ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ МАБЛАҒҲОЯШОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 09:54
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
40
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
10.05.2002
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АВФИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН
БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ МАБЛАҒҲОЯШОН
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 1, мод. 275)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат анҷом дода шудани амали истисноии якдафъаина оид ба авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳояшон муайян менамояд.
Мақcади ин Қонун аз ҷалби маблағҳои иловагӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бехтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ иборат мебошад.
 
Моддаи 1. Шарҳи мафҳумҳои асоси
Барои мақсадҳои Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мегарданд:
Қонунигардонии маблағҳо - сармоягузории маблағҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ки қаблан аз гардиши қонунии иктисодӣ бароварда шуда, дар декларатcия расман нишон дода нашудаанд.
Авфи шаҳрвандон - аз ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузорӣ озод намудани шахсоне, ки маблағҳои худро қонунӣ гардонидаанд.
Давраи қонунигардонӣ - даврае, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 2. Соҳаи истифодаи Қонун
Қонуни мазкур нисбати он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ маблағҳои худро қонунӣ гардонидаанд, истифода мегардад.
Муқаррароти пешбининамудаи Қонуни мазкур нисбати маблағҳои дигар шахсон ё маблағҳои ба сифати кредит гирифташуда татбиқ намегардад.
 
Моддаи 3. Тартиб ва шартҳои қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ метавонанд маблағҳои худро ба тариқи зайл қонунӣ гардонанд:
а) саҳмгузорӣ дар ташаккули сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқии ватанӣ, аз ҷумла дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ;
б) харидории амвол, аз ҷумла саҳмия ва қоғазҳои арзишноки шахсони ҳуқуқӣ резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) гузоштани пули нақд бо асъори миллӣ ё хориҷӣ ба ҳисобҳо дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё интиқоли маблағҳо аз ҳисобҳои бонкҳои хориҷӣ ба бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) соҳиб шудан ба ҳуқуқи молумулкии резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Қонунигардонии маблағҳо, ки бандҳои «а», «б» ва «г»-и ин модда пешбинӣ намудааст, танҳо бо шарти интиқоли ҳатмии маблағҳои қонунигардонидашаванда ба бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.
 
Моддаи 4. Кушодани ҳисобҳо барои шаҳрвандоне, ки маблағҳои худро қонунӣ мегардонанд
Хусусиятҳои кушодан ва пешбурди ҳисобҳои бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян мегарданд.
Ба шахсоне, ки маблағҳои худро қонунӣ мегардонанд, бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳисобҳои онҳо маблағҳои қонунгардонидашаванда ворид мешаванд, ҳуҷҷати расмие медиҳанд, ки ҳаҷми маблағи вориднамуда ва таърихи ворид намудани онро нишон медиҳад.
 
Моддаи 5. Махфияти маълумот оид ба маблағҳои қонунигардонидашаванда ва соҳибони онҳо
Маълумот оид ба маблағҳои қонунигардонидашаванда ва соҳибони онҳо махфӣ мебошад.
 
Моддаи 6. Афви шаҳрвандоне, ки маблағҳои худро қонунӣ гардонидаанд
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ маблағҳои худро қонунӣ гардонидаанд, авф карда шуда, аз ҷавобгардии дар моддаҳои 259, 260, 263, 193 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷиноятҳои то oғози давраи қонунигардонӣ содирнамуда ва ҷавобгарии дар моддаҳои 164, 1641, 1651 Кодекcи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ пешбинигардида то оғози давраи қонунигардонӣ озод карда мешаванд.
 
Моддаи 7. Кафолати ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандоне, ки маблағҳои худро қонунӣ
                       мегардонад
Дарвлат ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки маблағҳои худро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, кафолат медиҳад.
 
Моддаи 8. Масунияти андоз
Маблағҳои мутобиқи  Қонуни   мазкур  қонунигардонидашуда ба даромади андозбандишававда дохил карда намешаванд.
 
Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои вайроикунии Қонуии мазкур
Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонутузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон ҷавобгаранд.
 
Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                               Э. РАҲМОНОВ
 
ш. Душанбе,  10 майи соли 2002
№40
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 09:58
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
44
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
29.08.2001
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, №8, мод. 559)
 
Ба муносибати даҳумин солгарди истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти принсипи башардӯстӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
 
