ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Чшб, 08/04/2020 - 10:03

Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "11" июли соли 2015, № 522
тасдиқ шудааст

 

Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои давраи то соли 2030 

1. Муқаррароти умумӣ

1. Раванди рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигаргунсозиҳои мураккаби барномавӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ ва таъминоти ҳаётии кишвар алоқаманд аст. Ин раванд мавҷудияти самтдории муайяни стратегиро тақозо менамояд, ки бо таҷйироти институтсионалӣ, тақсимоти дақиқи вазифаҳо ва ҳамоҳангсозии сифатноки фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии идоракунӣ тақвият ёфтаанд.

2. Дар ин раванд мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (минбаъд - худидоракунии маҳаллӣ) нақши махсусан муҳимро мебозанд.

3. Мутобиқи тақсимоти маъмурию ҳудудӣ қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се вилоят - Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (қисми шарқии кишвар, бо 8 воҳиди маъмурию ҳудудӣ), вилояти Суғд (қисми шимолии кишвар, бо 18 воҳиди маъмурию ҳудудӣ), вилояти Хатлон (қисми ҷанубии кишвар, бо 25 воҳиди маъмурию ҳудудӣ), шаҳри Душанбе (пойтахти мамлакат, ки аз 4 ноҳия иборат мебошад), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (бо 13 воҳиди маъмурию ҳудудӣ) ва 427 ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот тақсим шудааст. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷамоатҳо мебошанд, ки тартиби таъсис, ваколатҳо ва фаъолияти онҳоро қонун танзим менамояд.

4. Аз таҳлили фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ хулоса баровардан мумкин аст, ки вазифаҳои онҳо, низоми институтсионалӣ ва усулҳои банақшагирӣ ҳоло ба вазифаҳои зудтағйирёбандаи стратегии рушд ва идоракунии минтақавӣ мутобиқ карда нашудаанд ва чунин ҳолат ба мақомоти маҳаллӣ имконият намедиҳад, ки ба таҳия ва татбиқи барномаю нақшаҳои миёнамўҳлат ва дарозмўҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал муносибати маҷмўҳ дошта бошанд.

5. Бинобар ин зарурати таҳия ва қабули Консепсияи дарозмўҳлати идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд - Консепсия) ба миён омадааст, ки имконияти муайян намудани самтҳои асосӣ ва вазифаҳои стратегии ташаккули низоми муосири идоракунии маҳал ва амалишавии самараноки онро дар ҷомеаи тезинкишофёбанда фароҳам меорад.

 

2. Мақсади Консепсия ва самтҳои асосии рушди маҳал

6. Мақсади Консепсияи мазкур аз ташаккули самтҳои асосӣ ва заминаи сиёсию ташкилӣ ва ҳуқуқии идоракунии рушди маҳал, вазифаҳо барои такмили идоракунии рушди маҳал, инчунин муайян кардани механизмҳо ва марҳилаҳои асосии татбиқи Консепсия иборат мебошад. Консепсия ҳуҷҷати дарозмўҳлат буда, муқаррароти он ҳангоми таҳияи барномаю нақшаҳои стратегии давлатии рушди маҳал ва минтақаҳо ба инобат гирифта мешаванд.

7. Консепсия асоси ташкилию сиёсӣ ва методологиро барои пешбурди азнавсозӣ дар сатҳи маҳал фароҳам оварда, ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии қаблан қабулнамудаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими функсияҳо, ташкил ва сохтори идоракунии маҳал мусоидат хоҳад кард.

8. Ниҳоят, Консепсия асосҳои маҷмўии ташкилӣ, методологӣ ва ҳуқуқию молиявиро ҷиҳати таҳияи Стратегияи дарозмўҳлати ислоҳоти идоракунии маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул медиҳад.

9. Самтҳои асосии такмили идоракунии рушди маҳал аз инҳо иборат мебошанд:

- мушаххассозӣ ва мутаносибгардонии функсия ва ваколатҳо байни сатҳҳои идоракунии марказӣ ва маҳаллии давлатӣ, инчунин худидоракунии маҳаллӣ бо азнавтақсимкунии захираҳои моддӣ ва молиявӣ;

- дар сатҳи ҳудудҳ ва маҳаллии идоракунӣ ташаккул додани низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки ба принсипҳои бунёдии идоракунии самараноки давлатӣ мувофиқ буда, барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар шароити зарурӣ фароҳам меорад;

- Ҷори намудани механизмҳое, ки ҳамбастагии нисбатан зичи стратегияи дарозмўҳлатро бо раванди банақшагирӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ, инчунин нақша ва стратегияҳои ҳарсолаи рушди соҳаҳо ва барномаҳои сармоягузорӣ дар сатҳи маҳаллӣ таъмин менамояд;

- ноил гардидан ба тақсими нисбатан дақиқи функсияҳо, вазифаҳо ва ваколатҳо оид ба пешкаш намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ, беҳтар намудани сифат ва дастрасии он;

- ҷори намудани механизмҳои самараноки назорат ва ҳисоботдиҳии мақомоти идоракунии маҳаллӣ ва роҳбарони онҳо.

