ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 25/01/2021 - 12:58
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
КОДЕКС
Рақам: 
975
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
22.07.2013
КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.502; с.2014, №3, мод.145, №7, қ.1, мод.391, №11, мод.644; с.2015, №3, мод.202, №7-9, мод.709, мод.710, мод.711, №11, мод.956, №12, қ.1, мод.1109; с.2016, №3, мод.133, №7, мод.615; с.2017, №5, қ.1, мод.276; с.2018, №1, мод.8, №5, мод.270, мод.271; с.2020, №1, мод.7, №79, мод.601, мод.605, мод.622, №12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, №1-2, мод. 4; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2021, №1774, №1775)
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1070, аз 26.07.2014 № 1094, аз 27.11.2014 № 1135, аз 18.03.2015 № 1180, аз 8.08.2015 № 1221№ 1222, № 1223, аз 23.11.2015 № 1235, аз 25.12.2015 № 1263, аз 15.03.2016 № 1280, аз 23.07.2016 № 1337, аз 30.05.2017 № 1419, аз 2.01.2018 № 1476, аз 17.05.2018 № 1519, № 1520, аз 2.01.2020 № 1660, 04.07.2020 № 1695, аз 04.07.2020 № 1699, аз 07.08.2020 № 1716, аз 17.12.2020 № 1728, 1729, аз 29.01.2021 № 1754, аз 20.04.2021 № 1774, 1775, аз 25.06.2021 № 1786, аз 23.12.2021 №1816, аз 18.03.2022 № 1858№ 1859№ 1860, аз 24.12.2022 № 1929, аз 15.03.2023 № 1951, аз 22.06.2023 № 1972, аз 03.01.2024 № 2020, № 2021)
ҚИСМИ I. ҚИСМИ УМУМӢ
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
Моддаи 2. Вазифаҳои қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Вазифаҳои қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз инҳо иборатанд:
- муқаррар кардани тартиби барасмиятдарорӣ ва пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ҳимояи манфиатҳои қонунии ҷамъият, давлат ва ташкилотҳо, ки аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зарар дидаанд;
- ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда;
- таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд ва мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор);
- риояи меъёрҳои мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми татбиқи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- кафолати ҳимояи манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва шахсони дигар;
- муқаррар кардани тартиби иҷрои қарорҳо оид ба татбиқи ҷазои маъмурӣ ва санадҳо оид ба татбиқи чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.
2. Мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, эҳтироми қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини баррасии одилонаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд ва мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) равона карда шудааст.
Моддаи 3. Амали Кодекси мазкур дар макон
1. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мувофиқи Кодекси мазкур сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
2. Муқаррароти Кодекси мазкур, инчунин ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба ҳуқуқвайронкуниҳое татбиқ мегарданд, ки дар ҳавопаймо, киштиҳои баҳрӣ ва дарёӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обҳои кушод ё фазои ҳавоӣ таҳти парчам ё нишонаи фарқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд, содир шудаанд.
3. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии давлати хориҷӣ аз тарафи мақомоти тафтишот ва судҳои давлати хориҷӣ ва ё бо супориши онҳо аз тарафи мақомоти дахлдор дар ҳолате татбиқ мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, пешбинӣ шуда бошад.
Моддаи 4. Амали Кодекси мазкур дар замон
Пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси қонуне анҷом дода мешавад, ки дар вақти пешбурди парвандаи мазкур амал мекунад.
Моддаи 5. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Кодекси мазкур истифода шудаанд:
- иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ - мақомот ва шахсоне, ки таъқиби маъмуриро анҷом медиҳанд, инчунин шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад (ҷабрдида, намояндаи қонунӣ ва намоянда, ҳимоятгар), инчунин прокурор, коршинос (эксперт), мутахассис, шоҳид, шахси холис, тарҷумон;
- намояндагони қонунӣ - падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, васиён, парасторони шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад ё ҷабрдида;
- намояндаи шахси ҳуқуқӣ - корманди корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар асоси ваколатнома ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ баромад мекунад;
- мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) - мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ки мутобиқи Кодекси мазкур парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро пешбурд ва баррасӣ менамоянд;
- прокурор - Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовинони онҳо, сардорони раёсатҳо (шӯъбаҳо) ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генералӣ, прокурорҳои калон ва прокурорҳои раёсатҳо (шӯъбаҳо), ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои калон ва прокурорҳои шӯъбаҳои прокуратураҳои вилоятҳо ва ба онҳо баробаркардашуда, прокурорҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо, ҳарбии гарнизонҳо, назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ, муовинон, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни онҳо, ки дар доираи салоҳияташон фаъолият мекунанд;
- раисикунанда - судяе, ки дар маҷлиси суд ҳангоми дастаҷамъона ё танҳо баррасӣ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ раисӣ мекунад;
- суд - мақомоти ҳокимияти судӣ, ки ба низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буда, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба таври дастаҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунад (Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе);
- суди марҳилаи якум - суде, ки ваколати моҳиятан баррасӣ ва қабул кардани қарори нахустини судиро оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дорад;
- суди марҳилаи кассатсионӣ - суде, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз рӯи шикоят ва эътироз нисбат ба таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдонакардаи суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад;
- суди марҳилаи назоратӣ - суде, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз рӯи шикоят, эътироз нисбат ба қарор ва ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи суди марҳилаи якум ва ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ баррасӣ менамояд;
- судя - шахси мансабдоре, ки барои амалӣ намудани адолати судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ё интихоб гардидааст;
- қарор - санаде, ки аз ҷониби суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур қабул карда шудааст;
- таъинот - санади судие, ки суди марҳилаи якум дар ҷараёни мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баровардааст, инчунин санаде, ки судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ, ғайр аз раёсати судҳо дар вақти аз нав баррасӣ намудани санадҳои эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд қабул кардаанд;
- таъқиби маъмурӣ - фаъолияти мурофиавие, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) бо мақсади муайян кардани кирдори бо Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда ва шахсе, ки онро содир кардааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани ӯ, ҳамчунин барои таъмин кардани татбиқи ҷазо ва ё дигар чораҳои маҷбурӣ нисбат ба чунин шахс анҷом медиҳанд;
- хешовандони наздик - падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, бародарон ва хоҳарон, бобо, бибӣ (модаркалон), набера, инчунин ҳамсар;
- ҳимоятгар (намоянда) - шахсест, ки ҳангоми пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркардаро (ҷабрдидаро) ҳифз намуда, бо ҳар восита ва усули манънакардаи қонун ёрии ҳуқуқӣ мерасонад.
Моддаи 6. Пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) вазифадоранд оид ба пешгирӣ, ошкор ва бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат менамоянд, инчунин дар рӯҳияи шуурнокӣ ва масъулиятнокӣ, риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо тарбия кардани шаҳрвандон чораҳо андешанд.
БОБИ 2. ПРИНСИПҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 7. Принсипҳои қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- қонуният;
- ҳифзи судии ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс;
- баробарӣ дар назди қонун ва суд;
- ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ;
- таъмини амният ҳангоми барасмиятдарорӣ ва пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- ошкоро будани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- ёрии ҳуқуқӣ дар пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- эҳтимолияти бегуноҳӣ;
- амалӣ кардани адолати судӣ;
- мустақилияти судяҳо;
- забони пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.
Моддаи 8. Принсипи қонуният
1. Суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) дар вақти пешбурд ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вазифадоранд меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, дақиқ ва якхела татбиқ намоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
2. Агар суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) дар вақти баррасии парванда муайян кунанд, ки меъёри татбиқшавандаи қонунгузорӣ ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсро халалдор ва ё маҳдуд мекунад, ӯҳдадоранд пешбурди парвандаро боздошта, ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқатии ин меъёр ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Пас аз гирифтани қарори Суди конститутсионӣ пешбурди парванда аз нав оғоз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
Моддаи 9. Ҳифзи судии ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс
1. Ба ҳар шахс ҳифзи судии ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонуниаш кафолат дода мешавад. Ҳар шахс метавонад оид ба ҳимоя кардани ҳуқуқҳои вайронгаштааш ба суд муроҷиат намояд ва ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.
2. Суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) вазифадоранд ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро таъмин намоянд, ҷиҳати татбиқи онҳо шароит муҳайё созанд, барои қонеъ кардани талабу дархостҳои қонунии онҳо чораандешӣ кунанд.
3. Дар сурати бо амали ғайриқонунии суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) расонидани зарари моддӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) оид ба пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вазифадоранд барои талофии он чораҳо андешанд.
4. Товони зараре, ки ба шахс ҳангоми пешбурд ва баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар натиҷаи риоя накардани ҳуқуқу озодиҳои ӯ расонида шудааст, тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнида мешавад.
Моддаи 10. Баробарӣ дар назди қонун ва суд
Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Моддаи 11. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ
1. Ҳангоми пешбурд ва баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амал ва қабули қароре, ки шаъну шараф ё эътибори кориро паст мезананд, инчунин ба ҳаёт ва саломатии иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳдид менамоянд, манъ аст.
2. Зарари маънавие, ки ҳангоми пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахс аз ҳаракатҳои ғайриқонунии судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) расонида шудааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 12. Таъмини амният ҳангоми барасмиятдарорӣ ва пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Ҳангоми мавҷуд будани маълумоти кофӣ дар бораи он ки ба иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин хешовандони наздики онҳо бо куштор, зӯроварӣ, несту нобуд кардан ё зарар расонидан ба молу мулк ё дигар амали ғайриқонунии хавфнок таҳдид мекунанд, судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) дар ҷараёни барасмиятдарорӣ ва пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ӯҳдадоранд дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф ва молу мулки ин шахсон чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро андешанд.
Моддаи 13. Ошкоро будани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври ошкоро гузаронида мешавад.
2. Муҳокима дар маҷлиси пӯшидаи судӣ оид ба парвандаҳои дорои маълумоти сирри давлатӣ, инчунин оид ба дигар парвандаҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, гузаронида мешавад. Муҳокима дар маҷлиси пӯшидаи судӣ, инчунин ҳангоми қонеъ кардани дархости шахсони иштирокчии парванда, ки ба зарурати нигоҳ доштани сирри тиҷоратӣ ё дигар сирре, ки қонун ҳифз менамояд, ишора мекунанд, ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ё дигар ҳолатҳое, ки ошкоро муҳокима кардани онҳо барои баррасии дурусти парванда халал мерасонанд ва ё боиси ифшои сирри зикршуда ё вайрон шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсон мегарданд, имконпазир аст.
3. Шахсони иштирокчии парванда ва шахсони дар маҷлиси кушодаи судӣ ҳузурдошта ҳуқуқ доранд дар шакли хаттӣ ё тариқи воситаҳои аудиоӣ ҷараёни муҳокимаи судиро аз ҷои нишаст сабт кунанд. Истифодаи воситаҳои суратгирӣ, сабти аудио, видео, пахши ҷараёни маҷлиси судӣ тариқи радио ва телевизион танҳо бо иҷозати судя роҳ дода мешавад. Вақти иҷрои ин амалҳоро раисикунанда метавонад маҳдуд намояд. Ин амалҳо набояд ба рафти мурофиаи судӣ халал расонанд.
Моддаи 14. Ёрии ҳуқуқӣ дар пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Ҳар шахс ҳуқуқ дорад, дар рафти пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ёрии ҳуқуқӣ истифода намояд.
Моддаи 15. Эҳтимолияти бегуноҳӣ
1. Шахси воқеӣ, соҳибкори инфиродӣ, шахси мансабдор ё ҳуқуқие, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, то гуноҳаш дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур исбот нагардад ва бо қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки дар доираи салоҳияти худ парвандаро баррасӣ кардаанд, муқаррар карда нашавад, бегуноҳ дониста мешавад.
2. Шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, ӯҳдадор нест, ки бегуноҳии худро исбот намояд.
3. Шубҳаҳои бартарафнашаванда дар хусуси гунаҳгор будани шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, ба манфиати ӯ маънидод карда мешаванд.
Моддаи 16. Амалӣ кардани адолати судӣ
1. Салоҳияти суд тибқи тартиби дар Кодекси мазкур пешбинишуда амалӣ карда мешавад ва худсарона дигар намудани он мумкин нест.
2. Қарори суд аз рӯи парвандае, ки бо вайронкунии тобеият баррасӣ шудааст, ё бо баромадан аз ҳадди ваколатҳо ва ё бе назардошти меъёрҳои Кодекси мазкур қабул шудааст ва боиси вайрон гаштани принсипҳои дар боби мазкур зикргардида гаштааст, ғайриқонунӣ буда, бекор карда мешавад.
3. Қарори суд мутобиқи меъёрҳои Кодекси мазкур аз тарафи суди болоӣ аз нав баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 17. Мустақилияти судяҳо
1. Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд.
2. Дахолат ба фаъолияти судяҳо манъ аст.
Моддаи 18. Забони пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба забони давлатӣ баргузор мегардад.
2. Иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки забони мурофиаро намедонанд, ҳуқуқи ба забони модариашон ё забони дигаре, ки онро медонанд, арз кардан, баёнот додан, изҳори дархост кардан, шинос шудан бо маводи парвандаро дошта, бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур ба онҳо хизматрасонии тарҷумон таъмин карда мешавад.
3. Ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, ки мутобиқи Кодекси мазкур ба иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки ин ҳуҷҷатҳоро таҳия намудаанд, дода мешаванд, ба таври дахлдор тасдиқ карда шуда, бояд ба забоне, ки онҳо медонанд, тарҷума шуда бошанд.
ФАСЛИ II. ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ
БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
Моддаи 19. Муқаррароти умумӣ оид ба пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва вазифаҳои он
1. Пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва баррасии онҳо аз ҷониби судяҳо, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколат доранд, мутобиқи Кодекси мазкур амалӣ карда мешаванд.
2. Пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 87 Кодекси мазкур, бояд на дертар аз даҳ шабонарӯзи оғоз кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ анҷом дода шавад.
3. Вазифаҳои пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҳалли парванда тибқи қонунгузорӣ, андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат менамоянд, дар рӯҳияи риояи қонунҳо тарбия намудани шаҳрвандон ва таҳкими қонуният иборат мебошанд.
Моддаи 20. Ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро истисно менамоянд
Дар ҳолатҳои зерин пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда намешавад ё пешбурди парвандаҳои оғозгардида қатъ карда мешавад:
- набудани ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- набудани аломатҳои таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла дар лаҳзаи содир намудани кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқӣ ба синни ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан, ки Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, нарасидани шахси воқеӣ ё номукаллафии шахси воқеие, ки чунин кирдорро содир намудааст;
- дар ҳолати зарурати ниҳоӣ содир шудани кирдори (амал ё беамалии) шахс;
- қабул шудани санади авф, ки он татбиқи ҷазои маъмуриро бартараф менамояд;
- аз эътибор соқит донистани қонуне, ки ҷавобгарии маъмуриро муқаррар намудааст;
- гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан;
- доир ба ҳамон як кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқӣ аз ҷониби шахсе, ки нисбати ӯ пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ анҷом дода мешавад, мавҷуд будани қарори судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ ё қарори қатъ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ;
- фавти шахси воқеӣ ё шахси мансабдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамуда;
- барҳам хӯрдани шахси ҳуқуқӣ.
Моддаи 21. Баррасии ошкорои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври ошкоро баррасӣ карда мешавад.
2. Бо мақсади баланд бардоштани нақши тарбиявии пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мумкин аст бевосита дар ҷойи кор, таҳсил ё истиқомати шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, баррасӣ карда шавад.
Моддаи 22. Дархостҳо
1. Иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуқуқ доранд ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ дархостҳо намоянд ва ин дархостҳо аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдоре), ки парвандаи мазкур дар пешбурди онҳо қарор дорад, бояд ҳатман баррасӣ карда шаванд.
2. Аз натиҷаи баррасии дархост бояд қарор дар бораи рад кардан ё қонеъ гардонидани он аз ҷониби судя дар шакли таъинот ва аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) дар шакли қарор қабул карда шавад.
Моддаи 23. Хароҷот вобаста ба пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Хароҷот вобаста ба пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз инҳо иборатанд:
- маблағҳои ба шоҳидон, шахсони холис, мутахассисон, коршиносон (экспертҳо) ва тарҷумонҳо пардохтшаванда;
- маблағҳои барои нигоҳдорӣ, интиқол (таҳвил) ва таҳқиқи далелҳои шайъӣ харҷшуда.
2. Дар ҳолатҳои бо Кодекси мазкур пешбинишуда хароҷот вобаста ба пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахси воқеӣ аз ҳисоби шахси воқеӣ пардохт карда мешавад.
3. Хароҷот вобаста ба пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахси ҳуқуқӣ, ба истиснои маблағҳои ба тарҷумон пардохтгардида аз ҳисоби шахси ҳуқуқӣ рӯёнида мешавад. Маблағҳое, ки ба тарҷумон вобаста ба баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахси ҳуқуқӣ пардохт шудааст, аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд.
4. Хароҷот вобаста ба пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми қатъ гардидани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати онҳо дар ҳолатҳои дар Кодекси мазкур пешбинигардида аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
5. Андозаи хароҷот вобаста ба пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои ба парванда ҳамроҳ кардашуда, ки мавҷудият ва ҳаҷми масрафҳои ба хароҷот нисбатдодашударо тасдиқ мекунанд муайян карда мешавад.
6. Ҳалли масъалаҳои хароҷот вобаста ба пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қарор дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ ё қатъ кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нишон дода мешавад.
Моддаи 24. Супоридани мавод ба прокуратура
Агар ҳангоми баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ба хулоса оянд, ки дар кирдори шахсе, ки кирдори зиддиҳуқуқӣ содир кардааст, аломатҳои таркиби ҷиноят мавҷуд мебошанд, онҳо пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қатъ карда, маводро ба прокуратураи маҳалли содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ месупоранд.
Моддаи 25. Баҳисобгирии мӯҳлат
1. Мӯҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бо соат, шабонарӯз, моҳ ва сол ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар ҳисоби мӯҳлат соат ва рӯзе, ки ҷараёни мӯҳлат оғоз мегардад, ба ҳисоб гирифта намешавад. Ин қоида ба ҳисоби мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ дахл надорад. Ба ҳисоби мӯҳлат, инчунин вақти ғайрикорӣ низ зам карда мешавад.
2. Дар ҳисоби мӯҳлат бо моҳ ё сол, мӯҳлат дар рӯзи дахлдори моҳи охирин хотима меёбад, агар ин моҳ санаи дахлдор надошта бошад, мӯҳлат дар рӯзи охирини ҳамин моҳ ба охир мерасад. Агар хатми мӯҳлат ба рӯзи ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи охирини мӯҳлат рӯзи якуми кории баъди он рӯз фарорасида ба ҳисоб меравад, ба ғайр аз ҳолатҳои ҳисоби мӯҳлат ҳангоми дастгиркунии маъмурӣ ва ба ҳабси маъмурӣ гирифтан.
3. Ҳангоми дастгиркунии маъмурӣ мӯҳлат аз лаҳзаи татбиқи воқеии ин чора ба ҳисоб гирифта мешавад.
4. Мӯҳлат гузаронидашуда ба ҳисоб намеравад, ба шарте ки шикоят ё дигар санад то гузаштани мӯҳлат дар почта ва барои шахсони ба ҳабси маъмурӣ гирифташуда бошад, то гузаштани мӯҳлат ба маъмурияти маҳалли иҷрои ҳабси маъмурӣ супорида шуда бошанд. Вақти супоридани шикоят ё дигар ҳуҷҷатҳо ба почта аз рӯи мӯҳри почта ва вақти супоридани он ба маъмурияти маҳалли иҷрои ҳабси маъмурӣ тибқи сабти коргузорӣ ё шахси мансабдори ин муассисаҳо муайян карда мешавад.
5. Аз ҷониби шахси мансабдор риоя кардани мӯҳлати муайяншуда бо сабти дахлдор дар ҳуҷҷати мурофиавӣ тасдиқ карда мешавад. Гирифтани ҳуҷҷат, ки бояд ба иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ супорида шавад, бо забонхати ба парванда ҳамроҳгардидаи онҳо тасдиқ мегардад.
БОБИ 4. ҲУҚУҚУ ӮҲДАДОРИҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ПАРВАНДАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ
Моддаи 26. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад
1. Шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, ҳуқуқ дорад бо ҳамаи маводи парванда шинос шавад, баёнот диҳад, далелҳо оварад, дархост ва раддия изҳор намояд, аз ёрии ҳуқуқии ҳимоятгар истифода барад, бо забони модариаш сухан кунад, ҳангоми надонистани забони пешбурди парванда аз хизмати тарҷумон истифода барад, аз болои қарори қабулшуда шикоят намояд, инчунин тибқи Кодекси мазкур аз дигар ҳуқуқҳои мурофиавӣ истифода барад.
2. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳузури шахсе баррасӣ карда мешавад, ки нисбати ӯ парванда пеш бурда мешавад. Дар ғоибии ин шахс парванда танҳо ба шарте баррасӣ мегардад, ки агар дар бораи ба таври дахлдор ва саривақт хабардор карда шудани ин шахс оид ба маҳал ва вақти баррасии парванда маълумот мавҷуд бошад ва аз ҷониби ин шахс дар бораи мавқуф гузоштани баррасии парванда дархост пешниҳод нашуда бошад ё чунин дархост рад карда шуда бошад.
3. Судя, мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) баррасикунандаи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуқуқ доранд иштироки ҳатмии шахсеро, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, ҳангоми баррасии парванда зарур шуморанд. Ҳангоми баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки барои содир кардани он ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабси маъмурӣ ё бо роҳи маъмурӣ берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, иштироки шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
4. Ҳангоми саркашӣ кардани шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст, аз ҳозир шудан бо даъвати судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) мутобиқи Кодекси мазкур чораи маҷбуран овардани ӯ татбиқ карда мешавад.
Моддаи 27. Намояндагони қонунӣ
1. Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахси воқеӣ, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад ё намояндаи қонунии шахси воқеии ҷабрдида, ки ноболиғ мебошад ё бинобар вазъи ҷисмонӣ ё рӯҳӣ имконияти мустақилона амалӣ намудани ҳуқуқҳои худро надорад, аз тарафи намояндагони қонунии ӯ анҷом дода мешавад.
2. Муносибати хешовандӣ ё ваколати дахлдори шахсоне, ки намояндагони қонунии шахси воқеӣ мебошанд, бо ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Намояндагони қонунии шахси воқеӣ ва ҷабрдида дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тибқи Кодекси мазкур пешбинишудаи шахсоне мебошанд, ки ба сифати намояндаи онҳо амал мекунанд.
4. Ҳангоми баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки аз ҷониби ноболиғ содир шудааст, иштироки намояндаи қонунии ӯ ҳатмист. Дар сурати саркашӣ кардани намояндаи қонунии ноболиғ аз ҳозиршавӣ мумкин аст ӯ мутобиқи Кодекси мазкур маҷбуран оварда шавад.
Моддаи 28. Намояндагони шахси ҳуқуқӣ
1. Ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад ё шахси ҳуқуқие, ки ҷабрдида эътироф шудааст аз тарафи намояндагони онҳо ҳимоя карда мешаванд.
2. Намояндагони шахси ҳуқуқӣ мутобиқи Кодекси мазкур роҳбари он, инчунин дигар шахсе мебошад, ки мутобиқи қонун ё ҳуҷҷатҳои таъсисӣ мақоми шахси ҳуқуқӣ эътироф гардидааст. Ваколати намояндаи шахси ҳуқуқӣ бо ҳуҷҷатҳои собиткунандаи вазъи хизматии ӯ тасдиқ карда мешавад.
3. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шахси ҳуқуқие, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст бо иштироки намоянда ва ё ҳимоятгари ӯ баррасӣ карда мешавад. Дар ғоибии ин шахсон баррасӣ кардани парванда танҳо дар сурате мумкин аст, ки дар бораи огоҳии саривақтӣ ва дахлдори ин шахсон доир ба маҳал ва вақти баррасии парванда маълумот мавҷуд бошад ё онҳо дар бораи мавқуф гузоштани баррасии парванда дархост пешниҳод накарда бошанд ва ё чунин дархост рад карда шуда бошад.
4. Ҳангоми баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шахси ҳуқуқие, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки ин парванда дар баррасии онҳо мебошад, ҳуқуқ доранд иштироки ҳатмии намояндаи шахси ҳуқуқиро зарур шуморанд.
5. Ҳангоми аз ҳозир шудан саркашӣ кардани намояндаи шахси ҳуқуқӣ ӯ дар асоси таъиноти судя, қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки дар пешбурди онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор дорад, мувофиқи Кодекси мазкур аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ маҷбуран оварда мешавад.
Моддаи 29. Ҳимоятгар ва намоянда
1. Дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, мумкин аст, ҳимоятгар ва барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ҷабрдида намоянда иштирок намояд.
2. Ба сифати ҳимоятгар ё намоянда барои иштирок дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳимоятгар ё шахси дигар рухсат дода мешавад.
3. Ваколати ҳимоятгар ё шахси дигар, ки ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
4. Ба ҳимоятгар ва намоянда барои иштирок дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз лаҳзаи тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иҷозат дода мешавад. Ҳангоми дастгиркунии маъмурии шахси воқеӣ бинобар содир гардидани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҳимоятгар барои иштирок дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз лаҳзаи дастгиркунии маъмурӣ иҷозат дода мешавад.
5. Ҳимоятгар ва намоянда, ки барои иштирок дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иҷозат дода шудааст, ҳуқуқ доранд бо ҳамаи маводи парванда шинос шаванд, далелҳо пешниҳод кунанд, дархост ва раддия изҳор намоянд, дар баррасии парванда иштирок намоянд, нисбат ба татбиқи чораҳои таъминкунии пешбурди парванда шикоят намоянд ва мутобиқи Кодекси мазкур аз дигар ҳуқуқҳои мурофиавӣ истифода баранд.
6. Иштироки ҳимоятгар дар пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳатмист, агар:
- дар ин бора шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, дархост пешниҳод кунад;
- шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, ноболиғ бошад;
- шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, бинобар камбудиҳои ҷисмонию рӯҳӣ ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда натавонад;
- шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, забони пешбурди мурофиаро надонад.
7. Ҳуқуқшиноси давлатӣ ҳуқуқ дорад ба сифати ҳимоятгар дар пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони зерин иштирок намояд:
- ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
- шахсе, ки бинобар камбудиҳои ҷисмонию рӯҳӣ доштан ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонад.
8. Ҳуқуқшиноси давлатӣ дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" иштирок менамояд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1695).
Моддаи 29(1). Пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгар аз ҳисоби давлат
1. Пардохти ҳаққи хизмати адвокате, ки ба сифати ҳимоятгар иштирок менамояд, аз ҳисоби давлат ба шахсони зерин кафолат дода мешавад:
- шахсе, ки имконияти пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгарро надошта, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад;
- ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
- шахсе, ки бинобар камбудиҳои ҷисмонию рӯҳӣ доштан ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонад;
- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ,ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1695).
Моддаи 30. Ҷабрдида
1. Ҷабрдида шахси воқеӣ ё ҳуқуқие дониста мешавад, ки ба вай дар натиҷаи содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зарари ҷисмонӣ, моддӣ ё маънавӣ расонида шудааст.
2. Ҷабрдида ҳуқуқ дорад, мутобиқи Кодекси мазкур бо ҳамаи маводи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шинос шавад, баёнот диҳад, далелҳо пешниҳод кунад, дархост ва раддия изҳор намояд, аз ёрии ҳуқуқӣ истифода барад, ба қарори қабулшуда шикоят намояд ва аз дигар ҳуқуқҳои мурофиавӣ истифода барад.
3. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо иштироки ҷабрдида баррасӣ карда мешавад. Дар ғоибии ӯ парванда, мумкин аст, танҳо ба шарте баррасӣ гардад, ки дар бораи саривақт ва ба таври дахлдор хабардор кардани ҷабрдида доир ба маҳал ва вақти баррасии парванда маълумот мавҷуд бошад ва аз ӯ дар бораи мавқуф гузоштани баррасии парванда дархост ворид нашуда бошад ё чунин дархост рад карда шуда бошад.
4. Ҷабрдида мумкин аст мутобиқи Кодекси мазкур ба сифати шоҳид пурсида шавад.
Моддаи 31. Шоҳид
1. Ба сифати шоҳид дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахсе пурсида мешавад, ки ба ӯ ягон ҳолати барои парванда аҳамиятдошта маълум аст. Агар шоҳид манбаи маълумоти баённамудаашро нишон дода натавонад, чунин маълумот далел ба ҳисоб намеравад.
2. Шоҳид ҳуқуқ дорад:
- ба муқобили худ, хешовандони наздикаш нишондод надиҳад;
- бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки онро медонад, баёнот диҳад;
- аз кӯмаки ройгони тарҷумон истифода барад;
- доир ба дурустии сабт кардани баёноти ӯ дар протокол эрод гирад.
3. Шоҳид ӯҳдадор аст бо даъвати судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди ӯ қарор дорад, дар мӯҳлати муқарраргардида ҳозир шавад ва баёноти дуруст диҳад, ҳамаи маълумотеро, ки вобаста ба парванда ба ӯ маълум аст, хабар диҳад, ба саволҳои гузошташуда ҷавоб диҳад ва бо имзояш дар протоколи дахлдор дурустии нишондоди худро тасдиқ намояд.
4. Ҳангоми пурсиши шоҳиди ноболиғи ба синни чордаҳ нарасида иштироки намояндаи қонунии ӯ, омӯзгор ё равоншинос ҳатмӣ мебошад.
5. Шоҳид огоҳ карда мешавад, ки дар сурати дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
6. Барои рад намудан ё саркашӣ кардан аз иҷрои ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 3 ҳамин модда шоҳид тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 32. Шахси холис
1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур аз ҷониби шахси мансабдори ваколатдоре, ки дар пешбурди ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор дорад, ба сифати шахси холис метавонад шахси болиғе, ки ба натиҷаи парванда манфиатдор нест, ҷалб карда шавад. Шумораи шахсони холис ҳангоми иҷрои амалҳои мурофиавӣ набояд аз ду нафар кам бошад.
2. Иштироки шахсони холис дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ҳатмӣ мебошад. Шахси холис дар протокол воқеияти дар ҳузури ӯ иҷро шудани амалҳои мурофиавӣ, мазмун ва натиҷаҳои онҳоро бо имзои худ тасдиқ мекунад.
3. Дар бораи иштироки шахсони холис дар протокол қайди дахлдор карда мешавад.
4. Шахси холис ҳуқуқ дорад доир ба ҳаракатҳои иҷрошаванда дархосту эродҳо баён намояд. Дархосту эродҳо бояд ба протокол ворид карда шаванд.
