ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2005

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Пшб, 13/08/2020 - 11:07
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
75
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
17.12.2004
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2005
 
(Ахбори Маҷлиси Олии ҶТ, соли 2004, №12, қ. 1, мод. 702; соли 2005, №6, мод. 356; мод. 357;
соли 2005, с №8-10, мод. 462; соли 2005, №11, мод. 565; соли 2005, №12, мод. 628)
 
Маҷлиси намояндагон 15-уми декабри соли 2004 қабул кардааст
 
Моддаи 1. Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005 аз рўи даромад ба маблағи 1256000 ҳазор сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи 1291000 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 35000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатӣ барои соли 2005 ба маблағи 35000 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмўи  Маҳсулоти  Дохилӣ муқаррар карда шавад. Манбаи пўшонидани касри буҷет ба таври зайл муайян карда шавад:
- даромад аз хусусигардонии моликияти давлатӣ 
– 10000  ҳазор сомонӣ;
- даромад аз  фурўши векселҳои хазинадорӣ
– 3000  ҳазор сомонӣ;
- аз ҳисоби депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар
Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2005 
 
–  22000  ҳазор сомонӣ.
 
Нишондиҳандаи васеи касри буҷет бо назардошти маблағгузории берунии Барномаи сармоягузории давлатӣ барои соли 2005 ба маблағи 319295 ҳазор сомонӣ ё 4,5 фоизи Маҷмўи  Маҳсулоти  Дохилӣ  муқаррар карда шавад. 
Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 91369 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби қарзҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, гранти Иттиҳоди Аврупо ва депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2005 муайян карда шавад.
 
Моддаи 2. Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2005 аз рўи даромад ба маблағи 822928 ҳазор сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи 857928 ҳазор сомонӣ ва касри он ба маблағи 35000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 3. Буҷети Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005 аз рўи даромад ва хароҷот ба маблағи 205000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 4. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2005 ба буҷети ҷумҳуриявӣ андоз ва даромадҳои ғайриандозии зерин ворид карда мешаванд:
 
- андоз аз фурўш
- 100 фоиз;
- боҷи гумрукӣ
- 100 фоиз;
- андози замин 
- 15 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда, ки ба воситаи мақомоти гумрук ворид мешавад 
 
- 100  фоиз;
- аксизҳо
- 100 фоиз;
- пардохтҳо ва даромадҳои ғайриандозии ҷумҳуриявӣ, инчунин пардохт барои дохил  шудан ба қаламрав ва истифодаи роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
- 100 фоиз
 
Моддаи 5. Дар соли 2005 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андоз ва даромади умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда ворид мешаванд, байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рўи таносубҳои (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
а) андоз аз арзиши иловашуда:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр  аз  вилояти  Суғд, шаҳри Душанбе ва  шаҳри Турсунзода) – 100 фоиз;
аз вилояти Суғд – 71 фоиз ба буҷети вилоят ва 29 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Душанбе – 18 фоиз ба буҷети шаҳр ва 82 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода –  20 фоиз ба буҷети шаҳр ва 80 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
б) андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ва андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода)  – 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода –  40 фоиз ба буҷети шаҳр ва 60 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) андози даромад аз шахсони воқеӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода) – 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе – 80 фоиз ба буҷети шаҳр ва 20 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода -  50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) андози замин:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 85 фоиз;
д) андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр  аз шаҳри Душанбе) – 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе – 22 фоиз ба буҷети шаҳр  ва 78 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
е) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд  ва шаҳри Турсунзода) – 100 фоиз;
аз вилояти Суғд – 75 фоиз ба буҷети вилоят ва 25 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода – 30 фоиз ба буҷети шаҳр ва 70 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
ж) андоз аз истифодабарандагони қаъри замин:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
з) боҷи давлатӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
и) андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
к) андозу пардохтҳои маҳаллӣ (андоз аз амволи ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз фурўши чакана, андози даромад дар асоси патент, пардохтҳо ва дигар даромадҳои ғайриандозии маҳаллӣ):
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
          л) аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», корхонаҳои тобеи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Заводи алюминии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида ва андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо:
ба буҷети ҷумҳуриявӣ – 100 фоиз;
м) аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» андоз аз фоида ва андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо:
ба буҷети ҷумҳуриявӣ – 100 фоиз;
 
