ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 10:39
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
758
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Сешанбе, 2 Август, 2011

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7–8, мод. 612; с. 2015, № 11, мод. 973)

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1252, аз 3.08.2018 № 1551)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявии низоми суғуртаи ҳатмии пасандозҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумла тартиби таъсис ва фаъолияти Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеиро муқаррар карда, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои пасандоздорон ва таҳкими боварии аҳолиро ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- суғурта - муносибат оид ба ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон аз хавфи муфлисшавии ташкилотҳои қарзӣ;

- ҳолати суғуртавӣ - барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ", ки сабаби ба вуҷуд омадани ӯҳдадории Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ оид ба ҷуброни пули суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии муфлисшуда мегардад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551);

- ташкилотҳои қарзӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;

- бонки мутавассит - бонке, ки барои қабули дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва ё иҷрои вазифаҳои ташкилоти қарзие, ки таҳти маъмурияти муваққатӣ қарор дорад, таъсис дода шуда, амалиёти ҷудогонаи бонкиро анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551);

- пасандоз - маблағе, ки бо шарти пардохти фоизи муайян ҳуқуқи истифодаи муваққатиаш ба ташкилоти қарзӣ дода шудааст;

- пасандоздор - шахси воқеие, ки дар ташкилоти қарзӣ пасандоз дорад;

- Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд-Хазина) - шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ, ки дорои тавозуни мустақил ва мӯҳри мудаввар бо сабти номи худ ва акси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздоронро бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ҳимоя менамояд;

- пасандозҳои суғурташуда - пасандозҳое, ки тибқи Қонуни мазкур объекти ҳатмии суғурта мебошанд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1252);

- касри Хазина - маблағи нокифояи Хазина, ки барои ҷуброни пули суғуртаи пасандоздорон зарур аст;

- пардохтҳо -ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва иловагӣ, ки ташкилотҳои қарзӣ мутобиқи Қонуни мазкур ба Хазина пардохт менамоянд;

- ҷубронпулии суғурта - маблағе, ки пасандоздор ба гирифтани он мутобиқи Қонуни мазкур ҳангоми фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҳуқуқ дорад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).

Моддаи 3. Принсипҳои асосии суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

Принсипҳои асосии суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ инҳо мебошанд:

- ҳатмӣ будани узвият ба Хазина барои ташкилотҳои қарзие, ки ҳуқуқи ҷалби пасандозҳои шахсони воқеиро доранд;

- шаффофияти суғурта кардани пасандозҳои шахсони воқеӣ дар ташкилотҳои қарзӣ.

БОБИ 2. ХАЗИНАИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ

Моддаи 4. Мақоми ҳуқуқии Хазина

1. Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, дорои тавозуни мустақилу мӯҳр аст ва дар асоси шартномаи байни бонкҳо ва Оинномаи вай, ки муассисони Хазина тасдиқ кардаанд, фаъолият мекунад.

2. Маҳалли ҷойгиршавии Хазина шаҳри Душанбе мебошад.

3. Хазина фаъолияти худро мутобиқи Қонуни мазкур бе иҷозатнома амалӣ менамояд.

4. Ҳуҷҷати таъсисии Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Оинномаи он буда, шартҳояш пурра ва дар ҳаҷме, ки нисбати Қонуни мазкур мухолифат накунад, амал мекунад.

5. Хазина вориси ҳуқуқии Фонди кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ буда, мутобиқи Қонуни мазкур ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, молу мулк ва кафолатҳои онро ба зимма мегирад.

6. Муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими бозори сурғурта ва фаъолияти суғуртавӣ ба фаъолияти Хазина татбиқ намегардад.

Моддаи 5. Мақсадҳои Хазина

Мақсадҳои Хазина инҳоянд:

- ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта тибқи Қонуни мазкур;

- таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 6. Вазифаҳои Хазина

1. Хазина барои ноил гардидан ба мақсадҳои худ:

- ҷубронпулии суғуртаро сари вақт муайян ва ба пасандоздорон пардохт мекунад;

- феҳристдори ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеии аъзои Хазина мебошад.

- пардохтҳои ташкилотҳои қарзиро арзёбӣ мекунад;

- ҷамъоварӣ ва баҳисобгирии пардохтпулиҳоеро, ки аз ташкилотҳои қарзӣ гирифта шудаанд, инчунин мониторинги саривақтии онҳоро амалӣ менамояд;

- маълумот, ҳисобот ва иттилоотеро, ки барои фаъолияти Хазина зарур аст, аз ташкилотҳои қарзӣ мегирад;

- бо мақсади андӯхти молу мулки Хазина маблағҳои Хазинаро сармоягузорӣ, идора ва ҷойгир мекунад;

- тибқи моддаи 31(1) Қонуни мазкур тавассути маблағгузорӣ дар таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ иштирок менамояд, ки он интиқоли пасандозҳои суғурташударо ба ташкилоти қарзии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит, ҳамчун иҷро намудани уҳдадорӣ аз рӯи ҷуброни суғуртавии пасандозҳои бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ва Қонуни мазкур пешбинишуда дар назар дорад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551);

- дар сурати касри Хазина барои гирифтани қарз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд;

- аз Бонки миллии Тоҷикистон андешидани чораҳои ислоҳнамоӣ ва таъсиррасониро нисбат ба ташкилоти қарзӣ ҳангоми риоя накардани Қонуни мазкур дархост мекунад;

- ҳангоми зарурат ва дар доираи қонун ба ташкилотҳои қарзӣ амрнома дода, иҷрои онро талаб менамояд;

- санадҳои меъёрӣ (қоидаҳо, дастурамалҳо ва ғайра) содир карда, иҷрои онҳоро талаб менамояд;

- бо мақсади нигаҳдории боварии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи таъмини кафолати пасандозҳои шахсони воқеӣ аҳли ҷомеаро хабардор менамояд;

- хароҷоти амалиётии Хазинаро ҷуброн мекунад;

- вазифаи хизматрасонии молиявиро анҷом медиҳад;

- дигар вазифаҳоро, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои Хазина заруранд, иҷро мекунад.

2. Хазина, аъзои Шӯрои нозирон, Раис, кормандони Хазина ва дигар шахсоне, ки тибқи талаботи Қонуни мазкур дар доираи ваколатҳои худ амал мекунанд, барои ҳар гуна зарар ё талафоти расонидаашон ҳангоми иҷро намудани ваколатҳои худ масъул намебошанд.

Моддаи 7. Маблағи Хазина

1. Маблағи Хазина аз пардохтҳо, даромад аз сармоягузорӣ, маблағи аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарз гирифташуда, маблағи барои қонеъгардонии шикояти пасандоздорон гирифташуда, ки манфиатҳои онҳо мутобиқи Қонуни мазкур ба Хазина вогузор шудаанд, инчунин аз дигар маблағҳое иборат мебошад, ки қонун манъ накардааст.

2. Андозаи ниҳоии маблағи Хазина дар ҳаҷми ҳафт фоизи ҳамаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки дар ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд аст, муқаррар карда мешавад.

Моддаи 8. Муносибати Хазина бо давлат

Хазина аз рӯи ӯҳдадориҳои давлат ва давлат аз рӯи ӯҳдадориҳои Хазина ҷавобгар нестанд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 9. Суратҳисобҳои Хазина

1. Хазина дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисоб дорад ва дар он бояд маблағи Хазина, ки барои ҷубронпулии суғурта зарур аст, нигоҳ дошта шавад.

2. Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи суратҳисоби Хазина фоизпардохт намекунад.

3. Хазина дар Бонки миллии Тоҷикистон барои воридшавии маблағ, хароҷоти ҷорӣ ва дигар маблағҳои Хазина суратҳисоби алоҳида дорад.

Моддаи 10. Сармоягузории Хазина

Хазина метавонад танҳо ба коғазҳои қиматноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки давлатҳои хориҷӣ ё бонкҳои марказии (миллии) хориҷии бонуфуз сармоягузорӣ кунад.

Моддаи 10(1). Маблағгузорӣ ба бонки мутавассит

(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551)

Дар ҳолати аз ҷониби Хазина ҷудо намудани сармоя ба бонки мутавассит, саҳмияҳои бонки мутавассит дар давоми 1 моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ивази коғазҳои қиматноки давлатӣ интиқол дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).

Моддаи 11. Ҳисоботдиҳии Хазина

1. Соли молиявии Хазина аз 1 январ оғоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад.

2. Хазина ба Шӯрои нозирони Хазина (минбаъд-Шӯрои нозирон) ҳисоботдиҳанда мебошад.

3. Ҳисоботи солонаи Хазина барои соли молиявӣ аз тарафи Раиси Хазина ҳар сол то 15 феврал ба Шӯрои нозирон пешниҳод гардида, он аз тарафи Шӯрои нозирон то 15 марта соли молиявии оянда тасдиқ карда мешавад.

4. Маълумоти ҷамъбастӣ дар бораи ҳисоботи солонаи Хазина, ҳисоботи тавозунӣ ва ҳисобот дар бораи фоида ва зарар дар давоми сӣ рӯзи баъди аз тарафи Шӯрои нозирон тасдиқ гардидани он дар воситаҳои ахбори омма нашр мегардад.

5. Ҳисоботи солонаи Хазина аз инҳо иборат аст:

- ҳисобот дар бораи фаъолияти Хазина дар соли молиявӣ;

- тавозуни муҳосибавии Хазина;

- ҳисобот дар бораи иҷрои харҷнома;

- таҳлили ҳолати низоми суғуртаи пасандозҳо;

- таҳлили истифодаи маблағи Хазина;

- дар бораи фоида ва зарари Хазина;

- тавозуни воситаҳои гардони Хазина;

- нусхаи Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ, ки дар охири соли молиявӣ узви Хазина буданд.

6. Фаъолияти Хазина ҳар сол мавриди санҷиши аудитории берунӣ қарор мегирад.

7. Хазина ҳар сол то 30 апрел ҳисоботи солона ва хулосаи аудитро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

БОБИ 3. УЗВИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ БА ХАЗИ

Моддаи 12. Узвияти ташкилотҳои қарзӣ ба Хазина

1. Ҳар як ташкилоти қарзие, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои ҷалби пасандозҳои шахсони воқеӣ дорад, узви Хазина мебошад.

2. Хазина дар давоми се рӯзи кори баъди пардохти ҳаққи узвият ташкилоти қарзиро дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дохил намуда, ба он тасдиқномаи узвиятро медиҳад.

Моддаи 13. Феҳристдории ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

1. Феҳристдории ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба зиммаи Хазина буда, он ҳар семоҳа дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.

2. Хазина дар ҳолатҳои зерин ташкилоти қарзиро аз Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ хориҷ карда, тасдиқномаи узвиятро бозхонд менамояд:

- ҳангоми бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ ва ба пасандоздорон пурра ҷуброн кардани пули суғурта;

- ҳангоми бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ бинобар барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бидуни асосҳои муфлисшавӣ ва ба пасандоздорон пурра ҷуброн кардани пули суғурта;

- ҳангоми розӣ будани Бонки миллии Тоҷикистон барои ихтиёран қатъ намудани фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва пурра иҷро гардидани ӯҳдадориҳои он дар назди пасандоздорон.

3. Хазина дар давоми се рӯзи кори ба ташкилоти қарзӣ дар бораи ба Феҳристи низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дохил ё аз он хориҷ кардан ба таври хаттӣ хабар медиҳад.

Моддаи 14. Ӯҳдадориҳои ташкилотҳои қарзӣ

Ташкилоти қарзии узви Хазина ӯҳдадор аст:

- мувофиқи Қонуни мазкур пардохтҳоро супорад;

- баҳисобгирии пасандозҳои суғурташударо бо тартибе, ки Хазина муқаррар кардааст ва он ба ташкилоти қарзӣ имконияти гирифтани маълумоти пурраро дар бораи пардохти ҷубронпулии суғурта медиҳад, ба анҷом расонад;

- ба Хазина бо тартибе, ки барои иҷрои вазифаҳояш муқаррар кардааст, ҳисобот ва маълумот пешниҳод намояд;

- оид ба дараҷаи суғуртаи пасандозҳо ва узвият ба Хазина дар ҷойҳои намоёни бинои ташкилотҳои қарзӣ маълумот ҷойгир намояд;

дар бораи ихтиёран қатъ намудани фаъолияташ пасандоздоронро хабардор намояд;

- ба Хазина оид ба ҳар ҳолате, ки барои иҷрои шартҳои пасандозҳои суғурташуда имкон намедиҳад, фавран хабар диҳад;

- ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ фавран ба Хазина дар бораи пасандозҳо маълумоти пурра пешниҳод намояд;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хазина (қоидаҳо, дастурамалҳо ва ғайра)-ро риоя намояд.

БОБИ 4. ПАРДОХТҲО

Моддаи 15. Ҳаққи узвият

Ташкилоти қарзӣ дар давоми се рӯзи баъди гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 0,5 фоизи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ҳаққи бебозгашти узвиятро ба Хазина бо пули миллӣ пардохт мекунад.

Моддаи 16. Пардохтҳои тақвимӣ

1. Ташкилоти қарзӣ ҳар семоҳа ба андозаи 0,1 фоиз барои пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ ва 0,3 фоиз барои пасандозҳои шахсони воқеӣ бо асъори хориҷӣ аз рӯи бақияи миёнаи семоҳаи гузаштаи онҳо, ки дар ташкилоти қарзӣ мавҷуданд ва бояд суғурта шаванд, ба истиснои пасандозҳои шахсони воқеии дар моддаи 24 Қонуни мазкур пешбинишуда, пардохтҳои тақвимии бебозгаштро бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ пардохт менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).

2. Ташкилоти қарзӣ ба суратҳисоби Хазина то бистуми моҳи якуми пас аз семоҳаи анҷомёфта пардохтҳои тақвимиро пардохт мекунад.

3. Бақияи миёнаи ҳаррӯзаи тавозунии пасандозҳои суғурташуда барои семоҳа заминаи ҳисобкунии пардохтҳои тақвимӣ ба ҳисоб меравад. 4. Барои муқаррар кардани пардохтҳои тақвимӣ аз рӯи пасандозҳои суғурташуда бо асъори хориҷӣ бақияи ҳаррӯзаи тавозунии онҳо бо пули миллӣ аз рӯи қурби расмии муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон дар охири рӯз истифода мешавад.

4. Ҳар як ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст ҳар се моҳ, ба шарти дар ин муддат дар ташкилоти қарзӣ ҷой доштани ҳолати суғуртавӣ, дар рӯзи ба вуқӯъ омадани ҳолати суғурта пардохтҳои тақвимиро пардохт намояд.

Моддаи 17. Пардохтҳои иловагӣ

1. Ташкилотҳои қарзӣ, ба истиснои ташкилоти қарзие, ки дар он ҳолати суғуртавӣ ба вуқӯъ омадааст, бо мақсади рафъи касри Хазина ба андозаи дукаратаи пардохтҳои тақвимӣ ба Хазина пардохтҳои иловагии якдафъаинаро месупоранд.

2. Мӯҳлати пардохтҳои иловагӣ аз ҷониби Хазина муқаррар карда мешавад.

Моддаи 18. Маблағгузории касри Хазина

1. Ҳангоми нарасидани маблағ Хазина ҳуқуқ дорад барои ҷуброни касри он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гирифтани қарз муроҷиат намояд.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муроҷиати Хазина барои ҷуброни касри маблағи он оид ба ҷудо намудани қарз, аз ҷумла шартҳои ҳисобӣ кардан ва баргардонидани қарз қарор қабул менамояд.

Моддаи 19. Баҳисобгирии пардохтҳо

Маблағи ҳаққи узвият, маблағи пардохтҳои тақвимӣ ва иловагӣ, ки ташкилотҳои қарзӣ ба Хазина пардохт менамоянд, ба хароҷоти амалиётии онҳо ворид карда мешаванд.

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои насупоридани пардохтҳо

1. Ташкилоти қарзӣ дар ҳолати пурра ё сари вақт пардохт накардани пардохтҳои тақвимӣ ё иловагӣ ӯҳдадор аст иловатан барои ҳар як рӯзи таъхир ба андозаи як фоизи маблағи пардохтнашуда ба Хазина ноустуворона супорад.

2. Раиси Хазина дар бораи рӯёнидани ноустуворона ба ташкилоти қарзӣ огоҳинома ирсол менамояд.

3. Ҳангоми аз ҷониби ташкилоти қарзӣ дар мӯҳлати се рӯз иҷро накардани огоҳиномаи мазкур, Хазина ҳуқуқ дорад дар бораи рӯёнидани пардохтпулиҳои дахлдор бо ариза ба суд муроҷиат намояд.

БОБИ 5. ПАСАНДОЗДОРОН ДАР НИЗОМИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲО. ОБЪЕКТИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲО. АНДОЗА ВА ТАРТИБИ ПАРДОХТИ ҶУБРОНПУЛИИ СУҒУРТА АЗ РӮИ ПАСАНДОЗҲО

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1252)

Моддаи 21. Ҳуқуқи пасандоздорон

Пасандоздорон ҳуқуқ доранд:

- ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи пасандозҳо бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур гиранд;

- тибқи дархост аз ташкилоти қарзӣ ва Хазина дар бораи узвият ба Хазина ва дар бораи дараҷаи суғуртаи пасандозҳо, ки Хазина барои пасандозҳо муқаррар намудааст, маълумот дастрас намоянд;

- ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ аз вай пардохти фарқияти байни маблағи пасандози ибтидоӣ бо фоизҳои то охири рӯзи ҳолати суғуртавӣ ҳисобшуда ва ҷубронпулии пардохтшудаи суғуртаро талаб намоянд.

Моддаи 21(1). Объекти ҳатмии суғурта

(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1252)

Ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ оид ба баргардонидаыи пасандозҳои дар суратҳисобҳои бонкӣ гузоштаи шахсони воқеӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар сурати барҳамдиҳии маҷбурии он, ки бо шартномаҳои пасандози бонкӣ ва (ё) суратҳисобҳои бонкии кортҳои пардохтии маош ва нафақа ва ё дафтарчаи амонат тасдиқ шудаанд, объектҳои ҳатмии суғуртакунӣ ба ҳисоб мераванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1252).

Моддаи 22. Ҷуброни пули суғуртаи пасандозҳо

1. Ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ Хазина ба пасандоздор маблағи пасандозҳои дар ташкилоти қарзӣ суғурташударо ҷуброн менамояд. Андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 500 (панҷсад) ва аз рӯи пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1252, аз 3.08.2018 № 1551).

2. Бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни мазкур андозаи ҷубронпулии суғурта чунин муқаррар карда мешавад, агар:

- пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби пасандозӣ бо пули миллӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулии суғурта ба андозаи на бештар аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад;

- пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби пасандозӣ бо асъори хориҷӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулии суғурта на бештар аз 350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад;

- пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ суратҳисобҳои пасандозӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дошта бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ дар асоси меъёрҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда пардохт карда мешавад, вале дар ҳар сурат андозаи умумии ҷубронпулии суғурта барои пасандозҳо набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).

3. Фоизи пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешавад. Агар ҳолати суғуртавӣ дар якчанд ташкилоти қарзӣ фаро расад, ки дар онҳо пасандоздор пасандоз дорад, он гоҳ андозаи ҷубронпулии суғурта барои ҳар як ташкилоти қарзӣ алоҳида ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).

4. Пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.

5. Пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.

6. Пасандозҳое, ки дар суратҳисоби муштараки ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳамчун як пасандоз дониста мешаванд ва ҷубронпулии суғурта ба соҳибони суратҳисоби пасандоз бо ҳиссаҳои баробар ё ҳиссаҳое, ки байни онҳо мувофиқа шудааст, пардохт карда мешавад.

7. Агар соҳиби суратҳисоби муштараки пасандоз дар ташкилоти қарзӣ ҳисоби дигари пасандоз дошта бошад, он гоҳ маблағи ҳиссаи пасандоздори пасандози муштарак бо маблағи дигари ҳисоби пасандоз якҷоя карда, ҳамчун як пасандоз дониста мешавад.

8. Агар яке аз падару модар ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардани пасандозҳои суратҳисоби кӯдаки ноболиғро дошта, манфиати кӯдаки ноболиғ дар созишномаи пасандоз бо ташкилоти қарзӣ зикр шуда бошад, дар ин ҳолат ҷубронпулии суғурта барои кӯдаки ноболиғ дар асоси боварӣ ба падар ё модар пардохт карда мешавад. Ин пасандоз аз ҳар гуна дигар суратҳисобе, ки кӯдаки ноболиғ манфиатдори он мебошад, алоҳида ҷуброн карда мешавад.

9. Агар васӣ ё парастор ҳуқуқи ихтиёрдории ҳисоби пасандозро дошта, манфиатдори ҳисоби пасандоз дар созишномаи пасандоз бо ташкилоти қарзӣ нишон дода шуда бошад, он гоҳ ин гуна шахс ҳуқуқ дорад ҷубронпулии суғуртаро бо боваринома барои шахсе, ки манфиатдори ҳисоби пасандоз аст, гирад ва ин гуна пасандоз аз ҳар гуна ҳисоби дигаре, ки манфиатдор дорад, алоҳида ҷуброн карда мешавад.

10. Маблағи суратҳисобҳои пасандози падару модар, васиҳо ва парасторон, ки дар қисмҳои 8 ва 9 моддаи мазкур зикр шудаанд, аз маблағи суратҳисобҳои пасандозҳое, ки ба онҳо шахсан; мансубанд, алоҳида ҷуброн карда мешаванд.

11. Агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ дар натиҷаи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ ё табдилёбии ду ё зиёда ташкилоти қарзӣ беш аз як суратҳисоби пасандоз дошта бошад, он гоҳ маблағи ҳар як суратҳисоби пасандоз ҳамчун як пасандоз дониста, то рӯзи пардохти пасандоз ё маблағи суратҳисобҳо, агар бошанд, бояд алоҳида ҷуброн карда шавад. 12. барои пасандозҳои суғурташуда, ки аз рӯи шартҳои онҳо мӯҳлати пардохт дар рӯзи ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ фаро нарасидааст, мӯҳлати пардохт дар ҳамин рӯз фарорасида ҳисобида мешавад.

13. Барои пардохти ҷубронпулии суғурта Хазина метавонад бо ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати хизматрасонии хазинавӣ созишнома бандад.

14. Шахсе, ки ҳуқуқи пасандоздорро барои пасандозҳо баъди фаро расидани ҳолати суғуртавӣ соҳиб шудааст, ба гирифтани ҷубронпулӣ ҳуқуқ надорад.

Моддаи 23. Ҳолатҳои қонеъ нагардонидани талабот

Ба пасандоздор ё шахсе, ки тибқи Қонуни мазкур ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулиро надорад ва ба Хазина маълумоти бардурӯғ ё нодурустро пешниҳод кардааст, маблағ ҷуброн карда намешавад.

Моддаи 24. Ҳолатҳои ҷуброн накардани пасандозҳо

Ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои зерини шахсони воқеӣ пардохт карда намешавад:

- пасандозҳое, ки ба онҳо ташкилоти қарзӣ барои ҳисобӣ кардани қарзҳо бо пасандоздорон дар доираи маблағи қарзи пасандоздор ҳуқуқ дорад;

- пасандозҳое, ки таҳти гарав қарор доранд;

- пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё пасандозҳое, ки аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд;

- пасандозҳое, ки аз рӯи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд;

- пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551);

- пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҷалб шуда буданд;

- пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;

- пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд;

- пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ;

- пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).

Моддаи 25. Қоидаҳои умумии пардохти ҷубронпулии суғурта

1. Пасандоздор ё намояндаи ӯ ҳуқуқ дорад барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар давоми як соли ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Хазина ба вай муроҷиат кунад.

2. Хазина дар давоми панҷ рӯзи пас аз ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ва баъди аз ташкилоти қарзӣ гирифтани маълумоти пурра оид ба ӯҳдадориҳо дар назди пасандоздорон дар бораи ҷой, вақт ва тартиби қабули дархостҳо барои пардохти ҷубронпулии суғуртаи пасандозҳо дар воситаҳои ахбори омма эълон интишор намуда, нусхаи онро ба ташкилоти қарзӣ ирсол менамояд.

3. Бо дархости пасандоздор Хазина маълумотеро, ки дар қисми 2 моддаи мазкур зикр гардидааст, фавран ба вай пешниҳод менамояд.

4. Хазина ба пасандоздор дар давоми панҷ рӯзи баъди гирифтани дархост барои пардохти ҷубронпулии суғурта, беруннависи Феҳристи пасандоздорони ташкилоти қарзиро бо нишон додани суратҳисоби пасандоз, инчунин бақияи ҳисобҳо ва фоизҳои ҳисобшударо дар рӯзи ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ва ҷубронпулии суғурта пешниҳод менамояд.

5. Хазина ҷубронпулии суғуртаро дар давоми даҳ рӯзи баъди пешниҳоди беруннависи Феҳристи пасандоздорон ба пасандоздор пардохт карда, дар ин бора ташкилоти қарзиро хабардор мекунад.

6. Агар Хазина дар давоми даҳ рӯзи баъди пешниҳоди беруннависи Феҳристи пасандоздорон ҷубронпулии суғуртаро пардохт накунад, он гоҳ Хазина барои маблағи пардохтнашуда аз рӯи меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон то рӯзи пардохти ҷубронпулӣ фоиз пардохт мекунад.

7. Ҷубронпулии пасандозҳо имкон дорад аз тарафи Хазина ё бонки хизматрасони вай дар асоси аризаи пасандоздор дар шакли нақдина ва ғайринақдина тавассути гузарондани маблағ ба ҳисоби нишондодаи пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ пардохт карда шавад.

8. Интиқоли пасандозҳои суғурташудаи ташкилоти қарзии таҳти таҷдиди сохтор қарордошта ба ташкилоти қарзии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит, тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ҳамчун иҷрои пурраи ӯҳдадориҳои Хазина дар назди пасандоздорони ҳамин ташкилоти қарзӣ ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).

Моддаи 26. Тамдиди мӯҳлати пешниҳоди дархост барои гирифтани ҷубронпулӣ

1. Пасандоздор ё намояндаи ӯ бо ариза, ки шаклашро Хазина муқаррар мекунад, барои тамдиди мӯҳлати гирифтани ҷубронпулии суғурта ба Хазина муроҷиат мекунад.

2. Мутобиқи аризаи пасандоздор Хазина метавонад мӯҳлати муроҷиати пасандоздорро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар ҳолатҳои зерин тамдид намояд:

- агар пасандоздор мубталои бемории ҷисмонӣ ё рӯҳӣ гашта, қобилияти сари вақт муроҷиат карданро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта надошта бошад;

- дар ҳолатҳои фавқулоддае, ки пасандоздор барои муроҷиат кардан ҷиҳати гирифтани ҷубронпулии суғурта имкон надошта бошад.

Моддаи 27. Тартиби пардохти ҳаққи дархостҳо барои ҷубронпулӣ баъди тамдиди мӯҳлат

1. Агар Хазина мӯҳлатро тамдид карда бошад ва дар давоми мӯҳлати тамдидшуда пасандоздор мутобиқи моддаи 26 Қонуни мазкур бо аризаи пардохти ҷубронпулӣ муроҷиат кунад, он гоҳ Хазина дар давоми панҷ рӯзи баъди тамдиди мӯҳлат беруннависи Феҳристи пасандоздорони ташкилоти қарзиро бо нишон додани суратҳисоби пасандоз ё суратҳисоби пасандоздор бо фоизҳои то рӯзи ҳолати суғуртавӣ ҷамъшуда ва ҷубронпулии суғурта ба пасандоздор пешниҳод мекунад.

2. Пасандоздор баъди гирифтани дархости ҷубронпулӣ мутобиқи мӯҳлати тамдидшудаи дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда ҳуқуқ дорад ҷубронпулиро дар асоси беруннависи Феҳристи пасандоздорони ташкилоти қарзӣ гирад.

3. Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздоре, ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр шудааст, дар давоми панҷ рӯзи баъди гирифтани дархост пардохт мекунад.

Моддаи 28. Ихтилофот дар мавриди ҷубронпулии суғурта

1. Ҳангоми норозӣ будан аз ҷубронпулии суғурта, пасандоздор метавонад мутобиқи моддаи 27 Қонуни мазкур дар давоми сӣ рӯзи баъди гирифтани беруннависи Феҳристи пасандоздорони ташкилоти қарзӣ маълумоти иловагиро ҷиҳати дастгирии аризааш барои ҷубронпулӣ ба Хазина пешниҳод намояд.

2. Хазина маълумоти иловагии мазкурро барои арзёбӣ фавран ба ташкилоти қарзӣ равон мекунад.

3. Ташкилоти қарзӣ дар давоми даҳ рӯзи баъди гирифтани маълумоти мазкури Хазина оид ба натиҷаҳои арзёбӣ ба Хазина ба таври хаттӣ хабар медиҳад ва Хазина пасандоздорро аз натиҷаи арзёбӣ фавран хабардор мекунад.

4. Дар сурати баъди чунин арзёбӣ ба мувофиқа расидани пасандоздор ва ташкилоти қарзӣ аз рӯи ҷубронпулии суғурта Хазина маблағи мувофиқашудаи ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздор пардохт мекунад.

Моддаи 29. Шикоят аз рӯи қарор дар бораи ҷубронпулии суғурта

1. Агар байни пасандоздор ва ташкилоти қарзӣ баъди арзёбӣ, ки дар моддаи 28 Қонуни мазкур зикр гардидааст, аз рӯи ҷубронпулии суғурта мувофиқа ба даст наояд, он гоҳ пасандоздор метавонад барои баррасии андозаи пардохтпулии пешниҳодшаванда ба суд муроҷиат намояд.

2. Новобаста ба муқаррароти моддаи 28 Қонуни мазкур пасандоздор, ки бо ҷубронпулии суғурта розӣ нашудааст, метавонад бевосита барои баррасии андозаи маблаги пардохти пешниҳодшаванда ба суд муроҷиат намояд.

3. Хазина ҷубронпулиро дар асоси қарори суд ба пасандоздор фавран пардохт мекунад.

4. Пасандоздор метавонад қарори Хазинаро дар мӯҳлате, ки дар давоми он аз Хазина ҷубронпулӣ талаб кардан мумкин аст, мавриди шикоят қарор диҳад.

Моддаи 30. Пардохти ҷубронпулии суғурта

Хазина ҷубронпулии суғуртаро пардохт мекунад ё аз бонк- агенти (намояндаи) худ талаб мекунад, ки онро ба пасандоздор пардохт намояд ё бо супориши хаттии пасандоздор ба суратҳисоби вай дар ташкилоти қарзӣ гузаронад.

Моддаи 31. Вогузории ҳуқуқи пасандоздор ба Хазина

1. Агар Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздор пардохт кунад, он гоҳ ҳуқуқи талаби ҳамаи маблағҳо ва манфиатҳои пасандоздор баробар ба андозаи маблағи пардохтшуда ба Хазина вогузошта, он метавонад нисбат ба чунин талабот аз номи пасандоздор ё аз номи Хазина амалҳои ҳуқуқиро иҷро намояд.

2. Талаботи бадастовардаи Хазина мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" қонеъ карда мешавад.

Моддаи 31(1). Санҷиши хароҷоти камтарин ва аз байн бурдани хавфи низомӣ

(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551)

1. Хазина метавонад барои хароҷоти таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ, ки он интиқоли пасандозҳои суғурташуда ба ташкилоти қарзии дигар, аз ҷумла бонки мутавасситро дар назар дорад, маблағ ҷудо намояд, агар он ба натиҷаи санҷиши хароҷоти камтарин ҷавобгӯ бошад, яъне хароҷот барои таҷдиди сохтор аз хароҷоти софи Хазина, ки пас аз ҷуброни пасандозҳои суғурташуда дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ ва барқароршавии эҳтимолии он ба миён меояд, камтар бошад.

2. Агар чунин ҳисобида шавад, ки барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ ба устувории низоми молиявӣ таҳдид менамояд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи маблағгузории давлатӣ розигӣ диҳад, Хазина метавонад барои хароҷоти таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ, ки он интиқоли пасандозҳои суғурташударо дар назар дорад, маблағ ҷудо намояд, ҳатто агар он ба натиҷаи санҷиши хароҷоти камтарин ҷавобгӯ набошад, вале ин маблағ набояд аз хароҷоти ҷуброни пасандозҳои суғурташуда дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ тарҳи барқароршавии эҳтимолии он зиёд бошад. Ҳар гуна хароҷоти аз ин барзиёд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида мешава (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).

БОБИ 6. ИДОРАКУНИИ ХАЗИНА

Моддаи 32. Идоракунии Хазина

Фаъолияти Хазинаро Раиси Хазина ва Шӯрои нозирони Хазина (минбаъд-Шӯрои нозирон) идора мекунанд.

Моддаи 33. Шӯрои нозирон

1. Шӯрои нозирон барои назорати умумии фаъолияти Хазина масъул мебошад.

2. Шӯрои нозирон аз ҳайати зерин иборат аст:

- Раиси Бонки миллии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои нозирон;

- муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон;

- Раиси Хазина.

Моддаи 34. Ҷаласаи Шӯрои нозирон

1. Ҷаласаи Шӯрои нозирон соле на камтар аз ду маротиба даъват карда мешавад. Ҷаласа аз тарафи Раиси Шӯрои нозирон ё на камтар аз се узви Шӯрои нозирон даъват карда мешавад.

2. Ҷаласаи Шӯрои нозирон ҳангоми иштироки на кам аз чор аъзои он салоҳиятнок мебошад.

3. Қарорҳои Шӯрои нозирон бо аксарияти овозҳои аъзои дар ҷаласа ҳузурдоштаи он қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани овозҳо овози раисикунандаи ҷаласа ҳалкунанда мебошад.

4. Раиси Шӯрои нозирон ё дар набудани раис узви Шӯрои нозирон, ки аз тарафи Шӯрои нозирон таъин шудааст, дар ҷаласаи Шӯрои нозирон раисӣ мекунад.

5. Протоколи ҷаласаи Шӯрои нозирон аз тарафи раисикунанда имзо карда мешавад.

6. Тартиби гузаронидани ҷаласаҳо бо Дастури Шӯрои нозирон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 35. Ваколатҳои Шӯрои нозирон

Шӯрои нозирон дорои ваколатҳои зерин аст:

- муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти Хазина;

- тасдиқи сохтор ва буҷети солонаи Хазина;

- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Раиси Хазина, муқаррар намудани маоши вазифавии вай;

- баррасӣ ва тасдиқи ҳисоботи солонаи Хазина;

- интихоб ва таъини аудитори берунӣ;

- қабули қарор дар бораи аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани қарзи молиявӣ ҳангоми касри Хазина;

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Хазина, ба шарте ки ин тағйиротҳо мухолифи қонун набошанд;

- тасдиқ кардани Дастури Шӯрои нозирон;

- тасдиқ кардани сиёсати сармоягузории Хазина;

- тасдиқ кардани барномаҳо оид ба интишори маълумот барои оммаи васеъ дар бораи нақши низоми суғуртаи пасандозҳо ҷиҳати таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тасдиқ кардани шакли ҳисоботи ташкилотҳои қарзӣ-аъзои Хазина;

- тасдиқ кардани санадҳои меъёрӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Хазина;

- муқаррар кардани сиёсати Хазина оид ба бархӯрди манфиатҳо;

- қабули қарор дар бораи кам кардан ё боздошти супоридани пардохтҳои тақвимӣ ҳангоми пурра шудани андозаи ниҳоии маблағи Хазина;

- қабул намудани қарор дар бораи муваққатан боздоштани пардохтҳои тақвимии ташкилоти қарзӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" таҳти батанзимдарорӣ қарор дорад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551);

- муайян кардани хусусият ва ҳаҷми вазифаҳои аудити дохилии Хазина ва тасдиқи натиҷаҳои аудит;

- таъини аудитори берунӣ барои гузаронидани санҷиши махсус ва тасдиқи натиҷаҳои он;

- тасдиқи тавсияҳои раиси Хазина оид ба интихоби бонк-агент барои пардохти пули суғурта;

- тасдиқ кардани пардохти пасандозҳои суғурташуда ҳангоми иштирок дар таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ, тавассути интиқоли пасандозҳои суғурташуда ба дигар ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла бонки мутавассит, тибқи моддаи 31(1) Қонуни мазкур (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551);

- иҷрои дигар ваколатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.

Моддаи 36. Манъи вогузории ваколатҳо

Дар анҷом додани назорати умумии Хазина Шӯрои нозирон наметавонад ваколатҳоеро, ки дар моддаи 35 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ба Раиси Хазина вогузор намояд.

Моддаи 37. Раиси Хазина

1. Раиси Хазина барои идоракунии фаъолияти ҷории Хазина ва иҷрои қарорҳои Шӯрои нозирон масъул мебошад.

2. Раиси Хазина ба мӯҳлати панҷ сол аз ҷониби Шӯрои нозирон таъин мегардад. Як шахс ба вазифаи раиси Хазина бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай таъин шуда наметавонад.

3. Раиси Хазина дорои ваколатҳои зерин аст:

- аз номи Хазина амал намудан, намояндагӣ кардан аз манфиатҳои Хазина;

- тақсими ӯҳдадориҳои вазифавии кормандон;

- пешниҳоди сохтори Хазина барои тасдиқи Шӯрои нозирон;

- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани кормандони Хазина ва муқаррар кардани маоши вазифавии онҳо;

- пешниҳоди ахбор ба Шӯрои нозирон дар бораи вазъи молиявии Хазина;

- таҳияи буҷети солонаи Хазина ва пешниҳоди он ба Шӯрои нозирон;

- пешниҳоди тавсияҳо ба Шӯрои нозирон ҷиҳати рушди низоми суғуртаи пасандозҳо;

- таҳияи ҳисоботи солонаи Хазина ва пешниҳоди он ба Шӯрои нозирон;

- пешниҳоди ахбор ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ риоя накардани Қонуни мазкур ва дархост барои андешидани чораҳои дахлдор;

- додани амрнома ва дастурҳое, ки барои ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати иҷрои Қонуни мазкур заруранд;

- таҳия ва ба Шӯрои нозирон пешниҳод кардани лоиҳаи санадҳои меъёрии дохилии Хазина;

- тамдиди мӯҳлате, ки дар давоми он пасандоздор метавонад барои ҷубронпулӣ муроҷиат намояд;

- интихоб кардан ва ба баррасии Шӯрои нозирон пешниҳод намудани ташкилоти қарзӣ - намояндаи Хазина барои пардохти чубронпулии суғурта;

- таҳия ва ба Шӯрои нозирон пешниҳод кардани сиёсати сармоягузорӣ;

- таҳия ва ба Шӯрои нозирон пешниҳод кардани барномаҳо оид ба интишори маълумот барои оммаи васеъ дар бораи нақши низоми суғуртаи пасандозҳо ҷиҳати таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳия ва ба Шӯрои нозирон пешниҳод қардани лоиҳаи санадҳои меъёрии дохилии Хазина;

- таҳия ва ба Шӯрои нозирон пешниҳод кардани тавсияҳо оид ба қарзгирии Хазина ҳангоми касри Хазина;

- иҷрои дигар ваколатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.

4. Раиси Хазина мумкин аст бинобар содир кардани амалҳое, ки ба манфиат ё эътибори кории Хазина зарар расонидаанд, аз вазифа озод карда шавад.

Моддаи 38. Ҳолатҳое, ки таъини узви Шӯрои нозирон, Раиси Хазина ва муовинони ӯро истисно менамоянд

Шахс ҳуқуқ надорад узви Шӯрои нозирон, Раиси Хазина ё муовини ӯ бошад, агар вай:

- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад;

- ба талаботи тахассусии дар моддаи 39 Қонуни мазкур муқарраршуда ҷавобгӯ набошад;

- доғи судӣ дошта бошад;

- бо хешовандон ё ҳар гуна шахси дигаре, ки бо ӯ хоҷагии умумӣ мебарад, манфиати бевосита ё бавоситаи тиҷоратӣ дорад ва ӯро дар ҳолати номувофиқ аз иштирок дар қабули қарори Шӯрои нозирон ба худдорӣ маҷбур месозад;

- узви мақомоти намояндагӣ ва қонунгузор бошад;

- хизматчии давлатӣ бошад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи 33 Қонуни мазкур;

- аз вазифа бо ташаббуси маъмурият озод карда шуда бошад.

Моддаи 39. Талаботи тахассусӣ

Шахс ба сифати узви Шӯрои нозирон, Раиси Хазина ё муовинони ӯ мувофиқ нест, агар вай:

- дар мурофиаи муфлисшавӣ қарздор бошад;

- аз тарафи мақоми ваколатдор аз нигоҳи касбӣ бесалоҳият эътироф гардида, аз давом додани фаъолияти касбӣ барканор шуда бошад;

- аз тарафи суд барои назорат ё идоракунии ширкат номувофиқ дониста шуда бошад;

- таҳсилоти олии иқтисодӣ надошта ё дар ин соҳа камтар аз даҳ сол таҷрибаи корӣ дошта бошад.

Моддаи 39(1). Ҳимояи ҳуқуқӣ

(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551)

1. Узви Шӯрои нозирон, корманд, намоянда, мушовир ё машваратдеҳи берунаи Хазина, агенти аз ҷониби Хазина таъиншуда, аз ҷумла шахсоне, ки қаблан чунин вазифаҳоро ишғол мекарданд, барои зарар ё оқибати дигаре, ки бо амал ё беамалии мутобиқи вазифаю ӯҳдадориҳои хидматӣ ва дар рафти иҷрои онҳо аз номи Хазина расонидаанд, ҷавобгар намебошанд, агар бо санади судӣ исбот нашавад, ки ин гуна амал ё беамалӣ беэҳтиётии дағалона мебошад.

2. Хазина ба шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардидае, ки ӯҳдадориҳои вазифавии худро бовиҷдонона иҷро намудаанд, ҷуброни ҳар гуна хароҷоти марбут ба ҳимояи онҳоро аз даъвои судӣ кафолат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳои дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор эътироф шудани онҳо, инчунин дар сурате, ки аз болои чунин қарор дар ҳолатҳои муайян шикоят оварда шудааст. Кафолат ҷуброни ҳама гуна пардохтро аз рӯи созиши оштӣ, мутобиқи қарори суд ё ҳуҷҷати иҷро, ки нисбати шахсони мазкур бароварда шудааст, фаро мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).

Моддаи 40. Ҷойҳои холӣ         

Дар ҳолати тибқи моддаи 39 Қонуни мазкур ба талаботи тахассусӣ мувофиқ набудани узви Шӯрои нозирон ё ба истеъфо рафтани вай Раиси Шӯрои нозирон дар шакли хаттӣ дар ин бора ба аъзои Шӯрои нозирон хабар медиҳад ва ба ҷойи холишуда аз тарафи мақоми дахлдори таъинкунанда номзад тасдиқ карда мешавад.

БОБИ 7. ҲАМКОРИИ ХАЗИНА БО БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 41. Ҳамкории Хазина ва Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои иштирок дар санҷишҳои ташкилоти қарзӣ доир ба масъалаҳои марбут ба андоза ва сохтори ӯҳдадориҳо аз рӯи пасандозҳо, пардохтҳо ва дигар масъалаҳое, ки аз Қонуни мазкур бармеоянд, Хазинаро ҷалб намояд ва ҳар гуна маълумотро аз он дар бораи пасандозҳои суғурташудаи ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади пешгирии вайронкунии Қонуни мазкур талаб кунад.

Моддаи 42. Мубодилаи иттилоот

1. Хазина дар бораи ҳама гуна тағйироте, ки ба Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ ва пардохтҳо ворид мегардад, ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

2. Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазина иттилооти зеринро пешниҳод менамояд:

- оид ба додани иҷозатнома ба ташкилоти қарзӣ ва бозхонди он;

- дар бораи азнавташкилдиҳии ташкилоти қарзӣ;

- дар бораи эҳтимолияти ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ё ба вуқӯъ омадани он.

3. Бонки миллии Тоҷикистон баъди гирифтани қарори суд дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ нусхаи қарори мазкурро фавран ба Хазина ирсол менамояд.

4. Хазина оид ба ҳар гуна вайронкуниҳои Қонуни мазкур аз ҷониби ташкилоти қарзие, ки узви Хазина мебошад, саривақт ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода, аз он андешидани чораҳоро барои бартараф кардани камбудиҳо дархост менамояд.

5. Намояндагони Хазина ва Бонки миллии Тоҷикистон барои мубодилаи иттилооте, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, мунтазам вохӯриҳо мегузаронанд.

6. Хазина метавонад бо ташкилотҳои хориҷии суғуртаи пасандозҳо ё бо мақомоти дигари ватаниву хориҷӣ оид ба танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ иттилооти заруриро барои иҷрои вазифаҳои худ мубодила намояд. Мубодилаи чунин иттилоот метавонад иттилооти махфиро дар бар гирад, ба шарте ки Хазина боварӣ ҳосил намояд, ки иттилоот барои мақсадҳои танзиму назорат ё батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ истифода мегардад ва риояи талаботи таъмини махфияти чунин иттилоот мувофиқи талаботе, ки нисбат ба Хазина тибқи Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).

7. Барои таъмини иҷрои вазифаҳои худ Хазина метавонад бо тарафҳои дар қисми 6 моддаи мазкур зикргардида оид ба масъалаҳои дастгирӣ ва ҳамкории тарафайн ёддошти тафоҳум ба имзо расонад, ки он доираи масъалаҳои мувофиқашудаи Хазина ва тарафи дигарро вобаста ба мубодилаи иттилоот ва намудҳои дигари ҳамкориву дастгирӣ дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).

Моддаи 43. Махфияти иттилоот

1. Аъзои Шӯрои нозирон, кормандони Хазина ва шахсоне, ки зери роҳбарии онҳо кор мекунанд ё аз ҷониби Хазина ҷалб карда мешаванд, бояд иттилоторо оид ба фаъолияти ташкилоти қарзӣ, ки дар натиҷаи татбиқи ҳамин Қонун дастрас мекунанд, махфӣ нигоҳ доранд.

2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур ҳангоми ифшо намудани иттилоот ба Бонки миллии Тоҷикистон ё мақомоти дигари ватаниву хориҷӣ оид ба танзиму назорат ё батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ ё ташкилотҳои хориҷии суғуртаи пасандозҳо тибқи моддаи 42 Қонуни мазкур татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).

Моддаи 44. Масъулият аз рӯи андозҳо ва боҷҳо

(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551)

1. Озод намудани Хазина аз андозбандии ҳар гуна фоидае, ки аз манбаъҳои гуногун мегирад, аз ҷумла аз рӯи пардохтҳои аз ташкилотҳои қарзӣ, аз даромади аз сармоягузорӣ, қарзҳо ва дигар пардохтпулиҳои аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

2. Пасандоздорон аз ҳар гуна масъулияти пардохти андоз аз рӯи ҳар гуна ҷубронпулиҳои суғурта ва дигар пардохтҳое, ки аз тарафи Хазина ё аз номи он амалӣ мегарданд, озод мебошанд.

3. Хазина тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" аз пардохти боҷи давлатӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 45. Баррасии баҳсҳо

(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551)

1. Ташкилоти қарзӣ ё шахси воқеӣ метавонад аз рӯи қарори Хазина ва санадҳои дигар дар давоми сӣ рӯзи баъди гирифтани онҳо ба суд муроҷиат намояд.

2. Новобаста ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар рафти ҳама гуна баррасии судӣ ё арбитражӣ ба муқобили Хазина, узви Шӯрои нозирон, корманд, намоянда, мушовир ё машваратдеҳи берунаи Хазина, агенти аз ҷониби Хазина таъиншуда, ки вазифаҳояшонро дар назди Хазина иҷро карда истодаанд, инчунин шахсоне, ки қаблан чунин вазифаҳоро ишғол мекарданд:

- суд ё арбитраж барои қабули қарор ғайриқонунӣ, худсарона ё беасос амал кардани ҷавобгарро дар заминаи далелҳои мавҷуда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор метавонад санҷад;

- дар давраи баррасии судӣ ё арбитражӣ, инчунин баррасии шикоятҳо дар ҳамаи марҳилаҳои манбаъда ё баррасии судии дигар бо шикоят алоқаманд, амали қарори таҳти баҳс қарордоштаи Хазина бе маҳдудият идома меёбад ва ба таъхир гузошта, боздошта ё бекор карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои дар амалҳои Хазина исбот шудани аломати ҷиноят ё тарзи дигари ҳуқуқвайронкунии қасдона;

- агар суд ё арбитраж муайян намояд, ки Хазина бо амалҳои худ ба шахсони сеюм зарар расондааст ва барои он ҷавобгар мебошад, ба фоидаи тарафи ҷабрдида ҷуброни моддӣ мерӯёнад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1551).

Моддаи 46.Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 47. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, № 8, мод. 464) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 48. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

2 августи соли 2011

№ 758

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ–ҶУСТУҶЎӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 10:44
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
687
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Ҷумъа, 25 Март, 2011
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ–ҶУСТУҶЎӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 155; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 387; Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 с., №1447)
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки бо амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ алоқаманд мебошанд, ба танзим дароварда, системаи кафолатҳои қонуният, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муқаррар менамояд.
 
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ - намуди фаъолиятест, ки ба таври ошкоро ё ғайриошкоро аз ҷониби мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар доираи салоҳияти худ бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, моликият, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат аз таҷовузҳои ҷиноятӣ амалӣ карда мешавад;
мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ - воҳидҳои оперативии мақомоти давлатии тибқи қисми 1 моддаи 13 Қонуни мазкур ваколатдор, ки дар доираи салоҳияти худ фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ менамоянд;
прокурори ваколатдор – прокуроре, ки дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқи шинос шудан бо ҳуҷҷатҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва санҷиши қонунӣ будани қарорҳои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро оид ба гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дорад;
чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ - системаи чораҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври ошкоро ё ғайриошкоро аз ҷониби мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ татбиқ мегардад;
пурсиши оперативӣ - ҷамъоварии маълумоти воқеӣ аз суханони шахси пурсидашаванда, ки ҳақиқатан ё эҳтимолан дорои чунин маълумот мебошад ва он барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аҳамият дорад;
ҷамъоварии маълумот - гирифтани иттилооте, ки барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муҳиманд тавассути фиристонидани дархост ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки чунин маълумотро дорад ё мумкин дошта бошад, ҳамчунин дастрас намудани он тавассути шиносшавии бевосита бо сарчашмаҳои моддии дахлдор, аз он ҷумла, аз манбаъҳои маълумоти оперативӣ, криминалистӣ ва дигар манбаъҳои маълумотии (баҳисобгирии) системаи иттилоотӣ ва аз дигар сарчашмаҳо;
ҷамъоварии оперативии намунаҳо барои таҳқиқи муқоисавӣ - дарёфт намудан, гирифтан ва нигоҳ доштани (консерватсияи) сарчашмаҳои моддии иттилооте, ки дар худ изҳои ҷиноят ё изҳои шахси ҷиноят содирнамударо доранд, ҳамчунин ашёе, ки ба сифати объекти ҷиноят хизмат кардаанд ё метавонанд чун воситаи муайян намудани кирдори барои ҷамъият хавфнок ва шахсони ба он дахлдошта хизмат намоянд бо мақсади муқоиса намудани онҳо бо мавод ё ашёи ҳаммонанде, ки дар шахсони таҳти омӯзиш қарордошта мавҷуданд, барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
ҷустуҷӯи шахсӣ - шакли татбиқи усулҳо ва маҷмӯи ҳаракатҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки бевосита аз тарафи корманди мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади дарёфти маълумоти муҳими оперативӣ ва ҳалли вазифаҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида мешаванд;
харидории санҷишии оперативӣ – аз ҷониби мақоми амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба вуҷуд овардани вазъияте, ки дар он таҳти назоратбарии оперативӣ аз шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят асоснок гумонбар шудааст, мол, ашё ё хизматрасонӣ бе мақсади истеъмол, ба соҳибияти каси дигар додан ё истифодаи онҳо, инчунин бо мақсади гирифтани маълумот дар бораи эҳтимолияти фаъолияти ҷиноятӣ ва барои ҳалли дигар вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ музднок ба даст оварда мешаванд; (ҚҶТаз 26.07.14 с., №1090)
таҳқиқи оперативии ашё, ҳуҷҷатҳо ва объектҳои дигар - омӯзиши ашё, ҳуҷҷатҳо ва объектҳои дигаре, ки дар худ изҳои ҷиноятро нигоҳ доштаанд ё метавонистанд нигоҳ доранд, олоти содир кардани ҷиноят ва ё натиҷаи фаъолияти ҷиноятӣ ба ҳисоб рафтаанд ё метавонистанд ба ҳисоб раванд бо мақсади ошкор намудани изҳо ва олотҳои содир кардани ҷиноят ва натиҷаҳои фаъолияти ҷиноятӣ;
мушоҳидаи оперативӣ – бо таври босиравӣ (визуалӣ) ё тарзи дигар дарк кардан ва ба қайд гирифтани зуҳурот, ҳодисаҳо, кирдорҳо, воқеаҳо ва равандҳое, ки барои ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муҳиманд;
ҳаммонандкунии оперативии шахсият ва объектҳои дигар - муқарраркунӣ ва айнияткунонии шахс ва объектҳои дигар аз рӯи нишонаҳои фардикунонандаи онҳо, ки аз ҷиҳати статикӣ ва динамикӣ тағйирнопазиранд, ҳамчунин бо истифодаи дигар роҳҳое, ки бо дараҷаи кофии эҳтимолият шинохтани шахсият ва дигар объектро имкон медиҳанд;
муоинаи оперативии манзил, ҳуҷраҳо, биноҳо, иншоот, қитъаҳои маҳал ва воситаҳои нақлиёт - ворид шудан ва азназаргузаронии объектҳои номбаршуда бо мақсади дарёфт намудани изҳои ҷиноят, олотҳои содиркунии ҷиноят, дигар ашё, моддаҳо ё ҳуҷҷатҳое, ки эҳтимол ба содир шудани ҷиноят муносибат доранд, ҳамчунин барои ҳалли дигар вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ; (ҚҶТаз 26.07.14 с., №1090)
назоратбарии оперативии муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигар – омӯзиши мукотиботи хаттӣ ва дигар мукотиботе, ки дар ҳомилҳои моддӣ сабт шудаанд, бо мақсади дарёфт намудани маълумот дар бораи фаъолияти ҷиноятии шахси таҳти омӯзиш қарордошта, ошкор намудани алоқаҳои ӯ ва дастрас намудани дигар маълумоте, ки барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидат мекунанд;
гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва сабти онҳо - тавассути воситаҳои техникӣ гирифтан ва сабт кардани иттилооти акустикии ба воситаи хатти алоқаи телефонӣ ё иттилооти яктарафа интиқолшаванда бо мақсади дарёфти маълумот дар бораи фаъолияти ҷиноятии шахси таҳти омӯзиш қарордошта, ошкор намудани алоқаҳои ӯ ва дастрас намудани дигар маълумоте, ки барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидат менамоянд;
муҳити ҷиноятӣ – муҳите, ки дар он шахси ҷиноятро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда қарор дорад, аз ҷумла гурӯҳи ҷиноятӣ, гурӯҳи муташаккил ва иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ); (ҚҶТаз 26.07.14 с., №1090)
гирифтани иттилоот аз каналҳои техникии алоқа - тавассути воситаҳои техникӣ гирифтан, тасҳеҳ ва сабт кардани намудҳои гуногуни сигналҳо, ки бо ҳар гуна каналҳои техникии алоқа пахш мегарданд, барои ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
воридсозии оперативӣ - ба муҳити ҷиноятӣ ворид намудани корманди мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ё шахсе, ки барои ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба таври махфиёна ба ӯ мусоидат мекунад; (ҚҶТаз 26.07.14 с., №1090)
таҳвили назоратшаванда - аз ҷониби мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ назорат бурдани ҷойивазкунии молҳо, воситаҳо, моддаҳо ё ашё, пеш аз ҳама молҳо, воситаҳо, моддаҳо ва ашёе, ки муомилоти озоди онҳо манъ аст ё гардиши онҳо маҳдуд аст, ҳамчунин ашёе, ки бо роҳҳои ҷиноятӣ ба даст оварда шудаанд ё дар худ изҳои ҷиноятро доранд ва ё олот ё воситаи содир намудани ҷиноят бо мақсади ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
эксперименти оперативӣ - ташкил намудани муҳити сунъии ҳарчи бештар ба воқеият наздик бо мақсади ба вуқӯъ овардани воқеаи муайян ё айнан такрор кардани воқеа ё гузаронидани озмоиши муайян дар шароитҳои пурра идорашаванда ва таҳти назоратбарии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, бо ҷалб намудани шахсе, ки дар бораи фаъолияти зиддиҳуқуқиаш маълумот мавҷуд аст, бе хабардор намудани ӯ ҷиҳати иштирок дар эксперименти оперативӣ бо мақсади тасдиқи содир намудани ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ аз ҷониби ин шахс ва ҳамчунин огоҳкунӣ, ошкорнамоӣ, пешгирӣ ва кушодани ҷиноят ба муқобили моликият, тартиби амалӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ, ҷиноятҳои вазнин, махсусан вазнин ё ҷиноятҳое, ки метавонанд ба амнияти миллӣ зарар расонанд;
- гирифтани иттилооти компютерӣ – ба даст овардани маълумоти барои ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ зарурӣ, тавассути сабти майдонҳои электронӣ ва физикӣ ҳангоми коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли маълумот, новобаста ба воситаҳои интиқол;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1447)
таъсиси шахси ҳуқуқӣ - ташкили корхона ва ё ташкилот (ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ширкатҳои хусусӣ, намояндагӣ, филиалҳо ва ғайра) бо мақсади мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва ҳалли дигар вазифаҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1447)
 
Моддаи 3. Вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
Вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз инҳо иборатанд:
1) ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳо, ҳамчунин ошкор ва муайян намудани шахсони ин ҷиноятҳоро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда;
2) ҷустуҷӯи шахсони аз мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва суд пинҳоншуда, аз адои ҷазои ҷиноятӣ саркашинамуда, ҳамчунин ҷустуҷӯи шахсони бедарак гумшуда;
3) ба даст овардани маълумот дар бораи ҳодиса ё ҳаракатҳое (беҳаракатие), ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ё экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамоянд;
4) муайян намудани номгӯй ва ҷойи молу мулки аз ҷониби суд мусодирашаванда;
5) таъмини амнияти системаҳои иттилоотӣ. (ҚҶТаз 26.07.14 с., №1090)
 
Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба принсипҳои қонуният, инсондӯстӣ, баробарӣ дар назди қонун, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пинҳонкорӣ, ҳамбастагии усул ва воситаҳои ошкоро ва ғайриошкоро асос меёбад.
 
Моддаи 5. Кафолатҳои риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳангоми амалӣ намудани
                     фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
1. Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ танҳо барои ноил шудан ба ҳадаф ва иҷрои вазифаҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ риояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, дахлнопазирии манзил ва маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахсӣ таъмин менамояд.
2. Агар шахс чунин шуморад, ки ҳаракати мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боиси вайрон намудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ гардидааст, ҳуқуқ дорад нисбати ин ҳаракатҳо ба мақомоти болоии амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, прокурор ва ё суд (судя) шикоят кунад.
3. Шахсе, ки гуноҳи ӯ дар содир намудани ҷиноят мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун исбот нашудааст, яъне нисбати ӯ оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст ва ё бо сабаби мавҷуд набудани ҳодисаи ҷиноят ё бинобар дар кирдори ӯ мавҷуд набудани таркиби ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шудааст ва ӯ далелҳое дорад, ки нисбаташ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шудаанд ва чунин шуморад, ки дар ин ҳолат ҳуқуқҳояш вайрон карда шудаанд, ҳуқуқ дорад аз мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълумоти дар борааш бадастомадаро дар он ҳадде, ки талаботи пинҳонкорӣ иҷозат медиҳад ва ифшои сирри давлатиро истисно менамояд, талаб кунад. Агар талаби ӯ дар бораи додани маълумоти дархосткардааш рад карда шавад ё агар шахси мазкур пиндорад, ки маълумот дар ҳаҷми пурра ба вай дода нашудааст, метавонад тибқи тартиби муайяннамудаи қонун ба мақомоти болоии амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, прокурор, суд (судя) шикоят кунад. Дар ҷараёни баррасии шикоят дар суд вазифаи исботи асоснокии радди пешниҳоди маълумот ба ин шахс, аз он ҷумла, дар ҳаҷми пурра ба зиммаи мақомоти дахлдори амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузошта мешавад. (ҚҶТаз 26.07.14 с., №1090)
4. Бо мақсади таъмини баррасии пурра ва ҳаматарафаи шикоят бо талаби прокурори ваколатдор ё судяи ба он ваколатдодашуда мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ӯҳдадор аст ҳуҷҷатҳои оперативӣ-хизматии дорои иттилоот дар бораи маълумоте, ки барои пешниҳод намудани онҳо ба аризадиҳанда рад карда шудааст, диҳанд, ба истиснои маълумот оид ба шахсоне, ки ба муҳити ҷиноятӣ ворид карда шудаанд, дар бораи кормандони штатии ғайриошкорои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва шахсоне, ки ба таври махфиёна ба онҳо мусоидат мекунанд. (ҚҶТаз 26.07.14 с., №1090)
5. Дар ҳолати беасос эътироф намудани қарори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба радди пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ ба аризадиҳанда, прокурор ё судя метавонад мақоми зикршударо вазифадор созад, ки ба аризадиҳанда маълумоти дар қисми 3 моддаи мазкур зикршударо пешниҳод намояд.
6. Маводи дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бадастомада нисбати шахсоне, ки гуноҳи онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дар содир кардани ҷиноят исбот нашудааст, дар муддати шаш моҳ баъд аз лаҳзаи қабули қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ва ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ дошта, сипас нобуд карда мешаванд, агар манфиатҳои хизматӣ ё адолати судӣ тартиби дигарро талаб накунанд. Фонограмма ва маводи дигари дар натиҷаи гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва гуфтугузорҳои дигар бадастомадаи шахсоне, ки нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда нашудааст, дар давоми шаш моҳ аз лаҳзаи қатъ гардидани гӯш кардан нобуд карда мешаванд ва дар ин хусус протоколи дахлдор тартиб дода мешавад. Суди (судяи) дахлдор се моҳ пеш аз нобуд кардани маводе, ки натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-чустуҷӯиро инъикос менамоянд ва ин чорабиниҳо дар асоси қарори он гузаронида шудаанд, хабардор карда мешавад.
7. Ба мақомоти (шахсони мансабдори) амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ амалҳои зерин манъ аст:
1) гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба манфиати ягон ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла динӣ;
2) иштироки ғайриошкоро дар кори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз он ҷумла динии бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифташуда ва манънашуда бо мақсади таъсир расонидан ба фаъолияти онҳо;
3) бе розигии шаҳрвандон ифшо намудани маълумоти мансуб ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, шаъну шараф ва дигар манфиатҳои шаҳрвандон, ки дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум гардидаанд, ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
4) ба таври бевосита ё бавосита таҳрик кардан, моил сохтан ва ё водор намудан ба содир кардани ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ (иғво);
5) сохтакории натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ.
8. Дар сурати аз тарафи мақомоти (шахси мансабдори) амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вайрон намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мақомоти (шахси мансабдори) болоии амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, прокурор ё суд (судя) вазифадоранд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор кардани ин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ ва (ё) ҷуброни зарари расонидашуда чораҳо андешанд.
9. Аз ҷониби кормандони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
10. Ҳангоми бо қарори прокурор, суд (судя) норозӣ будани шахс ё мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз он ҷумла, аз рӯи ҳолатҳое, ки дар моддаҳои 8 ва 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, онҳо ҳуқуқ доранд нисбат ба қарори прокурор, суд (судя) ба прокурори болоӣ ва ё суди болоӣ шикоят намоянд.
 
БОБИ 2.
ГУЗАРОНИДАНИ ЧОРАБИНИҲОИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ
 
Моддаи 6. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
1. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ чорабиниҳои зерини оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида мешаванд:
1) пурсиши оперативӣ;
2) ҷамъоварии маълумот;
3) ҷамъоварии оперативии намунаҳо барои таҳқиқи муқоисавӣ;
4) ҷустуҷӯи шахсӣ;
5) харидории санҷишии оперативӣ;
6) таҳқиқи оперативии ашё, ҳуҷҷатҳо ва объектҳои дигар;
7) мушоҳидаи оперативӣ;
8) ҳаммонандкунии оперативии шахсият ва объектҳои дигар;
9) муоинаи оперативии манзил, ҳуҷраҳо, биноҳо, иншоот, қитъаҳои маҳал ва воситаҳои нақлиёт; (ҚҶТаз 26.07.14 с., №1090)
10) назоратбарии оперативии муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигар;
11) гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва сабти онҳо;
12) гирифтани иттилоот аз каналҳои техникии алоқа;
13) воридсозии оперативӣ;
14) таҳвили назоратшаванда;
15) эксперименти оперативӣ;
16) гирифтани иттилооти компютерӣ;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1447)
17) таъсиси шахси ҳуқуқӣ.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1447)
2. Ба номгӯи зикршудаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ танҳо тавассути қонун тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.
3. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар қатори чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯие, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин ҳаракатҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии зерин истифода бурда мешаванд: муҳосира, камингирӣ, ғасб, думболагирӣ ва тасфияи маҳал, ки барои пешгирии ҷиноятҳо ва (ё) дастгир намудани шахси ҷиноятро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда равона карда шудаанд.
4. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади ҳалли вазифаҳои бо Қонуни мазкур муайяншуда метавонанд корхонаи ривоятбандишударо дар шакли шахси ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагии онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис диҳанд.
5. Дар рафти амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз системаҳои иттилоотӣ, сабтҳои видео ва аудио, кино, суратгирӣ, ҳамчунин дигар воситаҳои техникӣ ва воситаҳои дигаре, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон ва муҳити зист зарар намерасонанд, истифода мешавад.
6. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вобаста ба назоратбарии оперативии муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигар, гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ бо роҳи васл шудан ба дастгоҳҳои шабакаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки хизматрасонӣ ва воситаҳои алоқаро пешкаш мекунанд, барои гирифтани иттилоот аз каналҳои техникии алоқа ва иттилооти компютерӣ бо истифодаи қувва ва воситаҳои оперативӣ-техникии мақомоти амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, назорати маводи нашъаовар ва назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ ва (ё) созишномаҳо байни мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида мешаванд. (ҚҶТаз 26.07.14 с., №1090; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1447)
7. Шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вазифаҳои марбут ба онро бо роҳи иштироки шахсӣ дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо истифодаи кӯмаки шахсони мансабдор ва мутахассисоне, ки дорои донишҳои илмӣ, техникӣ ва дигар донишҳои махсус мебошанд ва ҳамчунин, шаҳрвандони алоҳида бо розигии онҳо ба таври ошкоро ва ғайриошкоро ҳал менамоянд.
8. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки тибқи Қонуни мазкур ваколатдор нестанд, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва истифодаи воситаҳои махсус ва воситаҳои дигари техникии барои гирифтани иттилооти ғайриошкоро таъиншуда (коркардшуда, мутобиқшуда, барномарезишуда) манъ аст.
9. Иҷозатномадиҳӣ оид ба коркард, истеҳсол, ба соҳибияти каси дигар додан, соҳиб шудан ба воситаҳои махсуси техникии барои гирифтани иттилооти ғайриошкоро таъиншуда ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
10. Номгӯи намудҳои воситаҳои махсуси техникие, ки барои ғайриошкоро ба даст овардани иттилоот дар ҷараёни амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъин гардидаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 7. Асосҳои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
1. Асосҳо барои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ инҳоянд:
1) мавҷуд будани парвандаи ҷиноятии оғозшуда;
2) ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум гардидани маълумот дар бораи:
- аломатҳои кирдори ҷиноятии тайёршаванда, содиршаванда ё содиршуда, ҳамчунин дар бораи шахсоне, ки онро тайёр ё содир мекунанд ё содир кардаанд, агар барои ҳалли масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ асосҳои кофӣ мавҷуд набошанд;
- ҳодиса ё ҳаракатҳое (беҳаракатие), ки ба амнияти ҷамъиятӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ё экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунанд;
- шахсоне, ки аз мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва суд пинҳон мешаванд ё аз адои ҷазои ҷиноятӣ саркашӣ мекунанд;
- шахсони бедарак гумшуда ва ёфт шудани ҷасадҳои шинохтанашуда;
3) супориши мақомоти таҳқиқ, муфаттиш, прокурор ё таъиноти суд (судя) аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии дар пешбурди онҳо қарордошта;
4) дархости мақомоти дигари амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мутобиқи асосҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда;
5) қарор дар бораи татбиқи чораҳои амниятӣ нисбати шахсони ҳифзшаванда, ки аз ҷониби мақомоти давлатии ба он ваколатдоршуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд;
6) дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ ё созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчунин ҳуқуқ доранд дар доираи ваколатҳои худ маълумотҳоеро ҷамъоварӣ намоянд, ки ҷиҳати қабули қарорҳои зерин заруранд:
1) дар бораи иҷозат додан ба маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд;
2) дар бораи иҷозат додан ба корҳое, ки бо истифодабарии объектҳои барои ҳаёт ва саломатии одамон, ҳамчунин муҳити зист хатари зиёддошта алоқаманд мебошанд;
3) дар бораи иҷозат додан барои иштирок дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ё додани рухсат барои дастрасӣ ба маводе, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани он ба даст оварда шудаанд;
4) дар бораи муқаррар намудан ё нигоҳ доштани муносибатҳои ҳамкорӣ бо шахс ҳангоми тайёр кардан ва гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
5) дар бораи таъмини амнияти мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
6) дар бораи иҷозат додан ба фаъолияти хусусии детективӣ ва муҳофизавӣ.
 
Моддаи 8. Шартҳои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
1. Шаҳрвандӣ, миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ, мансаби шахс, ҳамчунин мансубият ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ наметавонанд барои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нисбат ба ӯ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон монеъ шаванд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
2. Гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро ба маҳрамияти мукотиба, гуфтугӯҳои телефонӣ, муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, ҳамчунин ҳуқуқи дахлнопазирии манзилро маҳдуд мекунанд, тибқи қарори асосноки мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо дархости прокурори ваколатдор ва иҷозати судяи ба он ваколатдодашуда ва дар сурати мавҷуд будани маълумоти зерин роҳ дода мешавад: (ҚҶТаз 26.07.14 с., №1090)
1) дар бораи аломатҳои кирдори ҷиноятии тайёршаванда, содиршаванда ё содиршуда, ки нисбат ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист;
2) дар бораи шахсони кирдори ҷиноятиро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда, ки нисбат ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист;
3) дар бораи ҳодиса ё ҳаракатҳое (беҳаракатие), ки ба амнияти ҷамъиятӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ё экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунанд.
3. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир, ки мумкин аст боиси содир шудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин гарданд, ҳамчунин дар мавриди мавҷуд будани маълумот дар бораи ҳодисаҳо ё ҳаракатҳое (беҳаракатие), ки ба амнияти ҷамъиятӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ё экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунанд, дар асоси қарори тасдиқнамудаи яке аз роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур бо ҳатман ба таври хаттӣ хабардор намудани прокурори ваколатдор ва судяи дахлдор дар давоми 24 соат иҷозат дода мешавад. Дар давоми 48 соат аз лаҳзаи оғози гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мақомоти амаликунандаи он ӯҳдадор аст дар бораи гузаронидани чунин чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо тартиби дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида қарори судяи ба он ваколатдодашударо гирад ё гузаронидани онро қатъ намояд. (ҚҶТаз 26.07.14 с., №1090)
4. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шахсони алоҳида, мувофиқи ариза ва ё розигии хаттии онҳо иҷозат дода мешавад, ки гуфтугӯҳои тавассути телефонҳои онҳо бурдашаванда дар асоси қарори тасдиқнамудаи яке аз роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гӯш карда, сабт шаванд ва оид ба он ҳатман дар давоми 24 соат ба таври хаттӣ ба прокурори ваколатдор ва суди (судяи) дахлдор хабар дода шавад.
5. Гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва гуфтугузорҳои дигар танҳо нисбати шахсоне раво дида мешавад, ки дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин гумонбар ё айбдор шудаанд, ҳамчунин нисбати шахсоне, ки дар бораи ҷиноятҳои мазкур метавонанд маълумот дошта бошанд. Фонограммаҳое, ки дар натиҷаи гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва ё гуфтугузорҳои дигар ба даст омадаанд, дар шакли мӯҳршуда, дар шароите, ки имконияти аз ҷониби шахсони бегона гӯш кардан ва нусхабардории онҳоро истисно мекунад, нигоҳ дошта мешаванд.
6. Ҳангоми оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсе, ки гуфтугӯҳои телефонӣ ва гуфтугузорҳои дигари ӯ мутобиқи Қонуни мазкур гӯш карда мешаванд, фонограмма, сабти гуфтугӯҳо ва дигар гуфтугузорҳо ба муфаттиш барои ҳамроҳ кардан ба парвандаи ҷиноятӣ ба сифати далелҳои шайъӣ дода ё фиристода мешаванд. Тартиби минбаъдаи истифодаи онҳо тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
7. Харидории санҷишии оперативӣ ва (ё) таҳвили назоратшавандаи ашё, мавод ва маҳсулоте, ки муомилоти озоди онҳо манъ аст ё гардиши онҳо маҳдуд аст, ҳамчунин эксперименти оперативӣ ё воридсозии оперативии шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳамчунин шахсоне, ки ба онҳо мусоидат мекунанд, дар асоси қарори тасдиқнамудаи яке аз роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида мешавад.
8. Гузаронидани эксперименти оперативӣ танҳо бо мақсади ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин, ҳамчунин бо мақсади ошкор ва муайян намудани шахсони онҳоро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда иҷозат дода мешавад.
9. Воридсозии оперативии шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ба истиснои кормандони штатии ғайриошкоро, танҳо бо иҷозати роҳбарони мақомоте, ки дар қисми 1 моддаи 13 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, сурат мегирад.
10. Таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар асоси қарори тасдиқнамудаи яке аз роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо тартиби муайяннамудаи санади меъёрии ҳуқуқии идоравӣ амалӣ мешавад. (ҚҶТаз 26.07.14 с., №1090)
11. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар  асосҳои пешбининамудаи бандҳои 1), 2), 3), 4) ва 6) қисми 2 моддаи 7 Қонуни мазкур гузаронидани чорабиниҳои дар бандҳои 9), 10), 11) ва 12) қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур нишондодашуда манъ аст.
12. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯие, ки амнияти мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро таъмин менамоянд, мутобиқи Қонуни мазкур ва танҳо дар доираи ваколатҳои ин мақомот гузаронида мешаванд. Аз рӯи асосҳои пешбининамудаи банди 5) қисми 2 моддаи 7 Қонуни мазкур гузаронидани чорабиниҳои дар бандҳои 9), 10), 11) ва 12) қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур нишондодашуда дар сурати мавҷуд будани розигии хаттии шаҳрванд бе қарори судя мумкин аст.
 
Моддаи 9. Асосҳо ва тартиби баррасии мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои
                     конститутсионии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои
                     оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
1. Баррасии мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба махфияти мукотиба, гуфтугӯҳои телефонӣ, муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигар, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, дахлнопазирии манзил ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби прокурори ваколатдор, судя, чун қоида, дар ҷои гузаронидани чунин чорабиниҳо ё дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоте, ки гузаронидани онҳоро дархост намудааст, сурат мегирад. Маводи номбурдаро прокурори ваколатдор, судя бе иштироки котиб, шахсан ва фавран баррасӣ менамоянд. Прокурори ваколатдор, судя ҳақ надоранд, ки баррасии чунин маводро дар ҳолати пешниҳод гардидан рад намоянд.
2. Асос барои аз ҷониби судя ҳал намудани масъалаи гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки ҳуқуқҳои конститутсионии дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишудаи шаҳрвандонро маҳдуд мегардонад, қарори асосноки аз ҷониби яке аз роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тасдиқшуда ва дархости прокурори ваколатдор мебошад. Номгӯи категорияи роҳбаронеро, ки дар қисми 7 моддаи 8 ва моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ муқаррар менамоянд.
3. Бо талаби судя мумкин аст ба ӯ ҳамчунин маводи дигаре, ки ба асосҳои гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дахл доранд, ба истиснои маълумот дар бораи шахсони ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ воридкардашуда, дар бораи кормандони штатии ғайриошкорои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва дар бораи шахсоне, ки ба таври махфӣ ба онҳо мусоидат менамоянд, дар бораи ташкил ва тактикаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пешниҳод карда шаванд.
4. Аз рӯи натиҷаҳои баррасии маводи пешниҳодшуда судя гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯии дахлдорро, ки он ҳуқуқҳои конститутсионии дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишудаи шаҳрвандонро маҳдуд мегардонад, иҷозат медиҳад ё гузаронидани онро рад мекунад ва дар ин бора қарори асоснок мебарорад. Қарори бо мӯҳр тасдиқгардида, дар як вақт бо баргардонидани маводи пешниҳодшуда ба ташаббускори гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ супорида мешавад.
5. Мӯҳлати амали қарори қабулкардаи судя аз рӯзи баровардани он бо шабонарӯз ҳисоб карда мешавад ва аз шаш моҳ зиёд буда наметавонад, агар дар худи қарор мӯҳлати дигар нишон дода нашуда бошад. Дар ин ҳолат ҷараёни мӯҳлат қатъ намегардад. Дар сурати зарурати тамдиди мӯҳлати амали қарор судя дар асоси маводи аз сари нав пешниҳодшуда қарори нав қабул менамояд.
6. Дар сурати аз ҷониби судя рад намудани гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯие, ки ҳуқуқҳои конститутсионии дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишудаи шаҳрвандонро маҳдуд мекунад, прокурори ваколатдор ҳақ дорад доир ба ҳамин масъала ба суди болоӣ муроҷиат намояд.
7. Шахсони мутасаддии мақомоти прокуратура ва судӣ барои ҳифзи маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои оперативӣ-хизматии пешниҳодшуда мавҷуданд, шароит фароҳам меоваранд ва барои гум кардан ё ифшо намудани онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 10. Таъмини иттилоотӣ ва ҳуҷҷатноккунии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
1. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади ҳалли вазифаҳои тибқи Қонуни мазкур ба зиммаашон гузошташуда, ҷамъоварӣ ва мураттабсозии маълумот метавонанд системаҳои иттилоотӣ барпо намуда, онҳоро истифода баранд, ҳамчунин парвандаҳои баҳисобгирии оперативӣ оғоз намоянд.
2. Дар сурати мавҷуд будани асосҳое, ки дар бандҳои 1), 2), 3), 4), 5) ва 6) қисми 1 моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, бо мақсади  ҷамъоварӣ ва мураттабсозии маълумотҳо, санҷиш ва баҳодиҳӣ ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳамчунин дар асоси онҳо аз ҷониби мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ қабул кардани қарорҳои дахлдор парвандаҳои баҳисобгирии оперативӣ оғоз карда мешаванд.
3. Оғоз намудани парвандаи баҳисобгирии оперативӣ барои маҳдуд гардонидани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионӣ, ҳамчунин манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд асос шуда наметавонад.
4. Парвандаи баҳисобгирии оперативӣ дар сурати ҳал шудани вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки дар моддаи 3 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин муқаррар кардани ҳолатҳое, ки дар бораи воқеан имконнопазир будани ҳалли ин вазифаҳо гувоҳӣ медиҳанд, қатъ карда мешавад.
5. Номгӯи парвандаҳои баҳисобгирии оперативӣ ва тартиби пеш бурдани онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 11. Истифодабарии натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
1. Натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро барои тайёр ва амалӣ гардонидани ҳаракатҳои тафтишотӣ ва судӣ, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷиҳати ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳо, ошкор ва муайян намудани шахсони тайёркунанда, содиркунанда ё содиркардаи онҳо, ҳамчунин барои ҷустуҷӯи шахсони аз мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва суд пинҳоншуда, аз адои ҷазо саркашинамуда, бедарак гумшуда ва муайян намудани молу мулки мусодирашаванда истифода бурдан мумкин аст.
2. Натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мумкин аст ба сифати асос барои оғози парвандаи ҷиноятӣ хизмат намоянд, ба мақомоти таҳқиқ, муфаттиш, прокурор ё суде (судяе), ки парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурди ӯ қарор дорад, пешниҳод гарданд, ҳамчунин барои исботи марбут ба парвандаҳои ҷиноятӣ тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шаванд.
3. Пешниҳоди натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба мақомоти таҳқиқ, муфаттиш, прокурор ё суд (судя) дар асоси қарори роҳбари мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
4. Натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати шахсони дар бандҳои 1), 2), 3), 4) ва 6) қисми 2 моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинишуда барои ҳалли масъалаҳо оид ба додани иҷозат ба намудҳои фаъолияти нишондодашуда ба назар гирифта мешаванд.
5. Ҳангоми дар парвандаи ҷиноятӣ ба сифати далелҳо истифода намудани натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ метавонанд дар хусуси аслӣ будани онҳо, пайдоиш ва ҳолатҳои ба даст овардани ин маълумотҳо пурсиш карда шаванд. Дар ин маврид шахсоне, ки ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ворид карда шудаанд ва кормандони штатии ғайриошкоро метавонанд фақат бо розигии хаттии онҳо, ба истиснои ҳолатҳои аз ҷониби онҳо содир кардани ҷиноят, пурсиш карда шаванд.
6. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро ба давлатҳои дигар ройгон пешкаш менамоянд.
7. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки дар ҳудуди як давлат оғоз шуда, дар ҳудуди давлати дигар идома ёфтааст ё ба итмом расидааст, қонунӣ эътироф карда мешаванд, агар онҳо бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда бошанд. Натиҷаҳои ин фаъолият бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.
 
Моддаи 12. Ҳифзи маълумот дар бораи мақомоти амаликунандаи фаъолияти
                       оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
1. Маълумот дар бораи қувваҳо, воситаҳо, манбаъҳо, усулҳо ва нақшаҳои ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии ғайриошкоро истифодашаванда ё истифодашуда ва натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, маълумот дар бораи шахсони ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ воридкардашуда, дар бораи кормандони штатии ғайриошкорои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва дар бораи шахсони ба онҳо ба таври махфӣ мусоидаткунанда, ҳамчунин маълумот дар бораи ташкил ва тактикаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сирри давлатӣ ҳисоб меёбанд ва ошкор намудани онҳо танҳо дар асоси қарори аз ҷониби роҳбари мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тасдиқшуда метавонад сурат гирад.
2. Ошкор кардани маълумот дар бораи шахсони ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ воридкардашуда, дар бораи кормандони штатии ғайриошкорои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳамчунин дар бораи шахсоне, ки ба онҳо ба таври махфӣ мусоидат мекунанд ё мусоидат кардаанд, фақат бо розигии хаттии онҳо, ба истиснои ҳолатҳои аз ҷониби онҳо содир кардани ҷиноят, мумкин аст.
3. Қарори судя дар хусуси гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва маводе, ки барои қабули чунин қарор асос гардидаанд, танҳо дар мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маҳфуз дошта мешаванд.
4. Ҳуҷҷатҳои оперативӣ-хизматӣ, ки натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро инъикос менамоянд, ба суд (судя), прокуроре, ки риояи қонуниятро дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ назорат мекунад, ҳамчунин ба мақоми таҳқиқ ва муфаттиш, ки дар пешбурдашон парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд аст, ба мақомоти дигари амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо тартиб ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур пешниҳод шуда метавонанд.
 
БОБИ 3.
МАҚОМОТИ АМАЛИКУНАНДАИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӣ-ҶУСТУҶӮӢ
 
Моддаи 13. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣҷустуҷӯӣ
 
1. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба воҳидҳои оперативии зерин дода мешавад:
1) мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) мақомоти мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) мақомоти назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Ба номгӯи мазкури мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ танҳо тавассути қонун тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Роҳбарони мақомоти мазкур номгӯи воҳидҳои оперативиеро, ки ҳуқуқ доранд фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ гардонанд, ваколат, сохтор ва ташкили кори онҳоро муайян менамоянд.
3. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вазифаҳои муайянкардаи Қонуни мазкурро танҳо дар доираи ваколатҳои худ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд, иҷро менамоянд.
4. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар доираи салоҳияти худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро қабул менамоянд, ки тартиб, ташкил ва тактикаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳаракатҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро ба танзим медароранд.
5. Воҳидҳои оперативии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳуқуқ доранд дар якҷоягӣ бо кормандони мақомот ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронанд.
 
Моддаи 14. ӯҳдадориҳои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
Ҳангоми ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии дар Қонуни мазкур муайяншуда мақомоти барои амалӣ намудани он ваколатдор ӯҳдадоранд:
1) дар доираи ваколатҳои худ барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, моликият, ҳамчунин барои таъмини амнияти ҷамъият ва давлат тамоми чораҳои заруриро андешанд;
2) дар доираи ваколатҳои худ супоришҳои хаттии мақомоти таҳқиқ, муфаттиш, прокурор ва қарори судро (судяро) оид ба гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятие, ки дар пешбурди онҳо қарор доранд, иҷро намоянд;
3) дар асос ва бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси дахлдори давлатҳои хориҷиро иҷро намоянд;
4) ба мақомоти дигаре, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ мегардонанд, оид ба фаъолияти зиддиҳуқуқии ба онҳо маълумшуда, ки ба ваколати ин мақомот мансубанд, хабар диҳанд ва ба онҳо кӯмаки зарурӣ расонанд;
5) қоидаҳои пинҳонкориро (конспиратсияро) ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ риоя намоянд;
6) барои таъмини амният ва маҳфуз доштани молу мулки кормандони худ, шахсони ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидаткунанда, иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва ҳамчунин хешовандони наздики онҳо аз таҷовузҳои ҷиноятӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.
 
Моддаи 15. Ҳуқуқҳои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
1. Ҳангоми ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мақомоти амаликунандаи он ҳуқуқ доранд:
1) чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии дар моддаи 6 Қонуни мазкур номбаршударо ошкоро ва ғайриошкоро гузаронанд, ҳангоми гузаронидани онҳо ҳуҷҷатҳо, ашё, мавод ва иттилоот ба даст оваранд, ҳамчунин дар сурати ба миён омадани таҳдиди бевосита ба ҳаёт ва саломатии шахс, инчунин таҳдид ба амнияти ҷамъиятӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ё экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии алоқаро қатъ намоянд;
2) муносибатҳои ҳамкории ройгон ё пулакиро бо шахсоне, ки хоҳиши ба таври махфӣ ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидат карданро изҳор намудаанд, ба роҳ монанд;
3) дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мутобиқи шартнома ва ё мувофиқаи шифоҳӣ биноҳои хизматӣ, молу мулки корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, қисмҳои ҳарбӣ ва ҳамчунин биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, воситаҳои нақлиёт ва молу мулки дигари шахсони алоҳидаро истифода баранд;
4) бо мақсади пинҳонкорӣ ҳуҷҷатҳои рамзбандикунандаи шахсияти шахсони мансабдор, мансубияти идоравии корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, воҳидҳо, биноҳо ва воситаҳои нақлиёти мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳамчунин шахсияти шаҳрвандони ба онҳо ба таври махфӣ мусоидаткунандаро истифода баранд;
5) дар якҷоягӣ бо мақомоти дигари амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таҳияи нақша ва гузаронидани амалиёти маҷмӯӣ ва махсусро оид ба безараргардонии ҷинояткорон ба роҳ монанд.
2. Иҷрои талаботи қонунии шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба онҳо чунин талабот пешниҳод шудааст, ҳатмӣ буда, монеъ шудан ба татбиқи он манъ аст.
 
Моддаи 16. Ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи
                        фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
1. Ба шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кафолатҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони он мақомоте, ки ба штати он ин шахсон шомиланд, паҳн мегарданд.
2. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки ба ҳаракатҳои қонунии шахсони мансабдор ва мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дахолат намояд, ба истиснои шахсоне, ки бевосита тибқи қонун чунин ваколатро доранд.
3. Шахси мансабдоре, ки барои амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ваколат дорад, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ танҳо ба сардори бевосита ва мустақими худ итоат менамояд. Ҳангоми гирифтани фармон ё супориши хилофи қонун шахси мансабдори мазкур ӯҳдадор аст, ки қонунро ба роҳбарӣ гирад.
4. Шахси мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ё шахсе, ки ба ӯ мусоидат менамояд, ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои расонидани зарар ба ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият ва давлат дар ҳолати қонунӣ будани мудофиаи зарурӣ, зарурати ниҳоӣ ё таваккали асоснок, ҳамчунин вобаста ба дастгир намудани шахсе, ки дар кирдораш аломатҳои ҷиноят ҷой доранд, ҷавобгар нест.
5. Вақти аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ иҷро намудани супориши махсус дар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ҳамчунин вақти хизмати онҳо дар вазифаҳои корманди штатии ғайриошкорои мақомоти мазкур тибқи қонун ба собиқаи меҳнат барои таъини нафақа ҳисоб карда мешавад.
 
БОБИ 4.
МУСОИДАТИ ШАҲРВАНДОН БА МАҚОМОТИ АМАЛИКУНАНДАИ ФАЪОЛИЯТИ
ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ ВА ҲИМОЯИ ИҶТИМОИЮ ҲУҚУҚИИ ОНҲО
 
Моддаи 17. Мусоидати шаҳрвандон ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти
                       оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
1. Шахсони алоҳида бо розигии худи онҳо барои тайёр намудан ё гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ метавонанд ҷалб карда шаванд. Дар чунин ҳолатҳо бо хоҳиши ин шахсон махфияти мусоидати онҳо ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз он ҷумла мусоидат тибқи қарордод нигоҳ дошта мешавад. Шахсони мазкур ӯҳдадоранд маълумотеро, ки дар рафти тайёр ё гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба онҳо маълум гардидаанд, ҳамчун сир нигоҳ доранд ва ҳуқуқи ба мақомоти мазкур дидаю дониста пешкаш намудани иттилои бардурӯғро надоранд.
2. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ метавонанд бо шахсони ба балоғатрасидаи қобили амал, сарфи назар аз шаҳрвандӣ, миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ, мансаб ва мансубият ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидат дар тайёр намудан ё гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ қарордод банданд.
3. Ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мутобиқи қарордод истифода бурдани мусоидати махфии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судя, прокурор ва адвокат манъ аст.
 
Моддаи 18. Ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони ба мақомоти амаликунандаи
                       фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидаткунанда
 
1. Шахсоне, ки ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидат менамоянд, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.
2. Давлат ба шахсоне, ки розианд мутобиқи қарордод ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидат намоянд, иҷрои ӯҳдадориҳои худро тибқи қарордод кафолат медиҳад, аз он ҷумла, кафолати ҳимояи ҳуқуқии онҳоеро медиҳад, ки аз ҷониби ин шахсон бо иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, ҷамъиятӣ ё ӯҳдадориҳои дигари ба зиммаи онҳо гузошташуда алоқаманданд.
3. Ҳангоми ба миён омадани таҳдиди воқеии таҷовузи зиддиҳуқуқӣ ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки шахсони алоҳида вобаста ба мусоидати онҳо ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳамчунин хешовандони наздики онҳо, ин мақомот ӯҳдадоранд барои рафъи ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ, муайян намудани гунаҳгорон ва ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ, ки кирдори зиддиҳуқуқӣ содир намуда, он боиси оқибатҳои вазнин нагардидааст ва ӯ барои ҳамкорӣ бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷалб шуда, дар кушодани ҷиноятҳо фаъолона мусоидат карда, зарари расонидашударо ҷуброн намудааст ё ба таври дигар товони зарари расонидашударо талофӣ намудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
5. Шахсоне, ки бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамкорӣ мекунанд ё ба онҳо дар кушодани ҷиноятҳо ё маълум кардани шахсони онҳоро содиркарда кӯмак намудаанд, метавонанд бо мукофоти пулӣ ё молӣ қадр гарданд. Мукофотҳои пулию молии гирифтаи шахсони мазкур андозбандӣ намешаванд ва дар эъломияи (декларатсияи) даромадҳо нишон дода намешаванд.
6. Давраи ҳамкории шаҳрвандон мутобиқи қарордод бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун шуғли асосӣ ба ҳисоб рафта, ба собиқаи меҳнатии шаҳрвандон дохил мешавад. Шахсони мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини нафақа ҳуқуқ доранд.
7. Бо мақсади таъмини амнияти шахсони бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамкорикунанда ва хешовандони наздики онҳо тибқи тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳофизати онҳо гузаронидани чорабиниҳои махсус мумкин аст.
8. Дар сурати вобаста ба иштирок дар гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба ҳалокат расидани шахсе, ки мутобиқи қарордод бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамкорӣ менамуд, ба оилаи ҷабрдида ва шахсони таҳти сарпарастии ӯ қарордошта аз ҳисоби буҷети дахлдор ёрдампулии якдафъаина ба андозаи маоши панҷсолаи ҳалокшуда пардохт карда мешавад ва мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби аз даст додани саробон нафақа таъин мегардад.
9. Дар сурати вобаста ба иштирок дар гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ осеб дидан, захм бардоштан, контузия гирифтан ё маъюб шудани шахси мутобиқи қарордод бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамкорикунанда, ки ҳамкории минбаъдаи ӯро бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ғайриимкон мегардонад, ба шахси мазкур аз маблағҳои буҷети дахлдор ёрдампулии якдафъаина ба андозаи маоши сесолааш пардохт карда мешавад ва тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ нафақаи маъюбӣ таъин мегардад.
 
БОБИ 5.
МАБЛАҒГУЗОРИИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ
 
Моддаи 19. Маблағгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
1. Ба мақомоти давлатие, ки воҳидҳои оперативии онҳо барои амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ваколатдор шудаанд, аз буҷети давлатӣ маблағ ҷудо карда мешавад, ки он бо тартиби муқаррарнамудаи роҳбарони ин мақомот харҷ карда мешавад.
2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ доранд барои мақомоте, ки дар ҳудуди онҳо фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ менамоянд, аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ мустақилона маблағҳои иловагӣ ҷудо намоянд.
3. Назоратбарии харҷи маблағе, ки барои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷудо карда шудааст, аз ҷониби роҳбарони мақомоти давлатӣ, ки ба ҳайати онҳо воҳидҳои оперативии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амаликунанда дохил мешаванд, сурат мегирад.
 
БОБИ 6.
НАЗОРАТБАРӢ ВА НАЗОРАТ БА ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ
 
Моддаи 20. Назоратбарӣ ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
Назоратбарӣ ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 21. Назорати прокурорӣ ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
 
1. Назорати иҷрои Қонуни мазкур аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколатҳояшон амалӣ карда мешавад.
2. Бо дархости прокурори ваколатдор бинобар ба прокуратура ворид гаштани мавод, иттилоот ва муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба вайрон намудани Қонуни мазкур ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳамчунин ҳангоми санҷиши тартиби муқарраршудаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва қонунӣ будани қарори дар ин замина қабулшудаи роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳуҷҷатҳои оперативӣ-хизматие, ки барои гузаронидани ин чорабиниҳо асос шудаанд, пешниҳод карда мешаванд.
3. Маълумот дар бораи шахсони ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ воридкардашуда ва дар бораи кормандони штатии ғайриошкорои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳамчунин дар бораи шахсони ба ин мақомот ба таври махфӣ мусоидаткунанда ба прокурор танҳо бо розигии хаттии ин шахсон, ба истиснои ҳолатҳои аз ҷониби онҳо содир кардани ҷиноят, дода мешавад. Маълумот дар бораи ташкил, тактика, усул ва воситаҳои амалӣ гардонидани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба мавзӯи назорати прокурорӣ дохил намешаванд.
4. Прокурорҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда ҳифзи маълумотеро, ки дар ҳуҷҷатҳо ва маводи пешниҳодшуда мавҷуданд, таъмин менамоянд.
 
Моддаи 22. Назоратбарии идоравӣ
 
Роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои риояи қонуният ҳангоми ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ масъуланд.
 
БОБИ 7.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 24. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
                       «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1998 «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №10, мод. 146; с. 1999, №11, мод. 278; с. 2003, №8, мод. 453; с. 2005, №12, мод. 642; с. 2006, №3, мод. 147; №7, мод. 339; с.2007, №5, мод. 361; с.2009, №7-8, мод. 491; №12, мод. 819) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                             Эмомалӣ  РАҲМОН
 
ш. Душанбе, 25 марти соли 2011,
№ 687
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН   ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 10:47
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
760
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Сешанбе, 2 Август, 2011

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7-8, мод. 614; с. 2014, №11, мод. 669; Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 с., №1449)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, кафолатҳои ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

- муҳити зист - муҳити зисти инсон, маҷмӯи ҷузъиёти муҳити табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиии антропогенӣ, инчунин объектҳои антропогенӣ;

- объекти антропогенӣ - объекте, ки инсон барои таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоии худ сохтааст ва он дорои хусусиятҳои объектҳои табиӣ намебошад;

- гуногунии биологӣ - шаклҳои гуногуни организмҳои зиндаи мансуб ба ҳама манбаъҳо, аз ҷумла, экосистемаҳои заминӣ ва обӣ ва комплексҳои экологӣ, ки организмҳои зинда ҷузъи онҳо мебошанд; мафҳуми мазкур гуногуниро дар доираи намуд, байни намудҳо ва гуногунии экосистемаҳо дар бар мегирад; 

- муҳити зисти мусоид - муҳити зисте, ки сифати он фаъолияти устувори системаҳои экологии табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиии антропогениро таъмин менамояд;

- зарар ба муҳити зист – тағйирёбии номатлуби ҳолати муҳити зист дар натиҷаи ифлосшавии он, ки ба таназзули системаҳои экологӣ ва коҳишёбии захираҳои табиӣ сабаб мегардад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- парки  дендрологии давлатӣ - гурӯҳи растаниҳое, ки арзиши илмӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ доранд, намудҳои табиии набототи боғу гулгаштҳо (паркҳо);

- моддаи ифлоскунанда - модда ё омехтаи моддаҳое, ки миқдор ва (ё) таркиби онҳо аз меъёри барои моддаҳои кимиёвӣ, аз ҷумла радиоактивӣ, дигар моддаҳо ва микроорганизмҳо муқарраргардида зиёд мебошад ва ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд;

- ифлосшавии муҳити зист - воридшавии моддаҳои эҳтимолан хатарноки кимиёвӣ ва биологӣ, моддаҳои радиоактивӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба муҳити зист, инчунин таъсири садо, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсири манфии физикӣ ба муҳити зист;

- минтақаи муҳофизатӣ (буферӣ) - ҳудуди замин ва қисми фазо, ки бо мақсади кам кардани таъсири номатлуби беруна дар атрофи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ташкил карда мешавад; 

- минтақаҳои санитарии муҳофизатӣ - ҳудудҳои табиие, ки барои таъмини меъёрҳои гигиении зарурии ғилзати моддаҳои ифлоскунанда дар қабати рӯизаминии атмосфера, ҳифзи манбаъҳои об, кам кардани таъсири манфии хатҳои интиқоли барқ ба аҳолии маҳал таъин гардидаанд;

- сифати муҳити зист - ҳолати муҳити зист, ки бо нишондиҳандаҳои физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ, нишондиҳандаҳои дигар ва (ё) маҷмӯи онҳо ифода мегардад; 

- ҷузъҳои муҳити табиӣ - замин, қаъри он, хок, обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, ҳавои атмосфера, олами набототу ҳайвонот ва дигар организмҳо, инчунин қабати озони атмосфера ва фазои кайҳонии атрофи Замин, ки дар маҷмӯъ шароити мусоидро барои мавҷудияти ҳаёт дар рӯи Замин таъмин мекунанд;  

- назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист (назорати экологӣ) - маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба пешгирӣ, ошкор ва рафъ кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузорӣ  дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таъмини риояи талабот, аз ҷумла меъёрҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва ғайра равона шудаанд;

- Китоби Сурх - маҷмӯи маълумотҳо оид ба намудҳои нодир, нобудшаванда ё таҳти таҳдиди нобудшавӣ қарордоштаи растаниҳо ва ҳайвонот, ки бо мақсади ҷорӣ намудани низоми ҳифозати махсус ва азнавбарқароркунии минбаъдаи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;

- лимити истифодаи захираҳои табиӣ - миқдори ниҳоии гирифтан ва истеъмол кардани захираҳои табиӣ, ихроҷи моддаҳои зараровар ифлоскунанда ба муҳити зист, ки бо мақсади ҳифзи захираҳои табиӣ, истифодаи оқилонаи онҳо, пешгирӣ ва рафъи таъсири номатлуби онҳо муқаррар карда мешавад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- меъёрҳои ихроҷи партови моддаҳо ва микроорганизмҳои ифлоскунанда (минбаъд - меъёрҳои ихроҷ ва партов) - маҳдудияти ихроҷ ва партови моддаҳо ва микроорганизмҳои ифлоскунанда ба муҳити зист, ки барои давраи гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳои беҳтарини мавҷуда, бо мақсади ноил гардидан ба меъёрҳои ҳифзи муҳити зист муқаррар карда мешаванд; 

- мониторинги муҳити зист (мониторинги экологӣ) - системаи комплексии мушоҳида, арзёбӣ ва ешгӯии тағйироти ҳолати муҳити зист таҳти таъсири омилҳои табиӣ ва антропогенӣ;

- меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист (минбаъд - меъёрҳои ҳифзи табиат) - меъёрҳои муқарраргардидаи сифати муҳити зист ва меъёрҳои таъсири имконпазир ба он ки дар сурати риояи онҳо муҳити мусоиди зист барои ҳаёти инсон, фаъолияти устувори системаҳои табиии экологӣ таъмин гардида, гуногунии биологӣ ҳифз карда мешавад; 

- меъёрҳои имконпазири фишори антропогенӣ ба муҳити зист - меъёрҳое, ки мутобиқи андозаи таъсири маҷмӯии имконпазири ҳама манбаъҳо ба муҳити зист ва (ё) ҷузъиёти алоҳидаи муҳити табиат дар доираи минтақаҳои мушаххас муқаррар карда шудаанд ва дар сурати риояи онҳо фаъолияти устувори системаҳои экологии табиӣ таъмин ва гуногунии биологӣ ҳифз карда мешавад;

- ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда - қитъаҳои замин, об ва фазои он ки дар онҳо комплексҳо ва объектҳои табиии дорои аҳамияти махсуси ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва муҳити зист, илмӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, истироҳатӣ ва солимгардонӣ ҷойгиранд ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонун пурра ва ё қисман аз истифодаи ҳоҷагидорӣ гирифта шудаанд ва барои онҳо низоми ҳифозати махсус муайян гардидааст;

- ҳифзи муҳити зист - системаи чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятии дорои хусусияти ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, технологӣ, маърифатӣ ва байналмилалӣ, ки ба таъмини ҳамоҳангии муносибати мутақобилаи ҷамъият ва табиат дар асоси ҳифз ва барқарорсозии муҳити табиӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, беҳтар намудани сифати муҳити зисти инсон, пешгирӣ ва рафъи таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист ва бартараф намудани оқибатҳои он равона гардидаанд;

- арзёбии таъсир ба муҳити зист - намуди фаъолият оид ба ошкор намудан, таҳлил кардан ва ба ҳисоб гирифтани оқибатҳои таъсири мустақим ва ғайримустақими фаъолияти ба нақша гирифташудаи хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар ба муҳити зист бо мақсади қабули қарорҳо оид ба имконпазир ё имконнопазир будани анҷомдиҳии он; 

- объекти табиии антропогенӣ - объекти табиӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият тағйир ёфтааст ва (ё) объекте, ки аз тарафи инсон сохта шуда, дорои хусусияти объекти табиӣ мебошад ва аҳамияти рекреатсионӣ ва муҳофизатӣ дорад; 

- объекти табиӣ - системаи экологии табиӣ, ландшафти табиӣ ва ҷузъҳои таркибии онҳо, ки хусусиятҳои табиии худро нигоҳ доштаанд; 

- комплекси табиӣ - маҷмӯи объектҳои табиии аз ҷиҳати функсионалӣ ва табиӣ ба ҳам алоқаманде, ки бо нишонаҳои географӣ ва нишонаҳои дигари марбута муттаҳид мебошанд;

- ландшафти табиӣ - мавзее, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият тағйир наёфтааст ва ба навъҳои муайяни релефи маҳал, хок, растании дар шароити ягонаи иқлимӣ ташаккулёфта мувофиқ мебошад; 

- захираҳои табиӣ - ҷузъиёти табиии муҳити зист, объектҳои табиӣ ва табиии антропогение, ки инсон истифода мебарад (энергияи офтоб, гармии дохилизаминӣ, ҳавои атмосфера, захираҳои замин, об, ҷангал ва маъдан, маводи радиоактивӣ, олами набототу ҳайвонот ва маҳсули онҳо, дигар неъматҳои табиӣ);

- истифодаи захираҳои табиат - фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият (аз ҷумла низомӣ) бо истифодаи намудҳои алоҳидаи захираҳои табиӣ, инчунин таъсири ин фаъолият ба муҳити зист;

- истифодабарандаи табиат - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҳамчун ташаббускор ё фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият амал намуда, бо муҳити зист ва захираҳои табиӣ созгор аст;

- системаи ҳифзи муҳити зист - маҷмӯи барнома ва чорабиниҳои давлатӣ, регламентҳои техникӣ, мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, воҳидҳои зерсохтори он, шабакаҳои дар соҳаи муҳити зист, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, амалкунандаи муассисаю ташкилотҳо, ки ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳити зист нигаронида шуда, барои иҷрои мақсаду вазифаҳои ягона, афзун гардонидани саҳми ин соҳа дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, таъмини амнияти экологӣ ва муҳити зисти барои инсон мусоид муттаҳид карда шудаанд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- меъёри технологӣ - меъёри имконпазири ихроҷ ва партови модда ва микроорганизмҳо, ки барои манбаъҳои статсионарӣ (доимӣ), сайёр ва дигар манбаъҳо, равандҳои технологӣ ва таҷҳизот муқаррар карда мешаванд ва андозаи имконпазири ҳаҷми ихроҷ ва партови моддаҳо ва микроорганизмҳоро ба муҳити зист ба ҳисоби воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда инъикос менамояд;

- қабати озон - қабати атмосферӣ дар сатҳи сайёра дар баландии 7-8 км дар қутбҳо ва 17-18 км дар Экватор бо тамаркузи зиёди молекулаҳои озон, ки нурҳои ултрабунафши барои организмҳои зинда ҳалокатоварро аз кайҳон намегузаронад;

- системаи экологӣ - маҷмӯи ягона, устувор, мустақилона инкишофёбанда ва танзимшавандаи ҷузъиёти зинда ва ғайризиндаи муҳити зист дар ҳудуди қитъаи муайяни биосферӣ, ки тавассути мубодилаи моддаҳо, энергия ва иттилоот байни ҳам алоқаманд мебошанд; 

- иттилооти экологӣ - ҳама гуна иттилоот дар шакли хаттӣ, визуалӣ, акустикӣ, электронӣ ё ҳама гуна шакли дигари моддӣ дар бораи ҳолати муҳити зист ва ҷузъиёти он, инчунин робитаи мутақобилаи байни ин ҷузъиёт, омилҳо, ба монанди моддаҳо, энергия, садо, радиатсия, амалҳо, аз ҷумла чорабиниҳои маъмурӣ, созишномаҳои экологӣ, қонунгузорӣ, нақшаҳо ва барномаҳои марбут ба муҳити зист, хароҷоту даромадҳо ва дигар тадқиқоти иқтисодӣ ва дурнамоҳое, ки дар қабули қарорҳо оид ба муҳити зист истифода мегарданд;

- амнияти экологӣ - ҳолати муҳофизавии манфиатҳои муҳими ҳаётии шахс, ҷомеа, муҳити зист аз таҳдидҳое, ки дар натиҷаи таъсиррасонии антропогенӣ ва табиӣ ба муҳити зист, аз ҷумла ба офату фалокатҳои табиӣ алоқаманданд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- хатари экологӣ - эҳтимолияти фарорасии ҳолате, ки барои муҳити зист оқибати номусоид дошта, дар натиҷаи таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари манфӣ, ҳолатҳои табиӣ ва техногенӣ ба вуҷуд меояд;

- экспертизаи экологӣ - муқаррар намудани мутобиқатӣ ё номутобиқатии ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо фавқулоддаи дорои хусусияти ба талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, аз он ҷумла санадҳои меъёрии техникӣ(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- аудити экологӣ - таҳлили мутобиқати фаъолият ва ҳисоботи субъекти ҳоҷагидорӣ ба қонунгузории амалкунанда, ҳуҷҷатҳои меъёрию методӣ, дастурӣ ва танзимкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

 

1. Қонуни мазкур муносибатҳои марбут ба алоқамандии мутақобилаи ҷамъият ва муҳити зистро дар раванди фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки ба муҳити зисти ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд, танзим менамояд. 

2. Масъалаҳои ҳифз ва истифодаи замин, қаъри замин, об, ҳавои атмосфера, олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла гуногунии биологӣ, ҷангалҳо, инчунин объектҳои муҳити атрофи дорои арзиши махсуси экологӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, мавзеъҳои табиии махсус ҳифзшавандаро дар қисмате, ки дар Қонуни мазкур танзим намегарданд, қонунҳои дахлдор ва қонунҳои дигари дар асоси он амалкунанда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медароранд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

3. Муносибатҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист дар қисмати барои таъмини бехатарии санитарӣ-эпидемиологии аҳолӣ зарурро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии санитарӣ-эпидемиологии аҳолӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таъмини муҳити зисти барои инсон мусоид нигаронида шудаанд, ба танзим медароранд. 

 

Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ, иҷтимоиву инфрасохторӣ ва дигар тадбирҳои таъсиррасонии давлатӣ мебошанд, ки ба таъмини ҳифз ва истифодаи оқилонаю самараноки захираҳои об ва замин, сарватҳои зеризаминӣ, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар захираҳои табиӣ барои манфиати халқ равона карда шудаанд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

2. Барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист системаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки он ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон барои муҳити зисти солим ва мусоид нигаронида шудааст.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

3. Асоси ташкили сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла консепсия, барнома, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист иборат мебошанд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 5. Принсипҳои асосии ҳифзи муҳити зист

 

Фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба муҳити зист таъсир мерасонанд, дар асоси принсипҳои зерин анҷом дода мешавад:  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- таъмини волоияти Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  ҳифзи муҳити зист;   (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- афзалияти ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, риояи ҳуқуқи он ба муҳити мусоиди зист; 

- барқарор сохтан ва нигоҳ доштан, истифодаи устувор ва оқилонаи муҳити зист бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, таъмини муҳити мусоиди  зист барои кору истироҳати аҳолӣ;

- пайвасти илман асосноки манфиатҳои ҳуқуқӣ, экологӣ, иқтисодию иҷтимоии инсон, ҷамъият ва давлат, андешидани чораҳои самаранок бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор;   

- музднок будани истифодабарии захираҳои табиӣ ва ҷуброни зарари ба муҳити зист расонидашуда; 

- мустақилияти назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; 

- эҳтимолияти хатари экологии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти ба нақша гирифташаванда;  

- арзёбии таъсир ба муҳити зист ҳангоми қабули қарорҳо оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият; 

- афзалияти нигоҳдории системаҳои экологӣ, ландшафт ва комплексҳои табиӣ;

- имконпазирии таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити табиӣ, аз ҷумла гуногунии биологӣ, бо назардошти талабот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- ҳатмӣ будани иштироки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳои ғайритиҷоратӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зист; 

- риояи ҳуқуқи ҳар як шахс барои дарёфти маълумоти дақиқ оид ба ҳолати муҳити зист, инчунин иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои марбут ба ҳуқуқи онҳо ба муҳити зисти мусоид тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳавасманд ва дастгирӣ кардани ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ; 

- ногузир будани ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- ташкил ва рушди системаи маърифати экологӣ, тарбия ва ташаккули фарҳанги экологӣ;

- ҳамкории байналмилалӣ. 

 

Моддаи 6. Объектҳои ҳифзи муҳити зист

 

1. Аз ифлосшавӣ, вайроншавӣ, осеб дидан, камшавӣ, харобшавӣ ва дигар таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ инҳо ҳифз карда мешаванд: 

- замин, қаъри он, хок; 

- обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ; 

- ҳавои атмосфера, қабати озонии Замин;

- олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла гуногунии биологӣ, тамоми намудҳои ҷангал, инчунин фонди генетикии онҳо.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

2. Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, аз ҷумла биосферӣ, минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ), парваришгоҳҳои табиии давлатӣ, ёдгориҳои табиӣ, паркҳои табиӣ, миллӣ ва дендрологӣ, боғҳои ботаникӣ, дигар комплексҳо ва объектҳои табиӣ, ки моҳияти махсуси ҳифзи табиат, илмӣ, таърихию фарҳангӣ, эстетикӣ, истироҳатӣ ва тандурустӣ доранд, инчунин объектҳои олами набототу ҳайвоноти нодир ё зери хатари нобудшавӣ қарордошта, дигар организмҳо ва макони зисту сабзиши онҳо таҳти муҳофизати махсус қарор дода мешаванд. 

3. Ба объектҳои муҳофизати махсус ҳамчунин минтақаҳои ташаккулёбии обҳои зеризаминӣ (водии дарёҳо, даҳанаи селроҳа, шелфи доманакӯҳҳо), бозёфтҳои нодири геологӣ ва ташкилаҳои минералогӣ, объектҳои палеонтологӣ ва дигар қитъаҳои қаъри замин, ки арзиши махсуси илмӣ, фарҳангӣ ва ғайра доранд, замини назди соҳил ва минтақаҳои ҳифзи объектҳои об, ҳавзҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ, қитъаҳои муҳофизатии ҷангалҳо ва дигар минтақаҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, мансубанд.  

 

Моддаи 7. Барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амал дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

1. Барои ташкили фаъолияти мақсаднок ва пурсамар ҷиҳати таъмини сифати мусоиди муҳити зист, идоракунии устувор, таъмини амнияти экологӣ, татбиқи муқаррароти конвенсия ва созишномаҳои байналмилалии экологӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, барнома, консепсия, стратегия, дурнамо инчунин дар асоси онҳо нақшаҳои амал, ки тадбирҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи устувору оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, солимгардонии муҳити зистро барои ояндаи дарозмӯҳлат пешбинӣ менамоянд, таҳия карда мешаванд. 

Бо мақсади аз байн бурдани такрори айнан як фаъолият ва беҳтар истифода бурдани имкониятҳо нисбати ду ва зиёда конвенсия ва созишномаҳои байналмилалии экологӣ, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амали ягона таҳия карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 2. Барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амали давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо иштироки вазорату идораҳои манфиатдор, инчунин аҳли ҷомеа таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

3. Нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист бо назардошти дурнамоҳои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва дар асоси тадқиқотҳои илмие, ки ба ҳалли масъалаҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист равона гардидаанд, таҳия карда мешаванд.

4. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти ба муҳити зист таъсири манфӣ расонандаро анҷом медиҳанд, вазифадоранд чорабиниҳои ҳифзи муҳити зистро бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гиранд ва амалӣ гардонанд.

 

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

 

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист инҳоянд: 

- пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- муқаррар намудани тартиби таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва талабот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист нисбати фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият;

- ҳавасмандгардонии кашфиёт ва тадқиқоти илмӣ, илмии техникӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии экологӣ ва идоракунии устувори истифодаи табиат, аз байн бурдан ва пешгирӣ кардани коҳиши муҳити зист;  

- муқаррар намудани андоза ва тартиби ситонидани пардохти маблағҳо барои истифодабарии захираҳои табиӣ;   (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

(Сархати 5 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- муайян намудани тартиб ва шартҳои суғуртаи ҳатмии экологии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;  

- муайян намудани тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ ва расмиёти арзёбии таъсири фаъолияти ба нақша гирифташаванда ба муҳити зист; 

- қабули қарорҳо дар хусуси истифодаи захираҳои табиӣ, бастани шартномаҳо ва қарордодҳо, аз ҷумла консессияҳо;

- тасдиқи барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳисобот ва гузоришҳои миллӣ оид ба ҳолати муҳити зист, инчунин нақшаҳои комплексии истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ, тартиби пешбурди кадастрҳои давлатии захираҳои  табиӣ;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист дар доира ва ҳаҷми муқаррарнамудаи буҷети давлатӣ;

- муқаррар намудани сохтор, мӯҳтаво ва тартиби мониторинги давлатии муҳити зист ва захираҳои табиӣ, ташаккули системаи давлатии мушоҳидаи вазъи муҳити зист ва таъмини фаъолияти ин система;

- тасдиқи номгӯи гурӯҳҳои маҳсулот, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки бояд ҳатман стандартизатсия ва сертификатсия шаванд;

- тасдиқи номгӯи объектҳои муҳити зисти дорои аҳамияти махсуси экологӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, ташкили мамнӯъгоҳҳои давлатӣ, паркҳои миллӣ, дендрологӣ ва табиии давлатӣ, инчунин дигар минтақаҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- муайян намудани тартиб ва шартҳои ҷамъоварӣ, таҳлил, ҷамъбаст, пешниҳоди иттилоот ва пешбурди омори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- муқаррар намудани тартиби назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;  

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тасдиқи низомномаи он;   (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- анҷом додани дигар салоҳиятҳо мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 9. Ваколати мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

1. Ба ваколати мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мансубанд: 

- татбиқи сиёсати давлатии экологӣ ва идоракунии комплексӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- амалӣ сохтани назорати давлатии фаъолияти объектҳои хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, новобаста ба шаклҳои моликият ва мансубияти идоравӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи ахираҳои табиӣ; 

- таҳияи лоиҳаи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин назорати иҷрои онҳо;

- таҳия ва тасдиқи меъёрҳо, регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои  табиӣ;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- таҳияи лоиҳаҳои барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳисобот ва гузоришҳои миллӣ оид ба ҳолати муҳити зист, инчунин нақшаҳои комплексии истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ, иштирок дар татбиқи онҳо;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- ширкат дар таҳия ва татбиқи барномаҳои экологии байнидавлатӣ ва минтақавӣ;

- ширкат дар амалисозии чорабиниҳои ҳифзи табиат ва дигар чорабиниҳое, ки барои беҳбуди вазъи муҳити зист андешида мешаванд, аз ҷумла дар минтақаҳои офати экологӣ;

- ташкил ва гузаронидани экспертизаҳои давлатии экологии фаъолияти ба нақша гирифташаванда; 

- анҷом додани амалҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ба ҷавобгарии маъмурӣ ва дигар ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор;

- ба суд пешниҳод намудани даъво дар хусуси ситонидани ҷарима, ҷуброни товони зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист расонида шудааст, ҳамчунин пардохти ҳатмии маблағҳо барои ифлос кардани муҳити зист  ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он; 

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба таъсиси мавзеъҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ, идора кардани чунин мавзеъҳо, назорати ҳифз ва истифодаи онҳо;

- иштирок дар ташкил, татбиқ ва рушди маърифати экологӣ ва ташаккули фарҳанги экологӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;  

- бо тартиби муқаррарнамуда маҳдуд кардан, боздоштан ва қатъ гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки бо риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист анҷом дода мешавад; 

- ташкил ва пешбурди мониторинги давлатии муҳити зист, таъмини фаъолияти хадамоти давлатии азорати муҳити зист;

- бо тартиби муқарраргардида таъмин кардани аҳолӣ бо иттилоот оид ба вазъи муҳити зист дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;   (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- ройгон дастрас намудани иттилооти экологӣ аз вазоратҳо, идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо ва муассисаю ташкилотҳо;   (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- таҳия ва  пешбурди Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқи Низомнома ва ҳайати Комиссияи доимоамалкунандаи он; 

- додани иҷозатномаҳо ба баъзе намудҳои фаъолият ё ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои пешбурди фаъолият ё амали муайян дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- барои субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани лимит ва квотаҳои истифодаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла объектҳои олами набототу ҳайвонот, маҳсулоти ҷангал, партовҳо ба ҳавои атмосфера, манбаъҳои об, рӯи замин ва қабати он, ҷойгиронии партовҳо;

- додани иҷозат барои ҳуқуқи ҷамъоварӣ кардан, аз сарҳад гузаронидан ва гӯронидани  партови истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, ихроҷ ва ҷойгиронии моддаҳои  ифлоскунандаи муҳити зист, парма кардани чоҳҳои об  ва истифодабарии мақсадноки захираҳои табиӣ;

- ташкил кардан ва гузаронидани сертификатсияи экологии объектҳои муҳити зист, захираҳои табиӣ, маҳсулот, мавод ва ашёи хом, партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, равандҳои технологӣ ва хизматрасонӣ, ки барои пешгирӣ ва бартараф кардани зарар ба муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ   равона карда шудаанд;

- муқаррар ва тасдиқ намудани андозаи пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ, ифлос кардани муҳити зист ва ҷойгиронии  партовҳо;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба  ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;

- таъсис ва пешбурди кадастри давлатии захираҳои табиӣ, баҳисобгирӣ ва арзёбии захираҳои табиӣ; 

- анҷом додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, бехатарии экологӣ, омӯзиш, ҷамъбаст ва интишори таҷрибаи байналмилалӣ, таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист эътироф намудааст;

- ҷамъоварӣ ва баррасии иттилооти экологӣ, таҳия ва нашри ҳисоботу гузоришҳои миллӣ оид ба вазъи муҳити зист; 

- анҷом додани дигар вазифаҳои таъмини ҳифзи самараноки муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ дар доираи салоҳияти худ.

2. Иҷрои қарорҳои мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти  он қароргирифта  барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, аз рӯи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонун шикоят кардан мумкин аст.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

 

1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ: 

- дар минтақаҳои дахлдор самтҳои асосии ҳифзи муҳити зисти табиӣ ва истифодаи захираҳои табииро муайян месозанд ва барномаҳои экологиро тасдиқ менамоянд; 

- хароҷоти ҳифз ва солимгардонии муҳити зистро дар буҷети маҳаллӣ тасдиқ мекунанд;  

- ҳисоботи роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳоро оид ба вазъи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиат мешунаванд;

- дар доираи ваколати худ доир ба масъалаҳои солимгардонии муҳити зист, ҳифз, барқарорсозӣ ва оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ, ҳифзи объектҳои муҳити зисти дорои арзиши махсуси экологӣ, илмию фарҳангӣ қоидаҳои иҷрояшон ҳатмӣ  қабул мекунанд.

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ корҳои зеринро анҷом медиҳанд:

- назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва танзими истифодаи захираҳои табиат;

- таҳия ва татбиқи барномаҳо ва нақшаҳои амал оид ба  ҳифзи муҳити зист ва истифодаи табиат дар минтақаҳои марбута, сохтмон ва азнавсозии объектҳои ҳифзи муҳити зист;

- пешниҳоди таклиф ба мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист дар хусуси ҳифзи объектҳои муҳити зист, ки дорои арзиши махсуси экологӣ, таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мебошанд, инчунин оид ба таъсиси мавзеъҳои махсус муҳофизатшаванда; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- таблиғи ҳифзи муҳити зист, анҷом додани корҳои тарбия ва ташаккули маърифати экологии аҳолӣ;

- амалӣ сохтани дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

 

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  қарорҳои мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин иштироки аҳолиро дар ҳалли масъалаҳои  беҳбуди муҳофизати муҳити зист таъмин менамоянд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

БОБИ 3.

ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ШАҲРВАНДОН, ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

ВА ТАШКИЛОТҲОИ ДИГАРИ ҒАЙРИТИҶОРАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар соҳаи   ҳифзи муҳити зист

 

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиндагӣ дар шароити барои саломатӣ ва ҳаёт мусоид ва истифода аз неъматҳои он, ба ҳифзи муҳити зист аз таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта ҳуқуқ доранд.

2. Шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳуқуқ доранд: 

- иттиҳодияҳо ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратии фаъолияташон вобаста ба ҳифзи муҳити зистро таъсис диҳанд; 

- ба мақоми ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,, дигар ташкилот ва шахсони мансабдор барои гирифтани иттилооти саривақтӣ, пурра ва дақиқи вобаста ба вазъи муҳити зисти маҳалли истиқомати худ, чораҳои вобаста ба ҳифзи он муроҷиат намоянд ва чунин иттилоотро дастрас кунанд. Агар ошкор кардани иттилооти экологӣ ба ҳифзи сирри давлатӣ ё ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда таъсири манфӣ расонад, дархост метавонад рад карда шавад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- дар ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо, намоишу роҳпаймоиҳо дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва дар дигар  чорабиниҳо, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, ширкат варзанд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- дар раванди баррасии лоиҳаҳои нақшаҳо, барномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба муҳити зист, арзёбии таъсир ба муҳити зист ва дигар масъалаҳои муҳими экологӣ ширкат варзанд, натиҷаҳои таҳқиқот, таклиф ва фикру ақидаҳои худро нисбат ба лоиҳаҳои мазкур пешниҳод намоянд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- экспертизаи ҷамъиятии экологиро талаб кунанд ва дар гузаронидани он тибқи тартиби муқарраргардида ширкат варзанд; 

- оид ба масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, таъсири манфӣ ба он бо шикоят, ариза ва пешниҳодҳо ба мақоми ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба дигар ташкилотҳо муроҷиат кунанд, ҷавобҳои баҳангом ва асоснок гиранд; 

- оид ба ҷуброни зараре, ки  ба муҳити зист, моликияти шахсӣ ва саломатии онҳо расидааст, ба суд даъво оваранд;

- ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки худро аз таъсири манфии муҳити зист, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ё дигар фаъолият ба вуҷуд меояд, суғурта кунанд; 

- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд. 

3. Шаҳрвандон ӯҳдадоранд: 

- муҳити зист ва захираҳои табииро ҳифз ва эҳтиёт кунанд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

(Сархати 2 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- ба мақоми  ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист мусоидат кунанд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- дигар талаботро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, риоя кунанд.

4. Истифодаи захираҳои табиӣ аз ҷониби шаҳрвандон бар зарари муҳити зист, ҳуқуқ ва манфиатҳои дигар шаҳрвандон, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо иҷозат дода намешавад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 13. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ  ва дигар ташкилотҳои

                       ғайритиҷоратӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

 

1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ҳуқуқ доранд, ки: 

- мувофиқи тартиби муқарраргардида дар  таҳия, таблиғ ва татбиқи барномаҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист иштирок намоянд, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳимоя кунанд, дар асоси ихтиёрӣ шаҳрвандонро ба фаъолияти соҳаи ҳифзи муҳити зист ҷалб намоянд; 

- аз ҳисоби маблағи худ ва маблағи ҷалбгардида фаъолияти вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, барқарорсозии захираҳои табиӣ, таъмини амнияти экологиро иҷро ва таблиғ кунанд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- ба мақомоти маҳаллӣ ва марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор барои дастрас кардани иттилооти баҳангом, пурра ва дақиқ оид ба вазъи муҳити зист, чораҳои ҳифзи он, ҳолат ва далелҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки ба муҳити зист, ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон таҳдид мекунанд, муроҷиат намоянд. Дархост оид ба иттилооти экологӣ дар ҳолате, ки ошкор кардани он ба ҳифзи сирри давлатӣ ё ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда таъсири манфӣ расонад, метавонад рад карда шавад;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида дар муҳокима ва қабули қарорҳои хоҷагӣ ва дигар қарорҳое, ки татбиқи онҳо метавонад ба муҳити зист, ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон таъсири манфӣ расонад, ширкат варзанд;

- ба мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳоқимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилоту идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзу шикоят ва пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист, таъсири манфӣ ба муҳити зист муроҷиат кунанд, ҷавоби баҳангом ва асоснок гиранд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- экспертизаи ҷамъиятии экологиро мутобиқи тартиби муқарраргардида ташкил кунанд ва гузаронанд, намояндагони худро барои ширкат дар экспертизаи давлатии экологӣ тавсия намоянд;

- дар хусуси бекор кардани қарор оид ба лоиҳакашӣ, ҷойгиронӣ, сохтмон, навсозӣ, ба истифода додани объектҳо, ҳамчунин оид ба маҳдудсозӣ, боздоштан ва қатъ кардани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ва суд муроҷиат кунанд;

- бо мақсади ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон оид ба ҷуброни товони зарари ба муҳити зист расонидашуда ба суд даъво пешниҳод кунанд.

2. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ӯҳдадоранд:

- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист риоя кунанд;

- ба мақоми ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист мусоидат намоянд;

3. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, доранд.

4. Аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ истифода кардани муҳити зист ба зарари он, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манъ аст.

 

Моддаи 14. Кафолатҳои ҳуқуқи шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи

                       муҳити зист 

 

1. Давлат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ татбиқи ҳуқуқҳои дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба онҳо додашударо кафолат медиҳад. 

2. Шахсоне, ки ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дар Қонуни мазкур нишон додашударо иҷро кардани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон монеъ мегарданд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 15. Системаи чорабиниҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ба муҳити зисти мусоид

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

1. Системаи чорабиниҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ба муҳити зисти мусоид маҷмӯи чораҳои ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва технологиро дар бар мегирад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

2. Бо мақсади таъмини ҳуқуқ ба муҳити зисти мусоид аз тарафи давлат чораҳои зерин амалӣ карда мешаванд:  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- таъмини амнияти экологӣ ва беҳсозии сифати муҳити зист;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- мӯътадилгардонии ҳолати муҳити зист, ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологӣ, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- пешгирӣ ва бартарафкунии зарар ба муҳити зист ва ҳаёти инсон;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- таъмини идоракунии бехатари фаъолият оид ба ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- такмили усул ва технологияҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии захираҳои табиӣ;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- рушди системаи иттилоотӣ ва усулҳои назорати ҳифзи муҳити зист;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- тарғиби донишҳои экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

3. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор барои таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба муҳити  зисти мусоид масъул мебошанд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

4. Ҷойгиронии объектҳое, ки фаъолияти онҳо метавонад ба муҳити зист зарар расонад, бо назардошти фикру ақидаи аҳолии минтақаи дахлдор амалӣ карда мешавад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

БОБИ 4.

ТАНЗИМИ ИҚТИСОДӢ ДАР СОҲАИ  ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 16. Усулҳои танзими иқтисодӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 

 

1. Вазифаҳои механизми иқтисодии ҳифзи муҳити зист рушди ҳавасмандгардонии моддиву маънавии аъолияти вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тобеият, кормандони онҳо ва шаҳрвандон ба таҳия, банақшагирӣ ва амалӣ сохтани чорабиниҳои амнияти экологӣ, истифодаи самаранок, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии захираҳои табиӣ мебошад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

2. Ба усулҳои танзими иқтисодии соҳаи ҳифзи муҳити зист инҳо мансубанд:

- таҳияи дурнамои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар асоси дурнамои экологӣ; 

- таҳияи барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амал дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- таҳия ва гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист бо мақсади пешгирӣ ва рафъи зарар ба муҳити зист;

- муқаррар намудани пардохти маблағҳо барои таъсири манфӣ ба муҳити зист;

- муқаррар намудани лимитҳо, квотаҳо ва тартиби ситонидани пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла объектҳои олами набототу ҳайвонот, маҳсулоти ҷангал, партовҳо ба ҳавои атмосфера, манбаъҳои обӣ, рӯи замин ва қабати он, ҷойгиронии партовҳо ва дигар намудҳои таъсироти манфӣ ба муҳит зист;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- арзёбии иқтисодии объектҳои табиӣ ва табиии антропогенӣ, ҳамчунин таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист;

- дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, инноватсионӣ ва дигар фаъолият (аз ҷумла суғуртаи экологӣ), ки ба ҷорӣ кардани технология ва истеҳсолоти беҳтарину пешқадам, навъҳои ғайрианъанавии энергия, истифодаи захираҳои мустаъмал ва коркарди партовҳо, инчунин дигар тадбирҳои самараноки ҳифзи муҳити зист нигаронидашуда;

- бо тартиби муқарраргардида ҷуброн намудани зараре, ки ба муҳити зист расонида шудааст;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- усулҳои дигари танзими иқтисодии такмил ва ҳифзи самараноки муҳити зист.

3. Танзими иқтисодии фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зист тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. 

 

Моддаи 17. Баҳисобгирӣ  ва арзёбии иҷтимоию иқтисодии  захираҳои табиӣ

 

1. Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист якҷоя бо мақомоти давлатии омор ва истифодабарандагони табиат ҳисоботи миқдор ва сифати захираҳои табиӣ, ашёи мустаъмал, инчунин маҳсулоти ғайриасосии фаъолияти ҳоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятро таҳия мекунанд, арзёбии иҷтимоию иқтисодии онҳоро анҷом медиҳанд. 

2. Пешбурди кадастрҳои давлатии захираҳои табиӣ, минтақаҳо ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист гузошта мешавад.

 

Моддаи 18. Маблағгузории чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист

 

Чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешаванд:

- буҷети давлатӣ; 

- ҳақгузориҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; 

- дигар манбаъҳои молиявие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст. 

 

Моддаи 19. Лимиту квотаҳои истифодабарии захираҳои табиӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

1. Лимиту квотаҳои истифодабарии захираҳои табиӣ барои истифодабарандагони табиат бо мақсади муайян кардани андозаҳои ниҳоии истифодабарии захираҳои табиӣ, ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ва ҷойгиронии партовҳо дар ҳудуд ва мӯҳлати муайян муқаррар карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

2. Лимиту квотаҳои истифодаи захираҳои табиӣ барои истифодабарандагони табиат аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади тадриҷан расидан ба андозаҳои меъёрии истифодаи захираҳои табиӣ, ҳадди имконпазири ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист ва ҷойгиронии партовҳо бо назардошти вазъи экологии ҳудуд муқаррар карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 20. Пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ ва расонидани таъсири

                       манфӣ ба муҳити зист

 

1. Пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ (замин, об, сарватҳои зеризаминӣ, ҷангал, олами набототу ҳайвонот, захираҳои рекреатсионӣ ва дигар захираҳо) дар мавридҳои зерин ситонида мешавад:

- барои ҳуқуқи истифодаи захираҳои табиӣ;

- барои истифодаи захираҳои табиӣ дар доираи лимиту квотаҳои муқарраршуда;

- барои аз лимиту квотаҳои муқарраршуда зиёд истифода бурдани захираҳои табиӣ;

2. Пардохти маблағҳо барои расонидани таъсири манфӣ ба муҳити зист дар мавридҳои зерин ситонида мешавад:

- барои партофтан, ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда, ҷойгиркунии партовҳо ва расонидани дигар намудҳои таъсир ба муҳити зист дар доираи лимиту  квотаҳои муқарраршуда;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- барои аз лимит ва квотаҳои муқарраршуда зиёд партофтани маводи ифлоскунанда, ҷойгиркунии партовҳо ва расонидани дигар намудҳои таъсир ба муҳити зист. 

3. Тартиби ҳисоб ва татбиқ кардани меъёри пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ ва таъсири манфӣ ба муҳити зистро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

4. Пардохти маблағҳои истифодаи захираҳои табиӣ ва расонидани таъсир ба муҳити зист истифодабарандагони табиатро аз иҷрои чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист, ҷуброни товони зарарҳои ба муҳити зист расонидашуда озод намекунад.

 

Моддаи 21. Фондҳои ҳифзи муҳити зист

 

1. Барои хароҷоти пешбининашудаи вобаста ба ҳифз ва солимгардонии муҳити зист, барқарор кардани талафоти муҳити зист ва ҷуброни товони зарари ба он расонидашуда, фондҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявии ҳифзи муҳити зист таъсис дода мешаванд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

2. Фондҳои мазкур аз ҳисоби маблағҳои барои истифодаи захираҳои табиӣ, ихроҷи (партофтан, ҷойгиронӣ) моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист, пардохташуда, хайрияҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ ва дигар манъбаҳо ташаккул меёбанд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

3. Тартиби ташкилу истифодаи фондҳои ҳифзи муҳити зист аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешавад.

 

Моддаи 22. Фондҳои суғуртаи ҳифзи муҳити зист

 

1. Фондҳои суғуртаи ҳифзи муҳити зист барои пӯшонидани хароҷот оид ба барқарорсози  талафоти муҳити зист, ҷуброни товони зарари ба саломатию молу мулки шаҳрвандон дар натиҷаи офатҳои табиӣ, садамаю фалокат ва дигар хатарҳои экологӣ расида  таъсис дода мешаванд.

2. Фондҳои мазкур аз ҳисоби маблағҷудокунии давлат, корхонаҳо. ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз тобеъият ва шаклҳои моликияташон, инчунин аз маблағи хайрияи ихтиёрии шаҳрвандон таъсис дода мешаванд.

3. Шартҳои суғуртакунӣ, тартиби ворид намудани пардохти маблағҳои суғуртавӣ мувофиқи онунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешаванд.

 

БОБИ 5.

БАМЕЪЁРДАРОРИИ МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 23. Бамеъёрдарории сифати муҳити зист

 

1. Бамеъёрдарории сифати муҳити зист бо мақсади муайян кардани ҳадди имконпазири меъёри аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи таъсир ба муҳити зист, ки бехатарии экологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, ҳифзи ҳавои атмосфера, об, замин, олами набототу ҳайвонот, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табииро кафолат медиҳад, анҷом дода мешавад.  

2. Бамеъёрдарории сифати муҳити зист системаи меъёрҳои сифати муҳити зист мебошад, ки бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мешаванд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 24. Таҳияи меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист

 

Таҳияи меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист инҳоро дар бар мегирад:

- иҷрои корҳои тадқиқотӣ-илмӣ ҷиҳати асосноккунии меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- бо тартиби муқарраргардида гузаронидани экспертиза, тасдиқ ва нашри меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- муайян кардани асосҳои таҳия ё аз нав дида баромадани меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- ташаккул ва пешбурди махзани ягонаи иттилоотии меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- арзёбӣ ва пешгӯӣ кардани натиҷаҳои экологӣ, иҷтимоию иқтисодии меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист.

 

Моддаи 25. Меъёрҳои сифати муҳити зист

 

1. Меъёрҳои сифати муҳити зист барои арзёбии вазъи муҳити зист ба манфиати саломатии инсон, нигоҳдории системаҳои экологии табиӣ ва фонди генетикии олами набототу ҳайвонот муқаррар карда мешаванд.

2. Ба меъёрҳои сифати муҳити зист инҳо мансубанд:

- меъёрҳое, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои кимиёвии вазъи муҳити зист  муқаррар карда шудаанд, аз ҷумла меъёрҳои ҳадди имконпазири ғилзати моддаҳои кимиёвӣ, инчунин моддаҳои радиоактивӣ;
- меъёрҳое, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои  физикии вазъи муҳити зист муқаррар карда шудаанд, аз ҷумла мутобиқи нишондиҳандаҳои дараҷаи радиоактивӣ ва ҳарорат;

- меъёрҳое, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои биологии вазъи муҳити зист муқаррар карда шудаанд, аз ҷумла навъ ва гурӯҳҳои растанӣ, ҳайвонот ва дигар организмҳое, ки  ҳамчун индикаторҳои сифати муҳити зист истифода бурда мешаванд, инчунин меъёрҳои ҳадди имконпазири ғилзати микроорганизмҳо;  

- дигар меъёрҳои сифати муҳити зист.

3. Барои минтақаҳои алоҳида (мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, паркҳои миллии табиӣ, минтақаҳои осоишию курортӣ ва  истироҳатӣ) бо назардошти хусусиятҳои табиию иқлимӣ, ҳамчунин арзиши махсуси онҳо меъёрҳои нисбатан қатъии сифати муҳити зист муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 26. Меъёрҳои ҳадди имконпазири ихроҷ ва партофтани моддаҳои ифлоскунанда

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

1. Меъёрҳои ҳадди имконпазири ихроҷ ва партофтани моддаҳои ифлоскунанда, аз ҷумла микроорганизмҳои патогенӣ ва дигар моддаҳои биологии ҳаво ва обу заминро ифлоскунанда бо назардошти воридоти умумии партовҳо аз ҳамаи объектҳои истеҳсолӣ, маълумотҳои инвентаризатсияи ихроҷ ва партофтани моддаҳои ифлоскунанда аз ҳар як манбаи ифлоскунанда, меъёрҳои ҳадди имконпазири ғилзати моддаҳои ифлоскунанда дар муҳити зист ва ифлосии мавҷудаи он муайян карда мешавад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

2. Ихроҷ ва партофтани моддаҳои ифлоскунанда, дигар модда ва микроорганизмҳо ба муҳити зист дар доираи лимитҳои муқарраргардидаи имконпазири ихроҷ ва партофтани моддаҳо ва микроорганизмҳо дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мумкин аст.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 27. Меъёрҳои ҳадди имконпазири дараҷаи садо, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва

                       дигар таъсири номатлуби физикӣ

 

1. Меъёрҳои ҳадди имконпазири дараҷаи садо, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсири номатлуби физикӣ ба андозаи таъминкунандаи ҳифзи саломатӣ ва қобилияти меҳнатии одамон, ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва муҳити зисти барои зиндагӣ мусоид муайян карда мешавад.

2. Меъёрҳои мазкур ва усулҳои муайян кардани онҳо аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 28. Меъёрҳои ҳадди имконпазири дараҷаи таъсири радиатсионӣ

 

1. Меъёрҳои ҳадди имконпазири дараҷаи таркиби бехавфи моддаҳои радиоактивӣ дар муҳити зист ва озуқа, ҳадди имконпазири дараҷаи шуоъафкании радиатсионӣ ба андозае муайян карда мешаванд, ки саломатии инсон ва насли ояндаи одамон, нигаҳдории олами набототу ҳайвонот ва ҳолати мусоиди зист кафолат дода шаванд. 

2. Меъёрҳои мазкур ва усулҳои муайян кардани онҳо аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 29. Меъёрҳои истифодабарии нурӣ ва заҳрдоруҳои кимиёвӣ ва дигар

                       моддаҳои кимиёвӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Меъёрҳои истифодаи нуриҳои минералӣ ва органикӣ, дигар моддаҳои кимиёвӣ ва воситаҳои нумӯи растаниҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангалпарварӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт ба андозае муқаррар карда мешаванд, ки талаботи ҳадди имконпазири бақияи моддаҳои кимиёвӣ дар таркиби озуқа ва организми одам, инчунин ҳифзи саломатии инсон, фонди генетикии он ва олами набототу ҳайвонот таъмин карда шаванд.

 

Моддаи 30. Меъёрҳои ҳадди имконпазири бақияи моддаҳои кимиёвӣ ва микроорганизмҳои

                      зарарноки биологӣ дар озуқа

 

1. Меъёрҳои ҳадди имконпазири бақияи моддаҳои зарарноки кимиёвӣ, заҳрдоруҳои кимиёвӣ ва микроорганизмҳои зарарноки биологӣ дар озуқа бо роҳи муайян кардани меъёри камтарини имконпазири барои саломатии инсон безарар, барои ҳар як намуди моддаи кимиёвӣ, заҳрдоруҳои кимиёвӣ ва микроорганизмҳои зарарноки биологӣ ва ҳар як намуди озуқа муайян карда мешаванд.

2. Меъёрҳои мазкур аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти стандартҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 31. Стандартҳои экологӣ

 

1. Дар стандартҳо барои техника, технология ва маводу ашъёи нав, дигар маҳсулоте, ки метавонанд ба табиат, саломатӣ ва фонди генетикии инсон таъсири зарарнок расонанд, талаботи экологие муқаррар карда мешаванд, ки риояи меъёрҳои ҳадди имконпазири таъсиррасонӣ ба муҳити зистро дар ҷараёни истеҳсолот, барқарорсозӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, истифода (истеъмол) ва нобудсозии  маводу маҳсулоти мазкур бояд таъмин намоянд. 

2. Стандартҳои мазкур, усулҳои муайян кардани онҳо ва намудҳои техника, технология, масолеҳ, моддаҳо ва дигар маҳсулоте, ки барои онҳо таҳия мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар мувофиқа бо мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 32. Меъёрҳои имконпазири шиддати антропогенӣ ба муҳити зист

 

1. Меъёрҳои имконпазири шиддати антропогенӣ ба муҳити зист барои субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият бо мақсади арзёбӣ ва танзими таъсири ҳама манбаъҳои статсионарӣ, сайёр ва дигар манбаъҳои ба муҳити зист таъсиррасон, ки дар ҳудуди минтақаи мушаххас  ҷойгиранд, муқаррар карда мешаванд. 

2. Меъёрҳои имконпазири шиддати антропогенӣ ба муҳити зист барои ҳар як намуди таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист ва таъсири муштараки ҳамаи манбаъҳои дар ҳудуди ин минтақа ҷойгирбуда  муқаррар карда мешаванд. 

3. Ҳангоми муқаррар намудани меъёрҳои имконпазири шиддати антропогенӣ ба муҳити зист хусусиятҳои муҳити зисти минтақаҳои мушаххас, аз ҷумла гуногунии биологӣ ба инобат гирифта мешаванд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 33. Меъёрҳои минтақаҳои санитарӣ ва муҳофизатӣ

 

1. Меъёрҳои минтақаҳои санитарӣ, муҳофизатӣ, санитарию муҳофизатӣ барои ҳифзи обанбор ва дигар манбаъҳои обтаъминкунӣ, минтақаҳои курортӣ, муолиҷавию солимгардонӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва дигар ҳудудҳо аз ифлосшавӣ ва дигар таъсири номатлуб муқаррар карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

2. Меъёрҳои мазкур аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи муҳити зист якҷоя бо дигар мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия карда, мавриди амал қарор дода мешаванд.

 

Моддаи 34.Сертификатсияи экологӣ

 

1. Сертификатсияи экологӣ бо мақсади таъмини фаъолияти аз ҷониби хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ бехатари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гузаронида мешавад.

2. Сертификатсияи экологӣ метавонад ҳатмӣ ё ихтиёрӣ бошад.

3. Сертификатсияи экологии ҳатмӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 6.

АРЗЁБИИ ТАЪСИР БА МУҲИТИ ЗИСТ ВА ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ

 

Моддаи 35. Арзёбии таъсир ба муҳити зист

 

1. Фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти ба нақша гирифташавандаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба муҳити зист, аз ҷумла ба саломатии аҳолӣ мустақиман ё ғайримустақим таъсир мерасонад, арзёбӣ карда мешавад.  

2. Арзёбии таъсир ба муҳити зист расмиёти ҳатмӣ буда, ҳангоми таҳияи ҳама гуна вариантҳои алтернативии ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавӣ, аз ҷумла пеш аз сармоягузорӣ, ки фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти ба нақша гирифташавандаро асоснок мекунад, бо иштироки ҷомеъа гузаронида мешавад.

3. Номгӯи навъҳои фаъолият ва талабот нисбати маводи арзёбии таъсир ба муҳити зист дар низомнома, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 36. Экспертизаи экологӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

1. Экспертизаи экологӣ барои санҷиши асоснокӣ ва мутобиқати фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари ба нақша гирифташуда ба талаботи меъёрҳои сифати муҳити зисти табиӣ, қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологии ҷомеа гузаронида мешавад. 

2. Сохтмон, мавриди истифода қарор додан, инчунин амалӣ сохтани фаъолияти дигари хоҷагидорӣ бе хулосаи мусбии экспертизаи экологӣ манъ аст. 

3. Вазифаҳо ва тартиби гузаронидани экспертизаи экологиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экпертизаи экологӣ" муқаррар мекунад.

 

БОБИ 7.

ТАЛАБОТИ ЭКОЛОГӢ ҲАНГОМИ ҶОЙГИРОНӢ, ЛОИҲАКАШӢ, СОХТМОН, АЗНАВСОЗӢ, МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ КОРХОНА, ИНШООТ ВА ДИГАР ОБЪЕКТҲО

 

Моддаи 37. Талаботи умумии экологӣ ҳангоми ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ,

                       мавриди истифода қарор додани корхона, иншоот ва дигар объектҳо

 

1. Ҳангоми ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид, мавриди истифода қарор додан, муваққатан боздоштан (консерватсия кардан) ва барҳамдиҳии корхона, иншооту дастгоҳҳо, ҳангоми гузаронидани хатҳои интиқоли барқ ва алоқа, қубурҳо, каналҳо, роҳҳои нақлиётӣ ва дигар объектҳое, ки ба муҳити зист мустақиман ва ғайримустақим таъсир расонида метавонанд, бояд талабот оид ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ҳифзи саломатии инсон риоя гардида, барои ҳифз ва солимгардонии муҳити зист, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ тадбирҳо андешида шаванд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

2. Вайрон кардани талабот оид ба ҳифзи муҳити зист боиси  тибқи амри мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муваққатан боздоштан, маҳдуд кардан ё пурра қатъ гардонидани фаъолияти ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, мавриди истифода қарор додан, муваққатан боздоштан ва барҳам додани объектҳои аз ҷиҳати экологӣ зарарнок, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеъият, мегардад.

 

Моддаи 38. Талабот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҷойгиронии  корхонаҳо, иншоот

                       ва дигар объектҳо

 

1. Ҳангоми ҷойгиронии корхонаҳо, иншооту объектҳои дигар, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тобеъият, иҷрои талабот оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, амнияти экологӣ, ба назар гирифтани оқибатҳои наздиктарин ва дури экологӣ, генетикӣ, иқтисодӣ, демографӣ, маънавӣ ва дигари фаъолияти объектҳои мазкур бояд таъмин карда шавад.

2. Ҷойҳои сохтмони корхона, иншооту дигар объектҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тобеият, тибқи қонунгузории амалкунанда, дар сурати мавҷуд будани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ муайян карда мешаванд. 

3. Ҳангоми ҷойгиронии биноҳо, иншоот ва дигар объектҳо тамоми чораҳои имконпазир  оид ба халалдор нагаштани манфиатҳои қонунии шаҳрвандон андешида мешаванд.

 

Моддаи 39. Талаботи экологӣ  нисбати сохтмону азнавсозии корхона, иншоотҳо ва дигар

                       объектҳо

 

1. Иҷрои  корҳои омодасозӣ дар маҳал, сохтмон, таъмиру таҷдиди объектҳо, сарфи назар аз шакли моликияту тобеияташон, бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ манъ аст. Тағйир додани лоиҳа ё арзиши корҳои тасдиқшуда бар зарари муҳити зист иҷозат дода намешавад.

2. Корҳои дар қисми экологии лоиҳа пешбинишуда дар навбати аввал иҷро карда мешаванд.

3. Ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ ҷиҳати ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рекултиватсияи заминҳо ва барқарорсозии захираҳои дигари табиӣ, ободонии атроф ва солимгардонии  муҳити зист бояд тадбирҳо андешида шаванд.

4. Риоя накардани талаботи моддаи мазкур боиси дар асоси амрияи мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати бехатарии корҳо дар саноат ва назорати кӯҳкорӣ манъ кардани корҳои сохтмонӣ то бартараф кардани норасоиҳои қайдшуда мегардад.

 

Моддаи 40. Риоя намудани талаботи экологӣ ҳангоми хусусигардонии молу мулки давлатӣ

 

1. Корхона ва дигар объектҳо бо назардошти натиҷаҳои санҷиши вазъи экологии онҳо хусусӣ гардонида мешаванд. Санҷиши вазъи экологии корхона ё объекти дигари хусусигардонидашаванда тибқи нақшаи хусусигардонӣ пешбинӣ карда мешавад ва аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист анҷом дода мешавад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

2. Чорабиниҳо оид ба тоза ва безараргардонии корхона ва дигар объекти хусусигардонӣ аз ҳисоби давлат ва (ё) бо розигии молики нав аз манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешаванд:

- маблағи барои сохтмон, таҷдид ва азнавҷиҳозонии объектҳои ҳифзи муҳити зист бозсармоягузорӣ  намудаи молики нави корхона;

- аз ҳисоби маблағе, ки ба корхона ва дигар объекти хусусигардонидашуда дар шакли  қарзҳои мақсаднок, қарзҳои бефоиз ва маблағгузории мақсадноки эҳтиёҷоти вобаста ба ҳифзи муҳити зист ворид мешаванд;  

- аз ҳисоби маблағе, ки корхона тавассути системаи суғуртаи экологӣ мегирад;

- аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

 

Моддаи 41. Риоя намудани талабот ва ӯҳдадориҳои экологӣ ҳангоми муфлисшавӣ

 

1. Ҳангоми оғоз намудани парванда оид ба муфлисшавӣ нисбати шахси ҳуқуқӣ - истифодабарандаи табиат санҷиши вазъи экологии он гузаронида мешавад. 

2. Ӯҳдадории гузаронидани санҷиши вазъи экологии корхона ва дигар объекти муфлисшуда ба зиммаи мақомоти анҷомдиҳандаи санатсия ё идоракунандаи берунӣ  вогузор карда мешавад.

3. Объекти санҷиш натиҷаҳои фаъолияти хоҷагидории корхона, ки боиси муфлисшавӣ гаштааст, инчунин риояи талаботи экологӣ аз ҷониби он мебошад(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

4. Ҳангоми баррасии  парванда оид ба муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ - истифодабарандаи табиат манфиати кредиторон нисбати ӯҳдадориҳои экологӣ ба инобат гирифта  мешавад.

 

Моддаи 42. Риоя намудани талабот ва ӯҳдадориҳои экологӣ ҳангоми барҳамдиҳӣ ва

                       азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ

 

1. Шахси ҳуқуқӣ - истифодабарандаи табиат бо назардошти талаботи экологӣ дар асоси маълумоти санҷиши ҳолати корхона, бо инъикоси ҳатмии натиҷаҳои онҳо дар баланси барҳамдиҳӣ, ки ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ мураттаб мегардад, барҳам дода ва аз нав ташкил карда мешавад.

2 Ҳолати экологии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда ё аз нав ташкилдодашаванда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мавриди санҷиш қарор мегирад.

3. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ ворисони ҳуқуқии молики нав нисбати ӯҳдадориҳои экологӣ мутобиқи тавозуни тақсимотӣ таъмин карда мешаванд. 

4. Шахси ҳуқуқӣ бо назардошти манфиатҳои қарздиҳандагон нисбати ӯҳдадориҳои экологӣ барҳам дода мешавад.

 

Моддаи 43.Талаботи экологӣ ҳангоми мавриди истифода қарор додани корхона, иншоот ва

                      дигар объектҳо

 

1. Корхона, иншоот ва дигар объектҳо бо шарти дар ҳаҷми пурра иҷро кардани талаботи экологии дар лоиҳа пешбинишуда, тибқи санадҳои комиссияҳои қабул, ки бо иштироки намояндагони мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таъсис меёбанд, мавриди истифода қарор дода мешаванд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

2. Мавриди истифода қарор додани корхона, иншоот ва дигар объектҳо, ки бо воситаҳои назорати ифлосшавии муҳити зист, иншооту таҷҳизоти зарурии тоза ва безараргардонӣ ва нобуд кардани партовҳои зарарнок, ихроҷ ва партофтани моддаҳои ифлоскунанда то ҳадди меъёрҳои ҷоиз таъмин нестанд, бе анҷом додани корҳои лоиҳавии рекултиватсияи замин, барқарорсозии захираҳои дигари табиӣ ва солимгардонии муҳити зист манъ аст.

 

БОБИ 8.

ТАЛАБОТИ ЭКОЛОГӢ ҲАНГОМИ ИСТИФОДАИ КОРХОНАҲО, ИНШООТ,

 ОБЪЕКТҲОИ ДИГАР ВА ИҶРОИ ФАЪОЛИЯТИ ДИГАР

 

Моддаи 44. Талаботи экологӣ ҳангоми истифодаи корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳо

 

1. Корхона, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки оид ба риояи низоми технологӣ ва иҷрои талаботи ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ ва солимгардонии муҳити зист тадбирҳои самаранок андешанд.

2. Корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар асоси кори самараноки иншоотҳои партовтозакунӣ, таҷҳизот ва воситаҳои назорат, безараргардонӣ ва истифодаи партови мустаъмал, гузаштан ба технология ва истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ бехавф меъёрҳои муқарраршудаи сифати муҳити зистро риоя мекунанд, оид ба ҳифз ва барқароркунии маҳсулнокии системаҳои экологии табиӣ, ҳифзи замин, хок, сарватҳои қаъри замин, об, ҳавои атмосфера, олами набототу ҳайвонот ва барқарорсозии захираҳои табиӣ тадбирҳо меандешанд.

3. Риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми истифодаи корхона, иншоот ва объектҳои дигар, боиси боз доштан, маҳдуд сохтан ва қатъ кардани фаъолияти корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ё сех, шӯъба, филиалҳо ва таҷҳизоти онҳо бо қарори мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мегардад.

4. Самти фаъолияти объектҳо, қисматҳои алоҳидаи он ё коргоҳҳо, истифода бурдани технология ва техникаи нави аз ҷиҳати экологӣ зарарнок дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дигар карда мешавад.

 

Моддаи 45. Талаботи экологӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳоҷагии ҷангал

 

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал фаъолияткунанда вазифадоранд нисбати ҳифзи хок, обанборҳо, олами наботот ва ҳайвонот аз таъсири зараровари офатҳои табиӣ, оқибати номатлуби истифодаи техника, моддаҳои кимиёвӣ ва омилҳои дигаре, ки ҳолати муҳити зистро бад мекунанд ва ба саломатии инсон зарар мерасонанд, тадбирҳо андешанд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

2. Фермаву комплексҳои чорводорӣ, корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал бояд талаботи санадҳои меъёрии санитарию муҳофизатӣ, минтақаҳои ҳифзи об ва иншоотҳои партовтозакуние, ки ифлос ва касифшавии замин, обҳои рӯизаминиву зеризаминӣ, нобуд ва харобшавии ҷангалу чарогоҳҳо, инчунин ба ҷузъиёти дигари муҳити зист расонидани зарарро истисно менамоянд, риоя кунанд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

3. Иҷро накардани талаботи мазкур ва расонидани зарар ба муҳити зист, аз ҷумла ба саломатии инсон, боиси дар асоси амрияҳои мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ боздоштан, маҳдуд ё қатъ кардани фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ зарарноки объектҳои соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва дигар объектҳо мегардад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 46. Талаботи экологӣ ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ ва иҷрои корҳои

                       мелиоративӣ

 

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ, иҷрои корҳои мелиоративӣ ва истифодаи системаҳои мелиоративӣ оид ба  риояи мувозинати об, истифодаи оқилона ва ҳифзи замин, наботот, аз ҷумла ҷангалзор, истифодаи сарфакоронаи об, пешгирӣ аз зериобмонӣ, ботлохшавӣ, шӯршавӣ, эрозияи замин, роҳ надодан ба нобудшавии ҷойҳои тухммонӣ, парваришёбӣ, зимистонгузаронӣ ва кӯчидани моҳиён ва таъсири дигари зараровар ба муҳити зист бояд тамоми тадбирҳоро андешанд.

2. Риоя накардани талаботи мазкур боиси дар асоси амрияҳои мақоми ваколатдори давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист боздоштани иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ё истифодабарии ин системаҳо то бартараф намудани норасоиҳо ё қатъ гардонидани чунин корҳо ва ҳамзамон қатъ кардани маблағгузории чунин корҳо аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ мегардад.

 

Моддаи 47.Талаботи экологӣ нисбати объектҳои энергетикӣ

 

1. Ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва мавриди истифода қарор додани корхона, дастгоҳ ва дигар объектҳои энергетикӣ, инчунин дарғот, сарбанд ва обанборҳо, мувофиқи талаботи моддаҳои 38-45 Қонуни мазкур сурат мегирад. 

2. Таҳияи консепсияҳо ва барномаҳои рушди энергетика бо назардошти зарурати кам кардани таъсири манфии оқибатҳои экологӣ ва таъсири объектҳои энергетикӣ ба муҳити зист, аз ҷумла ба саломатии аҳолӣ анҷом дода мешавад.

3. Ҳангоми ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дигар объектҳои энергетикӣ зарурати иқтисодӣ, релефи маҳалли ҷойгиронии объект, тадбирҳои бештар эҳтиёт кардани замин, ҷангал, конҳо, маҳалҳои аҳолинишин, ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи самараноки захираҳои моҳӣ, қабати ҳосилхези замин ва роҳ надодан ба тағйироти манфӣ дар муҳити зист ҳангоми тоза намудан ва бо об пур кардани обанбор бояд ба назар гирифта шаванд.

4. Риоя накардани талаботи мазкур боиси дар асоси амрияҳои мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист боздоштани корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ё ин ки қатъ гардонидани истифодабарии объектҳои энергетикӣ то бартараф намудани норасоиҳо мегардад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 48. Талаботи экологӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозии шаҳрҳо ва дигар

                       маҳалҳои аҳолинишин

 

1. Лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин бояд ба талаботи моддаҳои 38-45 Қонуни мазкур мувофиқат кунад ва шароити мусоиди экологиро барои зиндагӣ ва кору  истироҳати аҳолӣ таъмин намояд.

2. Сохтмони объектҳои нав ва зиёд кардани  иқтидорҳои объектҳои амалкунандаи хоҷагидорӣ, сарфи назар аз шаклҳои

моликият ва тобеъият, дар минтақаҳое, ки олудагии муҳити зист аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд аст, манъ мебошад.

3. Ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин таъмини об, кабудизоркунӣ, канализатсия, бунёди фарши кӯчаҳо, безараргардонӣ, анборкунӣ, аз назари экологӣ ва санитарӣ бехавф кашонидан, нобуд сохтан ва гӯр кардани партовҳо, равона сохтан ва тоза кардани селобаҳо бояд ба назар гирифта шавад.

4. Бо мақсади ҳифзи муҳити зист дар атрофи шаҳрҳои азим, марказҳои саноатӣ ва объектҳои азими аз ҷиҳати экологӣ хавфнок боғу ҷангалзор, минтақаҳои муҳофизатӣ, иншоотҳои селгардон ва мустаҳкамкунандаи соҳилҳо бунёд карда мешаванд.

 

Моддаи 49. Талаботи экологӣ нисбати истифодаи маводи радиоактивӣ

 

1. Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон ӯҳдадоранд, ки қоидаҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, кашонидан, истифодабарӣ, нобуд сохтан ва гӯронидани маводи радиоактивӣ (манбаъҳои иондори нурафкан ва маводи ядроӣ)-ро риоя кунанд, ба баланд гаштани меъёрҳои ҳадди ҷоизи  радиатсия роҳ надиҳанд, дар сурати баланд шудани он фавран ба мақомоти дахлдор, ки бехатарии радиатсиониро таъмин мекунанд, дар хусуси сатҳи баланди радиатсия, ки барои саломатии инсон ва уҳити зист хавфнок аст, хабар диҳанд, барои рафъи манбаъҳои заҳролудшавӣ тадбирҳо андешанд.

2. Корхонаю муассисаҳо, ташкилот ва шаҳрвандоне, ки қоидаҳои муносибат бо маводи радиоактивиро риоя намекунанд, мувофиқи қарори мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз ҳуқуқи истифодаи ин мавод маҳрум ё фаъолияташон оид ба истифодаи ин мавод то бартараф кардани норасоиҳо қатъ карда мешавад.

3. Ворид намудани партовҳо ва маводи радиоактивӣ, инчунин ҳамлу нақли (транзити) онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 50. Талаботи экологӣ ҳангоми истифодаи маводи кимиёвӣ ва маводи дигар дар

                       фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият

 

1. Корхонаю муассиса, ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки қоидаҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, кашонидан ва ба кор бурдани маводи кимиёвӣ, воситаҳои ҳимояи растанӣ ва нумӯяи он, нуриҳои минералӣ, ки дар фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият истифода мешаванд, риоя кунанд, меъёрҳои муқарраршудаи истифодаи онҳоро риоя карда, барои пешгирии оқибати зарарноки онҳо ба муҳити зист, аз ҷумла ба саломатии инсон  чораҳо андешанд.

2. Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар мувофиқа бо мақоми назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол рӯйхати мавод ва доруҳои кимиёвиеро, ки ба овардан ва истифода бурдани онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, тасдиқ менамояд. Ба воридот, истеҳсол ва истифодаи маводи эҳтимолан хатарноки кимиёвӣ, инчунин маводи бори аввал ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва истифодашаванда, баъд аз тадқиқи зарурии экологӣ ва токсикӣ-гигиенӣ, танзими гигиении муносибат бо онҳо, муқаррар намудани меъёрҳои токсикӣ-гигиенӣ ва экологӣ, бақайдгирии давлатии ин моддаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

3. Истифодаи маводи заҳрноки кимиёвии таҷзиянашаванда, ки ба муҳити зист ва саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад, манъ аст.

 4. Қоидаҳои ҳифзи муҳити зист ба манфиати ҳифзи саломатии инсон аз таъсири маводи зарарноки кимиёвие, ки дар фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар ба кор бурда мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар мувофиқа бо мақоми назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 51. Ҳифзи муҳити зист аз таъсири зарарноки биологӣ

 

1. Ҳангоми ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, ба истифода додан ва истифодабарии корхонаҳо, иншооту объектҳои дигар, сарфи назар аз шаклҳои моликияту тобеият, ки ба муҳити зист таъсири биологӣ мерасонанд, бояд меъёрҳои ҳадди ҷоизи  ғилзати микробҳо дар муҳит, бемориҳои замбӯруғӣ, вирусҳо ва дигар микроорганизмҳо ва маводи биологии ба таври сунъӣ ҳосилкардашуда, ки онҳоро мақоми назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ тасдиқ менамояд, риоя карда шаванд.

2. Истеҳсол, парвариш ва дар муҳити зист ҷойгир кардани объектҳои биологии ба табиати маҳал бегона, аз ҷумла бо усули сунъӣ ҳосилшуда, инчунин истифодаи онҳо ҳангоми мавҷуд будани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ иҷозат дода мешавад.

3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба муҳити зист таъсири биологӣ мерасонанд ва ё имконияти чунин таъсиррасониро доранд, вазифадоранд истеҳсол, офаридан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, истифода ва нобуд кардани микроорганизмҳо ва маводи биологии аз ҷиҳати экологӣ безарарро таъмин намуда, ҷиҳати рафъи садамаву фалокатҳо, пешгирӣ ва барҳам додани оқибати таъсири зарарноки биологӣ ба муҳити зист ва саломатии инсон ва фонди генетикии он чораҳо андешанд.

4. Мушоҳида, ба ҳисоб гирифтани манбаъҳо ва назорати дараҷаи таъсири биологӣ ба муҳити зист аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 52. Ҳифзи муҳити зист аз таъсири садо, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсироти зарарноки физикӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд, ки барои пешгирӣ ва рафъи садою ларзишҳои зарарноки истеҳсолӣ, таъсири манфии майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсироти зарарноки физикӣ дар биноҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ, истиқоматӣ, дар кӯчаҳо, ҳавлиҳо, майдонҳои шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои истироҳати аҳолӣ, ҷойҳои ҷамъшавии зиёди ҳайвонот ва паррандаҳои ваҳшӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

2. Барзиёдии аз меъёрҳои ҳадди ҷоизи дараҷаи таъсири садою ларзишҳои истеҳсолӣ ва нақлиётӣ, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва таъсири дигари зарарноки физикӣ ба саломатии инсон ва муҳити зист манъ аст. Тадбирҳое, ки риояи меъёрҳои мазкурро кафолат медиҳанд, ҳангоми тарҳкашӣ ва сохтмони шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, лоиҳакашӣ, сохтмон ва таҷдиди корхонаҳо, коргоҳҳо, хатҳои технологӣ, бунёду азхудкунии техникаи нав, ҳангоми лоиҳакашӣ ва истифодабарии воситаҳои нақлиёти рӯизаминӣ, зеризаминӣ, обӣ ва ҳавоӣ пешбинӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 53. Ҳифзи муҳити зист ҳангоми муоимилот бо партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ

 

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд барои ҷамъоварӣ, кашонидан, безараргардонӣ, коркард, истифода, анборкунӣ, гӯронидан, инчунин кам кардани пайдоиши партовҳои  истеҳсолӣ ва истеъмолӣ чораҳои самарабахш андешида, меъёру қоидаҳои амалкунандаи экологӣ, санитарӣ-гигиенӣ ва зиддиэпидемиявиро риоя намоянд. 

2.Партофтани партовҳои саноатӣ ва обҳои тозанашудаи канализатсия ба обанборҳои истифодаи умум, маҷроҳои селрав ва каналҳои обёрӣ, қабатҳои обрави зеризаминӣ, дар ҳудуди маҳалҳои истиқоматӣ, ҷангалзорҳо ва киштзорҳо манъ аст. Ҷойҳои анборкунӣ ва гӯронидани партовҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мақоми назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ва геология муайян карда мешаванд.

3. Гӯронидани партовҳои хатарнок, аз ҷумла партовҳои радиоактивӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, шафати шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои зичии аҳолиаш зиёд, дарёҳо, кӯлҳо, минтақаҳои осоишгоҳ, табобатию солимгардонӣ ва рекреатсионӣ, дигар ҷойҳое, ки ба саломатии инсон ва ҳолати муҳити зист метавонад хавф таҳдид намояд, манъ аст. Ҳама гуна намудҳои муомилот бо партовҳои хатарнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

4. Риоя накардани қоидаҳои мазкур боиси маҳдуд кардан ё боз доштани фаъолияти корхона ва дигар объектҳо то бартараф кардани вайронкорӣ мегардад.

 

Моддаи 54. Ҳифзи қабати озони атмосфера

 

Ҳифзи қабати озони атмосфера аз тағйироти аз ҷиҳати экологӣ хавфнок тавассути танзими истеҳсол ва истифодабарии маводи вайронкунандаи қабати озони атмосфера тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

 

БОБИ 9.

ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДАИ ЭКОЛОГӢ ВА МИНТАҚАҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ

 

Моддаи 55. Вазъияти фавқулоддаи экологӣ

 

1. Дар минтақаҳое, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари инсон ё таъсири харобиовари қувваи табиат вазъи номусоиди экологӣ ба вуҷуд омада, дар онҳо тағйирёбии ҷиддӣ ва устувори манфии муҳити зист барои ҳаёт ва саломатии одамон, нигоҳдории олами наботот ва ҳайвонот мушоҳида шудааст, вазъияти фавқулоддаи экологӣ эълон карда мешавад.

2. Ҳангоми вазъияти фавқулоддаи экологӣ ҳама гуна фаъолияте, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, боздошта мешавад ё кори корхона, муассиса, ташкилот, коргоҳ, агрегатҳо ва таҷҳизоте, ки ба саломатии инсон ва фонди генетикии он таъсири манфӣ мерасонад, маҳдуд карда мешавад, намудҳои алоҳидаи истифодаи табиат маҳдуд гашта, ҷиҳати барқарорсозӣ ва таҷдиди захираҳои табиӣ чорабиниҳои фаврӣ андешида мешаванд.

 

Моддаи 56. Минтақаҳои офати экологӣ

 

1. Минтақаҳои офати экологӣ маҳалҳои вазъи экологияшон фавқулоддае эълон карда мешаванд, ки дар онҳо дар натиҷаи вазъи номусоиди экологӣ ба муҳити зист, аз он ҷумла ба саломатии аҳолӣ зиёни зиёд расонида шудааст ва (ё) системаҳои табиии экологӣ ва муҳити зист хароб гаштаанд.

2. Дар минтақаҳои офати экологӣ фаъолияти объектҳои хоҷагидорӣ, ба истиснои объектҳое, ки ба хизматрасонии аҳолии маскуни ин минтақа машғуланд, қатъ гашта, сохтмон ва азнавсозии объектҳои хоҷагидорӣ манъ карда мешавад, ҳама гуна намудҳои истифодаи табиат қатъиян маҳдуд гашта, барои барқарорсозӣ ва таҷдиди захираҳои табиӣ ва солимгардонии муҳити зист чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.

3. Тадбирҳои солимгардонии минтақаҳои офати экологӣ дар навбати аввал аз ҳисоби корхона, муассиса, ташкилотҳое, ки бо айби онҳо садама ё фалокат рух додааст, инчунин аз ҳисоби маблағи мақсадноки буҷети давлатӣ ва фондҳои ҳифзи табиат маблағгузорӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 57. Пешгирии садама ва бартараф кардани оқибати зарарноки экологии он

 

1. Ҳангоми лоиҳакашӣ ва истифодаи объектҳои хоҷагии алоқаманд ба таъсири зарарнок ба муҳити зист, новобаста ба шаклҳои моликият ва тобеият, тадбирҳои огоҳонӣ, пешгирӣ ва барҳам додани оқибати ба муҳити зист зараровари садама андешида мешаванд.

2. Бо мақсади эътинои самарабахш ба ҳолатҳои фавқулоддаи экологӣ, ки барои муҳити зист оқибати зараровар доранд, нақшаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки дар онҳо чораҳои сафарбаркунии қувваю воситаҳои вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва аҳли ҷомеа якҷоя бо мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ пешбинӣ мегарданд, таҳия карда мешаванд.

3. Барои ҳалли масъалаҳои вазъияти фавқулоддаи экологӣ бо тартиби муқарраргардида комиссияҳои махсус таъсис дода мешаванд.

 

Моддаи 58. Тартиби эълон намудани вазъияти фавқулоддаи экологӣ ва минтақаҳои офати

                       экологӣ

 

1. Вазъияти фавқулоддаи экологӣ дар саросари ҷумҳурӣ ва маҳалҳои алоҳидаи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешавад.

2. Минтақаҳои офати экологӣ ва сарҳадҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақоми назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 59. Ӯҳдадориҳои корхонаҳо оид ба омода будан барои рафъи оқибати экологии

                      садама

 

Шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият, ки дар ҳолатҳои фавқулоддаи экологӣ ба муҳити зист ва саломатии одамон метавонанд зиён расонанд, ӯҳдадоранд, ки:

- дар вазъияти фавқулоддаи экологӣ нақшаи амал дошта бошанд; 

- хадамоти махсуси  дорои восита ва захираҳои моддии барҳам додани оқибати ногувори вазъияти фавқулоддаи экологӣ таъсис дода, онҳоро дар ҳолати омодабоши доимӣ нигоҳ доранд.

 

БОБИ 10.

ИТТИЛООТ ВА ОМОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 60. Иттилоот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

 

1. Иттилоот оид ба вазъи муҳити зист кушодаю ошкоро буда, аз тариқи воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.

2. Пинҳон доштан, сари вақт пешниҳод накардан ё аз тарафи шахсони мансабдор пешниҳод кардани маълумоти нодурусти соҳаи ҳифзи муҳити зист манъ аст.

3. Хусусиятҳо ва тартиби ташаккули иттилооти экологӣ, дастрасӣ ва тартиби пешниҳоди он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ» муқаррар карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 61. Омори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

 

1. Омори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мақомоти ваколатдори омори давлатӣ гузаронида мешавад.

2. Маълумоти оморӣ ба мақомоти омори давлатӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳаҷми муайян ва мӯҳлати муқарраршуда дар шакли ҳисоботи омори давлатӣ пешниҳод карда мешавад.

3. Таркиби минималии нишондиҳандаҳои ҳисоботи омори давлатӣ ва тартиби омордории давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 

 

БОБИ 11.

МИНТАҚАҲОИ ТАБИӢ ВА ОБЪЕКТҲОЕ, КИ МАХСУС МУҲОФИЗАТ КАРДА МЕШАВАНД

 

Моддаи 62. Фонди мамнӯъгоҳҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

1. Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, аз ҷумла мамнӯъгоҳҳои биосферӣ, парваришгоҳҳои табиӣ, паркҳои табиии миллӣ, ёдгориҳои табиӣ, ҳайвоноту растаниҳои нодире, ки хавфи аз байн рафтан дошта, ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, Фонди мамнӯъгоҳҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, аз тарафи давлат бо назардошти манфиати наслҳои имрӯза ва оянда махсус ҳифз карда мешаванд.

2. Фонди мамнӯъгоҳҳои табиӣ дар тобеъият ва идоракунии мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист қарор дорад. Тартиби ташкил, низоми ҳифз ва истифодабарӣ, шартҳои фаъолияти мавзеъҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, инчунин шартҳои фаъолияти хоҷагии аҳолии дар ин мавзеъҳо истиқоматкунандаро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда" муқаррар менамояд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

3. Гирифтани заминҳои фонди мамнӯъгоҳҳои табиӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, манъ мебошад.

4. Заминҳое, ки дар ҳудуди онҳо объектҳои табиии дорои аҳамияти хоси ҳифзи табиат, илмӣ, таърихию фарҳангӣ, эстетикӣ, рекреатсионӣ, солимгардонӣ ва дорои аҳамияти дигари пурарзиш ҷой гирифтаанд, таҳти муҳофизати махсус буда, онҳоро ба иҷора додан манъ аст.

 

Моддаи 63. Муҳофизати растаниву ҳайвоноти нодире, ки зери хатари нобудшавӣ қарор

                      доранд

 

1. Барои ҳифзи растаниву ҳайвоноти нодире, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

2. Растанӣ ва ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурх дохил карда шудаанд, бе истисно аз истифодаи хоҷагидорӣ ва истифодаи дигар гирифта мешаванд.

3. Фаъолияте, ки боиси кам шудани ин намуди растанӣ ва ҳайвонот, бадшавии вазъи муҳити сукунати  онҳо мегардад, манъ мебошад.

4. Корхона, муассиса, ташкилот ва дигар истифодабарандагони замин, ки дар ҳудуди онҳо ҳайвоноту растаниҳои мансуб ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, барои ҳифз ва зиёд намудани намудҳои ин ҳайвоноту растаниҳо бояд тадбирҳо андешанд.

5. Тартиби ҳифзи растанӣ ва ҳайвонот ва дигар организмҳои нодире, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, тартиби ҷорӣ кардани Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла тартиби нигоҳдории фонди генетикии онҳоро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифз ва истифодаи олами набототу ҳайвонот муқаррар мекунанд.

6. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардан, аз он берун баровардан ва ҳамлу нақл (транзит) тавассути Ҷумҳурии Тоҷикистон, муомилоти растанӣ, ҳайвонот ва дигар организмҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта, намудҳои махсусан пурарзиши онҳо, инчунин узвҳои онҳо, маҳсулоти фаъолияти ҳаётӣ ва хосиятҳои фоиданоки онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

 

Моддаи 64. Ҳифзи Фонди сабзи мавзеъҳои аҳолинишин

 

1. Фонди сабзи мавзеъҳои аҳолинишин  аз маҷмӯи минтақаҳои кабудизоршуда, аз ҷумла минтақаҳои дарахтзору буттазор ва алафзор иборат мебошад. 

2. Ҳифзи Фонди сабзи мавзеъҳои аҳолинишин системаи чорабиниҳои таъминкунандаи ҳифз ва рушди Фонди сабзро, ки барои мӯътадил гардонидани вазъи экологӣ ва ташкили муҳити мусоиди зист заруранд, пешбинӣ мекунад.

3. Дар минтақаҳои марбут ба Фонди сабз анҷом додани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки ба минтақаҳои мазкур зарар мерасонанд ва иҷрои вазифаҳои таъиноти экологӣ, санитарию гигиенӣ ва рекреатсиониро халалдор месозад, манъ аст.

4. Танзими давлатӣ дар соҳаи ҳифзи Фонди сабзи мавзеъҳои аҳолинишин аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 12.

СИСТЕМАИ МУШОҲИДАИ ВАЗЪИ МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 65. Мониторинги давлатии муҳити зист

 

1. Мониторинги давлатии муҳити зист (мониторинги экологии давлатӣ) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мушоҳидаи вазъи муҳити зист, аз ҷумла вазъи муҳити зисти минтақаҳои ҷойгиршавии манбаъҳои таъсири антропогенӣ ва таъсири ин манбаъҳо ба муҳити зист, инчунин бо мақсади таъмини талаботи давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо маълумоти дақиқ ва сари вақт ба нақша гирифтани чорабиниҳои пешгирӣ, рафъ ва ё кам кардани оқибати ногувори тағйирёбии вазъи муҳити зист анҷом дода мешавад.

2. Асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии таъмин ва гузаронидани мониторинги экологӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» муайян карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

3. Маълумот оид ба вазъи муҳити зист ва тағйироти он, ки дар натиҷаи гузаронидани мониторинги давлатии муҳити зист (мониторинги экологии давлатӣ) ба даст омадааст, аз ҷониби мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи дурнамоҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва қабули қарорҳои дахлдор, таҳияи барномаҳои давлатӣ ва мақсаднок, консепсия, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амалии онҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист истифода бурда мешаванд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) 

 

Моддаи 66. Бақайдгирии давлатии объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд

 

1. Бақайдгирии давлатии объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади танзими давлатии фаъолият оид ба ҳифзи табиат, инчунин банақшагирии ҷорӣ ва дурнамои чорабиниҳои кам кардани таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист анҷом дода мешавад.

2. Объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд ва маълумот оид ба таъсири онҳо ба муҳити зист мавриди бақайдгирии омории давлатӣ  қарор дода мешаванд.

3. Бақайдгирии давлатии объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, инчунин арзёбии ин таъсир ба муҳити зист бо тартиби аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарнамуда анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 13.

НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 67. Вазифаҳои назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

 

1. Вазифаҳои назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз таъмини иҷрои қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла талаботи меъёрҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷониби мақомоти марказӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин таъмини амнияти экологӣ иборат мебошанд.

2. Системаи назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз назорати давлатӣ, идоравӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ иборат мебошад.

 

Моддаи 68. Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

 

Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 69. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист

 

1. Нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраршуда:

- бо мақсади иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тобеият ва объектҳои ба онҳо тааллуқдошта, аз ҷумла объектҳои таҳти муҳофизати давлат қарордошта, объектҳои мудофиа, объектҳои мудофиаи гражданӣ бе монеа ворид шаванд, бо ҳуҷҷатҳо, таҳлилҳои лабораторӣ ва дигар  ҳуҷҷатҳое, ки барои иҷрои вазифаҳои бевоситаи онҳо заруранд, шинос шаванд;

- риояи меъёрҳо, регламентҳои техникӣ ва талаботи дигари ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи ҳифзи муҳити зист, кори иншоотҳои партовтозакунӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти безараргардонӣ, воситаҳои азорат, инчунин иҷрои нақшаву чорабиниҳои ҳифзи муҳити зистро мавриди санҷиш қарор диҳанд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- риояи талабот, меъёр ва қоидаҳои соҳаи ҳифзи муҳити зистро ҳангоми ҷойгиронӣ, сохтан, ба истифода додан, истифода бурдан ва аз истифода баровардани объектҳои истеҳсолӣ ва дигар объектҳо мавриди санҷиш қарор диҳанд;

- иҷрои талаботи дар хулосаҳои экспертизаи давлатии экологӣ нишондодашударо санҷанд;

- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбати бартараф кардани қонунвайронкуниҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки ҳангоми анҷом додани назорати экологӣ муайян карда шудаанд, иддао пешниҳод кунанд ва амрҳои иҷроишашон ҳатмӣ диҳанд; 

- шахсони гунаҳкорро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашанд, ба мақомоти салоҳиятдор ва шахсони мансабдор барои ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашидани онҳо мавод фиристанд, оид ба рӯёнидани товони зарари ба муҳити зист ё саломатии инсон бинобар вайрон кардани қонунгузории ҳифзи муҳити зист расонидашуда ба мақомоти судӣ, даъво пешниҳод намоянд;

- ҳангоми аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя накардани қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист, фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари онҳоро муваққатан боздоранд. Дар асоси қарор дар бораи муваққатан боздоштани фаъолият муассисаҳои бонкӣ то аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бекор кардани чунин қарорҳо маблағгузории фаъолияти боздошташударо қатъ менамоянд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- либосҳои махсуси дорои аломатҳои фарқкунанда пӯшанд;

– тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми адои вазифаи хизматӣ бо худ силоҳи оташфишон ва дигар воситаҳои махсус гиранд, нигоҳ доранд ва истифода намоянд; (ҚҶТ аз 27.11.14 с. №1160)

- ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом диҳанд.

2. Нозирони давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист ӯҳдадоранд: 

- қонуншиканиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист пешгирӣ кунанд, муайян созанд ва барҳам диҳанд;

- ба вайронкунандагони қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонанд;

- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунанд.

3. Нисбати қарорҳои нозирони давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин аст.

4. Нозирони давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист таҳти ҳимояи давлат мебошанд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.

 

Моддаи 70. Назорати идоравӣ ва истеҳсолӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

 

1. Назорати идоравиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист вазорату идораҳо ва назорати истеҳсолиро ташкилоту корхонаҳо анҷом медиҳанд ва вазифаи онҳо санҷиши иҷрои нақшаву тадбирҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, солимгардонии муҳити зист, риояи меъёрҳои  сифати муҳити зист, талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва амрияҳои мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мебошад.

2. Тартиби ташкил ва фаъолияти назорати идоравӣ ва истеҳсолӣ мутобиқи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазорату идора ва ташкилотҳо танзим мегардад.

 

Моддаи 71. Назорати экологии ҷамъиятӣ

 

1. Назорати экологии ҷамъиятӣ аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ташаббуси худи онҳо ё дар асоси шартномаҳо бо истифодабарандагони табиат ва ё мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист анҷом дода мешавад ва мақсади он амалӣ сохтани ҳуқуқии ҳар як шахс ба муҳити мусоиди зист,  пешгирӣ ва барҳам додани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мебошад.   

2. Назорати экологии ҷамъиятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  танзим карда мешавад.

3. Натиҷаҳои назорати ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки ба мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод шудаанд, бояд ҳатман муҳокима ва мавриди эътино қарор дода шаванд. 

 

Моддаи 72. Назорат дар  соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии

                        ҳокимияти давлатӣ 

 

Назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 14.

АУДИТИ ЭКОЛОГӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ГУЗАРОНИДАНИ ОН

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 73. Аудити экологӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Аудити экологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома бо фармоишгар аз ҷониби аудиторони мустақил ва ташкилотҳои аудиторӣ метавонад дар намуди аудити экологии ташаббусӣ ё ҳатмӣ гузаронида шавад.

 

Моддаи 74. Ташкили аудити экологӣ, шартҳо ва тартиби гузаронидани он

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Ташкили аудити экологӣ, шартҳо ва тартиби гузаронидани он, талаботи тахассусӣ нисбат ба аудиторҳо ва тартиби аттестатсияи онҳо, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аудиторони экологӣ ва ташкилотҳои аудиториро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

БОБИ 15. 

ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ВА ТАҲҚИҚОТИ ИЛМИИ ЭКОЛОГӢ

 

Моддаи 75. Таълиму тарбияи умумӣ, маҷмӯӣ ва мунтазами экологӣ

 

1. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷомеа ва тайёрии касбии мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист системаи умумӣ ва комплексии таълиму тарбияи экологӣ ҷорӣ карда мешавад, ки он дар худ таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон, инчунин интишори донишҳои экологӣ, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, осорхонаҳо, китобхонаҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, муассисаҳои ҳифзи муҳити зист, ташкилотҳои варзишӣ ва туризмро фаро мегирад.

2. Тартиби ташкил ва амалӣ сохтани таълиму тарбияи экологиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ" танзим менамояд.

 

Моддаи 76. Таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи муҳити зист

 

1. Вазифаҳои асосии таҳқиқот ва кашфиёти илмӣ дар соҳаи муҳити зист таъмини рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии ба низом даровардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти устувори системаҳои экологии табиӣ, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, таъмини амнияти экологӣ ва солимгардонии муҳити зист мебошад. 

2. Таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо мақсадҳои зерин гузаронида мешаванд:

- таҳияи консепсия, дурнамоҳои илмӣ ва нақшаҳои ҳифз ва барқарорсозии муҳити зист;

- арзёбии натиҷаҳои таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо ба муҳити зист;

- такмили қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тартиб додани меъёрҳо, регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи ҳифзи муҳити зист;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

- таҳия ва такмили нишондиҳандаҳои арзёбии маҷмӯии зарар ба муҳити зист, тарз ва усулҳои муайян намудани онҳо;

- ихтироъ ва таҳияи технологияҳои беҳтарин дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;

- таҳияи барномаҳои офиятбахшии минтақаҳое, ки ҳамчун минтақаҳои офати табиӣ дониста шудаанд; 

- таҳияи чорабиниҳои ҳифз ва рушди иқтидорҳои табиӣ ва рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;    

- дигар мақсадҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист.

 

БОБИ 16.

ҶУБРОНИ ТОВОНИ ЗАРАРИ БА МУҲИТИ ЗИСТ РАСИДА ВА ҲАЛЛИ БАҲСҲО

ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 77. Ӯҳдадории ҷуброн намудани товони зараре, ки бинобар риоя накардани

                      қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист расонида шудааст

 

Корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо, дигар субъектҳои хоҷагидор ва шаҳрвандоне, ки ба муҳити зист бинобар ифлос кардан, хароб ва нобуд сохтани он, исрофкорона истифода бурдани захираҳои табиӣ, хароб кардани системаҳо, комплексҳо ва ландшафтҳои табиии экологӣ бинобар вайрон кардани қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист зарар расонидаанд, ӯҳдадоранд мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон товони зарарро ҷуброн намоянд.

 

Моддаи 78. Тартиби ҷуброни товони зараре, ки бинобар риоя накардани қонунгузории

                       Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист  расонида шудааст

 

1. Товони зараре, ки бинобар риоя накардани қонунгузорӣ ба муҳити зист расонида шудааст, ихтиёран ё бо қарори суд тибқи андозаи пардохти маблағҳои бо тартиби муқарраршуда тасдиқгардида ва усулҳои ҳисоб кардани онҳо, дар ҳолати мавҷуд набудани онҳо  бошад, тибқи хароҷоти воқеии барои барқарор сохтани ҳолати харобгаштаи муҳити зист, бо назардошти зарари расонидашуда, аз ҷумла фоидаи аз дастдода ҷуброн карда мешавад.

2. Дар асоси қарори суд зараре, ки бинобар риоя накардани қонунгузорӣ ба муҳити зист расонида шудааст, метавонад бо роҳи ба зиммаи  ҷавобгар гузоштани ӯҳдадориҳои вобаста ба барқарорсозии ҳолати зарардидаи муҳити зист аз ҳисоби маблағи ӯ, мутобиқи лоиҳаи корҳои барқарорсозӣ ҷуброн карда шавад.

 

Моддаи 79. Ҷуброни товони зараре, ки ба шаҳрвандон аз таъсири номусоиди муҳити зист

                       расидааст

 

1. Товони зараре, ки ба саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандон дар натиҷаи таъсири номусоиди фаъолияти корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ё шаҳрвандони алоҳида ба муҳити зист расидааст, дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда мешавад.

2. Товони зарар мувофиқи қарори суд дар асоси даъвои шахси зарардида, аъзои оилаи ӯ, прокурор, мақомоти ба ин ваколатдори идораи давлатӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба манфиати  шахси зарардида ҷуброн карда мешавад.

3. Товони зарари ба шаҳрвандон дар натиҷаи садамаҳои калон ё фалокатҳо, ҳамчунин офатҳои табиӣ расонидашуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад. 

 

Моддаи 80. Даъвоҳо дар бораи қатъ кардани фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ зарарнок

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳақ доранд ба суд дар бораи қатъ кардани фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ зарарнок, ки ба саломатӣ ва молу мулки онҳо, аз он ҷумла ба муҳити зист осеб мерасонанд, даъво пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 81.Тартиби ҳалли баҳсҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

 

Баҳсҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

 

БОБИ 17.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи  82. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 

 

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда мешавад. 

 

Моддаи 83. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур 

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории умҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 84. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

                        "Дар бораи ҳифзи табиат"

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи ҳифзи табиат" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, №2, мод 36; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод. 48; с. 1997, № 23-24, мод. 333, с. 2002, № 4, қ.1, мод. 245; с. 2002, №11, мод. 708; с. 2004, №7, мод. 465; с. 2007, №6, мод. 440) аз эътибор соқит  дониста шавад.

 

Моддаи 85. Тартиби мавриди амал  қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 2 августи соли 2011

№ 760

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 10:49
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
788
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Душанбе, 26 Декабр, 2011

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

 

(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №12, мод. 852;

Ќонуни ЉТ аз 27.11.2014 с., № 1159)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро муайян карда, вазифаҳо, низоми фаъолият ва минтақабандии онҳоро муқаррар менамояд.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: 

- ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда - қитъаҳои замин, об ва фазои ҳавои онҳоро иҳотакардае, ки дар онҳо комплексҳо ва объектҳои табиии дорои аҳамияти махсуси ҳифзи муҳити зист, илмӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ, рекреатсионӣ ва солимгардонӣ ҷойгир буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва ё қисман аз истифодабарии хоҷагидорӣ гирифта шудаанд ва барои онҳо низоми махсуси ҳифз муқаррар шудааст;

- мамнӯъгоҳи табиӣ - ҳудуди замин ё муҳити об, ки аз фаъолияти хоҷагидорӣ пурра гирифта шуда, барои нигоҳдорӣ ва омӯзиши комплексҳои табиии хос ва нодир, генофонди набототу ҳайвонот, гузаронидани мониторинги ҷараёни равандҳо ва ҳодисаҳои табиӣ пешбинӣ гардидааст;

- парки табиӣ - ҳудуде, ки комплексҳои табиии дорои аҳамияти махсуси экологӣ, таърихӣ ва эстетикиро дар бар гирифта, барои мақсадҳои ҳифзи муҳити зист, рекреатсионӣ, илмӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ шудааст;

- резервати биосферӣ- қитъаи экосистемаи замин ва об ё ҳамбастагии онҳо, ки ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ дохил гардида, барои ҳифзи арзишҳои табиӣ ва фарҳангӣ, истифодаи устувори замин, аз ҷумла заминҳои таъиноти кишоварзӣ, фонди ҷангал, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот пешбинӣ шудааст;

- парваришгоҳи табиӣ - ҳудуде, ки бо мақсади нигоҳ доштан ва барқарор намудани ҷузъҳои алоҳидаи табиат ва комплексҳои табиӣ ба давраи муайян ҷудо гардидааст;

- ёдгории табиӣ - объекти табиии нодир, барқарорнашаванда ва аз ҷиҳати экологӣ, илмӣ, эстетикӣ ва фарҳангӣ пурарзиш;

- минтақаи рекреатсионӣ - қитъаи замин, муҳити об ё ҳамбастагии онҳо, ки аҳамияти эстетикӣ, экологӣ ва фарҳангӣ дошта, бо мақсадҳои истироҳату солимгардонии аҳолӣ истифода мешавад;

- минтақаи муҳофизатӣ (буферӣ) - минтақае, ки бо мақсади кам кардани таъсири номатлуби беруна дар атрофи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бунёд карда мешавад;

- Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда - маҷмӯи маълумот дар бораи вазъи ҳуқуқӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, тавсифҳои миқдорӣ ва сифатӣ, арзишҳои экологӣ, иқтисодӣ, илмӣ, маърифатӣ ва дигар арзишҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва истифодабарандагони онҳо;

- Солномаи табиат - ҳуҷҷати илмӣ, ки дар он натиҷаҳои асосии мушоҳидаҳо оид ба раванд ва зуҳуроти табиӣ, таҳлили маълумоти бадастомада, инчунин қонуниятҳои зоҳиршудаи раванду зуҳуроти табиии мушоҳидашаванда, сабабҳои ба вуҷуд омадан ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳо сабт карда мешаванд;

- туризми экологӣ - туризме, ки саёҳат ба ҷойҳои нисбатан даст нарасидаи табиат бо мақсади дарёфти тасаввурот оид ба хусусиятҳои табиӣ ва фарҳангию этнографии маҳал, дар як вақт халалдор насохтани ягонагии системаҳои экологиро дар бар гирифта, ба ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ манфиатдор гаштани аҳолии маҳал шароити иқтисодӣ фароҳам меоварад; 

- паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ - муассисаҳое, ки вазифаи онҳо ташкили коллексияи дарахту буттаҳо бо мақсади ҳифзи гуногунии биологӣ ва ғанӣ гардонидани олами наботот, интродуксия ва мутобиқсозии намудҳои нави растанӣ, инчунин бо мақсадҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангию маърифатӣ мебошад. 

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  ҳудудҳои табиии махсус

                     муҳофизатшаванда

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Категорияҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

 

1. Вобаста ба мақсадҳои ташкил, хусусиятҳои низоми муҳофизат ва истифода категорияҳои зерини ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда муқаррар карда мешаванд:

- мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ;

- паркҳои табиии давлатӣ;

- парваришгоҳҳои табиӣ;

- боғҳои давлатии ҳайвонот;

- ёдгориҳои табиии давлатӣ;

- минтақаҳои экологию этнографӣ;

- паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ;

- минтақаҳои табиии осоишӣ, табобатию солимгардонӣ ва рекреатсионӣ.

2. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дигар категорияҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда муқаррар карда шаванд.

3. Бо назардошти арзиши экологӣ ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда метавонанд дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.

 

Моддаи 4. Моликияти давлатӣ будани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

 

1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

2. Амалҳое, ки ошкоро ё пинҳонӣ ҳуқуқи моликияти давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро вайрон мекунанд, манъ мебошанд.

 

БОБИ 2.

ИДОРАКУНИИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

 

Моддаи 5.Идоракунии ҳудудҳои табиии махсус  муҳофизатшаванда

 

1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ), мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки ҳудудҳои мазкур дар ихтиёри онҳо мебошанд, идора карда мешаванд. Назорати давлатии ҳолат ва риояи низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ месозад.

2. Фаъолият оид ба амалӣ сохтани назорати давлатӣ ва идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар минтақаҳои сарҳадӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад. Тадбирҳои мушаххас дар ин ҳудудҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сарҳади давлатӣ амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соҳаи ҳудудҳои табиии махсус

                     муҳофизатшаванда 

 

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил мешаванд:

- пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба ҳифз ва идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- қабули қарорҳо оид ба ташкил ва барҳам додани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

- тасдиқи барномаҳои давлатӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- амалӣ сохтани салоҳияти дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

 

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ

 

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дохил мешаванд:

- татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- ташкили мониторинги ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- амалӣ намудани назорати давлатӣ;

- таҳияи барномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- пешниҳоди даъво оид ба ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани қонунгузории ҳифзи муҳити зист ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда расонида шудааст;

- амалӣ сохтани ваколатҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

 

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии

                     махсус муҳофизатшаванда

 

Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил мешаванд:

- мусоидат ба иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- муайян кардани чораҳои асосии ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, тасдиқи барномаҳои маҳаллии экологӣ;

- ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти маҳаллии идоракунӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, мусоидат ба ҷалби ихтиёрии маблағ барои иҷрои тадбирҳои ҳифз ва барқарорсозии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- амалӣ сохтани ваколатҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

 

Моддаи 9. Иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар ташкил, ҳифз ва истифодаи

                     ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

 

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар амалӣ сохтани тадбирҳо оид ба ташкил, ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

 

Моддаи 10. Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

 

1. Пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо мақсади арзёбии вазъи фонди табиӣ, муайян намудани дурнамои рушд ва таъмини ҳифзи онҳо, гузаронидани тадқиқоти илмӣ, назорати давлатии ҳифзи генофонд ва риояи низоми дахлдор, инчунин ба назар гирифтани ҳудудҳои мазкур ҳангоми банақшагирии тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷойгиронии нерӯҳои истеҳсолии минтақа амалӣ карда мешавад.

2. Пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тибқи системаи ягонаи таҳиякардаи мақоми ваколатдори давлатӣ бо иштироки дигар идораҳои манфиатдор, амалӣ карда мешавад. Тартиби пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 11. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус

                       муҳофизатшаванда

 

1. Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ карда мешаванд. Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо назардошти мутобиқати манфиатҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи иқтисодӣ ва экологии ҷомеа ба нақша гирифта мешаванд.

2. Банақшагирии ҷорӣ ва дарозмӯҳлати тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар таркиби консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дар асоси барномаи экологии давлатӣ ва нақшаи генералии рушд ва ҷойгиронии нерӯҳои истеҳсолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт бо назардошти иқтидори захираҳои табиии ҷумҳурӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он анҷом дода мешавад.

3. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳангоми таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, нақшаҳои заминсозӣ ва тарҳи ноҳияҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд.

4. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки ин ҳудудҳо дар ихтиёри онҳо мебошанд, амалӣ мегардад.

 

Моддаи 12. Таъминоти моддию техникӣ ва маблағгузории тадбирҳои ҳифзу истифодаи

                       ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

 

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеият, барои таъминоти моддию техникии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда чораҳои зарурӣ меандешанд.

2. Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешаванд:

- буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;

- фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи муҳити зист;

- маблағҳои корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият;

- кӯмаки ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дигар намудҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

 

БОБИ 3.

ТАШКИЛИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

 

Моддаи 13. Тартиби ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

 

Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд. 

 

Моддаи 14. Минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ)

 

1. Ҳангоми зарурати пешгирӣ ё кам кардани таъсироти зарарнок ба комплексҳои табиии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар атрофи ин ҳудудҳо метавонанд минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) бо фаъолияти хоҷагидории маҳдуд муқаррар карда шаванд.

2. Дар минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) намудҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва истифодаи табиат, ки ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда таъсири манфӣ мерасонанд, манъ аст.

3. Андозаҳои минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) ва низоми онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 15. Гузаргоҳҳои экологӣ

 

1. Гузаргоҳҳои экологӣ барои таъмини алоқаи бефосила миёни ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва дигар ҳудудҳои табиии муҳофизатшавандаи шабакаи экологӣ бо мақсади нигоҳ доштани объектҳои фонди давлатии мамнӯию табиӣ, гуногунии биологӣ, ҳифзи гузаргоҳҳои табиии муҳоҷирати ҳайвонот ва густариши наботот, ки дар ҳудудҳои табиии муҳофизатшавандаи мазкур ҷойгиранд ва мерӯянд, ташкил карда мешаванд.

2. Дар қитъаҳои гузаргоҳҳои экологӣ низоми танзимшавандаи истифодаи замин муқаррар карда мешавад, ки он ҳифзи ҳайвоноти ваҳширо дар ҷойҳои зисти муваққатиашон ва дар давраи ҷойивазкунӣ ҳангоми муҳоҷират, инчунин ҳифзи ҷойҳои нашъунамои растаниҳои ёбоиро таъмин менамояд.

3. Марз, масоҳат ва низоми муҳофизати гузаргоҳҳои экологӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 16. Заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

 

Заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба гурӯҳҳои заминҳои фонди давлатии ҷангал, таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию фарҳангӣ тааллуқ доранд. Дар заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда фаъолият бар хилофи таъиноти мақсадноки онҳо манъ аст.

 

Моддаи 17. Тартиби захираи заминҳо барои ташкили ҳудудҳои табиии махсус

                       муҳофизатшаванда

 

1. Қитъаҳои замин бо мақсади ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо қарори раисони шаҳр ва ноҳияҳо дар асоси пешниҳоди якҷояи мақоми ваколатдори давлатӣ ва муассисаи ваколатдори илмӣ захира карда мешаванд.

2. Дар мавриди захира кардани заминҳо барои ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва минтақаҳои муҳофизатии (буферии) онҳо зарари заминистифодабарандагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

3. Дар мавриди гирифтани заминҳои фонди давлатии ҷангал ва захираи давлатии замин ба мақсади ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба муассисаҳои ҳифзи муҳити зист ва ташкилотҳои дигар, ки заминҳои мазкур дар тавозуни онҳо мебошанд, зарар ҷуброн карда намешавад.

 

Моддаи 18. Дастрасии шаҳрвандон ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

 

1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба истиснои минтақаҳое, ки низоми қатъии муҳофизатӣ доранд, дастраси умум буда, аз ҷониби шаҳрвандон ба мақсадҳои рекреатсионӣ, солимгардонӣ, фарҳангӣ ва туризми экологӣ истифода мегарданд.

2. Дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ба истиснои минтақаҳои низоми муҳофизатии қатъидошта, истиқомати начандон зичи аҳолии таърихан муқимӣ, бо шарти нигоҳ доштани мувозинати экологии ҳудуди мазкур иҷозат дода мешавад. 

3. Туризми экологӣ дар вақти муқарраргардида ва аз рӯи хатсайрҳои пешакӣ муқарраргардида, тибқи қоидаҳои боздиди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муайян кардааст, анҷом дода мешавад. Мақоми ваколатдори давлатӣ ё ташкилотҳое, ки ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ихтиёри онҳо мебошанд, бо мақсади ҳифзи намудҳои нодир ва аз байн равандаи олами набототу ҳайвонот ва муҳити зисти (сабзиши) онҳо, метавонанд туризми экологиро дар минтақаҳои алоҳидаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда манъ намоянд.

4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии машғули туризми экологӣ бояд бо мақомот ё ташкилотҳое, ки ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ихтиёрашон аст, оид ба таъмини риояи низоми онҳо ва қоидаҳои туризми экологӣ шартнома банданд, хатсайр ва дигар шартҳоро мувофиқа созанд.

 5. Воридшавӣ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо мақсади туризми экологӣ метавонад музднок бошад. Андоза ва тартиби пардохти музди туризми экологиро дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Маблағҳое, ки аз туризми экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба даст меоянд, барои нигоҳдорӣ, таъмини мақсаду вазифаҳо ва низоми ин ҳудудҳо истифода мешаванд.

 

Моддаи 19. Тартиби азнавташкилдиҳӣ, боздоштани фаъолият ва барҳам додани ҳудудҳои

                       табиии махсус муҳофизатшаванда

 

1. Азнавташкилдиҳӣ, боздоштани фаъолият ва барҳам додани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.

2. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳангоми зарурати тағйир додани намуд ва категорияи онҳо мавриди азнавташкилдиҳӣ қарор мегиранд.

3. Фаъолияти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ҳолатҳои зерин боздошта ё барҳам дода мешаванд:

- ба охир расидани мӯҳлати фаъолият;

- расонидани зарари ҷуброннопазир дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва амалҳои дорои хусусияти техногенӣ;

- гирифтани замини ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои дигар мақсадҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ.

 

БОБИ 4.

МАМНӮЪГОҲҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 20. Вазифаҳои мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ

 

Ба зиммаи мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ вазифаҳои зайл гузошта мешаванд:

- ҳифзи гуногунии биологӣ бо роҳи нигоҳ доштани тамомияти комплекси табиии мамнӯъгоҳ; 

- пешбурди мониторинги биологӣ;

- гузаронидани тадқиқоти илмӣ;

- иштирок дар экспертизаи экологии лоиҳаҳо ва нақшаҳои ҷойгиронии объектҳои хоҷагидорӣ ва дигар объектҳое, ки амалигардонии онҳо метавонад ба комплексҳои табиии мамнӯъгоҳҳо ва минтақаҳои муҳофизатии онҳо таъсири манфӣ расонад;

- мусоидат дар тайёр намудани кормандони илмӣ ва мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- густариши донишҳои экологӣ.

 

Моддаи 21. Тартиби ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ

 

1. Қарор дар бораи ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, инчунин тағйир додани ҳудуди онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабул карда мешавад.

2. Барои ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ розигии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ин ҳудуд бо фаъолияти хоҷагидорӣ ва истифодаи табиат машғуланд, зарур нест.

3. Барои ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ замин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад.

 

Моддаи 22. Идоракунии мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ

 

1. Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур идора карда мешаванд. 

2. Нақшаҳои идоракунии мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардида, ба маълумоти мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон расонида мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор метавонанд ба таҳияи нақшаи идоракунӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с. №1159)

 

Моддаи 23. Низоми мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ

 

1. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки рушди муқаррарии равандҳои табииро халалдор сохта, ба ҳолати комплексу объектҳои табиӣ таҳдид мекунанд ва бо иҷрои вазифаҳои мамнӯъгоҳ вобаста нестанд, манъ аст.

2. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ва минтақаҳои муҳофизатии (буферии) онҳо мутобиқсозии растанӣ ва ҳайвоноти ба ин минтақаҳо хос набуда манъ аст.

3. Дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ амалӣ намудани тадбирҳои зерин мумкин аст:

- тадбирҳои нигоҳдошт, барқарорсозӣ ва пешгирии дигаргуншавии комплексҳои табиӣ дар натиҷаи таъсири антропогенӣ, инчунин иҷрои вазифаҳои илмию тадқиқотии ба зиммаи мамнӯъгоҳ гузошташуда;

- тадбирҳои зидди сӯхтор ва санитарӣ, инчунин намудҳои дигари фаъолияти маҳдуди хоҷагидорӣ ва истифодаи табиат, ки барои иҷрои вазифаҳои мамнӯъгоҳи давлатӣ заруранд.

4. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ будубоши шаҳрвандон, ба ғайр аз кормандони мамнӯъгоҳ ва шахсоне, ки назорати давлатиро амалӣ менамоянд, танҳо бо иҷозати маъмурияти мамнӯъгоҳҳо мумкин аст.

5. Дар минтақаҳои ҳамшафати мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ сохтмони объектҳои нави хоҷагидорӣ ва анҷом додани дигар фаъолияте, ки ба низоми мамнӯъгоҳҳо таҳдид карда, боиси афзоиши ғилзати заминавии моддаҳои ифлоскунанда ё тағйирёбии низоми гидрологии ҳудуди мамнӯъгоҳҳо мегардад, танҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешаванд.

 

Моддаи 24. Фаъолияти илмию тадқиқотӣ дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ

 

1. Фаъолияти илмию тадқиқотӣ дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ тавассути тадқиқоти доимии шабонарӯзӣ ва бисёрсолаи комплексӣ, ки ба омӯзиши комплексҳои табиӣ ва мушоҳидаҳои дарозмуддати ҷараёни равандҳои табиӣ бо мақсади арзёбӣ ва пешгӯӣ кардани вазъи экологӣ, таҳияи асосҳои илмии ҳифзи муҳити зист, нигоҳ доштани гуногунии биосфера, барқарорсозӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона шудаанд, анҷом дода мешавад. Пешбурди "Солномаи табиат" барои тамоми мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ҳатмист.

2. Хусусиятҳои мушаххас, низом ва самти фаъолияти илмии мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ дар низомномаҳои онҳо, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мегарданд, муқаррар карда мешаванд.

3. Дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ шӯроҳои олимон ташкил кардан мумкин аст. Ҳайати шӯрои олимон ва низомномаи онро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мекунад.

4. Фондҳои илмии мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ бояд бемӯҳлат нигоҳ дошта шаванд. Ба мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ҳуқуқи нашри асарҳои илмӣ дода мешавад.

 

Моддаи 25. Истифодаи объектҳои мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ

 

Замину об, қаъри замин ва олами набототу ҳайвоноти ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ пурра ва ройгон барои истифодаи бемӯҳлат ба мамнӯъгоҳҳо дода мешаванд. Ба иҷора додани замин ва дигар захираҳои табиии мамнӯъгоҳҳо манъ аст.

 

БОБИ 5.

ПАРКҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 26.Мавқеи ҷойгиршавӣ ва вазифаҳои паркҳои табиии давлатӣ

 

1. Ҳудуди паркҳои табиии давлатӣ дар заминҳое, ки барои истифодабарии онҳо дода мешаванд, инчунин дар заминҳои дигар истифодабарандагон ҷойгир мешаванд.

2. Ба зиммаи паркҳои табиии давлатӣ вазифаҳои зерин гузошта мешаванд:

- ҳифз ва барқарорсозии комплексҳои табиии қитъаҳо ва объектҳои табиии намунавӣ ва нодир;

- ҳифзи мероси фарҳангӣ (объектҳои этнографӣ, бостоншиносӣ, таърихӣ ва ландшафтҳои табиӣ);

- ташкили маърифати экологии аҳолӣ;

- таҳия ва татбиқи усулҳои илмии ҳифзи муҳити зист;

- муҳайё сохтани шароити мусоид барои туризми экологӣ.

 

Моддаи 27. Тартиби ташкили паркҳои табиии давлатӣ

 

1. Паркҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ (паркҳои табиии миллӣ) ва маҳаллӣ бошанд.

2. Қарор дар бораи ташкили паркҳои табиии миллӣ ва тасдиқи низомномаи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.

3. Қарор дар бораи ташкили паркҳои табиии маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.

 

Моддаи 28. Идоракунии паркҳои табиии давлатӣ

 

1. Паркҳои табиии давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур идора карда мешаванд. 

2. Нақшаҳои идоракунии паркҳои табиии давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардида, ба маълумоти мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон расонида мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор метавонанд ба таҳияи нақшаи идоракунӣ ҷалб карда шаванд.

 

Моддаи 29. Минтақабандӣ ва низоми паркҳои табиии миллӣ

 

1. Минтақабандии паркҳои табиии миллӣ ва тағйир додани онҳо аз тарафи мақомоте, ки паркҳои табиии миллӣ дар ихтиёрашон мебошанд, амалӣ гашта, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

2. Дар ҳудуди паркҳои табиии миллӣ мутобиқи минтақабандии ҳудудҳои онҳо ва бо назардошти ҳолати комплексҳо ва объектҳои табиӣ ва имкониятҳои рекреатсионии онҳо низоми мухталифи ҳифз ва истифода муайян карда мешавад.

 3. Ҳудуди паркҳои табиии миллӣ ба минтақаҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

- минтақаи мамнӯъ - минтақае, ки дар он низоми манъи ҳама гуна фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, ки ҳолати муқаррарии комплексҳо ва объектҳои табииро халалдор мекунад, пешбинӣ шудааст;

- минтақаи парваришгоҳ - минтақае, ки низоми он фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигарро дар мавсимҳои муайян, дар давраи муайян ба андозае, ки он ба ҳолати комплексҳои табиӣ ва рушди муқаррарии онҳо таъсири манфӣ нарасонад, пешбинӣ менамояд. Дар минтақаи парваришгоҳ муҳайё сохтани шароит барои истироҳати кӯтоҳмуддати шаҳрвандон тавассути ташкили пайроҳаҳо, паноҳгоҳҳои хурд ва гӯшаҳо барои мушоҳида иҷозат дода мешавад;

- минтақаи фаъолияти хоҷагидорӣ - минтақае, ки дар он истифодаи маҳдуди захираҳои табиӣ, инчунин истифодабарии замин, ки ба объектҳо ва комплексҳои табиии муҳофизатшаванда зарар намерасонад, пешбинӣ мешавад.

4. Дар ҳудуди паркҳои табиии миллӣ амалҳои зерин манъ аст:

- буридани дарахту буттаҳо, ба истиснои буришҳои санитарӣ ва бо мақсадҳои нигоҳубин;

- фаъолияти корхонаҳое, ки хатари экологӣ доранд;

- ҷойгиронии организмҳои зинда бо мақсади мутобиқгардонӣ;

- гӯронидани ҳама гуна партовҳо.

5. Тибқи низомномаи паркҳои табиии миллӣ намудҳои фаъолияти дигаре, ки боиси коҳиш ёфтани арзишҳои табиӣ, илмӣ, эстетикӣ ва фарҳангии ҳудуди онҳо мегарданд, метавонанд манъ ва ё маҳдуд карда шаванд.

6. Сохтмони роҳ ва хатҳои қубурҳои магистралӣ, хатҳои барқ ва дигар коммуникатсияҳо, ки ба фаъолияти паркҳои табиии миллӣ алоқаманд нестанд, танҳо бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешаванд.

 

БОБИ 6.

ПАРВАРИШГОҲҲОИ ТАБИӢ

 

Моддаи 30. Намудҳои парваришгоҳҳои табиӣ

 

1. Парваришгоҳҳои табиӣ метавонанд давлатӣ ва хусусӣ бошанд. Парваришгоҳҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд. Парваришгоҳҳои хусусӣ танҳо аҳамияти маҳаллӣ доранд.

2. Парваришгоҳҳои табиии давлатӣ аз рӯи таъинот ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:

- ландшафтӣ (комплексӣ) - барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии ландшафтҳо ва комплексҳои пурарзиши табиӣ;

- биологӣ (ботаникӣ, зоологӣ) - барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии намудҳои пурарзиш, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот;

- палеонтологӣ - барои нигоҳдории намудҳои алоҳидаи биологии ниҳоят қадим ва маҷмӯи онҳо;

- гидрологӣ (ботлоқӣ, кӯлӣ, дарёӣ) - барои нигоҳдории объектҳои пурарзиши об ва кваторияи онҳо;

- геологӣ ва минералогӣ - барои нигоҳдории намудҳои нодири геологӣ ва минералогӣ.

 

Моддаи 31. Тартиби ташкили парваришгоҳҳои табиӣ

 

1. Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил карда мешаванд.

2. Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти маҳаллиро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил менамоянд.

3. Қитъаҳои замин метавонанд бе гирифтан аз заминистифодабарандагон парваришгоҳи табиии давлатӣ эълон карда шаванд.

4. Парваришгоҳҳои хусусӣ бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва муассисаи ваколатдори илмӣ ташкил карда мешаванд.

5. Парваришгоҳҳо метавонанд бемӯҳлат ё ба мӯҳлати то даҳ сол ташкил карда шаванд.

 

Моддаи 32. Тобеият ва маблағгузории парваришгоҳҳои табиии давлатӣ

 

1. Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар тобеияти мақоми ваколатдори давлатӣ буда, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.

2. Тобеият ва тартиби маблағгузории парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти маҳаллӣ аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар бораи ташкили онҳо қарор қабул мекунад, муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 33. Низоми парваришгоҳҳои табиии давлатӣ

 

1. Дар ҳудуди парваришгоҳҳои табиии давлатӣ ҳама гуна фаъолияти хилофи вазифаҳои парваришгоҳ манъ ё маҳдуд карда мешавад.

2. Вазифаҳои мушаххас ва хусусиятҳои низоми ҳар парваришгоҳи табиии давлатӣ бо низомномаи он муайян карда мешавад. 

3. Корхонаю муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки дар замини онҳо парваришгоҳи табиии давлатӣ ташкил карда шудааст, вазифадоранд низоми муқарраргардидаи парваришгоҳро риоя намоянд.

 

Моддаи 34. Низоми парваришгоҳҳои табиии хусусӣ

 

1. Низоми парваришгоҳҳои табиии хусусӣ дар низомномаҳои онҳо, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад.

 2. Низоми парваришгоҳи табиии хусусӣ бояд ҳифз ва барқарорсозии объектҳои олами наботот, ҳайвонот ва комплексҳои табиӣ, инчунин муҳайё сохтани шароит барои омӯзиши онҳоро пешбинӣ намояд.

3. Ҷойгир ва паҳн кардани намудҳои бегонаи олами набототу ҳайвонот дар ҳудуди парваришгоҳҳо манъ аст.

4. Парваришгоҳҳои табиии хусусӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи намунаҳои муқарраргардидаи ҳисоботи омори давлатӣ ҳисобот медиҳанд.

5. Назорати давлатии ҳолати ҳифзи муҳити зист ва фаъолияти парваришгоҳҳои табиии хусусӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 7.

БОҒҲОИ ДАВЛАТИИ ҲАЙВОНОТ

 

Моддаи 35. Ташкил ва минтақабандии боғҳои давлатии ҳайвонот

 

1. Боғҳои давлатии ҳайвонот метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.

2. Боғҳои давлатии ҳайвонотро, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил мекунад.

3. Боғҳои давлатии ҳайвоноти аҳамияти маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил карда мешаванд.

4. Қитъаҳои замин бо мақсади ташкили боғҳои давлатии ҳайвонот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи бемӯҳлат дода мешаванд.

5. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот барои нигоҳдорӣ, афзоиш ва намоиши ҳайвонот - тамошогоҳ, барои гузаронидани тадқиқоти илмӣ - минтақаи илмӣ, барои хизматрасонӣ ба тамошобинон - минтақаҳои ҷамъиятӣ, маъмурӣ ва хоҷагию истеҳсолӣ пешбинӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 36. Парвариши ҳайвонот дар боғҳои давлатии ҳайвонот ва хусусиятҳои ҳифзи онҳо

 

1. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот коллексияи намудҳои гуногуни ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон ташкил ва ҳифзу нигоҳдории онҳо таъмин карда мешавад.

2. Воридот ва содироти ҳайвонот, инчунин мубодилаи онҳо байни боғҳои давлатии ҳайвонот ва дигар муассисаҳои соҳаи ҳайвонотшиносӣ (зоологӣ) тибқи тартиби муқарраршуда анҷом дода мешавад.

3. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот хадамоти байторӣ ва зоотехникӣ, ҳамчунин ҷойҳои махсус барои парвариши насли ҳайвоноти нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта ташкил карда мешаванд.

 

Моддаи 37. Хусусиятҳои истифодаи боғҳои давлатии ҳайвонот

 

1. Боғҳои давлатии ҳайвонот бо мақсадҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ истифода мешаванд. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот оид ба нигоҳдорӣ ва парвариши ҳайвонот дар шароити маҳкам ва нимозод тадқиқотҳои илмӣ гузаронида мешаванд.

2. Боғҳои давлатии ҳайвонот метавонанд фондҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва бойгониҳо ташкил намоянд, вобаста ба фаъолияти худ адабиёти илмӣ, илмии оммавӣ ва ғайра нашр намоянд, инчунин ба аҳолӣ дар соҳаи байторӣ, корҳои селексионӣ ва парвариши ҳайвоноти зотӣ хизмати музднок расонанд.

3. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот мутобиқи соҳаи фаъолияти онҳо метавонанд хоҷагиҳои ёрирасон, устохонаҳо, мағозаҳои зоологӣ ва дигар объектҳои барои фаъолияти хоҷагидорӣ зарур ташкил карда шаванд.

 

БОБИ 8.

ЁДГОРИҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢВА МИНТАҚАҲОИ ЭКОЛОГИЮ ЭТНОГРАФӢ

 

Моддаи 38. Тартиби ёдгориҳои табиии давлатӣ эълон кардани объектҳои табиӣ

 

1. Ёдгориҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.

2. Объектҳои табиӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ, вазорату идораҳои манфиатдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои табиии давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ эълон карда мешаванд.

3. Қарор дар бораи ёдгориҳои табиии давлатии маҳаллӣ эълон кардани объектҳои табиат аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва пешниҳоди ташкилотҳои манфиатдор қабул карда мешавад.

4. Объектҳои табиӣ метавонанд бе гирифтани қитъаҳои замини заминистифодабарандагон ёдгориҳои табиии давлатӣ эълон карда шаванд.

 

Моддаи 39. Низоми ёдгориҳои табиии давлатӣ

 

1. Дар ҳудуди ҷойгиршавии ёдгориҳои табиии давлатӣ, инчунин нисбати худи ёдгориҳо ҳама гуна фаъолияте, ки ба амнияти онҳо таҳдид карда метавонад, манъ аст.

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар заминҳои мавриди истифодаи онҳо ёдгориҳои табиии давлатӣ ҷойгиранд, ӯҳдадоранд муҳофизати онҳоро таъмин намоянд. Мақомоте, ки дар бораи ёдгории табиии давлатӣ эълон кардани объекти табиӣ қарор қабул кардааст, онро барои муҳофизат супорида, ӯҳдадории муҳофизат ва шиносномаи онро, ки дар он низоми ҳифзи ёдгориҳои табиат муайян мегардад, ба расмият медарорад. 

3. Хароҷоти таъмини низоми муқаррарнамудаи ҳифзи ёдгориҳои табиии давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи муҳити зист ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пӯшонида мешавад. 

 

Моддаи 40. Тартиби ташкили минтақаҳои экологию этнографӣ ва низоми онҳо

 

1. Минтақаҳои экологию этнографӣ бо пешниҳоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

2. Фаъолияти хоҷагидорӣ дар ҳудуди минтақаҳои экологию этнографӣ набояд боиси хароб гаштани муҳити зисти аҳолӣ ва захираҳои биологӣ гардад. Дар маҳалҳои зисти доимии аҳолии таҳҷоии минтақаҳои экологию этнографӣ танҳо ба фаъолияти маҳдуди анъанавии хоҷагидорӣ роҳ дода мешавад.

3. Минтақаҳои экологию этнографӣ дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, оид ба ҳар яки онҳо низомномаи алоҳида қабул қарда мешавад.

 

БОБИ 9.

ПАРКҲОИ ДЕНДРОЛОГӢ ВА БОҒҲОИ БОТАНИКӢ

 

Моддаи 41. Мақоми паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ

 

1. Паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ метавонанд шахси ҳуқуқии мустақил бошанд ва аз буҷети давлатӣ таъмин карда шаванд ё ба сохтори муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ё таълимӣ дохил шуда, дар тавозуни онҳо қарор дошта бошанд.

2. Замини паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ аз истифодаи хоҷагидорӣ гирифта, барои истифодаи бемӯҳлат ба онҳо дода мешавад.

 

Моддаи 42. Тартиби ташкил кардани паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ ва низоми

                       онҳо

 

1. Паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо дархости ташкилотҳои манфиатдор ташкил карда мешаванд.

2. Дар ҳудуди паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ ҳама гуна фаъолияте, ки бо иҷрои вазифаҳои онҳо алоқаманд нест ва ба мавҷудияти набототи худрӯи табиӣ ва боғӣ таҳдид мекунад, манъ аст.

3. Ҳудудҳои паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ метавонанд ба минтақаҳои зерин тақсим шаванд:

- намоишӣ, ки воридшавӣ ба он бо тартиби муайянкардаи маъмурият иҷозат дода мешавад;

- илмию таҷрибавӣ, ки ҳуқуқи ворид шудан ба онро танҳо кормандони илмии паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ, инчунин мутахассисони муассисаҳои дигари илмӣ доранд;

- мамнӯӣ, ки нигоҳдории комплексҳо ва объектҳои растаниҳои муқаррарӣ ва нодири табииро таъмин менамояд;

- маъмурӣ.

4. Вазифаҳои мушаххас, соҳаи фаъолияти илмӣ, вазъи ҳуқуқӣ, сохти ташкилӣ, хусусиятҳои низом ва ҳифзи паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ дар низомномаҳои онҳо муайян карда мешаванд.

 

БОБИ 10.

МИНТАҚАҲОИ ТАБИИИ ОСОИШӢ, ТАБОБАТИЮ СОЛИМГАРДОНӢ ВА РЕКРЕАТСИОНӢ

 

Моддаи 43. Тартиби ташкил ва низоми минтақаҳои табиии осоишӣ ва табобатию

                       солимгардонӣ

 

1. Минтақаҳои осоишӣ ва табобатию солимгардонии табиӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешаванд.

2. Бо мақсади ҳифзи хусусиятҳои табиӣ ва воситаҳои табобатии минтақаҳои табобатию солимгардонӣ, ҳифзи онҳо аз вайроншавию олудашавӣ ва бармаҳал харобшавӣ минтақаҳои ҳифзи санитарӣ муқаррар карда мешаванд.

3. Дар минтақаҳои ҳифзи санитарӣ анҷом додани корҳое, ки хок, манбаъҳои об ва ҳавои атмосфераро олуда сохта, ба ҷангалзор зарар ва ба хосиятҳои муолиҷавӣ ва табобати санаторӣ таъсири манфӣ мерасонанд, манъ аст.

 

Моддаи 44. Тартиби ташкил ва низоми минтақаҳои табиии рекреатсионӣ

 

1. Минтақаҳои табиии рекреатсионӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар мувофиқа бо заминистифодабарандагони манфиатдор эълон карда мешаванд.

2. Дар минтақаҳои рекреатсионӣ фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ расонида, манзараҳои табиатро ҷиддӣ тағйир медиҳад ё ба истифодаи ин минтақаҳо тибқи таъиноташон монеъ мешавад, манъ аст.

3. Минтақаҳои табиии рекреатсионӣ барои истироҳати муташаккилонаи аҳолӣ ва туризм мувофиқи шартномаҳое, ки муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо бо заминистифодабарандагони асосӣ мебанданд, истифода карда мешаванд.

4. Низоми минтақаи табиии рекреатсионӣ бо низомномаи он, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян мегардад.

 

БОБИ 11.

ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДАИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Моддаи 45. Резерватҳои биосферии давлатӣ

 

1. Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд барои дохил кардан ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ пешниҳод карда шаванд. Қарор дар бораи пешниҳоди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ дар асоси пешниҳоди якҷояи мақомоти ваколатдори давлатӣ ва муассисаи ваколатдори илмӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Дар сурати дохил кардан ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ дорои аҳамияти байналмилалӣ мегарданд. 

2. Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти байналмилалӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ идора карда мешаванд. Низомномаи мамнӯъгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

3. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, ки мақоми резерватҳои биосферӣ доранд, минтақаҳои зерини функсионалӣ пешбинӣ карда мешаванд:

- минтақаи марказӣ (ядро) - минтақа бо низоми қатъии муҳофизатие, ки танҳо барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва ландшафтӣ ва муҳайё сохтани шароити рушди биогеосенозҳо пешбинӣ шудааст. Дар минтақаи марказӣ ҳама гуна фаъолияти хоҷагидорӣ, ба ғайр аз тадқиқотҳои илмӣ ва гузаронидани мониторинги ҷараёнҳои табиӣ манъ аст;

- минтақаи муҳофизатӣ (буферӣ) - қисми ҳудуде, ки одатан минтақаи марказиро иҳота мекунад ё бо он ҳамсарҳад буда, барои амалӣ намудани фаъолияти аз назари экологӣ бехатар, аз ҷумла дар бахши маърифати экологӣ, фароғат, туризми экологӣ, инчунин гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ истифода мешавад;

- минтақаи гузариш - қисми ҳудуде, ки ба дигар заминистифодабарандагон тааллуқ дорад ва барои пешбурди фаъолияти хоҷагидории раванди экологидошта, ки ба комплексҳо ва объектҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда зарар намерасонад, истифода мешавад.

 

Моддаи 46. Паркҳо ва мамнӯъгоҳҳои табиии байнидавлатӣ

 

1. Паркҳо ва мамнӯъгоҳҳои табиии байнидавлатӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

2. Низоми паркҳо ва мамнӯъгоҳҳои табиии байнидавлатӣ тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати (давлатҳои) иштирокчии созишномаҳои мазкур муайян карда мешавад.

 

Моддаи 47. Заминҳои обию ботлоқии дорои аҳамияти байналмилалӣ

 

1. Кӯлу ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ минтақаҳое мебошанд, ки ба сифати макони зисти олами набототу ҳайвоноти маъмул, хусусан, паррандагони обии муҳоҷир хизмат мекунанд.

2. Кӯлу ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ метавонанд ба мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, паркҳои табиии миллӣ ва дигар намудҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил карда шаванд.

3. Дар ҳудуди кӯлу ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ низоми мамнӯӣ, парваришгоҳ ё ин ки низоми фаъолияти хоҷагидории танзимшаванда муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 12.

ТАРТИБИ ҲИФЗИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

 

Моддаи 48. Тартиби ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

 

1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз тарафи мақомоте, ки ин ҳудудҳо дар ихтиёрашон мебошанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.

2. Кормандони хадамоти муҳофизати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҷумлаи кормандони мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ мебошанд.

3. Директорони мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ сарнозирони давлатии муҳофизати ин ҳудудҳо мебошанд.

 

Моддаи 49. Ҳуқуқҳои нозирони давлатии муҳофизати мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ

 

1. Кормандони мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ, ки нозирони давлатии ҳифзи ҳудудҳои мазкур  мебошанд, ҳуқуқ доранд аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳои нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист ва ҷангал истифода баранд.

2. Қарорҳои дар доираи ваколатҳои худ қабулнамудаи нозирони давлатии ҳифзи мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, нисбати онҳо ба суд шикоят кардан мумкин аст.

3. Нозирони давлатии ҳифзи мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба нигоҳ доштан, бо худ гирифта гаштан ва истифода бурдани воситаҳои махсус ва силоҳи хизматӣ тибқи тартиби муқарраргардида ҳуқуқ доранд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с. №1159)

4. Нозирони давлатии ҳифзи мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ мавриди суғуртаи ҳатмӣ қарор мегиранд ва дар сурати маъюб шудан ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҷуброни зарар ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 50. Назорати ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

 

Назорати ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҷониб ва бо ташаббуси ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.

 

БОБИ 13.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 51. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда 

 

1. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда мешавад. 

2. Дар сурати мухолифат кардани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал менамоянд.

 

Моддаи 52. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 53.Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

                      "Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда"

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 "Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 353; с. 1998, №10, мод. 125; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 272) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 54. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 26 декабри соли 2011,

№ 788

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ДАР БОРАИ ОМОДАГӢ БА САФАРБАРӢ ВА САФАРБАРӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 11:17
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
790
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Душанбе, 16 Апрел, 2012

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ДАР БОРАИ ОМОДАГӢ БА САФАРБАРӢ ВА САФАРБАРӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 249)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда, принсипҳои асосӣ, тартиб, салоҳият, ӯҳдадориҳо ва масъулияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин соҳа муқаррар менамояд. 

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд: 

- сафарбарӣ - маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатии марбут ба гузаронидани соҳаҳои иқтисодиёт, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (минбаъд-ташкилотҳо), қаламрав ва аҳолӣ ба низоми ҳолати ҷанг, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус ба ташкил, ҳайат ва идоракунӣ дар замони ҷанг (сафарбарии умумӣ ва ё қисме аз онҳо - сафарбарии ҷузъӣ); 

- омодагӣ ба сафарбарӣ - маҷмӯи чорабиниҳои дар замони осоишта гузаронидашаванда ва ба идоракунии устувори давлат дар замони ҷанг, гузариши муташаккилонаи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ба таъмин намудани талаботи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус, аҳолӣ, ҳифзи мусаллаҳона ва мудофиаи мамлакат, таъмини фаъолияти воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва ташкилотҳо дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг равонашуда;   

- мақоми ваколатдор дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ – мақоми давлатии амалисозандаи ташаккулёбии сиёсати давлатӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ; 

- иқтидорҳои сафарбарӣ – майдонҳои истеҳсолӣ, таҷҳизоти технологӣ, ҳуҷҷатҳои муҳандисӣ–техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои барои иҷрои фармоишҳои сафарбарӣ таъингардида; 

- захираи сафарбарӣ – захираи эҳтиётии сарватҳои моддӣ ва масолеҳи барои эҳтиёҷоти сафарбарии давлат пешбинишуда оид ба вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти саноатии таъиноти ҳарбӣ ва дигар намудҳои маҳсулоти саноатӣ, таъмири техника ва молу мулки ҳарбӣ дар давраи махсус, вусъат бахшидан ба корҳои барқароркунии роҳҳои оҳан ва автомобилгард, аэродромҳо, хатҳои алоқа ва иншооти он, қубурҳои нафту газ, системаи таъминоти обу барқ дар замони ҷанг барои таъмини кори мунтазами соҳаҳои саноат, нақлиёт ва алоқа, расонидани ёрии тиббӣ;

- супориши сафарбарӣ – супориш ба мақомоти давлатӣ барои иҷрои чорабиниҳои ба ҳалли вазифаҳо доир ба таъмини фаъолияти устувори давлат дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг равонашуда;    

- фармоиши сафарбарӣ – фармоиши давлатӣ ба ташкилотҳо оид ба истеҳсоли мол (кор, хизматрасонӣ)-ҳои номгӯи муайян, миқдор ва сифати онҳо, таъсиси воҳидҳои махсус дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг; 

- нақшаи сафарбарӣ – нақшаи чорабиниҳои аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкардашудаи ба татбиқи чораҳо оид ба вусъатдиҳии сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус, гузариши соҳаҳои иқтисодиёт, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми фаъолият дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг бо роҳи иҷрои супориш (фармоиш)-ҳои сафарбарӣ, инчунин дигар чорабиниҳои омодагӣ ба сафарбарӣ равонашуда; 

- сохтори сафарбарӣ – сохтори аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо таъсисдодашуда барои ташкили чорабиниҳо доир ба омодагӣ ба сафарбарӣ, сафарбарӣ ва назорати иҷрои онҳо; 

- брон кардан – муваққатан озод намудани шахсони мансабдор, кормандони соҳибихтисос ва мутахассисони дар эҳтиёт қарордоштаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳо аз даъват ба хизмати ҳарбӣ дар давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат аст. 

 

Моддаи 3. Принсипҳои асосии омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ 

Принсипҳои асосии омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ инҳоянд:

- қонуният;

- риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- ҳатмӣ будани гузаронидани омодагӣ ба сафарбарӣ;

- нигаҳдорӣ, дахлнопазирии иқтидорҳо ва захираи сафарбарӣ;

-роҳбарии мутамарказ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои нақшавӣ;

- омодагии пешакӣ ва таъмини чорабиниҳои нақшавӣ;  

- маҷмӯӣ (комплексӣ) будан ва ҳаммувофиқатии чорабиниҳои соҳавӣ ва ҳудудӣ; 

- назорати доимии ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо.

 

Моддаи 4. Мундариҷаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ

Ба мундариҷаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дохил мешаванд:

- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ;

- таъмини илмию методии омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ;

- омода намудани қаламрав, соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардани шароити кори мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг; 

- гузаронидани чорабиниҳо оид ба гузариши соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо ва воҳидҳои марзиву маъмурӣ ба кор дар шароити замони ҷанг; 

- таҳияи нақшаҳои сафарбарии соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, воҳидҳои марзиву маъмурӣ, аҳолӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус;

- таҳияи қоидаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳияи тартиби огоҳонидан дар бораи сафарбарӣ; 

- омода намудани аҳолӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус барои сафарбарӣ; 

- гузаронидани сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус;

- баҳодиҳии ҳолати тайёрии сафарбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкил, инкишоф ва нигаҳдории иқтидорҳо ва объектҳои сафарбарӣ барои истеҳсоли маҳсулоте, ки барои қонеъ гардонидани талаботи давлат, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус, эҳтиёҷоти аҳолӣ дар замони ҷанг зарур аст;

- таъсис ва омода намудани воҳидҳои махсусе, ки ҳангоми эълони сафарбарӣ барои супоридан ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барои истифодабарӣ ба манфиати онҳо, инчунин ба манфиати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд; 

- омода кардани техникае, ки ҳангоми эълони сафарбарӣ барои таҳвил ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус ё барои истифодабарӣ ба манфиати онҳо таъин шудааст;

- ташкил, ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва азнавкунии захираҳои эҳтиётии сарватҳои моддии захираҳои сафарбарӣ ва давлатӣ, захираҳои эҳтиётии камнашавандаи маҳсулоти озуқаворӣ ва нафтӣ;

- ташкил, нигаҳдорӣ ва истифодаи фонди суғуртавии ҳуҷҷатҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, маҳсулоти таъиноти стратегӣ, объектҳои дорои хатари зиёд, системаҳои таъминоти зиндагии аҳолӣ ва объектҳое, ки сарвати миллӣ мебошанд;

- омодагӣ ва ташкили таъминоти меъёрии аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ, хизматрасонии тиббӣ, воситаҳои алоқа ва нақлиёт дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва дар замони ҷанг;

- ташкил намудани нуқтаҳои эҳтиётии идоракунии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо ва омода намудани онҳо ба кор дар шароити замони ҷанг;

- омодагии воситаҳои ахбори омма ба кор дар давраи сафарбарӣ ва дар замони ҷанг;

- ташкили бақайдгирии ҳарбӣ дар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо;

- тайёр кардани шаҳрвандон аз рӯи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ барои пуррагардонии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус дар давраи сафарбарӣ ва дар замони ҷанг;

- барои давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг брон кардани шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо кор мекунанд;

- гузаронидани машғулият ва машқҳо барои вусъат додани сафарбарӣ ва иҷрои нақшаҳои сафарбарӣ;

- такмили ихтисоси кормандони сохторҳои сафарбарӣ;

- ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ; 

- иҷрои дигар чорабиниҳои ба омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ алоқаманд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

 

БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ОМОДАГӢ БА САФАРБАРӢ ВА САФАРБАРӢ

 

Моддаи 5. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- роҳбарии умумии фаъолияти мақомоти давлатиро дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;

- мақоми ваколатдорро дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ муайян менамояд; 

- мақсад ва вазифаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбариро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд; 

- ҳисоботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ баррасӣ менамояд;

- оид ба масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ фармонҳо мебарорад; 

- ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад;  

- низоми кори мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳоро дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва дар замони ҷанг муқаррар менамояд; 

- нақшаи сафарбарии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;

- қоидаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд; 

- тартиби қоидаҳои баҳодиҳии тайёрии сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд; 

- тартиби огоҳонидан дар бораи сафарбариро тасдиқ менамояд;

- назорати гузаронидани чорабиниҳо оид ба вусъат додани сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус, ҳамчунин ҳангоми эълони сафарбарӣ иҷрои қарорҳоро дар бораи гузариши соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми ҳолати ҷанг ташкил менамояд; 

- шартномаҳои байналмилалиро дар бораи ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ ба имзо мерасонад; 

- тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар салоҳияти барои ҳимояи давлат заруриро оид ба масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ амалӣ менамояд.

 

Моддаи 6. Салоҳияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ

1. Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷанг ва вазъияти фавқулодда тасдиқ менамояд; 

- барои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон розигӣ медиҳад.  

2. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 

- қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масаъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ ва ба онҳо ворид намудани тағйиру иловаҳоро баррасӣ менамояд;

- тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар салоҳиятро оид ба масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ амалӣ менамояд.

3. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 

- қонунҳо оид ба масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбариро қабул карда, ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид менамояд; 

- санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оид ба масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ тасдиқ ва бекор мекунад; 

- тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар салоҳиятро оид ба масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ амалӣ менамояд.

 

Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: 

- ба омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, иҷрои онро таъмин мекунад;

- фаъолияти мувофиқашуда ва ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатиро дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ муайян мекунад; 

- вазифаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро оид ба таъмини мудофиаи ҳудудӣ, таҷҳизонидани фаврии ҳудуд ва гузаронидани чорабиниҳо доир ба мудофиаи гражданӣ муқаррар мекунад; 

- тартиби бастани шартнома (қарордод)-ҳоро дар бораи аз тарафи ташкилотҳо иҷро гардидани фармоишҳои сафарбарӣ ва таъмини фармоишҳои мазкурро бо захираҳои моддию техникӣ муайян менамояд;

- тартиб ва манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбариро ба ташкилотҳое, ки фармоишҳои сафарбарӣ доранд, муайян мекунад;

- тартиби бекор кардан ва додани фармоишҳои сафарбариро ҳангоми муфлисшавӣ, барҳамдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва тағйирёбии самти фаъолияти ташкилотҳо муайян менамояд; 

- гузаронидани машғулият (машқ)-ҳои ҳарбӣ ва фармондеҳӣ-ситодӣ барои вусъат додани сафарбарӣ ва иҷрои чорабиниҳои сафарбариро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус ташкил мекунад; 

- тартиби ташаккул, ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, хизматрасонӣ ва истифодабарии сарватҳои моддии захираи сафарбариро дар захираи моддии давлатӣ муқаррар менамояд;

- тартиби ташкил, нигаҳдорӣ ва истифодаи фонди суғуртавии ҳуҷҷатҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, маҳсулоти таъиноти стратегӣ, объектҳои дорои хатари зиёд, системаҳои таъминоти зиндагии аҳолӣ ва объектҳоеро, ки сарвати миллӣ мебошанд, муқаррар менамояд;

- тартиби ҳисоботдиҳии омориро дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ муқаррар мекунад; 

- ҳолати тайёрии сафарбарии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзёбӣ намуда, дар ин хусус ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд; 

- омодагии соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шароити кори мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳоро дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг ташкил мекунад; 

- омодагии таъминоти меъёрии аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ, хизматрасонии тиббӣ ва таъмини он бо воситаҳои алоқа ва нақлиётро дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва дар замони ҷанг ташкил мекунад; 

- гузаронидани машғулият ва машқҳоро барои вусъат додани сафарбарӣ ва иҷрои нақшаҳои сафарбарӣ таъмин менамояд;

- ташкил ва тартиби брон кардани шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаро барои давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг муайян менамояд; 

- тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар салоҳиятро оид ба масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ амалӣ менамояд.

 

Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдор дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ 

1. Мақоми ваколатдор дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ (минбаъд-мақоми ваколатдор) ташаккулёбии сиёсати давлатиро дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ, сафарбарӣ ва назорати иҷрои онро аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор амалӣ менамояд. Низомномаи мақоми ваколатдор аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.  

2. Мақоми ваколатдор дар доираи ваколатҳои худ:

- фаъолияти мақомоти давлатиро дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ ҳамоҳанг месозад; 

- дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ нақшаи сафарбарии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия мекунад, нақшаҳои сафарбарии мақомоти давлатӣ ва воҳидҳои марзиву маъмуриро мувофиқа менамояд;

- қоидаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд; 

- қоидаҳои баҳодиҳии тайёрии сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд; 

- тартиби огоҳонидан дар бораи сафарбариро таҳия менамояд;

- номгӯй ва ҳаҷми зарурии сарватҳои моддиро дар захираи сафарбарӣ аз рӯи вазифаҳои сафарбарӣ таҳия карда, супориши сафарбариро барои иҷро ба мақомоти дахлдор ирсол менамояд; 

- ташкил, нигаҳдорӣ ва истифодаи фонди суғуртавии ҳуҷҷатҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, маҳсулоти таъиноти стратегӣ, объектҳои дорои хатари зиёд, системаҳои таъминоти зиндагии аҳолӣ ва объектҳоеро, ки сарвати миллӣ мебошанд, амалӣ менамояд; 

- тадқиқоти илмӣ ва таъминоти методиро дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ, инчунин такмили ихтисоси мутахассисони сохторҳои сафарбариро ташкил менамояд; 

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бекор кардан ва додани фармоишҳои сафарбарӣ ҳангоми муфлисшавӣ, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ ва тағйирёбии самти фаъолияти ташкилотҳое, ки фармоишҳои сафарбарӣ доранд, тибқи гузориши мақомоти давлатӣ таклифҳо пешниҳод менамояд; 

- ҳуқуқи ба таъхир андохтани даъвати шаҳрвандон ё гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ дорад (бозмедорад);  

- дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ иштирок менамояд.

 

Моддаи 9. Ваколатҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ

Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ:

- сохторҳои сафарбариро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор таъсис медиҳанд; 

- нақшаҳои сафарбариро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор таҳия ва амалӣ менамоянд;

- омодагӣ ба сафарбарии ташкилотҳоро ба нақша мегиранд, ташкил ва роҳбарӣ менамоянд, шароитҳои зарурии иҷрои супориш ва фармоишҳои сафарбариро муайян мекунанд;

- барои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар соҳаи дахлдор масъул буда, ба кормандони сохторҳои сафарбарӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда шароитҳои зарурӣ фароҳам меоранд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаҷми маблағгузории чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба сафарбарӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд;

- ташкил, инкишоф ва нигаҳдории иқтидорҳои сафарбарӣ, ҷамъоварии захираҳои давлатӣ ва сафарбариро анҷом медиҳанд;

- бо ташкилотҳо вобаста ба иҷрои фармоишҳои сафарбарӣ шартномаҳо мебанданд;

- ба мақоми ваколатдор оид ба бекор кардани фармоишҳои сафарбарӣ ва иқтидорҳои сафарбарӣ ҳангоми муфлисшавӣ, барҳамдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва тағйирёбии самти фаъолияти ташкилотҳое, ки фармоишҳои сафарбарӣ доранд, таклифҳо пешниҳод менамоянд;

- дар ҳамкории мутақобила бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба омодагӣ барои иҷрои нақшаҳои сафарбарӣ чорабиниҳо мегузаронанд;

- дар ҳолати эълон намудани сафарбарӣ дар ҳамкории мутақобила бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳо оид ба гузариши ташкилотҳо ба низоми ҳолати ҷангро ташкил ва таъмин менамоянд;

- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар доираи ваколатҳои худ иштирок мекунанд;

- ба мақоми ваколатдор оид ба ташаккулёбии сиёсати давлатӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд; 

- дар сохторҳо ва ташкилотҳои тобеъ гузаронидани машғулият (машқ)-ҳои фармондеҳӣ-ситодиро оид ба чорабиниҳои сафарбарӣ ташкил мекунанд; 

- бақайдгирии ҳарбии шахсони ӯҳдадории ҳарбидошта ва даъватшавандаро дар сохторҳо ва ташкилотҳои тобеи худ, барои давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг брон кардани шаҳрвандонеро, ки дар эҳтиёт қарор дошта, дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, инчунин дар сохторҳо ва ташкилотҳои тобеи онҳо кор мекунанд, ташкил намуда, тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди ҳисоботро оид ба брон кардан таъмин менамоянд;

- тибқи супоришҳои сафарбарии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои махсус таъсис медиҳанд, ки дар замони ҷанг ба манфиатҳои иқтисодиёт ва мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд;

- гузаронидани чорабиниҳо оид ба сафарбариро дар сохторҳо ва ташкилотҳои тобеи худ ҳамоҳанг месозанд ва назорат мебаранд, инчунин таъмини методии ин чорабиниҳоро амалӣ менамоянд. 

 

Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ 

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои худ: 

- омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбариро ташкил ва таъмин менамоянд;  

- омодагӣ ба сафарбарии ташкилотҳоеро, ки фаъолияташон дар ҳудуди мансуб ба тобеияти онҳо сурат мегирад, роҳбарӣ менамоянд; 

- сохторҳои сафарбариро таъсис медиҳанд;

- нақшаҳои сафарбарии маҳаллиро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор тасдиқ мекунанд ва иҷрои онҳоро таъмин менамоянд;

- ба мақоми ваколатдор оид ба такмилдиҳии омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд; 

- ба фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ мусоидат карда, пешниҳоди маълумотро ба онҳо доир ба бақайдгирии ташкилотҳо таъмин менамоянд; 

- сари вақт огоҳкунӣ ва ҳозиршавии шаҳрвандонеро, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ аз рӯи сафарбарӣ даъват карда шаванд, таҳвили техника ба нуқтаҳои ҷамъшавӣ ё қисмҳои ҳарбӣ, пешниҳоди биноҳо, иншоот, воситаҳои коммуникатсионӣ, қитъаҳои замин, воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои моддиро тибқи нақшаҳои сафарбарӣ ташкил мекунанд;

- барои давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг бақайдгирии ҳарбӣ ва брон кардани шаҳрвандонеро, ки дар эҳтиёт қарор дошта, дар ташкилотҳои фаъолияташон дар ҳудуди мансуб ба тобеияти онҳо кор мекунанд, ташкил ва таъмин менамоянд, пешниҳоди ҳисоботро оид ба брон кардан бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунанд.

 

БОБИ 3. ӮҲДАДОРИҲОИ ТАШКИЛОТҲО, ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОМОДАГӢ БА САФАРБАРӢ ВА САФАРБАРӢ

 

Моддаи 11. Ӯҳдадориҳои ташкилотҳо дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ

1. Ташкилотҳо дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ ӯҳдадоранд:  

- оид ба таъмини тайёрии сафарбарии худ чорабиниҳо ташкил намоянд ва гузаронанд; 

- сохторҳои сафарбарӣ таъсис диҳанд ё кормандонеро, ки вазифаҳои сохторҳои сафарбариро иҷро мекунанд, таъин намоянд;

- дар асоси подош нигаҳдорӣ, дахлнопазирии иқтидорҳои сафарбарӣ ва сарватҳои моддии захираи сафарбариро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд, таъмин намоянд; 

- дар доираи ваколатҳои худ тибқи нақшаи сафарбарии маҳаллӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба сафарбариро таҳия карда, иҷрои онҳоро таъмин намоянд;

- оид ба омодагии истеҳсолот барои иҷрои фармоишҳо дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва дар замони ҷанг чорабиниҳо гузаронанд;

- бо мақсади таъмини омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ фармоишҳои сафарбариро мувофиқи шартнома (қарордод)-ҳо иҷро намоянд; 

- ҳангоми эълони сафарбарӣ барои гузариши истеҳсолот ба кор дар шароити замони ҷанг чорабиниҳо гузаронанд;

- ба комиссариатҳои ҳарбӣ оид ба кори сафарбарӣ дар замони осоишта ва ҳангоми эълони сафарбарӣ мусоидат намоянд; 

- сари вақт огоҳ кардан ва ба нуқтаҳои ҷамъшавӣ ё қисмҳои ҳарбӣ ҳозир шудани шаҳрвандонеро, ки бо онҳо муносибатҳои меҳнатӣ дошта, ҳангоми сафарбарӣ бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд, таъмин намоянд;

- таҳвили техникаро ба нуқтаҳои ҷамъшавӣ ё қисмҳои ҳарбӣ тибқи нақшаҳои сафарбарӣ таъмин намоянд;

- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳо, иншоот, воситаҳои коммуникатсионӣ, қитъаҳои замин, воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои моддиро тибқи нақшаҳои сафарбарӣ бо ҷуброни зарари ба онҳо расонидашуда аз тарафи давлат бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

- ҷузъу томҳои бақайдгирии ҳарбиро таъсис диҳанд, корҳоро барои бақайдгирии ҳарбӣ ва брон кардани шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, ки дар ин ташкилотҳо кор мекунанд, барои давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг иҷро намоянд, пешниҳоди ҳисоботро оид ба брон кардан таъмин намоянд; 

- фаъолияти воҳидҳои махсусро, ки хароҷоти нигаҳдории онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешаванд, барои иҷрои вазифаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ташкил ва таъмин намоянд. 

2. Ташкилотҳо (ҳангоми мавҷуд будани имкониятҳо), бо мақсади таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти давлат ҳуқуқ надоранд, ки аз бастани шартнома (қарордод)-ҳо оид ба иҷрои фармоишҳои сафарбарӣ саркашӣ кунанд. Товони зарари ба ташкилотҳо расонидашуда вобаста ба иҷрои фармоишҳои сафарбарӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад. 

3. Ташкилотҳо ӯҳдадоранд, ки иттилооти барои таҳия ва иҷрои чорабиниҳои сафарбарӣ заруриро бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ

1. Шаҳрвандони дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва дар замони ҷанг даъватшуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ бархӯрдор мебошанд. 

2. Шаҳрвандон дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ ӯҳдадоранд:

- мувофиқи даъват барои муайян кардани таъиноти худ дар давраи сафарбарӣ ва дар замони ҷанг ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шаванд; 

- талаботеро, ки дар дастурҳои сафарбарии гирифтаи онҳо, даъватнома ва фармонҳои комиссарони ҳарбӣ дарҷ шудаанд, иҷро намоянд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҷанг бо мақсади таъмини мудофиаи мамлакат ва амнияти давлат биноҳо, иншоот, воситаҳои нақлиёт ва дигар молу мулки дар моликияти онҳо қарордоштаро, бо ҷуброни зарари ба онҳо расонидашуда аз тарафи давлат, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.  

3. Шаҳрвандон дар давраи сафарбарӣ ва дар замони ҷанг ба иҷрои корҳо бо мақсади таъмини мудофиаи мамлакат ва амнияти давлат ҷалб гардида, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воҳидҳои махсус дохил карда мешаванд.

 

БОБИ 4. АСОСҲОИ ТАШКИЛИИ ОМОДАГӢ БА САФАРБАРӢ ВА САФАРБАРӢ, ТАРТИБИ

МАБЛАҒГУЗОРӢ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ОНҲО

 

Моддаи 13. Ташкил ва тартиби омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ 

1. Ташкил ва тартиби омодагӣ ба сафарбарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, соҳаҳои иқтисодиёт, қаламарав, аҳолӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. 

2. Шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо барои иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда оид ба ташкил ва тартиби омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти шахсӣ дошта, ба кормандони сохторҳои сафарбарӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда шароитҳои зарурӣ фароҳам меоранд.

 

Моддаи 14. Сохторҳои сафарбарӣ

1. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки супориш (фармоиш)-ҳои сафарбарӣ ё оид ба кори сафарбарӣ вазифаҳо доранд, барои ташкили чорабиниҳо доир ба омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ, назорати иҷрои онҳо дар ҳудуди шумораи кормандони худ сохторҳои сафарбарӣ таъсис медиҳанд.

2. Ҳайат ва штатҳои сохторҳои сафарбарӣ бо назардошти хусусият ва ҳаҷми супориш (фармоиш)-ҳои сафарбарӣ ё вазифаҳо оид ба кори сафарбарӣ муайян карда мешаванд. Вобаста ба ҳаҷми супориш (фармоиш)-ҳо ё вазифаҳои зикргардида ба ивази таъсиси сохторҳои сафарбарӣ метавонанд кормандони сафарбарӣ таъин карда шаванд.

3. Роҳбарони сохторҳои сафарбарӣ ё кормандони сафарбарӣ бевосита ба роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо тобеъ мебошанд. 

4. Низомномаи намунавии сохторҳои сафарбарӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Низомномаҳои сохторҳои сафарбарӣ, ки дар ҳайати мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо таъсис дода мешаванд, аз тарафи роҳбарони онҳо тасдиқ карда мешаванд. 

5. Маблағгузории сохторҳои сафарбарӣ ва кормандони сафарбарӣ дар доираи маблағҳои буҷетии барои таъминоти онҳо ҷудошуда ё аз ҳисоби мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳое, ки сохтори сафарбарӣ ё кормандони сафарбарӣ ба ҳайати онҳо дохиланд, амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 15. Захираи сафарбарӣ 

1. Захираи сафарбарӣ қисми таркибии захираи моддии давлатӣ ба ҳисоб рафта, танҳо дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷот ва таъмини фаъолияти устувори соҳаҳои иқтисодиёт, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус, инчунин ташкилотҳои дорои фармоишҳои сафарбарӣ истифода бурда мешавад. 

2. Тартиби ташкил, нигаҳдорӣ ва хизматрасонии захираи сафарбарӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 

 

Моддаи 16. Ӯҳдадории ҳарбию нақлиётӣ 

1. Бо мақсади таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳои нақлиёт дар замони ҷанг, ҳангоми эълони ҳолати ҷанг ё сафарбарӣ дар замони осоишта-ҳангоми гузаронидани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус ба ҳолати дараҷаи муайяни тайёрии ҷангӣ-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории ҳарбию нақлиётӣ муқаррар менамояд, ки он мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, аз ҷумла фурудгоҳҳо, анборҳои маводи нафтӣ, анборҳои таҳвилии сӯзишворӣ, нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ, ташкилотҳои таъмирӣ ва дигар ташкилотҳое, ки кори воситаҳои нақлиётро таъмин мекунанд, инчунин шаҳрвандонеро, ки соҳиби воситаҳои нақлиёт мебошанд, фаро мегирад. 

2. Товони зарари ҳангоми амалишавии ӯҳдадории ҳарбию нақлиётӣ расонидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад. 

3. Тартиби иҷрои ӯҳдадории ҳарбию нақлиётӣ бо Низомнома оид ба ӯҳдадории ҳарбию нақлиётӣ, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад. 

 

Моддаи 17. Низоми ташкил ва гузаронидани омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ

Низоми ташкил ва гузаронидани омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ, инчунин ҳифзи иттилоот оид ба корҳои гузаронидашаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 18. Маблағгузории омодагӣ ба сафарбарӣ, сафарбарӣ ва сохторҳои сафарбарӣ 

1. Маблағгузории омодагӣ ба сафарбарӣ, сафарбарӣ ва сохторҳои сафарбарӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ташкилотҳо амалӣ карда мешавад. 

2. Маблағгузории корҳо барои омодагӣ ба сафарбарии аҳамияти маҳаллидошта аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои маҳаллӣ анҷом дода мешавад. 

3. Маблағгузории корҳо барои омодагӣ ба сафарбарӣ, ки бо ташаббуси ташкилотҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор бо мақсади баланд бардоштани устувории фаъолияти онҳо ва тайёрии сафарбарӣ гузаронида мешавад, аз ҳисоби ташкилотҳо анҷом дода мешавад.  

4. Тартиби маблағгузории чорабиниҳо барои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 

 

Моддаи 19. Ҳавасмандгардонии омодагӣ ба сафарбарӣ 

1. Бо мақсади ҳавасмандгардонии ташкилотҳое, ки дорои иқтидорҳо ва объектҳои таъиноти сафарбарӣ, захираи сафарбарӣ ва дигар молу мулки таъиноти сафарбарӣ мебошанд, барои нигаҳдорӣ ва истифодаи онҳо, инчунин ба ташкилотҳое, ки корҳои вобаста ба омодагӣ ба сафарбариро маблағгузорӣ менамоянд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо дода мешавад.  

2. Имтиёзҳои дигар ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳое, ки корҳои вобаста ба омодагӣ ба сафарбариро иҷро мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

 

БОБИ 5. ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ТИБҚИ САФАРБАРӢ ВА БРОН КАРДАНИ ОНҲО ДАР ЗАМОНИ ҶАНГ

 

 

Моддаи 20. Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ

1. Шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт қарор доранд ва барои ба таъхир андохтани даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ даъват карда мешаванд.    

2. Шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт қарор доранд ва ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ даъват нашудаанд, метавонанд барои кор дар мансабҳои ҳайати ғайриҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус фиристода шаванд. 

3. Шаҳрвандоне, ки бинобар вазъи саломатиашон ғайри қобили хизмати ҳарбӣ ҳисобида шудаанд, инчунин шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин доғи судӣ доранд, ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ даъват карда намешаванд.  

4. Хизматчиёни ҳарбӣ, ба истиснои занон-хизматчиёни ҳарбие, ки фарзандони то синни шонздаҳсола доранд, ҳангоми эълони сафарбарӣ хизмати ҳарбиро идома медиҳанд.

 

Моддаи 21. Ташкили даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ

1. Бо мақсади сари вақт гузаронидани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ ба ташкил ва ҳайати замони ҷанг ва таъсиси воҳидҳои махсус, шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт қарор доранд, барои адои хизмати ҳарбӣ дар замони ҷанг дар мансабҳои ҳарбӣ ё барои кор дар мансабҳои ҳайати ғайриҳарбӣ, ки бо штатҳои замони ҷанг пешбинӣ шудаанд, қаблан ба қисмҳои ҳарбӣ мансуб дониста мешаванд (ба ҳайати воҳидҳои махсус таъин карда мешаванд). 

2. Шаҳрвандоне, ки ба қисмҳои ҳарбӣ мансуб дониста шудаанд (ба ҳайати воҳидҳои махсус таъин карда шудаанд), барои адои хизмат дар замони ҷанг ҳангоми татбиқи чорабиниҳо барои ташкил ва ба ҳайати замони ҷанг гузаронидани қисмҳои ҳарбие, ки шаҳрвандони мазкур ба онҳо мансуб дониста шудаанд, инчунин дар ҳолати таъсиси воҳидҳои махсус ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ даъват карда мешаванд.

3. Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ ё равон кардани онҳо барои кор дар мансабҳои ҳайати ғайриҳарбӣ, ки бо штатҳои замони ҷанг пешбинӣ шудаанд, аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо комиссариатҳои ҳарбӣ амалӣ карда мешавад. 

4. Тартиби ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ даъват кардани шаҳрвандоне, ки ба қисмҳои ҳарбӣ мансуб дониста шудаанд (ба ҳайати воҳидҳои махсус таъин карда шудаанд), барои адои хизмат дар мансабҳои ҳарбии бо штатҳои замони ҷанг пешбинишуда, инчунин равон кардани шаҳрвандон барои кор дар мансабҳои ҳайати ғайриҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 

 

Моддаи 22. Мӯҳлатҳои ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани шаҳрвандон тибқи сафарбарӣ

Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи нақшаҳои сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 23. Ӯҳдадориҳои шаҳрвандони тибқи сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда

1. Ҳангоми эълони сафарбарӣ шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда ӯҳдадоранд, ки дар мӯҳлатҳои дар дастурҳои сафарбарӣ, даъватномаҳо ё фармонҳои комиссарони ҳарбӣ зикргардида ба нуқтаҳои ҷамъшавӣ ҳозир шаванд.

2. Ба шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд, аз лаҳзаи эълони сафарбарӣ бе иҷозати комиссарони ҳарбӣ аз маҳалли зист баромадан манъ аст. 

 

Моддаи 24. Ба таъхир андохтани даъват ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ

1. Ба таъхир андохтани даъват ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ ба шаҳрвандоне пешниҳод карда мешавад, ки:

- брон карда шудаанд;

- бинобар вазъи саломатӣ муваққатан ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд - ба мӯҳлати то шаш моҳ; 

- ба нигоҳубини доимии падар, модар, зан, шавҳар, бародар, хоҳар, бобо, бибӣ ва фарзандхонде, ки бо сабаби вазъи саломатӣ тибқи хулосаи комиссияи тиббию машваратӣ ба нигоҳубин (кӯмак, назорат) – и доимии шахсони дигар мӯҳтоҷанд ё маъюби гурӯҳи I мебошанд, инчунин ба нигоҳубини аъзои оилаи ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида ҳангоми набудани дигар шахсоне, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шаҳрвандони мазкур вазифадоранд, машғуланд; 

- саробонии панҷ ва (ё) зиёда фарзандони ноболиғро (барои шаҳрвандони ҷинси зан-як фарзанди ноболиғро) ба ӯҳда доранд;

- аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. 

2. Ба таъхир андохтани даъват ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ, ба ғайр аз шаҳрвандони дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида, ба шаҳрвандон ва ё гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандоне, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуқуқро доранд, пешниҳод карда мешавад. 

 

Моддаи 25. Ташкил ва тартиби брон кардани шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта барои давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг 

1. Брон кардани шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта бо мақсади таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо дар давраи сафарбарӣ ва дар замони ҷанг гузаронида мешавад. 

2. Ташкил ва тартиби брон кардани шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта барои давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 

3. Шаҳрвандоне, ки брон карда мешаванд, аз даъват ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ ва дар замони ҷанг озод карда мешаванд.

 

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 26. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар доираи шартномаҳои басташуда, ки ба таъмини амнияти давлат, таҳия ва татбиқи чорабиниҳои манфиатноки мутақобила барои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ, нигаҳдории робитаҳои байниҳамдигарии муфиди ҳарбӣ ва иқтисодӣ алоқаманданд, иштирок менамояд. 

 

Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 28. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагии сафарбарӣ ва сафарбарӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 «Дар бораи омодагии сафарбарӣ ва сафарбарӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №12, мод. 318) аз эътибор соқит дониста шавад. 

 

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

        

              Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                          Эмомалӣ  РАҲМОН

      ш. Душанбе,

 16 апрели соли 2012,

            № 799

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НОТАРИАТИ ДАВЛАТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 11:21
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
810
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Душанбе, 16 Апрел, 2012
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ НОТАРИАТИ ДАВЛАТӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 260; с. 2013, №6, мод. 408; Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 с., №1438; аз 20.06.2019 с., №1615, ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1788)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодии нотариати давлатӣ, вазифа ва принсипҳои фаъолияти нотариалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муносибатҳоро дар соҳаи амалишавии фаъолияти нотариати давлатӣ танзим менамояд.
 
ФАСЛИ I. АСОСҲОИ ТАШКИЛИВУ ҲУҚУҚИИ  НОТАРИАТИ ДАВЛАТӢ
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: 
- нотариати давлатӣ - сохтори мақомоти давлатӣ, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва давлатро бо роҳи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ҳифз менамояд;
- нотариуси давлатӣ (cарнотариуси давлатӣ, нотариусони калони давлатӣ, нотариусони давлатӣ, нотариусони калони давлатии бойгонидор, нотариусони давлатии бойгонидор) - шахси мансабдорест, ки дар асоси Қонуни мазкур барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст;
- фаъолияти нотариалӣ - фаъолияти ҳуқуқие, ки онро нотариусони давлатӣ ва дигар шахсони мансабдори барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ваколатдоркардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур амалӣ менамоянд;
- амалиёти нотариалӣ - амалҳои аҳамияти ҳуқуқидоштаи нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор оид ба тасдиқи фактҳои бебаҳс, воқеияти ҳуқуқӣ, тасдиқи ҳуҷҷатҳо, ба ҳуҷҷатҳо додани қувваи собитнокӣ ва иҷрои дигар амалиёти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
- мақоми ваколатдор - мақоми давлатие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, мақсад, вазифа ва ваколатҳояш дар соҳаи идораи фаъолияти нотариалӣ мутобиқи Қонуни мазкур  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд;
- шахсони ваколатдор - шахсони мансабдоре, ки тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ҳуқуқи ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро доранд;
- феҳристи сабти амалиёти нотариалӣ - маҷмӯи маълумот дар бораи амалиёти нотариалии баҷоовардашуда, ки дар феҳристҳои нотариалӣ бо тартиби  ягонаи муқарраршуда навишта мешаванд;
- навиштаҷоти тасдиқкунанда - навиштаҷоте, ки онро нотариуси давлатӣ дар ҳуҷҷати муайян ба ҷо меоварад ва он аз тасдиқи амалиёти мазкур шаҳодат медиҳад.
 
Моддаи 2. Шахсоне, ки амалиёти нотариалиро ба ҷо меоваранд
Ҳуқуқи ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро мутобиқи Қонуни мазкур шахсони зерин доранд:
- нотариусони давлатие, ки дар идораҳои нотариалии давлатӣ амалиёти нотариалиро ба ҷо меоранд (нотариусони давлатӣ);
- раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот;
- шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дигар шахсоне, ки тибқи Қонуни мазкур барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ваколатдор карда шудаанд.
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с.,1438)
 
Моддаи 4. Фаъолияти нотариалӣ
1. Фаъолияти нотариалӣ, ин ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ, пеш бурдани коргузорӣ, маҳфуз доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ ва дигар амалҳои пешбининамудаи Қонуни мазкурро дар бар мегирад.
2. Фаъолияти нотариалӣ фаъолияти соҳибкорӣ намебошад ва мақсади ба даст овардани фоидаро надорад.
3. Ҳуҷҷатҳои ба тариқи нотариалӣ ба расмият даровардашуда, кафолати  собитнокӣ ва эътирофи оммавиро доранд.
4. Амалиёти нотариалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди дигар давлатҳо аз тарафи шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд. 
5. Шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, вазифадоранд маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ заруранд, дар муддати на дертар аз даҳ рӯз аз лаҳзаи дархост намудани онҳо ба нотариуси давлатӣ пешниҳод намоянд.
 
Моддаи 5. Назорати ва санҷиши фаъолияти нотариалӣ (ҚҶТ 25.06.2021 с., №1788) 
1. Назорати фаъолияти нотариалӣ марбут ба риояи коргузории нотариалӣ дар идораҳои нотариалии давлатӣ, аз ҷониби мақоми ваколатдор амалӣ карда мешавад.
2. Фаъолияти нотариусҳои давлатӣ дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдор, аз рӯи арзу шикоятҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва пешниҳоди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷида мешавад. Санҷиш аз рӯи арзу шикоятҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва пешниҳоди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шикоят ва пешниҳоди мушаххас  гузаронида мешавад.
3. Фаъолияти нотариуси давлатие, ки бори аввал ба вазифаи нотариуси давлатӣ таъин шудааст, дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдор пас аз як соли фаъолияташ санҷида мешавад.
4. Санҷиши фаъолияти нотариусони давлатӣ мумкин аст пеш аз ба итмом расидани мӯҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ гузаронида шавад.
5. Ҳангоми  дар фаъолияти нотариуси давлатӣ ошкор намудани камбудӣ бо супориши роҳбари мақоми ваколатдор санҷиши такрорӣ гузаронидан мумкин аст.
6. Мақомоти ваколатдор назорат ва санҷиши фаъолияти нотариалиро дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом амалӣ менамояд. Санҷиши аз ҷониби мақоми ваколатдор мустақилона ва ё якҷо бо намояндагони мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии расмикунонии  даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории тероризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом гузаронида мешавад. Тартиби гузаронидани назорат ва санҷиши фаъолияти нотариалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян карда мешавад. (ҚҶТ 25.06.2021 с., №1788)
Моддаи 6. Вазифаҳои нотариуси давлатӣ
Вазифаҳои нотариуси давлатӣ таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин манфиатҳои давлат бо роҳи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
 
Моддаи 7. Принсипҳои фаъолияти нотариалӣ
Фаъолияти нотариалӣ дар асоси принсипҳои қонуният, мустақилият, махфӣ будани амалиёти нотариалӣ  анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 8. Қонуният дар амалигардонии фаъолияти нотариалӣ
1. Нотариусони давлатӣ ва ё шахсони ваколатдор ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳбарӣ мегиранд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с.,1438)
2. Нотариусони давлатӣ ва (ё) шахсони ваколатдор ӯҳдадоранд ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро тибқи талаботи қисми 1 моддаи 47 Қонуни мазкур рад намоянд.
 
Моддаи 9. Мустақилият ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ
1. Дар фаъолияти худ нотариусони давлатӣ ва шахсони  ваколатдор ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ мустақиланд ва танҳо ба қонун итоат мекунанд.
2. Фишороварӣ ба нотариусони давлатӣ ва шахсони ваколатдор ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда манъ аст ва шахсоне, ки ин гуна амалҳоро содир намудаанд, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.            
 
Моддаи 10. Махфӣ будани амалиёти нотариалӣ
1. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ махфӣ будани амалиёти нотариалии барои онҳо баҷоовардашуда кафолат дода мешавад. Нотариусони давлатӣ ва шахсони ваколатдор ӯҳдадоранд махфӣ будани амалиёти нотариалии баҷоовардашударо риоя намоянд. Таъмини махфӣ будани амалиёти нотариалӣ инчунин барои шахсоне, ки фаъолияти худро ба сифати нотариуси давлатӣ ва коромӯз қатъ намудаанд, ҳатмӣ мебошад.
2. Маълумот (ҳуҷҷатҳо) дар бораи амалиёти нотариалии баҷоовардашуда, нусхаи асл ё нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷатҳое, ки дар парвандаҳои идораи нотариалии давлатӣ маҳфузанд, танҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз номи онҳо, ба номи онҳо ё бо супориши онҳо ин ҳуҷҷат ба расмият дароварда шудааст ё ин ки ба шахсони ваколатдорнамудаи онҳо дода мешавад.
3. Маълумот (ҳуҷҷатҳо) дар бораи амалиёти нотариалии баҷоовардашуда, инчунин дода мешавад:
- бо талаби суд вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ, гражданӣ, оилавӣ ё иқтисодии дар истеҳсолотбуда;
- ба мақомоти прокуратура, тафтишот ва таҳқиқ аз рӯи парвандаҳои  ҷиноятие, ки дар истеҳсолоташон мебошанд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории террорзим ва маблағгузории паҳкунии силоҳи қатли ом дар ҳолатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида; (ҚҶТ аз 13.06.13с №970), (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1788)
- ба иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба истеҳсолоти иҷро. (ҚҶТ аз 20.06.19с №1615)
4. Гирифтани мӯҳри нотариуси давлатӣ ва феҳристи сабти амалиёти нотариалӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
5. Ҳуҷҷатҳои аслии нотариалӣ ва феҳристҳои сабти амалиёти нотариалӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз идораҳои нотариалии давлатӣ гирифта шудаанд, ба онҳо баргардонида мешаванд. 
6. Нотариусони давлатӣ ҳуқуқ надоранд то кушодани мерос маълумотеро, ки аз матни васиятнома бармеоянд, ошкор намоянд. Маълумот дар бораи васиятнома, нусхаи дуюм ва нусхаҳои васиятнома ба шахсони манфиатдор танҳо баъди вафоти васияткунанда бо пешниҳод намудани шаҳодатнома дар бораи вафоти васияткунанда дода мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
7. Пешниҳоди маълумот (ҳуҷҷат) ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар бораи аҳд ва амалиётҳои дар сархати ҳафтуми қисми 1 маддаи 28 Қонуни мазкур пешбинишуда ошкорсозии сирри амалиёти нотариалӣ намебошад. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1788)
8. Қоидаҳои риояи махфӣ будани амалиёти нотариалӣ, инчунин ба шахсоне дахл доранд, ки ба онҳо сирри амалиёти нотариалӣ вобаста ба иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ маълум гардидааст.
9. Шахсе, ки сирри амалиёти нотариалии ба ҷо овардашударо ошкор месозад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
 
Моддаи 11. Забони коргузории нотариалӣ
1. Коргузории фаъолияти нотариалӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад. 
2. Агар шахсони барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиаткунанда забони давлатиро надонанд, матни ҳуҷҷатҳои дахлдор ба онҳо аз тарафи нотариуси давлатӣ, шахсони ваколатдор ё тарҷумони касбӣ тарҷума карда мешавад. 
3. Матни ҳуҷҷатҳои тасдиқшавандаи нотариалӣ бо забони давлатӣ тартиб дода шуда, бо хоҳиши шахсони муроҷиаткунанда ё ҳангоми зарурат он метавонад бо тарҷума ба дигар забон тартиб дода шавад. 
4. Коргузории фаъолияти нотариалӣ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  хориҷа ба забони коргузории фаъолияти ин мақомот сурат мегирад.
 
Моддаи 12. Маҳалли ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ
1. Амалиёти нотариалӣ ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур дар бинои идораи нотариалии давлатӣ ба ҷо оварда мешаванд. Мақоми ваколатдор метавонад маҳалли дигари ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро муайян намояд. 
2. Дар мавридҳое, ки шахс бо сабаби беморӣ, маъюбӣ ё бо дигар сабабҳои узрнок ба бинои идораи нотариалии давлатӣ ҳозир шуда наметавонад, бо хоҳиши ӯ амалиёти нотариалӣ мумкин аст дар маҳалле, ки ин шахс қарор дорад, ба ҷо оварда шаванд. 
3. Маҳалли ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз ҷониби шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд, муқаррар мекунад.
4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ҳуқуқ доранд ба ҳар як нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ҳудуди дахлдор ё шахсони ваколатдор муроҷиат намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур маҳалли муайяни ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 13. Идораи нотариалии давлатӣ
1. Идораи нотариалии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдор дар шаҳру ноҳияҳо таъсис ва барҳам дода мешавад. Дар шаҳрҳои калон ва шаҳрҳое, ки дар ҳудуди худ якчанд ноҳияҳо доранд, дар ҳудуди ҳар як ноҳияи шаҳр ё як қисми он метавонанд идораҳои нотариалии давлатии алоҳида таъсис дода  шаванд.
2. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва  маркази вилоятҳо яке аз идораҳои нотариалии давлатӣ ба сифати идораи нотариалии давлатии вилоятӣ таъсис дода мешавад. Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо дар баробари ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ, роҳбарии методии идораҳои нотариалии давлатии воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдорро низ анҷом медиҳанд. Ба Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо мақоми ваколатдор метавонад ба ҷо овардани амалиёти нисбатан мураккаби нотариалиро вогузор намояд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с.,1438)
3. Идораҳои нотариалии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ набуда, ба сохтори мақоми ваколатдор дохил мешаванд.
4. Шумораи кормандони идораҳои нотариалии давлатиро дар доираи фонди музди меҳнати муқарраргардида мақоми ваколатдор  тасдиқ менамояд.
5. Кормандони техникии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардаи мақоми ваколатдор фаъолият мекунанд.
 
Моддаи 14. Ҳудуди ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ
1. Ҳудуди ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ – воҳидҳои маъмурию ҳудудие мебошанд, ки дар ҳудуди онҳо идораи нотариалии давлатӣ ҷойгир аст.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с.,1438)
2. Ҳудуди ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ вобаста ба молу мулки ғайриманқул мутобиқи тақсимоти воҳидҳои маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с.,1438)
3. Нотариуси давлатӣ ҳуқуқ надорад амалиёти нотариалии вобаста ба молу мулки ғайриманқулро берун аз ҳудуди муқарраргардидаи идораи нотариалии давлатии таъсисдодашуда ба ҷо оварад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ӯ вазифаи дигар нотариуси давлатиро бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур иҷро намояд. 
 
Моддаи 15. Бойгонии идораҳои нотариалии давлатӣ
1. Бо мақсади таъмини ҳифз ва нигоҳдории мутамаркази ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, ки қисми таркибии фонди бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, дар назди Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо мақоми ваколатдор бойгонии идораҳои нотариалии давлатӣ таъсис медиҳад. Мӯҳлати муваққатан маҳфуз доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ дар бойгониҳои идораҳои нотариалии давлатӣ се сол мебошад. Баъди ба охир расидани ин мӯҳлат идораҳои нотариалии давлатӣ  ҳуҷҷатҳои нотариалиро ба бойгонии идораҳои нотариалии давлатии назди Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бойгониҳои идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо барои маҳфуз доштан месупоранд.
2. Бойгонии идораҳои нотариалии давлатӣ нигоҳдории ҳуҷҷатҳои нотариалии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамоянд.
3. Тартиби фаъолияти бойгонии идораҳои нотариалии давлатиро дар мувофиқа бо Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор муайян менамояд.
4. Бойгонии идораҳои нотариалии давлатӣ мӯҳри худро бо сабти номи худ ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мӯҳри нотариуси давлатии бойгонидорро, ки дар он вазифа, насаб, ном ва номи  падари вай сабт карда шудааст, доранд.
 
Моддаи 16. Роҳбарии идораи нотариалии давлатӣ ва бойгонии идораҳои нотариалии давлатӣ
Роҳбарии Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарнотариуси давлатӣ, идораҳои нотариалии давлатии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва дигар идораҳои нотариалии давлатиро нотариусони калони давлатӣ, нотариусони давлатӣ ва бойгонии идораҳои нотариалии давлатиро нотариусони калони давлатии бойгонидор дар асоси Қонуни мазкур ва дастурамали мансабӣ анҷом медиҳанд.
 
Моддаи 17. Ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани нотариуси давлатӣ  
1. Нотариуси давлатиро роҳбари мақоми ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд.
2. Асосҳои аз мансаб озод намудани нотариуси давлатӣ ба ғайр аз асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- дар давоми як сол бо гуноҳи нотариуси давлатӣ тавассути санади судӣ беэътибор ҳисобидани се ва зиёда аз он амалиёти нотариалӣ;  
- гум кардани мӯҳри дорои Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мӯҳри дорои насаб, ном ва номи падари нотариуси давлатӣ ва ё ба шахси дигар додани онҳо;
- гум кардан ё ба шахси дигар додани бланкаи дорои нишони  дараҷаи ҳифзаш муқарраршудаи барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ пешбинишуда(ҚҶТ аз 30.05.17 с.,1438)
- қатъ гаштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с.,1438)
 
Моддаи 18. Боздоштани фаъолияти нотариуси давлатӣ
Фаъолияти нотариуси давлатӣ барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ бо асосҳои зерин боздошта мешавад:
- дар мавриди иштироки нотариусони давлатӣ дар интихобот ба сифати номзад ба вакилии мақоми намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар мавриди аз тарафи суд баровардани қарор дар бораи муваққатан аз вазифа дур кардани нотариуси давлатӣ;
- дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 19. Коргузорӣ ва ҳисобот дар идораҳои нотариалии давлатӣ  
1. Коргузорӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали коргузорӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Дастурамали коргузорӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақоми ваколатдор тасдиқ менамояд.
2. Идораҳои нотариалии давлатӣ дар бораи фаъолияти худ бо тартиби муқарраргардида ба мақоми ваколатдор ҳисоботи оморӣ месупоранд.
 
Моддаи 20. Мӯҳр, штамп, бланкаҳои идораи нотариалии давлатӣ
Идораи нотариалии давлатӣ дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, мӯҳрҳо, штампҳо ва бланкаҳои дахлдор мебошад.
 
БОБИ 2. МАБЛАҒГУЗОРИИ ИДОРАҲОИ НОТАРИАЛИИ ДАВЛАТӢ, СИТОНИДАНИ БОҶИ ДАВЛАТӢ БАРОИБА ҶО ОВАРДАНИ АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛӢВА ХИЗМАТРАСОНИИ ИЛОВАГИИ ҲУҚУҚӢ
 
Моддаи 21. Маблағгузории идораҳои нотариалии давлатӣ
Идораҳои нотариалии давлатӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки бо тартиби муқарраргардида аз хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ворид мешаванд, маблағгузорӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 22. Ситонидани боҷи давлатӣ ва хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ
1. Барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
2. Амалиёти нотариалиро нотариусони давлатӣ ва шахсони  ваколатдор танҳо баъди аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пардохт намудани боҷи давлатӣ ва пешниҳод кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои муқарраркардаи қонун ба ҷо меоранд. Дар ҳуҷҷати тасдиқшудаи нотариалӣ нотариуси давлатӣ андозаи боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳоро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад.
3. Нотариусони давлатӣ барои хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок, ки бо ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ алоқаманданд, аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маблағ меситонанд. Тартиб ва андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии муздноки нотариусони давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
4. Ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок бо роҳи пардохти маблағ ва пешниҳод кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.
5. Дар ҳолате, ки нотариуси давлатӣ барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ берун аз идораи нотариалӣ меравад, аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии манфиатдор хароҷоти воқеии нақлиётӣ ҷуброн карда мешавад.
6. Барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти консулӣ меситонанд.
 
Моддаи 23. Музди меҳнати нотариуси давлатӣ
Музди меҳнати нотариуси давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» муайян карда мешавад. Инчунин, ба нотариуси давлатӣ барои хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон подошпулӣ дода мешавад.
 
БОБИ 3. НОТАРИУСИ ДАВЛАТӢ, ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ Ӯ
 
Моддаи 24. Нотариуси давлатӣ 
1. Ба мансаби нотариуси давлатӣ шахсе мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, забони давлатиро медонад ва ҳадди ақал се сол собиқаи кории касбӣ дошта, ба сифати коромӯз дар идораи нотариалии давлатӣ фаъолият карда, имтиҳони тахассусиро супоридааст бошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с.,1438)
2. Ба мансаби нотариуси давлатӣ инҳо таъин карда намешаванд:
- шахсоне, ки бо тартиби муқарраркардашуда ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф шудаанд;
- шахсоне, ки қаблан барои содир намудани ҷинояти қасдона маҳкум шудаанд; 
- шахсоне, ки фаъолияташон бо сабаби иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ ё содир намудани кирдори бадномкунанда қатъ карда шудааст. 
3. Ҳангоми таъин намудан ба мансаби нотариуси давлатӣ талаботи пешбининамудаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди  коррупсия» ба эътибор гирифта мешаванд.
4. Ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои нотариусони давлатӣ баробаранд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкардаи онҳо қувваи ҳуқуқии якхела доранд.
 
Моддаи 25. Коромӯзӣ дар нотариати давлатӣ
1. Шахсоне, ки бори аввал ё баъди танаффуси зиёда аз се солаи фаъолияти нотариалӣ ба мансаби нотариуси давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мешаванд, ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ дар идораи нотариалии давлатӣ коромӯзӣ мегузаранд. Тартиб ва давомнокии коромӯзиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.
2. Шахс пас аз ба итмом расидани мӯҳлати коромӯзӣ имтиҳони тахассусӣ месупорад. Агар ӯ бо сабабҳои узрнок имтиҳони тахассусиро супорида натавонад, мӯҳлати коромӯзӣ на бештар аз се моҳ тамдид карда мешавад.
3. Бо шахсе, ки имтиҳони тахассусиро супорида натавонистааст, муносибати меҳнатӣ қатъ карда мешавад. 
 
Моддаи 26. Комиссияи тахассусӣ
1. Комиссияи тахассусии назди мақоми ваколатдор бо мақсади қабули имтиҳонҳои тахассусӣ  таъсис дода мешавад.
2. Тартиби таъсиси комиссияи тахассусӣ, ҳайат, фаъолият ва ваколатҳои онро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.
3. Шахсоне, ки имтиҳони тахассусиро супорида натавонистаанд, барои дубора супоридани он танҳо баъд аз як соли қабули қарори комиссияи тахассусӣ роҳ дода мешаванд. 
4. Аз рӯи қарори комиссияи тахассусӣ дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи гирифтани нусхаи он ба роҳбари мақоми ваколатдор шикоят кардан мумкин аст.
 
Моддаи 27. Ҳуқуқҳои нотариуси давлатӣ 
Нотариуси давлатӣ  ҳуқуқ дорад: 
- амалиёти нотариалии пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба манфиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ӯ муроҷиат намудаанд, ба ҷо оварад;
- лоиҳаи аҳдҳо, аризаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро тартиб диҳад;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибос аз онҳоро тайёр кунад;
- оид ба масъалаҳои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ маслиҳатҳо диҳад;
- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуҷҷат ва маълумоти барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ заруриро дархост кунад;
- аз ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад.
 
Моддаи 28. Ӯҳдадориҳои нотариуси давлатӣ 
1. Нотариуси давлатӣ  ӯҳдадор аст:
- амалиёти нотариалиро мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти нотариалиро танзим менамоянд, ба ҷо оварад;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро аз оқибатҳои ҳуқуқии амалиёти нотариалии баҷоовардашаванда  огоҳ намояд, то ин ки надонистани оқибатҳои ҳуқуқӣ бар зарари манфиатҳои онҳо истифода карда нашавад;
- махфӣ будани маълумотеро, ки ҳангоми ба ҷо овардани фаъолияти касбиаш ба ӯ маълум гаштааст, нигоҳ дорад;
- дар сурати ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф будани амалиёти нотариалӣ, ба ҷо овардани онро рад намояд;
- тартиби қабули шаҳрвандон ва намояндаҳои шахсони ҳуқуқиро риоя намояд;
- ба мақоми ваколатдор оид ба шикоятҳое, ки нисбати фаъолияти ӯ оварда шудаанд, дар бораи амалиёти нотариалии ба ҷо овардашуда маълумот ва дар ҳолатҳои зарурӣ баёноти шахсии худро, аз он ҷумла оид ба масъалаҳои риоя нагардидани одоби касбӣ пешниҳод намояд, инчунин фармоиш ва супоришҳои роҳбари мақоми ваколатдор, идораҳои нотариалии давлатиро оид ба ташкили кор иҷро намояд; 
- дар бораи ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳанок ва амалиёти вобаста ба хариди (фурӯши) сарватҳои фарҳангӣ, гирифтани молу мулк ё додани он аз рӯи шарномаи лизинг аҳдҳо барои хизматрасонӣ, аз ҷумла пудрат, ҳамлу нақл, экспедитсияи нақлиётӣ, нигоҳдошт, комиссия, идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулк  хариду фурӯш ва дигар амалиёт бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳо ба маблағи баробар ба 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он, инчунин оид ба аҳдҳо бо молу мулки ғайриманқул ва дигар молу мулке, ки аз қайди давлатӣ  гузаштанашон ҳатмист ва аҳдҳо бо коқазҳои қиматнок ба маблағи баробар ба 12500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷҷии ҳамарзиши 12500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳкунии силоҳи қатли ом хабар диҳад. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1788)
- талаботи пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»- ро иҷро намояд.
2. Нотариуси давлатӣ, ки амалиёти нотариалиро ба ҷо овардааст, барои зарари ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо гуноҳи ӯ расонида шудааст, мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷавобгар мебошад.
 
Моддаи 29. Мӯҳри нотариуси давлатӣ
1. Нотариуси давлатӣ дорои мӯҳр мебошад, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир гардида, номи пурраи идораи нотариалии давлатӣ, мансаб, насаб, ном ва номи падари  нотариуси давлатӣ сабт шудааст.
2. Мӯҳр мувофиқи стандарт ва намунаи ягона бо дархости мақоми ваколатдор тайёр карда мешавад.
3. Нақши мӯҳр ва намунаи имзои нотариуси давлатӣ дар мақоми ваколатдор маҳфуз дошта мешаванд.
4. Нотариуси давлатӣ ҳангоми боздоштани фаъолияташ бояд тибқи моддаи 18 Қонуни мазкур барои нигоҳдории муваққатӣ мӯҳрашро ба шахси ваколатдори мақоми ваколатдор супорад.
5. Дар мавриди аз мансаб озод шудани нотариуси давлатӣ вай ӯҳдадор аст бетаъхир мӯҳрашро ба шахси ваколатдори мақоми ваколатдор супорад. Дар ҳолати аз супоридани мӯҳр саркашӣ намудан, нотариуси давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
 
Моддаи 30. Маҳдудият дар фаъолияти нотариуси давлатӣ 
1. Нотариуси давлатӣ наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, ба мақомоти намояндагӣ интихоб гардад, узви ҳизбҳои сиёсӣ бошад, ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ.
2. Нотариуси давлатӣ ҳуқуқ надорад амалиёти нотариалиеро анҷом диҳад, ки натиҷаи анҷоми ин амалиёт барои ӯ манфиати молу мулкӣ ё манфиати дигари шахсӣ дошта бошад.
3. Нотариуси давлатӣ ҳуқуқ надорад ба номи худ ва аз номи худ ба ном ва аз номи хешовандони наздик – зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ҳамчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд, инчунин аз ном ва ба номи кормандони идораи нотариалии давлатии дахлдор амалиёти нотариалиро анҷом диҳад.
4. Амалиёти нотариалии дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинигардида аз ҷониби нотариуси давлатии дигар идораи нотариалии давлатӣ бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур ба ҷо оварда мешаванд.
 
Моддаи 31. Савганди нотариуси давлатӣ
1. Шахсе, ки ба мансаби нотариуси давлатӣ бори аввал таъин гардидааст, бо чунин мазмун савганд ёд мекунад: «Ман, (насаб, ном ва номи падар) тантанавор савганд ёд мекунам, ки вазифаҳои нотариуси давлатиро аз рӯи қонун ва виҷдон иҷро менамоям, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, манфиатҳои давлатро ҳимоя мекунам, махфӣ будани амалиёти нотариалиро нигоҳ медорам, ҳамеша покизагии унвони нотариусро ҳифз менамоям.».
2. Нотариуси давлатӣ дар зери матни савганд имзо мегузорад, ки он  дар делои шахсии нотариуси давлатӣ маҳфуз дошта мешавад.
3. Шахсе, ки савганд ёд накардааст, вазифаи нотариуси давлатиро иҷро карда наметавонад.
4. Тартиби савганд ёд карданро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.
 
ФАСЛИ II.АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛӢ ВА ТАРТИБИ  БА ҶО ОВАРДАНИ ОНҲО
 
БОБИ 4. АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛИЕ, КИ НОТАРИУСОНИ ДАВЛАТӢ ВА ШАХСОНИ ВАКОЛАТДОР БА ҶО МЕОВАРАНД
 
Моддаи 32. Амалиёти нотариалие, ки нотариусони давлатӣ ба ҷо меоваранд
1. Нотариусони давлатӣ амалиёти зерини нотариалиро ба ҷо меоваранд:
- аҳдҳо (шартномаҳо, васиятномаҳо, ваколатномаҳо, ӯҳдадориҳо ва дигар аҳдҳо) - ро тасдиқ мекунанд;
- васиятномаҳои махфиро қабул ва эълон менамоянд;
- ваколати иҷрокунандаи васиятномаро тасдиқ менамоянд;
- барои ҳифзи молу мулки меросӣ чораҳо меандешанд;
 
- шаҳодатномаҳои ҳуқуқ ба мерос медиҳанд;
- шаҳодатномаҳои ҳуқуқи моликиятро ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар медиҳанд;
- дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташударо тасдиқ менамоянд; 
- аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқулро манъ ва бекор мекунанд;
- аслияти имзоҳои дар ҳуҷҷатҳо гузошташударо тасдиқ мекунанд;
- дурустии тарҷумаи ҳуҷҷатҳоро аз як забон ба забони дигар тасдиқ мекунанд;
- воқеияти дар ҳаёт ё дар ҷойи муайян будани шахсро тасдиқ мекунанд;
- айнияти шахсро бо шахси дар сурат аксёфта тасдиқ менамоянд;  
- вақти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳоро тасдиқ мекунанд;
- аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ месупоранд;
- маблағи пулӣ ва коғазҳои қиматнокро ба амонат (депозит) қабул мекунанд;
- навиштаҷоти иҷроияро ба ҷо меоваранд;
- эътирозҳоро оид ба векселҳо ба ҷо меоваранд; 
 - чекҳоро  барои  пардохт  пешниҳод мекунанд ва напардохтани чекҳоро тасдиқ менамоянд;
- ҳуҷҷатҳоро барои маҳфуз доштан қабул мекунанд;
 далелҳоро таъмин мекунанд;
- шаҳодатномаҳо дар бораи ҳуқуқи моликият медиҳанд;  
- эътирозҳои баҳриро ба ҷо меоваранд; 
- розигии зан ё шавҳарро вобаста ба аҳде, ки шакли нотариалиро талаб мекунад, тасдиқ мекунанд.
2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи нотариусҳои давлатӣ иҷрои дигар амалиёти нотариалиро вогузор намояд.
 
Моддаи 33. Амалиёти нотариалие, ки раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ба ҷо меоваранд 
1. Раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот амалиёти зерини нотариалиро ба ҷо меоваранд:
- васиятномаҳоро тасдиқ мекунанд;
- ваколатномаҳоро, ба истиснои ваколатнома оид ба идора ва ихтиёрдорӣ кардани воситаҳои нақлиёт, молу мулки ғайриманқул тасдиқ мекунанд;
- дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташударо тасдиқ мекунанд.
2. Раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ҳуқуқ надоранд ҳуҷҷатҳоеро, ки барои истифода берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, тасдиқ намоянд.
 
Моддаи 34. Амалиёти нотариалие, ки шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меоваранд
1. Шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти зерини нотариалиро ба ҷо меоваранд:
- аҳдҳо (шартномаҳо, васиятномаҳо, ваколатномаҳо ва ғайраҳо)- ро тасдиқ менамоянд, ба истиснои шартномаҳо дар бораи молу мулки ғайриманқул, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд;
- бо супориши нотариуси давлатӣ барои ҳифз ё идоракунии молу мулки бамеросмонда чораҳо меандешанд;
- шаҳодатномаҳои ҳуқуқи моликиятро ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар медиҳанд;
- шаҳодатномаҳои ҳуқуқ ба мерос медиҳанд;
- аслияти имзоҳои дар ҳуҷҷатҳо гузошташударо тасдиқ мекунанд;
- дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташударо тасдиқ мекунанд;
- воқеияти дар ҳаёт ё дар ҷойи муайян будани шахсро тасдиқ мекунанд;
- вақти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳоро тасдиқ мекунанд;
- маблағи пулӣ ва коғазҳои қиматнокро ба амонат (депозит) қабул мекунанд;
- навиштаҷоти иҷроияро ба ҷо меоваранд;
- ҳуҷҷатҳоро барои маҳфуз доштан қабул мекунанд;
- далелҳоро таъмин мекунанд; 
- эътирозҳои баҳриро ба ҷо меоваранд.
2. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст, ки дигар амалиёти нотариалие пешбинӣ карда шаванд, ки шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меоваранд.
 
Моддаи 35. Тасдиқи васиятнома ва ваколатномаҳое, ки ба ҳуҷҷатҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшуда баробар карда мешаванд
1. Ба ҳуҷҷатҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшуда баробар карда мешаванд:
- васиятнома ва ваколатномаҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар минтақаҳои ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбӣ, таълимгоҳҳои ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, ки дар он ҷо нотариуси давлатӣ ва шахсони мансабдори ваколатдори иҷрокунандаи амалиёти нотариалӣ нестанд, ҳамчунин васиятнома ва ваколатномаи коргарон, хизматчиён, аҳли оилаи онҳо, аҳли оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд ва аз ҷониби командирони (сардорони) ин қисмҳои ҳарбӣ ва таълимгоҳҳо тасдиқ карда шудаанд;
- васиятнома ва ваколатномаи шахсони дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ қарордошта, ки аз тарафи сардорони ин муассисаҳо тасдиқ карда шудаанд;
- васиятнома ва ваколатномаи шахсоне, ки дар киштиҳои баҳрӣ шино карда истодаанд ё дар киштиҳои обии таҳти Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон шинокунанда, ки аз тарафи капитанҳои ин киштиҳо тасдиқ карда шудаанд;
- васиятнома ва ваколатномаи шахсони дар экспедитсияҳои ҷустуҷӯӣ фаъолияткунанда, ки аз ҷониби сардорони ин экспедитсияҳо тасдиқ карда шудаанд;
- дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд.
2. Васиятномаҳои тасдиқшавандаи дар моддаи мазкур пешбинишударо бояд васияткунанда дар ҳузури як шоҳид имзо намояд ва шоҳид низ бояд дар ин васиятнома имзо гузорад.
 
Моддаи 36. Ба нотариуси давлатӣ супоридани як нусхаи васиятномае, ки шахсони ваколатдор тасдиқ кардаанд
1. Шахсони ваколатдор, ки дар моддаҳои 33, 34 ва 35 Қонуни мазкур номбар карда шудаанд, ӯҳдадоранд дар муддати даҳ рӯз аз рӯзи тасдиқ намудани васиятнома, агар дар ин мӯҳлат бо сабабҳои узрнок ғайриимкон бошад, дар сурати пайдо шудани чунин имконият фавран як нусхаи васиятномаи тасдиқшударо барои нигоҳдорӣ ба идораи нотариалии давлатии маҳалли истиқомати васияткунанда фиристонанд.
2. Дар ҳолати дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли доимии истиқомат надоштани васияткунанда ё номаълум будани маҳалли истиқомати ӯ васиятнома ба идораи нотариалии давлатие фиристонида мешавад, ки мақоми ваколатдор муайян кардааст.
3. Нотариуси давлатӣ вазифадор аст, ки васиятномаи тасдиқшудаи ба ӯ барои нигоҳдорӣ воридшударо тафтиш намояд ва дар сурати муқаррар намудани номувофиқатии он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин бора ба васияткунанда ва шахси ваколатдор, ки васиятномаро тасдиқ намудааст, барои дуруст тасдиқ намудани он ба таври хаттӣ хабар диҳад.
4. Барои зараре, ки ба меросхӯр (меросхӯрон) бо сабаби сари вақт насупоридани васиятномаи тасдиқшуда расонида шудааст, шахси  ваколатдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
 
БОБИ 5. ҚОИДАҲОИ АСОСИИ БА ҶО ОВАРДАНИ АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛӢ
 
Моддаи 37. Тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ
Тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз тарафи нотариусҳои давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми ваколатдор тасдиқ менамояд, муқаррар мекунанд.
 
Моддаи 38. Мӯҳлатҳои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ, мӯҳлат ва асосҳои мавқуф гузоштан ва боздоштани амалиёти нотариалӣ
1. Амалиёти нотариалӣ дар рӯзи пешниҳод кардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои ин амалиёт зарурбуда ва пардохти боҷи давлатӣ ба ҷо оварда мешаванд. Барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалии мураккаб, мӯҳлати мазкур мумкин аст то панҷ рӯз тамдид карда шавад.
2. Ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро дар сурати зарурати талаб карда гирифтани маълумот ва ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё ба экспертиза фиристонидани ҳуҷҷатҳо ва шубҳа кардани нотариуси давлатӣ оид ба қобили амал будани тарафҳои аҳд мавқуф гузоштан мумкин аст.
3. Мӯҳлати мавқуф гузоштани иҷрои амалиёти нотариалӣ аз рӯзи баровардани қарор дар бораи мавқуф гузоштан, ба истиснои ҳолатҳое, ки аз гирифтани ҳуҷҷатҳо ва натиҷаи экспертиза вобастагӣ дорад, аз як моҳ зиёд буда наметавонад. 
4. Ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ дар ҳолатҳои ба миён омадани баҳс оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои вайроншуда то ба суд муроҷиат намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси аризаи шахси манфиатдор мумкин аст ба мӯҳлати даҳ рӯз боздошта шавад. Агар дар давоми ин мӯҳлат дар бораи ба истеҳсолоти судӣ ворид шудани ариза хабар нарасад, амалиёти нотариалӣ ба ҷо оварда мешаванд. Дар сурати аз суд гирифтани хабар дар бораи ворид гардидани аризаи шахси манфиатдоре, ки ҳуқуқ ё далелеро баҳс менамояд ва шахси дигари манфиатдор тасдиқ кардани онро хоҳиш мекунад, ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ то аз тарафи суд баррасӣ намудани парванда боздошта мешавад.
5. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мавқуф гузоштан ва боздоштани ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ асосҳои дигарро низ муқаррар карда метавонад.
 
Моддаи 39. Ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ва муқаррар намудани шахсияти шахсоне, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиат мекунанд
1. Ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ нотариуси давлатӣ шахсияти шахс, намояндаи ӯ ё намояндаи шахси ҳуқуқиро, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиат намудааст, муқаррар менамояд.
2. Нотариуси давлатӣ амалиёти нотариалиро ба ном ва (ё) аз номи шахс дар ҳолати иштироки бевоситаи ӯ ё намояндаи қонунии ӯ, ба ном ва ё аз номи шахсони ҳуқуқӣ бошад, дар ҳолати иштироки бевоситаи шахсони мансабдори ваколатдори онҳо ё намояндаи онҳо ба ҷо меоварад.
3. Муқарраркунии шахсият бояд дар асоси шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки шахсиятро муайян мекунанд ва дар бораи ҷойи зисти ӯ шаҳодат дода, ҳама гуна шубҳаҳоро нисбат ба шахсияти муроҷиаткунанда истисно менамоянд, анҷом дода шавад.   
 
Моддаи 40. Санҷиши қобилияти амали шахсони воқеӣ ва қобилияти ҳуқуқдории шахсони ҳуқуқии иштирокчии аҳдҳо
1. Дар мавриди тасдиқ намудани аҳдҳо дар навбати аввал қобилияти амали шахсони воқеӣ ва қобилияти ҳуқуқдории шахсони ҳуқуқӣ санҷида мешаванд.
2. Ҳангоми санҷиши қобилияти ҳуқуқдории шахсони ҳуқуқие, ки ҳамчун тарафи аҳд иштирок мекунанд, нотариусҳои давлатӣ вазифадоранд, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, аз ҷумла шаҳодатнома, иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагии онҳоро талаб намуда, мутобиқати амали мазкурро ба талаботи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ санҷиш намоянд.
3. Амалиёти нотариалие, ки аз номи шахсони ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагии онҳо ба ҷо оварда мешаванд, набояд хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома ё низомномаи онҳо бошанд.
4. Ваколати намояндаро ваколатномае, ки ба номи ӯ дода шудааст, тасдиқ менамояд.
5. Нотариусҳои давлатӣ барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз роҳбарони шахсони ҳуқуқӣ, ки оиннома ё низомнома ба онҳо ваколат додааст, ваколатнома талаб намекунанд. Дар ин мавридҳо танҳо ҳуҷҷате талаб карда мешавад, ки ваколати мансабии онҳоро тасдиқ мекунад.
6. Агар шахси ҳуқуқиро мақоми дастаҷамъии интихобшаванда идора намояд, аз роҳбари ин шахси ҳуқуқӣ бояд дар бораи интихоб шудани шахсони мансабдор ва тақсими вазифаҳо дар байни онҳо ҳуҷҷат талаб карда шавад.
 
Моддаи 41. Санҷиши аслияти имзоҳо, тартиби имзогузорӣ ба ҳуҷҷатҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшаванда
1. Ҳангоми тасдиқ намудани аҳдҳо ва ба ҷо овардани дигар амалиёти нотариалӣ аслияти имзоҳои тарафҳои имзокунандаи аҳдҳо ва шахсони дигари барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиаткунанда санҷида мешавад. 
2. Аҳдҳо, ҳуҷҷатҳои дигари ба таври нотариалӣ тасдиқшаванда ва дигар ҳуҷҷатҳо бояд дар ҳузури нотариуси давлатӣ аз тарафи шахси воқеӣ, намояндаи ӯ, намояндаи шахси ҳуқуқӣ имзо карда шаванд. Дар баробари имзо мумкин аст насаб, ном ва номи падар низ шахсан аз тарафи имзокунандагон навишта шавад. Нотариуси давлатӣ вазифадор аст пеш аз имзо гузоштан, шинос шудани иштирокчиёни аҳдро бо матни ҳуҷҷати бо тариқи нотариалӣ тасдиқшаванда таъмин намояд. Бо хоҳиши тарафҳо мумкин аст матни ҳуҷҷат ба онҳо хонда шавад, ки дар ин бора дар аҳди тасдиқшаванда ишора мегардад. 
3. Агар шахс бо сабаби нуқсони ҷисмонӣ, беморӣ, бесаводӣ ё сабабҳои дигар шахсан дар ҳуҷҷат имзо карда натавонад, бо хоҳиши ӯ, дар ҳузури вай ва нотариуси давлатӣ ҳуҷҷатро метавонад шахси дигари интихобнамудааш имзо кунад, бо нишон додани сабабҳое, ки дар  натиҷаи онҳо ҳуҷҷат бо дасти худи шахси барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиаткунанда имзо шуда наметавонист. Ҳамчунин, бо хоҳиши муроҷиаткунанда, матни ҳуҷҷати тасдиқкардашуда ба ӯ хонда дода шуда, дар ин бора дар матни ҳуҷҷат қайд карда мешавад.
4. Агар шахси кар, гунг ё кару гунги барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиаткарда бесавод бошад, ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ бояд шахси аз тарафи ин шахс интихобкарда ё тарҷумони забони имову ишора ҳузур дошта бошад, ки вай бо ӯ гуфтугӯ карда тавонад  ва бо имзои худ тасдиқ намояд, ки мазмуни аҳд, ариза ё дигар ҳуҷҷати тасдиқшавандаи нотариалӣ бо хоҳиши шахси кар, гунг ё кару гунги дар амалиёти нотариалӣ  иштироккунанда мувофиқат мекунад.
 
Моддаи 42. Дархост намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ заруранд
1. Нотариусҳои давлатӣ ва шахсони  ваколатдоре, ки амалиёти нотариалиро ба ҷо меоранд, ҳуқуқ доранд аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ заруранд, дархост намоянд.
2. Маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ заруранд, бояд дар мӯҳлати муқарраркардаи Қонуни мазкур  пешниҳод карда шаванд. 
3. Бо талаби нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор дар мӯҳлати муайяннамудаи Қонуни мазкур пешниҳод накардани маълумот ва ҳуҷҷатҳо аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои мавқуф гузоштан, боздоштан ва ё рад кардани амалиёти нотариалӣ асос шуда метавонад.
 
Моддаи 43. Талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳое, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ пешниҳод мешаванд 
1. Барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ҳуҷҷатҳои зерин қабул карда намешаванд:
- ҳуҷҷатҳое, ки калимаҳои тозакардашуда ё ислоҳкардашуда, навиштаҷоти иловагӣ, калимаҳои хатзадашуда, ҳуҷҷатҳои бо қалам навишташуда ва дигар ислоҳҳои бе шарҳу эзоҳ доранд; 
- ҳуҷҷатҳое, ки бар хилофи қоидаҳои коргузории шахсони ҳуқуқие, ки ҳуҷҷатро додаанд, тайёр карда шудаанд;
- ҳуҷҷатҳое, ки дар натиҷаи осеб дидан ё сабабҳои дигар қисми матн ё нишонаҳои ҳуҷҷат (санаи қабул ё тартиб додани он, имзои шахси мансабдор ё мӯҳри он) хонда нашаванд; 
- ҳуҷҷатҳое, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошанд. 
2. Ҳуҷҷатҳое, ки ҳаҷмашон аз як варақ зиёд мебошанд, бояд ресмонбандӣ ва рақамгузорӣ шуда, аз тарафи шахси  ваколатдор имзо ва бо  мӯҳри  дахлдор тасдиқ карда шуда бошанд.
 
Моддаи 44. Талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳое, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ карда мешаванд
1. Матни аҳдҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшаванда, нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқшаванда ва иқтибос аз онҳо, дигар ҳуҷҷатҳои нотариалӣ бояд возеҳ, дақиқ навишта шуда, сана ва мӯҳлатҳое, ки ба мазмуни аҳдҳои тасдиқшаванда тааллуқ доранд, бояд ақаллан як маротиба бо калимаҳо навишта шуда, номи пурраи шахсони ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падари шахсон пурра бо ишораи суроғаи онҳо нишон дода шуда бошанд.
2. Ҳангоми дар ҳуҷҷати ба таври нотариалӣ тасдиқкардашуда ошкор гардидани хатои техникӣ (арифметикӣ), нотариуси давлатӣ ҳуқуқ дорад бе тағйир додани мазмун ва моҳияти ҳуҷҷати тасдиқкардашуда ва дар мавриди ҷой надоштани баҳс ва манъ набудани он, дар асоси аризаи шахси манфиатдор хатогиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намояд.
3. Ислоҳот бо баровардани қарори дахлдор ворид карда мешаванд.
 
 
Моддаи 45. Додани шаҳодатномаҳо ва ба ҷо овардани навиштаҷоти тасдиқкунанда
1. Оид ба тасдиқи ҳуқуқ ба мерос, ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи моликият ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар, тасдиқи воқеияти дар ҳаёт ё дар ҷойи муайян будани шахс, айнияти шахс бо шахсе, ки дар сурат акс ёфтааст, қабули ҳуҷҷатҳо барои маҳфуз доштан ва супурдани аризаҳо шаҳодатномаҳои дахлдор дода мешаванд.
2. Ҳангоми тасдиқи аҳдҳо, дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибос аз онҳо, аслияти имзо, манъи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқул, дурустии тарҷумаи ҳуҷҷатҳо аз як забон ба забони дигар, тасдиқи навиштаҷоти иҷроия, вақти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо, навиштаҷоти тасдиқкунанда дар ҳуҷҷатҳои дахлдор аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдор тасдиқ кардааст, бо гузоштани мӯҳри нотариуси  давлатӣ ба ҷо оварда мешаванд.
3. Барои тасдиқи ба ҷо овардани эътирози баҳрӣ, эътироз нисбат ба векселҳо ва напардохтани маблағи чекҳо санад тартиб дода мешавад.
4. Ҳангоми таъмин кардани далелҳо ва эълони васиятномаи махфӣ протокол тартиб дода мешавад.
 
Моддаи 46. Сабти амалиёти нотариалӣ
1. Ҳамаи амалиёти нотариалӣ дар феҳристи сабти амалиёти нотариалӣ қайд карда мешаванд. Ба ҳар як амалиёти нотариалии баҷоовардашуда рақами тартибии алоҳида гузошта мешавад. Рақаме, ки таҳти он амалиёти нотариалӣ дар феҳрист сабт карда шудааст, дар ҳуҷҷатҳое, ки нотариуси давлатӣ медиҳад, нишон дода мешавад.
2. Амалиёти нотариалӣ баъди пурра пардохт намудани боҷи давлатӣ ва аз мавриди дар феҳрист сабт намудан, баҷооварда ҳисобида мешавад.
3. Шакли феҳристҳо барои сабти амалиёти нотариалӣ ва навиштаҷоти тасдиқкунандаро мақоми ваколатдор муқаррар мекунад.
 
Моддаи 47. Рад кардани баҷооварии амалиёти нотариалӣ
1. Нотариуси давлатӣ баҷооварии амалиёти нотариалиро рад мекунад, агар:
- ба ҷо овардани ин гуна амалиёт хилофи қонун ва манфиати давлат бошад;
- амалиёт дар дигар идораи нотариалии давлатӣ ба ҷо оварда шавад;
- бо хоҳиши ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ шахси ғайри қобили амал ё намояндае муроҷиат карда бошад, ки ваколатҳои дахлдор надорад;
- аҳде, ки аз номи шахси ҳуқуқӣ ба ҷо оварда мешавад, хилофи мақсадҳои дар оинномаи он зикргардида бошад; 
- аҳд аз тарафи шахсоне пешниҳод шуда бошад, ки ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта нашудаанд;
- ҳуҷҷатҳои барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ пешниҳодшуда ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накунанд.
2. Нотариуси давлатӣ бо хоҳиши шахсе, ки ба вай дар ба ҷо оварда шудани амалиёти нотариалӣ рад карда шудааст, бояд дар шакли хаттӣ сабабҳои радро баён намояд ва тартиби аз болои ин рад шикоят карданро фаҳмонида диҳад. Дар ин мавридҳо нотариуси давлатӣ аз рӯзи муроҷиат дар бораи баҷооварии амалиёти нотариалӣ на дертар аз ҳафт рӯз дар бораи рад намудани баҷооварии амалиёти нотариалӣ қарор қабул менамояд.
 
Моддаи 48. Шикоят аз болои амалиёти нотариалӣ ё рад   намудани ба ҷо овардани онҳо ва тартиби баррасии баҳсҳо оид ба ҳуқуқе, ки ба амалиёти нотариалии баҷоовардашуда асос меёбад 
1. Шахси манфиатдоре, ки амалиёти нотариалии баҷоовардашуда ё рад карда шудани баҷооварии амалиёти нотариалиро нодуруст меҳисобад, ҳуқуқ дорад дар ин бора ба суди маҳалли ҷойгиршавии идораи нотариалии давлатӣ шикоят намояд.
2. Баҳсҳо оид ба ҳуқуқе, ки байни шахсони манфиатдор ба вуҷуд омадаанд ва ба амалиёти нотариалии баҷоовардашуда асос меёбанд, бо тартиби судӣ баррасӣ карда мешаванд.
 
БОБИ 6. ҚОИДАҲОИ БА ҶО ОВАРДАНИ НАМУДҲОИ АЛОҲИДАИ АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛӢ
 
Моддаи 49. Аҳдҳое, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ карда мешаванд
1. Нотариусҳои давлатӣ ва шахсони ваколатдор аҳдҳоеро тасдиқ мекунанд, ки барои онҳо қонунгузорӣ шакли ҳатмии нотариалии ба ҷо овардани ин амалиётро муқаррар кардааст. 
2. Бо хоҳиши шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нотариуси давлатӣ метавонад дигар аҳдҳоеро низ тасдиқ намояд, ки барои онҳо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи ҳатмии нотариалиро муқаррар накардааст.
 
Моддаи 50. Тасдиқ намудани аҳдҳо дар бораи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулк
1. Нотариусҳои давлатӣ аҳдҳоро дар бораи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулк, ки моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқӣ бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативӣ тааллуқ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд.
2. Тасдиқ намудани аҳд дар бораи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқул дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул ба ҷо оварда мешавад.
3. Дар мавриде, ки агар молу мулк, ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи молумулкӣ зарурати қайди давлатиро талаб намоянд, аҳд дар бораи аз соҳибӣ соқит кардани ин молу мулк танҳо дар сурати ба нотариуси давлатӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қайди давлатии ҳуқуқ ба ин моликият тасдиқ карда мешавад.
4. Шартномаҳо дар бораи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулке, ки бо тартиби нотариалӣ тасдиқ нашудаанд, ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда барои ба тариқи нотариалӣ тасдиқ кардани  аҳдҳои аз соҳибӣ соқит кардани молу мулк асос шуда наметавонанд.
5. Аҳдҳо дар бораи аз соҳибӣ соқиткунии молу мулки ғайриманқуле, ки андозбандӣ шуда ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ё шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи муқимӣ надоранд, тааллуқ дорад, танҳо дар сурати ба нотариуси давлатӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти андози дахлдор тасдиқ карда мешавад.
6. Шартномаҳо дар бораи аз соҳибӣ соқиткунии бино ва манзилҳои истиқоматӣ бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. 
7. Молу мулки ғайриманқуле, ки таҳти ҳабс қарор дорад ё нисбати он манъи аз соҳибӣ соқиткунӣ пешбинӣ гардидааст, мавзӯи аҳд шуда наметавонад.
 
Моддаи 51. Тасдиқ намудани шартномаи гарав
1. Дар мавриде, ки агар молу мулк, ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи молумулкӣ зарурати қайди давлатиро талаб намоянд, шартномаи гарави молу мулк, ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи молумулкӣ танҳо дар сурати ба нотариуси давлатӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда бо сабти қайди давлатии дахлдори он тасдиқ карда мешавад.
2. Тасдиқ намудани шартномаи гарави молу мулки ғайриманқул дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул ба ҷо оварда мешавад. Ҳангоми тасдиқи шартномаи гарави молу мулки ғайриманқул қоидаҳои умумии дар моддаи 50 Қонуни мазкур пешбинишуда татбиқ мегарданд.
 
Моддаи 52. Тасдиқ, тағйир ва бекор намудани васиятнома
1. Нотариуси давлатӣ ва шахсони  ваколатдор васиятномаро бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд. Инчунин нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор бекоркунӣ ва тағйирдиҳии васиятномаро тасдиқ мекунанд.
2. Тасдиқ намудани васиятнома тавассути намоянда ва аз номи ду ва зиёда васияткунанда роҳ дода намешавад.
3. Ҳангоми тасдиқ кардани васиятнома нотариуси давлатӣ ва шахсони  ваколатдор аз васияткунанда пешниҳод намудани далели ба вай тааллуқ доштани ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунандаро ба молу мулки васиятшаванда талаб намекунанд.
4. Васиятномае, ки нотариуси давлатӣ ва шахси  ваколатдор аз забони васияткунанда дар ҳузури шоҳид тартиб додааст, баъди ба он имзо гузоштани васияткунанда ва шоҳид тасдиқ карда мешавад.
5. Тағйир ва бекор кардани васиятнома бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 53. Тасдиқ кардани ваколатномаҳо
1. Нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор ваколатномаро аз номи як ё якчанд шахс ба номи як ё якчанд шахс бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд.
2. Тасдиқ намудани ваколатнома бо тартиби такроран вогузор намудани ваколат роҳ дода намешавад.
3. Ваколатномае, ки бо тариқи ба шахси дигар вогузор намудани ваколат дода мешавад, танҳо баъди пешниҳод кардани ваколатномаи асосие, ки дар он ҳуқуқи ба каси дигар вогузор намудани ваколат қайд карда шудааст, ба тариқи нотариалӣ тасдиқ шуда метавонад. Ваколатномае, ки ба тариқи ба шахси дигар вогузор намудани ваколат дода шудааст, набояд аз ваколатномаи асосӣ ваколату ҳуқуқи бештар дошта бошад. Мӯҳлати амали ваколатномаи мувофиқи тартиби ба шахси дигар вогузор намудани ваколат додашуда, набояд аз мӯҳлати амали ваколатномае, ки дар асоси он дода шудааст, зиёд бошад.
4. Ҳангоми тасдиқ намудани ваколатномаҳо ба моликияти муштараки зану шавҳар дар бораи идора ва ихтиёрдории молу мулки ғайриманқул ва аҳдҳое, ки тасдиқкунии нотариалӣ ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  бақайдгириро талаб менамоянд, нотариуси давлатӣ ӯҳдадор аст, розигии хаттии ҳамсари дигарро, ки ба тариқи нотариалӣ тасдиқ гардидааст, гирад.
 
Моддаи 54. Шумораи нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки дар онҳо матни аҳд баён карда мешавад
Шумораи нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки бо тартиби нотариалӣ тасдиқ мешаванд аз рӯи шумораи тарафҳои иштироккунандаи аҳд муайян карда мешавад. Инчунин як нусхаи он дар парвандаҳои идораи нотариалии давлатӣ нигоҳ дошта мешавад.
 
БОБИ 7.  ҲИФЗИ МОЛУ МУЛКИ МЕРОСӢ
 
Моддаи 55. Ҳифзи молу мулки меросӣ
1. Нотариуси давлатӣ дар маҳалли кушодани мерос дар асоси аризаи ворис ё ворисон, иҷрокунандаи васиятнома, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти васоят ва парасторӣ ё шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳифзи молу мулки меросӣ, ки барои манфиати давлат, ворис, ворисон ё кредиторон зарур аст, чораҳо меандешад.
2. Агар молу мулки меросгузор ё қисми он дар маҳалли кушодани мерос набошад, нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос ба идораи нотариалии давлатии ҷойи воқеияти молу мулки меросӣ дар бораи андешидани чораҳои ҳифзи он супориш мефиристад. 
3. Нотариуси давлатии маҳалли воқеияти молу мулки меросӣ, ки барои ҳифзи молу мулки меросӣ чораҳо андешидааст, ба идораи нотариалии давлатии маҳалли кушодани мерос дар бораи андешидани чораҳои мазкур хабар медиҳад. 
 
Моддаи 56. Хабардор кардани ворисон  дар бораи мероси кушодашуда
1. Нотариуси давлатие, ки оид ба кушодани мерос маълумот гирифтааст, ӯҳдадор аст дар бораи он ворисонеро, ки ҷойи зист ё корашон ба вай маълум аст, хабардор намояд. 
2. Нотариуси давлатӣ метавонад ворисонро бо роҳи эълони умумӣ ё дар ин бора нашр кардани хабар дар матбуот бо хоҳиш ва аз ҳисоби шахсони манфиатдор даъват намояд. Амалҳои мазкур дар мӯҳлати барои қабули мерос муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  иҷро карда мешаванд.
 
Моддаи 57. Барӯйхатгирии молу мулки меросӣ ва таъин кардани муҳофиз ё васӣ 
1. Нотариуси давлатӣ барои ҳифзи молу мулки меросӣ онро ба рӯйхат мегирад ва барои ҳифз онро ба ворисон ё шахсони дигар месупорад. Барӯйхатгирӣ бо иштироки шахсони барои ҳифзи молу мулки меросӣ манфиатдор ва на камтар аз ду нафар шахси холис тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шуда, дар ин бора санади дахлдор тартиб дода мешавад. 
2. Нотариуси давлатӣ ҳамаи молу мулки дар бино мавҷудбударо ба рӯйхат мегирад.
3. Молу мулк аз рӯйхат танҳо бо тартиби судӣ хориҷ карда мешавад.
4. Дар ҳолатҳое, ки ворисон ва шахсони дигар молу мулки меросиро барои барӯйхатгирӣ пешниҳод накунанд, молу мулки меросиро нобуд карда бошанд ё ин ки бо сабабҳои дигар барӯйхатгирии молу мулки меросӣ ё қабул кардани чораҳои зарурӣ ғайриимкон бошад, нотариуси давлатӣ дар ин бора санади дахлдор тартиб медиҳад.
5. Барӯйхатгирии молу мулки меросӣ бо тартиби муқарраркардаи Дастурамали коргузорӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 
6. Агар дар таркиби  мерос молу мулке бошад, ки идоракуниро талаб намояд ё ин ки дар ҳолати то меросро қабул кардани меросхӯрон даъво пешниҳод намудани кредиторҳо, нотариуси давлатӣ барои ҳифзи он  муҳофизи молу мулкро таъин мекунад.
7. Муҳофиз ва дигар шахсоне, ки молу мулки меросӣ ба онҳо барои муҳофизат супорида шудааст (бовар карда дода шудааст), дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои азонихудкунӣ ё исрофкории молу мулки меросӣ ва дар бораи ҷавобгарии моддӣ барои зарари расондашуда огоҳ карда мешаванд.
 
Моддаи 58. Идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ
1. Идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ дар ҳолатҳое ба ҷо оварда мешавад, ки агар дар таркиби мерос молу мулки меросие мавҷуд бошад, ки нисбати он на танҳо ҳифз, балки идоракунии онҳо (корхона, комплекси молумулкӣ, ҳисса дар сармояи (пасандозҳои) оинномавии ҷамъияти хоҷагидорӣ, коғазҳои қиматнок, ҳуқуқҳои истисноӣ ва ғайра) талаб карда мешавад.
2. Идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ аз ҷониби нотариуси давлатӣ дар маҳалли кушодани мерос дар асоси аризаи шахсоне, ки дар қисми 1 моддаи 55 Қонуни мазкур зикр шудаанд, таъсис дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ҳуқуқи муассисӣ ба иҷрокунандаи васиятнома тааллуқ дошта бошад. Барои идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ нотариуси давлатӣ ба сардори ваколатдор шаҳодатнома медиҳад.
3. Ҳангоми ба созиш наомадани ворисон дар бораи таъини сардори ваколатдор, сардори ваколатдор бо тартиби судӣ таъин карда мешавад. 
 
Моддаи 59. Супориш дар бораи таъсиси идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ
1. Агар молу мулки меросӣ дар маҳалҳои гуногун ҷойгир бошад, нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос супоришро дар бораи таъсиси идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 55 Қонуни мазкур мефиристонад.
2. Нотариуси давлатӣ дар бораи таъсиси идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ дар мӯҳлати як моҳ ба нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос хабар медиҳад.
 
Моддаи 60. Додани молу мулки меросӣ ба идораи ба боварӣ асосёфта
1. Молу мулки ба мерос дохилшаванда, ки идоракуниро талаб мекунад, аз ҷониби нотариуси давлатӣ дар асоси шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта ба шахсе, ки дар хабарнома дар бораи таъсиси идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ нишон дода шудааст ё ба нотариуси давлатии муайян дода мешавад.
2. Ворисон, инчунин дигар шахсоне, ки бадастоварандаи фоида аз рӯи шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ мебошанд, сардори ваколатдор  шуда наметавонанд.
3. Шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта бояд мувофиқи талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур баста шавад.
4. Шартҳои муҳими шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ ин пурра навиштани номгӯи молу мулке, ки ба идораи ба боварӣ асосёфта дода мешавад, зикри бадастоварандаи фоида, мӯҳлатҳои ҳисобот додани сардори ваколатдор, шахсе, ки дар ҳолати қатъи идоракунӣ молу мулкро мегирад, андоза ва шакли пардохти мукофот ба сардори ваколатдор, супоришҳои ворис ё ворисон, ки ба манфиати онҳо идораи ба боварӣ асосёфта амалӣ мешавад, шартҳои пардохти амалӣ намудани идораи ба боварӣ асосёфта ва асосҳои қатъ гардидани идораи ба боварӣ асосёфта мебошанд.
 
Моддаи 61. Пардохти мукофот барои амалӣ намудани идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ
Пардохти мукофот барои амалӣ намудани идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ ба сардори ваколатдор дар ҳаҷми муқарраркардаи созишномаи байни ворис (ворисон) ва сардори ваколатдор пардохта мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
 
Моддаи 62. Қатъи идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ
1. Идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ то қабули мерос аз ҷониби ворис ё ворисон, агар меросро онҳо қабул накарда бошанд, то ба охир расидани мӯҳлати қабули мерос, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, давом дода мешавад.
2. Нотариуси давлатӣ ӯҳдадор аст, ки ворисонро дар бораи қатъи идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ ва дар сурати ба давлат гузаштани мерос, мақоми давлатии дахлдорро огоҳ намояд.
 
Моддаи 63. Қатъ гардидани чораҳои ҳифзи молу мулки меросӣ
1. Ҳифзи молу мулки меросӣ то вақти меросро қабул кардани ҳамаи ворисон ва агар он қабул карда нашуда бошад, то вақти ба охир расидани мӯҳлати қабули мерос, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, давом мекунад.
2. Нотариуси давлатӣ ӯҳдадор аст, ки  дар бораи қатъ гардидани чораҳои ҳифзи молу мулки меросӣ, меросхӯрон ва агар меросхӯрон набошанд, мақоми давлатии дахлдорро пешакӣ огоҳ намояд.
 
Моддаи 64. Додани маблағи пулӣ аз ҳисоби молу мулки меросӣ
1. Шахсе, ки барои нигоҳубини меросгузори бемор то вақти вафоти вай, ҳифзи мерос ва идораи он, ҳамчунин барои дафни меросгузор дар сурати набудани меросхӯре, ки мерос ба ӯ дода мешавад ё иҷрокунандаи васиятнома маблағи муайян хароҷот кардааст, ҳуқуқ дорад ба нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос барои барқарор кардани хароҷоти худ аз ҳисоби молу мулки меросӣ муроҷиат кунад. Дар ин маврид муроҷиаткунанда ба нотариуси давлатӣ оид ба хароҷоти кардааш бояд далели хаттӣ пешниҳод намояд.
2. Агар талаботи пешниҳодкардаи шахсро нотариуси давлатӣ қобили қабул ҳисобад, вай то вақти меросро қабул кардани меросхӯрон ва агар мерос қабул нашуда бошад, то вақти ба давлат додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос дар бораи аз ҳисоби молу мулки меросӣ додани маблағҳои зерин супориш дода метавонад:
- барои пардохти хароҷоти нигоҳубини меросгузор дар вақти беморӣ, инчунин барои дафни ӯ;
- барои таъмини шахсоне, ки дар таъминоти меросгузор буданд;
- барои пардохти хароҷоти ҳифзи молу мулки меросӣ ва идоракунии он. 
3. Дар сурати дар таркиби молу мулки меросӣ набудани маблағи пулӣ, нотариуси давлатӣ дар бораи додани ашё, ки арзиши он набояд аз маблағи хароҷоти воқеӣ зиёд бошад, супориш медиҳад. Зимнан аз ҳисоби молу мулки меросии ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт ба ин мақсад супориш дода намешавад.
 
БОБИ 8. ҚАБУЛ  ВА ЭЪЛОН КАРДАНИ  ВАСИЯТНОМАИ МАХФӢ
 
Моддаи 65. Қабул ва эълон кардани васиятномаи махфӣ
1. Нотариуси давлатӣ васиятномаи махфиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.
2. Ҳангоми аз ҷониби шахсони манфиатдор  пешниҳод кардани шаҳодатномаи вафоти меросгузор, нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатӣ, ки дар он васиятномаи махфӣ маҳфуз дошта мешавад, марҳилаи эълон кардани васиятномаи махфиро оғоз мекунад.
3. Дар рӯз ва соати муқарраркардаи эълони васиятномаи махфӣ нотариуси давлатӣ бо салоҳдиди худ ду шахсро ҳамчун шоҳид дар мавриди эълони васиятномаи махфӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз доираи меросхӯроне, ки хоҳиши дар вақти эълон кардани васиятномаи махфӣ иштирок карданро доранд ва муносибатҳои хешу табориашонро бо меросгузор дар асоси ҳуҷҷат исбот карда метавонанд, даъват менамояд. Дар ҳолати набудани шоҳидон аз доираи меросхӯрони аз рӯи қонун муайянгардида ё даст кашидани онҳо аз иштирок намудан ҳангоми эълони васиятномаи махфӣ, нотариуси давлатӣ ҳуқуқ дорад дигар шахсони холисро даъват намояд.
4. Протоколи эълони васиятномаи махфӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- сана ва ҷойи тартиб додани протокол;
- санаи гирифтани маълумот дар бораи кушодани мерос;
- санаи кушодани мерос;
- насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд ва вафот, ҷойи зисти охирини меросгузор;
- насаб, ном ва номи падари шоҳидон ва шахсони дигар, ки ҳангоми эълони васиятномаи махфӣ иштирок карданд;
- суроғаи идораи нотариалии давлатие, ки дар он ҷо васиятномаи махфӣ эълон карда мешавад;
- сабт намудани ҳолати лифофае, ки дар он лифофаи васиятномаи махфӣ мавҷуд аст ва ҳолати лифофае, ки дар он васиятномаи махфӣ мавҷуд аст. 
5. Протоколи эълон кардани васиятномаи махфӣ аз тарафи нотариуси давлатӣ ва шоҳидон имзо карда шуда, дар он мӯҳри нотариуси давлатӣ гузошта мешавад.
6. Нусхаи аслии протокол дар парвандаҳои идораи нотариалии давлатӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дигари он ба шахсони дар васиятномаи махфӣ нишондодашуда, ба шахсони аз мерос дасткашида, ҳамчунин ба иҷрокунандаи васиятнома бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур дода мешавад.
 
Моддаи 66. Тасдиқ намудани ваколати иҷрокунандаи васиятнома
1. Дар асоси аризаи хаттии иҷрокунандаи васиятнома (базиммагузорӣ) нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос ваколати ӯро, ки аз мазмуни васиятнома бармеояд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ мекунад.
2. Ваколати иҷрокунандаи васиятнома аз тарафи нотариуси давлатӣ тасдиқ карда мешавад, агар:
- дар парвандаи меросӣ васиятномае бошад, ки бекор карда нашудааст ва мувофиқи он иҷрои васиятнома ба зиммаи аризадиҳанда вогузор гардидааст;
- дар парвандаи меросӣ маълумот дар бораи аз тарафи суд озод кардани аризадиҳанда аз вазифаи иҷрокунандаи васиятнома набошад;
- розигии аризадиҳанда оид ба иҷрокунандаи васиятнома будан бояд дар матни васиятнома ё дар аризаи ба васиятнома замимашуда ифода ёфта бошад ё ин ки дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои вазифаи ба зиммаи ӯ вогузоршуда шурӯъ карда бошад.
 
БОБИ 9. ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲУҚУҚ БА  МЕРОС
 
Моддаи 67. Маҳал ва мӯҳлатҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос
1. Аз рӯи аризаи хаттии ворисон, нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос шаҳодатномаи ҳуқуқ ба меросро медиҳад.
2. Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос дар мӯҳлат ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
 
Моддаи 68. Кушодани мерос
1. Барои оғоз намудани парвандаи меросӣ инҳо асос шуда метавонанд:
- ариза оид ба қабули мерос ё даст кашидан аз он;
- ариза оид ба додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос;
- аризаи ҳамсари дар ҳаётмонда дар бораи ҳуқуқи моликият ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар;
- ариза оид ба андешидани чораҳои ҳифзи молу мулки меросӣ ё идораи он ва дигар аризаҳои воридшуда, ки ба молу мулки меросӣ алоқаманданд.
2. Ҳуҷҷатҳои зикргардида дар парвандаи меросии идораи нотариалии давлатии маҳалли кушодани мерос нигоҳ дошта мешаванд. Ба парвандаи меросӣ инчунин ҳуҷҷатҳои дигари пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамроҳ карда мешаванд. Тартиби истеҳсолот вобаста ба парвандаи меросӣ тибқи Дастурамали коргузорӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 69. Тартиби додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун
1. Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун ба ворисоне, ки меросро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардаанд, дода мешавад.
2. Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун якҷоя ба ҳамаи ворисон ё ба ҳар як ворис алоҳида мувофиқи хоҳиши онҳо дода мешавад. Ворисоне, ки меросро дар мӯҳлати муқарраркардаи қонун нагирифтаанд, ба шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун бо розигии ҳамаи дигар ворисоне, ки меросро қабул намудаанд, мумкин аст дохил карда шаванд. Ин розигӣ бояд то дода шудани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун дар шакли хаттӣ изҳор карда шавад.
3. Нотариуси давлатӣ дар бораи додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун ба номи васӣ ё парастори ноболиғ ё вориси ғайри қобили амал ба мақомоти васояту парастории маҳалли истиқомати ворис барои муҳофизати он ва манфиатҳои молумулкии вориси ноболиғ хабар медиҳад.
4. Ҳангоми аз рӯи ҳуқуқи мерос ба давлат гузаштани молу мулки  меросӣ, шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун ба мақоми  давлатии дахлдор дода мешавад.
 
Моддаи 70. Шартҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун
1. Нотариуси давлатӣ ҳангоми додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун бо роҳи аз ворисон талаб карда гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор, воқеияти вафоти меросгузор, вақт ва маҳалли кушодани мерос, мавҷудияти муносибатҳои хешовандӣ бо меросгузор, ки асоси аз рӯи қонун ба меросгирӣ даъват кардани шахсоне мебошад, ки дар бораи додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос ариза додаанд ва таркиби молу мулки меросиеро, ки барои он шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос дода мешавад, месанҷад. 
2. Агар як ё якчанд ворис аз рӯи қонун аз имконияти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое маҳрум бошанд, ки онҳо асоси аз рӯи қонун ба меросгирӣ даъват кардан мебошанд, онҳо бо розигии ҳамаи ворисоне, ки мерос гирифтаанд ва ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намудаанд, ки онҳо асоси аз рӯи қонун ба меросгирӣ даъват кардан мебошанд, мумкин аст ба шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос дохил карда шаванд.
 
Моддаи 71. Шартҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи васиятнома
Нотариуси давлатӣ ҳангоми додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи васиятнома воқеияти вафоти меросгузор, мавҷуд будани васиятнома ё нусхаи протоколи эълон кардани васиятномаи махфӣ бо қайди он, ки бекор ё тағйир дода нашудааст, бо роҳи аз ворисон талаб кардани ҳуҷҷатҳои дахлдор, вақт ва маҳалли кушодани мерос, таркиби молу мулки меросӣ, доираи шахсонеро, ки барои гирифтани ҳиссаи ҳатмии мерос ҳуқуқ доранд, месанҷад. 
 
Моддаи 72. Шартҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос ба молу мулке, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад
1. Агар ба таркиби молу мулки меросӣ молу мулки ғайриманқул (як қисми он) дохил шавад, нотариуси давлатӣ дар бораи ба меросгузор тааллуқ доштани молу мулки ғайриманқул ҳуҷҷати ҳуқуқмуаяйнкунанда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қайди давлатии ҳуқуқ ба ин молу мулк, маълумотномаи барӯйхатгирии техникӣ, инчунин  маълумотномаи мақоми бақайдгирандаи давлатии молу мулки ғайриманқулро оид ба дар ҳабс ва манъ қарор надоштани он талаб мекунад.
2. Дар ҳолати ба шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос дохил намудани дигар молу мулке, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад (воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, мотосикл, катер ва ғайра), нотариуси давлатӣ ҳуҷҷатҳои ба меросгузор тааллуқ доштани ин молу мулкро месанҷад.
 
БОБИ 10. ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ
 
Моддаи 73. Тартиби додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият
Шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба молу мулки ғайриманқул, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст, аз тарафи нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии маҳалли ҷойгиршавии молу мулк дода мешавад.
 
Моддаи 74. Шартҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият
Барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба молу мулк ҳуҷҷатҳое пешниҳод карда мешаванд, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд. 
 
Моддаи 75. Додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият аз рӯи аризаи якҷояи зану шавҳар
Нотариуси давлатӣ дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар ба яке аз онҳо ё ба ҳардуяшон шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият барои аз ду як ҳиссаи молу мулки муштарак, ки моликияти якҷояи онҳо ҳисоб мешавад, медиҳад. Шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба зану шавҳар мумкин аст ҳам дар давраи дар қайди никоҳ будан ва ҳам дар муддати  се соли пас аз рӯзи бекор кардани ақди никоҳ дода шавад.
 
Моддаи 76. Додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дар ҳолати вафоти яке аз ҳамсарон 
1. Дар ҳолати вафот кардани яке аз ҳамсарон, шаҳодатномаи ҳуқуқи моликиятро ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос аз рӯи аризаи ҳамсари дар ҳаётбуда бо огоҳкунии пешакии ворисони дигар медиҳад.
2. Ҳангоми додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар (агар дар аҳдномаи никоҳи байни онҳо тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад) ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ақди никоҳи аризадиҳанда бо меросгузор, инчунин ҳуҷҷати дахлдори ба зан ё шавҳари вафоткарда тааллуқ доштани  молу мулки дахлдор пешниҳод карда мешавад.
 
БОБИ 11. МАНЪИ АЗ СОҲИБӢ СОҚИТ КАРДАНИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ
 
Моддаи 77. Манъи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқул
Манъи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқул дар асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
Моддаи 78. Бекор кардани манъ
Нотариуси давлатӣ огоҳиномаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар бораи пардохтани қарз ё маълумот оид ба қатъ гардидани шартномаи гарав, инчунин маълумот оид ба қатъ шудани шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробониро гирифта, манъи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқулро бекор мекунад.
 
БОБИ 12. ТАСДИҚ НАМУДАНИ НУСХАИ ҲУҶҶАТҲО ВА ИҚТИБОС АЗ ОНҲО, АСЛИЯТИ ИМЗО
ВА ДУРУСТИИ  ТАРҶУМА
 
Моддаи 79. Тасдиқ кардани дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташуда
1. Нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташударо, ки аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ дода шудаанд, ба шарте тасдиқ мекунад, ки ин ҳуҷҷатҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошанд, аҳамияти ҳуқуқӣ дошта бошанд ва тасдиқ кардани нусха ва иқтибоси онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накарда бошад. Тасдиқ кардани дурустии нусхаи шиноснома, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи хизматӣ ё дигар ҳуҷҷате, ки узви ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҳизби сиёсӣ буданро тасдиқ менамояд, манъ аст.
2. Нотариуси давлатӣ дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳоеро, ки  калимаҳои тозакардашуда, ислоҳкардашуда, навиштаҷоти иловагӣ, калимаҳои хатзадашуда, ҳуҷҷатҳоеро, ки матнаш бо сабаби фарсуда шудан хонда нашавад ва дигар ислоҳҳои бе шарҳу эзоҳ доранд, инчунин ҳуҷҷатҳои бо қалам навишташударо тасдиқ намекунад. 
3. Нотариуси давлатӣ дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳои бо забонҳои хориҷӣ тартибдодашударо танҳо дар ҳолати пешниҳоди тарҷумаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда, тасдиқ мекунад. 
4. Дурустии нусхаи ҳуҷҷати аз тарафи шахс пешниҳодшуда, дар он маврид тасдиқ карда мешавад, ки аслияти имзои шахс дар он ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шуда бошад. 
5. Дурустии иқтибоси аз ҳуҷҷатҳо гирифташуда танҳо дар он ҳолат тасдиқ карда мешавад, ки агар ҳуҷҷати аз он иқтибос гирифташуда якчанд масъалаи ҷудогонаи байни ҳам алоқа надоштаро дар бар гирад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад. Иқтибос бояд матни пурраи қисми ҳуҷҷатро аз рӯи масъалаи муайян дар бар гирад.
 
Моддаи 80. Тасдиқ кардани дурустии нусха аз нусхаи ҳуҷҷат
Дурустии нусхаи аз нусхаи ҳуҷҷат гирифташударо нотариуси давлатӣ ба шарте тасдиқ карда метавонад, ки дурустии нусха ба тариқи нотариалӣ тасдиқ шуда бошад ё нусхаи ҳуҷҷатро шахси ҳуқуқие додааст, ки асли ҳуҷҷатро худи ин шахси ҳуқуқӣ дода бошад. Дар ин маврид нусхаи ҳуҷҷат бояд дар бланкаи расмии ҳамин шахси ҳуқуқӣ тайёр гардида, бо мӯҳр тасдиқ ва дар он зикр шуда бошад, ки асли ҳуҷҷат дар ҳуҷҷатҳои коргузории шахси ҳуқуқӣ маҳфуз мебошад. Ҳамчунин он бояд бо имзои роҳбари шахси ҳуқуқӣ ва бо мӯҳри он тасдиқ карда шуда бошад. 
 
Моддаи 81. Тасдиқ кардани аслияти имзо
1. Нотариуси давлатӣ аслияти имзоро дар ҳуҷҷате тасдиқ мекунад, ки мазмуни он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нест ва он мазмуни аҳдро ифода намекунад.
2. Дар аҳд танҳо аслияти имзои шахсе тасдиқ карда мешавад, ки онро шахси мазкур ба ҷои шахси дигаре, ки бо сабаби нуқсони ҷисмонӣ, беморӣ, бесаводӣ ё сабабҳои дигар бо дасти худ имзо карда наметавонад, имзо карда бошад.
3. Нотариуси давлатӣ, ки аслияти имзоро тасдиқ менамояд, аслияти воқеиятҳои дар ҳуҷҷат баёншавандаро тасдиқ намекунад, фақат ҳаминро тасдиқ менамояд, ки имзоро шахси дахлдор гузоштааст.
 
Моддаи 82. Тасдиқ кардани дурустии тарҷума аз як забон ба забони дигар
1. Нотариуси давлатӣ дурустии тарҷумаи ҳуҷҷатро аз як забон ба забони дигар ба шарте тасдиқ мекунад, агар ӯ забони дахлдорро донад.
2. Агар нотариуси давлатӣ забони дахлдорро надонад, тарҷумаи ҳуҷҷатро тарҷумон анҷом дода метавонад, ки аслияти имзои ӯро нотариуси давлатӣ тасдиқ мекунад.
 
Моддаи 83. Додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷатҳое, ки ба   таври нотариалӣ тасдиқ карда шудаанд
1. Дар сурати гум кардан ё фарсуда шудани (хонда нашудан ва ғайра) ҳуҷҷатҳои бо тартиби нотариалӣ тасдиқшудае, ки як нусхаи аслиашон дар идораҳои нотариалии давлатӣ ва ё бойгониҳои идораҳои нотариалии давлатӣ маҳфузанд, бо дархости (аризаи) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё намояндагони  қонунии онҳо нусхаи дуюми (дубликати) ин ҳуҷҷатҳо аз тарафи Сарнотариуси давлатӣ ё муовини ӯ, нотариусони калони давлатӣ, дар идораҳои нотариалии давлатие, ки як нотариуси давлатӣ кор мекунад аз тарафи нотариуси давлатӣ ва дар бойгониҳои идораҳои нотариалии давлатӣ аз тарафи нотариуси калони давлатии бойгонидор дода мешаванд.
2. Нусхаи дуюми (дубликати) ваколатномаҳо дода намешавад.
3. Нусхаи дуюми (дубликати) васиятнома баъди вафоти васияткунанда ба ворисоне, ки ӯ дар васиятномааш муайян кардааст ва иҷрокунандаи васиятнома дар сурати пешниҳод кардани шаҳодатномаи вафот дода мешавад.
 
БОБИ 13. ТАЪМИНИ  ДАЛЕЛҲО
 
Моддаи 84. Таъмини далелҳо
1. Нотариуси давлатӣ бо хоҳиши шахсони манфиатдор далелҳоеро таъмин мекунад, ки дар мавриди оғоз намудани парванда дар мақомоти судӣ ё дигар мақомот зарур мешаванд, агар эҳтимолияти ғайриимкон ё душвор гардидани пешниҳоди онҳо вуҷуд дошта бошад.
2. Нотариуси давлатӣ дар он маврид далелҳоро таъмин намекунад, ки агар онҳо дар лаҳзаи муроҷиати шахсони манфиатдор дар баррасии  суд, мақомоти тафтиш ё таҳқиқ қарор дошта бошанд.
 
Моддаи 85. Амалҳо оид ба таъмин кардани далелҳо
1. Нотариуси давлатӣ ҷиҳати таъмин кардани далелҳо дар ҳолатҳои зарурӣ шоҳидонро  мепурсад, далелҳои хаттӣ ва шайъиро  аз  назар мегузаронад ва экспертизаи дахлдор таъин менамояд.
2. Ҳангоми иҷрои амалиёт оид ба таъмин кардани далелҳо нотариуси давлатӣ меъёрҳои қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад. 
3. Нотариуси давлатӣ дар бораи вақт ва маҳалли таъмин намудани далелҳо ба тарафи дигар ва шахсони манфиатдор хабар медиҳад, вале ҳозир нашудани онҳо барои иҷро кардани амалиёт оид ба таъмин кардани далелҳо монеъ шуда наметавонад.
4. Таъмин кардани далелҳо бе огоҳ намудани яке аз тарафҳо ва шахсони манфиатдор танҳо дар ҳолатҳои таъхирнопазир ё дар мавридҳое амалӣ карда мешавад, ки агар муайян намудани  иштироки минбаъдаи шахс вобаста ба ин ё он парванда ғайриимкон бошад.
 
БОБИ 14. ТАСДИҚИ ВОҚЕИЯТ, СУПОРИДАНИ АРИЗАИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ БА ДИГАР ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ
 
Моддаи 86. Тасдиқ кардани воқеияти дар ҳаёт будани шахс 
1. Нотариуси давлатӣ воқеияти дар ҳаёт будани шахсро тасдиқ мекунад.
2. Тасдиқ кардани воқеияти дар ҳаёт будани шахси ноболиғ бо хоҳиши намояндаи қонунии вай (падару модар, фарзандхондкардагон, васӣ ё парастор), инчунин муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки таҳти парастории онҳо шахси ноболиғ қарор дорад, сурат мегирад.
3. Ҳангоми тасдиқи воқеияти мазкур нотариуси давлатӣ ба шахсони манфиатдор шаҳодатнома медиҳад. 
 
Моддаи 87. Тасдиқ кардани воқеияти дар ҷойи муайян будани шахс 
1. Нотариуси давлатӣ бо хоҳиши шахс воқеияти дар ҷойи муайян будани вайро тасдиқ мекунад.
2. Тасдиқ кардани воқеияти дар ҷойи муайян будани шахси ноболиғ бо хоҳиши падар ё модари вай ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, васӣ ё парастор, инчунин муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки таҳти парастории онҳо шахси ноболиғ қарор дорад, сурат мегирад.
3. Ҳангоми тасдиқи воқеияти мазкур нотариуси давлатӣ ба шахсони манфиатдор шаҳодатнома медиҳад.
 
Моддаи 88. Тасдиқ кардани айнияти шахс бо шахсе, ки дар сурат акс ёфтааст
. Нотариуси давлатӣ айнияти шахсро бо шахсе, ки дар сурат акс ёфтааст, тасдиқ менамояд ва барои тасдиқи ин воқеият ба шахсони манфиатдор шаҳодатнома медиҳад.
2. Тасдиқ кардани айнияти шахси ноболиғ бо шахсе, ки дар сурат акс ёфтааст, бо хоҳиши падар ё модари вай, шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, васӣ ё парастор, ҳамчунин муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки таҳти парастории онҳо шахси ноболиғ қарор дорад, сурат мегирад.
 
Моддаи 89. Тасдиқ намудани вақти пешниҳоди ҳуҷҷат
Нотариуси давлатӣ вақти ба вай пешниҳод намудани ҳуҷҷатро тасдиқ менамояд. Дар ин бора дар ҳуҷҷат бо нишон додани насаб, ном ва номи падари шахси ҳуҷҷатро пешниҳодкарда қайд карда мешавад.
 
Моддаи 90. Супоридани аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
1. Нотариуси давлатӣ аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ месупорад. Ариза шахсан бо гирифтани забонхат дода мешавад ё тавассути шӯъбаи алоқа бо огоҳиномаи мутақобила фиристонида мешавад.
2. Хароҷотро дар бораи фиристонидани ариза шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие пардохт мекунанд, ки бо хоҳиши онҳо амалиёти нотариалии мазкур ба ҷо оварда шудааст.
3. Шаҳодатнома дар бораи супоридани ариза аз ҷониби нотариуси давлатӣ танҳо бо хоҳиши шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиат кардаанд, дода мешавад.
 
БОБИ 15. БА АМОНАТ (ДЕПОЗИТ) ҚАБУЛ КАРДАНИ МАБЛАҒИ ПУЛӢ ВА (Ё) КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК
 
Моддаи 91. Ба амонат (депозит) қабул кардани маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнок
1. Нотариуси давлатӣ дар мавридҳои пешбининамудаи  қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қарздор ба амонати (депозити) идораи нотариалии давлатӣ барои ба кредитор супоридани маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнокро қабул мекунад.
2. Нотариуси давлатӣ дар бораи ворид шудани маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнок кредиторро огоҳ мекунад ва бо талаби вай маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнокро ба ӯ медиҳад.
3. Маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнокро ба амонат (депозит) нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии маҳалли иҷрои ӯҳдадорӣ ва (ё) кушодани мерос қабул мекунад.
 
Моддаи 92. Баргардонидани маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнок
Баргардонидани маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнок ба шахсе, ки маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнокро ба амонат (депозит) супурдааст, танҳо бо розигии хаттии он шахсе (кредиторе), ки ба фоидаи вай маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнок супорида шудааст ва ё бо санади судӣ мумкин аст.
 
БОБИ 16. БА ҶО ОВАРДАНИ НАВИШТАҶОТИ ИҶРОИЯ
 
Моддаи 93. Ба ҷо овардани навиштаҷоти иҷроия
1. Нотариуси давлатӣ барои аз қарздор рӯёнидани маблағ  ва (ё) талаб карда гирифтани молу мулк аз рӯи ӯҳдадориҳои бебаҳс дар ҳуҷҷатҳое, ки қарздориро муқаррар менамоянд, навиштаҷоти иҷроия ба ҷо меоварад.
2. Номгӯи ҳуҷҷатҳоеро, ки аз рӯи онҳо қарз ба таври бебаҳс дар асоси навиштаҷоти иҷроия рӯёнида мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. 
 
Моддаи 94. Шартҳои ба ҷо овардани навиштаҷоти иҷроия
1. Навиштаҷоти иҷроия бо шартҳои зерин ба ҷо оварда мешавад:
- агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бебаҳс будани қарз ё дигар масъулияти қарздорро дар назди кредитор тасдиқ намоянд;
- агар аз рӯзи ба вуҷуд омадани ҳуқуқи даъво се сол нагузашта бошад.
2. Агар барои талаботе, ки аз рӯи он навиштаҷоти иҷроия ба ҷо оварда мешавад, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати дигари даъворо муқаррар карда бошад, навиштаҷоти иҷроия дар доираи ин мӯҳлат ба ҷо оварда мешавад.
 
Моддаи 95. Мазмуни навиштаҷоти иҷроия
Навиштаҷоти иҷроия бояд инҳоро дар бар гирад:
- насаб, ном ва номи падари нотариуси давлатие, ки навиштаҷоти иҷроияро ба ҷо меорад;
- насаб, ном, номи падар ва суроғаи кредитор (барои шахси воқеӣ);
- номи пурра, суроға ва суратҳисоби кредитор (барои шахси ҳуқуқӣ); 
- насаб, ном, номи падар ва суроғаи қарздор (барои шахси воқеӣ);
- номи пурра, суроға ва суратҳисоби қарздор (барои шахси ҳуқуқӣ);
- нишон додани мӯҳлате, ки дар давоми он қарз рӯёнида мешавад;
- нишон додани маблағе, ки бояд рӯёнида шавад ё ашёҳое, ки бояд талаб карда гирифта шаванд, аз он ҷумла ҷарима, фоизи фоида, агар онҳо ситонида шаванд;
- нишон додани андозаи маблағи боҷи давлатӣ, ки кредитор супоридааст ё бояд аз қарздор рӯёнида шавад;
- санаи (рӯз, моҳ, соли) ба ҷо оварда шудани навиштаҷоти иҷроия;
- рақаме, ки таҳти он навиштаҷоти иҷроия дар феҳрист қайд гардидааст;
- имзо ва мӯҳри нотариуси давлатие, ки навиштаҷоти иҷроияро ба ҷо овардааст.
 
Моддаи 96. Тартиби ситониш аз рӯи навиштаҷоти иҷроия
Ситониш аз рӯи навиштаҷоти иҷроия бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 97. Мӯҳлати пешниҳод кардани навиштаҷоти иҷроия
1. Навиштаҷоти иҷроия мумкин аст, барои иҷрои маҷбурӣ дар  мӯҳлати се сол аз рӯзи дода шудани он пешниҳод карда шавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати дигарро пешбинӣ накарда бошад.
2. Барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда барои пешниҳод кардани навиштаҷоти иҷроия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат мегирад.
 
БОБИ 17. БА ҶО ОВАРДАНИ ДИГАР АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛӢ
 
Моддаи 98. Ариза дар  бораи эътирози баҳрӣ
1. Нотариуси давлатӣ бо мақсади таъмини далелҳо барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳиби киштӣ аризаи хаттии капитани киштиро дар бораи ҳодисае, ки дар давраи шино кардан ё истодани киштӣ рух додааст, қабул мекунад, ки он барои ба соҳиби киштӣ пешниҳод кардани талаботи молумулкӣ асос шуда метавонад.
2. Ариза дар бораи эътирози баҳрӣ бояд дар бандари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идораи нотариалии давлатӣ ё консулгариҳо дар  муддати 36 соат супурда шавад. Агар имконияти аризаро дар  мӯҳлати муқарраргардида супоридан набошад, сабабҳои он дар ариза дар бораи эътирози баҳрӣ қайд карда мешавад.
3. Барои тасдиқи ҳолатҳое, ки дар ариза дар бораи эътирози баҳрӣ баён карда шудаанд, ба нотариуси давлатӣ дар давоми мӯҳлати нишондодашуда, бояд барои аз назар гузаронидан дафтари киштӣ ва иқтибос аз дафтари киштӣ, ки аз тарафи капитани киштӣ тасдиқ карда шудааст, пешниҳод карда шавад.
 
Моддаи 99. Тартиб додани санад дар бораи эътирози баҳрӣ
Нотариуси давлатӣ дар асоси аризаи капитани киштӣ, маълумоти дафтари киштӣ, инчунин пурсиши худи капитан ва ба қадри имкон камаш ду шоҳид аз ҷумлаи шахсони ҳайати фармондеҳии киштӣ ва ду шоҳид аз ҳайати дастаи (командаи) киштӣ дар бораи эътирози баҳрӣ санад тартиб медиҳад. Нусхаи санад ба капитан ё шахси ваколатдор дода мешавад. 
 
Моддаи 100. Эътироз оид ба векселҳо
Нотариуси давлатӣ ба векселҳо дар хусуси дода нашудани маблағ,  аксепт нашудан, нишон дода нашудани санаи аксепт мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вексели интиқолӣ ва вексели оддӣ эътироз тартиб медиҳад.
 
Моддаи 101. Пешниҳод намудани чекҳо барои пардохт ва тасдиқи напардохтани чекҳо 
1. Нотариуси давлатӣ чекҳои барои пардохт пешниҳодшударо, ки нигоҳдорандаи чек бо сабаби ба охир расидани мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, қабул менамояд.
2. Чек барои пардохт ба бонки ҷойи сукунати пардохткунандаи чек пешниҳод карда мешавад.
3. Дар сурати пардохт накардани чек нотариуси давлатӣ далели мазкурро бо роҳи дар чек ба ҷо овардани навиштаҷоти тасдиқкунандаи дахлдор тасдиқ менамояд.
4. Бо хоҳиши нигоҳдорандаи чек нотариуси давлатӣ дар сурати пардохт нашудани чек навиштаҷоти иҷроияро ба ҷо меорад.
 
Моддаи 102. Қабул кардани ҳуҷҷатҳо барои маҳфуз доштан ва баргардонидани онҳо
1. Нотариуси давлатӣ ҳуҷҷатҳоро аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои маҳфуз доштан мувофиқи рӯйхат қабул мекунад ва дар ин бора ба шахсе, ки ҳуҷҷатҳоро барои маҳфуз доштан супоридааст, шаҳодатнома ва нусхаи рӯйхатро медиҳад.
2. Ҳуҷҷатҳое, ки барои маҳфуз доштан қабул карда шудаанд, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки онҳоро барои маҳфуз доштан супоридаанд ё ба шахси ваколатдор бо пешниҳод кардани шаҳодатнома ва нусхаи рӯйхати ҳуҷҷатҳо ё бо санади суд баргардонида мешаванд.
ФАСЛИ III. ТАТБИҚИ МЕЪЁРҲОИ ҲУҚУҚИИ ДИГАР ДАВЛАТҲО ВА САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БОБИ 18. ТАРТИБИ ТАТБИҚИ МЕЪЁРҲОИ ҲУҚУҚИИ ДИГАР ДАВЛАТҲО ВА САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
 
Моддаи 103. Амалиёти нотариалӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ
Шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ҳуқуқ доранд дар баробари шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба дигар мақомоте, ки амалиёти нотариалиро ба ҷо меоваранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
 
Моддаи 104. Татбиқ кардани меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ
1. Нотариуси давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқии хориҷиро татбиқ менамояд.
2. Нотариуси давлатӣ ҳуҷҷатҳоеро, ки мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ тартиб дода шудаанд, қабул мекунад, инчунин дар шакли пешбиникардаи қонунгузории дигар давлатҳо навиштаҷоти тасдиқкунандаро ба ҷо меоварад, агар ин ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат накунад.
 
Моддаи 105. Ҳифзи молу мулки меросӣ ва додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос
Амалиёте, ки ба муҳофизати молу мулки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбудаи баъди вафоти шаҳрванди хориҷӣ боқимонда алоқаманд аст ё  ҳифзи молу мулке, ки баъди вафоти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди хориҷӣ ба он ҳуқуқ дорад, инчунин амалиёте, ки ба додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос вобаста ба ин молу мулк аст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с.,1438)
 
Моддаи 106. Аз тарафи нотариуси давлатӣ қабул кардани ҳуҷҷатҳое, ки дар давлати хориҷа тартиб дода шудаанд
1. Ҳуҷҷатҳоеро, ки дар давлати хориҷа бо иштироки шахсони мансабдори хориҷӣ, мақомоти салоҳиятдори дигар давлатҳо тартиб дода шудаанд ё аз тарафи онҳо ирсол гардидаанд, нотариуси давлатӣ мутобиқи меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қабул мекунад. 
2. Ҳуҷҷатҳоро нотариуси давлатӣ дар он мавридҳое қабул менамояд, ки тартиби қабули онҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинӣ  шуда бошад.
 
Моддаи 107. Муносибатҳои тарафайни нотариуси давлатӣ бо мақомоти адлияи дигар давлатҳо
1. Супоришҳои мақомоти адлияи дигар давлатҳо дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи  Тоҷикистон иҷро карда мешаванд.
2. Нотариуси давлатӣ супоришҳои мақомоти адлияи дигар давлатҳоро дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, ки ба ӯ бо тартиби муқарраркардашуда супурда шудаанд, иҷро мекунад, ба истиснои мавридҳое, ки агар:
- иҷро кардани супориш ба соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат ё ба амнияти он таҳдид кунад;
- иҷро кардани супориш ба салоҳияти нотариуси давлатӣ мансуб набошад;
- иҷро кардани супориш хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
3. Нотариуси давлатӣ ҳуқуқ дорад ба мақомоти адлияи дигар давлатҳо бо супоришҳо дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муроҷиат намояд.
 
Моддаи 108. Таъмин кардани далелҳое, ки барои пешбурди парвандаҳо дар мақомоти дахлдори дигар давлатҳо заруранд
1. Нотариусҳои давлатӣ далелҳоеро таъмин менамоянд, ки барои пешбурди парвандаҳо дар мақомоти дахлдори дигар давлатҳо заруранд.
2. Амалиёт оид ба таъмини далелҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
Моддаи 109. Татбиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ 
1. Дар мавриди ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ нотариусони давлатӣ меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, татбиқ менамоянд.
2. Агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи  Тоҷикистон дар бораи фаъолияти нотариалӣ нисбат ба тартиби муқарраркардаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ шуда бошад, меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.
 
БОБИ 19. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 110. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 111. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 «Дар бораи нотариати давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   с. 1997, №9, мод. 106; №23-24, мод. 333, Фасли XXXIV; с. 2003, №12, мод. 684; с. 2010, №7, мод. 541) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 112. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
             
 
          Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                Эмомалӣ  РАҲМОН
       ш. Душанбе,
 
16 апрели соли 2012,
            № 810
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАШКИЛОТҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 11:25
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
816
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Душанбе, 16 Апрел, 2012

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ТАШКИЛОТҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 266; ҚҶТ аз 20.06.2019 с., №1628)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурдро муайян намуда, ба ташаккул  ва рушди бозори хизматрасонии маблағгузории хурд ва дастгирии соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- ташкилотҳои маблағгузории хурд (ташкилоти амонатии қарзии хурд, ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд) - ташкилотҳои қарзие, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти  маблағгузории хурд машғул мебошанд;

- ташкилоти амонатии қарзии хурд - шахси ҳуқуқие, ки бо мақсади ҷалби амонату пасандоз ва пешниҳод намудани қарзҳои хурд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таъсис дода шудааст;  

- ташкилоти қарзии хурд - шахси ҳуқуқие, ки бо мақсади пешниҳод намудани қарзҳои хурд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таъсис дода шудааст; 

- фонди қарзии хурд - шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратие, ки бо мақсади пешниҳод намудани қарзҳои хурд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таъсис дода шудааст; 

- қарзи хурд - қарзе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба мӯҳлати муайян дода мешавад ва маблағи он аз андозаи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон зиёд  намебошад; 

- пасандоз - маблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиаш ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст;

- амонат - маблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд;

- меъёрҳои мақбул - меъёрҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими фаъолияти ташкилоти амонатии қарзии хурд муқаррар гардида, риояи онҳо аз ҷониби ташкилоти амонатии қарзии хурд ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Муносибати ташкилотҳои маблағгузории хурд бо муштариён

1. Муносибати ташкилотҳои маблағгузории хурд бо муштариён дар асоси шартнома амалӣ мегардад.

2. Ташкилотҳои маблағгузории хурд бояд то бастани шартномаи қарзӣ ба муштарӣ оид ба фоизи қарз, ки ҳамаи хароҷоти вобаста ба пешниҳод ва хизматрасонии қарзро дар бар мегирад, маълумот пешниҳод намоянд.

3.Ташкилотҳои маблағгузории хурд ҳуқуқи яктарафа тағйир додани шартҳои шартномаҳои пасандозӣ, амонатӣ ва қарзиро надоранд. 

4. Ташкилотҳои маблағгузории хурд ба муштариён хизматҳои машваратию иттилоотӣ мерасонанд. 

5. Нисбат ба талаботи  ташкилотҳои маблағгузории хурд дар бораи баргардонидани қарзи хурд мӯҳлати панҷсолаи даъво татбиқ мегардад. 

6. Ташкилотҳои маблағгузории хурд ӯҳдадоранд дар бораи иҷрои ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳаноки муштариёни худ (кӯшиши анҷом додани аҳд ва амалиёти шубҳанок) ба мақоми ваколатдори давлатии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бо тартиби муқаррарнамудаи қонун хабар диҳанд. 

7. Амалҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки дар қисми 6 моддаи мазкур зикр шудаанд, вайронкунии талаботи сирри бонкӣ ҳисоб карда намешаванд.

 

Моддаи 4. Иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) ташкилотҳои маблағгузории хурд

 1. Ташкилотҳои маблағгузории хурд бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият, намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии молумулкӣ метавонанд иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) ташкил намоянд.

2. Иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) ташкилотҳои маблағгузории хурд ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ буда, ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти маблағгузории хурд машғул шаванд. Фоида аз фаъолияти соҳибкории онҳо дар байни аъзо ё иштирокчиёни ин иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) тақсим шуда наметавонанд ва бояд танҳо барои ба даст овардани мақсадҳои оинномавӣ истифода шаванд.

 

БОБИ 2. ТАЪСИС, САРМОЯИ ОИННОМАВӢ ВА ИДОРАКУНИИ  ТАШКИЛОТҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД

 

Моддаи 5. Таъсиси ташкилотҳои маблағгузории хурд

1. Ташкилоти амонатии қарзии хурд ва ташкилоти қарзии хурд ҳамчун ташкилотҳои тиҷоратӣ дар шакли ҷамъияти саҳомии пӯшида ё ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бо назардошти талаботи Қонуни мазкур таъсис дода мешаванд.

2. Ҳангоми аз ҷониби ду ва зиёда муассисон таъсис додани ташкилоти амонатии қарзии хурд ва ташкилоти қарзии хурд ҳиссаи ҳар як муассис бояд аз  панҷ фоизи сармояи оинномавии ташкилотҳои мазкур кам набошад.

3. Фонди қарзии хурд аз ҷониби шахсони воқеӣ  ва ё ҳуқуқӣ, ба истиснои мақомоти давлатӣ, тибқи талаботи Қонуни мазкур таъсис дода мешавад.

 

Моддаи 6 . Филиалҳо, намояндагиҳо ва воҳидҳои дигари сохтории ташкилотҳои маблағгузории хурд

1. Ташкилотҳои маблағгузории хурд метавонанд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳо таъсис диҳанд ва намояндагиҳо кушоянд.

2. Ташкилотҳои маблағгузории хурд ва филиалҳои онҳо барои иҷрои амалиёти алоҳида метавонанд берун аз маҳалли ҷойгиршавии худ воҳидҳои дигари сохториро таъсис диҳанд. 

3. Тартиби таъсиси воҳидҳои сохтории мазкур ва номгӯи амалиёти аз ҷониби онҳо иҷрошаванда бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 7. Сармояи оинномавии ташкилотҳои маблағгузории хурд

1. Ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурд сармояи оинномавии худро бо пули миллӣ ташаккул медиҳанд.

2. Ҳадди ақалли сармояи оинномавии ташкилотҳои  амонатии қарзии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурд аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.   

3. Фонди қарзии хурд ҳангоми таъсиси он бояд дорои маблағи ибтидоии на камтар аз 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо пули миллӣ бошад.

4. Маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои ғайрибуҷетии давлатӣ, грантҳои ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда, маблағҳои қарзӣ ё таҳти гарав қарордошта, инчунин ҳуқуқи молумулкӣ ё дигар ҳуқуқе, ки арзиши пулӣ доранд, наметавонанд ба сармояи оинномавии ташкилоти амонатии қарзии хурд, ташкилоти қарзии хурд ва ба маблағи ибтидоии фонди қарзии хурд ворид шаванд. 

5. Ҳангоми ба бонк ё ташкилоти амонатии қарзии хурд табдилёбии ташкилоти қарзии хурд бояд сармояи воқеии он аз ҳадди ақалли сармояи оинномавии барои чунин ташкилотҳои қарзии навтаъсис муқарраршуда кам набошад.

6. Ҳангоми ба бонк табдилёбии ташкилоти амонатии қарзии хурд сармояи танзимшавандаи он бояд аз ҳадди ақалли сармояи оинномавие, ки барои бонки навтаъсис муқаррар гардидааст, кам набошад.

 

Моддаи 8. Идоракунии ташкилоти амонатии қарзии хурд ва  ташкилоти қарзии хурд

1.Мақомоти идоракунии ташкилоти амонатии қарзии хурд ва ташкилоти қарзии хурд инҳо мебошанд:

- мақоми олӣ - маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён);

- мақоми идоракунӣ - Шӯрои нозирон;

- мақоми иҷроия - раёсат  ва ё директор.

2. Ҳайати Шӯрои нозирон набояд аз 5 нафар ва ҳайати раёсат набояд аз 3 нафар кам бошанд.

3. Мақоми иҷроия аз ҷониби Шӯрои нозирон таъсис дода мешавад.

4. Раёсат ва директор дар як вақт метавонанд ҳамчун мақоми иҷроия таъсис дода шаванд. Дар ин ҳолат директор вазифаи раиси раёсатро иҷро менамояд.

5. Узви мақоми иҷроияи ташкилоти амонатии қарзии хурд ва ташкилоти қарзии хурд наметавонад узви Шӯрои нозирони онҳо бошад.

6. Тартиби идоракунӣ ва ваколатҳои мақомоти ташкилоти амонатии қарзии хурд  ва ташкилоти қарзии хурд бо оинномаҳои онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Молу мулки фонди қарзии хурд   

1. Маблағҳои пулие, ки ба фонди қарзии хурд аз ҷониби муассисон дода шудаанд, моликияти фонди қарзии хурд мебошанд.

2. Муассисон ҳуқуқи  молумулкиро нисбат ба фонди қарзии хурди таъсисдодаи онҳо надоранд ва аз рӯи ӯҳдадориҳои фонди қарзии хурд ҷавобгар  намебошанд.

3. Фонди қарзии хурд  аз рӯи ӯҳдадориҳои муассисони худ ҷавобгар  намебошад.

4. Фонди қарзии хурд  молу мулки худро ба мақсадҳои оинномавӣ истифода мебарад.

5. Дороиҳои фонди қарзии хурд наметавонанд ба муассисон, аъзои мақомоти идоракунӣ, кормандони фонди қарзии хурд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон дода ва ё ба манфиати онҳо ройгон истифода карда шаванд.

 

Моддаи 10. Идоракунии фонди қарзии хурд

1. Мақомоти идоракунии фонди қарзии хурд инҳо мебошанд:

- мақоми олии идоракунӣ - Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд;

- мақоми иҷроия - раёсат ва директори фонди қарзии хурд. 

2. Тартиби идоракунии фонди қарзии хурд бо оинномаи он ва тибқи Қонуни мазкур муайян карда мешавад.

 

Моддаи 11. Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд

1. Ҳайати ибтидоии Шӯрои парасторони фонди қарзии хурдро маҷлиси умумии муассисон интихоб менамояд. Тағйироти минбаъда дар ҳайати Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд аз ҷониби Шӯрои парасторони он анҷом дода мешавад.

2. Аъзои Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд вазифаҳои худро бе подош амалӣ менамоянд. 

3. Муассисони фонди қарзии хурд узви раёсати фонди қарзии хурд шуда наметавонанд. 

4. Ба ваколатҳои истисноии Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд масъалаҳои зерин мансуб мебошанд:

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти фонди қарзии хурд;

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи фонди қарзии хурд;

- азнавташкилдиҳии фонди қарзии хурд;

- тасдиқи дастури Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд;

- интихоби аъзои комиссияи тафтишотии фонди қарзии хурд  ва тасдиқи низомномаи он;

- тасдиқи низомномаи раёсати фонди қарзии хурд;

- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раиси раёсати (директори) фонди қарзии хурд ва аъзои раёсати фонди қарзии хурд; 

- бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо директори фонди қарзии хурд;

- таъсиси мақоми иҷроияи фонди қарзии хурд;

- таъсиси филиалҳо, кушодани намояндагиҳои фонди қарзии хурд ва тасдиқи низомномаҳои онҳо;

- интихоби раиси Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд; 

-  ворид намудани тағйирот ба ҳайати Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд;

- назорати фаъолият ва истифодаи  молу мулки фонди қарзии хурд;

- интихоби аудитори берунии фонди қарзии хурд ва тасдиқи андозаи подоши хизмати он; 

-  тасдиқи ҳисоботи солонаи фонди қарзии хурд.

5. Маҷлисҳои Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд на камтар аз як маротиба дар се моҳ тибқи дастури он гузаронида мешаванд.

6. Маҷлиси Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд метавонад бо ташаббуси раиси Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд, на кам аз сеяки аъзои Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд ё директори фонди қарзии хурд, ҳамчунин бо талаби ташкилоте, ки санҷиши аудитории фонди қарзии хурдро мегузаронад, даъват карда шавад.

7. Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд ҳангоми иштироки на камтар аз нисфи аъзои он дар маҷлиси Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд салоҳиятдор мебошад.

8. Қарорҳои Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои он, ки дар маҷлиси Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд иштирок доранд, қабул карда мешаванд.

 

Моддаи 12. Мақоми иҷроияи фонди қарзии хурд

1. Раёсати фонди қарзии хурд дар ҳайати директори фонди қарзии хурд ва на камтар аз ду корманди он  таъсис дода мешавад.

2. Раиси раёсати фонди қарзии хурд директори фонди қарзии хурд мебошад. 

3. Аъзои дигари раёсати фонди қарзии хурдро бо пешниҳоди директори фонд Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

4. Раёсати фонди қарзии хурд ҳангоми иштироки на камтар аз нисфи аъзои он дар маҷлиси раёсати фонди қарзии хурд салоҳиятдор мебошад.

5. Қарорҳои раёсати фонди қарзии хурд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои он, ки дар маҷлиси раёсати фонди қарзии хурд иштирок доранд, қабул карда мешаванд.

6. Раёсати фонди қарзии хурд  дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- роҳбарӣ ба фаъолияти ҷории фонди қарзии хурд;

- барои тасдиқ ба Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд пешниҳод кардани буҷет, сохтор ва низоми музди меҳнати кормандони фонди қарзии хурд; 

- пешниҳоди лоиҳаи қарорҳо ба Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд, ки қабули онҳо ба ваколати Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд мансуб мебошад.  

7. Директори фонди қарзии хурд  фаъолияти ҷории фондро амалӣ менамояд.

8. Директори фонди қарзии хурд дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- бе ваколатнома аз номи фонди қарзии хурд амал карда, манфиатҳои онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ,  ташкилотҳо, аз ҷумла ташкилотҳои  байналмилалӣ  намояндагӣ мекунад;

- иҷрои қарорҳои раёсат ва Шӯрои парасторони фонди қарзии хурдро таъмин менамояд;

- оид ба масъалаҳои  фаъолияти ҷории фонди қарзии хурд амру фармонҳо мебарорад;

- кормандони фонди қарзии хурдро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- ӯҳдадориҳои вазифавиро байни муовинонаш тақсим менамояд;

- ваколатҳои дигари ба фаъолияти фонди қарзии хурд вобастаро, ки ба ваколати раёсат ва Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд дохил намешаванд, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.

 

Моддаи 13. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои маблағгузории хурд

1. Азнавташкилдиҳии (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ) ташкилоти маблағгузории хурд баъди гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ мегардад.

2. Азнавташкилдиҳии фонди қарзии хурд дар шакли тақсимшавӣ, ҷудошавӣ ва табдилдиҳӣ манъ аст. 

3. Барҳамдиҳии ташкилотҳои маблағгузории хурд тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" амалӣ мегардад.

4. Ҳангоми барҳам додани фонди қарзии хурд масъалаҳои марбут ба маблағҳои пулӣ ва молумулкӣ баъди иҷрои ӯҳдадориҳо боқимондаи он тибқи қонунгузорӣ аз тарафи суд ҳал карда мешаванд.

 

БОБИ 3. ИҶОЗАТНОМАДИҲИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД

 

Моддаи 14. Иҷозатномадиҳии  фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд

1. Фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд дар асоси иҷозатнома амалӣ мегардад.

2. Иҷозатнома ба ташкилотҳои маблағгузории хурд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар шакли хаттӣ, бемӯҳлат ва бе ҳуқуқи ба шахси дигар вогузор кардани он дода мешавад.

3. Барои гирифтани иҷозатнома ташкилотҳои маблағгузории хурд бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

- дархост;

- нусхаи аз тарафи роҳбар имзо ва бо мӯҳри ташкилот тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ташкилоти маблағгузории хурд;

- маълумот дар бораи кормандони роҳбарикунанда бо зикри насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, ихтисос, таҳсилот, собиқаи корӣ, надоштани доғи судӣ аз рӯи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва хусусияти коррупсионидошта, набудани маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;  

- нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии муассисон барои шахсони ҳуқуқӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда - барои шахсони воқеӣ;

- нусхаи ҳисоботи молиявии муассисон - шахсони ҳуқуқӣ барои соли охир бо хулосаи аудиторӣ; 

- маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба иҷро кардани ӯҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ  барои  соли охири фаъолият;

- маълумотнома оид ба қонунӣ будани манбаи маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ пардохтшавандаи муассисон - барои шахсони воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун;

- рӯйхати саҳмиядорон (иштирокчиён) ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо (ҳиссаҳо) бо зикри нишонӣ ва миқдори саҳмияҳои (ҳиссаҳои) онҳо;

- нақшаи корӣ бо назардошти мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои се соли фаъолияти минбаъда (ба истиснои фонди қарзии хурд);

- ҳуҷҷати пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост.

4. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пуррагардонии маълумоти дар қисми 3 моддаи мазкур ифодагардида метавонад аз ташкилотҳои маблағгузории хурд  маълумоти иловагӣ талаб намояд.

5. Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати то ду моҳи баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи мазкур пешбинигардида дар бораи ба ташкилотҳои маблағгузории хурд додан ё надодани иҷозатнома қарор қабул менамояд. 

6. Дар ҳолатҳои истисноӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мӯҳлати дар қисми 5 моддаи мазкур пешбинишударо ба мӯҳлати то як моҳ тамдид намуда, дархосткунандаро дар ин хусус бо зикри сабаби чунин таъхир хабардор намояд.

7. Бонки миллии Тоҷикистон пас аз қабули қарор оид ба додани иҷозатнома барои ташкилоти маблағгузории хурд суратҳисоби дахлдор мекушояд ва ҳангоми аз ҷониби ташкилоти маблағгузории хурд пурра пардохт гардидани ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ё маблағи ибтидоӣ (барои фонди қарзии хурд) ва хироҷи иҷозатномадиҳӣ дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ ба он иҷозатнома медиҳад.

 

Моддаи 15. Асосҳо барои надодани иҷозатнома 

1. Бонки миллии Тоҷикистон бо асосҳои зерин ба ташкилоти маблағгузории хурд иҷозатнома намедиҳад:

- пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 14 Қонуни мазкур пешбинишуда;

- вазъи ғайриқаноатбахши молиявии муассисони ташкилоти маблағгузории хурд;

- шубҳанок ё ғайриқонунӣ дониста шудани манбаъҳои пардохти сармояи оинномавӣ ё маблағи ибтидоӣ (барои фонди қарзии хурд).

2. Нисбати қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи надодани иҷозатнома ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 16. Бозхонди иҷозатнома

1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳангоми нисбат ба ташкилоти маблағгузории хурд татбиқ намудани чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ иҷозатномаи онро бозхонд намояд. 

2. Иҷозатномаи ташкилоти маблағгузории хурд аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин бояд бозхонд шавад:

- агар баъд аз додани иҷозатнома муқаррар гардад, ки барои гирифтани он ҳуҷҷатҳо бо маълумоти нодуруст пешниҳод шудаанд;  

- агар дар давоми 12 моҳ аз рӯзи гирифтани иҷозатнома ташкилоти маблағгузории хурд ба фаъолият шурӯъ накунад ё баъди шурӯъ кардан ба фаъолият зиёда аз 6 моҳ худсарона фаъолияташро боздорад.

3. Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қарори худ оид ба бозхонди иҷозатнома пас аз қабули он дар мӯҳлати як рӯз ба ташкилоти маблағгузории хурд хабар дода, дар мӯҳлати як ҳафта дар воситаҳои ахбори омма иттилоъ ба нашр мерасонад. 

4. Бонки миллии Тоҷикистон баъди бозхонди иҷозатномаи ташкилоти маблағгузории хурд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд дар бораи барҳамдиҳии он муроҷиат менамояд.

5. Аз қарори Бонки миллии Тоҷикистон оид ба бозхонди иҷозатнома ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 17. Ҳаққи хизмати баррасии дархост ва хироҷи иҷозатномадиҳӣ

1. Ташкилотҳои маблағгузории хурд ба Бонки миллии Тоҷикистон барои баррасии дархост ҷиҳати гирифтани иҷозатнома ҳаққи хизмат ва барои гирифтани иҷозатнома ба буҷети давлат хироҷ пардохт мекунанд.

2. Ҳаққи хизмат барои баррасии дархост ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:

- барои ташкилоти амонатии қарзии хурд - 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои ташкилоти  қарзии хурд - 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои фонди қарзии хурд      - 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.  

3. Ҳангоми рад шудани дархост барои додани иҷозатнома, ҳаққи   хизмат баргардонида намешавад.

4. Хироҷи иҷозатномадиҳӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:  

- барои ташкилоти амонатии қарзии хурд - 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои ташкилоти  қарзии хурд - 20  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои фонди қарзии  хурд  - 10  нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

 

Моддаи 18. Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд

1. Бонки миллии Тоҷикистон Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории  хурдро  тартиб медиҳад, ки дар он маълумот оид ба ном, нишонии ҳуқуқӣ, санаи додан ва бекор кардани ҳуҷҷати бақайдгирии давлатӣ, санаи додан ва бозхонди иҷозатномаи ташкилоти маблағгузории хурд нишон дода мешавад.

2. Бонки  миллии Тоҷикистон  Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурдро дар  воситаҳои  ахбори  омма  нашр менамояд.

 

БОБИ 4. ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ  МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД

 

Моддаи 19. Доираи фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд  

1. Ташкилотҳои маблағгузории хурд ҳуқуқ доранд:

- танҳо ба фаъолияти пешбининамудаи Қонуни мазкур ва иҷозатнома машғул шаванд;

- cаҳмияҳои худ ё ҳиссаҳои иштирокчиёнро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон харидорӣ намоянд; 

- маблағҳои озоди худро дар ташкилотҳои қарзӣ ҷойгир намоянд;

- тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи андозаи қарзи хурд  ба  иҷораи  молиявӣ  (лизинг) машғул шаванд, ҳамчунин аз ташкилотҳои қарзӣ, шахсони воқеию  ҳуқуқии ватанӣ ва  хориҷӣ қарз гиранд.

2. Ташкилотҳои маблағгузории хурд ҳуқуқ надоранд:

- ба фаъолияте, ки Қонуни мазкур ва ё иҷозатнома пешбинӣ накардааст, машғул шаванд; 

- ба шахсони дигар барои харидани коғазҳои қиматноки баровардаи худ қарз диҳанд;

- таҳти гарави саҳмияҳои худ қарз диҳанд, аз ҷумла қарзе, ки аз иҷрои ҳар гуна ӯҳдадорӣ бармеояд;

- бо асъори хориҷӣ қарз диҳанд, ба истиснои ташкилотҳои амонатии қарзии хурд;

- дар бозори коғазҳои қиматнок фаъолияти касбиро анҷом диҳанд;

- ба фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва суғурта машғул шаванд; 

- соҳиби молу мулки ғайриманқул гарданд, ба истиснои молу мулки ғайриманқуле, ки барои таъмини фаъолияти худ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии кормандон, аз ҷумла таъмини онҳо бо манзил зарур аст. 

3. Ташкилоти маблағгузории хурд ӯҳдадор аст молу мулки ғайриманқулеро, ки дар рафти гузаронидани амалиёти бонкӣ ба даст овардааст, ҳангоми зарар надидан дар муддати се моҳ ва дар дигар ҳолатҳо дар муддати на дертар аз ду соли баъди ба даст овардани он фурӯшад.

 

Моддаи 20. Фаъолияти  ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд

Ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд амалиёти бонкии зеринро анҷом медиҳанд:

- пешниҳоди қарзҳои хурд;

- бастани қарордодҳои форвардӣ ва своп барои худ. 

 

Моддаи 21. Амалиёте, ки аз ҷониби ташкилоти амонатии  қарзии хурд анҷом дода мешаванд

Ташкилоти амонатии қарзии хурд метавонад  дар доираи меъёрҳои тибқи Қонуни мазкур муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон  амалиёти бонкии зеринро анҷом диҳад:

- ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- додани қарзи хурд (бо таъмин ва бе таъмин);

- кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ; 

- интиқоли маблағҳои пулӣ бо фармоиши муштариён; 

- додани кафолат; 

- қарордодҳои форвардӣ ва своп барои худ;

- амалиёти кассавӣ;

- амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва мубодилавӣ;

- барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ва  амалиёт бо онҳо. 

 

Моддаи 22. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти амонатии қарзии хурд

1. Ба ҳайати кормандони  роҳбарикунандаи  ташкилоти амонатии қарзии хурд роҳбари мақоми иҷроия, сармуҳосиб, роҳбар ва сармуҳосиби филиали он  дохил мешаванд. 

2. Кормандони роҳбарикунандаи  ташкилоти  амонатии қарзии хурд бояд:

- дорои таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ буда, аз рӯи ихтисос дар низоми бонкӣ собиқаи кории на камтар аз ду сол дошта бошанд;

-  танҳо дар  ҳамин ташкилоти амонатии қарзии хурд пурра ва дар як вазифа кор кунанд;

- аз рӯи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва хусусияти коррупсионидошта доғи судӣ надошта бошанд;

- дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ кунанд.

3. Ташкилоти амонатии қарзии хурд ӯҳдадор аст Бонки миллии Тоҷикистонро дар бораи тағйирот дар ҳайати кормандони роҳбарикунандаи худ на дертар аз се рӯз пас аз қабули қарори дахлдор хабардор намояд.

 

БОБИ 5. МАҚОМИ ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ  МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД

 

Моддаи 23. Бонки миллии Тоҷикистон  мақоми танзим ва назоратии фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд 

1. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону амонатгузорон ва таъмини суботи низоми маблағгузории хурд танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурдро амалӣ менамояд.

2. Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои маблағгузории хурд бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ  инҳоро муқаррар менамояд: 

- меъёри андозаи ниҳоии қарзи хурд, вобаста ба намуди ташкилотҳои маблағгузории хурд; 

- қоидаҳои ҳисобдорӣ, таҳияи ҳисобот, аз ҷумла ҳисоботи маҷмӯӣ ва тартиби пешниҳоди он ба Бонки миллии Тоҷикистон;   

- ҳадди ақалли сармояи оинномавии ташкилотҳои  амонатии қарзии хурд ва ташкилоти қарзии хурд; 

- меъёрҳои мақбул ва тартиби ҳисобкунии онҳо барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурд;

- тартиби гузаронидани амалиёти ҷудогонаи бонкӣ.

 

Моддаи 24. Меъёрҳои мақбул 

1. Бонки миллии Тоҷикистон меъёрҳои мақбули зеринро барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурд муқаррар менамояд:

-  ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ; 

- андозаи ниҳоии хавф барои як қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони ба ҳам алоқаманд;

- меъёри кифоятии сармоя;

- меъёри пардохтпазирии ҷорӣ;

- меъёри хавфҳои асъорӣ, фоизӣ ва ғайра;

- меъёри истифодаи маблағҳои худӣ барои харидани cаҳмияҳои (ҳиссаҳои)  шахсони ҳуқуқӣ;

- ҳадди ниҳоии пасандозҳо ва амонатҳои ҷалбшаванда.

2. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани меъёрҳои мақбул ва тартиби ҳисобкунии онҳо пас аз 90 рӯзи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад. 

 

Моддаи 25. Назорат ва санҷиш

1. Бонки миллии Тоҷикистон  бо мақсади риояи талаботи Қонуни мазкур, дигар қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон  назорат  ва санҷиши ташкилотҳои  маблағгузории хурдро анҷом медиҳад, нисбат ба онҳо чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасониро татбиқ менамояд.

2. Мақомоти  давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд дахолат намоянд.

3. Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми назорат ва санҷиш аз ташкилотҳои маблағгузории хурд, ҷамъиятҳои фаръӣ ва вобастаи онҳо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо, маълумот дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои пулӣ ва ҳар гуна маълумоти иловагии ба фаъолияти он дахлдоштаро талаб менамояд.

4. Кормандони ташкилотҳои  маблағгузории хурд  ӯҳдадоранд  барои  гузаронидани санҷиш ба кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат  карда, дастрасии онҳоро ба утоқҳои корӣ, хазинаҳо, китобҳои ҳисобдорӣ,  суратҳисобҳо,  ҳуҷҷатҳо, сабтҳо,  аз  ҷумла  сабтҳои  электронӣ таъмин намоянд. 

5. Ҳар  гуна  маълумот,  аз  ҷумла  маълумоти  дорои  сирри  бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои  маблағгузории хурд  бо талаби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, ки санҷиш мегузаронанд, сари  вақт бояд  пешниҳод карда шаванд. 

6. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон барои  риояи  талаботи  сирри  бонкӣ тибқи қонун масъул  мебошанд. 

7. Бонки миллии Тоҷикистон  на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷиши маҷмӯии ташкилотҳои амонатии қарзии хурдро  анҷом медиҳад.

8. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои бекор кардани аҳдҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, ба суд муроҷиат намояд. 

9. Тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 26. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ

1. Бонки миллии Тоҷикистон барои вайрон кардани Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба ташкилотҳои маблағгузории хурд як ё якчанд чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии зеринро татбиқ намояд:

- ҷиҳати ислоҳ ва бартарафсозии камбудиҳо  амрнома диҳад;

- гузаронидани як ё якчанд амалиётро маҳдуд ва ё манъ намояд;

- муваққатан аз кор барканор кардан ё аз вазифа озод кардани кормандони роҳбарикунандаи ташкилотҳои амонатии қарзии хурдро талаб намояд;

- меъёрҳои мақбулро барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ба мӯҳлати то шаш моҳ тағйир диҳад;

- таъсиси филиал ва воҳиди дигари сохториро манъ намояд;

- ба ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, ташкилотҳои қарзии хурд ба андозаи то як фоизи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ва  ба фондҳои қарзии хурд ба андозаи то 10 фоизи маблағи ибтидоӣ вобаста аз сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ҷарима таъин намояд; 

- азнавташкилдиҳии ташкилоти амонатии қарзии хурдро талаб намояд; 

- иҷрои баъзе амалиёти дар иҷозатнома муайяншударо ба мӯҳлати то як сол боз дорад; 

 - иҷозатномаи ташкилоти маблағгузории хурдро  бозхонд намуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба суд дар бораи барҳамдиҳии он муроҷиат намояд.

2. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасониро Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як сол аз рӯзи аз ҷониби ташкилоти маблағгузории хурд содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳо, аммо на дертар аз се моҳ баъди ошкор шудани онҳо амалӣ менамояд.

 

Моддаи 27. Махфият

1. Маълумот дар бораи фаъолият ва ҳолати молиявии муштарӣ, ки ба ташкилоти маблағгузории хурд ҳангоми хизматрасонӣ ва муносибат бо муштарӣ ё бо шахси сеюм маълум шудааст ва ошкор кардани он метавонад ба муштарӣ зиёни моддӣ ё маънавӣ расонад, сирри бонкӣ мебошад.