5. Ҳангоми зарурат шахси холис метавонад мутобиқи Кодекси мазкур ба сифати шоҳид пурсида шавад.
Моддаи 33. Мутахассис
1. Ба сифати мутахассис барои иштирок дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шахсе, ки ба натиҷаи парванда манфиатдор набуда, барои мусоидат дар ошкору асоснок кардан ва дарёфти далелҳо, инчунин истифодаи воситаҳои техникӣ, дорои донишу таҷрибаи махсус мебошад, метавонад ҷалб карда шавад.
2. Мутахассис ҳуқуқ дорад:
- бо маводҳои парванда дар қисме, ки ба ӯ зарур аст шинос шавад;
- бо иҷозати судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки дар пешбурди ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор дорад, ба шахсе, ки нисбати ӯ пешбурди ин парванда сурат мегирад, инчунин ба ҷабрдида ва шоҳидон саволҳо диҳад;
- вобаста ба амалҳои анҷомдиҳандаи худ дархостҳо баён намояд, ки онҳо бояд ба протокол ворид карда шаванд.
3. Мутахассис ӯҳдадор аст:
- бо даъвати судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки дар пешбурди ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор дорад, ҳозир шавад;
- дар иҷрои амалҳое, ки дониши махсусро тақозо мекунанд, бо мақсади ошкору асоснок кардан ва дарёфти далелҳо иштирок кунад, амалҳои аз ҷониби ӯ содиршавандаро шарҳу эзоҳ диҳад;
- бо имзои худ воқеияти иҷрои амалҳои зикргардида ва мазмуну натиҷаҳои онҳоро тасдиқ намояд.
4. Мутахассис огоҳ карда мешавад, ки дар сурати дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
5. Барои рад намудан ё саркашӣ кардан аз иҷрои ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 3 ҳамин модда мутахассис тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 34. Коршинос (эксперт)
1. Ба сифати коршинос (эксперт) - (минбаъд - коршинос) мумкин аст, шахсе, ки ба натиҷаи парванда манфиатдор нест ва дорои дониши махсус дар соҳаи илм, техника, фарҳанг, санъат, касбу ҳунар ва дигар донишҳо мебошад, ки барои гузаронидани экспертиза ва додани хулосаи экспертӣ кифоя мебошад, ҷалб гардад.
2. Коршинос ҳуқуқ дорад:
- аз додани хулоса даст кашад, ба шарте ки масъалаҳои дар назди ӯ гузошташуда аз доираи дониши махсуси ӯ берун ё маводи ба ӯ пешниҳодшуда барои додани хулоса нокифоя бошанд;
- бо маводи ба экспертиза дахлдоштаи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шинос шавад, ба ӯ пешниҳод намудани маводи иловагиро, ки барои додани хулоса заруранд, дархост намояд;
- бо иҷозати судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди ӯ қарор дорад, ба шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, ба ҷабрдида ва шоҳидон доир ба мавзӯи экспертиза саволҳои дахлдор диҳад;
- дар хулосаи худ ҳолатҳоеро, ки ҳангоми экспертиза муқаррар гардида, барои парванда аҳамият доранд, вале оид ба онҳо саволҳо гузошта нашудааст, зикр намояд;
- ҳангоми баррасии парванда иштирок намояд.
3. Коршинос ӯҳдадор аст:
- бо даъвати судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар пешбурди ӯ қарор дорад, ҳозир шавад;
- доир ба масъалаҳои дар наздаш гузошташуда хулосаи холисона ва дар бобати мазмуни хулоса шарҳу эзоҳоти зарурӣ диҳад.
4. Коршинос огоҳ карда мешавад, ки дар сурати дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
5. Барои рад намудан ё саркашӣ кардан аз иҷрои ӯҳдадориҳои дар қисми 3 ҳамин модда пешбинишуда коршинос тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 35. Тарҷумон
1. Ба сифати тарҷумон метавонад шахсе, ки ба натиҷаи парванда манфиатдор нест, забонҳоро медонад ва ё дорои қобилияти дарки ишораҳои гунгу карҳо мебошад, ки барои пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зарур мебошад, ҷалб карда шавад.
2. Тарҷумон аз тарафи судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди ӯ қарор дорад, таъин карда мешавад.
3. Тарҷумон ҳуқуқ дорад:
- бо протоколи амали тафтишӣ, ки ҳангоми пешбурди он иштирок дошт, инчунин бо протоколи маҷлиси суд шинос шавад ва ба онҳо эрод гирад, ки бояд дар протокол дарҷ шавад;
- агар ӯ дониши барои тарҷума зарурӣ надошта бошад, аз иштирок дар парванда даст кашад.
4. Тарҷумон ӯҳдадор аст:
- бо даъвати судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди ӯ қарор дорад, ҳозир шавад;
- матни ба ӯ супоридашударо пурра ва дақиқ тарҷума намояд ва бо имзои худ дурустии тарҷумаро дар протоколи дахлдор тасдиқ намояд.
5. Тарҷумон огоҳ карда мешавад, ки дар сурати дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
6. Барои рад намудан ё саркашӣ кардан аз иҷрои ӯҳдадориҳои дар қисми 4 ҳамин модда пешибинишуда тарҷумон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 36. Прокурор
1. Прокурор ҳуқуқ дорад:
- қонунӣ будани амали мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор)-ро, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, санҷад;
- аз мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) маводи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро талаб намояд;
- қарорҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор)-ро дар хусуси рад намудан аз оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бекор намуда, маводро барои санҷиши иловагӣ ирсол намояд ё парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намояд;
- қарорҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор)-ро дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бекор намуда, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қатъ намояд;
- парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оғоз намояд;
- ба санадҳои судӣ ва қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) нисбати парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, сарфи назар аз иштирок дар баррасии парванда эътироз оварад;
- аз рӯи қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки онро оғоз кардааст, инчунин нисбати ноболиғон эътироз оварад;
- дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок намояд, дархост пешниҳод кунад, доир ба масъалаҳои ҳангоми баррасии парванда бамиёномада хулоса диҳад;
- бо мақсади ҳалли ариза ва шикоятҳо ё ин ки зимни санҷиши риояи қонунҳо парвандаҳои дахлдорро, ки қарорҳои онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, талаб намояд, нисбати онҳо эътироз оварад;
- доир ба масъалаҳои татбиқи чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешниҳод намояд ё эътироз оварад;
- ваколатҳои дигареро, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, амалӣ намояд.
2. Дар бораи маҳал ва вақти баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки аз тарафи ноболиғ содир шудааст ё бо ташаббуси прокурор оғоз гардидааст, ба прокурор хабар дода мешавад.
Моддаи 37. Ҷуброни хароҷоти ҷабрдида, шоҳид, коршинос, тарҷумон ва шахсони холис
1. Ба ҷабрдида, шоҳид, коршинос, тарҷумон ва шахсони холис тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷоти ҳозиршавӣ бо даъвати судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки дар пешбурди онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор дорад, арзиши роҳкирои ин шахсон аз маҳалли истиқомат ё будубош ба ҷойи пешбурди парванда ва бозгашт, агар он бо сукунат дар маҳалли дигар вобаста бошад, арзиши кирои манзили истиқоматӣ, инчунин хароҷоти шабонарӯзӣ ҷуброн карда мешавад.
2. Шахсоне, ки оид ба пешбурди парванда ба сифати ҷабрдида, шоҳид, коршинос, тарҷумон ва шахсони холис даъват шудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон музди миёнаи ҷойи кор ба мӯҳлатҳое пардохта мешавад, ки барои ҳозир шудан ба суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, сарф намудаанд.
БОБИ 5. ҲОЛАТҲОЕ, КИ ИМКОНИЯТИ ИШТИРОКРО ДАР МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ИСТИСНО МЕКУНАНД
Моддаи 38. Ҳолатҳое, ки иштироки судя, мақомоти ваколатдори давлатиро (шахсони мансабдорро) дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд
1. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) наметавонанд дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок намоянд, агар:
- тибқи қонун барои пешбурд ва баррасии ҳамин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколатдор набошанд;
- оид ба ҳамин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷабрдида ё шоҳид бошанд;
- дар ҳамин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба сифати коршинос, мутахассис, тарҷумон, шахси холис, прокурор, котиби маҷлиси суд ва ҳимоятгар иштирок карда бошанд;
- худи онҳо, хешовандони наздикашон бевосита ё бавосита ба ҳалли парванда манфиатдор бошанд;
- ҳолатҳое мавҷуд бошанд, ки беғаразии судя, мақомоти ваколатдори давлатиро (шахсони мансабдорро) зери шубҳа гузоранд.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) вазифадоранд аз иштирок дар парванда даст кашанд.
Моддаи 39. Ҳолатҳое, ки иштироки такрории судя, мақоми ваколатдори давлатиро (шахсони мансабдорро) дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд
1. Судяе, ки дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар суди марҳилаи якум иштирок кардааст, ҳангоми баррасии ҳамон парванда ба тариқи кассатсионӣ ё назоратӣ, ҳамчунин дар сурати бекор шудани қарор (таъинот) дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандае, ки аз тарафи ӯ қабул карда шудааст, ҳамзамон ҳангоми аз нав баррасӣ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар суди марҳилаи якум иштирок карда наметавонад.
2. Судяе, ки дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок намудааст, дар баррасии ҳамон парванда дар суди марҳилаҳои якум ё назоратӣ, ҳамчунин ҳангоми аз нав баррасӣ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ баъди бекор шудани таъиноти бо иштироки ӯ баровардашуда иштирок карда наметавонад.
3. Судяе, ки дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар суди марҳилаи назоратӣ иштирок намудааст, дар баррасии ҳамон парванда дар судҳои марҳилаҳои якум ва кассатсионӣ иштирок карда наметавонад.
4. Шахсони мансабдоре, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намудаанд, пас аз бекор шудани қарори қабулкардаашон наметавонанд дар баррасии ҳамин парванда иштирок намоянд.
Моддаи 40. Рад кардани судя ва шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ
1. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 38 ва 39 Кодекси мазкур судя ва шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ вазифадоранд аз иштирок дар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст кашанд. Бо ҳамон асосҳо ба судя ва шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ аз тарафи иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, мумкин аст раддия арз карда шавад.
2. Раддия бояд асоснок карда, то оғози баррасии парванда аз ҷониби судя ё шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ арз шавад. Арзи дертари раддия танҳо дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки асоси раддия ба суд, шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ ё ба шахси изҳоркунандаи раддия пас аз оғози тафтиши судӣ аён гардида бошад. Судя, ки ба ӯ раддия арз шудааст, ҳуқуқ дорад доир ба ин масъала баёнот диҳад.
Моддаи 41. Тартиби ҳалли раддияе, ки нисбат ба судя ва шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ арз шудааст
1. Масъалаи рад кардани судя, инчунин дигар иштирокчиёни мурофиа, ки дар давраи мурофиаи судӣ арз шудааст, аз ҷониби суд тавассути баровардани таъинот дар хонаи машваратӣ ҳал карда мешавад.
2. Раддияе, ки нисбат ба яке аз судяҳо ҳангоми дастаҷамъона баррасӣ кардани парванда арз шудааст, аз тарафи судяҳои дигар дар ғоибии ӯ ҳал карда мешавад. Радшаванда ҳуқуқ дорад то ба хонаи машваратӣ даромадани суд баёноташро дар бораи раддияи ба ӯ арзшуда изҳор намояд. Ҳангоми баробар будани овозҳо низ судя рад кардашуда ҳисоб меёбад.
3. Раддияе, ки ба якчанд судя ё ҳайати пурраи суд арз шудааст, аз ҷониби ҳайати пурраи ҳамон суд бо аксарияти овозҳо ҳал карда мешавад.
4. Раддия нисбат ба судяе, ки парвандаро танҳо баррасӣ мекунад, аз ҷониби ӯ тавассути қабули қарор ҳал карда мешавад.
5. Дар баробари аз ҷониби яке аз тарафҳо нисбат ба судя, котиби маҷлиси суд, тарҷумон, коршинос, мутахассис арз шудани раддия дар навбати аввал масъалаи рад кардани судя ҳал карда мешавад.
6. Раддияе, ки ба шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ арз шудааст, аз ҷониби ӯ баррасӣ карда мешавад.
7. Дар ҳолати қонеъ намудани арзи раддия парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шикоят ё дархост барои баррасӣ ба дигар судя ё дигар шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ супорида мешавад.
Моддаи 42. Рад кардани прокурор
1. Прокурор ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 38 Кодекси мазкур вазифадор аст аз иштирок дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст кашад.
2. Агар прокурор дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок карда бошад, барои иштироки минбаъдаи ӯ дар парванда монеа шуда наметавонад.
3. Бо асосҳои пешбининамудаи моддаи 38 Кодекси мазкур ба прокурор метавонанд шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда, намояндаи қонунии ӯ, ҳимоятгар, инчунин ҷабрдида ва намояндагони ӯ раддия арз кунанд.
4. Масъалаи рад кардани прокурор ҳангоми баррасии судии парванда аз ҷониби суд ҳал карда мешавад.
Моддаи 43. Рад кардани котиби маҷлиси суд
1. Муқаррароти қисми 1 моддаи 38 Кодекси мазкур ба котиби маҷлиси суд низ дахл дорад. Иштироки қаблии ӯ дар парванда ба сифати котиби маҷлиси суд барои рад кардани ӯ асос шуда наметавонад.
2. Масъалаи рад кардани котиби маҷлиси суд аз ҷониби суд ё судяе, ки парвандаро баррасӣ менамояд, ҳал карда мешавад.
Моддаи 44. Рад кардани тарҷумон
1. Тарҷумон ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар қисми 1 моддаи 38 Кодекси мазкур пешбинигардида, ҳамчунин дар ҳолате ки бесалоҳиятии ӯ ошкор мегардад, дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок карда наметавонад.
2. Ҳангоми мавҷуд будани ин асосҳо шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда, намояндаи қонунии ӯ, ҳимоятгар, инчунин ҷабрдида ва намояндагони ӯ нисбат ба тарҷумон раддия арз карда метавонанд.
3. Дар ҳолати ошкор гардидани бесалоҳиятии тарҷумон шоҳиде, ки нишондодашро тарҷумон тарҷума кардааст, нисбат ба ӯ раддия арз карда метавонад.
4. Қаблан ба сифати тарҷумон иштирок кардани шахс дар парванда барои рад кардани ӯ асос шуда наметавонад.
5. Масъалаи рад кардани тарҷумон ҳангоми пешбурди парванда мутаносибан аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ё прокурор, дар мурофиаи судӣ аз ҷониби суд ё судяе, ки парвандаро баррасӣ мекунад, ҳал карда мешавад.
Моддаи 45. Рад кардани коршинос
1. Коршинос дар ҳолатҳои зерин наметавонад дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок кунад:
- ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар қисми 1 моддаи 38 Кодекси мазкур пешбинигардида;
- агар ӯ таҳти вобастагии хизматӣ ё дигар вобастагии мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ё прокурор, судя, шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, ҳимоятгар ё ҷабрдида ё намояндагони онҳо қарор дошт ё қарор дошта бошад;
- агар ӯ оид ба ҳамин парванда санҷиш (ревизия) анҷом дода бошад;
- дар ҳолати ошкор гардидани бесалоҳиятии ӯ.
2. Иштироки қаблии коршинос дар парванда ба сифати мутахассис ва ё ба сифати коршинос барои рад кардани ӯ асос шуда наметавонад.
3. Масъалаи рад кардани коршинос бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 44 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.
Моддаи 46. Рад кардани мутахассис
1. Мутахассис ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 38 Кодекси мазкур пешбинигардида, дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок карда наметавонад.
2. Иштироки қаблии мутахассис дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба сифати мутахассис барои рад кардани ӯ асос шуда наметавонад.
3. Масъалаи рад кардани мутахассис бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 44 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.
Моддаи 47. Ҳолатҳое, ки иштироки ҳимоятгар ва намояндаи ҷабрдидаро дар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд
1. Ҳимоятгар ва намояндаи ҷабрдида ҳуқуқ надоранд дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок кунанд, агар:
- қаблан дар парванда ба сифати судя, прокурор, корманди мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорат ва санҷиши риояи қоидаҳое бошанд, ки риоя накардани ин қоидаҳо барои оғози ин парванда асос шудааст, котиби маҷлиси суд, шоҳид, коршинос, мутахассис, тарҷумон ё шахси холис иштирок карда бошанд;
- бо судя, прокурор, шахси мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ ё котиби маҷлиси суд, ки дар тафтиш ё баррасии судии ҳамин парванда иштирок мекунанд, муносибатҳои хешутаборӣ дошта бошанд.
2. Масъалаи рад кардани ҳимоятгар ва намояндаи ҷабрдида бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 44 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.
БОБИ 6. ДАЛЕЛҲО ВА ИСБОТКУНӢ
Моддаи 48. Далелҳо
1. Ба сифати далел оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳама гуна маълумоти воқеие дониста мешавад, ки дар асоси он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парванда дар пешбурди ӯ қарор дорад, ҷой доштан ё надоштани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гунаҳгории шахси воқеӣ ё ҳуқуқии ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда, инчунин дигар ҳолатҳои барои ҳалли дурусти парванда муҳимро муқаррар менамояд.
2. Маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, бо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар протоколҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда, инчунин бо баёноти шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда, ҷабрдида, шоҳидон ё шарҳи мутахассис, хулосаи экспертиза, нишондоди воситаҳои махсуси техникӣ бо расм аз сабтҳои ин воситаҳо, дигар ҳуҷҷатҳо ва далелҳои шайъӣ муқаррар карда мешаванд.
3. Истифодаи далелҳое, ки бо вайрон кардани талаботи қонун ба даст оварда шудаанд, манъ аст.
Моддаи 49. Ҳолатҳое, ки тибқи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ исбот карда мешаванд
Вобаста ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳолатҳои зерин бояд исбот карда шаванд:
- мавҷудияти ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- шахсе, ки кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқиро, ки барои он мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст, содир намудааст;
- гунаҳгории шахс дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ;
- хусусият ва андозаи зарари тибқи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ расонидашуда;
- ҳолатҳои истиснокунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- мавҷуд будани асоси супоридани маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои баррасӣ дар ҷойи истиқомат, кор ё таҳсил;
- сабаб ва шароитҳое, ки барои содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат кардаанд;
- дигар ҳолатҳое, ки барои ҳалли дурусти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аҳамият доранд.
Моддаи 50. Баёноти шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, баёноти ҷабрдида ва шоҳидон
1. Баёноти шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад ва баёноти ҷабрдида, шоҳидон аз маълумоте иборат мебошанд, ки ба парванда марбутанд ва аз тарафи ин шахсон ба тарзи хаттӣ ё шифоҳӣ дода шудаанд.
2. Баёноти шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, баёноти ҷабрдида ва шоҳидон дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, протоколи татбиқи чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ инъикос гардида ё ба таври хаттӣ навишта, ба парванда ҳамроҳ карда мешаванд.
Моддаи 51. Экспертиза
1. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, ҳангоми ба миён омадани зарурати истифодаи дониши махсуси соҳаи илм, техника, санъат, касбу ҳунар ва ғайра барои пешбурди парванда дар бораи таъин намудани экспертиза таъинот ё қарор мебароранд. Таъинот ё қарор барои иҷро аз тарафи коршиносон ва муассисаҳое, ки ба онҳо гузаронидани экспертиза супорида шудааст, ҳатмӣ мебошад.
2. Дар таъинот ё қарор инҳо зикр мешаванд:
- санаи таъин кардани экспертиза;
- насаб, ном ва номи падар, вазифаи шахс ё номи мақоме, ки экспертизаро таъин кардааст;
- асосҳо барои таъин намудани экспертиза;
- насаб, ном ва номи падари коршинос ё номи муассисае, ки дар он бояд экспертиза гузаронида шавад;
- саволҳои дар назди коршинос гузошташуда;
- номгӯйи маводи ба ихтиёри коршинос пешниҳод-шаванда.
3. Дар таъинот ё қарор ҳамчунин бояд дар бораи ба коршинос фаҳмонидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ӯ ва огоҳ кардани коршинос дар бораи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ зикр карда шавад. Саволҳои дар назди коршинос гузошташуда ва хулосаи ӯ наметавонанд аз доираи дониши махсуси коршинос берун бошанд.
4. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, ӯҳдадоранд то лаҳзаи барои иҷро фиристодани таъинот ё қарор шахсеро, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, инчунин ҷабрдидаро бо он шинос намоянд, ба онҳо аз ҷумла ҳуқуқҳояшонро дар бораи изҳори радкунӣ ба коршинос, изҳори дархост дар бораи ба сифати коршинос ҷалб намудани шахсони пешниҳодшуда ва ҳуқуқи додани саволҳоро, ки дар хулосаи коршинос бояд ҷавобашон зикр шавад, ба онҳо фаҳмонанд.
5. Коршинос хулосаро аз номи худ ба тариқи хаттӣ пешниҳод менамояд. Дар хулосаи коршинос бояд нишон дода шавад, ки тадқиқот аз тарафи кӣ ва дар кадом асос гузаронида шудааст, мазмуни он аз чӣ иборат аст, инчунин бояд ба саволҳои дар назди коршинос гузошташуда ҷавобҳои асоснок дода шавад.
6. Хулосаи коршинос барои судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди ӯ қарор дорад, ҳатмӣ намебошад, вале норозигӣ нисбат ба хулосаи коршинос бояд асоснок карда шавад.
Моддаи 52. Гирифтани намунаҳо
1. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро пеш мебаранд, ҳуқуқ доранд намунаҳои хат ва намунаҳои молро барои экспертиза гиранд.
2. Дар мавриди зарурат ҳангоми гирифтани намунаҳо суратгирӣ ва навори кино, сабти овоз ва видео, дигар тарзи муқарраршудаи қайди далелҳои шайъӣ истифода бурда мешаванд.
3. Дар бораи гирифтани намунаҳо тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур протокол тартиб дода мешавад.
Моддаи 53. Далелҳои шайъӣ
1. Дар зери мафҳуми далелҳои шайъӣ оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ олоти содиркунӣ ё ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла олоти содиркунӣ ё ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дорои изҳои (нақши пайи) он мебошанд, фаҳмида мешаванд.
2. Далелҳои шайъӣ ҳангоми зарурат сурат гирифта ё ба дигар тарзи муайяншуда қайд гардида, ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамроҳ карда мешаванд. Мавҷудияти далелҳои шайъӣ дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё дигар протоколи пешбининамудаи Кодекси мазкур қайд карда мешаванд.
3. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, ӯҳдадоранд доир ба таъмини нигоҳдории далелҳои шайъӣ то моҳиятан баррасӣ кардани парванда чораҳои зарурӣ андешанд ва баъди баррасӣ гардидани парванда дар хусуси далелҳои шайъӣ қарори дахлдор қабул намоянд.
Моддаи 54. Ҳуҷҷатҳо
1. Ҳуҷҷатҳо ба шарте ҳамчун далел эътироф карда мешаванд, ки маълумоти дар онҳо дарҷгардида ё тасдиқнамудаи шахсони воқеӣ, мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ барои пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аҳамият дошта бошанд.
2. Ҳуҷҷатҳо метавонанд дорои маълумотҳое бошанд, ки ба тарзи хаттӣ ва дар дигар шакл қайд шудаанд. Маводи суратгирӣ ва навори кино, сабти овоз ва видео, махзанҳои иттилоотӣ, махзанҳои маълумот ва дигар ҳомилҳои иттилоотӣ метавонанд ҳамчун ҳуҷҷат эътироф шаванд.
3. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, ӯҳдадоранд доир ба таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳо то моҳиятан баррасӣ намудани парванда чораҳои зарурӣ андешанд ва баъди анҷоми баррасии парванда дар хусуси онҳо қарори дахлдор қабул намоянд.
4. Агар ҳуҷҷатҳо дорои нишонаҳои дар моддаи 53 Кодекси мазкур зикргардида бошанд, далели шайъӣ эътироф мешаванд.
Моддаи 55. Нишондоди воситаҳои техникии махсус
1. Дар зери мафҳуми воситаҳои техникии махсус воситаҳои (асбобҳои) андозагирӣ ва низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт фаҳмида мешаванд, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба сифати воситаи (асбоби) андозагирӣ ва ё сабти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тасдиқ шуда, дорои сертификати дахлдор мебошанд ва аз санҷиши дахлдор гузаштаанд.
2. Нишондоди воситаҳои техникии махсус дар ҳолати тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар он сабт ва қайд карда мешаванд.
Моддаи 56. Супоришу дархост оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, ҳуқуқ доранд бо мақсади ба даст овардани далелҳо оид ба ҳамин парванда ба мақомоти ҳудуди дахлдор дархост ирсол намоянд ё ба шахси мансабдори мақомоти ҳудуди дахлдор дар бораи иҷрои амалҳои алоҳидаи пешбининамудаи Кодекси мазкур супориш диҳанд.
2. Супориш ё дархост оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд дар мӯҳлати на дертар аз даҳ шабонарӯзи гирифтани ин супориш ё дархост иҷро карда шавад.
3. Муносибатҳои ҳамкории мутақобилаи мақомоти анҷомдиҳандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 57. Талаб кардани маълумот
Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар баррасӣ ва пешбурди онҳо қарор дорад, ҳуқуқ доранд дар бораи талаб карда гирифтани маълумоти барои ҳалли масъалаҳои парванда зарурӣ таъинот ё қарор бароранд. Маълумоти талабкардашуда, бояд дар давоми се шабонарӯзи баъд аз гирифтани таъинот ё қарор фиристода шавад. Маълумот оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки боиси татбиқи ҷазои ҳабси маъмурӣ ё бо роҳи маъмурӣ берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад, бояд фавран фиристода шавад. Дар сурати ғайриимкон будани пешниҳоди ин маълумот, пешниҳодкунандаи маълумот вазифадор аст дар мӯҳлати се шабонарӯз ба судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдоре), ки таъинот ё қарорро баровардаанд, дар ин бора ба тарзи хаттӣ хабар диҳанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
Моддаи 58. Баҳодиҳии далелҳо
Судя, мақоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) анҷомдиҳандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ далелҳоро мутобиқи қонун ва ақидаи ботинии худ, ки ба таҳлили ҳаматарафа, пурра ва воқеъбинонаи тамоми ҳолатҳои парванда асос ёфтааст, баҳо медиҳанд. Ягон далел пешакӣ қувваи муайянкунандаро надорад.
БОБИ 7. ЧОРАҲОИ ТАЪМИНКУНАНДАИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ
Моддаи 59. Номгӯи чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, муқаррар намудани шахсияти шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамуда ва алоқамандии ӯ ба содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба шарте ки тартиб додани он дар ҷойи содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ғайриимкон бошад, таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парванда ва иҷрои қарори дар бораи парванда қабулгардида, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ҳуқуқ доранд дар доираи ваколати худ чораҳои зерини таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати шахсони воқеӣ татбиқ намоянд:
- овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, ба ҷойи тартибдиҳии протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- дастгиркунии маъмурӣ;
- маҷбуран овардан;
- азназаргузаронии шахсӣ ва воситаи нақлиёт, киштиҳои хурдҳаҷми обӣ, ҳуҷҷатҳо, бино ва молу мулк;
- гирифтани молу мулк ва ҳуҷҷатҳо;
- дур намудан аз идора кардани воситаи нақлиёт ё киштиҳои хурдҳаҷми обӣ;
- муоина ва шаҳодаткунонии тиббӣ барои муайян намудани ҳолати мастӣ;
- боздошт намудани воситаи нақлиёт, киштии хурдҳаҷми обӣ, манъ кардани истифодаи онҳо;
- ҳабси мол, воситаи нақлиёт ва дигар молу мулк;
- муваққатан манъ кардани фаъолият.
2. Нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ мумкин аст чораҳои зерини таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда шаванд:
- азназаргузаронии биною ҳудудҳо ва молу мулки ба шахси ҳуқуқӣ тааллуқдошта, воситаи нақлиёт, инчунин ҳуҷҷатҳои дахлдор;
- гирифтани ҳуҷҷатҳо ва молу мулки ба шахси ҳуқуқӣ тааллуқдошта;
- боздошт намудани воситаи нақлиёт, киштии хурдҳаҷми обӣ, манъ кардани истифодаи онҳо;
- ҳабси мол, воситаи нақлиёт ва дигар молу мулк;
- муваққатан манъ кардани фаъолият.
3. Зараре, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи ғайриқонунӣ татбиқ намудани чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ расонида шудааст, бояд тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.
Моддаи 60. Овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст ба ҷойи тартибдиҳии протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, яъне ба ҷойи тартибдиҳии протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маҷбуран овардани шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда ва намояндаи шахси ҳуқуқӣ бо мақсади тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, агар тартиб додани протокол ҳатмӣ бошад, ҳангоми ғайриимкон будани дар ҷояш тартиб додани он ва ё шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият надошта бошад ва набудани шоҳидоне, ки дар бораи вай маълумоти заруриро дода метавонанд, аз ҷониби шахсони зерин анҷом дода мешавад:
- аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми ошкор шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки мутобиқи моддаи 98 Кодекси мазкур парвандаҳоро оид ба он мақомоти корҳои дохилӣ баррасӣ менамоянд ё ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи он мутобиқи Кодекси мазкур протокол тартиб медиҳанд, инчунин ҳангоми ба онҳо муроҷиат намудани шахсони мансабдоре, ки барои тартиб додани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии муайян ваколатдоранд, ҳангоми ошкор намудани ҳама гуна ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ - ба бинои хизматии мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ё бинои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони мансабдори посбонии ҳарбикунонидашуда ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва расонидани зарар ба молу мулк ё иншооти таҳти муҳофизаташон қарордошта ё сӯиқасд ба чунин молу мулк ё иншоот алоқаманд, инчунин бо дохил шудан ба минтақаи таҳти муҳофизаташон қарордошта - ба бинои хизматии мақомоти корҳои дохилӣ, бинои хизматии посбонон ё бинои хизматии ҷузъу томҳои қисми ҳарбӣ ё бинои хизматии мақомоти идоракунии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, тартиби идоракунӣ, ахлоқи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ - ба бинои хизматии мақомоти корҳои дохилӣ ё бинои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт - ба бинои хизматии мақомоти корҳои дохилӣ ё бинои хизматии дигар мақомоти давлатӣ;
- аз ҷониби шахсони мансабдори Бозрасии ҳарбии автомобилӣ ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба бинои комендатураи ҳарбӣ ё қисми ҳарбӣ;
- аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳифз ва истифодаи муҳити зист, фонди ҷангал, олами ҳайвонот ва наботот, захираҳои моҳӣ, қоидаҳои шикор ва моҳидорӣ ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи дахлдор - ба бинои хизматии мақомоти корҳои дохилӣ ё бинои дигар мақомоти давлатӣ;
- аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии мақомоти сарҳадӣ, дигар хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин дигар шахсони иҷрокунандаи вазифаи ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доир ба ҳимоя ва ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба бинои хизматии мақомоти сарҳадбон, бинои хизматии мақомоти корҳои дохилӣ, бинои хизматии қисми ҳарбӣ ё бинои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи қонунгузорӣ оид ба гумрук - ба бинои хизматии мақомоти гумрук;
- аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти андоз ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи қонунгузорӣ оид ба андоз ба бинои хизматии мақомоти андоз;
- аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти назорати маводи нашъаовар ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ин соҳа - ба бинои хизматии мақомоти назорати маводи нашъаовар ё мақомоти корҳои дохилӣ;
- аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ин соҳа - ба бинои мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия;
- аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва тавқифгоҳҳои тафтишотӣ - ба бинои хизматии муассисаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё мақомоти корҳои дохилӣ.
2. Шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, аз рӯи имкон бояд дар мӯҳлати кӯтоҳ ба бинои хизматии мақомоти дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида оварда шуда, ӯ барои тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ наметавонад аз ду соат зиёд нигоҳ дошта шавад.
3. Дар бораи овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, протокол тартиб дода мешавад ё дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ё дар протокол дар бораи дастгиркунии маъмурӣ сабти дахлдор карда мешавад. Нусхаи протокол дар бораи овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, ба шахси овардашуда бо хоҳиши ӯ супорида мешавад.
Моддаи 61. Дастгиркунии маъмурӣ
1. Дастгиркунии маъмурӣ, яъне маҳдудкунии муваққатии озодии шахси воқеӣ мумкин аст дар ҳолатҳои истисноӣ татбиқ карда шавад, ба шарте ки он барои таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парванда, инчунин ҷиҳати иҷрои қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зарур бошад.
2. Дастгиркунии маъмурии шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, аз ҷониби шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти зерин амалӣ карда мешавад:
- мақомоти корҳои дохилӣ;
- мақомоти гумрук;
- мақомоти ҷангал ва шикор;
- посбонии ҳарбикунонидашуда;
- Бозрасии давлатии автомобилӣ;
- Бозрасии ҳарбии автомобилӣ;
- Қӯшунҳои сарҳадии мақомоти давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- капитанҳои киштиҳои хурдҳаҷми обӣ ва ҳавопаймо;
- мақомоти давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Дар бораи ҷои нигоҳдории дастгиршуда фавран ба яке аз хешовандони наздик, маъмурияти ҷойи кор (таҳсил) ва ҳимоятгари он хабар дода мешавад.
4. Дар бораи дастгиркунии маъмурии ноболиғ фавран падару модар ё дигар намояндагони қонунии ӯ огоҳ карда мешаванд.
5. Ба шахси дастгиршуда ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тибқи Кодекси мазкур пешбинишуда фаҳмонида шуда, дар ин бора дар протоколи дастгиркунии маъмурӣ сабти дахлдор карда мешавад.
6. Прокурор ҳуқуқ дорад дар бораи озод намудани шахси ғайриқонунӣ дастгиршуда қарор қабул намояд, ки он бояд фавран иҷро карда шавад.
Моддаи 62. Протоколи дастгиркунии маъмурӣ
1. Дар бораи дастгиркунии маъмурии шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда протокол тартиб дода мешавад, ки дар он вақт ва маҳалли тартибдиҳии он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, маълумот дар бораи шахси дастгиршуда, вақт, ҷой, сабаб ва асосҳои дастгиркунӣ нишон дода мешаванд.
2. Ба протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси мансабдори ваколатдори онро тартибдода ва шахси дастгиршуда имзо мегузоранд. Дар сурати аз имзои протокол саркашӣ кардани шахси дастгиршуда дар ин бора дар протокол шахси онро тартибдода қайд мекунад. Нусхаи протоколи дастгиркунии маъмурӣ ба шахси дастгиршуда бо гирифтани дастхат ва ё имзои ӯ супорида мешавад.
Моддаи 63. Мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ
1. Мӯҳлати дастгиркунии маъмурии шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир кардааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, наметавонад аз се соат зиёд бошад. Дар ҳолатҳои истисноӣ, бинобар зарурати махсус нисбат ба шахсони маҳалли истиқоматашон номуайян мумкин аст бо иҷозати суд мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ то даҳ шабонарӯз муқаррар карда шавад.
2. Шахсе, ки нисбаташ пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба вайрон намудани низоми Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории соҳаи гумрук сурат мегирад, дар ҳолати зарурат барои муқаррар намудани шахсият ё барои муайян намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба мӯҳлати то 24 соат аз лаҳзаи дастгиркунӣ бо ба таври хаттӣ хабар додан ба прокурор ё ба мӯҳлати то даҳ шабонарӯз бо иҷозати суд таҳти дастгиркунии маъмурӣ қарор дода мешавад, ба шарте ки ӯ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро надошта бошад.
3. Шахсе, ки нисбати ӯ пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сурат мегирад ва барои содир намудани он ба сифати яке аз ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабси маъмурӣ пешбинӣ гардида бошад, мумкин аст ба тариқи маъмурӣ то парвандаро баррасӣ кардани судя дастгир карда шавад ва дар ин бора аз лаҳзаи дастгиркунӣ ба таври хаттӣ ба прокурор хабар дода мешавад. Дар ин ҳолат мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ аз лаҳзаи дастгиркунӣ наметавонад аз 24 соат зиёд бошад.
4. Мӯҳлати дастгиркунӣ ва нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ки барои вайрон намудани низоми раводид ва будубош дастгир карда шудаанд тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ба танзим дароварда мешавад. Бо дархости Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва муовинони онҳо, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо дар ҳолатҳои истисноӣ суд метавонад мӯҳлати нигоҳдории ин шахсонро то як моҳ дароз намояд (Қонуни ҶТ  аз 04.07.2020 № 1699).
5. Мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ аз лаҳзаи овардани шахси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содирнамуда ва мӯҳлати дастгиркунии маъмурии шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта, ки бо ҳуҷҷати шаҳодаткунонии тиббӣ тасдиқ шудааст, аз лаҳзаи ҳушёр шудани ӯ ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 64. Ҷой ва тартиби нигоҳдории шахсони дастгиршуда
1. Шахсони дастгиршуда дар биноҳои барои ин мақсад ҷудокардашудаи мақомоти пешбининамудаи қисми 2 моддаи 61 Кодекси мазкур ё дар муассисаҳои махсуси тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсисгардида нигоҳ дошта мешаванд. Ин биноҳо бояд ба талаботи санитарӣ ва нигоҳдорӣ ҷавобгӯй буда, аз тарафи шахсони дастгиршуда имконияти худсарона тарк кардани онҳоро истисно намоянд.
2. Шароити нигоҳдории шахсони дастгиршуда, меъёри озуқа ва тартиби хизматрасонии тиббии чунин шахсонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
3. Мардҳо, занҳо ва ноболиғоне, ки нисбати онҳо чораи дастгиркунии маъмурӣ татбиқ мегардад, аз ҳам ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.
Моддаи 65. Маҷбуран овардан
1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур нисбат ба шахси воқеӣ ва ё намояндаи шахси ҳуқуқие, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад ё нисбат ба намояндаи қонунии шахси ноболиғи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда, инчунин нисбат ба шоҳид чораи маҷбуран овардан татбиқ карда мешавад.
2. Маҷбуран овардан аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси санади суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 66. Азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулк
1. Азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ аз тарафи шахсони мансабдори ваколатдори дар моддаи 61 Кодекси мазкур пешбинигардида анҷом дода мешаванд.
2. Азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ (бори дастӣ, бағоҷ, олоти шикор ва моҳигирӣ, маҳсули сайд ва дигар ашёҳо) бе вайрон намудани яклухтии сохти он аз рӯйи зарурат бо мақсади ошкор кардани олот ё ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шахсони мансабдори ваколатдор дар ҳузури ду нафар шахсони холис сурат мегирад.
3. Азназаргузаронии шахсӣ аз ҷониби шахси ваколатдор, ки бо шахси азназаргузаронидашаванда ҳамҷинс мебошад, дар ҳузури ду нафар шахсони холиси ҳамҷинс анҷом дода мешавад.
4. Дар ҳолатҳои истисноӣ ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофии гумонбарӣ дар бораи он, ки шахси воқеӣ мумкин аст бо худ силоҳ ё дигар ашёи ба сифати силоҳ истифодашаванда дошта бошад, азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи ин шахси воқеӣ метавонад бе иштироки шахсони холис гузаронида шуда, дар ин бора ба протокол қайд гузошта мешавад.
5. Ҳангоми зарурат дар вақти азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулк мумкин аст суратгирӣ, навори кино, сабти видео ва дигар воситаҳои муқарраршудаи қайди далелҳои шайъӣ татбиқ карда шаванд.
6. Азназаргузаронии молу мулк, бори дастӣ, бағоҷ, олоти шикор ва моҳигирӣ, маҳсули сайд ва дигар ашёҳо дар ҳузури шахсе гузаронида мешавад, ки молу мулк таҳти истифода ё моликияти ӯ қарор доранд. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир молу мулк ва ашёҳои зикргардида мумкин аст, дар ғоибии соҳибмулк (соҳиб), бо иштироки ду нафар шахсони холис аз назар гузаронида шаванд.
7. Дар бораи азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ протокол тартиб дода мешавад ё дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ё дар протоколи дастгиркунии маъмурӣ қайди дахлдор карда мешавад. Дар протоколи азназаргузаронии шахсӣ ё азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ вақт ва маҳалли тартиб додани он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, маълумот дар бораи шахси воқеии мавриди азназаргузаронии шахсӣ қароргирифта, маълумот дар бораи намуд, миқдор ва дигар нишонаҳои ҳаммонандсозии молу мулк, аз ҷумла маълумот дар бораи навъ, тамға, модел, қутр, силсила, рақам ва дигар нишонаҳои ҳаммонандсозии силоҳ, миқдор ва намуди тир, намуд ва нишонаҳои ҳуҷҷатҳои зимни азназаргузаронӣ дарёфтгардида ё бо худ доштаи шахси воқеӣ сабт карда мешавад.
8. Дар протоколи азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ оид ба истифодаи суратгирӣ, навори кино, сабти видео ва дигар воситаҳои муқарраршудаи қайди далелҳои шайъӣ қайд карда мешавад. Маводи ҳангоми азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ бо истифода аз суратгирӣ, навори кино, сабти видео ва дигар воситаҳои муқарраршудаи қайди далелҳои шайъӣ гирифташуда ба протоколи дахлдор замима карда мешаванд.
9. Протоколи азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ аз ҷониби шахси мансабдори онро тартибдода, шахсе, ки нисбати ӯ пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сурат мегирад ё соҳиби молу мулки мавриди азназаргузаронӣ қарордодашуда ва шахсони холис имзо карда мешавад. Дар ҳолати аз имзои протокол саркашӣ кардани шахсе, ки нисбаташ пешбурди парванда сурат мегирад, соҳиби молу мулки мавриди азназаргузаронӣ қароргирифта дар протокол дар ин бора қайд карда мешавад. Нусхаи протоколи азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ ба соҳиби молу мулк бо хоҳиши ӯ бо гирифтани дастхат супорида мешавад.
10. Азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ дар мақомоти гумрук бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 67. Азназаргузаронии бино ва ҳудудҳое, ки ба шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд ва азназаргузаронии молу мулк ва ҳуҷҷатҳои дар онҳо мавҷудбуда
1. Азназаргузаронии бино ва ҳудудҳои ба шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ тааллуқдошта, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд ва азназаргузаронии молу мулк ва ҳуҷҷатҳои дар онҳо мавҷудбуда дар ҳузури намояндаи шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ ё намояндаи ӯ ва ду нафар шахсони холис аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) тибқи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
2. Дар бораи азназаргузаронии бино, ҳудудҳое, ки ба шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд ва молу мулку ҳуҷҷатҳои дар онҳо мавҷудбуда протокол тартиб дода шуда, дар он сана ва маҳалли тартибдиҳӣ, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, маълумот дар бораи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродии дахлдор, инчунин маълумот дар бораи намояндаи ӯ, бино ва ҳудудҳои мавриди азназаргузаронӣ қарор-додашуда, намуд, миқдор ва дигар аломатҳои ҳаммонандсозии молу мулк, инчунин маълумот дар бораи намуд ва нишонаҳои ҳуҷҷатҳо зикр мегарданд.
3. Протоколи азназаргузаронии биною ҳудудҳои ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ тааллуқдошта, молу мулк ва ҳуҷҷатҳои дар онҳо мавҷудбуда аз ҷониби шахси мансабдори онро тартибдода, намояндаи шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, инчунин аз ҷониби шахсони холис имзо карда мешавад. Дар сурати аз имзои протокол саркашӣ кардани намояндаи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ё намояндаи он аз ин хусус дар протокол сабти дахлдор карда мешавад. Нусхаи протоколи азназаргузаронии биною ҳудудҳои ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ тааллуқдошта ва молу мулку ҳуҷҷатҳои дар онҳо мавҷудбуда ба намояндаи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ бо гирифтани дастхат супорида мешавад.
Моддаи 68. Азназаргузаронии воситаи нақлиёт
1. Азназаргузаронии ҳама гуна воситаҳои нақлиёт (аз ҷумла киштиҳои хурдҳаҷми обӣ), яъне муоинаи воситаи нақлиёт, ки бе вайронкунии яклухтии сохти он сурат мегирад, бо мақсади дарёфт кардани олоти содиркунӣ ё ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ анҷом дода мешавад.
2. Азназаргузаронии воситаи нақлиёт аз ҷониби шахсони мансабдори ваколатдори дар Кодекси мазкур зикргардида дар ҳузури ду нафар шахсони холис амалӣ карда мешавад.
3. Азназаргузаронии воситаи нақлиёт дар ҳузури шахсе сурат мегирад, ки ӯ соҳиби нақлиёт аст. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир азназаргузаронии воситаи нақлиёт, мумкин аст, дар ғоибии соҳиби он, вале бо иштироки шахсони холис анҷом дода шавад.
4. Ба протоколи азназаргузаронии воситаи нақлиёт шахси мансабдори онро тартибдода ва шахсе, ки нисбати ӯ пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сурат мегирад ё шахсе, ки соҳиби воситаи нақлиёт мебошад, инчунин шахсони холис имзо мегузоранд. Дар ҳолати аз имзои протокол саркашӣ кардани шахсе, ки нисбати ӯ пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сурат мегирад ё шахсе, ки соҳиби воситаи нақлиёти аз назар гузаронидашаванда мебошад, дар ин бора дар протокол сабти дахлдор карда мешавад. Нусхаи протоколи азназаргузаронии воситаи нақлиёт ба соҳиби воситаи нақлиёт ва ё шахси идоракунандаи нақлиёт бо гирифтани дастхат супорида мешавад.
Моддаи 69. Гирифтани молу мулк ва ҳуҷҷатҳо
1. Молу мулк ва ҳуҷҷатҳое, ки бевосита олот ё ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буда, ҳангоми дастгиркунӣ ё азназаргузаронии шахсӣ ё азназаргузаронии молу мулк ошкор гардидаанд, танҳо бо мақсади таъмини баррасии ҳаматарафаи парванда ва иҷрои ҷазои маъмурӣ бо роҳи мусодира ё бо подош гирифтани ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ танҳо дар асоси санади судӣ гирифта мешаванд.
2. Молу мулке, ки олоти содиркунӣ ё ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд ва ҳуҷҷатҳои барои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамчун далел аҳамиятдошта, ки зимни азназаргузаронии биною ҳудудҳои ба шахсони ҳуқуқӣ тааллуқдошта ва молу воситаи нақлиёт ё дигар молу мулки дар онҳо вуҷуддошта, инчунин ҳуҷҷатҳои тааллуқдоштаи онҳо ошкор гардидаанд, аз ҷониби шахсони мансабдори ваколатдор, ки Кодекси мазкур пешбинӣ мекунад, дар ҳузури ду нафар шахсони холис гирифта шуда, дар ҷойҳои махсусгардонидашуда, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар намудаанд то моҳиятан баррасӣ гардидани парванда нигоҳ дошта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1263).
3. Молу мулк ва ашёи гирифташуда, ки мӯҳлати нигоҳдориашон маҳдуд ва ашёҳои муомилоти гражданиашон маҳдуд, инчунин зудвайроншаванда, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фурӯш, коркард ё нигоҳдорӣ ба ташкилотҳои дахлдор супорида мешаванд ва агар нигоҳ доштанашон ғайриимкон бошанд, нобуд карда мешаванд.
4. Суд дар вақти қабули қарори маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус ҳамзамон дар бораи гирифтани шаҳодатнома оид ба ҳуқуқи махсус ва ба мақоми дахлдор супоридани он таъинот қабул менамояд.
5. Дар сурати қабули қарори маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёти намуди муайян ва эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор, шаҳодатномаи ронандагӣ баргардонида намешавад, инчунин талони қайди вайронкунии замимаи он ва иҷозати муваққатии ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёти намуди муайян, гирифта мешаванд.
6. Дар сурати қабули қарори таъини ҷарима ва эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор шаҳодатномаи ронандагӣ барои ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёти намуди муайян ва талони қайди вайронкунии замимаи он баъди пардохти ҷарима баргардонида мешаванд.
7. Дар бораи гирифтани молу мулк ва ҳуҷҷатҳо протокол тартиб дода мешавад ё дар протоколи овардан ё дар протоколи дастгиркунии маъмурӣ қайди дахлдор карда мешавад. Дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бораи гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи тракторчӣ-машинист, шаҳодатномаи киштирон ё шаҳодатномаи ҳавонавард сабти зарурӣ карда мешавад.
8. Дар протоколи гирифтани молу мулк ва ҳуҷҷатҳо дар бораи намуд ва нишонаҳои ҳуҷҷатҳои гирифташаванда, намуд, миқдор ва дигар аломатҳои ҳаммонандсозии молу мулки гирифташуда, аз ҷумла дар бораи намуд, тамға, модел, қутр, силсила, рақам ва дигар аломатҳои ҳаммонандсозии силоҳ, намуд ва миқдори тир маълумот сабт карда мешавад.
9. Дар ҳолатҳои зарурӣ ҳангоми гирифтани молу мулк ва ҳуҷҷатҳо суратгирӣ ва навори кино, сабти аудио, видео ва дигар усулҳои муқарраршудаи қайди далелҳои шайъӣ татбиқ мегарданд.
10. Ба протоколи гирифтани молу мулк ва ҳуҷҷатҳо шахси мансабдори онро тартибдода, шахсе, ки аз ӯ молу мулк ва ҳуҷҷатҳо гирифта шудаанд ва шахсони холис имзо мегузоранд. Дар сурати аз имзои протокол саркашӣ кардани шахсе, ки аз ӯ молу мулк ва ҳуҷҷатҳо гирифта шудаанд, дар он қайди дахлдор карда мешавад. Нусхаи протокол ба шахсе, ки аз ӯ молу мулк ва ҳуҷҷатҳо гирифта шудаанд ё ба намояндаи қонунии вай бо гирифтани дастхат супорида мешавад.
11. Дар ҳолатҳои зарурӣ молу мулк ва ҳуҷҷатҳои гирифташуда дар ҷойи гирифтан борпеч ва мӯҳр карда мешаванд. Молу мулк ва ҳуҷҷатҳои гирифташуда то баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҷойҳои муайяннамудаи шахси мансабдор, ки молу мулк ва ҳуҷҷатҳоро гирифтааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.
12. Силоҳи оташфишон ва тирҳои он, инчунин дигар намуди силоҳу лавозимоти ҷангии гирифташуда бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Нисбат ба шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро зимни иҷрои вазифаҳои хизматиаш содир намудааст, ин чораҳо танҳо дар ҳолатҳои таъхирнопазир татбиқ карда мешаванд.
13. Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои гирифташуда, инчунин спирти этилӣ ва машрубот, ки ҷавобгӯйи талаботи ҳатмии стандартҳо, қоидаҳои санитарӣ ва меъёрию гигиенӣ нестанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркард ё нобуд кардан фиристонида мешаванд. Намунаҳои воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, спирти этилӣ ва машруботе, ки бояд нобуд карда шаванд, то эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Моддаи 70. Нархгузории молу мулк ва дигар чизу чораи қиматбаҳои гирифташуда
1. Арзиши молу мулки гирифташуда дар асоси нархҳои танзимшавандаи давлатӣ муайян карда мешавад, агар чунин нархҳо муқаррар гардида бошанд. Дар дигар ҳолатҳо арзиши молу мулки гирифташуда дар асоси арзиши бозории онҳо муайян карда мешавад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши молу мулки гирифташуда дар асоси хулосаи коршинос муайян карда мешавад.
2. Асъори хориҷии ба сифати ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гирифташуда ба қурби амалкунандаи дар рӯзи содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон, бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобӣ карда мешавад.
Моддаи 71. Боздошт кардани воситаи нақлиёт
1. Воситаи нақлиёт дар ҳолатҳои зерин боздошт карда мешавад:
- бо худ надоштани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;
- бо худ надоштани ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳуқуқи идоракунӣ ё истифодаи воситаи нақлиёт ё гузаштани мӯҳлати эътиборнокии онҳо;
- идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахс дар ҳолати мастӣ;
- бидуни иҷозати дахлдор ё гузаштани мӯҳлати эътиборнокии онҳо идоракунии воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаҳои нақлиёт аз тарафи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, идоракунии воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои ойинагӣ, ба истиснои пардачаҳо дар шишаҳои автобусҳо, инчунин ба истиснои воситаҳои нақлиёти хизматии шахсони мансабдоре, ки руйхати онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
- идора кардани воситаҳои нақлиёте, ки рақамҳои қисмҳо ва агрегатҳо ё аломатҳои бақайдгирии давлатии онҳо бо ягон усул пинҳон, сохтакорӣ ё тағйир дода шудаанд ва ё рақамҳои қисмҳо ва агрегатҳояшон бо навиштаҷоти ҳуҷҷатҳои бақайдгирии зикргардида мутобиқат намекунанд ё бар хилофи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд ё аломатҳои бақайдгирӣ надоранд;
- халалдор кардани ҳаракат дар роҳ тавассути вайрон кардани қоидаҳои бозистӣ ё таваққуфи воситаҳои нақлиёт ҳангоми дар ҷойи ҳуқуқвайронкунӣ ҳозир набудани ронанда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1520).
2. Кормандони мақомоти назоратии истифода ва ҳифзи табиат, назорати хоҷагии ҷангал ва шикор дар мавзеъ ва ҳолатҳои зерин метавонанд воситаҳои нақлиётро манъ намоянд:
- дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
- дар ҳудуди шикоргоҳҳо, минтақаҳои моҳидорӣ, ҷойи зисти ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандаҳо;
- дар ҳудуди фонди захираи давлатии ҷангал ва замин;
- дар ҳолатҳои мавҷуд будани маълумот оид ба истифодаи нақлиёти мазкур барои вайрон кардани ҳудудҳои зикргардида ва моҳидорию шикори ғайриқонунӣ.
3. Оид ба боздошт кардани воситаи нақлиёт, манъ кардани истифодаи он дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қайди дахлдор карда ё протоколи алоҳида тартиб дода мешавад. Нусхаи протокол дар бораи боздошт кардани воситаи нақлиёт ё манъи истифодаи он ба шахсе, ки нисбати ӯ ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда шудааст, супорида мешавад. Протокол дар бораи боздошт кардани воситаи нақлиёт, ки барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал мерасонад, дар сурати набудани ронанда, инчунин ҳангоми халалдор кардани ҳаракат дар роҳ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бозистӣ ё таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар ҳолати ҳозир набудани ронанда дар ҷойи ҳуқуқвайронкунӣ ё истгоҳи махсуси нигоҳдошти муваққатии маъмурӣ дар ҳузури ду нафар шахсони холис тартиб дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1520).
4. Боздошт намудани воситаи нақлиёт ё манъ кардани истифодаи он, мумкин аст то бартараф кардани камбудиҳо идома ёбад, ба истиснои ҳолатҳое, ки сабаби боздошт ё манъ кардани истифодаи он дар ҷояш бартараф карда шавад. Дар ин ҳолат дар бораи боздошт кардани воситаи нақлиёт ё манъ кардани истифодаи он протокол тартиб дода намешавад. Пас аз баррасӣ гардидани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор нақлиёти боздоштшуда ба соҳиби ӯ ва ё шахси идоракунанда баргардонида мешавад.
5. Воситаи нақлиёти боздоштшуда дар истгоҳҳои махсуси нигоҳдошти муваққатӣ аз ҷониби шахсони ваколатдор бо сабти муайян дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нигоҳ дошта мешавад.
6. Мӯҳлати боздошт кардани воситаи нақлиёт аз лаҳзаи дар истгоҳи махсус гузоштани воситаи нақлиёт ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 72. Манъ кардани воситаи нақлиёт
1. Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳамаи воситаҳои нақлиёт ва кормандони Бозрасии ҳарбии автомобилӣ танҳо воситаҳои нақлиёти ҳарбиро дар ҳолатҳои зерин метавонанд манъ намоянд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1951):
- риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;
- дар нақлиёт мавҷуд будани нишонаҳои вайронӣ ва ё ба талаботи мавҷуда ҷавобгӯй набудани қисмҳои он;
- агар ҳангоми ҳаракати воситаи нақлиёт қобилияти идоракунии ронанда шубҳаовар бошад;
- агар маълумот дар бораи дар кофтуков қарор доштани воситаи нақлиёти мазкур мавҷуд бошад.
2. Ҳангоми манъ кардани воситаи нақлиёт муайян шудани ҳолатҳои идоракунии воситаи нақлиёти аз муоинаи давлатии техникӣ нагузашта ё дорои нуқсонҳо ё ба воситаҳои нақлиёт бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ насб кардани воситаҳои равшанидиҳандаи ба стандарт ҷавобгӯйнабуда ё таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ё риоя накардани қоида ва меъёрҳои истифодаи тракторҳо, мошинҳои худгард, роҳсоз ва дигар мошину таҷҳизот бо роҳи кушода гирифтани аломатҳои бақайдгирии давлатӣ ё ҳарбӣ то бартараф кардани сабабҳои манъ кардан, истифодаи воситаи нақлиёт манъ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1951).
3. Мӯҳлати манъи истифодаи воситаҳои нақлиёт аз лаҳзаи кушода гирифтани аломатҳои бақайдгирии давлатӣ ё ҳарбӣ ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1951).
Моддаи 73. Дур кардан аз идоракунии воситаҳои нақлиёт, муайян кардани ҳолати мастӣ
1. Шахси идоракунандаи намуди муайяни воситаи нақлиёт ҳангоми ошкор гардидани асосҳои дар қисми 1 моддаи 71 Кодекси мазкур оид ба боздошт кардани воситаи нақлиёт зикргардида, бояд аз идоракунии воситаҳои нақлиёт дур карда шавад. Агар барои гумонбар шудани ӯ дар ҳолати мастӣ асосҳои кофӣ мавҷуд бошанд, барои муқаррар кардани ҳолати мастиаш дар ҷойи дастгиркунӣ бо истифодаи воситаҳои махсус санҷиши ҳолати мастӣ гузаронида мешавад ё ӯ ба муассисаҳои тиббӣ барои муоинаи тиббӣ фиристонида мешавад.
2. Дур кардан аз идоракунии намуди муайяни воситаи нақлиёт ва гузаронидан ё фиристонидан ба муоинаи тиббӣ барои муқаррар кардани ҳолати мастӣ аз ҷониби шахсони мансабдори ваколатдори Бозрасии давлатии автомобилӣ сурат мегирад, ки ба онҳо ҳуқуқи назорати давлатӣ ва назорат аз рӯйи бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт дода шудааст.
3. Дар бораи дур кардан аз идоракунии воситаи нақлиёт, инчунин фиристонидан ба муоинаи тиббӣ барои муқаррар кардани ҳолати мастӣ протоколи дахлдор тартиб дода, нусхаи он бо дастхат ба шахсе супорида мешавад, ки дар ҳаққи ӯ ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ гардидааст.
4. Дар протоколи дур кардан аз идоракунии воситаи нақлиёт, инчунин дар протоколи фиристонидан ба муоинаи тиббӣ барои муайян кардани ҳолати мастӣ, вақт, маҳал, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси мансабдори протоколро тартибдода, асоси дур кардан аз идоракунии воситаи нақлиёт ва фиристонидан ба муоинаи тиббӣ, маълумот дар бораи воситаи нақлиёт ва шахсе сабт карда мешавад, ки нисбати ӯ ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ гардидааст.
5. Протоколи дур кардан аз идоракунии воситаи нақлиёт, инчунин протоколи фиристонидан ба муоинаи тиббӣ барои муайян кардани ҳолати мастӣ аз ҷониби шахси мансабдори онро тартибдода ва шахсе, ки нисбати ӯ ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда шудааст, имзо карда мешавад. Дар сурати аз имзои протокол саркашӣ кардани шахсе, ки нисбати ӯ ин чораи таъминкунии пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ гардидааст, дар ин бора дар протокол қайди дахлдор карда мешавад.
6. Бо муоинаи тиббӣ тасдиқ кардани ҳолати мастӣ ва ба расмият даровардани натиҷаи он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
7. Санади бо муоинаи тиббӣ тасдиқ кардани ҳолати мастӣ ба протоколи дахлдор замима карда мешавад.
Моддаи 74. Ҳабси воситаи нақлиёт ва молу мулк
1. Ҳабси воситаи нақлиёт ва молу мулки дар он буда, ки олоти содиркунии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд, дар тартиб додани рӯйхати ин молу мулк ифода гардида, ба шарте татбиқ карда мешавад, ки амнияту нигоҳдории онҳоро бе гирифтан таъмин кардан ғайриимкон бошад. Воситаи нақлиёт ва молу мулки баҳабсгирифташуда метавонанд барои нигоҳдории масъулиятнок ба шахсони дигаре супорида шаванд, ки аз тарафи шахсони мансабдори чораи ҳабсро татбиқкунанда таъин шудаанд.
2. Воситаи нақлиёт ва молу мулки дар он буда аз тарафи шахсони мансабдори пешбининамудаи Кодекси мазкур дар ҳузури шахсе, ки айни ҳол молу мулк таҳти ихтиёрдории ӯ қарор дорад ва дар ҳузури ду нафар шахсони холис ба ҳабс гирифта мешавад.