1. Аз ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, сарфи назар аз мӯҳлати ҷазои таъиншуда, инчунин аз ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда, маҳкумшудагони зерин аз ҷазо озод карда шаванд:
а) занҳое, ки кудакони ноболиғ доранд ва занҳои ҳомила;
б) занон аз 50 ва мардон аз 55 сола боло;
в) маъюбони гуруҳҳои I ва II, инчунин шахсони гирифтори касалии сил (туберкулез), ки ба гуруҳи I ва II қайди диспанерӣ дохил мебошанд;
г) иштирокчиён ва собиқдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиён ва собиқадорони амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо;
д) шахсоне, ки бо ордену медалҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд:
е) шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона баромада рафтаанд, худсарона қисм ё маҳалли хизматро тарк кардаанд, фирор кардаанд ё шахсоне, ки аз хизмати ҳарбӣ бо роҳи маъюб кардани худ, ё бо тарзи дигар саркашӣ кардаанд;
ж) шаҳрвандони хориҷӣ;
з) шахсоне, ки аз ҷониби судҳои дигар давлатҳо маҳкум шуда ва барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд.
2. Ноболиғоне, ки бори аввал ба мӯҳлати то шаш соли пурра аз озодӣ маҳрум шудаанд ё ба ҷазое, ки бо маҳрум сохтан аз озодӣ вобаста нест маҳкум шудаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.
3. Маҳкумшудагоне, ки барои аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намуданд ва то даҳ соли пурра аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.
4. Маҳкумшудагоне, ки барои қасдан содир кардани ҷиноят аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, озод карда шаванд:
а) заноне, ки бори аввал ба мӯҳлати то ҳашт соли пурра маҳкум шудаанд;
б) мардоне, ки бори аввал ба мӯҳлати то панҷ соли пурра маҳкум шудаанд;
в) маҳкумшудагоне, ки бори аввал ба мӯҳлати то даҳ соли пурра маҳкум шудаанд ва агар на камтар аз се ду ҳиссаи мӯҳлати ҷазоро адо карда бошанд;
г) маҳкумшудагоне, ки бори аввал ба мӯҳлати зиёда аз даҳ сол маҳкум шудаанд ва агар на камтар аз чор се ҳиссаи мӯҳлати ҷазоро адо карда бошанд;
5. Маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо шартан ҷазо татбиқ карда нашудааст, дар колонияҳои ислоҳи сукунат ҷазоро адо мекунанд,  инчунин онҳое, ки ба дигар ҷазои новобаста ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардидаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.
6.Тафтиши парвандаҳои зерине, ки таҳти таҳқиқ ва тафтиш қарор доранд ва парвандаҳое, ки аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд:
а) дар бораи ҷиноятҳое, ки то эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун аз тарафи шахсони дар бандҳои 1 ва 2 ҳамин Қонун номбаршуда содир гардидаанд;
б) дар хусуси ҷиноятҳое, ки барои онҳо Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ вобаста набударо пешбинӣ намудааст;
в) нисбати шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ва барои он Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба мӯҳлати то даҳ сол пешбинӣ намудааст:
г) нисбати шахсоне, ки қасдан ҷиноят содир намудаанд ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтанро пешбинӣ намудааст.
7. Мӯҳлати адонагардидаи ҷазои шахсоне, ки бо маҳрум сохтан - аз озодӣ маҳкум шудаанд ва таҳти амали бандҳои 2-4 ҳамин Қонун қарор намегиранд, кам карда шавад:
а) маҳкумшудагоне, ки барои қасдан содир намудани ҷиноят ба мӯҳлати то даҳ соли пурра аз озодӣ маҳрум шудаанд - аз се як ҳисса:
б) маҳкумшудагоне, ки барои қасдан содир намудани ҷиноят ба мӯҳлати зиёда аз даҳ сол аз озодӣ маҳрум гардидаанд - аз чор як ҳисса;
в) маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ва ба маҳрумӣ аз озодӣ зиёда аз даҳ сол маҳкум шудаанд - нисфи мӯҳлати ҷазо;
8. Нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, ё маҳкум гардидаанд, амали бандҳои 1, 2, 4 ва 6 ҳамин Қонун татбиқ карда нашавад:
а) барои ҷиноятҳои бо моддаҳои 61-71; 74; 75қисми 2; 76 қисмҳои 3, 4 (бо истиснои воситаҳои нашъадор); 89 қисми 4; 90 қисми 4; 91 қисми 2; 95 қисми 3; 96; 99 қисми 2; 104; 105; 111 қисми 2; 121; 135 қисми 3; 156: 160 қисми 3; 186 қисмҳои 2, 3; 187 қисми 2; 1871 қисми 2; 2061; 220 қисми 3; 227 қисми 3; 233 қисми 3; 234 қисмҳои 1, 2; 2341; 240 (агар миқдори воситаҳои нашъадор - героин аз як кг.; афюн (опиӣ) - се кг.; канабис ва пахоли (салома) кӯкнор - панҷ кг.; банг (гашиш) - ду кг.; морфин - як кг.; дигар воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, агар миқдори онҳо аз яксаду панҷоҳ, грамм, се ҳазор дона ҳаб (таблетка), якҳазору дусад ампула зиёд бошад); 2401; 2402; 241 қисми 3; 249 банди «в»: 250 бандҳои «б, в»; 252 банди «б»; 260; 261 банди «в»; 270 банди «в»; 271; 276; 277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) пешбинишуда;
б) ба шахсоне, ки пас аз 1 сентябри соли 1998 баъди мавриди амад қарор гирифтани Кодекси ҷиноятӣ, ҷиноятҳои зеринро содир кардаанд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, ё маҳкум гардидаанд, амали бандҳои 1, 2, 4 ва 6 ҳамин Қонун татбиқ карда нашавад:
- барои ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти Конститутсионӣ ва амнияти давлат бо моддаҳои 305-313; ҷиноятҳои ба муқобили сулҳу амнияти инсоният бо моддаҳои 395-405; барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 104; 110 қисмҳои 2, 3; 130 қисмҳои 2 ва 3; 131 қисми 3; 138; 139 қисмҳои 2, 3 ва 4; 179; 181; 184 қисми 3; 186; 187; 189; 195 қисмҳои 1, 2, 3; 199; 200 ва 201 (агар миқдори воситаҳои нашъадор - героин аз як кг.; афюн (опиӣ) - се кг.; канабнс ва пахоли (салома) кӯкнор - панҷ кг.; банг (гашиш) - ду кг.; морфин - як кг.; дигар воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, агар миқдори онҳо аз яксаду панҷоҳ грамм, се ҳазор дона ҳаб (таблетка), якҳазору дусад ампула зиёд бошад); 202 қисмҳои 2, 3; 203 қисмҳои 2 ва 3; 204 қисмҳои 2, 3; 237 қисми 3; 244 қисмҳои 3, 4; 245 қисмҳои 3, 4; 248 қисмҳои 2, 3, 4; 249; 250 қисмҳои 2, 3, 4; 252 қисми 3; 289 қисмҳои 3, 4 (бо истиснои воситаҳои нашъадор); 316 қисми 3 (нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо); 319 қисмҳои 3 ва 4; 329: 357; 368 қисми 2; 369 қисмҳои 2. 3; 370 қисмҳои 2, 3; 382; 386 қисми 4; 391 қисмҳои 3, 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда;
в) маҳкумшудагоне, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ретсидивисти махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё ҷиноятро дар ҳолатҳои ретсидиви махсусан хавфнок содир намудаанд;
г) шахсоне, ки пештар ба тариқи бахшиши ҷазо ё авфи умумӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод шудаанду, боз ҷиноятӣ қасдона содир намудаанд, агар мӯҳлати ҷинояте, ки аз рӯи он авфи умумӣ ё бахшидани ҷазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад;
д) маҳкумшудагоне, ки низоми нигоҳдориро ба таври ашади ва мунтазам вайрон кардаанд, бо истиснои маҳкумшудагоне, ки дар зербандҳои «б» ва «в» - и банди 1 ҳамин Қонун нишон дода шудаанд.
9. Ҳамин Қонун нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки аз ҷониби мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, ё аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд ва то эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун ҷиноят содир намудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои Идтиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳкум шудаанд ва барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд.
10. Иҷрои ҳамин Қонун ба зиммаи мақомотҳои зерин гузошта шавад:
а) ба мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ:
- нисбати шахсоне, ки парванда ва маводи ҷиноятҳояшон таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд, инчунин шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо таҳти тафтиш қарор дошта, дар кофтуков мебошанд;
б) ба зиммаи судҳо:
- нисбати шахсоне, ки парванда ва маводи оид ба ҷиноятҳояшон дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то эътибор пайдо намудани ҳамин Қонун баррасӣ нашудаанд, инчунин шахсоне, ки парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳои онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукми онҳо қувваи қонунӣ пайдо накардаанд;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон мавкуф гузошта шудааст ва шахсоне, ки бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ, карда нашудааст (масъалаи татбиқи авф аз рӯи пешниҳоди мақомоти корҳои дохилие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал карда мешавад);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳалли маҳрумият аз озодӣ шартан пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод шудаанд, ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъиншуда то эътибор пайдо намудани ҳамин Қонун ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (масъалаи татбиқи санади авфро суде, ки оид ба шартан пеш аз мӯҳлат озод кардан аз ҷазо, ё ба ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо таъинот баровардааст, ҳал мекунад);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд, агар то эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун ҷарима бо сабабҳои узрнок ситонида нашуда бошад (масъалаи татбиқи авфро суде, ки ҳукм баровардааст ҳал менамояд);
в) ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ:
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ва ҳукмҳо нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардаанд;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар шакли корҳои ислоҳи меҳнатӣ дар ҷои кораш, ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд адо мекунанд, маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян, ё машғул шудан ба фаъолияти муайян;
г) ба зиммаи муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо ва изоляторҳои тафтишотӣ:
- нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ буда, ҳукм нисбати онҳо ба қувваи қонунӣ даромадааст;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои ислоҳи сукунат ҷазоро адо мекунанд;
д) ба зиммаи фармондеҳии қисмҳои интизомии ҳарбӣ:
- нисбати хизматчиённ ҳарбие, ки ба фиристодан ба қисмҳои интизомии ҳарбӣ маҳкум гардидаанд.
11. Озод намудани маҳкумшудагон аз ҷазоҳои иловагӣ, ки то санаи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун иҷро нашудаанд ба зиммаи он мақомот ва муассисае гузошта мешавад, ки масъалаи аз ҷазои асосӣ озод намудани чунин маҳкумшудагон гузошта шудааст.
12. Қарор дар бораи татбиқ кардан ё накардани авф нисбати ҳар як шахс алоҳида қабул карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани маълумотҳои зарурӣ дар бораи маҳкумшуда, муҳокимаи масъалаи татбиқи авф то пайдо намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ мавқуф гузошта мешавад.
13. Қарор дар бораи татбиқи авф, ки аз тарафи мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, фармондеҳии қисмҳои интизомии ҳарбӣ, муассисаҳои ислоҳӣ, инчунин изоляторҳои тафтишотӣ қабул карда мешаванд, аз ҷониби прокурор иҷозат дода мешавад.
Ҳангоми татбиқи санади авф аз ҷониби судҳо иштироки прокурор ҳатмист.
14. Ҳангоми татбиқи Қонун дар бораи авф бояд ба назар гирифт:
а) зербанди «а» банди 1 Қонун дар бораи авф нисбати заноне татбиқ мегардад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурӣ аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум карда нашудаанд ва то рӯзи ба қувваи қонунӣ даромадани санади авф ҳомила шудаанд, кудакони то 18 сола доранд, инчунин занҳое, ки иҷроиши ҳукм нисбати онҳо бо чунин асосҳо мавкуф гузошта шудааст;
Дар тарбияи занон буданн кудакони то 18 сола, ҳомила будани зан дар асоси ҳуҷҷатхои расмие, ки аз тарафи мақомотҳои дахлдори давлатӣ пешниҳод гардидаанд, тасдиқ карда мешавад.
б) таҳти амали зербанди «б» банди 1 занон ва мардоне қарор мегиранд, ки то рӯзи ба қувваи қонунӣ даромадани Қонун дар бораи авф, мутаносибан ба синни 50 ва 55 солагӣ расидаанд;
в) зербанди «в» банди 1 Қонун дар бораи авф нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда то ба қувваи қонунӣ даромадани Қонун дар бораи авф маъюби гурӯҳи I ва II дониста шудаанд. Гирифтори касали сил (туберкулез) шахсоне дониста мешаванд, ки то рӯзи қабули санади авф бо тартиби муқарраршуда ба гурӯҳҳои I ва II қайди диспансерӣ мансуб дониста шудаанд;
г) таҳти амали зербанди «д» банди I Қонун дар бораи авф шахсоне қарор мегиранд, ки бо ордену медалҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд ва дар асоси қонун ҳамчун мукофоти давлатӣ дониста мешаванд;
д) таҳти амали зербанди «з» банди 1 Қонун дар бораи авф маҳкумшудагоне қарор мегиранд, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳкум шудаанд ва дар асоси Созишнома барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудаанд.
15. Қонун дар бораи авф нисбати шахсоне, ки дар зербанди «е» банди 1 Қонун нишон дода шудаанд, дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ, суд бе даъват намудани ин гурӯҳ, шахсон ва пурсиши онҳо татбиқ карда мешавад.
Чунин тартиби қабули санади авф нисбати шахсони дар банди 6 Қонун дар бораи авф нишон додашуда, ки истеҳсолоти парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар кофтукови онҳо боздошта шудаанд, татбиқ карда мешавад.
16. Мувофиқи банди 2 Қонун дар бораи авф, ноболиғон шахсоне дониста мешаванд, ки то рӯзи ба қувваи қонунӣ даромадани Қонун дар бораи авф ба синни 18 солагӣ нарасидаанд;
17. Қонун дар бораи авф нисбати шахсоне, ки барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо айбдор дониста ва ё маҳкум шудаанд, агар яке аз онҳо дар зербандҳои «а» ва «б» банди 8 Қонун дар бораи авф пешбинӣ шуда бошад, татбиқ карда намешавад.
18. Мӯҳлати ҷазои адокардашудаи маҳкумшудагони дар зербандҳои «в» ва «г» банди 4 Қонун дар бораи авф нишон додашуда, то рӯзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун ба ҳисоб гирифта мешавад.
19. Шахсоне, ки нисбати онҳо Қонун дар бораи авф татбиқ карда мешавад, аз барқарор намудани товони зарари бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.
20. Мутобиқи банди 7 Қонун дар бораи авф қисми мӯҳлати ҷазо, ки то рӯзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун адо нагардидааст, кам карда мешавад.
Ҳангоми татбиқи санади авф нисбати шахсоне, ки қаблан мӯҳлати ҷазояшон бо тартиби бахшиши ҷазо ё авф кам карда шудааст, мӯҳлати ҷазое, ки мутобиқи санади бахшиши ҷазо ё авф муқаррар гардидааст, ба инобат гирифта шавад.
21. Мувофиқи зербандҳои «а» ва «б» банди 8 Қонун дар бораи авф, амали бандҳои 1, 2, 4 ва 6 ҳамин Қонун нисбати шахсоне татбиқ карда намешавад, ки агар миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо аз як кг. героин, се кг. афюн (опий) ва дигар воситаҳои аз он истеҳсолшаванда, панҷ кг. канабис, пахоли (саломаи) кӯкнор ва дигар воситаҳои аз онҳо истеҳсолшаванда, ду кг. банг (гашиш) ва дигар воситаҳои аз он истеҳсолшаванда, як кг. морфин, дигар воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо аз яксаду панҷоҳ грамм, сеҳазор дона ҳаб (таблетка), якҳазору дусад ампула зиёд бошанд. Дар ин маврид вазни холиси восита ва моддаҳо, ки мувофиқи хулосаи экспертизаи химиявӣ муқаррар шудааст, ба инобат гирифта мешавад.
Амали бандҳои 1, 2, 4 ва 6 Қонун дар бораи авф нисбати шахсоне, ки бо моддаҳои 76 қисмҳои 3, 4 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) ва 289 қисмҳои 3, 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои контрабандаи (қочоқи) воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ аз миқдори дар банди 8 ҳамин Қонун нишон додашуда зиёдтар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, ё маҳкум шудаанд, татбиқ карда намешавад.
22. Маводи шахсоне, ки таҳти амали Қонун дар бораи авф қарор мегиранд ва мувофиқи тартиби муқарраргардида ба онҳо табобати маҷбурӣ аз майзадагӣ, нашъамандӣ ё бемориҳои зуҳравӣ таъин гардидааст, дар давраи иҷрои ҳамин Қонун баррасӣ гардида, қарор дар бораи озод намудани онҳо, танҳо пас аз ба охир расидани давраи пурраи табобати маҷбурӣ мавриди иҷро қарор дода мешавад.
Барои анҷомёфта донистани муолиҷаи касалии зуҳравии маҳкумшуда хулосаи тиббӣ ва нисбати шахсе, ки суд аз майзадагӣ ё нашъамандӣ табобати маҷбурӣ фармудааст, таъиноти суд дар бораи қатъ кардани табобати маҷбурӣ асос мебошад.
Барои ташкил намудани ёрии тиббии зарурӣ ба шахсоне, ки гирифтори касалии сил (туберкулез) ба гурӯҳҳои I ва II қайди диспансерӣ мансуббуда, ки аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ озод шудаанд, маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ ӯҳдадоранд ба мақомотҳои маҳаллӣ ва тандурустӣ дар ин хусус хабар расонанд.
23.Вайронкунандагони низоми нигоҳдорӣ чунин маҳкумшудагон дониста мешаванд:
а) маҳкумшудагоне, ки мунтазам талаботи низоми нигоҳдориро вайрон  мекунанд  ва  вобаста  ба  вазнинии  вайронкунии содиркардаашон камаш се ҷазои интизомии мӯҳлаташ адонашуда, ё бекорнашуда дошта бошанд;
б) маҳкумшудагоне, ки дар вақти адо намудани ҷазо қасдан ҷиноят содир кардаанд;
в) маҳкумшудагоне, ки бе сабабҳои узрнок дар муҳлатҳои қонун ва суд муқарраркарда ҷаримаро насупоридаанд.
24. Нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои тулонӣ ё давомдор содир кардаанд Қонун дар бораи авф танҳо дар мавриде татбиқ карда  мешавад, ки агар ин намуд ҷиноятҳо то рӯзи ба қувваи қонуни даромадани ҳамин Қонун, анҷом ёфта бошанд.
Талаботи банди мазкур нисбати шахсоне, ки дар зербанди «е» банди 1 Қонун дар бораи авф нишон дода шудаанд, татбиқ карда намешавад.
25. Қонун дар бораи авфи умумӣ дар давоми шаш моҳ, мавриди иҷро қарор дода шавад.
26. Дар ҳолатҳое, ки агар масъалаи истифодаи Қонун дар бораи авф пас аз мӯҳлати шашмоҳаи баъд аз ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун ба миён ояд, он мувофиқи тартиби пешбининамудаи банди 10 ҳамин Қонун иҷро карда мешавад.
27. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳи пас аз гузаштани мӯҳлати иҷрои Қонун дар бораи авф, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иҷрои он, ҳисобот пешниҳод намоянд.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 Э. РАҲМОНОВ
 
ш. Душанбе,  29 августи соли 2001
№44
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ БА МУНОСИБАТИ 50-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 10:00
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
55
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
07.04.1995
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ БА МУНОСИБАТИ 50-СОЛАГИИ ҒАЛАБА
ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №7-8, мод. 64)
 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар таҷлили ҷашни 50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал намуда, қарор мекунад:
 
Моддаи 1.
Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба ғайр аз шахсони дар моддаи 3-юми ҳамин Қонун номбаршуда ва ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ, инчунин аз ҷазои новобаста бо маҳрум сохтан аз озодӣ озод карда шаванд.
 
Моддаи 2.
Новобаста аз вақти адои амалии мўҳлати ҷазо, қисми боқимондаи ҷазои категорияи зерини маҳкумшудагон, ки ба маҳрум кардан аз озодӣ, инчунин ба ҷазои новобаста бо маҳрум сохтан аз озодӣ марбут аст, нисфи кам карда шавад:
а) шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун номбаршуда, ки аз ҷазо озод карда намешаванд;
б) шахсоне, ки дар амалиётҳои ҷангии қаламрави дигар мамлакатҳо иштирок кардаанд;
в) шахсоне, ки то 9 маи соли 1945 таваллуд шудаанд.
 
Моддаи 3.
Шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун номбаршуда, ки барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан хавфноки давлатӣ ё ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, 105, қисми дуюми моддаи 111 ё қисми чоруми моддаи 121-уми Кодекси ҷиноӣ, инчунин шахсоне, ки реседивисти махсусан хавфнок ҳисобида шудаанд ё барои содир кардани ҷиноятҳои барқсдона се маротиба ва зиёдтар аз он ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанд, аз ҷазо озод карда нашаванд.
 
Моддаи 4.
Мувофиқи моддаи 2 ҳамин Қонун ҷазои шахсоне, ки пештар ба тариқи авф ё авфи умумӣ аз ҷазо озод шуда, боз барқасд ҷиноят содир намудаанд, инчунин шахсоне, ки пеш аз мўҳлат шартан озод шуда, дар давоми мўҳлати адо накардаашон боз ҷиноят содир намудаанд ё шахсоне, ки барои ҷинояти барқасдона ду ва бештар аз ин ба маҳрум намудан аз озодӣ маҳкум шудаанд, кам карда нашавад.
 
