ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 10/02/2020 - 10:24
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
587
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
12.01.2010
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2010, №1, мод.11; Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 с., № 1254)
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки байни мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаҳои истифодабарии самаранок ва афзалиятноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба миён меоянд, танзим намуда, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии сарфаҷӯии беш аз пеши энергия, ҳифзи муҳити зист, кам кардани таъсири номатлубро ба иқлим, сарфаю сариштаи манбаъҳои барқарорнашавандаи энергияро барои наслҳои оянда муайян менамояд.
 
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- захираҳои энергетикии барқароршаванда – манбаъҳои ҳамеша мавҷуда ва ё давра ба давра дар муҳити зист пайдошавандаи ҷараёни шуъои  офтоб, бод, обҳои гарми зеризаминӣ, дарёҳо ва биомассаҳо, ки ба сӯзишвории истихроҷӣ дохил намешаванд;
- истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия - маҷмӯи амалиёте, ки мақсад аз он дигаргунсозӣ, андӯхт, тақсим ва истифодаи энергияи барқароршаванда, ҳамчунин таъмини моддию техникии ин амалиёт аст;
- энергияи анъанавӣ - энергияи аз захираҳои барқароршаванда ҳосилшуда, масалан, аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва маводи карбогидрид (ангишт, нафт, газ) бо иқтидори 30 мегаватт ва бештар аз он;
- энергетикаи хурд – нерӯгоҳҳои хурдтарин (микро), нисбатан хурд (мини) ва хурди энергетикии иқтидорашон мутаносибан то 100 кВт, аз 101 то 1000 кВт ва аз 1001 то 30000 кВт;
- истеҳсолкунандагони энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки тавассути дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои таъмини энергетикии фаъолияти худ ва инчунин бо мақсади фурӯши минбаъдаи  он ба воситаи шабакаҳои энергетикӣ  истеҳсол менамоянд;
- истифодабарандагони энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки энергияро аз истеҳсолкунандагонаш тавассути дастгоҳҳои истифодабарӣ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои таъмини фаъолияти худ бо барқ, инчунин бо мақсади фурӯши он ба воситаи шабакаҳои энергетикӣ мегиранд;
- сертификати мутобиқат - ҳуҷҷати тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додашудае, ки мувофиқати энергияи ба воситаи дастгоҳи истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшударо ба регламенти техникӣ, стандартҳо ва дигар талаботи санадҳои меъёрии техникӣ тасдиқ менамояд;
- дастгоҳи истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи  энергия - таҷҳизоти технологӣ ё маҷмӯи таҷҳизоти технологӣ барои истеҳсол, табдил, нигоҳдорӣ ва интиқоли энергияе, ки аз манбаъҳои  барқароршавандаи энергия истеҳсол шудааст;
- энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда – қувваи барқ, гармӣ ва ё механикие, ки тавассути дастгоҳҳои истифодабарӣ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол карда мешавад;
- биомасса - ҷузъҳои таҷзияшавандаи биологии маҳсулот, партовҳо ва боқимондаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, хоҷагии коммуналӣ ва рӯзгор;
- оператори шабакаи энергетикӣ - шахси ҳуқуқие, ки ҳангоми интиқол ва тақсими энергия хизмат мерасонад;
- шабакаи энергетикӣ - воситаи техникии интиқол ва тақсими энергияи барқ ва гармӣ.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур фаъолиятро дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад, аз он ҷумла:
- усулҳо ва ҳадафҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия муқаррар мекунад;
- тарзҳои якҷоякунии манбаъҳои барқароршавандаи энергияро дар системаи энергетикии ҷумҳурӣ муайян мекунад;
- фаъолияти ташкилӣ, илмию таҳқиқотӣ, тарроҳӣ, коршиносӣ, конструкторӣ ва батанзимдарориро, ки ба афзоиши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия равона шудааст, ба роҳ мемонад;
- алоқамандии фаъолиятро дар соҳаи истеҳсол, баҳисобгирӣ, интиқол, тақсим ва истифодаи энергияи манбаъҳои барқароршавандаи энергия пешбинӣ менамояд;
- чораҳои иқтисодӣ ва ташкилиеро муайян мекунад, ки мақсади онҳо ҳавасмандгардонии истеҳсол ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад.
 
БОБИ 2.
АСОСҲОИ ТАШКИЛИЮ ҲУҚУҚИИ ИСТИФОДАБАРИИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ
 
Моддаи 4. Манбаъҳои барқароршавандаи энергия
 
Ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
- энергияи офтоб;
- энергияи бод;
- энергияи ҷараёни об, обанборҳои табиӣ ва сунъӣ;
- энергияи обҳои гарми зеризаминӣ;
- энергияи чӯб, биомассаҳо дар шакли партовҳои саноатӣ, кишоварзӣ, ҷангал, хоҷагии коммуналӣ ва рӯзгор.
 
Моддаи 5. Самтҳои истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия
 
1. Энергияи офтобро ба мақсадҳои зерин истифода бурдан мумкин аст:
- истеҳсоли энергияи гармӣ ба воситаи қубурҳои (коллекторҳои) офтобӣ ва ё системаи гармии ғайрифаъол;
- истеҳсоли энергияи барқ ба воситаи системаи силсилавии табдилёбии ҳарорати термодинамикӣ;
- истеҳсоли энергияи барқ ба воситаи системаи мустақиман табдилёбии энергия (фотобарқ, гармибарқ, фотогармибарқ ва ғайра);
- истеҳсоли энергияи барқ, гармӣ ба воситаи системаи омехта бо ҳар гуна усулҳои табдилёбӣ;
- ҳосил намудани гидроген ҳамчун ҳомили энергия ба воситаи истифодаи усулҳои фотолиз ва фотоэлектролизи об;
- гузаронидани ҷараёнҳои алоҳидаи технологӣ (дар хушккунакҳо, бухоркунакҳо, гармхонаҳо ва дигар дастгоҳҳо).
2. Энергияи бодро бо мақсадҳои зерин истифода бурдан мумкин аст:
- истеҳсоли энергияи барқ бо истифодаи дастгоҳҳои барқи бодӣ;
- истеҳсоли энергияи механикӣ бо истифодаи дастгоҳҳои механикӣ ва гидродинамикии бодӣ.
3. Энергияи ҷараёни об ва обанборҳоро инчунин ба мақсадҳои зерин истифода бурдан мумкин аст:
- истеҳсоли энергияи барқ дар нерӯгоҳҳои хурд бе истифодаи дарғот (дар наҳрҳо, понтонҳо ва маҷрои озод);
- истеҳсоли энергияи барқ дар нерӯгоҳҳои хурд бо истифодаи дарғотҳои начандон баланди обанборҳои табиӣ ва сунъӣ;
- истеҳсоли энергияи барқ дар нерӯгоҳҳои хурди фишори ҷараёни обаш сунъӣ (канали қубурҳои обрасонӣ);
- истеҳсоли энергияи механикӣ бо истифодаи хусусиятҳои физикии об ва сатҳи пасту баланди обанборҳо.
4. Энергияи обҳои гарми зеризаминиро бо мақсадҳои зерин истифода бурдан мумкин аст:
- истеҳсоли энергияи гармӣ (ҳамчун гармии барқ) аз буғу обҳои гарм ё газҳои гарми зеризаминӣ;
- истеҳсоли энергияи барқ дар турбинаҳои буғӣ бо истифодаи омехтаи обу буғҳои зеризаминии ҳарораташон баланд.
5. Энергияи партовҳои чӯбу дарахт (парахаҳои чӯб), самғ ва биомассаҳои партовҳои саноатӣ,  кишоварзӣ ва ҷангал, хоҷагии коммуналӣ ва рӯзгорро ба мақсадҳои зерин истифода бурдан мумкин аст:
- истеҳсоли энергияи гармӣ ва барқ ба воситаи сӯзондани онҳо дар нерӯгоҳҳои истеҳсоли гармию барқ ва дегҳои буғ;
- истеҳсоли  гази биологӣ  бо мақсади сӯзондани он дар нерӯгоҳҳои истеҳсоли гармию барқ ва дегҳои буғ ва зимни ин истеҳсоли нурӣ бо истифода аз дастгоҳҳои биохимиявӣ;
 - истеҳсоли гази сӯзишворӣ дар дастгоҳҳои газогенератории  термохимиявӣ;
- истеҳсоли сӯзишвории карбогидратҳои моеъ дар дастгоҳҳои ба гази моеъ табдил додани боқимондаҳои органикӣ.
6. Манбаъҳои барқароршавандаи энергияро бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар мақсадҳо низ истифода бурдан мумкин аст.
 
Моддаи 6. Объектҳои афзалиятнок барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия
 
1. Объектҳои афзалиятнок барои истифодаи манбаъҳои  барқароршавандаи энергия  инҳо мебошанд:
- минтақаҳои дур аз маркази барқтаъминкунӣ, ки аз сабаби зичии ками аҳолӣ бунёди нерӯгоҳҳои маъмулии барқ ва кашидани хати баландшиддати барқ аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар ва ё имконпазир нест;
- минтақаи дар маркази барқтаъминкунӣ қарордошта, ки дар натиҷаи ғайриқаноатбахш будани ҳолати шабакаҳои энергетикӣ ва ё норасоии иқтидорҳо ё қувваи барқ сабаби мунтазам қатъ кардани барқи истифодабарандагон мегардад ва он зарари калони иқтисодӣ ва оқибати манфии иҷтимоиро ба бор меорад;
- маҳалҳои аҳолинишин ва ҷойҳои истироҳати оммавии аҳолӣ, ки дар натиҷаи дуду ғубори сӯзишвории органикии деги буғ вазъияти экологиро мурракаб мегардонад;
- маҳалҳои аҳолинишин, бӯстонсаройҳо ва ҷойҳои будубоши муваққатии одамон, ки аз норасоии қувваи барқ, гармӣ, оби гарм ва ғайра танқисӣ мекашанд.
2. Бо мақсади таъмини талаботи истеҳсолию маишӣ мамнӯъгоҳҳо ва ҳудудҳои ҳифзшавандаи табиат бо қувваи барқ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия афзалият доранд.
 
Моддаи 7. Талабот нисбат ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия
 
Фаъолият оид ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ, ҷустуҷӯ, амалисозӣ, лоиҳакашӣ, истеҳсолӣ, сохтмону васлкунӣ ва корҳои баҳрабардорӣ бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи табиат ва санитарию эпидемиологӣ, риояи қоидаҳои бехатарии корҳо, татбиқи меъёрҳои истифодаи захираҳои табиӣ, шаҳрсозию меъморӣ ва истифодаи самараноки энергия  амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 8. Дастгоҳҳо барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва талабот ба онҳо
 
1. Тавоноии дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои истеҳсол, табдилдиҳӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли энергияе, ки аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол карда мешаванд, бо ҳуҷҷати додаи истеҳсолкунандаи чунин дастгоҳҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
2. Молик ҳуқуқ дорад ҳар як таҷҳизоти технологӣ ва ё маҷмӯи таҷҳизоти технологиро барои фаъолияти худ дар асоси манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо риояи қонунгузорӣ, регламентҳои техникӣ ва санадҳои меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав такмил диҳад.
3. Такмили таҷҳизоти технологӣ ва ё маҷмӯи таҷҳизоти технологӣ бо мақсади истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо ҳуҷҷатҳои додаи ташкилоте, ки такмили таҷҳизотро анҷом додааст, тасдиқ карда мешавад, ба шарте ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуҷҷат додани мақомоти ваколатдори давлатӣ пешбинӣ шуда бошад.
4. Талабот нисбати баҳрабардории дастгоҳҳои истифодаи  манбаъҳои  барқароршавандаи энергия:
- риояи регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботро барои истеҳсол, такмил, нигоҳдорӣ ва интиқоли энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда муқаррар мекунад;
- назорати давлатӣ оид ба баҳрабардории дастгоҳҳои истифодаи  манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- таъмини нишондиҳандаҳои техникию иқтисодии дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба меъёрҳои  санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст.
5. Дар ҳолати истеҳсол ва баҳрабардории дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия бояд шароите таъмин карда шавад, ки ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва муҳити зист зиён нарасонад.
 
Моддаи 9. Баҳисобгирии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия
 
1. Бо мақсади истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҳалли масъалаҳои энергетикӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ қарор доранд, ба ҳисоб гирифта мешаванд.
2. Барои ба ҳисоб гирифтани манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз рӯи ҳар як навъи онҳо кадастри дорои маълумот оид ба номгӯе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, тартиб дода мешавад.
3. Барои ба ҳисоб гирифтани дастгоҳҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия номгӯи дастгоҳҳо, ҳамчунин тарзи истифодаи онҳо бо мақсади тавлиди энергия тартиб дода мешавад.
4. Корҳои баҳисобгирии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва  дастгоҳҳои истифодаи ин манбаъҳо, ки тибқи қонунгузорӣ сурат мегиранд, аз ҳисоби буҷет, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешаванд.
5. Ташкили баҳисобгирии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва  дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои энергия ба зиммаи мақомоти ваколатдори соҳаи энергетика гузошта мешавад.
6. Тартиби пешниҳоди иттилооти дар кадастр ва феҳрист мавҷударо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
Моддаи 10. Сифати энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда
 
1. Сифати энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда бо роҳи муқаррар намудан ва истифода бурдани маҷмӯи умумии нишондиҳандаҳои ҷараёни технологӣ, тақсим ва истеъмоли энергия, инчунин нишондиҳандаҳои таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи сиҳатии омма ва ҳифзи меҳнат дар ҷараёни истифодаи манбаъҳои  барқароршавандаи энергия таъмин карда мешавад.
2. Нишондиҳандаҳои сифати энергияи аз манбаъҳои  барқароршавандаи энергия истеҳсолшударо регламенти техникӣ ва стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
 
Моддаи 11. Муносибати истеҳсолкунандагони энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо операторони шабакаҳои энергетикӣ ва  истифодабарандагони умдаи энергия
 
1. Муносибати истифодабарандагони энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо операторони шабакаҳои энергетикӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ки энергияро  харидорӣ намуда, онро бо роҳи пайвастшавӣ ба шабакаҳои энергетикӣ минбаъд ба харидорони умдаи энергия мефурӯшанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаи байни онҳо муайян карда мешавад.
2. Операторони шабакаҳои энергетикӣ истеҳсолкунандаи энергияро аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба шабакаҳои энергетикӣ дар асоси шартнома ба шарте пайваст менамоянд, ки он ба устувории системаи шабакаҳои энергетикӣ таъсир нарасонад.
3. Истеҳсолкунандагони энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи  энергия барои пайваст кардан ба шабакаҳои барқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз доранд.
4. Операторони шабакаҳои энергетикӣ ва истифодабарандагони умдаи энергия ӯҳдадоранд энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи  энергия истеҳсолшударо дар асоси шартнома бо риояи ҳаҷми тавозуни истеҳсол ва сифати энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия харидорӣ намоянд.
5. Рад кардани содироти энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда, ки ба хусусияти табиии ин манбаъҳо алоқаманд аст, наметавонад барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои истеҳсолкунандагони энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия  асос шавад.
 
Моддаи 12. Таъмини истифодабарандагони энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия
 
1. Истифодабарандагони энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома бо энергия таъмин карда мешаванд.
2. Энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия  истеҳсолшуда бо риояи шартҳо ва талаботи зерин фурӯхта мешавад:
- дар асоси сертификати мутобиқат ба энергияе, ки фурӯхта мешавад;
- дар асоси шартнома ва ё озмуни тарифҳои танзимшаванда;
- ба мақомоти ваколатдори соҳаи энергетика.
 
БОБИ 3.
ТАНЗИМИ  ДАВЛАТӣ  ВА  ИДОРАКУНӣ ДАР СОҲАИ ИСТИФОДАИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ
 
Моддаи 13. Танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия
 
1. Танзими давлатӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия иборат аст аз:
- муайян ва амалӣ кардани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- ташкилу истифодаи технология ва дастгоҳҳои самараноки истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- ташкили низоми механизмҳои молиявию иқтисодӣ, ки шахсони воқеию ҳуқуқиро барои истеҳсоли энергияи манбаъҳои барқароршавандаи  энергия ва истифодаи онҳо ҳавасманд мегардонад;
- дастгирии рушди заминаи истеҳсолоти илмию техникӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва тарғиби комёбиҳои илмию техникии ин соҳа;
- танзими давлатӣ, нархгузорӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- баҳисобгирӣ ва назорат, аз ҷумла тасдиқи пайдоиши энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- муайян намудани қоидаҳои воридшавии энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда ба системаи энергетикӣ ва фурӯши он ба истифодабарандагон;
- ҳамкории байналмилалӣ.
2. Танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ,  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад. 
 
Моддаи 14. Дастгирии давлатӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия
 
1. Дастгирии давлатии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истеҳсоли энергияи барқ ва (ё) ҳарорат бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои коҳиши энергияталабии иқтисодиёт ва таъсири сектори истеҳсоли энергияи барқ ва ҳарорат ба муҳити зист ва зиёд шудани ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳангоми истеҳсоли энергияи барқ ва (ё) ҳарорат амалӣ мегардад.
2. Дастгирии давлатӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия иборат аст аз:
- муайян кардани сиёсати оқилонаи нархгузории энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда, ки ҳавасмандгардонии истеҳсол ва хариди онро таъмин менамояд;
- ҳифзи истеҳсолкунандагони энергияи аз манбаъҳои  барқароршавандаи энергия аз рақобати ноодилонаи дигар ташкилотҳое, ки дар соҳаи истеҳсол ва истифодаи энергия вазъи бартарӣ доранд;
- эътирофи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамчун фаъолияти ҳифзи табиат ва сарфаҷӯии энергия бо муқаррар намудани имтиёзҳои дахлдор барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ин соҳа фаъолият доранд;
- вобаста ба ҳаҷми сармоягузорӣ ва иқтидори истеҳсолӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии бо истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда машғул мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо пешбинӣ карда мешаванд;
-  танзими тарифҳои энергияи таъиноти истифодабарандагон, ки аз  дастгоҳҳои истифодбарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия  мегиранд, аз ҷумла бо роҳи қисман ҷудо кардани маблағ аз манбаъҳое, ки қонунгузорӣ барои хароҷоти истеҳсолии чунин намуди энергия муайян намудааст;
- муқаррар намудани мӯҳлати тезонидани истеҳлоки (хӯрдашавии) дастгоҳҳои истифодбарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
-  таъмини дастрасии бемамониати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки  манбаъҳои барқароршавандаи энергияро барои таъмини худ истифода мебаранд, бо захираҳои манбаъҳои энергия бо роҳи бо тартиби содда ба онҳо додани ҳуқуқи истифодабарии захираҳои зарурии табиӣ ва дигар захираҳо;
- кафолати ба шабакаҳои энергетикӣ пайвастани истеҳсолкунандагони энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда;
- ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ ва ҷорӣ намудани технологияи нав барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла ташкили шароити мусоид барои сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва таъсис додани фонди дастгирии ин соҳа;
- дастгирии илмию техникӣ оид ба ташкил ва татбиқи дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия.
 
Моддаи 15. Барномаҳои истифодаи манбаъҳои  барқароршавандаи энергия
 
1. Барои идоракунии раванди рушди энергетика аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия барномаҳои миёнамӯҳлату дарозмуддати илмию техникии байнидавлатӣ, давлатӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ оид ба ҳавасмандгардонии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия қабул карда мешаванд.
2. Чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани барномаҳои мазкур бо назардошти алоқамандии онҳо бо чорабиниҳои бо энергия таъминкунии минтақаҳои дурдасти камэнергия, ҳифзи муҳити зист ва сохтмони манзил ба нақша гирифта мешаванд.
3. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва манбаъҳои ғайрибуҷетӣ сурат мегирад.
 
Моддаи 16. Маблағгузории барномаҳо ва лоиҳаҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия
 
1. Барномаю лоиҳаҳое, ки барои ҳавасмандгардонии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия равона карда шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва   шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешаванд.
2. Аз ҳисоби буҷети давлатӣ метавонанд чорабиниҳои зерин маблағгузорӣ карда шаванд:
- ташкил ва амалӣ намудани барномаҳои мақсаднок оид ба ҳавасмандгардонии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи  энергия;
- дастгирии илмию техникӣ оид ба офаридан ва татбиқ намудани дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- иштирок дар кори ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ оид ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- чорабиниҳои дигари ҳавасмандгардонии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия.
3. Тартиби ҷудо кардани маблағ барои хароҷоти мазкур тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 17. Нархгузорӣ дар соҳаи истеҳсоли энергия аз манбаъҳои  барқароршавандаи энергия
 
1. Нарх ва тарифҳои энергияе, ки аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мешавад, бо назардошти хароҷоти истеҳсол ва дастгирии рушди истифодабарии энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои фурӯхтан ба субъектҳои монополияи табиӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1254)
2. Субъекти монополияи табиӣ энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшударо бо нархи барои маҳсулоти субъекти инҳисороти табиӣ муайяншуда мефурӯшад ва фарқи байни нархи барои маҳсулоти энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия муқарраршуда аз ҳисоби тарифи барои маҳсулоти субъекти монополияи табиӣ муқарраргардида бо назардошти зарарҳои пешбинишуда ҷуброн карда мешавад.
 
Моддаи 18. Стандартонӣ ва сертификатсия дар соҳаи истифодаи манбаъҳои  барқароршавандаи энергия
 
1. Стандартонӣ дар соҳаи истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- дохил намудани нишондиҳандаҳои истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба регламенти техникӣ, стандартҳо, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- роҳандозӣ кардани регламенти техникӣ, стандартҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки заминаи методологӣ, ташкилӣ ва техникии истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи  энергияро муқаррар менамояд;
- ба регламенти техникӣ, стандартҳои давлатӣ, стандартҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, дохил намудани мизонҳои сифати энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда;
- дохил намудани нишондиҳандаҳои самаранокии энергетикӣ ба регламенти техникӣ, стандартҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон, мавод, конструксияҳо, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳ ва таҷҳизоти таъиноти хоҷагӣ, инчунин дигар молу хизматрасониҳо, ки энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истифода менамоянд;
- сертификатсияи ҳатмии энергия ва маҳсулоти аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда.
2. Дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия тибқи регламенти техникӣ, стандартҳо ва дигар санадҳои меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузорӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 19. Таъминоти илмию техникӣ дар соҳаи истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия
 
Таъминоти илмию техникӣ барои офаридан ва ҷорӣ намудани дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин рушди истифода кардани ин манбаъҳои энергия, аз ҷумла лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии чунин дастгоҳҳо дар доираи барномаҳои байнидавлатӣ, давлатӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ ва амалии илмию таҳқиқотӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳо оид ба иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ, таҷрибавию технологӣ, ки маблағгузории онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба амал бароварда мешавад.
 
Моддаи 20. Таъмини иттилоотонӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия
 
Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи энергетика таъмини  иттилоотиро барои ҳавасмандгардонии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо роҳҳои зерин ташкил менамояд:
- ташкили семинарҳо, намоиши таҷҳизот ва технологияе, ки дар истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба кор бурда мешаванд;
- нашри иттилоот доир ба масъалаҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- таблиғи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар воситаҳои ахбори омма;
- таҳияи пешниҳодҳо доир ба дохил намудани мавод оид ба  истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар барномаҳои умумӣ ва касбии таълимӣ;
- тайёр намудани мутахассисони техникӣ ва менеҷерони соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- ташкили системаи такмили ихтисос ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия.
 
БОБИ 4.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 21. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия 
 
1. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои  барқароршавандаи энергия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба роҳ монда мешавад.
2. Самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз инҳо иборатанд:
- мубодилаи манфиатбахши комёбиҳои илмию технологӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ;
- иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ;
- мубодилаи таҷриба оид ба истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- таълим ва бозомӯзии кадрҳо дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ;
- иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо ва семинарҳо.
 
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон
 
ш.Душанбе, 12 январи соли 2010
№ 587
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 10/02/2020 - 10:27
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
588
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
12.01.2010
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010, №1, мод. 12; №7, мод.562; ҚҶТ аз 22.07.2013с. №996)
 
                Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи фаъолияти оморӣ ба танзим дароварда, вазифаҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мақомоти омори давлатӣ, инчунин тартиби ташкил, ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳн ва ҳифз намудани маълумоти омори расмӣ ва пешбурди баҳисобгирии омори расмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
               Моддаи 1. Мақсад ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва механизмҳои танзимкунандаро барои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирии омори расмӣ ва паҳн намудани маълумоти омори давлатӣ, ки талаботи давлат ва ҷомеаро дар бораи иттилооти омории пурра, эътимоднок, илман асоснок ва саривақтӣ оид ба равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демографӣ, экологӣ ва дигари ҷамъиятиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, муайян менамояд.
2. Амали Қонуни мазкур ба ҳамаи воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд,  тадбиқ мегардад.
 
 
              Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
                Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- омор -  маҷмўи маълумоти миқдорӣ оид ба ҷамъи зуҳурот  ё равандҳо;
-омори давлатӣ - низоми ягонаи омории иттилооти давлатӣ аст, ки аз ҷониби мақомоти омори давлатӣ ташаккул меёбад;
-низоми омори давлатӣ - қисми асосии таркибии низоми иттилооти давлатӣ мебошад, ки дар худ маҷмӯи маълумоти омории аввалия, ҷамъбастшуда ва маъмуриро ифода менамояд;
 -баҳисобгирии омори расмӣ - фаъолияте , ки тибқи методологияи омори расмӣ барои гузаронидани мушоҳидаҳои оморӣ ва коркарди маълумоте , ки дар натиҷаи онҳо гирифта мешаванд, равона карда шуда бо мақсади ташаккули иттилооти омори расмӣ андешида мешавад;
 -субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ - мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд, ки ташаккулёбии иттилооти омори расмиро дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд; (ҚҶТ аз 22.07.13с. №996)
 -воҳиди оморӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд;
-ҳисоботҳои омори давлатӣ - маълумоте , ки аз ҷониби воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақомоти омори давлатӣ пешниҳод мегарданд;
-иттилооти омори расмӣ - иттилооти ҷамъбастии ҳуҷҷатишуда оид ба тарафҳои миқдории равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демографӣ, экологӣ ва равандњои дигари Ҷамъиятї дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи барномаҳои корҳои оморӣ ва дигар мушоҳидаҳо ташаккул меёбанд; (ҚҶТ аз 22.07.13с. №996)
- методологияи оморӣ - маҷмӯи қоидаҳои умумӣ ва усулҳои махсуси мушоҳидаҳои оморӣ;
- мушоҳидаҳои оморӣ - ҷамъоварии муназзами илман асосноки маълумот дар бораи зуҳурот ва равандҳои фаъолияти иҷтимоию иқтисодии воҳидҳои оморӣ, ки мақомоти омори давлатӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ ба амал мебароранд;
- мушоҳидаҳои омории идоравӣ - мушоҳидаҳое мебошанд, ки субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ аз рӯи намудҳои мушаххаси фаъолият ба амал мебароранд;
- низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории техникӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-иттилоотӣ - низоми гурўҳбандии  иттилоот оид ба воҳидҳои оморӣ аз рӯи намуди фаъолият, шакли моликият, маҳалли ҷойгиршавӣ ва ғайраҳо ;
- регистри омори давлатӣ – хазинаи Ҷамъбастии маълумоти воҳидҳои оморӣ мебошад, ки алоқамандиро бо регистр ва хазинаҳои маълумоти иттилоотии идоравӣ дар асоси низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории техникӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-иттилоотӣ таъмин менамояд; (ҚҶТ аз 22.07.13 №996)
- маълумоти аввалияи оморӣ - иттилооти оморӣ дар бораи воҳиди мушаххаси оморӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолият;
- маълумоти маъмурӣ - маълумотҳое, ки субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ ҳангоми амалӣ намудани вазифаҳои маъмуриашон гирифтаанд ва ба мақомоти омори давлатӣ барои истеҳсол ва баҳисобгирии омори расмӣ пешниҳод карда мешаванд;
- маълумоти ҷамъбастшудакалон кардани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ба воситаи муттаҳид кардани онҳо ба гурӯҳи ягона;
- махфӣ будани омор – таъмин намудани њифзи маълумоти оморӣ, ки ошкор намудани онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст;
- барӯйхатгирӣ - яке аз усулҳои мушоҳидаи баҳисобгирии сартосарии воҳидҳои оморӣ, ки дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақту замони муайян гузаронида мешавад; (ҚҶТ аз 22.07.13 №996)
- тадқиқот – ташаккул додани маълумоте мебошанд, ки бо роҳи пурсиш аз воҳидҳои ҷудогонаи интихобшудаи маҷмӯи воҳидҳои баҳисобгирии оморӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд;
- интихоб – усулҳо ва расмиёти интихоби воҳиди объекти омӯхташаванда мебошад, ки ба тадқиқот тааллуқ дорад;
- паҳн намудан – барои ҳамаи истифодабарандагон дастрас будани иттилооти оморӣ, ки махфӣ нестанд;
- баҳои оморӣ - бузургии ба ҳақиқат наздикшудаи иттилооти оморӣ;
- метамаълумот – иттилоот дар бораи маълумотҳои миқдории оморӣ мебошад, ки бо усулҳои ҷамъоварӣ, коркард, паҳнкунӣ, шарҳҳо ва мулоҳизоти методологӣ оид ба сифати маълумот тааллуқ доранд;
 
                Моддаи 3. қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омори давлатӣ
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омори давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро  эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
               Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи омор
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи омор ба ташкил, ҷамъоварӣ, коркард , истифода,  паҳн  ва ҳифз намудани маълумоти омори расмӣ дар асоси мустақилият, методологияи илман асоснок ва меъёрҳои байналмилалӣ равона карда шудааст.
 
              Моддаи 5. Принсипҳои асосии ташаккули омори давлатӣ
Бо мақсади таъмин намудани сифати омори давлатӣ, омор мувофиқи принсипҳои зерин ташаккул дода мешавад:
- рӯзмарра, воқеӣ, илман асоснок, саривақтӣ ва эътимоднок будани  омори расмӣ;
- холисона ва махфӣ будани омори расмӣ;
- шаффоф, ошкор ва дастрас будани омори расмӣ;
- мувофиқатпазир будани  омори расмӣ.
 
БОБИ 2. МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ, ВАЗИФА, ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
 
              Моддаи 6. Мақомоти омори давлатӣ
1. Мақомоти омори давлатӣ мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи ваколатдорнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд мақоми ваколатдор) мебошад, ки ташкил, ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил, умумигардонӣ, паҳн намудан,  ва ҳифзи иттилооти омори расмиро амалӣ менамояд.
2. Мақоми ваколатдор сиёсати давлатиро дар соҳаи омор амалӣ намуда, фаъолияти омориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил медиҳад ва ба воҳидҳои сохторӣ роҳбарӣ мекунад.
 
 Моддаи 7. Вазифаҳои мақоми ваколатдор
 Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи омор мақоми ваколатдор вазифадор аст:
                - фаъолияти омории субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ ва воҳидҳои омориро ҳамоҳанг ва назорат намояд;
                - фаъолияти омори дохилии идоравиро амалӣ намояд;
                - меъёрҳои оморӣ, аз ҷумла методология, таснифотро барои истеҳсоли омори расмӣ таҳия намояд;
                - оид ба ташаккули Шӯрои байниидоравии оморӣ, низомнома ва ҳайати он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намуда;
                - ҳамкориро бо дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд, бо онҳо мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома ва созишномаҳо бандад;
                -дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ намудааст, амалӣ намояд. (ҚҶТ аз 22.07.13 №996)
                - дигар ваколатҳоеро, ки дар  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ба амал барорад.
 
              Моддаи 8. Ҳуқуқҳои мақоми ваколатдор
                Мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад:
- аз воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ дар ҳаҷми нишондодашуда ва мўҳлатҳои муқаррарнамудаи мақомоти оморӣ маълумоти оморӣ, аз ҷумла маълумоти дорои сирри давлатӣ ва тиҷоратиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон гирад;
- аз ҳамаи намудҳои манбаъҳо, аз ҷумла аз регистрҳои идоравӣ ва хазинаҳои иттилоотӣ маълумот талаб кунад, ва дар асоси иттилооти мавҷуда баҳои оморӣ диҳад;
- дар байни аҳолӣ  мушоҳидаҳои оморӣ гузаронад;
- дурустии маълумоти омориро санҷида, дар мавридҳои ошкор шудани таҳриф, бартараф кардани онҳоро талаб кунад;
 - ба ҳисоботи субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ дастрасӣ дошта  бошад;
- истифодаи нодуруст ва тафсири маълумоти омориро шарҳ диҳад;
- усули гузаронидани мушоҳидаҳои омориро муайян намояд;
- мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси шартнома корҳои оморӣ, таҳлилӣ, иттилоотию ҳисоббарорӣ ва дигар корҳоро оид ба мавзўи касбӣ ба амал барорад;
- мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектҳои баҳисобгирии омори расмиро барои гузаронидани мушоҳидаҳои оморӣ ҷалб намояд;
- дар доираи ваколати худ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул намояд;
- дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар намудааст, амалӣ намояд. (ҚҶТ аз 22.07.13 №996)
 
Моддаи 9. Ӯҳдадориҳои мақоми ваколатдор
Мақоми ваколатдор ўҳдадор аст:
- мувофиқи барномаю методологияҳои қабулшуда мушоҳидаҳои омори давлатиро ташкил намояд;
- барои доираи васеи истифодабарандагон дастрас будани иттилооти омориро таъмин намояд;
- мувофиқи тартиби муқарраршуда иттилооти омориро мутобиқи ӯҳдадориҳои қабулкардашуда аз рӯи шартномаи байналмилалии имзошуда пешниҳод намояд;
- муҳимият, ҷамъоварӣ ва муҳофизати зарурии иттилооти омориро таъмин намояд;
- пеш бурдани регистри омори давлатиро таъмин намояд;
- дар бораи тағйироти умумӣ дар омори давлатӣ ба воситањои  ахбори омма иттилоот ва шарҳи мухтасари зарурӣ пешниҳод намояд;
- воҳидҳои омориро бо варақаҳои ҳисоботи оморӣ ва дастурҳои методӣ (дастурамалҳо)    таъмин намояд;
- риояи сирри давлатӣ , тиҷоратӣ ва махфияти оморро оид ба воҳидҳои оморӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
 
 
               Моддаи 10. Шӯрои байниидоравии оморӣ
1. Шӯрои байниидоравии оморӣ дар назди мақоми ваколатдор таъсис дода мешавад.
2. Шӯрои байниидоравии оморӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар соҳаи омор, ҷорӣ намудани усулњои инноватсионӣ ва технологӣ, такмил додани методология ва пешниҳоди тавсияҳоро оид ба масъалаҳои асосии фаъолияти оморӣ кор карда мебарояд.
 
 
БОБИ 3. ТАШКИЛ ВА ПЕШБУРДИ БАҲИСОБГИРИИ ОМОРИ РАСМӢ
 
              Моддаи 11. Барномаҳои омори давлатӣ
1. Бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти оморӣ ва рушди минбаъдаи омори давлатӣ барномаи ягонаи бисёрсолаи омор , ба мӯҳлати на камтар аз 5 сол ва барномаи солонаи корҳои оморӣ, ки рӯйхати шаклҳои баҳисобгирии омориро бо нишон додани мӯҳлати пешниҳоди онҳо дар бар мегиранд, таҳия карда мешаванд.
2. Барномаҳои омори давлатӣ, аз ҷониби мақоми ваколатдор таҳия карда шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
      
              Моддаи 12. Баҳисобгирии омори расмӣ
1. Баҳисобгирии омори расмиро мақоми ваколатдор мутобиқи барномаи солонаи корҳои оморӣ, дар асоси мушоҳидаҳои омории ҳуҷҷатишуда, аз ҷумла маъмулоти аввалияи оморӣ ва маълумоти маъмурӣ ба амал мебарорад.
2. Воҳидҳои оморӣ вазифадоранд, ки маълумотро ба мақоми ваколатдор дар шакли муқарраргардида, саривақт, пурраю дақиқ ва ройгон пешниҳод намоянд.                                                                 3. Субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ ба мақоми ваколатдор, ба ҳамаи хазинаҳои маълумот, регистрҳо ва ба дигар маълумот имконияти дастрасиро пешниҳод менамоянд.
 
 
              Моддаи 13. Методологияи оморӣ
              1.Методологияи оморӣ усули ҷамъоварӣ ва гурӯҳбандии маълумоти аввалияи оморӣ ва маълумоти маъмурӣ, баҳодиҳии дақиқияти иттилооти омори расмӣ, ба танзим даровардани онро, ки барои омӯхтани зуҳуроти миқдорӣ дар равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ равона карда шудаанд, ташаккул медиҳад.
              2. Унсурҳои таркибии методологияи оморӣ мушоҳидаҳои оморӣ, истифодаи нишондиҳандаҳои омории Ҷамъбастї ва тањлили онҳо мебошанд. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №996)
 
              Моддаи 14. Мушоҳидаҳои оморӣ
1. Мушоҳидаҳои оморӣ аз тарафи мақоми ваколатдор нисбати воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ гузаронида мешаванд. Мушоҳидаҳои оморӣ вобаста ба усули гузаронидан, метавонад сартосарӣ ва интихобӣ бошад. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №996)
2. Мушоҳидаҳои омории сартосарӣ ин ташаккулёбии маълумот мебошад, ки аз ҳамаи воҳидҳои оморӣ барои ташкили омори расмӣ гирифта шудаанд.
3. Мушоҳидаҳои омории интихобӣ ин ташаккулёбии маълумот мебошад, ки аз қисми муайяни воҳидҳои  оморӣ аз рӯи намудҳои ҷудогонаи фаъолият, мувофиқи методологияи махсус гирифта шудааст.
4. Тарзи гузаронидани мушоҳидаҳои оморӣ аз тарафи мақоми ваколатдор ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ муайян карда мешавад, агар тартиби дигар  дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинї нашуда бошад.
5. Ҷамъоварии маълумоти аввалияи оморӣ аз рӯи шаклҳои мушоҳидаҳои оморӣ ба амал бароварда шуда, пешниҳоди ин маълумот аз тарафи воҳидҳои оморӣ ё бо роҳи пурсиши онҳо ва қайди далелҳо сурат мегиранд.
6. Шаклҳои мушоҳидаҳои оморӣ ва дастурамалҳо оид ба пур кардани онҳо, ки субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ таҳия кардаанд, аз тарафи мақоми ваколатдор тасдиқ карда мешаванд.
 
              Моддаи 15. Регистри омори давлатӣ
1. Регистри омори давлатӣ воситаи баҳисобгирии омори расмӣ мебошад ва рӯйхати ҳатмии нишондиҳандаҳои маъмурӣ ва аввалияи омориеро дар бар мегирад, ки фаъолияти воҳидҳои омориро мувофиқи низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории техникӣ - иқтисодӣ ва  иҷтимои - иттилоотӣ тавсиф менамояд.
2. Пешбурди  регистри омори давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдор амалӣ мегардад.
3. Субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ, ки регистри ва хазинаи маълумоти иттилоотиро дар бораи воҳидҳои оморӣ таъсис медиҳанд ва пеш мебаранд, барои ташаккул додан ва актуалӣ гардонидани регистри омори давлатӣ ба мақоми ваколатдор иттилооти заруриро ройгон пешниҳод менамоянд.(ҚҶТ аз 21.07.10. №630)
 
              Моддаи 16. Паҳн намудани иттилооти омори расмӣ
1. Паҳн намудани иттилооти омори расмӣ аз тарафи субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ тавассути нашрияҳои расмӣ, ҷойгир намудан дар шабакаҳои иттилоотии дастраси умум ва телекоммуникатсионӣ, барандаҳои электронӣ, инчунин бо пешниҳод намудани маълумот ба воситаҳои ахбори омма   амалӣ  карда мешавад.
2. Мақоми ваколатдор сари вақт ва пешакӣ дар бораи санаи чопи нашрияҳо ва метамаълумот иттилоот паҳн мекунад.
3. Тамоми истифодабарандагон ҳуқуқи дастрасии баробар ва дар як вақт ба маълумоти омори расмиро доранд, ба истиснои маълумоти махфии дорои иттилооти инфиродӣ дар бораи воҳидҳои ҷудогонаи оморӣ.
4. Паҳн намудани маълумоти аввалияи оморӣ метавонад танҳо бо розигии воҳидҳои оморӣ, ки иттилоотро пешниҳод кардаанд, сурат гирад.
5. Субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ муҳофизати маълумоти махфиро аз дастрасӣ ва ошкоркунии ғайриқонунӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.
 
              Моддаи 16. Таъминоти ташкилӣ, молиявӣ ва моддӣ-техникии корҳои оморӣ
1. Корҳои омори давлатӣ, ки мувофиқи барномаҳои тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешавад, аз буҷети давлат маблағгузорӣ карда мешаванд.
2. Хароҷот барои амалӣ намудани корҳои иловагии оморӣ аз ҳисоби фармоишгари ин корҳо маблағгузорӣ карда мешавад ва  маблаѓҳои бадастовардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии мақоми ваколатдор истифода мегарданд.
 
Боби 4. Муқаррароти хотимавӣ
 
              Моддаи 17. Кафолатҳои ҳуқуқии воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ
1. Мақоми ваколатдор ба воҳидҳои оморӣ ва ба субъектҳои  баҳисобгирии омори расмӣ махфӣ нигоҳ доштани маълумоти аввалияи омориро кафолат медиҳад.
2. Мақоми ваколатдор коркард, нигоҳ доштан ва ҳифзи маълумоти аввалияи омориро дар шароитҳои кафолатдиҳандаи  пешгирӣ кардани онҳо аз дуздӣ, талафот ё таҳрифот таъмин менамояд.
 
              Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои вайрон  кардани Қонуни мазкур
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
             Моддаи 19. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ»
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 «Дар бораи омори давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, мод. 127, с. 2003, № 4 мод.136, с. 2006, № 3, мод.161, с. 2008, № 12, қисми 2, мод. 998) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
               
          Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                               Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе, 12 январи соли 2010,
№588
 
                                                                                                                                                             
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 10/02/2020 - 10:36
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
592
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
12.01.2010
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010, №1, мод. 16 ҚҶТ аз 28.12.12г. №923 )
 
                 Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон,  шаклҳои  дастгирии Ҷамъияти мазкурро  аз тарафи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои мутақобилаи онҳоро танзим  мекунад.
 
                                                               БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ  
 
Моддаи 1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
1. Ҷамъияти Ҳилоли  Аҳмари Тоҷикистон қисми таркибии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, узви Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрӣ, ташкилоти худидораи ғайритиҷоратӣ буда, ба ташаббуси шаҳрвандон, дар асоси умумияти манфиатҳо барои муштаракона баҷо овардани вазифаҳои амалӣ гардонидани ғояҳои башардӯстона ва ғамхорӣ кардан дар ҳаққи мардум бо роҳи таъмини ҳифзи иҷтмоии шаҳрвандон, ҳамчунин дастгирии фаъолияти башардӯстонаи мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот созмон дода шудааст.(ҚҶТ аз 28.12.12с. №923)
2. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона ташкилоти миллии Ҳилоли Аҳмар эътироф шуда,  фаъолияти худро дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Номҳои «Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ва  «Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари  Тоҷикистон тааллуқ дошта, ҳаммаъно мебошанд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №923)
3. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷамъияти ихтиёрӣ эътироф гардидааст, мутобиқи Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 дар бораи беҳбудӣ бахшидан ба сарнавишти маҷрӯҳон ва беморон дар артишҳои амалкунанда, дар бораи беҳбудӣ бахшидан ба сарнавишти маҷрӯҳон, беморон ва киштишикастагон аз ҳайати нерӯҳои мусаллаҳ дар баҳр, дар бораи муносибат бо асирони ҳарбӣ, дар бораи ҳимояи аҳолии мулкӣ дар замони ҷанг (минбаъд - Конвенсияҳои Женева (с.1949), Протоколи иловагӣ ба Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 оид ба ҳимояи қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ, Протоколи иловагӣ ба Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 оид ба ҳимояи қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳонаи дохилӣ (ғайрибайналмилалӣ), (минбаъд- Протоколҳои иловагӣ (с.1977) ба мақомоти давлатӣ дар фаъолияти башардӯстона мусоидат менамояд .(ҚҶТ аз 28.12.12с. №923)
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №923)
 
Моддаи 3. Вазъи ҳуқуқии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрии ҷумҳуриявӣ, ба ҳайси шахси ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар асоси  умумияти манфиатҳои шаҳрвандон бо мақсади сабук намудани азияти одамон, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, кӯмак  расонидан ба ҷабрдидагони задухӯрдҳои мусаллаҳона ва шахсони аз ҳолатҳои фавқулодда ва техногенӣ зарардида, ҳамкорӣ дар иҷрои вазифаҳое, ки аз Конвенсияҳои Женева (с.1949), Протоколҳои иловагӣ (с.1977) бармеоянд, тарғиби ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ ва принсипҳои  асосии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, инчунин баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ  фаъолият мекунад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №923)
               
Моддаи 4.  Оинномаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дорои Оиннома буда, мутобиқи он фаъолият менамояд. Дар Оинномаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тартиби ташкили он, ташаккули мақомоти роҳбарикунанда ва  назоратӣ, сохторҳои ташкилӣ, шароит ва тартиби ба узвияти ҷамъият қабул намудан, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзо ва инчунин дигар маълумоте, ки ба иҷрои фаъолияти он алоқаманд аст, муайян мешаванд.  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мутобиқи Оиннома ва низомномаҳои тасдиқшуда фаъолият менамояд. Оинномаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар анҷумани Ҷамъияти мазкур тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари  Тоҷикистон
1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар фаъолияти худ принсипҳои умдаи зерини Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро ба роҳбарӣ мегирад:
- башардӯстӣ - Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, (минбаъд- Ҳаракат) ки баҳри кӯмакрасонӣ бидуни истисно ба ҳамаи маҷрӯҳони майдони муҳорибаҳо созмон дода шудааст, бо истифодаи ҳамаи имкониятҳояш дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ба пешгирӣ ва сабукгардонии азоби мардум дар тамоми ҷаҳон кӯшиш мекунад; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №923)
- беғаразӣ - Ҳаракат аз таассуби миллӣ, нажодӣ, динӣ ва ақидаҳои синфию сиёсӣ озод аст. Он барои сабук кардани азоби мардум мекӯшад, фақат эҳтиёҷмандии онҳоро ба назар мегирад ва пеш аз ҳама ба шахсони аҳволашон  хеле вазнин кӯмак мерасонад;
- бетарафӣ - бо мақсади истифода аз эътимоди ҳамаи мардум Ҳаракат дар амалиёти ҷангӣ тараферо ҷонибдорӣ намекунад ва ҳеҷ гоҳ ба баҳсу мунозираҳои  сиёсӣ, нажодӣ, динӣ ё ғоявӣ дахолат намекунад;
- мустақилӣ - Ҳаракат мустақил аст. Ҷамъиятҳои миллӣ дар амалиёти башардӯстонаи кишварҳояшон нақши мададрасониро иҷро карда, ҳамчун шахсони ҳуқуқии давлатҳои худ барои мутобиқи принсипҳои асосии Ҳаракат амал кардан бояд мухторияти хешро нигоҳ доранд;
- ихтиёрӣ -  Ҳаракат ихтиёрӣ ва мақсадаш кӯмакрасонӣ буда, ҳеҷ гоҳ барои ба даст овардани фоида кӯшиш намекунад;
- ягонагӣ - дар мамлакат танҳо як Ҷамъияти Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмар арзи вуҷуд дошта метавонад. Дарҳои он бояд барои ҳама боз бошад ва фаъолияти башардӯстонаашро дар саросари қаламрави кишвар иҷро намояд;
- фарогир -  Ҳаракат, ки аз ҷамъиятҳои  мақому масъулияташон баробар иборат аст, умумиҷаҳонист. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №923)
2. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони дигари ҳуқуқӣ, инчунин шахсони воқеӣ ӯҳдадоранд, ки принсипҳои фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр шудаанд, эҳтиром намоянд.
 
Моддаи 6. Вазифаҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳам мустақилона ва ҳам бо ҳамкории мақомоти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- дар ташкили донории хун ва ҷузъҳои он дар давраи осоишта ва дар давраи задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок намуда, тарғиботро дар байни аҳолӣ барои беподош додани хун ва ҷузъҳои он ҷиҳати табобат ба роҳ мемонад;
- дар расонидани кӯмаки табобатию пешгирӣ ва иҷтимоии шахсони ба он  ниёзманд иштирок менамояд;
- баҳри дастрас шудани маводи зарурати нигоҳубини бемор тавассути шабакаҳои дорутаъминкунии Ҳилоли Аҳмар фаъолият карда, барои нигоҳубини табақаҳои гуногуни аҳолӣ хизмати тиббию иҷтимоии пулакӣ мерасонад;
- барои расонидани кӯмак ба шахсони бехонумон, гурезаҳо ва табақаҳои дигари аҳолии ниёзманд хадамоти махсус ташкил мекунад;
- бо мақсади ҷустуҷӯи шахсони бе ному нишон гумгашта хадамоти ҷустуҷӯӣ ташкил мекунад, робитаи байни аъзои оилаҳоро, ки дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона, ҳолатҳои фавқулодда ва техногенӣ ҷудо шудаанд, барқарор месозад, барои пайваст намудани оилаҳо кӯмак мерасонад;
- қабул, нигоҳдорӣ ва тақсими кӯмаки башардӯстонаро, ки аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмари кишварҳои хориҷӣ ва дигар манбаъҳо расонида мешавад, ба роҳ мемонад;
- бо хадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳои дохилии  Вазорати корҳои дохилӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар ҷузъу томҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақомот ва ҷузъу томҳои       Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба маҷрӯҳон ва беморони зарардидаи давраи задухӯрдҳои мусаллаҳона кӯмак расонида, бо ҳамин мақсад хадамоти дахлдор ташкил менамояд;
- бо мақомот ва ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба шахсоне, ки дар натиҷаи  ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, кӯмак расонида, бо ҳамин мақсад хадамоти дахлдор созмон медиҳад;
- барои истифодаи аломати Ҳилоли Аҳмар ба сифати нишони фарқкунанда ва дар замони осоишта  ба сифати нишони ҳимоят иҷозат медиҳад;
- ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул ва ҷойгирондани қурбониёни задухӯрдҳои мусаллаҳона ва инчунин ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда осеб дидаанд, кӯмак мерасонад;
-  ба фаъолияти башардӯстонаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;
- ба мақомоти давлатӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конвенсияҳои Женева (с. 1949) ва Протоколҳои иловагӣ (с.1977) бармеоянд, мусоидат мекунад; 
- таълимот дар бораи ҳуқуқи байналмилалӣ, принсипҳо ва идеалҳои Ҳаракатро паҳн менамояд;(ҚҶТ аз 28.12.12с.№923)
- дар чорабиниҳои  ҳифзи саломатии аҳолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бобати сабук кардани азияти инсон ва нигоҳубини табақаҳои гуногуни аҳолӣ, инчунин иҷрои  барномаҳои худ дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ иштирок мекунад;(ҚҶТ аз 28.12.12с.№923)
- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки қурбониёни  задухӯрдҳои мусаллаҳона буда, инчунин аз  ҳолатҳои фавқулодда ва техногенӣ зарар дидаанд расониданӣ кӯмакро ташкил менамояд; (ҚҶТ аз 28.12.12с.№923)
-тавассути Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва  Ҳилоли Аҳмар ва Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари кишварҳои хориҷӣ ба қурбониёни задухӯрдҳои мусаллаҳона ва инчунин ба шахсоне, ки  дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда ва техногенӣ  дар мамлакатҳои  хориҷӣ ҷабр дидаанд кӯмак мерасонад;(ҚҶТ аз 28.12.12с.№923)
-  вазифаҳои дигарро, ки аз принсипҳои асосии   Ҳаракат бармеоянд, иҷро менамояд. ;(ҚҶТ аз 28.12.12с.№923)
 
Моддаи 7. Самтҳои асосии фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари  Тоҷикистон
Бо мақсади иҷрои вазифаҳое, ки дар моддаи 6 Қонуни мазкур зикр шудаанд, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар маърифати санитарӣ ва таълимоти тиббӣ ба аҳолӣ ҷиҳати расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ва нигоҳубини беморон дар хона ширкат намуда, дар таъсиси хадамоти марбути тайёр намудани кадрҳо дар ин самти фаъолият ва тайёр намудани ҳайати шахсӣ, ки ба сохторҳои мудофиаи гражданӣ  шомиланд, мусоидат мекунад;
- бо мақомоти давлатӣ ҷиҳати таъмини риояи ҳуқуқҳои байналмилалии башарӣ ва ҳимояи нишони Ҳилоли Аҳмар ҳамкорӣ мекунад; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №923)
- аломати Ҳилоли Аҳмарро чун нишони фарқкунанда истифода мекунад;
- дар ҳамгироӣ бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх,  Федератсияи Байналмилалии  Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҷамъиятҳои миллии  Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмари кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати расонидани кӯмак ба ҷабрдидагони задухӯрдҳои мусаллаҳона ва ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда осеб дидаанд, ба фаъолияти башардӯстонаи ин ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз  он ёрӣ мерасонад;
- мутобиқи Конвенсияҳои Женева (с.1949) ва Протоколҳои иловагӣ  (с.1977) дар давраи осоишта заминаи  моддию техникӣ бунёд мекунад ва барои ташкили кори Бюрои миллии маълумотдиҳӣ мутахассисонро таълим медиҳад ва дар давраи задухӯрдҳои мусаллаҳона вазифаҳои онро иҷро менамояд; (ҚҶТ аз 28.12.12с.№923)
- барои дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор додани маълумот  ва иттилоот оид ба ҳуқуқи башардӯстии байналмилалӣ ва принсипҳои асосии Ҳаракат хадамоти дахлдор таъсис медиҳад; (ҚҶТ аз 28.12.12с.№923)
- фаъолияти табъу нашрро ба роҳ мемонад;
- вазифаҳои дигарро, ки Конвенсияҳои Женева (с.1949), Протоколҳои иловагӣ (с.1977), ҳуҷҷатҳои Ҳаракат, инчунин Қонуни мазкур ба зиммаи он вогузор намудаанд, иҷро мекунад. (ҚҶТ аз 28.12.12с.№923)
 
Моддаи 8. Иттилоот оид ба фаъолият
1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои воситаҳои ахбори омма шароит муҳайё мекунад, ки иттилоотро оид ба фаъолият ва ҳисоботи солонааш озодона дастрас намоянд.
2. Инъикоси ҳамаҷонибаи фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон вазифаи ҷамъиятии воситаҳои ахбори омма мебошад.
 
Моддаи 9. Ҳамкории байналмилалии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ташкилотҳои дигари байналмилалии башардӯст, инчунин бо ҷамъиятҳои миллии  Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмари кишварҳои хориҷӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти мутобиқ ба вазифа ва самтҳои асосии дар моддаҳои 6 ва 7 Қонуни  мазкур пешбинишуда ҳамкорӣ менамояд.
2. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон фаъолияти  байналмилалии башардӯстии худро тибқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳое, ки дар доираи Ҳаракат қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи ҷамъият қабул гардидаанд, ба роҳ мемонад.
3. Ҷамъиятҳои миллии хориҷии Салиби Сурх ва Ҳилоли  Аҳмар фаъолияти худро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипҳои асосии Ҳаракат дар асоси шартнома бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 28.12.12с.№923)
 
Моддаи 10. Истифодаи аломат ва номи Ҳилоли Аҳмар аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари            Тоҷикистон
Аломат ва номи Ҳилоли Аҳмар аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мутобиқи Конвенсияҳои Женева (с.1949), Протоколҳои иловагӣ (с.1977), Оинномаи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар оид ба истифодаи аломат ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" истифода мешаванд. (ҚҶТ аз 28.12.12с.№923)
               
БОБИ 2. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 11. Ҳамкории  Ҷамъияти Ҳилоли  Аҳмари Тоҷикистон бо мақомоти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҷамъияти Ҳилоли  Аҳмари Тоҷикистон бо  мақомоти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад созишнома бандад, ки дар он  самтҳои асосӣ ва тарзҳои  ҳамкорӣ  муайян карда мешаванд.
2. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардонидани фаъолият мутобиқи вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки дар моддаҳои 6 ва 7 Қонуни мазкур, инчунин дар асоси фармоиши давлатӣ муайян шудаанд, метавонанд Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва сохторҳои ташкилии онро ҷалб намоянд.
3. Ҳангоми зарурат мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот маълумоти дар ихтиёрашон бударо, ки барои иҷрои вазифаҳои пешбининамудаи моддаҳои 6 ва 7 Қонуни мазкур лозиманд, ба ихтиёри Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон вогузор менамоянд.
4. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ӯҳдадоранд ҳамаи маълумоти пешбининамудаи Конвенсияҳои Женева (с.1949) ва Протоколҳои иловагиро (с.1977) оид ба шахсоне, ки тибқи Конвенсияҳо ва Протоколҳои мазкур ниёзманди ҳимоя мебошанд, дар муддати 15 рӯз баъд аз муқаррар кардани сарпарастии ин шахсон пешниҳод намоянд. (ҚҶТ аз 28.12.12с.№923)
 
Моддаи 12. Дастгирии давлатии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро дар иҷрои вазифаҳои он мутобиқи моддаи 6 Қонуни мазкур бо назардошти чораҳои моддӣ ва ғайра дастгирӣ менамоянд.
2. Озод намудани Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз пардохти андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ, ҳамчунин кӯмаки молиявии барномаҳои махсусе, ки ҷавобгӯи вазифаҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мебошанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.
 
Моддаи 13. Маблағгузории фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
1. Андозаи маблағгузории давлатӣ барои пардохти ҳаққи узвияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, пардохтҳои маблағгузории Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва барои иҷрои барномаҳои иҷтимоии давлатӣ ҳар сол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  буҷети давлатӣ муқаррар карда мешавад.
2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳуққуқ доранд ташкилотҳои минтақавӣ ва маҳаллии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ намоянд.
3. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон метавонад хайрия ва кӯмакҳоро аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакл қабул намояд.
4. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон метавонад ҳар навъи моликиятро, ки барои амалӣ намудани вазифа ва ҳадафҳояш лозим медонад, ба даст оварад, молик бошад ва ихтиёрдорӣ кунад.
 
Моддаи 14. Ҷудо намудани биноҳо  барои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари  Тоҷикистон
Биноҳоро барои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва сохторҳои ташкилии он ҷиҳати таъмини фаъолияти онҳо, инчунин ҷойгиронии мақомоти идораи он мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мекунанд.
 
Моддаи 15. Моҳвораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳар сол аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон моҳвораи Ҳилоли Аҳмар гузаронида мешавад, ки ба паҳн кардани ақидаҳои Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ҷалб кардани таваҷҷӯҳ ба барномаҳои фаъолияти Ҷамъияти мазкур равона шудааст. Мӯҳлат, тартиб ва шартҳои гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.12.12с.№923)
2. Ҷамъияти мазкур дар асоси барномаи гузаронидани моҳвораи Ҳилоли  Аҳмар, ки аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва мақомоти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, барои гузаронидани чорабиниҳо дар доираи моҳвораи  Ҳилоли Аҳмар, аз майдонҳои варзишӣ, боғ ва дигар иншооти фарҳангӣ - иҷтимоӣ  истифода карда метавонад.
 
БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур  мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе, 12 январи соли 2010,
№592

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 10/02/2020 - 10:49
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
593
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
12.01.2010

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010, №1, мод. 17. Қонуни ҶТ аз 29.01.2021с., №1767)

 

     Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба танзим дароварда, объектҳои муҳими ҷамъиятиро, ки зарурат ба экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ доранд, муайян мекунад, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои асосии фармоишгарон ва иҷрокунандагони экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникиро муқаррар менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ – намуди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба гузарондани таҳқиқот, таҳлил ва арзёбии илмии объектҳои экспертиза, тайёр намудан ва ба расмият даровардани хулосаи экспертӣ нисбати ин объектҳо, ки барои қабул намудани қарорҳои муҳими ҷамъиятӣ заруранд;

- эксперт – шахси воқеӣ, ки дар ташкилоти махсус ё мустақилона фаъолият намуда, оид ба иҷрои вазифаҳои гузоштаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ тахассуси баланд ва таҷрибаи касбӣ дорад;

-хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ – ҳуҷҷати омоданамудаи иҷрокунандаи экспертиза, ки оид ба объекти экспертиза хулосаҳои асосиро дар бар мегирад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1767).

 

Моддаи 3. Вазифаҳои экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

Вазифаҳои асосии экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ аз инҳо иборатанд:

- таҳқиқи воқеии маҷмӯии объектҳои экспертиза;

-санҷиши мувофиқати объектҳои экспертиза ба талабот ва меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-арзёбии мувофиқати объектҳои экспертиза ба сатҳи имрӯзаи донишҳои илмӣ, техникӣ ва технологӣ, самтҳои афзалиятноки инкишофи илмӣ-техникӣ, принсипҳои сиёсати давлатӣ оид ба илму техника, талаботи бехатарии экологӣ ва манфиатҳои иқтисодӣ;

-таҳлили самаранокии истифодаи имкониятҳои мавҷудаи илмӣ-техникӣ, арзёбии натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, коркардҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ ва технологӣ;

- пешгӯии оқибатҳои илмӣ-техникӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва экологии татбиқи барномаҳо, лоиҳаҳо ва пешниҳодҳое, ки объекти экспертиза мебошанд;

-таҳияи хулосаҳои асосноки экспертӣ оид ба ҳамаи масъалаҳои омӯхташаванда (аз ҷумла тавсияҳои маблағгузоришаванда);

-ҷалби ҷомеаи илмӣ ба ҳалли масъалаҳои ташкили таҳқиқоти илмӣ ва афзун гардонидани самараи корҳои экспертӣ.

 

Моддаи 4. Принсипҳои экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

Принсипҳои асосии экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ аз инҳо иборатанд:

- салоҳиятнокӣ ва сатҳи баланди касбии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки экспертиза мегузаронанд;

-муносибати илмӣ, таҳқиқи пурра, ҳамаҷониба ва воқеии объектҳои экспертиза, таъмини асоснокии натиҷаҳои экспертиза;

- мустақилият ва ҳимояи ҳуқуқи иштироккунандагони раванди экспертӣ ҳангоми аз тарафи онҳо иҷро намудани фаъолияти касбӣ;

- тамоюл ба сатҳи ҷаҳонии инкишофи илм ва техника, меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарии технологӣ ва экологӣ, талаботи стандартҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ;

- ташкили бонизоми корҳои экспертӣ ва таъмини меъёрӣ ва илмию методии онҳо;

- ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ оид ба масъалаи мавриди экспертиза қарордошта;

- ҷавобгарӣ барои дурустӣ, пуррагӣ ва асоснокии тавсияҳои экспертиза;

- шаффофияти экспертиза.

 

Моддаи 5. Намудҳои экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

           1.Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ метавонад аз рӯи моҳият давлатӣ, ҷамъиятӣ ва махсус ва аз рӯи тартиби гузарондан ибтидоӣ, такрорӣ, иловагӣ ва комиссионӣ бошад.

           2.Шартҳо ва тартиби гузаронидани намудҳои гуногуни экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникиро Қонуни мазкур муқаррар менамояд.

 

Моддаи 6. Объектҳои экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1. Объектҳои экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ иборатанд аз:

- лоиҳаҳо, барномаҳо, технологияҳо, пешниҳодҳои сатҳу мазмуни гуногун, ки аз рӯи онҳо таҳлили асосноки илмӣ анҷом дода шуда, дар бобати мувофиқи мақсад будани қабул, татбиқ, истифода ва вусъати баъдии онҳо хулоса дода мешавад;

- намунаҳои техника (аз ҷумла ҳарбӣ), объектҳои саноатӣ, иншоот, падидаҳои табиӣ, технологияҳое, ки доир ба онҳо гирифтани хулосаҳои илман асосноки экспертӣ талаб карда мешавад.

2. Ба экспертизаи ҳатмии илмӣ ва илмӣ-техникӣ инҳо шомиланд:

- барномаҳои давлатӣ ва миллии илмӣ, илмӣ-техникӣ ва технологӣ;

- лоиҳаҳои барномаҳои байнидавлатии илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар соҳаи ҳамкории илмӣ ва илмӣ-техникӣ;

- барномаҳои соҳавӣ ва байнисоҳавӣ дар фаъолияти илмӣ, илмӣ-техникӣ ва технологӣ;

- барномаҳои илмӣ-техникии дорои аҳамияти иҷтимоӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионии сатҳу таъйиноти гуногун, инчунин натиҷаҳои татбиқи ин барномаҳо ва лоиҳаҳо;

- таҳқиқоти диссертатсионӣ, пешниҳодҳои ратсионализаторӣ, ихтироот;

- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими фаъолият дар соҳаи илм ва илму техника;

- асосномаҳои техникӣ-иқтисодии барномаҳо, лоиҳа ва қарорҳо доир ба сохтан, навсозӣ, барҳамдиҳӣ, боздоштан, нигоҳдории маҷмааҳои истеҳсоливу технологӣ ва системаҳои техникӣ, ки бо иштирок ё назорати давлат сохта мешаванд;

- асосномаҳои илмӣ ва илмӣ-техникии қарорҳое, ки ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои вазъияти фавқулодда ва фалокатҳои техногенӣ алоқаманданд;

- корҳое, ки ба дарёфти ҷоизаҳои давлатӣ дар соҳаи илм ва техника пешбарӣ шудаанд.

3. Бо ташаббуси ташкилотҳо ва муассисаҳое, ки ҳалли масъалаҳои дахлдор ба салоҳияти онҳо марбутанд, инҳо экспертиза карда мешаванд:

- лоиҳаҳои ҷудогонаи илмӣ-техникӣ ва технологӣ, ҳамчунин маҳсулоти илмӣ-техникӣ;

- корҳои илмӣ-таҳқиқотии (дорои ҷанбаҳои бунёдӣ ва амали) самтҳои гуногун;

- корҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ ва маҷмӯи корҳое, ки дар асоси супоришҳои техникӣ бо мақсади коркарди ҳуҷҷатҳои дахлдор иҷро  мешаванд;

- корҳои илмии дар шакли дастнависҳо, маърӯзаҳо, монографияҳо ё дастурҳои махсус омодашуда;

- асосномаҳои техникӣ-иқтисодӣ, нақшаҳои консептуалӣ, тиҷоратӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ;

- равандҳои татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ, навъҳои дигари фаъолияти илмӣ, илмӣ-техникӣ ва технологӣ;

- объектҳои дигари фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки нисбати онҳо зарурати гузаронидани экспертиза пеш меояд.

 

Моддаи 7. Субъектҳои экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1.Субъектҳои экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ фармоишгарон ва иҷрокунандагони экспертиза ва ҳамчунин дигар иштироккунандагони фаъолияти экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ мебошанд.

2.Фармоишгарони экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба гузаронидани ин экспертиза манфиатдоранд, буда метавонанд.

3. Фармоишгарон мавзӯъ ва мазмуни экспертизаро муайян мекунанд, супоришҳои гузарондани онро тартиб медиҳанд, маблағгузории корҳои зарурӣ, пардохти хидмати ташкил­кунандагони экспертиза ва кори экспертҳоро таъмин ва хулосаҳои экспертии пешниҳодшударо баррасӣ менамоянд.

4. Иҷрокунандагони экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ташкилотҳои экспертӣ ва шахсони воқеӣ – экспертҳое мебошанд, ки оид ба мавзӯи экспертиза тахассуси лозимӣ ва таҷрибаи касбӣ доранд.

5. Экспертҳо дар ташкилотҳои экспертӣ ё мустақилона кор карда, дар экспертиза бевосита иштирок менамоянд, объекти ба онҳо пешниҳодшударо меомӯзанд ва арзёбӣ мекунанд, оид ба гузаронидани таҳлили дуруст ва пурраи объект, асоснокии тавсияҳо ва мувофиқати онҳо ба талаботи фармоишгари экспертиза масъулият доранд.

6. Дар симои як шахс якҷо кардани вазифаҳои эксперт ва муаллифи коркарди арзёбишаванда ва ё шахси барои ҳимояи ӯ манфиатдор иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 8.  Сертификатсия, аттестатсия ва аккредитатсияи фаъолияти экспертӣ

1. Шахсони воқеие, ки ба таври доимӣ ё касбӣ фаъолияти экспертиро иҷро менамоянд ва шахсони ҳуқуқие, ки дар оинномаашон чунин фаъолият пешбинӣ шудааст, бояд аз сертификатсияи ҳатмии давлатӣ гузаранд ва сертификатеро, ки тахассуси дорандаи онро дар масъалаҳои гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ тасдиқ менамояд, дарёфт намоянд.

2. Барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки шаҳодатномаи давлатии тахассусӣ доранд, сертификатҳо метавонанд бо ҳуҷҷатҳои дигар иваз карда шаванд. Шакли ҳуҷҷатҳое, ки сертификатро иваз мекунанд ва ба иҷрои фаъолияти экспертӣ (пешниҳоди хизматрасонии экспертӣ) бе дарёфти сертификат ҳуқуқ медиҳанд, аз ҷониби мақоме, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ваколатдор намудааст, муайян карда мешавад.

3. Ташкилотҳои (муассисаҳои) илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавие, ки фаъолияти худро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ мекунанд, муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм онҳоро аз аттестатсия гузаронидааст, муассисаҳои пешбари илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои лоиҳакашии вазорату идораҳо метавонанд фаъолияти экспертиро бе сертификатсияи иловагӣ дар асоси низомномаҳои қабулшуда, ки дар онҳо чунин фаъолият пешбинӣ шудааст, иҷро намоянд. (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1767)

4. Мувофиқати имкониятҳои иҷрокунандаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба талаботи меъёрӣ барои таъмини шартҳои гузарондани экспертиза ва сифати натиҷаҳои он ҳангоми аккредитатсияи онҳо дар мақомот ва ташкилотҳое, ки ба гузарондани экспертизаи ҳатмии илмӣ ва илмӣ-техникӣ ваколатдоранд, тасдиқ карда мешавад.

5. Ба эксперте, ки ба тартиби муқарраршуда аттестатсия ва аккредитатсияро гузаштааст, мақоми эксперти категорияи муайян дода мешавад.

6. Тартиби гузаронидани сертификатсия, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии ташкилотҳои экспертӣ ва экспертҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

7. Аккредитатсияи шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ба сифати эксперт бо назардошти талаботи Қонуни мазкур, шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ сурат мегирад.

8. Рад кардани сертификатсия, аттестатсия ва аккредитатсияи иҷрокунандаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ метавонад бо тартиби судӣ эътироз карда шавад.

 

БОБИ 2. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ ЭКСПЕРТИЗАИ ИЛМӢ ВА

 ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ

 

Моддаи 9. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фармоишгари экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1. Фармоишгари экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ҳуқуқ дорад:

- дар бораи зарурати гузаронидани экспертизаи ибтидоӣ, такрорӣ, иловагӣ ё комиссионии илмӣ ва илмӣ-техникӣ қарор қабул кунад, агар Қонуни мазкур тартиби ҳатмии гузаронидани чунин эспертизаро муқаррар накарда бошад;

- ташкилоти экспертии (эксперти) экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникиро интихоб намояд, дар бораи гузаронидани он машварат гирад;

- бо ташкилотҳои экспертии (экспертҳои) экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ бо риояи талаботи Қонуни мазкур шартнома бандад;

- дар гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ иштирок намояд, агар Қонуни мазкур ё шартномаи гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ талаботи дигарро пешбинӣ накарда бошад;

- бо хулосаҳои марҳилавӣ ва ниҳоии экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ шинос шавад;

- бо ризоияти ташкилоти экспертӣ (эксперт) ба объекти экспертиза  дар рафти экспертиза тағйирот ворид намояд;

- дар бораи рафти экспертиза бо тартиби муқарраршуда иттилоъ гирад, ба ташкилоти экспертӣ (эксперт) дар бораи моҳияти экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ тавзеҳот, эродҳо, пешниҳодҳои хаттӣ ё даҳонӣ пешниҳод намояд;

- ихтиёрдории соҳибмулкро ба натиҷаи экспертиза риоя намояд, агар Қонуни мазкур ё шартномаи пудратӣ барои гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ талаботи дигарро пешбинӣ накарда бошад.

2. Фармоишгари экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ӯҳдадор аст:

- ба ташкилоти экспертии (эксперти) экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар гузарондани таҳлили ҳамаҷониба, воқеӣ, маҷмӯӣ ва илман асосноки объектҳои экспертиза, омода кардани арзёбии новобастаи экспертӣ мусоидат намояд;

- ба ташкилоти экспертӣ (эксперт) барои гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ оид ба объектҳои экспертиза дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома мавод, иттилоот, ҳисобҳо, нишондодҳо, маълумоти иловагии лозимиро диҳад;

- дар фаъолияти худ хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникиро истифода барад ва дар мавридҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда объекти экспертиза ва маводи марбут ба онро ба экспертизаи такрорӣ ё иловагӣ пешниҳод намояд;

- шартҳои махфиятро ҳангоми ташкили экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ, аз ҷумла пинҳон нигоҳ доштани ному насаби экспертҳоро риоя намояд;

- музди кори ташкилоти экспертӣ (эксперт)-ро тибқи шартнома дар бораи гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ пардохт намояд;

- ба ташкилоти экспертӣ (эксперт) товони зарари маънавӣ ва моддиро, ки ҳангоми гузаронидани экспертиза бо амали нодурусти худ расонидааст, ҷуброн намояд.

3. Фармоишгар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани шартҳои шартнома дар бораи гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ва қабули қарорҳои беасоси вобаста ба тасдиқ кардан ё накардани натиҷаҳои экспертиза масъул мебошад.

 

Моддаи 10. Ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои иҷрокунандаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1. Иҷрокунандаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ (ташкилоти экспертӣ, эксперт) ҳуқуқ дорад:

- оид ба ҳамаи масъалаҳое, ки ба мавзӯъ ва методологияи гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дахл доранд, озодона андеша баён намояд;

- дар таҳқиқ, таҳлил ва арзёбии объектҳои  экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар ҳамаи марҳилаҳо иштирок намояд;

- мавод, ҳисобҳо ва асосномаҳои иловагии заруриро барои омода кардани хулосаҳои воқеӣ дархост намояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома дар бораи гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ оид ба объекти экспертиза маълумоти боэътимодро дарёфт намояд;

- ба махзани маълумот, манбаъҳои дигари иттилооти илмӣ–техникӣ оид ба масъалаҳои марбут ба мавзӯи экспертиза озодона дастрасӣ дошта бошад.

2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома барои гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ метавонанд ҳуқуқҳои дигарро ба иҷрокунандаи экспертиза (ташкилоти экспертӣ, эксперт) пешбинӣ намоянд.

3. Иҷрокунандаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ (ташкилоти экспертӣ, эксперт) ӯҳдадор аст:

- ба фармоишгари экспертиза ҳуҷҷатҳоеро, ки гузаштани сертификатсия, аттестатсия ва аккредитатсияро тасдиқ менамоянд ё ҳуҷҷатҳои дигарро, ки таҷриба ва сатҳи илмӣ-техникии ташкилоти экспертӣ ва дараҷаи тахассуси экспертҳои барои гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ҷалбшударо тасдиқ мекунанд, нишон диҳад;

- шартҳои махфияти маълумоти аз фармоишгари экспертиза гирифташуда ва дар маводи экспертиза ҷойдоштаро, ки қонун ва шартнома дар бораи гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ пешбинӣ намудаанд, риоя кунад;

- дар мавридҳои зарурӣ дар назди фармоишгар масъалаи ба экспертиза ба таври илова ҷалб намудани мутахассисони соҳаҳои ба ҳам наздик ё махсуси илм, техника ва истеҳсолотро пеш гузорад.

4. Эксперт – иштирокчии экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ барои натиҷаҳои он, аз ҷумла барои дер аз мӯҳлат, бесифат ва ғайриқонунӣ гузарондани экспертиза, иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ, бе иҷозат ошкор намудани маълумоти хидматӣ, гирифтани инъомҳои пуливу моддӣ аз шахсони воқеию ҳуқуқии манфиатдор ҷавобгарии шахсӣ дорад.

5. Эксперт ҳангоми гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар интихоби усулҳои гузарондани экспертиза мустақил аст ва оид ба объектҳои экспертиза бо такя ба натиҷаҳои таҳқиқоти мувофиқи донишҳои махсуси худ гузарондааш хулоса медиҳад.

6. Расондани таъсир ба эксперт аз ҷониби намояндаи фармоишгар ё шахсони дигари ба гузарондани экспертиза манфитдор манъ аст.

7. Шахсоне, ки дар расондани таъсир ба эксперт гунаҳкоранад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

БОБИ 3. ТАРТИБИ ГУЗАРОНДАНИ ЭКСПЕРТИЗАИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ

  

Моддаи 11. Асосҳо барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1. Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ аз рӯи талаботи қонун ё бо ташаббуси фармоишгари экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ гузаронда мешавад.

2. Байни фармоишгар ва иҷрокунандаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ шартнома баста мешавад.

3. Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар асоси озмун амалӣ карда намешавад.

 

Моддаи 12. Таъйини экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар асоси қарори гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ таъйин мегардад. Қарор дар бораи гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ бояд дорои маълумоти зерин бошад:

- сана ва макони қабули қарор;

- асоси таъйини экспертиза;

- супоришҳои барои экспертиза гузошташуда;

- объектҳо ва маводҳои барои экспертиза пешниҳодшуда;

- шартҳои махсуси муносибат бо объектҳои таҳқиқоти экспертӣ, агар онҳо зарур бошанд;

- номи ташкилоти экспертӣ (маълумот дар бораи эксперт), ки гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба онҳо супорида шудааст;

- маълумоти дигар.

Моддаи 13. Шартнома барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1.Дар шартнома барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ муайян карда мешаванд:

- тарафҳои шартнома;

- мавзӯъ ва объекти экспертиза;

- шартҳои гузарондани экспертиза;

- ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо;

- мӯҳлати гузарондани экспертиза;

- тартиби маблағгузорӣ;

- шартҳое, ки ба тағйир ё қатъи муносибатҳои шартномавӣ таъсир мерасонанд;

- масъулияти тарафҳо барои иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани шартҳои шартнома;

- шартҳои дигари барои тарафҳо муҳим.

2. Дар шартнома барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ шартҳои иловагии зеринро зикр намудан мумкин аст:

- ҳуқуқи моликият ба натиҷаҳои ниҳоӣ, марҳилавӣ ва иловагии экспертиза;

- ӯҳдадории фармоишгар дар бораи пешниҳод намудани иттилооти махсус оид ба объект ва мавзӯи экспертиза ;

- шартҳо ва низоми дастрасӣ ба маводи маълумотдиҳӣ ва иттилоотӣ, махзани маълумот ва манбаъҳои дигари иттилоот, ки сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё ахбори дигари махфӣ доранд;

- шартҳо ва тартиби ҷалби мутахассисон барои иштирок дар фаъолияти алоҳидаи раванди экспертӣ;

- шартҳои дигари иловагӣ.

3. Қисми ҳатмии шартнома дар бораи гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ супориш барои гузарондани экспертиза мебошад, ки дар он бояд мавзӯи экспертиза ва меъёрҳои арзёбии объекти экспертиза муайян гардида бошанд.

4. Шартнома барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ мумкин аст дар намуди шартномаи пудратӣ барои иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баста шавад.

5. Намуд ва шакли мушаххаси шартномаро барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ бо баҳисобгирии шароити мушаххаси гузарондани экспертиза ва муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишгар муайян мекунад.

 

Моддаи 14. Хусусиятҳои гузарондани экспертизаи давлатӣ, ҷамъиятӣ ва махсуси илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1.Экспертизаи давлатӣ бо қарори мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, ки ба ташкили гузарондани экспертизаи давлатии илмӣ ва илмӣ-техникӣ ваколатдоранд, анҷом дода мешавад.

2.Ҳангоми гузарондани экспертизаи давлатии илмӣ ва илмӣ-техникӣ иштирокчиёни раванди экспертӣ ба Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тартиби гузарондани экспертизаи давлатиро ба танзим медароранд, такя мекунанд.

3.Шахсони мансабдор, мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ ҳуқуқ доранд, ки дар асоси хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ  қарор қабул намоянд, агар экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ бо риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тартиби гузарондани  экспертизаи давлатиро  танзим менамоянд, анҷом дода шуда бошад.

4.Экспертизаи ҷамъиятӣ бо ташаббуси ҷомеаи илмӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандоне гузаронда мешавад, ки фармоишгари экспертизаи ҷамъиятии илмӣ ва илмӣ-техникӣ мебошанд.

5.Экспертизаи ҷамъиятӣ  мумкин аст дар ҳар гуна соҳаи фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ оид ба объектҳое, ки  таваҷҷӯҳ ва назорати ҷамъиятиро талаб мекунанд, гузаронда шавад. Натиҷаҳои экспертизаи ҷамъиятӣ мумкин аст нашр ва ё бо тартиби муқарраргардида ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдор пешниҳод карда шаванд. Мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ ҳангоми қабули қарорҳои барои ҷамъият муҳим бояд тавсияҳои экспертизаи ҷамъиятиро ба назар гиранд.

6.Экспертизаи махсуси илмӣ ва илмӣ-техникӣ бо ташаббуси шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – фармоишгарони экспертиза, ки ба гирифтани хулосаҳои экспертӣ доир ба объектҳои мушаххаси экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар иртибот ба қарор оид ба истифодаи онҳо дар фаъолияти амалӣ манфиатдоранд, гузаронда мешавад.

7.Экспертизаи ҷамъиятӣ ва махсуси илмӣ ва илмӣ-техникӣ аз тарафи ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият ва тобеияти идоравӣ, ки дар оинномаи онҳо фаъолияти экспертӣ пешбинӣ шудааст, ҳамчунин аз тарафи шахсони воқеӣ-экспертҳо, ки шӯҳрати касбӣ ва таҷрибаи гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникиро дар соҳаи мушаххаси донишҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ доранд, гузаронда мешаванд.

 

Моддаи 15. Хусусиятҳои гузаронидани экспертизаи ибтидоӣ, такрорӣ ва иловагии илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1. Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникии ибтидоӣ бо мақсади амалӣ гардондани тадбирҳои вобаста ба тайёр кардани хулосаҳои асоснок доир ба объектҳои таҳқиқшаванда (арзёбишаванда) гузаронда мешавад.

2. Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникии такрорӣ мумкин аст дар мавриди ошкор шудани вайронкориҳо дар талабот ва қоидаҳои гузарондани экспертизаи ибтидоӣ ва ё бо талаби фармоишгар дар мавриди мавҷуд будани эродҳои асоснок нисбат ба хулосаи экспертизаи ибтидоӣ гузаронда шавад.

3. Гузарондани экспертизаи такрорӣ ба дигар иҷрокунандаи экспертиза супорида мешавад.

4. Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникии иловагӣ дар объектҳое гузаронда мешавад, ки  нисбат ба онҳо фармоишгар ҳолатҳои нави илмӣ ва илмӣ-техникиро ошкор сохтааст.

5. Гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникии иловагӣ ба ҳамон иҷрокунанда ва ё дигар иҷрокунандаи экспертиза супорида мешавад.

 

Моддаи 16. Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникии комиссионӣ

1. Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникии комиссионӣ экспертизае мебошад, ки аз тарафи якчанд иҷрокунандаи экспертизаи як тахассуси экспертӣ ва ё якчанд иҷрокунандагони экспертизаи тахассусҳои гуногуни экспертӣ, ки аз рӯи мавзӯъ, объект ё усули амалиёти экспертӣ наздиканд, гузаронда мешавад.

2. Хусусияти комиссионии экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ аз тарафи фармоишгари экспертиза ва ё роҳбари ташкилоте, ки гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба ӯҳдаи ӯ вогузор шудааст, муайян карда мешавад.

3. Ташкил ва иҷрои экспертизаи комиссионӣ ба ӯҳдаи роҳбари ташкилот ва ё ба роҳбарони якчанд ташкилотҳое, ки ба гузарондани экспертизаи комиссионӣ ӯҳдадор гардидаанд, вогузор карда мешавад.

4. Комиссияи экспертҳо мақсад, пайдарпайӣ ва ҳаҷми таҳқиқоти пешбинишударо вобаста ба зарурияти ҳалли масъалаҳои дар назди онҳо гузошташуда мувофиқа мекунад. Дар ҳайати комиссияи экспертҳо, ки гузарондани экспертиза ба он супорида шудааст, ҳар як эксперт алоҳида ва мустақилона таҳқиқот мебарад, натиҷаҳоеро, ки шахсан ва экспертҳои дигар ба даст овардаанд, арзёбӣ мекунад ва доир ба масъалаҳои гузошташуда дар доираи донишҳои махсуси худ хулоса мебарорад. Яке аз экспертҳои комиссияи мазкур метавонад нақши  роҳбар-ташкилотчии экспертизаро иҷро кунад.

5. Хулосаи экспертизаи комиссионӣ аз тарафи ҳамаи иҷрокунандагони экспертиза имзо карда мешавад.

 

Моддаи 17. Таъмини воқеият, ҳамаҷонибагӣ ва пуррагии  экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

Воқеият, ҳамаҷонибагӣ ва пуррагии экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ бо тариқи зайл таъмин мегардад:

- интихоби озоди ташкилотҳои экспертӣ ва экспертҳое, ки барои иҷрои экспертиза даъват мешаванд;

- бо шартҳои гузарондани сертификатсия ва аккредитатсияи ташкилотҳои экспертӣ ва экспертҳо дар соҳаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ;

- аслият ва пуррагии иттилооте, ки барои гузарондани экспертиза пешниҳод шудааст;

- салоҳияти иҷрокунандаи экспертиза, ки дар соҳаи муайяни дониш соҳиби таҷриба ва тахассуси зарурӣ барои иҷрои супориши мушаххаси экспертӣ мебошад;

- ҳуқуқи эксперт барои талаб кардани пешниҳоди иттилоот ва маълумоти иловагӣ дар мавриди нопурра будан ва ё ихтилоф доштани маълумоти ибтидоӣ, ҳамчунин ҳуқуқи эксперт ба радкунии асосноки додани хулоса;

- ӯҳдадории эксперт барои додани хулосаи хаттӣ доир ба моҳияти супориши экспертӣ бо тафсири муфассали раванд ва натиҷаҳои экспертиза;

- ҷавобгарии эксперт барои муносибати сатҳӣ нисбат ба супориши додашуда;

- ҳуқуқи фармоишгари экспертиза барои арзёбии натиҷаҳои хулосаҳои экспертиза аз рӯи моҳият;

- ҳуқуқи фармоишгари экспертиза барои таъйин намудани экспертизаи иловагӣ ва ё такрорӣ тибқи ҳолатҳои пешбиникардаи қонун;

- ҳуқуқи пешбиникардаи қонун ба шахсоне, ки ба натиҷаҳои экспертизаи қонунан ҳифзшуда манфиатдоранд, барои талаб кардани таъйини экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ ва дархост барои рад кардани экспертҳо.

 

Моддаи 18. Иштироки шахсони сеюм дар гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1.Дар экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ шахсоне иштирок  карда метавонанд, ки дар қонунгузорӣ ё шартнома дар бораи гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ пешбинӣ гардидаанд.

2.Шахсони дар гузарондани экспертиза иштироккунанда ҳуқуқ надоранд, ки ба рафти ҷараёни экспертиза дахолат кунанд, вале метавонанд ҳуқуқҳоеро истифода баранд, ки онҳо аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартнома барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ бармеоянд.

3. Иштироки шахсони бегона дар мавридҳои зерин иҷозат дода намешавад:

- ҳангоми тартиб додани хулосаи экспертиза;

- дар ҷаласаи экспертҳо  ва ҳангоми ҷамъбаст кардани хулосаҳо, агар экспертизаи комиссионӣ ва ё маҷмӯӣ гузаронда шавад;

- агар иштироки онҳо раванди экспертизаро халалдор кунад.

4. Агар шахси иштироккунанда дар гузарондани экспертиза ба раванди экспертӣ халал расонад, ҳар эксперт ҳуқуқ дорад, ки амалиёти экспертиро боздорад ва дар ин бора бетаъхир ба фармоишгари экспертиза хабар диҳад.

5. Фармоишгари экспертиза дар ин маврид бояд дархости экспертро қонеъ гардонад ва ё бо тартиби муқарраргардида экспертро иваз намояд.

 

Моддаи 19. Хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1. Хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ҳуҷҷате мебошад, ки аз тарафи иҷрокунандаи экспертиза омода карда мешавад ва хулосаҳои асосиро доир ба объекти экспертиза дар бар мегирад.

2. Ба хулосаи экспертиза мумкин аст андешаҳои махсуси асоснок­шудаи экспертҳое, ки ба қабули хулоса розӣ намебошанд, замима карда шавад.

3. Хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникиро, ки аз тарафи иҷрокунандаи экспертиза омода гардидааст, бе ризоияти хаттии ӯ  тағйир додан мумкин нест.

4. Хулосаи экспертиза, ки аз тарафи иҷрокунандаи экспертиза омода шудааст, ба намояндаи ваколатдори фармоишгари экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ пешниҳод карда мешавад.

5. Фармоишгари экспертиза асоснокии хулосаи экспертиро арзёбӣ накарда, риояи талаботи супориш ва шартномаро барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ тафтиш менамояд ва дар сурати иҷро шудани ин талабот,  хулосаи экспертиро тасдиқ мекунад.

6. Рад кардани тасдиқи хулосаи экспертӣ бо сабабҳои норизогӣ ба мазмуни хулосаи экспертӣ иҷозат дода намешавад ва бо тартиби судӣ ба он эътироз овардан мумкин аст.

7. Хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ аз рӯи мавзӯъ ва объекти гузаронидани он метавонад мусбат ва ё манфӣ бошад, ки дар ин бора дар қисми қарордоди хулоса бояд тасвияи дахлдор ворид карда шавад.

8. Агар қарори фармоишгари экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ мухолиф бошад, нусхаи аслии хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ якҷоя бо нусхаи аслии қарори зикршуда бояд аз тарафи фармоишгар ва иҷрокунандаи экспертиза нигоҳ дошта шавад.

9. Хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ (ё қисми асосии он) мумкин аст бо риояи талаботи Қонуни мазкур нашр карда шавад.

10. Хулосаи экспертӣ моликияти фармоишгари экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ мебошад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартнома барои гузарондани экспертиза тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.

11. Хулосаи экспертӣ ва натиҷаҳои дигаре, ки дар рафти гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба даст омадаанд, ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-техникӣ тааллуқ доранд.

12. Хулосаи экспертизаи давлатии илмӣ ва илмӣ-техникӣ ва экспертизаи махсуси илмӣ ва илмӣ-техникӣ барои фармоишгари он ҳуҷҷати ҳатмӣ мебошад ва ҳангоми таҳияи қарор, ки барои асоснок кардани он экспертизаи мазкур гузаронда шудааст, ба эътибор гирифта мешавад.

13. Хулосаи экспертизаи ҷамъиятии илмӣ ва илмӣ-техникӣ хусусияти тавсиявӣ дорад ва ҳангоми қабул кардани қарорҳои дахлдор аз тарафи фармоишгарон дар баробари хулосаҳои экспертизаи давлатии илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба эътибор гирифта мешавад.

14. Агар экспертизаи ҷамъиятии илмӣ ва илмӣ-техникиро ташкилоте гузаронда бошад, ки барои фаъолияти экспертӣ сертификати давлатӣ дорад, он гоҳ хулосаи он аз рӯи аҳамият ба хулосаи экспертизаи давлатӣ баробар дониста мешавад.

 

  Моддаи 20. Ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои экспертизаи илмӣ  ва илмӣ-техникӣ

1. Ҳолатҳои зерин вайрон кардани қоидаҳои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ҳисоб мешаванд:

- ба экспертиза пешниҳод накардани асноди (иттилооти) зарурӣ;

- тақаллубкорӣ дар мавод, маълумот ва рақамҳое, ки ба экспертиза пешниҳод шудаанд, ҳамчунин маълумот дар бораи натиҷаҳои гузарондани он;

- маҷбур кардани эксперт ба таҳияи хулосаи ғайривоқеии экспертиза;

- ба вуҷуд  овардани монеъаҳо дар гузарондани экспертиза;

- канорагирӣ аз пешниҳоди маводу маълумот ва нишондодҳои зарурӣ ба мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертиза, ташкилотҳои экспертӣ ва экспертҳо;

- беасос будани хулосаҳои экспертиза;

- тақаллубкорӣ дар хулосаҳои экспертиза;

- аз фармоишгари экспертиза пинҳон доштани асосҳои рад кардани эксперт;

- тақаллубкорӣ дар иттилоот ва маълумот дар бораи натиҷаҳои экспертизаи гузаронидашуда;

- дахолати бавосита ё бевоситаи ғайриқонунӣ ба раванди экспертӣ ба мақсади расонидани таъсир ба натиҷаҳои экспертиза;

- аз тарафи субъектҳои экспертиза вайрон кардани ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқи моликият нисбат ба объекти экспертиза ё натиҷаҳои он;

           - риоя накардани шартҳои махфияти иттилооте, ки аз тарафи эксперт дар ҷараёни кори ӯ ба даст омадааст.

2.Вайрон кардани қоидаҳои экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ боиси беэътибор донистани экспертиза ва хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ мегардад.

 

Моддаи 21. Таъминоти иқтисодӣ ва моддиву техникии экспертизаи  илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1.Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ аз ҳисоби маблағҳои фармоишгар гузаронда мешавад, агар ҳангоми  бастани шартнома барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

2.Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар асоси ҳисоббаробаркунии байни фармоишгар ва иҷрокунандаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ анҷом дода намешавад.

3.Маблағҳои буҷетӣ барои гузарондани экспертизаи давлатии илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба маблағгузории корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ дохил мешаванд.

4.Экспертизае, ки бо супориши мақомоти давлатӣ, ташкилоти (муассисаи) давлатии дар таъминоти буҷет қарордошта гузаронда мешавад, мумкин аст аз ҳисоби маблағҳои буҷетии ба ин ташкилот ҷудогардида маблағгузорӣ карда шавад.

5.Ба ӯҳдадориҳои фармоишгар тибқи шартнома барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ таъмини моддиву техникии гузарондани экспертиза, таъмин бо бино, таҷҳизот, нақлиёт, воситаҳои алоқа ва монанди инҳо дохил шуда метавонад.

 

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 22. Муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи ташкил ва гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1.Муносибатҳои байналмилалӣ доир ба гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар асоси шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ бо назардошти анъанаҳое, ки дар фаъолияти экспертии байналмилалӣ муқаррар шудаанд, танзим карда мешаванд.

2.Фармоишгарон ҳақ доранд барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ намояндагони ташкилотҳои байналмилалии экспертӣ ва экспертҳои хориҷиро, ки дар фаъолияти экспертӣ ихтисоси мувофиқ доранд, даъват намоянд.

3.Ташкилотҳои экспертӣ ва экспертҳо метавонанд ба созмонҳои байналмилалии экспертӣ дохил шаванд, ҳамчунин бо супориши созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ гузаронанд.

Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                             Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 12 январи соли 2010,

№593

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИХТИРООТИ МАХФӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 10/02/2020 - 10:58
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
624
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
21.07.2010
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИХТИРООТИ МАХФӢ
(Қонуни ҶТ аз 02.01.2019 с., № 1569)
 
Қонуни мазкур муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии ба онҳо алоқамандро, ки бинобар офаридан, ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии ихтирооти махфӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1569).
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
ариза – маҷмӯи ҳуҷҷатҳои бо Қонуни мазкур муқарраршуда, ки барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба Идораи патентӣ пешниҳод карда мешаванд;
ихтироот ва кашфиётҳои махфӣ – ихтирооте мебошанд, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ буда, тибқи тартиби муқарраршудаи Қонуни мазкур махфӣ дониста шудаанд;
- объектҳои махфии моликияти саноатӣ - ихтироот, намунаҳои саноатӣ ва моделҳои судманди дорои маълумоти сирри давлатӣ, ки маҳсули фаъолиЯти зеҳнии инсон мебошанд;
- шартҳои патентпазирӣ - шартҳои бо Қонуни мазкур муқарраршудаи пешниҳоди ҳифзи ҳуқуқии ихтироъ;
- ҳаммонанди ихтироот - объекте, ки таъиноташ бо таъиноти ихтироъ як буда, маҷмӯи аломатҳои он ба маҷмӯи аломатҳои асосии ихтироъ монанд аст;
- ҳуҷҷатҳои мухофизатӣ - патентҳо ва нахустпатентҳое, ки барои ихтирооти махфӣ тибқи Қонуни мазкур дода мешаванд;
- сатҳи техника - маҷмӯи маълумоте мебошад, ки то санаи аввалияти ихтироот дар ҷаҳон қобили дастрасии умум гардидааст.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ихтирооти махфӣ
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ихтирооти махфӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1569).
 
Моддаи 3. Мақоми ваколатдори давлати оид ба ҳифзи ихтироот ва кашфиётҳои махфӣ
 
Мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи ихтироот ва кашфиётҳои махфӣ (минбаъд - Идораи патента), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, амалигардонии сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқии ин ихтироот ва кашфиётҳои махфӣ таъмин намуда, аризаҳоро оид ба ихтироот ва кашфиётҳои махфӣ қабул мекунад, аз рӯи онҳо экспертиза мегузаронад, бақайдгирии давлатии ихтироот ва кашфиётҳои махфиро ба ҷо оварда, ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ медиҳад, инчунин дигар вазифаҳоро, ки мувофиқи ҳуҷҷатхои таъсисии Идораи патента пешбинӣ шудаанд, амалӣ месозад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1569).
 
Моддаи 4. Махфигардонии ихтирооти дорои сирри давлатӣ
 
1. Идораи патентӣ дар ҳолати пешниҳоди ариза ҷиҳати гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироот, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» сурат мегирад, корро барои ошкор кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ ва махфӣ гардонидани дархостҳои ин гуна маълумотро дарбаргиранда, ташкил менамояд. Қоидаҳои тартибдиҳӣ, пешниҳод ва баррасии ариза барои гирифтани патент ба ихтирооти махфӣ аз тарафи Идораи патентӣ муайян карда мешаванд.
2. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои маъмурӣ (минбаъд-мақомоти давлатӣ) барои маълумоти махфишавандаи худ ҳуқуқ доранд ихтироотеро, ки дорои сирри давлатӣ мебошад, махфӣ гардонанд ва тавассути мақоми низоми махфияти худ ба Идораи патентӣ бо ариза ҷиҳати гузоштани мӯҳри махфияти дахлдор ба онҳо пешниҳод намоянд.
3. Идораи патентӣ аризаҳоеро, ки оид ба махфигардонии ихтироот аз тарафи шахсони мутобиқи моддаи 7 Қонуни мазкур (минбаъд-аризадиҳандагон) муқарраршуда пешниҳод гардидаанд, тариқи низоми махфияти мақоми марбута ва дар сурати набудани чунин шароит -бевосита аз рӯи тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ва Қонуни мазкур барои баррасӣ қабул менамояд.
4. Тартиби  махфигардонии  аризаҳои  дорои  сирри  давлатӣ, муқаррар намудани дараҷаи махфият, ҳамчунин мӯҳлати аз нав дида баромадани онҳоро мақомоти давлатии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва Қонуни мазкур муайяншаванда амалӣ мегардонад.
 
Моддаи 5. Ҳуқуқ ба ихтирооти махфӣ ва истифодабарии он
 
1. Ҳуқуқ ба ихтирооти махфӣ ва истифодабарии он тибқи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» вадигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.
2. Ҳуқуқ ба ихтирооти махфӣ ва истифодабарии он дар тамоми мӯҳлати махфигардонидашуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шахси мақомоти давлатии онро махфигардонида, тааллуқ дорад. Истифодабарии ихтирооти махфӣ бояд бо риояи низоми махфият барои маълумоти дорои сирри давлатӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» амалӣ гардад.
3. Истифодабарии ихтирооти махфиро аз тарафи шахсони дигар, агар он ба манфиати давлат бошад, мақоми давлатие, ки онро бо риояи низоми махфият тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махфӣ гардонидааст, иҷозат медиҳад.
4. Ихтирооти махфӣ то ба анҷом расидани мӯҳлати махфигардонӣ моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мешавад.
 
Моддаи 6. Муаллифи ихтирооти махфӣ
 
1. Муаллифи ихтирооти махфӣ шахси воқеие ҳисобида мешавад, ки ихтирооти махфӣ бо меҳнати эҷодкоронаи вай офарида шудааст.
2. Агар дар офаридани ихтирооти махфӣ якчанд шахсони воқеӣ иштирок карда бошанд, ҳамаи онҳо муаллифони ихтирооти махфӣ ҳисоб мешаванд.
3. Шахсоне, ки дар офаридани ихтирооти махфӣ ҳиссаи шахсии эҷодӣ нагузоштаанд, ба муаллиф (муаллифон) танҳо ёрии техники, ташкилӣ ва ё моддӣ расонидаанд, ё ин ки танҳо барои ба расмият даровардани  ҳуқуқ ба ихтирооти махфӣ кӯмак намудаанд, муаллифи ихтирооти махфӣ ҳисоб намешаванд.
4. Ҳуқуқи муаллифи ҳуқуқи шахсии бегонанашаванда буда, бемӯҳлат ҳифз карда мешавад.
5. Муаллифии ихтирооти махфӣ бо додани патент аз тарафи Идораи патента тасдиқ карда мешавад ва ин барои гирифтани подош ва ҷуброн барои махфигардонӣ ва истифодабарии он асос мебошад.
6. Ҳангоми ба манфиати давлат истифода бурда шудани ихтирооти махфӣ аз тарафи мақомоти давлатии онро махфигардонида ба муаллифи (муаллифони) он подош пардохт карда мешавад. Андоза, шартҳо ва тартиби пардохти подошро шартномаи байни муаллиф ва макомоти давлатӣ, ки ихтироотро махфӣ гардонидааст, муайян менамояд.
 
Моддаи 7. Тартиби пешниҳод, баррасӣ ва махфнгардонии аризаҳо барои ихтирооти махфӣ
 
1. Ҳуқуқи пешниҳод кардани аризаро барои ихтирооти махфӣ муаллиф (муаллифон) ва ё вориси ҳуқуқии ӯ (онҳо), аз он ҷумла шахсе, ки ба ин ҳуқуқ ба тариқи гузашт соҳиб шудааст, дорад.
2. Ҳуқуқи додани ариза барои ихтирооти дорои маълумоти сирри давлатӣ ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ»
эҷодшуда ба корфармо ва ё вориси ҳуқуқии он, аз ҷумла ба шахсе, ки ба ин ҳуқуқ бо роҳи гузашт соҳиб шудааст, тааллуқ дорад, агар дар шартномаи байни корфармо ва муаллифи ихтирооти махфӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
3. Аризаҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» тартиб дода мешаванд. Тартиби баррасии аризаҳо ба ихтирооти махфӣ ва махфигардонии онҳоро Идораи патентӣ муайян мекунад.
 
Моддаи 8. Шартхои муҳофизатии ихтирооти махфӣ
 
1. Ҳангоми муайян кардани ҳифзи ҳуқуқии ихтирооти махфӣ шартҳои патентпазирии ихтироъ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» муқаррар гардидаанд, истифода мешаванд.
2. Ҳангоми муайянкунии навгонии ихтирооти махфӣ дар қатори маълумоти мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи ихтироъ» пешбинишуда, ба сатхи техника, бо назардошти аввалияти қаблии он, асноди зерин дохил карда мешавад:
- ҳуҷҷатҳои муҳофизатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба объектҳои махфии моликияти саноатӣ;
- ариза барои додани хуҷҷатҳои муҳофизатии объектҳои махфии моликияти саноатӣ, ки аз тарафи шахсони дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд (ба ғайр аз аризаҳои бозхондашуда);
- маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ буда, дар воситаҳои ахбори омма ва сарчашмаҳои дигари иттилоотӣ ошкор карда шудаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони конунӣ ба ин маълумот иҷозатдошта қабл аз пешниҳоди аввалияти ихтирооти махфии арзшуда, дастрас гардидаанд(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1569).
3. Ҳангоми муайян кардани навгонии ихтирооти махфӣ дараҷаи махфиятнокии маълумотҳои дорои сирри давлатии ба сатҳи техника дохилшаванда набояд аз дараҷаи махфиятнокии ихтирооти махфии арзшуда баланд бошад.
 
Моддаи 9. Аввалияти ихтирооти махфӣ
 
1. Аввалияти ихтирооти махфӣ аз рӯи санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани ариза мувофиқи қисми 3 моддаи 4 Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.
2. Аввалияти ихтирооти махфӣ аз рӯи санаи воридшавии маводи иловагӣ мукаррар шуданаш мумкин аст, агар ин маводро аризадиҳанда то гузаштани мӯҳлати семоҳа аз санаи гирифтани огоҳиномаи Идораи патента дар бораи имконнопазирии ба эътибор гирифтани маводи иловагӣ бинобар моҳияти ихтирооти арзшударо   тағйирдиҳанда пиндошта шуданашон ба сифати аризаи мустақил пешниҳод карда бошад.3. Аввалияти ихтирооти махфи аз руи санаи оа Идораи патенти пешниҳод шудани аризаи қаблии ин ихтироотро маънидодкунандаи ҳамон як аризадиҳанда муқаррар карда шуданаш мумкин аст, агар аризае, ки аз рӯи он ин гуна аввалият дархост мешавад, на дертар аз дувоздаҳ моҳи баъди санаи пешниҳоди аризаи қаблӣ ворид шуда бошад. Дар ин ҳол аризаи қаблӣ бозхондашуда ҳисобида мешавад.
4. Аввалияти ихтирооти махфӣ дар асоси якчанд аризаи қаблӣ, ки барои ҳар яки онҳо шартҳои дар қисми 3 ҳамин модца овардашуда риоя мегарданд, метавонад муқаррар шавад.
5. Муқаррар намудани аввалияти ихтирооти махфӣ аз рӯи санаи пешниҳоди аризае, ки аз рӯи он аллакай аввалияти барвақттар дархост шудааст, мумкин нест.
6. Аввалияти ихтирооти махфӣ аз рӯи аризаи ҷудокардашуда аз рӯи санаи пешниҳоди аризаи аввали ҳамон як аризадиҳанда, ки дар он ихтироъ кушода шудааст, муқаррар карда мешавад, агар аризаи ҷудокардашуда ба Идораи патента то аз рӯи аризаи нахустин кабул шудани қарор дар бораи рад гардидан оид ба додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, ки имконияти шикоят кардан аз болои он аз даст рафтааст ва дар ҳолати мавҷудияти қарор дар бораи ба аризаи зикршуда додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ то рӯзи бакайдгирии ихтирооти махфӣ дар Феҳристи давлатии ихтирооти махфӣ ворид шуда бошад.
7. Агар дар рафти экспертиза муқаррар карда шавад, ки ихтирооти ҳаммонанд аввалияти якхела доранд, пас ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз рӯи аризае дода мешавад, ки пештар фиристода шудани он ба Идораи патента исбот шудааст. Дар ҳолати мувофиқ омадани ин санаҳо бошад, агар созишномаи байни аризадиҳандагон ҳолати дигареро дар назар надошта бошад, аз рӯи аризае муайян карда мешавад, ки рақами бакайдгирии пештар додаи Идораи патентиро дорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1569).
 
Моддаи 10. Санҷиш ва бақайдгирии ихтирооти махфӣ
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1569)
 
1. Тибқи аризаҳо ба ихтирооти махфӣ, ки мувофиқи моддаҳои 4 ва 7 Қонуни мазкур махфӣ гардонида шудаанд, экспертизаи ихтирооти махфӣ мутобиқи тартиби гузаронидани экспертизаи ихтирооти гайримахфӣ, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» муқаррар шудааст, бо назардошти хусусиятҳои зерини баррасии ихтирооти махфӣ гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1569):
- экспертизаи ариза ба ихтирооти махфӣ аз санҷиши расмӣ ва моҳиятӣ иборат мебошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1569);
- ҳангоми гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза Идораи патентӣ ҳуқуқ дорад, ки кормандони мақомоти дахлдори давлатиро ҷалб намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1569);
-роҳбарони мақомоти давлатӣ ӯхдадоранд, ки мутахассисони мазкурро бо шарти нигохдошти музди миёнаи моҳона, ҷуброни роҳкиро ва истиқомат ба сафари хизматӣ фиристонаид;
- экспертизаи моҳиятии ариза, ки ба воситаҳои нави аслиҳаи ҳарбӣ, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои махсуси техники дахл доранд, баъд аз гирифтани хулосаи мақомоти давлатии дахлдоре, ки номгуи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1569);
- хароҷотро барои гузаронидани экспертиза мақоми давлатие, ки онро махфӣ гардонидааст, пардохт мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1569).
2. Аз рӯи натиҷаи экспертизаи моҳиятии ариза дар бораи эътироф кардан ва ё накардани объекта арзшуда ҳамчун ихтирооти махфӣ қарор бароварда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1569).
3. Идораи патентӣ дар асоси карори худ оид ба эътироф намудани объекти арзшуда ҳамчун ихтирооти махфӣ онро ба Феҳристи давлатии ихтирооти махфии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда, ба муаллиф (ва ё муаллифон) ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ медиҳад.
4. Маълумот оид ба ихтирооти махфӣ ба Феҳристи давлатии ихтирооти махфии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд. Қоидаҳои пешбурди Феҳристи давлатии ихтирооти махфии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
5. Иҷозат ба маълумот оид ба ихтирооти махфии ба қайд гирифташуда ва шиносоӣ бо онҳо бо риояи талаботи ҳифзи сирри давлатӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» пешбинӣ шудааст, сурат мегирад.
 
Моддаи 11. Ҷубронпулӣ барои махфигардонии ихтироот
 
1. Ба аризадиҳанда ҷубронпулӣ барои махфигардонии ихтироот дар ҳаҷм ва бо шартҳои дар асоси созишномаи байни муаллиф ва корфармо муайяншуда ва инчунин хароҷоти аризадиҳанда ҳангоми пешниҳод ва баррасии ариза дар бораи ихтирооти махфӣ пардохта мешавад.
2. Хароҷоти дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда яквақта аз тарафи мақоми давлатие, ки аризаро дар асоси моддаи 7 Қонуни мазкур махфӣ гардонидааст, дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи баровардани қарор аз тарафи Идораи патентӣ бобати эътироф намудани ихтирооти пешниҳодшуда ҳамчун ихтирооти махфӣ ё эътироф накардани он пардохт карда мешавад.
 
Моддаи 12. Ошкор кардани ихтирооти махфӣ
 
1. Санҷиши зарурати нигохдории дараҷаи махфияти муқарраршудаи ихтирооти махфӣ дар мӯҳлатҳои ҳангоми махфигардонии он муайянкардаи мақоми цавлатие, ки карори махфигардонии онро қабул кардааст, гузаронида мешавад. Чунин санҷиш метавонад бо ташаббуси аризадихднда, муаллиф ё вориси ҳуқуқии ӯ низ гузаронида шавад.
2. Қарор дар бораи ошкор кардани ихтирооти махфӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди мақоми давлатие, ки онро махфӣ гардонидааст, қабул карда мешавад.3. Оид ба қабул кардани қарор дар бор ошкор кардани ихтирооти махфи ба аризадиҳанда, муаллиф, инчунин Идораи патента барои хориҷ кардани ихтирооти махфии мазкур аз Феҳристи давлатии ихтирооти махфии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар до да мешавад..
 
Моддаи 13. Супормдани ҳуҷҷати муҳофизат ба ихтирооти ошкоркардашуда
 
1. Аризадиҳанда дар мӯҳлати як сол аз санаи ошкор кардани ихтирооти махфӣ метавонад ба Идораи патента барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» пешбинӣ  шудааст, дархост фиристад. Ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба мӯҳлати боқимондаи эътиборнокиаш, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» пешбинӣ шудааст, аз рӯзи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ дода мешавад.
2. Аввалияти ихтирои махфии ошкоркардашуда аз рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ариза ба Идораи патентӣ дар асоси моддаи 9 Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
3. Ҳуҷҷати муҳофизатие, ки ба ихтирои ошкоркардашуда дода шудааст, аз рӯзи пешниҳоди ариза дар бораи додани он эътибор дошта, барои дохил кардани ихтирои ошкоркардашудаи ҳифзшаванда ба сатҳи техника аз рӯзи аввалияти он ҳангоми муайян намудани навгонии дигари ихтирооти ғайримахфӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» асос мебошад.
4. Патента ба ихтирои ғайримахфии тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» додашуда дар ҳолати додани патент ба ихтирооти ҳаммонанди ошкоршудаи аввалияти қаблидошта беэътибор дониста мешавад. Соҳибҳукуки патенти беэътибордонисташудаи ихтирои ғайримахфӣ, ки истифодаи онро то таърихи пешниҳоди ариза ё омода шудани он амалӣ кардааст, агар чунин ихтироот новобаста аз муаллифи (муаллифони)  ихтирои ошкоршуда офарида шуда бошад, ҳуқуқи худро барои истифодаи минбаъдаи чунин ихтироот бе афзоиш додани ҳаҷми он нигоҳ медорад.
 
Моддаи 14. Пардохтҳои ҳатмӣ
 
Барои амалҳои зерин пардохтҳои ҳатмӣ ситонида мешаванд: - пешниҳоди ариза; додани ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ; нигоҳ доштани эътибори он; дароз ва барқарор кардани мӯхлатҳои гузаронидашуда ва инчунин барои иҷрои дигар амалҳои аҳамияти ҳуқуқӣ дошта, ки ба ҳуҷҷатҳои муҳофизатии ихтирои махфӣ алоқаманд мебошанд. Номгӯи пурраи амалҳое, ки барои иҷрояшон пардохтҳои ҳатмӣ ситонида мешаванд, андоза ва мӯҳлатҳои пардохти онҳо, инчунин асосҳо барои озод намудан аз пардохт, кам кардани андоза ва ё бозгардондани он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
Модаи 15. Амали Қонуни мазкур нисбати шахсони воқеи ва ҳуқуқии хориҷӣ
 
Қонуни мазкур нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ татбиқ намегардад, агар дар санадҳои ҳуқукии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.
 
Моддаи 16. Баррасии баҳсҳо
 
Баҳсҳои оид ба ихтирооти махфии бавуҷудомада аз ҷониби суд ҳал карда мешаванд.
 
Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Эмомали Раҳмон
 
 
ш. Душанбе
21 июли соли 2010
№ 624
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 10/02/2020 - 11:17
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
633
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
21.07.2010
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии соҳаи паррандапарвариро муқаррар намуда, муносибатҳоро вобаста ба фаъолият дар ин соҳа танзим мекунад.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- паррандапарварӣ - соҳае, ки вазифаи он аз парвариш, нигоҳубин ва истифодаи намуду зотҳои гуногуни паррандаҳо бо мақсади истеҳсоли тухм, гӯшт, пар, пат ва ғайра иборат мебошад. Ба ин қабил паррандаҳо мурғ, мурғи марҷон, мурғобӣ, ғоз, мурғи фиръавн, бедона, кабӯтари гӯштӣ, шутурмурғ дохил мешаванд;
- корхонаи паррандапарварӣ - корхонаи чӯҷабарорй, зотафзункунӣ, зотпарварии паррандаҳо ва истеҳсоли гӯшту тухм;
- корхонаи зотпарварии паррандаҳо - корхонаи махсуси парвариши зотҳои алоҳида ва кроссҳои паррандаҳо, ниговдорӣ ва такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии онҳо;
- корхонаи зотафзункунии тартиби I - корхонаи махсусгардонидашудаи парвариши шаклҳои авлодии паррандаҳо;
- корхонаи зотафзункунии тартиби II - корхонаи махсусгардонидашудаи парвариши паррандаҳои  дурага, ки дар натиҷаи ҷуфткунонии ду ва ё зиёда шаклҳои авлодии аз ҷиҳати ирей фарккунанда гирифта мешаванд;
- корхонаи чӯҷабарорӣ - корхонае, ки барои баровардани чӯҷа махсус гардонида шудааст;
- кросс - маҷмӯи авлодҳои сермаҳсул, ки тибқи нақшаҳои муайяни ҷуфткунй наслҳои маҳсулнокиашон нисбатан баландро' медиҳанд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи паррандапарварӣ
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи паррандапарвари ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи паррандапарварӣ
 
Салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи паррандапарвари иборатанд аз:
- муайян намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи паррандапарварӣ;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дойр ба танзим ва рушди соҳаи паррандапарварӣ;
- муайян намудани мақомоти ваколатдори соҳаи паррандапарварӣ;
- муайян намудани самтҳои асосии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи паррандапарварӣ;
- дигар салоҳиятҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд.
 
Моддаи 4. Салоҳиятҳои мақомоти ваколатдор
 
Мақомоти ваколатдор салоҳиятҳои зеринро дорад:
- пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи паррандапарварӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳо доир ба рушди соҳаи паррандапарварӣ;
- мусоидат намудан ба рушди илми соҳавӣ ва татбиқи васеи дастовардҳои илмию техники дар соҳаи паррандапарварӣ;
- таъмини ҳимояи ҳуқуқии объектҳо ва субъектҳои соҳаи паррандапарварӣ;
- таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқи доир ба танзими фаъолият дар соҳаи паррандапарварӣ, тарзу усулҳои баҳодиҳӣ ва баҳисобгирии саршумори паррандаҳо;
- тасдиқ ва пешбурди феҳристи намуд, зоту кроссҳои паррандаҳо, ҳифз ва такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии онҳо;
- таъмини иттилоотии рушди соҳа.
 
 
БОБИ 2, ИДОРАКУНӣ ВА ТАШКИЛИ СОҲАИ ПАРРАНДАПАРВАРӣ
 
Моддаи 5. Объектҳои соҳаи паррандапарварӣ
 
Ба объектҳои соҳаи паррандапарварӣ мансубанд:
- корхонаи истеҳсоли тухм ва гўшт;
- корхонаи зотпарварии паррандаҳо;
- корхонаҳои зотафзункунии тартиби I ва II;
- корхонаи чўҷабарорӣ.
 
Моддаи 6. Вазифаҳои субъектҳои соҳаи паррандапарварӣ
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бевосита ба истеҳсоли тухм ва гушти парранда, чўҷабарорӣ, зотпарварӣ ва зотафзункунии паррандаҳо машѓуланд, субъектҳои соҳаи паррандапарварӣ мебошанд. Субъектҳои соҳаи паррандапарварӣ, новобаста ба шакли моликият ва мансубияташон, вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:
- азнавтаҷҳизонии техникӣ, таҷдиди маҷмўӣ ва барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои амалкунандаи паррандапарварӣ бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва сифати маҳсулот, паст намудани арзиши аслӣ ва таъмини рақобатпазирии он;
- рушди робитаҳои корпоративӣ ва кооперативӣ бо корхонаҳои кбркарди ѓалладона ва истеҳсоли хўроки омехта;
- такмили технологияи парвариш ва нигоҳубини парранда;
- таҳкими пойгоҳҳои истеҳсол ва захираи хўрокиҳо аз ҳисоби манбаъҳои дохилӣ бо ҷорисозии технологияҳои серѓизо намудани онҳо;
- бо хўрокиҳои серѓизои омехта таъмин намудани талаботи корхонаҳои паррандапарварӣ;
- сари вақт андешидани тадбирҳои зарурии санитарию байторӣ;
- мусоидат ба рушди корҳои илмию тадқиқотӣ ва татбиқи технологияҳои пешқадам;
- бунёди корхонаҳои зотпарварӣ ва зотафзункунӣ, аз ҷумла тартиби I ва II, ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ - селексионӣ;
- офаридани зотҳо, кроссҳо ва паррандаҳои дурагаи сермаҳсул, такмили хусусиятҳои ирсӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо;
- дар мўҳлатҳои муайяншуда ба мақомоти ваколатдор пешниҳод намудани ҳисоботҳои дахлдор.
 
Моддаи 7. Идоракунии истеҳсолот
 
1. Тартиб ва қоидаҳои пешбурди фаъолиятро дар соҳаи паррандапарварӣ мақомоти ваколатдор муайян менамояд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи паррандапарвари фаъолият менамоянд, ўҳдадоранд тартиб ва қоидаҳои муқарраршудаи нигоҳубин, хурокдиҳӣ, таъмини афзоиши саршумори паррандаҳо ва талаботи байториро риоя намуда, иншоот ва таҷҳизоти дар ихтиёрашон бударо дар ҳолати хуби техники, санитарӣ ва экологи нигоҳ доранд.
 
Моддаи 8. Тайёр намудан ва бозомўзии мутахассисону кормандони соҳа
 
Корҳо оид ба тайёр намудани мутахассисон ва кормандони соҳаи паррандапарварӣ дар самтҳои зерин ба роҳ монда мешаванд:
- тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ;
- бозомўзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисону кормандони соҳаи паррандапарварӣ;
- ташкил ва баргузории семинар, машварат ва конференсияҳо доир ба масъалаҳои муҳими рушди соҳаи паррандапарварӣ;
- таъмини мутахассисони корхонаҳои паррандапарварӣ бо иттилоот ва маводи дигари дахлдор дар хусуси дастовардҳои навтарини илмӣ.
 
Модаи 9. Воридот ва содироти маҳсулоти соҳаи паррандапарварӣ
 
1. Воридот ва содироти маҳсулоти соҳаи паррандпарварӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Маҳсулоти воридшаванда ва содиршавандаи соҳаи паррандапарварӣ бояд ба талаботи регламент ва стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў бошад.
2. Назорати воридот ва содироти маҳсулоти соҳаи паррандапарварӣ аз тарафи мақомоти ваколатдор анҷом дода мешавад.
 
 
Моддаи 10. Лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи объектҳои соҳаи паррандапарварӣ
 
Лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи объектҳои соҳаи паррандапарварӣ бо риояи талаботи байторӣ, сохтмонӣ, экологӣ, санитарӣ ва дигар талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
 
Моддаи 11. Муқаррар намудани имтиёзҳо ва маҳдудиятҳо
 
1. Имтиёзҳоро бо мақсади таъмини рушд ва дастгирии соҳаи паррандапарварӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Дар ҳолати ба миён омадани вазъи номатлуби эпизооти мақомоти давлатии байторӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба мўҳлати муайян барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани парранда ва махсулоти паррандапарварӣ маҳдудият муқаррар намояд.
 
БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 12. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаврбгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 13. Тартиби мавриди амал қарор до дани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
            Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе, 21 июли соли 2010
№ 633
 
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТИИ ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 10/02/2020 - 11:22
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
644
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
29.12.2010

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТИИ ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ

 

хбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010, №12, мод. 806; аз 03.07.2012с., №865)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиан судии ҷиноятӣ, чораҳои амниятӣ, дастгирии иҷтимоии шахсони номбурда ва тартиби татбиқи онҳоро танзим менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ

Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ (минбаъд - ҳимояи давлатӣ) тибқи Қонуни мазкур татбиқ намудани чораҳои амниятие, ки ба ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва (ё) молу мулки онҳо (минбаъд - чораҳои амниятӣ) равона гардидаанд, инчунин чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсони номбурда (минбаъд - чораҳои дастгирии иҷтимоӣ) бо сабаби иштироки онҳо дар мурофиаи судии ҷиноятӣ мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ гардонида мешаванд.

 

Моддаи 2. Шахсоне, ки нисбат ба онҳо чораҳои ҳимояи давлатӣ татбиқ мсгарданд

1. Чораҳои ҳимояи давлатӣ нисбати иштирокчиёни зерини мурофиаи судии ҷиноятӣ татбиқ мегарданд:

- прокурор - айбдоркунандаи давлатӣ;

- ҷабрдида;

- шоҳид;

- айбдоркунандаи хусусӣ;

- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, маҳкумшуда, сафедшуда, ҳимояттарон ва намояндагони қонунии онҳо, инчунин шахсе, ки нисбати ў парвандаи ҷиноятӣ ё таъқиби ҷиноятӣ қатъ карда шудааст;

- коршинос, мутахассис, тарҷумон, шахси холис, инчунин омўзгор ва равоншинос, ки дар мурофиаи судии ҷиноятӣ иштирок менамоянд;

- даъвогари гражданӣ, ҷавобгари граждапӣ,

- намояндагони қонуни, намояндагони ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ.

2. Чораҳои ҳимояи давлати инчунин  метавонанд то оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба арзкунанда, шоҳид ё ҷабрдида аз ҷиноят ё шахсони дигар, ки барои пешгирӣ ва кушодани ҷиноят мусоидат мекунанд, татбиқ гарданд.

3. Ҳимояи давлатӣ, инчунин нисбати хешовандони наздик, ки тибқи муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд ва кирдори зиддиҳуқуқӣ нисбати онҳо бо мақсади таъсир расонидан ба шахсони дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда нишондодашуда содир мешавад, татбиқ мегардад.

4. Шахсони дар қисмҳои 1-3 ҳамин модда нишондодашуда, ки нисбат ба онҳо тибқи тартиби муқаррарнамуда қарор оид ба татбиқ намудани ҳимояи давлатӣ қабул карда шудааст, минбаъд «шахсони ҳимояшаванда» номида мешаванд.

 

Моддаи 3. Мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ

1. Мақомоти зерин ҳимояи давлатиро таъмин менамоянд:

- мақомоте, ки оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ қарор қабул менамоянд;

- мақомоте, ки чораҳои амниятиро татбиқ менамоянд;

- мақомоте, ки чораҳои дастгирии иҷтимоиро татбиқ менамоянд.

2. Қарор оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ аз тарафи суд (судя), прокурор, сардори воҳиди таҳқиқ, роҳбари мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ё муфаттиш, ки дар истеҳсолоти онҳо ариза ба ҷиноят ё парвандаи ҷиноятӣ қарор доранд, қабул карда мешавад, агар тартиби дигар дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда бошад.(ҚҶТ аз 03.07.2012с., №865)

3. Татбиқи чораҳои амниятӣ ба ўҳдаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назорати маводи нашъаовари  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаи ҷиноятии дар истеҳсолоти онҳо буда ва ё ба онҳо вобаста кардашуда вогузор карда мешавад. Татбиқи чораҳои алоҳидаи амниятӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба ўҳдаи дигар мақомоти давлатӣ вогузор карда шавад.

4. Чораҳои амниятӣ нисбат ба шахсони ҳимояшаванда оид ба парвандаҳои ҷиноятие, ки дар истеҳсолоти суд ё прокуратура қарор доранд, бо қарори суд (судя) ё прокурор аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти амнияти миллӣ, мақомоти гумрук, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мақомоти назоратӣ маводи нашъаоварӣ маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳимояшаванда амалӣ мегарданд.

5. Чораҳои амнияти нисбати шахсони ҳимояшавандае, ки хизматчиёни ҳарбӣ мебошанд, аз ҷониби фармондеҳони қисмҳои ҳарбии дахлдор ва ё сарфармондеҳони болоии қисмҳои ҳарбӣ- амалӣ карда мешаванд.(

6. Чораҳои амниятӣ нисбати шахсони ҳимояшаванда, ки дар тавқифгоҳи (изолятора) тафтишотӣ нигоҳ дошта мешаванд, аз ҷониби ҳамин муассиса ва нисбати шахсоне, ки дар маҳалли адои ҷазо қарор доранд, аз ҷониби муассисаҳо ва мақомоти систсмаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.

7. Чораҳои дастгирии иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 4. Принсипҳои амалӣ намудани ҳимояи давлатӣ

1. Ҳимояи давлатӣ мутобиқи принсипҳои қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъулияти мутақобилаи мақомоте, ки ҳимояи давлатиро таъмин менамоянд, амалӣ мегардад.

2. Ҳимояи давлатӣ таҳти назорати прокурорӣ ва идоравӣ амалӣ мегардад. Зимни амалӣ намудани ҳимояи давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои ошкоро ва махфӣ истифода бурда мешаванд.

3. Татбиқи чораҳои амниятӣ набояд ҳуқуқҳои манзилӣ, меҳнатӣ, нафақавӣ ва дигар ҳуқуқҳои шахсони ҳимояшавандаро маҳдуд созад.

 

Моддаи 5. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

БОБИ 2. НАМУДҲОИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 6. Чораҳои амниятӣ

1. Нисбат ба шахси ҳимояшаванда метавонанд дар як вақт якчанд ё яке аз чораҳои амниятии зерин татбиқ карда шаванд:

- муҳофизони шахсӣ, муҳофизати манзил ва молу мулк;

- додани воситаҳои махсуси мудофиаи шахсӣ, алоқа ва огоҳонӣ аз хавфу хатар;

- таъмини маҳфияти маълумот дар бораи шахси ҳимояшаванда;

- кўчонидан ба маҳалли дигари истиқомати муваққатӣ;

- иваз намудани ҳуҷҷатҳо;

- тағйир додани симои зоҳирӣ;

- дигар кардани ҷои кор (хизмат) ё таҳсил;

- ҷойгиркунонии муваққатӣ дар маҳалли бехатар;

- татбиқ намудани чораҳои амниятии иловагӣ нисбат ба шахси ҳимояшаванда, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад ё дар маҳалли адои ҷазо қарор дорад, аз ҷумла гузаронидани ў аз як маҳалли дар ҳабс нигоҳдорӣ ё адои ҷазо ба дигар маҳал.

2. Дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 16 Қонуни мазкур қайдгардида нисбат ба шахси ҳимояшаванда метавонанд чораҳои дигари амниятии пешбининамудаи, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гарданд.

3. Чораҳои амниятии дар сархатҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтуми қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда танҳо нисбат ба парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин татбиқ мегарданд.

 

Моддаи 7. Муҳофизони шахсӣ, муҳофизати манзил ва молу мулки шахси ҳимояшаванда

1. Муҳофизони шахсӣ, муҳофизати манзнл ва молу мулки шахси ҳимояшаванда аз ҷониби мақомоте, ки чораҳои амниятиро татбиқ менамоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.

2. Манзили ишғолнамудаи шахси ҳимояшаванда ва молу мулки ў метавонанд бо воситаҳои техникии назоратбаранда, инчунин бо бонги зиддисўхтор  ва  воситаҳои дигари зарурии техникӣ тачҳизонида шаванд.

 

Моддаи 8. Ба шахси ҳимояшаванда додани воситаҳои махсуси шахсии мудофиа, алоқа ва огоҳонӣ аз хавфу хатар

 

1. Мақомоте, ки чораҳои амниятиро татбиқ мегардонанд, метавонанд ба шахси ҳимояшаванда воситаҳои махсуси  шахсии мудофиа, алоқа ва огоҳонӣ аз хавфу хатарро диҳанд.

2. Намудҳои воситаҳои махсуси шахсии мудофиа, алоқа ва огоҳонӣ аз хавфу хатар, ки ба шахси ҳимояшаванда дода мешаванд, инчунин тартиби додани онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Таъмини махфияти маълумот дар бораи шахси ҳимояшаваида

1. Бо қарори мақоме, ки чораҳои амниятиро татбиқ мегардонад, мумкин аст додани маълумот оид ба шахси ҳимояшаванда аз сарчашмаҳои иттилооту маълумотдиҳии давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо манъ карда шавад, инчунин мумкин аст рақамҳои телефон  ва нишонаҳои бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёти аз ҷониби ў истифодашаванда ё ба ў тааллуқдошта тағйир дода шаванд.

2. Дар ҳолатҳои истисноӣ, вобаста ба истеҳсолоти парвандаи дигари ҷиноятӣ ё гражданӣ, маълумот оид ба шахси ҳимояшаванда метавонад ба мақомоти тафтиши пешакӣ, прокурор ё суд дар асоси дархости хаттии прокурор ё суд (судя) бо иҷозати мақоме, ки дар бораи татбиқ намудани ҳимояи давлатӣ қарор қабул кардааст, пешниҳод гардад.

 

Моддаи 10. Кўчонидани шахси ҳимояшаванда ба маҳалли дигари истиқоматии муваққатӣ, иваз намудани ҳуҷҷатҳо ва тағйир додани симои зоҳирии ў

1. Дар мавриди кўчонидани шахси ҳммояшаванда ба маҳалли дигари истиқоматии муваққатӣ молу мулки манқул ва ғайриманқули шахсии ў таҳти муҳофизат қарор мегирад ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷпкистон бо сабабҳои зикргардида таъмин карда мешаванд.

2. Дар ҳолатҳои истисноӣ мумкин аст ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахси ҳимояшаванда бо тағйир додани ном, номи падар ва фамилияи ў ва дигар маълумот дар борааш, инчунин симои зоҳирии шахси ҳимояшаванда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шаванд.

3. Кўчонидани шахси ҳимояшаванда ба  маҳалли дигари истиқоматии муваққатӣ, иваз намудани ҳуҷҷатҳо ва тағйир додани симои зоҳирии ў танҳо бо розигии хаттияш дар ҳолатҳое амалӣ мегарданд, ки агар таъмини бехатарии вай бо роҳи татбиқи дигар чораҳои амниятӣ имконнопазир бошад.

 

Моддаи 11. Дигар кардан ҷойи кор (хизмат) ё таҳсили шахси ҳимояшаванда

Бо мақсади таъмини амнияти шахси ҳимояшаванда ба ў мумкин аст барои дигар кардани ҷойи кор (хизмят) ё таҳсили муваққатӣ ё доймӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат карда шавад.

 

Моддаи 12. Ҷойгиркунонии муваққатии шахси ҳимояшаванда дар маҳалли бехатар

Шахси ҳимояшаванда мумкин аст муваққатан дар маҳалле ҷойгир карда шавад, ки ба таъмини бехатарии ў мувофиқ бошад.

 

Моддаи 13. Таъмини амнияти хизматчии ҳарбӣ

1. Амнияти хизматчии ҳарбӣ, ки шахси ҳимояшаванда ба шумор меравад, бо роҳи татбиқ намудани чораҳои амниятии дар моддаи 6 Қонуни мазкур пешбинишуда, бо  назардошти хусусиятҳои адои хизмати ҳарбӣ таъмин мегардад.

2. Бо мақсади таъмини амнияти хизматчии ҳарбӣ инчунин чораҳои зерин татбиқ карда мешаванд:

- равон кардани шахси ҳимояшаванда ба қисми ҳарбии дигар ё муассисаи ҳарбии дигар;

- гузаронидани шахси ҳимояшаванда ба ҷои нави хизмати ҳарбии доимӣ;

- гузаронидан ба қисми ҳарбии дигар ё ба ҷои нави хизмати ҳарбӣ, ки ба қатъ намудани таъмини амнияти минбаъдаи ин шахс монеъ шуда наметавонад;

- чораҳои дигари ҳимоявӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд.

3. Ба ҷои дигари хизмати ҳарбӣ равон кардан ё гузаронидани хизматчии ҳарбие, ки шахси ҳимояшаванда мебошад, бо розигии дар шакли хаттӣ изҳорнамудаи ў амалӣ мегардад. Зимни гузариш хизматчии ҳарбӣ ба вазифаи ҳарбии баробар таъин карда мешавад. Дар ин сурат бояд истифодаи ў аз рўи ихтисоси дар қайди ҳарбии асосӣ буда ё ихтисоси ба он монанд таъмин карда шавад.

 

Моддаи 14. Таъмини амнияти шахси ҳимояшаванда, ки дар ҳабс ё дар маҳалли адои ҷазо қарор дорад

1. Амнияти шахси химояшаванда, ки дар ҳабс нигоҳ дошта шудааст ё дар маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интнзоми қарор дорад, бо роҳи нисбат ба ў татбиқ намудани чораҳои амниятии бо сархатҳои сеюм, панҷум, шашум, ҳаштум ва нўҳуми қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур ё чораҳои дигари бо қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда таъмин мегардад.

2. Бо мақсади таъмини амнияти шахсе, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидааст, инчунин метавонанд чораҳои зерин татбиқ гарданд:

- аз ҳамдигар ҷудо нигоҳ доштани шахси ҳимояшаванда ва шахсе, ки аз ў таҳдиди зўроварӣ бармеояд;

- иваз намудани чораи пешгирӣ ё чораи ҷазо нисбат ба шахси ҳимояшаванда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 15. Чораҳои дастгирии иҷтимоӣ

1. Ҳангоми ҳалокат ё вафоти шахси ҳимояшаванда бо сабаби иштироки ў дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ ба аъзои оилаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ў қарор доштанд, бо таъиноти мақоме, ки оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ қарор қабул менамояд, аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ аз рўи тартиб ва андозаи муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрдампулии яквақта дода шуда, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар бе саробон мондан нафақа таъин карда мешавад.

2. Ҳангоми ба шахси ҳимояшаванда расонидани зарари ҷисмони ё зарари дигар ба саломатии ў бо сабаби иштирок намудан дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ, ки боиси маъюбӣ мегардад, ба ў бо таъинотн мақоме, ки оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ қарор қабул менамояд, аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ аз рўи тартиб ва андозаи муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрдампулии яквақта дода шуда, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар маъюбӣ нафақа таъин карда мешавад.

3. Ҳангоми ба шахси ҳимояшаванда расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатии ў бо сабаби иштирок намудан дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ, ки боиси маъюби нагаштааст, ба ў бо таъиноти мақоме, ки оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ қарор қабул менамояд, аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ аз рўи тартиб ва андозаи муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрдампулии яквақта дода мешавад.

4. Ба шахсони ҳимояшаванда, ки дар як вақт ба ёрдампулии гуногуни тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшаванда ҳуқуқ доранд, дар ҳолати расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатӣ бо интихоби онҳо як ёрдампулии яквақта таъин карда мешавад.

5. Тартиби пардохти ёрдампулии яквақтаи дар қисмҳои 1 - 4 моддаи мазкур қайдгардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

6. Зараре, ки ба молу мулки шахси ҳимояшаванда бо сабаби иштироки ў дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳои молиявии бо қонунгузории Ҷумҳурии   Тоҷикистон пешбинигардида ҷуброн карда шуда, ин маблағ минбаъд аз ҳисоби шахсе, ки барои расонидани зарар ба молу мулки шахси ҳимояшаванда гунаҳкор аст, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

 

БОБИ 3. АСОСҲО ВА ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 16. Асосҳои татбиқи чораҳои амнияти

1. Асосҳои татбиқи чораҳои амниятӣ ин маълумот оид ба мавҷуд будани таҳдиди воқеии куштори шахси ҳимояшаванда, истифодаи зўроварӣ нисбат ба ў ва хешовандони наздикаш, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулкаш бо сабаби иштироки ў дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ мебошанд, ки аз ҷониби мақоми оид ба татбиқ намудани ҳимояи давлатӣ қарор қабулкунанда, муқаррар карда шудаанд.

2. Чораҳои амниятӣ дар асоси аризаи хаттии   шахси ҳимояшаванда ва ё шахсоне, ки бо мақсади ҳифзи манфиати шахсони дигар бо ариза муроҷиат намудаанд, нисбати ноболиғон бошад - дар асоси аризаи хаттии падару модари онҳо ё шахсони онҳоро ивазкунанда, инчунин намояндагони ваколатдори мақомоти васояту парасторӣ (дар сурати набудани падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда) татбиқ мегарданд.

3. Агар татбиқи чораҳои амниятӣ ба манфиати аъзои болиғи оилаи шахси ҳимояшаванда ва дигар шахсоне, ки бо ў якҷоя зиндагӣ мекунанд, дахл кунад, гирифтани розигии онҳо дар шакли хаттӣ зарур аст.

 

Моддаи 17. Асосҳои татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ

Асосҳои татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ ин ҳалокат ё вафоти шахси ҳимояшаванда, расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатии ў бо сабаби иштирок намудан дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ ба шумор мераванд.

 

Моддаи 18. Тартиби татбиқи чораҳои амниятӣ

1.Тартиби татбиқи чораҳои амниятӣ бо Қонуни мазкур, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

2. Суд (судя), прокурор, сардори воҳиди таҳқиқ роҳбари мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ с муфаттиш зимни гирифтани ариза (маълумот) оид ба таҳдиди куштори шахсони дар қисмҳои 1-3 моддаи 2 Қонуни мазкур ҷайдгардида, истифодаи зўроварӣ нисбат ба онҳо, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулкашон ё кирдори дигари зиддиҳуқуқии хавфнок ўҳдадоранд ин аризаро (маълумотро) тафтиш намоянд ва дар мўҳлати се шабонаруз (дар ҳолатҳои таъхирнопазир-фавран)  оид  ба  татбиқи  чораҳои амниятӣ нисбат ба онҳо ё рад намудани татбиқи онҳо қарор қабул намоянд. Ҷиҳати ҳалли масъалаи зикршуда қарори (таъиноти) асоснок бароварда мешавад, ки он дар рўзи қабул гардиданаш ба мақоми татбиқкунандаи чораҳои амниятӣ барои иҷро, инчунин ба шахсе, ки нисбати ў қарори (таъиноти) мазкур бароварда шудааст, барои маълумот фиристода мешавад.

3. Нисбат ба қарор (таъинот) оид ба татбиқи чораҳои амнияти ё рад намудани татбиқи онҳо шахси ҳимояшаванда ва дигар шахсоне, ки бо мақсади ҳифзи манфиатҳои ў муроҷиат намудаанд, метавонанд ба мақоми болоӣ, прокурор ё суд шикоят кунанд. Шикоят аз лаҳзаи пешниҳод шуданаш дар давоми 24 соат бояд баррасӣ гардад.

4. Мақоми татбиқкунандаи чораҳои амниятӣ тадбирҳои зарурии амниятии дар Қонуни мазкур пешбинишударо интихоб карда, тарзи татбиқи онҳоро муайян менамояд.

5. Оид ба чораҳои амниятии интихобшуда, тағйиру иловаҳо ба онҳо ва натиҷаи татбиқи чораҳои мазкур, мақоме, ки онҳоро амалӣ мегардонад, ба суд (судя), прокурор, сардори воҳиди таҳқиқ роҳбари мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ё муфаттиши дар истеҳсолоти худ ариза (маълумот) дар хусуси ҷиноят ё парвандаи ҷиноятӣ дошта маълумот медиҳад. Дар ҳолати рафъи таҳдид ба амнияти шахси ҳимояшаванда оид ба бекор кардани чораҳои амниятӣ дархост пешниҳод менамояд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №865)

6. Мақоме, ки чораҳои амниятиро амали месозад, бо шахси ҳимояшаванда оид ба ҳолатҳои татбиқи чораҳои амниятӣ, ўҳдадориҳо ва масъулияти тарафайн мутобиқи қонуни мазкур ва қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хаттӣ шартнома мебандад.

 

Моддаи 19. Тартиби татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ

1. Тартиби татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ бо Қонуни мазкур, қонунҳои дигар ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

2. Макоме, ки оид ба татбиқи ҳимояи давлати қарор қабул менамояд, пас аз гирифтани ариза (маълумот) дар хусуси ҳалокат ё вафоти шахси ҳимояшаванда ва муайян намудани он, ки ҳалокат (вафот) бо сабаби иштироки ў дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофьаи судӣ ба миён омадааст, ўҳдадор аст дар мўҳлати се шабонарўз дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимои нисбати аъзои оилаи шахси ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ў қарор доранд, ё ин ки дар бораи рад кардани татбиқи он қарор қабул намояд.

3. Мақоме, ки оид ба татбиқи ҳимояи -давлатӣ қарор қабул менамояд, пас аз гирифтани ариза (маълумот) дар хусуси ба шахси ҳимояшаванда расонидани  зарари  ҷисмонӣ  ё зарари дигар  ба саломатии ў бо сабаби иштирок намудан дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ ўҳдадор аст ин аризаро (маълумотро) тафтиш намояд ва дар мўҳлати се шабонарўз дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ ё ин ки дар бораи рад кардани татбиқи онҳо қарор қабул намояд.

4. Дар бораи ҳалли масъалаи зикршуда қарори (таъиноти) асоснок қабул карда мешавад, ки он ба мақоми татбиқкунандаи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ барои иҷро ва ба шахсе, ки нисбати ў қарор (таъиноти) қабул карда шудааст ё ба намояндаи қонунии ў барои маълумот равон карда мешавад.

5. Нисбати қарор (таъинот) оид ба татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ ё рад намудани татбиқи онҳо шахси ҳимояшаванда ё намояндаи қонунии ў метавонад ба мақоми болоӣ, прокурор ё суд шикоят намояд. Шикоят аз рўзи пешниҳод шудан дар мўҳлати даҳ шабонарўз бояд баррасӣ гардад.

6. Мақоми татбиқкунандаи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ пас аз гирифтани қарор (таъинот) оид ба татбиқи  чораҳои дастгирии иҷтимои ўҳдадор аст онро дар мўҳлати даҳ шабонарўз иҷро намояд.

 

Моддаи 20. Бекор кардани чораҳои амниятӣ

1. Чораҳои амниятӣ дар ҳолате бекор карда мешаванд, ки агар асосҳои дар моддаи 16 Қонуни мазкур нишондодашуда барои татбиқи онҳо бартараф гардида бошанд, инчунин агар татбиқи минбаъдаи онҳо дар натиҷаи аз ҷониби шахси ҳимояшаванда вайрон кардани талаботи шартномаи басташудаи мақомоти татбиқкунандаи чораҳои амниятӣ ва шахси ҳимояшаванда тибқи қисми 6 моддаи 18 Қонуни мазкур ғайриимкон бошад.

2.Чораҳои амниятӣ  метавонанд бо аризаи хаттии шахси ҳимояшаванда, ки ба мақомоти қабулнамудаи қарор оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ фиристода шудааст, бекор карда шаванд.

3. Бекор кардани чораҳон амниятӣ танҳо бо қарори (таъиноти) макоме, ки қарор дар бораи татбиқ намудани ҳимояи давлатиро қабул намудааст ё бо қарори (таъиноти) мақоме, ки парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолоти он қарор дорад, роҳдода мешавад.

4.  Нисбат ба қарор (таъинот) оид ба бекор кардани чораҳои амнияти мумкин аст ба мақоми болоӣ, прокурор ё суд шикоят пешнҳод гардад. Шикоят аз лаҳзаи пешниҳод шуданаш дар давоми 24 соат бояд баррасӣ гардад.

5. Дар қарор (таъинот) оид ба бекор кардани чораҳои амнияти бояд масъалаҳои барқарор намудани ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ҳуқуқҳои шахсии ғайрӣмолумулкии шахсӣ ҳимояшаванда ба танзим дароварда шаванд.

6. Қарор (таъинот) оид ба татбиқи чораҳои амнияти то қабули қарор оид ба бекор кардани он аз ҷониби мақомоти дар қисми 2 моддаи 3 Қонуни мазкур пешбинишуда эътибор дорад.

7. Суд (судя) дар ҳолати таҳияи ҳукм оид ба парвандаи ҷиноятӣ дар бораи бекор кардани чораҳои амниятӣ ё татбиқи минбаъдаи чораҳои мазкур таъинот (қарор) мебарорад.

 

Моддаи 21. Махфияти амалӣ намудани ҳимояи давлатӣ

1. Ҳимояи давлатӣ бо риоя намудани махфияти маълумот оид ба шахси ҳимояшаванда амалӣ мегардад.

2. Тартиби ҳимояи маълумот оид ба амалӣ намудани ҳимояи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 22. Ҳатмӣ будани иҷрои қарор оид ба амалӣ намудани ҳимояи давлатӣ

Иҷрои қарорҳои мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ, ки мутобиқи ваколатҳояшон қабул шудаанд, аз ҷониби шахсони мансабдори корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки ба онҳо ирсол гардидаанд, ҳатмӣ мебошанд.

 

БОБИ 4.ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ ШАХСОНИ ҲИМОЯШАВАНДА ВА МАҚОМОТИ ТАЪМИНКУНАНДА ҲИМОЯИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 23. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахсони ҳимояшаванда

1. Шахсони ҳимояшаванда ҳуқуқ доранд:

- ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои худро донанд;

- таъмини амнияти шахсӣ ва молумулкии худ ва шахсони дар қисми 3 моддаи 2 Қонуни мазкур нишондодашударо талаб намоянд;

- татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур талаб намоянд;

- оид ба татбиқ намудани чораҳои амниятӣ нисбати худ, инчунин нисбат ба хешовандони наздикашон ва хусусияти ин чораҳоро донанд;

- оид ба татбиқи чораҳои амниятии иловагӣ ё оид ба бекор кардани онҳо тибқи муқаррароти қонуни мазкур бо ариза муроҷиат намоянд;

- нисбат ба қарор ва амали мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлати ба мақомоти болоӣ, прокурор ё суд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят пешниҳод намоянд.

2. Шахсони ҳимояшаванда ўҳдадоранд:

- шартҳои нисбати онҳо татбиқ намудани чораҳои амниятӣ ва талаботи қонунии мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатиро иҷро намоянд;

- ба мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ оид ба ҳар як ҳодисаи таҳдид ё амалҳои зиддиқонуни нисбати онҳо фавран маълумот пешниҳод намоянд;

- зимни кор фармудани молу мулки дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур нишондодашуда, ки аз ҷониби мақомоти амаликунандаи чораҳои амниятӣ бо мақсади таъмини амнияти онҳо барои истифода дода шудааст, талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;

- маълумотро оид ба татбиқ намудани чораҳои ҳимояи давлатӣ нисбати онҳо бе иҷозати мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ фош накунанд.

 

Моддаи 24. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ

1. Мақомоте, ки оид ба татбиқ намудани ҳимояи давлатӣ дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунанд, ҳуқуқ доранд:

- аз ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони ҳуқуқи ва воқеӣ аз рўи ариза ва маълумот дар бораи таҳдид ба амнияти шахсоне, ки нисбаташон қарор оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ қабул карда мешавад, маълумоти заруриро дархост намуда гиранд;

- амалҳои мурофиавӣ ё додани супоришҳои заруриро ба мақомоти амаликунандаи чораҳои амниятӣ ва мақомоти амаликунандаи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ барои татбиқи ҳимояи давлатии шахсони дар моддаи 2 Қонуни мазкур нишондодашуда анҷом диҳанд;

- дар ҳолати зарурӣ аз мақомоти амаликунандаи чораҳои амниятӣ ва мақомоти амаликунандаи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ таъини чораҳои иловагии ҳимояи давлатиро талаб намоянд;

- дар мувофиқа бо мақомоти амаликунандаи чораҳои нишондодашуда чораҳои амниятӣ ва чораҳои дастгирии иҷтнмоиро пурра ё қисман бекор кунанд.

2. Мақомоти амаликунандаи чораҳои амнияти ҳуқуқ доранд:

- тадбирҳои зарурии амниятии бо Қонуни мазкур пешбинишударо интихоб намоянд, усулҳои татбиқи онҳоро муайян кунанд ва ҳангоми зарурат чораҳои амниятии татбиқшавандаро тағйир диҳанд ва илова намоянд;

- аз шахсони ҳимояшаванда риояи шартҳои татбиқи чораҳои амниятиро нисбати онҳо, иҷрои супоришҳои қонуниро вобаста ба татбиқи чораҳои мазкур талаб намоянд;

- ба суд (судя), прокурор, сардори воҳиди таҳқиқ, роҳбари мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ё муфаттиш, ки ариза (маълумот) оид ба ҷиноят ё парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолоти онҳо қарор дорад, бо дархост (ариза) дар бораи татбиқ намудани чораҳои амнияти зимни анҷом додани амалҳои мурофиавӣ ё бекор кардани онҳо муроҷиат намоянд; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №865)

- бо тартиби Муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ» чораҳои оперативӣ-ҷустуҷўи гузаронанд.

3. Мақомоти амаликунандаи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд:

- аз мақомоте, ки оид ба амали намудани ҳимояи давлатӣ қарор қабул мекунанд ва аз шахсони ҳимояшаванда маълумоти иловагии барои амалӣ намудани чораҳои дастгирии иҷтимоӣ заруриро дархост намоянд;

- ба мақомоте, ки оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ қарор қабул кардаанд, дар мавриди муайян кардани ҳолатҳое, ки имконняти татбиқи чораҳои мазкурро истисно мекунанд, бо дархост муроҷиат намоянд.

4. Мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ ўҳдадоранд:

- ба ҳар як ҳолати ба онҳо маълумшуда, ки таъмини чораҳои амниятӣ ё чораҳои дастгирии иҷтимоиро талаб мекунад, фавран эътино намоянд;

- ҳамаи чораҳои амниятӣ ва чораҳои дастгирии иҷтимоии заруриро амалӣ намоянд;

- тибқи муқаррароти пешбининамудаи Қонуни мазкур, шахсони ҳимояшавандаро оид ба татбиқ намудан, тағйир додан, илова ё бекор кардани татбиқи чораҳои амниятӣ ва чораҳои дастгирии иҷтимоӣ нисбати онҳо, инчунин оид ба қабули Қарорҳои вобаста ба таъмини ҳимояи давлатии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт хабардор намоянд;

- ба шахси ҳимояшаванда зимни эълон намудани қарор (таъинот) дар бораи нисбати ў татбиқ намудани ҳимояи давлатӣ ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояшро фаҳмонанд.

 

БОБИ 5. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНИ МАЗКУР

 

Моддаи 25. Ҷавобгарии шахси мансабдор барои риоя накардани талаботи вобаста ба таъмини ҳимояи давлатӣ

Шахси мансабдори мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ, ки ба қабул накардани қарор оид ба татбиқ намудани ҳимояи давлатӣ ё ба таври лозимӣ татбиқ накардани он рои додааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои фош кардани маълумот дар бораи шахси ҳимояшаванда ва чораҳои амниятӣ

Фош кардани маълумот дар бораи шахси ҳимояшаванда ва татбиқи чораҳои амниятӣ нисбати ў аз ҷониби шахсе, ки ба вай ин маълумот боварӣ карда шуда буд, ё зимни фаъолияти хизматиаш ба ў маълум гаштааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегардад.

 

Моддаи 27. Ҷавобгарии шахси ҳимояшаванда

Ба шахсони дигар фурўхтан, ба гарав мондан ё додани молу мулки дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур пешбинишуда, ки ҷиҳати таъмини амният ба шахси ҳимояшаванда барои истифода дода шудааст, инчунин гум ё вайрон кардани молу мулки мазкур, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегардад.

 

БОБИ 6. МАБЛАЃУЗОРӢ ВА ТАЪМИНОТИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 28. Маблағгузори ва таъминоти моддию техникии ҳимояи давлатӣ

1. Барои таъмини ҳимояи давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятиро тасдиқ менамояд.

2.  Маблағгузори ва таъминоти моддию техникии Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ аз ҳисоби маблағи буҷет ва манбаъҳои дигари молиявии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.

3. Хароҷоти вобаста ба таъмини ҳимояи давлатӣ набояд ба зиммаи шахси ҳимояшаванда гузошта шавад.

 

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 29. Мавриди амал қарор додани қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

       ш. Душанбе,

29 декабри соли 2010

             № 644

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҲДУД НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 10/02/2020 - 11:25
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
649
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
29.12.2010
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАҲДУД НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 811; с. 2013, №3, мод. 192)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро бо мақсади пешгирии бемориҳо ва ҳифзи саломатии аҳолӣ муайян менамояд.  (ЌЉТ аз 19.03.2013 с., №949)
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
– маҳсулоти тамоку – маҳсулотест барои кашидан, хоидан ё бӯй кардан, ки дар зарфи истеъмолӣ ва ё дар бастаҳои махсус ҷойгир карда шудааст, аз ҷумла сигаретаи бо дудполо (бо филтр), сигаретаи бе дудполо (бе филтр), папиросҳо, сигараҳо, чилимтамоку, нос;
– кашидани тамоку – нафаскашии дуди маҳсулоти сӯзандаи тамоку, хоидан ё бӯй кардани он, кашидани нос;
– никотин – моддаи заҳрноке, ки дар таркиби тамоку мебошад;
– қатрон – маҳсулоти заҳрноки сӯзандаи тамоку, ки ҳангоми сӯхтани он ҳосил шуда, боиси пайдошавии беморӣ мегардад.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба истеҳсол, воридот содирот, фурўши яклухтва чаканаи  маҳсулоти тамоку
(ЌЉТ аз 19.03.2013 с., №949)
 
Фаъолият оид ба истеҳсол, воридот ва содироти маҳсулоти тамоку мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 4. Танзими фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку
 
1. Истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамокуе, ки дар таркиби он никотин ва қатрон аз меъёрҳои гигиении  тасдиқнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ зиёд мебошанд, манъ аст. Нишондиҳандаҳои таркибии моддаҳои зараровар аз меъёрҳои зерин зиёд буда наметавонанд:
– барои сигаретаҳои бо дудполо (бо филтр) – дар таркиби дуди онҳо 14 миллиграмм қатрон ва 1,2 миллиграмм никотин ба як сигарета;
– барои сигаретаҳои бе дудполо (бе филтр) – дар таркиби онҳо 16 миллиграмм қатрон ва  1,3 миллиграмм никотин ба як сигарета.
2. Бастаи маҳсулоти тамоку (барои сигаретаҳо) бояд дорои навиштаҷоти огоҳкунандаи асосӣ ва иловагӣ оид ба зарари кашидани тамоку ва навиштаҷоти иттилоотӣ оид ба меъёри қатрон ва никотин дар он бошад.
3. Навиштаҷоти огоҳкунандаи асосӣ ва иловагӣ оид ба зарари кашидани тамоку дар бастаи маҳсулоти он тибқи талаботи Регламенти техникӣ ҷой дода мешавад.
4. Истеҳсолкунандаи маҳсулоти тамоку бояд аз номгӯи тасдиқнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ чор намуди навиштаҷоти иловагиро оид ба зарари кашидани тамоку интихоб намояд. Намудҳои интихобгардидаи навиштаҷоти иловагӣ оид ба зарари кашидани тамоку бояд дар тарафҳои паҳлуии бастаҳои маҳсулоти тамоку ҷойгир карда шаванд.
5. Дар яке аз тарафҳои паҳлуии бастаи сигаретаҳо мутобиқи стандартҳои давлатӣ бояд навиштаҷоти иттилоотӣ оид ба мавҷуд будани никотин ва қатрон дар таркиби онҳо низ ҷойгир карда шавад. Навиштаҷоти мазкур бояд на кам аз чор фоизи масоҳати тарафи паҳлуии бастаи маҳсулоти тамокуро ишғол намояд.
6. Ба навиштаҷот дар бастаи маҳсулоти тамоку талаботи зерин пешниҳод карда мешавад:
– навиштаҷот бояд дақиқ ва хоно бошад;
– навиштаҷот бояд тавре ҷойгир шуда бошад, ки ҳангоми кушодани бастаи маҳсулоти тамоку матни он пурра боқӣ монад;
– навиштаҷот бояд дар қисми берунии баста ба таври аён чоп ва баста бо пардаи шаффоф борпеч карда шавад.
 
Моддаи 5. Манъи фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку
 
1. Фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку дар ҳудуд ва назди муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, динӣ, варзишӣ ва таълимӣ, инчунин дар масофаи на камтар аз сад метр аз сарҳади ҳудуди муассисаҳои таълимӣ манъ аст.
2. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти тамоку ба ноболиғон манъ аст.
3. Фурӯши сигарета, сигара, папирос ва ё дигар маҳсулоти тамоку бо истифода аз таҷҳизоти автоматӣ манъ аст.
4. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шудани ноболиғон ба фурӯши маҳсулоти тамоку манъ аст.
5. Тартиби фурўши мањсулоти тамоку тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.  (ЌЉТ аз 19.03.2013 с., №949)
Моддаи 6. Рекламаи тамоку ва маҳсулоти тамоку
 
Рекламаи тамоку ва маҳсулоти тамоку мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ба танзим дароварда мешавад.
 
Моддаи 7. Манъи кашидани тамоку дар дохили биноҳои маъмурӣ
 
1. Кашидани тамоку дар дохили биноҳои маъмурӣ,  ҳуҷраҳои кории  ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ,   муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, динӣ, варзишӣ, таълимӣ, истироҳатгоҳҳо,  толорҳое,  ки  дар онҳо  чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва  истироҳатию фароғатӣ гузаронида мешаванд, толорҳои фурудгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ, инчунин дар дохили  нақлиёти  ҷамъиятӣ, ба истиснои ҷойҳои махсуси барои он ҷудокардашуда, манъ аст.
2. Корфармо ё маъмурияти ин ташкилотҳо ӯҳдадоранд барои кашидани тамоку ҷойҳои махсус муайян намоянд.
 
Моддаи 8. Тарғибу ташвиқ  оид ба зарари кашидани тамоку
 
1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, дин, варзиш ва маориф ӯҳдадоранд, тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам тарғибу ташвиқотро оид ба зарари кашидани маҳсулоти тамоку амалӣ намоянд.
2. Бо мақсади амалӣ намудани  муқаррароти Қонуни мазкур  дар барномаҳои  таълимӣ оид ба таъсири манфии истифодаи тамоку ба саломатии инсон бояд мавзӯъҳои дахлдор пешбинӣ карда шаванд.
 
Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор дода шавад.
 
         Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон
 
        ш. Душанбе,
29 декабри соли 2010
              № 649
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 10/02/2020 - 11:27
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
666
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
29.12.2010

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 825.

Қонунҳои ҶТ аз 02.01.2018 с., №1500; аз 17.05.2018 с., № 1534)

 

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар вақти амалӣ намудани фаъолият оид ба таъмини бехатарӣ дар давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифодабарӣ қарор додан, дар давоми истифодабарӣ, таҷдид, барқарорсозӣ, мафҳуз доштан ва барҳам додани иншоотҳои гидротехникӣ ба миён меоянд, ба танзим дароварда, вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва шахсону ташкилотҳои истифодабарандаро оид ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ муқаррар менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зернн  истифода мешаванд:

- иншоотҳои гидротехникӣ - сарбандҳо, бинохои неругохҳои обии барқӣ, иншоотҳои обпартоҳо, обҷамъкунию обсардиҳӣ, нақбҳо, каналҳо, истгоҳҳои обкашӣ, иншоотҳои таъинотӣ барои ҳифз намудан аз обхезӣ, вайроншавии деворбандии соҳил, таги обанборҳо ва дарёҳо, иншоотҳои ҳифзкунандаи анборҳои нигоҳдории партовҳои моеъдори корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, таҷхизотҳо барои пешгирӣ намудани рахнашавии каналҳо, инчунин дигар иншоотҳое, ки барои истифодабарии захираҳои обӣ ва пешгирӣ намудани таъсири номатлуби об ва партовҳои моеъ таъин шудаанд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

- истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳукуқияшон дар тавозунашон иншоотҳои гидротехникӣ доранд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

- молики иншоотҳои гидротехникӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳукуқӣ, ки ҳуқуқи соҳибмулкӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдорӣ намудани иншоотҳои гидротехникиро доранд;

- вазъияти фавқулодда - ҳолате, ки дар ҳудуди муайян дар натиҷаи садамаи иншоотҳои гидротехникӣ ба вуҷуд омада, метавонад боиси ҳалокати одамон, зарар ба саломатии онҳо ва ё вайроншавии муҳити зист, зарари моддӣ на вайрон шудани шароити зиндагии одамон гардад;

- бехатарии нншоотҳои гидротехникӣ - ҳолати хоси иншоотҳои гидротехникӣ, ки имкониятҳои таъмини ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва манфиатҳои қонунии одамон, муҳити зист ва субъектҳои хоҷагидорро таъмин менамояд;

- эъломияи бехатарии нншоотҳои гидротехникӣ - ҳуҷҷате, ки дар он бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ асоснок карда шудааст ва чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ бо баҳисобгирии таснифи онҳо муайян шудаанд;

- меъёри бехагарии иншооти гидротехникӣ- ҳудудҳои ниҳоии нишондиҳандаҳои миқдорию сифатии ҳолати иншооти гидротехникӣ ва шароитҳои истифодабарии он, ки ба сатҳи имконпазири хавфи садамаи иншооти гидротехникӣ мувофиқанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ба амал мебароранд. тасдиқ шудаанд;

- баҳодиҳии бехатарии иншооти гидротехникӣ - муайянкунии мутобиқати ҳолати иншооти гидротехникӣ ва тахассуси коргарони ташкилотҳои истифодабаранда ба меъёрҳо ва қоидаҳое, ки тибқи Қонуни мазкур тасдиқ шудаанд;

- сатҳи хавфи имконпазири садамаи иншооти гидротехникӣ-дараҷаи имконпазири хавфи садамаи иншооти гидротехникӣ, ки тибқи санадҳои меъёрӣ муқаррар шудааст;

- ҳудуди иншооти гидротехникӣ - қитъаи замин (акватория) дар сарҳадҳое, ки тибки Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷнкнстон муқаррар шудаанд;

- ҷинсҳои таҳдоб (асос) - ҷинсҳое, ки асоси иншооти гидротехникӣ аз онҳо таркиб ёфта, шароитҳои воқеии гидрогеологӣ, микроиқлимӣ ва хосиятҳои физикию техникии сатҳи поёнии иншооти мазкурро инъикос менамоянд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

- объектҳои обӣ – ҳавзи табиӣ ё сунъӣ, обрав ё объекти дигар, ки дар онҳо ҷамъшавии доимӣ ё муваққатии об шакл ва аломатҳои хоси реҷаи обӣ дорад;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

- таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ - таҳия ва баамалбарории чорабиниҳо оид ба пешгирии садамаи иншооти гидротехникӣ.

 

Моддаи 2. Қонунузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфга, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

 

Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ нисбат ба иншоотҳои гидротехникие, ки дар моддаи 1 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд ва вайроншавии онҳо боиси ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулодда мегардад, татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ салоҳиятҳои зеринро дорад:

- таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

- ташкил намудани назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлати дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

- муайян намудаии вазифа ва ўҳдадориҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақоми давлатӣ оид ба амалисозии назорати давлатӣ, соҳибмулкон ва истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ дар соҳаи таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

- ташкил ва таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникие, ки моликияти давлати мебошанд.

 

Моддаи 5. Ваколатҳои мақоми давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

 

Ваколатҳои мақоми давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ аз инҳо иборатанд:  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

- ҳал намудани масъалаҳон бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар ҳудуди муайяншуда, ба истиснои масъалаҳои бехатарии иншоотҳои гидротехникии моликияти умумиҷумҳуриявӣ, дар асоси талаботҳои умумӣ оид ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ тибқи муқаррароти моддаи 8 Қонуни мазкур;

-  иштирок дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

- иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои минтақавӣ дар соҳам бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

- таъмин намудани назорати бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ҳангоми истифодабарии объектҳои обӣ ва амалигардонии чорабиниҳои ҳифзи табиат;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

- қабул намудани қарор оид ба маҳдуд намудани шартҳои истифодабарӣ дар ҳолати риоя накардани қонунгузорӣ  оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

-   иштирок намудан дар бартарафсозии оқибатҳои садамаҳои иншоотҳои гидротехникӣ;

-   сари вақт огоҳ намудани аҳолӣ аз таҳдиди садамаҳои иншоотҳои гидротехникӣ, ки боиси ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулодда мегарданд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

- таъмин намудани бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, ки моликияти давлатӣ мебошанд:

- муайян намудани меъёрҳо оид ба ташкил намудани захираҳои молиявию моддӣ барои рафъи оқибатҳои садама дар иншоотҳои гидротехникӣ.

 

Моддаи 6. Назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

 

1. Назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва вазифаи назорати бехатарии иншоотҳои гидротехникиро ба зиммааш гузоштааст, ба амал мебарорад.

2. Назорати давлатиро дар давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии иншоотҳои гидротехникӣ мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

 

Моддаи 7. Феҳристи иншоотҳои гидротехникӣ

 

1. Иншоотҳои гидротехникӣ дар Феҳристи давлатии иншоотҳои гидротехникӣ ба қайд гирифта мешаванд.

2. Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳрист аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 2. ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ

 

Моддаи 8. Талаботҳои умумӣ оид ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

 

Таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар асоси талаботҳои зерин сурат мегирад:

- таъмини дараҷаи имконпазири хавфи садамаи иншоотҳои гидротехникӣ;

– пешниҳод намудани эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

- назорати давлатии бехатарии иншоотҳон гидротехникӣ:

- истифодабарии мунтазами иншоотҳои гидротехникӣ;

- татбиқи чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехнӣ, аз ҷумла муқаррар намудани меъёрҳои бехатарии онҳо, инчунин муҷаҳҳаз намудани иншоотҳон гидротехникӣ бо воситаҳои техникӣ бо мақсади назорати доимии ҳолати онҳо, бо кадрҳои ихтисоснок таъмин намудани иншоотҳои гидротехникӣ;

- зарурати сари вақт гузаронидани маҷмўи чорабиниҳо ҷиҳати то ба дараҷаи ниҳоӣ паст кардани хавфи ба вуқўъ омадани вазъияти фавқулодда дар иншоотҳои гидротехникӣ:

- масъулият барои амале (беамалие). ки боиси пастшавии бехатарии ишноотҳон гидротехникӣ нисбат ба дараҷаи имконпазири хавф мегардад.

 

Моддаи 9. Ўҳдадориҳои соҳибмулкон ва истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ

 

1. Соҳибмулкон ва истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ ўҳдадоранд:

- меъёрҳо ва қоидаҳои таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникиро ҳангоми сохтмон, баистифодасупорӣ, истифодабарӣ, таъмир, таҷдид, маҳфуз доштан, аз истифодабарӣ баровардан ва барҳам додан риоя намоянд;

- мушоҳидаро (мониторингро) аз рўи нишондиҳандаҳои ҳолати иншоотҳои гидротехникӣ, таъсиррасонии табиию техногенӣ таъмин кунанд ва дар асоси маълумотҳои гирифташуда бехатарии иншоотҳои гидротехникиро баҳогузорӣ намоянд;

- баҳогузории мунтазами бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва таҳлили сабабҳои  пастшавии онро бо назардошти кори иншоотҳои гидротехникӣ дар силсила таъмин намоянд;

- таъсиррасонии зарарноки табиӣ ва техногениро дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо, аз ҷумла фаъолияти вобаста ба сохтмон ва истифодабарии иншоотҳо дар объектҳои обӣ ва дар ҳудудҳои ҳамҷавори боло ва ё поёнии иншооти гидротехникиро таҳлил намоянд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

- таҳия ва тасҳеҳи саривақтии меъёрҳои бехатарии иншоотҳои гидротехникиро таъмин намоянд;

- системаи назорати ҳолати иншоотҳои гидротехникиро такмил диҳанд;

- сабабҳои паст шудани бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, сари вақт таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳоро оид ба таъмини ҳолати дурусти техникии иншоотҳои гидротехникӣ ва бехатарии онҳо, инчунин оид ба пешгирии садамаи иншоотҳои гидротехникиро мунтазам таҳлил намоянд;

- гузаронидани ташхиси мунтазами иншоотҳои гидротехникиро таъмин намоянд;

- захираҳои моддию молиявиро барои рафъи оқибатҳои садамаи иншоотҳои гидротехникӣ ташкил намоянд;

- системаҳои огоҳонии маҳаллиро оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар иншоотҳои гидротехникӣ дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доранд;

- фаъолиятро бо мақомоти идоракунии мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда оид ба масъалаҳои пешгирии саривақтии садамаҳри иншоотҳои гидротехникӣ ҳамоҳанг созанд, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, дигар мақомоти дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳолати таҳдиди бевоситаи рахнашавин иншоотҳо - ба аҳолӣ ва ташкилотҳои дар минтақае, ки зери об монданаш имконпазир аст, фавран хабар расонанд;

- истифодабарии иншоотҳои гидротехникӣ ва таъмнни онҳоро бо коргарони ихтисоснок мувофиқи меьёру қоидаҳо ташкил намоянд;

- ба макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба маҳорат дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар иҷрои вазифаҳояшон мусоидат намоянд;

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аҳолиро доир ба масъалаҳои бехатарии гидротехникӣ огоҳ намоянд;

- чорабиниҳоро оид ба истифодабарии иншоотҳои гидротехникӣ, таъмини бехатарии онҳо, инчунин иҷрои корҳоро доир ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои садамаҳои иншоотҳои гидротехникӣ маблағгузорӣ намоянд.

2. Моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва истифодабарандагон барои бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ҷавобгар мебошанд. Аз ҷумла, зарари дар натиҷаи садамаи иншоотҳои гидротехникӣ расонидаро тибқи моддаҳои 16,17, ва 18 Қонуни мазкур то давраи гузаштани ҳуқуқи моликият ба дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва ё пурра ба анҷом расонидани корҳоӣ бартарафсозии оқибатҳои садама дар иншооти гидротехникӣ, ҷуброн менамоянд.

 

Моддаи 10. Эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

 

1. Дар марҳилаи лоиҳакашӣ, сохтмон, баистифодасупорӣ, истифодабарӣ ва аз истифодабарӣ баровардани иншоотҳоӣ гидротехникӣ, инчунин пас аз таҷдид, таъмири асосӣ, барқарорсозӣ ва ё маҳфуз доштани онҳо, молики иншоотҳои гидротехникӣ, истифодабарандагон ва ё бо фармоиши онҳо ташкилотҳои дахлдоре, ки ба талаботи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҷавобгӯй мебошанд, зьломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникиро тартиб медиҳанд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1534).

2. Эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ҳуҷҷати асосӣ мебошад, ки дар он маълумотҳо оид ба мутобиқати иншоотҳои гидротехникӣ ба меъёрҳои бехатарӣ дарҷ мегарданд.

3. Мундариҷа ва тартиби таҳияи эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

4. Моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва истифодабарандагон бо тартиби муқарраргардида эъломияи бехатарии иншооти гидротехникиро ба мақомоти назорати давлатӣ оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ пешниҳод менамоянд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1534).

 

Моддаи 11. Экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншоотҳои гидротехникӣ ва

                    экспертизаи давлатии эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

 

1. Экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншоотҳои гидротехникӣ дар асоси эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти шаҳрсозӣ гузаронида мешавад. Экспертизаи давлатии эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, ки дар давраи истифодабарӣ аз истифодабарӣ баровардани иншоотҳои гидротехникӣ, инчунин пас аз таҷдид, таъмири асосӣ, барқарорсозӣ ва маҳфуз доштани онҳо тартиб дода мешавад, тибқи талаботи ҳамин модда ва бо тартиби муқаррариамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

2. Барои гузаронидани экспертизаи давлатии эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ метавонанд пажўишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ ҷалб карда шаванд.

3. Экспертизаи давлатии эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ бо ташаббуси моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва ё истифодабарандагони онҳо, аз ҷумла дар ҳолати норозигии онҳо бо қарори мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, гузаронида мешавад.

4. Моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва ё истифодабарандагони онҳо, дар ҳолати норозигӣ бо қарори мақоми назоратӣ оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, метавонанд ба суд муроҷиат намоянд.

 

БОБИ 3. НАЗОРАТИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ

 

Моддаи 12. Мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

 

1. Мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ назоратро нисбати моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва истифодабарандагон оид ба риояи меъёрҳо ва қоидаҳои бехагарии иншоотҳои гидротехникӣ амалӣ менамоянд.

2. Ваколатҳои мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ аз инҷо иборатанд:  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

- мувофиқа намудани қоидаҳои истифодабарии иншоотҳои гидротехникӣ;

- бе монеа ворид шудан ба иншоотҳои гидротехникӣ, шинос шудан бо маводҳои вобаста ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва ташкили назорати техникӣ;

- ташкили санҷиши иншоотҳои гидротехникӣ ва мутобиқати ҳолати онҳо ба эъломияи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

- пешниҳоди таъинот оид ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

- ҳамоҳангсозии истифодаи ҳудуди иншоотҳои гидротехникӣ, ҷараёни об ва ҳудуди ҳамҷавори поён ва болом сарбанд (ба истиноӣ қитъаҳои заминҳои барои минтақаҳои ҳифзи обанбор ҷудошуда) барои амалӣ намудани фаъолияти хоҷагидорӣ ва ё фаъолияти дигар;

- иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуҳи дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ.

3. Пешгирӣ намудани таъсиррасонии номатлубӣ об дар шаклӣ вайроншавии иншоотҳои гидротехникӣ ва бартарафсозии оқибатҳои он тибқи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.

4. Таъинотн пешниҳоднамудаи  мақоми назорати давлати оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар бораи таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ барои моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва истифодабарандагон ҳатмӣ буда, бояд бетаъхир ба иҷро расонида шавад. Нисбати таъиноти мазкур ба суд муроҷиат кардан мумкин аст.

5. Истифодабарии иншоотҳои гидротехникӣ ва таъмини бехатарии онҳо, ки иҷозат барои сохтмон ва истифодабариашон бекор карда шудааст (аз ҷумла, иншоотҳои гидротехникии дар ҳолати садамавӣ қарордошта), инчунин иншоотҳои гидротехникии маҳфузшаванда ва ё барҳамдодашаванда ва иншоотҳои гидротехникии бесоҳибмонда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

 

Моддаи 13. Санҷиши иншоотҳои гидротехникӣ

 

1. Барои санҷиши иншоотҳои гидротехникӣ мақомоти назорати бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ метавонанд коммисияи санҷишӣ ташкил намоянд.

2. Дар вақти санҷиши иншоотҳои гидротехникӣ доир ба фаъолияти моликон ва истифодабарандагони иншоотҳои гидротехникӣ, инчунин оид ба кори ташкилотҳои пудратӣ ҳангомн истифодабарии иншоотҳои гидротехникӣ, барқарорсозӣ ва мафҳуз доштани онҳо, бо мақсади баҳодиҳӣ ба риояи меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарни иншоотҳои гидротехникӣ назорат гузаронида мешавад.

3. Санҷиши корҳои иҷрошуда дар давраи сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии иншоотҳои гидротехникӣ аз чониби мақоми давлати оид ба назорати сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатӣ тибқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти шаҳрсозӣ гузаронида мешавад.

 

БОБИ 4. ТАЪМИНИ МОЛИЯВИИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ

 

Моддаи 14. Суғуртакунонии масъулияти шаҳрвандӣ барои зарари расонидашуда

 

1. Хавфи масъулияти шаҳрвандӣ аз рўи ўҳдадориҳои бо сабаби расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии шахсони воқеӣ, моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи садамаи иншоотҳои гидротехникӣ бавуҷудомада, дар давраи сохтмон ва истифодабарии иншооти гидротехникии мазкур бояд ҳатман суғурта карда шавад.

2. Суғуртакунандаи хавфи масъулияти шаҳрвандӣ барои зарари расонидашуда моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд.

3. Шартҳо ва тартиби суғуртакунонии хавфи масъулияти шаҳрвандиро барои зарари дар натиҷаи садамаи иншоотҳои гидротехникӣ расонидашуда қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.

 

Моддаи 15. Ҷуброни зарари расонидашуда дар натиҷаи риоя накардани қонунгузорӣ оид ба

                      бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

 

Зарари ба ҳаёт ва саломатии шахсони воқеӣ, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи риоя накардани қонунгузорӣ оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ расонидашударо шахсони воқеию ҳуқуқие, ки чунин зарарро расонидаанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн менамоянд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

 

Моддаи 16. Таъмини молиявии масъулияти шаҳрвандӣ барои зарари расонидашуда дар натиҷаи садамаи иншоотҳои гидротехникӣ

 

1.Моликони иншоотҳои гидротехникӣ, истифодабарандагон -шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар сурате, ки агар иншоотҳои гидротехникӣ моликияти давлатӣ бошанд, бояд ҳатман таъмини молиявии масъулияти шаҳрвандӣ дошта бошанд. Таъмини молиявии масъулияти шаҳрвандӣ дар сурати ҷуброни зарари дар натиҷаи садамаи иншоотҳои гидротехникӣ расонидашуда (ба истиноӣ ҳодисаҳои пешгиринашаванда) аз ҳисоби моликони иншоотҳои гидротехникӣ ва ё истнфодабарандагон - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби маблағи суғуртавӣ, ки тибқи шартномаи суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандӣ муқаррар шудааст, амалӣ карда мешавад.

2. Тартиби муайян намудани андозаи таъмини молиявии масъулияти шаҳрвандиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 17. Иштироки давлат дар ҷуброни зарари дар натиҷаи садамаи иншоотҳои

                       гидротехникӣ расонидашуда

 

Дар ҳолати зиёд будани хароҷоти зарурӣ барои ҷуброни зарари дар натиҷаи садамаи иншоотҳои гидротехникӣ расонидашуда, ки маблағаш аз таъмини молиявии масъулияти шаҳрвандии тибқи моддаи 16 Қонуни мазкур муқарраршуда зиёд аст, тартиби ҷуброни зарарро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

БОБИ 5. РИОЯ НАКАРДАНИ ТАЛАБОТ ОИД БА БЕХАТАРИИ

ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

 

Моддаи 18. Риоя накардани талабот оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

 

Риоя накардани талабот оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ аз инҳо иборат мебошанд:  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

- сохтмон ва истифодабарии иншоотҳои гидротехникӣ барои фаъолияти хоҷагидорӣ ва ё дигар мақсадҳо, истифодабарии ҷараёни об ва ҳудуди ҳамҷавор ба поён ва ё болои сарбанд, бе иҷозати мақомоти дахлдор;

- иҷро накардани талаботи таъиноти эъломияи бехатарии иншооти гидротехникӣ ва ё экспертизам давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншоотҳои гидротехникӣ ва ё экспертизаи давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

- иҷро накардани таъиноти мақомоти назорати давлатӣ оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

- риоя накардани меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, қабул ва ба истифодабарӣ супоридан, истифодабарӣ, таъмир, таҷдид, маҳфуз доштан ва аз истифодабарӣ баровардан;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

- амалӣ накардани чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар ҳолати зиёдшавии сатҳи таъсири зарари табиӣ ва техногенӣ, бадшавии нишондиҳандаҳои устуворӣ ва обнагузаронии маводҳое, ки аз онҳо иншоотҳои гидротехникӣ сохта шудаанд ва ҷинсҳои таҳдоб (асос), шароитҳои ғайриқаноатбахши истифодабарӣ, муҷаҷҷазгардонии техникии иншоотҳои гидротехникӣ ва ташкили мушоҳидаи (мониторинга) бехатарии онҳо;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

- сарфи назар кардан аз додани маълумот ба мақомоти назорати давлатӣ оид ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар бораи таҳдиди садамаи иншоотҳои гидротехникӣ ва ё пинҳон доштани чунин маълумот аз ин мақомот, додани маълумоти бардурўғ ва дар ҳолати таҳдиди бевоситаи рахнашавии ҳудудҳои зери фишори об қарордошта - аз мақомоти  ҳокимияти  давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва аз худи коргарони иншоотҳои гидротехникии дар ҳолати садамавӣ қарордошта, аҳолӣ ва ташкилотҳои дар минтақаҳои имконпазири зери об мондан воқеъбуда .

 

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1500)

 

Моддаи 20. Тартиби мавириди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе

29 декабри соли 2010

666

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СТАНДАРТОНӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 10/02/2020 - 11:29
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
668
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
29.12.2010

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СТАНДАРТОНӢ

онуни ҶТ аз 16.04.2012с., №814)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ташкилиро дар соҳаи стандартонӣ, принсипҳои асосии стандартонӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчиёни корҳо оид ба стандартониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таъмини сиёсати ягона дар ин соҳа равона гардидааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- стандартонӣ - фаъолият доир ба қабули стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои стандартонӣ, инчунин муқаррар намудани талаботи техникӣ (меъёр, қоида, тавсифҳо ва талаботи дигар нисбат ба объектҳои  стандартонӣ) бо мақсади татбиқи умумӣ ва бисёркаратаи онҳо нисбат ба масъалаҳои доимо такроршаванда, ки барои ба даст овардани дараҷаи муносибтарини тартиб дар соҳаи коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва коркарди партовҳои маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ мебошад;

- стандарт - ҳуҷҷате, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор оид ба стандартонӣ бо мақсади татбиқи умумӣ ва истифодаи бисёркарата тасдиқ гардида, қоидаҳо, дастурҳо ва ё тавсифҳои ба маҳсулот дахлдошта, аз ҷумла ҷараёну усулҳои истеҳсолотро дар бар мегирад, ки интихоби онҳо бо мақсади истифода ихтиёрӣ мебошад. Инчунин он метавонад танҳо талабот ба истилоҳот, ишора, борҷома, тамғагузорӣ ва бастабандиро дар дараҷае, ки онҳо ба маҳсулот, ҷараён ва ё усулҳои истеҳсолот истифода мешаванд, дар бар гирад;

- объектҳои стандартонӣ - маҳсулот, ҷараёнҳои коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигаҳдорӣ, ҳамлу нақл ва коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;

- стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – стандарти давлатӣ) - стандарте, ки мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба стандартонӣ тасдиқ (қабул) намудааст;

- стандарти миллии дигар мамлакат – стандарти давлатие, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонии дигар давлати мушаххас тасдиқ (қабул) кардааст;

- стандарти минтақавӣ (байнидавлатӣ) - стандарте, ки ташкилоти минтақавии (байнидавлатии) стандартонӣ тасдиқ (қабул) кардааст;

- стандарти байналмилалӣ - стандарте, ки ташкилоти байналмилалии стандартонӣ тасдиқ (қабул) кардааст;

- ба қайд гирифтани стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои стандартонӣ - аз тарафи мақомоти ваколатдор оид ба стандартонӣ додани рақамҳои бақайдгирӣ ба стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои стандартонӣ бо мақсади баҳисобгирӣ ва ҳаммонандкунии онҳо;

- ҳуҷҷатҳои стандартонӣ - ҳуҷҷатҳои (қоида ва тавсияҳои стандартонӣ, маҷмӯи меъёр ва қоидаҳо, стандартҳои соҳаҳо ва корхонаҳо, шартҳои техникӣ) аз тарафи ташкилотҳои стандартонии байналмилалӣ ё минтақавӣ, мақомоти ваколатдор оид ба стандартонӣ, дигар мақомоти идораи давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо қабулшаванда;

- тарафи манфиатдор - мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти стандартонӣ манфиатдоранд; 

- консенсус - розигии умум доир ба масъалаи муайян, ки бо дастгирии тарафҳои манфиатдор, аз он ҷумла бо дарназардошти ҳамаи фикрҳои мухолиф ба даст омадааст, гарчанде консенсус ҳамфикрии куллро дар бар намегирад;

- кумитаи техникӣ оид ба стандартонӣ - гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи стандартҳо, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор оид ба стандартонӣ таъсис дода шудааст.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи стандартонӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи стандартонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақсадҳо ва принсипҳои асосии стандартонӣ

 

1. Мақсадҳои стандартонӣ аз инҳо иборатанд:

- таъмини ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва бехатарии инсон ва шаҳрванд, ҳайвонот, растанӣ ва ҳифзи муҳити зист;

- таъмини сифату бехатарии маҳсулот ва ҷараёнҳои ба он вобаста, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;

- таъмини мувофиқат ва якдигаривазкунии маҳсулот ва ҷараёнҳои ба он вобаста, инчунин иҷрои кор;

- рушди истеҳсолот ва савдои мол бо роҳи таҳияи стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои стандартонии бо стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳанггардида;

- мусоидат намудан ба баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ;

- мусоидат намудан ба пешрафти илмӣ - техникӣ;

- бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо;

- ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон.

2. Стандартонӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- ошкоро будани раванди таҳияи стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои стандартонӣ;

- таъмини ҳуқуқи иштироки ҳамаи тарафҳои манфиатдор дар таҳияи стандартҳо;

- консенсуси ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҳангоми таҳия ва тасдиқи стандартҳо;

- ҳамоҳангсозии стандартҳои давлатӣ бо стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ (байнидавлатӣ);

- мувофиқатии ҳуҷҷатҳои стандартонӣ ба стандартҳои давлатӣ;

- ба ҳамаи шахсони манфиатдор дастрас будани маълумот дар бораи стандартҳо;

- роҳ надодан ба монеаҳои зиёдатӣ дар савдои байналмилалӣ, ки ба таври минималӣ барои иҷрои мақсадҳои стандартонӣ зарур аст;

- интихоби ихтиёрии стандартҳо;

- иҷрои ҳатмии талаботҳои стандартҳои интихобшуда;

- истифодабарии стандартҳои байналмилалӣ ва ё фаслҳои дахлдори онҳо, дар мавриде, ки онҳо амал мекунанд ё ин, ки таҳияи онҳо ба анҷом мерасад, ҳамчун асос барои таҳияи стандартҳои давлатӣ, ба истиснои мавридҳое, ки ин гуна стандартҳои байналмилалӣ ва фаслҳои дахлдори онҳо ба ноил гардидани мақсадҳои Қонуни мазкур номувофиқ ва бесамар бошанд, масалан, бинобар сабаби омилҳои муҳими иқлимӣ ё ҷуғрофӣ ва ё норасоиҳои муҳими техникӣ;

- ба назар гирифтани марҳилаҳои рушди технологӣ ва қоидаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ доир ба стандартонӣ ва дигар созишномаҳои дахлдори байналмилалӣ ҳангоми таҳияи стандартҳо;

- вобаста ба имконият, дар таҳияи стандартҳо, назар ба талаботҳои таркибӣ ва тасвирӣ ба инобат гирифтани талаботҳои истифодабарии маҳсулот;

- муқаррар намудани тартиби якхела барои маҳсулоти воридотӣ ва маҳсулоти ватании ҳаммонанд дар асоси созишномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст.

 

Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи стандартонӣ

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи стандартонӣ салоҳиятҳои зеринро дорад:

- пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро таъмин менамояд;

- мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартониро муайян менамояд;

- системаи давлатии стандартониро таъсис медиҳад ва фаъолияти онро таъмин менамояд;

- мубодилаи ахбор доир ба соҳаи стандартонӣ дар сатҳи байниҳукуматӣ, байналмилалӣ, минтақавӣ (байнидавлатӣ) ва миллиро дастгирӣ менамояд;

- ҳалли моддию молиявии масъалаҳои давлатиро дар соҳаи стандартонӣ таъмин менамояд;

- тартиби таъсис ва пешбурди фонди давлатии стандартҳоро муқаррар менамояд. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №814)

 

 

БОБИ 2. ТАШКИЛИ СТАНДАРТОНӢ

 

Моддаи 5. Системаи давлатии стандартонӣ

1. Системаи давлатии стандартонӣ маҷмӯи иштирокчиёни корҳо оид ба стандартонӣ, стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои стандартонӣ, инчунин дар маҷмӯъ қоидаю расмиёти фаъолияти системаро дар бар мегирад.   

2. Иштирокчиёни корҳо оид ба стандартонӣ инҳо мебошанд:

- мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ;

- мақомоти дигари давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ дар соҳаи стандартонӣ;

- ташкилот ва муассисаҳои илмӣ;

- кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ;

- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ва шахси ҳуқуқии хориҷӣ;

- субъектҳои дигаре, ки фаъолияташон бо корҳои соҳаи стандартонӣ алоқаманд мебошанд.

 

Моддаи 6. Ваколати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ

Ба ваколати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ дохил мешаванд:

- амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи стандартонӣ;

- ҳамоҳангсозии кори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия  дар соҳаи стандартонӣ;

- таҳия ва тасдиқи барномаҳо оид ба таҳияи стандартҳои давлатӣ дар асоси пешниҳоди кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ ва тарафҳои манфиатдор ва ҳамоҳангсозии иҷрои онҳо;

- таҳия, тасдиқ, аз нав дида баромадан, ворид намудани тағйирот ва бекор намудани стандартҳои давлатӣ;

- муайян намудани тартиби тасдиқ ва бекор намудани стандартҳои давлатӣ;

- таъмини мутобиқати стандартҳои давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ (байнидавлатӣ);

- муқаррар намудани қоидаҳои умумии гузарондани корҳо оид ба стандартонӣ, шаклу усулҳои ҳамкории иштирокчиёни системаи давлатии стандартонӣ;

- ба роҳ мондани корҳо оид ба стандартонии давлатӣ, минтақавӣ (байнидавлатӣ) ва байналмилалӣ, гузарондани корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба стандартонӣ, ба иҷрои ин корҳо ҷалб намудани кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ;

- гузаронидани экспертиза ва бақайдгирии лоиҳаи стандартҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои стандартонии бақайдгирифташаванда ва муайян намудани мӯҳлати мавриди амал қарор додани онҳо;

- пешбурди феҳристи стандартҳои давлатии тасдиқшуда (бекор карда шуда) ва ҳуҷҷатҳои стандартонии бақайдгирифташаванда;   

- ба имзо расонидани созишномаҳо бо ташкилотҳои стандартонии байналмилалию минтақавӣ ва мақомоти миллии стандартонии мамлакатҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалӣ намудани бақайдгирии стандартҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллии мамлакатҳои дигар ва муайян намудани тартиби истифодаи онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарте дар шартномаҳои (созишномаҳои) байналмилалӣ тартиби дигаре муқаррар карда нашуда бошад;

- амалӣ намудани баҳисобгирӣ ва нигоҳдории стандартҳои байналмилалӣ, минтақавӣ (байнидавлатӣ), давлатӣ, қоидаю тавсияҳои стандартонӣ ва таъмини дастрасии онҳо ба шахсони манфиатдор;

­- ташаккул ва пешбурди фонди стандартҳои байналмилалӣ, минтақавӣ (байнидавлатӣ), давлатӣ ва қоидаю тавсияҳои стандартонӣ;

- паҳн кардани стандартҳои байналмилалӣ, минтақавӣ (байнидавлатӣ), давлатӣ, қоидаю тавсияҳои стандартонӣ ва ҳамасола омода сохтани  рӯйхати стандартҳои давлатӣ;

- таъсис намудани фонди давлатии иттилоотии стандартҳо ва системаи ягонаи иттилоотӣ оид ба стандартонӣ;

- қабул намудани қарор дар бораи  ташкили кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ;

- тасдиқ намудани низомномаҳои кумитаҳои техникӣ оид ба  стандартонӣ ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти онҳо;

- намояндагӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба стандартонӣ;

- иштирок дар таҳияи стандартҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва таъмини баҳисобгирии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабули онҳо;

- тасдиқ намудани тасвири нишонаи мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ ва муайян намудани тартиби истифодаи он;

- таъмин намудани мубодилаи иттилоот дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ (байнидавлатӣ) ва миллӣ оид ба стандартонӣ;

- омода намудани таклифҳо оид ба таъминоти моддию молиявии ҳалли вазифаҳои давлатӣ дар соҳаи стандартонӣ;

- иҷро намудани вазифаҳои маркази иттилоотӣ доир ба стандартонӣ дар асоси талаботи шартномаҳои муҳими байналмилалӣ ва ӯҳдадориҳое, ки аз аъзогӣ дар ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ бармеоянд;

- амалӣ намудани фаъолияти дигар дар асоси вазифаҳои ҳатмии ба зима доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалии соҳаи стандартонӣ бармеоянд;

- иҷрои амалҳои дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи стандартонӣ дахл доранд.

 

Моддаи 7. Ваколати мақомоти дигари давлатӣ дар соҳаи стандартонӣ

 

Ба ваколати мақомоти дигари давлатӣ дар соҳаи стандартонӣ дохил мешаванд:

- амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ;

- тайёр намудани пешниҳодҳо ба барномаҳо оид ба стандартонӣ бо дарназардошти муқаррароти Қонуни мазкур;

- дар доираи ваколатҳои худ ташкили таҳия, тасдиқ, пешбурд, истифода, баҳисобгирӣ, чопи расмӣ, паҳнкунӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои стандартонӣ;

- иштирок намудан дар кори кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ;

- ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ пешниҳод намудани таклифҳо дар бораи ташкили кумитаҳои техникӣ оид ба  стандартонӣ;

- дар доираи ваколатҳои худ таъмин намудани иштироки экспертҳо дар соҳаи стандартонии байналмилалӣ ва минтақавӣ;

- дар доираи ваколатҳои худ таъсис ва пешбурди фонди ҳуҷҷатҳои стандартонӣ.

 

Моддаи 8. Вазифаҳои ташкилот ва муассисаҳои илмӣ

 

              Ташкилот ва муассисаҳои илмӣ:

- ба инкишоф додан ва амалӣ гардондани самтҳои афзалиятноки стандартонӣ ҷалб карда мешаванд;

- фонди амалкунандаи стандартҳоро мутобиқи сатҳи муосири рушди иқтисоди миллӣ, инкишофи асоси моддию техникӣ, инчунин сатҳи рушди илмию техникӣ таҳлил менамоянд;

- дар кори кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ иштирок мекунанд;

- дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ пешбурди котиботи кумитаҳои техникӣ оид ба стандартониро ташкил менамоянд;

- ҳамасола дар бораи вазъият ва рушди корҳо оид ба стандартонӣ маърӯзаҳо тайёр мекунанд;

- дар соҳаи стандартонӣ корҳои илмию таҳқиқотӣ мегузаронанд;

- системаи тайёрӣ ва аттестатсияи экспертҳои соҳаи стандартониро ташаккул медиҳанд;

- барномаҳои таълимиеро, ки ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи стандартонӣ равона гардидаанд, таҳия ва амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 9. Ташкили кор, вазифаҳо ва ваколатҳои кумитаҳои техникӣ оид ба  стандартонӣ

 

1. Кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ бо мақсади ташкил кардан ва гузарондани корҳо оид ба стандартонии давлатӣ, минтақавӣ (байнидавлатӣ) ва байналмилалӣ вобаста ба соҳа таъсис дода мешаванд.

2. Тартиби ташкил ва фаъолияти кумитаҳои техникӣ оид ба  стандартониро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ муайян мекунад.

3. Ба ҳайати кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ дар асоси баробарҳуқуқӣ метавонанд намояндагони мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, ташкилот ва муассисаҳои илмӣ, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои соҳибкорон ва истеъмолкунандагон, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, инчунин шахсони воқеӣ ба таври ихтиёрӣ дохил шаванд.

4. Кумитаи техникӣ оид ба стандартонӣ ваколатдор аст:

- таҳияи стандартҳои давлатиро бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин хусусиятҳои давлат, омилҳои муҳими ҷуғрофӣ ва иқлимии мамлакат ва сатҳи рушди иқтисодии онро ба роҳ монда оид ба бекор кардани онҳо таклифҳо омода намояд;

- экспертизаи лоиҳаи ҳуҷҷатҳои стандартонии ба соҳаи фаъолияташ дахлдорро гузаронад;

- оид ба таҳияи стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ (байнидавлатӣ) пешниҳод омода намояд.

 

БОБИ 3. ТАҲИЯ, ТАСДИҚ ВА ИСТИФОДАБАРИИ СТАНДАРТҲО

 

Моддаи 10. Тасдиқи стандартҳои давлатӣ

1. Стандартҳои давлатӣ тибқи Қонуни мазкур ва қоидаҳои системаи давлатии стандартонӣ, ки бояд ба қоидаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавии стандартонӣ мутобиқат намоянд, тасдиқ карда мешаванд.

2. Стандартҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои стандартонӣ набояд ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, регламентҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намоянд.

3. Стандартҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои стандартонӣ метавонанд дар асоси стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои стандартонии байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ё стандартҳои миллии дигар давлатҳо қабул гарданд.

4. Огоҳинома дар бораи тасдиқ ё бекор намудани стандартҳои давлатӣ бояд дар нашрияи расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ интишор гардад.» ҶТ аз 16.04.2012с., №814)

 

Моддаи 11. Тартиби таҳия ва тасдиқи стандартҳои давлатӣ

1. Стандартҳои давлатиро метавонанд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳо, инчунин дигарон тибқи барнома оид ба таҳияи стандартҳои давлатӣ, таҳия намоянд.

2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ то тасдиқ намудани стандарти давлатӣ дар давоми 60 рӯз тафсирҳои тарафҳои манфиатдорро қабул намуда, баррасӣ менамояд. Дар мавриди ба вуҷуд омадани хавфи фавқулодда ба амният, саломатӣ ё муҳити атроф, мӯҳлати мазкур соқит карда мешавад.

3. Тибқи дархости тарафҳои манфиатдор мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ бояд лоиҳаи стандарти давлатии баррасишавандаро ба онҳо пешниҳод намояд. Маблағи пардохт барои дастрас намудани лоиҳаи стандарти давлатӣ, ба истиснои хароҷоти вобаста ба дастраскунӣ, барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ягона мебошад.

4. Тартиби нашри огоҳинома оид ба таҳияи лоиҳаи стандарти давлатӣ ва огоҳинома доир ба хотима ёфтани муҳокимаи оммавии онро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ муайян менамояд. 

5. Дар таҳияи минбаъдаи стандарти давлатӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ бояд тафсирҳои пешниҳодкардаи тарафҳои манфиатдорро дар давраи баррасӣ ба инобат гирад. Дар ҳолати мавҷуд будани мухолифати тафсирҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба  стандартонӣ хулосаҳои худро бо шарҳи муфассал дар мӯҳлати муайяншуда ба тарафҳои манфиатдор ирсол менамояд.

6. Ворид намудани тағйирот ба стандарти давлатӣ бо тартиби барои таҳия ва тасдиқи стандарти давлатӣ муайяншуда амалӣ мегардад.

 

Моддаи 12. Санҷиши стандартҳои давлатӣ

1. Санҷиши мутобиқати стандартҳои давлатии амалкунанда бо қонунгузорӣ, талаботи истеъмолкунандагон, сатҳи рушди илм ва техника, талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ (байнидавлатӣ) аз тарафи кумитаҳои дахлдори техникӣ оид ба стандартонӣ ба амал бароварда мешавад.

2. Стандартҳои давлатӣ на камтар аз як маротиба дар панҷ сол санҷида  мешаванд.

3. Тартиби гузарондани кор оид ба санҷиши стандартҳои давлатиро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ муқаррар мекунад.

 

Моддаи 13. Истифодабарии стандартҳо

1. Интихоби стандартҳо ихтиёрӣ мебошад. Дар ҳолате, ки регламенти техникӣ ба стандарт ишора намояд ва ягона роҳи таъмини мутобиқат ба регламенти техникӣ ин риояи стандарт мебошад, дар чунин ҳолат ин гуна стандарт ҳамчун регламенти техникӣ истифода мешавад.

2. Стандартҳои минтақавӣ (байнидавлатӣ) ва давлатӣ бевосита, инчунин бо роҳи ишора ба онҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳо,  аҳдномаҳо ва созишномаҳои бо тартиби муайян қабулгардида, истифода мешаванд.

3. Стандартҳои минтақавӣ (байнидавлатӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накардан, бевосита пас аз шаш моҳи дастрас шудани нашри расмии онҳо (стандартҳои бе санаи мавриди амал қабулшуда) мавриди амал қарор мегиранд.

4. Стандартҳои байналмилалӣ ва стандартҳои миллии дигар мамлакатҳо дар асоси созишномаҳои (шартномаҳои) байналмилалӣ дар бораи ҳамкорӣ ва ё шартномаҳои (созишномаҳо) мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ бо ташкилотҳои стандартонии байналмилалӣ, минтақавии дахлдор ва мақомоти миллии стандартонии дигар мамлакатҳо қабул мешаванд.

5. Тартиби истифодаи стандартҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва стандартҳои миллии дигар давлатҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ муқаррар менамояд.

 

Моддаи 14. Нашр ва паҳн намудани стандартҳо 

 

1. Ҳуқуқи истисноии чопи расмӣ ва аз рӯи тартиби муқарраршуда паҳн намудани стандартҳои давлатӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ тааллуқ дорад.

2. Стандартҳои давлатӣ бояд бо забони давлатӣ, инчунин бо яке аз забонҳои расмии байналмилалӣ нашр гарданд.  

3. Нашр ва паҳн намудани стандартҳои миллии мамлакатҳои дигарро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ тибқи шартномаҳо ва созишномаҳо бо мақомоти миллии стандартонии мамлакатҳои дигар ташкил ва амалӣ менамояд.

4. Нашр ва паҳн намудани ҳуҷҷатҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва  минтақавии стандартониро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви онҳо мебошад, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ мувофиқи тартиб ва шартҳое, ки ташкилотҳои байналмилалӣ ё минтақавии дахлдор муайян намудаанд, ба амал мебарорад.

5. Нашр ва паҳн намудани ҳуҷҷатҳои стандартонӣ аз тарафи ташкилотҳое, ки онҳоро тасдиқ намуданд, амалӣ мегардад.

6. Стандартҳои давлатӣ ба тариқи озод, баъди пардохти арзиши он тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ, дастрас мегарданд.

  

Моддаи 15. Таъминоти иттилоотии фаъолияти соҳаи стандартонӣ

 

Таъминоти иттилоотии системаи давлатии стандартонӣ тавассути корҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

- фонди давлатии иттилоотии стандартҳо;

- системаи ягонаи иттилоотӣ оид ба стандартонӣ;

- чопи расмии стандартҳо.

 

Моддаи 16. Нишонаи мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ

 

1. Нишонаи мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ ин нишонаест, ки дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона буда, мутобиқи тартиби муқарраршудаи қонунгузорӣ зери ҳимоя қарор дорад ва дар бораи ба талаботи стандартҳои давлатӣ мутобиқ будани объектҳои стандартонии тамғагузоштаи онҳо  шаҳодат медиҳад.  

2. Тавсиф ва тартиби истифодаи нишонаи мутобиқат ба стандартҳои давлатиро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ муқаррар мекунад. Дар қоидаҳои истифодаи нишонаи мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ бояд принсипи ихтиёрӣ будани истифодаи он пешбинӣ карда шавад.

3. Ҳуқуқи истифодаи нишонаи мутобиқати маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасонӣ ба стандартҳои давлатӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ дода мешавад.

4. Ба талаботи стандартҳои давлатӣ мутобиқат доштани объектҳои стандартонии бо нишонаи мутобиқат тамғагузоришуда, аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ тасдиқ карда мешавад.

5. Барои истеҳсолкунандаи (таъминкунандаи) объектҳои стандартонии бо нишонаи мутобиқат тамғагузоришуда, инчунин дар ҳолати дар борҷомаи маҳсулот ё ҳуҷҷатҳои ҳамроҳшаванда дарҷ намудани рақами стандартҳои минтақавӣ (байнидавлатӣ) ва давлатӣ ҷиҳати риоя намудани талаботи стандартҳои дахлдор ҳатмӣ мебошад.

6. Назорати давлатӣ оид ба иҷрои ҳатмии стандартҳои интихобшуда аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатии масъули ташкили корҳои бамеъёрдарории техникӣ амалӣ мегардад.

 

Моддаи 17. Маблағгузории корҳо оид ба стандартонӣ

 

1. Манбаъҳои маблағгузории корҳо оид ба стандартонӣ инҳоянд:

- маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фурӯши стандартҳо;

- хизматрасонӣ дар соҳаи стандартонӣ;

- дигар манбаъҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Тартиби маблағгузории корҳо оид ба стандартонӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 19. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

                   «Дар бораи стандартонӣ»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 «Дар бораи стандартонӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 23, мод. 358; с. 2002, № 4, қ.1, мод. 230) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

 

       ш. Душанбе

 29 декабри соли 2010

          № 668

Pages