ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2115 Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 07.12.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРИИ НОБОЛИҒОН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 11/02/2025 - 11:21
     «Фарзанд меваи ширини умри инсон аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад, нисбат ба кӯдакону насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳм гузорад ва фарзандони сазовор ба камол расонад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон
 
     Ҷомеаи ҷаҳони ба масъалаи ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазодиҳии ноболиғон диққати хоса медиҳад, ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт бетараф нест, зеро аксарияти аҳолии Тоҷикистонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд ва гуфтан мумкин аст, ки дар ояндаи наздик сарнавишти диёри азиз ва устувории хусусиятҳои демокративу ҳуқуқбунёдии он ба дӯши онҳое вогузор хоҳад шуд, ки имрӯз насли наврасро ташкил медиҳанд. Бинобар ин масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати мо ба шумор меравад. Мувофиқи меъёрҳои илми ҳуқуқи ҷиноятӣ ноболиғ шахсе эътироф мешавад, ки дар вақти содир намудани ҷиноят 14 – солагиро пур карда вале ба синни 18 – солагӣ нарасидааст.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Ҷавонон ояндаи миллатанд» аз ин лиҳоз бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза бурд ва наврасонро дар рӯҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро, агар маҳкум накунем, фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо ва қонуншиканиҳо зиёд хоҳад шуд.
     Тарбияи наврасон яке аз муҳимтарин рукни ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, дар симои насли ояндасоз давлату миллат пойдориву ояндаи хешро мебинад. Бахусус, дар замоне, ки фазои иттилоотӣ ҷаҳонро хатар таҳдид мекунад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ин масъала ногузир аст. Ба беназоративу хунукназарӣ роҳ додани падару модарон нисбати таълиму тарбияи фарзандони хеш ва бад ин васила коста гардидани хулқу атвори наврасон ва гаравидани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳо, равияҳои ҷиноятпеша борҳо дар суханрониҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бобати рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мегардад. Ҳамчунин ин суханон ба он тақвият бахшида мешаванд, ки воқеан қисмати зиёди вақти наврасон дар назди падару модарон сипарӣ мегардад, волидонро мебояд барои дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуди фарзанди хеш саҳмгузор бошанд.
    Ноболиғ  - шахсе эътироф мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ (ба синни балоғат) нарасидааст (м.55 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Мавқеи ҳуқуқии ноболиғон аз рӯйи хусусиятҳои фарқкунандаи синну солашон (таҷрибаи кофии зиндагӣ надоштан, пурра сарфаҳм нарафтан ба баъзе воқеаҳо, нафаҳмидани оқибати кори худ ва ғайра) муайян карда мешавад. Дар баъзе мавридҳо талаботи қонунии ноболиғонро падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда (васиён, парасторон, намояндагони қонунӣ) ба уҳда мегиранд. Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ба зиммаи мақомоти давлатӣ (комиссия оид ба корҳои ноболиғон прокуратура, мақомоти васояту парасторӣ ва ғайра) гузошта шудааст.
     Бо мақсади пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни наврасон инчунин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо зарурат пайдо мекунад. Ҳамчунин бо ҳамин мақсад ва бинобар сабаби атрофи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти кофӣ надоштани аксарияти онҳо зимни пешбурди корҳо оид ба тарбияи ҳуқуқӣ ба наврасон оиди аз кадом лаҳза ҷавобгарии њуќуќиро пайдо кардани амали ҷинояткоронаи онҳо маълумот додан лозим аст.
     Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ин маҷмуи чорабиниҳои дастаҷамъона ва инфиродии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иљтимоӣ, ахлоқию равонӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, падару модарон ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо мақсади ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии ҳуқуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон мусоидаткунанда амалӣ карда мешавад.
     Аз рӯйи мушоҳидаву таҳлил ва андешаи ҷомеашиносон давоми даҳсолаи охир ҳолатҳои содирнамоии ҷиноят миёни ноболиғон рӯй ба афзоиш дорад. Мутахассисон яке аз омилҳои зиёдшавии ин зуҳуротро дар сатҳи пасти дараҷаи донишҳои ахлоқиву ҳуқуқии наврасон медонанд.
     Дар Тоҷикистон иқдоме, пеша карда шуд, ки барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ равона шудааст. Ин иқдом аз тарафи ВКД Тоҷикистон бармеояд, ки як гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавононро таъсис дод, ки ба он намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, молия, фарҳанг, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шомиланд.