3. Дар бораи ҳабси воситаи нақлиёт ва молу мулки дар он буда протокол тартиб дода шуда, қарор қабул карда мешавад. Дар протокол ва қарори ҳабси воситаи нақлиёт ва молу мулк сана ва маҳалли тартиб додани он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, маълумот дар бораи шахсе, ки нисбати ӯ чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ гардидааст ва дар бораи шахсе, ки соҳиби эҳтимолии молу мулк, воситаи нақлиёт ва дигар молу мулки ба ҳабс гирифташуда мебошад, рӯйхат ва аломатҳои ҳаммонандсозии онҳо нишон дода мешаванд. Маводи ҳангоми ҳабс бо истифодаи суратгирӣ ва навори кино, сабти видео, дигар усулҳои муқарраргардидаи қайди далелҳои шайъӣ гирифташуда ба протокол замима карда мешавад.
4. Дар ҳолатҳои зарурӣ воситаи нақлиёт ва молу мулки баҳабсгирифташуда борпеч ё мӯҳр карда мешаванд.
5. Нусхаи протокол ва қарори ҳабси молу мулк, воситаи нақлиёт ва дигар молу мулк ба шахсе, ки нисбати ӯ ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ шудааст ё ба намояндаи қонунии ӯ супорида мешавад.
6. Ҳангоми бегонакунӣ ё пинҳон кардани молу мулк, воситаи нақлиёт ва дигар молу мулки баҳабсгирифташудаи шахсе, ки нисбати ӯ ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ шудааст ё маҳфуздорандаи он молу мулк мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
7. Ҳабси воситаи нақлиёт ва молу мулки дигар аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) дар боби 9 Кодекси мазкур пешбинигардида, бо иҷозати суд амалӣ карда мешавад.
Моддаи 75. Муваққатан манъ кардани фаъолият
1. Муваққатан манъ кардани фаъолият аз он иборат аст, ки то аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) баррасӣ гардидани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба мӯҳлати кӯтоҳ фаъолияти ташкилотҳо, филиалҳо, намояндагиҳо, воҳидҳои сохтории ташкилотҳо, қитъаҳои истеҳсолӣ, инчунин истифодаи агрегатҳо, биноҳо ва иншоот, анҷом додани баъзе намудҳои фаъолият (кор ва хизматрасонӣ) қатъ карда мешавад. Фаъолият мумкин аст дар сурате муваққатан манъ карда шавад, ки барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин кардани ҷазо бо тариқи боздошти маъмурии фаъолият пешбинӣ шуда бошад. Фаъолият метавонад танҳо дар ҳолатҳои истисноие муваққатан манъ гардад, ки он барои пешгирии таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии одамон ва зуҳуроти эпидемия, эпизоотия, заҳролудшавии (ифлосшавии) объектҳои таҳти карантин қарордошта бо объектҳои карантинӣ, фарорасии фалокатҳои радиатсионӣ ё техногенӣ ва расонидани зарари ҷиддӣ ба ҳолат ё сифати муҳити зист зарур ва пешгирии ҳолатҳои зикргардида бо дигар воситаҳо ғайриимкон бошад.
2. Муваққатан манъ кардани фаъолият аз ҷониби шахси мансабдори ваколатдор мутобиқи Кодекси мазкур бо тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сурат мегирад.
3. Дар бораи муваққатан манъ кардани фаъолият қарор қабул карда мешавад, ки дар он асосҳои татбиқи ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, сана ва маҳалли тартиб додани он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси мансабдори қарорро қабулкарда, маълумот дар бораи шахсе, ки нисбати ӯ пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сурат мегирад, инчунин дар бораи объекти фаъолияташ муваққатан манъшуда, рӯзи қатъи воқеии фаъолият ва баёноти шаҳрванде, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ амалӣ менамояд ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ нишон дода мешаванд.
4. Ба протоколи муваққатан манъ кардани фаъолият,ки ҷиҳати иҷрои қарор дар бораи мувақкатан манъ кардани фаъолият тартиб дода мешавад, шахси мансабдори онро тартибдода ва шаҳрванде, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ амалӣ менамояд ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ имзо мегузоранд. Дар сурати ба протокол имзо нагузоштани яке аз шахсони зикргардида аз тарафи шахси мансабдор дар протокол қайди дахлдор гузошта мешавад.
5. Нусхаи протоколи муваққатан манъ кардани фаъолият тибқи дастхат ба шаҳрванде, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ амалӣ менамояд ё ба намояндаи шахси ҳуқуқӣ супорида мешавад.
Моддаи 76. Мӯҳлати муваққатан манъ кардани фаъолият
1. Мӯҳлати муваққатан манъ кардани фаъолият набояд аз даҳ шабонарӯз зиёд бошад.
2. Мӯҳлати муваққатан манъ кардани фаъолият аз рӯзи қатъи воқеии фаъолияти ташкилотҳо, филиалҳо, намояндагиҳо, воҳидҳои сохтории онҳо, қитъаҳои истеҳсолӣ, инчунин истифодаи агрегатҳо, биноҳо ва иншоот ва иҷрои намудҳои ҷудогонаи фаъолият (кор ва хизматрасонӣ) ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 77. Ҳуқуқи шикоят кардан аз чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Шахсе, ки нисбати ӯ чораҳои таъмини пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ гаштааст, ҳуқуқ дорад дар бораи онҳо ба суд ё мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ шикоят намояд.
2. Бо талаби шахси воқеӣ ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ ба ӯ фавран нусхаи протоколҳо ва дигар маводи дахлдор, ки барои таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахси нисбаташ чораҳои таъминкунандаи пешбурди ин парванда татбиқгардида зарур мебошанд, супорида мешаванд.
3. Вобаста ба натиҷаи баррасии шикоят дар бораи қонеъ гардонидан ё рад кардани шикоят қарор қабул карда мешавад.
4. Шикоят овардан аз хусуси чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ барои шикоят нисбат ба татбиқи ин чораҳо ба суд мамониат намекунад.
5. Зараре, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии шахси мансабдор расонида шудааст, бояд мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнида шавад.
БОБИ 8. БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ
Моддаи 78. Протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Дар бораи содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шахси мансабдори ваколатдор тибқи талаботи Кодекси мазкур протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешавад.
Моддаи 79. Мазмуни протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сана ва маҳалли тартиб додани он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахсе, ки протоколро тартиб додааст, маълумот дар бораи шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, маҳал, вақти содиршавӣ, ҳодиса ва моҳияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои ин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ менамояд, насаб, ном ва номи падар, суроғаи шоҳидон ва ҷабрдидаҳо (агар бошанд), баёноти шахсони воқеӣ, мансабдор, ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, хоҳиши онҳо дар бораи иштироки ҳимоятгар ё бе иштироки ӯ (оид ба парвандаҳое, ки иштироки ҳимоятгар дар онҳо ҳатмӣ нест) ва дигар маълумоти барои ҳалли парванда зарур сабт карда мешаванд.
2. Ҳангоми тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахсони воқеӣ, мансабдор ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, инчунин ба ҳимоятгар ва дигар иштирокчиёни баррасии парванда ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тибқи Кодекси мазкур пешбинигардида фаҳмонида шуда, он дар протокол сабт карда мешавад.
3. Ба шахсони воқеӣ, мансабдор ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, бояд имконияти шиносшавӣ бо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маводи ба он замимагардида дода шавад. Шахсони зикргардида ҳуқуқ доранд бо иштироки ҳимоятгар баёнот дода, доир ба мазмуни протокол мулоҳизаҳои худро изҳор намоянд, ки онҳо ба протокол замима карда мешаванд.
4. Ба протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси мансабдор, ки онро тартиб додааст, инчунин шахсони воқеӣ, мансабдор ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, ҳимоятгар, шоҳидон ва ҷабрдидаҳо (агар бошанд) имзо мегузоранд. Агар чунин шахсон аз имзо кардани протокол саркашӣ намоянд, доир ба ин ҳолат дар протокол аз ҷониби шахси мансабдор, ки протоколро барои шиносшавӣ пешниҳод намудааст сабти дахлдор ворид карда мешавад.
5. Ба шахсони воқеӣ, мансабдор ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, инчунин ба ҷабрдида тибқи дастхат нусхаи протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ супорида мешавад.
Моддаи 80. Тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи талаботи Кодекси мазкур аз ҷониби шахсони мансабдоре, ки мутобиқи боби 10 Кодекси мазкур барои пешбурд ва ё баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколатдоранд, дар доираи ваколатҳои худ тартиб дода мешавад.
2. Ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои ҳудудии онҳо, инчунин дигар мақомоти давлатӣ мутобиқи вазифаю ӯҳдадориҳои назоратии худ, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо вогузор шудааст ҳуқуқ доранд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб диҳанд. Дар ин ҳолат шахсони мансабдори ваколатдори зикргардида протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводи замимагардидаи парвандаро дар мӯҳлати на дертар аз се шабонарӯзи баъди тартиб додани он ба судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки ҳуқуқ доранд парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намоянд, ирсол мекунанд.
Моддаи 81. Оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Барои оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ инҳо асос мегарданд:
- аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки ваколати тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро доранд, бевосита ошкор кардани маълумотҳои кофӣ, ки аз мавҷудияти ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шаҳодат медиҳанд;
- маводе, ки аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ворид шуда, дорои маълумоте мебошанд, ки аз мавҷудияти ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шаҳодат медиҳанд;
- хабару аризаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин хабари воситаҳои ахбори омма, ки дорои маълумоти саҳеҳ ва воқеии гувоҳидиҳандаи мавҷудияти ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд.
2. Мавод, хабар ва ариза дар бораи ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур мавриди баррасӣ ва санҷиш қарор дода мешаванд.
3. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) танҳо дар сурати мавҷуд будани яке аз асосҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда ва маълумоти кофӣ, ки аз мавҷудияти ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гувоҳӣ медиҳанд, оғоз карда мешавад.
4. Ҳангоми набудани асосҳои кофӣ шахси мансабдори ваколатдори баррасикунандаи маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарори асоснок мебарорад.
Моддаи 82. Тартиби оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз лаҳзаи қабули таъинот ё қарор дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғозгардида ҳисоб мешавад.
2. Дар қарор ё таъинот дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вақт ва маҳалли қабул кардани қарор ё таъинот, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси қарор ё таъинотро тартибдода, асос барои оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, маълумоте, ки аз мавҷуд будани ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гувоҳӣ медиҳад, моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои ин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ менамояд, нишон дода мешаванд. Ҳангоми қабули қарор ё таъинот дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахсони воқеӣ, мансабдор ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо қарор ё таъинот қабул карда шудааст, инчунин ба дигар иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо, ки тибқи Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, фаҳмонида, дар ин бора дар қарор ё таъинот сабт карда мешавад.
3. Нусхаи қарор ё таъинот дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахсони воқеӣ, мансабдор ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо қарор ё таъинот қабул карда шудааст, инчунин ба ҷабрдида дар давоми як шабонарӯз бо гирифтани забонхат супорида ё фиристода мешавад.
Моддаи 83. Аз ҷониби прокурор оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи ӯ ҳангоми назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд вобаста ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки барои содир кардани онҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
2. Прокурор дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор қабул мекунад, ки он бояд дорои маълумоти пешбининамудаи моддаи 86 Кодекси мазкур бошад. Қарори мазкур дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаи 85 Кодекси мазкур ба мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) барои баррасӣ фиристода мешавад.
Моддаи 84. Мӯҳлати тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ фавран баъди ошкор кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешавад.
2. Ҳангоми зарурати ба таври иловагӣ муайян кардани ҳолатҳои парванда ё маълумот дар бораи шахсони воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз мегардад, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ на дертар аз се шабонарӯзи баъди ошкор кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешавад.
3. Ҳангоми гузаронидани тафтишоти маъмурӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баъди ба охир расидани тафтишот дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи моддаи 86 Кодекси мазкур тартиб дода мешавад.
Моддаи 85. Фиристодани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қарори прокурор дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои баррасӣ
1. Протоколи тартибдодаи мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ё қарори прокурор оид ба оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар давоми се шабонарӯз ба судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) равон карда мешаванд.
2. Протокол ва ё қарори прокурор дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки содир кардани он боиси ҳабси маъмурӣ ё бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардан мегардад, баъди тартиб додан фавран барои баррасӣ ба судя супорида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
3. Ҳангоми ба мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) бо асосҳои пешбинигардидаи қисми 1 моддаи 134 Кодекси мазкур баргардонидани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводи парванда мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) мазкур камбудиҳои нишондодашударо дар давоми то се шабонарӯз ислоҳ намуда, протокол ва дигар маводи парвандаро такроран ба судя, мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) баррасикунандаи парванда мефиристонанд ё мутобиқи талаботи Кодекси мазкур дигар қарор қабул менамоянд.
Моддаи 86. Тафтишоти маъмурӣ
1. Агар баъди ошкор кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ, бонкӣ, асъорӣ, андоз ва гумрук, қонунгузорӣ дар бораи монополияҳои табиӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, нақлиёт, танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот, инчунин маҳсулоти тамоку, бехатарӣ аз сӯхтор, қонунгузорӣ дар бораи реклама, ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, интихобот ва раъйпурсӣ, иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият зарурати анҷом додани экспертиза ва дигар ҳаракатҳои мурофиавӣ ба миён омада, вақти зиёдро талаб намоянд, дар ин сурат тафтишоти маъмурӣ гузаронида мешавад.
2. Қарор дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гузаронидани тафтишоти маъмурӣ аз ҷониби шахси мансабдоре, ки тибқи талаботи моддаи 80 Кодекси мазкур барои тартиб додани протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколатдор мебошад, дар шакли қарор, аз ҷониби прокурор низ, дар шакли қарор фавран баъди ошкор гардидани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул карда мешавад.
3. Тафтишоти маъмурӣ дар ҷойи содиршавӣ ё ошкор гардидани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гузаронида мешавад. Тафтишоти маъмурӣ оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз ҷониби шахси мансабдори ваколатдор оид ба тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, аз ҷониби худи ӯ ва бо қарори сардори мақоме, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди он қарор дорад ё муовини ӯ аз ҷониби шахси дигари мансабдори ваколатдор оид ба тартиб додани санади ҳуқуқвайронкунии маъмурии ин мақомот гузаронида мешавад.
4. Мӯҳлати тафтишоти маъмурӣ наметавонад аз як моҳ зиёд бошад. Дар ҳолатҳои истисноӣ дар асоси дархости шахси мансабдори ваколатдоре, ки дар баррасии ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор дорад, ин мӯҳлат мумкин аст аз ҷониби шахси мансабдори болоӣ ба мӯҳлати на зиёдтар аз як моҳ, нисбати парвандаҳо оид ба риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи монополияҳои табиӣ, қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва қоидаҳои гумрук бошад, аз ҷониби сардорони мақомоти болоӣ ба мӯҳлати то се моҳ дароз карда шавад.
5. Дар қарор оид ба тамдид намудани муҳлати тафтишоти маъмурӣ сана ва маҳалли тартиб дода шудани қарор, мансаб, насаб, ном ва номи падари шахси қарорро тартибдода, асосҳо ва мӯҳлати тамдид намудани тафтишоти маъмурӣ нишон дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1929).
6. Баъди ба охир расидани тафтишоти маъмурӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешавад ё дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1929).
Моддаи 87. Ҳолатҳое, ки протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад
1. Ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҷазои маъмурӣ барои он дар намуди огоҳӣ пешбинӣ шудааст, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад ва огоҳии намунаи муқарраргардида ба расмият дароварда мешавад.
2. Ҳангоми содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки дар моддаҳои 324, 333 қисми 2 ва 340 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, дар сурати аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дар маҳалли содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт гардидани маблағи ҷарима, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад. Дар ин ҳолат ҷазои маъмурӣ дар бланки ҳисоботдиҳии қатъии намунааш аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ба расмият дароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2021).
3. Ҳангоми тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки дар моддаҳои 310 қисми 3, 314, 317, 318, 324, 325 ва 326 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад. Дар ин ҳолат ба соҳиби воситаи нақлиёт расми сабти видеои ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаи намунааш аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда фиристонида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1263).
4. Ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар моддаи 295(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, дар сурати аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дар маҳалли содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт гардидани маблағи ҷарима, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад. Дар ин ҳолат ҷазои маъмурӣ дар бланки ҳисоботдиҳии қатъии намунааш аз тарафи мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт муқарраршуда ба расмият дароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2021).
5. Агар шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷудияти ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷазои маъмурии бо тартиби пешбининамудаи қисмҳои 1-4 ҳамин модда таъиншударо мавриди баҳс қарор диҳад, инчунин имконияти ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани маблағи ҷаримаро надошта бошад, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, он бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешбурд ва баррасӣ карда мешавад. Дар сурати нисбати ронандаи воситаи нақлиёт тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуҷҷати ронандагии ронандаи воситаи нақлиёт гирифта намешавад ва протоколи тартибдодашуда ба махзани ягонаи электронии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 1729, аз 03.01.2024 № 2021).
6. Соҳиби воситаи нақлиёт аз ҷавобгарии маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда, ки бо воситаи нақлиёти ба ӯ тааллуқдошта содир шудааст, озод карда мешавад, агар ҳангоми санҷиши муроҷиат ё аризаи ӯ шахси идоракунандаи воситаи нақлиёт дар вақти сабти ҳуқуқвайронкунӣ муайян карда шавад ё муайян гардад, ки дар натиҷаи ҳаракатҳои ғайриқонунии шахсони дигар воситаи нақлиёт аз ихтиёрдории ӯ гирифта шудааст.
Моддаи 88. Қатъ кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ то баррасии парванда
Ҳангоми мавҷуд будани яке аз ҳолатҳои дар моддаи 20 Кодекси мазкур пешбинишуда мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 142 Кодекси мазкур дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор қабул мекунанд.
ҚИСМИ II. ҚИСМИ МАХСУС
ФАСЛИ III. СУД, МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ (ШАХСОНИ МАНСАБДОР), КИ ПАРВАНДАҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИРО БАРРАСӢ МЕНАМОЯНД
БОБИ 9. ТОБЕИЯТИ ПАРВАНДАҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВА ТАРТИБИ БАРРАСИИ ОНҲО
Моддаи 89. Суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколатдоранд
Парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби инҳо баррасӣ карда мешаванд:
- Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мазкур;
- Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ - дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур;
- Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе - дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур;
- судҳои ҳарбӣ - дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур;
- мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) - дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур.
Моддаи 90. Тобеияти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро баррасӣ менамоянд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мазкур таҳти тобеияти онҳо қарор доранд.
Моддаи 91. Ваколати шахсони мансабдор
1. Шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти ваколатдори давлатӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар доираи ваколатҳои худ танҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ баррасӣ карда метавонанд.
2. Номгӯй ва доираи ваколатҳои шахсони мансабдоре, ки парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамоянд, бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
3. Суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санадҳои дахлдор қабул мекунанд.
Моддаи 92. Тобеияти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мавриди барҳам додан, аз нав ташкил кардан ё табдили номи мақомоти ваколатдори давлатии баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Дар мавриди барҳам додани мақомоти ваколатдори давлатии дар боби 10 Кодекси мазкур пешбинишуда, то ба ҳамин боб ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии тобеи онҳо аз ҷониби судя баррасӣ карда мешаванд.
2. Дар мавриди табдил додан, аз нав ташкил кардан ва ё тағйир ёфтани тобеияти мақомоти ваколатдори давлатии дар боби 10 Кодекси мазкур пешбинишуда, то ба ҳамин боб ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии тобеи онҳо аз ҷониби мақомоте баррасӣ карда мешаванд, ки вазифаҳои мақомоти ваколатдори давлатии мазкур ба зиммаи онҳо гузошта шудааст.
3. Дар мавриди тағйир ёфтани номи мақомоти ваколатдори давлатии дар боби 10 Кодекси мазкур пешбинишуда, то ба ҳамин боб ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор шахсони мансабдори ин мақомот иҷрои ваколатҳои худро вобаста ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ давом медиҳанд.
БОБИ 10. СУД, МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ (ШАХСОНИ МАНСАБДОР), КИ ПАРВАНДАҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИРО БАРРАСӢ МЕНАМОЯНД
Моддаи 93. Суд
1. Суд дар доираи салоҳияти худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 57-107, 126, 130 қисми 2, 131, 132, 150, 153, 154, 166 қисми 2, 171, 172 , 182, 189, 198 қисми 2, 205, 207, 208, 210-214, 288, 297, 309 қисми 1, 311 қисмҳои 2 ва 3 (танҳо нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ), 312, 313, 316, 326(1), 328 қисми 1, 329 қисмҳои 1 ва 2, 332, 333 қисмҳои 1 ва 3, 334, 336 қисми 2, 337 339 қисми 2, 345, 352, 353, 358, 373-376, 377 қисми 1, 437, 437(1), 448, 460, 461(1), 465, 467, 471, 471(1), 472, 474, 474(1), 474(2), 475 - 481, 485 қисми 3, 487, 490, 492, 497 қисми 2,498, 499 қисми 2, 500, 507 қисми 3, 508 қисми 2, 510-512, 514, 518, 527(1)-527(5), 528-534, 534(1), 536, 538 қисми 2, 540, 541, 541(1), 549, 554(1), 560 қисми 2, 577, 598(1), 605(1), 578 қисмҳои 1, 2 ва 4, 579, 585 қисми 1, 592, 593 қисми 1, 594 қисми 1, 595 қисми 1, 596, 597, 628 қисми 2, 629, 637, 639, 642 қисми 2, 644, 649, 656, 657 ва 679 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, баррасӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1070, аз 26.07.2014 № 1094, аз 27.11.2014 № 1135, 18.03.2015 № 1180, аз 8.08.2015 № 1221, аз 23.11.2015 № 1235, аз 2.01.2018 № 1476), аз 17.05.2018 № 1520, аз 2.01.2020 № 1660, аз 04.07.2020 № 1699, аз 07.08.2020 № 1716, аз 17.12.2020 № 1728, аз 23.12.2021 № 1816, аз 18.03.2022 № 1860,  аз 03.01.2024 № 2021).
2. Парвандаҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо аз номи суд судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳр ва ноҳияҳо ба таври дастаҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунанд.
3. Суд ба ғайр аз парвандаҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда новобаста аз тобеият парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст (ба истиснои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи андоз ва қонунгузории зиддиинҳисорӣ), маҳрум кардан аз иҷозатномаи машғул шудан ба намуди муайяни фаъолият, маҳрум кардани шахсони воқеӣ аз ҳуқуқи махсус, бо подош гирифтани ашё ва ё мусодираи ашё, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, инчунин ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст, баррасӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1221, аз 2.01.2018 № 1476).
4. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро вобаста ба ҳолатҳои беэҳтиромӣ нисбати суд, ки аз ҷониби шахсони дар мурофиаи судӣ иштироккунанда содир шуда, он дар мурофиаи судӣ ошкор шудааст, баррасӣ менамоянд.
5. Судҳои ҳарбӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо, ки аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ содир шудаанд, баррасӣ менамоянд.
Моддаи 94. Мақомоти назорат дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ
(Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1222)
1. Мақомоти назорат дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 94-104, 108, 109, 133, 134 (ба истиснои сари вақт напардохтани кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ), 135-137 ва 139 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1222, аз 22.06.2023 № 1972).
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорат дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ сардори Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, минтақаҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1222).  
Моддаи 95. Мақомоти тандурустӣ
1. Мақомоти тандурустӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 110-123, 134 (дар қисми сари вақт напардохтани кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ) ва 140 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1972).
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти тандурустӣ инҳо ҳуқуқ доранд:
- сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муовинони ӯ, сардорони сарраёсатҳо ва раёсатҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва раёсати Хадамот дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 110, 110(1), 111, 119-123, 134 (дар қисми сари вақт напардохтани кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ) ва 140 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1972);
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1972);
- сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, сардухтурони давлатии санитарии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, сардухтурони санитарии муассисаи назорати санитарии давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 112-118 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ шудаан.
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1972).
Моддаи 96. Мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист
1. Мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 125, 147, 173-179, 190, 191, 197, 203, 204, 206, 209, 215-228, 231-244, 250, 266 ва 269 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1419, аз 29.01.2021 № 1754).
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист роҳбарони сохторҳои мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 96(1). Мақоми танзимкунандаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1419)
1. Мақоми танзимкунандаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ дар доираи салоҳияти худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаи 124 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамояд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақоми танзимкунандаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директорони филиалҳои он ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1419).
Моддаи 97. Мақомоти назорати маводи нашъаовар
1. Мақомоти назорати маводи нашъаовар дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 127 ва 128 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронқунии маъмурӣ ва таъйини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати маводи нашъаовар директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, сардорони раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, сардорони шуъбаҳои байниноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1859).
Моддаи 98. Мақомоти корҳои дохилӣ
1. Мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 127-129, 130 қисми 1, 229, 230, 276, 277, 285-287, 289-295, 298, 299, 301-304, 307, 308, 309 қисми 2, 310, 314, 315, 317-321, 322 (дар қисми риоя накардани тартиби муқарраргардидаи кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ), 323-326, 327, 328 қисми 2, 329 қисми 3, 330, 331, 333 қисми 2, 335, 336 қисмҳои 1, 3-6, 338, 339 қисми 1, 340-344, 346, 346(1), 461, 462, 463, 463(1),463(2),463(3), 464, 466, 468-470, 473, 482-484, 485 қисмҳои 1 ва 2, 486, 488, 489, 491, 493-496,497 қисми 1,499 қисмҳои 1 ва 3, 513 (ба истиснои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи гумрук), 517, 539 ва 640 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ шудаанд, баррасӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1235, аз 2.01.2018 № 1476, аз 17.05.2018 № 1520, аз 04.07.2020 № 1699, аз 17.12.2020 № 1728,  аз 03.01.2024 № 2020).
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти корҳои дохилӣ инҳо ҳуқуқ доранд:
- сардорони шӯъбаҳо (зершӯъбаҳо)-и ҳудудии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо, дар нақлиёт ва муовинони онҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 127-129, 130 қисми 1, 276, 277, 285, 286, 289 (дар нақлиёти роҳи оҳан, обӣ ва ҳавопаймо), 295, 298, 299, 301-304, 307, 308, 309 қисми 2, 461,462,463,463(1),463(2),463(3), 464, 464(1), 466, 468-470, 482-484, 485 қисмҳои 1 ва 2, 486, 488, 489, 491,493-496, 497 қисми 1, 499 қисмҳои 1 ва 3, 513 (ба истиснои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи гумрук), 517, 539 ва 640 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1235, аз 17.05.2018 № 1520, аз 04.07.2020 № 1699, аз 17.12.2020 № 1728);
- сардори раёсат (шӯъба, зершӯъбаи ҳайати Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ), шӯъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилии раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт ва муовинони онҳо, сардорони зершӯъбаҳои ҳайати онҳо, зершӯъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо ва дар сурати набудани чунин зершӯъбаҳо Бозраси калони давлатии автомобилӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 229, 230, 289-294, 310, 314, 315, 317-321, 322 (дар қисми риоя накардани тартиби муқарраргардидаи кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ), 323-326, 327, 328 қисми 2, 329 қисми 3, 330, 331, 333 қисми 2, 335, 336 қисмҳои 1, 3-6, 338, 339 қисми 1, 340-344 ва 346, 346(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476, аз 17.05.2018 № 1520, аз 03.01.2024 № 2020);
- сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва муовинони ӯ, сардорони шӯъбаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар ҳамин сарраёсат, сардорони раёсатҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони шӯъбаҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ, сардорони қисмҳои мустақил, тобеъ ва дидбонгоҳҳои алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳру ноҳияҳо, сардорони Дидбонгоҳҳои тобеи қисмҳои мустақили ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати маҳалҳои аҳолинишин ва иншоотҳои ҳаётан муҳим, нозироти хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳру ноҳияҳо, сардорони қисмҳои мустақил ва Дидбонгоҳҳои тобеи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба иншоотҳои хоҷагии халқ доир ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки дар моддаҳои 287 ва 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд(Қонуни ҶТ аз аз 20.04.2021 1775);
-  сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва муовинони ӯ, сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳуқуқ вайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 469, 470, 493-496, 497 қисми 1, 499 қисмҳои 1 ва 3 Кодекси ҳуқуқ вайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд   (Қонуни ҶТ  аз 04.07.2020 № 1699) ;
- нозирони роҳ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 317 қисми 1, 324, 333 қисми 2, 338 қисми 1, 340 қисмҳои 1 ва 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
Моддаи 99. Мақомоти муҳоҷирати меҳнатӣ
1. Мақомоти муҳоҷирати меҳнатӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаи 138 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти муҳоҷирати меҳнатӣ сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1337).
Моддаи 100. Мақомоти заминсозӣ ва геодезӣ
1. Мақомоти заминсозӣ ва геодезӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 141-146, 148, 149, 151, 152, 155-164, 676-678, 679 қисми 1, 680-682 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти заминсозӣ ва геодезӣ инҳо ҳуқуқ доранд:
- сардори сарраёсати назорати давлатии замин, сардорони шӯъбаҳои ҳамин сарраёсат, роҳбарон ва муовинони роҳбарони сохторҳои мақомоти давлатии заминсозӣ ва геодезӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 141-146, 148, 149, 151, 152, 155-164 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ шудаанд(Қонуни ҶТ аз 20.04.2021 № 1774);
- сардори Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад ва муовини ӯ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 676-678, 679 қисми 1, 680-682 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 20.04.2021 № 1774).
Моддаи 101. Мақомоти назорати геологӣ
1. Мақомоти назорати геологӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 165, 166 қисмҳои 1 ва 3, 167-170 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати геологӣ сардори мақомоти назорати геологӣ ва роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 102. Мақомоти назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ
1. Мақомоти назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 165-170, 172, 387, 389, 390, 404-406 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ роҳбарони нозироти мақомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 103. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1754)
Моддаи 104. Мақомоти назорати хоҷагии ҷангал ва шикор
1. Мақомоти назорати хоҷагии ҷангал ва шикор дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 180, 181, 183-188, 192-196, 198 қисми 1, 199-202 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати хоҷагии ҷангал ва шикор роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 105. Мақомоти фарҳанг
1. Мақомоти фарҳанг дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 245-248, 378-381, 509, 520 ва 521 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти фарҳанг вазири фарҳанг, муовинони ӯ ва роҳбарони сохторҳои мақомоти фарҳанг дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 106. Мақоми бехатарии озуқаворӣ
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1816)
1.Мақоми бехатарии озуқаворӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 249, 251-256, 259-261, 264, 265-265(5), 267, 268, 270-275, 278-284 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, баррасӣ менамояд.
2.Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақоми бехатарии озуқаворӣ роҳбари мақомот ва муовинони ӯ, сардорони раёсатҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, сардорони марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1816).