Моддаи 6. Дар соли 2005 воридоти гази табиӣ ва барқ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.
Дар соли 2005 меъёри андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ нисбати заминҳое, ки ба заминҳои кишти лалмӣ, дарахтзорҳои бисёрсолаи лалмӣ, чарогоҳ ва алафзорҳо таалуқ доранд, баробари меъёри яккаратаи андози замин муқаррар карда шавад.
Дар соли 2005 воридоти молҳо барои ташаккул додан ва пур кардани Фонди захиравии моддии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ  мегарданд, тибқи номгўй ваҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси хулосаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои ташаккул ва хизматрасонии Фонди мазкур , аз андоз аз арзиши иловашуда, андози аксизӣ ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд.
Воридоти шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрвандӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон , аз он ҷумла барои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 январи соли 2005 то 1 августи соли 2005 ворид шудаанд, аз пардохти андози арзиши иловашуда озод карда шавад.
Мазути камсулфур ба миқдори 2500 тонна,ки Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи  Тоҷик» барои эҳтиёҷоти ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе» ворид менамояд, аз андози аксизӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.
Панҷоҳ адад троллейбуси тамғаи « ЗиУ 682Г-016 (012)П», ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тролза-Маркет»-и Федератсияи Русия барои пурра намудани парки нақлиёти БНД 60\90, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Нафтрасон» барои таъмири асосии роҳҳои шаҳри Душанбе ворид карда мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шаванд.
 
Моддаи 7. Дар соли 2005 ба Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки  ба фонди инноватсионии Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар ҳаҷми то 20 фоиз аз хароҷоти мустақими истеҳсолӣ, ки ба арзиши аслии маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дохил карда мешавад,  бо назардошти нигоҳ доштани ҳамаи пардохтҳои андозӣ ва ҳиссаҷудокунӣ ба Буҷети давлатӣ бе тағйирдиҳии нархномаҳои амалкунанда ба истиснои нархномаҳое, ки дар барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд, гузаронад. 
 
Моддаи 8. Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2005 даромад аз ҳамаи субъектҳои хоҷагидории дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавҷудбуда ба маблағи умумии  822928 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- андоз аз арзиши иловашуда                                                                    - 370058 ҳазор сомонӣ;
- аксизҳо                                                                                               - 68665 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фурўш (нахи пахта ва   алюминии аввалия)                    - 108795 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ                                                          - 22580 ҳазор сомонӣ;
- андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо                                        - 27487 ҳазор сомонӣ;
- андози даромад аз  шахсони воқеӣ                                                       - 9151 ҳазор сомонӣ;
- боҷҳои гумрукӣ                                                                                              - 105964 ҳазор сомонӣ;
- андози замин                                                                                                  - 1002 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони   роҳҳои автомобилгард                             - 12877 ҳазор сомонӣ;
- андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад - 1479 ҳазор сомонӣ;
- даромадҳои дигари гайриандозӣ                                                           - 56870 ҳазор сомонӣ;
- грантҳои  ташкилотҳои байналмилалӣ                                                               - 38000 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 9. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2005 аз рўи тартиби тақсимоти  вазифавӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шавад:
Маблағгузории мақомоти ҳокимият ва идоракунӣ                                 - 129428 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
-Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                             - 2381 ҳазор сомонӣ;
-Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон               - 6366 ҳазор сомонӣ;
-Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                                                        - 3017 ҳазор сомонӣ;
-Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                 - 35467 ҳазор сомонӣ;
-Раёсати хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        - 386 ҳазор сомонӣ; 
-Кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    - 4920 ҳазор сомонӣ;
-дастгирии сиёсати давлатии  ҷавонон                                                   - 265 ҳазор сомонӣ;
-сафарҳои хизматии  хориҷии кормандони мақомоти ҳокимият
ва идоракунии давлатӣ ва кирояи (фрахти) ҳавопаймоҳо                             - 5000  ҳазор сомонӣ;
-вазоратҳо ва идораҳои машғули сиёсати молиявӣ ва
 андозу буҷетӣ                                                                                                   - 19769 ҳазор сомонӣ;
-вазоратҳо ва идораҳои машғули фаъолияти сиёсати берунӣ      - 39181 ҳазор сомонӣ;
-вазоратҳо ва идораҳои машғули хизматрасониҳое, ки барои
соҳаҳои иқтисодиёт хусусияти умумӣ доранд                                     - 6402 ҳазор сомонӣ;
-тадқиқоти бунёдӣ ва илм                                                                            - 6274 ҳазор сомонӣ;
  аз онҳо:
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         - 4657 ҳазор сомонӣ.
Мудофиа (на барои нашр)                                                        
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва прокуратура (на барои нашр)
Аз ҷумла:
-хадамоти милитсия  ва муҳофизат аз сўхтор                                     - 41787 ҳазор сомонӣ;
-дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ                                                                    - 33071 ҳазор сомонӣ;
-Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             - 361 ҳазор сомонӣ;
-Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   - 323 ҳазор сомонӣ;
-Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                         - 593 ҳазор сомонӣ;
-Мушовараи ҳарбии назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   - 159 ҳазор сомонӣ;
-Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти
он дар маҳалҳо                                                                                                 - 2064 ҳазор сомонӣ;
-Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти он, судҳо
ва дастгоҳи судҳо                                                                                              - 3756 ҳазор сомонӣ;
-Прокуратураи генералӣ ва мақомоти он дар маҳалҳо                  - 5108 ҳазор сомонӣ.
Маориф                                                                                                              - 57980 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
-таҳсилоти умумӣ                                                                                            - 13055 ҳазор сомонӣ;
-таҳсилоти касбӣ                                                                                              - 17700 ҳазор сомонӣ;
-илмҳои амалӣ дар соҳаи маориф                                                           - 241 ҳазор сомонӣ;
-Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        - 443 ҳазор сомонӣ;
-дигар хароҷот дар соҳаи маориф                                                            - 26541 ҳазор сомонӣ.
 
Нигоҳдории тандурустӣ                                                                                          - 29283 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
-беморхонаҳо                                                                                                     - 8993 ҳазор сомонӣ;
-дармонгоҳҳо ва нуқтаҳои тиббӣ                                                               - 225 ҳазор сомонӣ;
-илмҳои амалӣ дар соҳаи нигоҳдории тандурустӣ                            - 547 ҳазор сомонӣ;
-Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  - 248 ҳазор сомонӣ;
-дигар ташкилотҳо ва чорабиниҳои соҳаи нигоҳдории
тандурустӣ                                                                                                         - 19270 ҳазор сомонӣ.
Суғуртаи  иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ                                                            - 67958 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
-таъминоти нафақаи хизматчиёни давлатӣ                                         - 9105 ҳазор сомонӣ;
-пардохти ҷубронпулӣ барои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ                             - 26920  ҳазор сомонӣ;
-Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                   - 1235 ҳазор сомонӣ;
- муассисаҳои махсус барои маъюбон ва пиронсолон                    - 4640 ҳазор сомонӣ;
-дигар ташкилотҳо ва чорабиниҳои соҳаи таъминоти
иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ                                                                        - 26058 ҳазор сомонӣ.
Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ҳифзи табиат                                      - 12526 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
-Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  - 5133 ҳазор сомонӣ;
-илмҳои амалӣ дар соҳаи ҳифзи табиат                                                 - 33 ҳазор сомонӣ;
-Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»  - 2260 ҳазор сомонӣ;
-ва ғайраҳо аз рўи хоҷагии манзилию коммуналӣ                           - 5100 ҳазор сомонӣ.
 
Чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, солимгардонӣ  ва ҷамъиятӣ     - 28217 ҳазор  сомонӣ.
Аз ҷумла:
-телевизион ва радиошунавонӣ                                                                 - 12882 ҳазор сомонӣ;
-Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        - 954 ҳазор сомонӣ;
-илмҳои амалӣ дар соҳаи фарҳанг                                                           - 57 ҳазор сомонӣ;
- Кумитаи варзиш ва тарбияи  ҷисмонии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  - 1562  ҳазор сомонӣ;
-матбуоти даврӣ ва нашриёт                                                                      - 1725 ҳазор сомонӣ;
- ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи фарҳанг                                       - 513 хазор сомонӣ;
- мукофотҳои давлатӣ дар соҳаи  фарҳанг                                            - 100 ҳазор сомонӣ;
- дигар чорабиниҳои соҳаи фарҳанг                                                        - 10424 ҳазор сомонӣ.
Комплекси сўзишворию  энергетикӣ                                                               - 15120 ҳазор сомонӣ.
Хоҷагии қишлоқ ва моҳидорӣ                                                                              - 38850 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 - 6572 ҳазор сомонӣ;
Аз онҳо:
барои хариди тухмӣ                                                                                       - 1000 ҳазор сомонӣ;
чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ва зидди ҳашароти зараррасон     - 1500 ҳазор сомонӣ.       
Истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок,
саноати истеҳсоли маъдан ва сохтмон                                                            - 8735 ҳазор сомонӣ.
Нақлиёт ва коммуникатсия                                                                   - 61115 ҳазор сомонӣ.
Вазоратҳо ва идораҳои машғули
фаъолияти иқтисодӣ ва хизматрасонӣ                                                           - 6687 ҳазор сомонӣ.
Дигар чорабиниҳо                                                                                       - 122840 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
-хизматрасонии ўҳдадориҳои қарзӣ                                                       - 55934 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
пардохти фоизҳои қарзи берунӣ                                                                              - 34934 ҳазор сомонӣ;
пардохти фоизҳои қарзи дохилӣ                                                                              - 21000 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти шаҳри Душанбе барои
амалӣ намудани вазифаҳои пойтахтӣ                                                   - 4000 ҳазор сомонӣ;
- Фонди хароҷоти пешбининашудаи
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             - 12500 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигаре, ки аз рўи соҳаҳои
иқтисодӣ гурўҳбандӣ нашудааст                                                                             - 50406 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 10. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2005 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии иқтисодӣ ба тариқи зайл сурат гирад:
1. Хароҷоти ҷорӣ                                                                                           - 703545 ҳазор сомонӣ.
а) Хароҷот барои молҳо ва хизматрасониҳо                                  - 464078 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:
-музди меҳнат ва хизматпулӣ                                                                    - 109172 ҳазор сомонӣ;
-маблағҷудокунӣ ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ                         - 12026 ҳазор сомонӣ;
-дигар хариди молҳо ва хизматрасониҳо                                                              - 342880 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
пардохти хизматрасонии алоқа                                                                - 9710 ҳазор сомонӣ;
пардохти хизматрасонии газ, барқ ва об                                                               - 9241 ҳазор сомонӣ;
хариди таҷҳизоти камарзиш, асбобу анҷом, дигар
молҳо ва хизматрасонӣ                                                                                 - 323929 ҳазор сомонӣ.
б) Пардохти фоизҳо аз рўи қарзҳои дохилӣ ва берунӣ                           - 55934 ҳазор сомонӣ.
в) Субсидияҳо ва дигар трансфертҳои ҷорӣ                                                 - 183533 ҳазор сомонӣ.
Аз ҷумла:                                                                                                           
-субсидияҳо ба ташкилотҳои давлатӣ                                                     - 29722 ҳазор сомонӣ;
-маблағҳое, ки ба буҷетҳои маҳаллӣ дар шакли маблағҳои
мақсаднок дода мешаванд                                                                          - 94998 ҳазор сомонӣ;
-трансфертҳо ба аҳолӣ                                                                                   - 39160 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
таъминоти нафақавии сохторҳои қудратӣ                                           - 8815 ҳазор сомонӣ;
-трансфертҳо ба ташкилотҳои хориҷӣ                                                    - 19653 ҳазор сомонӣ.
2. Хароҷоти асосӣ                                                                                          - 151771 ҳазор сомонӣ.
 Аз ҷумла:
-хариди сармояи асосӣ                                                                                 - 30494 ҳазор сомонӣ;
-маблағҳои асосии марказонидашуда                                                   - 110810 ҳазор сомонӣ;
-хариди мол барои ташкили захираҳо                                                   - 9500 ҳазор сомонӣ;
-трансфертҳои асосӣ                                                                                      - 967 ҳазор сомонӣ.
3. Қарздиҳӣ ба муҳоҷирон ва хизматчиёни давлатӣ
мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон                                               - 2612 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 11. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005 ба маблағи 25120 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 12. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2005 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот, музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендияҳо, нафақаҳо, ёрдампулиҳо, ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ, газ ва хизматрасонии алоқа дохил карда мешаванд.
Дар сурати зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рўи моддаҳои алоҳидаи хароҷот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маблағгузории моддаҳои хароҷот, ба истиснои моддаҳои ҳимояшаванда, тағйироти дахлдор ворид менамояд.
Моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот дар раванди иҷрои буҷет сарфи назар аз ҳаҷми касри буҷет кам карда намешаванд ва иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад.
 