Моддаи 5.
Ба ғайр аз ҷиноятҳое, ки дар моддаи 3-юми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, ҳамаи корҳои тафтишотӣ ва парвандаҳои баррасинакардаи судҳо оиди ҷиноятҳое, ки шахсони дар моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда содир намудаанд, қатъ карда шавад.
 
Моддаи 6.
Ин Қонун нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то қабул кардани ҳамин Қонун ҷиноят содир намудаанд, татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 7.
Қонун аз рўзи чоп шуданаш эътибор пайдо мекунад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Э. Раҳмонов
 
ш. Душанбе, 7 апрели соли 1995
№ 55

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 10:06
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
203
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
18.08.2006
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АВФ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, №8-9, мод. 380)
 
Ба муносибати понздаҳумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти принсипи башардустӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни мазкурро қабул  мекунад.
 
Моддаи 1.
Маҳкумшудагоне, ки бори аввал  ҷиноят содир намудаанд, аз ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ  сарфи назар аз мўҳлати ҷазои таъиншуда, инчунин аз ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда озод карда шаванд:
а) занҳо;
б) шахсоне, ки дар давраи содир кардани ҷиноят ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд;
в) мардони аз 55-сола боло;
г) маъюбони гурўҳҳои I ва II;
д) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, шахсоне, ки дар рафъи оқибатҳои садамаи Нерўгоҳи барқии атомии Чернобил иштирок намудаанд ва ё аз фалокати Чернобил ҷабр дидаанд;
е) шаҳрвандони хориҷӣ.
 
Моддаи 2.
Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд ва барои он то даҳ сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд ё ба ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.
 
Моддаи 3.
Маҳкумшудагоне, ки барои қасдан содир кардани ҷиноят ба ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, озод карда шаванд:
а) маҳкумшудагоне, ки бори аввал ба мўҳлати то панҷ сол маҳкум шудаанд;
б) маҳкумшудагоне, ки бори аввал ба мўҳлати то дувоздаҳ сол маҳкум шудаанд ва агар на камтар аз се ду ҳиссаи мўҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо карда бошанд;
в) маҳкумшудагоне, ки бори аввал ба мўҳлати зиёда аз дувоздаҳ сол маҳкум шудаанд ва на камтар аз чор се ҳиссаи мўҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо карда бошанд.
 
Моддаи 4.
Маҳкумшудагоне, ки нисбат ба онҳо ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст ё ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд, ба истиснои шахсоне, ки ҷинояти махсусан вазнин содир кардаанд, инчунин онҳое, ки ба дигар ҷазои новобаста ба маҳрумӣ аз озодӣ маҳкум гардидаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.
 
Моддаи 5.
Тафтиши парвандаҳои зерин, ки таҳти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ қарор доранд ва парвандаҳое, ки аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд:
а) дар бораи ҷиноятҳое, ки то эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун аз тарафи шахсони дар моддаи 1 Қонуни мазкур номбаршуда содир гардидаанд;
б) дар хусуси ҷиноятҳое, ки барои онҳо Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабударо пешбинӣ намудааст;
в) нисбати шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ва барои он Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба мўҳлати то даҳ сол пешбинӣ намудааст;
г) нисбати шахсоне, ки қасдан ҷиноят содир намудаанд ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он ба мўҳлати то панҷ сол ҷазои аз озодӣ маҳрум  сохтанро пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 6.
Мўҳлати  адонагардидаи ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд ва таҳти амали моддаҳои 1-4 ҳамин Қонун қарор намегиранд, ба истиснои шахсоне, ки дар моддаҳои 8 ва 15 ҳамин Қонун зикр гардидаанд, кам карда шавад:
а) маҳкумшудагоне, ки барои қасдан содир намудани ҷиноят ба мўҳлати то дувоздаҳ сол аз озодӣ маҳрум шудаанд - аз се як ҳисса;
б) маҳкумшудагоне, ки барои қасдан содир намудани ҷиноят ба мўҳлати зиёда аз дувоздаҳ сол аз озодӣ маҳрум гардидаанд-аз чор як ҳисса;
в) маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ва ба маҳрумӣ аз озодӣ зиёда аз даҳ сол  маҳкум шудаанд-нисфи мўҳлати ҷазо.
 
Моддаи 7.
Нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, ё маҳкум гардидаанд, амали моддаҳои 1, 3 ва 5 ҳамин Қонун татбиқ карда нашавад:
а) барои ҷиноятҳои бо моддаҳои 61-70, 74, 75 қисми 2, 76 қисмҳои 3 ва 4 (ба истиснои воситаҳои нашъадор), 89 қисми 4, 90 қисми 4,  91 қисмҳои 2 ва 3, 95 қисми 3, 96, 99 қисми 2, 104, 105, 111 қисми 2, 121, 135 қисми 3, 154 қисми 4, 155, 156, 160 қисми 3, 186 қисмҳои 2 ва 3, 187 қисми 2, 1871 қисми 2, 206 1, 220 қисми 3, 227 қисми 3, 233 қисми 3, 234 қисмҳои 1 ва 2, 2341, 240 қисми 2, 2401, 241 қисми 3, 2412 , 249 банди «в», 250 бандҳои «б» ва «в», 252 банди «б», 260, 261 банди «в», 270 банди «в», 276- 277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) пешбинишуда;
б) барои ҷиноятҳои бо моддаҳои 104, 110 қисмҳои 2 ва 3, 130 қисмҳои 2 ва 3, 1301  қисмҳои 2 ва 3,  131 қисми 3, 132 қисми 3, 138, 139 қисмҳои 2, 3 ва 4,  167, 179, 181, 184 қисми 3, 186, 187, 189, 195 қисмҳои  2 ва 3, 196 қисмҳои 2 ва 3, 199, 200 қисми 4,  201 қисми 4, 202 қисмҳои 2 ва 3, 2021 қисми 3, 2022 қисми 3, 203 қисми 3, 204 қисмҳои 3 ва 4, 205 қисми 2, 206 қисмҳои 2 ва 3, 212 қисми 3, 237 қисми 3, 244 қисмҳои 3 ва 4, 245 қисмҳои 3 ва 4, 246 қисми 3, 247 қисмҳои 3 ва 4, 248 қисмҳои 2, 3 ва 4, 249, 250, 252 қисмҳои 2 ва 3, 289 қисмҳои 2, 3 ва 4 (бо истиснои воситаҳои нашъадор), 305-310, 313, 316 қисми 3, 319 қисмҳои 3 ва 4, 329, 331, 332, 364, 365, 368 қисми 2, 369 қисмҳои 2 ва 3, 370 қисмҳои 2 ва 3, 382, 386 қисми 4, 391 қисмҳои 3 ва 4, 395- 405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишуда;
в) шахсоне, ки кирдорашон боиси марги ду ё бештар шахс гардидааст ва маҳкумшудагоне, ки ҷинояти қасдонаро дар маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ содир кардаанд;
г) маҳкумшудагоне, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ретсидивистони махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир намудаанд;
д) шахсоне, ки пештар ба тариқи бахшиши ҷазо ё авфи умумӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод карда шудаанд ва боз қасдан ҷиноят содир намудаанд, агар мўҳлати ҷазое, ки аз рўи он авфи умумӣ ё бахшидани ҷазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад;
е) маҳкумшудагоне, ки тартиби муқарраргардидаи адои ҷазоро ба таври ашаддӣ вайрон кардаанд, ба истиснои маҳкумшудагоне, ки дар бандҳои «а», «в» ва «г»-и моддаи 1 ҳамин Қонун нишон дода шудаанд.
 
Моддаи 8.
Амали моддаи 6 ҳамин Қонун ба шахсоне, ки бо моддаҳои 61-70, 74, 104, 121 қисмҳои 3 ва 4, 156  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) ва шахсоне, ки бо моддаҳои 104, 179, 138 қисми 3, 186, 189, 247 қисмҳои 3 ва 4, 249 қисмҳои 3 ва 4, 305-310,  313, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) маҳкум шудаанд, инчунин шахсоне, ки кирдорашон боиси марги ду ё бештар шахс гардидааст ё  ҷинояти қасдонаро дар маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ содир кардаанд, татбиқ карда намешавад.
 
Моддаи 9.
Ҳамин Қонун нисбати шахсоне, ки аз ҷониби мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, ё аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум  шудаанд ва то эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун ҷиноят содир намудаанд, инчунин нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳкум шудаанд ва барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуда буданд, татбиқ карда мешавад. Татбиқи Қонуни мазкур доғи судии шахсро намебардорад.
 
Моддаи 10.
Иҷрои ҳамин Қонун ба зиммаи  мақомоти зерин гузошта шавад:
а) мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ нисбати шахсоне, ки парванда ва мавод оид ба ҷиноятҳояшон таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд, инчунин шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо таҳти тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ қарор дошта, дар кофтуков мебошанд;
б) судҳо:
-нисбати шахсоне, ки парванда ва мавод оид ба ҷиноятҳояшон дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то эътибор пайдо намудани ҳамин Қонун баррасӣ нашудаанд, инчунин маҳкумшудагоне, ки парвандаҳои ҷиноятиашон баррасӣ гардида, вале ҳукми онҳо эътибори қонунӣ пайдо накардаанд;
-нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон мавқуф гузошта шудааст ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст (масъалаи татбиқи авф аз рўи пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда ҳал карда мешавад);
-нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ шартан пеш аз мўҳлат аз ҷазо озод шудаанд, ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъиншуда то эътибор пайдо намудани  ҳамин Қонун ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (масъалаи татбиқи санади авфро суди маҳалли иҷрои ҳукм  ё зисти маҳкумшуда бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ ҳал мекунад);
-нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд, агар то эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун ҷарима бо сабабҳои узрнок ситонида нашуда бошад (масъалаи татбиқи авфро суде, ки ҳукм баровардааст, бо пешниҳоди иҷрочии суд ҳал менамояд);
в) муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ва ҳукмҳо нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардаанд;
-нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон, ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян, ё машғул шудан бо фаъолияти муайян адо мекунанд;
-нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз  озодӣ буда, ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст;
-нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд;
г) фармондеҳии қисмҳои  ҳарбии интизомӣ нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкум шудаанд.
 
Моддаи 11.
Озод намудани маҳкумшудагон аз ҷазоҳои иловагӣ, ки то рўзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун иҷро нашудаанд, ба зиммаи мақомот ва муассисае гузошта мешавад, ки масъалаи аз ҷазои асосӣ озод намудани чунин маҳкумшудагон гузошта шудааст.
 
Моддаи 12.
Қарор дар бораи татбиқ кардан ё накардани авф нисбати ҳар як шахс алоҳида қабул карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани маълумоти зарурӣ дар бораи маҳкумшуда муҳокимаи масъалаи татбиқи авф то пайдо намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, вале на дертар аз як моҳ мавқуф гузошта мешавад.
 
Моддаи 13.
Қарор дар бораи татбиқи авф, ки аз тарафи мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳии қисмҳои интизомии ҳарбӣ, муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад, аз ҷониби прокурор иҷозат (санксия) дода мешавад.
Ҳангоми татбиқи санади авф аз ҷониби судҳо иштироки прокурор ҳатмист.
 
Моддаи 14.
Ҳангоми татбиқи Қонуни мазкур бояд ба назар гирифта шавад:
а) зербанди «а» моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати заноне татбиқ мегардад, ки то рўзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун ҷиноят содир кардаанд;
б) таҳти амали зербанди «б» моддаи 1 шахсоне қарор мегиранд, ки то рўзи содир кардани ҷиноят ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд;
в) таҳти амали зербанди «в» моддаи 1 мардоне қарор мегиранд, ки то рўзи ба қувваи қонунӣ даромадани Қонуни мазкур ба синни 55-солагӣ расидаанд;
г) зербанди «г» моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда то ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун  маъюбони гурўҳҳои I ва II дониста шудаанд.
 
Моддаи 15.
Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки барои содир намудани маҷмўи ҷиноятҳо айбдор дониста ва ё  маҳкум шудаанд, агар яке аз онҳо дар зербандҳои «а» ва «б» моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинӣ шуда бошад, татбиқ карда намешавад, вале мўҳлати адои ҷазо бо тартиби пешбиникардаи моддаи 6 ҳамин Қонун ва бо дарназардошти талаботи моддаи 8 Қонуни мазкур кам карда мешавад.
 
Моддаи 16.
Мўҳлати ҷазои адокардашудаи маҳкумшудагони дар зербандҳои «б» ва «в» моддаи 3 Қонуни мазкур нишондодашуда, то рўзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун ба ҳисоб гирифта мешавад.
 
Моддаи 17.
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни мазкур қисми мўҳлати ҷазои адонагардида, ки то рўзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун боқӣ мондааст, кам карда мешавад.
Нисбати шахсоне, ки пештар мўҳлати ҷазояшон ба тариқи бахшиши ҷазо ё авф кам карда шуда буд, авф бо назардошти мўҳлати ҷазои адонагардида татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 18.
Шахсоне, ки нисбати онҳо Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад, аз барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда  намешаванд.
 