Моддаи 107. Мақомоти назорати техникӣ дар соҳаи кишоварзӣ
1. Мақомоти назорати техникӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 257, 258, 262 ва 263 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати техникӣ дар соҳаи кишоварзӣ нозирони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 108. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1816)
Моддаи 109. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1816)
Моддаи 110. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1816)
Моддаи 111. Мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
1. Мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 290-294, 295, 296, 297, 300, 305, 306, 311 ( ба истиснои шахсони ҳуқуқӣ), 322 (ба истиснои қисми риоя накардани тартиби муқарраргардидаи кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ) ва 323 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 1729).
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт роҳбарони сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 112. Мақомоти назорати танзими алоқа ва иттилоотонӣ
1. Мақомоти назорати танзими алоқа ва иттилоотонӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 347-351, 354-357, 359-369 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати танзими алоқа ва иттилоотонӣ сардори Хадамоти алоқа ва иттилоотонӣ, роҳбарони сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 113. Мақомоти телевизион ва радио
1. Мақомоти телевизион ва радио дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 370-372 ва 642 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамояд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти телевизион ва радио сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад.
Моддаи 114. Мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо
1. Мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 624 - 627, 628 қисми 1, 630 - 635, 641, 643, 645 ва 646 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1929).
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати стандартҳо, воситаҳои ченак ва қоидаҳои савдо, муовинони ӯ, роҳбарони марказҳои вилоятию минтақавии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарнозирони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятию минтақавӣ оид ба назорати стандартҳо, воситаҳои ченак ва қоидаҳои савдо, ҳуқуқ доранд.
Моддаи 115. Мақомоти назорати энергетикӣ
1. Мақомоти назорати энергетикӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 382-404 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати энергетикӣ сарнозир оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва муовинони ӯ, нозири калон оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва роҳбарони сохторҳои мақомоти назорати энергетикӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 115(1). Мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1519)
1. Мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 404(1)- 404(4) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамояд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъйини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва муовини ӯ ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1519).
Моддаи 116. Мақомоти назорати шаҳрсозӣ
1. Мақомоти назорати шаҳрсозӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 407-436, 438-447 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати шаҳрсозӣ сардорон ва нозирони Хадамоти назорати шаҳрсозӣ, сардорони хадамотҳои назорати шаҳрсозӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 117. Мақомоти хоҷагии манзилию коммуналӣ
1. Мақомоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 449-459 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти хоҷагии манзилию коммуналӣ роҳбарони сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 118. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин
1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 474(3) ва 474(4) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1816).
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин инҳо ҳуқуқ доранд:
- раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 474(3) ва 474(4) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1816);
- роҳбарони сохторҳо оид ба корҳои дин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаи 474(3) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1816).
Моддаи 119. Мақомоти хизмати давлатӣ
1. Мақомоти хизмати давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаи 501 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти хизмати давлатӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва минтақаи Кӯлоб ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1280).
Моддаи 120. Мақомоти адлия
1. Мақомоти адлия дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 502-503 ва 505 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти адлия вазири адлия, сардорони раёсати адлия ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 121. Мақомоти андоз
1. Мақомоти андоз дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 504, 599-605, 606-618, 620 ва 623 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1716).
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти андоз роҳбари мақомоти марказии андоз ва муовинони ӯ, роҳбарони мақомоти ҳудудии андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо, роҳбарони нозироти андозсупорандагони калон, нозироти андозсупорандагони миёна ва муовинони онҳо, роҳбарони шӯъбаҳо ва бахшҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, сардорони шӯъбаҳои нозироти андозсупорандагони калон ва нозироти андозсупорандагони миёна дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва муовинони онҳо ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1135).
Моддаи 121(1). Мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
(Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1222)
1. Мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкумии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 619, 621 ва 622 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1972).
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони раёсатҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1222).
Моддаи 122. Мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ
1. Мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 506, 507 қисмҳои 1 ва 2, 508 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 123. Мақомоти омор
1. Мақомоти омор дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 515 ва 516 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти омор инҳо ҳуқуқ доранд:
- директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, сардорони сарраёсатҳо ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони раёсат, шӯъба ва бахшҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаи 515 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
- директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон, муовини якум ва муовинони ӯ, сардорони сарраёсатҳо ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаи 516 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пашбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1223).
Моддаи 124. Мақомоти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ
1. Мақомоти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаи 519 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва минтақаҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 125. Мақомоти таъминкунандаи ҳифзи ҳуҷҷатҳои Фонди бойгонии миллӣ
1. Мақомоти таъминкунандаи ҳифзи ҳуҷҷатҳои Фонди бойгонии миллӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 522-525 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти таъминкунандаи ҳифзи ҳуҷҷатҳои Фонди бойгонии миллӣ сардори Саридораи бойгонии миллӣ ва роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва минтақаҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 126. Мақомоти ваколатдори назорати истифодаи амволи давлатӣ
1. Мақомоти ваколатдори назорати истифодаи амволи давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 526, 527, 650-655 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамояд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти ваколатдори назорати истифодаи амволи давлатӣ сардори мақомоти ваколатдори назорати истифодаи амволи давлатӣ ҳуқуқ дорад.
Моддаи 127. Мақомоти назорати ташкилотҳои қарзӣ
1. Мақомоти назорати ташкилотҳои қарзӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 535, 537 ва 538 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамояд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати ташкилотҳои қарзӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ ҳуқуқ доранд.
Моддаи 128. Мақомоти зиддиинҳисорӣ
1. Мақомоти зиддиинҳисорӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаи 377 қисми 2, моддаҳои 542 - 554, 555 - 558 ва 636 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1929).
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти зиддиинҳисорӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, роҳбарони сохторҳои он ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1221).
Моддаи 129. Мақомоти молия
1. Мақомоти молия дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 559, 560 қисмҳои 1, 3 ва 4, 561-569, 647 ва 648 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти молия инҳо ҳуқуқ доранд:
- директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашуда ва роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 559, 560 қисмҳои 1, 3 ва 4, 561-569 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
- роҳбари мақоми ваколатдори иҷозатномадиҳӣ вобаста ба фаъолияти аудиторӣ ва роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо доир ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 647 ва 648 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
Моддаи 130. Мақомоти гумрук
1. Мақомоти гумрук дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 570-576, 578 қисми 3, 580-584, 585 қисми 2, 586-591, 593 қисми 2, 594 қисми 2, 595 қисми 2 ва 598 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз  2.01.2020 № 1660).
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти гумрук роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва муовинони ӯ, сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ, гумрук, дидбонгоҳи гумрукӣ ва муовинони онҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 131. Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
1. Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 658-675 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва минтақаҳо ҳуқуқ доранд.
Моддаи 132. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1951)
1. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 310, 311 қисми 1, 314, 315, 317-326, 330, 331, 333 қисми 2, 335, 336 қисмҳои 1 ва 3, 338, 339 қисми 1, 340-344 ва 346 (аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёти ҳарбӣ содиргардида, ба истиснои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт шудаанд) ва моддаҳои 683-691(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, баррасӣ менамояд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазоҳои маъмурӣ аз номи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо ҳуқуқ доранд:
- комиссарони ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо вобаста ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 683-691(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
- сардори раёсат (шӯъба, шӯъбачае, ки ба ҳайати раёсати Бозрасии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиа дохил мешаванд) ва сардорони Бозрасии ҳарбии автомобилии гарнизонҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 310, 311 қисми 1, 314, 315, 317-326, 330, 331, 333 қисми 2, 335, 336 қисмҳои 1 ва 3, 338, 339 қисми 1, 340-344 ва 346 (аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёти ҳарбӣ содиргардида) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1951).
БОБИ 11. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ
Моддаи 133. Тайёрӣ барои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, ҳангоми тайёрӣ барои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ масъалаҳои зеринро муайян менамоянд:
- баррасии ҳамин парванда таҳти салоҳияти ӯ қарор дорад ё не;
- ҳолатҳое, ки имконияти баррасии парвандаи мазкурро аз ҷониби ин судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) истисно менамоянд, вуҷуд доранд ё не;
- протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар протоколҳо дуруст тартиб дода шудаанд ё не, инчунин маводи тибқи Кодекси мазкур пешбинигардидаи парванда дуруст ба расмият дароварда шудааст ё не;
- барои моҳиятан баррасӣ кардани парванда маводи ҷамъовардашуда кифоя аст ё не, инчунин маводи зарурии иловагӣ барои парванда талаб карда гирифта шудааст ё не;
- ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро истисно мекунанд ҷой доранд ё не;
- аз ҷониби шахсони иштирокчии пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ягон дархост ё раддия ворид шудааст ё не.
Моддаи 134. Таъинот ва қароре, ки ҳангоми тайёрӣ барои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул карда мешавад
1. Ҳангоми тайёрӣ барои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ масъалаҳои зерин ҳал гардида, доир ба онҳо таъинот ё қарор қабул карда мешавад:
- дар бораи таъин кардани вақт ва маҳалли баррасии парванда;
- дар бораи даъвати шахсони дар моддаҳои 26-34 ва 36 Кодекси мазкур пешбинигардида;
- дар бораи талаб карда гирифтани маводи зарурии иловагӣ барои парванда;
- дар бораи таъини экспертиза;
- дар бораи мавқуф гузоштани баррасии парванда;
- дар бораи боздоштани баррасии парванда;
- дар бораи ба мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки протоколро тартиб додаанд, баргардонидани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводи парванда бинобар аз тарафи шахсони ба он ваколатдорнабуда тартиб додани протокол ва ба расмият даровардани дигар маводи парванда ё нодуруст тартиб додани протокол ва нодуруст ба расмият даровардани маводи дигари парванда ва ё нопуррагии маводи пешниҳодшуда, ки наметавонад зимни баррасии парванда пурра карда шавад;
- дар бораи аз рӯйи тобеият барои баррасӣ супоридани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводи парванда, агар судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводи парванда барои баррасӣ ба онҳо ворид шудаанд, салоҳияти баррасии парвандаро надошта бошанд ё ҳангоме, ки дар бораи радкунии судя, ҳайати мақоми коллегиалӣ ё шахси мансабдор таъинот бароварда шуда бошад.
2. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор қабул карда мешавад.
3. Ҳангоми мавқуф гузоштани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар бе сабабҳои узрнок ба мурофиа ҳозир нашудани шахсони дар Кодекси мазкур пешбинигардида судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки ин парвандаро баррасӣ менамоянд, дар бораи маҷбуран овардани ин шахсон таъинот ё қарор мебароранд, агар ба мурофиа ҳозир нашудани онҳо барои ҳаматарафа, пурра, воқеъбинона ва саривақт муайян кардани ҳолатҳои парванда ва мутобиқи қонун ҳал гардидани он мамониат намояд.
4. Ҳангоми бемор шудан ва ё дар сафар будани шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ мегардад, дигар иштирокчиёни пешбурди парванда, инчунин ба миён омадани дигар ҳолатҳое, ки баррасии парвандаро бе иштироки онҳо ва дар мӯҳлати муайяншуда истисно мекунад, баррасии парвандаи маъмурӣ то бартараф шудани ҳолатҳое, ки барои боздоштани он асос мегарданд, боздошта мешавад. Дар ин бора судя таъинот ва мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) қарор қабул мекунанд.
Моддаи 135. Маҳалли баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар маҳалли содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда мешавад,ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур. Бо дархости шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда мешавад, инчунин дар мавридҳои дигар, мумкин аст, парванда дар маҳалли истиқомати ин шахс баррасӣ гардад.
2. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки боиси маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт мегардад, метавонад дар маҳалли бақайдгирии воситаи нақлиёт баррасӣ карда шавад.
3. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати хизматчии ҳарбӣ дар суди ҳарбии гарнизоне, ки дар ҳудуди фаъолияти он ҳуқуқвайронкунӣ содир шудааст, баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 136. Мӯҳлатҳои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мӯҳлати бист шабонарӯз аз лаҳзаи протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводи парвандаро гирифтани судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки барои баррасии парванда ваколатдор мебошанд, баррасӣ карда мешавад.
2. Дар сурати ворид шудани дархост аз ҷониби иштирокчиёни пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ҳангоми зарурати ба таври иловагӣ муайян кардани ҳолатҳои ин парванда аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаро баррасӣ менамоянд, мӯҳлати баррасии парванда метавонад на бештар аз як моҳ дароз карда шавад. Дар бораи дароз кардани мӯҳлат судя, мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) баррасикунандаи парванда таъинот ё қарори асоснок мебароранд.
3. Парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ дар мӯҳлати панҷ шабонарӯз аз лаҳзаи протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводи парвандаро гирифтани судя баррасӣ карда мешаванд. Ин мӯҳлат дароз карда намешавад.
4. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки содир кардани он боиси татбиқи ҷазои ҳабси маъмурӣ ё бо роҳи маъмурӣ берун кардан аз ҳудади Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад, дар рӯзи гирифтани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
5. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки барои содир кардани он ҷазои маъмурӣ метавонад дар намуди боздошти маъмурии фаъолият таъин карда шавад, бояд аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) дар мӯҳлати на дертар аз панҷ шабонарӯз аз лаҳзаи қатъи воқеии фаъолияти ташкилот, филиалҳо, намояндагиҳо, воҳидҳои сохтории шахси ҳуқуқӣ, қитъаҳои истеҳсолӣ ва истифодаи агрегатҳо, объектҳо, биною иншоот, намудҳои алоҳидаи фаъолият (кор ва хизматрасонӣ) баррасӣ карда шавад. Мӯҳлати муваққатан манъ кардани фаъолият ба мӯҳлати боздошти маъмурии фаъолият дохил карда мешавад.
Моддаи 137. Тартиби баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мавқуф гузоштани онҳо
1. Ҳангоми баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ:
- эълон карда мешавад, ки парвандаро кӣ баррасӣ менамояд, кадом парванда баррасӣ мегардад, кӣ ва барои содир кардани кадом ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад;
- муқаррар карда мешавад, ки оё шахси воқеӣ ё намояндаи қонунии ӯ ё намояндаи шахси ҳуқуқие, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда мешавад, инчунин дигар иштирокчиёни баррасии парванда ба мурофиа ҳозир шудаанд ё не;
- санҷида мешавад, ки оё намояндаи қонунии шахси воқеӣ ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ҳимоятгар ва намоянда барои иштирок дар баррасии ин парванда ваколат доранд ё не;
- муайян карда мешавад, ки оё иштирокчиёни баррасии парванда бо тартиби муқарраргардида дар бораи вақт ва маҳалли баргузории муҳокима огоҳ карда шудаанд ё не, инчунин сабабҳои ҳозир нашудани иштирокчиёни баррасии парванда муайян карда, аз рӯйи он дар бораи баррасии парванда дар ғоибии ин шахсон ё мавқуф гузоштани баррасии парванда қарор қабул карда мешавад;
- ба шахсони иштирокчии баррасии парванда ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо фаҳмонида мешавад;
- дархост ва раддияҳои изҳоршуда баррасӣ карда мешаванд.
2. Таъинот дар бораи мавқуф гузоштани баррасии парванда дар ҳолатҳои зерин бароварда мешавад:
- ҳангоми ворид шудани аризаи худрадкунӣ ё радкунии судя, узви мақоми коллегиалӣ ё шахси мансабдори ваколатдори баррасикунандаи парванда;
- радкунии мутахассис, коршинос ё тарҷумон, агар радкунии зикршуда барои моҳиятан баррасӣ кардани парванда мамониат намояд;
- ҳангоми зарурати ҳозиршавии шахсони иштирокчии баррасии парванда ё талаб кардани маводи иловагӣ барои баррасии парванда ё таъини экспертиза;
- маҷбуран овардани шахсе, ки иштироки ӯ зимни баррасии парванда мутобиқи қисми 3 моддаи 134 Кодекси мазкур ҳатмӣ дониста шудааст;
- дар дигар маҳал баррасӣ кардани парванда мутобиқи моддаи 135 Кодекси мазкур.
3. Дар сурати идома ёфтани баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиби тадқиқи далелҳо муайян карда мешавад, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳангоми зарурат дигар маводи парванда низ эълон карда мешаванд. Баёноти шахси воқеӣ ё намояндаи шахси ҳуқуқие, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда мешавад ва шахсони дигари иштирокчии баррасии парванда, шарҳи мутахассис ва хулосаи коршинос шунида мешаванд, далелҳои дигар тадқиқ гардида, ҳангоми иштироки прокурор дар баррасии парванда хулосаи ӯ шунида мешавад.
4. Ҳангоми зарурат мутобиқи Кодекси мазкур амалҳои дигари мурофиавӣ низ анҷом дода мешаванд.
Моддаи 138. Протоколи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Оид ба баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳатман протокол тартиб дода мешавад.
2. Дар протоколи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нишон дода мешаванд:
- вақт ва маҳалли баррасии парванда;
- вазифа, насаб, ном ва номи падари судя ва котиби маҷлиси суд ё шахси мансабдори ваколатдори баррасикунандаи парванда;
- ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии баррасишаванда;
- маълумот дар бораи ба мурофиа ҳозир шудани шахсони иштирокчии баррасии парванда ва дар бораи огоҳ кардани шахсони ғоиб бо тартиби муқарраргардида;
- радкуниҳо, дархостҳо ва натиҷаи баррасии онҳо;
- баёнот, гувоҳӣ, шарҳ ва хулосаи шахсони дахлдори иштирокчии баррасии парванда;
- ҳуҷҷатҳое, ки зимни баррасии парванда тадқиқ карда шудаанд;
- дар бораи ҷойгир намудани қарор дар сомонаи суди дахлдор ҳангоми мавҷуд будани розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1858).
3. Ба протоколи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ раисикунанда ва котиби маҷлиси суд, шахси мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ имзо мегузоранд.
Моддаи 139. Тартибот дар маҷлиси судӣ
1. Муҳокимаи судӣ дар шароите, ки барои кори мӯътадили суд ва амнияти иштирокчиёни мурофиа мусоид аст, гузаронида мешавад.
2. Ҳангоми ба толори маҷлиси суд ворид шудани суд, судя бо хитоби котиби маҷлиси суд ,Суд меояд, хоҳишмандам аз ҷой бархезед!, ҳамаи ҳозирин аз ҷой бармехезанд.
3. Дар рафти мурофиа иштирокчиёни муҳокимаи судӣ аз ҷой бармехезанд ва ҳар гоҳ ба суд бо ибораи ,Мӯҳтарам суд, муроҷиат мекунанд, нишондод медиҳанд ва арзи изҳорот мекунанд. Сарфи назар кардани қоидаҳои мазкур танҳо бо иҷозати раисикунанда мумкин аст.
4. Ҳамаи иштирокчиёни муҳокимаи судӣ, ҳамчунин ҳамаи шаҳрвандони дар толори маҷлиси суд ҳозирбуда бояд амри раисикунандаро дар бобати риояи тартибот дар маҷлиси суд иҷро намоянд.
5. Дар сурати итоат накардани иштирокчиёни парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба амри судя ё риоя накардани тартибот ҳангоми маҷлиси судӣ, ҳамчунин барои аз тарафи шахс содир кардани кирдоре, ки аз беэътиноии ошкоро ба суд ё қоидаҳои дар суд муқарраршуда шаҳодат медиҳад, аз ҷониби суд, судя ё шахси мансабдори ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ тибқи талаботи Кодекси мазкур протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маводи зарурӣ тартиб дода, ба раиси суди дахлдор пешниҳод карда мешавад.
6. Раиси суд протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маводи заруриро барои беғаразона ва моҳиятан баррасӣ кардан ба дигар судя месупорад. Судя протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маводи заруриро омӯхта, дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ нисбати шахси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содирнамуда парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, онро мувофиқи талаботи Кодекси мазкур баррасӣ менамояд.
Моддаи 140. Қарор ва таъинот оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Аз рӯи натиҷаи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мумкин аст, чунин қарорҳо қабул карда шаванд:
- дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ;
- дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.
2. Қарор дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад:
- мавҷуд будани яке аз ҳолатҳои истиснокунандаи пешбурди парванда, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст;
- дар асоси талаботи Кодекси мазкур эълон кардани огоҳии шифоҳӣ;
- қатъ кардани пешбурди парванда ва супоридани маводи парванда ба прокурор, агар ин кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) дорои нишонаҳои таркиби ҷиноят бошад.
3. Аз рӯи натиҷаи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чунин таъинот бароварда мешавад:
- дар бораи супоридани парванда ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин кардани намуд ё андозаи дигари ҷазои маъмурӣ ё татбиқи дигар чораҳои таъсиррасонӣ ваколатдор мебошад;
- дар бораи супоридани парванда аз рӯи тобеият, агар муайян гардад, ки парвандаи мазкур ба салоҳияти ҳамин судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) тааллуқ надорад.
4. Ба қарор ё таъинот оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ судя, шахси мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки таъинот ё қарорро қабул кардааст, имзо мегузоранд.
Моддаи 141. Маълумотҳое, ки дар қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нишон дода мешаванд
1. Дар қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд маълумотҳои зерин нишон дода шаванд:
- вазифа, насаб, ном ва номи падари судя ё шахси мансабдори ваколатдоре, ки қарор қабул кардааст;
- вақт ва маҳалли баррасии парванда;
- маълумот дар бораи шахсе, ки нисбати ӯ парванда баррасӣ гардидааст;
- ҳолатҳое, ки зимни баррасии парванда муқаррар карда шудаанд;
- моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё асосҳои қатъ кардани пешбурди парвандаро пешбинӣ менамояд;
- асосноккунии қарор вобаста ба парванда;
- мӯҳлат ва тартиби шикоят кардан ва эътироз овардан ба қарор.
2. Ҳангоми таъин кардани ҷаримаи маъмурӣ дар қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ғайр аз маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида бояд андозаи ҷарима ва дар бораи қабулкунандаи ҷарима маълумот оварда шавад, ки он мутобиқи қоидаҳои тартиб додани ҳуҷҷатҳои пардохт барои интиқоли маблағи ҷаримаи маъмурӣ зарур мебошад.
3. Агар ҳангоми ҳалли масъалаи аз тарафи судя таъин кардани ҷазои маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамзамон масъалаи ҷуброни зарари молумулкӣ ҳал карда шавад, он гоҳ дар қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ андозаи зарари ҷуброншаванда, мӯҳлат ва тартиби пардохти он зикр мегардад.
4. Ҳангоми аз ҷониби мақомоти ваколатдор таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият масъалаҳои марбут ба чораҳои зарурии таъмини иҷрои ин ҷазои маъмурӣ низ ҳал карда мешаванд, ки онҳо аз манъ кардани фаъолияти шаҳрвандоне, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ амалӣ менамоянд, шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо, намояндагиҳо, воҳидҳои сохтории шахсони ҳуқуқӣ, қитъаҳои истеҳсолӣ ва истифодаи агрегатҳо, объектҳо, биною иншоот, намудҳои алоҳидаи фаъолият (кор ва хизматрасонӣ) иборат мебошанд.
5. Дар қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд масъалаи молу мулк ва ҳуҷҷатҳои гирифташуда ва молу мулки ба ҳабс гирифташуда ҳал карда шавад, ба шарте ки нисбати онҳо ҷазои маъмурӣ дар намуди мусодира ё бо подош гирифтан татбиқ нашуда бошад ва ё набояд татбиқ шавад. Ҳамзамон бояд:
- молу мулк ва ҳуҷҷатҳое, ки аз муомилоти гражданӣ гирифта нашудаанд, ба соҳиби қонуниашон баргардонида шаванд ва агар соҳибашон муқаррар карда нашуда бошанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти давлат гузаронида шаванд;
- молу мулки аз муомилоти гражданӣ гирифташуда ба ташкилотҳои дахлдор супорида ё нобуд карда шаванд;
- ҳуҷҷатҳое, ки далели шайъӣ мебошанд, дар тамоми мӯҳлати нигоҳдории парванда нигоҳ дошта шаванд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони манфиатдор супорида шаванд.
6. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бораи чораи ҷазои маъмурӣ қайди дахлдор сабт карда мешавад.
7. Қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, агар нисбати он шикоят ё эътироз оварда нашуда бошад, баъди ба охир расидани мӯҳлати овардани шикоят ё эътироз аз болои он, эътибори қонунӣ пайдо мекунад. Дар сурати овардани эътироз, шикоят ё пешниҳод нисбати қарор баъди аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ, суди болоӣ баррасӣ гаштани парванда ин қарор эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
Моддаи 142. Эълон кардани қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвай ронкунии маъмурӣ ва супоридани нусхаи он
1. Қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баъди ба охир расидани баррасии парванда фавран эълон карда мешавад.
2. Нусхаи қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахси воқеӣ ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо қабул шудааст, ба прокурор агар дар баррасии парванда иштирок дошта бошад, инчунин ба ҷабрдида бо хоҳиши ӯ бо гирифтани имзо супорида ё ба ин шахсон дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди қабули қарор равон карда мешавад.
3. Оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсе, ки ба ӯ силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ (тирҳо) тибқи адои вазифаи хизматӣ вобаста карда ё барои истифодаи муваққатӣ супорида шудааст, нусхаи қарор дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ ба ташкилоти дахлдор фиристода мешавад.
Моддаи 143. Маълумотҳое, ки дар таъинот оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нишон дода мешаванд
1. Дар таъинот оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:
- вазифа, насаб, ном ва номи падари судяе, ки таъинотро баровардааст;
- сана ва маҳалли баррасии ариза, дархост ва маводи парванда;
- маълумот дар бораи шахсе, ки ба ин парванда аризаю дархост намудааст ё нисбати ӯ маводи парванда баррасӣ гардидааст;
- мазмуни аризаю дархост;
- ҳолатҳое, ки зимни баррасии ариза, дархост ва маводи парванда муқаррар карда шудаанд;
- қароре, ки аз рӯи натиҷаи баррасии ариза, дархост ва маводи парванда қабул гардидааст.
2. Дар таъинот оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ судяе, ки таъинотро баровардааст, имзо мекунад.
Моддаи 144. Ба маълумоти аҳли ҷомеа расонидани қарори таъини ҷазои маъмурӣ
Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамоянд, ҳангоми зарурат метавонанд нусхаи қарори таъин кардани ҷазои маъмуриро барои маълумот ба ҷойи кор, таҳсил ё истиқомати шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст фиристонанд ё аз натиҷаи баррасии ин парвандаҳо аз тариқи воситаҳои ахбори омма ба аҳли ҷомеа иттилоъ диҳанд. Баъд аз эълон кардани қарор раисикунанда бо розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ масъалаи дар сомонаи суди дахлдор ҷойгир намудани қарорро пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он ҳал менамояд. Дар ин хусус дар протоколи маҷлиси судӣ қайд карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1858).
Моддаи 145. Пешниҳод дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат намудаанд
1. Судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ кардаанд, ҳангоми муқаррар кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат намудаанд, ба ташкилотҳои дахлдор ва шахсони мансабдори ваколатдор барои бартараф кардани сабаб ва шароитҳои ба содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидаткунанда пешниҳод ирсол менамоянд.
2. Ташкилотҳо ва шахсони мансабдори ваколатдор ӯҳдадоранд, ки пешниҳодро баррасӣ намуда, дар бораи бартараф кардани сабабу шароитҳои ба содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидаткунанда дар мӯҳлати як моҳи баъди гирифтани пешниҳод доир ба чораҳои андешидашуда ба судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) ҷавоб ирсол намоянд.
3. Агар ҳангоми баррасии судии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар карда шавад, ки зимни барасмиятдарорӣ, тафтишоти маъмурӣ ва баррасии он муқаррароти ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя нашудаанд, судя ҳуқуқ дорад нисбат ба онҳое, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, таъиноти хусусӣ ирсол намояд.
Моддаи 146. Якҷоя кардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Бо қарори судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) мумкин аст, парвандаҳо оид ба содир кардани як ё якчанд ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, парвандаҳо нисбати як шахс дар содир кардани якчанд ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки аз ҷониби як мақомот пеш бурда ё баррасӣ мегарданд, якҷоя карда шаванд.
2. Мӯҳлати пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар он якчанд парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ якҷоя карда шудаанд, аз рӯзи оғози парвандае ба ҳисоб гирифта мешавад, ки аввал оғоз шудааст. Ба мӯҳлати умумии парвандаҳои якҷоякардашуда тамоми вақти воқеии тақвимие, ки ба пешбурди он сарф шудааст, дохил карда мешавад.
Моддаи 147. Ҷудо кардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё мавод
1. Судя ва мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) дар ҷараёни пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳои зарурӣ қисми онро нисбат ба шахсони зерин, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, ба пешбурди алоҳида ҷудо кунанд:
- шахсе, ки маҳалли зисташ номаълум аст;
- шахсе, ки ба бемории вазнин гирифтор аст;
- ноболиғ, ки дар як парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ якҷоя бо шахси болиғ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
2. Ҷудо кардани парванда ба шарте мумкин аст, ки он ба баррасии ҳамаҷониба ва холисонаи парвандаи таҳти пешбурд қарордошта таъсир нарасонад. Аз парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маводе, ки барои оғоз кардан ва тафтиши парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии ошкоршуда зарур мебошад, мумкин аст ҷудо карда шавад.
3. Ҷудо кардани парванда ё мавод бо қарори суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) анҷом дода мешавад. Ба парвандаи ҷудокардашуда бояд маводи зарурӣ дар шакли асл ё нусхаи он замима гардад.
ФАСЛИ IV. АЗ НАВ БАРРАСӢ КАРДАНИ ҚАРОРҲО
БОБИ 12. АЗ НАВ БАРРАСӢ КАРДАНИ ҚАРОРҲОИ СУД,МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ (ШАХСОНИ МАНСАБДОР) ОИД БА ПАРВАНДАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ
Моддаи 148. Ҳуқуқи шикоят кардан ва эътироз овардан ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Аз ҷониби шахсони дар моддаҳои 26-30 ва 36 Кодекси мазкур пешбинишуда оид ба қарорҳои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо накардаанд, ба таври зерин шикоят кардан ё эътироз овардан мумкин аст:
- қарорҳои аз тарафи судя қабулгардида - ба суди болоӣ;
- қарорҳои аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) қабулгардида - ба мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ ё ба суди ноҳия (шаҳр).
2. Агар шикоят оид ба қарорҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳам ба суд ва ҳам ба мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ оварда шуда бошад, онро суд баррасӣ менамояд.
3. Шикоят аз хусуси қарор ё таъинот дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи боби мазкур пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 149. Тартиби шикоят кардан ва эътироз овардан ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Шикоят ва эътироз ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки оид ба ин парванда қарор қабул кардаанд, супорида мешавад ва онҳо вазифадоранд дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди ворид шудани шикоят ё эътироз онро бо тамоми маводи парванда ба суди болоӣ, мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ фиристонанд.
