ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP

 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ХОК

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 07/02/2020 - 09:13
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
555
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
16.10.2009
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ХОК
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027)
 
Қонуни мазкур принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо мақсади оқилона ва эҳтиёткорона истифода бурдани хок, нигоҳ доштани сифат, ҳосилхезӣ ва ҳифзи онро аз падидаҳои манфӣ муайян карда, маҷмӯи муносибатҳои бо ҳифзи хок алоқамандро танзим менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- хок - қабати болоии табиӣ ё дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва намудҳои дигари фаъолият тағйирёфтаи замин, ки аз моддаҳои минералӣ ва органикӣ, об, ҳаво, организмҳои хокӣ ва самараи фаъолияти ҳаёти онҳо иборат буда, хосияти ҳосилхезӣ, сохт ва хусусиятҳои дигари барои мавҷудияти набототу ҳайвонот ва ҳаёту фаъолияти инсон зарурро дорост (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2027);
- ҳифзи хок - маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва тадбирҳои дигари оқилона истифода бурдани хок, инчунин аз харобшавӣ, таъсироти манфии табиӣ ва техногенӣ, пешгирӣ ва ҳифз кардани он;
- ҳолати хок - маҷмӯи нишондиҳандаҳое, ки таркиб, сохт ва хусусияти хокро ифода мекунанд;
- сифати хок - маҷмӯи хосиятҳои хок, ки ҷанбаҳо ва самаранокии аҳамияти хокро дар таъмини муҳити мусоид барои зисти инсон, наботот ва ҳайвонот муайян мекунанд;
- қабати ҳосилхези хок - қабати болоии хок, ки барои нумӯи наботот хосияти мусоидро дорост;
- хоки нодир - хоке, ки дар шароити беназири табиию иқлимӣ ташаккул ёфта, дорои аҳамияти махсуси ҳифзшавандаи табиӣ, илмӣ ва хусусиятҳои дигари арзишнок мебошад;
- хоке, ки ба он хатари аз байн рафтан таҳдид менамояд - хоке, ки аз хосиятҳои худ маҳрум мегардад ё ҳамчун объекти табиӣ аз байн меравад;
- меъёрҳои сифати хок - нишондиҳандаҳои сохт ва хосиятҳои хок, ки ба туфайли онҳо хок қобилияти ҳосилхезии худро нигоҳ медорад;
- таъсиррасонии имконпазир ба хок - натиҷаи таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва тарзҳои дигари истифодаи хок, ки дар ин ҳолат меъёрҳои сифати хок риоя гардида, аз ҳадди таъсири ҷоизи антропогенӣ ба хок зиёд намебошад;
- меъёрҳои таъсиррасонии имконпазири антропогенӣ ба хок - натиҷаи таъсири умумии намудҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ ва тарзҳои дигари истифодаи хок, ки дар он ҳолат қобилияти табиии хок таъмин мегардад;
- ифлосшавии хок - бо хок омехта ва дар он ҷамъ шудани моддаҳои зарарноки кимиёвӣ, радиоактивӣ ва микроорганизмҳо, ки сифати хокро хароб месозанд, ба унсурҳои дигари муҳити табиӣ ва умуман ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд;
- харобшавии хок - паст гардидани сифатҳои табиӣ, кимиёвӣ ва (ё) биологии хок дар натиҷаи равандҳои табиӣ ва антропогенӣ, ки ба камшавӣ ё нобудшавии сохт ва таркиби хок, инчунин иҷро нагардидани вазифаҳои муҳими экосистемавии он сабаб мегарданд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027);
- вайрон шудани хок - қисман ё пурра (ба таври механикӣ) нобуд ва вайрон гардидини таркиби хок;
- барқарорсозии хок - андешидани чораҳо дар бобати барқарор намудани ҳолати табиии сохт, сифат ва хусусиятҳои хок.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи хок
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи хок ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027).
Моддаи 3. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи хок
1. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи хок мутобиқи принсип ва меъёрҳои эътирофнамудаи ҳуқуқӣ, шартномаҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи хок инҳоянд:
-иштирок дар шартномаҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи хок;
-мутобиқ гардонидани стандарту меъёрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи хок бо стандарту меъёрҳои байналмилалӣ;
-мубодилаи иттилооти илмию техникӣ ва иттилооти дигар дар соҳаи ҳифзи хок.
 
БОБИ 2. АСОСҲОИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ХОК
Моддаи 4. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи хок
Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи хок аз инҳо иборатанд:
- таъмини истифодаи оқилона ва нигоҳдории хок ҳамчун муҳимтарин ҷузъи муҳити табиӣ;
- таъмини татбиқи технологияҳои ҳифзи хок ва чораҳои дигари пешгирӣ аз олудашавӣ ва харобшавии хок дар рафти фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолиятҳои дигар;
- сари вақт гузаронидани таҳқиқот ва ошкор намудани тағйироти ҳолати хок;
-андешидани тадбирҳо барои ҳосилхез гардонидани хок ва барқарор кардани хоки  харобгардида;
- илман асоснок кардани чорабиниҳо дар соҳаи ҳифзи хок;
- ошкор, пурра ва саҳеҳ будани маълумоти ҳолати хок ва тадбирҳое, ки барои ҳифзи хок андешида мешаванд;
- иштироки мутахассисон дар мавриди қабули қарорҳо дар соҳаи ҳифзи хок;
- ногузир будани ҷавобгарӣ барои зарари ба хок расонидашуда.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи хок
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи хок дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ;
- муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи хок (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027);
- тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- тасдиқи стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои амал дар соҳаи ҳифзи хок (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027);
- ташкили мониторинги давлатии ҳолати хок, муайян кардани тартиби гузаронидани мониторинги истеҳсолӣ;
- тасдиқ намудани тартиби мансуб донистани хок ба хоки нодир ва хоке, ки ба он хатари аз байн рафтан таҳдид мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027);
- муайян намудани тартиби назорати давлатии ҳифзи хок;
- муайян намудани самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳа (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027);
- ваколатҳои дигар оид ба ҳифзи хок, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 6. Барномаҳои ҳифзи хок
1. Барои ҳифзи намудҳои гуногуни хок, аз ҷумла пешгирӣ аз олуда ва харобшавии он барномаҳои мақсадноки давлатию минтақавӣ қабул карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027).
2. Дар барномаҳои мақсадноки давлатию минтақавӣ дар баробари пешбинӣ намудани тадбирҳо дар соҳаи ҳифзи хок чорабиниҳои дигари ҳифзи муҳити зист низ пешбинӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027).
3. Дар барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва минтақавӣ ҳифзи хок аз эрозияи обӣ ва бодӣ, барқарор намудани хокҳои харобшуда, андешидани тадбирҳо бо мақсади баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва тадбирҳои дигари ба ҳифзи хок мусоидаткунанда пешбинӣ мегарданд.
Моддаи 7. Муқаррар намудани меъёрҳо дар соҳаи ҳифзи хок
1. Бо мақсади ҳифзи хок, таъмини иҷрои корҳои санитарию гигиенӣ, экологӣ ва хоҷагидорӣ меъёрҳои давлатии сифати хок, меъёрҳои ҷоизи таъсиррасонӣ ба хок ва меъёрҳои дигар муқаррар карда мешаванд.
2. Нишондиҳандаҳои меъёрии сифати хок нишондиҳандаҳои ҳадди ҷоизи ғилзати моддаҳои кимиёвӣ, радиоактивӣ, биологӣ ва микроорганизмҳо дар хок ва тағйироти ҷоизи таркиб, сохт ва хусусиятҳои онро дар бар гирифта, бо назардошти намуди хок ва таъйиноти мақсадноки замин муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027).
3. Нишондиҳандаҳои меъёрии таъсири ҷоиз ба хок шомили нишондиҳандаҳои меъёрии таъсири намуди мушаххаси ҷоизи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолиятҳои дигар ба хок, ки марбут ба сарчашмаи мушаххаси таъсир ҳастанд ва нишондиҳандаҳои фишори ҷоизи антропогенӣ ба хок мебошанд.
4. Нишондиҳандаҳои меъёрии ҷоизи антропогенӣ ба хок аз рӯи ҳар намуди таъсир ба хок ва маҷмӯи таъсир ба хоки тамоми маҳалли муайян бо назардошти хусусиятҳои ташаккули хоки минтақаҳои гуногуни табиии иқлимӣ, қобилияти худбарқароркунии хок ва таъйиноти мақсадноки замин муқаррар карда мешаванд.
5. Нишондиҳандаҳои меъёрии таъсири ҷоизи антропогенӣ ба хоки заминҳои таъиноти кишоварзӣ бояд ҳосилхезии онро таъмин намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027).
6. Нишондиҳандаҳои меъёрии соҳаи ҳифзи хок аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 8. Мониторинги хок
1. Мониторинги хок аз -мушоҳидаи мунтазами ҳолати он бо мақсади ошкор намудани тағйирот дар сохт ва сифати он иборат буда, таҳқиқоти хок, баҳодиҳии он ва пешбинии тадбирҳо ҷиҳати пешгирии падидаҳои манфии онро дар бар мегирад.
2. Мониторинги давлатии ҳолати хокро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар доираи мониторинги давлатии экологӣ ва (ё) мониторинги замин мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозанд.
3. Мониторинги давлатии ҳолати хок аз ҳисоби буҷети давлат амалӣ карда мешавад.
4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолиятҳои дигар машғуланд ва дар натиҷаи фаъолияти онҳо ба хок таъсири манфӣ расидааст, ӯҳдадоранд мониторинги ҳолати хокро анҷом диҳанд. Дар ин ҳолат мониторинги ҳолати хок аз ҳисоби шахсоне, ки фаъолияти онҳо ба ҳолати хок таъсири манфӣ расонидааст, амалӣ гардонда мешавад.
Моддаи 9. Таҳқиқи хок
1. Мақсад аз таҳқиқи хок муайян кардани ҳолат ва сифати он, андешидани чораҳо оид ба ҳифз, барқарор ва беҳ намудани ҳолати хок мебошад.
2. Таҳқиқи хок дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ ё бо ташаббуси истифодабарандагони замин гузаронида мешавад.
3. Таҳқиқи хок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, он мавқеи намуд ва зернамудҳои хоки қитъаи замин, ҳолати санитарӣ ва экологии хок, инчунин хусусиятҳои дигари онро муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027).
4. Таҳқиқи хок аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ ё шахсони мутасаддии ин намуди фаъолият бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
5. Маълумот оид ба таҳқиқи хок, харитаҳои хок, ҳисобот дар бораи ҳолати хок ва ҳуҷҷатҳои расмии дигарро дар бар мегирад.
6. Харитаҳои хок дар асоси маълумоти кадастри давлатии замин, мониторинги давлатии экологӣ, таҳқиқи хок ва маълумоти дигар дар бораи хок тартиб дода мешаванд.
Моддаи 10. Маълумот дар бораи ҳолати хок
Маълумот дар бораи ҳолати хок ва маълумот ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба ҳифзи он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.
 
БОБИ 3. ТАЛАБОТ БА ҲИФЗИ ХОК
Моддаи 11. Ҳифзи қабати ҳосилхези хок
1. Ҳифзи қабати ҳосилхези хок аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ ва заминистифодабарандагон таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027).
2. Ҳангоми иҷрои фаъолияти хоҷагидорӣ ва намудҳои дигар фаъолият ҳифзи қабати ҳосилхези хок бояд таъмин карда шавад.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми дар қитъаҳои замини дорои хоки ҳосилхез бунёд кардани биною иншоотҳо ва машғул шудан бо намудҳои дигари фаъолияти ғайрикишоварзӣ ҷиҳати хароб накардани қабати ҳосилхези хок, онро бурида гирифта, ба ҷойи дигар, ки шароити мусоид дорад, интиқол медиҳанд.
4. Қабати ҳосилхези хоки бурида гирифташуда барои барқарор намудани хоки заминҳои хароб ва олудагашта, заминҳои камҳосил, беҳтар кардани сифати хоки заминҳои таъиноти кишоварзӣ, инчунин барои аз худ кардани қитъаҳои замини нав истифода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027).
5. Ҷойҳои нигоҳдории қабати ҳосилхези хоки бурида гирифташуда ва истифодаи минбаъдаи онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо муайян мекунанд.
6. Қабати ҳосилхези хокро аз марзи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан манъ аст. Намунаи хок ва коллексияҳои хок танҳо ба мақсадҳои илмӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бароварда мешаванд.
Моддаи 12. Талабот ба ҳифзи хок ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмон
1. Ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони биною иншоотҳо талабот оид ба ҳифзи хок бояд риоя карда шавад.
2. Дар таҳияи лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, меъморӣ ва сохтмон баробари ба инобат гирифтани талаботи экологию санитарӣ бояд тадбирҳо оид ба ҳифзи хоки ҳосилхез ҳатман пешбинӣ карда шаванд.
Моддаи 13. Талабот ба ҳифзи хок ҳангоми иҷрои фаъолияти истеҳсолӣ, истифодабарии объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият
1. Фаъолияти истеҳсолӣ, истифодабарии объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва намудҳои дигар фаъолият, ки ба хок таъсири манфӣ мерасонанд, бояд мутобиқи талабот ва нишондиҳандаҳои меъёри ҳифзи хок ба роҳ монда шавад.
2. Бо мақсади пешгирии ифлосшавии хок шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми фаъолияти истеҳсолӣ, истифодаи объектҳо ва намудҳои дигари фаъолият, ки ба хок таъсири манфӣ мерасонанд, ӯҳдадоранд технологияҳои самарабахши тоза кардани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳаво ва объектҳои об ва партовҳои дигарро ба роҳ монда, объектҳояшонро бо таҷҳизоти махсуси поксозӣ таъмин намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027).
3. Дар ҳолати аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода намудани объектҳо ва машғул шудан бо намудҳои дигари фаъолият, ки ба ҳолати хок таъсири манфӣ расонида метавонанд, гузаронидани мониторинги истеҳсолии ҳолати хок аз ҷониби онҳо ҳатмӣ мебошад.
4. Агар хоки қитъаҳои замин дар натиҷаи истифодаи объектҳо ва намудҳои дигари фаъолият ифлосгашта, ба саломатии аҳолӣ хатар таҳдид намояд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, қабати олудашудаи хокро бурида гирифта, дар ҷои махсус гӯронанд ва бо тартиби маъмулӣ бо хоки тоза рӯпӯш намоянд.
Моддаи 14. Талабот оид ба ҳифзи хок ҳангоми барҳам додан ё муваққатан аз амал боздоштани объектҳои хоҷагидорӣ ва намудҳои дигари фаъолият
Дар сурати барҳам додан ё муваққатан аз амал боздоштани объектҳои хоҷагидорӣ ва намудҳои дигари фаъолият, ки ба ҳолати хок таъсири манфӣ мерасонанд, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки дар объектҳои мазкур фаъолият мекунанд, вазифадоранд ҳолати хокро таҳқиқ намуда, барои барқарор кардани ҳолати мусоиди истифодаи минбаъдаи он мутобиқи таъйиноти мақсаднок тадбирҳо андешанд.
Моддаи 15. Талабот ба ҳифзи хок аз ботлоқшавӣ ва шӯршавӣ
1. Барои ҳифз намудани хок аз ботлоқшавӣ ва шӯршавӣ корҳои вобаста ба таҳқиқи хок гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027).
2. Бо мақсади ҳифзи хок аз ботлоқшавӣ ва шӯршавӣ лоиҳаҳои заминсозии дохилихоҷагӣ таҳия карда мешаванд, ки дар онҳо тадбирҳои агротехникӣ, мелиоративӣ ва тадбирҳои дигар пешбинӣ мегарданд.
3. Бо назардошти натиҷаҳои корҳои вобаста ба таҳқиқи хок барои ҳифзи он аз ботлоқшавӣ ва шӯршавӣ тадбирҳои зерин андешида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027):
- тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо то ҳадди муайяннамудаи лоиҳаи паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ;
- обшӯй кардани заминҳои шӯр;
- риоя кардани меъёри обёрӣ мутобиқи нақшаи обёрикунӣ ва эҳтиёҷоти зироат;
- иҷрои корҳои дигари агротехникӣ ва мелиоративӣ, ки ба ҳифзи заминҳо аз ботлоқшавӣ ва шӯршавӣ мусоидат мекунанд.
Моддаи 16. Талабот оид ба ҳифзи хок аз харобшавӣ ва хушку сахтшавӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027)
1. Истифодабарандагони замин ӯҳдадоранд барои ҳифзи хок аз харобшавӣ, хушку сахтшавӣ, инчунин барқарор намудани ҳосилхезии хок, хусусиятҳои кимиёвӣ ва биологии он, тадбирҳо андешанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027).
2. Бо мақсади пешгирии харобшавии хок бо назардошти натиҷаҳои таҳқиқи хок, аз ҷумла аз харитаи агрокимиёвӣ ва корҳои лабораторӣ истифода карда, ба хок мутобиқи меъёрҳои зарурӣ нуриҳои органикӣ, минералӣ ва биологӣ андохта мешаванд. Барои ҳифз намудани хок аз харобшавӣ ва баланд бардоштани ҳосилхезии он нақша ва тартиби муайяни киштгардони зироатҳоро ҷорӣ намудан зарур аст (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027).
3. Чорабиниҳо оид ба пешгирии хушкшавии хок дар доираи корҳои мелиоративӣ ва агротехникии зерин анҷом дода мешаванд:
- вобаста ба маҳалли ҷойгиршавии табиии хок ва бо назардошти намуди зироат таҳия кардани нақшаи истифодабарии об ва обёрии замин тибқи меъёрҳои муайяншуда;
- бо мақсади нигоҳ доштани намнокии хок пеш аз боришоти барфу борон мутобиқи талаботи агротехникӣ шудгор кардани заминҳо.
4. Барои ҳифзи хок аз сахтшавӣ дар баробари андешидани тадбирҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур чораҳои иловагӣ оид ба нарм намудани хокҳои сахтшуда ва кишти зироатҳое, ки хусусияти ковок кардани хокро доранд, андешида мешаванд. Ҳамзамон барои сахт нашудани хок ба замин нуриҳои органикӣ, минералӣ ва биологӣ андохта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027).
Моддаи 17. Талабот оид ба барқарор намудани хоки харобгардида
1. Истифодабарандагони замин ва хоҷагидорони дигаре, ки барои истифода қитъаҳои замин доранд ва дар натиҷаи амал ё беамалии онҳо хоки заминашон хароб гардидааст, ӯҳдадоранд барои барқарор намудани он тадбирҳо андешанд.
2. Хароҷоти барқароркунии хоки хароб гашта аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бинобар амал ё беамалии онҳо хароб гардидааст, ҷуброн карда мешаванд.
3. Тадбирҳо оид ба барқароркунии хоки харобшуда дар асоси усулҳои илмӣ ва бо назардошти намуд ва дараҷаи харобшавии он, қобилияти табиии аз нав барқароршавии хок, инчунин бо назардошти таъйиноти мақсадноки хок андешида мешаванд.
4. Ҳангоми барқарор кардани хоки харобгардида тартиби махсуси истифодаи қитъаи замини дорои чунин хок ҷорӣ карда мешавад, ки ин амал барои барқарор намудани хосият ва ҳосилхезии хок, камтар кардани таъсири антропогенӣ ва пурра барқарор гаштани фаъолияти зарурии он равона карда мешавад.
5. Агар дар рафти фаъолияти хоҷагидорӣ ҳолати хок мунтазам хароб гардида ё бо моддаҳои зараровар беш аз пеш олуда шуда, ба саломатии одамон хатар таҳдид намояд, истифодабарии ин гуна қитъаҳои замин боздошта мешавад.
6. Қабати хоки бо моддаҳои радиоактивӣ ё бо моддаҳои дигари ба ҳаёт ва саломатии инсон зарарнок олудашудаи хок бурида гирифта, бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи махсус гӯронда мешавад.
7. Дар сурати қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин мутобиқи банди "д" моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷуброни зарари ба хок расонидаашон озод карда намешаванд.
 
БОБИ 4. НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ХОК
Моддаи 18. Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи хок
1. Назорати давлатии ҳифзи хок дар доираи назорати давлатии экологӣ, назорати давлатии истифодабарию ҳифзи замин ва назорати таъмини беҳбудии санитарию эпидемиологии аҳолӣ сурат мегирад.
2. Назорати давлатии ҳифзи хок амалҳои зеринро дар бар мегарад:
- назорати ҳолати хок дар рафти фаъолияти хоҷагидорӣ ва намудҳои дигари фаъолият;
- назорати иҷрои талабот ва риояи нишондиҳандаҳои меъёри ҳифзи хок;
- назорати иҷрои чорабиниҳои пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ, шаҳрсозӣ ва экологӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои дигар, ки тадбирҳои пешгирии хароб ва олудашавии хок, барқарорсозии он ва рафъи ҷараёнҳои манфиро дар хок фаро гирифтаанд;
- санҷиши дурустии маълумоте, ки дар бораи ҳолати хок пешниҳод карда шудааст;
- андешидани чораҳо оид ба рафъи камбудиҳо дар соҳаи ҳифзи хок.
3. Мақомоти ваколатдор ва тартиби назорати давлатиро дар соҳаи ҳифзи хок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 19. Назорати ҷамъиятӣ ва истеҳсолии ҳифзи хок
Назорати ҷамъиятӣ ва истеҳсолии ҳифзи хок бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
 
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
16 октябри соли 2009 № 555