Бо ташаббуси Маркази миллии конунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои 2-юм ва 3-юми марти соли 2012 Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «20 – солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид» баргузор гардид. Дар кори конференсия Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, кормандони мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, вазорату кумитаҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Иштирокчиёни конференсия дар мавзўҳои «20 соли ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид: марҳилаҳо ва дастовардҳои асосӣ», «Созмони Милали Муттаҳид ва Ширкатҳои фаромилӣ», «Нақши СММ дар таъмини сулҳу амният ва таҷрибаи фаъолияти сулҳҷӯёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Доир ба масоили ислоҳоти СММ», «Фаъолияти СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши хизматрасонии иҷтимоӣ», «Иштироки Тоҷикистон дар шартномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар доираии СММ ва кӯшишҳои давлат оид ба тадбиқи ӯҳдадориҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ҷодаи ҳуқуқи инсон» ва «Нақши барномаи ислоҳоти аграрии СММ дар рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон» баромад намуда, ҷабҳаҳои мухталифи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳидро дар тўли 20 соли узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор доданд.
Конференсия кори худро дар бахши дуюм 3-юми март идома дод, ки дар он олимони ҷавон, унвонҷўён ва мутахассисони мақомоти давлатӣ бо маърўзаҳои хеш баромад намуданд. Дар бахши дуюми конференсия мавзўҳо оиди «Нақши таърихии СММ дар ҳалли масъалаи гурезаҳои иҷбории Тоҷикистон (1997–2007)», «Нақши Созмони Милали Муттаҳид дар барқарории сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон», «Иқдоми СММ доир ба интернет ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Созмони Милали Муттаҳид ва нақши он дар ҳалли масъалаҳои экологии ҷаҳони муосир», «СММ ва нақши он дар рушди муносибатҳои иқтисодӣ» ва дигар мавзўъҳои ҷолиби диққат матраҳ гардиданд.
Дар маҷмўъ, мувофиқи барномаи конференсия 52 маърўзаҳои илмӣ шунида шуданд.
Аз баргузории конференсияи мазкур иштирокчиён изҳори қаноатмандӣ намуданд, зеро ки баргузор намудани чунин конфренсияи илмӣ-амалӣ ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ басо муҳим буда, натиҷаҳои он баҳри рушду густариши ҳамкориҳои минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид мусоидат хоҳанд намуд.