2. Шикоят ва эътирози овардашуда оид ба қарори судя дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷазои ҳабси маъмурӣ ва бо роҳи маъмурӣ берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар рӯзи гирифтани он ба суди болоӣ фиристода шавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
3. Шикоят ва эътирозро барои баррасӣ бевосита ба суди болоӣ, мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ пешниҳод кардан мумкин аст. Дар ин маврид мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки ба онҳо шикоят ва эътироз ворид шудааст, вазифадоранд дар мӯҳлати се шабонарӯз парванда оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз мақоми онро баррасикарда талаб карда гиранд. Дар сурати бевосита ба суди болоӣ шикоят кардан ва эътироз овардан оид ба қарори судя дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди бо роҳи маъмурӣ берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди болоӣ дар рӯзи гирифтани шикоят ва эътирози мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз суде, ки онро баррасӣ кардааст, талаб карда мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
4. Агар баррасии шикоят ва эътироз оид ба қарорҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳти салоҳияти суди болоӣ, судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) қарор надошта бошад, дар ин ҳолат шикоят ва эътироз дар мӯҳлати се шабонарӯз барои баррасӣ аз рӯи тобеият фиристода мешавад.
5. Барои шикоят ва эътироз аз болои қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боҷи давлатӣ пардохта намешавад.
6. Қарорҳои судя, мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ, суди болоӣ, ки аз рӯи шикоят ва эътироз қабул гардидаанд, аз лаҳзаи эълон кардани қарор эътибори қонунӣ пайдо намуда, дар мӯҳлати се шабонарӯз барои иҷро фиристода мешаванд. Ин қарорҳоро танҳо ба тариқи назоратӣ аз нав баррасӣ кардан мумкин аст.
Моддаи 150. Мӯҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз шахсони дар моддаҳои 26-30 ва 36 Кодекси мазкур пешбинишуда метавонанд аз лаҳзаи супорида шудани нусхаи қарор ё гирифтани он шикоят ва эътироз намоянд.
2. Ба қарорҳо оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ дар мӯҳлати панҷ шабонарӯзи баъди супоридан ё гирифтани нусхаи қарор шикоят ё эътироз овардан мумкин аст.
3. Ба қарор дар бораи бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар мӯҳлати ҳафт шабонарӯз аз лаҳзаи эълон кардани он шикоят ва эътироз овардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476, аз 04.07.2020 № 1699).
4. Шикоят ва эътирозҳое, ки бо гузаронидани мӯҳлат арз шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.
Моддаи 151. Тартиби барқарор кардани мӯҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан
1. Дар сурати бо сабаби узрнок гузаронидани мӯҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан бо дархости шахсе, ки нисбати ӯ қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул шудааст, ин мӯҳлат мумкин аст аз ҷониби судя ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ кардаанд, барқарор карда шавад. Ҳангоми баррасии дархост дар бораи барқарор кардани мӯҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан, судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ҳуқуқ доранд, шахсеро, ки дархостро пешниҳод кардааст, барои додани баёнот ё хулоса даъват кунанд. Дархост дар бораи барқарор кардани мӯҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан мумкин аст дар мӯҳлати то як моҳ аз рӯзи эълон кардани қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешниҳод карда шавад.
2. Дар бораи барқарор ё рад кардани дархост оид ба барқарор кардани мӯҳлати шикоят кардан таъинот ё қарор бароварда мешавад.
3. Аз болои таъинот ё қарор дар хусуси рад кардани барқарор кардани мӯҳлати гузаронидашуда, ба суди болоӣ шикоят кардан ва эътироз овардан мумкин аст.
Моддаи 152. Огоҳ кардани тарафҳо аз шикоят ва эътирози пешниҳодшуда
1. Дар хусуси шикоят ва эътирози воридшуда судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки қарор баровардаанд, шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда, ҳимоятгар, ҷабрдида ё намояндаи ӯ, инчунин намояндагони қонунии онҳоро, агар эътироз ё шикоят ба манфиати онҳо дахолат кунад, огоҳ намуда, мефаҳмонанд, ки онҳо ҳуқуқ доранд, бо шикоят ё эътироз шинос шаванд ва ба таври хаттӣ эродҳои худро ба шикоят ё эътироз пешниҳод кунанд.
2. Бо хоҳиши онҳо суд нусхаи эътироз ё шикоятро ба онҳо месупорад.
3. Эродҳое, ки нисбат ба эътироз ё шикоят расидаанд, ба парванда ҳамроҳ карда мешаванд.
Моддаи 153. Тайёрӣ барои баррасии шикоят ва эътироз оид ба қарорҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Ҳангоми тайёрӣ барои баррасии шикоят ва эътироз оид ба қарорҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор):
- муайян менамоянд, ки оё ҳолатҳои истиснокунандаи имконияти аз ҷониби ин судя ё шахси мансабдори ваколатдор баррасӣ гардидани парванда, инчунин ҳолатҳои истиснокунандаи пешбурди парванда вуҷуд доранд ё не;
- дархостҳоро баррасӣ мекунанд, ҳангоми зарурат экспертиза таъин менамоянд, маводи иловагиро талаб карда мегиранд, шахсонеро, ки иштироки онҳо дар баррасии шикоят ҳатмӣ мебошад, даъват менамоянд;
- агар баррасӣ таҳти салоҳияти онҳо қарор надошта бошад, шикоятро бо тамоми маводи парванда аз рӯи тобеият ирсол менамоянд.
Моддаи 154. Оқибатҳои шикоят кардан ва эътироз овардан
1. Шикоят кардан ва эътироз овардан иҷрои қарорро ба истиснои иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ бозмедорад.
2. Пас аз гузаштани мӯҳлати барои шикоят кардан ё эътироз овардан муайянгардида судяе, ки қарорро баровардааст, парвандаро бо шикоят, эътироз ва эродҳои нисбат ба он расида ба суди марҳилаи кассатсионӣ мефиристад ва дар ин бора шахсонеро, ки шикоят ё эътироз овардаанд, огоҳ мекунад.
3. Шахсе, ки аз рӯи қарор шикоят кардааст ва эътироз овардааст, ҳуқуқ дорад онро то оғози маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ бозхонад.
4. Шахсе, ки аз рӯи қарор шикоят кардааст ва эътироз овардааст, ҳуқуқ дорад онро тағйир диҳад ё шикоят ё эътирози худро бо далелҳои нав пурра кунад. Зимнан дар эътирози иловагии прокурор ё дар шикояти шахс дар бораи тағйир додани шикоят, ҳамчунин дар шикояти иловагии ҷабрдида ё намояндагони онҳо, ки пас аз гузаштани мӯҳлати овардани шикоят ё эътироз ба қарор пешниҳод шудааст, дар бораи бад кардани вазъи шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, агар чунин талаб дар шикоят ё эътирози пештар овардашуда ҷой надошта бошад, масъала гузоштан мумкин нест.
Моддаи 155. Мӯҳлатҳои баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба қарорҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Шикоят ва эътироз вобаста ба қарорҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд дар мӯҳлати даҳ шабонарӯзи баъди ворид шудани шикоят ва эътироз бо тамоми маводи парванда аз тарафи коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) баррасӣ карда шаванд.
2. Шикоят ва эътироз вобаста ба қарорҳои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки ба вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ алоқаманд мебошанд, бояд дар мӯҳлати панҷ шабонарӯзи баъди ворид шудани онҳо баррасӣ карда шаванд.
3. Шикоят ва эътироз вобаста ба қарори ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ё бо роҳи маъмурӣ берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар мӯҳлати як шабонарӯзи баъди шикоят ва эътироз овардан баррасӣ гарданд, ба шарте ки шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда таҳти ҳабси маъмурӣ қарор дошта бошад ё бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
4. Шикоят ва эътироз вобаста ба қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ ҳамчун боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият бояд дар мӯҳлати панҷ шабонарӯзи баъди ба мақомоти болоӣ ворид шудани шикоят ва эътироз бо тамоми мавод баррасӣ гарданд.
Моддаи 156. Баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Шикоят ва эътироз вобаста ба қарори мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судя, мақоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) болоӣ баррасӣ карда мешаванд.
2. Ҳангоми баррасии шикоят ё эътироз вобаста ба қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ:
- эълон карда мешавад, ки шикоят ё эътирозро кӣ баррасӣ менамояд, кадом шикоят ё эътироз баррасӣ мегардад ва кӣ шикоят ё эътироз овардааст;
- ҳозир будани шахси воқеӣ ё намояндаи қонунии ӯ ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати ӯ оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор қабул карда шудааст, инчунин ҳозир будани шахсони барои иштирок дар баррасии шикоят даъватшуда муайян карда мешавад;
- ваколати намояндаи қонунии шахси воқеӣ ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ҳимоятгар ва намоянда санҷида мешавад;
- сабабҳои ҳозир нашудани иштирокчиёни пешбурди парванда муайян карда мешавад ва дар бораи баррасии шикоят ё эътироз дар ғоибии чунин шахсон ё оид ба мавқуф гузоштани баррасии шикоят ё эътироз қарор қабул карда мешавад;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиёни пешбурди парванда фаҳмонида мешаванд;
- раддия ва дархостҳои изҳоршуда ҳал карда мешаванд;
- шикоят ё эътироз эълон карда мешавад;
- мувофиқи маводи мавҷудаи парванда ва ба таври иловагӣ пешниҳодгардида қонунӣ ва асоснок будани қарори қабулшуда, аз ҷумла баёноти шахси воқеӣ ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати ӯ оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор қабул гардидааст, санҷида, ҳангоми зарурат баёноти дигар шахсони дар баррасии шикоят иштироккунанда, шарҳи мутахассис ва хулосаи коршинос шунида, дигар далелҳо тадқиқ карда мешаванд, инчунин амалҳои дигари мурофиавӣ мутобиқи Кодекси мазкур анҷом дода мешаванд;
- дар баррасии парванда агар прокурор иштирок дошта бошад, хулосаи ӯ шунида мешавад.
3. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки шикоят ва эътирозро баррасӣ менамоянд, бо ваҷҳҳои шикоят ва эътироз маҳдуд нашуда, парвандаро дар ҳаҷми пурра месанҷанд.
Моддаи 157. Қарор аз рӯи шикоят ва эътироз ба қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят ва эътироз ба қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ судя, мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ яке аз қарорҳои зеринро қабул менамоянд:
- дар бораи бетағйир монондани қарор ва қонеъ нагардонидани шикоят ва эътироз;
- дар бораи тағйир додани қарор, ба шарте ки дар ин ҳолат ҷазои маъмурии муқарраргардида вазнин нашавад ё бо дигар тарз ҳолати шахсе, ки нисбати ӯ қарор қабул гардидааст, вазнин нагардад;
- дар бораи бекор кардани қарор ва қатъ кардани пешбурди парванда ҳангоми мавҷуд будани яке аз ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, ки пешбурди парвандаро истисно менамоянд, инчунин ҳангоми исбот нашудани ҳолатҳое, ки дар асоси онҳо оид ба парванда қарор қабул гардида буд;
- дар бораи бекор кардани қарор ва баргардонидани парванда барои баррасии нав ба мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) ҳангоми ба таври ҷиддӣ риоя нагардидани талаботи меъёрҳои мурофиавии пешбининамудаи Кодекси мазкур, агар он ба баррасии ҳаматарафа, пурра ва воқеъбинонаи парванда мамониат карда бошад, инчунин бинобар зарурати татбиқи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки боиси таъин кардани ҷазои маъмурии нисбатан вазнинтар мегардад, агар ҷабрдида дар хусуси сабукии ҷазои маъмурии аз рӯи ин парванда таъингардида шикоят карда ё прокурор эътироз оварда бошад;
- дар бораи бекор кардани қарор ва фиристодани парванда барои баррасӣ аз рӯи тобеият, агар ҳангоми баррасии шикоят ва эътироз муқаррар карда шавад, ки қарор аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) бесалоҳият қабул карда шудааст.
2. Аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судя таъинот, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) қарор қабул карда мешаванд, ки бояд маълумоти пешбининамудаи моддаҳои 133 ва 180 Кодекси мазкурро дошта бошанд.
3. Нусхаи таъинот ё қарори аз рӯи шикоят ва эътироз вобаста ба қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабулгардида, ба шахсе, ки нисбати ӯ ин таъинот ё қарор бароварда шудааст, дар мӯҳлати се шабонарӯз, ба ҷабрдида бошад, бо хоҳиши ӯ фиристонида мешавад.
4. Агар ҳангоми баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муайян гардад, ки баррасии он таҳти салоҳияти ин судя ё мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) қарор надорад, дар хусуси аз рӯи тобеият фиристодани шикоят ва эътироз таъинот ё қарор бароварда мешавад.
Моддаи 158. Эълон кардани қарор аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят ва эътироз
1. Қарори аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят ва эътироз қабулшуда баъди қабули он фавран эълон мегардад.
2. Нусхаи қарори аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят ва эътироз қабулшуда дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди қабул гардиданаш ба шахси воқеӣ ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо қарор қабул гардида буд, инчунин ба ҷабрдида ҳангоми шикоят кардани ӯ ва ба прокуроре, ки эътироз оварда буд супорида ё фиристода мешавад.
3. Қарори аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят ва эътироз оид ба ҳабси маъмурӣ қабулшуда дар рӯзи қабул гардидани он ба маълумоти мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) масъули иҷрои қарор, ба шахсе, ки нисбати ӯ ин қарор қабул гардидааст, ба ҷабрдида, инчунин ба маълумоти прокурор расонида мешавад.
Моддаи 159. Аз нав баррасӣ кардани қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) оид ба шикоят ва эътироз,
1. Аз хусуси қарори оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабулкардаи мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ё аз хусуси қарори аз рӯйи шикоят ва эътироз аз болои ин қарор қабулкардаи мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ ба суди маҳалли баррасии парванда шикоят кардан ва эътироз овардан мумкин аст.
2. Шикоят ва эътироз аз хусуси қарори қабулнамудаи судя вобаста ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё аз хусуси қарори судя аз рӯйи шикоят ва эътироз аз хусуси ин қарор ба суди болоӣ оварда мешаванд.
3. Минбаъд шикоят ва эътироз аз болои қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи тартиб ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур оварда мешаванд.
4. Нусхаи қарор дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди қабули он ба шахсони дар моддаҳои 26-30 ва 36 Кодекси мазкур пешбинишуда фиристода мешавад.
Моддаи 160. Оқибатҳои бекор гардидани қарор бо қатъ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Бекор кардани қарор бо қатъ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боиси баргардонидани маблағ, ашёи бо подош гирифташуда ва мусодирашуда, инчунин бекор кардани дигар маҳдудиятҳои марбут бо қарори қаблан қабулшуда мегардад. Ҳангоми баргардонида натавонистани ашё, арзиши он мутобиқи арзиши рӯзи содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ рӯёнида мешавад.
2. Дар бораи бекор кардани қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ё бо хоҳиши шахсе, ки нисбати ӯ қарор бекор гардидааст, ба ҷойи кор, таҳсил ва ё истиқомати ин шахс хабар дода мешавад.
3. Зараре, ки ба шахс дар натиҷаи таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабси маъмурӣ расонида шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
БОБИ 13. БА ТАРИҚИ КАССАТСИОНӢ БАРРАСӢ КАРДАНИ ПАРВАНДАҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ
Моддаи 161. Мавзӯи муҳокимаи судӣ дар марҳилаи кассатсионӣ
Суди марҳилаи кассатсионӣ аз рӯи шикоят ва эътирози кассатсионӣ қонунӣ, асоснок ва одилона будани қарорҳои судиро месанҷад.
Моддаи 162. Ҳайати суд ҳангоми баррасии парванда ба тариқи кассатсионӣ
Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ аз тарафи суд дар ҳайати се нафар судя баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 163. Мӯҳлатҳои баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе бояд парвандаи тибқи шикоят ё эътирози кассатсионӣ расидаро дар мӯҳлати на дертар аз даҳ шабонарӯз аз рӯзи ворид шуданаш баррасӣ кунанд. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои истисноӣ раиси суди дахлдор метавонад бо қарори худ ин мӯҳлатро то даҳ шабонарӯз дароз кунад.
2. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи тибқи шикоят ё эътирози кассатсионӣ расидаро бояд дар мӯҳлати на дертар аз бист шабонарӯз аз рӯзи ворид шуданаш баррасӣ кунад. Дар ҳолатҳои истисноӣ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ӯ метавонанд бо қарори худ ин мӯҳлатро то як моҳ дароз кунанд.
3. Дар сурати дароз кардани мӯҳлати баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ иштирокчиёни парванда бояд пешакӣ огоҳ карда шаванд.
Моддаи 164. Мӯҳтавои шикоят ё эътирози кассатсионӣ
Шикоят ё эътирози кассатсионӣ инҳоро бояд дар бар гирад:
- номи суде, ки ба қарори он шикоят ё эътироз оварда шудааст;
- маълумот дар хусуси шахсе, ки шикоят ё эътироз овардааст (насаб, ном ва номи падар ва вазъи мурофиавии ӯ), ҷои истиқомат ва маҳалли будубоши ӯ;
- қарор ё таъиноте, ки аз он шикоят ё ба он эътироз оварда шудааст, суд ё мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки ин қарорро баровардааст;
- ваҷҳҳои шахсе, ки шикоят ё эътироз овардааст, нодурустии қарор ё таъинот дар чӣ ифода мегардад ва хоҳиши ӯ аз чӣ иборат аст;
- номгӯи маводе, ки ба шикоят ё эътироз замима карда шудааст;
- имзои шахсе, ки шикоят ё эътироз овардааст.
Моддаи 165. Таъини маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Ҳангоми бо шикоят ё эътирози кассатсионӣ ворид шудани парванда раиси суди марҳилаи кассатсионӣ ё муовини ӯ оид ба парванда ҳайати коллегияи кассатсионӣ ва судяи маърӯзакунандаро таъин намуда, раисикунанда вақт ва маҳалли баррасии парвандаро муайян мекунад.
2. Дар бораи вақт ва маҳалли баррасии парванда дар маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ тарафҳо бояд огоҳ карда шаванд. Масъалаи даъвати шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашудае, ки таҳти ҳабси маъмурӣ қарор дорад, аз ҷониби суд ҳал карда мешавад. Шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашудае, ки таҳти ҳабси маъмурӣ қарор дошта, хоҳиши иштирок кардан дар баррасии шикояташ ё эътирози хилофи манфиати ӯ овардаи прокурор кардааст, бояд ба маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ оварда шавад.
3. Ҳозир нашудани шахсоне, ки дар бораи вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ саривақт огоҳ гардидаанд, барои баррасии парванда монеа шуда наметавонад.
4. Шахсоне, ки мутобиқи моддаҳои 26-30 ва 36 Кодекси мазкур ба онҳо ҳуқуқи шикоят кардан ва эътироз овардан дода шудааст, инчунин ҳимоятгари шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда ё намояндаи ҷабрдида, ки пас аз баровардани қарор ё таъинот супориши онҳоро қабул кардаанд, дар ҳама ҳолатҳо ба маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ роҳ дода мешаванд. Бо хоҳиши онҳо барои асоснок кардани шикоят ё эътироз ё эрод гирифтан ба онҳо сухан дода мешавад.
Моддаи 166. Тартиби баррасии парванда аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Раисикунанда маҷлиси судро кушода, эълон мекунад, ки кадом парванда ва дар асоси шикоят ё эътирози кассатсионии кӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Пас аз ин раисикунанда муайян мекунад, ки аз рӯи ин парванда киҳо ҳозир шудаанд ва баъд суд масъаларо дар бораи имконияти баррасии парванда ҳал менамояд. Сипас раисикунанда ҳайати суд, прокурор ва тарҷумонро эълон мекунад ва ба шахсони ба суд ҳозиршуда ҳуқуқи изҳори рад карданро фаҳмонида, аз онҳо мепурсад, ки аризаҳои радкунӣ доранд ё не. Оид ба радкунии арзшуда суд таъинот мебарорад.
2. Раисикунанда аз шахсони ҳозиршуда дар бораи дархости онҳо мепурсад ва суд аз рӯи баррасии дархост таъинот мебарорад.
3. Баррасии парванда бо иттилооти судяи маърӯзакунанда оғоз ёфта, ӯ моҳияти парванда ва ваҷҳҳои шикоят ё эътирозро баён мекунад. Пас аз маърӯза шахсони шикоят ё эътироз арзкарда ваҷҳҳои худро асоснок мекунанд. Дар сурати пешниҳоди маводи иловагӣ раисикунанда ё судяи маърӯзакунанда онҳоро эълон мекунад ва барои шиносоӣ ба прокурор ва шахсони дар моддаҳои 26-30 Кодекси мазкур пешбинишуда медиҳад, агар онҳо дар мурофиа иштирок дошта бошанд. Пас аз ин шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда, ҷабрдида, ҳимоятгарони онҳо ва намояндагони қонунии онҳо, агар дар мурофиа иштирок дошта бошанд, баёнот медиҳанд. Баъди додани баёнот суд хулосаи прокурорро мешунавад ва барои баровардани таъинот ба хонаи машваратӣ меравад.
4. Маводи иловагии пешниҳодгардида набояд бо роҳи гузаронидани амалҳои тафтишӣ ба даст оварда шуда бошад.
5. То сар шудани маҷлиси суд шахсе, ки аз қарор ё таъинот шикоят ё ба он эътироз овардааст, ҳуқуқ дорад шикоят ё эътирози худро бозхонад. Прокурори болоӣ ҳуқуқ дорад, ки эътирози овардаи прокурори поёниро бозпас хонад.
Моддаи 167. Ҳадди баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ
Суд бо ваҷҳҳои дар шикоят ё эътирози кассатсионӣ овардашуда вобаста набуда, парвандаро дар ҳаҷми пуррааш нисбати ҳамаи шахсоне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, аз ҷумла нисбат ба онҳое, ки шикоят ё эътирози кассатсионӣ наовардаанд, месанҷад.
Моддаи 168. Қароре, ки суди марҳилаи кассатсионӣ қабул мекунад
Ҳангоми бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ кардани парванда суд яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунад:
- қарор ё таъинотро бетағйир ва шикоят ё эътирозро беқаноат мемонад;
- қарор ё таъинотро бекор ва парвандаро қатъ менамояд;
- қарорро тағйир медиҳад;
- қарор ё таъинотро бекор мекунад ва парвандаро барои санҷиши нав ё ба муҳокимаи нави судӣ мефиристонад.
Моддаи 169. Асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани қарор дар суди марҳилаи кассатсионӣ
Барои бо тартиби кассатсионӣ бекор кардан ё тағйир додани қарор инҳо асос шуда метавонанд:
- яктарафа ё нопурра будани санҷиши ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё судӣ;
- мувофиқат накардани хулосаи суд, ки дар қарор баён шудааст, ба ҳолатҳои воқеии парванда;
- ба таври ҷиддӣ вайрон карда шудани қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- нодуруст татбиқ карда шудани қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- номувофиқии ҷазои таъиншуда ба вазнинии ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ ва шахсияти шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда.
Моддаи 170. Яктарафа ё нопурра будани тафтишоти маъмурӣ ё судӣ
1. Тафтишоти маъмурӣ ё судӣ яктарафа ё нопурра ба ҳисоб мераванд, агар зимни анҷом додани онҳо ҳолатҳои барои баровардани қарор аҳамияти ҷиддидошта, муайян карда нашуда бошанд.
2. Тафтишоти маъмурӣ ё судӣ дар ҳама ҳолат яктарафа ё нопурра эътироф карда мешаванд, агар доир ба парванда:
- шахсоне нопурсида монда бошанд, ки нишондодҳои онҳо барои парванда аҳамияти ҷиддӣ доранд ё экспертизае гузаронида нашуда бошад, ки мувофиқи қонун гузаронидани он ҳатмист, ҳамзамон ҳуҷҷатҳое талаб карда гирифта ё далелҳои шайъие дарёфт нагардида, ба парванда ҳамроҳ карда нашуда бошанд, ки аҳамияти ҷиддӣ доранд;
- ҳолатҳое таҳқиқ нашуда бошанд, ки дар таъиноти судӣ парвандаи маъмуриро ба тафтиши нави маъмурӣ ё муҳокимаи нави судӣ фиристода нишон дода шудаанд;
- маълумот оид ба шахсияти шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда пурра муайян карда нашуда бошад.
Моддаи 171. Ба ҳолатҳои воқеии кор мувофиқ набудани хулосаи суд, ки дар қарор ифода ёфтааст
Қарор ба ҳолатҳои воқеии кор номувофиқ эътироф карда мешавад, агар:
- хулосаи суд бо далелҳое, ки дар маҷлиси суд таҳқиқ шудаанд, тасдиқ нашавад;
- суд ҳолатҳоеро, ки ба хулосаи он таъсири ҷиддӣ расонида метавонистанд, ба ҳисоб нагирифта бошад;
- далелҳои ба ҳам муқобил, ки барои хулосаи суд аҳамияти ҷиддӣ доранд, мавҷуд бошанду дар қарор нишон дода нашуда бошад, ки суд бо кадом асосҳо баъзе аз ин далелҳоро қабул карда, далелҳои дигарро рад намудааст;
- хулосаи суд, ки дар қарор ифода ёфтааст, ихтилофҳо дошта бошанду барои ҳал кардани масъалаи гунаҳгор будан ё бегуноҳии шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда, барои дурустии татбиқ кардани қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё барои муайян кардани чораи ҷазо таъсир расонанд ё худ таъсир расонда метавониста бошанд.
Моддаи 172. Ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чунин вайронкунии принсипҳо ва дигар муқаррароти Кодекси мазкур ҳангоми пешбурди парванда эътироф карда мешавад, ки бо роҳи маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқҳои ба шахсони дар парванда иштироккунанда кафолатдодаи қонун, риоя накардани расмияти пешбурди судӣ ё бо роҳи дигар ба таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои парванда халал расонида, барои баровардани қарори одилонаи судӣ таъсир расонидаанд ё метавонистанд таъсир расонанд.
2. Қарор дар чунин ҳолатҳо бояд бекор карда шавад:
- вақте ки яктарафа ё нопурра будани тафтишоти судӣ натиҷаи саҳван аз баррасӣ истисно кардани далелҳои имконпазир ё беасос рад кардани пешниҳоди тараф дар таҳқиқи далелҳое бошад, ки барои парванда аҳамият дошта метавонистанд;
- таҳқиқ накардани далелҳое, ки бояд ҳатман таҳқиқ мешуданд (набудани хулосаи коршинос, ҳангоме ки он ҳатмӣ мебошад, иҷро накардани таъиноти суде, ки парвандаро аз муҳокимаи пешакӣ барои тафтишоти иловагии маъмурӣ фиристодааст ва ғайра).
3. Қарор дар ҳар ҳолат бояд бекор карда шавад, агар:
- ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд қатъ нагардида бошад;
- парванда дар ғоибии шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда баррасӣ гардида бошад, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур;
- парванда бе иштироки ҳимоятгар баррасӣ шудааст, ҳангоме ки иштироки ӯ тибқи қонун ҳатмӣ мебошад ё бо тарзи дигар ҳуқуқи шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда барои доштани ҳимоятгар вайрон карда шуда бошад;
- дар суд ҳуқуқи шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда дар бобати истифодаи забони модарӣ ё хизмати тарҷумон вайрон карда шуда бошад;
- ҳангоми баровардани қарор махфӣ будани машварати судӣ вайрон карда шуда бошад;
- қарор аз тарафи судя имзо нашуда бошад;
- дар парванда протоколи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ набошад.
Моддаи 173. Нодуруст татбиқ карда шудани қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нодуруст татбиқшуда ба ҳисоб меравад, агар:
- суд қонунеро, ки бояд татбиқ карда мешуд, татбиқ накарда бошад;
- суд қонунеро, ки бояд татбиқ карда намешуд, татбиқ карда бошад;
- суд қонунро нодуруст маънидод кардааст, ки он ба мазмуни дақиқи қонун мухолиф бошад.
Моддаи 174. Номувофиқии ҷазои таъиннамудаи суд
Ҷазои таъиннамудаи суд ба вазнинии кирдор ва шахсияти шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамуда дар ҳолате номувофиқ дониста мешавад, ки агар он аз доираи пешбиникардаи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ берун набаромада бошад ҳам, вале аз рӯи намуд ва андозаи худ, чӣ аз ҷиҳати сабукӣ ва чӣ аз ҷиҳати вазниниаш баръало беадолатона мебошад.
Моддаи 175. Нораво будани вазнин кардани ҷазои шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамуда ё нисбати ӯ татбиқ кардани қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии вазнинтар дар суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Суд дар вақти ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ кардани парванда метавонад ҷазоеро, ки суди марҳилаи якум таъин кардааст, сабуктар намояд ё ин ки қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии сабуктарро татбиқ кунад, вале ҳуқуқ надорад, ки ҷазоро вазнин намояд ва ҳамчунин қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии вазнинтарро татбиқ кунад.
2. Қарорро бо зарурати татбиқи қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии вазнинтар ё худ барои сабук будани ҷазо фақат дар ҳамон мавридҳо бекор кардан мумкин аст, ки бо ҳамин асосҳо прокурор эътироз оварда ё ҷабрдида шикоят карда бошад.
Моддаи 176. Бекор кардани қарор ва қатъ кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Суд парвандаро бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ карда, ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур қарорро бекор ва пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қатъ мекунад.
Моддаи 177. Бекор кардани таъиноте, ки бо он пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қатъ карда шудааст
1. Таъиноте, ки бо он нисбати шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қатъ карда шудааст, дар суди марҳилаи кассатсионӣ танҳо аз рӯи эътирози прокурор ё шикояти ҷабрдида ё намояндаи ӯ, ки бо асосҳои қатъкунӣ розӣ нестанд, мумкин аст бекор карда шавад.
2. Таъинот дар бораи қатъ кардани парванда ё дигар қароре, ки ба манфиати шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамуда бароварда шудааст, наметавонад бинобар ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур бекор карда шавад.
Моддаи 178. Оқибатҳои бекор кардани қарор ё таъинот
1. Суд ҳангоми бекор кардани қарор ё таъинот дар таъиноти кассатсионӣ нишон медиҳад, ки пешбурди парванда бояд аз санҷиши нав, тафтиши нави маъмурӣ ё аз муҳокимаи нави судӣ сар карда шавад.
2. Дар сурати бекор кардани қарор ё таъинот бинобар зарурати гунаҳгор донистан дар содиркунии ҳуқуқвайронкунии маъмурии вазнинтар ё кирдоре, ки аз рӯи ҳолатҳои воқеӣ аз кирдори дар ибтидо гунаҳгор дониста ҷиддан фарқ мекунад, парванда тавассути суде, ки қарор ё таъинот баровардааст, барои тафтиши нав ба ҳамон мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) равон карда мешавад.
