият, намояндагӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) ташкил намоянд.
  2. Иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд. Хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) дохил мешаванд, мустақилият ва ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи заминро нигоҳ медоранд.
  3. Маҷбуран ба иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) дохил намудани хоҷагии деҳқонӣ манъ аст.

 

БОБИ 8. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ

 

Моддаи 34. Дастгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ

  1. Дастгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
  • дастрасӣ ба техника ва технологияи муосири кишоварзӣ, хариди навъҳои тухмиҳои хушсифати зироатҳо ва намудҳои чорвои хушзот;
  • татбиқи чораҳо оид ба ҳимояи бозори дохилии кишоварзӣ;
  • ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ба истеҳсолоти кишоварзӣ;
  • таҳия ва пешниҳоди дастуру тавсияҳо оид ба истифодаи технологияи кишоварзӣ, дастовардҳои таҷрибаи пешқадам ва инноватсионӣ;
  • ташаккулдиҳии муносибатҳои иқтисодии бозорӣ ва ҷорӣ намудани механизми босамари дастгирии молиявӣ;
  • таъмини иттилоот оид ба ҳаҷми истеҳсол ва нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои дохилӣ ва беруна;
  • дигар шаклҳои дастгирӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
    1. Дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, ки дар онҳо иншооти объектҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла роҳ, хатҳои барқ, обрасонӣ, алоқа ва шабакаҳои ирригатсионию мелиоративӣ мавҷуд нестанд, сохтмони онҳо аз тарафи давлат анҷом дода мешавад. Объектҳои мазкур тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.
    2.  Дастгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ метавонад бо ҷойгиронии фармоиши давлатии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин тибқи барномаҳои мақсаднок, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд, амалӣ гардад.
    3. Дастгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 35. Суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва таъминоти иҷтимоии аъзои хоҷагии деҳқонӣ

  1. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ бо суғуртаи иҷтимоии давлатӣ фаро гирифта шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нафақа ва дигар имтиёзҳо таъмин карда мешаванд.
  2. Муносибатҳои меҳнатии аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва шаҳрвандоне, ки дар хоҷагии деҳқонӣ тибқи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
  3. Давраи дар хоҷагии деҳқонӣ кор кардани аъзо ва шаҳрвандоне, ки дар хоҷагии деҳқонӣ тибқи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, ба собиқаи умумӣ ва бефосилаи кории онҳо ҳисоб карда мешавад. Собиқаи кории шахсони мазкур аз тарафи хоҷагии деҳқонӣ дар асоси сабтҳои дафтарчаи меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи узвияти суғуртаи иҷтимоӣ ҳисоб карда мешавад. Пешбурди дафтарчаи меҳнатӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбари хоҷагии деҳқонӣ таъмин карда мешавад.

 

БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 36. Муқаррароти интиқолӣ

  1. Хоҷагиҳои деҳқоние, ки то эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур таъсис дода шудаанд. уҳдадоранд дар муддати ду сол аз рўзи мавриди амал қарор додани он фаъолияти худро ба муқаррароти Қонуни мазкур мутобиқ намоянд. Дар ин давра ворид намудани тағйирот ба маълумоти бақайдгирии давлатӣ ё дар заминаи чунин хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифтани хоҷагиҳои нави деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ бидуни пардохти боҷи давлатӣ анҷом дода мешавад.
  2. Фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ ҳангоми дар муддати муқарраргардида иҷро накардани талаботи қисми 1 моддаи мазкур бо тартиби судӣ қатъ карда мешавад.

 

Моддаи 37. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 38. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, №526 «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 333) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 39. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

 

 

ш. Душанбе, 15 марти соли 2016

№ 1289