ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1970 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ МАЪМУРӢ НИСБАТ БА ШАХСОНИ АЗ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ОЗОДШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ КОРФАРМОЁН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 11:19
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
32
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
17.05.2004

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ КОРФАРМОЁН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №5, мод.343; с. 2011, №3, ст. 164; ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Маҷлиси намояндагон 31-уми марти соли 2004 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 29-уми апрели соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии иттиҳодияҳои корфармоёнро танзим менамояд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

БОБИ 1.

Муқаррароти умумӢ

Моддаи 1. Предмети танзими Қонуни мазкур

Мавзӯи  танзими Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки ҳангоми татбиқи ҳуқуқи корфармоён барои таъсиси иттиҳодияҳо ба мақсади муаррифӣ ва ҳимояи манфиату ҳуқуқҳои худ дар рафти танзими шартномавии муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ пайдо мешаванд.  (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Моддаи 2. Мафҳуми асосӣ. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешавад.

-   корфармо - шахсӣ ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагиҳои он новобаста ба шакли ташкилию ҳукуқӣ ва шахсӣ воқеӣ, ки ҳуқуқибо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатиро дорад;

-   иттиҳодияҳои корфармоён  - ташкилоти ғайри тиҷоратие, ки корфармоён ихтиёрона барои  намояндаги ва ҳифзи манфиатҳои аъзои худ дар доираи шарикии иҷтимоӣ таъсис медиҳанд;

- созишнома – санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои иҷтимоӣ – меҳнатиро байни кормандон ва корфармоён ба танзим медарорад ва дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва соҳавӣ баста шудааст. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Ҳуқуқи корфармоён ба иттиҳод

Корфармоён ҳуқуқ доранд бидуни ризоияти пешакии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси ихтиёрӣ иттиҳодияҳои корфармоёнро бо мақсади муаррифии манфиатҳо ва ҳимояи ҳуқуқҳои худ дар муносибати байниҳамдигарӣ бо иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти дигари намояндагии кормандон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ таъсис диҳанд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Давлат бо мақсади рушди шарикии иҷтимоӣ, таъмини иштироки корфармоён бо тартиби муқарраршуда дар ташаккулу татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва таъмини ҳуқуқи корфармоён ба иттиҳод дар бахши муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва муносибатҳои иқтисодии ба онҳо марбут мусоидат менамояд.

Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён

Фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён дар асоси принсипи аъзогиву хориҷшавии ихтиёрии корфармоён ва (ё) иттиҳодияҳои онҳо сурат мегирад.

Иттиҳодияҳои корфармоён мақсад, намуд ва самтҳои фаъолияташонро мустақилона муайян менамоянд.

Иттиҳодияҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бахши муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва муносибатҳои иқтисодии ба онҳо марбут дар асоси принсипҳои шарикии иҷтимоӣ ҳамкорӣ мекунанд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Моддаи 6. Мустақилияти иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён фаъолияти худро новобаста ба мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба амал мебароранд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Дахолати мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён, ки ҳуқуқҳои иттиҳодияҳои корфармоёнро маҳдуд месозад ё барои амали қонунии фаъолияти оинномавии онҳо мамониат мекунад, манъ аст. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Тартиби ҳамкории иттиҳодияҳои корфармо    он аз ҷониби худи онҳо мувофиқи оиннома ва қарорҳои мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён муайян карда мешавад.

Моддаи 7. Вазифаҳои асосии иттиҳодияҳои корфармоён

Вазифаҳои асосии иттиҳодияҳои корфармоён инҳоянд:

- иштирок дар гузаронидани музокирот, таҳия кардан ва бастани созишномаҳои дуҷониба, сеҷониба доир ба масъалаҳои муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ;

- иштирок дар мақомоти доимоамалкунандаи низоми шарикии иҷтимоӣ тавассути намояндагони ваколатдори худ, аз ҷумла дар кори комиссияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии дуҷонибаву сеҷониба бо мақсади танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ;

- таъмини ташкили иҷрои ӯҳдадориҳое, ки корфармоён-аъзои иттиҳодияҳо аз рӯи созишномаҳо қабул кардаанд;

- иштирок дар ҳалли баҳсҳои коллективии меҳнатӣ;

- иштирок дар таҳия ва экспертизаи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин нақшаву барномаҳо доир ба масъалаҳое, ки аҳамияти калони иҷтимоию иқтисодӣ доранд;

- таъмини иттилоотӣ ва методии аъзои иттиҳодияҳо;

- таъмини фаъолияти ҳамоҳангшудаи аъзои иттиҳодияҳо бо мақсади ҳалли самараноки масъалаҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ.

Моддаи 8. Намудҳои иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён метавонанд аз рӯи нишонаҳои ҳудудӣ, соҳавӣ, байнисоҳавӣ, ҳудудиву соҳавӣ таъсис дода шаванд.

Иттиҳодияи ҷумҳуриявии корфармоён - иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи иттиҳодияҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ (байнисоҳавӣ) ва ҳудудии корфармоён таъсис дода шудааст ва дар беш аз нисфи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Иттиҳодияи соҳавии (байнисоҳавии) ҷумҳуриявии корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоёни соҳа (соҳаҳо) ё намуди (намудҳои) фаъолият таъсис дода шудааст, дар маҷмӯъ дар беш аз нисфи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад ва (ё) бо онҳо на кам аз нисфи кормандони соҳа (соҳаҳо) ё намуди (намудҳои) фаъолият муносибати меҳнатӣ доранд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Иттиҳодияи вилоятии (аз он ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоён ва (ё) иттиҳодияи соҳавии вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявии корфармоён таъсис дода шудааст ва дар ҳудуди як вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Иттиҳодияи соҳавии вилоятии (аз он ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоёни соҳа (намуди фаъолият) таъсис дода шудааст ва дар ҳудуди як вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Иттиҳодияи шаҳрии (ноҳиявии) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоён ва (ё) иттиҳодияҳои соҳавии шаҳрӣ (ноҳиявӣ) таъсис шудааст ва дар ҳудуди як шаҳр ё ноҳия фаъолият дорад.

Иттиҳодияи соҳавии шаҳрии (ноҳиявии) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоёни соҳа (намуди фаъолият) таъсиси дода шудааст ва дар ҳудуди як шаҳр ё ноҳия фаъолият дорад.

БОБИ 2.

Ташкилдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияҳои корфармоён

Моддаи 9. Ташкили иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён дар асоси қарори муассисон ташкил карда мешаванд.

Муассисони иттиҳодияи корфармоён на кам аз се корфармо ё се иттиҳодияи корфармоён шуда метавонанд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Қобилияти ҳуқуқии иттиҳодияи корфармоён ба сифати шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи қайди давлатии он бо тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» пешбинӣ намудааст, пайдо мешавад.(ҚҶТ аз 25.03.11с №696)

Моддаи 91 . Номи иттиҳодияҳои корфармоён

Номи иттиҳодияи корфармоён бояд ба намуди иттиҳодияи корфармоён, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур омадааст, мутобиқат намояд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

Моддаи 10. Ҳуҷҷати таъсисотии иттиҳодияҳои корфармоён

Ҳуҷҷати таъсисотии иттиҳодияҳои корфармоён оиннома аст.

Оинномаи иттиҳодияи корфармоён бояд масъалаҳои зеринро муайян намояд:

-номи иттиҳодияи корфармоён;

-мақсаду вазифаҳои иттиҳодияи корфармоён;

-маҳалли ҷойгиршавии иттиҳодияи корфармоён;

-тарзи идоракунии иттиҳодияи корфармоён;

-ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои иттиҳодияи корфармоён;

-шарту тартиби узвият ба иттиҳодияи корфармоён ва хориҷ шудан аз он;

-манбаъҳои ташаккули молу мулки иттиҳодияи корфармоён;

-тартиби ворид сохтани таҷйирот ба оинномаи иттиҳодияи корфармоён;

-сохтор, тартиби таъсис ва ваколатҳои мақомоти идоракунии иттиҳодияи корфармоён, инчунин тартиби аз ҷониби онҳо қабул намудани қарорҳо;

-тартиби ба намоянда ва (ё) намояндаҳои иттиҳодияи корфармоён додани ваколат барои бурдани музокироти коллективӣ доир ба таҳия, бастан ва таҷйир додани созишномаҳо, инчунин барои ширкат дар раванди созиш ҳангоми сар задани баҳсҳои меҳнатии коллективӣ;

-муқаррароти дигаре, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилоф надоранд.

Дар оинномаи иттиҳодияи корфармоён ҷавобгарии узви иттиҳодияи корфармоён барои риоя накардани муқаррароти оиннома, қарорҳои мақоми олии идоракунии он метавонад пешбинӣ шавад.

Таҷйирот ба оинномаи иттиҳодияи корфармоён дар асоси қарори мақомоти олии идоракунии он ворид карда мешавад.

Моддаи 11. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи корфармоён

Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи корфармоён дар асоси қарори дахлдори мақоми олии идоракунии иттиҳодияи корфармоён, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

БОБИ 3.

Вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои корфармоён ва аъзои онҳо

Моддаи 12. Ҳуқуқҳои аъзои иттиҳодияҳои корфармоён

Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқи баробар доранд.

Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқ доранд:

- дар таъсиси мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён бо тартибе, ки оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён муайян намудааст, иштирок кунанд;

- барои баррасии мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён оид ба масъалаҳои фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён таклиф пешниҳод кунанд, дар муҳокима, аз ҷумла дар қабули қарори дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён ширкат варзанд;

- дар муайян намудани мазмуну мундариҷаи созишномаҳои аз ҷониби иттиҳодияҳои корфармоён басташаванда, ки муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо марбути иқтисодиро ба танзим медароранд, ширкат намоянд;

- оид ба фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён, созишномаҳои аз ҷониби онҳо басташуда, инчунин дар бораи матни ин созишномаҳо маълумот гиранд;

- дар масъалаҳои татбиқи қонунгузорие, ки муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои дигари ба он бевосита алоқамандро ба танзим медарорад, таҳияи санади меъёрии дохилӣ (локалӣ), ки муқарарроти ҳуқуқи меҳнатиро дар бар мегирад, бастани шартномаву созишномаҳои коллективӣ, инчунин ҳалли баҳсҳои меҳнатии инфиродиву коллективӣ аз иттиҳодияҳои корфармоён кӯмак гиранд;

- узвияти иттиҳодиҳои корфармоёнро озодона тарк кунанд;

- ба ҳуқуқҳои дигаре, ки оинномаи иттиҳодияи корфармоён пешбинӣ намудааст.

Моддаи 13. Ӯҳдадориҳои аъзои иттиҳодияҳои корфармоён

Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ӯҳдадоранд:

- талаботи оинномаи иттиҳодияҳои корфармоёнро иҷро намоянд;

- шартҳои созишномаҳоеро, ки иттиҳодияҳои корфармоён бастаанд, риоя кунанд ва ӯҳдадориҳои пешбининамудаи ин созишномаҳоро иҷро намоянд.

Моддаи 14. Ҳуқуқҳои иттиҳодияҳои корфармоён 

Иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқ доранд:

- дар таҳияи таклифҳо ба лоиҳаи барномаҳо, инчунин дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳое, ки аҳамияти калони иҷтимоию иқтисодӣ доранд, ширкат варзанд;

- намояндагони худро барои иштирок дар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи дастури мақомоти дахлдор равон кунанд; (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз мақомоти дахлдор дар доираи ваколатҳояшон оиди масъалаҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ маълумот гиранд;

- манфиати аъзояшро дар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ташкилотҳои ҷамъиятӣ муаррифӣ ва муҳофизат намоянд; (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

- намояндагони ваколатдори худро дар сатҳи дахлдор ба комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии дуҷонибаву сеҷониба равон кунанд;

- аз номи аъзои худ ҳангоми музокироти коллективӣ ва бастани созишномаҳо бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот маҳаллӣ, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо доир ба масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ баромад намоянд; (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

- дар ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ширкат варзанд;

- барои аз ҷониби корфармоён -аъзои иттиҳодияҳои корфармоён иҷро гардидани ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи созишномаҳо мусоидат намоянд;

- ба корфармоён доир ба масъалаҳои бурдани музокирот, бастани шартномаву созишномаҳои коллективӣ, ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ кӯмаки машваратию методӣ расонанд;

- барои таъмини фаъолияти оинномавии худ аз воситаҳои ахбори омма истифода кунанд ва муассиси онҳо бошанд, фаъолияти табъу нашрро ба роҳ монанд;

- ба ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) иттиҳодияи корфармоён бо нигоҳ доштани мустақилият ва ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқӣ муттаҳид шаванд;

- қитъаҳои заминро истифода баранд.

Иттиҳодияҳои корфармоён инчунин метавонанд ҳуқуқҳои дигари бо оинномаи иттиҳодияи корфармоён пешбининамударо дошта бошанд.

Моддаи 15. Ӯҳдадориҳои иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён ӯҳдадоранд:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;

- бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ музокироти коллективӣ баранд, ҷиҳати шартҳои мувофиқашуда бо иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо созишнома банданд;

- ба аъзои худ дар хусуси созишномаҳои бастаи иттиҳодияҳои корфармоён ва дар бораи ин созишномаҳо маълумот диҳанд;

- ба иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот маълумотро дар хусуси масъалаҳои иҷтимоию меҳнатӣ, ки иттиҳодияҳои корфармоён дар ихтиёр доранд ва барои бурдани музокироти коллективӣ бо мақсади таҳия ва бастани созишномаҳо, инчунин назорати иҷрои онҳо заруранд, пешниҳод намоянд; (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1793)

- назорати иҷрои созишномаҳои аз ҷониби иттиҳодияи корфармоён басташударо ба амал бароранд;

- баҳри иҷрои ӯҳдадориҳое, ки аъзои иттиҳодияи корфармоён дар созишномаҳо пешбинӣ намудаанд, инчунин шартномаҳои коллективии аз ҷониби корфармоён-аъзои иттиҳодияи корфармоён басташуда мусоидат намоянд;

- дар назди аъзои худ аз хусуси фаъолияти иттиҳодияи корфармоён бо тартиб ва дар мӯҳлатҳое, ки оинномаи иттиҳодияи корфармоён пешбинӣ намудааст, ҳисобот диҳанд;

- дар масъалаҳои татбиқи қонунгузорӣ, ки муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои дигари ба он алоқамандро ба танзим медарорад, таҳияи санади меъёрии амалаш маҳдуд, ки муқаррароти ҳуқуқи меҳнатиро дар бар мегирад, бастани шартномаву созишномаҳои коллективӣ, инчунин дар ҳалли баҳсҳои меҳнатии инфиродиву коллективӣ ба аъзои худ кӯмак расонанд;

- ӯҳдадориҳои дигари бо оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён пешбинишударо иҷро намоянд.

Моддаи 16. Моликияти иттиҳодияҳои корфармоён

Иттиҳодияҳои корфармоён метавонанд ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқро ба бино, сохтмон, иншоот, фонди манзил, таҷҳизот, асбобу олот, маблаҷ бо арзи милливу хориҷӣ, коҷазҳои қиматнок ва ба молу мулки дигар дошта бошанд.

Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ҳангоми хориҷ шудан аз иттиҳодияҳои  корфармоён ҳуқуқҳояшонро ба молу мулке, ки ба моликияти иттиҳодияи корфармоён додаанд, аз ҷумла ба ҳаққи узвияту ҳаққи дигар аз даст медиҳанд, агар дар оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён муқаррароти дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Иттиҳодияҳои корфармоён масъулияти бо молу мулки худ адо кардани ӯҳдадориҳои аъзояшонро надоранд.

БОБИ 4.

Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 17. Масъулияти иттиҳодияи корфармоён

Иттиҳодияи корфармоён барои риоя ё иҷро накардани созишномаҳои басташуда дар қисмати ӯҳдадориҳои ҳамин иттиҳодия, ки дар созишномаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудаанд, масъул мебошад.

Иттиҳодияи корфармоён аз рӯи ӯҳдадориҳои аъзояш, аз ҷумла аз рӯи ӯҳдадориҳои онҳо, ки дар созишномаҳои аз ҷониби ҳамин иттиҳодияи корфармоён басташуда пешбинӣ гардидаанд, масъул шуда наметавонад.

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Э. Раҳмонов

 

         ш. Душанбе  17 майи соли 2004

          № 32

 

СУХАНРОНӢ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАКТАБИ №65 НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Дшб, 03/02/2020 - 16:57

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 11:11
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
19
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.02.2004
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №2, мод.51; с.2005, №12, мод.630; с.200б, №12, мод.541; с.2008, №6, мод.460, №12, қ.2, мод.1000; с.2009, №3, мод.88; с.2010, №1, мод.8, мод.10, №12, қ.1, мод.823; с.2012, №12, қ.1, мод.999; с.2013, №3, мод.190; с.2014, №7, қ.2, мод.408; с.2015, №11, мод.968, мод.969, мод.970; с,201б, №5, мод.368; с.2019, №4-5, мод.231; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020, №1680)
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 115, аз 2.12.2006 № 217, аз 18.06.2008 № 402, аз 31.12.2008 № 466, аз 26.03.2009 № 495, аз 12.01.2010 № 584, № 586, аз 29.12.2010 № 664, аз 28.12.2012 № 905, аз 19.03.2013 № 947, аз 26.07.2014 № 1111, аз 23.11.2015 № 1247, № 1248, № 1249, аз 14.05.2016 № 1317, аз 04.04.2019 № 1603, аз 02.01.2020 № 1680, аз 04.07.2020 № 1709, аз 15.03.2023 № 1963, № 1964, аз 13.11.2023 № 2006)
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" тартиби аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ситонидани боҷи давлатиро муқаррар ва танзим менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- боҷи давлатӣ - пардохти ҳатмӣ барои анҷом додани амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё додани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдоршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- супорандагони боҷи давлатӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки барои анҷом додани амалиёти аҳамияти ҳуқуқӣ дошта ва додани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти ваколатдор, ки боҷи давлатиро меситонад, муроҷиат мекунанд;
- мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие, ки барои назорати воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 947);
- мақомоте, ки боҷи давлатиро меситонанд - мақомоте, ки мувофиқи ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ситонидани боҷи давлатӣ ваколатдор карда шудаанд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боҷи давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боҷи давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 02.01.2020 № 1680).
Моддаи 3. Объектҳои ситонидани боҷи давлатӣ
Боҷи давлатӣ ситонида мешавад:
- аз аризаҳои даъвогӣ, аризаҳо (шикоятҳо, шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ), ки ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 905);
- барои анҷом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар мақомоти адлия, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 586, аз 29.12.2010 № 664, аз 02.01.2020 № 1680);
- барои анҷом додани амалиёти нотариалӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳое, ки бо гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд;
- барои анҷом додани дигар амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ, ки ҳамин Қонун муайян мекунад.
Моддаи 4. Андозаи боҷи давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 16.12.2005 № 115)
1. Оид ба парвандаҳое, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд, боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:
1) аз дархости шахсони воқеӣ - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
2) аз пешниҳоди мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ - ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402).
2. Оид ба парвандаҳое, ки дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд, боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:
1) аз аризаҳои даъвогии дорои хусусияти молумулки аз рӯи нархи даъво:
то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо - 3% аз нархи даъво (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
зиёда аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо - 2% аз нархи даъво Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
зиёда аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо - 0,7% аз нархи даъво (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
зиёда аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо - 0,5 % аз нархи даъво (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
2) аз аризаҳои даъвогии дорои хусусияти ғайримолумулкӣ, ки мавзуи онҳо нархгузорӣ карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964):
барои шахсони воқеӣ - 5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
барои шахсони ҳуқуқӣ - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
3) аз аризаҳои даъвогӣ дар бораи озод намудани молу мулк аз ҳабс боҷ аз рӯи нархи даъво мутобиқи банди 1 ҳамин қисм муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964);
4) аз аризаҳои даъвогӣ оид ба баҳсҳои пеш аз шартномавӣ - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402).
3. Аз аризаҳои даъвогӣ, ки ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:
1) аз аризаҳои даъвогии дорои хусусияти молумулкӣ - 2 % аз нархи даъво;
2) аз аризаҳои даъвогӣ оид ба баҳсҳое, ки ҳангоми бастан, тағйир додан ё бекор кардани шартномаҳо ба амал меоянд ва оид ба баҳсҳо дар бораи беэътибор донистани аҳдҳо - андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
3) аз аризаҳои даъвогӣ дар бораи (пурра ё қисман) беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ:
барои шахсони воқеӣ - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
барои шахсони ҳуқуқӣ - ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
4) аз аризаҳои даъвогии дигар, ки хусусияти молумулкӣ надоранд, аз ҷумла аз аризаҳо дар бораи эътирофи ҳуқуқ маҷбур намудан ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳо дар шакли асл - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
5) аз аризаҳо дар бораи муфлис эътироф гардидани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ:
барои шахсони ҳуқуқӣ - ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
барои соҳибкорони инфиродӣ - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
6) аз аризаҳо дар бораи муқаррар намудани далелҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд - ба андозаи секаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
7) аз аризаҳо дар бораи ба парванда ворид гардидани шахсони сеюм, ки нисбат ба мавзуи баҳс талаботи мустақили худро пешниҳод менамоянд, ки мутобиқи андозаи боҷи давлатӣ, ки барои аризаи даъвогии дорои хусусияти ғайримолумулкӣ пешбинӣ шудааст, нисбати баҳсҳои дорои хусусияти молумулкӣ - тибқи тартиби муқаррарнамудаи банди якуми ҳамин қисм, ки аз андозаи маблағи баҳсшаванда барои шахсони сеюм ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964);
8) аз шикоятҳои кассатсионӣ ва назорати нисбати ҳалнома ва карорҳои суди иқтисодӣ ва ҳамчунин нисбати таъинот дар бораи қатъ намудани истеҳсоли парванда, бе баррасӣ мондани даъво, дар бораи таъини ҷаримаҳои судӣ, рад кардан ва додани варақаи иҷро - 50% аз андозаи боҷи давлатӣ, ки ҳангоми додани аризаи даъвогӣ ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 905).
4. Барои аризаи даъвогие, ки ҳамзамон дорои хусусияти молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ мебошад, дар як вақт боҷи давлатӣ барои аризаи даъвогии дорои хусусияти молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ муқарраргардида ситонида мешавад.
5. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 664, аз 02.01.2020 № 1680):
1) барои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои динии ҷумҳуриявӣ - ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
2) барои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои динии ноҳиявӣ ё шаҳрӣ - ба андозаи 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3) барои азнавбақайдгирии ташкилотҳои динӣ ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 664).
6. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 586):
1) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо - ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1111);
2) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ - ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ - ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
4) барои қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ - ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1111);
5) барои додани шаҳодатнома дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (азнавбақайдгирӣ) новобаста ба мақоми онҳо ва филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирӣ ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 664);
6) барои бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ - ба андозаи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
7) барои додани нусхаи тасдиқкардашудаи (дубликати) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ - ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии субъект пешбинӣ карда шудааст;
8) барои додани иқтибос аз Феҳрист дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва қатъи фаъолияти филиалу намояндагиҳои онҳо - ба андозаи 50 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
9) барои додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии созишномаҳои консессионӣ - ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 586, аз 04.07.2020 № 1709);
10) барои бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1317);
11) барои бақайдгирии давлатии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
12) барои бақайдгирии бюрои адвокатӣ - ба андозаи 8 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
13) барои азнавбақайдгирии бюрои адвокатӣ - ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
14) барои барҳамдиҳии бюрои адвокатӣ - ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
15) барои бақайдгирии коллегияи адвокатҳо - ба андозаи 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
16) барои азнавбақайдгирии коллегияи адвокатҳо - ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
17) барои барҳамдиҳии коллегияи адвокатҳо - ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
18) барои бақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ - ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
19) барои азнавбақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ - ба андозаи 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
20) барои барҳамдиҳии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ - ба андозаи 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
21) барои бақайдгирии кабинети адвокатӣ - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
22) барои азнавбақайдгирии кабинети адвокатӣ - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
23) барои барҳамдиҳии кабинети адвокатӣ - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
24) барои ворид намудан ба Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ - ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
25) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи адвокатӣ - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
26) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи ташкилотҳои адвокатӣ - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
27) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1317);
28) барои додани нусхаи тасдиқкардашудаи (дубликати) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилотҳои адвокатӣ - ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии субъект пешбинӣ карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964).
7. Барои анҷом додани амалиётҳои нотариалӣ боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:
1) барои тасдиқ намудани шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардан (хариду фурӯш, ҳадя, иваз ва ғайра) ва додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи мерос ба молу мулки ғайриманқул (ҳавлиҳои истиқоматӣ, хонаҳо, бӯстонсаройҳо, иншоот ва молу мулки дигари ғайриманқул ё қисми онҳо), ба истиснои ниҳолҳои бисёрсола ва молу мулки ғайриманқули дигаре, ки тасдиқи он тибқи банди 6) қисми мазкур ба амал бароварда мешавад, барои як метри мураббаи масоҳати умумӣ ба андозаи (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 495):
а) барои фарзандон, аз ҷумла фарзандхонд, ҳамсар, падару модар дар (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1248):
- шаҳри Душанбе - 10 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- шаҳри Хуҷанд - 7 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ - 5 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964);
- дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо - 2 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- деҳот - 1 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
б) барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ дар:
- шаҳри Душанбе - 20 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- шаҳри Хуҷанд - 15 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ - 10 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964);
- дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо - 5 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- деҳот - 2 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
в) барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар:
- шаҳри Душанбе - 40 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- шаҳри Хуҷанд - 30 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ - 20 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964);
- дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо - 10 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- деҳот - 5 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
2) барои тасдиқи шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардани (хариду фурӯш, ҳадя, иваз ва ғайра) воситаҳои нақлиёт ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
3) барои тасдиқи шартномаҳои гарав - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
4) барои тасдиқи шартномаҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) ба андозаи 50 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- барои тасдиқи шартномаҳои иҷора ва қарз ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
5) барои тасдиқи шартномаҳои замонат - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
6) барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки мавзуи онҳо нархгузорӣ карда намешавад, - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки мавзуи онҳо нархгузорӣ карда мешавад, ба истиснои банди 4) ҳамин қисм - ба андозаи 1 фоиз аз маблағи шартнома, вале на кам аз 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 586, аз 15.03.2023 № 1964);
7) барои тасдиқи васиятномаҳо - 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
8) барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
9) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос, ба истиснои молу мулки ғайриманқуле, ки дар банди 1) қисми шашуми моддаи мазкур пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 495):
ба меросхӯрони навбати аввал - 0,5% аз маблағи мерос;
ба меросхӯрони навбати дуюм - 1% аз маблағи мерос;
ба меросхӯрони навбати сеюм - 1,5% аз маблағи мерос;
ба меросхӯрони дигар - 2 % аз маблағи мерос;
10) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос нисбати молу мулки дар хориҷа буда, ҳангоми муайян намудани арзиши ниҳоии молу мулки мерос, ки пардохти он бояд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964):
барои меросхӯрони навбати аввал - 1% аз маблағи мерос;
барои меросхӯрони навбати дуюм - 1,5% аз маблағи мерос;
барои меросхӯрони навбати сеюм - 2%  аз маблағи мерос;
барои меросхӯрони дигар - 3% аз маблағи мерос;
11) барои ҷорабиниҳо оид ба ҳифзи молу мулки меросӣ - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402, аз 15.03.2023 № 1964);
12) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории молу мулк (ба истиснои банди 13 ҳамин қисм) (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964):
барои фарзандон, аз ҷумла барои фарзандхонд, ҳамсар, падару модар - 25% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402, аз 23.11.2015 № 1248);
барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, биби - 50% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
13) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ:
барои фарзандон, аз ҷумла барои фарзандхонд, ҳамсар, падару модар - 25% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402, аз 23.11.2015 № 1248);
барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, биби - 50% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
- барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои ҳуқуқи ихтиёрдории онҳо - ба андозаи понздаҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1249).
14) барои тасдиқи уҳдадориҳо, розигиҳо ва ваколатномаҳои дигар - 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402, аз 15.03.2023 № 1964);
15) барои тасдиқи саҳеҳии тарҷумаи ҳуҷҷат аз як забон ба забони дигар - 5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як саҳифаи ҳуҷҷати тарҷумашуда (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402, аз 19.03.2013 № 947);
16) барои эътироз оид ба пардохт нашудани вексел, ғайриаксепт будани он, набудани санаи аксепт ва барои тасдиқи напардохтани чек - 1% аз маблағи пардохтнагардида;
17) барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо - 5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
18) барои дурустии тасдиқи нусхаи ҳуҷҷатҳо, ки дар парвандаҳои идораҳои нотариалии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳои консулӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ҳамчунин иқтибоси ҳуҷҷатҳо - 2% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои нусхабардории ҳар саҳифаи ҳуҷҷат ё иқтибос аз онҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
19) барои дурустии тасдиқи нусхаҳои ҳуҷҷатҳои дигар ва барои тасдиқи иқтибоси ҳуҷҷатҳо (ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 18 ҳамин қисм нишондодашуда) - 2% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як саҳифа (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
20) барои тасдиқи асли имзо:
дар ариза ва дигар ҳуҷҷатҳо (ба истиснои варақаҳои бонкӣ) - 3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
дар варақаҳои бонкӣ (барои ҳар як имзо ба ҳар як варақа) - 3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
21) барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият ба қисми молу мулк, ки моликияти умумии зану шавҳар мебошад ва дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд, аз ҷумла дар бораи додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дар ҳолати вафот кардани яке аз ҳамсарон - 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402, аз 15.03.2023 № 1964);
22) барои додани нусхаи такрории ҳуҷҷатҳое, ки дар идораи нотариалии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳои консулӣ нигоҳ дошта мешавад - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
23) барои тасдиқ кардани шартномаи аз соҳиби соқиткунии молу мулки ғайриманқул ва дигар молу мулки бақайдгирифташаванда, ки ба воситаи музояда (тендер) фурӯхта мешавад - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402, аз 15.03.2023 № 1964);
24) барои ба ҷо овардани номаҳои иҷро - 3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
25) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҳаёт будани шахс (шаҳрванд) - 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
26) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҷойи муайян будани шахс (шаҳрванд) - 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
27) барои додани шаҳодатнома дар бораи айнияти шахс (шаҳрванд) бо шахси (шаҳрванди) дар сурати фотографи аксёфта - 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
28) барои тасдиқи вақти додани ҳуҷҷатҳо - 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
29) барои расонидани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
30) барои қабули маблағ ва қоғази қиматнок ба амонат (депозит) - 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
31) барои таъмини далелҳо - 50% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402, аз 15.03.2023 № 1964);
32) барои тасдиқи дигар амалиёт - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964).
8.  Барои амалиёти нотариалие, ки берун аз бинои идораи нотариали ба ҷо оварда мешавад, боҷи давлатӣ ду баробар зиёд ситонида шуда, инчунин хароҷоти воқеӣ, ки ба сафар ба маҳалли ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ вобаста аст, пардохта мешавад.
9. Аз рӯи шартномаҳои мубодилаи молу мулки ғайриманқуле, ки дар банди 1) қисми шашуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, андозаи боҷи давлатӣ аз масоҳати ҳамон молу мулки ғайриманқуле муайян карда мешавад, ки масоҳати умумии он зиёд мебошад. Ҳамзамон, барои ситонидани боҷи давлатӣ меъёрҳое татбиқ карда мешаванд, ки барои маҳалли тасдиқгардидаи шартномаи мубодила муқаррар шудаанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 495, аз 15.03.2023 № 1964).
10. Барои ҳисоб намудани андозаи боҷи давлатӣ ҷиҳати додани шаҳодатномаи ҳуқуқи мерос ба молу мулк, ба истиснои молу мулки дар банди 1) қисми шашуми ҳамин модда пешбинишуда, арзиши ҳамин молу мулкро нархгузор муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 495).
11. Барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи мерос ба молу мулк, ки мавзуи онҳо нархгузорӣ карда намешавад - ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 495, аз 15.03.2023 № 1964).
12. Ҳангоми тасдиқи аҳдҳо, ки бо асъори хориҷӣ ҳисобу китоб карда мешаванд, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки асъори хориҷӣ мавзуи мерос мебошад, андозаи боҷи давлатӣ аз асъори миллӣ бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи пардохти боҷи давлатӣ амал мекунад, ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964).
13. Барои анҷом додани амалиёт оид ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар амалиёт вобаста ба асноди ҳолати шаҳрвандӣ боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964):
1) барои бақайдгирии давлатии ақди никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад - ба андозаи панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
2) барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ:
- дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон - ба андозаи панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- дар асоси ҳалномаи суд - ба андозаи ҳафткаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3) барои ворид намудани ислоҳот, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи таваллуд, ақди никоҳ, бекор кардани никоҳ ва вафот - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
4) барои додани шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
5) барои бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар - ба андози секаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964).
14. Барои баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешаванд:
1) барои додани шиносномаи хориҷӣ (умумишаҳрвандӣ) ё дароз намудани мӯҳлати эътибори он - ба андозаи якунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
2) барои додани раводид ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунад, ҷиҳати рафтан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барои дароз намудани мӯҳлати эътибори раводид - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
3) барои ба қайд гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - 25 % аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
4) барои додан ва дароз намудани мӯҳлати эътибори раводид бо шиносномаи хориҷӣ ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, барои:
рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи чоркаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402, аз 19.03.2013 № 947);
рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи чоркаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402, аз 19.03.2013 № 947);
5) барои додани раводидҳои чандинкаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
6) барои додани ҳуҷҷат оид ба даъвати шахсон аз дигар давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як даъватшаванда (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
7) барои ворид намудани тағйиротҳо (ба истиснои дароз намудани мӯҳлати эътибори раводид) ба ҳуҷҷати қаблан додашуда барои рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
8) барои додан ё дароз намудани мӯҳлати иҷозати зисти шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
9) барои бақайдгирӣ ё дароз намудани мӯҳлати амали бақайдгирии шиносномаи хориҷӣ ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
10) барои ба ивази шиносномаи хориҷии гумшуда ё вайронгардида, раводид, ҳуҷҷати даъват ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷозати зист ё шаҳодатнома барои сафар ба хориҷа додани ҳамин гуна ҳуҷҷат - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
11) аз ариза ва дархости ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудан, аз нав қабул кардан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо аризаҳо оид ба муайян намудани мансубияти шаҳрвандӣ - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402).
15. Барои барасмиятдарории дигар амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқи боҷи давлатӣ бо андозаҳои зерин ситонида мешавад:
1) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи шикор ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 402);
2) барои амалиёте, ки дар биржаҳои тиҷоратӣ, ашёи хом, асъор ва биржаҳои дигар анҷом меёбанд(Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 586):
аз ҳаҷми аҳди то 500 ҳазор сомонӣ - 0,5 % аз маблағи аҳд;
аз ҳаҷми аҳди зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ то 1 млн. сомонӣ - 0,2 % аз маблағи аҳд;
аз ҳаҷми аҳди зиёда аз 1 млн. сомонӣ - 0,1 % аз маблағи аҳд;
3) барои фурӯхтани ҷойи брокер - 0,5 % аз маблағи воқеии аҳди басташуда;
4) барои муомилоти қоғазҳои қиматнок:
- барои бақайдгирии давлатии барориши коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ - 0,15% аз ҳаҷми барориши мазкур (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1317);
барои бастани аҳд - 1 сомонӣ аз ҳар 1 ҳазор сомонии аҳди басташуда;
5) барои гузаронидани музояда - 0,2 % аз нархи ибтидоии умумии ҳаҷми моле, ки ба фурӯш гузошта шудааст;
6) барои аҳдҳое, ки дар музояда анҷом меёбанд - 0,1 % аз нархи аҳди басташуда;
7) барои харидани молу мулки корхонаҳои давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - 0,5 % аз маблағи молу мулки харидашаванда (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964);
8) барои гузаронидани санҷиши бадеии сарватҳои фарҳангӣ - ба андозаи панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 115, аз 18.06.2008 № 402, аз 12.01.2010 № 586);
9) барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 62,5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони воқеӣ ва 125% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1247).
Моддаи 5. Имтиёзҳои пардохти боҷи давлатӣ
1. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:
1) шаҳрвандон - аз рӯи даъвоҳои ситонидани маош (таъминоти пулӣ) ва дигар талаботе, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ бармеоянд;
2) даъвогарон - аз рӯи баҳсҳои муаллифӣ, муаллифон тибқи даъвое, ки аз ҳуқуқи ҳаммуаллифӣ, ҳуқуқи ихтироъ, намунаи муфид, намунаҳои саноатӣ, инчунин аз дигар ҳуқуқҳо, ки аз моликияти зеҳнӣ бармеоянд;
3) даъвогарон - аз рӯи даъвои руёнидани алимент;
4) даъвогарон - аз рӯи даъвоҳои ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи маъюб шудан ё дигар зарар ба саломатӣ, инчунин фавти саробон расонида шудааст;
5) мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ - аз рӯи даъвоҳои мутақобил (регрессӣ) аз зараррасон ситонидани маблағи кӯмакпулиҳо ва нафақа, ки ба ҷабрдида пардохта шудааст ва мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ - инчунин аз рӯи даъвои дар бораи руёнидани кӯмакпулӣ ва нафақаи нодуруст пардохташуда;
6) даъвогарон - аз рӯи даъвоҳои талофи намудани зарари моддии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда;
7) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва парвандаҳо оид ба руёнидани алимент;
8) тарафҳо - аз шикояти кассатсионӣ оид ба парвандаи бекор кардани ақди никоҳ;
9) прокурор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомот, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиати давлат ва ҷамъият муроҷиат мекунанд;
10) мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун даъвогар - аз рӯи парвандаҳои ситонидани хароҷот доир ба ҷустуҷӯи шахсоне, ки аз пардохти алимент ва дигар пардохтҳо саркашӣ мекунанд, инчунин оид ба парвандаҳои ҷуброни хароҷоти иловагӣ ҷиҳати ба пешгирии фирори гумонбаршудагон ва ё айбдоршавандагон, ки дар маҳбас нигоҳ дошта мешаванд, инчунин кофтукови онҳо ва табобат ҳангоми зарар ба саломатии худ;
11) муассисаҳо ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ - аз рӯи даъвоҳои ҷуброни хароҷоти иловагӣ вобаста ба пешгирии фирори гумонбаршудагон ё айбдоршавандагони дар ҳабс буда, ҳамчунин ҷустуҷӯи шахсони ба маҳдудияти озодӣ, ҳабс ё маҳрум кардан аз озодӣ маҳкумшуда ва табобати онҳо дар ҳолати қасдан расондани зарар ба саломатии худ;
12) мақомоти андоз, гумрук ва молия, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва мақомоти назорати асъор ва содирот ҳамчун даъвогарону ҷавобгароназ рӯи даъвоҳои ситонидани андозҳо, рӯёнидани кредитҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва баргардонидани онҳо аз буҷет (Қонуни ҶТ аз 22.12.2006 № 217, аз 12.01.2010 № 584);
13) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ муроҷиат мекунанд, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳимояи ҳуқуқҳои ҳифзкунандаи қонун ва манфиатҳои шахсони дигар муроҷиат мекунанд - дар сурати қонеъ гардонидани даъвои онҳо;
14) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - ҳангоми ба суд додани ариза дар мавриди батаъхирандози ё дароз намудани мӯҳлати иҷрои қарорҳо оид ба тағйирёбии тарз ва тартиби иҷрои қарорҳо, барқарорсозии мӯҳлатҳои гузашта, аз нав баррасӣ намудани қарорҳо, таъинот ва қарори суд оид ба ҳолатҳои нав ошкоршуда, дар хусуси аз нав баррасӣ намудани қарори ғоибонаи суде, ки онро баровардааст;
15) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - ҳангоми шикоятҳо ба амалҳои иҷрокунандаи судӣ, инчунин шикоятҳо нисбати қарорҳо ба парвандаҳо доир ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз ҷониби мақомоти ваколатдор баровардашуда;
16) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - ҳангоми додани шикоятҳои хусусӣ нисбат ба таъиноти суд, аз ҷумла оид ба таъмини даъво ё иваз намудани як навъи таъминот ба таъминоти дигар, оид ба қатъ ё боздоштани парвандаҳо, оид ба рад кардани зиёд ё кам намудани ҳаҷми ҷаримае, ки суд таъин намудааст;
17) шаҳрвандон - аз рӯи шикоятҳои кассатсионӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятие, ки дурустии ситонидани зарари моддӣ дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда мавриди баҳс қарор гирифтааст;
18) шаҳрвандон - ҳангоми тасдиқи дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани ёрдампулиҳо ва нафақаҳои давлатӣ заруранд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1248).
19) маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда - аз рӯи даъвоҳои барқароркунии ҳуқуқҳояшон (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 115);
20) шаҳрвандон - ҳангоми ба суд пешниҳод намудани ариза оид ба фарзандхондӣ (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1248);
21) Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон - аз рӯи даъвоҳои ситонидани ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва ноустуворона аз ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина (Қонуни ҶТ аз 04.04.2019 № 1603, аз 15.03.2023 № 1963).
2. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:
1) прокурор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиати давлатӣ ва ҷамъиятӣ муроҷиат мекунанд;
2) мақомоти молия, мақомоти андоз, гумрук, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва мақомоти назорати асъор ва содирот, ки ба сифати даъвогару ҷавобгар баромад мекунанд - аз рӯи даъвоҳои ситонидани андозҳо, рӯёнидани кредитҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети дахлдор ва баргардонидани онҳо аз буҷети дахлдор, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақомоти мазкур тарафе мебошанд, ки пештар ба фоидаи онҳо қарор бароварда нашудааст (Қонуни ҶТ аз 22.12.2006 № 217, аз 12.01.2010 № 584);
3) Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон - аз рӯи даъвоҳои ситонидани ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва ноустуворона аз ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина (Қонуни ҶТ аз 04.04.2019 № 1603, аз 15.03.2023 № 1963).
3. Аз пардохти боҷи давлатӣ дар мақомоте, ки амалҳои нотариалиро иҷро мекунанд, озод карда мешаванд:
1) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун - барои анҷом додани амали нотариалӣ барои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ муроҷиат намудаанд;
2) шаҳрвандон - ҳангоми тасдиқи дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо, аслӣ будани имзоҳо дар ҳуҷҷатҳо, барои тасдиқи ваколатномаҳо, ки барои гирифтани нафақа ва кӯмакпулӣ, пешниҳоди имтиёзҳо заруранд, ҳамчунин оид ба парвандаҳои васоят ва фарзандхондӣ (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1248);
3) шаҳрвандон - барои тасдиқи васиятнома ва шартномаҳои тӯҳфаи молу мулк ба фоидаи давлат (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964);
4) ворисони то рӯзи меросгирӣ ба балоғат нарасида, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳи, ки бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ба онҳо васоят муқаррар гардидааст, ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи меросгирӣ дар тамоми ҳолатҳо сарфи назар аз навъи молу мулки меросӣ (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964);
5) мақомоти молия, андоз ва гумрук барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи давлат ба мерос (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 584).
6) меросхӯроне, ки то рӯзи кушода шудани мерос дар манзили истиқоматии меросӣ бо меросгузор якҷоя истиқомат мекарданд ва то рӯзи вафоти меросгузор дар манзили истиқоматии меросӣ қайди истиқомат доранд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 586).
4. Дар мақомоти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964):
1) мақомоти маориф, васоят ва парасторӣ, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак - барои додани шаҳодатномаҳои такрории таваллуд дар хусуси фиристодани кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумгардида ба мақомоту муассисаҳои давлатӣ, ки уҳдадории ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ба зиммаашон гузошта шудааст;
2) шаҳрвандон - барои ба онҳо додани шаҳодатномаҳои такрорӣ оид ба фавти хешовандони сафедкардашуда (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964).
5. Аз парвандаҳои вобаста ба хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои додани шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба хориҷа сафар намудан шахсони зерин аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:
1) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - барои додани шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;
2) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои ба хориҷа сафар намудан, агар сафари онҳо ба марг ё зиёрати қабри хешовандони наздик вобаста бошад, инчунин барои додани ҳуҷҷатҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудани шахсони дар дигар мамлакатҳо истиқоматкунанда, вобаста ба марг ё бемории вазнини хешовандони наздик;
3) хориҷиёне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо паноҳгоҳи сиёсӣ додааст ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аъзои оилаи онҳо ва фарзандони онҳо - барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои сафар ба хориҷа;
4) шаҳрвандони хориҷии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада барои додан ва дароз намудани гувоҳномаи иқомат, бақайдгирӣ ва дароз намудани мӯҳлати бақайдгирии шиносномаҳои хориҷӣ ё ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо, инчунин барои додани ҳуҷҷатҳо оид ба даъвати дигар шахсон аз дигар мамлакатҳо бо шартҳои мутақобил;
5) шахсони ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида - барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои сафар ба хориҷа;
6) сайёҳони хориҷӣ - барои бақайдгирии шиносномаҳои хориҷӣ.
6. Аз пардохти боҷи давлатӣ барои бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳали истиқоматии онҳо, инчунин барои бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо гувоҳномаи иқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, инҳо озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964):
1) шахсоне, ки дар хона-интернатҳо барои кӯҳансолон ва маъюбон зиндагӣ мекунанд;
2) хонандагони муассисаҳои таълимии барои кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумгашта ва муассисаҳои маълумоти касбӣ - техникии ибтидоии дар таъминоти пурраи давлатӣ буда ва дар хобгоҳҳо зиндагикунанда.
7. Барои барасмиятдарории дигар амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:
1) мақомоти ваколатдор - аз рӯи даъвоҳо оид ба ситонидани зарари ба давлат расонидашуда аз ифлос намудани муҳити зист ва ғайриоқилона истифода намудани захираҳои табиӣ;
2) даъвогарон - мақомоти андоз, гумрук, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа - аз рӯи даъвоҳо дар хусуси ба буҷет ситонидани маблағҳое, ки аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо бо аҳдномаҳои ғайриқонунӣ гирифта шудааанд, оид ба ситонидани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки сари вақт аз тарафи шаҳрвандон супорида нашудаанд, оид ба барҳам додани корхона, ё манъ кардани машғулияти фаъолияти соҳибкорӣ (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 584);
3) мақомоти ваколатдор - аз рӯи даъвоҳои беэътибор донистан ва бекор намудани аҳдномаҳо ва ситонидани маблағҳои вобаста ба хусусигардонӣ.
4) мақомоти ваколатдор - аз рӯи даъво оид ба вайронкунии қонунгузории замин;
5) осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо, хазинаҳо ва дигар маҳфузгоҳҳои давлатии сарватҳои фарҳангӣ, ки дар ҳолати муваққатан ба намоишгоҳҳо баровардани сарватҳои фарҳангие, ки дар ҳифзи доимии онҳо мебошанд;
6) ансамблҳои давлатии мусиқӣ, мутрибону навозандагон барои соз ва воситаҳои техникие, ки муваққатан барои гастрол бароварда мешавад.
8. Дар ҳолатҳои бо ташаббуси давлат ҷорӣ гардидани азнавбақайдгирии умумии шахсони ҳуқуқӣ ё ба Оинномаи (Низомномаи) онҳо ворид намудани тағйироту иловаҳои барои тамоми шахсони ҳуқуқӣ ҳатмӣ шахсони ҳуқуқӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод мебошанд.
9. Барои анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти андоз боҷи давлатӣ ситонида намешавад (Қонуни ҶТ аз 02.01.2020 № 1680).
Моддаи 6. Тартиби пардохт ва баргардонидани боҷи давлатӣ
1. Боҷи давлатӣ тариқи ғайринақдӣ аз ҳисоби боҷсупоранда бо пули миллӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2006).
2. Боҷи давлатӣ пардохта мешавад:
1) аз рӯи парвандаҳое, ки аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд - то пешниҳод намудани аризаи дахлдор (шикоятҳои кассатсионӣ ё назоратӣ), ҳамчунин ҳангоми аз тарафи судяҳо додани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 905);
2) барои анҷом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 586, аз 02.01.2020 № 1680);
3) барои иҷрои амалиётҳои нотариалӣ - ҳангоми иҷрои амалиётҳои нотариалӣ, барои додани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо бошад - ҳангоми супоридани онҳо;
4) барои сабти давлатии санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ оид ба ворид намудани ислоҳу тағйирот дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ - ҳангоми додани аризаҳои дахлдор;
5) барои додани шаҳодатномаи такрорӣ ва гувоҳномаҳангоми додани онҳо;
6) барои сабти давлатии бекоркунии ақди никоҳ аз рӯи ризоияти дутарафаи ҳамсарон, ки фарзандони ноболиғи умумӣ надоранд - ҳангоми сабти санад;
7) барои қайди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи гувоҳномаи иқомат истиқомат доранд - то супоридани ҳуҷҷатҳои дахлдор (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964);
8) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба шикор ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ - то супоридани ҳуҷҷатҳои дахлдор;
9) аз рӯи парвандаҳое, ки бо соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воридшавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст - то гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор;
10) аз рӯи амалиётҳое, ки дар биржаҳо бо қоғазҳои қимматнок, ҳангоми харидани молу мулки корхонаҳои давлатӣ доир мегарданд - ҳангоми иҷро (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1964);
11) барои гузаронидани музояда ва гузаронидани экспертизаи сарватҳои фарҳангӣ - то гузаронидани он.
3. Боҷи давлатӣ пурра ба Буҷети давлатӣ ворид карда мешавад. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти боҷи давлатӣ, инчунин шаклҳои ҳисоботи мақомоте, ки боҷи давлатиро меситонанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 947).
4. Боҷи давлатии пардохташуда дар ҳолатҳои зерин қисман ё пурра тариқи ғайринақдӣ баргардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2006):
1) ба андозаи зиёд ворид намудани боҷи давлатӣ назар ба андозае, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст;
2) баргардонидан ё рад намудани қабули аризаҳо, шикоятҳо ва ё муроҷиати дигар аз ҷониби судҳо, ҳамчунин рад намудани иҷрои амалиётҳои нотариалӣ - аз ҷониби мақомоти ваколатдор;
3) дар ҳолати рад кардани иҷрои амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё гирифтани ҳуҷҷат аз ҷониби шахси боҷи давлатиро пардохта - то муроҷиат ба мақомоте, ки амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқии мазкурро иҷро менамояд.
4) рад кардани додани шиносномаи хориҷӣ (умумишаҳрвандӣ).
5. Агар барои анҷом додани амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё додани ҳуҷҷат якбора якчанд шахс, ки ҳуқуқи имтиёз надоранд, муроҷиат намоянд боҷи давлатӣ дар ҳаҷми пурра ва саҳмҳои баробари онҳо бо мувофиқаи тарафҳо супорида мешавад. Дар ҳолате, ки агар дар байни шахсони барои анҷом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё барои додани ҳуҷҷатҳо муроҷиаткунанда як шахс (якчанд шахс) мутобиқи қонуни мазкур аз пардохти боҷи давлатӣ озод бошад (озод бошанд), пас ҳаҷми боҷи давлатии ба буҷети дахлдор пардохтшаванда мутаносибан барои шахсони ба имтиёз ҳуқуқдошта кам карда мешавад ва дар ин ҳолат боҷи давлатиро як шахс (якчанд шахс), ки ҳуқуқ ба имтиёз надорад (надоранд), мепардозад (мепардозанд).
6. Боҷи давлатии ба буҷети давлатӣ пардохташуда дар асоси қарори мақомоти молия, мувофиқи аризаи хаттии боҷсупоранда ва хулосаи мақомоти барои ситонидани боҷ ваколатдор баргардонида мешавад.
7. Боҷи давлатие, ки баргардонида мешавад, бояд ба шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ дар муддати даҳ рӯз аз рӯзи қабули қарор дар бораи баргардонидани он аз ҷониби мақомоти дахлдори молиявӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт карда шавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2006).
Моддаи 7. Чораҳои ҷавобгарӣ барои супорандагони боҷи давлатӣ ва назорат оиди дуруст ҳисоб кардани он
Супорандагони боҷи давлатӣ ва мақомоти ваколатдоре, ки боҷи давлатиро меситонанд, барои нодуруст ҳисоб кардан ва ба буҷет нагузаронидани маблағҳои боҷи давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 8. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 1992 "Дар бораи боҷи давлатӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1992, №2, м.26; с.1993, №9-10, м.138; с.1993, №23-24, м.532, Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997, №9, м.117; с.1997, №23-24, м.333; с. 2002, №4 қ.1, м.182; с. 2003, №4, м.147) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 9. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Э. Раҳмонов
аз 28 феврали соли 2004, № 19
ш. Душанбе
 
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИХТИРОЪ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 11:08
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рақам: 
17
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.02.2004
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИХТИРОЪ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 49; с. 2012, №7, мод. 707; с. 2013, №3, мод.199; с. 2016, №11, мод. 888)
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 857, аз 19.03.2013 № 956, аз 14.11.2016 № 1372, аз 2.01.2019 № 1568, аз 13.11.2023 № 1997)
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956)
Қонуни мазкур муносибатҳои молумулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии бо онҳо алоқамандро, ки бинобар офаридан, ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии ихтироот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим мекунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои дар Қонуни мазкур истифодашаванда маънои зерин доранд:
- ариза - маҷмӯи ҳуҷҷатҳои бо Қонуни мазкур муқарраршуда, ки барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба Идораи патентӣ пешниҳод карда мешаванд;
- дорандаи патент - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба номи ӯ ҳуҷҷати муҳофизатӣ дода мешавад;
- ихтироъ - офаридаи нави техникие, ки имконият медиҳад масъалаҳои мушаххаси истеҳсолот ва соҳаҳои дигари фаъолияти инсон ҳал карда шаванд;
- иҷозатнома (литсензия) - аз тарафи дорандаи патент ба дигар шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ додани ҳуқуқи истифодабарии ихтирои бо патент ҳифзшаванда (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 857);
- намояндаи патентӣ - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонунгузорӣ ҳуқуқ дорад шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар назди Идораи патентӣ намояндагӣ намояд;
- объектҳои моликияти саноатӣ - ихтироот, намунаҳои саноатӣ ва моделҳои судманд, ки маҳсули фаъолияти зеҳнии инсон мебошанд;
- пешнамунаи (прототипи) ихтироъ - ҳаммонанди ихтироъ, ки бо маҷмӯи аломатҳои асосиаш ба ихтироъ наздиктарин аст;
- Конвенсияи Париж - Конвенсияи Париж оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ аз 20 марти соли 1883 бо тағйиру иловаҳои минбаъда (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568);
- тавсифномаи ихтироъ - ҳуҷҷати мансуб ба ариза, ки дар он ихтироъ ба пуррагӣ тафсир мешавад;
- формулаи ихтироъ - ҳуҷҷати мансуб ба ариза, ки дар асоси тавсифномаи ихтироъ тартиб дода мешавад ва маҷмӯи аломатҳои асосии ихтироъро дар бар мегирад;
- шартҳои патентпазирӣ - шартҳои бо Қонуни мазкур муқарраршудаи пешниҳоди ҳифзи ҳуқуқии ихтироъ;
- ҳаммонанди ихтироъ - объекте, ки таъиноташ бо таъиноти ихтироъ як буда, маҷмӯи аломатҳои он ба маҷмӯи аломатҳои асосии ихтироъ монанд аст;
- ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ - патентҳо ва нахустпатентҳое, ки барои ихтироъ тибқи Қонуни мазкур дода мешаванд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ихтироъ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ихтироъ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат аст (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1372).
Моддаи 3. Мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ
Мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ (минбаъд - Идораи патентӣ) амалигардонии сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ таъмин менамояд, аризаҳоро барои объектҳои моликияти саноатӣ қабул мекунад, аз рӯи онҳо экспертиза мегузаронад, бақайдгирии давлатӣ ва нашри расмии маълумотро дар бораи объектҳои моликияти саноатӣ ба сомон мерасонад, ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ медиҳад ва инчунин вазифаҳои дигарро, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии Идораи патентӣ пешбинӣ шудаанд, иҷро мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Дар назди Идораи патентӣ Шӯрои шикоятӣ амал мекунад, ки он мақоми ҳатмии аввалин оид ба ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ ба шумор меравад. Шӯрои шикоятӣ ваколатҳои худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи Шӯрои шикоятӣ ба амал мебарорад.
Маблағгузории Идораи патентӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, пардохтҳои корбарӣ инчунин маблағҳое, ки аз расондани хизматҳои патентӣ ва иттилоотӣ ворид шудаанд, ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 4. Ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ
Ҳуқуқ ба ихтироъ аз ҷониби давлат ҳифз карда шуда, бо патент ва ё нахустпатент барои ихтироъ (минбаъд - ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ) тасдиқ карда мешавад.
Патент барои ихтироъ баъд аз гузаронидани экспертизаи моҳияти ариза дода шуда, аз санаи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ дар давоми бист сол амал мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Нахустпатент барои ихтироъ баъд аз гузаронидани экспертизаи пешакии ариза барои нахустпатент дода мешавад ва аз санаи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ дар давоми даҳ сол амал мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).   
Ҳуҷҷати муҳофизатӣ аввалият, муаллифӣ ва ҳуқуқи истисноии истифодабарии ихтироъро тасдиқ мекунад.
Мӯҳлати амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ, ки ба маводи доруворӣ, пеститсидҳо ва моддаҳои кимиёвии кишоварзӣ (агрокимиёҳо) дахл дорад ва ҷиҳати истифодабарии онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи бақайдгирии маводи дорувории мақомоти дахлдор талаб карда мешавад, бо дархости дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз ҷониби Идораи патентӣ тамдид карда мешавад, агар аз рӯзи пешниҳоди ириза ҷиҳати гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ то гирифтани шаҳодатномаи мазкур зиёда аз чор сол гузашта бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1372).
Мӯҳлати мазкур ба давраи аз санаи пешниҳоди ариза барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ то рӯзи гирифтани шаҳодатномаи бақайдгирии маводи доруворӣ барои истифодаи маҳсулот, бо кам кардани чор сол, вале на зиёда аз панҷ сол тамдид карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1372).
Тартиби пешниҳоди дархост оид ба тамдид кардани мӯҳлати ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ ва баррасии онро Идораи патентӣ муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1372).
Моддаи 5. Ҳифзи ҳуқуқии ихтироъ
Ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқӣ, ки онро ҳуҷҷати муҳофизатӣ медиҳад, бо формулаи ихтироъ муайян карда мешавад. Барои маънидод намудани формулаи ихтироъ тавсифнома ва нақшаҳo истифода шуда метавонанд.
Амали ҳуҷҷати муҳофизатии барои тарзи ба даст овардани маҳсулот додашуда ба маҳсулоте, ки бевосита бо ин тарз ҳосил шудаааст, низ дахл дорад. Маҳсулоти нав дар он сурат бо тарзи патентнокшуда ба даст овардашуда ҳисобида мешавад, агар далелҳои акс вуҷуд надошта бошанд.
Ҳифзи ҳуқуқӣ мувофиқи Қонуни мазкур ба ихтирооте, ки сирри давлатиро дар бар мегиранд, дода намешавад. Тартиби ба онҳо додани ҳифзи ҳуқуқиро санади дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
БОБИ 2. ПАТЕНТПАЗИРИИ ИХТИРООТ
Моддаи 6. Шартҳои патентпазирии ихтироъ
Ба ихтироъ ҳифзи ҳуқуқӣ дода мешавад, агар он нав, дорои сатҳи ихтироъкорӣ ва қобили татбиқ бошад.
Ихтироъ нав ба ҳисоб меравад, агар он қисми сатҳи техника набошад.
Сатҳи техника маҷмӯи маълумоте мебошад, ки то санаи аввалияти ихтироъ дар ҷаҳон қобили дастрасии умум гардидааст.
Ихтироъ дорои сатҳи ихтироъкорӣ маҳсуб меёбад, агар он барои мутахассис аз маълумот дар бораи сатҳи техника ошкоро пайдо нагардад.
Ихтироъ қобили татбиқ ҳисобида мешавад, агар он дар саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои фаъолияти инсон истифода шуда тавонад.
Сохтор, тарз, модда, штамми микроорганизм, штамми ҳуҷайраҳои растаниҳо ва ҳайвонот, инчунин аз рӯи таъиноти нав истифода бурдани онҳо объектҳои ихтироъ буда метавонанд.
Объектҳои зерин ба маънои муқаррароти Қонуни мазкур ихтироъ маҳсуб намешаванд:
- назарияҳои илмӣ ва методҳои математикӣ;
- методҳои ташкилу идоракунии хоҷагӣ;
- аломатҳои шартӣ, ҷадвалҳо, қоидаҳо;
- қоидаҳо ва методҳои иҷрои амалиёти фикрӣ;
- алгоритмҳо ва барномаҳо барои мошинҳои ҳисоббарор;
- лоиҳаҳо ва схемаҳои банақшагирии иншоот, биноҳо, маҳалҳо;
- пешниҳодҳое, ки танҳо ба намуди берунаи маҳсулот дахл дошта, ба қонеъ гардонидани талаботи эстетикӣ равона шудаанд.
Ба маънои муқаррароти Қонуни мазкур объектҳои зерин ба сифати объектҳои патентпазир эътироф карда намешаванд:
- топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ;
- навъҳои растаниҳо ва зотҳои ҳайвонот;
- пешниҳодҳое, ки хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои инсондӯстӣ ва ахлоқӣ мебошанд.
Патентпазирии ихтироъро ошкор намудани маълумоте, ки дар натиҷаи он моҳияти ихтироъ дастраси умум гардидааст, халалдор намекунад, агар ин амал аз ҷониби аризадиҳанда, муаллиф ва ё шахси дигаре, ки аз онҳо мустақиман ва ё ба тариқи ғайримустақим маълумоти ба ихтироъ дахлдорро ба даст овардааст, иҷро шуда бошад ва агар ариза дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ ба Идораи патентӣ на дертар аз шаш моҳи баъд аз санаи ошкор шудани ин маълумот пешниҳод шуда бошад. Дар айни замон ӯҳдадории исбот намудани воқеияти ин амал ба зиммаи аризадиҳанда гузошта мешавад.
БОБИ 3. СУБЪЕКТҲОИ ҲУҚУҚ БА ИХТИРОЪ
Моддаи 7. Муаллифи ихтироъ
Шахси воқеие, ки бо меҳнати эҷодкоронаи вай ихтироъ офарида шудааст, муаллифи ихтироъ ҳисобида мешавад. Агар дар офаридани ихтироъ якчанд шахсони воқеӣ иштирок карда бошанд, ҳамаи онҳо муаллифи ихтироъ ҳисоб мешаванд. Тартиби истифодаи ҳуқуқҳое, ки ба муаллифон тааллуқ доранд, бо созишномаи байни онҳо муайян карда мешавад.
Шахсоне, ки дар офаридани ихтироъ ҳиссаи шахсии эҷодӣ нагузоштаанд, ба муаллиф(он) танҳо ёрии техникӣ, ташкилӣ ва ё моддӣ расонидаанд ё ин ки танҳо барои ба расмият даровардани ҳуқуқ ба ихтироъ ва истифодаи он мусоидат намудаанд, муаллифи ихтироъ ҳисоб намешаванд.
Ҳуқуқи муаллифӣ ҳуқуқи шахсии бегонанашаванда буда, бемӯҳлат ҳифз карда мешавад.
Моддаи 8. Аризадиҳанда
Ҳуқуқи пешниҳоди аризаро барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ инҳо доранд:
- муаллиф(он)-и ихтироъ;
- корфармо, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми дуюми моддаи 9 ҳамин Қонун;
- ворис(он)-и ҳуқуқии муаллиф (он) ва ё корфармо.
Моддаи 9. Дорандаи патент
Ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба инҳо дода мешавад:
- муаллифи ихтироъ;
- шахсе, ки ӯро муаллифи ихтироъ дар ариза дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ муайян намудааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568);
- ворисони ҳуқуқии шахсони дар боло зикргардида.
Ҳуқуқи гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтирое, ки онро корманд дар алоқамандӣ бо иҷрои вазифаҳои хизматиаш ва ё аз корфармо гирифтани супориши мушаххас офаридааст, ба корфармо тааллуқ дорад, агар шартномаи байни онҳо ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Агар корфармо дар давоми чор моҳи баъди санаи аз ҷониби муаллиф дар бораи офаридани ихтироъ хабардор карда шуданаш ба Идораи патентӣ ариза надиҳад, ҳуқуқи пешниҳоди аризаро ба шахси дигар вогузор накунад ва ё муаллифро дар бораи махфӣ нигоҳ доштани ихтироъ огоҳ нанамояд, пас ҳуқуқи пешниҳоди ариза ва гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба муаллиф мегузарад. Дар ин ҳолат корфармо ҳуқуқ дорад ба дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ ҷуброни дар асоси шартнома муайяншударо пардохта, ихтироъро дар истеҳсолоти худ истифода барад.
Ҳуқуқи гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтирое, ки корманд таҷриба, воситаҳои моддӣ, техникӣ ва дигар воситаҳои корфарморо истифода бурда, лекин на дар алоқамандӣ бо иҷрои вазифаҳои хизматии корманд ва ё супориши муайяни корфармо офаридааст, ба корманд тааллуқ дорад, агар шартномаи байни онҳо ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад. Дар ин ҳолат корфармо ҳуқуқ дорад ба дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ ҷуброни дар асоси шартнома муайяншударо пардохта, ихтироъро дар истеҳсолоти худ истифода барад.
Моддаи 10. Ҳуқуқи муаллифи ихтирое, ки якҷоя бо иҷрои вазифаҳои хизматӣ офарида шудааст
Корманде, ки дар қисми дуюми моддаи 9 Қонуни мазкур зикр шудааст, ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зерин аз корфармо мутаносибан ба фоидаи бадастовардаи корфармо ва ё фоидае, ки корфармо метавонист аз ихтироъ ба таври лозимӣ истифода бурда, ба даст дарорад, подош гирад:
- аз ҷониби корфармо гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ;
- ҳуқуқи гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатиро ба шахси дигар вогузор кардани корфармо;
- аз ҷониби корфармо қабул намудани қарор дар бораи махфӣ нигоҳ доштани ихтироъ;
- бо сабабҳои вобаста ба корфармо нагирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз рӯи аризаи аз ҷониби корфармо пешниҳодшуда.
Подош бо андоза ва шартҳои дар асоси созишномаи байни муаллиф ва корфармо муайяншуда пардохта мешавад.
Дар ҳолати байни тарафҳо ба даст наомадани созиш нисбати андоза ва тартиби пардохти подош ва ё ҷуброн баҳс бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Барои саривақт напардохтани подош ва ё ҷуброни дар шартнома муайяншуда корфармо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
БОБИ 4. АРИЗА БАРОИ ДОДАНИ ҲУҶҶАТИ МУҲОФИЗАТӢ
Моддаи 11. Пешниҳоди ариза барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ
Аризаро барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ (минбаъд - ариза) аризадиҳанда ба Идораи патентӣ пешниҳод мекунад.
Ариза ба воситаи намояндаи патентӣ, ки Идораи патентӣ ӯро ба қайд гирифтааст, пешниҳод шуда метавонад.
Шахсони воқеие, ки доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ё намояндагони онҳо корҳои марбут ба гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ва нигоҳ доштани эътибори онро ба воситаи намояндагони патентии дар Идораи патентӣ бақайдгирифташуда пеш мебаранд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан берун аз ҳудуди он мебошанд, корҳои марбут ба гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ ва нигоҳ доштани эътибори онҳоро ба воситаи намояндаи патентӣ ва ё дар сурати нишон додани нишонии мукотиба дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита худашон пеш мебаранд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Ваколати намояндаи патентӣ бо бовариномае, ки аризадиҳанда ба ӯ додааст, тасдиқ карда мешавад. Талаботро ба намояндаи патентӣ, тартиби аттестатсия ва бақайдгириии ӯро Идораи патентӣ муайян мекунад.
Моддаи 12. Ариза
Ариза бояд ба як ихтироъ ва ё гурӯҳи ихтироъҳои бо ҳам то ба ҳадде алоқаманд, ки ғояи ягонаи ихтироъкориро ташкил медиҳанд (талаботи ягонагии ихтироъ), дахл дошта бошад.
Ариза бояд ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар гирад:
- дархост дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ бо нишон додани номи ихтироъ, муаллиф(он)и ихтироъ ва шахс(он)е, ки ба номи ӯ (онҳо) ҳуҷҷати муҳофизатӣ дархост карда мешавад, инчунин ҷои истиқомат ва ё ҷойгиршавии онҳо (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568);
- тавсифномаи ихтироъ, ки ихтироъро бо пуррагии кифоя барои амалӣ гардондан аз ҷониби мутахассис ошкор мекунад;
- формулаи ихтироъ, ки моҳияти онро ифода мекунад ва ба тавсифнома асос ёфтааст;
- реферат;
- нақшаҳо ва маводи дигар, агар онҳо барои фаҳмидани моҳияти ихтироъ зарур бошанд.
Дархост дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба забони давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари ариза ба забонҳои дигар пешниҳод шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Барои нигоҳ доштани санаи пешниҳоди ариза, ки мувофиқи моддаи 14 Қонуни мазкур муайян карда мешавад, тарҷумаи ин ҳуҷҷатҳо ба забони давлатӣ бояд дар муддати се моҳ пас аз воридшавии нахустини онҳо ба Идораи патентӣ пешниҳод карда шавад.
Ба ариза ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт барои пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи асосҳо барои напардохтани ё кам кардани ин пардохт илова карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои мазкур якҷоя бо ариза ва ё дар муддати се моҳи баъд аз расидани ариза ба Идораи патентӣ пешниҳод шуданашон мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1997).
Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза барои додани патент ва нахустпатент ба ихтироъро Идораи патентӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1372).
Моддаи 13. Бо ташаббуси аризадиҳанда ислоҳ намудани ҳуҷҷатҳои ариза
Аризадиҳанда дар давоми се моҳи баъди санаи пешниҳоди ариза ҳуқуқ дорад моҳияти ихтирои пешниҳодшударо тағйир надода, ба маводҳои он ислоҳҳо ва тасҳеҳ дохил кунад.
Ислоҳҳо ва тасҳеҳро ба маводи ариза дар сурати супурдани пардохти корбарии дахлдор инчунин баъди гузаштани мӯҳлати семоҳа, лекин на дертар аз баровардани қарор аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи моҳиятӣ дохил кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Моддаи 14. Санаи пешниҳоди ариза
Санаи пешниҳоди ариза аз рӯи санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани ҳуҷҷатҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- дархост барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568);
- тавсифномаи ихтироъ;
- нақшаҳо, агар онҳо дар тавсифнома зикр шуда бошанд.
Агар ҳуҷҷатҳои номбаршуда дар як рӯз ворид нашуда бошанд, санаи воридшавии ҳуҷҷати дертар расида ба сифати санаи пешниҳоди ариза қабул карда мешавад.
Дар ҳолати вайрон намудани талаботи моддаи 12 ҳамин Қонун ариза пешниҳоднашуда маҳсуб мегардад.
Моддаи 15. Табдилдиҳии apизаҳo
Аризадиҳандае, ки барои додани патент ба ихтироъ ариза додааст, дар давоми се соли баъди санаи пешниҳоди ин ариза ҳуқуқ дорад барои додани нахустпатент дархост пешниҳод намояд.
То қабули қарори экспертизаи пешакӣ, ки мувофиқи моддаи 21 Қонуни мазкур гузаронида мешавад, ариза барои додани нахустпатент метавонад ба ариза барои додани патент табдил дода шавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Дар сурати ба амал баровардани ин гуна табдилҳо аввалияти аризаи аввала нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 16. Махфӣ будани коргузорӣ аз рӯи ариза
Идораи патентӣ дар доираи коргузорӣ аз рӯи ариза то нашр шудани маълумот дар бораи он, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар ин бора хоҳиши аризадиҳанда ва ё иҷозати ӯ бошад, ба ҳеҷ шахсе иҷозати дастрас намудани аризаро намедиҳад.
БОБИ 5. АВВАЛИЯТИ ИХТИРОЪ
Моддаи 17. Шартҳои муқаррар намудани аввалият
Аввалияти ихтироъ аз рӯи санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани ариза муқаррар карда мешавад.
Аввалияти ихтироъ аз рӯи санаи воридшавии маводҳои иловагӣ муқаррар шуданаш мумкин аст, агар ин маводҳоро аризадиҳанда то гузаштани мӯҳлати семоҳа аз санаи гирифтани огоҳиномаи Идораи патентӣ дар бораи имконнопазирии баэътиборгирии маводҳои иловагӣ бинобар моҳияти ихтирои арзшударо тағйирдиҳанда пиндошта шуданашон ба сифати аризаи мустақил пешниҳод карда бошад.
Аввалият аз рӯи санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани аризаи қаблии ин ихтироъро маънидодкунандаи ҳамон як аризадиҳанда муқаррар карда шуданаш мумкин аст, агар ариза, ки аз рӯи он ин гуна аввалият дархост мешавад, на дертар аз дувоздаҳ моҳи баъди санаи пешниҳоди аризаи қаблӣ ворид шуда бошад. Дар ин ҳол аризаи қаблӣ бозхондашуда ҳисобида мешавад.
Аввалият дар асоси якчанд аризаи қаблӣ, ки барои ҳар яки онҳо шартҳои дар қисми сеюми ҳамин модда овардашуда риоя мегарданд, метавонад муқаррар шавад.
Муқаррар намудани аввалият аз рӯи санаи пешниҳоди аризае, ки аз рӯи он аллакай аввалияти барвақттар дархост шудааст, мумкин нест.
Аввалияти ихтироъ аз рӯи аризаи ҷудокардашуда аз рӯи санаи пешниҳоди аризаи аввали ҳамон як аризадиҳанда, ки дар он ихтироъ кушода шудааст, муқаррар карда мешавад, агар аризаи ҷудокардашуда ба Идораи патентӣ то аз рӯи аризаи нахустин қабул шудани қарор дар бораи радди додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, ки имконияти шикоят аз болои он аз даст рафтааст ва дар ҳолати мавҷудияти қарор дар бораи ба аризаи зикршуда додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ , то рӯзи бақайдгирии ихтироъ дар Феҳристи давлатии ихтироот ворид шуда бошад.
Агар дар рафти экспертиза муқаррар карда шавад, ки ихтирооти ҳаммонанд санаи якхелаи аввалият доранд, пас ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз рӯи аризае дода мешавад, ки пештар фиристода шудани он ба Идораи патентӣ исбот шудааст, дар ҳолати мувофиқат кардани ин санаҳо бошад - аз рӯи аризае, ки рақами бақайдгирии пештар додашудаи Идораи патентиро дорад, агар созишномаи байни аризадиҳандагон ҳолати дигареро дар назар надошта бошад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Моддаи 18. Аввалияти конвенсионӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568)
Аввалияти ихтироъ аз рӯи санаи дар давлати иштирокчии Конвенсияи Париж оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ пешниҳод шудани аризаи якум барои ин ихтироъ муқаррар шуданаш мумкин аст, агар ариза ба Идораи патентӣ дар давоми дувоздаҳ моҳи баъди санаи зикршуда ворид шуда бошад (аввалияти конвенсионӣ). Агар бинобар ҳолатҳои новобаста ба аризадиҳанда ариза бо дархости аввалияти конвенсионӣ дар мӯҳлати зикргардида пешниҳод нашуда бошад, ин мӯҳлат бо дархости аризадиҳанда ба муддати на зиёда аз се моҳ дароз карда шуданаш мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Аризадиҳандае, ки аз ҳуқуқи аввалияти конвенсионӣ истифода бурдан мехоҳад, бояд ин хоҳишашро ҳангоми пешниҳоди ариза ва ё дар давоми ду моҳи баъди санаи ба Идораи патентӣ пешниҳодшавии ариза изҳор намояд ва нусхаи аризаи якумро замима кунад ва ё онро на дертар аз се моҳи баъди санаи пешниҳод кардани ариза ба Идораи патентӣ фиристонад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
БОБИ 6. ЭКСПЕРТИЗАИ АРИЗА
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956)
Моддаи 19. Экспертизаи расмии ариза
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956)
Идораи патентӣ баъди гузаштани се моҳ аз санаи пешниҳоди ариза аз рӯи он экспертизаи расмӣ мегузаронад. Мувофиқи дархости хаттии аризадиҳанда экспертизаи расмӣ то гузаштани мӯҳлати зикршуда оғоз шуда метавонад. Дар ин ҳол аризадиҳанда аз лаҳзаи пешниҳод кардани дархост аз ҳуқуқи бе пардохт бо ташаббуси худ ислоҳ ва саҳеҳ кардани ҳуҷҷатҳо, ки моддаи 13 ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, маҳрум мегардад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956, аз 13.11.2023 № 1997).
Дар рафти гузаронидани экспертизаи расмии ариза мувофиқи моддаҳои 11 ва 12 ҳамин Қонун мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва риояи талаботи нисбати онҳо муқарраршуда санҷида шуда, масъала дар бораи он, ки пешниҳоди арзшуда ба объектҳои дар қисмҳои 6, 7 ва 8 моддаи 6 ҳамин Қонун зикргардида дахл дорад ё не, баррасӣ мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Инчунин санҷида мешавад, ки пешниҳоди арзшуда зери шартҳои дар қисми сеюми моддаи 5 ҳамин Қонун зикршуда қарор надошта бошад.
Агар аризадиҳанда мувофиқи моддаи 13 ҳамин Қонун аз рӯи ариза маводҳои иловагӣ пешниҳод намояд, дар рафти экспертиза моҳияти ихтирои пешниҳодшударо тағйир надодани онҳо санҷида мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Маводҳои иловагӣ моҳияти ихтирои пешниҳодшударо тағйир медиҳанд, агар онҳо аломатҳои ба формулаи ихтироъ дохил шуданашон зарур ва дар маводҳои пешинаи ариза набударо дарбар гиранд. Маводҳои иловагӣ дар қисми тағйирдиҳандаи моҳияти ихтирои пешниҳодшуда ҳангоми баррасии ариза ба эътибор гирифта намешаванд ва аз ҷониби аризадиҳанда ба сифати аризаи мустақил ба расмият дароварда шуданашон мумкин аст.
Агар ариза бо риояи ҳамаи талаботи муқарраршуда пешниҳод шуда бошад, аризадиҳанда дар бораи натиҷаи мусбии экспертизаи расмӣ хабардор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Аз рӯи аризае, ки бо вайрон кардани талабот ба ҳуҷҷатҳои он пешниҳод шудааст, ба аризадиҳанда дархост фиристода мешавад, ки дар давоми ду моҳи аз рӯзи гирифтани он ҳуҷҷатҳои ислоҳшуда ва ё намерасидаро пешниҳод намояд. Агар аризадиҳанда маводҳои дархостшуда ва ё илтимосномаро дар бораи дароз кардани мӯҳлати муқарраршуда дар мӯҳлати зикргардида пешниҳод накунад, ариза бозхондашуда ҳисоб карда мешавад.
Аз рӯи аризаи бо вайрон намудани талаботи ягонагии ихтироъ пешниҳодшуда ба аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад, ки дар давоми ду моҳи баъди санаи гирифтани огоҳиномаи дахлдор Идораи патентиро дар бораи он, ки кадоме аз пешниҳодҳои аризадиҳанда бояд баррасӣ шаванд, хабардор кунад ва дар ҳолати зарурӣ ба ҳуҷҷатҳои ариза тасҳеҳ дарорад. Барои пешниҳодоти дигари ба маводҳои аризаи нахустин дохилшуда аризадиҳанда ҳуқуқи ба расмият даровардан ва пешниҳод кардани аризаҳои ҷудокардашударо дорад.
Агар аризадиҳанда дар давоми ду моҳи баъди фиристодани огоҳинома дар бораи вайрон шудани талаботи ягонагии ихтироъ ба Идораи патентӣ дар бораи он, ки кадоме аз пешниҳодҳояш бояд баррасӣ шаванд, хабар надиҳад ва ҳуҷҷатҳои тасҳеҳшударо пешкаш накунад, пешниҳоди аввалини дар формула нишондодашуда, ҳамчунин пешниҳодҳои дигаре, ки бо он ғояи ягонаи ихтироъкориро ташкил мекунанд, агар чунин пешниҳодҳо мавҷуд бошанд, баррасӣ мешавад.
Аризадиҳанда ҳангоми бо қарори экспертиза норозӣ буданаш ҳуқуқ дорад, ки дар муддати се моҳи баъди санаи баровардани қарор ба Шӯрои шикоятӣ эътироз пешниҳод намояд. Эътироз бояд дар давоми ду моҳ баррасӣ шавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Моддаи 20. Экспертизаи моҳиятии ариза
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956)
Идораи патентӣ мувофиқи дархости аризадиҳанда (ва ё шахсони сеюм), ки метавонад ҳар вақт дар давоми се соли баъд аз санаи пешниҳоди ариза барои гирифтани патент барои ихтироъ пешниҳод гардад, ҳамчунин бо дархости дорандаи нахустпатент, ки дар давоми мӯҳлати амали он дода шуданаш мумкин аст, экспертизаи моҳиятии аризаро мегузаронад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Агар дархост дар бораи гузаронидани экспертизаи моҳиятӣ дар муддати се сол пешниҳод карда нашавад, ариза барои ихтироъ, ки аз рӯи он нахустпатент дархост нашудааст, бозхондшуда ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Дар рафти экспертизаи моҳиятии ариза, ки ҳангоми гузаронидани он ҷустуҷӯи иттилоотӣ бо мақсади муайян намудани сатҳи техника ба амал бароварда мешавад, аввалияти ихтироъ муқаррар карда шуда, шартҳои патентпазирии ихтироъ, ки дар моддаи 6 ҳамин Қонун муайян гардидаанд, санҷида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Идораи патентӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза ҳуқуқ дорад аз аризадиҳанда маводҳои иловагӣ, аз ҷумла формулаи тағйирдодашудаи ихтироъро дархост намояд. Маводҳои иловагӣ аз рӯи дархости экспертиза бояд дар давоми ду моҳи баъди санаи дархостро гирифтани аризадиҳанда бе тағйир додани моҳияти ихтироъ пешниҳод карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Ба маводҳои иловагӣ дар қисми тағйирдиҳандаи моҳияти ихтироъ тартиби муқаррарнамудаи қисмҳои чорум ва панҷуми моддаи 19 ҳамин Қонун татбиқ карда мешавад.
Агар Идораи патентӣ дар натиҷаи гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза муқаррар намояд, ки пешниҳоди арзшуда дар ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқии дархостнамудаи аризадиҳанда ба шартҳои патентпазирии ихтироъ, ки моддаи 6 ҳамин Қонун муайян намудааст, мувофиқат мекунад, дар бораи додани патент қарор бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Агар муқаррар карда шавад, ки ихтирои пешниҳодшуда дар ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқии дархостшуда ба шартҳои патентпазирӣ мувофиқат намекунад, дар бораи рад шудани додани патент қарор бароварда мешавад.
Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад бо маводҳои дар дархости экспертиза, дар қарори экспертиза ва ё ҳисоботи ҷустуҷӯ нишондодашуда шинос гардад. Нусхаҳои маводҳои патентии дархостшударо Идораи патентӣ дар давоми ду моҳи баъди санаи гирифтани дархост ба аризадиҳанда мефиристад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Аризадиҳанда дар сурати норозӣ буданаш бо қарор дар бораи радди додани патент ҳуқуқ дорад, ки дар давоми се моҳи баъди санаи гирифтани қарор ба Шӯрои шикоятӣ эътирози дахлдорро пешниҳод намояд. Шӯрои шикоятӣ эътирозро бояд дар муддати шаш моҳи баъди санаи ворид шудани он баррасӣ намояд.
Агар аризадиҳанда бо қарори Шӯрои шикоятӣ розӣ набошад, метавонад дар муддати шаш моҳи баъди санаи гирифтани қарор ба суд муроҷиат намояд.
Мӯҳлатҳои пешниҳодкунии маводҳо аз рӯи дархости экспертиза ва пешниҳод кардани эътирозро ба Шӯрои шикоятӣ, ки аризадиҳанда онҳоро гузаронидааст, Идораи патентӣ метавонад аз рӯи дархости аризадиҳанда, ки на дертар аз дувоздаҳ моҳи баъди ба охир расидани мӯҳлати гузаронидашуда пешниҳод гардидааст, дар сурати тасдиқ шудани сабабҳои узрноки риоя нашудани мӯҳлатҳо ва пардохти дахлдор барқарор намояд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956, аз 13.11.2023 № 1997).
Моддаи 21. Экспертизаи пешакии ариза барои додани нахустпатент
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956)
Экспертизаи пешакии ариза барои додани нахустпатент баъди бо натиҷаи мусбӣ ба анҷом расидани экспертизаи расмӣ гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Дар рафти гузаронидани экспертизаи пешакӣ аввалияти ихтироъ муқаррар карда шуда, мувофиқ будани он ба шартҳои навӣ ва қобили татбиқ будан санҷида мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Санҷидани мувофиқати ихтирои пешниҳодшуда ба талаботи навии сатҳи техника танҳо инҳоро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1372):
- ҳаммонандҳо ва пешнамунаҳои ихтироъ, ки аризадиҳанда дар маводҳои ариза овардааст;
- аризаҳои бозхонднашуда барои ихтироот аз тарафи шахсони дигар пештар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1372);
- ихтирооти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон патентдоршуда, моделҳои судманди бақайдгирифташуда ва дигар сарчашмаҳои иттилоотии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраси умумибуда (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1372).
Идораи патентӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи пешакӣ ҳуқуқ дорад аз аризадиҳанда маводҳои иловагӣ, аз ҷумла формулаи тағйирдодашудаи ихтироъро дархост намояд. Маводҳои иловагие, ки экспертиза тақозо мекунад, бояд дар давоми ду моҳи баъди санаи гирифтани дархост пешниҳод карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Барои маводҳои иловагӣ дар қисми тағйирдиҳандаи моҳияти ихтироъ тартиби дар қисмҳои чорум ва панҷуми моддаи 19 ҳамин Қонун муқарраршуда татбиқ карда мешавад.
Агар дар натиҷаи гузаронидани экспертизаи пешакӣ муқаррар карда шавад, ки пешниҳоди арзшуда дар ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқии дархосткардашуда ба шарти навии ихтироъ, ки бо назардошти қисми сеюми ҳамин модда муайян шудааст ва шарти қобили татбиқ будан, ки онро моддаи 6 Қонуни мазкур муайян намудааст, мувофиқат мекунад, дар бораи додани нахустпатент қарор бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956)..
Нахустпатент ба масъулияти аризадиҳанда дода мешавад.
Дар ҳолати ба шартҳои патентпазирӣ номувофиқ будани ихтирои пешниҳодшуда қарор дар бораи рад шудани додани нахустпатент бароварда мешавад.
Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад бо маводҳои дар дархости экспертиза, қарори экспертиза ва ё ҳисобот дар бораи ҷустуҷӯ овардашуда шинос шавад. Нусхаҳои маводҳои патентии аризадиҳанда дархостнамударо Идораи патентӣ ба ӯ дар давоми ду моҳи баъди санаи гирифтани дархост мефиристад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Аризадиҳанда дар сурати розӣ набуданаш бо қарор дар бораи радди додани нахустпатент ҳуқуқ дорад, ки дар давоми се моҳи баъди санаи фиристодани қарор ба Шӯрои шикоятӣ эътироз пешниҳод намояд. Шӯрои шикоятӣ эътирозро бояд дар муддати се моҳи баъди санаи ворид шудани он баррасӣ намояд. Агар аризадиҳанда бо қарори Шӯрои шикоятӣ розӣ набошад, ӯ метавонад дар муддати як моҳи баъди санаи фиристодани қарор ба суд муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Мӯҳлатҳои пешниҳодкунии маводҳоро аз рӯи дархости экспертиза ва пешниҳод кардани эътирозро ба Шӯрои шикоятӣ, ки аризадиҳанда онҳоро гузаронидааст, Идораи патентӣ метавонад аз рӯи дархости аризадиҳанда, ки на дертар аз дувоздаҳ моҳи баъди ба охир расидани мӯҳлати гузаронидашуда пешниҳод гардидааст, дар сурати тасдиқ шудани сабабҳои узрноки риоя нашудани мӯҳлатҳо ва пардохти дахлдор барқарор намояд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956, аз 13.11.2023 № 1997).
Моддаи 22. Бозхонди ариза
Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад то нашри маълумот дар бораи ариза, аммо на дертар аз санаи дар Феҳристи давлатии ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудани он аризаро бозпас гирад.
Моддаи 23. Нашри маълумот оид ба ариза ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ
Маълумот оид ба ариза ва ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар хабарномаи расмӣ нашр карда мешавад. Пуррагии маълумоти интишоршавандаро Идораи патентӣ муайян мекунад.
Маълумот оид ба ариза, ки экспертизаи расмиро бо натиҷаи мусбӣ гузаштааст, баъди гузаштани 18 моҳ аз санаи пешниҳоди ариза нашр мешавад. Бо дархости аризадиҳанда ва дар сурати супурда шудани пардохти корбарии дахлдор маълумот оид ба ариза мумкин аст аз мӯҳлати мазкур пештар чоп карда шавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Идораи патентӣ пас аз ба қайд гирифтани ихтироъ дар Феҳристи давлатӣ маълумотро дар бораи ҳуҷҷати муҳофизатии додашуда дар хабарномаи расмӣ бетаъхир нашр мекунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Маълумоти нашршуда бояд номи муаллиф(он) (бо розигии онҳо) ва доранда(гон)- и патент (нахустпатент), ном ва формулаи ихтироъро дар бар гирад.
БОБИ 7. ДОДАНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 24. Ҳифзи ҳуқуқии муваққатии ихтироъ
Ба ихтирои пешниҳодшуда аз санаи нашри маълумот дар бораи ариза то санаи нашри маълумот дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар ҳаҷми формулаи нашршуда ҳифзи ҳуқуқии муваққатӣ дода мешавад.
Ба ихтирое, ки дар намоишгоҳи расмӣ ва расман шинохташудаи байналмилалӣ ба намоиш гузошта шудааст, аз санаи дар намоишгоҳ ҷойгир кунонидани он то санаи нашри аввалини маълумот оид ба додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба шарте, ки ариза барои ин ихтироъ на дертар аз шаш моҳи баъди санаи дар намоишгоҳ ҷойгир кунонидани он ба Идораи патентӣ пешниҳод карда шуда бошад, ҳифзи ҳуқуқии муваққатӣ дода мешавад.
Ҳифзи ҳуқуқии муваққатӣ фаронорасида ҳисоб карда мешавад, агар қарор дар бораи надодани ҳуҷҷати муҳофизатӣ қабул шуда, имконияти шикоят аз рӯи ин қарор аз даст рафта бошад.
Дорандаи патент баъд аз гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ҳуқуқ дорад аз шахсе, ки ихтирои пешниҳодшударо дар давраи амали ҳифзи ҳуқуқии муваққатии он истифода намудааст, додани ҷубронпулии муносибро талаб намояд.
Муқаррароти қисми чоруми ҳамин модда аз рӯзе, ки аризадиҳанда шахси аз ихтироъ истифодабурдаро дар бораи пешниҳод шудани ариза барои ин ихтироъ огоҳонидааст, татбиқ мегарданд, агар ин сана аз санаи нашри маълумот дар бораи ариза пештар фаро расида бошад.
Моддаи 25. Бақайдгирии ихтироъ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ
Идораи патентӣ дар давоми се моҳи баъди санаи гирифтани ҳуҷҷатҳо дар бораи пардохт барои бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ихтироъро ба Феҳристҳои давлатии ихтироот дохил мекунад ва ба дорандаи патент ҳуҷҷати муҳофизатӣ медиҳад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1997).
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт барои бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз ҷониби аризадиҳанда дар давоми ду моҳ аз санаи гирифтани қарор оид ба додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ё дар давоми се моҳ аз санаи баанҷомрасии мӯҳлати мазкур дар ҳолати пардохти иловагӣ пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568, аз 13.11.2023 № 1997).
Дар ҳолати мавҷуд будани якчанд шахс, ки ба номашон ҳуҷҷати муҳофизатӣ дархост карда мешавад, ба онҳо як патент ва ё нахустпатент дода мешавад. Идораи патентӣ ба муаллиф (муаллифон)-и ихтироъ, ки дорандаи патент нестанд, шаҳодатномаи расмии тасдиқкунандаи муаллиф будани онҳоро медиҳад.
Ҳангоми мувофиқи тартиби муқарраршуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷате, ки пардохтро барои бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ тасдиқ мекунад, бақайдгирии ихтироъ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба амал бароварда намешавад, аризаи дахлдор бозхондшуда ҳисобида мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1997).
Мундариҷаи маълумотеро, ки ба Феҳристҳои давлатӣ дохил карда мешаванд, намуди патент, нахустпатент ва номгӯи маълумоти дар онҳо дарҷшавандаро Идораи патентӣ муайян мекунад.
БОБИ 8. ҲУҚУҚИ ИСТИСНОИИ ИСТИФОДАИ ИХТИРОЪ
Моддаи 26. Ҳуқуқҳои дорандаи патент
Ҳуқуқи истисноии истифодаи ихтирои бо патент ё бо нахустпатент ҳифзшаванда, аз ҷумла, ҳуқуқи сохтан, татбиқ, намудан, ворид кардан, фурӯхтан, бо роҳи дигар ба гардиши ҳоҷагидорӣ даровардан ва ё бо ин мақсад нигоҳ доштани маҳсулоте, ки ихтирои бо патент ё бо нахустпатент ҳифзшавандаро дар бар мегирад, ҳуқуқи татбиқ намудани тарзи бо патент ва ё бо нахустпатент ҳифзшаванда, инчунин ҳуқуқи манъи истифода шудани ихтирои номбаршуда аз ҷониби шахсони дигар, ғайр аз ҳолатҳое, ки ингуна истифодабарӣ мувофиқи ҳамин Қонун вайрон намудани ҳуқуқи истисноии дорандаи патент маҳсуб намегардад, ба дорандаи патент тааллуқ дорад.
Маҳсулот дарбаргирандаи ихтирои бо патент ва ё бо нахустпатент ҳифзшаванда эътироф мешавад ва тарзи бо патент ва ё бо нахустпатент ҳифзшаванда бошад, татбиқёфта ҳисоб карда мешавад, агар ҳар як аломати ихтироъ, ки дар банди алоҳидаи формула оварда шудааст ва ё аломати ба он эквивалент, ки то санаи оғози истифодаи ихтироъ ба чунин сифат дар соҳаи мазкури техника маълум аст, дар маҳсулот мавҷуд бошад ва дар тарз истифода шуда бошад.
Ба гардиши хоҷагидорӣ ворид намудан ё бо ин мақсад нигоҳ доштани маҳсулоте, ки бо истифодаи бевоситаи тарзи патентнокшудаи ҳосил кардани маҳсулот истеҳсол шудаст, низ истифодаи ихтирои бо патент ё бо нахустпатент ҳифзшаванда ҳисоб мегардад.
Тайёр намудани намунаи таҷрибавии воситае, ки ихтироъро дар бар мегирад, инчунин санҷиши таҷрибавӣ ва озмоиши он истифодаи ихтироъ маҳсуб намешавад.
Муносибатҳои тарафҳоро оид ба истифодаи ихтирое, ки ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба он ба якчанд шахс тааллуқ дорад, созишномаи байни онҳо муайян мекунад. Ҳангоми набудани чунин созишнома ҳар як дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ ихтирои ҳифзшавандаро мувофиқи салоҳдиди худ истифода бурда метавонад, вале бе розигии дорандагони дигари патенти мазкур ҳуқуқи ба шахси дигар додани иҷозатнома ва ё вогузор кардани ҳуқуқи истисноиро (гузашт кардани патентро) надорад.
Соҳиби патент метавонад аломати огоҳкунандаеро, ки дорои патент ё нахустпатент будани ихтирои истифодашавандаро нишон медиҳад, истифода барад.
Патент, нахустпатент ба ихтироъ ва ҳуқуқи гирифтани онҳо ба мерос мемонад.
Дорандаи патент ҳуқуқ дорад ҳуқуқи истисноияшро ба ҳар кадом шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ вогузор кунад (гузашт кардани патент). Шартнома дар бораи вогузор кардани ҳуқуқи истисноӣ бояд дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шавад ва бе чунин бақайдгирӣ он беэътибор дониста мешавад.
Агар дорандаи патент ихтирои ҳуқуқи истисноидоштаро, бе вайрон намудани ҳуқуқҳои дорандаи патенти дигар (патенти якум), ки бастани шартномаи иҷозатномавиро бо шартҳои мутобиқаткунандаи амалияи муқарраргардида рад намудааст, истифода бурда натавонад, ҳуқуқ дорад ба суд бо аризаи даъвогӣ ҷиҳати ба ӯ додани иҷозатномаи маҷбурӣ (тибқи моддаи 28 ҳамин Қонун) барои истифодаи ихтирои мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд. Дар аризаи даъвогӣ бояд шартҳои ба дорандаи патенти дуюм додани чунин иҷозатнома, аз ҷумла ҳаҷми истифодаи ихтироъ, андоза, тартиб ва мӯҳлати пардохтҳо нишон дода шаванд. Агар дорандаи патенти дуюм, ки ба чунин ихтирои вобаста ҳуқуқи истисноӣ дорад, исбот намояд, ки ихтирои ӯ дастоварди муҳими техникӣ буда, аз ихтирои дорандаи патенти якум афзалияти комили иқтисодӣ дорад, суд дар бораи додани иҷозатномаи маҷбурӣ қарор мебарорад. Ҳуқуқи истифодаи ихтироъ, ки тибқи чунин иҷозатнома ба даст оварда мешавад, ба истиснои ҳолати мусодираи патенти дуюм ба дигар шахс дода намешавад. Дар сурати додани иҷозатномаи маҷбурӣ тибқи қоидаҳои мазкур дорандаи патенти якум ҳуқуқ дорад бо шартҳои мутобиқаткунандаи амалияи муқарраргардида иҷозатномаи ғайриистисноиро ҷиҳати истифодаи ихтирои вобаста ба даст дарорад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 857).
Моддаи 27. Додани ҳуқуқ барои истифодаи ихтироъ
Ҳар кадом шахсе, ки дорандаи патент нест, ба истифодаи ихтирои бо ҳуҷҷати муҳофизатӣ ҳифзшуда танҳо бо иҷозати дорандаи патент, дар асоси шартнома оид ба додани иҷозатнома (литсензия) ҳуқуқ дорад.
Мувофиқи чунин шартнома дорандаи патент (иҷозатномадеҳ) ӯҳдадор мешавад, ки ҳуқуқро барои истифодаи ихтирои ҳифзшуда дар ҳаҷми дар шартнома пешбинишуда ба шахси дигар (иҷозатномагир), ки ӯ ӯҳдадории иҷро намудани ҳамаи амалҳои дар шартнома пешбинишударо ба зиммаи худ мегирад, диҳад.
Дар ҳолати пешниҳоди иҷозатномаи истисноӣ ҳуқуқи истисноии истифодаи ихтироъ дар ҳудуди дар шартнома зикршуда ба иҷозатномагир мегузарад. Ҳуқуқи истифодаи қисми ба иҷозатномагир доданашавандаи ихтироъ дар ҷониби иҷозатномадеҳ мемонад.
Иҷозатномадеҳ дар ҳолати иҷозатномаи ғайриистисноӣ ба иҷозатномагир ҳуқуқи истифодаи ихтироъро дода истода, ҳамаи ҳуқуқҳоеро, ки ҳуҷҷати муҳофизатӣ тасдиқ мекунад, аз ҷумла, ҳуқуқи ба шахсони сеюм додани иҷозатномаҳоро нигоҳ медорад.
Шартномаи оид ба додани иҷозатнома бояд ҳатман дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шавад ва бе чунин бақайдгирӣ беэътибор дониста мешавад.
Дорандаи патент метавонад ба Идораи патентӣ дар бораи ба ҳар кадом шахс дода шудани ҳуқуқ барои истифодаи ихтироъ (иҷозатномаи кушода) дархост диҳад. Дар ин ҳолат андозаи пардохт барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз соли баъди нашри маълумот оид ба мавҷудияти чунин дархост 50 фоиз кам карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956, аз 13.11.2023 № 1997).
Дар ҳолати бозхонди иҷозатномаи кушода аз тарафи дорандаи патент пардохт барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар давоми вақти амали иҷозатномаи кушода пардохта нашуда, минбаъд ин пардохт ба андозаи пуррааш пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1997).
Шахсе, ки хоҳиши гирифтани иҷозатномаи кушодаро дорад, бояд бо дорандаи патент дар бораи пардохтҳо шартнома бандад. Баҳсҳои марбут ба бастани чунин шартнома дар суд баррасӣ мешаванд.
Амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" барои додани чунин намуди иҷозатнома (литсензия) татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 857).
Моддаи 28. Иҷозатномаи маҷбурӣ
Дорандаи патент вазифадор аст, ки ихтироъро истифода барад. Ҳангоми дар давоми панҷ соли баъди рӯзи нашри маълумот оид ба додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз тарафи дорандаи патент истифода нашудан ва ё ба дараҷаи зарурӣ истифода нашудани ихтироъ, шахси ҳоҳиши истифодаи ихтироъро дошта ва ба ин омодабуда, дар ҳолати бо шартҳои мувофиқ ба амалияи муқарраргардида аз имзои шартнома оид ба додани иҷозатнома саркашӣ намудани дорандаи патент, метавонад ба суд бо аризаи даъвогӣ дар бораи ба вай додани иҷозатномаи маҷбурӣ барои истифодаи ихтирои мазкур муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 857).
Агар дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ исбот накунад, ки истифода набурдан ва ё ба дараҷаи зарурӣ истифода набурдани ихтироъ сабабҳои узрнок дорад, суд дар бораи додани иҷозатномаи маҷбурӣ қарор мебарорад.
Ҳангоми қабули қарор дар бораи додани иҷозатномаи маҷбурӣ суд бояд ҳудудҳои истифодаи ихтироеро, ки ҳуҷҷати муҳофизатии он ба шахси дигар тааллуқ дорад, дар ҳаҷме, ки барои истифодаи ихтирои патентнокшудаи шахси дигар (талабкунандаи иҷозатномаи маҷбурӣ) зарур аст, инчунин андоза, мӯҳлат ва тартиби пардохтҳоро муайян намояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати бехатарии миллӣ, ҳамчунин дар мавриди ҳолатҳои фавқулодда (офатҳои табиӣ, фалокатҳо, садамаҳои калон), ҳуқуқ дорад истифодаи ихтироъро иҷозат диҳад ва ба дорандаи патент ҷубронпулии муносибро пардозад. Дар ин ҳолат ҳаҷм ва давомнокии истифодаи ихтирои патентнокшуда бо мақсадҳое, ки маҳз барои расидан ба онҳо иҷозати истифодаи ихтироъ дода мешавад, маҳдуд мегардад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Иҷозатномаи маҷбурӣ иҷозатномаи ғайриистисноӣ буда, ба шахси дигар гузашт кардани он мумкин нест. Баҳсҳоеро, ки дар натиҷаи чунин истифодабарии ихтироъ ба миён меоянд, суд ҳал мекунад.
Иҷозатномаи маҷбурӣ бояд ҳатман дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шавад ва бе бақайдгирӣ беэътибор дониста мешавад.
Моддаи 29. Вайронкунии ҳуқуқи истисноӣ
Ҳар як шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқие, ки ихтироъро хилофи Қонуни мазкур истифода мебарад, вайронкунандаи ҳуқуқи истисноии дорандаи патент (вайронкунандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ) ҳисобида мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Дорандаи патент ҳуқуқ дорад талабҳои зеринро пеш гузорад:
- қатъ намудани вайронкунии ҳуҷҷати муҳофизатӣ;
- аз шахси ба вайронкунии ҳуҷҷати муҳофизатӣ айбдоршуда ситонидани ҷуброни зарарҳое, ки расонида шудаанд, аз ҷумла фоидаи аз даст додашуда ва ҷуброни зарари маънавӣ (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956);
- ба ҷои ҷуброни зарарҳо ситонидани даромади ба даст овардаи вайронкунандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ;
- ба фоидаи худ мусодира намудани маҳсулоти ба гардиши хоҷагӣ даровардашуда ва ё бо ин мақсад нигоҳдошташуда, ки вайронкунандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ҳисоб меравад, инчунин мусодираи воситаҳои барои вайрон кардани ҳуҷҷати муҳофизатӣ пешбинишуда;
- бо мақсади барқарор намудани обрӯи кории худ дар нашрияҳои расмии Идораи патентӣ нашр намудани қарори суд.
Ба вайронкунандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ дорандаи иҷозатномаи истисноӣ, агар дар шартнома оид ба додани иҷозатнома ҳолати дигаре пешбинӣ нашуда бошад ва ё дорандаи иҷозатномаи ғайриистисноӣ, агар ин дар шартнома пешбинӣ шуда бошад, низ даъво карда метавонад.
Моддаи 30. Амалҳое ки вайронкунии ҳуқуқи истисноӣ ҳисоб намешаванд
Амалҳои зерин вайронкунии ҳуқуқи истисноии дорандаи патент ҳисоб намешаванд:
- татбиқи василаҳои дарбаргирандаи ихтирооти бо патент ё бо нахустпатент ҳифзшуда дар таркиб ва ё ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёти рӯизаминӣ, ҳавоӣ ва обии мамлакатҳои дигар, ба шарте ки воситаҳои нақлиёти номбаршуда муваққатан ва ё тасодуфан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошанд ва барои эҳтиёҷоти нақлиёт истифода бурда шаванд ва агар ин воситаҳои нақлиёт ба шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқии мамлакатҳое тааллуқ дошта бошанд, ки онҳо низ ба соҳибони воситаҳои нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин гуна ҳуқуқҳоро медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568);
- гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва ё таҷриба дар воситаҳои ихтироъҳоро дарбаргиранда;
- истифода намудани воситаҳое, ки ихтироъҳоро дар бар мегиранд, ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои фавқулодда (офатҳои табиӣ, фалокатҳо, садамаҳои калон) бо шарти дар навбати аввал қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ, пардохти ҷуброни андозааш мувофиқ ва фавран огоҳ намудани дорандаи патент (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 857);
- истифода намудани воситаҳои ихтироотро дарбаргиранда бе ба даст овардани фоида;
- аз рӯи доруномаҳои табиб як маротиба тайёр намудани доруҳо дар дорухонаҳо;
- истифодаи воситаҳое, ки ихтирооти бо ҳуҷҷати муҳофизатӣ ҳифзшударо дар бар мегиранд, агар ин воситаҳо бо роҳи қонунӣ мувофиқи ҳуқуқҳои ба соҳибони патент додашуда ба гардиши ҳоҷагидорӣ дароварда шуда бошанд.
Амалҳое, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, набояд истифодаи мӯътадили патентро беасос халалдор сохта, манфиатҳои қонунии дорандаи патентро поймол кунанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 857).
Моддаи 31. Ҳуқуқи истифодаи пешина
Ҳар кадом шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки то санаи аввалияти ихтироъ новобаста ба муаллифи он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон айнан ҳамон ихтироъро офарида, истифода бурда бошад ва ё барои истифодаи он тайёриҳои зарурӣ дида бошад, ҳуқуқи минбаъд бе васеъ кардани ҳаҷми истеҳсолот ройгон истифода бурдани ихтироъро нигоҳ медорад (ҳуқуқи истифодаи пешин) (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Ҳуқуқи истифодаи пешин мумкин аст ба шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ танҳо якҷоя бо истеҳсолоте, ки дар он истифодаи ихтирои ҳаммонанд ҷой дошт ва ё тайёриҳои зарурӣ барои он дида шудаанд, дода шавад.
БОБИ 9. ҚАТЪ НАМУДАНИ АМАЛИ ҲУҶҶАТИ МУҲОФИЗАТӢ
Моддаи 32. Мавриди баҳс қарор додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ
Ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар тамоми муддати амалаш аз ҷониби ҳар кадом шахс дар ҳолатҳои зерин метавонад мавриди баҳс қарор дода ва ё пурра ё қисман беэътибор дониста шавад:
- ошкор кардани номувофиқатии ихтироъ ба шартҳои патентпазирии дар моддаи 6 ҳамин Қонун муқарраргардида;
- дар формулаи ихтироъ мавҷуд будани аломатҳое, ки дар маводҳои нахустини ариза набуданд;
- дар ҳуҷҷати муҳофизатӣ нодуруст нишон дода шудани муаллиф(он) ва ё доранда(гон)-и патент.
Эътирози зидди додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ тибқи асосҳои дар сархатҳои якум ва дуюми қисми якуми ҳамин модда зикршуда ба Шӯрои шикоятӣ дода мешавад ва бояд дар давоми шаш моҳи баъди санаи ворид гардидани он баррасӣ шавад. Дар ин сурат дорандаи патент бояд бо эътироз шинос карда шавад. Дар ҳолати норозӣ будан бо қарори Шӯрои шикоятӣ оид ба эътирозе, ки дар асоси он ҳуҷҷати муҳофизатӣ мавриди баҳс қарор дода мешавад, ҳар кадом аз тарафҳо метавонад дар муддати шаш моҳи баъди санаи қабул карда шудани қарор ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 33. Пеш аз мӯҳлат қатъ намудани амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ
Амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар ҳолатҳои зерин пеш аз мӯҳлат қатъ карда мешавад:
- ҳангоми ҳуҷҷати муҳофизатиро мувофиқи моддаи 31 ҳамин Қонун пурра беэътибор донистан;
- дар асоси аризаи ба Идораи патентӣ додаи дорандаи патент;
- ҳангоми дар муддати муқарраршуда насупоридани пардохти нигаҳдории эътибори ҳуҷҷати муҳофизатӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1997).
Идораи патентӣ дар хабарномаи расмӣ маълумотро дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ нашр менамояд.
Моддаи 34. Барқарор кардани амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ. Ҳуқуқи истифодаи баъдӣ
Амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ, ки аз рӯи асоси дар сархати сеюми қисми якуми моддаи 33 ҳамин Қонун зикршуда қатъ гардидааст, аз рӯи дархости дорандаи патент дар давоми се соли баъди санаи ба охир расидани мӯҳлати пардохти нигаҳдории эътибори ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрнок ва пешниҳод кардани ҳуҷҷат дар бораи пардохти барқароркунии амали патент мумкин аст барқарор карда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 857, аз 13.11.2023 № 1997).
Идораи патентӣ дар хабарномаи расмӣ маълумотро оид ба барқарор карда шудани амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ нашр мекунад.
Ҳар кадом шахсе, ки дар давраи байни санаи қатъ гардидан ва санаи барқарор карда шудани амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи ихтирои ҳифзшаванда cap кардааст ва ё барои он тайёрии зарурӣ дидааст, ҳуқуқи минбаъд бе васеъ кардани ҳаҷм (ҳуқуқи истифодаи баъдӣ) ройгон истифода намудани онро нигоҳ медорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Ҳуқуқи истифодаи баъдӣ мумкин аст ба шахси дигар танҳо якҷоя бо истеҳсолоте, ки дар он истифодаи ихтироъ ҷой дошт ва ё барои он тайёрии зарурӣ дида шуда буд, дода шавад.
БОБИ 10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 35. Ҳуқуқҳо ва имтиёзҳои иловагии муаллифон
Муаллиф дар рафти баррасии ариза то дар Феҳристи давлатии ихтироъҳо ба қайд гирифта шудани он ҳуқуқи ба ихтироъ додани номи худ ва ё номи махсусро дорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1568).
Муаллиф ҳуқуқ дорад дар асоси шартнома дар кори ба истифодабарӣ омодасозии ихтироъ иштирок намояд.
Муаллифони ихтирооти муҳимтарину нодир ва васеъ истифодашаванда мумкин аст ба гирифтани унвони фахрии "Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон" пешбарӣ шаванд.
Моддаи 36. Ҳавасмандкунии давлатии офаридан ва истифодаи ихтироот
Масъалаҳои ҳавасмандкунии офаридан ва истифодаи ихтироот бо тартиб ва шартҳое ҳал карда мешаванд, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 37. Баррасии баҳсҳо
Баҳсҳои марбут ба вайрон карда шудани ҳифзи ҳуқуқии ихтироотро Шӯрои шикоятӣ дар доираи салоҳияти худ баррасӣ менамояд.
Ҳар кадоме аз тарафҳо ҳангоми бо қарори Шӯрои шикоятӣ розӣ набудан ҳуқуқ дорад, ки ба суд муроҷиат кунад.
Дар ҳолати дар масъалаҳои татбиқи муқаррароти ҳамин Қонун ба миён омадани баҳс бо хоҳиши ҳар кадом аз тарафҳои дар баҳс иштироккунанда Шӯрои шикоятӣ барои танзим намудани баҳсҳо ҳамчун миёнарав баромад мекунад.
Судҳо мувофиқи салоҳияташон баҳсҳои зеринро баррасӣ менамоянд:
- дар бораи муаллифӣ ба ихтироъ;
- дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ;
- дар бораи муқаррар намудани дорандаи патент;
- дар бораи додани иҷозатномаи маҷбурӣ;
- дар бораи вайрон карда шудани ҳуқуқи истисноии истифодаи ихтироъ ва ҳуқуқҳои дигари молумулкии дорандаи патент;
- дар бораи бастан ва ба иҷро расонидани шартномаҳо оид ба додани ҳуқуқи истифодаи ихтироот;
- дар бораи ҳуқуқи истифодаи пешин ва баъдӣ;
- дар бораи мувофиқи шартнома ба муаллиф мукофотпулӣ додани корфармо, ки онро моддаи 10 ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст;
- баҳсҳои дигаре, ки бо ҳифзи ҳуқуқҳо алоқамандӣ доранд.
Моддаи 38. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ҳуқуқҳои муаллифон
Аз худ намудани муаллифӣ, барои ҳаммуаллиф шудан маҷбур кардан, ғайриқонунӣ паҳн намудани маълумот дар бораи ихтироъ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Моддаи 39. Пардохтҳо
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1997)
Барои пешниҳоди ариза дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, барои нигоҳ доштани эътибори он, барои дароз кардан ва барқарор намудани мӯҳлатҳои гузаронидашуда, инчунин барои иҷрои дигар амалҳои аҳамияти ҳуқуқӣ дошта, ки бо нахустпатентҳо ва патентҳо барои ихтироъ алоқаманданд, пардохт ситонида мешаванд. Номгӯи пурраи амалҳое, ки барои иҷрояшон пардохт ситонида мешаванд, андоза ва мӯҳлатҳои пардохти онҳо, инчунин асосҳо барои озод намудан аз пардохт, кам кардани андоза ва ё бозгардондани пардохт тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956, аз 13.11.2023 № 1997).
Барои гузаронидани экспертиза, барои ба маводҳои ариза ба ихтироъ дохил намудани ислоҳот ва тасҳеҳ, барои нашри маълумот дар бораи аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои муҳофизатии додашуда, барои дар Шӯрои шикоятӣ баррасӣ кардани эътирозҳо, ҳамчунин барои иҷро намудани амалҳои дигари аҳамияти ҳуқуқӣ доштаи марбут бо экспертизаи ариза аз тарафи Идораи патентӣ пардохт ситонида мешаванд. Номгӯи пурраи амалҳое, ки барои иҷрояшон пардохт ситонида мешаванд, тартиб, андоза ва мӯҳлати пардохти онҳо, ҳамчунин шартҳои баргардонидани пардохтро Идораи патентӣ муайян менамояд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956, аз 13.11.2023 № 1997).
Пардохтро аризадиҳанда, дорандаи патент ва ё бо розигии онҳо ҳар кадом шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ супорида метавонанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1997).
Моддаи 40. Дар мамлакатҳои хориҷӣ патентдор кардани ихтироот
Дар мамлакатҳои хориҷӣ патентдор кардани ихтирооти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон офаридашуда аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди се моҳ аз санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани ариза барои он ихтироъ ба амал бароварда мешавад. Дар ин ҳол аризадиҳанда бояд дар бораи нияти дар мамлакатҳои хориҷӣ патентдор кардани ихтироъ хабар диҳад.
Дар ҳолатҳои зарурӣ Идораи патентӣ метавонад пештар аз мӯҳлати зикргардида ба патентдор намудани ихтироъ дар мамлакатҳои хориҷӣ иҷозат диҳад, вале ин амал танҳо баъди ба охир расидани экспертизае, ки бо мақсади муайян намудани мавҷудияти маълумоти сирри давлатиро дарбаргиранда дар ариза барои ихтироот гузаронида мешавад, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 956).
Моддаи 41. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе 
28 феврали соли 2004 № 17
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАМУНАҲОИ САНОАТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 10:29
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
16
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.02.2004

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ НАМУНАҲОИ САНОАТӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2004, №2, мод. 48; 2012 с., №7, мод. 706; с. 2015, №12, қ. 1, мод. 1116; с. 2016, №11, мод. 887. Қонунҳои ҶТ аз 03.07.12 с., № 856; аз 25.12.15 с., № 1270; аз 14.11.16 с., № 1371; аз 02.01.2019 с.,№ 1583)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои молумулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии ба онҳо алоқамандро, ки бинобар офариниш, ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии намунаҳои саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Конвенсияи Париж – Конвенсияи Париж оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ аз 20 марти соли 1883 бо тағйиру иловаҳои минбаъда;    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

– схемаи эргономӣ – схемае ки таносуби андозаҳои объекти намунаи саноатиро дар системаи «инсон - мошин» инъикос мекунад; 

– харитаи конфексионӣ – намунаи матоъҳои бофтаю трикотажӣ, чарм, маводи ороишӣ ва ғайра, ки барои тайёр намудани маҳсулот тавсия карда мешаванд (дар сурати пешниҳоди ариза оид ба намунаи саноатие, ки ба саноати сабук дахл дорад, тартиб дода мешавад);    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

– хабарномаи расмӣ –  нашрияи расмии даврии мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ;    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

– шартҳои патентпазирӣ – шартҳои бо Қонуни мазкур муқарраршудаи додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба намунаи саноатӣ.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи намунаҳои саноатӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи намунаҳои саноатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат аст.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

 

Моддаи 3. Мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ

 

Мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ (минбаъд – Идораи патентӣ) амалигардонии сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ, аз ҷумла  намунаҳои саноатӣ, таъмин мекунад, аризаҳоро оид ба гирифтани патент барои намунаи саноатӣ қабул мекунад, аз рўи онҳо экспертиза мегузаронад, бақайдгирии давлатӣ ва нашри расмии маълумотро дар бораи намунаҳои саноатӣ ба амал мебарорад, патентҳоро барои намунаҳои саноатӣ медиҳад, ҳамчунин вазифаҳои дигари ба зиммааш гузошташударо иҷро мекунад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Дар назди Идораи патентӣ Шўрои шикоятӣ амал мекунад, ки он мақоми ҳатмии аввалини маъмурӣ буда, масъалаҳои баҳсталаби марбут ба  ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатиро ҳал менамояд. Шўрои шикоятӣ ваколатҳои худро дар асоси қонунгузории ҷорӣ ва Низомномаи Шўрои шикоятӣ, ки онро роҳбари Идораи патентӣ тасдиқ мекунад, ба амал мебарорад.

 

Моддаи 4. Намояндагӣ

 

Шахсони воқеӣ, ки ба таври доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ё намояндагони онҳо  корро бо Идораи патентӣ ба воситаи намояндагони патентии дар Идораи патентӣ бақайдгирифташуда ва ваколаташон бо ваколатномаи тасдиқшуда пеш мебаранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

Ба сифати намояндаи патентӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад ва дараҷаи тахассусиаш ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯй аст, фаъолият карда метавонад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270; аз 02.01.2019 с.,№ 1583)

Талаботро нисбати дараҷаи тахассуси намояндагони патентӣ, тартиби аттестатсия ва бақайдгирии онҳоро дар Феҳристи давлатии намояндагони патентӣ Идораи патентӣ муқаррар мекунад.

 

БОБИ 2.

НАМУНАИ САНОАТӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ ОН

 

Моддаи 5. Шартҳои патентпазирии намунаи саноатӣ

 

Мувофиқи ҳамин Қонун ба сифати намунаи саноатӣ тарҳи бадеию конструктории маҳсулот, ки намуди зоҳирии онро муайян менамояд, ҳифз карда мешавад. Зимнан дар зери мафҳуми маҳсулот ашёҳои (предметҳои) истеҳсолоти саноатӣ ва косибӣ дар назар дошта мешаванд.  

Агар намунаи саноатӣ нав ва аслӣ (оригиналӣ)  бошад, ба он ҳифзи ҳуқуқӣ дода мешавад.

Намунаи саноатӣ нав ҳисобида мешавад, агар маҷмўи аломатҳои асосии дар тасвирҳои маҳсулот ифодаёфта аз маълумоте, ки то санаи аввалияти намунаи саноатӣ дар ҷаҳон дастраси умум гардидаанд, маълум  набошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

Ҳангоми муқаррар кардани навии намунаи саноатӣ, инчунин ҳамаи намунаҳои саноатии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон патентноккардашуда, аризаҳо ба намунаҳои саноатие, ки барои гирифтани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони дигар пешниҳод карда шудаанд (ғайр аз аризаҳои бозхондашуда),  ба ҳисоб гирифта мешаванд, ба шарте ки аввалияти  онҳо пештар бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

Намунаи саноатӣ ҳамон вақт оригиналӣ ҳисоб карда мешавад, ки агар аломатҳои асосии он ҷиҳатҳои эҷодкоронаи хусусиятҳои завқии (эстетикии) маҳсулотро муайян намоянд.

Аломатҳое, ки хусусиятҳои эстетикӣ ва (ё) эргономии намуди зоҳирии маҳсулот, тарҳу шакли он, нақшу нигор ва таносуби рангҳоро муайян мекунанд, ба аломатҳои асосии намунаи саноатӣ дохил мешаванд.

Патентпазирии намунаи саноатиро ошкор гардонидани маълумоте, ки дар натиҷаи он моҳияти намунаи саноатӣ дастраси умум гардидааст, коҳиш намедиҳад, агар ин амал аз ҷониби аризадиҳанда, муаллиф ё шахси дигаре, ки аз онҳо мустақиман ё ба тариқи ғайримустақим маълумоти ба намунаи саноатӣ дахлдорро ба даст овардааст, иҷро шуда бошад ва агар ариза барои намунаи саноатӣ на дертар аз  шаш моҳи баъди санаи ошкор шудани ин маълумот ба Идораи патентӣ пешниҳод шуда бошад. Зимнан вазифаи исбот кардани ин ҳолат бар зиммаи аризадиҳанда гузошта мешавад.

Тарҳҳои зерин намунаҳои саноатии патентпазир ҳисоб карда намешаванд:

- тарҳҳое ки танҳо аз таъиноти техникии маҳсул бармеоянд;

- тарҳи объектҳои меъморӣ (ғайр аз шаклҳои хурди меъморӣ), иншооти саноатӣ, гидротехникӣ ва иншооти дигари собит;

- маҳсулоти чопӣ дар навъи худаш;

- тарҳи объектҳои шаклашон ноустувори аз моддаҳои моеъ, газмонанд, пошхўранда ва амсоли онҳо сохташуда;

- тарҳи маҳсулоте ки хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои инсондўстӣ ва ахлоқ мебошад.

 

Моддаи 6. Ҳифзи ҳуқуқии намунаи саноатӣ

 

Ҳуқуқ ба намунаи саноатӣ аз ҷониби давлат ҳифз карда шуда, бо патент тасдиқ карда мешавад.

Патент барои намунаи саноатӣ (минбаъд – патент) аввалияти намунаи саноатӣ, муаллифӣ ба он ва ҳуқуқи истисноии  истифодаи намунаи саноатиро тасдиқ мекунад.

Ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқие, ки онро патент медиҳад, аз рўи маҷмўи аломатҳои асосии  намунаи саноатӣ, ки дар тасвирҳои он (макет, сурат) ифода ёфтаанд, муайян карда мешавад. Тавсифи намунаи саноатӣ танҳо ба мақсади маънидод кардани аломатҳо хизмат мекунад.

Патент аз санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани ариза барои гирифтани патент дар муддати панҷ сол амал мекунад. Мўҳлати амали патент бо дархости дорандаи патент аз ҷониби Идораи патентӣ ду маротиба ба муддати панҷсолӣ дароз карда мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

Аз рӯи дархости дорандаи патент дар сурати супоридани пардохти ҳатмии дахлдор ба ӯ барои тамдид кардани мӯҳлати амали патент мӯҳлати шашмоҳаи иловагӣ пас аз анҷоми мӯҳлати амали патент дода мешавад. (ҚҶТ аз 03.07.12 с., № 856)

 

Боби 3.

Субъектҳои ҳуқуқ БА НАМУНАИ САНОАТӢ

 

Моддаи 7. Муаллифи намунаи саноатӣ

 

Шахси воқеие, ки бо меҳнати эҷодии вай намунаи саноатӣ офарида шудааст, муаллифи намунаи саноатӣ ҳисобида мешавад.

Агар дар офаридани намунаи саноатӣ якчанд шахси воқеӣ иштирок карда бошад, пас  ҳамаи онҳо муаллифони намунаи саноатӣ ҳисобида мешаванд. Тартиби истифодаи ҳуқуқҳои ба муаллифон тааллуқдоштаро созишномаи байни онҳо муайян мекунад.

Шахсоне, ки дар офаридани намунаи саноатӣ ҳиссаи шахсии эҷодӣ нагузошта, ба муаллиф(он) танҳо ёрии техникӣ, ташкилӣ ва моддӣ расонидаанд ё ин ки танҳо барои ба расмият даровардани ҳуқуқ ба намунаи саноатӣ ва истифодаи он мусоидат намудаанд, муаллифони намунаи саноатӣ ҳисоб намешаванд.

Ҳуқуқи муаллифӣ ҳуқуқи шахсии мусодиранашаванда буда, бе мўҳлат ҳифз карда мешавад.

 

Моддаи 8. Аризадиҳанда

 

Ҳуқуқи пешниҳоди аризаро оид ба додани патент барои намунаи саноатӣ инҳо доранд:

- муаллиф(он)-и намунаи саноатӣ;

- корфармо, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми дуюми моддаи 9  Қонуни мазкур;

- ворис(он)-и ҳуқуқии муаллиф(он) ва ё корфармо.

 

Моддаи 9. Дорандаи патент

 

Патент  ба шахсе, ки ўро аризадиҳанда дар ариза оид ба додани патент зикр намудааст ва ё ба шахсе, ки ҳуқуқи дахлдорро бо тартиби гузашткунӣ ба даст овардааст, дода мешавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Ҳуқуқи гирифтани патент барои намунаи саноатие, ки онро корманд вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиаш ё супориши мушаххаси аз корфармо гирифтааш офаридааст, ба корфармо тааллуқ дорад, агар шартномаи байни онҳо ҳолати дигареро муайян накарда бошад.

Агар корфармо дар давоми чор моҳи баъди санаи аз ҷониби муаллиф дар бораи офаридани намунаи саноатӣ хабардор карда шуданаш ба Идораи патентӣ ариза надиҳад, ҳуқуқи пешниҳоди аризаро ба шахси дигар вогузор накунад ва ё муаллифро дар бораи махфӣ нигоҳ доштани намунаи саноатӣ огоҳ нанамояд, пас ҳуқуқи пешниҳоди ариза ва гирифтани патент ба муаллиф мегузарад. Корфармо дар ин ҳолат ҳуқуқ дорад ба дорандаи патент  ҷуброни дар асоси шартнома муайяншударо пардохта, намунаи саноатиро дар истеҳсолоти худ истифода барад.

Ҳуқуқи гирифтани патент барои намунаи саноатие, ки корманд таҷриба, воситаҳои моддӣ, техникӣ ва дигар воситаҳои корфарморо истифода бурда, лекин на дар алоқамандӣ бо иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё супориши муайяни корфармо офаридааст, ба корманд тааллуқ дорад, агар шартномаи байни онҳо ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад. Корфармо дар ин ҳолат ҳуқуқ дорад ба дорандаи патент  ҷуброни дар асоси шартнома муайяншударо пардохта, намунаи саноатиро дар истеҳсолоти худ истифода барад.

 

Моддаи 10. Ҳуқуқи муаллифи намунаи саноатие, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ

                       офарида шудааст

 

Корманде, ки дар қисми дуюми моддаи 9 зикр шудааст, дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ дорад аз корфармо мутаносибан ба фоидаи бадастовардаи корфармо ва ё фоидае, ки корфармо метавонист аз намунаи саноатӣ ба таври лозимӣ истифода бурда, ба даст дарорад, подош гирад:

- патент гирифтани корфармо;

- ҳуқуқи гирифтани патентро ба шахси дигар вогузор кардани корфармо;

- аз ҷониби корфармо қабул намудани қарор дар бораи махфӣ нигоҳ доштани намунаи саноатӣ;

- бо сабабҳои аз корфармо вобаста нагирифтани патент аз рўи аризаи аз ҷониби корфармо пешниҳодшуда.

Андозаи подош ва шартҳои пардохти он дар асоси шартномаи байни муаллиф ва корфармо муайян карда мешавад.

 

БОБИ 4.

АРИЗА ДАР БОРАИ ДОДАНИ ПАТЕНТ

 

Моддаи 11. Пешниҳоди ариза

 

Аризаро дар бораи додани патент (минбаъд–ариза) аризадиҳанда ба Идораи патентӣ пешниҳод мекунад.

Ариза ба воситаи намояндаи аризадиҳанда ва ё намояндаи патентие, ки дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шудааст, пешниҳод шуда метавонад.

Ариза бояд ба як намунаи саноатӣ дахл дошта бошад ва метавонад вариантҳои ин намунаро дар бар гирад (талаботи ягонагии намунаи саноатӣ).

Ариза  бояд ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар гирад:

- дархост (ба забони давлатӣ) дар бораи додани патент бо нишон додани номи намунаи саноатӣ, муаллиф(он)и намунаи саноатӣ ва шахс(он)е, ки ба номи ў (онҳо) патент дархост карда мешавад, инчунин ҷои истиқомат ва ё маҳалли ҷойгиршавии онҳо (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583);

- маҷмўи тасвирҳо ки дар бораи намуди зоҳирии маҳсулот тасаввуроти пурраю мукаммал медиҳанд;

- тавсифи намунаи саноатӣ;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

- нақшаи намуди умумии маҳсулот, схемаи эргономӣ, харитаи конфексионӣ, агар онҳо барои ошкор намудани моҳияти намунаи саноатӣ зарур бошанд.

Ба ариза  ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷ барои пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи асосҳо барои насупурдани боҷ ё кам кардани андозаи он илова карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои мазкурро якҷоя бо ариза ва ё  дар муддати се моҳи баъд аз санаи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ супоридан мумкин аст.

Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза барои додани патент ба намунаи саноатиро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

 

Моддаи 12. Санаи пешниҳоди ариза

 

Санаи пешниҳоди ариза  аз рўи санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани маҷмўи  ҳуҷҷатҳое, ки дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми  қисми чоруми моддаи 11 ҳамин Қонун номбар шудаанд, муқаррар карда мешавад.   (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

(Кисми 2 хорич шуд бо ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

Дар ҳолати вайрон намудани талаботи моддаи 11 ин Қонун ариза пешниҳоднашуда ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 13. Бо ташаббуси аризадиҳанда ислоҳ намудани ҳуҷҷатҳои ариза 

 

Аризадиҳанда дар давоми се моҳи баъди санаи пешниҳоди ариза ҳуқуқ дорад, ки бе тағйир додани моҳияти намунаи саноатии арзшуда ба маводҳои он ислоҳу тасҳеҳ дохил намояд.

Ислоҳот ва тасҳеҳотро дар сурати пардохтани боҷи дахлдор баъди гузаштани мўҳлати семоҳа, лекин на дертар аз баровардани қарор аз рўи натиҷаҳои экспертизаи моҳиятӣ, низ дохил кардан мумкин аст.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 14. Бозхондани ариза

 

Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад, ки аризаро  то санаи бақайдгирии намунаи саноатӣ дар Феҳристи давлатии намунаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонад.   (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 15. Махфӣ будани коргузорӣ аз рўи ариза

 

Идораи патентӣ дар доираи коргузорӣ аз рўи ариза то нашр шудани маълумот дар бораи патент барои намунаи саноатӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар ин бора хоҳиш ва ё иҷозати аризадиҳанда  бошад, ба ҳеҷ кадом шахс иҷозати дастрас намудани аризаро намедиҳад. Ҳар як амале, аз ҷумла хабари шахсӣ, ки дар натиҷаи он шахсони сеюм метавонанд дар бораи ариза маълумот гиранд, дастрас намудани ариза ба ҳисоб меравад.

 

БОБИ 5.

АВВАЛИЯТИ НАМУНАИ САНОАТӢ

 

Моддаи 16. Шартҳои муқаррар намудани аввалият

 

Аввалияти намунаи саноатӣ аз рўи санаи пешниҳоди ариза, ки мувофиқи моддаи 12  Қонуни мазкур муайян мегардад, муқаррар карда мешавад.

Аввалият аз рўи санаи воридшавии маводҳои иловагӣ низ муқаррар шуданаш мумкин аст, агар ин маводҳоро аризадиҳанда то гузаштани мўҳлати семоҳа аз санаи гирифтани огоҳиномаи Идораи патентӣ дар бораи имконнопазирии баэътиборгирии маводҳои иловагӣ, бинобар моҳияти намунаи саноатии арзшударо тағйирдиҳанда дониста шуданашон, ба сифати аризаи мустақил пешниҳод карда бошад.

Аввалият аз рўи санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани аризаи қаблии худи ҳамин аризадиҳанда, ки дар он намунаи саноатии пешниҳодшаванда маънидод шудааст,  муқаррар карда шуданаш мумкин аст, агар аризае, ки аз рўи он ин гуна аввалият дархост мешавад, на дертар аз шаш моҳи баъди санаи пешниҳоди аризаи қаблӣ ворид шуда бошад. Дар ин ҳол аризаи қаблӣ бозхондашуда ҳисобида мешавад.

Аввалият дар асоси якчанд аризаи қаблӣ, ки барои ҳар кадоми онҳо  шартҳои дар қисми сеюми ҳамин модда овардашуда риоя мегарданд, метавонад  муқаррар шавад.

Муқаррар намудани аввалият аз рўи санаи пешниҳоди аризае, ки аз рўи он  аллакай мувофиқи қисмҳои сеюм ва чоруми ин модда аввалияти пештар дархост шудааст,  мумкин нест.

Аввалияти намунаи саноатӣ аз рўи аризаи ҷудокардашуда аз рўи санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани аризаи нахустини ошкоркунандаи намунаи саноатии ҳамон як аризадиҳанда муқаррар карда мешавад, агар аризаи ҷудокардашуда то аз рўи аризаи нахустин қабул шудани қарор дар бораи надодани патент, ки имконияти шикоят аз болои он аз даст рафтааст, ворид шуда бошад ва дар ҳолати гирифтани қарор оид ба додани патент аз рўи аризаи зикршуда, агар  аризаи ҷудокардашуда то санаи дар Феҳристи давлатии намунаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудани намунаи саноатӣ ворид шуда бошад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Агар дар рафти экспертиза муқаррар карда шавад, ки намунаҳои саноатии ҳаммонанд  санаи аввалияти якхела доранд, пас патент аз рўи аризае, ки ба Идораи патентӣ пештар фиристода шудани он исбот карда шудааст, дода мешавад. Ҳангоми мувофиқ омадани ин санаҳо  (агар созишномаи байни аризадиҳандагон ҳолати дигареро дар назар надошта бошад), патент аз рўи аризае дода мешавад, ки он рақами бақайдгирии пештар додашудаи  Идораи патентиро дорад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 17. Аввалияти конвенсионӣ

    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Аввалият аз рўи санаи дар давлати иштирокчии Конвенсияи Париж пешниҳод шудани аризаи якум барои намунаи саноатӣ муқаррар шуданаш мумкин аст (аввалияти конвенсионӣ) , агар ариза оид ба ҳамин намунаи саноатӣ  ба Идораи патентӣ дар давоми шаш моҳ аз санаи  зикршуда ворид шуда бошад. Агар бо сабабҳои аз аризадиҳанда новобаста ариза бо дархости аввалияти конвенсионӣ дар мўҳлати зикршуда пешниҳод нашуда бошад, ин мўҳлат бо дархости аризадиҳанда ба муддати на зиёда аз ду моҳ дароз карда шуданаш мумкин аст.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Аризадиҳандае, ки хоҳиши истифода намудани ҳуқуқи аввалияти конвенсиониро дорад, бояд ин хоҳишашро ҳангоми пешниҳоди ариза ва ё дар давоми ду моҳи баъди санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани ариза изҳор намояд ва нусхаи аризаи якумро илова кунад ва ё онро на дертар аз се моҳи баъди санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод кардани ариза ба Идораи патентӣ фиристонад.

Аввалияти намунаи саноатӣ аз рўи санаи дар намоишгоҳи расмӣ ва ё расман шинохташудаи байналмилалӣ гузошта шудани намунаи саноатӣ муқаррар карда шуданаш мумкин аст, агар аризае, ки аввалият аз рўи он дархост карда мешавад, ба Идораи патентӣ дар давоми шаш моҳи баъди санаи дар намоишгоҳ ҷойгиронидани намунаи саноатӣ ворид шуда бошад.

 

БОБИ 6.

ЭКСПЕРТИЗАИ АРИЗА ВА ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ

(ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 18. Экспертизаи расмии ариза

                    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Идораи патентӣ баъди гузаштани се моҳ аз санаи пешниҳоди ариза  аз рўи он экспертизаи расмӣ мегузаронад. Мувофиқи дархости хаттии аризадиҳанда  экспертизаи расмӣ то гузаштани мўҳлати зикршуда оғоз шуда метавонад. Дар ин ҳолат аризадиҳанда аз лаҳзаи пешниҳод кардани дархост аз ҳуқуқи бе пардохти боҷ бо ташаббуси худ ислоҳ ва саҳеҳ кардани ҳуҷҷатҳои ариза, ки моддаи 13  ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, маҳрум мешавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Дар рафти гузаронидани экспертизаи расмии ариза мувофиқи моддаи 11  Қонуни мазкур мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва риояи талаботи нисбати онҳо муқарраршуда тафтиш карда шуда, масъала дар бораи он ки тарҳи бадеию конструктории арзшуда ба намунаҳои саноатии ба онҳо мувофиқи моддаи 5 ҳамин Қонун ҳифзи ҳуқуқӣ додашаванда дахл дорад ё не, баррасӣ мешавад.

Агар аризадиҳанда мувофиқи моддаи 13 ҳамин Қонун аз рўи ариза маводи иловагӣ пешниҳод намояд, дар рафти экспертиза моҳияти намунаи саноатии арзшударо тағйир надодани онҳо тафтиш карда мешавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Маводи иловагӣ моҳияти намунаи саноатии арзшударо тағйир медиҳанд, агар онҳо аломатҳои дар маводҳои ибтидоии ариза мавҷуд набударо дар бар гиранд. Маводи иловагӣ дар қисми тағйирдиҳандаи моҳияти намунаи саноатии арзшуда ҳангоми баррасии ариза ба эътибор гирифта намешаванд ва метавонанд аз ҷониби аризадиҳанда ба сифати аризаи мустақил ба расмият дароварда шаванд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371; аз 02.01.2019 с.,№ 1583)

Агар ариза бо риояи ҳамаи талаботи муқарраршуда пешниҳод шуда бошад, аризадиҳанда дар бораи натиҷаи мусбии экспертизаи расмӣ хабардор карда мешавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Аз рўи аризае, ки бо вайрон намудани талабот ба ҳуҷҷатҳои он тартиб дода шудааст, ба аризадиҳанда дархост фиристода мешавад, ки дар муддати се моҳи баъди гирифтани дархост ҳуҷҷатҳои ислоҳшуда ё набударо пешниҳод кунад. Агар аризадиҳанда дар мўҳлати зикргардида маводи дархостшуда ва ё дархостро дар бораи дароз кардани мўҳлати муқарраршуда пешниҳод накунад, ариза бозхондашуда ҳисоб  мегардад.

Аз рўи аризаи бо вайрон намудани талаботи ягонагии намунаи саноатӣ пешниҳодшуда ба аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад, ки дар давоми се моҳи баъди санаи гирифтани огоҳиномаи дахлдор хабар диҳад, ки кадоме аз таклифҳо бояд баррасӣ шаванд ва дар ҳолати зарурӣ ба ҳуҷҷатҳои ариза тасҳеҳ дарорад. Барои намунаҳои саноатии дигари, ба маводи аризаи нахустин дохилшуда, аризадиҳанда ҳуқуқи ба расмият даровардани аризаҳои ҷудо кардашударо дорад.

Агар аризадиҳанда дар давоми се моҳи баъди гирифтани огоҳинома оид ба вайрон шудани талаботи ягонагии намунаи саноатӣ дар бораи он ки кадоме аз тарҳҳои бадеию конструкторӣ бояд баррасӣ шаванд, хабар надиҳад ва ҳуҷҷатҳои тасҳеҳшударо пешниҳод накунад, баррасии тарҳи бадеию конструктории якуме, ки дар ариза нишон дода шудааст, ҳамчунин вариантҳои он, агар ин гуна вариантҳо бошанд, гузаронида мешавад.

Аризадиҳанда ҳангоми бо қарори экспертиза норозӣ буданаш ҳуқуқ дорад, ки дар муддати чор моҳи баъди санаи баровардани қарор ба Шўрои шикоятӣ эътироз пешниҳод намояд. Эътироз бояд дар давоми шаш моҳ баррасӣ шавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 19. Экспертизаи моҳиятии ариза

                         (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Экспертизаи моҳиятии ариза дар натиҷаи мусбат анҷом ёфтани экспертизаи расмӣ пас аз пардохти корбарии дахлдор гузаронида мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

(Қисми 2 хориҷ шуд бо ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

Дар рафти экспертизаи моҳиятии ариза аввалияти намунаи саноатӣ муқаррар карда шуда, шартҳои патентпазирии намунаи саноатӣ мувофиқи моддаи 5  Қонуни мазкур тафтиш карда мешаванд.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Идораи патентӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза ҳуқуқ дорад аз аризадиҳанда маводи иловагӣ дархост намояд. Маводҳои иловагие, ки маҷмўи аломатҳои асосии намунаи саноатиро тағйир медиҳанд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд. Онҳо метавонанд аз ҷониби аризадиҳанда ҳамчун аризаи мустақил, ки аввалияташ аз санаи воридшавии маводи иловагӣ муқаррар мегардад, пешниҳод шаванд.

Агар Идораи патентӣ дар натиҷаи гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза  муқаррар намояд, ки намунаи саноатии арзшуда дар ҳаҷми аз ҷониби аризадиҳанда дархостшудаи ҳифзи ҳуқуқӣ ба шартҳои патентпазирии намунаи саноатӣ, ки моддаи 5 Қонуни мазкур муайян намудааанд, мувофиқат мекунад, дар бораи додани патент қарор мебарорад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Агар муқаррар карда шавад, ки намунаи саноатии арзшуда дар ҳаҷми дархостшудаи ҳифзи ҳуқуқӣ ба шартҳои патентпазирӣ мувофиқат намекунад, дар бораи рад шудани додани патент қарор бароварда мешавад.

Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад бо маводҳои дар дархости экспертиза, дар қарори экспертизава ё дар ҳисобот оид ба ҷустуҷў нишондодашуда шинос гардад. Нусхаҳои маводҳои патентии дархостшударо Идораи патентӣ дар давоми ду моҳ, аз рўзи гирифтани дархост ба аризадиҳанда, мефиристад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Ҳангоми норозӣ будан бо қарор дар бораи радди додани патент аризадиҳанда ҳуқуқ дорад, ки дар давоми чор моҳи баъди санаи фиристонидани қарор ба Шўрои шикоятӣ эътирози дахлдорро пешниҳод намояд. Шўрои шикоятӣ эътирозро бояд дар муддати шаш моҳ аз рўзи ворид шудани он дида барояд.

Агар аризадиҳанда бо қарори Шўрои шикоятӣ розӣ набошад, метавонад дар муддати шаш моҳ аз рўзи гирифтани қарор ба суд муроҷиат намояд.

Мўҳлатҳои пешниҳодкунии маводҳоро аз рўи дархости экспертиза ва пешниҳод кардани эътирозро ба Шўрои шикоятӣ, ки аризадиҳанда  гузаронидааст, Идораи патентӣ метавонад аз рўи дархости пешниҳоднамудаи аризадиҳанда, ки на дертар аз дувоздаҳ моҳ аз рўзи гузаштани мўҳлати гузаронидашуда фиристода шудааст, дар сурати пардохта шудани боҷи дахлдор барқарор намояд.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 20. Нашри маълумот оид ба додани патент

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583)

Идораи патентӣ баъд аз ба қайд гирифтани намунаи саноатӣ дар Феҳристи давлатӣ маълумотро дар бораи ҳуҷҷати муҳофизатии додашуда бетаъхир дар хабарномаи расмӣ нашр мекунад, ки номи муаллиф(он) (дар ҳолати розӣ будан) ва доранда(гон)-и патент, ном, санаи аввалият, тасвири намунаи саноатӣ ва дигар маълумотеро, ки Идораи патентӣ лозим медонад, дар бар мегирад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

 

Моддаи 21. Бақайдгирии намунаи саноатӣ ва додани патент

 

Идораи патентӣ дар муддати се моҳи баъди санаи гирифтани ҳуҷҷатҳо дар бораи пардохти боҷ барои бақайдгирӣ ва додани патент намунаи саноатиро ба Феҳристи давлатии намунаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мекунад ва  патентро ба соҳиби патент  медиҳад.

Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷ барои бақайдгирӣ ва додани патент ба намунаи саноатӣ аз ҷониби аризадиҳанда дар давоми ду моҳ аз санаи гирифтани қарор оид ба патенти мазкур ё дар давоми се моҳ аз санаи баанҷомрасии мӯҳлати мазкур дар ҳолати пардохти боҷи иловагӣ пешниҳод карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

Таркиби маълумоте, ки ба Феҳристи давлатии намунаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешавад ва таркиби маълумоте, ки дар  патент  нишон дода мешавад, аз ҷониби Идораи патентӣ муқаррар мегардад.

Дар ҳолати мавҷуд будани якчанд шахсе, ки ба номашон патент дархост карда мешавад, ба онҳо як патент дода мешавад. Идораи патентӣ ба  муаллиф (муаллифон)-и намунаи саноатӣ шаҳодатномаи тасдиқкунандаи муаллифии онҳоро медиҳад.

Ҳангоми мувофиқи тартиби муқарраршуда, пешниҳод нашудани ҳуҷҷате, ки пардохтани боҷро барои бақайдгирӣ ва додани патент тасдиқ мекунад, бақайдгирии намунаи саноатӣ ва додани патент ба амал бароварда намешавад ва аризаи дахлдор бозхондашуда ба ҳисоб меравад.

 

БОБИ 7.

ҲУҚУҚИ ИСТИСНОИИ ИСТИФОДАИ намунаи саноатӢ

 

Моддаи 22. Ҳуқуқҳои дорандаи патент

 

Ба дорандаи патент ҳуқуқи истисноии мувофиқи ихтиёри худ истифода бурдани намунаи саноатии бо патент ҳифзшаванда, агар ин истифодабарӣ ҳуқуқҳои дорандагони патентҳои дигарро халалдор накунад, аз ҷумла, ҳуқуқи манъ кардани истифодаи намунаи саноатӣ аз ҷониби дигарон, ғайр аз ҳолатҳое, ки ин гуна истифодабарӣ тибқи Қонуни мазкур вайронкунии ҳуқуқи дорандаи патент маҳсуб намешавад, тааллуқ дорад.

Муносибатҳои тарафҳоро оид ба истифодаи намунаи саноатӣ, ки патент барои он ба якчанд шахс тааллуқ дорад, шартномаи байни онҳо муайян мекунад. Ҳангоми набудани ин гуна шартнома ҳар як дорандаи патент намунаи саноатии ҳифзшавандаро бо ихтиёри худ истифода бурда метавонад, вале бе розигии дорандагони дигари патенти мазкур ҳуқуқи ба шахси дигар додани иҷозатнома (литсензия) ва ё гузашт кардани патентро надорад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Агар дорандаи патент намунаи саноатиро бе вайронкунии ҳуқуқҳои дорандаи патенти дигар истифода бурда натавонад, ў ҳақ дорад аз охирин бастани шартномаро дар бораи додани иҷозатнома (шартномаи литсензионӣ) талаб кунад.

Дорандаи патент ҳуқуқ дорад патенти гирифтаашро ба шахси дилхоҳи воқеӣ  ё ҳуқуқӣ гузашт кунад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Шартнома дар бораи ба шахси дигар гузашт кардани патент бояд дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шавад ва бе ин гуна бақайдгирӣ он беэътибор дониста мешавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Ҳуқуқи истисноии дорандаи патент аз санаи дар хабарномаи расмӣ нашр шудани маълумот оид ба додани патент амал мекунад.

Патент ба намунаи саноатӣ ва ҳуқуқи гирифтани он ба мерос мегузарад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 23. Додани ҳуқуқ ба истифодаи намунаи саноатӣ

 

Ҳар як шахсе, ки дорандаи патент ба ҳисоб намеравад, ба истифодаи намунаи саноатии бо патент ҳифзшуда танҳо бо иҷозати дорандаи патент дар асоси шартномаи литсензионӣ ҳуқуқ дорад.

Мувофиқи шартномаи литсензионӣ дорандаи патент (иҷозатномадеҳ) ўҳдадор мешавад, ки ҳуқуқро барои истифодаи намунаи саноатии ҳифзшуда дар ҳаҷми дар шартнома пешбинишуда ба шахси дигар (иҷозатномагир), ки ў ўҳдадории иҷро намудани ҳамаи амалҳои дар шартнома пешбинишударо ба зиммаи худ мегирад, диҳад.

Дар ҳолати додани иҷозатномаи истисноӣ ҳуқуқи истисноии истифодаи намунаи саноатӣ дар ҳудуди дар шартнома зикршуда ба иҷозатномагир мегузарад. Ҳуқуқи истифодаи намунаи саноатӣ дар қисми ба иҷозатномагир доданашаванда дар ҷониби иҷозатномадеҳ мемонад.

Дар ҳолати додани иҷозатномаи ғайриистисноӣ иҷозатномадеҳ ба иҷозатномагир ҳуқуқи истифодаи намунаи саноатиро дода, дар айни замон ҳамаи ҳуқуқҳоеро, ки патент тасдиқ мекунад, аз ҷумла ҳуқуқи ба шахсони сеюм додани иҷозатномаҳоро, нигоҳ медорад.

Шартномаи литсензионӣ бояд ҳатман дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шавад ва бе чунин бақайдгирӣ он беэътибор дониста мешавад.

Дорандаи патент метавонад ба Идораи патентӣ дар бораи ба шахси дилхоҳ дода шудани ҳуқуқ барои истифодаи намунаи саноатӣ ариза (иҷозатномаи кушода)  диҳад. Дар ин ҳолат боҷ барои нигоҳ доштани эътибори патент аз соли баъди нашри маълумот оид ба мавҷудияти чунин ариза 50 фоиз кам карда мешавад.

Ҳангоми бозхондани иҷозатномаи кушода боҷ барои нигоҳ доштани эътибори патент дар давоми вақти амали иҷозатномаи кушода пардохта нашуда, минбаъд ин боҷ ба андозаи пуррааш пардохта мешавад.

Шахсе, ки хоҳиши гирифтани иҷозатномаи кушодаро дорад, бояд бо дорандаи патент оид ба пардохтҳо шартнома бандад.

  

Моддаи 24. Вайронкунии ҳуқуқи истисноӣ

 

Ҳар як шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқие, ки намунаи саноатиро бар хилофи   Қонуни мазкур истифода мебарад, вайронкунандаи ҳуқуқи истисноии дорандаи патент (вайронкунандаи патент) ҳисобида мешавад.

Бе иҷозати дорандаи патент сохтан, татбиқ намудан, овардан, нигоҳ доштан, фурўхтан, бо роҳи дигар ба гардиши хоҷагӣ даровардан ва ё бо ин мақсад нигоҳ доштани маҳсулоте, ки  намунаи саноатии патентнокшударо дар бар мегирад, вайронкунии ҳуқуқи истисноии дорандаи патент (вайронкунии патент) ҳисобида мешавад.

Агар маснуот ҳамаи аломатҳои асосии намунаи саноатиро, ки дар нақшаҳо тасвир ёфтаанд ва дар тавсифи намунаи саноатӣ оварда шудаанд, дар бар гирад, он гоҳ ин маснуот ҳамчун дарбаргирандаи намунаи саноатии ҳифзшаванда эътироф мегардад.

Дорандаи патент ҳуқуқи талабҳои зеринро дорад:

- қатъ намудани вайронкунии патент;

- аз ҷониби шахси ба вайронкунии патент айбдоркардашуда додани подоши зарарҳои расонидашуда, аз ҷумла фоидаи аз даст додашуда ва ҷуброни зарари маънавӣ;

- ситонидани фоидае, ки аз истифодаи ғайриқонунии намунаи саноатӣ ба даст омадааст;

- ба фоидаи худ мусодира намудани маҳсулоте, ки ба гардиши хоҷагидорӣ дароварда мешавад ва ё бо ин мақсад нигоҳ дошта мешаваду вайронкунандаи патент маҳсуб мегардад, ҳамчунин мусодираи воситаҳои барои вайрон кардани патент пешбинишуда;

- бо мақсади барқарор намудани обрўи кории худ дар нашрияҳои расмии Идораи патентӣ нашр намудани қарори суд.

Талаботро ба вайронкунандаи патент дорандаи литсензияи истисноӣ, агар дар шартномаи литсензионӣ ҳолати дигаре пешбинӣ нашуда бошад ва ё дорандаи литсензияи ғайриистисноӣ, агар ин дар шартномаи литсензионӣ пешбинӣ шуда бошад, низ арз карда метавонад.

 

Моддаи 25. Амалҳое ки  вайронкунии ҳуқуқи истисноӣ ҳисоб намешаванд

 

Амалҳои зерин вайронкунии ҳуқуқи истисноии дорандаи патент ҳисоб намешаванд:

- дар сохтор ва ё ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёти (рўизаминӣ, ҳавоӣ ва обӣ) мамлакатҳои дигар татбиқ намудани василаҳое, ки намунаҳои саноатии патентнокшударо дар бар мегиранд, ба шарте ки воситаҳои нақлиёти номбаршуда муваққатан ва ё тасодуфан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд ва барои эҳтиёҷоти нақлиёт истифода бурда шаванд. Ин гуна амалҳо дар он сурат вайронкунии ҳуқуқи истисноии дорандаи патент ҳисоб намешаванд, ки агар воситаҳои нақлиёт ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии мамлакатҳое, ки ба дорандагони воситаҳои нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин гуна ҳуқуқҳоро медиҳанд, тааллуқ дошта бошанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583);

- гузаронидани тадқиқоту таҷрибаи илмӣ аз болои воситаҳое, ки  намунаҳои саноатии патентнокшударо дар бар мегиранд;

- ҳангоми рўй додани ҳодисаҳои фавқулодда (офатҳои табиӣ, фалокатҳо, садамаҳои калон) истифода намудани воситаҳое, ки намунаҳои саноатии бо патент ҳифзшавандаро дар бар мегиранд, бо пардохтани ҷуброни   андозааш мувофиқ ба дорандаи патент;

- на барои ба даст овардани фоида истифода намудани воситаҳои намунаҳои саноатиро дарбаргиранда;

- татбиқ намудан, барои фурўш пешниҳод намудан, фурўхтан, ворид кардан ва бо ҳамин мақсадҳо нигоҳ доштани маҳсулоте, ки намунаҳои саноатии бо патент ҳифзшударо дар бар мегирад, агар ин маҳсулот бо роҳи қонунӣ ба гардиши хоҷагӣ дароварда шуда бошад.

 

Моддаи 26. Ҳуқуқи истифодаи пешина

 

Ҳар кадом шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки то санаи аввалияти намунаи саноатӣ, новобаста аз муаллифи он, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи саноатии ҳаммонандро офарида, истифода бурда бошад ва ё барои истифодаи он тайёриҳои зарурӣ дида бошад, ҳуқуқи минбаъд ройгон истифода бурдани намунаи саноатиро бе васеъ кардани ҳаҷми ин гуна истифодабарӣ  нигоҳ медорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

Ҳуқуқи истифодаи пешин ба шахси дигар танҳо якҷоя бо истеҳсолоте, ки дар он истифодаи намунаи саноатии ҳаммонанд ҷой дошт ва ё тайёриҳои зарурӣ барои он дида шудаанд, дода шуданаш мумкин аст.

 

БОБИ 8.

ҚАТЪ НАМУДАНИ АМАЛИ ПАТЕНТ

 

Моддаи 27.  Мавриди баҳс қарор гирифтани патент

 

Мувофиқи эътирозномаи шахси дилхоҳ патент дар давоми амали худ дар мавридҳои зерин метавонад пурра ё қисман беэътибор дониста шавад:

- ошкор кардани номувофиқатии намунаи саноатӣ ба шартҳои патентпазирии муқаррарнамудаи Қонуни мазкур;

- мавҷуд будани аломатҳои асосие ки дар маводҳои пешинаи ариза вуҷуд надоштанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583);

- дар патент нодуруст нишон дода шудани муаллиф(он) ва ё доранда(гон) - и патент.

Эътирозномае, ки дар асоси шартҳои дар сархатҳои якум ва дуюми қисми якуми моддаи мазкур зикршуда зидди додани патент ба Шўрои шикоятӣ дода мешавад, бояд дар давоми се моҳи баъди санаи ворид гардидани он баррасӣ шавад. Дар ин сурат дорандаи патент бояд бо эътирознома шинос карда шавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270; аз 02.01.2019 с.,№ 1583)

Дар ҳолати норозӣ будан бо қарори Шўрои шикоятӣ нисбати эътирознома ҳар як тараф метавонад дар муддати як моҳ аз санаи қабул карда шудани қарор ба суд муроҷиат намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

 

Моддаи 28. Пеш аз мўҳлат қатъ намудани амали патент

 

Амали патент дар ҳолатҳои зерин пеш аз мўҳлат қатъ карда мешавад:

- ҳангоми пурра беэътибор донистани патент мувофиқи моддаи 27 Қонуни мазкур;

- дар асоси аризаи ба Идораи патентӣ додаи дорандаи патент;

- ҳангоми дар муддати муқарраршуда напардохтани боҷ барои нигаҳдории эътибори патент.

Идораи патентӣ дар хабарномаи расмӣ дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ гардидани амали патент маълумот нашр менамояд.

 

Моддаи 29. Барқарор кардани амали патент. Ҳуқуқи истифодаи баъдӣ

 

Амали патент, ки дар асоси сархати сеюми қисми якуми моддаи 28  Қонуни мазкур қатъ гардидаст, аз рўи дархости дорандаи патент, дар давоми ҳаждаҳ моҳ аз рўзи ба охир расидани мўҳлати пардохти боҷ, барои нигаҳдории эътибори патент дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрнок ва пешниҳоди ҳуҷҷат дар бораи пардохта шудани боҷи барқароркунии амали патент, барқарор карда шуданаш мумкин аст. (ҚҶТ аз 03.07.2012г., №856)

Идораи патентӣ дар хабарномаи расмӣ маълумотро оид ба барқарор карда шудани амали патент  нашр мекунад.

Шахсе, ки дар давраи байни санаи қатъ гардидан ва санаи барқарор карда шудани амали патент дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи намунаи саноатии ҳифзшаванда сар кардааст ва ё барои он тайёрии зарурӣ дидааст, ҳуқуқи минбаъд ройгон истифода намудани онро, бе васеъкунии ҳаҷми истифодабарӣ, нигоҳ медорад (ҳуқуқи истифодаи баъдӣ) (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

Ҳуқуқи истифодаи баъдӣ ба шахси дигар танҳо якҷоя бо истеҳсолоте, ки дар он истифодаи намунаи саноатӣ ҷой дошт ва ё барои он тайёрии зарурӣ дида шуда буд, дода шуданаш мумкин аст.

 

БОБИ 9.

ҲИМОЯИ  ҲУҚУҚҲОИ ДОРАНДАГОНИ  ПАТЕНТ  ВА МУАЛЛИФОН

 

Моддаи 30. Ба тариқи судӣ баррасӣ намудани баҳсҳо

 

Ба тариқи судӣ баҳсҳои зерин баррасӣ мешаванд:

- оид ба муаллифии намунаи саноатӣ;

- оид ба муқаррар намудани дорандаи патент;

- оид ба вайрон карда шудани ҳуқуқи истисноӣ ба намунаи саноатӣ;

- оид ба бастан ва иҷрои шартномаҳои вогузории ҳуқуқ ва шартномаҳои литсензионӣ дар бораи истифодаи намунаи саноатӣ;

- оид ба ҳуқуқи истифодаи пешин ва баъдӣ;

- оид ба андоза, мўҳлат ва тартиби пардохти подоше, ки бояд ба муаллифи намунаи саноатӣ тибқи  Қонуни мазкур дода шавад;

- оид ба андоза, мўҳлат ва тартиби пардохти ҷубронҳое, ки  Қонуни мазкур муқаррар кардааст;

- баҳсҳои дигаре ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои бо патент тасдиқшаванда вобастаанд.

 

Моддаи 31. Масъулият барои вайронкунии  Қонуни мазкур

 

Барои вайрон кардани Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, вайронкунандаи он ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ-гражданӣ, маъмурӣ ё ҷиноӣ кашида мешавад.

 

БОБИ 10.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 32. Боҷҳо ва пардохтҳои корбарӣ

 

Барои иҷрои амалҳои аҳамияти ҳуқуқӣ доштаи марбут ба патент боҷҳо ва пардохтҳои корбарӣ ситонида мешаванд. Номгўи амалҳое, ки барои иҷрояшон боҷҳо ё пардохтҳои корбарӣ пешбинӣ шудаанд, андоза, тартиб ва мўҳлатҳои пардохти онҳо, инчунин асосҳо барои озод намудан аз пардохт, кам кардани андозаи пардохт ва ё бозгардонидани пардохт бо тартибе, ки қонунгузорӣ муайян намудааст,  муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 33. Ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ аз ҳамаи ҳуқуқҳое, ки дар ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст ё дар асоси принсипи муомилаи мутақобил баробари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

 

Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                          Э.Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 28 феврали соли 2004

№ 16                                                                      

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ САНОАТИИ ИНШООТИ ИСТЕҲСОЛИИ ХАТАРНОК

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 10:27
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
14
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.02.2004
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ САНОАТИИ ОБЪЕКТҲОИ ИСТЕҲСОЛИИ ХАТАРНОК
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 46; с. 2005, №12, мод. 648; с. 2007, №6, мод. 438; с. 2008, №6, мод. 456, №10, мод. 815; с. 2013, №12, мод. 897)
 
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 135, аз 13.06.2007 № 282, аз 18.06.2008 № 398, аз 6.10.2008 № 434, аз 28.12.2013 № 1053, аз 2.01.2020 № 1682)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини бехатарии объектҳои истеҳсолии хатарнокро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, ба ошкор кардан ва ҳифзу пешгирии садамаю ҳодисаҳои нохуши дар объекти истеҳсолии хатарнок рухдиҳанда равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682).
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
1. Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок (дар оянда бехатарии саноатӣ) - ҳолати ҳимоявии манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз садамаҳои хатарноки объектҳои истеҳсолӣ ва оқибатҳои садамаҳои номбаршуда;
- садама - вайроншавии иншоотҳо ва (ё) таҷҳизоти техникии дар объектҳои истеҳсолии хатарнок истифодашаванда, таркиши идоранашаванда ва (ё) ба ҳаво хориҷ шудани моддаҳои хатарнок, инчунин вайронкунии ҷараёни технологӣ, расондани зарар ба механизмҳо, таҷҳизотҳо ва иншооте, ки боиси ҳалокати одамон, зарар ба саломатии онҳо, муҳити зист ва хароб кардани объектҳои хоҷагидорӣ, зарари калони моддӣ, вайрон шудани шароити фаъолияти зиндагии одамон гардидаанд ё боиси он гардида метавонанд;
- ҳодиса - аз кор баромадан ё вайрон шудани таҷҳизоти техникии дар объектҳои истеҳсолии хатарнок истифодашаванда, баромадан аз низоми ҷараёни технологӣ, вайрон намудани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии муайянкунандаи қоидаҳои пешбурди кор дар объектҳои истеҳсолии хатарнок;
- таҷҳизоти техникӣ - қисмҳои эҳтиётӣ, агрегат, механизм, таҷҳизот, системаи мошин, ки дар фаъолияти истеҳсолӣ истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682);
- Феҳристи давлатии объектҳои истеҳсолии хатарнок - махзани ягонаи маълумот (низоми идоракунии иттилоот ва маълумоти ягона оид ба объектҳои истеҳсолӣ), ки иттилоотро оид ба объектҳои истеҳсолии хатарноки аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682);
- ҳаммонандкунии (идентификатсияи) объектҳои истеҳсолии хатарнок - ошкор намудани объекту ташкилотҳо бо мақсади ворид кардани онҳо ба гурӯҳи (категорияҳои) объектҳои истеҳсолии хатарнок ва муайян намудани навъи онҳо мувофиқи талаботи Қонуни мазкур (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682);
- объекти истеҳсолии хатарнок - объекти истеҳсолӣ (корхона, коргоҳ, қитъа, майдонча, инчунин объектҳои дигари дорои хатарнокии баланд), ки дар натиҷаи сар задани садама дар он ба ҳаёт, саломатии аҳолӣ ва (ё) молу мулки он ва муҳити зист таҳдиди эҳтимолӣ ба вуҷуд меояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682).
 
Моддаи 2. Объектҳои истеҳсолии хатарнок
1. Ба гурӯҳи иншоотҳои истеҳсолии хатарнок мувофиқи Қонуни мазкур корхонаҳо ё сех, қитъа, майдончаи онҳо, инчунин дигар иншоотҳои истеҳсолие дохил мешаванд, ки дар онҳо моддаҳои хатарноки зеринро истеҳсол менамоянд, истифода мебаранд, аз нав кор мекунанд, ба вуҷуд меоранд, нигоҳ медоранд, интиқол медиҳанд, нобуд месозанд, механизмҳо, таҷҳизотҳо ва ҷараёни истеҳсолии технологӣ:
а) моддаҳои даргиранда - газҳое, ки дар ҳолати фишори муътадил ва омезиш бо ҳаво аланга мегиранд ва ҳарорати ҷӯшиши онҳо таҳти фишори мӯътадил баробари 20 дараҷаи Селсий ё пасттар аз он аст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682);
б) моддаҳои оксидшаванда - моддаҳои қувватдиҳандаи сӯхтан, бавуҷудоварандаи сӯхтан ва (ё) дар натиҷаи реаксияи оксидшавию барқароршавии экзотермикӣ ба сӯхтани дигар моддаҳо мусоидаткунанда (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682);
в) моддаҳои сӯзанда - моеъҳо, газҳо, чангҳои худ ба худ даргиранда, инчунин аз манбаи даргиранда аланга гирифта, мустақилона сӯхтанро давомдиҳанда;
г) моддаҳои тарканда - моддаҳое, ки ҳангоми ягон навъи муайяни таъсири берунӣ ба зудӣ ба мубаддалшавии худ аз худи кимиёвии паҳншаванда қодир буда, гармӣ ҷудо мекунанд ва газҳоро ба вуҷуд меоваранд;
д) моддаҳои заҳрнок - моддаҳое, ки таъсирашон организмҳои зиндаро ба ҳалокат расонида, хосиятҳои зеринро доранд:
- миқдори миёнаи марговар ҳангоми ба меъда дохил намудан аз 15 миллиграмм дар як килограмм то 200 миллиграмм дар як килограмм;
- миқдори миёнаи марговар ҳангоми ба пӯст расидан аз 50 миллиграмм дар як килограмм то 400 миллиграмм дар як килограмм;
- миқдори миёнаи марговари ҷамъшавиашон дар ҳаво аз 0,5 миллиграмм дар 1 литр то 2 миллиграмм дар 1 литр;
е) моддаҳои заҳрнокиашон баланд - моддаҳое, ки таъсирашон организмҳои зиндаро ба ҳалокат расонида, хосиятҳои зерин доранд:
- миқдори миёнаи марговар ҳангоми ба меъда дохил намудан на зиёда аз 15 миллиграмм дар як килограмм;
- миқдори миёнаи марговар ҳангоми ба пӯст расидан на зиёда аз 50 миллиграмм дар як килограмм;
- миқдори миёнаи марговари ҷамъшавӣ дар ҳаво на зиёда аз 0,5 миллиграмм дар як литр;
ж) моддаҳои барои муҳити зист хатарнок - моддаҳое, ки дар муҳити обӣ барояшон нишондиҳандаҳои зерини заҳрнокии сахт хос аст:
- миқдори миёнаи марговар ҳангоми таъсири ингалятсионӣ ба моҳӣ на зиёда аз 10 миллиграмм дар 1 литр дар давоми 96 соат;
- ҷамъшавии миёнаи заҳр, ки ҳангоми таъсир ба кайки обӣ (дафния) дар давоми 48 соат на зиёдтар аз 10 миллиграмм дар як литр таъсири муайян мерасонад;
- миқдори ҷамъшавии ингибиратсионӣ ҳангоми таъсир ба обгиёҳҳо дар давоми 72 соат на зиёдтар аз 10 миллиграмм дар як литр;
з) таҷҳизоте истифода бурда мешавад, ки таҳти фишори зиёда аз 0,07 мегапаскал ё ҳангоми зиёда аз 115 дараҷаи Селсий гарм шудани об кор мекунад;
и) механизмҳои сайёр ва доимӣ васлшудаи борбардор, эскалаторҳо, лифтҳо, аттраксионҳо, роҳҳои танобӣ, фуникулерҳо истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1053);
к) гудохтаҳои металлҳои сиёҳу ранга ва хӯлаҳое, ки дар асоси ин гудохтаҳо истеҳсол мешаванд;
л) корҳои кӯҳӣ, маъдантозакунӣ, инчунин корҳои зеризаминӣ гузаронида мешаванд;
м) объектҳои гидротехникӣ.
- тасдиқи Қоидаҳои бақайдгирии объектҳои истеҳсолии хатарнок дар Феҳристи давлатии объектҳои истеҳсолии хатарнок (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 398);
 
Моддаи 2(1). Доираи амали Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682)
1. Қонуни мазкур муносибатҳои ба таъмини бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок ва (ё) ба объектҳои хатарноки эҳтимолӣ вобастаро ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи бехатарии саноатӣ, лоиҳакашӣ ва банақшагирии онҳо, омодасозӣ, сохтан, таҷдид ва нав кардан, қабул ва ба истифода додан, танзим, хизматрасонӣ, таъмир, ташхиси техникӣ, озмоиш, азнавтаҷҳизонии техникӣ, консерватсия, аз истифода баровардан, инчунин бо маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои садама дар соҳаи мазкур ба амал меоянд, танзим менамояд.
2. Муқаррароти Қонуни мазкур дар тамоми ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, новобаста ба шакли моликият, ки фаъолиятро дар соҳаи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, татбиқ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682).
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ
1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682).
 
Моддаи 4. Талаботи бехатарии саноатӣ
1. Талаботи бехатарии саноатӣ - шартҳо, манъсозӣ, маҳдудият ва дигар талаботи ҳатмии дар ҳамин Қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тибқи тартиби муқарраргардида қабул карда мешаванд ва риояи онҳо бехатарии саноатиро таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682).
2. Талаботи бехатарии саноатӣ бояд ба меъёрҳои ҳифзи аҳолӣ ва минтақаҳо аз ҳолатҳои фавқулодда, беҳбудии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, хифзи муҳити зист, амнияти экологӣ, амнияти радиатсионӣ, муҳофизат аз сӯхтор, ҳифзи меҳнат, сохтмон, инчунин талаботи стандартҳои давлатӣ мувофиқ бошад.
 
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ
1. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ аз инҳо иборат аст:
- таҳияи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ва қабули барномаҳо дар соҳаи бехатарии саноатӣ;
- барои мақомоти давлатӣ муайян намудани тартиби амалӣ гардонидани назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682);
- ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ.
- тасдиқи Қоидаҳои бақайдгирии объектҳои истеҳсолии хатарнок дар Феҳристи давлатии объектҳои истеҳсолии хатарнок (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 398);
 
Моддаи 6. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар  соҳаи бехатарии саноатӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682)
1. Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии саноатиро (минбаъд дар матн - мақоми ваколатдор) муайян менамояд ва ба зиммаи он иҷрои корҳои дахлдори танзими меъёрӣ, инчунин вазифаҳои махсуси иҷозатдиҳӣ, санҷиш ва назоратиро дар соҳаи бехатарии саноатӣ мегузорад. Мақоми ваколатдор воҳидҳои тобеи худро дорад, ки тибқи тартиби муқарраргардида таъсис дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682).
2. Мақомоти давлатӣ, ки ба онҳо мутобиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи анҷом додани функсияҳои алоҳидаи танзими меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолиятҳои махсуси иҷозатдиҳӣ, санҷиш ё назоратӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ супорида шудааст, вазифадоранд бо мақоми ваколатдор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникии аз ҷониби онҳо қабулшавандаро мувофиқа намоянд, инчунин фаъолияташонро дар соҳаи бехатарии саноатӣ ҳамоҳанг созанд.
 
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдор
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682)
Мақоми ваколатдор дорои ваколатҳои зерин мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682):
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ;
- таҳия ва тасдиқи қоидаҳои бехатарии саноатӣ, инчунин тарғиботи дониш, омӯзиши аҳолӣ, шахсони вазифадор ва кормандони ташкилотҳо дар соҳаи бехатарии саноатӣ;
- гузаронидани тафтишоти сабабҳои садама ва ҳодисаҳои нохуш дар иншоотҳои истеҳсолии хатарнок;
- муқаррар намудани талаботи ҳаммонандкунии (индентификатсия) объектҳои истеҳсолии хатарнок;
- мансуб донистани иншоот ба гурӯҳи объектҳои истеҳсолии хатарнок;
- пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои истеҳсолии хатарнок (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682);
- амалӣ гардондани ҳамкории байналмилалӣ, танзими фаъолияти ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ.
 
Моддаи 8. Иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ) фаъолият дар соҳаи бехатарии саноатӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682)
Иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ) фаъолият дар соҳаи бехатарии саноатӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682).
 
Моддаи 9. Таҷҳизоти техникии дар объектҳои истеҳсолии хатарнок истифодашаванда
1. Таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла истеҳсоли хориҷии дар объектҳои истеҳсолии хатарнок истифодашаванда бояд ба талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ мутобиқ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682).
2. Таҷҳизоти техникии дар объектҳои истеҳсолии хатарнок истифодашаванда дар ҷараёни истифодабарӣ бояд тибқи тартиби муқарраргардида аз экспертизаи бехатарии саноатӣ гузарад.
 
Моддаи 10. Тайёрии касбии кормандони иншоотҳои истеҳсолии хатарнок
Тайёрии касбӣ, баландбардории дараҷаи ихтисоси кормандони объектҳои истеҳсолии хатарнок оид ба масъалаҳои бехатарии саноатӣ ба зиммаи маъмурияти ташкилоте, ки объектҳои истеҳсолии хатарнок дорад, гузошта мешавад. Тартиб ва мӯҳлатҳои омӯзиши касбии шахсони мансабдор ва кормандони объектҳои истеҳсолии хатарнокро оид ба бехатарии саноатӣ мақоми ваколатдор муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682).
 
Моддаи 11. Талаботи бехатарии саноатӣ ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода қабул намудани объектҳои истеҳсолии хатарнок
1. Яке аз шартҳои ҳатмии қабули қарор оид ба оғози сохтмон, васеъ ва таъмир намудан, азнавтаҷҳизонидани техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳам додани объектҳои истеҳсолии хатарнок мавҷудияти хулосаи мусбии экспертизаи бехатарии саноатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии аз тарафи мақоми ваколатдор тасдиқнамуда мебошад.
2. Дур шудан аз меъёрҳои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар ҷараёни сохтмон, васеъ намудан, таъмир, азнавтаҷҳизонии техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳам додани объектҳои истеҳсолии хатарнок манъ аст. Дигаргуниҳое, ки ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон, васеъ намудан, таъмир кардан, азнавтаҷҳизонии техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳам додани объектҳои истеҳсолии хатарнок дохил карда мешаванд, бояд аз экспертизаи бехатарии саноатӣ гузаронида шуда, бо мақоми ваколатдор мувофиқа карда шаванд.
3. Дар ҷараёни сохтмон, васеъ намудан, таъмир, азнавтаҷҳизонии техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳамдиҳии объектҳои истеҳсолии хатарнок муассисаҳое, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро тайёр мекунанд, тибқи тартиби муқарраргардида назорати муаллифиро анҷом медиҳанд.
4. Ба истифодабарӣ қабул намудани объектҳои истеҳсолии хатарнок тибқи тартиби муқарраргардида сурат мегирад. Дар ҷараёни ба истифодабарӣ қабул намудани объектҳои истеҳсолии хатарнок мутобиқати объектҳои истеҳсолии хатарнок ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, тайёрии ташкилот ба истифодабарии объектҳои истеҳсолии хатарнок ва амалиёт ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои садамаҳо санҷида мешавад.
 
Моддаи 12. Талаботи бехатарии саноатӣ оид ба истифодабарии объектҳои истеҳсолии хатарнок
1. Ташкилоти истифодабарандаи объектҳои истеҳсолии хатарнок ӯҳдадор аст:
- талаботи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуҷҷатҳои меъёрии техникиро оид ба бехатарии саноатӣ риоя намояд;
- барои истифодабарии объектҳои истеҳсолии хатарнок иҷозатнома (литсензия) дошта бошад;
- миқдори кормандони объектҳои истеҳсолии хатарнокро мувофиқи талаботи муайяншуда пурра таъмин намояд;
- ба кор дар объектҳои истеҳсолии хатарнок шахсони ба талаботи дараҷавии ихтисос ҷавобдиҳандаро, ки ин кор ба онҳо зарари тиббӣ надорад, иҷозат диҳад;
- тайёрӣ ва аз аттестатсия дар соҳаи бехатарии саноатӣ гузаштани кормандонро таъмин намояд;
- кормандонро бо либоси махсус ва воситаҳои дигари муҳофизатии инфиродӣ ва гигиенӣ таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682);
- назорати истеҳсолиро оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ ташкил намояд ва гузаронад;
- мавҷудият ва амали асбобҳои зарурӣ ва низоми назоратро ба ҷараёни истеҳсолот тибқи талаботи муқарраргардида таъмин намояд;
- гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатии биноҳо, инчунин ташхис, озмоиш, муоинаи иншоот ва дастгоҳҳои техникии дар объектҳои истеҳсолии хатарнок истифодашавандаро дар мӯҳлати муқарраршуда ва тибқи нишондоди бо тартиби муайяншуда пешниҳоднамудаи мақоми ваколатдор таъмин намояд;
- даромадани шахсони бегонаро ба объектҳои истеҳсолии хатарнок пешгирӣ намояд;
- риояи талаботи бехатарии саноатиро ҷиҳати нигоҳдории моддаҳои хатарнок таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682);
- барои расонидани зарар дар ҷараёни истифодабарии объектҳои истеҳсолии хатарнок шартномаи суғуртаи хатари масъулиятро ба имзо расонад;
- дастурҳо ва нишондодҳои мақоми ваколатдорро иҷро намояд;
- истифодабарии объектҳои истеҳсолии хатарнокро мустақилона ё бо нишондоди мақоми ваколатдор, шахсони мансабдори он дар мавриди садама ё ҳодисаи нохуш дар объектҳои истеҳсолии хатарнок, инчунин ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои нав, ки ба бехатарии саноатӣ таъсир мерасонад, боздорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682);
- оид ба маҳдуд сохтан ва рафъи оқибатҳои садамаҳо дар объектҳои истеҳсолии хатарнок тадбирҳоро иҷро намояд, ба мақомоти давлатӣ дар ҷараёни тафтиши сабабҳои садама ёрӣ расонад;
- дар тафтиши техникии сабабҳои садама дар объектҳои истеҳсолии хатарнок иштирок намояд, ҷиҳати бартарафсозии сабабҳои муайяншуда ва пешгирии чунин садамаҳо чораҳо андешад;
- сабабҳои рух додани ҳодисаи нохушро дар объектҳои истеҳсолии хатарнок таҳлил намояд, ҷиҳати бартарафсозии сабабҳои муайяншуда ва пешгирии чунин ҳодисаҳо чораҳо андешад;
- тибқи тартиби муқарраргардида ба мақоми ваколатдор, инчунин мақомоти дигари давлатӣ ва аҳолӣ саривақт дар бораи садама дар объектҳои истеҳсолӣ ахборот диҳад;
- оид ба ҳимояи ҳаёт ва саломатии кормандон ҳангоми рух додани садама дар объектҳои истеҳсолии хатарнок чораҳо андешад;
- садамаҳо ва ҳодисаҳои нохушро дар объектҳои истеҳсолии хатарнок ба ҳисоб гирад;
- оид ба миқдори садамаҳо ва ҳодисаҳои нохуш, сабабҳои рух додани онҳо ва чорабиниҳои гузаронидашуда ба мақоми ваколатдор маълумот пешниҳод намояд.
2. Маълумот дар бораи ташкили назорати истеҳсолӣ ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ ва дар бораи кормандоне, ки барои амалӣ гардондани он ваколат доранд, ба мақоми ваколатдор пешниҳод карда мешавад.
 
Моддаи 13. Талаботи бехатарии саноатӣ оид ба омодагӣ барои маҳдуд сохтан ва рафъи оқибати садамаҳо дар объектҳои истеҳсолии хатарнок
1. Бо мақсади таъмини омодагӣ барои маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои садамаҳо ташкилоти истифодабарандаи объектҳои истеҳсолии хатарнок ӯҳдадор аст:
- ҷиҳати маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои садамаҳо дар объектҳои истеҳсолии хатарнок чорабиниҳоро ба нақша гирад ва иҷро намояд;
- бо хадамоти садамавию наҷотдиҳандаи касбӣ ё қисмҳои садамавию наҷотдиҳандаи касбӣ (наҷотдиҳандаи кӯҳӣ) оид ба хизматрасонӣ шартномаҳо бандад ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти садамавию наҷотдиҳандаи касбии худ ё қисмҳои садамавию наҷотдиҳандаи касбӣ, инчунин аз ҷумлаи кормандон қисмҳои садамавию наҷотдиҳандаи ғайриштатӣ ташкил намояд;
- барои маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои садамаҳо мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои моддӣ дошта бошад;
- кормандонро ба фаъолият ҳангоми рух додани садама ё ҳодисаи нохуш дар объектҳои истеҳсолии хатарнок омӯзонад;
- сохторҳои мушоҳидавӣ, хабаррасонӣ, алоқа ва дастгирии амалиётро ҳангоми садама ташкил намояд ва ин сохторҳоро дар ҳолати омодагӣ барои истифода нигоҳ дорад.
 
Моддаи 14. Тафтиши техникии сабабҳои садама
1. Оид ба ҳар як ҳодисаи рух додани садама дар объектҳои истеҳсолии хатарнок тафтиши техникии сабабҳои он гузаронида мешавад.
2. Тафтиши техникии сабабҳои садамаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии намояндаи мақоми ваколатдор ё бахши маҳаллии он анҷом медиҳад.
3. Ба ҳайати комиссияи номбаршуда инчунин инҳо дохил мешаванд:
- намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳудуди онҳо объектҳои истеҳсолии хатарнок ҷойгир шудааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682);
- намояндагони ташкилоте, ки объектҳои истеҳсолии хатарнокро истифода мебарад;
- намояндагони иттифоқҳои касабаи соҳаи дахлдор;
- дигар намояндагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар бораи ташкили комиссияи давлатӣ оид ба тафтиши техникии сабабҳои садама қарор қабул кунад ва раиси ин комиссияро таъин намояд.
5. Комиссия оид ба тафтиши техникии сабабҳои садама метавонад барои тафтиш ташкилотҳои экспертӣ ва мутахассисони соҳаҳои бехатарии саноатӣ, кашф, лоиҳакашӣ, илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, суғуртакунӣ, тайёркунии таҷҳизот ва дигар соҳаҳоро ҷалб намояд.
6. Маводи тафтиши техникии сабабҳои садама аз ҷониби мақоми ваколатдор ба дигар мақомоти давлатии манфиатдор фиристода мешавад.
7. Тартиби гузаронидани тафтиши техникии сабабҳои садама ва таҳияи санади тафтиши техникии сабабҳои садамаро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682).
8. Маблағгузории хароҷоти тафтиши техникии сабабҳои садамаро ташкилоте анҷом медиҳад, ки объектҳои истеҳсолии хатарнокро истифода мебарад ва дар он садама рух додааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682).
 
Моддаи 15. Экспертизаи бехатарии саноатӣ
1. Инҳо таҳти экспертизаи бехатарии саноатӣ қарор мегиранд:
- ҳуҷҷатҳои лоиҳакашӣ барои сохтмон, васеъкунӣ, таъмир, азнавтаҷҳизонии техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳам додани объектҳои истеҳсолии хатарнок;
- таҷҳизоти техникии дар объектҳои истеҳсолии хатарнок истифодашаванда;
- биноҳо ва таҷҳизотҳо дар объектҳои истеҳсолии хатарнок;
- эъломияи бехатарии саноатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба истифодабарии объектҳои истеҳсолии хатарнок алоқаманданд.
2. Экспертизаи бехатарии саноатиро ташкилотҳое, ки барои гузаронидани ин экспертиза иҷозатнома доранд, аз ҳисоби маблағҳои ташкилоте мегузаронанд, ки мехоҳад объектҳои истеҳсолии хатарнокро истифода барад ё истифода бурда истодааст.
3. Тартиби гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ ва талабот оид ба тайёр намудани хулосаи экспертизаи бехатарии саноатиро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.
 
Моддаи 16. Таҳияи эъломияи бехатарии саноатӣ
1. Ҳангоми таҳияи эъломияи бехатарии саноатӣ бояд арзёбии хавфи эҳтимолии садама ва хатари вобаста ба он№ таҳлили кифоягии чорабиниҳо оид ба пешгирии садамаҳо, таъмини омодагии ташкилотҳо барои истифодаи объектҳои истеҳсолии хатарнок мувофиқи талаботи бехатарии саноатӣ, инчунин маҳдуд намудан ё рафъи оқибатҳои садама дар объектҳои истеҳсолии хатарнок; таҳияи чорабиниҳо, ки ба кам кардани миқёси оқибатҳои садама ва андозаи зарари он, ки дар сурати рух додани садама дар объектҳои истеҳсолии хатарнок расонида мешавад, бояд пешгирӣ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682).
2. Номгӯи маълумоте, ки эъломияи бехатарии саноатӣ бояд дар бар гирад ва тартиби ба расмият даровардани онро мақоми ваколатдор муайян менамояд.
3. Қонуни мазкур таҳияи ҳатмии эъломияҳои бехатарии саноатии объектҳои  истеҳсолии хатарнокро, ки дар онҳо истеҳсол, истифода, истихроҷ, нигаҳдорӣ, интиқол ва нобуд кардани моддаҳои хатарнок сурат гирифта, миқдорашонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, муқаррар менамояд.
4. Эъломияи бехатарии саноатӣ ҳамроҳи ҳуҷҷатҳои лоиҳакашӣ барои сохтмон, васеъкунӣ, азнавсозӣ, азнавтаҷҳизонидани техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳам додани объектҳои истеҳсолии хатарнок тартиб дода мешавад.
5. Эъломияи бехатарии саноатӣ ҳангоми муроҷиат барои иҷозатномаи истифодабарии объектҳои истеҳсолии хатарнок, тағйирёбии маълумот дар эъломияи бехатарии саноатӣ ё ҳангоми дигаргуншавии талаботи бехатарии саноатӣ аниқ карда ё аз нав тартиб дода мешавад.
6. Барои иншоотҳои истеҳсолии хатарнок, ки дар рӯзи эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун фаъолият мекунанд, эъломияҳои бехатарии саноатӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешаванд.
7. Эъломияи бехатарии саноатӣ аз тарафи роҳбари ташкилоти истифодабарандаи объектҳои истеҳсолии хатарнок тасдиқ карда мешавад.
8. Роҳбари ташкилоти истифодабарандаи объектҳои истеҳсолии хатарнок барои пуррагӣ ва саҳеҳии маълумоти дар эъломияи бехатарии саноатӣ мавҷуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад.
9. Эъломияи бехатарии саноатӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз экспертизаи бехатарии саноатӣ мегузарад.
10. Эъломияи бехатарии саноатӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
 
Моддаи 17. Суғуртаи ҳатмии масъулият барои расонидани зарар ҳангоми истифодаи объектҳои истеҳсолии хатарнок
1. Ташкилоти истифодабарандаи объектҳои истеҳсолии хатарнок уҳдадор аст барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шахсони дигар ва муҳити зист ҳангоми рух додани садама дар объектҳои истеҳсолии хатарнок масъулиятро суғурта намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682).
2. Андозаи ҳадди ақали маблағи суғуртаи масъулият барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шахсони дигар ва муҳити зист ҳангоми рух додани садама дар объектҳои истеҳсолии хатарнок, барои:
а) объектҳои истеҳсолии хатарноки дар қисми якуми моддаи 2 Қонуни мазкур зикршуда, агар дар онҳо:
- моддаҳои хатарноки миқдорашон ба миқдори муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар ё зиёд истеҳсол, истифода, аз нав коркард, ташкил, нигоҳдорӣ, интиқол ё нобуд мешаванд - ҳафтод ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар рӯзи бастани шартномаи суғуртаи масъулияти хатар муқаррар гардидааст (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 434);
- моддаҳои хатарноки миқдорашон аз миқдори муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар истеҳсол, истифода, аз нав коркард, ташкил, нигоҳдорӣ, интиқол ё нобуд мешаванд - даҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар рӯзи бастани шартномаи суғуртаи масъулияти хатар муқаррар гардидааст (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 434);
б) объектҳои истеҳсолии хатарноки дигар - як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар рӯзи бастани шартномаи суғуртаи масъулияти хатар муқаррар гардидааст (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 434).
 
Моддаи 18. Назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ
1. Назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии саноатӣ мақоми ваколатдор мувофиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
2. Шахсони мансабдори мақоми ваколатдор ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682):
- ба ташкилотҳои истифодабарандаи объектҳои истеҳсолии хатарнок дароянд;
- бо ҳуҷҷатҳое, ки барои тафтиши аз тарафи ташкилоти истифодабарандаи объектҳои истеҳсолии хатарнок иҷро намудани талаботи бехатарии саноатӣ заруранд, шинос шаванд;
- дурустии гузаронидани тафтишоти техникии ҳодисаҳои нохуши дар объектҳои истеҳсолии хатарнок рухдода, инчунин пуррагии чорабиниҳои дар асоси натиҷаҳои чунин тафтишот пешниҳодшударо тафтиш намоянд;
- ба ташкилотҳои истифодабарандаи объектҳои истеҳсолии хатарнок ҷиҳати рафъи вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи бехатарии саноатӣ нишондодҳо диҳанд;
- дар доираи ваколатҳои худ оид ба бехатарии саноатӣ, аз ҷумла зарурати гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатии биноҳо ва объектҳои воқеъ дар объектҳои истеҳсолии хатарнок нишондодҳо диҳанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682);
- ба ташкилотҳои истифодабарандаи объектҳои истеҳсолии хатарнок оид ба қатъи корҳое, ки бо вайронкунии талаботи бехатарии саноатӣ пеш бурда мешаванд, нишондодҳо диҳанд, ҳангоми зарурат барои қатъи фаъолияти объектҳои истеҳсолии хатарнок, биноҳо ё таҷҳизоти техникии дар объектҳои истеҳсолии хатарнок истифодашавандаро мӯҳр зананд, инчунин дар сурати таҳдиди хатар ба ҳаёт ва саломатии кормандон барои аз ҷои кор баровардани онҳо супориш диҳанд;
- шахсони дар вайронкунии талаботи бехатарии саноатӣ гунаҳгорро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашанд, инчунин барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони зикршуда ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристанд;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар суд ҳамчун намояндаи мақоми ваколатдор бо даъвои ситонидани товони зарари ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи шахсони дигар расонидашуда, ки дар натиҷаи вайронкунии талаботи бехатарии саноатӣ рух додааст, баромад кунанд;
- фаъолияти дигареро, ки қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бехатарии саноатӣ пешбинӣ намудааст,анҷом диҳанд.
3. Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 282).
 
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1682).
 
Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Э. Раҳмонов
 
ш. Душанбе 
28 феврали соли 2004 № 14
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОРХОНАҲОИ ДАВЛАТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 10:23
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
10
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.02.2004
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ КОРХОНАҲОИ ДАВЛАТӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №2, мод.42; с.2008, №10, мод.807; с.2010, №12, қ.1, мод. 818)
 
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 426, аз 29.12.2010 № 659, аз 2.01.2020 № 1679)
 
Қонуни мазкур ҳолати ҳуқуқии корхонаҳои давлатӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои моликони амволи онҳо, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамхӯрии корхонаҳои давлатиро муайян мекунад.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Корхонаи воҳиди давлатӣ - ташкилоти тиҷоратиест, ки ҳуқуқи ба амволи вобастакардаи молик соҳиб шуданро надорад.
Корхонаи давлатии фаръӣ - шахси ҳуқуқиест, ки дар назди дигар корхонаи давлатӣ, аз ҳисоби қисми моликияти он таъсис меёбад.
Пешбурди хоҷагидорӣ - ҳуқуқи маҳдуди молии корхонае, ки аз давлат чун молик амволро гирифтааст ва дорои ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани ин амвол мебошад.
Идоракунии оперативӣ - ҳуқуқи маҳдуди молии корхонаи давлатӣ нисбати амволе, ки аз молик мутобиқи мақсадҳои фаъолияти худ, супоришҳои молик ва таъиноти амвол гирифтааст ва дорои ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории ин амволро дорад.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи корхонаҳои давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи корхонаҳои давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад  (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1679).
 
Моддаи 3. Намудҳои корхонаи давлатӣ
Ба корхонаҳои давлатӣ мансубанд:
а) корхонаҳои воҳиди давлатӣ бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ;
б) корхонаи давлатӣ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ.
Вобаста ба намудҳои моликияти давлатӣ корхонаҳо тақсим мешаванд:
а) ба корхонаҳое, ки таҳти моликияти ҷумҳуриявӣ қарор дорандкорхонаҳои давлатии ҷумҳуриявӣ;
б) ба корхонаҳое, ки таҳти моликияти ҳокимияти маҳаллӣ қарор доранд - корхонаҳои давлатии коммуналӣ.
 
Моддаи 4. Самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои корхонаҳои давлатӣ
Ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки талаботи ҷомеа ва давлатро муайян мекунанд, самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ мебошанд.
Вазифаҳои асосии корхонаҳои давлатӣ инҳоянд:
а) таъмини моддии қудрати мудофиавии давлат ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа;
б) истеҳсоли мол (кор, хизматрасонӣ);
в) анҷом додани фаъолият дар соҳаҳое, ки ба вазифаҳои давлат мансубанд.
 
Моддаи 5. Таъсиси корхонаҳои давлатӣ
Корхонаи давлатии ҷумҳуриявӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
Корхонаи давлатии коммуналӣ бо санади мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
Муассиси корхонаи давлатӣ метавонад мақоми давлатие, ки барои таъсиси корхона қарор қабул кардааст, ё мақомоти идоракунии давлатии ваколатдоркардашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
Муассисе, ки дар бораи таъсиси корхонаи давлатӣ қарор қабул кардааст, ҳақ дорад мақомоти давлатии дахлдорро ваколатдор намояд, ки қисме аз ҳуқуқҳои ӯро нисбати корхонаҳои давлатӣ татбиқ намояд. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти ваколатдоркардашуда нисбат ба корхонаи давлатӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳокимияти маҳаллӣ муайян карда мешавад.
Феҳристи корхонаҳои давлатии ҷумҳуриявиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Феҳристи корхонаҳои давлатии коммуналӣ аз тарафи раисони дахлдори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи 6. Бақайдгирии давлатии корхонаҳои давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 659)
Корхонаи давлатӣ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он таъсисёфта ҳисобида шуда, ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро пайдо мекунад.
Бақайдгирии давлатии корхонаҳои давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 659).
 
Моддаи 7. Оинномаи корхонаи давлатӣ
Оиннома ҳуҷҷати таъсисдиҳии корхонаи давлатӣ мебошад. Оинномаи корхонаи давлатӣ аз тарафи муассиси он ё мақоми аз тарафи муассис ваколтдоршуда тасдиқ карда мешавад.
Оинномаи корхонаи давлатӣ бояд инҳоро дар бар гирифта бошад:
- намуди корхона (воҳиди давлатӣ ё давлатӣ);
- номи он;
- маҳалли ҷойгиршавии корхона;
- соҳа ва мақсадҳои фаъолияти он;
- салоҳияти шӯрои нозирон (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1679);
- ваколатҳои роҳбар;
- тартиби кор;
- тартиби ташаккули амволи корхона ва тақсими даромадҳо;
- шартҳои азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхона;
- андозаи фонди оинномавӣ ва тартиби ташкили он;
- дигар муқаррароте, ки мухолифи қонунгузорӣ нестанд.
Дар оиннома инчунин муносибати байни корхона ва муассис ё мақомоти ваколатдор, маъмурияти корхона ва корманд (кормандон , дар мавриди баста шудани шартномаи меҳнатии коллективона) муайян карда мешавад.
 
Моддаи 8. Номи фирмавии корхонаи давлатӣ
Номи фирмавии корхонаи давлатӣ бояд дорои нишондод ба соҳиби амвол будан, мансубият ба намуди моликияти давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ)-ро дошта бошад.
Номи фирмавии корхонаи ҳуқуқи пешбурди хоҷагидори дошта, бояд дорои нишондод ба корхонаи воҳиди давлатӣ будани онро дошта бошад.
Номи фирмавии корхонаи ҳуқуқи идораи оперативӣ дошта, бояд дорои нишондод ба корхонаи давлатӣ будани онро дошта бошад.
Корхонаи давлатӣ дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи фирмавии корхона мебошад.
 
Моддаи 9. Соҳа ва мақсадҳои фаъолияти корхонаҳои давлатӣ
Соҳа ва мақсадҳои фаъолияти корхонаи давлатӣ аз тарафи муассис ё мақоми ваколатдор муайян карда шуда, дар оинномаи корхона инъикос меёбанд ва бояд мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
Аз тарафи муассис ё мақоми ваколатдор ба корхонаи давлатӣ додани вазифаҳои давлатии назоратӣ ё иҷозатдиҳӣ манъ аст.
Аз тарафи корхона амалӣ намудани фаъолият, инчунин содир намудани аҳде, ки ба соҳа ва намуди фаъолияти дар оиннома нишон додашуда ҷавобгӯ нест, танҳо баъди ба оинномаи корхона ворид намудани тағйиру иловаҳо тибқи қонугузорӣ имкон дорад.
Аз тарафи корхона содир намудани аҳди мухолифи мақсадҳои фаъолияти он, ки дар оиннома муайян шудаанд, аз тарафи суд тибқи тартиботи муқарранамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад беэътибор дониста шавад.
 
Моддаи 10. Мақомоти ваколатдори давлат
Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақомоти идоракунии давлатии корхонаҳои давлатии ҷумҳуриявӣ, инчунин мақомоти нисбати онҳо вазифаи субъекти ҳуқуқи моликияти давлатиро адокунанда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти давлатии идоракуние, ки аз тарафи ӯ ваколатдор шудааст, баромад менамояд.
Мақомоти идоракунии давлатии корхонаҳои давлатии коммуналӣ, инчунин мақомоти нисбати онҳо вазифаи субъекти ҳуқуқи моликияти давлатиро адокунанда мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ё мақомоти ваколатдоршудаи онҳо ҳисобида мешаванд.
Анҷом додани вазифаҳои субъекти ҳуқуқи моликияти давлатии дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи мазкур пешбинишуда салоҳияти қабули қарорро дар бораи саҳҳомикунонӣ ё хусусигардонии корхонаи давлатӣ дар бар намегирад.
 
Моддаи 11. Идоракунии корхонаи давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1679)
Идоракунии корхонаи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоми ваколатдор анҷом медиҳад.
Мақомоти корхонаи давлатӣ инҳоянд:
- мақоми болоӣ - муассис;
- мақоми идоракунӣ - шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ;
- мақоми иҷроия - роҳбари корхонаи давлатӣ.
Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ, номгӯйи корхонаҳои давлатӣ, ки дар онҳо шӯрои нозирон таъсис дода мешавад, инчунин номгӯйи корхонаҳои давлатиеро, ки дар онҳо шӯрои нозирон ва роҳбари корхонаи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва таъин карда мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба моликияти коммуналӣ дар асоси қарорҳои дахлдори худ дар корхонаҳои давлатӣ шӯрои нозиронро таъсис медиҳанд ва низомномаи онро тасдиқ менамоянд.
Тартиби интихоби аъзои шӯрои нозирон, гузаронидани маҷлиси шӯрои нозирон, қатъи салоҳияти аъзои шӯрои нозирон тибқи низомномаи намунавии шӯрои нозирон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1679).
 
Моддаи 11(1). Шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ
Шӯрои нозирон роҳбарии умумии фаъолияти корхонаи давлатиро анҷом медиҳад, ба истиснои ҳалли масъалаҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ба салоҳияти муассиси корхонаи давлатӣ ва ё мақоми ваколатдори он дохил мешаванд, ё ин ки ба зиммаи роҳбари корхона вогузор шудаанд.
Шумораи аъзои шӯрои нозирон дар асоси оинномаи корхонаи давлатӣ дар ҳайати на камтар аз 5 (панҷ) нафар тасдиқ карда мешавад.
Узви шӯрои нозирон танҳо шахси воқеӣ буда метавонад. Роҳбар ва ё корманди корхонаи давлатӣ наметавонад ҳамзамон аъзои шӯрои нозирони ҳамин корхонаи давлатӣ бошад.
Тартиби ҷуброни хароҷоти аъзои шӯрои нозирон вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои онҳо бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби муассис ё мақоми ваколатдори он муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1679).
 
Моддаи 11(2). Салоҳияти шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1679)
Ба салоҳияти шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ масъалаҳои зерин мансубанд:
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти корхонаи давлатӣ;
- тасдиқи буҷети солона, хароҷоти амалиётию ғайриамалиётӣ ва нақшаи фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории корхонаи давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия;
- маъқул донистани аҳдҳои калоне, ки 30 фоиз ё бештари арзиши тавозунии дороии корхонаи давлатиро ташкил дода, мутобиқи маълумоти муҳосибавии он дар санаи охирини ҳисоботӣ муайян гардидаанд, ба истиснои аҳдҳо нисбати молу мулке, ки розигии муассисро талаб мекунад;
- тасдиқи ҳисоботи солона ва ҳисоботи солонаи муҳосибавии корхонаи давлатӣ;
- тасдиқи аудитори корхонаи давлатӣ ва муайян намудани андозаи пардохти хизматрасонии он;
- баррасӣ ва арзёбии ҳисоботи роҳбари корхонаи давлатӣ;
- дар мувофиқа бо муассис ё мақомоти ваколатдори он тасдиқ намудани тақсимоти фоидае, ки баъд аз интиқоли пардохти ғайриандозӣ ба буҷет дар ихтиёри корхона боқӣ мондааст;
- баррасии масъалаҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ва оинномаи корхонаи давлатӣ.
Муассиси корхонаи давлатӣ метавонад ваколатҳои алоҳидаи худро ба шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ вогузор намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1679).
 
Моддаи 11(3). Роҳбари корхонаи давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1679)
Роҳбари корхонаи давлатӣ аз ҷониби муассис ё мақоми ваколатдори он таъин шуда, тибқи шартномаи меҳнатӣ ба онҳо ва шӯрои нозирон ҳисоботдиҳанда мебошад.
Дар шартномаи меҳнатӣ ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти роҳбари корхона, шароити меҳнат, истироҳат ва таъминоти моддии ӯ, муҳлати шартнома ва шартҳои дигари пешбининамудаи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Роҳбари корхонаи давлатӣ барои ҳолати кор дар корхона шахсан масъул мебошад.
Роҳбари корхонаи давлатӣ қарорҳои муассис ва шӯрои нозиронро иҷро карда, ҳамаи масъалаҳои фаъолияти корхонаро мутобиқи салоҳияташ, ки бо Қонуни мазкур ва оинномаи корхона муайян шудааст, ҳал менамояд.
Роҳбари корхонаи давлатӣ бе ваколатнома аз номи корхона амал мекунад, манфиатҳои онро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ намояндагӣ менамояд, шартномаҳо мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, суратҳисобҳои бонкӣ мекушояд ва аҳду амалҳои дигарро, ки мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1679).
 
Моддаи 12. Амволи корхонаи давлатӣ
Амволи корхонаи давлатиро фондҳои асосӣ ва воситаҳои муомилотӣ, инчунин арзишҳое ташкил медиҳанд, ки нархи онҳо дар тавозуни корхона инъикос меёбанд.
Амволи корхонаи давлатӣ тақсимнашаванда аст ва наметавонад аз рӯзи саҳмҳо (ҳиссаҳо, пайҳо), аз ҷумла ба кормандони корхона дода шавад.
Амволи корхонаи давлатӣ аз ин ҳисоб ташкил меёбад:
а) амволи аз тарафи молик додашуда;
б) амволи (аз ҷумла даромади пулии) дар натиҷаи фаъолияти истеҳсолию хоҷагӣ ба дастомада;
в) дигар манбаъҳо, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
 
Моддаи 13. Нигоҳ доштани ҳуқуқи корхонаи давлатӣ ба амвол
Ҳангоми тибқи тартиботи қонунгузорӣ додани корхонаи давлатӣ аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ, ҳамчунин баракси он ё аз ихтиёри як мақомоти давлатии идоракунӣ ба мақомоти дигар, чунин корхона ҳуқуқи хоҷагидорӣ ё ҳуқуқи идораи оперативиро вобаста ба вазъи молики корхона нисбати амволи мутаалиқи он нигоҳ медорад.
 
Моддаи 14. Корхонаи давлатӣ ҳамчун комплекси амволӣ
Корхонаи давлатӣ дар маҷмӯъ ҳамчун комплекси амволи ғайриманқул дониста мешавад ва объекти ҳуқуқи моликияти давлатӣ ҳисобида мешавад.
Ба таркиби корхона, чун комплекси амволӣ, ҳамаи намудҳои амволи барои фаъолияти он таъиншуда, аз ҷумла бино, иншоот, таҷҳизот, асбобу ускона, ашёи хом, маҳсулот, ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, ҳуқуқи талаб кардани қарз, ҳуқуқи ифодакунии фардикунонии фаъолияти он (номи он, нишони мол), инчунин дигар ҳуқуқҳои мустасно шомиланд.
Аҳд нисбати корхонаи ҷумҳуриявии давлатӣ (гарав, конссесия), ки корхона ба сифати комплекси ягонаи амволӣ ҳисоб меёбад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати корхонаи коммуналӣ бошад, бо санади мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баста мешавад.
 
Моддаи 15. Мусодираи даромади ғайриқонунии корхонаи давлатӣ
Даромаде, ки корхонаи давлатӣ аз фаъолияти манъшудаи дар оиннома пешбининашуда гирифтааст ва барои ин вай аз мақоми ваколатдор иҷозатнома надорад, инчунин даромаде, ки дар натиҷаи баланд кардани нархҳои муқарраршудаи фурӯши мол, иҷрои кор ва расонидани хизматҳо ба даст омадааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешавад.
 
Моддаи 16. Шикояти корхонаи давлатӣ нисбати амалҳои мақомоти давлатӣ
Корхона ҳуқуқ дорад бо тартиби муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амали мақомоти давлатӣ, аз ҷумла амалҳои мақомоти ваколатдор, ки ба мусодираи фоидаи корхона, азнавтақсимкунии амвол, ҷойгир намудани супоришҳои давлат, муқаррар кардани нархи ба моли (кори, хизматрасонӣ) истеҳолии корхона, инчунин дигар амалҳое, ки ҳуқуқи корхонаро вайрон мекунанд, ба суд даъво пешниҳод кунад.
 
Моддаи 17. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаи давлатӣ
Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаи давлатӣ бо ин роҳ сурат мегирад:
- нисбати корхонаи давлатии моликияти ҷумҳуриявӣ - бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нисбати корхонаи давлатии моликияти коммуналӣ - бо санади мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ.
Корхонаи давлатӣ мумкин аст бо асосҳои дигари пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад.
Амволи боқимондаи корхонаи барҳамдодашуда баъди қонеъ гардонидани талаботи кредиторҳо аз тарафи молик ё мақоми ваколатдор аз нав тақсим карда мешавад.
Маблағҳои боқимондаи корхонаи барҳамдодашуда, аз ҷумла маблағҳои дар натиҷаи фурӯши амволи ин корхона ба дастомада баъди қонеъ кардани талаботи кредиторҳо ба даромади буҷети дахлдор ворид мешаванд.
 
Моддаи 18. Хусусигардонии корхонаи давлатӣ
Хусусигардонии корхонаи давлатӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
Моддаи 19. Иттиҳодияҳои корхонаҳои давлатӣ
Корхонаҳои давлатӣ метавонанд ба ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) муттаҳид шаванд.
Ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) дар асоси шартнома, мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, бо мақсади васеъ шудани имкониятҳои корхонаҳо дар тараққиёти истеҳсолӣ, илмию-техникӣ ва иҷтимоӣ, инчунин барои намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои амволии корхонаи таркиби ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) таъсис меёбанд.
Ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) корхонаҳои давлатӣ шахси ҳуқуқӣ мебошанд. Ҳуҷҷати таъсисии ассотсиатсия (иттифоқ) шартномаи таъсисии аз ҷониби аъзоёни он имзогардида ва оинномаи тасдиқнамудаи онҳо мебошад.
Корхонаҳое, ки ба ҳайати ассотсиатсия (иттифоқ) дохил шудаанд, мустақилият ва ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқиро нигоҳ медоранд. Мақомоти роҳбарикунандаи ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) ҳуқуқи ихтиёрдориро нисбати корхонаҳои шомили ассотсиатсия (иттифоқ) надоранд ва вазифаҳои худро дар асоси шартнома бо корхонаҳо иҷро менамоянд.
Ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) дар асосҳои зерин таъсис меёбанд:
- ихтиёран ворид шудани корхона ба ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) ва аз таркиби он баромадан бо шартҳои муайянкардаи оинномаи ассотсиатсия (иттифоқ);
- риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ;
- озодии интихоби шакли ташкилии ассотсиатсия (иттифоқ).
Ассотсиатсия (иттифоқ) дорои номи фирмавӣ буда, дар он мақсади асосии фаъолияти он ва аъзоёнаш бо иловаи калимаҳои "ассотсиатсия" ё "иттифоқ" нишон дода мешавад.
Ассотсиатсия (иттифоқ) аз рӯи ӯҳдадориҳои аъзои худ масъулият надорад.
Корхонаи давлатӣ, ки узви ассотсиатсия (иттифоқ) мебошад, аз рӯи ӯҳдадориҳои ассотсиатсия (иттифоқ) мувофиқи андоза ва тартиб, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисёбии ассотсиатсия (иттифоқ) пешбинӣ шудаанд, ҷавобгарии субсидиарӣ дорад.
 
БОБИ 2. КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТӢ
 
Моддаи 20. Фаъолияти корхонаи воҳиди давлатӣ
Корхонаи воҳиди давлатӣ метавонад баробари дигар корхонаҳои таъсисёфта дар соҳаҳои зерин амал намояд:
- тарҳрезӣ, истеҳсол ва таҳвили маҳсулот барои эҳтиёҷоти давлат, аз қабили яроқи ҷангӣ, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ, амволи дигари ҳарбӣ, маснуоти масолеҳи комплектонӣ, бо мақсади таҳкими қобилияти мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барҳамдиҳӣ (нобудсозӣ, партовкунонӣ, гӯрондан) ва коркарди воситаҳои ҳарбию-техникии бекоршуда;
- истихроҷ, истеҳсол, ҳамлу нақл, коркард, гӯркунӣ, фурӯши уран ва дигар маводи радиоактивӣ, ба андозаи зиёда аз меъёри истифодаи онҳо, бе зарурати истифодаи воситаҳои махсуси муҳофизат;
- тайёр кардан ва фурӯхтани доруворӣ, воситаҳои табобатӣ, таҷҳизот ва асбобҳои тиббӣ;
- анҷом додани фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаҳое, ки ба монополияи давлатӣ мутааллиқанд;
- анҷом додани фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи таъмини қувваи барқ, об, гармӣ ва газ;
- расонидани хизмат тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва истифодаи умумӣ, интиқоли ҳавоии бор ва мусофирон;
- расонидани хизмати алоқа (аз ҷумла алоқаи почта) ва телекоммуникатсионӣ, истифодаи хатҳои алоқаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
- расонидани хизмат дар соҳаи хоҷагии коммуналӣ ва манзилӣ, инчунин дигар системаҳои таъмини ҳаёт дар инфрасохтори ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки вобаста ба эътиборнокии ҳолати монополияи табиӣ ва аҳамиятнокии иҷтимоию иқтисодиашон идораи бевоситаи давлатиро тақозо доранд;
- дар соҳаи бонкӣ, суғуртавӣ ва дигар фаъолияти қарзию молиявӣ;
- анҷом додани фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи табиат, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва варзиш;
- анҷом додани фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ дар соҳаи телевизион (аз ҷумла телевизиони кабелӣ) ва радиошунавонӣ, фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ;
- анҷом додани фаъолияти дигари истеҳсолию хоҷагӣ, ки дар нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд;
- дар дигар соҳаҳои фаъолият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 21. Фонди оинномавӣ ва захиравии корхонаи воҳиди давлатӣ
Андозаи фонди оинномавии корхонаи воҳиди давлатӣ аз тарафи муассиси он муайян мегардад ва аз арзиши умумии амволи ба корхона додашаванда зиёд буда наметавонад. Андозаи фонди оинномавӣ аз андозаи панҷсадкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо кам буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 426).
Фонди оинномавӣ бояд пурра аз тарафи молик (муассис) дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ ташкил ёбад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 659).
Корхонаи воҳиди давлатӣ вазифадор аст фонди захиравиро, ки дар оинномаи он муайян гардидааст, ташкил намояд.
Маблағи фонди захиравӣ танҳо барои пӯшонидани зарар, иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди буҷет, пардохти қарзҳои давлатӣ ва фоизи онҳо, дар мавридҳои нокифоягии дигар маблағҳои корхона истифода мешавад.
 
Моддаи 22. Салоҳияти молик (муассис) ва мақомоти ваколатдори давлатӣ
Нисбати корхонаи воҳиди давлатӣ муассис ё мақомоти ваколатдори давлатӣ ваколатҳои зеринро иҷро мекунанд:
- оинномаи корхонаро тасдиқ мекунанд ва чун муассиси он баромад мекунанд;
- директори (роҳбари) корхонаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунанд;
- супоришҳои давлатиро ба корхона мерасонанд ва иҷрои онҳоро назорат мекунанд;
- меъёрҳои тақсими фоидаеро, ки дар ихтиёри корхона боқӣ мондааст, тасдиқ мекунанд;
- ба содир кардани аҳдҳо нисбати амволе, ки розигии моликро талаб мекунад, иҷозат медиҳанд;
- дигар масъалаҳоеро, ки Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти вай мансуб донистаанд, ҳал менамоянд.
 
Моддаи 23. Нархи молҳое, ки корхонаи воҳиди давлатӣ истеҳсол менамояд
Нархи моле (кор, хизматрасонӣ), ки корхонаи воҳиди давлатӣ истеҳсол менамояд, бояд хароҷоти ба истеҳсоли он сарфшударо пурра пӯшонад, фаъолияти безарарии он ва маблағгузориро аз ҳисоби даромадҳои худӣ таъмин намояд.
Нархи молҳое (кор, хизматрасонӣ), ки аз тарафи корхонаи воҳиди давлатӣ истеҳсол ва фурӯхта мешаванд, вобаста ба талабот ва таклифот ба онҳо ташкил карда мешаванд.
Танзими давлатии нарх бо мақсади роҳ надодан ба ҷойгиршавии монополӣ дар бозори молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
Моддаи  24. Маблағгузории фаъолияти корхонаи воҳиди давлатӣ
Фаъолияти корхонаи воҳиди давлатӣ аз ҳисоби даромади худӣ ва аз рӯи нақшаи молиявии тасдиқкардаи молик маблағгузорӣ мешавад.
Корхонаи воҳиди давлатӣ аз ҳисоби даромадҳои худии фаъолияташ нигоҳ дошта мешавад.
Корхонаи воҳиди давлатӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
Фоидае, ки корхонаи воҳиди давлатӣ баъди пардохти андозҳо ба даст медарорад, аз ҷониби он бо тартиби пешбининамудаи оинномааш мустақилона тақсим карда мешавад.
 
Моддаи 25. Музди меҳнати кормандони корхонаи воҳиди давлатӣ
Андозаи фонди музди меҳнати корхонаи воҳиди давлатӣ аз ҷониби роҳбари он дар мувофиқа бо шӯрои нозирон муқаррар карда мешавад. Шаклҳои пардохти музди меҳнат, ҷадвали (рӯйхати) штатӣ, андозаи маошҳои мансабӣ, системаи мукофотонӣ ва дигар ҳавасмандгардониҳо аз ҷониби корхонаҳои воҳиди давлатӣ мустақилона муайян мегардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1679).
Андозаи маошҳои мансабии роҳбари корхонаи воҳиди давлатӣ, муовинон ва сармуҳосиб, системаи мукофотонии онҳо ё дигар ҳавасмандгардониҳо аз ҷониби молик муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 26. Фаъолияти иктисодии хориҷии корхонаи воҳиди давлатӣ
Корхонаи воҳиди давлатӣ фаъолияти иқтисодии хориҷиро бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад. Даромади асъорӣ, ки баъди пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар ҳисоби корхона боқӣ мемонад, тибқи нишондоди оинномаи корхонаи воҳиди давлатӣ мустақилона тақсим карда мешавад.
Истифодаи асъоре, ки дар ихтиёри корхонаи воҳиди давлатӣ боқӣ мондааст, аз ҷониби он мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
БОБИ 3. КОРХОНАИ ДАВЛАТӢ
 
Моддаи 27. Таъиноти корхонаи давлатӣ
Корхонаи давлатӣ метавонад баробари корхонаҳои дигари таъсис ёфта дар соҳаҳои зерини муқаррар намудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намояд:
- нигоҳдорӣ ва инкишофи шабақаи роҳҳои давлатии автомобилгард ва дигар объектҳои инфрасохтор, ки барои онҳо тибқи қонунгузорӣ тартиби махсуси маблағгузорӣ муқаррар шудааст;
- иҷрои корҳои наҷотбахшӣ дар кӯҳсор ва дигар корҳои махсус дар вазъияти фавқуллода ва садамавӣ, ҳифз аз сӯхтор, обхезиҳо ва дигар фалокатҳои табиӣ;
- анҷом додани фаъолияти истеҳсолӣ дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
- истеҳсоли корҳои топографию геодезӣ ва картографӣ;
- анҷом додани фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи табиат, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва варзиш;
- анҷом додани дигар фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ, ки дар нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд.
 
Моддаи 28. Объекти ҳуқуқи идораи оперативӣ
Объекти ҳуқуқи идораи оперативӣ метавонад танҳо амволи давлатӣ бошад, агар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ё дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
Корхонаи давлатӣ танҳо он амволеро таҳти ҳуқуқи идораи оперативӣ қарор дода метавонад, ки он барои таъмини фаъолияти оинномавиаш зарур аст.
 
Моддаи 29. Ба даст овардан ва қатъи ҳуқуқи идораи оперативӣ
Ба даст овардан ва қатъи ҳуқуқи идораи оперативӣ дар асоси шартҳою тартиботи пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ба даст овардан ва қатъи ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои ашёӣ сурат мегирад, агар дар Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигар муқаррар нашуда бошад.
Корхонаи давлатӣ ҳуқуқ надорад, ки тибқи аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ амволеро, ки ба фондҳои асосӣ дохил мешаванд бе розигии молик аз худ кунад.
Корхонаи давлатӣ ҳуқуқ надорад, ки аз кредитҳои бонкӣ бе иҷозати молик истифода барад.
 
Моддаи 30. Ҳуқуқи молики амвол, ки ба идораи оперативии корхонаи давлатӣ дода шудааст
Молики амволе, ки дар ҳолати идораи оперативии корхонаи давлатӣ қарор дорад, мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва Қонуни мазкур масъалаи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхона, муайян кардани соҳа, мақсадҳо ва вазифаҳои фаъолияти онро ҳал мекунад.
Молик истифода ва нигоҳдории амволи ба ихтиёри корхонаи давлатӣ додашударо назорат мекунад.
 
Моддаи 31. Ҳуқуқи молик ба гирифтан ва азнавтақсимкунии амвол
Молики амволи ба ихтиёри корхонаи давлатӣ додашуда ҳуқуқ дорад, ки ин амволро гирад ё байни дигар шахсони ҳуқуқии таъсисдодааш бо назардошти худ тақсим кунад, агар дар санадҳои қонунгузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
 
Моддаи 32. Ихтиёрдории амволи корхонаи давлатӣ
Корхонаи давлатӣ метавонад амволи ба вай вобаста шуда ва амволи аз ҳисоби маблағҳои дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидории худ гирифтаашро бо розигии молик бегона ё ихтиёрдорӣ намояд.
Корхонаи давлатӣ маҳсулоташро бо розигии молик мефурӯшад.
Тартиби тақсими даромади корхонаи давлатиро молик муайян менамояд.
 
Моддаи 33. Фаъолияти хоҷагидории корхонаи давлатӣ
Фаъолияти хоҷагидории корхонаи давлатӣ бо мақсаду вазифаҳои он, ки дар оинномааш зикр шудаанд, инчунин тавассути супориши давлатӣ, ки аз ҷониби молик ба корхона расонида мешавад, муайян мегардад.
Фаъолияти хоҷагидорие, ки дар оиннома пешбинӣ нашудааст, танҳо бо иҷозати молик бо минбаъд ворид кардани тағйиру иловаҳо ба оиннома, имкон дорад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 659).
 
Моддаи 34. Табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ
Табдили корхонаи воҳиди давлатии шакли ҷумҳуриявии моликият ба корхонаи давлатӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор сурат мегирад.
Табдили корхонаи воҳиди давлатии шакли моликияти коммуналӣ ба корхонаи давлатӣ бо санади мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ сурат мегирад.
Қарор дар бораи табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ дар мавридҳои зерин мумкин аст:
а) истифодаи ғайримақсадноки амволи давлатӣ ва маблағҳо аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатӣ;
б) набудани фоида аз рӯи ҷамъбасти ду соли охир.
Ҳамаи хароҷоти табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ, инчунин ҳисоббаробаркуниҳои корхонаи табдилёбанда бо кредиторҳои он ҳангоми мавҷуд набудани маблағҳои кофӣ дар худи корхона дар асоси маблағҳои буҷети дахлдор сурат мегирад.
Корхонаи давлатии дар заминаи корхонаи воҳиди давлатӣ таъсисёбанда дар ин ҳолатҳо вориси корхонаи табдилёфта мебошад:
- бо амволи давлатӣ ва маблағҳои пештар ба корхонаи воҳиди давлатӣ додашуда;
- бо ҳуқуқи истифодаи замин, об ва табиат;
- бо истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;
- бо пешниҳоди квотаҳо, иҷозатномаҳо ва шартномаҳои пештар басташуда, агар ин шартномаҳо ба соҳа ва мақсадҳои фаъолияти корхонаи давлатии нави таъсисёбанда мувофиқат кунанд.
Ҳангоми табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ тартиботи граждании ҳуқуқии амволи ба он вобасташуда аз ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ба ҳуқуқи идораи оперативӣ иваз мешавад. Лаҳзаи ин тағйирёбӣ чун санаи қабули қарор дар бораи табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ дониста мешавад.
 
БОБИ 4. КОРХОНАИ ДАВЛАТИИ ФАРЪӢ
 
Моддаи 35. Таъсиси корхонаи давлатии фаръӣ
Танҳо корхонаи воҳиди давлатӣ ҳуқуқи таъсиси корхонаи давлатии фаръиро дорад.
Корхонаи давлатии фаръӣ, ки моликияти ҷумҳуриявӣ мебошад, бо мувофиқаи молики корхонаи асосӣ таъсис дода мешавад.
Корхонаи давлатии фаръӣ, ки моликияти коммуналӣ аст, бо мувофиқаи молики корхонаи асосӣ таъсис меёбад.
Оинномаи корхонаи давлатии фаръиро муассиси он бо розигии мақоми болоии идораи давлатӣ тасдиқ мекунад.
Корхонаи давлатии фаръӣ ҳуқуқи таъсиси дигар корхонаи фаръиро надорад.
 
Моддаи 36. Ҳолати ҳуқуқии корхонаи давлатии фаръӣ
Корхонаи давлатии фаръӣ дар шакли корхонаи воҳиди давлатӣ таъсис дода мешавад ва дорои ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур барои чунин навъи корхонаҳои давлатӣ мебошад.
Масъулияти корхонаи фаръӣ аз рӯи ӯҳдадориҳояш, инчунин масъулияти корхонаи онро таъсисдода нисбати ӯҳдадориҳои корхонаи фаръӣ мувофиқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
Моддаи 37. Мақсадҳои таъсиси корхонаҳои давлатии фаръӣ
Корхонаҳои давлатии фаръӣ бо ин мақсадҳо таъсис меёбанд:
а) тақсимшавӣ ё ҷудошавӣ аз корхонаи асосӣ ба сабаб