2. Маълумоти зерин сирри бонкӣ маҳсуб мешавад:

- дар бораи мавҷудияти суратҳисобҳои бонкӣ, соҳибони онҳо, дар бораи маблағҳои пулии дар онҳо мавҷуда ва амалиёти бо ин суратҳисобҳо иҷрошавандаи муштариён;

- дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ аз тарафи шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб ва дар бораи фиристонандагони (гирандагони) онҳо;

- дар бораи маблағҳои пулӣ ва ашёи қиматбаҳои муштарӣ, ки дар ташкилоти маблағгузории хурд нигоҳ дошта мешаванд.

3. Маълумоте, ки ба сирри бонкӣ мансуб мебошад, танҳо ба шахсони зерин дода мешавад:
- ба соҳиби суратҳисоби бонкӣ ва соҳиби ашёи қиматбаҳо ё намояндаи онҳо;

- ба фиристонандагон ва гирандагони интиқолҳои пулӣ;

- ба Бонки миллии Тоҷикистон бо талаби он;

- ба судҳо дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя);

- ба иҷрочии мақомоти иҷро дар асоси қарори иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба ҳуҷҷати иҷро; (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1628)

- ба бюрои таърихи қарз мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таърихи қарз (кредит)";

- ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба муштариёни ташкилоти маблағгузории хурд, дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба мақомоти андоз аз рӯи масъалаҳои пардохти андози шахсони ҳуқуқӣ дар асоси мактуби роҳбари мақоми андоз бо пешниҳоди нусхаи фармони мақоми андоз оид ба санҷиши онҳо, агар ин дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.

4. Муқаррароти мазкур дар ҳолати бо сабабҳои гуногун қатъ гардидани муносибатҳо байни муштарӣ ва ташкилоти маблағгузории хурд низ эътибори худро гум намекунанд. 

5. Маълумот дар бораи сирри бонкӣ дар сурати вафоти муштарӣ ба инҳо дода мешавад:

- ба шахсоне, ки аз тарафи муштарӣ дар васиятнома зикр шудаанд;

- ба судҳо, идораҳои нотариалӣ ва консулгариҳои хориҷӣ аз рӯи парвандаҳои меросии муштарии фавтида.

6. Ошкор намудани сирри бонкӣ бе риояи шартҳои дар қисми 3 моддаи мазкур муқарраршуда манъ аст, агар Қонуни мазкур ҳолатҳои дигарро пешбинӣ накарда бошад.

7. Барои ғайриқонунӣ ошкор намудани сирри бонкӣ шахсони гунаҳкор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

8. Маблағҳои дар суратҳисобҳо ё маблағҳо ва дороиҳои дигари дар ташкилоти маблағгузории хурд нигоҳдошташаванда дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя), қарори иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба ҳуҷҷати иҷро ҳабс карда мешаванд. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1628)

9. Ҳангоми ҳабс намудани маблағҳои пулии дар суратҳисобҳо буда, ташкилоти маблағгузории хурд фавран амалиёти додани онро дар доираи маблағе, ки ҳабс карда шудааст, қатъ мекунад.

10. Ҳангоми ҳабс намудани ашёи қиматбаҳои дигаре, ки дар ташкилоти маблағгузории хурд нигоҳ дошта мешавад, ташкилоти маблағгузории хурд додани онро ба соҳибаш қатъ менамояд.

 

БОБИ 6. СОЛИ МОЛИЯВӢ ВА АУДИТ

 

Моддаи 28. Соли молиявӣ

Соли молиявии ташкилотҳои маблағгузории хурд 1 январ оғоз ёфта, 31 декабр анҷом меёбад.

 

Моддаи 29. Аудит

1. Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилотҳои аудиториеро, ки дорои иҷозатномаи дахлдор, тахассус ва таҷрибаи кофии аудити ташкилоти қарзӣ буда, аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида метавонанд, муайян ва нашр мекунад. 

2. Ташкилотҳои маблағгузории хурд танҳо аз рӯи ҳамин рӯйхат ташкилотҳои аудиториро барои гузаронидани аудит таъин менамоянд. Аудити берунии ҳисоботи молиявии солонаи ташкилотҳои маблағгузории хурд ҳар сол гузаронида мешавад.

3. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нисбат ба ташкилотҳои аудитории хориҷие, ки ба рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, татбиқ намегардад.

4. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" нисбат ба ташкилотҳои аудиторие, ки аудити ташкилоти маблағгузории хурдро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд, бо назардошти Қонуни мазкур татбиқ мегардад.

5. Ташкилоти аудиторӣ ё корманди он бояд молик, корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти маблағгузории хурд набошад. Шахсе, ки дар ташкилоти маблағгузории хурд манфиат надорад, ба истиснои ҳолатҳои доштани пасандоз дар ташкилоти маблағгузории хурд, метавонад аудитори он таъин гардад. 

6. Агар ташкилоти аудиторӣ ҳангоми гузаронидани аудит соҳиби ин гуна манфиат дар ташкилоти маблағгузории хурд гардад, пас хизматрасонии аудитории вай қатъ гардида, ташкилоти маблағгузории хурд  ташкилоти аудитории дигарро таъин мекунад. 

7. Ташкилоти аудиторӣ ба ташкилоти маблағгузории хурд хизматрасониҳоеро, ки бо вазифаҳои назорати дохилии ташкилоти маблағгузории хурд алоқаманданд, пешниҳод намекунад, ба истиснои хизматрасониҳои таълимие, ки дорои хусусияти доимӣ намебошанд. 

8. Ташкилоти маблағгузории хурд наметавонад пай дар пай як ташкилоти аудиториро ба мӯҳлати зиёда аз се сол аудитор таъин намояд.

9. Мутобиқи стандартҳои байналмилалии аудит ташкилоти аудиторӣ аудити ташкилоти маблағгузории хурдро дар асоси назорати маҷмӯӣ анҷом медиҳад ва:

- изҳор мекунад, ки ташкилоти аудиторӣ ё ягон корманди ташкилоти аудиторӣ дар ташкилоти маблағгузории хурд ягон манфиат надорад ва талаботи қисми 7 моддаи мазкурро иҷро мекунад;

- дар риоя ва нигоҳдории қоидаҳои ташкили низоми дурусти ҳисобгирӣ ба ташкилоти маблағгузории хурд кӯмак мерасонад;

- дар нигоҳдории низоми дурусти назорати молиявӣ ва идоракунии хавфҳо ба ташкилоти маблағгузории хурд мадад мерасонад; 

- дар мӯҳлати се моҳи баъди анҷоми соли молиявӣ дар бораи мукаммалӣ, холисӣ ва дурустии ҳисоботи молиявӣ хулосаи аудиторӣ ва назари аудиторӣ омода намуда, дар бораи вазъи молиявии ташкилоти маблағгузории хурд мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ба Шӯрои нозирони (парасторони) ташкилоти маблағгузории хурд маълумоти муфассал пешниҳод мекунад; 

- ба Шӯрои нозирони (парасторони) ташкилоти маблағгузории хурд ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи низоми таснифи қарзҳо ва таъминнокии дороиҳои (аз ҷумла, қарзҳои) шубҳанок тибқи талаботи Бонки миллии Тоҷикистон бо нишон додани камбудиҳо назари ташкилоти аудиториро пешниҳод мекунад;

- ба ҳар як узви Шӯрои нозирони (парасторони) ташкилоти маблағгузории хурд ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳар як амали корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти маблағгузории хурд, ки аз нигоҳи ӯ вайрон кардани талаботи ин Қонун ё ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, хабар медиҳад; 

- ба ҳар як узви Шӯрои нозирони (парасторони) ташкилоти маблағгузории хурд ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳар як норасоӣ ё камбудии дар идоракунӣ ё амалиёти ташкилоти маблағгузории хурд ошкоршуда хабар медиҳад.

10. Ҳангоми таҳияи хулосаи аудиторӣ  масъалаҳои зерин бояд ба назар гирифта шаванд:
- қобили қабул будани гузориш ва иттилооте, ки аз корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти маблағгузории хурд ҳангоми аудит талаб шудааст;

- дараҷаи воқеан ҷавобгӯй будани ташкилоти маблағгузории хурд ба талаботи низоми назорати дохилӣ ва муҳосибавӣ; 

- усуле, ки ташкилоти маблағгузории хурд барои пешбурди китобҳои ҳисобдорӣ, ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ва фарогирии амалиёт, ки барои мониторинг ва аудити дохилию берунӣ зарур аст, истифода мебарад; 

- қобилияти кордонӣ ва ба талабот мувофиқ будани роҳбарияти ташкилоти маблағгузории хурд;

- камбудиҳои ҷойдошта, эродҳо ва тавсияҳо барои бартараф кардани онҳо, инчунин иҷрои тавсияҳо ва бартараф намудани эродҳои солҳои гузашта; 

- дараҷаи саҳеҳии ҳуҷҷатҳои ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодшуда ва мувофиқати онҳо ба мазмуни сабтҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, низоми ҳисобдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ҳамин ҳуҷҷатҳо.

11. Ташкилотҳои маблағгузории хурд дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи баъди дастрасии хулосаи аудиторӣ ва тавсияномаи ташкилоти аудиторӣ, нусхаи онҳо ва ҳисоботи молиявии ислоҳшударо ба Бонки миллии Тоҷикистон ирсол менамояд. 

12. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад аз ташкилоти аудиторӣ маълумоти иловагиро вобаста ба хулосаи он талаб намояд.

13. Пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ ва ё муносибати ғаразноки ташкилоти аудиторӣ бо ташкилоти маблағгузории хурд сабаби хориҷ кардани ташкилоти аудиторӣ аз рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон мегардад.

 

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои  маблағгузории хурд"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 349; с. 2007, №7, мод. 679; с.2008, № 10, мод. 808; с.2010, №12, қ.1. мод. 820) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

      Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Эмомалӣ  РАҲМОН

           ш. Душанбе,

16 апрели соли 2012,

        № 816

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 11:28
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
817
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Date: 
Душанбе, 16 Апрел, 2012

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ДАР БОРАИ МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО

 

(Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №4, ст. 267)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолиятро дар соҳаи муҳофизати растанӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳашароти зараррасон, касалиҳо ва алафҳои бегона муайян менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: 

- муҳофизати растаниҳо - маҷмӯи тадбирҳои бо усулу воситаҳои гуногуни бо ҳам тавъам (ташкилию ҳоҷагӣ, агротехникӣ, биологӣ, селексионию генетикӣ, кимиёвӣ ва дигар) асосёфтаи соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал барои пешгирӣ ва барҳам додани зараре, ки ба растанӣ аз ҳашароти зараррасон, касалиҳо ва алафҳои бегона расидааст;

- организми зараррасон - намуд, навъ ё биотипи растанӣ, ҳайвонот ё организмҳои барангезандаи касалӣ, ки барои растанӣ ё маҳсулоти растанӣ зарарноканд; 

- организмҳои зараррасони махсусан хавфнок - ҳашароти зараррасон ва барангезандаи касалиҳои растаниҳо, ки қобилияти оммавии такроран афзоиш ёфтан, паҳн шудан ва ба иқтисодиёт ва муҳити зист зарар расониданро дороянд; 

- назорати давлатии фитосанитарӣ - фаъолияте, ки ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизати растаниҳо аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ равона шудааст; 

- безараргардонии пеститсидҳо - чорабиниҳое, ки бо мақсади безараргардонӣ, гӯронидан ва нобуд сохтани пеститсидҳои мамнӯъ ё мӯҳлати истифодаашон гузашта, инчунин зарфҳои холии онҳо андешида мешаванд; 

- объектҳои таъиноти кишоварзӣ - киштзор, анборҳои ғалла ва сабзавоту меванигоҳдорӣ, майдонҳои кушоди махсус, биноҳои истеҳсолӣ ва дигар биноҳо, ки барои истеҳсол, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ гардидаанд; 

- миқдори боқимондаи пеститсидҳо - миқдори ниҳоии имконпазири моддаҳои таъсирбахш ва метаболитҳои фаъоли биологии он дар маҳсулоти дарозмуддат истеъмолшаванда ё минбаъд коркардшаванда ва дар объектҳои муҳити зист; 

- пеститсидҳо - моддаҳои кимиёвӣ, ки бар зидди организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок, инчунин барои хушкондан ва резондани баргҳо ва танзими сабзиши  растаниҳо истифода мешаванд; 

- қоидаҳои нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва истифодаи пеститсидҳо - талаботи ҳатмии бехатарӣ нисбат ба шароит ва технологияҳои  нигоҳдорӣ,  ҳамлу нақл ва истифодаи пеститсидҳо; 

- маҳсулоти растанипарварӣ - маводи ғизоии аҳолӣ ва хуроки чорво, ашёи хоми саноатӣ ва маводи доруворӣ, ки аз растанӣ ҳосил карда мешаванд; 

- анборҳои махсус - анборҳое, ки барои гӯронидани  пеститсидҳои мамнӯъ ё мӯҳлати истифодаашон гузашта, инчунин зарфҳои холии онҳо пешбинӣ гардидаанд; 

- мақоми ваколатдор - мақоми давлатӣ, ки фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар соҳаи муҳофизати растанӣ ҳамоҳанг ва танзим мекунад, инчунин назорати давлатиро дар соҳаи муҳофизати растаниҳо амалӣ месозад; 

- чораҳои фитосанитарӣ - маҷмӯи чораҳое, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани организмҳои зараррасон ва организмҳои махсусан хавфноки зараррасон ва паҳншавии онҳоро пешгирӣ менамояд; 

- меъёрҳои фитосанитарӣ - андозаи бузургиҳои муқарраршуда, ки барои муайян намудани ҳаҷми чораҳои фитосанитарӣ истифода мешаванд; 

- мониторинги фитосанитарӣ - системаи мушоҳидаҳо оид ба инкишоф ва густариши организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок, пешгӯӣ ва муқаррар намудани дараҷаи зарароварии онҳо.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизати растаниҳо 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизати растаниҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. 

 

Моддаи 3. Вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳофизати растаниҳо 

Ба вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳофизати растаниҳо дохил мешаванд: 

- таъмини вазъи мусоиди фитосанитарӣ; 

- пешгирӣ ва аз байн бурдани таъсири зарарноки пеститсидҳо ба саломатии инсон ва ҳайвонот, маҳсулоти кишоварзӣ ва муҳити зист ҳангоми амалӣ кардани чораҳои фитосанитарӣ;

- таъмини амнияти озуқаворӣ.

 

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР

СОҲАИ МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО

 

Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳофизати растаниҳо 

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳофизати растаниҳо мансубанд: 

- муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳофизати растаниҳо; 

- тасдиқи барномаҳои соҳаи муҳофизати растаниҳо; 

- тасдиқи номгӯи организмҳои зараррасони махсусан ҳавфнок; 

- муайян намудани мақоми ваколатдор дар соҳаи муҳофизати растаниҳо; 

- анҷом додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи муҳофизати растаниҳо; 

- дигар ваколатҳо мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

 

Моддаи 5. Ваколатҳои мақоми ваколатдор дар соҳаи муҳофизати растаниҳо 

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдор дар соҳаи муҳофизати растаниҳо дохил мешаванд: 

- таҳияи барномаҳо дар соҳаи муҳофизати растаниҳо, тартиб додани номгӯи организмҳои зараррасони махсусан хавфнок, пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

- таҳия ва тасдиқи тавсия ва нишондодҳои дастурӣ доир ба андешидани чораҳои фитосанитарӣ; 

- назорати риояи қоидаҳои нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва истифодаи пеститсидҳо, таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии танзимкунандаи муносибатҳо дар соҳаи муҳофизати растаниҳо; 

- ташкили кор оид ба безараргардонии пеститсидҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва назорати санитарию эпидемиологӣ; 

- ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дигари давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба андешидани чораҳои фитосанитарӣ ва мониторинги организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок; 

- ташкили хариди давлатии пеститсидҳо, кор ва хизматрасонӣ оид ба нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, тақсимот ва истифодабарии онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкили захираи давлатии пеститсидҳо; 

- ташкил ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ  оид ба амалӣ намудани чораҳои фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо; 

- ҳамкорӣ бо мақомоти дигари давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, иштирок дар амалигардонии барномаҳо, аз ҷумла барномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи муҳофизати растаниҳо;

- дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. 

 

Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муҳофизати растаниҳо 

Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муҳофизати растаниҳо дохил мешаванд: 

- фароҳам овардани шароит ба сохторҳои минтақавии мақоми ваколатдор барои иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизати растаниҳо ва ҳифзи муҳити зист; 

- сохтмон, истифодабарӣ ва дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доштани анборҳои махсус; 

- ташкили чорабиниҳои безараргардонии пеститсидҳо, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ё дигар шахсони ҳуқуқӣ харида мешаванд. 

 

Моддаи 7. Ташкилотҳои давлатӣ оид ба муҳофизати растаниҳо 

1. Ташкилотҳои давлатӣ оид ба муҳофизати растаниҳо бо мақсади иҷрои вазифаҳои зерин ташкил карда мешаванд: 

- мониторинги фитосанитарии организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок; 

- озмоишҳои истеҳсолии пеститсидҳое, ки барои бақайдгирӣ тавассути озмоишии онҳо дар шароити истеҳсолӣ тавсия шудаанд; 

- санҷиши маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади муайян кардани миқдори боқимондаи пеститсидҳо, нитратҳо, нитритҳо ва намакҳои металлҳои вазнини таркиби онҳо. 

2. Мониторинги фитосанитарии организмҳои зараррасони махсусан хавфнок ба инҳисори давлатӣ мансуб аст. 

3. Ташкилотҳои давлатӣ оид ба муҳофизати растаниҳо баҳисобгирии фитосанитариро ба роҳ монда, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми ваколатдор ҳисобот пешниҳод менамоянд.

 

БОБИ 3. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ФИТОСАНИТАРӢ

 

Моддаи 8. Вазифаҳои назорати давлатии фитосанитарӣ 

Назорати давлатии фитосанитарӣ чунин вазифаҳоро пешбинӣ менамояд: 

- назорати фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳофизати растаниҳо; 

- ташкил ва назорати иҷрои мониторинги фитосанитарӣ ва чораҳои фитосанитарӣ; 

- ба роҳ мондани баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии фитосанитарӣ бо тартиби муқарраргардида; 

- ошкор ва пешгирӣ намудани вайронкуниҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳофизати растаниҳо; 

- назорат оид ба гузаронидани озмоишҳои истеҳсолӣ ва бақайдгирии пеститсидҳо; 

- назорати безараргардонии пеститсидҳо; 

- назорати ҳолати анборҳои махсус. 

 

Моддаи 9. Таҳия ва татбиқи чораҳои фитосанитарӣ 

1. Чораҳои фитосанитарӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд: 

- дар асоси принсипҳои асосноки илмӣ; 

- дар асоси стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ; 

- ба андозаи барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, растанӣ ва ҳайвонот зарурӣ; 

- бо мақсади пешгирии худсарона ё беасоси поймолкунии ҳуқуқи истеҳсолкунандагоне, ки шароити комилан мутобиқ ё монанд байни онҳо афзалият дорад, аз ҷумла дар ҳудуди давлати худ ва ё ҳудуди дигар давлати  манфиатдор;

- дар асоси арзёбии хатари ба ҳаёт ва саломатии инсон, растаниҳо ё ҳайвонот таҳдидкунандае, ки тибқи методологияи ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ гузаронда мешавад. 

2. Чораҳои фитосанитарӣ набояд тавре татбиқ шаванд, ки боиси маҳдудсозии ниҳонии савдои байналмилалӣ гарданд. 

3. Ҳангоми арзёбии хатари ба ҳаёт ва саломатии инсон, растаниҳо ё ҳайвонот дар рафти таҳия ва татбиқи чораҳои фитосанитарӣ таҳдидкунанда мақоми ваколатдор бояд ҳолатҳои зеринро  ба инобат гирад: 

- мавҷудияти далелҳои илмӣ; 

- усулҳои дахлдори истеҳсол ва коркард; 

- усулҳои дахлдори назорат, гирифтани намуна ва озмоиш; 

- дараҷаи паҳншавии ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегонаи мушаххас; 

- мавҷудияти минтақаҳои аз ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона озод; 

- шароитҳои мувофиқи экологӣ, чораҳои карантинӣ ва дигар чораҳо; 

- омилҳои дахлдори иқтисодӣ, аз ҷумла зарари имконпазир аз камшавии ҳаҷми истеҳсол ё фурӯш ҳангоми ворид шудан, макон гирифтан ва паҳн гардидани ягон ҳашароти зараррасон, касалӣ ё алафи бегона, хароҷоти мубориза бар зидди онҳо ва нобуд сохтани онҳо, таносуби нисбии хароҷот ва самаранокии усулҳои алтернативии маҳдудсозии хатар. 

4. Дар мавриди кофӣ набудани далелҳои дахлдори илмӣ мақоми ваколатдор дар асоси иттилооти муносиб, иттилооти аз ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ дастрасшуда, инчунин бо назардошти иттилоот дар бораи чораҳои фитосанитарии татбиқшудаи дигар мамлакатҳо метавонад муваққатан чораҳои фитосанитариро ҷорӣ намояд. 

5. Чораҳои фитосанитарӣ бо назардошти хусусиятҳои фитосанитарии кишварҳо ва воҳидҳои марзиву маъмурии он, ки маҳсулотро баровардаанд ва ё маҳсулот барои онҳо таъин шудааст, ҳамчунин бо назардошти хусусиятҳои фитосанитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои марзиву маъмурии он татбиқ карда мешаванд. 

6. Дар рафти арзёбии хусусиятҳои фитосанитарии минтақа мақоми ваколатдор дар қатори дигар омилҳо дараҷаи паҳншавии ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона, мавҷудияти барномаи мубориза бар зидди онҳо ё нобудсозии онҳо ва меъёру дастурҳои муносиби ташкилотҳои дахлдори байналмилалиро ба инобат мегирад. 

7. Мақоми ваколатдор, аз ҷумла консепсияи минтақаи аз ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона озод ва минтақаеро, ки дар онҳо ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона кам паҳн шудаанд, эътироф менамояд. Ҳангоми муайян намудани чунин минтақаҳо омилҳои ҷуғрофӣ, системаҳои экологӣ, назорати эпидемиологӣ, самаранокии назорати санитарӣ ва фитосанитарӣ ба асос гирифта мешаванд. 

8. Мамлакатҳои содиркунанда, ки минтақаҳои дар ҳудудашон бударо минтақаҳои аз ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона озод ё минтақаҳои ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона кам паҳншуда эълон намудаанд, дар ин хусус ба мақомоти дахлдор далелҳои тасдиқкунанда пешниҳод менамоянд, то холисона нишон диҳанд, ки чунин минтақаҳо дар ҳақиқат минтақаҳои аз ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона озоданд ва ё минтақаҳое мебошанд, ки дар онҳо ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона кам паҳн шудаанд ва эҳтимоли қавӣ ҳаст, ки ба сифати чунин минтақаҳо боқӣ мемонанд. 

9. Мақоми ваколатдор метавонад нисбат ба чораҳои дар асоси стандартҳо, дастурҳо ё тавсияҳои дахлдори байналмилалӣ таҳияшуда чораҳои фитосанитарие татбиқ намояд, ки дараҷаи баландтари муҳофизати фитосанитариро таъмин мекунанд, агар дар хусуси муносиб будани дараҷаи мазкури муҳофизати фитосанитарӣ далелҳои дахлдори илман асонок мавҷуд бошанд. 

 

Моддаи 10. Шаффофияти қоидаҳои фитосанитарӣ

1. Қоидаҳои қабулшудаи фитосанитарӣ бо мақсади ба тарафҳои манфиатдор додани имконият барои шиносоӣ бетаъхир нашр карда мешаванд. 

2. Ба истиснои ҳолатҳои таъхирнопазир байни нашри ҳама гуна қоидаи фитосанитарӣ ва эътибор пайдо намудани он фосилаи муносиби вақт пешбинӣ мегардад, то ин ки ба истеҳсолкунандагон барои мувофиқ намудани маҳсулоти худ ва усулҳои истеҳсоли он ба талаботи муайяннамудаи мақоми ваколатдор имконият дода шавад. 

3. Мақоми ваколатдор тавассути маркази иттилоотӣ оид ба масъалаҳои фитосанитарӣ ба саволҳои муносиби тарафҳои манфиатдор бояд ҷавоб диҳад, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои дахлдори зеринро пешниҳод намояд: 

- ҳама гуна қоидаҳои фитосанитарие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд ё таҳия мешаванд; 

- ҳама гуна расмиёти назорат, қоидаҳои истеҳсол ва карантин, расмиёти маъқул донистани дараҷаи имконпазири пеститсидҳо ва иловаҳои ғизоие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд; 

- расмиёти арзёбии хатар, омилҳои дар ин маврид ба назар гирифташаванда, инчунин муайян кардани дараҷаи зарурии муҳофизати фитосанитарӣ; 

- узвият ва иштирок дар ташкилотҳо ва системаҳои фитосанитарии байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дар созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба. 

4. Дар мавриди мавҷуд набудани стандартҳо, дастурҳо ё тавсияҳои дахлдори байналмилалӣ ё тафовути зиёд доштани мазмуни чораҳои андешидашавандаи фитосанитарӣ ва мазмуни стандартҳо, дастурҳо ё тавсияҳои дахлдори байналмилалӣ ва агар ин чораҳо ба савдо таъсири ҷиддӣ расонанд, мақоми ваколатдор бояд: 

- оид ба нияти ҷорӣ намудани чораҳои мушаххас дар марҳалаи аввали омодасозии онҳо хабарнома чоп намояд, то ба тарафҳои манфиатдор барои бо онҳо шинос шудан имконият дода шавад; 

- тарафҳои манфиатдорро дар хусуси маҳсулоте, ки бо ин чораҳо фаро гирифта мешаванд, қаблан огоҳ намояд ва дар огоҳнома мақсад ва сабабҳои ҷорӣ намудани чораҳои таҳияшударо мухтасар нишон диҳад; 

- бо дархости мақомоти салоҳиятдори кишварҳои дигар матни ҳуҷҷатҳои таҳияшавандаро ба қадри имкон бо дарҷи фаслҳое, ки аз стандартҳо, дастурҳо ё тавсияҳои дахлдори байналмилалӣ моҳиятан фарқ доранд, пешниҳод намояд; 

- ба тарафҳои манфиатдор барои омода кардани эродномаҳо дар намуди хаттӣ вақту имконияти баробар диҳад, мувофиқи дархост ин эродномаҳоро муҳокима намояд, эродҳо ва натиҷаҳои муҳокимаҳоро ба эътибор гирад. 

5. Дар ҳолатҳое, ки зарурати таъхирнопазири ҳифзи саломатӣ пайдо мешавад ё воқеан пайдо шуда метавонад, мақоми ваколатдор бо салоҳдиди худ ҳуқуқ дорад муқаррароти қисми 4 моддаи мазкурро иҷро накунад, ба шарте ки вай: 

- тарафҳои манфиатдорро дар бораи чораи мушаххас ва маҳсулоти бо он фарогирифташуда бетаъхир огоҳ созад ва дар огоҳнома мақсаду сабабҳои ҷорӣ кардани танзим, аз ҷумла моҳияти масъалаи (масъалаҳои) ҳалталаби таъхирнопазирро мухтасар нишон диҳад; 

- бо дархости мақомоти салоҳиятдори дигар кишварҳо матни ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд; 

- ба тарафҳои манфиатдор барои таҳия намудани эродномаҳо дар намуди хаттӣ имконият диҳад, мувофиқи дархост ин эродномаҳоро муҳокима намояд, эродҳо ва натиҷаҳои муҳокимаҳоро ба инобат гирад. 

 

Моддаи 11. Ҳамарзишии чораҳои фитосанитарӣ 

1. Мақоми ваколатдор чораҳои фитосанитарии мамлакатҳои дигарро чун чораҳои ҳамарзиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда эътироф мекунад, агар мамлакати содиркунанда ба мақоми ваколатдор холисона нишон дода тавонад, ки ин чораҳо дараҷаи зарурии муҳофизати фитосанитариро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд. 

2. Тартиб ва шартҳои эътироф намудани ҳамарзишии чораҳои мушаххаси санитарӣ ё фитосанитарӣ тибқи созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба баъд аз баргузории машваратҳои дахлдор  бо мамлакатҳои манфиатдор муайян карда мешаванд. 

 

Моддаи 12. Расмиёти назорати фитосанитарӣ ва маъқул донистан 

1. Расмиёти назорати фитосанитарӣ ва маъқул донистан амалӣ мегарданд: 

- бидуни таъхири беасос ва ҳуқуқпоймолкунӣ нисбати маҳсулоти воридшаванда дар қиёс ба ҳамин гуна маҳсулоти ватанӣ; 

- дар асоси иттилооти дархостшудаи камтарин, ки барои амалисозии расмиёти назорат, бозрасӣ ва маъқул донистан зарур мебошад; 

- бо огоҳ намудани дархосткунанда дар бораи мӯҳлати анҷоми расмиёт дар асоси маълумоти чопшуда оид ба давомнокии маъмули расмиёт ё бо талаби дархосткунанда, дар бораи марҳалаи иҷрои расмиёт бо шарҳи ҳама гуна таъхир; 

- бо иттилоотонии дархосткунанда дар бораи камбудиҳои имконпазири ҳуҷҷатҳо ва натиҷаҳои расмиёт бо мақсади рафъи онҳо дар мавриди зарурӣ; 

- бо риояи махфияти иттилоот дар бораи маҳсулоти воридшаванда, ки зимни анҷом додани расмиёти назорат ва маъқул донистан ошкор мегардад ё ба даст оварда мешавад, на камтар аз оне ки нисбати маҳсулоти ватанӣ риоя мегардад ва тавре ки манфиатҳои қонунии тиҷоратӣ ҳифз карда шаванд; 

- ба шарте, ки ҳама гуна талабот оид ба назорат ва маъқул донистани намунаҳои алоҳидаи маҳсулот бо он ки асоснок ва зарур мебошанд, маҳдуд карда шаванд; 

- ба шарте, ки ҳама гуна боҷи тибқи расмиёти нисбати маҳсулоти воридотӣ татбиқшаванда ҳисоб кардашуда бо ҳар як боҷе, ки аз ҳамин гуна маҳсулоти ватанӣ ё маҳсулоти дар қаламрави дигар кишварҳо истеҳсолшуда ситонида мешавад, баробар бошад ва аз арзиши воқеии хизматрасониҳо зиёд набошад; 

- ҳангоми гузаронидани расмиёти интихоби намунаҳои маҳсулоти воридшаванда меъёрҳое татбиқ мегарданд, ки барои маҳсулоти ватанӣ истифода шудаанд, то ин ки ногувориҳо барои дархосткунандагон, воридкунандагон, содиркунандагон ё намояндагони онҳо ба ҳадди ниҳоӣ кам карда шаванд. 

2. Агар пас аз гузаронидани расмиёти назорат ва бозрасӣ ба тавсифоти маҳсулот вобаста ба талаботи татбиқшаванда тағйирот ворид карда шавад, расмиёт нисбати маҳсулоти таҷдидшуда бо пайдо кардани эътимоди кофӣ, ки барои муайян сохтани мутобиқати ин маҳсулот чун пештара ба қоидаҳои муносиб зарур мебошад, маҳдуд карда мешавад.  

 

Моддаи 13. Объектҳое, ки мавриди назорати давлатии фитосанитарӣ  қарор мегиранд 

Объектҳое, ки мавриди назорати давлатии фитосанитарӣ қарор мегиранд, инҳо мебошанд: 

- объектҳои таъиноти кишоварзӣ, қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, дигар ҳудудҳое, ки макони зисти организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок мебошанд, инчунин маҳсулоти растанипарварӣ; 

- организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок; 

-воситаҳои махсус ва пеститсидҳо, ки барои гузаронидани чораҳои фитосанитарӣ истифода бурда мешаванд; 

- анборҳои махсус.

 

БОБИ 4. ТАЛАБОТ ОИД БАМУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО

 

Моддаи 14. Ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доир ба пешгирии паҳншавии организмҳои зараррасон 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо ба объектҳои назорати давлатии фитосанитарӣ вобаста аст, ӯҳдадоранд: 

- бо мақсади пешгирии паҳншавии организмҳои зараррасон дар ҳудудҳои худ мониторинги фитосанитарӣ баранд ва чораҳои фитосанитарӣ андешанд; 

- қоидаҳои нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва истифодабарии пеститсидҳоро риоя намоянд; 

- амру фармоишҳои нозирони давлатиро доир ба муҳофизати растаниҳо иҷро намоянд; 

- ба нозирони давлатӣ оид ба муҳофизати растаниҳо дар иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизати растаниҳо мусоидат намоянд; 

- ҷиҳати безарар гардонидани пеститсидҳо чораҳо андешанд; 

- баҳисобгирии фитосанитариро ба роҳ монанд ва ба мақоми ваколадор ҳисобот пешниҳод намоянд. 

 

Моддаи 15. Захираи давлатии пеститсидҳо 

1. Захираи давлатии пеститсидҳо ҳаҷми муайяни мунтазам навшавандаи пеститсидҳо буда, моликияти давлатӣ ҳисобида мешавад ва дар ихтиёри мақоми ваколатдор қарор дорад. 

2. Захираи давлатии пеститсидҳо барои барҳам додани ҳолатҳои ғайричашмдошт оммавӣ паҳн шудани организмҳои зараррасони махсусан хавфнок пешбинӣ карда мешавад. 

3. Захира аз ҳисоби ҳаҷми пеститсидҳои аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ харидоришуда дар асоси мониторинг ва баҳисобгириии фитосанитарии ҳолати фитосанитарии бавуқӯъомада ташкил карда мешавад. 

4. Меъёри захираи намудҳои пеститсидҳо ва тартиби истифодабарии онҳоро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд. 

 

Моддаи 16. Меъёрҳои фитосанитарӣ 

1. Меъёрҳои фитосанитарӣ моҳияти имконпазири миқдорӣ ва (ё) сифатии нишондиҳандаҳоро, ки вазъияти фитосанитариро аз нуқтаи назари бехатарии он барои маҳсулоти растанпарварӣ ва объектҳои таъиноти кишоварзӣ тавсиф медиҳад, муайян месозанд. 

2. Меъёрҳои фитосанитарӣ дар асоси тадқиқотҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд ва талаботи моддаҳои 10 ва 12 Қонуни мазкур муқаррар мегарданд. 

3. Меъёрҳои фитосанитарӣ барои пешгӯӣ ва банақшагирии холисонаи ҳаҷми чораҳои фитосанитарӣ, инчунин пешгӯии имконияти афзоиш ва паҳншавии оммавии организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок ва нобуд сохтани онҳо асос мебошанд. 

4. Меъёрҳои фитосанитарӣ барои гузаронидани назорати давлатии фитосанитарӣ аз ҷониби нозирони давлатӣ оид ба муҳофизати растаниҳо асос мебошанд. 

 

Моддаи 17. Тартиби безараргардонии пеститсидҳо 

1. Тартиби безараргардонии пеститсидҳо аз ҷониби мақоми ваколатдор дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва назорати санитарию эпидемиологӣ муайян карда мешавад. 

2. Барои безараргардонии пеститсидҳо анборҳои махсус истифода карда мешаванд. 

3. Иҷозат барои сохтмони анборҳои махсус, инчунин барои безараргардонии пеститсидҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба назорати санитарию эпидемиологӣ дода мешавад. 

4. Ҷойгиронии мақсадноки анборҳои махсус дар минтақаҳо ва теъдоди онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдор ва дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва назорати санитарию эпидемиологӣ муайян карда мешавад. 

 

Моддаи 18. Ҳамоҳангсозии тадқиқотҳои илмӣ ва фаъолият оид ба омӯзиш, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисону  кормандони соҳаи муҳофизати растаниҳо 

1. Мақоми ваколатдор гузаронидани тадқиқотҳои илмии амалиро дар соҳаи муҳофизати растаниҳо ташкил, ҳамоҳанг ва назорат карда, усул ва тавсияҳоро оид ба анҷом додани чорабиниҳои фитосанитарӣ, ки дар натиҷаи тадқиқотҳо таҳия мешаванд, тасдиқ менамояд. 

2. Барномаҳои омӯзиш, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон ва кормандони соҳаи муҳофизати растаниҳо бо мақоми ваколатдор мувофиқа карда мешаванд.

 

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 

 

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

    

            Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                               Эмомалӣ  РАҲМОН

        ш. Душанбе,

16 апрели соли 2012,

           № 817

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 11:33
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
818
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Душанбе, 16 Апрел, 2012

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 268)

 

Қонуни мазкур принсипҳо ва тартиби гузаронидани экспертизаи экологиро муайян намуда, барои пешгирии таъсири манфии фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият ба муҳити зист ва оқибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигари ба он алоқаманди татбиқи  объекти экспертизаи экологӣ равона гардидааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- фармоишгар – мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба гузаронидани экспертизаи экологӣ манфиатдоранд;

- арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист – муайян намудани таъсири имконпазири фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият ба муҳити зист, тағйири эҳтимолии муҳити зист, инчунин пешгуӣ намудани вазъи ояндаи он ба мақсади қабули қарор оид ба имконпазир ё имконнопазир будани татбиқи қарорҳои лоиҳавӣ;

- маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист – ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавӣ ва лоиҳавие, ки таъсири фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолиятро ба муҳити зист арзёбӣ менамоянд;

- стандарти экологӣ – ҳадди ҷоизи меъёрҳои таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар раванди истеҳсолӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, истифода (истеъмол) ва нобудсозӣ (безараргардонӣ);

- фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият – фаъолияти инъикосёфта дар ин ё он ҳуҷҷати лоиҳавӣ оид ба сохтмон, азнавсозии объектҳо, истифодаи онҳо ва дигар фаъолият, ки ба истифодабарии захираҳои табиӣ алоқаманд мебошад ва (ё) метавонад ба муҳити зист таъсир расонад;

- ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо – лоиҳаҳои ҷумҳуриявӣ,  маҳаллӣ, консепсияҳои соҳавӣ, пешгӯиҳо, барномаҳо ва нақшаҳо, лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, лоиҳаҳои меъморӣ ва сохтмон, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии техникӣ, ки бо Қонуни мазкур ба объектҳои экспертизаи экологӣ дохил гардидаанд ва дигар ҳуҷҷатҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки  тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин объектҳо мансуб дониста мешаванд; 

- таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо – ташкилот ва ё соҳибкори инфиродӣ, ки ба таҳияи ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо машғул мебошад;

- таъсири байнисарҳадӣ – таъсир ба муҳити зисти давлати хориҷӣ, ки метавонад дар натиҷаи фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шавад;

- экспертизаи экологӣ – муқаррар намудани мутобиқат ё номутобиқатии ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, аз он ҷумла санадҳои меъёрии техникӣ;

- эксперти экспертизаи давлатии экологӣ – шахси дорои донишҳои махсус ва таҷрибаи кофии барои гузаронидани экспертизаи экологӣ зарур, ки бо тартиби муқаррарнамуда аз ҷониби  мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ барои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ ҷалб карда мешавад ва (ё) шахсони мансабдори мақомоти давлатии барои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ масъул;

- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ – ҳуҷҷате, ки аз рӯи натиҷаи экспертизаи давлатии экологӣ таҳия шуда, дорои хулосаҳо дар бораи таъсири ин ё он фаъолият ба муҳити зист мебошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи экологӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи экологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи  экспертизаи  экологӣ

Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ инҳоянд:

 - хатари эҳтимолии экологӣ доштани фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият;

- ҳатмӣ будани гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ; 

- дар маҷмӯъ арзёбии таъсиррасонии фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият ба муҳити зист;

- ҳатмӣ будани баҳисобгирии амнияти экологӣ ҳангоми гузаронидани экспертиза; 

- боэътимодӣ ва пуррагии маълумот, ки барои экспертизаи экологӣ пешниҳод карда мешавад;

- мустақилияти экспертҳои экспертизаи экологӣ; 

- аз ҷиҳати илмӣ асоснок, холисона ва қонунӣ будани хулосаи экспертӣ;

- ошкорбаёнӣ, иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷомеа;

- масъулияти иштирокчиёни экспертизаи экологӣ ва тарафҳои манфиатдор барои ташкил, гузаронидан ва сифати экспертизаи экологӣ.

 

Моддаи 4. Мақсад ва  вазифаҳои экспертизаи экологӣ

1. Мақсадҳои экспертизаи экологӣ аз инҳо иборатанд:

- пешгирии оқибатҳои манфии имконпазири татбиқи объектҳои экспертиза ва таъсири номусоиди онҳо ба саломатии аҳолӣ, захираҳои табиӣ, муҳити зист, амнияти экологии ҷомеа, аз ҷумла бартарафкунии зарари онҳо зимни фаъолияти идоракунӣ, хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва дигар фаъолият оид ба татбиқи объектҳои экспертиза;

- таъмини пешгӯиҳои экологӣ дар асоси ахборот оид ба ҳолат ва тағйироти имконпазири вазъи экологӣ дар натиҷаи ҷойгиронӣ ва инкишоф додани қувваҳои истеҳсолкунанда, ки ба саломатии аҳолӣ, захираҳои табиӣ, муҳити зист ва амнияти экологӣ таъсири манфӣ намерасонанд.

2. Вазифаҳои зкспертизаи экологӣ аз инҳо иборатанд:

- арзёбии самарабахшӣ, асоснокӣ ва кофӣ будани тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист дар объектҳои экспертиза;

- арзёбии дурустии дараҷаи хавфу хатари экологии фаъолияти пешбинишаванда, ки аз тарафи фармоишгар ва ё таҳиягари лоиҳа  муайян карда шудааст;

- арзёбии мутобиқати объекти экспертизаи ба истифода додашаванда  дар марҳилаи  қабули қарор оид ба истифодаи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои экологӣ;

- ташкили таҳлил ва арзёбии ҳамаҷонибаю холисонаи аз ҷиҳати илмӣ асосноки объектҳои экспертиза;

- таҳлил ва арзёбии таъсири эҳтимолии аз ҷиҳати экологӣ зарарноки объектҳои  экспертиза  ба  саломатии аҳолӣ, захираҳои табиӣ, муҳити зист, инчунин оқибатҳои эҳтимолии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии он;

- тайёр намудани хулосаҳои холисона ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки экспертизаи экологӣ, сари вақт ба мақомоти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки оид ба татбиқи объекти экспертиза қарор қабул менамояд, пешниҳод намудани онҳо, хабардор намудани шахсони манфиатдор, ҷомеа ва  шаҳрвандон.

 

Моддаи 5. Намудҳои экспертизаи экологӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи давлатии экологӣ ва экспертизаи ҷамъиятии экологӣ гузаронида мешаванд.

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ 

1. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи экспертизаи экологӣ мансубанд:

- ташкили таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ;

- андешидани тадбирҳо оид ба ҳифзи манфиатҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар соҳаи экспертизаи экологӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаҳо дар соҳаи экспертизаи экологии дорои аҳамияти давлатӣ ва байналмилалӣ;

- амалӣ намудани дигар салоҳиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ки дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- ташкили экспертизаи давлатии экологии объектҳое, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур зикр гардидаанд;

- таҳия, аз нав баррасӣ намудан ва тасдиқи санадҳои меъёрии техникӣ ва ҳуҷҷатҳои дастурию методӣ, ки татбиқи Қонуни мазкурро дар хусуси гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ таъмин менамоянд;

- таъмини базаи илмию методии экспертизаи давлатии экологӣ;

- ташкили таъмини иттилоотии экспертизаи давлатии экологӣ, аз ҷумла таъсис ва пешбурди махзани маълумот оид ба фаъолияти пешбинишаванда, татбиқи объекти экспертиза ва таъсири он ба муҳити зист;

- ташкили ҳамкорӣ бо мақомоти экологию экспертии давлатҳои дигар бо мақсади гузаронидани машваратҳо, экспертизаҳои экологии муштарак, мубодилаи дастовардҳои илмию методӣ; 

- гузаронидани семинару конференсияҳо оид ба масъалаҳои экспертизаи экологӣ, мубодилаи таҷриба ҷиҳати баланд бардоштани сифати фаъолияти экспертизаи  экологӣ;

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти экспертию экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом додани роҳбарии методӣ дар масъалаи гузаронидани экспертизаи экологии объектҳо, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликияташон;

- назорати риояи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи экспертизаи давлатии экологӣ ҳангоми ташкил ва гузаронидани он;

- ҳамкорӣ дар доираи ваколатҳои худ бо вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва воҳидҳои экспертии онҳо;

- иштирок дар ташкил ва гузаронидани экспертизаҳои экологии байналмилалӣ;

- ҷалби олимону мутахассисони хориҷӣ барои гузаронидани экспертизаи экологӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳое, ки объекти экспертиза дорои сирри давлатӣ ё тиҷоратӣ мебошад;

- дастрасӣ доштан ба манбаи иттилоот оид ба вазъи муҳити зист ва махзани донишҳо оид ба арзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намудҳои фаъолият ба инсон ва табиат;

- фиристодани хулоса ба мақомоти бонкӣ оид ба қатъи маблағгузории объектҳое, ки хулосаи мусбии экспертизаи экологиро нагирифтаанд;

- омода ва пешниҳод кардани маводи дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомот дар бораи  ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи экологиро риоя накардаанд;

- дар доираи ваколати худ анҷом додани дигар амалҳо, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, ҷиҳати татбиқи ваколатҳояшон заруранд.

3. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ аз инҳо иборатанд:

- фиристодани экспертҳо дар ҳайати комиссияҳои экспертӣ ҷиҳати иштирок дар экспертизаи объектҳое, ки истифодаашон дар минтақаи онҳо пешбинӣ шудааст ва дар ҳолатҳои таъсири имконпазири фаъолияти хоҷагидории аз тарафи воҳидҳои дигари марзиву маъмурӣ ба нақшагирифташуда ба муҳити зист;

- ташкили муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, гузаронидани пурсишҳо дар байни аҳолӣ оид ба фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, ки ба экспертизаи экологӣ тааллуқ доранд;

- қабул ва татбиқи қарорҳо оид ба масъалаҳои экспертизаи экологӣ дар асоси натиҷаҳои муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, пурсишҳо, дархостҳои ташкилотҳо ва ҳаракатҳои  ҷамъиятии экологӣ;

- нишон додани ташаббус дар асоси дархостҳои аҳолӣ ҷиҳати гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ;

- огоҳ намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ, оид ба фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дар минтақаҳои дахлдор;
- огоҳ намудани мақомоти прокуратура ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба оғози татбиқи объекти экспертизаи экологӣ  бе хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологӣ;

- татбиқи дигар ваколатҳо дар ин соҳа дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи экспертизаи экологӣ, инчунин иштироки аҳолиро дар гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ таъмин менамоянд.

 

Моддаи 7. Ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба  ташкили экспертизаи экологӣ

1. Шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба ташкили экспертизаи экологӣ  ҳуқуқҳои зерин доранд:

- мутобиқи Қонуни мазкур ҷиҳати гузаронидани экспертизаи экологии фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, ки иҷрои он ба манфиатҳои экологии аҳолии дар ин маҳалҳо истиқоматкунанда зарар мерасонанд, муроҷиат намоянд;

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ба таври хаттӣ пешниҳодоти асосноке манзур намоянд, ки ба тарафҳои экологии анҷоми фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дахл доранд;

- аз мақомоте, ки экспертизаи давлатии экологиро анҷом медиҳанд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ, доир ба натиҷаҳои анҷоми экспертизаи экологӣ маълумот гиранд;

- дар таҳия ва муҳокимаи маводи арзёбии таъсиррасонӣ  ба муҳити зист иштирок кунанд; 

- фаъолияти дигарро дар соҳаи экспертизаи экологӣ, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  нест, анҷом диҳанд.

2. Ҳангоми таҳияи хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ва қабули қарор оид ба истифодаи объекти экспертиза маводи ба комиссияи экспертӣ фиристодашуда, ки афкори ҷомеаро инъикос мекунанд, бояд баррасӣ карда шаванд.

 

БОБИ 2. ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ

 

Моддаи 8. Субъектҳои экспертизаи давлатии экологӣ

1. Субъектҳои экспертизаи давлатии экологӣ аз инҳо иборатанд:

- экспертҳои экспертизаи давлатии экологӣ (комиссияҳои экспертӣ);

- фармоишгарон;

- таҳиягарони ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо.

2. Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ намояндаи фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, инчунин намояндаи шахси воқеӣ ва ташкилоте буда наметавонад, ки бо фармоишгар ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дорад. 

3. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси  шартномаи байни фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои фармоишгар метавонанд ба зиммаи таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо вогузор карда шаванд.

 

Моддаи 9. Объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ

1. Объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ аз ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зерин оид ба фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият иборат мебошанд, ки метавонанд ба муҳити зист таъсири манфӣ расонанд:

- лоиҳаҳои барномаҳо ва нақшаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, консепсияҳои соҳавӣ, пешгӯиҳо, ки татбиқи онҳо ба истифодаи захираҳои табиӣ алоқаманданд ва (ё) метавонанд ба муҳити зист таъсир расонанд;

- лоиҳаҳои шаҳрсозӣ;

- лоиҳаҳои меъморӣ ва сохтмонӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд;

- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии техникӣ, ки дар онҳо талабот оид ба ҳифзи муҳити зист ва (ё) истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ нисбати маҳсулот ва раванди таҳияи он, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, фурӯш ва истифодаи партовҳо ё хизматрасонӣ муқаррар мегарданд.

2. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон намудҳои дигари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки бояд аз экспертизаи давлатии экологӣ гузаранд, муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 10. Тартиби гузарондани экспертизаи давлатии экологӣ

1. Экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби экспертҳо гузаронида мешавад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби экспертҳои алоҳида ва комиссияҳои экспертӣ муқаррар карда мешаванд.

2. Экспертизаи давлатии экологӣ дар асоси аризаи фармоишгар бо замимаи ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки бояд аз экспертизаи давлатии экологӣ гузаранд, маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки таркиб ва мундариҷаашонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, гузаронида мешавад.

3. Экспертизаи давлатии экологӣ дар асоси аризаи таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо гузаронида мешавад, агар дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи байни фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ин вазифа ба ӯҳдаи таҳиягари  ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо вогузор шуда бошад. 

4. Тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 11. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ

1. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ то 30 рӯзро ташкил медиҳад. Вобаста ба мураккабии объекти экспертизашаванда мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ метавонад то 60 рӯз тамдид карда шавад.

2. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро барои ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, ки метавонанд таъсири байнисарҳадӣ дошта бошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 12. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ

1. Аз рӯи натиҷаи экспертизаи давлатии экологӣ хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ тартиб дода мешавад.

2. Хулосаи экспертизаи давлатии экологиро эксперти экспертизаи давлатии экологӣ (ҳамаи аъзои комиссияи экспертӣ) имзо мегузорад ва онро роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ тасдиқ менамояд.

3. Ба хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ, ки барои тасдиқ пешниҳод мегардад, мулоҳизаи махсуси экспертҳои экспертизаи давлатии экологӣ, ки бо хулоса розӣ нестанд, замима карда мешавад.

4. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ метавонад мусбӣ ё манфӣ бошад.

5. Хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷамъбасти мувофиқати қарори лоиҳавии фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият ба талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, аз он ҷумла санадҳои меъёрии техникӣ, инчунин аз дигар маълумот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. 

6. Маблағгузорӣ ва амалӣ намудани фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, ки бояд ҳатман аз экспертизаи давлатии экологӣ гузарад, танҳо дар асоси хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ иҷозат дода мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.

7. Дар сурати  манфӣ  будани хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ  фармоишгар ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо метавонанд, ки ҳангоми ислоҳи ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо камбудиҳои дар хулоса  ҷойдоштаро ба инобат гирифта, онро такроран ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳод намоянд ё ин ки аз амалӣ намудани фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият даст кашанд.

 

Моддаи 13. Мӯҳлати эътибори хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ

1. Мӯҳлати эътибори хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ба давомнокии амалисозии лоиҳа, ки дар лоиҳаҳои сохтмон пешбинӣ гардидааст,  бо дароз  намудани он ба мӯҳлати як сол муқаррар мегардад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати дигар пешбинӣ нагардида бошад.

2. Мӯҳлати эътибори хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ аз рӯи объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ, ба истиснои объектҳои дар қисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати эътибори ҳуҷҷатҳои ин объект муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 14. Гузаронидани экспертизаи давлатии экологии такрорӣ  ва иловагӣ

1. Экспертизаи давлатии экологии такрорӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

- такмили мавод дар асоси эродҳои экспертизаи давлатии экологии қаблан гузаронидашуда;

- тағйир ёфтани шартҳои истифодабарии табиат;

- истифодаи объекти экспертиза бо риоя накардани қарорҳои қабулкардаи қаблӣ ё мӯҳлатҳои меъёрии банақшагирӣ ва сохтмон, ки тибқи меъёр ва қоидаҳои ҷории сохтмонӣ пешбинӣ  гардидаанд;

- ба охир расидани мӯҳлати хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологӣ;

- дар асоси қарори суд;

- дохил кардани тағйирот ба ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо баъди гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ.

2. Ба гузаронидани экспертизаи давлатии экологии такрорӣ ҷалб намудани эксперте, ки дар экспертизаи экологии таҳти муҳокима қарордошта иштирок намудааст, манъ аст.

3. Экспертизаи давлатии экологии иловагӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

- ҳангоми муайян намудани мухолифат байни технология ва лоиҳаи мавҷуда;

- дар сурати дар мӯҳлатҳои муқарраркардашуда иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи қаблӣ;

- дар сурати беэътибор донистани хулосаи қаблӣ.

4. Асосҳои беэътибор донистани хулосаи қаблӣ бо тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ, муқаррар карда мешаванд.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба ҳолатҳои дар ҳамин модда пешбинишуда метавонад нисбати ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон ва намудҳои фаъолияте, ки барои онҳо арзёбии таъсир ба муҳити зист ҳатмӣ мебошад ва иншооте, ки сохтмони онҳо аз ҳисоби давлат ва бо кафолати давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, экспертизаи давлатии экологии такрорӣ ё иловагӣ таъин кунад.

6. Экспертизаи давлатии экологии такрорӣ ва иловагии дар ҳамин модда пешбинишуда мутобиқи тартиби барои гузаронидани экспертизаи давлатии экологии ҳатмӣ муқаррарнамудаи Қонуни мазкур гузаронида мешавад. 

 

БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ

 

Моддаи 15. Ҳуқуқҳои субъектҳои экспертизаи давлатии экологӣ

1. Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ чунин ҳуқуқҳо дорад:

- ба таври хаттӣ таҳия намудани мулоҳизаи махсус оид ба объекти экспертизаи давлатии экологӣ ва замима намудани он ба хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;

- пешниҳоди таклифҳо дар хусуси ба экспертизаи давлатии экологӣ ҷалб намудани мутахассисони ташкилотҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ, ки дорои донишҳои махсус дар соҳаи муайяни илму техника ва ғайра мебошанд;

- пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили ташкили гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ. 

2. Фармоишгар ҳуқуқҳои зерин дорад:

- гирифтани маълумот аз экспертҳои (комиссияи экспертии) экспертизаи давлатии экологӣ оид ба мӯҳлату тартиб ва натиҷаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ;

- талаб намудани ислоҳи вайронкунии тартиби муқарраргардидаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ;

- додани шарҳи хаттӣ ё шифоҳӣ ва пешниҳод оид ба объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ;

- шикоят кардан нисбати  хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ба мақомоти болоии давлатӣ ва ё ба суд;

- амалӣ намудани ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуқуқҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ба таҳиягарони ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо низ дахл доранд.

 

Моддаи 16. Ӯҳдадориҳои субъектҳои экспертизаи давлатии экологӣ

1. Экспертҳои экспертизаи давлатии экологӣ ӯҳдадориҳои зерин доранд:

- пурра, холисона ва дар маҷмӯъ таҳлил кардани ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодгардида ва муайян намудани мутобиқати онҳо ба талаботи қонунгузорӣ;

- риоя намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба экспертизаи экологӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ;

- риоя намудани тартиб ва мӯҳлати муқарраргардидаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ;

- бе осеб нигоҳ доштани ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодгардида ва нигоҳ доштани махфияти маълумоти онҳо;

- иҷро намудани дигар ӯҳдарориҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муқарраргардида.

2. Ӯҳдадориҳои фармоишгар:

- пешниҳод намудани ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ ба экспертизаи давлатии экологӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартномаи байни фармоишгар ва таҳиягари  ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба ӯҳдаи таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо вогузор карда шудааст;

- бо дархости ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки таркибан ва мазмунан ба ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодгардида  барои  гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ монанданд;

- амалӣ намудани лоиҳа оид ба объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ дар асоси хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар наг