10. Татбиқи самтҳои асосӣ ва вазифаҳои пешбинишудаи рушди маҳал имкон медиҳад захираҳои давлатӣ нисбатан мутаносиб харҷ шаванд, ки дар маҷмўъ боиси баланд гардидани эътимоди аҳолӣ ба ҳокимияти давлатӣ ҳам дар сатҳи марказӣ ва ҳам дар сатҳи маҳаллӣ хоҳад шуд.

11. Татбиқи бомуваффақияти ҳамин Консепсия аз ташаккули таъминоти дахлдори ташкилию иттилоотӣ, кадрию захиравии тадбирҳои тавсияшаванда, такмили механизмҳои паҳн намудани таҷрибаи самарабахши идоракунии маҳаллӣ ва ҳамоҳангсозии ҳамаи чорабиниҳо алоқамандӣ дорад.

 

3. Асосҳои сиёсию ташкилҳ ва ҳуқуқии такмили идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

12. Дар ҷараёни ислоҳот, ки дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ амалӣ шуда истодааст, вазифаҳои муҳим ба зиммаи мақомоти маҳаллии низоми идоракунии давлатӣ, аз ҷумла худидоракунии маҳаллӣ вогузор шудаанд. Бо дарназардошти ин, як қатор ташкилотҳои мададрасон дар ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои худ шарҳ ва таҳлили функсионалии вазъи идоракунии маҳаллиро анҷом доданд. Дар ин самт Барномаи рушди СММ нақши муҳим мебозад. Соли 2013 бо дастгирӣ ва иштироки Барномаи рушди СММ ҳуҷҷати "Асосҳо барои Консепсияи такмили идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардид.

13. Нуқтаи оҷози ин ҳуҷҷати ҷоявӣ Нақшаи амал оид ба татбиқи Консепсияи такмили сохтори идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2009, №АП-1002 тасдиқ шудааст, ба ҳисоб меравад.

14. ҳуҷҷати мазкур мақсадҳои такмили низоми идоракунии давлатиро фаро гирифта, муҳимияти мушаххасгардонӣ ва мутаносибгардонии функсия ва ваколатҳоро байни дастгоҳи марказӣ ва мақомоти ҳудудии ҳокимияти давлатӣ, инчунин мақомоти худидоракунии маҳаллиро махсус пешбинӣ менамояд.

15. Дар асоси Консепсияи такмили сохтори идоракунии давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 16 апрели соли 2012, № 828 қабул гардид, ки дар он мафҳумҳои Ҷайримутамарказгардонӣ ва ҷайритаҷаммўъсозӣ шарҳ дода шудаанд.

16. Мақсади асосии тамоми ислоҳоти низоми идоракунии давлатии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашаванда аз баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии мардуми кишвар ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт иборат мебошад. Барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 (минбаъд - СМР)-ро қабул намуд. Яке аз самтҳои асосҳ дар доираи СМР - рушди идоракунии маъмурию ҳудудӣ ва ташаккули низоми худидоракунии мукаммали маҳаллӣ муайян карда шудааст.

17. Аз СМР Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 (минбаъд - СБСНМТ) сарчашма мегирад. Аз миёни самтҳои асосии стратегии такмили рушди соҳаи идоракунии бахши давлатӣ дар СБСНМТ ҳамчунин рушди масъалаҳои идоракунии минтақавӣ ва баланд бардоштани нерўи мақомоти маҳаллӣ ва низоми мақомоти худидоракунӣ дар шаҳрак ва деҳот пешбинӣ шудааст.

18. Асоси методологӣ барои гузаронидани ислоҳот дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ барои давраи то соли 2015 мебошад, ки дар он роҳҳои умумии ислоҳоти идоракунии бахши давлатӣ муайян шудаанд.

19. Дар баробари ҳуҶҶатҳои номбаршуда асосҳои ҳуқуқии такмили идоракунии рушди маҳалро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қонунҳои дигари соҳавӣ ташкил медиҳанд, ки дар онҳо вазифаҳои мақомоти идоракунии маҳаллӣ муайян гардидаанд.

20. Таҳлили асосҳои меъёрии ҳуқуқии низоми идоракунии маҳал нишон дод, ки баъзе муқаррароти қонунҳои дар боло зикргардида ҳоло амалӣ намешаванд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани заминаи ҳуқуқӣ гузаронидани таҳлили системавӣ оид ба муайянсозии фаъол будани меъёрҳои пешбинишуда ва амалкунанда, мутобиқсозии қонунгузории Ҷории соҳаи идоракунии маҳаллӣ бо дигар қонунҳои соҳавӣ, ки дар онҳо вазифаҳои мақомоти идоракунии маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ муайян гардидаанд, инчунин таҶдиди назари низоми санадҳои зерқонунӣ дар соҳаи идоракунии маҳаллӣ зарур аст.

4. Вазифаҳо барои такмили идоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

21. Барои татбиқи бомуваффақияти тадбирҳои пешбинишаванда, ки дар банди 1 Консепсияи мазкур ифода ёфтаанд, ҳалли масъалаҳои зайл пешниҳод шудааст:

- таъсиси механизмҳои ҳамоҳангсоз барои татбиқи Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ, аз ҷумла Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гузаронидани таҳлили маҷмўӣ оид ба ҷамъбасти функсияҳои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи маҳал ва дар асоси таҳлили гузаронидашуда ҷудо намудани функсияҳои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ки аз нигоҳи самаранокии иқтисодӣ иҷрои онҳо дар сатҳи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мумкин бошад;

- гузаронидани таҳлили функсияҳои мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ ва аз онҳо ҷудо намудани функсияҳое, ки дар марҳилаи минбаъдаи ислоҳоти идоракунии маҳал метавонанд ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ вогузор карда шаванд;

- гузаронидани таҳлили ҳуқуқии тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи низоми идоракунии маҳаллии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, инчунин масъалаҳои банақшагирӣ ва татбиқи барномаҳо ва нақшаҳо ҷиҳати муайян сохтани мухолифат байни онҳо ва таҳияи пешниҳодот барои ворид намудани таҷйиру иловаҳо ба санадҳои мазкур;

- гузаронидани таҳлили муназзами системаи мавҷудаи андоз ва сиёсати буҷетӣ бо мақсади муайян намудани манбаъҳои дастгирии молиявии функсияҳои идоракунии давлатӣ дар сатҳи маҳал ва худидоракунии маҳаллӣ;

- таъсиси усули мувофиқи муносибатҳои байнибуҷетӣ, ки аз тақсимоти функсияҳо байни сатҳҳои идоракунии давлатӣ бармеоянд;

- гузаронидани таҳлили асоснокии иқтисодӣ ва функсионалии тақсимоти мавҷудаи маъмурию ҳудудӣ;

- таҳлили системаи мавҷудаи назорати хизматии мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти марказии давлатӣ ва таҳияи пешниҳодот оид ба такмили он;

- омўзиши корҳои анҷомдодаи ташкилотҳои мададрасон дар самти такмили идоракунии маҳаллӣ ва истифодаи маълумоти мазкур дар ҷараёни такмили идоракунии маҳаллӣ;

- оғози таҳияи барномаи омодасозии кадрҳои (менеҷерҳои) идоракунанда дар сатҳи маҳаллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо ин мақсад истифодаи имконоти васеи барномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва рушди ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигар кишварҳо;

- аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудани барномаи бозомўзии роҳбарони мақомоти идоракунии маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро доир ба тавзеҳи принсипҳои такмили идоракунии маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, инчунин омўзиши усулҳои муосири роҳбарии мақомоти идоракунии маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ.

 

5. Механизм ва марҳилаҳои асосии татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал

22. Низоми идоракунии раванди ислоҳот, ки ба такмили системаи идоракунии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои давраи то соли 2030 нигаронида шудааст, бояд ноил шудан ба ҳадафҳо, самарабахшии гузаронидани ҳамаи чорабиниҳо, инчунин устувории дарозмўҳлати натиҷаҳои бадастомадаро таъмин намояд. Бо ин мақсад механизми идоракунӣ бояд дар асоси татбиқи чорабиниҳо, бо дарназардошти барнома ва нақшаҳои мувофиқа ва тасдиқгардида, нишондиҳандаҳои миқдории ноил шудан ба мақсад, назорати мутамаркази сифати идоракунии чорабиниҳои ислоҳот созмон дода шавад.