Моддаи 19.
Шахсони мувофиқи Қонуни мазкур авфшаванда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам аз ҷазои иловагӣ озод карда мешаванд. Маҳкумшудагоне, ки мўҳлати адои ҷазояшон мутобиқи моддаи 6 Қонуни мазкур кам карда мешавад, аз адои ҷазои иловагӣ озод карда намешаванд.
 
Моддаи 20.
Маводи шахсоне, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд ва мувофиқи тартиби муқарраргардида ба онҳо табобати маҷбурӣ аз майзадагӣ, нашъамандӣ ё бемориҳои зўҳравӣ таъин гардидааст, дар давраи иҷрои ҳамин Қонун баррасӣ гардида, қарор дар бораи озод намудани онҳо, танҳо пас аз ба охир расидани давраи пурраи табобати маҷбурӣ мавриди иҷро қарор дода мешавад.
Барои анҷомёфта донистани муолиҷаи касалии зўҳравии маҳкумшуда хулосаи тиббӣ ва нисбати шахсе, ки суд аз майзадагӣ ё нашъамандӣ табобати маҷбурӣ фармудааст, таъиноти суд дар бораи қатъ кардани табобати маҷбурӣ асос мебошад.
 
Моддаи 21.
Вайронкунандагони тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо, ки зербанди «е» моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, чунин маҳкумшудагон дониста мешаванд:
а) маҳкумшудагоне, ки  тартиби муқарраргардидаи адои ҷазоро ба таври ашаддӣ вайрон кардаанд (моддаи 122 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва муҷозоти мўҳлаташ адонашуда ё бекорнашуда дошта бошанд;
б) маҳкумшудагоне, ки дар вақти адо намудани ҷазо қасдан ҷиноят содир кардаанд;
в) маҳкумшудагоне, ки бе сабабҳои узрнок дар мўҳлатҳои Қонун ва суд муқарраркарда ҷаримаро насупоридаанд.
 
Моддаи 22.
Нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои давомдор ё дарозмуддат содир кардаанд, ҳамин Қонун танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин намуд ҷиноятҳо то рўзи ба қувваи қонунӣ даромадани Қонуни мазкур  анҷом ёфта бошанд.
 
Моддаи 23.
Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва  мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот супорида шавад:
а) бақайдгирии саривақтии шахсони мувофиқи Қонуни мазкур аз адои ҷазо озодшударо ҷиҳати расонидани кўмаки иҷтимоӣ ва назорати рафтори онҳо таъмин намоянд;
б) назорати ноболиғони мутобиқи Қонуни мазкур озодшударо ба  падару модарон ё шахсони  ивазкунандаи онҳо вогузор намуда, дар мавриди зарурӣ барои ба мактаб-интернатҳо ҷойгир кардани ноболиғони бесаробон чора андешанд;
в) масъалаи ҷойгир кунонидани беморонро дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони бекасро дар интернат ва хонаҳои пиронсолон ташкил намоянд.
 
Моддаи 24.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар давоми шаш моҳ мавриди иҷро қарор дода шавад.
 
Моддаи 25.
Агар масъалаи татбиқи Қонуни мазкур пас аз мўҳлати шашмоҳаи баъд аз ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун ба миён ояд, он мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 10 Қонуни мазкур иҷро карда мешавад.
 
Моддаи 26.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар муддати як моҳи пас аз гузаштани мўҳлати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иҷрои он ҳисобот пешниҳод намоянд.
 
Моддаи 27.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Э.Раҳмонов
 
ш. Душанбе, 18 августи соли 2006
№ 203
 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 10:09
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Рақам: 
268
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
04.02.1996
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №4, мод. 96)
 
Вазъи бамиёномадаи сиёсии ҷумҳуриро ба назар гирифта, ба мақсади таъмини сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳифз ва таъмини амнияти давлат ва талаботи бригадаи якуми механиконидаи Вазорати мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва гуруҳи силоҳбадастони шаҳри Турсунзодаро баррасӣ намуда, дар асоси Принсипи гуманизм ва мутобиқи моддаи 49-уми  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор  мекунад:
 
1. Аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва ҷазо шахсоне, ки дар ҳодисаҳои рўзҳои 1 ва 17 сентябри соли 1995 дар вилояти Хатлон ва рўзҳои 25 январи то 4 феврали соли 1996 дар вилояти Хатлон ва шаҳрҳои Турсунзода, Ҳуҷанд, ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор рўйдода иштирок кардаанд, озод карда шаванд.
 
2. Моддаи 1-уми Қарори Мазкур татбиқ карда намешавад:
а) нисбати шахсоне, ки дар ин рўзҳо бидуни ин ҳодисаҳо ба таври алоҳида ҷиноятҳои дигар содир кардаанд,
б) нисбати шахсоне, ки дар ин ҳодисаҳо ширкат варзидаанд, лекин пеш аз ин ҷиноят содир кардаанд.
 
3.  Мақомоти тафтишоти пешакӣ ва суд:
а) парвандаҳои ҷиноӣ нисбати шахсоне дар моддаи 1-уми ҳамин Қарор зикршуда қатъ карда шаванд,
б) шахсоне, ки дар моддаи 2-уми   Қарори мазкур зикр шудаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.
 
4. Қарори мазкур дар сурате эътибор пайдо менамояд, ки то 7-уми феврали соли 1996 бригадаи якуми механиконидаи Вазорати мудофиаи мувофиқи аҳдашон ҳамаи қувва ва лавозимоти ҳарбиашонро ба маҳалли ҷойгирии доимиашон баргардонанд, гурўҳи силоҳбадастони шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор ва Ленин бо сардории Бойматов Ибо два баъзе гурўҳҳои ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар ин амвол иштирок кардаанд, яроқ, техника ва лавозимоти ҳарбиашонро ба мақомоти дахлдор супоранд.
 
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи муваққатии Маҷлиси Олӣ гузошта шавад.
 
 
Раиси
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          С. Раҷабов
 
ш. Душанбе, 4 феврали соли 1996
№268
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ  ОЛИИ 
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ОИДИ БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ АВФИ СОБИҚ АЪЗОЁНИ ФРОНТИ ХАЛҚӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1996, №4, мод. 97)
 
Бо назардошти талаботи бригадаи якуми механиконидашудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурўҳи силоҳбадастони шаҳри Турсунзода Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
 
Кумитаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд парвандаҳои ҷиноиро нисбати собиқ аъзоёни Фронти халқӣ омўхта, дар давоми ду моҳ ба Маҷлиси Олӣ таклиф пешниҳод намоянд.
 
 
Раиси
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    С. Раҷабов
 
ш. Душанбе, 4 феврали соли 1996
№269
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФИ ШАҲРВАНДОН ВА ШАХСОНИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ МОЛУ МУЛК

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 10:16
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
271
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
16.05.2007
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АВФИ ШАҲРВАНДОН ВА ШАХСОНИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ МОЛУ МУЛК
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №5, мод. 376)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби ташкили гузаронидани иқдоми истисноии якдафъаинаи давлатро оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк, озод намудани онҳо барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои алоҳидаи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба ҳуқуқҳои алоҳидаи молумулкиро муайян мекунад.
Мақсади Қонуни мазкур ҷалб намудани молу мулк ба гардиши расмии иқтисодӣ, муқаррар намудани соҳибони воқеии он, ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
 
Моддаи 1.  Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- молу мулк – биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, объектҳои сохтмонашон нотамом  ва молу мулки дигаре, ки бо замин алоқамандии мустаҳкам дошта, интиқолашон бе расонидани зиёни воқеии беҳисоб ба таъиноташон имконнопазир аст, инчунин молу мулки дигари ба молу мулки ғайриманқул баробарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмияҳо ва дигар қоғазҳои қиматнок, воситахои нақлиёт, металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
- қонунигардонии молу мулк – раванди барасмиятдарории ҳуқуқ ба молу мулке, ки аз гардиши иқтисодӣ бо мақсади пинҳон кардани фоида бароварда шудааст ва (ё) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда нашудааст ё ба номи шахси дигар ба расмият дароварда шудааст;
- шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии молу мулк (минбаъд-шаҳодатнома) - ҳуҷчати расмие мебошад, ки ҳуқуқи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба молу мулки қонунигардонидашуда муайян мекунад;
- комиссия оид ба қонунигардонии молу мулк (минбаъд -комиссия) мақомоте, ки барои қонунигардонии молу мулк ва додани шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии молу мулк ваколатдор гардидааст;
- мўҳлати қонунигардонӣ – мўҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, ки дар давоми он шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар бораи қонунигардонии молу мулк ба комиссия бо аризаи хаттӣ муроҷиат кунанд;
- авф – озод намудани шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати молу мулке, ки мутобиқи талаботи Қонуни мазкур қонунӣ гардонида шудааст.
 
Моддаи 2.  Амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур нисбати шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад, ки дар давраи қонунигардонӣ молу мулки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварданашударо, ба истиснои молу мулки дар моддаи 3 Қонуни мазкур нишондодашуда,. қонунӣ мегардонанд.
 
Моддаи 3.  Молу мулке, ки қонунӣ гардонида намешавад
Молу мулки шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбати онҳо дар давраи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд оид ба мусодираи он қабул карда шудааст, инчунин молу мулке, ки мавриди муҳокимаи судӣ қарор дорад, қонунӣ гардонида намешавад.
 
Моддаи 4.  Мўҳлати қонунигардонии молу мулк
Мўҳлати қонунигардонии молу мулк шаш моҳро дар бар мегирад ва баъди ду моҳ аз рўзи дар нашрияи расмӣ чоп гардидани намунаи ариза, шаҳодатнома, феҳристи молу мулки қонунигардонидашуда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии молу мулк оғоз меёбад.
 
Моддаи 5.  Махфияти маълумот оид ба қонунигардонии молу мулк
Маълумот оид ба молу мулки қонунигардонидашаванда ва соҳибони он махфӣ мебошад.
 
Моддаи 6.  Тартиби  қонунигардонии молу мулк
1. Қонунигардонии молу мулк дар асоси аризаи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
2. Қонунигардонии молу мулкро комиссияҳое, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ноҳия ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе таъсис дода мешаванд, амалӣ мегардонанд. Тартиби фаъолияти комиссияҳо, шакли ариза, номгўи ҳуҷҷатҳои барои қонунигардонии молу мулк пешниҳодшаванда, шаҳодатнома, феҳристи молу мулки қонунигардонидашуда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии молу мулкро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти комиссияҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи ҳамоҳангсозӣ оид ба қонунигардонии молу мулки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода, ҳайат ва низомномаи онро тасдиқ менамояд.
4. Шаҳодатнома бо қарори комиссияи дахлдор дода мешавад ва он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ барои амалӣ намудани бақайдгирии молу мулки қонунигардонидашуда ва ҳуқуқ ба моликият ба ҳисоб меравад.
 
Моддаи 7. Баҳсталаб набудани аҳдҳо оид ба хусусигардонии молу мулки давлатӣ, ки аз тарафи мақомоти идораи амволи давлатӣ гузаронида шудаанд
1. Молу мулки давлатие, ки то мавриди амал қарор дода шудани Қонуни мазкур хусусӣ гардонда шудааст, бе риояи тартиби дар Қонуни мазкур муқарраргардида қонунигардонидашуда ҳисоб меёбад.
2. Агар дар мавриди хусусигардонии моликияти давлатӣ ҳуқуқҳои молумулкӣ ба объектҳои хусусигардонӣ ба шахсони дигар ба расмият дароварда шуда бошанд, соҳибони воқеӣ метавонанд чунин объектҳоро бо риояи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур қонунӣ гардонанд.
 
Моддаи 8.  Қонунигардонии молу мулки пештар хусусигардонидашуда
Қонунигардонии молу мулки пештар хусусигардонидашуда, ки бе иштироки мақомоти идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудааст, аз ҷониби комиссияҳо мувофиқи хулосаи хаттии мақомоти идораи амволи давлатӣ анҷом дода мешавад. Шакл ва тартиби додани хулосаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
Моддаи 9.  Имтиёзҳои андоз
Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулки худро қонунӣ гардонида, дар давраи то амалӣ гардидани қонунигардонӣ ва дар соли тақвимии амалӣ гардидани қонунигардонӣ аз андозҳо ва дигар пардохтҳои ба ҳамин молу мулк дахлдошта озод карда мешаванд.
 
Моддаи 10. Мўҳлати даъво
Мўҳлати даъво доир ба масъалаҳои қонунигардонии молу мулк як сол буда, пас аз гузаштани ин мўҳлат чунин масъалаҳо аз ҷониби суд аз нав баррасӣ карда намешаванд.
 