3. Дар сурати бекор кардани қарор ё таъинот бо сабаби роҳ додан ба вайронкунии қонун ҳангоми баррасии парванда дар суд, парванда барои баррасии нав ба ҳамон суде, ки қарор ё таъинотро баровардааст, дар ҳайати нав ё ба суди дигар ирсол карда мешавад.
Моддаи 179. Тағйир додани қарор
1. Агар зимни баррасии парванда ба тариқи кассатсионӣ муайян карда шавад, ки суди марҳилаи якум муқаррароти қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нодуруст татбиқ кардааст ё ҷазои таъинкарда ба вазнинии ҳуқуқвайронкунӣ ва шахсияти шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст мувофиқ нест, суди марҳилаи кассатсионӣ метавонад парвандаро ба баррасии нав нафиристода, ба қарор тағйирот ворид намояд, ба шарте ки ҷазои тағйирдодашуда аз ҷазои дар ибтидо таъиншуда зиёд набошад ва ё муқаррароти нисбатан вазнини қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ нагардад.
2. Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ надорад ба қарор тағйироте ворид намояд, ки ба ҳолатҳои дар қарори суди марҳилаи якум муқарраркарданашуда ё ин ки ба далелҳои дар он истифоданашуда асос ёфта бошад.
Моддаи 180. Мазмуни таъиноти кассатсионӣ
1. Дар таъиноти кассатсионӣ инҳо бояд зикр гарданд:
- вақт ва маҳалли баровардани таъинот;
- номи суд ва ҳайати коллегияи кассатсионӣ, ки таъинотро баровардааст;
- шахсоне, ки зимни баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок доштанд;
- шахсоне, ки шикоят ё эътирози кассатсионӣ арз намудаанд;
- моҳияти шикоят ё эътироз;
- мазмуни қисми хулосавии қарор ё таъиноте, ки аз он шикоят карда ё эътироз оварда шудааст;
- асосҳои қабули қарор дар суди марҳилаи кассатсионӣ;
- қарори суди марҳилаи кассатсионӣ оид ба шикоят ё эътироз.
2. Қисми баёнияи таъинот дарҷи мухтасари ваҷҳҳои шахсеро, ки шикоят кардааст ё эътироз овардааст, эродҳои дигар шахсони иштирокчии суди марҳилаи кассатсионӣ, инчунин асосҳои қабул кардани қарорро дар бар мегирад. Агар шикоят ё эътироз қонеъ гардонида нашуда бошад, асосҳое, ки тибқи онҳо шикоят ё эътироз беасос ё камаҳамият дониста шудааст, нишон дода мешаванд. Ҳангоми бекор кардан ё тағйир додани қарор нишон дода мешавад, ки талаботи кадом моддаҳои қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вайрон карда шудааст ва ин вайронкуниҳо аз чиҳо иборатанд, асосҳое, ки тибқи онҳо ҷазои таъиннамудаи суди марҳилаи якум ғайриодилона эътироф шудааст. Дар сурати ба санҷиши нав ва ё муҳокимаи нави судӣ фиристодани парванда нишон дода мешавад, ки кадом вайронкуниҳои қонун бояд бартараф карда шаванд. Дар айни замон суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ надорад оид ба исботшуда ё исботнашуда будани кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, оид ба ҳаққонӣ ё нодурустии ин ё он далел ва бартарии як далел нисбат ба далели дигар, оид ба татбиқи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бораи ҷазо аз ҷониби суди марҳилаи якум, дар бораи чораи ҷазо масъалаҳоро пешакӣ ҳал намояд.
3. Таъинот дар хонаи машваратӣ бароварда шуда, ба он ҳамаи ҳайати суд имзо мегузоранд ва пас аз баргаштани ҳайати суд аз хонаи машваратӣ фавран эълон карда мешавад.
Моддаи 181. Ҳадди ҳуқуқҳои суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ дорад дар ҳолати зарурӣ оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ экспертизаи судӣ таъин карда, баррасии парвандаро боздорад, маводи иловагии пешниҳодшударо таҳқиқ кунад, инчунин ба қарори суд дигар тағйиротро, ки вазъи шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамударо бадтар намекунанд, ворид намояд.
2. Дар сурати ду маротиба бекор шудани санади судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, суди марҳилаи кассатсионӣ ин парвандаро барои моҳиятан баррасӣ кардан ба пешбурди худ қабул менамояд.
Моддаи 182. Ба иҷро расонидани таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ барои иҷро дар мӯҳлати на дертар аз ҳафт шабонарӯзи баъди баровардани он якҷоя бо парванда ба суде, ки қарор ё таъинотро баровардааст, фиристода мешавад.
2. Таъиноте, ки мувофиқи он шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамуда бояд аз ҳабси маъмурӣ озод карда шавад, фавран иҷро карда мешавад, агар ин шахс дар маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок дошта бошад. Дар ҳолатҳои дигар нусхаи таъинот ҷиҳати иҷрои қарори аз ҳабси маъмурӣ озод кардани шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамуда фавран ба маъмурияти маҳалли таҳти ҳабси маъмурӣ нигоҳдорӣ фиристода мешавад.
БОБИ 14. БА ТАРИҚИ НАЗОРАТӢ БАРРАСӢ КАРДАНИ ПАРВАНДАҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ
Моддаи 183. Ба тариқи назоратӣ шикоят кардан ё эътироз овардан аз таъинот ва қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд
1. Эътироз ё шикоят дар бораи аз нав баррасӣ кардани таъинот ва қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, ба истиснои қарорҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби прокурор, шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, ҳимоятгар, ҷабрдида ва намояндаи қонунии ӯ тибқи муқаррароти боби мазкур пешниҳод карда мешавад.
2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ба қарорҳои суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, ба тариқи назоратӣ эътироз оварда метавонанд.
3. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ бо мақсади таъмини таҷрибаи ягонаи судӣ ҳуқуқ доранд бевосита ба суди марҳилаи назоратӣ барои аз нав баррасӣ кардани қарорҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ба тариқи назоратӣ эътироз оваранд.
4. Шахси шикояткарда ҳуқуқ дорад онро бозхонад. Прокурори эътироз оварда ва прокурори болоӣ низ ҳуқуқи бозхонди онро доранд. Бозхонди эътироз ё шикоят то оғози маҷлиси судие, ки дар он эътироз ё шикоят бояд баррасӣ гардад, имконпазир аст.
Моддаи 184. Тартиби пешниҳоди эътироз ё шикояти назоратӣ
1. Эътироз ё шикояти назоратӣ бевосита ба суди марҳилаи назоратӣ, ки ҳуқуқи аз нав баррасӣ кардани қарорҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаро дорад, пешниҳод карда мешавад.
2. Эътироз ё шикояти назоратӣ ба қарорҳои судии зерин пешниҳод мегарданд:
- оид ба таъиноти суди марҳилаи кассатсионии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе оид ба таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои шаҳр ва ноҳия - мутаносибан ба Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе;
- оид ба таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, оид ба таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе, агар ин таъинот ё қарор дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии кассатсионӣ қарор нагирифта бошад, оид ба қарори Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе, оид ба таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар онҳо ба тариқи кассатсионӣ мавриди баррасӣ қарор нагирифта бошанд - ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нисбати таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 185. Мӯҳлати ба тариқи назоратӣ аз нав баррасӣ кардани таъинот ва қарори суд
Ба тариқи назоратӣ аз нав баррасӣ кардани таъинот ё қарори суд вобаста ба зарурати татбиқи қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии нисбатан вазнинтар, сабукии ҷазо ё бо дигар асосҳо, ки ҳолати шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркардаро вазнин мекунанд, инчунин аз нав баррасӣ кардани таъинот ё қарори суд дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар давоми шаш моҳ аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо имконпазир аст.
Моддаи 186. Мӯҳтавои эътироз ё шикояти назоратӣ
1. Эътироз ё шикояти назоратӣ бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- номи суде, ки ба он шикоят ё эътирози назоратӣ ирсол мегардад;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратӣ пешниҳод кардааст, маҳалли истиқомат ё будубош ва мавқеи мурофиавии ӯ дар парванда;
- зикри судҳое, ки парвандаро ба сифати суди марҳилаи якум ё марҳилаи кассатсионӣ ё назоратӣ баррасӣ намудаанд ва мӯҳтавои санадҳои судии қабулнамудаи онҳо;
- зикри санадҳои судӣ, ки таҳти эътироз ё шикояти назоратӣ қарор гирифтаанд;
- ишора ба вайрон кардани қонун ҳангоми пешбурди парванда;
- хоҳиши шахсе, ки эътироз ё шикоят пешниҳод кардааст.
2. Агар эътироз ё шикояти назоратӣ қаблан ба марҳилаи назоратӣ пешниҳод шуда бошад, дар он бояд ба қарори қабулнамудаи суд ишора карда шавад.
3. Ба шикояти назоратӣ бояд шахси онро пешниҳоднамуда ё намояндаи ӯ имзо кунад. Ба шикояти назоратӣ, ки намоянда пешниҳод кардааст, бояд ваколатнома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи ваколати намоянда замима гардад. Эътирози назоратӣ бояд аз ҷониби прокуроре, ки эътироз овардааст, имзо карда шавад.
4. Ба эътироз ё шикояти назоратӣ нусхаи санадҳои нисбат ба парванда қабулнамудаи суд ва ҳуҷҷатҳои дигари мурофиавии тасдиқкунандаи ваҷҳҳои дар шикоят ё эътироз овардашуда, ки ба таври дахлдор тасдиқ карда шудаанд, замима мегарданд.
5. Маводи иловагии пешниҳодгардида набояд бо роҳи гузаронидани амалҳои мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба даст оварда шаванд.
Моддаи 187. Тартиби бе баррасӣ баргардонидани эътироз ё шикояти назоратӣ
Эътироз ё шикояти назоратӣ аз ҷониби судя дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз аз рӯзи воридшавӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар ҳолатҳои зерин бе баррасӣ баргардонида мешавад:
- эътироз ё шикоят ҷавобгӯи талаботи Кодекси мазкур набошад;
- эътироз ё шикоятро шахсе пешниҳод карда бошад, ки барои муроҷиат кардан ба суди марҳилаи назоратӣ ҳуқуқ надорад;
- мӯҳлати пешниҳоди эътироз ё шикоят нисбат ба санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ гузаронида шуда бошад;
- то қабули эътироз ё шикоят барои моҳиятан баррасӣ кардани он дар хусуси баргардонидан ё бозхонди онҳо дархост ворид шуда бошад;
- эътироз ё шикоят бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод шуда бошад.
Моддаи 188. Амалҳо оид ба эътироз ё шикояти назоратии воридшуда
1. Эътироз ё шикояти назоратӣ баъди ба суди дахлдор ворид шудан бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба судяи ҳамин суд супорида мешавад. Эътироз ё шикояти назоратӣ бояд дар мӯҳлати бист шабонарӯз баррасӣ карда шавад. Эътироз ё шикояти назоратӣ амали қарори таҳти эътироз ё шикоят қароргирифтаро бозмедорад.
2. Судяе, ки шикоят ё эътирозро баррасӣ менамояд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии дахлдорро аз суди поёнӣ талаб мекунад.
3. Судя эътироз ё шикояти назоратиро омӯхта, яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд:
- дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратӣ;
- дар бораи оғоз кардани пешбурди назоратӣ ва ба баррасии суди марҳилаи назоратӣ додани эътироз ё шикояти назоратӣ.
4. Қарори судя бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- сана ва маҳалли қабул кардани қарор;
- номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки қарорро қабул кардааст;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод намудааст;
- ишора ба санадҳои судии мавриди шикоят ва эътироз қароргирифта;
- асосҳои қабули қарор.
5. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе ҳуқуқ доранд бо қарори судя дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратӣ розӣ нашаванд. Дар ин маврид шахсони номбурда қарори судяро бекор карда, мутобиқи сархати дуюми қисми 3 ҳамин модда қарор мебароранд. Эътирози Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар суди марҳилаи назоратӣ баррасӣ мегардад.
6. Нусхаи қарор ба шахси эътирозоварда ё шикояткарда равон карда мешавад.
Моддаи 189. Талаб карда гирифтани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва муовинони онҳо метавонанд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки санади судии аз рӯи он қабулшуда эътибори қонунӣ пайдо кардааст, бо мақсади омӯзиши қонунӣ ва асоснок будани ин санадҳо ё баррасӣ кардани масъалаи пешниҳоди эътирози назоратӣ аз суди дахлдор талаб намоянд.
2. Прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда аз судҳои шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқи талаб карда гирифтани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро доранд ва дар мавридҳои зарурӣ ба прокурори болоӣ дар хусуси ба таври назоратӣ овардани эътироз пешниҳод ирсол менамоянд.
Моддаи 190. Ҳайати суд ва тартиби баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи эътироз ё шикоят
1. Парванда ба тариқи назоратӣ дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати се нафар судя, дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсат баррасӣ карда мешавад.
2. Дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба тариқи назоратӣ инҳо иштирок мекунанд:
- дар Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ;
- дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , прокуроре, ки аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор шудааст;
- дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе, мувофиқан прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ё муовинони онҳо.
3. Суде, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд, ҳуқуқ дорад шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркардаро ба маҷлиси суд даъват намояд.
4. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз лаҳзаи ба баррасии суди марҳилаи назоратӣ супоридан бояд дар мӯҳлати на дертар аз бист шабонарӯз баррасӣ карда шавад.
5. Дар мавридҳои зарурӣ ба маҷлиси суд, ки дар он парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба тариқи назоратӣ баррасӣ мегардад, барои додани баёнот шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда, ҳимоятгари ӯ, ҷабрдида ва намояндаи ӯ, намояндаи шахси ҳуқуқӣ даъват карда мешаванд. Ба шахсони ба маҷлиси суд даъватшуда имконияти бо эътироз ва шикоят шинос шудан дода мешавад.
6. Дар хусуси парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ раиси суд ё бо супориши ӯ яке аз аъзои Раёсат ё судяе, ки пеш дар баррасии ин парванда иштирок накардааст, маърӯза мекунад. Маърӯзачӣ ҳолатҳои парванда, мазмуни таъинот, қарор, эътироз ё шикоятро баён мекунад. Ба маърӯзачӣ судяҳое, ки парвандаро баррасӣ менамоянд, инчунин прокурор саволҳо дода метавонанд. Агар дар маҷлиси суд шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда, ҳимоятгар ё намояндагони қонунии ӯ ва ҷабрдида иштирок дошта бошанд, онҳо баъди маърӯзаи судя ҳуқуқи додани баёноти шифоҳиро доранд.
7. Тарафҳо баъд аз баромади маърӯзачӣ хулосаи прокурорро оид ба эътироз ё шикояти назоратӣ шунида, пас аз он толори маҷлиси судро тарк мекунанд.
8. Дар муҳокимаи эътироз ё шикоят мувофиқан аъзои Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мувофиқан Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва муовинони онҳо иштирок менамоянд. Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мебароранд, ки онҳо бо тарафдории аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои раёсат, ки дар маҷлиси суд иштирок кардаанд, қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани овозҳои тарафдор ва муқобил эътироз ё шикояти дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишуда радкардашуда эътироф мешавад.
9. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар хонаи машваратӣ қарор мебарорад ва он бо аксарияти овозҳо қабул карда мешавад.
10. Қисми хулосавии қарори баровардашуда дар маҷлиси суд аз ҷониби раисикунанда ё яке аз судяҳо эълон карда мешавад.
Моддаи 191. Таъинот ва қарори суде, ки эътироз ё шикоятро баррасӣ менамояд
1. Дар натиҷаи ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, суд метавонад:
- эътироз ё шикоятро рад намояд;
- таъинот ва қарорҳои баровардашударо бекор кунад ва пешбурди парвандаро қатъ намояд ё онро ба санҷиши нав, тафтиши маъмурии нав, ё ки барои баррасии нави судӣ равон кунад;
- таъиноти кассатсионӣ, инчунин таъинот ва қарорҳои минбаъдаи судро бекор кунад ва парвандаро ба баррасии нави кассатсионӣ равон кунад;
- таъинот ва қарорҳоеро, ки ба тариқи назоратӣ бароварда шудаанд, бекор кунад, қарори суд ва таъиноти кассатсиониро бетағйир мононад, ё ин ки тағйир диҳад;
- ба таъинот ё қарори суд тағйирот дохил кунад.
2. Агар ҳангоми баррасии судии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ риоя накардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, инчунин риоя нашудани муқаррароти қонун ҷиҳати пешбурд ва баррасии судии парванда ошкор карда шаванд, суд, судя ҳуқуқ доранд нисбат ба онҳое, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, таъиноти (қарори) хусусӣ бароранд.
Моддаи 192. Асосҳои бекор кардан ё тағйир додани таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд
Таъиноти суди марҳилаи якум, қарори судя, таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ, таъинот ва қарори марҳилаи назоратӣ дар мавридҳое бояд бекор карда ё тағйир дода шаванд, ки суди эътирозро баррасикунанда эътироф намояд, ки бо ин таъинот ё қарор суди марҳилаи якум қарори ғайриқонунӣ ё беасос баровардааст ё суди болоӣ таъинот ё қарореро, ки пеш аз ин оид ба ҳамин парванда мавҷуд буд, беасос бетағйир монондааст, бекор кардааст ё тағйир додааст ё агар дар вақти баррасӣ кардани парванда дар суди болоӣ ба чунин қонунвайронкуниҳо роҳ дода шуда бошад, ки онҳо ба дурустии таъинот ё қарори баровардаи суди мазкур таъсир кардаанд ё таъсир карда метавонистанд.
Моддаи 193. Ҳадди ҳуқуқҳои суди марҳилаи назоратӣ
1. Ҳангоми ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда амали суд бо ваҷҳҳои эътироз ё шикоят маҳдуд карда намешавад ва суд вазифадор аст, ки ҳамаи маводи парвандаро дар ҳаҷми пуррааш санҷад.
2. Суд дар вақти ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда метавонад ҷазоеро, ки нисбати шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда таъин карда шудааст, сабуктар намояд ё қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии сабуктарро татбиқ намояд, масъалаҳои дигари вобаста ба тағйир додани санадҳои судиро ҳал кунад, аммо ҳуқуқ надорад, ки ҷазоро вазнин кунад ё қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии вазнинтарро татбиқ намояд.
3. Агар суди марҳилаи назоратӣ эътироф намояд, ки дар суди марҳилаи якум ё суди марҳилаи кассатсионӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нодуруст қатъ карда шудааст, ҳамчунин ҷазои дар ҳаққи шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда таъиншуда бо сабаби сабукиаш ба кирдори содиршуда номувофиқ аст, дар он сурат ҳуқуқ дорад қарор ё таъинотро бекор кунад ва парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро барои баррасии нави судӣ мувофиқан ба суди марҳилаи якум ё кассатсионӣ равон кунад.
4. Агар ба беасос қатъ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ғайриқонунӣ сабук кардани ҷазои шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда дар вақти ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда роҳ дода шуда бошад, марҳилаи болоии назоратӣ ҳуқуқ дорад, таъинот ё қарори марҳилаи поёнии назоратиро бекор кунад ва қарорҳои суди марҳилаи якум ё таъиноти марҳилаи кассатсиониро бетағйир мононад.
Моддаи 194. Ҳатмӣ будани дастурҳои суде, ки ба тариқи назоратӣ парвандаро баррасӣ кардааст
1. Дастурҳои суди марҳилаи назоратӣ дар вақти баррасии такрории ҳамин парванда барои судҳои марҳилаҳои поёнӣ ҳатмӣ мебошанд.
2. Суде, ки парвандаро ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд, ҳуқуқ надорад ҳолатҳоеро, ки дар қарор муайян карда нашудаанд ё рад карда шуда буданд, муқаррар кунад ё ин ки исботшуда шуморад, ҳамчунин ҳуқуқ надорад, ки масъалаҳои исботшуда ё исботнашуда будани гуноҳ, эътиборнокӣ ё беэътибории ин ё он далел ва бартарии баъзе далелҳоро назар ба дигарашон, татбиқ кардани ин ё он қонунро аз тарафи суди марҳилаи якум ва масъалаи чораи ҷазои маъмуриро пешакӣ ҳал намояд.
3. Суде, ки парвандаро ба тариқи назоратӣ баррасӣ карда, таъиноти суди марҳилаи кассатсиониро бекор мекунад, ҳуқуқ надорад, хулосаҳоеро, ки суди марҳилаи кассатсионӣ мумкин аст дар вақти маротибаи дуюм баррасӣ кардани парванда барорад, пешакӣ муайян намояд.
Моддаи 195. Мазмуни таъинот ё қарор
1. Қароре, ки ҳангоми баррасии парванда Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе ё таъиноте, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи назоратӣ баровардаанд, бояд ба талаботи Кодекси мазкур мувофиқ бошанд.
2. Таъинотро ҳамаи ҳайати суд, қарорро раисикунандаи маҷлиси Раёсат имзо мекунанд.
3. Таъинот ё қарори суд якҷоя бо эътироз ё шикоят ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.
Моддаи 196. Баррасии парванда баъд аз бекор карда шудани қарор ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Баъд аз бекор карда шудани қарор ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи тартиби умумӣ баррасӣ карда мешавад.
2. Вазнин кардани ҷазо ё татбиқ кардани қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии вазнинтар дар вақти парвандаро аз нав баррасӣ кардани суди марҳилаи якум фақат ба шарте мумкин аст, ки қарор ба тариқи назоратӣ барои сабук будани ҷазо ё худ бинобар зарур будани татбиқи қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии вазнинтар бекор карда шуда бошад.
БОБИ 15. АЗ НАВ САР КАРДАНИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ БИНОБАР ҲОЛАТҲОИ НАВ ОШКОРШУДА
Моддаи 197. Асосҳои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Қарорҳои суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, метавонанд бекор карда шаванд ва пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав сар карда шавад.
2. Асосҳои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо сабаби ҳолатҳои нав ошкоршуда аз инҳо иборатанд:
- дидаю дониста нишондоди бардурӯғ додани ҷабрдида ё шоҳид, хулосаи коршинос, ҳамчунин қалбакӣ будани далелҳои шайъӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ё дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан, ки боиси қабули қарори ғайриқонунӣ ё беасос шудаанд ва бо қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) муқаррар шудаанд;
- амали ҷинояткоронаи суд, прокурор, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки боиси қабули қарори ғайриқонунӣ ва беасос шудаанд ва бо қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) муқаррар шудаанд;
- аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардани қонуне, ки суд, прокурор, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) зимни барасмиятдарорӣ ва баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии мушаххас татбиқ намудаанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
Моддаи 198. Судҳое, ки қарор ё таъинотро вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ менамоянд
Қарор ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи суди марҳилаи якумро вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида суде, ки қарор ё таъинотро баровардааст, аз нав баррасӣ менамояд. Аз нав баррасӣ кардани қарор ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ ё назоратиро вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида, ки дар асоси онҳо санади суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст, суде анҷом медиҳад, ки санадро тағйир додааст.
Моддаи 199. Пешниҳоди ариза дар бораи аз нав баррасӣ кардани қарор ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида
1. Ариза дар бораи аз нав баррасӣ кардани қарор ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз ҷониби шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда ва ҷабрдида ба суде пешниҳод мегардад, ки ин қарор ё таъинотро баровардааст.
2. Ба ариза ҳуҷҷатҳои дахлдоре, ки барои аз нав баррасӣ кардани санадҳои судӣ заруранд, замима карда мешаванд.
3. Чунин ариза метавонад дар давоми мӯҳлати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии содиршуда, вале на дертар аз се моҳ аз рӯзи ошкор гардидани асосҳо барои аз нав баррасӣ кардани қарор ё таъинот пешниҳод шавад.
Моддаи 200. Тартиби баррасии ариза дар бораи аз нав баррасӣ кардани қарор ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида
Суд аризаро дар бораи аз нав баррасӣ кардани қарор ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида дар маҷлиси судӣ баррасӣ менамояд. Аризадиҳанда, дар ҳолатҳои зарурӣ ҷабрдида ва прокурор оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои баррасии ариза монеа намегардад.
Моддаи 201. Таъинот дар бораи аз нав баррасӣ кардани қарор ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида
1. Суд аризаро дар бораи аз нав баррасӣ кардани қарор ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида баррасӣ намуда, аризаи пешниҳодгардидаро қонеъ мегардонад ва қарор ё таъинотро бекор мекунад ё аз нав баррасӣ кардани онҳоро рад менамояд.
2. Оид ба таъинот дар хусуси қонеъ гардонидани ариза ҷиҳати аз нав баррасӣ кардани қарор ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида пешниҳоди шикоят манъ аст.
3. Ҳангоми бекор кардани қарор ё таъинот парванда тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 202. Мӯҳлатҳои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Аз нав баррасӣ кардани қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ба манфиати шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, бо ҳеҷ гуна мӯҳлат маҳдуд карда намешавад.
2. Фавти шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, барои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бо мақсади қатъ кардани парвандаи ӯ монеъ намегардад.
3. Аз нав баррасӣ кардани қарор доир ба қатъи парванда, ҳамчунин аз нав баррасӣ кардани қарор бо сабабҳои сабукии ҷазо ё зарурати нисбат ба шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст татбиқ кардани қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии нисбатан вазнинтар танҳо дар давоми мӯҳлатҳои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан ва на дертар аз се моҳ аз рӯзи ошкор шудани ҳолатҳои нав мумкин аст.
4. Рӯзи ошкор шудани ҳолатҳои нав ҳисоб карда мешавад:
- рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардани қонуне, ки зимни барасмиятдарорӣ ва баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии мушаххас татбиқ карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476);
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 197 Кодекси мазкур рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани таъинот, қарор, ҳукм нисбат ба шахсоне, ки дар додани нишондод ва хулосаи бардурӯғ, пешниҳоди далелҳои қалбакӣ, тарҷумаи нодуруст ё амали ҷинояткоронае, ки ҳангоми барасмиятдарорӣ ва баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир шудаанд, гунаҳгоранд.
Моддаи 203. Аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Ҳуқуқи аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоргардида, ба истиснои ҳолати дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда ба прокурор тааллуқ дорад.
2. Аризаҳои шаҳрвандон, хабарҳои шахсони мансабдори ташкилотҳо, ҳамчунин маълумоти дар ҷараёни барасмиятдарорӣ ва баррасии дигар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкоршуда сабабҳои аз нав сар кардани пешбурд бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав мегарданд.
3. Аз нав баррасӣ кардани қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд бинобар ҳолатҳои нав ошкоргардида тибқи қисми 1 моддаи 205 Кодекси мазкур бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ аз лаҳзаи ворид шудани пешниҳод баррасӣ мегардад.
Моддаи 204. Амали прокурор баъди анҷоми санҷиш
1. Баъди анҷом ёфтани санҷиши ҳолатҳои нав ошкоршуда, дар сурати мавҷуд будани асосҳо барои аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парванда, прокурор парвандаро бо хулосаи худ ва нусхаи қарорро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 197 Кодекси мазкур ба суди дахлдор мефиристонад.
2. Дар сурати мавҷуд набудани асосҳо барои аз нав оғоз кардани пешбурд аз рӯи парванда прокурор бо қарори асосноки худ пешбурди аз ҷониби ӯ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда оғозгардидаро қатъ мегардонад.
3. Қарор дар бораи қатъ гардидани пешбурд аз рӯи парванда ба маълумоти шахсони манфиатдор расонида, ба онҳо фаҳмонида мешавад, ки онҳо ҳуқуқ доранд нисбат ба қарор ба суд шикоят кунанд ва суд салоҳият дорад масъалаи аз нав оғоз кардани пешбурдро аз рӯи парвандаи мазкур бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ҳал намояд.
Моддаи 205. Аз ҷониби суд ҳал кардани масъалаи аз нав барқарор кардани пешбурд аз рӯи парванда
1. Пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурор доир ба зарурати аз нав оғоз кардани пешбурд аз рӯи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бо тартиби зайл баррасӣ мегардад:
- дар бораи қарори суди ноҳия (шаҳр) - аз ҷониби Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе;
- дар бораи қарори суди ноҳия (шаҳр)-ҳои тобеи ҷумҳурӣ, қарори Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва қарори судҳои ҳарбии гарнизонҳо - аз ҷониби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар бораи қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз ҷониби Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Баррасии қаблии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба тариқи кассатсионӣ ё назоратӣ ба баррасии он дар ҳамон марҳилаи судӣ ҷиҳати аз нав оғоз кардани пешбурд бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда монеъ намегардад.
3. Пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурор дар бораи аз нав оғоз кардани пешбурд аз рӯи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда дар маҷлиси суд мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 206. Таъиноти (қарори) суде, ки пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурорро баррасӣ мекунад
Суд пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурорро дар бораи аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ карда, яке аз таъинотҳои зеринро мебарорад:
- доир ба бекор кардани қарор ва равон кардани парванда барои гузаронидани санҷиши иловагӣ ё мурофиаи нави судӣ;
- дар бораи бекор кардани қарор ва оид ба қатъи парванда, вақте ки санҷиши иловагӣ ё мурофиаи нави судӣ барои қабули қарори ниҳоӣ аз рӯи парванда талаб карда намешавад;
- дар хусуси рад кардани пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурор.
Моддаи 207. Пешбурди парванда баъди бекор кардани қарорҳо
Пешбурди санҷиш ва мурофиаи судӣ аз рӯи парванда баъди бекор кардани қарорҳо оид ба он бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда, ҳамчунин шикоят кардан аз қарорҳои нав баровардаи суд ё эътироз овардан ба онҳо бо тартиби умумӣ анҷом дода мешавад.
ФАСЛИ V. ХУСУСИЯТҲОИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ КАТЕГОРИЯҲОИ АЛОҲИДА
БОБИ 16. ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ НИСБАТ БА НОБОЛИҒОН
Моддаи 208. Тартиби пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғон
1. Муқаррароти боби мазкур оид ба парвандаҳо нисбат ба шахсе, ки дар лаҳзаи содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҳаждаҳсолагӣ нарасидааст, татбиқ мегарданд.
2. Тартиби пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғон бо муқаррароти умумии Кодекси мазкур, инчунин бо назардошти моддаҳои боби мазкур муайян карда мешавад.
Моддаи 209. Ҳолатҳое, ки доир ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғон бояд муқаррар карда шаванд
1. Ҳангоми гузаронидани мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғон дар баробари исботи ҳолатҳои дар боби 5 Кодекси мазкур зикршуда бояд ҳолатҳои зерин муайян карда шаванд:
- синну соли ноболиғ (сана, моҳ ва соли таваллуд);
- шароити зиндагӣ ва таълиму тарбия, дараҷаи инкишофи зеҳнӣ, ирода ва рӯҳӣ, хислат ва миҷоз, талабот ва завқу рағбат;
- таъсири шахсони калонсол ва ноболиғони дигар.