Моддаи 13. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои ғайрибуҷетии (махсуси) вазоратҳо, идораҳо, ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар сметаи ягонаи даромаду хароҷоти ин ташкилотҳои буҷетӣ ба ҳисоб гирифта шуда, ҳар моҳ дар ҳисоботи даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ инъикос меёбанд. Ҳамзамон 10 фоизи маблағҳои ғайрибуҷетӣ (махсус)  ҳар семоҳа ба даромади буҷети дахлдор, ба истиснои маблағҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва инчунин маблағҳои гранту мададгорӣ (спонсорӣ), ки барои чорабиниҳои хусусияти ғайритиҷоратидошта пешниҳод мегарданд, дохил карда мешаванд.
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2005 андозаи 40 фоизи маблағи аз додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
 
Моддаи 14. Муқаррар карда шавад, ки  имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ, ки барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории амалкунанда чунин имтиёз пешбинӣ шудааст, як маротиба дар як сол  ва танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохта мешавад.
 
Моддаи 15. (на барои нашр).
 
Моддаи 16. Муқаррар карда шавад, ки ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни дигар мақомоте, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, танҳо дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Пардохти ҷубронпулӣ барои ин мақсад дар доираи маблағи фонди музди меҳнат, ки тибқи Қонуни мазкур дар сметаи хароҷот барои ҳамин вазорату идораҳо тасдиқ шудаанд, анҷом меёбад.
 
Моддаи 17. Муайян карда шавад, ки пардохти табобати санаторию курортии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тартиби муқарраргардида дар доираи маблағҳои дар сметаи вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин мақсадҳо тасдиқшудаанд, амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 18. Ҳаҷми маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва  ноҳияҳо ба маблағи 94998,3 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробаркардашуда, маблағгузории асосӣ, бо назардошти  иҷрои даромади буҷети онҳо ҷудо карда мешаванд.
Моддаи 19. Пули нақди гардишии кассавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2006 ба маблағи  23400 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 20. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 2005 тамоми амалиёти молиявӣ аз рўи иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ, ки тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» гузаронида мешаванд, ба тариқи пулакӣ амалӣ мегарданд. Инчунин аз рўи ҳамаи депозитҳои мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷойгир карда мешаванд, барои истифодаи онҳо аз ҷониби бонк бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фоиз дода мешавад.
 
Моддаи 21. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 2005 барои инкишофи базаи моддию техникии Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқароркунии дидбонгоҳҳои гумрукӣ,  ҳавасмандгардонии кормандони вазорати мазкур 20 фоизи  маблағи умумии  пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андозҳо, ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигари дар рафти корҳои назоратӣ ошкоргардида, инчунин маблағи барои гузаронидани расмиятҳои гумрукӣ (ҳаққи барасмиятдарории гумрукӣ), ки аз тарафи мақомоти гумрук аз арзиши гумрукии мол рўёнида мешавад, равона мегардад. Маблағҳои зикргардида бо тартиби марказонидашуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардида, барои маблағгузории тадбирҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда истифода мешаванд ва тартиби дар моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинигардида ба онҳо дахл надорад.
 
Моддаи 22. (на барои нашр).
 
Моддаи 23. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003 аз рўи даромад ба маблағи 824354,4 ҳазор сомонӣ, аз рўи хароҷот ба маблағи 772318,1 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбати хароҷот ба маблағи 52036,3 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Хароҷоти Буҷети давлатии соли 2003 барои пардохти ўҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти қарзи асосии берунӣ ба маблағи 38087,9 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 24. Муқаррар карда шавад, ки дар мавриди барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бе тағйири ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
 
Моддаи 25. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   Э.Раҳмонов
 
ш. Душанбе,
 17 декабри соли 2004,
№ 75