Моддаи 11. Авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқие, ки молу мулки худро қонунӣ гардонидаанд
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ молу мулки худро қонунӣ гардонидаанд ва шахсоне, ки молу мулк ба номи онҳо ба расмият дароварда шудааст, авф карда шуда, аз ҷавобгарии пешбининамудаи моддаҳои 259, 260, 261, 262, 263, 269, 292 ва 293 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд.
2. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ молу мулки худро қонунӣ гардонидаанд ва шахсоне, ки молу мулк ба номи онҳо ба расмият дароварда шудааст, авф карда шуда, аз ҷавобгарии пешбининамудаи моддаҳои 471, 522, 525, 526, 529, 533, 63, 1491, 1494, 1495, 164, 1641, 1651, 1653, 1654, 2114 ва 2115 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ озод карда мешаванд.
 
Моддаи 12. Кафолати давлат нисбати шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқие, ки молу мулки худро
                      қонунӣ гардонидаанд
Давлат ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки молу мулки худро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ гардонидаанд, кафолат медиҳад.
 
Моддаи 13.  Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 14.  Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                             Э. Раҳмонов
 
ш. Душанбе, 16  майи соли 2007
№271
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 11:07
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
286
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
20.06.2007
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АВФ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №6, мод. 442)
 
Ба муносибати даҳумин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ ва бо дарназардошти принсипи башардўстӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкурро қабул мекунад.
 
Моддаи 1.
Аз ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, сарфи назар аз мўҳлати ҷазои таъиншуда, инчунин аз ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда, маҳкумшудагони  зерин озод карда шаванд:
а) занҳо;
б) шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд;
в) мардони аз 55 сола боло;
г) маъюбони гурўҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои сил;
д) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд;
е) шаҳрвандони хориҷӣ;
 
Моддаи 2.
Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд ва барои он то даҳ сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд ё ба ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда маҳкум шудаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.
 
Моддаи 3.
Маҳкумшудагони зерин, ки барои қасдан содир кардани ҷиноят аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, озод карда шаванд:
а) маҳкумшудагоне, ки бори аввал барои ҷиноятҳои на чандон вазнин ва дараҷаи миёна ба мўҳлати то панҷ сол маҳкум шудаанд;
б) маҳкумшудагоне, ки бори аввал барои ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд, агар на камтар аз се ду ҳиссаи мўҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо карда бошанд;
в) маҳкумшудагоне, ки бори аввал барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд, агар на камтар аз чор се ҳиссаи мўҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо карда бошанд.
 
Моддаи 4.
Маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон мавқуф гузошта шудааст ва ё маҳкумшудагоне, ки нисбат ба онҳо шартан ҷазо татбиқ карда нашудааст, инчунин шартан пеш аз мўҳлат аз ҷазо озод шудаанд ё ҷазоро дар колонияҳои ислоҳи сукунат адо мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба дигар ҷазоҳои новобаста ба маҳрумӣ аз озодӣ маҳкум гардидаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.
 
Моддаи 5.
Тафтиши парвандаҳои зерин, ки таҳти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ қарор доранд ва парвандаҳое, ки аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд:
а) оид ба ҷиноятҳое, ки то эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаи 1 он пешбинишуда содир гардидаанд;
б) нисбати шахсоне, ки бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёнаро  содир намудаанд.
 
Моддаи 6.
Мўҳлати адонагардидаи ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд ва таҳти амали моддаҳои 1 ва 3 Қонуни мазкур қарор намегиранд, ба истиснои шахсоне, ки дар моддаҳои 8 ва 15 Қонуни мазкур зикр гардидаанд, кам карда шавад:
а) маҳкумшудагоне, ки қаблан суд шудаанду доғӣ судиашон барҳам нахўрдааст ё бардошта нашудааст ва боз барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин ё дараҷаи миёна аз озодӣ маҳрум карда шудаанд – аз ду як ҳисса;
б) маҳкумшудагоне, ки барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои вазнин аз озодӣ маҳрум шудаанд - аз се як ҳисса;
в) маҳкумшудагоне, ки барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин аз озодӣ маҳрум гардидаанд - аз чор як ҳисса.
 
Моддаи 7.
Нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, ё маҳкум гардидаанд (ба истиснои занҳо, ба шарте, ки онҳо ҷинояти одамкуширо содир накарда бошанд), амали моддаҳои 1, 3 ва 5 Қонуни мазкур татбиқ карда нашавад:
а) барои ҷиноятҳои бо моддаҳои 61-70; 74; 75; 76 қисмҳои 3 ва 4; 89 қисми 4; 90 қисми 4; 91; 95 қисми 3; 96; 99 қисми 2; 104; 105; 111 қисми 2; 121; 1341; 135 қисми 3; 154 қисми 4; 155; 156; 160 қисми 3; 186 қисмҳои 2 ва 3; 187 қисми 2; 1871 қисми 2; 2061; 220 қисми 3; 227 қисми 3; 233 қисми 3; 234 қисмҳои 1 ва 2; 2341; 240 қисми 2; 2401; 241 қисми 3; 2412; 249 банди «в»; 250 бандҳои «б» ва «в»; 252 банди «б»; 260; 261 банди «в»; 270 банди «в»; 276-277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) пешбинишуда;
б) барои ҷиноятҳои бо моддаҳои  104; 110 қисмҳои 2 ва 3; 130 қисмҳои 2 ва 3; 1301  қисмҳои 2 ва 3;  131 қисми 3; 132 қисми 3; 138; 139 қисмҳои 2, 3 ва 4;  167 қисмҳои 2 ва 3; 179; 1791; 181; 184  қисми 3; 186-187; 189; 195 қисмҳои 2 ва 3; 196 қисмҳои 2 ва 3; 199; 200 қисми 4; 201 қисми 4; 202 қисмҳои 2 ва 3; 2021 қисми 3; 2022 қисми 3; 203 қисми 3; 204 қисмҳои 3 ва 4; 205 қисми 2; 206 қисмҳои 2 ва 3; 237 қисми 3; 244 қисмҳои 3 ва 4; 245 қисмҳои 3 ва 4; 246 қисми 3; 247 қисми 4; 248 қисмҳои 2, 3 ва 4; 249; 250; 252 қисмҳои 2 ва 3; 289 қисмҳои 2, 3 ва 4; 305-310; 313; 316 қисми 3; 319 қисмҳои 3 ва 4; 329; 331; 332; 365; 368 қисми 2; 369 қисмҳои 2 ва 3; 370 қисмҳои 2 ва 3; 382; 386 қисми 4; 391 қисмҳои 3 ва 4; 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишуда;
в) маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд;
г) маҳкумшудагоне, ки ҷинояти қасдонаро дар маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ содир карданд;
д) маҳкумшудагоне, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ретсидивистони махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир намудаанд;
е) шахсоне, ки пештар ба тариқи бахшиши ҷазо ё Қонуни авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод шудаанд ва боз қасдан ҷиноят содир намудаанд, агар мўҳлати ҷазое, ки аз рўи он Қонун дар бораи авф ё бахшиши ҷазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад;
ж) маҳкумшудагоне, ки  тартиби  муқарраргардидаи адои ҷазоро ба таври ашаддӣ вайрон кардаанд, ба истиснои маҳкумшудагоне, ки дар бандҳои «а», «в» ва «г»-и моддаи 1 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.
 
Моддаи 8.
Амали моддаи 6 Қонуни мазкур ба шахсоне, ки бо моддаҳои 61-70; 74; 104-105 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири соли 1961) ва шахсоне, ки бо моддаҳои 104; 179; 186; 187; 188; 247 қисми 4; 249 қисми 4; 305-310; 313; 331-332; 365; 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири соли 1998) маҳкум шудаанд (ба истиснои занон), инчунин маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд ва шахсоне, ки ҷинояти қасдонаро дар маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ содир кардаанд, татбиқ карда нашавад.
 
Моддаи 9.
Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани он ҷиноят содир кардаанд ва ё аз ҷониби мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд ё ин ки парванда нисбати онҳо мавриди баррасии судӣ қарор дорад ё аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳкум шудаанд ва барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд, татбиқ карда мешавад.
Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» доғи судии шахсро намебардорад.
 
Моддаи 10.
Иҷрои Қонуни мазкур ба зиммаи мақомот ва муассисаҳои зерин гузошта шавад:
а) мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ:
- нисбати шахсоне, ки мавод ва ё парвандаи ҷиноятии онҳо таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд;
б) судҳо:
- нисбати шахсоне, ки мавод ва ё парвандаи ҷиноятии онҳо дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур баррасӣ нашудаанд, инчунин шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукми онҳо қувваи қонунӣ пайдо накардааст;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон мавқуф гузошта шудааст ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст (масъалаи татбиқи Қонуни мазкур аз рўи пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда ҳал карда мешавад);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ шартан пеш аз мўҳлат аз ҷазо озод шудаанд ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъиншуда то мавриди амал қарор дода шудани Қонуни мазкур ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (масъалаи татбиқи Қонун дар бораи авфро суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ ҳал мекунад);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд (масъалаи татбиқи Қонуни мазкурро суде, ки ҳукм баровардааст бо пешниҳоди иҷрочии суд ҳал менамояд);
в) муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ва ҳукмҳо нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардаанд;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд адо мекунанд, инчунин маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ буда, ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд;
г) фармондеҳони қисмҳои ҳарбии интизомӣ нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки бо нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкум шудаанд.
 
Моддаи 11.
Озод намудани маҳкумшудагон аз ҷазоҳои иловагӣ, ки то рўзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур иҷро нашудаанд, ба зиммаи он мақомот ва муассисае гузошта мешавад, ки масъалаи аз ҷазои асосӣ озод намудани чунин маҳкумшудагон ба салоҳияти онҳо вогузор шудааст.
 
Моддаи 12.
Қарор дар бораи татбиқ кардан ё рад кардан аз татбиқи Қонун дар бораи авф нисбати ҳар як шахс алоҳида қабул карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани маълумотҳои зарурӣ дар бораи маҳкумшуда, муҳокимаи масъалаи татбиқи авф тибқи Қонуни мазкур то пайдо намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, вале на дертар аз як моҳ мавқуф гузошта мешавад.
 
Моддаи 13.
Мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои интизомии ҳарбӣ, муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун дар бораи авфро бо иҷозати (санксияи) прокурор татбиқ менамоянд.
Қонун дар бораи авф аз ҷониби судҳо бо иштироки ҳатмии прокурор татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 14.
Ҳангоми татбиқи Қонуни мазкур ҳолатҳои зерин бояд ба назар гирифта шаванд:
а) зербанди «а» моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати заноне татбиқ мегардад, ки то рўзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ҷиноят содир кардаанд ба шарте, ки ҷинояти содиркардаашон одамкушӣ (моддаҳои 104 ва 105 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳрири соли 1961 ва моддаи 104, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳрири соли 1998) набошад;
б) таҳти амали зербанди «б» моддаи 1 шахсоне қарор мегиранд, ки то рўзи содир кардани ҷиноят ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд;
в) таҳти амали зербанди «в» моддаи 1 мардоне қарор мегиранд, ки то рўзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба синни 55 солагӣ расидаанд;
г) зербанди «г» моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур маъюби гурўҳҳои I, II ва III, дониста шудаанд, инчунин шахсоне, ки гирифтори бемории сил мебошанд ва дар номгўи чунин бемориҳо тибқи замимаи № 1 фармони якҷояи Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 335/89 аз 11 августи соли 2003 то ба қувваи қонунӣ даромадани Қонуни мазкур ба қайд гирифта шудаанд;
д) таҳти амали зербанди «д» моддаи 1 иштирокчиёну ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, қарор мегиранд.
Иштирокчиёну ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо шахсоне шуморида мешаванд, ки дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои маҳалли зисташон ба қайд гирифта шудаанд.
Иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон онҳое шуморида мешаванд, ки дар дафтари махсуси бақайдгирии комиҷроияҳои Советҳои депутатҳои халқии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (ҳоло мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ) мувофиқи Қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 1993, №312 номнавис шуда буданд, инчунин кормандони сохторҳои қудратие, ки дар ин муқовиматҳо иштирок кардаанд ва собиқ силоҳбадастони Иттиҳоди нерўҳои оппозитсиони тоҷик, ки рўйхати онҳо бо қарори Комиссияи Оштии Миллӣ аз 3 марти соли 1999 №15 тасдиқ карда шудааст, номнавис шудаанд.
Шахсони бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида онҳое дониста мешаванд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» ба ин гурўҳ дохил карда шудаанд.
 
Моддаи 15.
Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда намешавад, ки барои содир намудани маҷмўи ҷиноятҳо айбдор дониста ва ё маҳкум шудаанд, агар яке аз ин ҷиноятҳо дар бандҳои «а» ва «б» моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинӣ шуда бошад, вале мўҳлати адои ҷазо бо тартиби пешбининамудаи моддаи 6 Қонуни мазкур ва бо назардошти талаботи моддаи 8 Қонуни мазкур кам карда мешавад.
 
Моддаи 16.
Мўҳлати ҷазои адокардашудаи маҳкумшудагони дар зербандҳои «б» ва «в» моддаи 3 Қонуни мазкур пешбинишуда, то рўзи мавриди амал қарор дода шудани Қонуни мазкур ба ҳисоб гирифта мешавад.
 
Моддаи 17.
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни мазкур қисми мўҳлати ҷазои адонагардида, ки то рўзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур боқӣ мондааст, кам карда мешавад.
Нисбати шахсоне, ки пештар мўҳлати ҷазояшон бо тариқи бахшиши ҷазо ё авф кам карда шуда буд, авф бо назардошти мўҳлати ҷазои адонагардида татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 18.
Шахсоне, ки нисбати онҳо Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад, аз барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда  намешаванд.
 
Моддаи 19.
Шахсони мувофиқи Қонуни мазкур авфшаванда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам аз ҷазои иловагӣ озод карда мешаванд. Маҳкумшудагоне, ки мўҳлати адои ҷазояшон мутобиқи моддаи 6 Қонуни мазкур кам карда мешавад, аз адои ҷазоҳои иловагӣ озод карда намешаванд.
 
Моддаи 20.
Маводи шахсоне, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегирад ва мувофиқи тартиби муқарраргадида ба онҳо табобати маҷбурӣ аз майзадагӣ, нашъамандӣ ё бемориҳои зўҳравӣ таъин гардидааст, дар давраи иҷрои ҳамин қонун баррасӣ гардида, қарор дар бораи озод намудани онҳо пас аз ба охир расидани давраи пурраи табобати маҷбурӣ мавриди иҷро қарор дода мешавад.
Барои анҷомёфта донистани муолиҷаи бемории зўҳравии маҳкумшуда хулосаи тиббӣ ва нисбати шахсе, ки суд аз майзадагӣ ё нашъамандӣ табобати маҷбурӣ таъин намудааст, таъиноти суд дар бораи қатъ кардани табобати маҷбурӣ асос мешавад.
 
Моддаи 21.
Вайронкунандагони тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо, ки зербанди «ж» моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, маҳкумшудагони зерин дониста мешаванд:
а) маҳкумшудагоне, ки тартиби муқарраргардидаи адои ҷазоро ба таври ашаддӣ вайрон кардаанд (қисми 4 моддаи 80 ва моддаи 122 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва муҷозоти мўҳлаташ адонашуда ё бекорнашуда дошта бошанд;
б) маҳкумшудагоне, ки дар вақти адо намудани ҷазо дар намуди маҳрумӣ аз озодӣ дар маҳалли адои ҷазо қасдан ҷиноят содир кардаанд.
 
Моддаи 22.
Нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои давомдор ё дарозмуддат содир кардаанд, Қонуни мазкур танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин намуд ҷиноятҳо то рўзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур анҷом ёфта бошанд.
 
Моддаи 23.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот вазифадоранд:
а) барои расонидани кўмаки иҷтимоӣ бақайдгирии саривақтии шахсонеро, ки аз адои ҷазо тибқи Қонуни мазкур озод шудаанд, таъмин намоянд ва рафтори онҳоро таҳти назорат гиранд;
б) назорати ноболиғони мутобиқи Қонуни мазкур озодшударо ба падару модарон ё шахсони ивазкунандаи онҳо вогузор намуда, дар мавриди зарурӣ барои ба мактаб-интернатҳо ҷойгир кардани ноболиғони бесаробон чораҳо андешанд;
в) масъалаи ҷойгир кунонидани беморонро дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони яккаю танҳо дар интернат ва хонаҳои пиронсолон ташкил намоянд.
 
Моддаи 24.
Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар давоми шаш моҳ таъмин карда шавад.
 
Моддаи 25.
Агар масъалаи татбиқи Қонуни мазкур пас аз мўҳлати шашмоҳаи баъд аз мавриди амал қарор додани он ба миён ояд, Қонуни мазкур мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 10 иҷро карда мешавад.
 
Моддаи 26.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот баъди шаш моҳи мавриди амал қарор дода шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иҷрои он ҳисобот пешниҳод намоянд.
 
Моддаи 27.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                             Э. Раҳмонов
 
ш. Душанбе, 20 июни соли 2007
№286
 

ФАРМОНИ РАЁСАТИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 11:16
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ФАРМОНИ РАЁСАТИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Рақам: 
315
Мақомот: 
Шурои Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
25.08.1994
ФАРМОНИ РАЁСАТИ ШӮРОИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АВФ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №15-16, мод. 280)
 
Ба мақасди мўътадилсозии  минбаъдаи вазъияти ҷамъиятию сиёсӣ ва ноилгардӣ ба мусолиҳаи пурра  ва  созиш ва  ба  шарафи  сеюмин  солгарди  эълоншудани  истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии    Тоҷикистон,  мувофиқи    принсипҳои   инсондўстона,   моддаи   108-уми   Конститутсияи    Ҷумҳурии   Точикистонро асоси  амал  қарор  дода,  Раёсати  Шўрои  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон   қарор  мекунад:
 
1.  Аз  ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ,  новобаста  аз  мўҳлати   таъиншуда,  инчунин   аз   ҷазоҳои   новобаста   аз  маҳрумият   аз  озодӣ  маҳкумшудагони   зайл  озод  карда  шаванд:
а)  мардони  аз  50-сола боло ва  занҳои  аз  45-сола  боло;
б)  занҳое,   ки  кўдакони  ноболиғ  доранд  ва  занҳои  ҳомила;
в)  маъюбони  гурўҳҳои  I  ва II;
г)  иштирокчиёни  Ҷанги   Бузурги   Ватанӣ  ва  шахсони   ба  онҳо  баробаркардашуда;
д)  онҳое,  ки  дар  амалиёти  ҷангӣ баҳри  ҳифзи  сохти  конститутсионӣ  дар  ҷумҳурӣ  иштирок  кардаанд;
 
2. Занҳои  ба ҷазои  маҳмури кардан  аз  озодӣ  то  ҳафт  соли  пурра  маҳкумшуда, ки  на  камтар  аз сеяки  мўҳлати  таъиншударо  адо  кардаанд,  инчунин  занҳои  ба  ҷазои  новобаста  аз  маҳрумият  аз  озодӣ  маҳкумшуда,  ки  ба  амали моддаи  1-и  ҳамин   Фармон  дохил  намешаванд,  аз  ҷазо  озод  карда  шаванд.
 
3.   Ноболиғоне, ки бори  аввал  ба  мўҳлати  то  ҳафт  соли  пурра  аз озодӣ  маҳрум  шудаанд, ё  ба  ҷазое,  ки бо  маҳрум  шудан  аз  озодӣ  вобаста  нест,  аз  ҷазо  озод  карда  шаванд.
 
4.   Маҳкумшудагоне,  ки  аз  беэҳтиётӣ  ҷиноят  содир  кардаанд  аз ҷазо  озод  карда  шаванд:
а)  барои  содир  кардани  ҷинояте,  ки  ба  мўҳлати  то  ҳафт соли  пурра  маҳкум  шудаанд  ва  агар  мўҳлати  ҷазо  зиёда  аз  ҳафт  сол  бошаду  на  камтар  аз  сеяки  мўҳлати  ҷазоро  адо  карда  бошанд;
б)   барои содир  кардани  ҷиноят  аз  озодӣ  шартан  бо  ҳатман  ҷалб  намудан  ба  меҳнат маҳкум   шудаанд;
в)  бо маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанду аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат озод карда шудаанд;
 
5.   Шахсони зерин, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанд, аз ҷазо озод  карда шаванд:
а) онҳое, ки ба ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ то панҷ соли пурра маҳкум шудаанд;
б)  онҳое, ки аз озодӣ шартан бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат маҳкум  шудаанд;
в) онҳое,  ки ба  ҷазои  маҳрум  кардан  аз  озодӣ  маҳкум   шудаанду  аз  ҷойҳои  маҳрумият  аз  озодӣ  шартан  бо  ҳатман  ҷалб  кардан  ба  меҳнат   озод  карда  шаванд;
г) онҳое,  ки  ба   корҳои ислоҳотӣ  маҳкум  карда  шудаанд;
д)  шахсоне,  ки ҷарима  андохта  шудаанд,  агар  то  эътибор  пайдо  кардани ин  Фармон  ҷарима  ситонида  нашуда  бошад.
 
6.  Чунин  шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  ҷавобгарии  ҷиноятӣ  озод карда  шаванд:
а)  шахсони  дар  қаламрави  Давлати  Исломии  Афғонистон,  ё  дар  дигар  мамлакатҳои  хориҷии  наздик  ва  кишварҳои  хориҷӣ  қарордоштае,  ки   ба  ҳайати  воҳидҳои мусаллаҳи  ба  муқобили  ҳокимияти  мавҷудаи  қонунии   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  амалкунанда  дохил  нестанд  ва  ё  ихтиёран  аз  ҳайати  ин  воҳидҳо  баромада,  дар  мўҳлати  то  20  сентябри  соли  1994  ба  Ҷумҳурии   Тоҷикистон   баргаштаанд;
б)  шахсоне,  ки  дар  ҳайати  воҳидҳои  мусаллаҳи ғайриқонунии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда будаанд, дар сурати ихтиёран аз ҳайати ин воҳидҳо баромада, дар мўҳлати то 20 сентябри соли 1994 супоридани яроқ.
 
7.  Баррасии ҳамаи парвандаҳои тафтишотӣ ва парвандаҳое, ки аз тарафи додгоҳҳо баррасӣ нагардиданд, қатъ карда шаванд;
а) парвандаҳои ҷиноятҳое, ки то эътибор пайдо кардани ҳамин Фармон аз тарафи шахсони дар моддаи 1-и Фармон номбаршуда содир гардиданд;
б) парвандаҳои ҷиноятҳое, ки барои онҳо ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати то ҳафт соли пурра ё ҷазое пешбинӣ шудааст, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста набуда, онҳоро то эътибор пайдо кардани  ҳамин Фармон занҳо ва ноболиғон содир кардаанд;
в) парвандаҳои ҷиноятҳое, ки барои онҳо ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз  озодӣ дар муддати то панx соли пурра ё ҷазое пешбинӣ шудааст, ки бо  маҳрум кардан аз озодӣ вобаста набуда, онҳоро то эътибор пайдо кардани  ҳамин Фармон содир кардаанд.
 
8.  Шахсоне, ки дар моддаҳои 1,2,3,4,5 ва 7-уми ҳамин Фармон номбар шудаанд, аз  ҷазо озод карда шаванд:
а) шахсоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан хатарноки давлатӣ маҳкум  шудаанд;
б) шахсоне, ки аз рўи моддаҳои 74,76,77, қисмҳои 3,4-уми моддаи 89, қисмҳои 3,4-уми моддаи 90, моддаи 91, қисми 3-юми моддаи 92, қисми 3-юми 93, моддаҳои 96, 104,105,111, қисмҳои 2,3,4-уми моддаи 121, қисмҳои 3,4-уми моддаи 154, қисмҳои 2,3,4-уми моддаи 155, моддаи 156, қисми 3-юми моддаи 157, моддаҳои 160,186,187,1871, 2033,2061, қисми 3-юми моддаи 220, моддаҳои 227,233, моддаҳои 2341, 240, 2401,2402, 2403, 241,242,2422 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд;
в) шахсоне, зиёда аз ду бор барои ҷиноятҳои барқасд, инчунин пештар барои ҷиноятҳои дар банди «а» ва «б»-и  ҳамин модда зикршуда суд шудаанд;
г) онҳое, ки ресидивистҳои махсусан хавфнок дониста шудаанд;
д) онҳое, ки пештар ба тариқи авф ё авфи умумӣ озод шудаанду боз барқасд ҷиноят содир карданд, инчунин шахсоне, ки шартан пеш аз мўҳлат озод шудаанд ва дар давоми мўҳлати тамом нашудаи ҷазо аз нав қасдан ҷиноят содир карданд;
е) шахсоне, ки режими нигоҳдориро барқасдона вайрон карданд.
 
9.  Мўҳлати боқимондаи ҷазои шахсоне, ки мувофиқи ҳамин Фармон аз ҷазо озод  намешаванд, кам карда шавад:
а) онҳое, ки ба корҳои ислоҳотӣ бе маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанд –  нисфи мўҳлати ҷазо;
б) онҳое, ки шартан ба маҳрум намудан аз озодӣ бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат ҷазо гирифтаанд ва аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат шартан озод шудаанд, ба ғайр аз шахсоне, ки дар бандҳои «б» ва  моддаи 2-юми ҳамин Фармон нишон дода шудаанд – нисфи  мўҳлати ҷазо;
в) маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳо меҳнатӣ адо мекунанд ва на камтар аз сеяки мўҳлати ҷазоро адо намудаанд;
-  шахсоне, ки на бештар аз ду бор ба ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанд - нисфи мўҳлати ҷазо;
-  шахсоне, ки бештар аз ду бор ба ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанд – сеяки мўҳлати ҷазо.
 
10.  Мувофиқи моддаи 9-уми ҳамин Фармон мўҳлати ҷазои шахсоне, ки режими нигоҳдориро дағалона вайрон мекунанд, шахсоне, ки пештар ба тариқи авф ё авфи умумӣ аз ҷазо озод шудаанду боз қасдан ҷиноят содир кардаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки шартан пеш аз мўҳлат озод шудаанду дар давоми мўҳлати тамомнашудаи ҷазо боз қасдан ҷиноят содир кардаанд кам карда нашавад.
 
11.  Ҳамин Фармон аз рўзи қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад ва шахсоне, ки аз тарафи додгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда, тавассути мақомоти тафтишотии ҷумҳурӣ ба  ҷавобгарии  ҷиноятӣ  кашида  шудаанд,  инчунин  ба  шахсоне, ки дар моддаи 6-уми ҳамин Фармон номбар шудаанд, татбиқ мегардад  ва дар муддати шаш моҳ воҷиби иҷро мебошад.
 
 
Раиси
Шўрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                     Э. Раҳмонов
 
ш. Душанбе, 25 августи соли 1994
№315
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 11:18
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
395
Мақомот: 
Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
10.09.1991
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АВФ
 
 (Ахбори Шўрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №18, мод. 242)
 
Нисбати эълон кардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
 
1. Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо озод карда мешаванд:
а) мардони аз 55 сола боло ва занҳои аз 50 сола боло;
б) шахсоне ки мувофиқи тартиби муқараркардаи Қонун маъюбони гўруҳи 1 ва 2 дониста шудаанд;
в) занҳое,ки кўдакони ноболиғ доранд ва занҳои ҳомила;
г) иштирокчиени Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда.
2. Занҳо ва ноболиғоне, ки ба муҳлати то 3 соли пурра аз озодӣ маҳрум шудаанд ё ба ҷазое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста нест, аз ҷазо озод карда шаванд.
3. Аз ҷазои адои иловагӣ дар шакли бадарға аз ҷои муайян ва ба ҷои муайян шахсони дар моддаҳои 1 ва 2 Қонуни номбаршуда озод карда шаванд.
4. Нисфи мўҳлати ҷазои боқимондаи шахсоне, ки бори аввал барои ҷиноятҳои зайлро содир карданашон маҳкум шудаанд (ба ғайр аз шахсони дар моддаи 6 ҳамин Қонун нишон додашуда), кам карда шаванд:
а) барои беэҳтиёти аз озодӣ маҳрум шудаанд;
б) қасдан вале на ҷинояти сахт агар, онҳо барои ин ҷинояташон ба муҳлати 5 соли пурра аз озоди маҳрум шуда бошанд;
в) аз рўи беэҳтиётӣ ё қасдан, ки барои ин онҳо аз озодӣ шартан бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат маҳкум шудаанд ё бо маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанду вале аз ҷойҳои маҳруми аз озодӣ шартан бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат озод карда шудаанд;
г) аз рўи беэҳтиёти ё қасдан ки барои ин ҳоно ба меҳнати ислоҳотӣ бидуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум гаштаанд.
5. Истеҳсоли ҳамаи делоҳои тафтишотӣ ва делоҳои зайл, ки аз тарафи судҳо барраси нагардидаанд, қатъ карда шаванд:
а) дар бораи ҷиноятҳое, ки то эътибор пайдо кардани  ҳамин Қонун  аз тарафи шахсони дар моддаи 1 Қонун номбаршуда, содир гардидаанд;
б) дар хусуси ҷиноятҳое, ки барои он аз тарафи Қонун ҷазо ба шакли маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати 5 соли пурра ё ҷазое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста несту онҳо то эътибор пайдо кардани  ҳамин Қонун аз тарафи шахсони дар моддаи 2 Қонун номбаршуда содир гаштаанд;
в) дар хусуси ҷиноятҳое, ки барои онҳо Қонун дар шакли аз озодӣ маҳрум кардан ба муҳлати 3 соли пурра ҷазо пешбинӣ кардааст ё ҷазое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста несту то эътибор пайдо кардани  ҳамин Қонун аз тарафи шахсони дар  моддаи 3 Қонун номбаршуда содир гардидаанд.
6. Авф нисбат ба шахсони дар моддаҳои 1,2,3 ва 5 Қонуни номбаршуда аз ҷумла:
а) ба шахсоне, ки бораи ҷиноятҳои махсусан хатарноки давлатӣ (моддаи 61-70): вайрон кардани баробарҳуқуқии миллӣ ва нажодӣ (моддаи 71); фош кардани сири давлатӣ (моддаи 72); бандитизом (моддаи 74); ҳаракатҳое, ки кори идораю муассисаҳои ислоҳоти меҳнатиро вайрон мекунанд (моддаи 75); контрабанда (моддаи 76); бетартибиҳои омаваӣ (моддаи 77); тайёр кардан ё ба муомилот гузаронидани пул ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ (моддаи 85); вайрон кардани қоидаҳои опарацияҳои асъори (моддаи 86); қасдан одам куштан (моддаи 104); қасдан одам куштан бе ҳолатҳои вазнинкунанда (моддаи 105); фарзанди навтаваллудшудаи худро қасдан куштани модар (моддаи 106); қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ (моддаи 111); таҷовуз кардан ба номус (моддаи 121); сўиқасд ба ҳайёти судья, прокурор, муфаттиш, коркуни милиция. дружиначии халқи ва машваратчии халқӣ (моддаи 2061); маҷбуран рози кардан ба додани молу мулки давлатӣ, коперативи ё ҷамъиятӣ (моддаи 95); дуздидани молу мулки давлатӣ ё ҷамъияти бо роҳи тасаруф (қисмҳои ду, се ва чори моддаи 89); дуздидани молу мулки давлатӣ ё ҷамъияти бо роҳи ғоратгари (моддаи 90); роҳзани бо мақсади тасарруф молу мулки давлатӣ ё ҷамъияти (моддаи 91); дуздидани молу мулки давлатӣ ё ҷамъияти миқдораш калон ва махсусан калон (қисми сеюми ( моддаи 2033); хулигандии сахт ва махсусан сахт (қисми дуюм ва сеюми ғоратгарӣ (моддаи 155); роҳзани (моддаи 156); бачабозӣ бо ҳолатҳои вазнин (қисми дуюми моддаи 125); маҷбуран рози кардан (моддаи 160); гирифтани пора (моддаи 186); додани пора (моддаи 187); миёнаравӣ дар порахўрӣ (моддаи 1871); ташкил ё иштироки фаъолона дар амалиёти гурўҳие, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд (моддаи 2033); хулигандии сахт ва махсусан сахт (қисми дуюм ва сеюми моддаи 220); дуздида ронда бурдани воситаҳои нақлиети автомобилию моторӣ, ки дар ҳолатҳои сахт ба амал омадааст (қисми сеюми моддаи 227); дуздида ронда бурдан ё ғасби нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои ё баҳрӣ, вокзал, аэродром ё дигар корхона, муассиса, ташкилот, инчунин бороҳи нақлиёт (моддаи 2282); вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар корхонаҳо ё цехҳое, ки хатари таркиш доранд (моддаи 231); дуздии яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ё моддаҳои тарканда  (моддаи 233); ғайриқонуни тайёр кардан, ба даст овардан, нигоҳ доштан, кашондан, фиристодан ва ё фурўхтани моддаҳои наъшадор (қисмиҳои якум ва дуюми моддаи 240); дуздидани моддаҳои наъшаовар (2401), ба наъшакашӣ майл кардан (моддаи 2402); ташкил кардан ва ё нигоҳ доштани кўкнорхона  барои истеъмоли моддаҳои наъшаовар (моддаи 2411) маҳкум шудаанд;
б) рецидивисте, ки махсусан хатарнок дониста шудаанд;
в) якчанд маротиба барои ҷиноятҳои дар банди «а» ҳамин моддаи Қонун нишондодашуда суд шудаанд;
г) нисбат ба онҳое ки пештар санадҳои авф ё аз ҷазо озод шудан истифода шудаасту боз ҷиноят содир кардаанд;
д) шахсоне, ки курси пурраи табобат аз майзадагӣ ва наъшамандиро нагузаштаанд;
е) шахсоне ки дар давраи адои ҷазо тартибро қасдан вайрон кардаанд, татбиқ намегардад.
7. Қонун аз рўзи қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад ва танҳо ба шахсони аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкумшуда ва тавассути мақомоти тафтишотии ҷумҳўрӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда паҳн мегардад ва дар муддати се моҳ воҷиби татбиқ аст.
 
И.в. Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                          Қ. АСЛОНОВ
 
ш. Душанбе, 10 сентябри соли 1991,
№395
 
 
 
ҚАРОРИ
ШӮРОИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР ХУСУСИ ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
«ДАР БОРАИ АВФ»
 
(Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №18, мод. 243)
 
Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 1991 «Дар бораи авф» ба зиммаи мақомоти зайл гузошта шавад:
1) ба зиммаи судҳо нисбати шахсоне, ки:
Делоҳо ва материалҳои марбуташон то қабули Қонун баррасӣ нагардидаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки делоҳои марбуташон баррасӣ шудаанд, вале ҳӯқv қонунӣ нагардидааст;
шартан маҳкум гардиданд ва иҷрои ҳӯқv нисбаташон мавқуф гузошта шудааст (суд масъалаи истифодаи авфро аз рўи аризаи ҳамон муассисаи корҳои дохилие ҳал мекунад, ки аз болои рафтори маҳкумшуда назорат мебарад);
ба ҷарима маҳкум шудаанд, агар то рўзи қабули Қонун ҷарима ситонда нашуда бошад (масъалаи татбиқи авфро суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал мекунад);
шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд ва нисбати онҳо то рўзи қабули Қонун ҷазояшон ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (масъалаи истифодаи авфро суди маҳалли зисти авфшаванда ҳал мекунад).
Делоҳо ва материалҳои дар ҳами зербанд зикршударо нисбати шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд;
2) ба зиммаи муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ – нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ва колонияҳои табъид ҷазоро адо мекунанд;
3) ба зиммаи комендатураҳои махсус – нисбати маҳкумшудагоне, ки шартан аз озодӣ бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат маҳрум шудаанд, инчунин аз ҷойҳои маҳруми аз озодӣ бо ҷалби ҳатмӣ ба меҳнат шартан озод гардидаанд;
4) ба зиммаи шўъбаҳои корҳои дохилии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) – нисбати шахсони ба маҳрумӣ аз озодӣ маҳкумшуда ё шартан ба маҳрумӣ аз озоди маҳкумшуда бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат, ки дар ҳабс қарор надошта ё ба ҷои кор фиристода нашудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки бидуни маҳрум шудан аз озодӣ ба кори ислоҳотӣ маҳкум шудаанд;
5) ба зиммаи мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ – нисбати шахсоне, ки делоҳо ва материалҳои ҷиноятиашон дар истеҳсолоти ин мақомот мебошад.
2. Дар ҳолатҳои дар зербанди 2 – 5 банди 1 ҳамин Қарор зикрёфта авфро аз рўи қарорҳои иҷозатдодаи прокурорҳо раисони муассисаҳои дахлдори ислоҳотию меҳнатӣ, колонияҳои табъидӣ, комендатураҳои махсус шўъбаҳои корҳои дохилии ноҳиявӣ (шаҳрӣ), мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ татбиқ мекунанд.
Ҳангоми татбиқи Қонун «Дар бораи авф» дар судҳо иштирок кардани прокурор ҳатмист.
3. Қонун танҳо нисбати шахсони аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷиноятҳои дар ҳудуди ҷумҳурӣ то қабули Қонун содиршуда маҳкум гардидаанд, татбиқ мегардад.
4. Ҳангоми татбиқи моддаҳои 1, 2 ва 3 Қонун доғӣ судӣ, ки мувофиқи тартиби муқараргардидаи Қонун адо ё гирифта шудааст, ба назар гирифта намешавад.
5. Агар шахс дар моддаи 1, 2 ва 3 Қонун зикршуда барои содир кардани якчанд ҷиноят аз озодӣ маҳрум карда бошад ва агар ба ин шахс нуқтаҳои қонун «Дар бораи авф» танҳо нисбати содир намудани як ҷиноят паҳн гардад, дар он сурат авф нисбати ў қабул карда намешавад.
6. Ноболиғони авфшаванда мувофиқи моддаи 2 Қонун онҳое дониста мешаванд, ки баъди 9 сентябри соли 1973 таввалуд шудаанд.
7. Банди «а» моддаи 1 Қонун ба шахсоне, ки то 10 сентябри соли 1991 ба сини 55 ва 50 – солагӣ расидаанд, пурра паҳн мегардад.
8. Банди «б» моддаи 1 Қонун «Дар бораи авф» нисбат ба шахсони татбиқ мегардад, ки мувофиқи тартиби муқараршуда то қабул гардидани Қонун «Дар бораи авф» маъюб эътироф шудаанд.
9. Банди «в » моддаи 1 Қонун «Дар бораи авф» нисбат ба заноне татбиқ мегардад, ки то вақти қабул шудани Қонун ҳомиладор шудаанд ва бо хулосаи тиббии дахлдор тасдиқ шудааст. Занҳои бачагони ноболиғ дошта инчунин занҳоеро донистан лозим аст, ки то вақти қабул шудани Қонун фарзандхонди ноболиғ доранд.
Ин банд нисбат ба занҳое, ки аз фарзандонашон даст кашида. Онҳоро ба муассисаҳои давлатии бачагон супоридаанд ва дар нигоҳубин ва тарбияи он иштирок намекунанд, инчунин нисбат ба занҳое, ки аз ҳуқуқи волидӣ нисбат ба ҳамаи бачагони ноболиғ маҳрум шудаанд, татбиқ намегардад.
10. Қасдан вайронкунандагони режими нигаҳдори ё тартиби адои ҷазо инҳоро донистан лозим аст:
1) маҳкумоне, ки мунтазам талаботи режимро вайрон мекунанд ва на камтар аз се ҷазои интизоми муҳлаташ адонашуда ё бардоштанашуда бо назардошти дараҷаи вазнини вайронкорӣ доранд;
2) шахсоне, ки дар вақти адои ҷазо қасдан ҷиноят содир кардаанд;
3) шахсоне, ки нисбати онҳо корҳои ислоҳоти бо маҳрум кардан аз озодӣ иваз карда шуда бошад;
4) шахсоне, ки ба маҳалҳои маҳрумӣ аз озодӣ аз комендатураҳои махсус ё калонаҳои табъид фиристода шуда бошанд;
5) шахсоне, ки ба маҳалҳои маҳрумӣ аз озодӣ аз сабаби бекор кардани мавқуф гузоштани муҳлати иҷрои ҳукм ё маҳкумии шарти фиристода шудаанд.
Нисбат ба шахсони дар зербанди 1 ҳамин банд нишондодашуда дар бораи татбиқ нагардидани авф қарор қабул карда мешавад.
11. Шахсе ба анҷомрасондаи мўҳлати табобати маҷбурии таъинкардаи суд аз майзадагӣ ва наъшамандӣ ба ҳисоб меравад, ки нисбат бо он дар бораи қатъ намудани табобати маҷбурӣ таъиноти суд мавҷуд бошад.
12. Авф нисбат ба ҷиноятҳое, ки то қабул гардидани Қонун «Дар бораи авф» содир кардаанд, татбиқ намегардад.
13. Нисбат ба шахсоне. ки ҷиноятҳои тулонӣ ва бардавом содир кардаанд, авф танҳо дар мавриде татбиқ мегардад, ки агар ҷиноятҳо то қабул гардидани Қонун «Дар бораи авф» анҷом ёфта бошанд.
14. Татбиқи авф доғи судиро тоза намекунад.
15. Кумитаҳои иҷроияи Шўроҳои депутатҳои халқи вилоятӣ, Шуроӣ депутатҳои  халқи ноҳияву шаҳрҳо татбиқи масъалаҳои зайлро таъмин намоянд:
а) сари вақт ташкил намудани баҳисобгирии ҳамаи шахсони дар асоси Қонун «Дар бораи авф» аз адои ҷазо озодшуда, бокортаъминкунии ҳатмии онҳо дар мўҳлати на дертар аз понздаҳ рўзи баъди омадани онҳо ба ҷои истиқоматашон;
б) дар хонамаъюбон ҷойгир намудани маъюбон пиронсолони озодшудае, ки хешу табори ба таъминот мегирифтагӣ надоранд.
16. Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон рафиқ Ҳувайдуллоев Н. оиди ташдиди назорат аз болои истифодаи дурусти Қонун «Дар бораи авф» тадбир андешад.
17. Кумитаҳои иҷроияи Шўроҳои депутатҳои халқи вилоятӣ, Шўрои депутатҳои  халқи Вилояти Автономии Бадахшони Кўҳӣ, Шуроҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии депутатҳои халқ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30 декабри соли 1991 ба Президиуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои кор оиди амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 1991 ҳисобот пешниҳод намоянд.
 
 
Раиси
Шўрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                  Қ. АСЛОНОВ
 
ш. Душанбе, 10 сентябри соли 1991
№396
 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФИ ИШТИРОККУНАНДАГОНИ МУҚОВИМАТИ СИЁСӢ ВА НИЗОМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 11:20
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Рақам: 
485
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.08.1997
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АВФИ ИШТИРОККУНАНДАГОНИ
МУҚОВИМАТИ СИЁСӢ ВА НИЗОМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №15-16, мод. 258)
 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ сарфи назар аз мўҳлати ҷазои таъиншуда ва аз ҷазои бо маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманд набуда ва навъи ҷиноят, маҳкумшудагоне, ки дар муқовимати сиёсӣ ва низомӣ аз соли 1992 сар карда, то рўзи қабули Қарори мазкур иштирок доштанд, озод карда шаванд.
2. Ҳамаи парвандаҳои шахсони дар банди 1 ҳамин Қарор зикршуда, ки тафтишоташон боз дошта шудааст, давом дорад ва ё аз тарафи судҳо дида нашудааст, қатъ карда шаванд.
3. Дар ҳаққи шахсоне, ки дар давраи муқовимати сиёсӣ ва низомӣ кирдори барои ҷомеа хавфнок содир кардаанд, парвандаи ҷиноятӣ боз карда нашавад.
4. Аз ҷазо ва ҷавобгарии ҷиноятӣ шахсоне, ки бо моддаҳои 63 (Акти террористӣ), 74 (Бандитизм), 76 (Дар қисми контрабандаи маводи нашъаовар, моддаҳои сахттаъсиркунанда ва заҳролуд), 96 (Дуздидани молу мулки давлатӣ ё ҷамъиятии миқдораш махсусан калон), 104 (қасдан одам куштан бо ҳолатҳои вазнинкунанда), 105 (Қасдан одам куштан бе ҳолатҳои вазнинкунанда), 121 (Таҷовуз кардан ба номус), 240 (Ғайриқонунӣ тайёр кардан, ба даст овардан, нигоҳ доштан, кашондан, фиристодан ва ё фурўхтани моддаҳои нашъаовар), 2401 (Дуздидани моддаҳои нашъаовар), 241 (Киштан ва ё рўёнидани зироатҳои кишташон манъ кардашудае, ки дар таркибашон моддаҳои нашъаовар доранд) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст айбдор карда шудаанд, озод намешаванд.
Шахсоне, ки дар муқовимати сиёсӣ ва низомӣ аз соли 1992 то рўзи қабули Қарори авф иштирок доштанд ва бо содир намудани ҷиноятҳое айбдор шудаанд, ки бо моддаҳои зикршуда мувофиқ аст, ва онро ғаразнок мешуморанд, дар асоси пешниҳоди тарафайн ва Қарори Комиссияи оштии миллӣ шомили авф мешаванд.
5. Татбиқи  авф доғи судиро бартараф мекунад.
6. Қарори мазкур аз рўзи расман нашр шуданаш амал мекунад, ба ҳамаи шахсоне, ки аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд ва шахсоне, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотии ҷумҳурӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, татбиқ мешавад ва дар муддати чор моҳ мавриди иҷро қарор мегирад.
 
 
Муовини якуми
Раиси Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 А. Достиев
 
ш. Душанбе, 1 августи соли 1997
№485
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
 ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИДИ ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ АВФИ ИШТИРОККУНАНДАГОНИ МУҚОВИМАТИ СИЁСӢ ВА НИЗОМӢ
ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №15-16, мод. 259)
 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи мақомоти зерин гузошта шавад.
а) Ба зиммаи судҳо дар хусуси ашхосе, ки:
    парванда ва маводи ҷиноятияшон дар баррасии суд қарор дошта то дар амал татбиқ шудани Қарор дар бораи авф дида нашудаанд ва ҳамчунон нисбати ашхосе, ки ҷинояти онҳо муҳокима гардад, аммо ҳукмашон ба қувваи қонунӣ надаровадааст;
  шартан маҳкум шудаанд, ҳамчунон маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон ба таъхир гузошта шудааст (масъалаи ба онҳо татбиқ кардани авф бо пешниҳоди мақомоти умури дохила, рафтори маҳкумшудагонро назорат менамоянд, сурат мегирад);
  ба ҷарима додан ҳукм шудаанд, агар то вақти ба амал ҷорӣ шудани Қарор дар бораи авф ҷарима ситонида нашуда бошад (суде, ки ҳукм кардааст, масъалаи татбиқи авфро муайян менамояд);
  аз ҷавобгарӣ шартан – бармаҳал озод карда шудаанд ва қисми ҷазои нокашидаашон то дар амал ҷорӣ шудани Қарор дар бораи авф ба ҷазои сабуктаре иваз карда шудааст (масъалаи татбиқи амали авфро суде  ҳал мекунад, ки дар бораи татбиқи аз ҷавобгарӣ шартан бармаҳал озод кардан, қисми иҷронашудаи мўҳлати ҷазоро ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз, таъинот баровардааст);
 маҳкумшудагоне, ки барояшон ба сифати ҷазо ҳуқуқи ишғоли ин ё он вазифа ва машғул шудан ба фаъолияти муайяне манъ карда шудааст.
б) Ба зиммаи мақомоти умури дохила:
    нисбати ашхоси аз озодӣ маҳрумшудае, ки ҳукмашон ба қувваи қонунӣ даромадааст, аммо дар ҳабс нестанд ё ашхосе, ки шартан аз озодӣ маҳрум карда шуда ба таври маҷбурӣ ба кор ҷалб карда мешаванд, аммо ҳанўз ба ҷои кор фиристода нашудаанд;
  нисбати ашхосе, ки ҷазояшон ба сифати кори ислоҳӣ бе маҳрум аз озодӣ муайян карда шудааст.
в) Ба зиммаи муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ:
   нисбати ашхосе, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ мўҳлати ҷазоро адо мекунанд.
г) Ба зиммаи комендатураҳои махсус:
   нисбати ашхосе, ки шартан аз озодӣ маҳрум карда шуда, ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда шудаанд ва ҳамчунин ашхосе, ки шартан аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ озод карда шудаанд ва ҳатман ба меҳанти маҷбурӣ ҷалб карда шудаанд.
2. Қарор дар бораи татбиқи авф нисбати ҳар як шахс ба таври алоҳида қабул карда мешавад.
3. Қарори татбиқи авф, ки мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, мақомоти умури дохила, ҳамчунон маъмурияти муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ ва комендатураҳои махсус қабул кардаанд, аз тарафи прокурор тасдиқ карда мешаванд.
Ҳангоми аз тарафи судҳо татбиқ намудани авф иштироки прокурор ҳатмӣ  аст.
4. Қарор дар бораи авф нисбати ашхосе татбиқ мешавад, ки аз ҷонибӣ судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум карда шудаанд, ҳамчунин нисбати онҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ то қабули Қарор дар бораи авф ҷиноят содир кардаанд.
5. Ҳангоми татбиқи банди 1,2 Қарор дар бораи авф доғи судии пештара ба назар гирифта намешавад.
6. Бандҳои 1, 2 Қарор дар бораи авф ба ашхосе татбиқ мешавад, ки дар муқовимати ҳарбӣ-сиёсӣ аз соли 1992 сар карда то қабули Қарор дар бораи авф иштирок намудаанд. Ҳақиқати иштироки ин ашхос дар муқовимати ҳарбӣ-сиёсӣ дар асоси асноди мақомоти марбута тибқи рўйхати пешниҳодкардаи тарафайн муайян карда мешавад.
7. Ба ашхосе, ки нисбати онҳо ҳамзамон ба ҷазое, ки барои ҷинояташон муайян шудааст, чораҳои маҷбурӣ аз амрози майзадагӣ, нашъамандӣ ва венерикӣ муқаррар гардидааст ва бояд тибқи Қарор дар бораи авф аз ҷазо озод карда шаванд, авф баъди ба охир расидани табобат татбиқ карда мешавад.
Асос барои эътироф намудани баохиррасии табобати маҳкумшудае, ки касалии венерикӣ дорад, хулосаи тиббӣ ба ҳисоб меравад нисбати ашхосе, ки суд барои онҳо табобати маҷбурӣ аз майзадагӣ ва нашъамандиро муайян кардааст, таъиноти суд дар бораи қатъи табобати маҷбурӣ ба ҳисоб меравад.
8. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати судиро аз болои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди дуруст татбиқ намудани Қарор дар бораи авф таъмин намояд.
9. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати дуруст татбиқ шудани Қарор дар бораи авфро таъмин кунад ва санади бекор кардани ҷустуҷў ва боздошти шахсони таҳти таъқиб бударо ба мақомоти дахлдори ИДМ ирсол намояд.
10. Комиссияи оштии миллӣ назорати умумии иҷрои Қарори авфро таъмин намояд.
 
 
Муовини якуми
Раиси Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 А. Достиев
 
ш. Душанбе, 1 августи соли 1997
№486
 

Pages