2. Ноболиғе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ мегардад, мумкин аст, дар вақти баррасии ҳолатҳое, ки метавонанд ба ӯ таъсири манфӣ расонанд, аз муҳокима берун карда шавад.
Моддаи 210. Ба пешбурди алоҳида ҷудо кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғ
Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғе, ки дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ якҷоя бо калонсолон иштирок кардааст, ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо карда мешавад.
Моддаи 211. Тартиби даъвати ноболиғ
Ноболиғ ба воситаи падару модар ё намояндагони дигари қонунии ӯ ва агар ноболиғ дар муассисаи махсуси кӯдакон бошад ба воситаи маъмурияти ин муассиса ба суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ ё ба назди шахсони мансабдор даъват карда мешавад.
Моддаи 212. Баёнот гирифтан аз шахси ноболиғи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда, шоҳид ва ҷабрдидаи ноболиғ
Гирифтани баёнот аз шахси ноболиғи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда, шоҳид ва ҷабрдидаи ноболиғ наметавонад дар як рӯз бетанаффус зиёда аз як соат ва дар маҷмӯъ бештар аз ду соат давом ёбад.
Моддаи 213. Иштироки омӯзгор ва равоншинос
1. Ҳангоми гирифтани баёноти ноболиғ, ҳамчунин ноболиғе, ки ноқисулақл дониста шудааст, иштироки омӯзгор ва равоншинос ҳатмист.
2. Омӯзгор ва равоншинос ҳуқуқ доранд ба ноболиғе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, саволҳо диҳанд ва баъди ба охир расидани гирифтани баёнот бо он шинос шаванд ва доир ба дурустӣ ва пуррагии сабтҳои он мулоҳизаҳояшонро навишта диҳанд. Ин ҳуқуқро суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) пеш аз гирифтани баёнот ба омӯзгор ё равоншинос мефаҳмонанд.
Моддаи 214. Иштироки намояндаи қонунии ноболиғ дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Намояндаи қонунии ноболиғ барои иштирок дар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қарори суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) аз лаҳзаи гирифтани баёноти аввал аз ноболиғ роҳ дода мешавад. Ҳангоми иҷозат додан барои иштирок дар парванда ба намояндаи қонунӣ ҳуқуқҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда фаҳмонида мешаванд.
2. Намояндаи қонунӣ ҳуқуқ дорад:
- донад, ки ноболиғ барои содир кардани кадом ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ айбдор карда мешавад;
- ҳангоми гузаронидани амалҳои мурофиавие, ки Кодекси мазкур пешбинӣ мекунад, иштирок намояд;
- бо протоколи маҷлиси судӣ шинос шавад ва доир ба дурустӣ ва пуррагии сабтҳои он ба тарзи хаттӣ эрод пешниҳод намояд;
- дархост ва раддия диҳад;
- оид ба амалҳо ва қарорҳои суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) шикоят пешниҳод намояд;
- далелҳо пешниҳод кунад;
- бо тамоми маводи парванда шинос шавад, аз он ҳама гуна маълумотро ба андозаи дилхоҳ рӯйнавис намояд.
Моддаи 215. Қатъ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо татбиқи чораҳои тарбиявӣ
Агар дар ҷараёни баррасии парванда оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар гардад, ки ноболиғ ин кирдорро бори аввал содир кардааст ва ислоҳи ӯ бе татбиқи ҷазои маъмурӣ имкон дошта бошад суд, прокурор ва мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ҳуқуқ доранд, ки парвандаро нисбат ба ноболиғ бо татбиқи чораҳои тарбиявӣ қатъ намоянд. Ин гуна қарор танҳо дар ҳолате қабул шуда метавонад, ки ба он ноболиғ ва намояндаи қонунии ӯ розӣ бошанд. Нусхаи қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғ бо татбиқи чораҳои зикршуда ба комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак фиристонида мешавад.
ФАСЛИ VI. ИҶРОИ ҚАРОРҲО
БОБИ 17. ИҶРОИ ҚАРОРҲО ВОБАСТА БА ТАЪИНИ ҶАЗОИ МАЪМУРӢ
Моддаи 216. Эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолатҳои зерин эътибори қонунӣ пайдо менамояд:
- баъди ба охир расидани мӯҳлати шикоят ё эътироз овардан нисбат ба қарор, агар оид ба қарор шикоят ё эътироз оварда нашуда бошад;
- баъди ба охир расидани мӯҳлати шикоят ё эътироз овардан вобаста ба қарори аз натиҷаи шикоят ва эътироз қабулгардида, агар вобаста ба ин қарор шикоят ё эътироз оварда нашуда бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо қарори мазкур қарори қаблан қабулгардида бекор карда шуда бошад;
- фавран баъди қабули қарор аз натиҷаи баррасии шикоят ё эътирозе, ки вобаста ба он шикоят карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо қарори зикршуда қарори қаблан қабулгардида бекор карда шуда бошад.
Моддаи 217. Ҳатмӣ будани иҷрои қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои иҷро аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо, шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ҳатмист.
2. Қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани он иҷро карда шавад.
Моддаи 218. Иҷрои қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Иҷрои қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Ҳангоми баррасии шикоят ё эътироз нисбат ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё нисбат ба қарорҳои минбаъда оид ба шикоят ё эътироз қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он ба судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки барои амалӣ кардани қарор ваколатдор мебошанд, фиристонида мешавад.
3. Агар нисбат ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мӯҳлатҳои муқаррар-гардида шикоят ё эътироз оварда нашуда бошад, қарори мазкур дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он, ҳангоми баррасии шикоят ё эътироз бошад, дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди аз суд, мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) қарорро қабулнамуда ворид шудани қарор доир ба ин шикоят ё эътироз ба мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки барои амалӣ кардани қарор ваколатдоранд, фиристонида мешавад.
4. Қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он ба мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки барои амалӣ кардани қарор ваколатдор аст, фиристонида мешавад.
Моддаи 219. Ба иҷро расонидани қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расонида мешавад.
2. Дар сурати қабул гардидани якчанд қарор доир ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ нисбати ҳамон як шахс ҳар як қарор дар алоҳидагӣ ба иҷро расонида мешавад.
Моддаи 220. Ба таъхир гузоштан ва ба мӯҳлатҳо ҷудо кардани иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ
1. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳое, ки дар мӯҳлатҳои муқарраргардида иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмуриро дар намуди ҳабси маъмурӣ, маҳрум сохтан аз ҳуқуқи махсус ё дар намуди ҷаримаи маъмурӣ имконнопазир мегардонанд, судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки қарорро қабул кардааст, метавонад иҷрои қарорро ба мӯҳлати то як моҳ ба таъхир гузорад.
2. Вазъи моддии шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашударо ба инобат гирифта, пардохти ҷаримаи маъмурӣ метавонад аз ҷониби судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки қарорро қабул кардааст, ба муддати то се моҳ ба мӯҳлатҳо ҷудо карда шавад.
Моддаи 221. Боздоштани иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ
1. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ қарор қабул кардаанд, дар сурати шикоят ё эътироз овардан нисбат ба қарори эътибори қонунӣ пайдонамуда иҷрои ин қарорро то баррасии шикоят ё эътироз бозмедоранд. Дар бораи боздоштани иҷрои қарор таъинот ё қарор бароварда, ҳангоми зарурат он фавран ба мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) фиристонида мешавад, ки ин таъинот ё қарорро иҷро менамояд.
2. Эътироз овардан нисбат ба қарори ҳабси маъмурӣ ё боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият иҷрои ин қарорро бознамедорад.
Моддаи 222. Иҷрои қарор дар бораи боздоштан ва ё манъ кардани фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ
1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) тибқи қарори қабулгардида дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз қисман ё пурра кори ташкилотро манъ карда, истифодаи бино, иншоот, қисмҳои бино ва иншоот, анбор, хатҳои алоқа ва гармиро бозмедоранд.
2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) тибқи қарори қабулгардида дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз фаъолияти шахси ҳуқуқиро манъ менамоянд ва мақомоти оморро дар ин бора огоҳ месозанд.
Моддаи 223. Қатъи иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ
Судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ қарор қабул намудааст, дар ҳолатҳои зерин иҷрои қарорро қатъ менамояд:
- ҳангоми қабули санади авф, агар чунин санад ба татбиқи ҷазои маъмурӣ монеъ шавад;
- дар сурати бекор кардан ё беэътибор донистани қонун ё муқаррароти алоҳидаи он, ки ҷавобгарии маъмуриро барои кирдори содиргардида муқаррар менамояд;
- ҳангоми фавти шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда ё бо тартиби муқарраргардида фавтида эълон шудани ӯ;
- агар аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун ё муқаррароти алоҳидаи он, ки ҷавобгарии маъмуриро муқаррар менамояд, хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476);
- ҳангоми гузаштани мӯҳлати идомаи иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ, ки дар Кодекси мазкур муқаррар шудааст;
- дар сурати қабул гардидани қарори қатъи иҷрои қарор дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур.
Моддаи 224. Ҳалли масъалаҳои вобаста ба иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ ба шахси ноболиғ
1. Масъалаҳои ба таъхир гузоштан, боздоштан ё қатъ кардани иҷрои қарор дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ, инчунин рӯёнидани ҷаримаи маъмурии ба шахси ноболиғ таъиншуда аз падару модар ё намояндаи қонунии ӯ аз тарафи судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки чунин қарорро қабул кардаанд, дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди ба миён омадани асос барои ҳалли масъалаи дахлдор баррасӣ мешаванд.
2. Шахсоне, ки барои ҳалли масъалаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида манфиатдоранд, дар бораи вақт ва маҳалли баррасӣ хабардор карда мешаванд. Бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани шахсони манфиатдор барои ҳалли масъалаҳои дахлдор монеъ шуда наметавонад.
3. Қарор оид ба масъалаҳои ба таъхир гузоштан, ба мӯҳлатҳо ҷудо кардан ё боздоштани иҷрои қарор дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ, инчунин рӯёнидани ҷаримаи маъмурии нисбати шахси ноболиғ таъингардида аз падару модар ё намояндаи қонунии ӯ дар намуди таъинот бароварда мешавад. Нусхаи таъинот ба шахси воқеӣ ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо ин таъинот бароварда шудааст, инчунин ба ҷабрдида тибқи дархост супорида мешавад. Ҳангоми ҳозир набудани шахсони зикргардида нусхаи таъинот ба онҳо дар давоми се шабонарӯзи баъди баровардани он фиристонида, дар ин бора дар парванда қайди дахлдор карда мешавад.
4. Масъалаи қатъ кардани иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар шакли қарор қабул карда мешавад.
Моддаи 225. Мӯҳлати идома ёфтани иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ
1. Қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ иҷро карда намешавад, агар он дар мӯҳлати як сол аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо карданаш мавриди иҷро қарор нагирифта бошад.
2. Идома ёфтани мӯҳлати пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда дар сурате қатъ мегардад, ки шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда аз иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ саркашӣ намояд. Ҳисоби мӯҳлат дар чунин ҳолат аз рӯзи ошкор шудани шахси зикргардида ё молу мулку даромади ӯ, ки мутобиқи қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ нисбат ба онҳо мумкин аст ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шавад, аз нав оғоз мегардад.
3. Ҳангоми ба таъхир гузоштан ё боздоштани иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ мутобиқи Кодекси мазкур идома ёфтани мӯҳлати иҷро то гузаштани мӯҳлати ба таъхир гузоштан ё мӯҳлати боздоштани иҷро боздошта мешавад.
4. Ҳангоми ба мӯҳлатҳо ҷудо кардани иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ, давомнокии мӯҳлати иҷро ба ин мӯҳлат дароз карда мешавад.
Моддаи 226. Ба охир расидани пешбурди иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ
1. Қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ, ки пурра иҷро шудааст, бо қайди дахлдор дар бораи ҷазои маъмурии иҷрогардида аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки қарорро ба иҷро расонидааст, ба судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки ин қарорро қабул кардааст, баргардонида мешавад.
2. Қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ, ки иҷрои он таъмин нагардидааст ё нопурра иҷро шудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) иҷрокунандаи қарор ба судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки ин қарорро қабул кардааст, дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад:
- агар дар суроғаи зикрнамудаи судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки қарорро қабул кардааст, шахси воқеии ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда истиқомат, кор ё таҳсил накунад ё шахси ҳуқуқии ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда ё молу мулки шахсони зикргардида, ки ба он метавонад ҷазои маъмурӣ таъин шавад, дар он суроға қарор надошта бошанд;
- агар шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда молу мулк ё даромаде надошта бошад, ки ба он ҷазои маъмурӣ таъин карда шавад ва тадбирҳои оид ба дарёфти молу мулки чунин шахс андешидашуда бенатиҷа монда бошанд;
- агар мӯҳлати давомнокии иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, гузашта бошад.
3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми қисми 2 ҳамин модда мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ таҳти иҷрои ӯ мебошад, санади дахлдор тартиб медиҳад ва он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) болоӣ тасдиқ карда мешавад.
4. Баргардонидани қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ аз рӯи асосҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми қисми 2 ҳамин модда барои иҷро қабул кардани қарори нав дар доираи мӯҳлати пешбининамудаи Кодекси мазкур монеа шуда наметавонад.
5. Агар мӯҳлати давомнокии иҷрои қарор гузашта бошад ва иҷрои он таъмин нагардида бошад ё нопурра иҷро шуда бошад, қарор мутобиқи талаботи Кодекси мазкур ба судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки қарорро қабул кардааст, баргардонида мешавад.
Моддаи 227. Иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ нисбати шахсе, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад ё қарор дорад ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулк надорад
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476)
Иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ нисбати шахсе, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад ё қарор дорад ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулк надорад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналмилалии Тоҷикистон бо давлате, ки ин шахс дар қаламрави он истиқомат мекунад ё қарор дорад, инчунин бо давлате, ки молу мулки шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда дар ҳудуди он мебошад, амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
БОБИ 18. ТАРТИБИ ИҶРОИ НАМУДҲОИ ҶУДОГОНАИ ҶАЗОИ МАЪМУРӢ
Моддаи 228. Иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди огоҳӣ
Қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди огоҳӣ аз ҷониби судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки ин қарорро қабул намудааст, баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор бо роҳи супоридан ё фиристодани нусхаи қарор мутобиқи талаботи Кодекси мазкур иҷро карда мешавад.
Моддаи 229. Иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима
1. Ҷаримаи маъмурӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ё шахсони ҳуқуқӣ, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, бояд дар мӯҳлати на дертар аз сӣ шабонарӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор дар бораи таъин кардани ҷаримаи маъмурӣ ё аз лаҳзаи гузаштани мӯҳлати батаъхирандозӣ ё ба мӯҳлатҳо ҷудо кардан, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, бо тартиби дар қисми 6 моддаи 39 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида иҷро карда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2021).
2. Агар шахси ноболиғ даромади мустақил надошта бошад, ҷаримаи маъмурӣ аз падару модар ё намояндаи қонунии ӯ ситонида мешавад.
3. Маблағи ҷаримаи маъмурӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ё шахсони ҳуқуқӣ, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, ба Буҷети давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи ғайринақдӣ гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2021).
4. Ҳангоми аз кор озод шудани шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда ё мавҷуд набудани имконияти ситонидани ҷарима аз музди меҳнат ё дигар даромади ӯ, маъмурияти ташкилот дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз аз рӯзи аз кор озод шудан ё ба вуҷуд омадани дигар ҳолатҳои ғайриимкон гаштани ситонидани ҷарима, ҳуҷҷатро оид ба таъин кардани ҷарима ба суд, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки онро қабул намудааст, бо нишон додани ҷойи кори нави шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда (агар муайян бошад), сабаби ғайриимкон будани ситонидани ҷарима, бо қайди маблағи аз музди меҳнат нигоҳ дошташуда (агар нигоҳ дошта шуда бошад) бармегардонад.
5. Ҳангоми дар мӯҳлати пешбининамудаи Кодекси мазкур иҷро накардани қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима, иҷрои маҷбурии қарори мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1263).
Моддаи 230. Ба охир расидани пешбурди иҷрои қарор оид ба татбиқи ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима
Қарор оид ба татбиқи ҷазои маъмурӣ, ки аз рӯи он ситонидани ҷаримаи маъмурӣ пурра амалӣ гардидааст, бо қайди иҷрои он ба суд ё мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки ин қарорро қабул кардааст, баргардонида мешавад.
Моддаи 231. Иҷрои қарори боздошти маъмурии амали иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият
1. Қарор оид ба боздошти маъмурии амали иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) иҷро карда мешавад, ки ӯ мутобиқи қонун ҳуқуқ дорад, барои ҳамин намуди фаъолият иҷозатнома диҳад.
2. Қарор оид ба боздошти маъмурии амали иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз бо роҳи бозхонди ин иҷозатнома ба мӯҳлати боздошти амали он иҷро карда мешавад.
Моддаи 232. Иҷрои қарор оид ба маҳрум кардан аз иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият
Қарори қабулгардида оид ба бекор кардани иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) бо роҳи бозпас гирифтани иҷозатнома иҷро карда мешавад.
Моддаи 233. Иҷрои қарор оид ба маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус
1. Қарори судя дар бораи маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт аз тарафи шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ иҷро карда мешавад.
2. Қарори судя дар бораи маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёти техникӣ (трактор, мошинаҳои худгард ва дигар намудҳои техникаи кишоварзӣ) аз ҷониби шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти назорати давлатии ҳолати техникӣ иҷро карда мешавад.
3. Қарори судя дар бораи маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи идораи киштиҳои хурдҳаҷм аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ ба иҷро расонида мешавад.
4. Қарори судя дар бораи маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ё таҷҳизоти баландбасомад аз тарафи шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти анҷомдиҳандаи назорати давлатии соҳаи алоқа иҷро карда мешавад.
5. Қарори судя дар бораи маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи шикор аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори назорати давлатии риояи қоидаҳои шикор иҷро карда мешавад.
Моддаи 234. Тартиби иҷрои қарори маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт
1. Қарори маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёти намуди дахлдор ё дигар намудҳои техника мувофиқан бо роҳи гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ё шаҳодатномаи ҳуқуқи идораи киштиҳои хурдҳаҷм ё шаҳодатномаи тракторчӣ-мошинист иҷро карда мешавад, агар ронанда, киштирон ё тракторист-мошинист аз ҳуқуқи идораи ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт, киштиҳои хурдҳаҷм ва техникаи дигар маҳрум карда шуда бошад. Агар ронанда аз ҳуқуқи идораи на ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт маҳрум карда шуда бошад, дар шаҳодатномаи ронандагӣ қайд карда мешавад, ки ӯ аз ҳуқуқи идораи кадом намуди воситаи нақлиёт маҳрум карда шудааст ва шаҳодатномаи ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт баргардонида мешавад.
2. Қарори маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ё таҷҳизоти баландбасомад бо роҳи гирифтани иҷозатномаи махсус барои истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ё таҷҳизоти баландбасомад иҷро карда мешавад. Тартиби гирифтани иҷозатномаи махсус барои истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ё таҷҳизоти баландбасомад аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки назорати давлатии соҳаи алоқаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма доранд, муқаррар карда мешавад.
3. Қарори маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи шикор бо роҳи гирифтани шаҳодатномаи шикорчӣ иҷро карда мешавад.
4. Баъди ба охир расидани мӯҳлати ҷазои маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус ҳуҷҷатҳое, ки аз шахси ба ин намуди ҷазои маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашидашуда гирифта шуда буданд, ба ӯ баргардонида мешаванд.
Моддаи 235. Ҳисоб кардани мӯҳлатҳои маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус
1. Давомнокии мӯҳлати маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсуси дахлдор оғоз мегардад.
2. Дар сурати аз супоридани шаҳодатномаи дахлдор (иҷозати махсус) ё дигар ҳуҷҷатҳо саркашӣ кардани шахси аз ҳуқуқи махсус маҳрумгардида мӯҳлати маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус қатъ мегардад. Давомнокии мӯҳлати маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус аз рӯзи аз ҷониби ин шахс супоридан ё аз ӯ гирифтани шаҳодатномаи дахлдор (иҷозати махсус) ё дигар ҳуҷҷатҳо оғоз мегардад.
3. Давомнокии мӯҳлати маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус ҳангоми нисбат ба шахси аз ҳуқуқи махсус маҳрумгардида барои бори дигар таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди маҳрум кардан аз ҳамон як ҳуқуқи махсус аз рӯзи дигари баъди ба охир расидани мӯҳлати ҷазои маъмурии қаблан татбиқшуда оғоз мегардад.
Моддаи 236. Иҷрои қарори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият
1. Қарори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият баъди қабул гардидани чунин қарор иҷро карда мешавад.
2. Ҳангоми боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият гузоштани мӯҳру сурғуч ба биною манзил, ҷои нигоҳдории мол ва дигар арзишҳои моддӣ, хазинаҳо, инчунин дигар тадбирҳо доир ба иҷрои чораҳои пешбининамудаи қарори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият, ки барои иҷрои ҷазои маъмурӣ бо роҳи боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият зарур мебошанд, татбиқ карда мешаванд. Дар сурати ба таври маъмурӣ боздоштани намуди муайяни фаъолият ба татбиқи чораҳое роҳ дода намешавад, ки метавонанд боиси оқибатҳои барқарор-нашаванда барои пешбурд, инчунин барои фаъолият ва нигоҳ доштани объектҳои таъминоти ҳаётӣ гарданд.
3. Агар муқаррар карда шавад, ки ҳолатҳои барои таъини ҷазои маъмурӣ дар намуди боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият асосшуда бартараф гардидаанд, боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият дар асоси дархости шаҳрванди бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда пеш аз мӯҳлат қатъ мегардад.
4. Баъди тадқиқи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) дар бораи қатъ кардани иҷрои ҷазои маъмурӣ бо роҳи боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият ё рад кардани қонеъгардонии дархост қарор қабул менамояд. Дар қарор дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ кардани боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият маълумоти пешбиникардаи моддаи 141 Кодекси мазкур, инчунин санаи аз нав ба фаъолият оғоз кардани шаҳрванди бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда ё шахси ҳуқуқӣ, филиалҳо, намояндагиҳо, воҳидҳои сохторӣ, қитъаҳои истеҳсолии он, инчунин истифодаи таҷҳизот, объектҳо, бино ва иншоот, анҷом додани намудҳои алоҳидаи фаъолият (кор ва хизматрасонӣ) нишон дода мешаванд.
Моддаи 237. Иҷрои қарори бо подош гирифтани ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад
1. Қарори судя дар бораи бо подош гирифтани ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад.
2. Ба фурӯш баровардани ашёҳои гирифташуда, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Моддаи 238. Иҷрои қарори мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1860)
1. Қарори мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, аз ҷониби субъектҳое, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор намудаанд, мувофиқи талаботи ҳамин модда иҷро карда мешавад.
2. Маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошанд, ба истиснои молу мулке, ки дар қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ба мақомоти молия супорида мешаванд.
3. Молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошанд, ба мақомоти идораи амволи давлатӣ супорида мешаванд.
4. Қарори судя дар бораи мусодираи силоҳ, тир, лавозимоти ҷангӣ, воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ иҷро карда мешавад.
5. Қарори судя дар бораи мусодираи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷро карда мешавад.
6. Қарори судя дар бораи мусодираи партовҳои радиоактивӣ ва моддаҳои кимиёвӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ иҷро карда мешавад.
7. Нусхаҳои мусодирагардидаи асарҳо ва фонограммаҳо, маводу таҷҳизоти барои иҷрои онҳо истифодашаванда ва дигар олоти содиркунии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур бояд нобуд карда шаванд, ба истиснои ҳолатҳои супоридани нусхаҳои мусодирагардидаи асарҳо ё фонограммаҳо ба дорандаи ҳуқуқҳои муаллиф ё ҳуқуқҳои вобаста ба он дар асоси хоҳиши ӯ.
8. Ҳангоми супоридани ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, санад тартиб дода шуда, номгӯи пурра ва дақиқи ҳар як ашё, аломати фарқкунандаи он, аз ҷумла вазн, ҳаҷм, ранг, намуд, андоза, дараҷаи фарсудашавӣ ва хусусиятҳои хоси молу мулк зикр карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1860).
Моддаи 239. Иҷрои қарори бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрван-дони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476)
Қарори бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз тарафи мақомоти зерин иҷро карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476):
- мақомоти ҳифзи сарҳад ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки низоми Сарҳади давлатӣ ё низоми нуқтаҳои гузаргоҳии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накардаанд;
- мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки низоми будубош (сукунат) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё қоидаҳои муҳоҷиратро риоя накардаанд.
Моддаи 240. Тартиби иҷрои қарори бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476)
1. Иҷрои қарори бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд бо роҳи расман супоридани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд ба намояндаи расмии давлате, ки ин шахс ба қаламрави он берун карда мешавад ё бо роҳи мустақилона аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтани шахсе, ки мавриди бо роҳи маъмурӣ берун кардан қарор гирифтааст, анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
2. Дар бораи бо роҳи маъмурӣ берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд аз гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлати хориҷӣ, ки бо роҳи маъмурӣ баровардани ин шахс ба қаламрави он ё тавассути қаламрави он сурат мегирад, огоҳ карда мешавад, агар тибқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин давлат бо роҳи маъмурӣ берун кардан пешбинӣ гардида бошад.
3. Агар тибқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндаи давлати хориҷӣ супоридани шахсе, ки бояд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шавад, пешбинӣ нагардида бошад, дар ин ҳолат шахс дар маҳалли муайяннамудаи мақомоти ҳифзи сарҳад бо роҳи маъмурӣ берун карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
4. Иҷрои қарори бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд дар шакли санади яктарафа ё дутарафа ба расмият дароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
5. Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандро то рӯзи бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардан дар ҷойҳои махсус нигоҳ доштан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1476).
Моддаи 241. Иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабси маъмурӣ
1. Қарори судя дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабси маъмурӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ баъди қабули чунин қарор фавран иҷро карда мешавад.
2. Шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин карда шудааст, дар ҷойҳои муайяннамудаи мақомоти корҳои дохилӣ нигоҳ дошта мешаванд.
3. Мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ ба мӯҳлати ҳабси маъмурӣ ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 242. Тартиби иҷрои ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабси маъмурӣ
1. Шахсоне, ки барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд, ба корҳои ҷисмонӣ ҷалб карда мешаванд.
2. Тартиби иҷрои ҷазои ҳабси маъмурӣ ва ташкили истифодаи меҳнати шахсони ба ҳабси маъмурӣ гирифташуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
3. Шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин карда шудааст, дар давраи дар ҳабси маъмурӣ қарор доштанашон дар ҷойи кори асосӣ ба онҳо музди меҳнат пардохта намешавад.
Моддаи 243. Тартиб ва мӯҳлати иҷрои қарор оид ба ҷуброни зарари моддӣ
1. Қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба ҷуброни зарари моддӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад.
2. Қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба ҷуброни зарари моддӣ ҳуҷҷати иҷроия ба ҳисоб меравад.
3. Зарари моддӣ аз ҷониби шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст бояд дар давоми се моҳи баъди ба ӯ супорида шудани қарор, вале дар сурати шикоят кардан ё эътироз овардан дар мӯҳлати на дертар аз сӣ шабонарӯзи баъди хабардор кардан аз хусуси қонеъ нагардонидани шикоят ё эътироз ҷуброн карда шавад.
Моддаи 244. Оқибатҳои иҷро накардани қарор оид ба ҷуброни зарари моддӣ
Ҳангоми дар мӯҳлати пешбининамудаи Кодекси мазкур иҷро накардани қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба ҷуброни зарари моддӣ, иҷрои қарори мазкур барои рӯёнидани зарар бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" амалӣ карда мешавад.
Моддаи 245. Баргардонидани иҷрои қарор
Ҳангоми бекор кардани қарори иҷрогардида ва баъди баррасии нави парванда баровардани қарор дар бораи пурра ё қисман бекор кардани ҷавобгарии маъмурӣ ё таъинот оид ба қатъи мурофиаи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахсе, ки нисбаташ ҷазои маъмурӣ татбиқ карда шудааст, бояд ҳама молу мулке, ки аз ӯ мутобиқи санади бекоргардидаи суд гирифта шуда буд, баргардонида шавад (баргардонидани иҷрои қарор).
Моддаи 246. Ҳалли масъалаҳо дар бораи баргардонидани иҷрои қарор аз ҷониби суди марҳилаи якум
1. Суде, ки ба он парванда барои баррасии нав супорида шудааст, ӯҳдадор аст бо ташаббуси худ масъалаи баргардонидани иҷрои қарорро баррасӣ намуда, онро дар қарор ё таъиноти наве, ки бо он баррасии парванда қатъ мегардад, ҳал намояд.
2. Агар суди парвандаро аз нав баррасинамуда масъалаи баргардонидани иҷрои қарори бекоркардаро ҳал накунад, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад дар доираи мӯҳлати даъво ба ҳамин суд дар хусуси баргардонидани иҷрои қарор ариза диҳад. Ин ариза дар маҷлиси судӣ баррасӣ карда мешавад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси суд огоҳ карда шуда, ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаи дар назди суд гузошташуда монеа намегардад.
3. Нисбат ба санади судии қабулшуда дар бораи баргардонидани иҷрои қарор мумкин аст бо асос ва тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур шикояти кассатсионӣ ё шикояти хусусӣ пешниҳод карда шавад.
Моддаи 247. Ҳалли масъалаҳо дар бораи баргардонидани иҷрои қарор аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ ё назоратӣ
1. Суде, ки парвандаро бо тартиби кассатсионӣ ё тартиби назоратӣ баррасӣ менамояд, агар бо таъинот ё қарори худ баҳсро моҳиятан ҳал кунад ё баррасии парвандаро қатъ намояд ё аризаро баррасӣ накунад, ӯҳдадор аст масъалаи баргардонидани иҷрои қарорро ҳал намояд ё барои ҳал кардани он ба суди марҳилаи якум ирсол намояд.
2. Агар дар таъинот ё қарори суди болоӣ нисбат ба масъалаи баргардонидани иҷрои қарор ягон супориш мавҷуд набошад, шахси манфиатдор метавонад ба суди марҳилаи якум аризаи дахлдор пешниҳод кунад.
БОБИ 19. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 248. Тартиби мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур
Кодекси мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
22 июли соли 2013, № 975
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 3 апрели соли 2013, №1133
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                   М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 507