23. Барои татбиқи ислоҳот дар соҳаи идоракунии маъмурию ҳудудӣ бояд Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори масъул таъин карда шавад, ки амалҳои мувофиқашудаи мақомоти марказии иҶроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳамкории муштарак бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин ташкилотҳои манфиатдор ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо доир ба ислоҳоти системаи идоракунии маҳаллӣ таъмин менамоянд.

24. Дар марҳилаи аввали ислоҳот (солҳои 2015-2020) ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи мазкурро тасдиқ намуда, лоиҳаи Стратегияи ислоҳоти идоракунии маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

25. Тартиби ҳавасмандгардонии фаъолият оид ба ҷорӣ намудани стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ ва регламентҳои маъмурӣ бояд муайян карда шуда, бо мақсади тақсими дақиқи ўҳдадориҳои функсионалӣ байни сатҳҳои идоракунӣ ва ба онҳо интиқол додани ваколатҳои муносиб корҳои вобаста ба таҳияи Феҳристи функсия ва хизматрасониҳои давлатӣ ба охир расонида шаванд. Ҳамчунин зарур аст, нақшаи мушаххассозии зина ба зинаи ваколатҳо, функсияҳо ва сарчашмаҳои маблағгузории байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия карда шавад, ки дар он натиҷаҳои таҳлилҳои функсионалӣ, тағйирот дар сохтори дастгоҳҳои марказӣ ва воҳидҳои ҳудудии мақомоти иҷроия, инчунин натиҷаҳои лоиҳаҳои пилотӣ дар соҳаи тақсимоти ваколатҳо ба инобат гирифта мешавад.

26. Дар марҳилаи дуюми ислоҳот (солҳои 2020-2025) бо мақсади ташаккули худидоракунии маҳаллӣ, ки қодир аст ба аҳолӣ хизматрасонии хушсифатро пешкаш намояд, дар сатҳи қонунгузорӣ ва институтсионалӣ оид ба рушди мустақилияти молиявии худидоракунии маҳаллӣ вобаста ба татбиқи функсияҳои ба зиммаашон вогузоргардида, бо муайян намудани моликияти худидоракунии маҳаллӣ ва мутобиқан вобаста намудани ҳуқуқи моликият бояд тадбирҳо андешида шавад.

27. Иловатан, дар дурнамои миёнамўҳлат бояд вобаста ба самтҳои зайл тадбирҳо андешида шаванд:

- таҳкими нерўи мақомоти идоракунии давлатӣ ва мақомоти худидоракунӣ доир ба масъалаҳои маъмурият ва идоракунӣ тавассути таълим ва бозомўзии ҳайати кадрии онҳо;

- баланд бардоштани самарабахшии ҳамкории мутақобилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин афзун намудани шаффофияти фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- таҷдиди системаи таъминоти иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тавассути ҷорӣ намудани унсурҳои ҳукумати электронӣ;

- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳияи заминаи методӣ барои такмили системаи мавҷудаи назорат, раванди хариди давлатӣ дар сатҳи маҳал, механизми маблағгузории равандҳои маъмурию идоракунӣ аз ҳисоби манбаъҳои беруна (аутсорсинг);

- таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои таҷрибавӣ дар соҳаи тақсимоти ваколатҳо байни сатҳҳои ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва лоиҳаҳои таҷрибавӣ оид ба ҷорӣ намудани стандартҳои хизматрасониҳои давлатию маҳаллӣ ба аҳоли дар сатҳи минтақавӣ;

- таъсиси системаи мониторинг вобаста ба амалишавии ҳамин Консепсия;

- мутаносибгардонии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои аксуламал нисбат ба коррупсия дар соҳаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

28. Инчунин бо мақсади тақсимоти дақиқ ва ба тартиб даровардани ваколатҳо оид ба масъалаҳои ташаккулёбии қисми даромад ва хароҷоти маблағҳои буҷетӣ дар сатҳи маҳал бояд маблағгузории мақомоти маҳаллӣ мутобиқ ба ўҳдадориҳои функсионалии онҳо таъмин карда шавад.

29. Дар марҳилаи сеюми ислоҳот (солҳои 2025-2030) бояд тақсимоти маъмурию ҳудудӣ мутобиқи азнавтақсимкунии функсияҳо ба тартиб дароварда шуда, меъёрҳои тақсимоти маъмурию ҳудудӣ ва муносибатҳои мутақобилаи байни сатҳҳои идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ муайян карда шаванд.

30. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба такмили низоми идоракунии рушди маҳал аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатӣ пешбинигардида бо ҷалби кўмаки молиявӣ ва машваратию техникии ташкилотҳои мададрасон амалӣ карда мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3 (1 овоз)