     Вазифаи асосии гурӯҳ таҳияи чораҳои таъсиррасоние хоҳад буд, ки ба муайян ва бартараф кардани ҳолатҳо ва шароитҳое оварда мерасонанд, ки метавонанд боиси вайрон кардани қонун аз ҷониби сокинони ҷавони кишвар шаванд. Ғайр аз ин, кормандони прокуратура, суд, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, волидайни наврасон, равоншиносон, омӯзгорони иҷтимоӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар ба ин гурӯҳ ҳамроҳ мешаванд.
     Сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишоф ва тарбияи насли навраси солим ва ҳамчунин ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакони ятим равона карда шудааст.
     Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 октябри соли 1993 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонид ва бо мақсади татбиқи Конвенсияи мазкур як қатор чораҳои зарурӣ андешид.
     Ҷиҳати иҷрои он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 №377 “Дар барои таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” Комиссияи кор бо ноболиғон барҳам дода шуда, вазифаҳои он ба Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак вогузор карда шуд, инчунин “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2009-2019, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №253 тасдиқ гардидааст, қабул шуд.
     Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии кӯдакон дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор мебошад.
     Бо мақсади такмили қонунгузории танзимкунандаи низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон ба кодексҳои оила, ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон” ва “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон” қабул гардиданд, ки дар онҳо муқаррароти дахлдор дар соҳаи адолати судӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон пешбинӣ карда шуданд.
     Дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида кафолатҳои муҳими зерин оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак пешбинӣ шудаанд: 
- ҳангоми пурсиши кӯдакон иштироки адвокат, намояндаи қонунӣ, омӯзгор ва ё равоншинос ҳатмӣ мебошад;
- пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ наметавонад дар як рӯз бетанаффус зиёда аз 2 соат ва дар маҷмуъ бештар аз 4 соат давом ёбад;
- ҳангоми қабули кӯдак ба ҳар ҷое, ки аз ҷомеа дар алоҳидагӣ нигоҳ дошта мешавад, муоинаи тиббии кӯдак гузаронида мешавад;
- синну соли ҳадди ақал барои таъқиби ҷиноятӣ аз 14 солагӣ муайян карда шудааст;
- муҳлати ниҳоии тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати кӯдак то 6 моҳ муқаррар карда шудааст;
- муҳлати ниҳоии аз озодӣ маҳрум намудани кӯдак то 12 сол муқаррар шудааст.
    Мутаассифона, сатҳи ҷинояткории ноболиғон ташвишовар аст. Новобаста аз чораҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии ҷинояткории ноболиғон, содир намудани ҷиноят аз ҷониби онҳо соли 2024 афзоиш ёфтааст. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ - сентябри соли равон дар мамлакат 16976 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 3720 ҷиноятро Вазорати корҳои дохилӣ ва Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтаанд. Танҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2024 аз ҷониби ноболиғон дар ҷумҳурӣ 380 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 23 фоиз зиёд мебошад. Бештари ҷиноятҳоро онҳое содир намудаанд, ки бо таҳсил ва шуғл фаро гирифта нашудаанд.
     Коршиносон дар бештар ҳолатҳо сабаби ба ҷиноят даст задани ноболиғонро дар бемасъулиятии волидайни ноболиғону атрофиёнашон ва бекор мондани ноболиғон маънидод менамоянд. Вобаста ба ин, тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли равон нисбат ба падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва нисбат ба масъулини муассисаҳои таълимӣ бо дастрасии моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ҳазор парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани тадбирҳои қонунӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд.
     Аз ҷониби Прократураи генералии мамлакат дар ин замина дар шашмоҳаи якуми соли равон вобаста ба риоя накардани қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» 3089 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
     Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст. Ҳар коре, ки имрӯз мо барои ободии ин Ватан, ин сарзамин, ин марзу бум менамоем, мебояд онро аз дилу ҷон амалӣ намоем. Набояд фаромӯш сохт, ки қабл аз ҳама, калонсолон бояд насли наврасу ҷавонро тарбия кунанд. Зеро ободии мамлакат ва ояндаи дурахшони он дар дасти наврасону ҷавонон аст.
     Месазад, ки дар тарбияи насли ҷавон, ки нерӯи созанда ва ташаббускор мебошад, тамоми қувваю тавоноиро сарф намуд. Чун ҳар амали хубе, ки бобати рушди дониш, фардият ва азхудкунии илму технологияи ҳозиразамон барои насли ҷавони имрӯза анҷом медиҳед, яқин бидонед, ки подоши хуб ва натиҷаи босамар меорад. Пас, биёед барои ояндаи хубу дурахшони насли ҷавон бетафовут набошем ва тарбияи онҳоро вазифаю масъулияти асосии худ донем.
 
 

Сармутахассиси шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Арабҷонов Шодимурод Арабҷонович

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад