ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1780 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 20.04.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1773 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 20.04.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1761 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ Маҷлиси Олии ҶТ 29.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Хабарҳо

-A A +A

МАҶЛИСИ УМУМИИ СОЛОНАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ҚОНУНГУЗОРӢ»

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Чшб, 02/02/2022 - 16:25
2 феврали соли 2022 Маҷлиси умумии солонаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қонунгузорӣ”- и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маркази миллии қонунгузорӣ баргузор гардид, ки тибқи рӯзнома 5 масъала дар он мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
  1. Ҳисобот дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қонунгузорӣ” дар соли 2021;
  2. Тасдиқи ҳайати нави гурӯҳи тарғиботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қонунгузорӣ”;
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ ДАР СОЛИ 2021

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Дшб, 31/01/2022 - 14:51
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 феврали соли 2022 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар соли 2021 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
Вақти баргузорӣ: соати 10:00
Макон: шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А.Адҳамов-13, бинои маъмурии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Телефон барои тамос: 227-15-44, 227-08-07
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 28/01/2022 - 16:57
   28 январи соли 2022 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдукарим Маҷидӣ бо роҳбарият ва кормандони Марказ баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 28/01/2022 - 16:36
   28 январи соли 2022 ҷаласаи навбатии Шӯрои илмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
    Дар ҷаласаи навбатӣ тибқи рӯзнома масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
- ҳисоботи муовини якуми директор – Соҳибзода М.М. оид ба иҷрои Нақшаи корҳои илмию тадқиқотии Маркази миллии қонунгузорӣ барои соли 2021;
- тасдиқи мавзӯъҳои рисолаҳои номзадӣ ва роҳбарони илмии онҳо;
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2021

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 07/01/2022 - 18:24
     07 январи соли 2022 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2022 ҷаласа баргузор гардид.
   Дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Марказ иштирок намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ МАРКАЗ ДАР ФОРУМИ МИНТАҚАВИИ СОҲИБКОРИИ ХАТЛОН – 2021 ДАР МАВЗӮИ«САНОАТ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ИҚТИДОРҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ»

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Чшб, 29/12/2021 - 17:42
    28 декабри соли 2021 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ таҳти унвони “Саноат ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ” бо иштироки намояндагон ва роҳбарони вазорату идораҳо, инчунин шарикони рушд ва роҳбарони бонуфузи ҷумҳурӣ, бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузр гардид.
   Дар Форуми мазкур Директори Маркази миллии қонунгузорӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидзода И.Ҳ. ва мутахассиси пешбари бахши таҳлили таъсири танзимкунӣ Ҷураи А.М. иштирок намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҲАМОИШИ ДОХИЛИИДОРАВИИ ИЛМӢ ДОИР БА ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 24/12/2021 - 11:07
   23 декабри соли 2021 дар толори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баррасии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 декабри соли 2021 ҳамоиши дохилиидоравии илмӣ баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва кормандони Марказ иштирок доштанд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН “ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛИЮ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИРОА ГАРДИД

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Чшб, 22/12/2021 - 08:49
   21 декабри соли 2021 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Сшб, 21/12/2021 - 15:44
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ ФУТБОЛИ «ҚОНУНГУЗОРӢ» ДАР МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД БАЙНИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 17/12/2021 - 00:00
    16 декабри соли 2021 мусобиқаи варзишӣ дар намуди футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуд, ҷамъбаст гардид.
   Дар мусобиқаи мазкур, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, дастаи «Қонунгузорӣ»-и Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни 32 дастаи кормандони вазорату идораҳо сазовори ҷойи дуюм гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ВОХУРИИ РОҲБАРИЯТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ГУЗОРИШГАРИ ВЕЖАИ СММ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ САВДОИ ОДАМОН, МАХСУСАН ЗАНОН ВА КӮДАКОН ХОНУМ СИОБХАН МАЛЛАЛЛИ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Сшб, 14/12/2021 - 15:26
    13 декабри соли 2021 Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло бо Гузоришгари вежаи СММ оид ба масъалаҳои савдои одамон, махсусан занон ва кӯдакон хонум Сиобхан Маллалли вохӯрӣ анҷом дод.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ҚОНУНГУЗОРӢ» ДАР ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 10/12/2021 - 16:10
    10 декабри соли 2021 дар толори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон ҷамомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони Марказ, инчунин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Абдураҳимова Дилбар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

БО КОРМАНДОНИ БАХШҲОИ ҲУҚУҚИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ МАРКАЗ БАРГУЗОР ГАРДИД

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Чшб, 01/12/2021 - 09:28
   Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 ноябри соли 2021 дар доираи сафари хизматӣ бо кормандони воҳидҳои ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “МУШКИЛОТИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Сшб, 30/11/2021 - 15:20
       30 ноябри соли 2021 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Мушкилоти танзими ҳуқуқии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли он” баргузор гардид.
     Кори мизи мудавварро муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузорӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ оғоз намуда, вобаста ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул изҳори андеша намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ДАР МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН МУҲОКИМАИ ПАРЛУМОНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 26/11/2021 - 18:47
    26 ноябри соли 2021, муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2020 ва 9 моҳи соли 2021» баргузор гардид, ки дар он Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Саидзода Иззатулло Ҳабибулло иштирок намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад
Обуна ба Хабарҳо