ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

КОНСТИТУТСИЯ ЗАМИНАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 01/11/2023 - 13:59
КОНСТИТУТСИЯ ЗАМИНАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
 
    Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
     Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз, 5 маротиба, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
   Тавре ки ба мо маълум аст, санаи 10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардидааст, ки иҷрои он барои ҳама давлатҳои аъзои СММ ҳатмӣ мебошад.
   Хусусияти муҳими Конститутсия дар он ифода меёбад, ки он аз як тараф Қонуни асосии давлат мебошад, ки он ба мақоми халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва барандаи моҳияти иҷтимоии ҷомеа такя менамояд. Солҳои 1999, 2003 ва 2016 бинобар зарурати таърихӣ, ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди низоми ҳуқуқи миллӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида меъёрҳои ин ҳуҷҷати ҳуқуқиро такмил дода, барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони озоду демократӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, таъмини амнияти давлат, тақвияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегӣ, пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ ва амалишавии дигар тадбирҳои созанда барои таҳкими ҷомеаи навини кишвар имконияти мусоид фароҳам оварданд.
   Чуноне, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ин «истиқлолият буд, ки давлати ҷавони мо дар муддати хеле кӯтоҳ баҳри бунёди давлатдории навин, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ мебошанд, ба комёбиҳои назаррас ноил гардид».
   Дар хулоса ҳаминро бояд қайд кард, ки Конститутсияи мазкур хусусияти заминавӣ дошта, иродаи халқи Тоҷикистонро нишон медиҳад ва хусусиятҳои асосии сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад. Дар таҷрибаи конститутсионии ҷумҳурии соҳибистиқлол ин ҳуҷҷат ҳамчун пояи давлат муҳим буд ва рамзҳои давлатӣ, дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳои инсон, соҳибихтиёрии халқ, ягонагии давлат ва сохти марзию маъмурии он, кафолати гуногунии равияҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, эътибори олии конститутсия, усулҳои асосии самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ, гуногуншаклии моликият ва объектҳои моликияти истисноии давлатро муқаррар ва нишон медиҳад.
    Конститутсияи нав дар баробари таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати ҳифзи онҳоро низ ба зиммаи давлат мегузорад. Якумин маротиба дар таҷрибаи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи нав бисёрандешии сиёсиро ҷорӣ намуда, давлатро аз таъсири идеологияи ҳизбӣ ҷудо эълон менамояд.
    Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегирад барои пешрафт ва рушди давлат хизмат мекунад ва бахтномаи ҳар як миллат мебошад. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро он Конститутсияи мукаммале ҳаст, ки ба қатори конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дохил карда шудааст.
   Масалан, боби дуюми Конститутсия, ки “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” ном дорад ва аз 33 модда иборат аст, пурра ба ҳуқуқ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Дар моддаи 17-и боби мазкур оид ба баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар назди мақомотҳои давлатӣ ва баробарҳуқуқии онҳо байни ҳам чунин гуфта шудааст: “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд”.
    Агар мо ба таърихи ниёгонамон назар кунем, эътирофи ҳуқуқҳои инсон дар мадди аввал гузошта шудааст. Мисоли равшани онро мо дар давлатдории Сомониён мушоҳида карданамон мумкин аст ва баъдан, пас аз кашмакашиҳои зиёди таърихӣ халқи тоҷик тавонист, тавассути фарзандони фарзонаи миллати худ соҳиби давлату Конститутсияи худ шавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки халқи тоҷикро муттаҳид сохт ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон фоли неке барои пешрафти минбаъдааш гардид. Он воқеан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро ҳар вақте, ки ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар мекунем, бархурдод хоҳем шуд, ки он дар чӣ гуна вазъияти ҳассос таҳия ва қабул карда шудааст. Дар чунин вазъияти ҳассос қабули Конститутсияи мукаммал, хеле мураккабу душвор буд, аммо бо қавииродагӣ ва мардонагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи азизи кишварамон муяссар гардид, ки қонуни асосии кишвар, яъне Конститутсияи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намоянд ва ин рӯз ҳамчун рӯзи таърихӣ ҳамасола қайд карда мешавад.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи қабули Конститутсия ба ин маънӣ қайд карда буданд, ки имрӯз барои ман қадамҳои аввалин ба вазифаи Раиси ҷумҳур аст. Ин вазифа дар ин рӯзҳо барои ман ҳам мушкил аст, лекин боварӣ дорам, ки бо дастгирии халқи Тоҷикистон аз ин рӯзҳои сахт ҳам мебароем. Ман сари таъзим ба назди пои мардуми Тоҷикистон фуруд меорам ва мегӯям, то он замоне, ки ҳастам барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам. Ин сӯханҳо ҳар яки моро водор месозад, ки мо шаҳрвандони мамлакат Конститутсия - бахтномаи миллатро, ки сарчашмаи тамоми қонунҳо аст риоя намоем ва онро пос дорем.
 
Исмоилова Мадина Исмоиловна,
сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад